Мӯйсафед қабри писарашро ба тартиб медаровард. Вале саги ӯ бо ҷаҳд ба кофтани замини дохили қабр сар кард. Бозёфт тамоми аҳолии шаҳракро ба изтироб овард…
…Фёдор Петрович кайҳо мехост, ки ба қабристон рафта, оромгоҳи писарашро тармим намояд. Аммо вазъи саломатӣ муддати тӯлонӣ амалӣ шудани ин хоҳишро имкон намедод.
Ранг ва асбобҳои зарурӣ кайҳост, ки омода карда шудаанд ва имрӯз аз хоб бедор шуда, ҳис кард, ки худро қадре беҳтар ҳис мекунад.
Баъд аз наҳорӣ ӯ ба роҳ афтод. Ду моҳ аз ин пеш, вай мушоҳида кард, ки панҷараи оромгоҳи писараш яклаба ва даричаи даромад ҳам пастубаланд шудааст. Ва ин табиист, зеро қариб даҳ сол мешавад, ки ӯ писарашро ба хок супоридааст.
Дар асл Саша барои ӯ писархонд буд. Фёдор Петрович ва завҷааш зиёда аз 20 сол зиндагӣ карда бошанд ҳам, лекин онҳо соҳиби фарзанд нагардиданд. Баъди фикру андешаҳои зиёд ба қароре омаданд, ки кӯдакеро аз хонаи бачагон гирифта, тарбия намоянд.
Дар он ҷо диққати онҳоро бачаи панҷсолаи лоғарандоме, ки ба онҳо маҳзунона менигарист, ҷалб кард. Фёдор Петрович ба ӯ дида дӯхта, ҳис кард, ки чӣ тавр қалбаш аз ҳоли наврас ба фишор омад.
— Барои чӣ ин писарбача танҳо нишастааст? — пурсид ӯ.
— Саша соҳиби феълу хӯйи хос аст, — ҷавоб доданд ба Фёдор Петрович. — Ним сол аз ин пеш ӯро ба хонаи бачагон модараш оварда буд. Ин саҳнаи ниҳоят ғамангез буд. Ӯ мегирист ва аз модар ҷудо шудан намехост. Аз ин ҳол дилҳои ҳамаи мо мураббиёни хонаи бачагон ҳам реш — реш гардида буд.
Аз ҳамон вақт ӯ тани танҳо бо ғаму андешаҳои худ зиндагӣ мекунад, ҳаргиз хиёнати модарро фаҳмидан ва бахшидан намехоҳад. Ҳарчанд мо кӯшиш кардем, лекин ба дили ӯ роҳ ёфта натавонистем.
Фёдор Петрович ва завҷааш дарҳол ба қарор омаданд, ки метавонанд Сашаро бовар кунонанд, ки зиндагӣ бо вуҷуди фарозу нишебиҳо он қадар ҳам сарду тира нест.
Ҳини таҳияи ҳуҷҷатҳо онҳо наврасро ҳамроҳи худ гирифта, сайругашт мекарданд.
Саша ҳамаи хоҳиши онҳоро иҷро мекард: яхмос мехӯрд, дар каруселҳо сайру бозӣ мекард, лекин яъсу маъюсӣ аз чеҳраи писарбача дур намешуд.
Як соли пурра лозим шуд, то ин ки Саша ба онҳо бе ваҳму ҳарос нигарад. Фақат пас аз як сол боре бегоҳӣ ба назди Фёдор Петрович омада, пурсид:
— Ин рост, аст, ки шумо маро тарк намекунед?
— Ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ. Ман инро ба ту ваъда медиҳам.
Сашаи майдаҳак ӯро ба оғӯш кашида, гирист.
Аз ҳамон вақт онҳо фаромӯш карданд, ки Саша барои онҳо писари ӯгай аст. Писарбача бо тамому рафтору кирдор онҳоро шод менамуд. Вай хеле хуб таҳсил мекард ва баъди хатми мактаб ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ дохил шуд.
Онҳо дар шаҳраки на он қадар калон зиндагӣ мекарданд ва пас аз хатми мактаб шумори хеле ками наврасон таҳсилро дар макотиби олию миёнаи махсус идома доданд. Ин боиси сарфарозии падару модар гардид.
Ҳангоми таътил ва рухсатиҳо ӯ на барои истироҳату дамгирӣ, балки кӯмак ба падару модар меомад. Дар шаҳрак сокинон аз муносибатҳои меҳрубононаи Фёдор Петрович ва завҷааш нисбат ба писарашон бо ҳасад менигаристанд.
Пас аз хатми омӯзишгоҳ Саша дар хизмати ҳарбӣ монд.
Волидон ҳамеша дар ғаму ташвиши фарзанд буданд, бахусус замоне, ки Саша ба алоқа набаромада, аз худ дарак намедод. Онҳо медонистанд, ки ӯ дар минтақаҳои хавфнок хизмат мекунад.
Баъдтар ӯро бо ваҷҳи саломатӣ ба истеъфо бароварданд. Саша дучори ғаму андӯҳ гардид ва баъди ду сол ба беморӣ гирифтор шуд. Бемориро хеле дер ошкор карданд ва ин сабаб гардид, ки духтурон дар табобат оҷиз монанд.
Баъди чанд вақти фавти писар завҷа ҳам дунёро тарк гуфт ва Фёдор Петрович тани танҳо монд…
Мӯйсафед рӯи ҳавлӣ баромад ва саги вафодори ӯ, ки Буян (Шаттоҳ) ном дошт, давон омада, назди пойҳояш қарор гирифт.
Саг солхӯрда буд. Агар онро бо солҳои умри инсон андоза кунем, вайро ҳамсоли Фёдор Петрович гуфтан ҳам мумкин буд.
— Қанӣ, Буян, ба назди Сашенка меравем? Рафтем.
Саги пир, магар суханони соҳибашро мефаҳмид, ки хурсандона дум меликконд.
Даричаи ҳавлиро маҳкам карда, ба роҳ баромаданд. Қабристон дар самти дигари деҳа қарор дошт.
Барои расидан ба он ҷо тамоми деҳаро пушти сар карда, боз километри дигарро паймудан лозим буд.
— Рӯзатон ба хайр, Фёдор Петрович! Шумо ва Буян ба куҷо раҳсипоред? — садо баланд кард, ҳамсоязан Мария Степановна.
— Салом, Мария Степановна. Ба оромгоҳи писар ва завҷаам меравам. Панҷараи болои қабрро таъмир ва ранг кардан даркор.
— Ин чӣ тавр, ки шумо мерафтаед. Охир бемор ҳастед. Аз ягон кас ёрӣ пурсед намешавад?
— Худоям ба ман наберагон надод. Магар аз бегонагон ёрӣ пурсида мешавад? Худат медонӣ, пулро мегираду меравад. Кори кардааш ҳам табъи дил не, лозим меояд, ки худат аз нав он корро дубора анҷом диҳӣ. Ана, ҳамин тавр, ҳамсоя…
Фёдор Петрович бо Буян роҳро давом доданд. Дар даромадгоҳи қабристон бо марди ношинос, ки амиқ таҳҷоӣ набуд, вохӯрданд.
Марди бегона ҳатто салом надода, аз паҳлӯ гузашта рафт. Фёдор Петрович ба ҳайрат афтод: охир, дар шаҳраки онҳо шиносу ношинос байни ҳам салом медиҳанд. Ин ҷо ягон…
Дар қабристон бетартибӣ ҳукмрон буд. Ҳафтае қабл шамоли сахт вазида, шохҳои дарахтонро шикаст. Фёдор Петрович оҳ кашид…
— Мебинӣ, чӣ қадар корҳо дар наздамон истодааст, Буяша.
Саг гӯё фаҳмида бошад, ба ғурриш даромад.
— Барои чӣ ин қадар хашмгин менамоӣ? Он роҳгузар ба ту маъқул нашуд? Росташро гӯям ба ман ҳам. Лекин мо бо дигарон чӣ кор дорем.
Ҳангоме, ки Фёдор Петрович шоху шиббаҳои болои қабрро мечид, Буян бо як ҳаракате замини канори қабрро кофтан гирифт.
Саг вингосзанон заминро мекофт. Аз байни панҷаҳои ӯ хок ба ҳар тараф пош мехӯрд.
Ниҳоят бозистод ва аккос зад.
Фёдор Петрович ба назди чуқурӣ омада, карахт шуда монд.
Дар чуқурии кофтаи Буян як пораи қуттии картонӣ намудор буд. Аниқ маълум мегардид, ки қуттӣ ба ҳамин наздикиҳо зери хок карда шудааст, зеро картон то ба ҳол нами заминро ба худ накашида буд. Мумкин онро ҳамон марди ношинос зери замин пинҳон карда бошад, — аз дил гузаронид мӯйсафед.
Фёдор Петрович замини атрофи онро тоза карда, қуттиро, ки анча калон будааст, бо душворӣ берун баровард.
Ва он ҷо дар дохили қуттӣ чизе ба ҷунбиш даромад. Ӯ саросемавор картонро аз ҳар ҷояш дарронд, Буян аккосзанон дар гирду атроф чархак мезад.
— Ором шав, ором, — мегуфт пирамард, ба саг.
…Дар дохил якчанд латтапораҳо мехобиданд. Фёдор Петрович онҳоро ба як канор тела дода, ғайриихтиёр фарёд зад.
Дар қуттӣ духтарчаи навзод, тамоман хурдакаки бараҳна мехобид. Вай ҳаракат карда, ба мисли моҳичаи ба соҳил афтода, даҳони худро кушода, кӯшиш мекард, нафаси тоза гирад. Лекин барои гиряву фарёд дар навзод қуввае намонда буд.
Ӯ чанд муддатро зери замин сипарӣ кард? Мумкин аз ним соат зиёд набошад. Шояд ҳамин захираи ҳавои дохили қуттӣ басандагӣ кардааст, ки кӯдак нафасгир нашуда, амон ёбад.
— Оҳ, Худоҷони ман! — бигуфту пирамард навзодро ба даст гирифт ва сӯи баромадгоҳи қабристон давон шуд.
Буян бошад, бо садои баланд аккос зада, пешопеши соҳибаш медавид.
Дили Фёдор Петрович гӯё аз қафаси сина берун ҷаҳиданӣ буд. Гуп- гуп мезад. Нафас гулӯро сӯзонида, ба душворӣ хориҷ мешуд. Лекин ӯ қарор нагирифта, ҳаракат мекард. Ба назди Олга Сергеевна, собиқ фелдшерзани шаҳракашон мешитобид.
Бо вуҷуди он, ки нуқтаи тиббиро дар шаҳрак барҳам доданд, аҳолӣ ба мисли пештара ҷиҳати кӯмак ба ӯ муроҷиат мекарданд.
Олга Сергеевна Фёдор Петровичи сӯяш давон омада истодаро ҳангоме дид, ки дар боғи назди ҳавлияш кор мекард.
— Шояд, ягон воқеаи ҷиддӣ рӯй дода бошад, — аз дил гузаронид Олга Сергеевна ва дастонашро бо оби борони дар бочка ғуншуда шуста, ба пешвози пирамард шитофт.
— Фёдор Петрович, чӣ ҳодиса рӯй дод?
Пирамард бо як азобе навзодро ба ӯ дароз карда, бо овози хирросӣ гуфт:
— Ёфтам… дар қуттии ба замин гӯр кардашуда…
Дар ҳамин асно кӯдак хеле паст овоз баровард ва Олга Сергеевна, гӯё, ки аз хоби гарон бедор шуда бошад, ӯро ба даст гирифта, сӯи хона давид.
Вай ҳангоме, ки шавҳараш саросема рақами ёрии таъҷилиро мечид ва ба Федор Петрович саволҳои бисёр медод, кӯдакро моҳирона ба сачоқи мулоим печонд.
Аллакай баъди ним соат дар назди даричаи ҳавлии Олга Сергеевна духтурони ёрии таъҷилӣ ва пулисҳо ҷамъ омада, қазияро баррасӣ мекарданд.
Дар атроф ҳамсояҳои кунҷков ҷамъ омада, давуғеҷ доштанд. Як нафари онҳо ба Фёдор Петрович барои таскини қалб доруи қатрагӣ овард.
Рӯзи дигар назди хонаи Фёдор Петрович мошини ғайриоддие, ки онро ҳаргиз надида буд, омада қарор гирифт.
Пирамард кӯшиши аз ҷой хестан кард, аммо пойҳои дар воқеаҳои дирӯза мондашуда ба ӯ итоат намекарданд.
Суроби касе дар назди дар пайдо шуд.
— Кист онҷо?
— Салом. Шумо Фёдор Петрович ҳастед?
— Ҳа, ин ман, — ҷавоб дод мӯйсафед ва бо азобе аз диван бархоста назди дар омад.
— Ман Герман, бобои ҳамон духтарчае, ки шумо ӯро наҷот додед.
Ҳамин ҳангом ҷавоне пурқувват қуттии калон рӯи даст ба ҳуҷра ворид шуда, онро болои миз гузошт. Герман як бандча пулро ҳам дар паҳлуи қуттӣ гузошт.
— Ин барои шумо савғотӣ. Ана ин пулҳо бошад, баҳри эҳтиёҷҳоятон. Ман мефаҳмам, ки тавассути пул баён кардани сипосгузорӣ мумкин он қадар ҳам дуруст набошад. Лекин ман намедонам боз бо кадом роҳ миннатдории худро баён намоям. Ҳамаи инро аз таҳти дил ба Шумо ҳадя мекунам. Хоҳишмандам қабул кунед.
Фёдор Петрович нишаст. Герман идома медод:
— Духтарам ғайри ихтиёри ман ба шавҳар баромад. Ман дарҳол сарфаҳм рафтам, ки ба шавҳари вай фақат пул, молу сарват лозим аст. Аммо духтарам инро ҳатто гӯш кардан намехост.
Ҳангоме ҳомила шуд, ба худ андешидам, ки мумкин ман иштибоҳ карда бошам.
Афсӯс, духтараки ман ҳангоми тавлиди фарзанд фавтид. Ман оиди ин ҳодиса аз чизе бохабар набудам.
Кӯдак зинда монд. Вале домодам мехост ҳар чӣ зудтар соҳиби мерос шавад. Ва ӯ қарор дод, ки аз кӯдак ҳам халосӣ ёбад.
Ман, ҳатто тасаввур кардан ҳам наметавонистам, ки инсон ба чунин ҷиноят ва разолат қодир аст. Албатта, ки инро тафтишот муайян менамояд. Домодро аллакай ҳабс кардаанд, духтарча бошад…
Ягона риштае, ки маро бо духтарам мепайвандад, ҳамин набераам аст.
Ман бояд, ки ба ақидаи худ устувор меистодам. Лекин дахолатро ба ҳаёти оилавии ӯ эб надидам.
Фёдор Петрович чӣ будани маҳрумият аз наздикони худро хуб сарфаҳм мерафт.
— Ҳоли духтарча хуб аст? — пурсид ӯ.
— Ҳа, ҳамааш хуб, шумо саривақт ҳозир шуда, ӯро наҷот додед. Ташаккури зиёд.
Фёдор Петрович гаштаю баргашта ин ҳодисаро нақл мекард.
Ӯ ҳамчунин изофа кард ки панҷараи оромгоҳи зану писараш таъмирталаб гардидаасту барои таъмир он ҷо рафта буд.
Вазъи саломатии Фёдор Петрович фақат баъди ду ҳафта беҳтар шуда, аз ҷой хеста роҳ мерафтагӣ шуд.
Дар қуттии савғотиҳо он қадар чизу чора ва маводҳо буданд, ки тавассути онҳо акнун натанҳо таъмири панҷараи сари қабр, балки гузоштани муҷассама ҳам имкон дошт.
Дар яке аз рӯзҳои офтобӣ Фёдор Петрович рулеткаро бо худ гирифта, аз хона баромад. Дар паҳлӯи ӯ саги вафодораш медавид.
— Маро ҳамроҳӣ мекунӣ, азизам?
Саг хурсандона думашро ликконда, баланд аккос зад. Онҳо даричаро гузашта, бо Мария Степановна рӯбарӯ шуданд.
— Аз саҳар ба куҷо равонаӣ, Фёдор Петрович?
— Ба қабристон. Бобои ҳамон духтарча омада, як миқдор маблағ гузошта рафт. Қарор додам, рафта ҷойро чен карда, панҷараи нав фармоиш диҳам. Кӯҳнааш тамоман корношоям шудааст.
— Албатта, ки бирав.
Фёдор Петрович роҳашро идома дод. Зани солхӯрда аз дунбол ба ӯ нигариста, ғайриихтиёр салиб кашид.
Зан аз ӯ дида бештар медонист, чунки худи вай як рӯз пеш ба зиёрати қабристон рафта буд.
Фёдор Петрович оҳиста- оҳиста роҳро идома медод ва сари ҳар чанд вақт ба қафо нигариста, бо сагаш гӯё сӯҳбат мекард:
— Аз ҳама муҳим, азизакам, имрӯз орому осоишта гузарад. Бе ҳангома ва ташвиши зиёдатӣ…
Ногаҳон мӯйсафед дар ҷояш шах шуда монд, ба гирду атроф назар андохт, аз ҳайрат надонист, ки дар куҷо қарор дорад.
Дар пеши чашмони ӯ маҷмааи пурҳашамати ёдбуд: панҷараҳои баланди аз занҷирҳои бузургҳаҷми сиёҳранг сохташуда, сангрезаҳои ҳамчун ақиқ равшан, роҳравҳои сафолакпӯш ва муҷассамаҳои мӯҳташами сиёҳ намудор гардид.
Фёдор Петровичро аз ҳайрат ҳангаш канд. Дурусттар назар андохта, дар муҷассамаҳо ному насаби завҷа ва писарашро хонд.
Муҷассамаҳо ба завҷа ва писар як ба як монандӣ доштанд, гумон мекардӣ зинда ҳастанд.
— Сашенка…, — бо андӯҳ овоз баровард, пирамард.
Ба муҷассамаи дуюм рӯй оварда, Фёдор Петрович дарҳол фаҳмид, ки ин амалҳоро кӣ анҷом додааст.
Албатта, ки ин Герман буд. Мӯйсафед қоматашро хам карда, бо овози хеле паст пичиррос зад:
— Ташаккур ба ту одами нек. Ту беҳтарин амалҳои хайрро бошарафона анҷом додаӣ!
Фёдор Петрович дар нишастгоҳи назди қабрҳо биншаст.
— Мана, азизони ман. Акнун метавонам ман ҳам истироҳат кунам. Ҳамааш мувофиқи хости дилам иҷро шуд. Зеро ман назди шумо то ин корро анҷом надиҳам, омадан наметавонистам. Акнун ҳамааш ба хайр шуд.
Бегоҳӣ Мария Степановна ҳис кард, ки Буян якка худаш, бе соҳиб ба хона баргашт.
Саг бо оҳанги ҳазин мингос зада, гӯё чизе гуфтан мехост.
Зан фаҳмид: кадом як воқеае рӯй додааст. Ба хонаи Фёдор Петрович рафт ва чи хеле, ки худ интизор буд, хонаро маҳкам дарёфт.
Ӯ зуд ҳамсоягонро ҷамъ овард ва ҳамагӣ сӯи қабристон шитофтанд.
…Фёдор Петрович дар нишастгоҳ менишаст. Дар чеҳраи ӯ табассуми зебое нақш баста буд. Вале дунёи фониро падруд гуфта.
Ташкили маъракаи дафнро Герман ба ӯҳдаи худ гирифт
Буян манзили соҳибашро тарк накарда, якҷоя бо Мария монд, гарчанде Герман таклиф намуд, ки сагро ба хонаи беруназшаҳрии худ бубарад.
Саг зуд-зуд ба қабристон омада, назди оромгоҳи соҳибонаш давра зада хоб мерафт. Буян пас аз фавти Фёдор Петрович боз ду соли дигар зиндагӣ карда, дар дохили панҷараи зебо вафот кард. Ӯро ҳам дар як кунҷи оромгоҳ дар канори Фёдор Петрович ва зану фарзандаш дафн карданд.
© Рустамов З., 2025
Аз саҳифаи POFU — добрый юмор аз 07.02.2025, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов