117 рӯзи яъсу ноумедӣ ва ҷасорат

117ruz


Зану шавҳар Бейли дар уқёнуси Ором ба садамаи киштӣ дучор шуда, саҳл кам чор моҳ ё ин ки 117 рӯзро дар амади хурде паси сар карданд.


…Саёҳати баҳр ғояи Мэрилин буд. Соли 1966 баъди 4 соли оиладорӣ вай ба Морис маслиҳат дод, ки хонаро фурӯхта, киштичае (яхта) харида, дар баҳр саёҳат намоянд.

Сараввал ин беақлӣ барин менамуд. Зану шавҳар дар Англия мезистанд. Морис дар матбаа ҳуруфчин буд, Мэрилин дар хадамоти андоз кор мекард. Ғайрат ва ҷидду ҷаҳди зан исроркорона буд ва оқибат шавҳар гардан фаровард.

Пас аз 2 сол онҳо соҳиби киштии на он қадар калон гардиданд. 4 соли минбаъда қариб тамоми даромади онҳо барои омодагӣ ба саёҳат сарф шуд.

Зану шавҳар қарор доданд, ки ба самти Зеландияи Нав саёҳати баҳриро анҷом дода, дар он ҷо зиндагии тоза барпо намоянд.

Моҳи июни соли 1972 киштӣ бандаргоҳи қисмати ҷанубии Британияи Кабирро тарк карда, ба самти ғарб равона гардид. Он замон Морис 40 ва Мэрилин 31 сола буданд.

Онҳо баҳри Келтро гузашта, вориди Испания ва Португалия шуданд, ҷойҳои марғуби Мадейра ва ҷазираҳои Канарро тамошо карданд. Дар ҳар бандаре, ки таваққуф мекарданд, Мэрилин ба модараш, ки дар Англия монда буд, руқъае (откритка) мефиристод.

Баҳри убур кардани уқёнуси Атлантик ва расидан ба Амрикои Шимолӣ ба онҳо 9 моҳ лозим шуд. Баъд онҳо ба Панама рафта расиданд. Аз он ҷо Мэрилин охирин руқъаро ба ватан фиристод. Баъд киштӣ канали Панамаро гузашта, вориди уқёнуси Ором гардид.

Фалокат пас аз як ҳафтаи он рӯй дод. 4 марти соли 1973 киштӣ бо кашалоти (ҳайвони азимҷуссаи монанд ба кит) бархӯрд. Зарба мӯҳлик ва фоҷиавӣ буд. Дар натиҷа дар танаи киштӣ сӯрохии зиёда аз якуним метра пайдо шуда, баъди 50 дақиқа, киштие, ки боиси ин қадар нақша ва орзую умедҳо гардида буд, ба қаъри уқёнус фурӯ рафт.

Дар ихтиёри зану шавҳар як амадчаи хурдакак, ки ҳамагӣ 1,8 метр масоҳат дошт, боқӣ монда буд. «Ҳамаи орзую умедҳоямон барбод рафт, ҳатто сайру саёҳати мӯҳташамамон низ. Гӯё зиндагӣ дар як ҷо муаллақ монд, — ҳасрат мекашиданд, зану шавҳар».

Мэрилин аз киштии ғарқшудаистода манқали хурдакак, қуттиҳои гӯгирд, харита, компас, якчанд корд, зарфҳои пластикӣ, фонусҳо, қайчӣ, дурбин ва 6 адад тирҳои сигналдиҳиро наҷот дод.

Ба ғайри ин ба амад 40 литр оби нӯшокӣ, захираи консервҳоро, ки ба якчанд ҳафта мерасид, бор карданд.

Болои амадро бо соябон пӯшониданд. Морис таъҷилан қаиқчаи резиниро, ки барои рӯзи мабодо ҳамроҳ гирифта буданд, бо ҳаво пур кард.

Онро бо арғамчин ба амад пайваст намуда, маҳкам бастанд.

Ҳалокат дар минтақаи фаъоли киштигард рӯй дода буд. Аз ин лиҳоз занушӯй шубҳа надоштанд, ки онҳоро ба ҳамин зудӣ наҷот медиҳанд.

Ҳафтаи аввал бехавотир вақтгузаронӣ карда, бо картаҳои худсохт бозӣ мекарданд, нақши доминоро мекашиданд.

Морис бо овози шунаво китоби «Техникаи бехатарӣ ва зинда мондан дар баҳр» -ро, ки аз китобхона тасодуфан бо худ гирифта буд, хонда медод.

Мерилин рӯйдодҳои сафар ва ҳоли онрӯзаашонро дар дафтари хотира сабт мекард, расми гурба, ҳар гуна пираҳан ва сарулибосро мекашид. Дар яке аз саҳифаҳо тарҳи киштии навро ҳам ҷой дод. Зан ва шавҳар қарор доданд, ки пас аз халосӣ ва бозгашт онро албатта, фармоиш дода, харид менамоянд.

Киштии аввалинро Мэрилин ва Морис баъди 8 рӯзи фалокат дучор омаданд. Бо мақсади огоҳонидани сарнишинони киштӣ онҳо фарёд мезаданд, дастонро алвонҷ медоданд ва тамоми тирҳои сигналдиҳиро сарф карданд. Аммо киштӣ қарор нагирифта, он ҷойро тарк кард.

Пас аз чанд рӯз дар уфуқ киштии дигар пайдо шуд.

Бо мақсади аз худ дарак додан онҳо ҳарчӣ зиёдатӣ буд, сӯхтанд. Аммо аҳли киштӣ онҳоро ин дафъа ҳам пайхас накарданд.

Киштии навбатии сеюм тақрибан баъд аз ду ҳафта намоён шуд. Баъд чорум, панҷум ва шашум. Аммо ягонтои онҳо таваққуф накард.

Баъди як моҳ Морис навмед гардида, умедашро аз халосӣ канд. Ба вай чунин менамуд, ки акнун онҳо дар уқёнуси бекарон абадӣ шино мекунанд ва ба ғайр аз мавҷҳо ва осмони нилфом ҳеҷ гоҳ чизи дигарро нахоҳанд дид.

Лекин Мэрилин ба қисмат бовар мекард ва ба Морис талқин менамуд, ки чун мӯҳлати дурудароз дар муҳосираи уқёнус зиндаю саломат ҳастанд, пас дар тақдири онҳо маҳв гардидан дар баҳр навишта нашудааст.

Морис ба ҳеҷ чиз бовар накунад ҳам, лекин маҳз суханони завҷа ӯро некбин менамуд.

Болои мавҷҳои баланд ғайри ихтиёри худ шино карда, зану шавҳар дар ҷойҳое қарор гирифтанд, ки одамон кам зиёрат кардаанд.

Дохили уқёнус пур аз ҳар гуна махлуқот буд. Гирду атрофи амадро садҳо моҳиҳои ба сони тирукамон рангоранг иҳота карда буданд, селаи делфинҳо дар шино буданд, баъзан акула ва касаткаҳо ҳам пайдо мешуданд.

Баъзе мавҷудот баҳри ҳимоя аз нурҳои офтоб ва аз даррандаҳо худро зери амад мегирифтанд. Баъзеи дигар садаф ва гӯшмоҳиҳои дар таҳи амад пайдошударо мехӯрданд ва ҷамъияти сеюмро анбӯҳи моҳиҳо ба худ ҷалб мекард.

Баъзан ба назди амад сангпуштҳои азимҷуссаи Галапагосс ҳам шино карда меомаданд. Дар осмон олуш ва фрегатҳо (паррандагони уқёнус) мечархиданд. Ин паррандагон ҳеҷ вақт одамонро надида буданд ва табиист, ки аз онҳо наметарсиданд.

Дар китоби «Имконияти дуюм» Морис дар бораи олуши аввалини дастгиршуда навиштааст: «Ман пинҳонӣ ва оҳиста наздик шудам, вале олуш аз ҷояш намеҷунбид, фақат бо чашмони калон-калон, ки ҳалқаҳои ба намуд аблаҳона дошт, сӯи ман нигаҳ мекард.

Вай якчанд сония маро санҷид ва пас аз он ба майли хотир ба тозакунии парҳои худ машғул шуд. Ана ҳамон вақт ман дастамро дароз карда, аз гарданаш гирифтам».

Шабонгоҳон «сурудан»-и наҳангон шунида мешуд ва боре кашалоте тамоман аз наздикии амад шино кард. Мэрилин ва Морис дар ҷойҳояшон шах шуда монданд, то ин ки азимҷусса ба тарс омада, харобкорӣ нанамояд. Зеро кашалоти хашмгин метавонист, бо як зарба амадро сарнагун созад.

Мэрилин лабонашро газид, то инони гиряро сар надиҳад. «Ба назар чунин мерасид, ки ин махлуқи азими обӣ дар он ҷо аз ҳад зиёд қарор дошт. Лекин дар асл ин аз даҳ дақиқа беш набуд. Тамоми ҳамин муддат мо интизори зарбаи ӯ, ки метавонист моро дупора созад, будем.»

Вақте, ки захираи озуқаворӣ ба поён мерасид, Мэрилин аз сӯзанакҳо шасти моҳигирӣ сохт ва онҳо ба сайди моҳӣ шурӯъ карданд.

Дар канори амад он қадар моҳиҳое буданд, ки онҳоро бе кӯмаки шаст, ҳамту бо дастон ҳам доштан мумкин буд.

Баъд Мэрилин сайди наҳангчаҳои (акула) ҷавонро, ки дар пасу пеш шино мекарданд, кашф кард.

«Вай дар назди соябон нишаста, аз дилтангӣ ба фуки наҳангча (акула) даст мерасонид, — нақл мекард Морис. Наҳангча аз бари амад мегузашт ва Мэрилин тавонист, ки аз сар то думи он ангуштонашро расонад. Баъд ҳамаи ин магар ба дилаш зад, ки ӯ наҳангчаро аз думаш дошта, ба болои амад партофт».

«Дар амад муҳити на хилватнишинӣ, на ягон сирру асрори пӯшида, на ягон камбудии ҷиддӣ, аз ҳама муҳим бетартибию тарсу ҳарос ҷой надошт. Дар ана ҳамин хел вазъ мо ғайричашмдошт оромиш ёфтем.

Мо завлонаи тамаддуни ба сухан имрӯзаро як сӯ гузошта, ба тарзи ҳаёти соддаи давраи таърихи куҳан баргаштем».

Ду маротиба тӯфони шадид рух дод. Борон тамоми ҳафта як зайл меборид. Сайди моҳӣ ғайриимкон гардид.

Қаиқ се маротиба чаппа шуд, компас ба қаъри уқёнус рафт, зарфҳои оби нӯшокӣ гум шуданд.

Ҳангоми тӯфон Морис аз қаиқ берун афтод ва вақте, ки ба ҷояш аз нав баргашт, фаҳмид, ки тамоми таҷҳизоти моҳигирӣ ғарқ шудаанд.

Рӯзи 45-уми фалокат амад сӯи Панама шино карда рафт. Вале баъд аз 20 рӯз ҷараёни дигар самти шиноро тағйир дода, моро ба минтақаи дигари маргбори уқёнуси Ором равона кард.

Ҳам амад ва ҳам қаиқ, ки барои истифодаи дарозмуддат пешбинӣ нашуда буданд, аз ҳама тараф шалақу корношоям гардида, хатари фалокати бебозгашт таҳдид мекард.

Болои сӯхта намакоб, рӯзи 51-уми пас аз садама қаиқи резиниро чангаки худсохт сӯрох кард.

Бар замми ин ҳоли амад ҳам табоҳ гардида буд. Ба Мэрилин ва Морис пайваста зарур меомад, ки оби ба қаиқчаи резинӣ воридгаштаро ба баҳр партофта, ҳавои баромадаи резинаро аз нав пур кунанд.

Онҳо ҳар пагоҳӣ ва бегоҳӣ моҳӣ сайд мекарданд. Баҳри хӯрдан ҳамаи узвҳои моҳӣ: ҳатто ҷигар, лаҳм, чашмҳо ба кор меомад. Азбаски оби нӯшокӣ надоштанд, рӯдаҳои моҳиёнро макида, эҳтиёҷоти худро бо оби нӯшокӣ қонеъ мекарданд.

Дар охири ин сафари пур аз мусибат онҳо базӯр ба пойҳояшон меистоданд. Бар асари нурҳои офтоб ва расиши доимӣ бо оби шӯри уқёнус пӯсти бадани онҳо торс-торс кафида буд.

Морис ҷиддан бемор гардида, дар натиҷаи ҳарорати баланд якчанд рӯз дар ҳоли мадҳушӣ қарор дошт.

«Аксари вақт мо ба ғайр аз яктоӣ курта, дутогӣ шорт ва свитер дигар чизе надоштем, — ба хотир меовард Мэрилин.

Ҳамаи инро мо дар сумкаи брезентӣ нигоҳ медоштем ва фақат ҳамон вақт мепӯшидем, ки аз ҷойхоб берун мешудем, ба хотири он, ки нурҳои офтоб баданро насӯзонад. Бо вуҷуди ин онҳо намаколуд ва дурушт гардида, ҳангоми пӯшидан пӯстро нороҳат мекард».

Пагоҳии 30 июни соли 1973 зану шавҳар Бейли, ҳамчун одат машғули сайди моҳӣ буданд. Морис дар байни ҳушёрию мадҳушӣ қарор дошт. Марг аз лоғарию сустшавӣ наздик омада буд.

Вай ба суханони завҷааш вақте мегуфт, ки сӯи онҳо киштие моҳигирӣ меояд, бовар накард.

Мэрилин аз қаиқ ҷой гирифта, бо яъсу навмедӣ дастонашро алвонҷ додан гирифт.

То киштӣ на аз 800 метр зиёд масофа буд, лекин ин киштӣ ҳам монанди дигарон гузашта рафт.

Мэрилин ба киштии дур шуда истода нигариста, бо умед, илтиҷоомезона пичиррос мезад: «Хоҳиш мекунам, моро партофта наравед!

Киштӣ бо оҳистагӣ, вале ба самти муқобил баргашт.

Яке аз аъзоёни экипажи киштии моҳидории Кореяи Ҷанубӣ, ки баъди ду соли сайди моҳӣ дар уқёнуси Атлантика ба шаҳри Пусан бармегашт, объекти ҳайратомезро дида, ба капитан хабар дод.

Баҳрнавардони харобу лоғар ва аз ҳол рафтаро дохили киштӣ карданд. «Онҳо ҳеҷ чиз гуфта наметавонистанд, фақат аз хурсандӣ ҳиққос мезаданду халос», «ними рӯи мардро анбӯҳи риши ғулӣ фаро гирифта буд.

Зан мӯи дарози титу парешон дошт. Пойҳояш заифу маҳин ба монанди навдаи бед буданд.

Сарулибоси онҳо гӯё аз бадан мефитоданд. Он қадар харобу лоғар буданд, ки аз болои қабати пӯст ҳам шакли устухонҳои онҳоро дидан мумкин буд.

Моҳидорони кореягӣ зану шавҳарро хуб парвариш карда, пас аз чанд ҳафта онҳоро дар ҷазираҳои Гавай аз киштӣ фароварда, гарму ҷӯшон хайрухуш карданд.

— Мо аз ӯҳдааш баромадем, — мегуфт Морис.

— Акнун навбати сохтани Аурелин-2 ва сафар ба Патагония, — ҷавоб медод Мэрилин.

Баъди бозгашт Морис ва Мэрилин дар бораи 117 рӯзи яъсу ноумедӣ ва ҷасоратҳо, ки онро дар амад гузарониданд, китоб навиштанд. Музди қалами ин китоб барои бунёди киштии нав басандагӣ кард.

Соли 1975 зану шавҳар ба сафари навбатии баҳрӣ баромада, дар ниҳоят ба Патагония рафта расиданд.

Баъди панҷ сол Морис ва Мэрилин ба Англия баргашта, дар шаҳрчаи Лимингтон, ки дар соҳили Ла-Манш воқеъ аст, маскун шуданд. Онҳо сайру саёҳатро идома дода, тамоми Европаро давр заданд ва бо алпинизм ҳам машғул шуданд.

Мэрилин соли 2002 аз бемории саратон даргузашт. Баъди фавти ҳамсар, Морис он рӯзҳое, ки онҳо дар уқёнуси кушод якҷоя паси сар карданд, зуд-зуд ба ёд меовард.

Тарсу ваҳм ба айёми гузашта боқӣ монда, дар хотираи ӯ сафарҳои афсонавӣ бо завҷаи меҳрубон якумрӣ нақш баст.

Морис соли 2019 дунёи фониро падруд гуфт. Чанде пеш аз вафот дар сӯҳбате ӯ иқрор шуд, ки мехоҳад, бори дигар дар ҳамон амад он рӯзҳоро аз сари нав аз сар гузаронад.

«Ин мӯъҷизанок буд, — мегуфт Морис. — Ман ҳеҷ гоҳ бо табиат монанди ҳамон вақт ин қадар наздик нашуда будам».

© Рустамов З., 2025

Саҳифаи Котес Таня аз маводҳои Lenta. ru, аз русӣ тарҷумаи Заҳриддин Рустамов


Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Гузориш додан

Ёбед: