Бобои фӯлодӣ

boboi-fulodi


Соли 1951 дар Шветсия ба таври ҳангомавӣ гузаронидани пойгаи велосипедрононро ба масофаи аз ҳама дур ва бонуфуз дар таърихи варзиши кишвар эълон карданд.


Ба пойгачиён тай намудани 1800 километр масофа аз шаҳри шимолтарини кишвар Хапаранда сар карда, то ҷанубтарин — шаҳри Истад дар пеш буд. Зиёда аз ҳазор варзишгар аз гӯшаю канори мухталифи мамлакат, аз ҷумла фермери 66 сола Густав Хаканссон, омодагии худро ҷиҳати иштирок дар пойга эълом доштанд.

Интихоб бисёр ҳам сахтгирона ва мушкил буд ва ба пойга танҳо 50 нафарро роҳ доданд. Яке аз шартҳои асосии мусобиқа синну соли пойгачиён буд. Он на бояд аз 40 сол боло мебуд. Аз ин рӯ дархости фермери солхӯрдаро ҳамчун бемавқеъ қабул карданд. Аммо Густав дар қавлаш устувор буд.

Панҷоҳ нафар варзишгарон ба Хапаранду бо қатора омаданд. Густав, ки дар минтақаи аз ҳама ҷанубии Шветсия зиндагӣ мекард ва барои чипта пул надошт, ба велосипед савор шуд ва ба самти шимол ҳаракат карда, 1500 километр роҳро убур намуда, ба Хапаранду омада расид.

Созмондиҳандагони пойга баъд аз ҳамин ҳам ба вай бовар накарданд ва талабашро қонеъ кардан нахоста, дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд: «Дар курсии нарму мулоими хонаатон нишаста, саломатиатонро эҳтиёт кунед!»

Мӯйсафеди соддалавҳи савори велосипеди фартутро ба мусобиқа қабул накарданд ва рақами иштирок надоданд.

Дид, ки нашуд ба худ либоси алоҳида омода карда, болои он аломати калони О (сифр) гузошт.

Азбаски Густавро ба ҳисоби умумӣ дохил накарда буданд, ӯ қарор дод, ки пойгаро тибқи қоидаҳои шахсӣ ва дамгириро бо салоҳдиди худ муайян намояд.

Бори аввал фермер дар сеюмин рӯзи мусобиқа се соат дар хараки қадди роҳи кадом як шаҳрак хобид. Азбаски ӯ беист ҳаракат мекард, ба пешсафи ягона мубаддал шуда буд.

Дар бораи Хаканссон дар тамоми рӯзномаҳо навиштанд ва ба зудӣ аҳолии Шветсия аз ҳолномаи мӯйсафеди аломати сифрдор огоҳ гардид.

Чун иттилоъ ёфтанд, велосипедронро дар ҳар як маҳалли аҳолинишини пойга одамони ба шавқ омада истиқбол мекарданд.

Хабарнигорон ӯро Stålfarfar (Столфарфар) номиданд, ки маънояш Бобои фӯлодӣ дошт. Ин лақаб то охири умр Густавро ҳамроҳ буд.

Дар Седерхамне баъди 250 километри роҳ политсия аз мӯйсафед хоҳиш кард, ки муоинаи тиббиро гузарад.

Духтурон ба ҳайрат афтода, даст фишонданд. Зеро Густав дар ҳолати олии ҷисмонӣ буд ва метавонист дар пойга дар асосҳои умумӣ иштирок намояд.

Хаканссон марраро дар 6 шабонарӯзу 14 соату 20 дақиқа, яъне 24 соат — як шабонарӯз пештар аз пешсафи расмии пойга Леннарт Хьортвалл тай кард.

Давоми роҳ Бобои фӯлодӣ дар маҷмӯъ ҳамагӣ 10 соат хобид! Ӯ метавонист аз ин ҳам пештар хатти марраро убур намояд,

Вале аз ноомади кор, тахминан дар даҳкилометрии роҳ то финиш камераи велосипедаш кафид.

«Барои таъмир вақт нест»,- қарор кард Хаканссон ва ҳамроҳи велосипед роҳро пиёда давом дод. Ҳангоме, ки то Истад ду километр монда буд, ӯ аз нав ба велосипед нишаст ва хатти финишро бо камераи бедам бурида гузашт.

Ҳазорон одамон Столфарфарро дар хатти финиш истиқбол гирифта, ӯро ғарқи гул карданд, рӯи даст бардошта, ботантана ба маркази шаҳр оварданд.

Рӯзи дигар шоҳи Шветсия Густави шашум бо мақсади шиносоии шахсӣ бо ғолиб вохӯрӣ анҷом дод.

Дар ҳамин ҳол ҳам доварон ғалабаи Хаканссонро эътироф кардан нахостанд. Барои онҳо додани ғалаба ба як мӯйсафеди ба қавлашон тасодуфӣ шармандагӣ ва ҳодисаи пурмоҷарое буд!

Аммо ҳамаи ин дигар аҳамият надошт. Халқи Шветсия Боборо ғолиб шинохта буд. Одамон хабари ба Густав дода нашудани мукофоти пойгаро шунида, ба Столфарфар садҳо ҳадяю армуғону пул мефиристоданд.

Ин эътирозномаи умумихалқӣ муқобили хӯрдагирии дастандаркорони варзиш буд.

Дар байни мактубҳои сершуморе, ки ба вай шведҳои қаторӣ менавиштанд, мана, ин нома ҳам буд: «Ман шахси ҳамсоли шумо ҳастам, Густав Хаканссони азиз,- гуфта мешуд дар он, — ва ман то он замоне мӯйсафед будам, ки шуморо намешинохтам.

Ана, акнун ба шарофати шумо ман худро аз нав ҷавон, нерӯманд ва хушбахт ҳис кардам. Худованд шуморо биомурзад»!

Пас аз ҳашт сол, дар синни 74 — солагӣ Хаканссон бо велосипед Байтулмуқаддасро тавоф кард.

Охирин сайри худро бо велосипед ӯ дар садсолагиаш анҷом дода, дар синни табарруки 102 — солагӣ вафот кард. Дар ҳақиқат лақаби ба ӯ додашуда, хеле мувофиқ баромад. Бобо дар ҳақиқат фӯлодин буд.

© Рустамов З., 2025

Муаллиф Светлана Фокина. «Стальной дед», аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: