Чанд сухан дар бораи Қоидаҳои нав

Абдуҳамид Тағоев / Июл.13.2013. / Гузориш нест

(Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ. Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4 октябри соли 2011, № 458 тасдиқ шудааст)

Муаллиф: Абдуҳамид Тағоев

Сухани 1

Қоидаҳои имлои нав соли дуюм аст, ки дар забони навишториамон ба кор бурда мешаванд. Ман ҳамзабононам — мураттибонро шодбош мегӯям, зеро бори нахуст ба бархе аз гуногуннависиҳо фарҷом бахшидаанд, ки дар демократӣ кунондани навишту алифбои тоҷикӣ гомест судманд.

1. Вожаҳои паҳлу, орзу, наку, неку, гесу, неру, аду ва ғ. пештар аксаран бо ӯ навишта мешуданд, ҳамзамон вожаҳои олу, оҳу, бозу, бону, зону, дору, болу, мену, олуболу, бору, росу, ору, канду ва ғ бе ӯ буданд. Акнун якнавохт ҳама вожаҳои ин намуд бо у навишта мешаванд.

Пурсиш: Вожаҳои абру, орзу низ ба ҳамин гурӯҳ дохил карда шудааст. Мо медонем, ки онҳо дар забони форсии клосик ва назм баъзан дар намуди абрӯй, орзӯй меоянд, ҳарчанд таърихан ин вожаҳо й надоранд. Дар банди 5) Қоидаҳо омада: «Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.». Дар ин маврид кадом у-ро бояд навишт? Қоидаҳо мебоист ин дугунанависиҳоро гузориш медоданд.

2. Дохил кардани дуовои йи ба вожаҳое, ки дар гӯйиш онро доранду дар навишт мисли забони русӣ танҳо ба ҷояш и навишта мешавад, таърихи дуру дарозе дорад. Ёд дорам, ки дар солҳои 80-уми садаи гузашта дар чанд шумораи моҳномаи «Садои Шарқ» оиди имло ва, бавижа, овози й мубоҳисаи доманадоре баргузор гардида буд. Дар он адибону олимони маъруфи тоҷик иштирок карданд ва бандаи камтарин ҳам таклифи худро фиристода буд, ҳарчанд рӯйи чопро надид. Агар хато накунам, ин мубоҳиса низ ба натиҷае наанҷомид.

Дар Қоидаҳо мавқеи ҳарфи й мустаҳкамтар ва муайянтар шудааст. Яъне вожаҳое, ки таърихан бо й анҷом меёбанд, ҳангоми вожасозӣ ё пеш аз бандаки изофӣ й, агар бошад, маҳфуз мемонад ва , агар набошад, барқарор мегардад: чой (чойи сиёҳ), ҷой (ҷойи муносиб), лой (лойи нарм), пой (пойи чап); найистон, оройиш, осойиш, чораҷӯйӣ, рӯйи хотир, ба рӯйи, ба сӯйи, ба ҷойи.

Чӣ гунае ки дар зер мебинем, ин вожаҳо гурӯҳи бузурги исмҳо (номвожаҳо) ва феълҳо (корвожаҳо) -ро дар бар мегиранд.

Исмҳо: най, май, кай, пай, хай, бой, вой, лой, ной, пой, рой, сарой, сой, бӯй, кӯй, мӯй, рӯй, сӯй, тӯй, хӯй, ҷӯй ва ғ.

Феълҳо (дурусттараш, асоси замони ҳозира): зой (зодан, зойидан), озмо(й) (озмудан, озмойидан), оро(й) (оростан, оройидан), осо(й) (осудан, осойидан), пӯй (пӯйидан), саро(й) (сурудан, саройидан), хой (хойидан), ҷӯй (ҷустан), шӯй (шустан) ва ғ.

Пурсиши 1. Дар вожаи хойидан ки асосаш хой аст мувофиқи Қоидаҳо корбурди й ҷоиз аст. Пас чаро дар ғоиб, ки дар асоси арабиаш (ғйб) низ й ҳаст, ҷоиз нест? Ин гуна вожаҳо, бегона бошанд ҳам, бисёранд. Мисол: ғоиб, моил, ҷоиза, зоир, тоир, соир, доир, доира, доим ва ғ.

Пурсиши 2. Чаро Қоидаҳо мавриди вожаҳои дигаре аз қабили ХудоХудой, гадогадой, саро (хона) – сарой, ҳумоҳумой, ки ҳамчунин таърихан ду шакли навишт доранд, барниҳоде надоранд?

Пурсиши 3. Бо риояи имлои нав, масалан, дар ғазали машҳури Хоҷа Ҳофиз «Эй подшаҳи хубон» дар навишти кириллик магар қофия халал наёфт? Бубинед: танҳоӣ-ойӣ-тавоноӣ-савдоӣ-напаймойӣ-шикебоӣ-ҳарҷойӣ-биёройӣ-танҳоӣ ва ғ.

3. Банди 7) мавқеъ ва имлои садоноки э-ро муайян мекунад, вале дар ин мавзӯъ ягон эҷоди тоза нест. Имлои э ва е ҳанӯз ҳам дар қолиби имлои забони русӣ боқӣ мондааст.

Пурсиш: Оё дар талаффузи тоҷикӣ э ва е аз ҳам фарқ доранд? Ҳаргиз не. Танҳо ба истиснои ҳолатҳое, ки е пас аз садонок меояд ва й+э талаффуз мешавад: моеъ, хонае ва монанди инҳо. Агар мақсад демократӣ кардани имло бошад, бояд э ва е ба як ҳарф иваз карда шавад. Дуовои еро, беҳтараш, ба йэ ё ки йе бояд ифода кард.

4. Дар Қоидаҳо дар имлои исм баробарҳуқуқ эътироф кардани вариантҳое мисли рӯбоҳ ва рӯбаҳ, ҷӯй ва ҷӯ гоми бузургест нисбати наздик кардани забонҳои гуфторӣ ва навишторӣ, чунки ҳар тоҷике, ки дар муҳити тоҷикӣ ба камол расидааст, дар гуфтугӯ бештар танҳо рӯба(ҳ) ва ҷӯ –ро ба кор мебарад.

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


1 + = 4


error: Content is protected !!