Филҳо ҳам эҳсос доранд

filho


2 марти соли 2012 дар Африқо Энтони Лоуренс — муҳофизи табиат, инсоне, ки дар муомила бо филҳо шӯҳрат дошт, ногаҳон даргузашт.


Ӯ ваҳшитарин филҳоро ҳам ором мекард, ҳатто он филҳоеро, ки дигарон ром кардани онҳоро кӯшиши беҳуда ҳисоб мекарданд. Бо саъю кӯшиши Энтони бисёре аз филҳои бемору маҷрӯҳ зинда монданд…

Лекин ҳодисаи аз ҳама шигифтангез пас аз 12 соати вафоти ӯ рӯй дод. Ба назди хонаи ӯ паи ҳамдигар филҳое, ки ӯ як вақтҳо наҷот дода буд, ҷамъ омаданд.

Зиёда аз 12 соат роҳ паймуданд, то дар маросими видоъ дар паҳлӯи наҷотдиҳандаи худ бошанд. Онҳо ду шабонарӯз назди манзили ӯ орому сокит истоданд…

Рӯзи дигар боз як подаи дигари филҳо назди хонаи майит қарор гирифтанд.

Аз рӯи ҳисобу китоби масофа, ин гурӯҳи филҳо вақте ба роҳ баромаданд, ки қалби Энтони Лоуренс аз задан бозмонда буд. Онҳо омаданд, ки бо марҳум хайрбод намоянд. Бо одаме, ки барояшон аз фарди муқаррарӣ дида, хеле зиёд қадру қимате дошт.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки филҳо аз қабили он ҳайвоноте ҳастанд, ки дар талафоти наздикони худ мотам мегиранд, ба марги ҳамҷинсони худ сӯгворӣ мекунанд, ба болои ҷасади майит шохаҳоро ғун карда, онро аз ҳаргуна ҳайвоноти дигар ҳифз менамоянд. Яъне, қобилияти эҳсос, ғаму андӯҳро доро ҳастанд…

Онҳо худро дар назди оина мешиносанд. Обро барои рӯзи мабодо захира мекунанд. Ҳама чизро дар хотир доранд. Ва онҳо қобилияти марги ҳамҷинсон ва одами дӯстдоштаи худро садҳо километр дур аз худ эҳсос менамоянд.

Онҳо аз марги Энтони Лоуренс чӣ навъ хабар ёфтанд, ҳеҷ кас намедонад. Лекин омадани онҳо ба манзили наҷотдиҳандаи худ ва сӯгвории сокиту ором дар рӯзҳои мотам шаҳодати он аст, ки робитаи ҳақиқӣ на масофа, на донистани забон ва на байни одаму ҳайвонотро намепазирад.

© Рустамов З., 2025

Аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: