Одаме, ки ба рӯи марг хандидааст

ba-ruyi-marg

(Ҳикояи воқеӣ)


Хонед, ҳодисаи хеле аҷиб аст. Сухан дар бораи оне меравад, ки бо ирода ва рӯҳи шикастнопазир бемории вазнинтаринро паси сар кардааст. Ин бофтае нест, саргузашти шахси воқеист, ки дар хотима тарҷумаи ҳоли ӯ баён карда шуд.


…Ин ҳодиса чил сол қабл рӯй дода буд.

Дар айни авҷи камолоти зиндагӣ рӯзноманигор, сармуҳаррири рӯзномаи «Saturday Revuew» Норман Казинс ногаҳон худро бад ҳис кард. Тасфи баданаш баланд шуда, дар тамоми устухонҳояш дард пайдо шуд.

Ҳолати бемор хеле зуд бад мешуд. Баъди як ҳафта ҳаракаташ ҳам душвор гардид. Наметавонист гарданашро ба тарафҳо ёзонад, дастонашро боло бардорад. Ӯро бистарӣ карданд ва таъҷилӣ ташхис гузарониданд.

Маълум гардид, ки Норман ба бемории коллагеноз — аутоимуннӣ, ки он тартиби сироятнопазирии организмро вайрон карда, нисбати матои пайвасткунандаи худи ҳамин организм аксуламал менамояд, дучор гардидааст.

Рӯз ба рӯз ҷуссаи Казинс кам ҳаракаттар мегардид. Вай бо душвории тоқатшикан дасту пойҳоро меҷунбонид, дар ҷойгаҳ базӯр паҳлӯ ба паҳлӯ мегашт. Ба ҳолате омада расид, ки баҳри хӯрдани каме таом, ҷоғҳояшро аз ҳам ҷудо карда наметавонист,

Аз ин ҳодисаи шуми тақдир ӯро ваҳму ҳарос, ғаму ғусса, ранҷу озор фаро гирифт. Казинс мулоқотро ҳатто бо наздиктарин одамон қатъ кард. Рӯзҳои дарозро дар бистари беморӣ рӯй ба девор гардонида, сипарӣ менамуд.

Духтури табобатӣ, доктор Хитсиг, чӣ қадаре метавонист, Норманро дастгирӣ мекард, беҳтарин табибонро барои маслиҳат ҷалб менамуд. Аммо беморӣ хурӯҷ мекард.

Ва дар ин ҳол Нормани ба эҳтиросафтода имконияти шифо ёфтан аз ин бемориро аз духтур пурсон шуд. Ҷавоби духтур умедворона набуд: аз 500 нафар бемори ба коллагеноз гирифтор танҳо як нафар шифо меёбад.

Баъди ин гуфтугӯ дигар Норманро хоб тарк кард. «То ин дам табибон ба ман ғамхорӣ карданд, тамоми ҳунарашонро нишон доданд, — андеша мекард вай. — Лекин бефоида. Агар хоҳам, ки зинда монам, бояд, ки худ амал кунам.

Азбаски табибон ва дорую дармонҳо дар шифои ман оҷиз монданд, худ бояд роҳи дигари табобатро пайдо кунам».

Ӯ суханони доктор Хитсигро ба ёд овард, ки гуфта буд: Организми инсон баҳри мубориза алайҳи дилхоҳ беморӣ сафарбар мегардад, агар, ки ғадудҳои эндокринӣ бо тамоми қувва кор кунанд.

Тарсу ҳарос, маъюсӣ, афсурдаҳолии давомдор тибқи мушоҳидаҳои олимон, баръакс ба фаъолияти сохти эндокринологӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ҷавоб ба ин ҳиссиёти манфӣ ғадудҳои болои гурда гормонҳои стресс — адреналин ва норадреналинро ҷудо мекунанд, ки вориди хун шуда, ба тамоми аъзои бадан паҳн мегарданд. Вақте, ки онҳо аз ҳад зиёд мешаванд, ба организм ба тарзи харобиовар таъсир мерасонанд.

Ин андешаҳо Норман Казинсро ба хулосаи амиқ овард, ки агар эҳсосҳои манфӣ ба сохти эндокриннии организм таъсир расонида, онро ба барангезандаи бемориҳо табдил диҳад, пас эҳсосоти мусбӣ ва фаъол кунонидани онҳо, сабаби шифоёбӣ шуда метавонад.

Зеро ҳар як инсон воситаи аз ҳама оддӣ ва дастраси табобат — шифо бо хандаро дорад.

Гуфтаҳои «Инҷил», ки «Қалби хурӯшон файзбахш ва монанди табибигарӣ аст, вале рӯҳи афсурдагӣ ҳатто устухонҳоро ҳам хароб мекунад», дар дили Казинс умедеро бедор кард.

Вай ба китобҳои табибони шинохта ва олимон рӯй оварда, хеле ба зудӣ чизеро, ки ҷустуҷӯ мекард, дарёфт.

Маълум гардид, ки бисёр табибон ва мутафаккирон аҳамияти аввалинро ба эҳсосоти мусбӣ медодаанд.

Масалан духтур Р. Бартон, ки дар асри XVII зиндагӣ кардааст, дар китоби «Анатомияи молихулиё» (молихулиё — навъи бемории рӯҳӣ) мушоҳидаҳои худро ба ин навъ нигоштааст:

«Ханда хунро тоза мекунад, ҷисмро ҷавон мегардонад, ҳангоми бемориҳои дил кӯмак мерасонад».

Ба ақидаи Бартон, ханда барои табобат аз тамоми бемориҳо мусоидат мекунад.

Файласуфи бузурги немис Иммануил Кант дар асарҳои худ таъкид менамуд, ки ханда тамоми ҷараёнҳои ба организм заруриро фаъол мегардонад.

Зигмунд Фрейд юмор (зарофат) — ро яке аз ангезаҳои ба вуҷудоварандаи психикаи инсон ва хандаро воситаи беҳамтои табобати бемориҳо мешуморид.

Олими муосири амрикоӣ У. Фрей бо роҳи таҷриба нишон дод, ки ханда ба кори дилу рагҳо, ҷараёнҳои гардиши хун, нафасгирӣ ва фаъолияти умумии мушакҳои организм таъсири судманд мерасонад.

Он дарди форами мушакҳо, ки пас аз хандаи беист ҳосил мешавад, агар ҳар рӯз такрор шавад, фоидааш ҳамон қадар зиёд аст.

Олимон ошкор кардаанд, ки зери таъсири ханда дар торҳои асаб моддае , ки ба морфий (ҷавҳари тарёк) монанд аст, ҷудо мегардад. Он ҳамчун маводи карахткунанда (анестезия) ба организм имкони суст шуданро фароҳам оварда, айни замон баҳри равона намудани қувва алайҳи беморӣ кӯмак мекунад.

Бо ҳамаи адабиёти дастрас оиди таъсири ҳассосият ба саломатӣ шинос шуда, Казинс ба хулоса омад, ки агар хоҳад, ки зинда бимонад, дигар наметавонад дар мавқеи одаме, ки ба тақдир тан додааст, лоқайдона марги худро интизор шавад.

Вай ҳоло маҷбур аст, ки тамоми захираҳои нерӯи ҷисмонӣ ва рӯҳии худро баҳри офият бо ёрии ханда сафарбар намояд. Ин осон набуд. «Ҳангоме, ки беҳаракат, дар бистари беморӣ тахтабанд шудаӣ, ҳар як узви баданат дард дорад, чӣ гуна ҳам механдӣ?!»

Лекин дар фикру хаёли Казинс нақшаи табобат пухта расида буд. Бо вуҷуди эътирози духтурон, ки ӯро бемори беилоҷ ҳисоб мекарданд, Казинс бо исрор аз беморхона ҷавоб пурсида, дар яке аз ҳуҷраҳои меҳмонхона, ки дар он нишоне аз аломатҳои бемористон ва беморон набуд, ҷой гирифт.

Ҳамроҳи ӯ танҳо доктор Хитсиг, ки рафиқи наздик гардида буд, монд. Ӯ андешаи Казинсро оиди истифодаи ханда дар фаъол намудани мубодилаи биокимиёвӣ дар организм дастгирӣ кард.

Ба ҳуҷраи меҳмонхона дастгоҳи синамо, беҳтарин филмҳои мазҳакавӣ ва китобҳо оварда шуданд.

Казинс худро бениҳоят хушбахт эҳсос кард, ҳангоме, ки бори аввал даҳ дақиқаи хандаи маҷбурӣ ба ӯ таъсири калони анестизиологӣ бахшид. Ин имконият дод, ки вай ду соат дардро ҳис накарда, хоб равад.

Баъди он, ки қувваи таскиндиҳандаи ханда ба итмом мерасид, ходими касалбон боз дастгоҳи синаморо пайваст мекард ё ин, ки ба Казинс латифа ва ҳикояҳои хандаовари навро қироат мекард.

Ҳамин минвол якчанд рӯз идома ёфт. Дардҳои ҷонкоҳ оҳиста-оҳиста рафъ мегардиданд. Самараи анестезиологии ханда исбот мешуд.

Минбаъд далеле зарур буд, ки оё ханда метавонад, ки ба сохти ғадудҳои эндокринӣ ҳам таъсири босамар расонад ва аз ҳисоби ин ҷараёни шамолхӯрии аутииммунологӣ паст карда шавад.

Барои ошкор кардани ин доктор Хитсиг таҳлили хуни Казинсро бевосита пеш аз сеанси ханда ва пас аз он мегирифт. Ва ҳар дафъа натиҷаҳои таҳлил тасдиқ мекарданд, ки сатҳи шамолхӯрӣ паст меравад.

Казинс худро ҳар дафъа рӯҳбаланду зиндадил ҳис мекард. Зеро мақоли «Ханда — беҳтарин дору» ҳақ будани худро нишон медод.

Бо гузашти вақт барномаи «хандатабобат» бо тамоми қувва маҷро гирифт. Казинс дар як рӯз на кам аз шаш соат механдид. Чашмони ӯ аз ашк варамида буданд. Лекин ин ашкони роҳ сӯи шифоёбӣ буданд.

Миқдори қабули воситаҳои зидди шамолхӯрӣ кам мегардиданд ва бо мурури вақт қабули дорувориҳо, аз ҷумла доруи хоб қатъ гардид. Хоби бофароғат ба ӯ баргашт.

Баъди як моҳ бори аввал Казинс бе дард ангуштони дастро ҷунбонид. Ӯ ба чашмонаш бовар накард. Варамҳо, ғафсии баъзе узвҳо ва гиреҳҳо дар бадан мӯътадил мегардиданд.

Боз баъди як моҳи дигар ӯ фаъолона рӯи кати хоб ҳаракат кард. Ва ин ҳиссиёти беҳтарин буд! Рӯзе расид, ки бемор аз бистар бархост. Дуруст аст, ки боз моҳҳои зиёд вай дастонашро на ба он дараҷае, ки китобро аз рафи боло гирифта тавонад, бардошта метавонист.

Ҳанӯз зонуҳояш меларзиданд, пойҳояш ҳангоми роҳравӣ бемадор буданд. Лекин аз беморӣ ба дараҷае шифо ёфта буд, ки тавонист ба мизи кориаш баргардад. Ана, як худи ҳамин барои Казинс мӯъҷизаи ҳақиқӣ буд!

Моҳ ба моҳ ҳаракати узвҳои бадан зиёд мешуд. Дардҳо таскин меёфтанд, фақат эҳсоси ногуворе дар зонуҳо ва як китф боқӣ монда буд.

Ангуштон ҳар дафъа беҳтару хубтар дар рӯйи тугмачаҳои арғунун ҳаракат мекарданд ва ӯ ниҳоят оҳангҳои дӯстдоштаи худро аз эҷодиёти Бах навохт.

Вай боз дар тенниси калон ба бозӣ пардохт. Тарси афтоданро ба дил роҳ надода, аспсаворӣ кард. Баръакси пешгӯии мутахассисон оиди беҳаракатии пурраи сутунмӯҳра нотарсона гардани худро ба ҳамаи самтҳо тоб медод.

Баъди тахминан даҳ сол Казинс тасодуфан бо яке аз духтуроне, ки ӯро ба беҳаракатии якумра ва марги мудҳиши бардавом маҳкум карда буд, вохӯрд. Духтур ӯро зинда ва саломат дида, моту мабҳут шуд.

Бо вай салом карда, Норман дастони табибро бо чунон қувва фишурд, ки аз дард андомаш дигаргун шуд. Қувваи ин дастфишорӣ бозгӯи мутлақи саломатии собиқ бемори фалаҷгардида буд.

Соли 1976 Норман Казинс китоби ҳасбиҳолии худ «Анатомияи беморӣ (аз нуқтаи назари дардманд)»-ро дарҷ намуд, ки дар ҷомеа таркише ба амал овард.

Ба таҷрибаи шахсии худ истинод карда, муаллиф нишон дод, ки ҳолати эҳсосотӣ ва равонӣ метавонад, инсонро аз бемориҳои хеле вазнин ҳам табобат намояд.

Ин буд қисса дар бораи одаме, ки ба рӯи марг хандидааст ва бар он ғолиб омадааст!

© Рустамов З., 2025

Аз гурӯҳи «БОРЩ без BREADa», аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов

Маълумот дар бораи Норман Казинс:
24 июни соли 1915 дар шаҳри Уэст — Хобокени Иёлоти Ню Ҷерсии ИМА таваллуд шудааст. Рӯзноманигори сиёсӣ, нависанда, профессор, муборизи сулҳ дар тамоми ҷаҳон буд. Бо мукофоти Ҳелмер (соли 1985), ҷоизаи Алберт Швейсер барои фаъолияти гуманитарӣ (1990) ва медали сулҳи Ташкилоти Милали Муттаҳид (соли 1971) мукофотонида шудааст. 30 ноябри соли 1990 дар шаҳри Лос Анҷелеси Иёлоти Калифорния вафот кардааст.


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: