
Инна бори дигар рӯзномаро варақгардон карда, оҳи чуқур кашид. Дар саҳифаи эълонҳо ягон ҷойи холии кори муздаш муносиб набуд. Ҳа, чандин вақт аст, ки ӯ хоҳиши корашро иваз кардан дорад. Шуғли ноқулайи модар шабонарӯзҳо бачагонро бесаробон мемонд ва маош ҳам аз моҳ то моҳи дигар барои рӯзгузаронӣ базӯр мерасид.
Садои занги даромад баланд шуд. Денис барои кушодани дар шитофт. Модар ҳам ӯро ҳамроҳӣ кард. Соат 8-и шом буд. Одатан дар ин вақт одамон ба меҳмонӣ намеоянд.
— Инка, салом! — мегуфт малеҳона табассум карда дугонааш Марина, ки дар дами дар меистод.
Боз кӣ ҳам ғайри ӯ дар ин бевақтӣ ба хона омада метавонист? Марина дар даст борхалта бо ҳар гуна ширинию меваҳо сӯи ошхона равон шуд.
Бачагон дарҳол ӯро ба иҳотаи худ гирифтанд. Марина ба онҳо шириниҳо дода, аз таҳсилу тарбияашон дар мактаб ва боғчаи бачагон пурсон шуд.
— Марина инаш боз чӣ гап? Маро рафтору пулхарҷкунии ту ба ҳар як чизҳои даркору нодаркор тамоман ба ҳайрат меорад, — маломат мекард ӯро Инна.
— Ин ҳаргиз барои ту нест, гарчанде барои ту ҳам чизе дорам, дар ҷавоб мегуфт, Марина ба рӯи миз шишаи май, ширинӣ ва меваҳоро гузошта.
— Дугонаҷон, имрӯз ба кори нав гузаштанатро қайд менамоем.
Инна аз ҳайрат паси миз нишаста монд.
— Боз кадом кори навро мегӯӣ?
Барои чӣ ман худам бехабар? Лекин медонам, ки ту аз ҳама пеш, аз ҳама гӯру бало бохабарӣ — бо лабханд ҷавоб медод, Инна.
Марина ба гапҳои ӯ эътибор надода, дастурхонро бо хӯришҳо оро медод. Вақте ҳама чиз омода гардид, дар паҳлӯи дугонааш нишаст.
— Биё, як ҷуръа май нӯши ҷон кунем. Ана, баъд ҳамаашро ба ту гуфта медиҳам. Фардо рӯзи истироҳат аст. Барои ҳамин ҳам чеҳраатро кушода, худро каме озод ҳис кун, — бо табассум мегуфт, Марина.
Инна хандида гуфт:
— Марина! Ҳамин чанд сол аст, ки туро мешиносам, вале ба ту ҳеҷ одат карда наметавонам. Ба монанди тӯфон яке пайдо мешавию тамоми чизҳои сари роҳатро остону устун менамоӣ.
— Чунки ман бо тарзи дигар наметавонам, дугона, — китфонашро дарҳам кашида, ҷавоб дод Марина. Баъди дақиқае вай ба нақли худ оғоз намуд:
— Ман зани шиносе дорам. Гоҳ-гоҳе бо ҳам рӯбарӯ мешавем. Ин дафъа ҳам вохӯриамон ногаҳонӣ буд. Вақте, ки ӯ ҷойи корашро гуфт, дарҳол ба хотирам ту омадӣ ва ман аз ӯ хоҳиш кардам ба роҳбари корхона оиди корҷӯ буданат хабар диҳад. Он занро дирӯз дидам. Аз рӯи гуфти ӯ роҳбарияти ташкилот розигӣ дода, гӯё туро интизоранд.
— Ва он чӣ кор будааст? Гапро кашол надода, то охираш бигӯй! — беқаророна хитоб кард Инна.
— Кирокашӣ, — гуфта Марина қадаҳро баланд кард.
— Кирокашӣ! Ва ман он ҷо чӣ кор бояд кунам.
— Ин чӣ савол аст? Охир мошини ту кайҳост, ки дохили гараж хобидааст. Мефаҳмӣ мошини беҳаракат худ ба худ занг зада нобуд мешавад, — мегуфт Марина бо сарзаниш, нобуд мешавад, такрор кард ӯ.
Инна қариб буд аз курсӣ поён биафтад:
— Ту ҷиддӣ мегӯӣ, ки кирокашӣ кунам?
— Ҳа, айнан чуноне, ки шунидӣ! Худоё, хайрият, ки ба ту рафта расид. Ин натанҳо даромади иловагӣ, балки ба оилаат маблағи калон ҳам меорад…
— Ман боварӣ надорам… — гуфту Инна сар ҷунбонид.
— Дар он коргоҳ ду нафар зан кор мекунад. Як нафари онҳо гумон мекард, ки кирокаширо ҳамчун манбаи иловагии маблағёбӣ истифода мебарад, аммо имрӯз маҳз бо ҳамин кор машғул аст, кори асосии собиқашро тарк кардааст.
— Намедонам, ки ин кор ба ман созгор мешуда бошад? Аз ӯҳдааш мебароям? — хаёломез ҷавоб дод Инна.
***
Ду ҳафта бигзашт. Инна бо боварӣ ба даромадгоҳи ҳавлии бинои бисёрошёна, ки ӯро зани куҳансоле интизорӣ мекашид, ворид шуд.
— Салом, — боодобона шодбошӣ кард ӯро Марина.
— Салом азизам! Бори аввал мебинам, ки зан ҳам ба кирокашӣ машғул мешудааст, — гуфта, зани солхӯрдае аз дохили мошин ҷой гирифт.
— Аҷаб мошини базеб доштаӣ! Албатта, ки аз они шавҳарат будагист?
Аз ин гуна саволҳо Инна дилмонда шудааст. Гӯё, ки дар мамлакат фурӯши мошинҳо ба занон манъ бошад. Агар зан паси чанбараки мошин нишинад, аниқ гумон мебаранд, ки бе иҷозати шавҳар набудагист.
— Ин мошини худам аст, — оромона ҷавоб дод Инна. — Ман шавҳар надорам. Вафот кардааст.
Кампир бо диққат ба ӯ нигариста:
— Ҳеҷ гап не, духтарам. Ин шуғл ба ту хеле зебидааст ва албатта, ки бароят баракат меорад, мана мебинӣ, — мегуфт ӯ бо меҳрубонӣ.
Дар ҷавоб Инна табассум кард.
…Бори аввал буд, ки пас аз фавти шавҳараш Валера ба туфайли кори нав зиндагии аҳли оила рӯй ба беҳбудӣ ниҳода буд.
Гӯё то ба ҳамин қарибӣ ҳарчанд сипоҳигариро аз даст намедод, Инна ботинан барои дигарон ҳамчун китоби нохонда боқӣ мемонд. Дар коргоҳ қариб, ки бо касе гуфтугӯ намекард, бе зарурат аз хона берун намешуд.
Ҳоло бошад, ҳар рӯз одамони нав ба нав бо хандаю табассум ба ӯ муроҷиат ва мулоқот мекарданд. Ҳамаи ин кӯмак мекард, ки Инна зиндагиро аз нав оғоз намояд.
Кор ба Инна маъқул шуд. Пас аз як рӯзи аввали кирокашӣ ба корхонаи собиқ оиди тарки вазифа ариза навишт.
Дар вазифаи нав давоми рӯз он қадар пул кор кард, ки дар ҷойи кори собиқаш як ҳафта лозим буд.
Ӯ имрӯз корро барвақттар анҷом дод, зеро нияти фардо ҳамроҳи фарзандон ба сари қабри шавҳар рафтан дошт. Инак, се сол мешавад, ки Валераи ӯ бо онҳо нест.
Писари калонӣ Денис ягона фарзандаш буд, ки зарурати ба қабристон рафтанро медонист. Сарфаҳм мерафт, ки барои чӣ мераванд. Ромка фарзанди миёна ба ин аҳамият намедод, Светланаи аз ҳама хурдӣ, ки нав чорунимсола шуд, инро тамоман дарк намекард. Барои ӯ сафари навбатӣ боз як сайругаште ба оромгоҳ буду бас. Ӯ падарро танҳо аз рӯи суратҳо мешинохт.
— Модарҷон, имрӯз ту дар хона мемонӣ? — мепурсид Денис аз модар, ки якҷоя полизро аз алафи бегона тоза мекарданд.
— Алҳол боварӣ надорам, писарам. Хаёл кардам, ки дар хона мешавам. Аммо мебинам, ки пойафзоли Света ва азони ту фарсуда шудаанд. Имрӯз рӯзи истироҳат аст. Ба фикрам кори зиёд ёфт мешавад, — ҷавоб дод Инна.
— Оё ин кор бароят вазнинӣ надорад, модарҷон? Баҳри мо шуда, саломатиатро гум накунӣ, охир,- бо меҳрубонӣ мепурсид Денис.
— Алҳол шабонаҳо кор накардаам. Рӯзона кор он қадар мушкил нест, — дар ҷавоб мегуфт модар.
Қарибиҳои шом Инна ба корхона занг зад. Аз он ҷо тасдиқ карданд, ки фармоишҳо бисёранду адади мошинҳо кам.
Фурсатро аз даст надода, омодаи кор шуд.
Кор он қадар зиёд буд, ки фурсати дамгирӣ пайдо намешуд. Ҳатто ба нӯшидани қаҳва вақт наёфт. Танҳо ба Денис занг зада, аз ҳоли фарзандон хабардор шуд. Писар ӯро хотирҷамъ кард: Света хобидааст. Ӯ ва Ромка ҳамин ҳоло дар тараддуди хоб рафтан ҳастанд.
— Хайр, писарам. Мумкин то худи субҳ кор кунам. Додару хоҳаратро эҳтиёт кун! — гуфт модар.
Баъди соати дуи шаб лакоту хастагӣ гӯё якбора бартараф ва нафаси дуюми корӣ пайдо шуд.
Фармоишҳо ҳам камтар шуданд, аз сабук гардидани кор дар байни кирокашҳо ҳазлу мутоиба сар шуд. Инна алҳол ба ғайр аз танзимгарони ҳаракат ва баъзе ронандагоне, ки дар идора рӯй ба рӯй шуда буд, касеро намешинохт. Ҳамин, ки охирин мусофирро ба манзил бирасонид, занги телефон баланд шуд.
Марде бо ӯ дар тамос буд:
— Салом, Инна. Рақами телефони шуморо ба ман танзимгар Наташа дод. Ман ҳам кирокаш ҳастам. Номи ман Григорий.
— Салом Григорий, шуморо мешунавам.
— Ман ҳоло банд ҳастам ва аз шаҳр берун мебошам. Ба ман мизоҷи доимӣ занг зад ва хоҳиш кард, ки ӯро ба ҷое бубарам. Ин мард бисёр рафтуомад мекунад ва маблағи нағз ҳам медиҳад. Ту метавонӣ фармоиши ӯро қабул кунӣ?
— Албатта, суроғаашро ба ман диҳед.
Инна аллакай медонист, ки кирокашони таҷрибадор мизоҷони худро доранд ва ин мизоҷон танзимгаронро як сӯ гузошта, бевосита ба кирокашҳои доимии худ бевосита муроҷиат мекунанд.
…Вай назди меҳмонхонаи таъиншуда расида омад. Григорий гуфта буд, ки мард дар ҳамин меҳмонхона ҷой гирифта, баъд бо мошини кироя ба корҳои худ машғул мешавад.
Дар кирокаш одатан ба мусофир саволи зиёдатӣ намедиҳанд ва мусофир ҳам бояд, ки сергапӣ накунад.
Пас аз дақиқае мард ба нишастгоҳи қафо нишаст.
— Шоматон ба хайр. Шуморо Григорий фиристод? — пурсид Инна.
— Ҳа. Роҳи самти Гвоздоворо пеш гиред, — кӯтоҳак ҷавоб дод мусофир.
Вай бо ҳайрат ба ойинаи дохили салон нигоҳ кард.
Инна чанд соли пешро бо як лаҳзаи хеле кӯтоҳ ба ёд овард.
…Сафари ҳамроҳи Валера ба Гвоздово. Он вақт шавҳараш кӯшиш мекард, ки дар он ҷо хешовандонашонро биёбад. Лекин аз ин ҳеҷ чиз ҳосил нашуд. Деҳа қариб барбод рафта буд.
…Худоё ин чӣ рӯъёе. Дар нишастгоҳи қафо медонед кӣ, шавҳари ӯ … Валера менишаст. Мардеро, ки ба қарибӣ Инна гӯронида буд.
Ҳис кард, ки ҳамин ҳозир аз ҳуш меравад. Дил девонавор метапид, дар тахтапушт аз тарсу ваҳшат сардӣ пайдо шуд.
— Бо Шумо чӣ шуд, хоҳар аҳволатон хуб аст? — мепурсид мусофири ба ташвиш омада.
Инна тамоми нерӯяшро ҷамъ карда, бо ҳарос пурсид:
— Шумо кистед?
Мард бо абрӯи аз ҳайрат печида гуфт:
— Магар ин аҳамият дорад?
— Ҳа, дорад, — қатъӣ ҷавоб дод Инна.
Дигар тоқат карда натавониста, аз мошин берун шуда, аз ҳавои тоза чуқур-чуқур нафас кашид. Мард ҳам аз мошин берун шуд. Рангу рӯи ӯ ҳам хавотиромез гардид.
— Ҳолатон бад аст? — мепурсид ӯ аз Инна.
Вақте, ки субҳ дили шабро рахна карда, равшанӣ доман паҳн кард, Инна фаҳмид, ки одами дар рӯ ба рӯяш истода Валера нест, аммо ба ӯ хеле ва хеле ба гунаи ҳайратовар монанд аст…
Ӯ ба дараҷае монанд буд, ки Иннаи зиёда аз даҳ сол бо Валера зиндагӣ карда, фарқи байни онҳоро дарҳол муайян карда натавонист.
— Бубахшед… Ман ҳозир ҳамаашро ба Шумо фаҳмонида медиҳам, — бо овози паст гуфт ӯ.
— Фаҳмонида диҳед хуб мешуд. Зеро бо шумо минбаъд роҳро давом додан касро ба изтироб меорад, — ғурунгос зад мусофир, бо оҳанги норозигӣ.
Инна аз ҳамён суратеро бароварда, ба ӯ дароз кард. Дар расм ӯ бо Валера ва фарзандон акс ёфта буданд.
— Мана, ба ин нигаред, — гуфта ба расм ишора кард, зан.
Мард ба сурат зеҳн андохта, чеҳрааш ҷиддӣ гардид. Дер гоҳ синчакорона нигоҳ кард, пас нигоҳашро ба Инна дӯхт:
— Ман ҳаминро сарфаҳм рафтам, ки марди дар расм буда, шавҳари шумост. Дуруст фаҳмидам? Ба ман лозим аст, ки таъҷилан бо ӯ вохӯрам.
Зеро ман бародарамро, ки тақрибан солҳои бачагӣ гум кардаам, ҷустуҷӯ дорам. Ҳангоме, ки ман сесола будам, маро писархонд карданд. Фақат ба наздикӣ қабл аз марг модархондам ба ман ҳақиқатро гуфта дод.
Ман танҳо ҳамин қадар медонам, ки тарбиятгирифтаи хонаи бачагони ҳамин шаҳр ҳастам. Тахмин мекунам авлоду аҷдоди ман аз деҳаи Гвоздово ҳастанд. Боқӣ на ягон паю ҳайдаре дорам.
— Афсӯс, ки шумо бо Валера вохӯрда наметавонед… Вай моро тарк гуфт, — маҳзунона гуфт Инна.
— Чӣ тур. Магар ӯ мурдааст? Ин ҳеҷ мумкин нест. Эҳ, ин чӣ рӯзи сиёҳ, Худоё!- нола кард мард ғуссамандона.
Ба ҳоли ӯ раҳми Инна омада, гуфт:
Медонед, Валера мегуфт, ки як ҳиссиёти аҷиб талқин мекунад, ки дар зиндагӣ шахси наздиктарин дорад, дар якҷоягӣ дар батни модар ташаккул ёфта, тавлид шудаанд. Фақат намедонист, ки хоҳар аст ё бародар. Вай борҳо мегуфт, ки аниқ медонад, ки дар ин дунё танҳо наомадааст.
Лекин дар хонаи бачагон пас аз сӯхтор ягон ҳуҷҷати ҳамон солҳо боқӣ намондааст.
Вай ҳам мехост аҷдодони худро биёбад, ба Гвоздово рафта буд. Лекин он ҷо қариб, ки ҳеҷ кас намондааст. Ҳамон боқимондаҳо ҳам аз касею чизе хабар надоранд.
Мард оҳи бадарде кашид:
— Пас ин ҳамин қадар сол ҷустуҷӯи ман бефоида будааст? Вай бо умед ба Инна нигоҳ кард.
— Ман метавонам меҳмони хонадони шумо шавам? Он ҷо мехоҳам ба туфайли нақлҳои шумо бародари аз як шикам таваллуд шудаам — Валераро бештару хубтар шиносам. Ба ман аз афташ маълум шуда истодааст, ки танҳо шавҳари шумо бародари ҳақиқии ман аст.
— Марҳамат бегоҳӣ ба хона биёед, — розӣ шуд Инна.
***
Инна хӯроки шоми идона омода мекард, ки ба ошхона Денис даромада гуфт:
— Модарҷон, аз ошхона бӯи хуши таъом ба машом расид. Магар ягон меҳмон меояд?
— Бале, писарам. Ба хона меҳмон меояд. Бо диққат гӯш кун. Ба хонаамон марде меояд, ки ба падарат хеле монандӣ дорад.
— Ин чӣ хел? Оё ин мумкин аст?
— Ҳамин, ки бисёр ҳам монанд. Аз нигоҳи аввал гумон кардам, ки ӯ падаратон бошад, — мефаҳмонд Инна.
Бо чашмони аз ҳайрат калон-калон кушода Денис ба модар нигоҳ кард, лекин сухане гуфта натавонист, зеро занги даромад баланд шуд.
Инна пешдоманро бадар карда, ба қабули меҳмон шитофт. Бачагон садои зангро шунида, ба даромадгоҳ давиданд. Мард ҳанӯз намудор набуд, ӯро қатори ҳаргуна қуттӣ ва борхалтаҳо, ки дар даст дошт, панаҳ мекарданд.
— Меҳмонро қабул кунед, — гуфта бо илоҷе дохили хона шуд ва савғотиҳоро ба фарш гузошт.
Денис аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ, қафо баргашт.
— Номам Павел аст. Ман бародари падари шумо мебошам. Яъне, ки додарзодаҳои ман ҳастед! Аз ин рӯ ин савғотиҳо аз они шумо! Гиред насиб кунад, ҷигаргӯшаҳоям!
Чун Павел ин суханонро ба забон овард, Денис сабукиеро ҳис кард.
Маълум шуд, ки ин одам падарашон нест, балки ҳамчу себи дукафон ба ӯ ниҳоят монанд мебошад.
Ромка ба бародараш нигоҳи тез андохт, Денис бо маънои ҳамааш хуб аст, сарашро ҷунбонид. Фақат баъди соате ҳама ба тановули хӯроки шом нишастанд. Бачагон аз савғотиҳо шод буданд. Светаи хурдакак барои ҳадяи лӯхтаки хеле зебо амакашро бӯсид ва ҳатто ба гардани ӯ ҳамоил шуда, оғӯш кард ва сар намедод.
— Светочка, амакатро раҳо кун, — мон хӯрокашонро хӯранд, исрор мекард, модар.
Павел бо завқ хандида:
— Ҳамааш хуб аст. Кайфияти хеле ғалатӣ… Медонед, ки ман умуман фарзанд надорам. Ин ҷо бошад, се нафар ва ҳамаашон фарзандони бародари ҳамхунам ҳастанд, мегуфт бо ифтихор.
Вақте, ки бачагон хӯроки шомро хӯрда, саргарми бозӣ шуданд. Онҳоро гусел карда, Павел оҳи чуқур кашида гуфт:
— Ман ба Шумо ҳасад мебарам, Инна. Шумо шавҳаратонро аз даст дода бошед ҳам, оилаи тифоқу мустаҳкам доред.
— Хоҳиш мекунам, ба ман дар бораи Валера нақл кунед. Аз чӣ сабаб ӯ ин қадар бармаҳал зиндагиро тарк гуфт?
Ба Инна ҳамеша дар бораи марги шавҳар гуфтан душвор буд, лекин худро ба даст гирифту нақл кард:
— Ин шамолхӯрии муқаррарӣ буд. Валера ба саломатиаш бепарво буд ва гирифтани табобатро рад мекард. Ҳатто дар шароити хона ҳам дорую дармонро намепазируфт. Як зайл кор мекард.
Шамолхӯрии оддӣ ба зудӣ ба бемории илтиҳоби шуш табдил ёфт. Ва чанд рӯз нагузашта, бо марг анҷомид.
Духтурон аллакай аз ӯҳдаи наҷоти ӯ баромадан наметавонистанд. Ман ҳам айбдорам. Ҷурми ман ҳамин, ки ӯро барои саривақт муроҷиат кардан ба табибон маҷбур накардам… — овози Инна хомӯш шуд.
Павел ҳузнангезона табассум кард:
— Медонед, ман ҳам табибонро дӯст намедорам. Ва муроҷиат ба онҳоро фақат то лаҳзаи охирини хурӯҷи беморӣ, ки дигар табъу тоқат намемонад, интизор мешавам.
Бубахшед, ки шуморо азият додам. Пас аз фавти Валера шумо бо ин се фарзанд чӣ зиндагӣ доштед? Валера тамоми даврони кӯдакию наврасиашро магар дар хонаи бачагон гузаронид?
— Ӯ гумон мекард, ки падару модараш ҳақиқианд. Пас аз писархонд кардани Валера онҳо аз ин шаҳр кӯчида рафтанд, то ягон нафар нафаҳмад, ки тифлак писархонд аст. Падар ва модари ӯро писархондкарда, одамони аз ҳар ҷиҳат осудаҳол буданд ва Валера ҳеҷ гоҳ аз ягон чиз мӯҳтоҷӣ намекашид.
Падар нахуст шуда, дунёро тарк кард, модар, ки Валераро аз ҷон зиёдтар дӯст медошт, пас аз соле фавтид.
Аммо қабл аз марг ба Валера ҳақиқати ҳолро ошкор намуда, гуфтааст, ки дар хонаи бачагон ӯ бародаре низ дошт. Бо афсӯс иброз намудааст, ки бародари ӯро ҳам писархонд накарда, онҳоро аз ҳам ҷудо намудаанд. Лекин модархонд гуфтааст, ки солҳои навадум зиндагӣ хеле душвор буд ва тарбияи ду нафарро ӯҳда кардан имкон надошт.
Ӯ аз Валера узр мехост. Аз ҳамон вақт инҷониб ман ба ин шаҳр меоям, то ин ки ягон чизи навро дарёфт карда бошам.
Ман ин ҷо ҳафтае дигар қарор дорам. Оё ман метавонам ба хонаи шумо омада, бачагонро ба сирк ва боғи ҳайвонот бурда, тамошо диҳам? — таклиф кард Павел.
Инна, ашки чашмонро пок карда, оромона гуфт:
— Дар шаҳри мо на сирку на боғи ҳайвонот вуҷуд доранд.
— Охир ягон илоҷ мекунем. Ин шароит дар шаҳри мо ҳаст. Албатта, ки шумо ба меҳмонии ман меоед ва бачаҳо сирк ва боғи ҳайвонотро сайру тамошо мекунанд.
Павел дар ошхона тавре гаштугузор мекард, ки ба назари Инна айнан ҳаракатҳои Валераро ба хотир меовард.
Вай ба ваъдааш вафо кард. Бачагонро ба макони зисти худ оварда, сирк, боғи ҳайвонот ва бисёр ҷойҳои ҷолиби шаҳрро тамошо дод.
Ӯ таъминоти оиларо ба ӯҳда гирифта, аз Инна хоҳиш намуд, ки кори кирокаширо минбаъд хотима бидиҳад, дар канори фарзандон бошад. Ва ин корро иҷро кард. Кӯмак натанҳо моддӣ, балки ҳаматарафа буд.
Баъди соле Инна ва Павел зану шавҳар шуданд. Бачаҳо ба зудӣ ба вай одат карданд, ӯро падар мегуфтагӣ шуданд. Ин ба назари онҳо ҳамчун бозгашти падарашон — Валераи ноком аз сафари дурударози хидматӣ буд.
© Рустамов З., 2024
Аз саҳифаи POFU — добрый юмор аз 25.11.2024, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов