
(Қисса)
Писар ба тӯи хонадоршавии худ модарро хабар накард ва модар таклифи ӯро интизор нашуда, қарор дод дар тӯй иштирок намояд.
Заррачаҳои барф зери шуои фонуси кӯча ҳамчун раққосаҳои пираҳани сафедпӯши балет дар само чархида, ба замин меафтоданд. Мария Семёновна аз тирезаи қаҳвахонаи худ, ки дар ошёни чорум қарор дошт, нигоҳашро аз тарабхонаи рӯбарӯ канда наметавонист.
…Дар ин ҷо дар базмгоҳи «Қуи сафед» солҳое қабл шукӯҳу шаҳомат салтанат меронд, сутунҳои мармарӣ, қандилҳои булӯрӣ ба тарабгоҳ зебу зинат мебахшиданд. Соҳибони тарабхона ва хидматгузорон ба хотири нороҳат нанамудани мизоҷону муштариён кӯшиш мекарданд, ки чун шабаҳҳо ба таври номаълум ба муштариён хидматгузорӣ намоянд.
«Имрӯз бошад, ҳамаи ин барҳам хӯрдааст, Семёновна, шумо хабар доред?»
Мария Семёновна чашмони ҳайратзадаи худро баланд карда, зани ҳамсояро дар рӯ ба рӯяш дид.
«Ба назарам чунин менамояд, ки Вася имконияти маро хабар кардан надошт. Ё ин, ки ӯ мактуб навиштаасту бо кадом сабабе мактуб гум шудааст», — гуфт ӯ нороҳатии худро пинҳон надошта.
«Охир чӣ хел мактуб, Семёновна? Магар намедонӣ, ки имрӯз ҳама телефон доранд! Ӯ агар одам мебуд, бар ивази он некиҳое, ки барояш кардаӣ, бояд пойҳои туро мебӯсид. Ва ӯ бошад имрӯз зан мегирад!» — бо танаффур гуфт ҳамсоязан воқеаи ҳафт сол аз ин қаблро ба хотир оварда.
…Ҳамин Васяи шӯрапушт бо зӯрӣ ба мағозаи деҳа ҳуҷум карда, витринаро шикаста, дохили фурӯшгоҳ гардида, маводу анҷоми зиёдро ба яғмо бурданӣ шуд, аммо ба дасти ходимони пулис афтод.
Мария Семёновна дарҳол дарк кард, ки дар ин ҳодиса тамоми гуноҳҳо бар гардани писари ӯст. Аз ин лиҳоз ҷинояти фарзандро ба дӯши худ гирифта, чор сол дар маҳбас нишаст.
Дар ибтидоъ Сашка аз ҳоли модари маҳбус хабар гирифта, бовар мекунонид, ки барояш дар зиндагӣ шахси азизтарин ӯст. Аммо дар охирин аёдаташ аз модар пурсид, ки оё наметавонад барояш маблағе ёфта бидиҳад?
«Боз ту ба чӣ балое гирифтор шудаӣ, писаракам?,» — шиква мекард модар.
Дар ҷавоб писари ноқобил мегуфт: «Модарҷон зиндагӣ мушкил шудааст, ҳамаи чизу коло қимату гарон»…
«Охир, ту ягон коре пайдо мекардӣ, ки зиндагиат сомон меёфт», — нола мекард модари нотавон.
«Ту чиҳо мегӯӣ аз субҳ то шом заҳмат кашида, ҷисмамро абгор кунам? Не, раҳмат ба ту. Бигузор дигарон ин тавр зиндагӣ кунанд» — лабханд мезад Вася ва илова мекард:
«Ту ҳуҷҷатҳоро имзо мекунӣ, ман хонаро мефурӯшам, вақте бармегардӣ дар кулбаи бобоӣ зиндагӣ мекунем. Баъди маҳбас, ҳатто вайрона ҳам ба назарат кошона менамояд, модарҷон!»
Мария ҳуҷҷатҳоро имзо кардан нахост. Вася сари ӯ дӯғу даранг мекард. То ба ин дараҷа, ки шӯру валвалаи ӯро тамоми маҳбасбудагон шуниданд.
Баъди рафтани писар ҳоли Мария бад шуд. Бо хурӯҷи дил ба беморхонаи маҳбас афтод.
Он ҷо бо духтуре, ки ба қарибӣ завҷааш фавтида, ягона духтар дошт ва мақсади ба ҳамин қарибиҳо аз кор рафтанро дар дил мепарварид, шинос шуд.
Ҳангоми тарки беморхона духтур аз ҳақиқати ҳол хабардор гардида, ба даҳшат афтод: «Ин чӣ хел мешудааст? Вай бояд ба ҷинояти худ ҷавоб медод. Охир, ту зиндагии худро қурбони ӯ кардаӣ, Мария! Ва боз ҳам табиби рамузфаҳм пас аз андешаҳои зиёд бо фаросат дарёфт: ки зан баҳри наҷоти фарзанд чӣ корҳое, ки намекунад?!»
«Ҳеҷ ишколе нест, — ҷавоб медод Марияи раҳмдил. Дар ҳама ҳолат барои ман дар ферма кор ёфт мешавад. Барои ӯ бошад, роҳи ҳаёт нав оғоз ёфтааст. Аз Худо илтиҷо мекунам, ки кошкӣ ӯ ба роҳи рост мағфират ёбад».
Вася аздусар ба ӯ барнагашта бошад ҳам, баъди озодӣ модар маводу хӯрокаҳои заруриро мунтазам ба ӯ расонида меистод.
«Баҳри чӣ ту ин қадар бори зиндагии ӯро мекашӣ, Семёновна», — мегуфт ҳамсоязан, Николаевна.
«Суханони аҳмақона магӯ. То зинда ҳастам ва қувва дар тан дорам, ман ба ӯ ёрӣ медиҳам, — мегуфт дар ҷавоб Мария. Малъун бошад ҳам писари ман аст. Ҳамин, ки нотавон шудам, ӯ албатта, ки ба ман ёрӣ медиҳад», — ҷавоб медод Мария.
«Аз Васяи ту фақат ягон бадбахтиро интизор шудан мумкин аст, дигар ҳеҷ», — оҳ кашид Николаевна.
Мария Семёновна чун фаҳмид, ки писараш ӯро ба тӯйи хонадоршавӣ хабар накардааст, қарор дод, ки алайҳи чунин муносибат худ ба тӯй равад.
Дар дилаш андешаҳо пайдо шуданд: мумкин ҳамин тавр оддӣ, ҳамтуякак ӯро фаромӯш кардааст? Ё махсус хабар надодааст, то ин ки чунин рӯзи хотирмонро модари дасттиҳӣ барояш талх насозад?
Вай дарҳол ба омодагӣ пардохт. Ҳаракат мекард он маблағҳое, ки солҳои тӯлонӣ барои навхонадорон ҳамчун тӯҳфа ғун карда буд, аз бонк бигирад.
«Мумкин ҳатто вақт ҳам пайдо накунам», — гуфта дохили ҳуҷра ҳаросон мешитобид, Мария. Ҳамсоязан Николаевна оҳе кашида гуфт: «Аз он маблағҳо барои худат ҳам каме боқӣ гузор. Ба сарат коре афтад, аз кӣ қарз мепурсӣ?»
…Субҳи барвақт Мария сумкачаи дастӣ бо пулҳо ва борхалтаро бо нозу неъматҳо ва хӯришҳои лазиз, ки худ баҳри тӯйи ҷигарбанд омода карда буд, бардошта, ба истгоҳи автобусҳо омад. Ӯро ронандаи шинос Толик пешвоз гирифт. «Барои бағоҷи дар дастат буда ҳам ҳаққи хизмат медиҳӣ?» — шӯхиомез пурсид ӯ. Ё бепул барам?
«Аз саҳар кайфиятамро вайрон накун, — хандид Мария, — ман ба тӯйи писарам рафта истодаам».
Толик абрӯвонашро гиреҳ карда, нобоварона пурсид: «Чӣ, Вася хонадор шуданист? Пас чаро барои овардани модари худ такси нафиристодааст?»
«Такси ба ман чӣ даркор? Писарам мумкин ҳоло дар тараддуди майда-чуйдаҳои тӯй бошад. Бо ҳамин автобус ҳам рафта мерасам. Охир, мо одамҳои хурдсол не-ку!»
Вай назди тирезаи автобус ҷой гирифта, тахминан маросими истиқболро пеши назар овард ва бо орзуҳои ширин ғанаб кард.
…Зани ҳамнишаст ӯро бедор кард. Мария аз автобус фуромад, суроға ва вақтро бори дигар таҳқиқ карда, сӯи тарабхонаи «Қуи сафед» роҳ гирифт.
Дар толор тақрибан 30-35 нафар меҳмон, ки ҳамагӣ сарулибоси тозаю фохира дар бар доштанд, бо фароғат менишастанд. Ҳангоме, ки зани миёнсоли деҳотӣ дохили толор шуд, омадани ӯ ба аксарият аҷоибот намуд, баъзеҳо ба ӯ бо нописандӣ менигаристанд.
Вақте маъмури тарабхона дар берун аз ӯ пурсид, ки ӯро кӣ гуфта ба таклифшудагон муаррифӣ намояд, Мария бе истиҳола гуфт: «Ман модари Вася — домоди имрӯза ҳастам».
Маъмур муддати кӯтоҳ худро гум карда, ниҳоят дар толор номи ӯро эълон кард.
Баъд… баъд ӯ писари худро дид: тануманд, хушрӯ, олуфта. Чанд лаҳза нигоҳи онҳо ба ҳам бархӯрд.
Рангу рӯи Вася парид, наздаш омад, то ин ки меҳмонон нашунаванд, бо садои паст гуфт: «Барои чӣ ту ин ҷо ҳастӣ, модар? Туро кӣ даъват кард?»
«Вася, ман омадам, ки дар тӯят иштирок кунам», — мегуфт худро ноҳинҷор ҳис карда Мария.
Ва ин ҳангом Вася дастонашро пасту баланд карда, фарёд зад:
«Кӣ ба ӯ имкони вуруд дод? Ин зан худро модари ман гуфтааст, шумо ба суханони вай бовар кардед?»
Меҳмонон хиҷолатманд шуда, ба ҳайрат афтоданд. Вася аз сари ғазаб дод мезад: «Маро шарманда кардӣ! Ман инро таҳаммул карда наметавонам! Бирав, модар! Ин ҷо касе туро интизор набуд!»
Анбӯҳи ӯро иҳотакарда, фаҳмиданд, ки ӯ то чӣ андоза ба ҷаҳл дода шудааст.
Марияи аз суханони писар худро гум карда, қафонокӣ баргашт, нафаскашӣ барояш душвор гардид. Қалби ӯ ончунон, ки бори аввал дар маҳбас рӯй дода буд, лакнатдор гардид, сӯзиши дил аз нав пайдо шуд.
Вай аз ҳуш рафта, ба борхалтае, ки бо худ оварда буд, қариб, ки бархӯрад, лекин дастони қавии атрофиён ӯро афтодан намонданд.
«Шинед! — шунида шуд овози шиноси духтури маҳбас, ки аз аввалинҳо шуда, ӯро дар пой нигоҳ дошт.
«Медонед дар зиндагӣ аз ҳама мудҳиштар чист? — ба ҳозирин рӯй овард духтур. Ин хиёнат ба атрофиён ва инсонҳост. Аз ҳама бештар фурӯхтани нафароне, ки туро ба олам овардаанд — падару модари ту ҳастанд.
Василий! Ту аз аввал ба ман маъқул набудӣ, лекин ба хотири он, ки духтарам туро дӯст медорад, хомӯширо ихтиёр кардам. Акнун ҳоло ман наметавонам инро дидаю дониста, дигар сукут биварзам.
Ба модар, ҳаётбахшандаи худ, ба хотири зиндагии фориғболона ва айёшона чунин муносибат раво нест! Он чӣ, ки дар ҳаётат буд, худ иқрор мешавӣ ё ман бигӯям?»
Василий ба қафо баргашт, сару калобааш гум шуд ва эҳсоси мадҳушӣ ба вай рӯй дод. Арӯс бо хавотирӣ ба вай наздик шуд.
Духтур давом медод: «Модари ту Василий ҳангоме, ки ба дуздию ғорат машғул будӣ, аз рӯи раҳму шафқат тамоми гуноҳҳои нобахшидании туро ба дӯши худ гирифта, вориди маҳбас шуд ва зиёда аз чаҳор сол умри азизи хешро ба хотири ту фарзанди носипос зоеъ карда, туи иблисро аз номи шуми «бандӣ» наҷот дод».
…Баъди ним соат Мария Семёновна худро дар ҳуҷраи кории сарвари тарабхона дид ва духтур ҳам дар бараш буд.
«Асло гумон намекардам, ки дар чунин ҳолат дар ҷойи дигар вомехӯрем», — мегуфт духтур.
«Ман ҳамаашро барбод додам…, — оҳ мекашид Мария. Кори хуб нашуд. Чаро ман ин ҷо омадам».
Мардак мушт болои миз зад: «Шумо чаро худро эҳтиром наменамоед. Писарро ба олам овардед ва ба воя расонидед. Ин на кам аз пирӯзӣ аст. Он касе, ки ӯро ба дунё овардаед, бояд ба Шумо барин модари ҷонсупор ҳайкал гузорад, шумо бошед, худро гунаҳгор меҳисобед», — гуфту аз риққат дар чашмони табиб шаддаи ашк ҳалқа зад.
«Ба ҳар ҳол ман зиндагии писарамро талх кардам, — оҳ кашид Мария. Бо ҳамин сабабҳо ҳоло ӯ бо ҷурми гуноҳонаш дар китфони келинам ашк мерезад».
«Намедонам, духтарам ба чӣ қарор меояд, лекин ман боварӣ дорам, ки ӯ оқилона кор мегирад», — мегуфт духтур.
«Иҷозат бошад, ман биравам?» — хоҳиш кард Мария.
«Ман шуморо то хонаатон бурда мерасонам», — таклиф кард ӯ. Лекин Мария боз дар ҳамин ҷо монданро исрор кард.
Каме баъдтар, ҳангоме, ки автомашина ба хонаи Мария омада расид, Михаил (духтурро ҳамин тавр ном мебурданд) мошинро хомӯш кард ва бо табассум ба Мария гуфт: «Ҳароина имрӯз фарзандони мо тӯи арӯсӣ доранд. Ман ҳамроҳи худ майи ноб овардаам. Иҷозат медиҳед, ки ин санаи хотирмонро якҷоя таҷлил намоем.
Мария матали қадимро ба ёд оварда, хандида гуфт: «Фикри оқилона! Ман ҳамин ҳоло шуморо бо чунин хӯришҳое меҳмондорӣ мекунам, ки дар умратон ҳаргиз нахӯрда бошед!»
Онҳо ончунон ҳам саргарми сӯҳбат шуданд, ки чӣ тавр дамидани субҳро нафаҳмида монданд.
Давоми шаб дар мизи меҳмондорӣ тамоми нозу неъмат ва нуқлу шаробу кабоб фаровон буд. Ҳангоме, ки рӯшноӣ бар зулмати шаб пирӯз мегардид, Михаил ба Мария таклиф кард: «Субҳ доман меафканад, биёед ба кӯча баромада, аввалин нурҳои босафои офтобро истиқбол ва аз ҳавои серуни субҳ нафаси тоза кашем».
Чунки Михаил маротибае ҳам субҳи деҳаро надида буд ва хоҳиши ӯ самимӣ садо медод.
Қарибиҳои нур афкандани офтоби оламтоб мошини наварӯсон ба назди хона омада қарор ёфт. «Падарҷон, ту дар куҷоӣ, — шунида мешуд овози арӯси нав». Михаил ба қафо баргашту гуфт:
«Навхонадорон омаданд. Онҳо чанд қадам аз мо дуртар ҳастанд. Телефон зарурат надорад. Ба истиқболи онҳо меравем».
Василий, ки дар паҳлӯи арӯсаш буд, бо сари хам назди модар омад. Мария бо киноя гуфт: «Ҳа, писарам, магар роҳи хонаро гум кардӣ, ки ин қадар камнамо шуда рафтӣ?»
Василий бо овози хеле паст гуфт: «Модарҷон ҳоло он чизе, ки ман мегӯям, мумкин ба ту як чизи камаҳамият намояд. Имрӯз бохабар гардидам, ки ба наздикӣ соҳиби фарзанд мешавем. Дар аввал ман хеле шод шудам, аммо баъд фикр кардам, ки ӯ тавлид ёбаду бо ман чуноне, ки бо ту рафтор кардам, муносибат намояд?
Аз андешаи ин хеле нороҳат шудам. Хоҳиш мекунам маро бубахш, модари азизи ман. Аз ин пас кӯшиш мекунам, ҳаргиз туро наранҷонам».
Дар ҳавлӣ сукунати том танин андохт. Пас аз чанде садои ҳамсоязан баланд шуд: «Аллакай аз каллаи саҳар Василий ҳамроҳ бо завҷааш омадааст. Ақлам намегирад. Оё ягон ҳодиса рӯй дод?»
Завҷаи ҷавони Василий табассуме карда гуфт: «Не, ҳама чиз дар ҷояш. Мо омадем, ки тӯи домодиву арӯсиро идома диҳем. Дар манзили модари Вася. Шумо ба шодии мо шарик мешавед?»
Николаевна бо ҳайрат ба арӯс нигариста, баъд нигоҳашро сӯи Мария афканда гуфт: «Оҳ, Семёновна чашм нарасад, туро бо чунин арӯси нозанини боақлу фаросат табрик мегӯям. Ту омад дорӣ, Мария. Имрӯз ҳамаи ҳамсояҳо ҷамъ омада, ба шодиат шарик мешавем»…
Пас аз даҳ сол тарабхонаи «Қуи сафед» боз ҳам ободу дилоротар шуд. Гирду атрофи он чароғон гардид. Растаҳои гулҳои тоза ба тоза бунёд шуданд, аз ҳама муҳим меҳру муҳаббати одамон нисбати ҳамдигар гарму самимӣ мегардад.
Ва Мария дар назди тирезаи қаҳвахонааш истода, гузаштаи пур аз дарду алами худро ба хотир меовард.
Баъзан барои расидан ба хушбахтӣ ба гузашта салавот гуфта, душманонро ҳам ба дӯстон ва ба аъзои оила табдил додан мумкин аст
Тақдир нишон дод, ки бо вуҷуди нокомию хиёнатҳо меҳру муҳаббат метавонад инсонҳоро ба маҷрои нави зиндагӣ раҳнамун созад.
© Рустамов З., 2025
Аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов, Инет санаи 26.06.2025