
(Аз нақли модар)
Ҳоло ба ёд овардани ин ҷарроҳиҳо диламро абгор намуда, хунам дар рагҳоям гӯё шах мешавад. Дар бачагиаш писарам қариб, ки бемор намешуд. Солиму бардам, зиндадил ва хушбахт ба воя мерасид.
Юра бо чашмони пӯшида хоб рафта буд. Медонистам, ки ӯ бедор аст. Ду ҳафта шуд, ки ӯро аз беморхонаи вилоятӣ ҷавоб доданд.
Лекин шабонгоҳон ӯ ягон маротиба чароғи хонаро гирон накард. Лампаи рӯимизӣ ҳам чун ноутбук болои курсича бекор меистод. Дар баробари диван рӯи фарш дафтарчаи ёддоштҳо ва ручка ҳам мехобид.
Боз рақами киро хат зада бошад? Ва аз дусаду бист рақам чандтои дигар боқӣ мондааст?
Ин рақамҳои телефон ва рӯзҳои таваллудро ману писарам соле қабл пеш аз ҷарроҳии вазнини сутунмӯҳра дар дафтарча сабт карда будем.
Ҳоло ба ёд овардани ин ҷарроҳиҳо диламро абгор намуда, хунам дар рагҳоям гӯё шах мешавад.
Дар бачагиаш писарам қариб, ки бемор намешуд. Солиму бардам, зиндадил ва хушбахт ба воя мерасид.
Ҳамроҳи дӯсти қаринаш Сергей ба варзиш машғул мешуд. Боре дар тамринҳо Юра ба тахтапушт афтода, худаш мустақилона аз ҷо хеста натавонист.
Ёрии таъҷилиро даъват карданд. Юра се ҳафта дар беморхона хобид. Баъди чанд моҳ дар тахтапушт чунон дарди ҷонкоҳе пайдо шуд, ки барояш тоқатнопазир буд.
Ҷарроҳӣ карданд. Азбаски дарди мудҳиш аз нав пайдо шуд, баъди соле боз ҷарроҳии дигар пеш омад.
Ин дафъа аз сардухтур ва мудири шӯъбаи ҷарроҳӣ илтиҷо кардам, ки барои нигоҳубини писарам ба ман рухсат диҳанд, то як ҷо бошем.
Ростӣ аз эҳсоси ғаму андӯҳ мондаю лакот мешудам. Ҳамон вақте, ки ба шӯъба якчанд нафар донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ омаданд, мушкилам каме осон шуд.
Юра ба яке аз духтарони донишҷӯ маъқул шуда монд.
Охир писари ман ҳам ҷавони зебо, хуш қадду баст мебошад.
Леночка омода буд, шабу рӯз дар бараш бошад, ҳар як майлу хоҳиши ӯро иҷро намояд. Лекин вақте, ки ман ба Юра Леночкаро таъриф карда мегуфтам, ки мебинӣ ӯ чӣ қадар духтари меҳрубон, зебо ва боақлу фаросат аст, вай абрӯяшро чин мекарду халос.
Ба ман ҳамсабақонаш мегуфтанд, ки Лена аълохон аст ва ба Юра аз нигоҳи аввал ошиқ шудааст. Юра аз ин суханон ранҷида мегуфт:
— Модарҷон! Худат фикр кун. Ман барин бистарӣ ба ӯ чӣ лозим? Ин булҳавасӣ асту бас. Вай ба ман ҳам маъқул аст. Лекин ман аз ошиқ шудан метарсам. Мана, мебинӣ ҳамин, ки мо аз пойтахт ба шаҳрак бармегардем, ӯ маро дигар ба ёд намеорад. Ва ин дарди маро дучанд мегардонад.
Ӯ намехост ҳатто рақами телефонашро ба ӯ диҳад. Лена маҷбур шуд, аз ман хоҳиш намояд. Ба ӯ ҳам рақами Юра ва ҳам телефони хонагиамонро додам.
Баъд аз ин бо ҳам занг мезаданд, паёмакҳо мефиристоданд, тавассути скайп ҳамдигарро медиданд.
Лена хоҳиши ба хонаи мо омадан кард. Аммо ин ҳангом боз як ҷарроҳӣ ва табобати дурудароз лозим омад.
Ин ҷарроҳӣ ҳолати беморро беҳ накард, мутаассифона ӯро ба маҷрӯҳ табдил дод.
Баъди ин Юра қобилияти роҳравиро гум карда, аз ним соат бештар рост истода наметавонистагӣ шуд.
Ба чашмони маҳзун ва тағйирёфтаи писарам нигоҳ карда, дилам зардоб мешуд.
Чунки дар ин чашмон оҳанги вазнини ғаму ғусса ва лоилоҷиро мехондам. Ин ба ман — модари ӯ хеле гарон буд.
Шабҳо гӯш меандохтам, ки нафас мекашад ё на? Ҳар рӯз ҳабҳои дорувориро мешумурдам, ки баногоҳ зиёдтар хӯрда, ба ҷони худ қасд накарда бошад.
Аз ҷавони то ба ҳамин қарибиҳо зиндадилу хуштабассум аз ин хислатҳо дигар асаре намонда буд. Вай акнун пурра ба дарди худ дода шуда, зудранҷу тундмизоҷ гардида буд.
Метарсидам, ки ӯ нисбати ҳаёт ва дунёе, ки зиндагӣ мекунад нафрат пайдо карда, бахту саодат ва хурсандии дигаронро қабул карда наметавонад.
Рӯзе ба дафтари ёддоштҳои писарам нигоҳ кардам. Рақами телефони Лена хат зада шуда буд. Маълум, ки Лена ҳам ба табрикоти ӯ ба муносибати зодрӯз ҷавоб нагардонидааст.
Вай охир, ҳамчун пештара тамоми ҳамсинфон ва шиносонро бо рӯзи таваллуд табрик мекард. Лекин онон ба табрикот ва паёмакҳои ӯ ҷавоб намегардониданд.
Ва ӯ аз алам бо мақсади шунида нашудани нолааш лабҳояшро газида, хуншор карда, рақами телефони навбатиро маҳв мекард.
Аз фарш дафтари ёддоштҳоро бардошта, варақ задам.
Ҳамагӣ панҷ рақам телефонҳо боқӣ мондаанд, ки дар рӯбарӯи онҳо номҳои: Серёжа, Вадим, Николай, Оля, Света сабт гардидаанд. Вадим ва Николай ҳамсинфон, вале духтаронро намешинохтам.
…Серёжа дӯсти даврони бачагии писарам аст. Онҳо аз замони тарбия дар боғча бо ҳам дӯст шудаанд. Ҳамагӣ се сола буданд, он ҳангом.
Ва аз ҳамон сесолагӣ, субҳе, ки мураббӣ онҳоро сари як мизча шинонид, онҳо дӯст гардиданд, ки ба ин дӯстӣ бисту ҳафт сол шудааст.
Дар ҳама ҷо: дар мактаб сари як миз, дар толори варзишӣ чун экизак ҳамеша якҷо буданд.
Ва фақат пас аз хатми мактаб пайраҳаи зиндагии онҳо ҷудо шуд. Серёжа ба Донишгоҳ дохил шуд. Юра бошад ҳамаи ин солҳо барномасоз шуда кор кард. (Сипос ба сарвари ташкилот, ки ба сабаби беморӣ иҷрои корҳои пешинро дар хона иҷозат дод).
Серёжа ба Юра қариб, ки ҳар рӯз занг мезад. Ҳангоме, ки ба таътил меомад, сӯи Юра мешитофт, дар бораи чизҳои дидааш нақл мекард, ӯро ба ҳаракат медаровард, маҷбур месохт, ки машқҳоро иҷро кунад. Худаш пойҳои Юраро масҳ мекард. Ба китфаш гирифта, ба кӯча мебаровард.
Ба мошин шинонда, ҳамроҳи худ ба шикор, футбол, ба шаҳре, ки хондааст, ба хонаи хешовандон ва сайри баҳр мебурд.
Ҳама вақт ба ман занг зада, аз ҳолу аҳвол, кайфияти Юра мепурсид, кӯмаки худро пешниҳод мекард.
Расонидани кӯмакро фақат ба ман мегуфт. Зеро Юра сипоҳигариро аз даст надода, ба ҳар намуд кӯмак ҷавоби рад медод. Лекин Серёжа ба ӯ гӯш надода, хости худро мекард.
Пас аз хатми Донишгоҳ Серёжа соҳибкори муваффақ гардид. Ба Настяи ҳамкурсаш оиладор шуд. Лекин аз ин муносибати ӯ бо Юра тағйир наёфт.
Фақат ҳамин, ки куҷое нараванд, акнун се нафар мерафтанд. Ба эътирози дӯсташ нигоҳ накарда, Серёжа ҳамеша се роҳхат, се чипта харида, далелу баҳонаҳои Юраро ҳатто шунидан намехост. Дар муддати кӯтоҳ Англия, Миср ва Туркияро саёҳат карданд.
Инро фақат дидан даркор буду бас. Серёжаи қоматаш як метру наваду ду сантиметр Юраро, ки аз ӯ саҳле пасттар буд, ҳамчун кӯдак ба тахтапушт бардошта мерафт.
Ӯ рафиқашро эҳтиёткорона то назди ҳавопаймо мебурд ва ҳамроҳ дар зинапояи аз одам холӣ боло мешуданд, зеро мусофирони шоҳиди ҳол бо эҳтиром ба онҳо роҳ медоданд.
Настенка дар паҳлуи онҳо қадам зада, ким-чиҳо мегуфту табассум мекард. Махсусан духтаракон ба ҷавони зебое, ки кӯшиш мекард, ба гирду атроф назар наандозад, нигоҳ карда, оҳу афсӯс мекашиданд.
Кор ва ғамхории Серёжа ва Настя яхи дили писарамро об кард. Ӯ аз нав хушҳолу рӯҳбаланд гардид, ба худ бовар кард, ки минбаъд ҳамааш хуб мегардад ва аз нав роҳгардон мешавад.
Лекин ҳаёт он қадар ҳам тараддуди хурсанд кардани ӯро надошт…
Аз чӣ сабаб бошад, дар яке аз шабҳо дарди ҷонкоҳ дар вуҷуди писарам аз нав хурӯҷ кард. Лозим омад, ки ёрии таъҷилиро ҷеғ занем.
Соати шаши субҳ авиатсияи санитарӣ бо гурӯҳи духтурон омада, Юраро аз нав ба беморхонаи вилоятӣ бурданд.
Ҳангоме, ки занбарро ба чархбол мебароварданд, писарам табассум карда гуфт:
— Модарҷон! Ту хавотир нашав. Ҳамааш хуб мешавад. Ту охир медонӣ- ку, ман то чӣ андоза сахтҷон ҳастам. Фақат ба Серёжа ягон гап нагӯй. Фаҳмо?!
Баъди баланд шудани чархбол инони гиряро сар додам, диламро холӣ кардам. Аз Худованд илтиҷо кардам, ки ягона фарзандамро зинда нигоҳ дорад, ба вай пойи равон бахшад.
Ман ба касе чизе хабар надода, худи ҳамон саҳар Серёжа бо ҳалми пухта, бо изтироб ба хона омада пурсид?
— Бо Юра чӣ шуд? Вай куҷост? Ман ҳис мекунам, ки ҳоли ӯ хуб нест!
Ҷойи пинҳон кардан намонда буд. Он чӣ аз сар гузашт, гуфта додам.
Пас аз нисфи рӯз Серёжа, аллакай дар беморхона қарор дошт. Ба ман занг зада гуфт:
— Валя-хола! Худи ҳозир бо ҷарроҳон гуфтугӯ кардам. Боз ҷарроҳӣ мекунанд. Духтурон бовар кунониданд, ки ҳамааш хуб мешавад. Барои ҳамин ҳам хавотир нашавед. Шумо медонед-ку, Юра қалби пурқувват дорад!
— Парвардигоро, Серёжа боз ҷарроҳӣ? Нагуфтанд, ки кай? Охир ман бояд барои ҷарроҳӣ пул ёбам.
— Ҷарроҳӣ аллакай баъди чор соат. Ман тамоми маблағро супоридам ва то охир ҳамин ҷо мемонам. Дар бораи пул хаёл накунед ва ҳатто ба хотиратон ҳам наёред. Маъқул? Ман ба шумо, албатта, занг мезанам.
Баъди занги Серёжа ба Худованду тамоми қудсиён ибодат кардам, ки барои зинда мондан ва ғолиб омадани ӯ бар ин маризӣ кӯмак кунанд.
Ва Худовандам маро шунид.
Серёжа ба ман занг зад ва гуфт, ки ҷарроҳӣ хуб гузашт, лекин ба Юра лозим аст, ки якчанд моҳ дар беморхона табобат гирад.
Охир ҷарроҳии чорум ҷиддист!
Серёжа ва Настя зуд-зуд ба аёдати Юра мерафтанд, барояш доруворӣ, китобҳо, филмҳои видеоӣ мебурданд (ноутбукро Серёжа дарҳол пас аз ҷарроҳӣ бурда буд).
Онҳо дар ин дидорбинӣ маро низ ҳамроҳ мегирифтанд ва ҳамеша таъкид мекарданд, ки дар бораи хароҷотҳо, ҳатто фикр ҳам накунам.
Ду маротиба худам танҳо ба назди Юра бо автобус рафтам, чунки Серёжа ва Настя ду моҳ бо корҳои фирма дар Германия қарор доштанд. Аз хориҷ бошад ҳам, Серёжа ба Юра ва ман зуд-зуд занг мезад.
Аз беморхонаи вилоятӣ Юраро мошини ёрии таъҷилии ноҳия ду ҳафта пеш оварда буд. Ва ҳамаи ин рӯзҳо ӯ чароғи хонаро гирон намекунад. Доимо чашмонаш пӯшидаанд. Гумон мекунад, ки агар чашмонро кушояд, ояндаи талхи зиндагии худро, ки бо ӯ ин қадар ҷафо овард, мебинад.
Оҳистекак дари ҳуҷраи ӯро пӯшида, ба байтулаҳзани худ гузаштам. Кайҳост, ки хоб аз дидаам паридаасту дил моломоли дард аст.
Ашк дигар нест. Он ҳангоме, ки шаби дароз ба Худоям ва ҷумлаи қудсиён нола кардам, ки ҳаёти ягона фарзандамро наҷот диҳанд, сиришк дар косахонаи чашмонам ҷӯшид, ба як бор чун қатраҳои шабнами саҳар аз дидагон фурӯ рехт.
Субҳи барвақт ба ман Серёжа занг зад:
— Валя-хола! Мо омадем. Ҳолу аҳволи Юрка чӣ хел? Зиқ аст? Ҳеҷ гап не, ба ҳаракат медарорем, вақташро хуш мекунем. Ин аз дасти мо меояд.
Ва ба Шумо хушхабареро низ расонданиам. Ба ман муяссар шуд, ки дар Германия клиникаи духтуроне, ки бисёр беморони монанд ба бемории Юраро бомуваффақият табобат кардаанд, биёбам. Бо онҳо гуфтугӯ кардам. Бинобар ин умед мебандем, ки ба наздикӣ Юра чун пештара роҳгардак мегардад. Шумо дар ин бора ба ӯ ҳеч чиз нагӯед. Набошад чун ҳамешагӣ эътирозу норозигӣ мекунад, хашмгин мешавад.
Вай ҳоло ҳам хоб аст? Ҳамин, ки бедор шуд ба ман занг занед. Майлаш?! Мо ҳамроҳи Настя ба хонаатон меоем.
Мо мехоҳем ба ӯ ҳадяи ғайричашмдошт пешниҳод намоем. Тӯҳфае, ки ӯ кайҳо орзу мекард. Дар ҳамин мулоқот масъалаи табобаташро дар Германия гуфтугӯ мекунем.
Бо гузашти се моҳ Серёжа боз Юраро рӯи даст гирифта, аз ошёнаи сеюм ба мошин ва баъд назди зинапояи ҳавопаймо овард ва дохили он кард.
Ин дафъа ҳам Настя чун ҳарвақта дар паҳлӯи онҳо парвона буд, ба монанди парандаи хушхон ширин такаллум мекард, дӯстонро, ки ҳам бо қалб ва ҳам бо афкор ягонаи кулл буданд, рӯҳбаланд менамуд.
Дӯстии онҳоро Худованд қаблан муқаррар карда буд.
Ва ба шарофати ҳамин дӯстӣ нахли умри яке аз онҳо аз чанголи марг наҷот меёбад.
…Ду сол сипарӣ гардид. Юра баъди табобати охирин бе ёрдами нафаре ба по хест. Ҳатто бе асо ба роҳгардӣ сар кард. Ба кор баргашт. Ҳоло бо паридухтаре вомехӯрад.
Серёжа бо Настя аз табобати мӯъҷизаноки Юра он қадар шод буданд, ки фақат ба тавлиди нахустфарзандашон, ки номашро ба эҳтироми дӯст Юрий гузоштанд, баробар кардан мумкин буд.
Онҳо ҳамроҳ бо тифлаки навзодашон хонаи мо омаданд, то меҳмони навро ба мо нишон диҳанд ва аз Юра бипурсанд, ки оё ӯ ба падари тамъидӣ шудан ба фарзандашон розигӣ медиҳад?
Ва Юра аз ҳеҷ кас нашармида, бори аввал тайи солҳои дӯстӣ гирист.
Ӯ дурудароз ва талх гирист. Тамоми дарду алам, ҳасрат, ғаму ғусса, ноомадҳои зиндагиро якҷоя бо сиришк аз вуҷудаш берун бароварда, дили худро барои ишқ, бахту саодат тоза мекард.
Муҳаббат ва сипоси ӯ ба дӯсти ягонааш, ки ба вай тамоми умр содиқу вафодор монда, ягон маротиба ба ӯ носазо нагуфт, дилашро наёзурд, хиёнат накард, ба ӯ ҲАЁТ бахшид, самимӣ ва бекарон буд.
Ҳамагон мегиристанд. Танҳо Юраи майдача, ки динаяк ба дунё омада, олами равшанро медид, табассум мекард.
Юраи калонӣ бошад, тавонист фақат ҳамин қадар бигӯяд:
— Худоё, Серёжа, боз ту аз ман розигӣ мепурсӣ? Аз ин дида барои ман хушбахтии дигар магар метавонад бошад?!
Ту охир медонӣ, ки ман чӣ гуна қалби солим ва пурқуввате дорам. Ва ман ҳамеша, ҳар лаҳза омодаам, агар лозим шавад, қалбамро, ҷонамро барои наҷоти ҳаёти оилаи шумо бубахшам…
© Рустамов З., 2025
Муаллиф Евгения Козачок, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов