Се маротиба пешниҳод гардид, аммо…

3marotiba


Се маротиба!!! Ӯро барои сарфароз гардонидан бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карданд, аммо… Се маротиба пешниҳод гардид, аммо на Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравию на ҷоизадори Нобелӣ шуд!


Лашкаркаши тавоно ва олими бузурги илми генетика Иосиф Абрамович Рапопорт санаи 14 марти соли 1912 дар шаҳри Чернигов, дар оилаи фелдшер таваллуд шудааст.

Ӯ ҳанӯз ҳангоми дар ҳаёт будан ба шӯҳрати калон соҳиб шуда буд. Чунин фарди машҳур: доктори илм, афсари десантӣ бояд, ки на кам аз се маротиба Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мегардид, аммо нашуд.

Олими номаш дар ҷаҳон машҳур бояд ҷоизадори мукофоти Нобелӣ мегардид, аммо ин ҳам нашуд.

Ӯ ягона аз аҳли илми шуравӣ буд, ки дар сессияи ВАСХНИЛ,(собиқ Академияи Умумииттифоқии илмҳои хоҷагии қишлоқи ба номи В. И. Ленин) соли 1948 баҳри ҳимояи илми генетика алайҳи академик Т. Лисенко баромад кард.

Хоксортарин аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои СССР ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, ки на утоқи корӣ дошту на котиб, тамоми маблағи аз ҷоизаи Ленинӣ гирифтаашро ба кормандони лабораторияи худ тақсим карда дод. Ин инсон Иосиф Абрамович Рапопорт буд.

Таваҷҷӯҳ менамоем ба зиндагиномаи пурмоҷарои ин фарди таърихӣ.

…Баъди итмоми мактаб Иосиф ба Донишгоҳи шаҳри Ленинград дохил шуд. Фавқуллода зеҳни баланд дошт. Бо зиёда аз 20 забон гуфтугӯ карда метавонист. Пас аз хатми аспирантураи назди Пажӯҳишгоҳи таҷрибавии биологӣ ӯ рисолаи номзадиро оид ба генетика ҳифз кард.

Санаи 17 июни соли 1941 дар шӯрои илмии ДДМ (МГУ) Иосифи 29 сола бояд диссертатсияи докторӣ ҳимоя мекард. Аммо бо сабаби баргузор нагардидани кворум (ҷамъ наомадани аъзои шӯро) ҳимояи диссертатсия ба санаи 28 июни соли 1941 мавқуф гузошта шуд.

Ҳамчун олими боистеъдод ӯ ҳаққи брон (даъват нашудан ба фронт)-ро дошт. Аммо рӯзи дигари ҷанг лейтенанти хурд Иосиф Рапопорт ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд.

Аз соли 1941 Рапопорт ба баталйони полки 476-уми дивизияи 320 тирандозӣ ва соли дигар дар рутбаи лейтенанти калон дар фронти назди Қафқоз аввал ба рота, баъд баталйони полки 28-уми дивизияи 75-уми тирандозӣ қумондонӣ мекард.

Аз моҳи декабри соли 1942 то июли соли 1943 баъд аз гирифтани ҷароҳати вазнин табобат гирифта, ба курсҳои таъҷилии сардорони ситоди полкҳо дар Академияи Ҳарбии ба номи М.В. Фрунзе таълим мегирад.

Аз он, ки Рапопорт дар Маскав мебошад, профессор Сербский хабар ёфта, ӯро ба Донишгоҳи давлатии Маскав, ки он ҷо ҳанӯз ҳам натиҷаи корҳои ҳимояи доктории Рапопорт дар девор овезон буданд, даъват менамояд. Ин дафъа Шӯрои диссертатсионӣ бо пуррагӣ ҷамъ омада, Рапопорт рисолаи докториро бо муваффақият ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи доктори илмҳои биологӣ мегардад. Баъд аз он аз ду ҷониб: аз котиби раёсати Академияи илмҳои СССР, физиологи машҳур Леон Орбели ва Академияи ҳарбии ба номи М.В. Фрунзе оиди идома додани фаъолияти илмӣ таклифҳо пешниҳод шуданд. Ин таклифҳоро рад намуда, Рапопорт боз ба майдони ҷанг бармегардад.

Ҳамяроқон нақл мекарданд, ки Иосиф Абрамович бо онҳо аз як дег хӯрок мехӯрд. Бо дастони худ мактубҳоро оиди фавтшудагон ва захмбардоштагон ба наздиконашон менавишт, дафни сарбозони ҳалокшуда ва ба госпитали ҳарбӣ фиристодани маҷрӯҳонро ташкил мекард. Оиди масъалаҳое, ки ба зиндагии ҳаррӯзаи ҳайати шахсӣ дахл дошт, даркор шавад, бо қумондонони болоӣ ҳам ҷанҷолу хархаша мекард.

Се маротиба!!! Ӯро барои сарфароз гардонидан бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карданд, аммо…

…Пешниҳоди бори аввал пас аз муҳорибаи машҳури фатҳи дарёи Днепр, ки тирамоҳи соли 1943 рӯй дод, ба амал омада буд.

Сардори ситоди полки тирандозии 184-ум капитан Рапопорт аз хавфи трибунали ҳарбӣ наҳаросида, мавқеи убури дарёро худсарона иваз кард.

Ин имкон дод, ки бо қурбонии хеле кам дарё убур карда шуда, қӯшун дар мавзеи мувофиқи соҳили ғарбӣ мавқеашро мустаҳкам намояд.

Отряди пешгардро худи Рапопорт сарварӣ мекард.

Дар натиҷа дивизияи 62-юм саривақт гузаргоҳҳоро бунёд намуда, мавқеашро дар қисми ғарбии дарёи Днепр мустаҳкам намуд.

Ҳангоме, ки немисҳо ба худ омада, девонавор ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанд, командири дивизия ҳамроҳи ситоди худ аз майдони муҳориба ғайб зад.

Рапопорт фармондеҳии полкро ба ӯҳда гирифта, ҳамроҳи полкҳои дигар давоми се шабу се рӯз ҳуҷумҳои бетанаффус ва шадиди дивизияҳои яккачини «Райх» ва «Гроссдойчланд»-ро зада бармегардонд.

Барои ин корнамоии ҳарбӣ Рапопорт ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод шуда буд. Дар ин бора дар бойгонии ҳарбӣ чунин маълумот мавҷуд аст:

«Барои зоҳир намудани мардонагӣ ва идораи қӯшунҳо дар фатҳи дарёи Днепр дар ҳудуди деҳоти Мичурин — Рославл ишғол намудан, нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани платсдарми полк дар қисми рости дарёи Днепр сардори ситод, капитан Иосиф Абрамович Рапопорт аз ҷониби фармондеҳӣ ба мукофоти давлатӣ ва сарфароз гардонидан бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи 1 аз санаи 27 декабри соли 1943 пешниҳод гардида буд. Ёрдамчии сардори ситоди полки тирандозии гвардиягӣ, капитан Бондаренко».

32 нафар, аз ҷумла командири гурезаи дивизия унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтанд. Аммо Рапопорт на. Медонед, барои чӣ?

Чунки пас аз он, ки ҳуҷумҳои пайдарпайи немисҳо барҳам дода шуд, командири гуреза дар соҳили рости дарё пайдо гардид, Рапопорт ӯро дар назди қатори низомиён ба рӯяш торсакӣ зада, ӯро тарсу хонд.

Қумондони дивизия ин рафторро набахшид ва пешниҳоди ба Рапопорт додани унвони қаҳрамониро бозхонд кард.

Дар вохӯрию мулоқотҳои баъди ҷанг қумондони дивизия чандин маротиба хост, ки оштӣ шавад, аммо Рапопорт ягон маротиба ба вай сухан нагуфт ва даст ҳам надод.

Маротибаи дуюми пешниҳод барои қаҳрамонӣ.

Дар муҳорибаҳои Венгрия баҳри рахна кардани хатти «Малика Маргарита» капитан Рапопорт бо ордени Суворов мукофотонида шуда, бори дуюм ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда шуд. Ӯ вазифаашро аз будаш зиёдтар иҷро кард. Вале ин дафъа ҳам ӯро ба ин унвон сазовор надонистанд. Чунки …боз ҳам фармонро вайрон карда буд.

Аммо бояд гуфт, ки гурӯҳи ӯ дар ин муҳориба ҳамагӣ ҳафт нафарро талаф дод.

25 декабри соли 1944 Рапопорт мебоист полкро қабул намояд. Лекин ҷароҳати вазнин бардошт. Тири снайпер як чашми ӯро барҳам дода, ба торҳои асаб расид.

Ба таври мӯъҷизавӣ саломатиашро, барқарор намуда, баъди моҳе бо як чашми нобино боз сӯи баталйони худ шитофт.

Мана, ин матни мухтасари пешниҳоди дуюм барои сарфароз гардонидан ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ:

«Рапопорт Иосиф Абрамович, капитани гвардия, командири баталйони тирандозии 29-уми гвардияи полки десантӣ — ҳавоии ордени Богдан Хмелнитский барои мукофотонидан бо ордени Ленин ва бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда мешавад».

Вазифаи аз худ намудани гузаргоҳро тариқи канали Саваш надошта бошад ҳам, бо назардошти он, ки иншооти охир кӯли Балатонро бо дарёи Дунай мепайвандад, Рапопорт ташаббуси оқилонаро қабул кард.

Ӯ ҷасурона аскарони пиёдагардро тариқи пули миназоргардида сафарбар намуда, ба баландии душман камингирифта ҳуҷум мекунад, ҳоли рақибро дар соҳили шимол танг мегардонад ва дар рафти амалиёт нуқтаи калонтарини ҳимояи душман қуллаи Мозикамарро соҳиб мешавад.

Дар рафти ин набард баталйони Рапопорт зиёда аз 1000 нафар немисҳо, 12 адад танк, 8 нақлиёти зиреҳпӯш, 16 нуқтаи оташфишонии душманро маҳв карда, 220 нафарро асир мегирад.

Дар ҳамаи набардҳои номбаршуда рафиқ Рапопорт бетанаффус дар байни ҷанговарон буд, амали якҷояи аскарони пиёдагардро бо қӯшунҳои ёрирасон: артиллерия ва танкҳо таъмин мекард.

Дар рафти ҷанг ҷароҳати вазнин бардошта бошад ҳам аз худ ҷасорат ва диловарӣ зоҳир намуда, майдони набардро тарк накарда, ҷанговаронро баҳри иҷро намудани вазифаи ҷангӣ рӯҳбаланд мекард.

Барои мукофотонидан ба унвони «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор аст. Қумондони 29 ГВДСП майори гвардия Шинкарёв, 27 декабри соли 1944″.

Ва ин дафъа ҳам дархост рад карда шуд. Аҷибаш дар он буд, ки амалиёти мазкур ҳамчун намунаи беҳтарини тактикӣ муаррифӣ шуда, ба китобҳои дарсии тактикаи ҷангӣ ворид гардида, минбаъд ба ҳарбиён таълим дода мешуд.

Пешниҳоди сеюм барои ноил гардонидан ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

7 майи соли 1945 баталйони дивизияи 7-уми ҳарбии ҳавоӣ таҳти қумондонии Рапопорт аз қувваҳои асосӣ дар масофаи 83 километр дур шуда, аз байни гурӯҳи 100 ҳазор нафараи душман гузашта, якчанд нуқтаҳои аҳолинишинро ишғол намуда, ҳазорҳо нафарро асир ва 60 адад техникаи зиреҳпӯшро ғанимат гирифта, дар сарҳади давлатии Австрия бо иттифоқчиёни амрикоӣ пайваст.

Бояд қайд намуд, ки баталйон рахнаи ҳудуди ишғолгардидаи душманро кушоду равшан, бо сарулибоси ҳарбии Шӯравӣ ва ситораҳои насбгардида дар техникаи ҳарбӣ анҷом дод.

Ҳоло ҳам дар ҷойи вохӯрӣ навиштаҷоти «Дар ҳамин ҷо ҷанги Дуюми ҷаҳон поён ёфт» мавҷуд мебошад.

Инак, ҳоло як лаҳзаи рахнаи сафҳои душман пешниҳод карда мешавад.

Вақте, ки пеши роҳи отряди пешгарди Армияи Сурхро танкҳои «Шоҳпаланг» гирифтанд, майор Рапопорт, бо мақсади намоён гардидани ордену медалҳо плаш-палаткаи худро аз китф фароварда, ба танки пешсафи немис расида, бо дастаи пистолет ба танаи танк тиқ- тиқ зада, бо забони фасеҳи немисӣ худро командири қисми авангарди танкҳои вазнини корпуси Сталинград муаррифӣ кард.

Ба немиси аз люк сарашро бароварда фармон дод: «Тӯпхонаро безаряд гардонед, танкҳоро дар каноре қарор дода, роҳро холӣ кунед».

Немисҳои сарҳисоби худро гум карда фармонро иҷро намуда, ба қатори сарбозони шуравӣ роҳ кушоданд.

Амрикоиҳо, ки бо онҳо Рапопорт бо забони хуби англисӣ сухан мекард, ӯро бо ордени «Легиони Фахрӣ» қадрдонӣ карда, дар худи ҳамон ҷо мукофотро супориданд.

Худиҳо бошанд маротибаи дигар ӯро ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карданд.

Мана, ин иқтибос аз он пешниҳод:

«Майор Рапопорт Иосиф Абрамович иштирокчии бисёр муҳорибаҳои диловарона мебошад…

Ташаббуси ниҳоят ҳам муфидро майор Рапопорт санаи 8 майи соли 1945 зоҳир намуд, ки натиҷаи он бо ҳам пайвастшавии қисмҳои ҳарбии мо бо иттифоқчиёни амрикоӣ дар ҳудуди шаҳри Амштеттин мебошад.

Рафиқ Рапопорт отряди пешгардро иборат аз баталйони тирандозӣ ва дивизиони пушкаҳои худгард сарварӣ карда, бо ин отряд хатти мудофиаи хеле пурқуввати душманро рахна зада, бо немисҳо дар дохили мудофиаи онҳо набардҳои ҷасуронаро ба амал овард…

Техникаи худгарди пешсафро худи Рапопорт идора мекард. Ҳангоми набарди хунин рафиқ Рапопорт маҳорати баланди идораи қӯшунро дар шароити мураккаб намоиш дода, аз худ ҷасорату диловарӣ зоҳир намуд.

Рафиқ Рапопорт барои сарфароз гардонидан бо мукофоти давлатӣ ордени Ленин ва унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ арзанда аст. 13 майи соли 1945.

Сардори ситоди дивизия, полковники гвардия Гладков. Командири дивизия генерал-майори гвардия Дричкин».

Маршал Ф. Толбухин ба Ставкаи Сарфармондеҳӣ дар бораи иҷрои супориш хабар дода, саҳми отряди зудамалро таҳти роҳбарии И. Рапопорт алоҳида қайд намуд.

Ин дар таърихи ҷанг ҳодисаи ягона буд, ки на дар бораи генерал, балки дар бораи майори оддӣ ба Ставка доклад мекарданд.

Лекин дар дафъаи сеюм ҳам ба Иосиф Абрамович ҷавоби рад доданд. Ва ин бор ҳам аз сабаби хислати оташин доштанаш. Аллакай пас аз итмом ёфтани ҷанг моҳи майи соли 1945 ӯ дар вазифаи навбатчии оперативӣ хизмат мекард.

…Адютанти масту аласти командири корпуси захираи Фармондеҳии Олӣ мошини «Опел-адмирале»- ро идора карда натавониста, лейтенанти ҷавонро пахш карда кушт.

Рапопорт фармон дод, ки масти лояқилро ҳабс кунанд ва аз ҳодиса ба прокуратураи ҳарбӣ хабар дод.

Лекин командири корпус корро ҳамин тавр нишон дод, ки навбатчии оперативӣ капитан — коргузорро ҳабс карда, гӯё иҷрои супориши муҳимро барбод додааст.

Бо вуҷуди он, ки «Опел-адмирале» пур аз арақ буд, парвандаи ҷиноятиро пӯшида, баръакс худи Рапопортро ба маҳкама кашиданд. Ва пешниҳоди сеюмро ҳам бозпас хонданд.

Баъди ҷанг ӯ ба касби дӯстдоштааш — ҷодаи илм баргашт. Соли 1948 сессияи пурсарусадои ВАСХНИЛ баргузор гардида, танҳо ӯ муқобили генетикаи бардурӯғи Лисенко баромад кард.

Вақте, ки идеологи асосии Лисенко — Исай Презент, ки тамоми солҳои ҷанг умрашро дар ақибгоҳ гузаронида буд, аз минбар чунин суханонро ба забон овард:

«Ҳангоме, ки мо ва тамоми мамлакат дар фронтҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ хун мерехтам, ин магасбонҳо…»

Рапопорт, ки ҳамаи ҳашт орденҳои ҷангиашро ба бар карда буд, сӯи минбар шитофт, бо дастони пурқувваташ Презентро аз гулӯяш гирифта, гуфт:

«Ин ту лаънатӣ дар ҷангҳо хун рехтаӣ?» Канӣ, ҳамон гувоҳи иштироки ту дар ҷанг?!

Барои ҳамин рафтор Рапопорт аз сафҳои ҳизб ва аз кор ронда шуд. Танҳо соли 1957 ба шарофати якчанд академикҳои мӯътабар, аз қабили ҷоизадори мукофоти Нобелӣ, академик Н. Семёнов, ки ба ӯ ҳамчун олими барҷаста баҳо медоданд, Рапопорт, ба тариқи ниммахфӣ фаъолияти худро дар Пажӯҳишгоҳи химияи физикии Академияи Илмҳои СССР, ки барои вай лабораторияи алоҳида таъсис дода буданд, аз нав барқарор намуд.

Соли 1965 пас аз он, ки илми генетика аз нав эҳёи тоза ёфт, Рапопорт расман соҳаҳои асосии тадқиқот ва озмоишоти соҳаро дар миқёси мамлакат сарвар гардид.

Барои корҳои бунёдӣ дар соҳаи генетика собиқ командири баталйон бо ду ордени Парчами Сурхи Меҳнат, унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, ҷоизаи Ленинӣ мукофотонида шуда буд. Иосиф Рапопортро инчунин барои гирифтани ҷоизаи Нобелӣ пешниҳод карда буданд.

Дар оғози солҳои шастум комитети мукофотҳои Нобелӣ ба хотири такрор нашудани ҳодисаи пурмоҷарои додани ҷоиза ба Борис Пастернак, ҷиҳати пешбарӣ намудани Рапопорт ба ин ҷоиза (ҳамроҳ бо олимаи немис Шарлотта Ауербах) барои кашфиёти мутагенези кимиёвӣ розигии роҳбарияти шӯравиро пурсид.

Рапопорт ба Шӯъбаи илми КМ КПСС, даъват шуда, ҳангоми сӯҳбат дар назди ӯ шарт гузошта шуд, ки барои аз нав ба сафҳои ҳизб барқарор шудан ариза нависад.

Лекин Иосиф Абрамович қатъиян ин таклифро рад кард, зеро ӯ аз сафҳои ҳизб бо иқдоми худи ҳизб хориҷ карда шуда буд…

Соли 1990 И. А. Рапопорт ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид. Ӯ роҳро убур мекард ва ба мошини боркашон, ки бо сабаби набудани як чашм он самтро дида наметавонист, бархӯрд…

© Рустамов З., 2025

Муаллиф Олег Шапиро, аз саҳифаи Даурен Муса 21.05.2025, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: