
Гум шудани онҳоро пас аз як ҳафта, ҳангоме, ки кайфу хумори мастӣ аз сарҳои модару пияндар бадар рафт, пайхас карданд.
Онҳо шабона, ҳангоме, ки модар ва падарандар ба хоби гарон рафта буданд, аз хона бадар шуданд.
Хоҳарча чизҳои барояш арзишнок: ҷуфти куртаҳои кӯҳна ва хирсчаи якчашмаи ба ҷои чашм тугма дӯхташударо ҳамроҳ гирифт.
Бародараш, ки даҳсола буд, дурандештар баромад. Ба халтаи ӯ чизи зиёд: сагча Тим ва гурбача Том, каме хӯрок ва якчанд доллари аз ҷайби падарандар рабудашуда ҷой гирифт.
…Гум шудани онҳоро пас аз як ҳафта, ҳангоме, ки кайфу хумори мастӣ аз сарҳои модару пияндар бадар рафт, пайхас карданд.
Дар ин байн гурезаҳо масофаи зиёдро паймуданд. Пулис онҳоро дар тамоми роҳҳо, кӯлу обанборҳо, пастию чуқуриҳо ҷустуҷӯ мекард ва падарандару модари майзадаро пурсуҷӯ менамуд.
Гурезагон дар яке аз роҳҳо бо пикапи (автомобили сабукрави боркашони кушода) як фермер рӯ ба рӯ шуданд. Ӯ пас аз фурӯши ҳосил сӯи хона равон буд.
Кораш омад карда буд. Замин ҳосили фаровон дод. Даромад ҳам хеле хуб шуд. Бо димоғи чоқ ба хона бармегашт
Ба рафтори бачагон назар карда, бо фаросат дарёфт, ки инҳо шояд гурезагон бошанд.
Лекин онҳоро дарҳол ба пулис набурд, чуноне, ки мувофиқи қонуни маъмули иёлот бояд ҳамин тавр рафтор мекард.
Аз онон пурсид ки «ин қадар одамони калонсол ва мустақил» ба куҷо равонаанд. Ҷавоби онҳо фермерро ба ҳайрат андохт.
— Ба ягон ҷойи аз ин ҳам дуртар, амакҷон, — гуфт писарбача. Хоҳарчаи ӯ ба фермер наздик шуда, илова кард:
— Ба ҷойе, ки дигар моро намезананд.
Аз ин ҷавоб фермери солхӯрда қариб буд аз пикап биафтад ва фикри ба пулис бурдани онҳоро аз нав мулоҳиза кард.
— Медонед чӣ, — гуфт ӯ. Завҷаи ман ҳамин ҳоло пирог (самбӯса) пухта истодааст. Мехоҳед, чашида бинед? Таомро мехӯрему баъд бо шумо сӯҳбат мекунем. Розӣ ҳастед?
— Ин самбӯсааш чӣ бошад? — пурсид духтарча.
— Хушлаззат аст? — мепурсид писарбача.
Аз пурсиши бачагон нафасгирии фермери куҳансол танг гардид. Як илоҷ карда, ҳаяҷонро фурӯ нишонда, гуфт:
— Ва барои чӣ мо дар роҳ вақтро беҳуда гузаронем. Агар завҷаам фаҳмад аниқ, ки тӯфоне мехезад.
Дар хона воқеаро ба завҷа фаҳмонида, хоҳиш кард, аввал шиками бачаҳоро сер кунонида, баъд ба пулис хабар диҳад.
Пеш аз таъом зан ба духтарча куртаи тозаяки хушрӯ пӯшонид. Дар ҳамин асно ба чашмони ӯ воқеоти мудҳиш намоён шуд. Дар тахтапушти кӯдак ҷароҳатҳои тасмакории кӯҳна, ки ба ҳам омада буданд ва ҷароҳатҳои навро дид.
Зан ба рахти хоб нишаст. Даҳонашро бо дастон пӯшида, бо садои паст гирист.
— Холаҷон, гиря накунед, гуфт духтарча ва ба зонувони ӯ нишаст.
— Дарди ҷароҳатҳои ман сокит шудаанд, лекин аз они бародарам бошад…
Ва ӯ сӯи акааш шитофта, остини дасти рости ӯро бар зад.
Аз оринҷ болои дастони писарбача пур аз ҷароҳат ва хуни шахшудамонда буд.
— Барои он, ки акаам маро ҳифз мекард, пияндар ӯро чунин ҷазо медод, сигори нимсӯхтаро ба бадани ӯ пахш мекард, — маҳзунона нақл мекард, духтарча.
Зан бо маҳзунӣ аз хонаи хоб берун шуда, шавҳарро наздаш хонд.
Мард ҳамаи инро аз назар гузаронид. Асабаш вайрон шуд. Мушакҳои рӯй ва тамоми аъзои бадан гӯё ба ҷунбиш омаданд. Дигар худро дошта натавонист.
Бо саросемагӣ ба поён давид. Ба ҷое, ки дар ҷевон якчанд намуди яроқ нигоҳ дошта мешуд.
Зан, духтарак, бародари ӯ ҳамроҳи Тим ва Том ҳадаҳа аз пайи соҳибхона поён шуда, ҳама якҷоя бо мушкилие милтиқи дутираро аз дасташ гирифтанд.
…Баъд ҳамаашон паси миз нишастанд ва бо фурҷа таом хӯрданд. Тим ва Том ҳам дар қатори онҳо буданд. Том хур-хуркунон худро ба пойҳои соҳибхоназан молиш медод. Сагча Тим бошад ба чашмони мӯйсафед нигоҳи гарм мекард.
— Албатта, ки саги шикории хуб мешавӣ, — мегуфт фермер. Бо ёрии ту чорвоямро аз ваҳшиён эмин медорам.
Тим дар атрофи ӯ чарх зада, гӯё суханони хӯҷаинро фаҳмида бошад, аз хурсандӣ аккос зад.
Шабона ҳангоме, ки бачаҳо хоб рафтанд, фермер ва завҷааш маслиҳати оилавӣ баргузор намуда, саҳарӣ онро эълон карданд.
…Фарзандони калони онҳо, ки дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунанд, бачагон доранд. Аз рӯи расмҳо набераҳои онҳо ҳамчун ду қатраи об ба ин кӯдакони гуреза шабоҳат доранд. Онҳоро ҳар сол падару модар тобистон ба ферма меоварданд.
Аммо, ин дафъа. Ба Япония мераванд. Ба сафари дурудароз. Ва ба солҳои зиёд.
— Мо ба Шумо ҳуҷҷатҳоро омода мекунем, — гуфт фермери пир. Гӯё падару модари шумо Япония рафтаанд ва шуморо ба ихтиёри мо гузоштаанд. Мешавад?
Хурсандии акаву хоҳарро ҳадду канор набуд. Онҳо мӯйсафед ва завҷаи ӯро ба канор гирифта, бо меҳр мебӯсиданду навозиш мекарданд ва медонед барои чӣ?
Чунки дар чунин вазъияти мушкили аз ақл берун онҳо ба мақсад расиданд. Дар мактаб ва шаҳрак ҳеҷ кас ба баъзе ноқисиҳои ин қазия эътибор надод.
Ба онҳо хонанда лозим буд.
…Аз ин воқеа зиёда аз даҳ сол гузашт.
Писарбача Тимотӣ, аллакай ба воя расида, ба фермери асил табдил ёфта буд.
Духтарак кайҳо донишгоҳро тамом карда, дар яке аз фирмаҳои машҳур кор мекард.
Фермери солхӯрда, завҷаи ӯ, саг Тим, гурба Том умрашонро дида, дар пиронсолӣ ва меҳру муҳаббат дунёро тарк карданд. Ҳамаи онҳо дар якҷо на он қадар дур аз хона дафн карда шуданд.
Бо гузашти солҳо дар хонаи фермер ғайримунтазир занги даромад баланд шуд.
— Тимотӣ, — мегуфт овози занонае, — маро аз хотир набаровардаӣ?
— Албатта, ки шинохтам, — ҷавоб дод ӯ, — кайҳост ки якдигарро надидаем, хоҳарҷон!
— Бояд бо ҳам гуфтугӯ кунем, — мегуфт Ҷудӣ. Рӯзҳои истироҳат наздат меравам.
… Дар ҳамон мизи хӯрокхӯрӣ ки бори аввал дар хонаи фермери шарафманд нишаста таом хӯрда буданд, Ҷудӣ сӯҳбати ҷиддиро оғоз кард:
— Онҳо ба хобам медароянд, Тимотӣ. Қариб, ки ҳар шаб.
— Киҳо? — пурсид Тимотӣ, — бобою бибӣ?
— Не, Тим ва Том, — ҷавоб дод Ҷудӣ.
— Ва онҳо чӣ мехоҳанд? — пурсид Тимотӣ.
— Ту ҳатто, ки бовар намекунӣ. Онҳо мехоҳанд, ки мо ба он ҷо баргардем.
— Чиииӣ, — фарёд кашид Тимотӣ. Ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ!!!
— Ман худам тани танҳо наметавонам, — гуфт Ҷудӣ. Ман аз ту хоҳиш мекунам. Метавонӣ, розӣ нашавӣ. Лекин ман медонам, ки ин ниҳоят зарур аст. Барои ман шуда, ҳамин хоҳишамро иҷро кун, аз ту илтимос.
Тимотӣ дурудароз хомӯш монд. Андеша мекард.
— Шуд, -ҷавоб дод, оқибат ҷавон.
— Худи пагоҳ саҳари барвақт ба роҳ мебароем. Лекин ман ба хона намедароям.
…Хонаи нимвайрона онҳоро зери ғуввоси шамол ва тараққотуруқи дару тирезаҳои кушода истиқбол кард. Ба назар он чун шабаҳи шум мерасид. Ҷудӣ ва Тимотӣ аз ҳарос ларзиданд.
Ҷудӣ чун даврони бачагӣ Тимотиро аз дасти рост гирифта, равона шуд. Ҳар як зина, ҳар як гардиши хона ба онҳо аз азобу уқубатҳои бачагӣ ҳикоят мекард.
Замоне, ки косаи сабру тоқат ва тарсу ҳарос лаболаб гардидаву илоҷе дигар намонда буд, дар ниҳоят мӯъҷизаеро диданд. Он ҷо ду ҷонвар қарор доштанд. Сагча ва гурбача.
Онҳо бо илтиҷо ба чашмони Ҷудӣ ва Тимотӣ менигаристанд. Пишакча мияв-мияв ва сагча вангос зад.
— Наход онҳо бошанд, — пурсид Ҷудӣ. Тимотӣ ҷавобе надода, ба пеш ҳаракат кард ва сагчаро рӯи даст гирифт. Ҷудӣ гурбачаро ба бағал пахш кард.
Назди мошин омада, хоҳару додар сӯи хонаи азобу уқубатҳояшон нигоҳ карданд. Он ҳоло ба бинои кӯҳнаи фурӯрафтаи бекора, ки аз чор тараф шамол мевазид, табдил ёфта буд.
— Ман дигар ҳарос надорам, — гуфт Ҷудӣ. Тимотӣ ба ӯ нигариста гуфт:
— Ташаккур ба ту, ки маро ин ҷо овардӣ.
Онҳо ба хона бармегаштанд. Дар зонуи онҳо сагча ва гурбача менишастанд.
Ба ҳам менигаристанд. Худо медонад, ки бо ҳам чӣ мегуфтанд. Лекин одамоне, ки барояшон омада буданд, дигар аз даврони бачагии худ наметарсиданд.
Ва ин аз ҳама асосӣ буд.
— Онҳоро чӣ ном мемонем, — пурсид Ҷудӣ.
— Ба хотири бобо ва бибиамон, — табассум кард Тимотӣ.
Онҳо сӯи ҳаёти нав раҳ пеш гирифтанд. Сӯи ҳаёти бе тарсу ҳарос ва хотираҳои мағшушу ваҳшатовар.
Дар курсии қафо бо ҳам лӯнда зада, ду ҷонвар осуда хоб мерафтанд.
Сагчаю гурбача.
© Рустамов З., 2025
Муаллиф Витя Скориков, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов