Аз рубоиёти Ҳаким Умари Хайём
(Виройиши Абдуҳамид Тағоев)
Аз буданӣ, эй дӯст, чӣ дорӣ темор
В-аз фикрати беҳуда дилу ҷон афгор?
Хуррам ту бизӣ, ҷаҳон ба шодӣ гузарон,
Тадбир на бо ту кардаанд аввали кор.
Дигаргунаҳо:
Аз буданӣ, эй дӯст, чӣ дорӣ темор
В-аз фикрати беҳуда дилу ҷон афгор?
Хуррам бизиву ҷаҳон ба шодӣ гузарон,
Тадбир на бо ту кардаанд аввали кор.
Аз буданӣ, эй мард, чӣ дорӣ темор
В-аз фикрати беҳуда дилу ҷон афгор?
Хуррам бизиву ҷаҳон ба шодӣ гузарон,
Тадбир на бо ту будааст аввали кор.
Баргардонҳо:
Зачем ты над загадкой жизни бился,
Тоскою и томленьем удручен?
В конце концов, когда сей мир творился,
Ты на совет ведь не был приглашен.
(А. Грузинский) |