Таджикские шрифты. Дабираҳои тоҷикӣ

Абдуҳамид Тағоев / Июл.13.2013. / 9 комментариев

Общий экскурс
Таджикские шрифты ищут все. Таджикских компьютерных шрифтов, как таковых, ещё не существует. В наше время таким именем нарекли 2 вида шрифтов:
1. Самопальные таджикские шрифты, т. е. шрифты, не утверждённые Майкрософтом. Их очень много:
Academy Tajik,
Academy Tojik,
Adver Tojik,
Antiqua Tojik,
Arbat Toj,
Arial Black Tojik,
Arial Tj,
Arial Tojik,
Ariel Tojik,
Astra Tojik,
ATacik,
A-Tojik,
Baltic Tojik,
Baltica Tojik,
Baltik Tojik,
Bookman Tojik,
Boyarsky Tojik,
Comic Tj,
Cooper Tojik,
Courier New TJ,
Courier New Tojik,
DecorCTT TAJ,
Decor Tojik,
Didona Tj,
FreeSet Tojik,
Journal Tojik,
Jukarev Tojik,
HelvTJ,
Newton Tojik,
Odessa Script Tojik,
Parsek Tojik,
Peterburg Tojik,
Pragm,
Presquire Tojik,
Rodeo Tojik,
Tajik TimesET,
TAJIKAN,
Taurus Tojik,
TextBook Tojik,
Times New
Roman Taj,
Times New Roman TAJIK Sent 97,
Times New Roman Tj,
Times New Tojik,
Times Tajik Normal,
Times Tajik from TCULBP,
Times Tojik ,
Traktir Tojik,
Vanta Tojik и другие. Текстов, написанных этими шрифтами, не прочтёшь на соседнем компьютере, не говоря уж об Интернете. Файлов-архивов таких шрифтов у меня накопилось примерно 50 штук, а их может быть, еще больше.
2. Шрифты с поддержкой Unicode, где присутствуют буквы таджикского алфавита. Как правило, они имеют большой объём. К числу таких
можно относятся универсальные Arial Unicode MS (больше 22 Мб) и Meiryo (около 20 Мб). Эти шрифты громоздки, непривычны, а также не могут присутствовать во всех ОС.
Другая группа шрифтов с поддержкой Юникода создана с малым весом. Такие шрифты более красивые и присутствуют почти во всех ОС, включая и Интернет.
Первым из них является Palatino Linotype (вес RAR-архива 945 кб). Не ошибусь, если скажу, что этот шрифт являлся и является, чуть не единственным инструментом в создании таджикского контента.
За последнее пятилетие появились новые шрифты: Colibri (вес RAR-архива 1,24 Мб), Cambria (вес RAR-архива 1,47 Мб)
Consolas (вес RAR-архива 742 кб)
Другая новость о том, что в 2010 году популярный шрифт Times New Roman модернизировался и стал поддержать Юникод (и таджикский алфавит в т. ч.). Архив нового Таймса теперь весит 1,47 Мб (у старого 688 кб).

tjfnt

Установка шрифтов на компьютер

Предупреждаю, что эта установка производится только для приложения Microsoft Office Word (любогопоколения).
ШАГ ПЕРВЫЙ
Проверим наличие хотя одного из вышеуказанных шрифтов (Arial Unicode MS, Meiryo, Palatino Linotype, Times New Roman (новый), Calibri, Cambria, Consolas) :
ПАНЕЛЬ УПРАВЛЕНИЯ => ШРИФТЫ
Если их нет, установим. Для Times New Roman, если существует старая версия, сначала удалим её.
ПРИМЕЧАНИЕ: Установить шрифты нужно через
ПАНЕЛЬ УПРАВЛЕНИЯ => ШРИФТЫ.
Простая установка шрифта – это копирование распакованных файлов шрифта в папку C:/Windows/Fonts. Удаление производится либо с
ПАНЕЛЬ УПРАВЛЕНИЯ => ШРИФТЫ,
либо прямо с папки Fonts.
ШАГ ВТОРОЙ
Открываем документ Word. Потом:
ВСТАВКА => СИМВОЛЫ (ДРУГИЕ СИМВОЛЫ)
В таблице «Символ» на вкладке «Символы» выбираем шрифт, допустим, Palatino Linotype. Из таблицы находим буквы Ғғ, Ӣӣ, Ққ, Ӯӯ, Ҳҳ, Ҷҷ.
ШАГ ТРЕТИЙ
Установка маленьких букв
Прежде, чем установить таджикские буквы, мы должны запланировать одновременное использование русской клавиатуры для работы с тремя языками (таджикским, русским и английским). Т. е. они не должны мешать друг другу или создать неудобства. Поэтому для перехода на таджикские буквы используем клавишу Alt или Shift, а в качестве клавишей набора применяем неиспользуемые в таджикском русские клавиши Ц, Щ, Ы, Ь, а поскольку их недостаточно, добавим
Ж и =(+).
Выделяем курсором и левой кнопки мыши каждую букву и создаём для неё сочетание клавиш.
Показываем на примере буквы ӣ (которую будем установить вместо клавиши ц):
а) выделяем ӣ,
б) нажимаем кнопку «Сочетание клавиш» (внизу таблицы «Символ»),
в) открывается новое окно «Настройка клавиатуры»
г) на клавиатуре набираем сочетание клавиш для ӣ: Например: Alt+ц. После набора внизу окна появляется кнопка «Назначить». Нажимаем эту кнопку и потом кнопку «Закрыть» Окно «Настройка клавиатуры» закроется. Таблица «Символ» еще открыта.
ШАГ ЧЕТВЁРТЫЙ
Проверим установленный шрифт. При наборе Alt+ц должна писаться буква ӣ.
Повторяем шаги 3 и 4 для остальных маленьких букв (ғ, қ, ҳ, ӯ, ҷ)
ШАГ ПЯТЫЙ
Установка больших букв
Повторяем шаги 3 и 4 теперь для больших букв (Ӣ, Ғ, Ҳ, Ӯ, Ҷ), только с той разницей, что в сочетаниях клавишей добавим клавишу Shift, т. е.например, Shift+Alt+ц и получим Ӣ.
Друзья, если что-то непонятно, не стесняйтесь, обращайтесь напрямую, через комментарии.
Вот и всё.

Дабираҳои тоҷикӣ

Нигоҳе сатҳӣ
Дабираҳои тоҷикӣ мавриди ҷустуҷӯйи ҳамаанд. Аммо дабираҳои роёнавии тоҷикӣ, он чуноне ки барои дигар забонҳо сохта шудаанд, вуҷуд надоранд. Дар рӯзгори мо ноилоҷ ба 2 намуди дабираҳо чунин ном ниҳодаанд.
1. Дабираҳои худсохт, ки Microsoft онҳоро напазируфтааст, аз
Academy Tajik,
Academy Tojik,
Adver Tojik,
Antiqua Tojik,
Arbat Toj,
Arial Black Tojik,
Arial Tj,
Arial Tojik,
Ariel Tojik,
Astra Tojik,
ATacik,
A-Tojik,
Baltic Tojik,
Baltica Tojik,
Baltik Tojik,
Bookman Tojik,
Boyarsky Tojik,
Comic Tj,
Cooper Tojik,
Courier New TJ,
Courier New Tojik,
DecorCTT TAJ,
Decor Tojik,
Didona Tj,
FreeSet Tojik,
Journal Tojik,
Jukarev Tojik,
HelvTJ,
Newton Tojik,
Odessa Script Tojik,
Parsek Tojik,
Peterburg Tojik,
Pragm,
Presquire Tojik,
Rodeo Tojik,
Tajik TimesET,
TAJIKAN,
Taurus Tojik,
TextBook Tojik,
Times New Roman Taj,
Times New Roman TAJIK Sent 97,
Times New Roman Tj,
Times New Tojik,
Times Tajik Normal,
Times Tajik from TCULBP,
Times Tojik ,
Traktir Tojik,
Vanta Tojik
ва дигарҳо иборатанд, ки хеле бисёранд. Матне, ки бо ҳуруфи ин дабираҳо чида мешавад, Интернет он сӯ истад, дар компутари дигар хонда намешавад. Дар дасти ман аз бойгониҳои ин дабираҳо 50 адад ҳаст. Эҳтимол онҳо бисёртар бошанд.
2. Дабираҳои Юникоддор, ки ҳуруфи алифбои тоҷикиро доранд. Инҳо дабираҳои ҳамабоби Arial Unicode MS (бештар аз 22 Мб) и Meiryo (наздики 20 Мб) ҳастанд. ки бузургҳаҷм ва тасвири ҳуруфашон ғайриоддист ва онҳо дар ҳама гуна низоми амали компутар (ОС) мавҷуд буда наметавонанд.
Гурӯҳи дигари дабираҳои Юникоддор хурдҳаҷм ва тасвири ҳуруфашон муқаррарӣ буда, қариб дар ҳама гуна ОС, инчунин Интернет ҳузур доранд.
Нахустин дабира аз ин гурӯҳ Palatino Linotype (вазни RAR-бойгониаш 945 кб) аст. Ғалат намекунам, агар бигӯям, ки ин дабира ягона афзоре мебошад, барои офаридани матни сомонаҳои тоҷикӣ.
Дар панҷ соли ахир ба ин монанд дабираҳои нав пайдо шуданд: Colibri (вазни RAR-бойгониаш 1,24 Мб)
Cambria (вазни RAR-бойгониаш 1,47 Мб), Consolas (вазни RAR-бойгониаш 742 кб).
Навгонии дигар ин аст, ки соли 2010 дабираи шинохташудаи Times New Roman мукаммал гашт ва дорои Юникод (аз он ҷумла ҳуруфи тоҷикӣ) шуд.
Акнун бойгонии Times 1,47 Мб (ба ҷойи 688 кб-и пештара) вазн дорад.

tjfnt

Насби дабираҳо дар роёна
Огаҳ мекунам, ки насб танҳо барои замимаи Microsoft Office Word (ҳама намудаш) муқаррар шудааст.
ГОМИ НАХУСТИН
Месанҷем, ки оё ҳеҷ набошад, яке аз ин дабираҳо дар роёна ҳастанд (Arial Unicode MS, Meiryo , Palatino Linotype, Times New Roman (наваш), Calibri, Cambria, Consolas):
ПАНЕЛЬ УПРАВЛЕНИЯ => ШРИФТЫ
Агар нестанд, бояд нишонд. Барои Times New Roman, агар кӯҳнааш мавҷуд бошад, нахуст онро бояд дур кард.
ЭЗОҲ: Нишондани дабираҳоро дар роёна бо ин роҳ анҷом медиҳанд
ПАНЕЛЬ УПРАВЛЕНИЯ => ШРИФТЫ.
Насби содаи дабира – ин бурдани файли кушодаи дабира ба пӯшаи C:/Windows/Fonts аст. Дур кардани дабира ё бо роҳи
ПАНЕЛЬ УПРАВЛЕНИЯ => ШРИФТЫ,
ё бевосита аз пӯшаи Fonts анҷом мепазирад.
ГОМИ ДУВВУМ
Ҳуҷҷати Word -ро мекушоем. Пас аз он:
ВСТАВКА => СИМВОЛЫ (ДРУГИЕ СИМВОЛЫ)
Дар ҷадвали «Символ» дар иловагии «Символы» дабира интихоб мекунем , масалан, Palatino Linotype. Аз ҷадвали ин дабира ҳарфҳои Ғғ, Ӣӣ, Ққ,Ӯӯ, Ҳҳ, Ҷҷ –ро меёбем.
ГОМИ СЕВВУМ
Насби ҳарфҳои хурд
Пеш аз он ки ҳарфҳои тоҷикиро насб намоем, мо бояд истифодаи сафҳакалиди русиро ҳамзамон барои се забон (тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ) пайрезӣ кунем, яъне онҳо бояд ба ҳам халале нарасонанд. Аз ин рӯ барои гузариш ба ҳарфҳои тоҷикӣ аз калидҳои Alt ё Shift, барои ҳуруфчинӣ аз калидҳои вижаи русӣ, ки дар забони тоҷикӣ ба кор намераванд, истифода мекунем: калидҳои русии Ц, Щ, Ы, Ь ва азбаски ин шумораи калидҳо кофӣ нест, калидҳои зеринро илова мекунем Ж ва =(+). Бо пайкона ва гӯши чапи муш ҳар як ҳарфро ҷудо мекунем ва
барои он ҳамомади калидҳоро месозем.
Инро дар мисоли ҳарфи ӣ нишон медиҳем (ки онро ба ҷойи калиди ц хоҳем нишонд)::
а) ӣ-ро ҷудо мекунем,
б) тугмаи «Сочетание клавиш»-ро пахш мекунем (дар поёни ҷадвали «Символ»),
в) равзанаи нави «Настройка клавиатуры» кушода мешавад.
г) дар сафҳакалид ҳамомади калидҳоро барои ӣ мечинем. Масалан: Alt+ц. Пас аз ҳуруфчинӣ тугмаи «Назначить» пайдо мешавад.. Аввал ин тугмаро ва пас тугмаи «Закрыть»-ро пахш мекунем. Равзанаи «Настройка клавиатуры» пӯшида мешавад. Ҷадвали «Символ» ҳанӯз боз аст.
ГОМИ ЧАҲОРУМ
Дабираи насбшударо месанҷем. Ҳангоми чидани Alt+ц бояд ҳарфи ӣ навишта шавад.
Гомҳои 3 ва 4-ро барои ҳарфҳои хурди бозмонда (ғ, қ, ҳ, ӯ, ҷ) такрор мекунем.
ГОМИ ПАНҶУМ
Насби ҳарфҳои калон
Акнун гомҳои 3 ва 4-ро барои ҳарфҳои калон (Ӣ, Ғ, Ҳ, Ӯ, Ҷ) такрор мекунем. Фарқ танҳо дар ин аст, ки бар ҳамомади калидҳо калиди Shift афзуда мешавад, яъне Shift+Alt+ц масалан, барои пайдо кардани Ӣ.
Дӯстон, агар чизе бароятон нав гуфтам, хушнуд хоҳам буд ва агар пурсише доред, воситаи Гузоришҳо (Комментария) бе дудилагӣ бинависед.
Инак, он чӣ ки буд, гуфтем.


9 комментариев Андешаатонро баён кунед

  • Шрифти точики Courier Tojik -ро скачать кардан

  • кнопкаи скачать кани

  • МАН МЕХОХАМ ВА ЗАБОНИ ТОЧИКИ ГАП ЗАНАМ

  • Ман мехостам, ки дар компьютери ман ҳуруфҳои точики бошанд. Масалан: Ғ, Ҳ,Ч, , Й заданок, Қ

  • Бародар. Шрифтҳои зебои тоҷики ҳаст хеле зебоянд, Ба почтаи ман дароед дар он чо расмҳои он шрифтҳое ки ман тайёр кардаам, гузошта шудаанд. ——> Sh_2704@mail.ru

    • Салом Шокир!
      Аз илтифотатон мамнунам.
      Аввалан бе гузарвожа (пароль) ба почтаи Шумо даромадан намешавад.
      Сониян, ман дарк кардам, ки ба саҳифаи Шумо дар майл.ру (Мой мир) бояд даромад ва даромадам. Дар ҳақиқат он ҷо ду расми дабираҳои тоҷикӣ ҳаст. Бисёр зебо.
      Агар имкон бошад, ба одраси сомона (zarowadk@gmail.com) файлҳои онҳоро мефиристодед, дигарон низ баҳраманд мешуданд.

  • Как установить шрифт Palatino Lynotype, так чтобы при наборе букв ц ы щ ь… набиралось таджикская буква, как со шрифтом tajikn. Спасибо.

    • Здравствуйте, Sayfulloh!
      К сожалению, по моему методу одной клавишей не получается, кроме с помощью сочетания клавиш из двух компонентов (первый обязательный компонент CTRL или ALT).

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


9 + 3 =


error: Content is protected !!