Дилбари зарринмӯи ман

dilbari-zarrinmu

(Қисса)


Ишқи аввал дар қалби ман ҳангоми дар синфи ҳашт хонданам ҷой гирифт. Ва маъшуқаи ман номи аҷиб дошт. Надежда. Ӯ чаҳордаҳсола буд.


Падари Надя — Михаил Семёнович Кулагинро ба шаҳрчаи музофотии мо аз Белгород ба вазифаи сартехнологи заводи нонбарории маҳаллӣ фиристода буданд.

Тахминан миёнаҳои моҳи ноябр вақте, ки дарси физика доштем, мудири қисми илмии мактабамон толибаи навро ба синф дароварда, моро бо ӯ шинос кард ва ба ӯ иҷозат дод, ки ҷойи нишастро худ интихоб намояд.

Дар синф чор ҷойи холӣ буд, аммо духтарбача ғайричашмдошт ба партаи ман омада, нишаст.

Ғайричашмдошт барои он мегӯям, ки дар рӯйхати дарози «булҳавасҳо»-и мактаб номи ман набуд.

Ман бачаи на он қадар бо ҳусн будам. Дар бар сарулибоси хоксорона доштам. Ғайри интизори ҳама, духтар маҳз назди ман омад. Андомаш лолагун гардида, бо овози маҳин пурсид: «Мумкин биншинам?»

Ҳис кардам, ки зонуҳоям ғайри ихтиёр ларзиданд, андомам гӯё оташ гирифт, рӯйҳоям сурх шуд. Ман бе гапу ҳарф, бо ишораи сар духтарро ба нишастан роҳ додам.

Ва ӯ паҳлӯям нишаст. Духтарбача мӯйҳои ғафси заррин ва чашмони равшани сабзранг дошт… Ман аз нигоҳи нахуст ба ӯ ошиқ шудам.

Дар танаффуси аввалини калон ба назди Надя шумбачаи мактаб Антон Белов наздик шуда, себеро, ки духтар мехӯрд, зада аз дасташ афтонд.

Аз тарс ранги Надя канд, сарашро ба китфонаш фурӯ бурд. Лекин Антон бо овози баланд ҳамоно таҳқир мекард: «Ҳа, зардмӯ, гурусна мондӣ? Дилат витамин кашид?»

Ин саҳнаро дида, худ ба худ муштҳоям гиреҳ хӯрданд.

— Ҳой, аблаҳ, себро аз замин бардор! Ба мӯйҳои зарди ӯ корат чӣ?! — гуфтаму китф ба китф ва чашм ба чашм бо вай наздик шудам.

Ӯ аз ман як сол калон ва як сару гардан баланд буд. Лекин ман чемпиони вилоят оид ба бокс будам. Антон хуб мефаҳмид, ки ман бо ду зарба ӯро аз пой зада меафтонам ва гарданашро нағзакак молиш медиҳам.

Ваҷоҳаташ безеб ва лабу рӯяш бурма шуд. Бо дили нохоҳам хам шуда, себро аз замин гирифт ва ба Надя дароз карда: «Ма, гир», — гуфт ӯ.

Ман ба ғазаб омада: «Ма, гир, не. Себро таҳи кран бурда, шуста, ба соҳибаш деҳ», — гуфтам.

Лекин Кулагина, ки дақиқае пеш аз тарс рангаш канда буд, оҷизона ба ҳимояи дилозораш гузашт. Лозим не. — мегуфт ӯ. Барои чӣ?

Хоҳиш мекунам, ки дигар ба ӯ кордор нашав. Охир ӯ аз ту камқувваттар аст. Беҳтараш ба синфхона равем. Онҷо дар сумкаам боз як себи дигар ҳаст. Тақсим карда мехӯрем. Баъд ба чашмонам нигоҳ карда, бо овози пичирросии нимшунаво гуфт: «Ба ту ташаккури калон!

Маро ҳеҷ кас ва ҳеҷ гоҳ ба ҳамин тарз ҳимоят накарда буд».

Қариб як ҳафтаи тамом ман дар майдончаи қафои мактаб бо онҳое, ки ба ӯ лақаби «Зардмӯй» доданӣ буданд, даст ба гиребон шудам.

Зери чашми ростам аз зарби муштҳо сиёҳ гардида, дар пешониам ғуррии калон пайдо шуда буд. Оқибат ҳамаи ононе, ки мехостанд ба толибаи нав номи аблаҳона гузоранд, дарк карданд, ки ба ӯ бо номи худаш муроҷиат кунанд, беҳтар аст.

Ва ману Надя аз ҳам ҷудо шуда наметавонистем! Ҳама вақт як ҷо будем. Ҳамроҳ ба мактаб мерафтем, аз мактаб ба хона бармегаштем. Кино тамошо мекардем, ба саёҳати шаҳр мебаромадем, яхмоси «Эскимо» мехӯрдем, сурудҳои дӯстдоштаамонро месароидем, ҳамдигарро мебӯсидем, ҳатто ба фарзандони ояндаамон ном интихоб мекардем.

Ба назарамон дунё фақат азони мо буд. Ҳар дуямон дар он рӯзгорон хандончеҳра, соддадил ва хеле хушбахт будем…

Ана, ҳамин тавр ин шаш моҳи мӯъҷизанок чун як даму як лаҳза, ноаён аз сар гузашт.

Лекин боре (ин дар рӯзи охири соли таҳсил рӯй дода буд) бегоҳӣ, баъд аз тамринҳо, ҳангоми баромад аз толори варзиш, аз чӣ сабаб бошад, маро падари Надя пешвоз гирифт.

«Салом чемпион! Хурсандам, ки бо ту вохӯрдам», — мегуфт ӯ.

Биё, ба мошин равем. Гапзанон кардан лозим. Мо ба мошини «Волга»-и сиёҳ нишастем. Михаил Семёнович оҳи бадарде кашида гуфт:

Ту ҷавони хеле хуб ҳастӣ…

Мо, ҳама Кулагинҳо, яъне аҳли оила туро ҳамчун шахси азиз дӯст дошта мондем. Мумкин, бо гузашти панҷ-шаш соли дигар ту ба духтари ман беҳтарин шавҳар ва барои ман боз як писари дигар мешудӣ, лекин… Бояд ба ту бигӯям, ки…

Медонӣ мо ба қарибӣ аз ин ҷо тамоман кӯчида меравем. Абадӣ.

Дили ман ба дард омад. Чӣ хел мерафтаед? Ба куҷо? Барои чӣ?

Падари Надя китфонашро дарҳам кашида гуфт:

— Охир инро ба ту чӣ хел фаҳмонам?

Дар ҳақиқати ҳол мо Кулагинҳо нестем. Насаби аслии мо Голденберг… Мо яҳудиён ҳастем, мефаҳмӣ? Ва аллакай тамоми ҳуҷҷатҳоро барои рафтан ба Исроил омода кардаем.

Надя ҳар бегоҳ нолаю фиғон мекунад, аммо ҷасорати ба ту гуфтани ҳақиқати ҳолро надорад. Ман хеле дар афсӯс ҳастам. Лекин пайроҳаи тақдири ӯ дигар асту аз они ту дигар. Ва боз. Хоҳиш мекунам ки дигар ба вай занг назан.

Вақте ки мо меравем мактуб нанавис. Ва агар ӯ нахустин шуда, ба ту оиди суроғаи нави мо нависад ҳам, ту ба вай ҷавоб нагардон. Фаҳмо!

Инро барои фоидаи ту мегӯям! Медонӣ, ки падарат коммунист, дар заводи ҳарбӣ кор мекунад. Мактубҳо аз хориҷа метавонанд, ҳаёти ӯро талху мушкил бигардонанд.

Ва ба зиндагии худат ҳам бетаъсир намемонад. Ана, ҳамин тур гапҳо. Ба ифоқа омадем, чемпион? Дастонатро бидеҳ. Ту охир одами тавоно, мубориз ҳастӣ!

Ман ҷавобе надодам.

Бошиддат дарро кушода, ҳамчун санги фалахмон аз мошин берун шудам ва ба кадом тарафе, ки чашмонам менигаристанд, шитобидам. Хун мегиристам. Қатра-қатра ашки чашмонро фурӯ мебурдам.

Ва он рӯзу шаб дар тамоми курраи Замин аз ман дида бадбахттар касе набуд. Дигар ман ба дилбари зарринмӯям занг назадам.

…Лекин мо боз маротибаи дигар вохӯрдем. Ин як рӯз қабл аз рафтани онҳо буд. Бегоҳӣ касе беҷуръатона занги дарро пахш кард. Ман дастаи қуфлро тоб дода, дарро кушодам. Дигар умедвор набудам, ки он сарви сиҳӣ, соҳиби мӯйҳои заррин ва чашмони пурҷозибаи сабзина дар рӯ ба рӯям меистад.

Мо ҳамдигарро ба оғӯш гирифтем. Ҳар ду мегиристем. Баъд Надя каме ором шуд ва гуфт:

— Азизам пагоҳ мо парвоз мекунем. Дар поён, дар даромадгоҳ маро бо мошин падарам интизор аст.

Биё, ҳамроҳ ба шаҳр равем. Як муддати кӯтоҳ… Мехоҳам бори вопасин бо ту, бо ҷангалҳо, саҳроҳои сабзу хуррам ва дарёҳо хайрбод гӯям..

* * *

…Панҷ сол аз ин муқаддам бо рутбаи полковник ба истеъфо баромада, ман саҳифаи Надяро дар «Одноклассники» ёфта, ба ӯ мактуб навистам. Мактуби дурударози саргузашти худ. Фаҳмонидан хостам, ки тӯли ин солҳо ман ҳуқуқи ҷустуҷӯи ӯро надоштам. Чунки пас аз итмоми омӯзишгоҳи олии қумондонӣ, ман ба вазифаи разведчики ҳарбӣ таъин гардида, дар нуқтаҳои басо даргир фаъолият доштам ва тайи солҳои охир дар мансаби бисёр ҳам масъули сардори қисми махфии корпуси ҳарбӣ кор мекардам.

Ман боз ба ӯ дар бораи он чизҳое, ки дар рӯзи видоъ ба вай гуфта натавонистам ва он чизҳое, ки маро солҳои тӯлонӣ ва то имрӯз азият ва дилро харош медиҳанд, навиштам.

Номаамро ман бо суханони: «Надяҷон, беқаророна туро дидан мехоҳам. Тамоми корҳоятро фаромӯш кун. Ба ҳавопаймо чипта харида, зуд биё. Тамоми хароҷотҳоятро мебардорам!»

Ҷавоби мактуб тӯл накашид. Бевақтии бегоҳи рӯзи дигар ба саҳифаам мактубе ворид шуд:

«Салом. Номи ман Ада. Ман духтари хурдии Надя Голденберг ҳастам. Маро бубахшед, ки мактуби шуморо хондам (Аз он сабаб бахшиш мепурсад, ки дар мамолики мутараққӣ мактуби шахси дигарро, ки ба ӯ мутааллиқ нест, намекушоянд ва намехонанд — шарҳи тарҷумон).

Аз он сабаб хондам, ки модарам кайҳост, ки дар қайди ҳаёт нест. Се сол аз ин пеш бар асари бемории қалб аз ҳаёт чашм пӯшид.

Лекин ман саҳифаи ӯро фаъол нигоҳ медорам. Тамоми ин муддат мактуби шуморо интизор будам. Модарам то дами вопасин барои ёфтани Шумо ба ҳамаи ташкилоту мақомотҳои байналмилалӣ муроҷиат мекард.

Бар он бовар буд, ки рӯзе мешаваду шумо ӯро ба хотир оварда, ҷустуҷӯ мекунед. Ва шукри Худо, ки ҳамин тавр ҳам шуду аз худ дарак додед.

Бигузор пас аз маргаш ҳам бошад.

Ӯ ба мо фарзандон дар бораи шумо, ишқи софу беолоишатон, ғамхориҳоятон бисёр нақл мекард. Ва писари калонии худ, бародари моро ба номи шумо гузошт.

Ман мактуби шуморо хонда, тамоми рӯз гиристам. Зеро шумо ҳам ба хотири модари ман номи духтари калониатонро Надежда гузоштаед.

Фардо саҳар саҳифаи модарамро дар «Одноклассники» бо виҷдони пок ба таври абадӣ хомӯш мекунам.

Зеро шумо ёфт шудед, ба ӯ нома навиштед, тамоми ҳаёт эҳсоси гарму ошиқонаи худро нисбати ӯ нигоҳ дошта, баён кардаед. Ин чунин маънӣ дорад, ки арвоҳи модарам аз ин пас дар осмонҳо ба тамом қарор ёфт ва осуда гардид.

Барои мактуб ба шумо ташаккури зиёд. Ҳамчунин баҳри нигоҳ доштани хотироти беолоиши ошиқона низ. Шуморо Худованд дар амни худ нигоҳ дорад… Ада».

Ҳамон шаб хоб аз чашмонам парид…То расидани субҳи содиқ дар ошхона нишастам. Дар танҳоӣ. Дар шарикӣ бо қаҳваи сардшуда ва қуттии нокушодаи «Марлборо».

Ман ҳатто як қулт май нанӯшидам ва як дона сигор ҳам накашидам… Аз назди чашмонам ҳамоно манзараи видои дури ҷонсӯзи ману Надя мегузашту мегузашт…

…Майи соли 1975. Садои чирроси малахҳои саҳроӣ дар оромии берун аз шаҳр ба гӯш мерасад. Доираи бузурги гулгуни офтоби ғурубкунанда. «Волга»-и сиёҳи канори роҳ…

Ман, писарбачаи понздаҳсолаи сар ба капоти мошин ниҳода, бо овози баланд зор-зор гириста истодаам… Михаил Семёнович, падари Надя сарашро болои чанбарак гузошта, рӯяшро бо кафи дастон пӯшидааст.

Ва боз саҳрои фарохдоман. Гӯё гилеми хушранги хушбӯй, ки аз алафҳои сабз ва гулҳои пурнакҳати саҳро бофта шудааст, тамоми атрофу акнофро ҳамчу қолӣ пӯшонидааст.

Ва дар он ҷо дар дуриҳои саҳро дар анбӯҳи ин қолии бузург ҷуссаи танҳои духтараки яҳудӣ Надя Голденберг, ки дастони маҳинашро сӯи осмон баланд бардошта, роҳ сӯи ғуруб мепаймояд, намудор аст. Ба назар чунин мерасад, ки ӯ гӯё дар мавҷи баҳри сабзранг аз байни растаҳои хушбӯи гули бобуна, тугмагул ва гули арӯсак шино мекунад…

Ман ва ӯ, ки дилҳоямон аз ғами фироқ ва ҷудоӣ садпора гардидааст, бовар дорем, ки ягон вақт ва албатта, ки ягон вақт ҳатман бо ҳам якҷо мешавем.

Ва мо соҳиби хонаи калон, боғи боҳашамат, фарзандони зиёд ва бисёр-бисёр наберагон мегардем. Алҳол на ман ва на ӯ намедонем, ки ҳамдигарро дигар асло нахоҳем дид.

© Рустамов З., 2025

Муаллиф Артур Балаев, аз гурӯҳи «БОРЩ без BREADa», аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: