Чунин ҳодиса рӯй дод. Дар ин хусус дар ҳойҳуи (шоу) телевизионӣ хабар дода шуд. Як одам нақл мекард, ки аз чи сабаб ӯро виҷдонаш азоб медиҳад.
«Вақте хурдсол будам, ҳамроҳи ҷӯраам хостем аз айвони бинои баландошёна миримушонро (хомяк аз авлоди мушҳо) тариқи парашют ба поён партоем.
Мо сабадчае ва ба он мувофиқ парашют сохта, дар дохили он мири мушонро шинонидем ва ба ҳаво сар додем. Дар ҳамин ҳол ҳодисаи ғайричашмдошт рӯй дод. Шамоли сахт парашюти моро мисли хаспорае ба гирдоб кашид ва ба дуриҳои дури номаълум бурд. Пас аз ин ҳоли мири мушони ман бо чӣ анҷомид, намедонам. То ҳол ин ҳодисаро фаромӯш карда наметавонам. Виҷдонам азоб медиҳад ва афсӯс мехӯрам».
Ногаҳон дар студия занги телефон баланд шуд. Мулоқӣ, ки зан буд, пурсид:
«Ин ҳодиса фалон сол рӯй надода буд? Мард тасдиқ кард. «Тобистони ҳамон сол рӯзе ки иди Стокҳолм гузаронида мешуд, Ҳамин тавр не?
«Ҳа, ҳа, ҳа» — бо шитоб ҷавоб дод мард.
«Ман медонам ки ба мири мушони шумо чӣ рӯй дод».
«Бесаброна нақли шуморо интизорам, — мегуфт марди сар то по ҳайратзада.
«Духтарчаам аз кӯдакӣ хоҳиш мекард, ки барояш мири мушон ҳадя намоям, — ба нақл идома медод зан. Ман боре ба ӯ дар ҷавоб гуфтам, ки ҳатто талаб ҳам накунад. Дар хонаи мо мири мушон ҳамон вақт пайдо мешавад, ки агар худи Парвардигор ба ту ҳадя намояд.
Духтарам ду дасташро боло бардошта гуфт:
«Худовандо, ба ман як мири мушони зеборо ҳадя бифирист!»
Ва ҳамон рӯзи иди Стокҳолм ҳарду ба шаҳр рафтем. Яку якбора духтарам ба ман гуфт: «Модарҷон, ба назарам Худои меҳрубон ба ниёиши мо ҷавоб бидод. Нигаҳ кун! Ва аз осмон бо парашют дар сабадчаи хеле зебое ба кафи духтарчаам миримушон фуруд омад. Оҳ, он замон духтарчаи ман чӣ сон хушбахт буд! Агар онро медидед!!!
© Рустамов З., 2025
Саҳифаи ИНЕТ, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов