Аз ҳар чӣ ба ҷуз май аст, кӯтоҳӣ беҳ

ruboiyot

Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)

Аз ҳар чӣ ба ҷуз май аст, кӯтоҳӣ беҳ,
Май ҳам зи кафи бутони хиргоҳӣ беҳ.
Мастиву қаландариву гумроҳӣ беҳ,
Як ҷуръаи май зи Моҳ то Моҳӣ беҳ.

Дигаргунаҳо:

Аз ҳар чӣ на хуррамист, кӯтоҳӣ беҳ,
Май ҳам зи кафи бутони хиргоҳӣ беҳ.
Мастиву қаландариву гумроҳӣ беҳ,
Як ҷуръаи май зи Моҳ то Моҳӣ беҳ.

Аз ҳар чӣ ба ҷуз май аст, кӯтоҳӣ беҳ,
В-аз дасти бутони масти хиргоҳӣ беҳ.
Мастиву қаландариву гумроҳӣ беҳ,
Як ҷуръаи май зи Моҳ то Моҳӣ беҳ.

Баргардонҳо:

Лучше в жизни всего избежать, кроме чаши вина,
Если пери, что чашу дала, весела и хмельна.
Опьяненье, беспутство, поверь, от Луны и до Рыбы,
Это - лучшее здесь, если винная чаша полна.

(Владимир Державин)

Бо дӯстонатон баҳам бинед: