Симини Беҳбаҳонӣ: Бигзор, ки дар ҳасрати дидор бимирам

Абдуҳамид Тағоев / Апр.10.2017. / Гузориш нест

simin_behbahani

Симини Беҳбаҳонӣ (20.06.1927, Теҳрон -19.08.2014, Теҳрон)

Дафтарҳои шеър ва навиштаҳои дигараш:
«Сетори шикаста» (1951), «Ҷойи по» (1954/1335), «Чилчароғ» (1955/1336), «Мармар» (1961/1341), «Растохез» (1971/1352), «Хате зи суръат ва аз оташ» (1980/1360), «Дашти аржан» (1983/1362), «Гузинаи ашъор» (1367), «Коғазин ҷома» (1989), «Он мард. Марди ҳамроҳам» (1990), «Кавливу номаву ишқ» (1994), «Ошиқтар аз ҳамеша бихон» (1994), «Як дарича озодӣ» (1995), «Бо қалби худ чӣ харидам?» (1996), «Нигораи гулгун» (1998), «Ҷойи по то озодӣ» (1998), «Ёди баъзе нафарот» (1999), «Яке масалан ин ки» (2000), «Калиду ханҷар» (2000), «Шояд ки Масеҳ аст. Гузидаи ашъор» (2004), «Куҷост фикри Ҳакимӣ?» (2003), «Эй диёри равшанам» (2006), «Тозатаринҳо» (2008), «Маҷмӯаи ашъор» (2009), «Дубора месозамат, Ватан» (2009), «Бо модарам ҳамроҳ: Зиндагиномаи худнавишт» (2011). 

Шароби нур

(Аз маҷмӯаи «Мармар»)

Ситора дида фурӯ басту орамид, биё,
Шароби нур ба рагҳои шаб давид, биё.
Зи бас ба домани шаб ашки интизорам рехт,
Гули сапеда шукуфту саҳар дамид, биё.
Шаҳоби ёди ту дар осмони хотири ман,
Паёпай аз ҳама сӯ хатти зар кашид, биё.
Зи бас нишастаму бо шаб ҳадиси ғам гуфтам,
Зи ғусса ранги ману ранги шаб парид, биё.
Ба вақти маргам, агар тоза мекунӣ дидор,
Баҳуш бош, ки ҳангоми он расид, биё.
Ба гомҳои касон мебарам гумон, ки туӣ,
Дилам зи сина бурун шуд, зи бас тапид, биё.
Наёмадӣ, ки фалак хӯша-хӯша Парвин дошт,
Кунун, ки дасти саҳар дона-дона чид, биё.
Умеди хотири Симини дилшикаста туӣ,
Маро махоҳ аз ин беш ноумед, биё.

Як доман гул 

(Аз маҷмӯаи «Мармар»)

Чу дарахти фарвардин пуршукуфта шуд ҷонам,
Домане зи гул дорам, бар чӣ кас бияфшонам?
Ай насими ҷонпарвар, имшаб аз барам бигзар,
В-арна инчунин пургул то саҳар намемонам.
Лолавор хуршеде дар дилам шукуфо шуд,
Сад баҳори гармизо сар зад аз зимистонам.
Донаи умед, охир, шуд ниҳоли боровар,
Сад ҷавона пайдо шуд, аз талоши пинҳонам.
Парниёни маҳтобам дар хамӯшии шабҳо,
Ҳамчу кӯҳ побарҷо, сар бинеҳ ба домонам.
Бӯйи ёсуман дорад хобгоҳи оғӯшам,
Ранги настаран дорад шонаҳои урёнам.
Шеъри ҳамчу удамро оташи дилам сӯзад,
Мавҷи атр аз он рақсад дар дили шабистонам.
Кас ба базми майхорон, ҳоли ман намедонад,
З-он ки бо дили пурхун чун пиёла хандонам.
Дар китоби дил, Симин, ҳарфи ишқ меҷӯям,
Рӯйи гуна меларзад сояҳои мижгонам!

Гули интизор

(Аз маҷмӯаи «Мармар»)

Зи чӣ ҷавҳар офаридӣ дили доғдори моро?
Ки ҳазор лола пӯшад пас аз ин мазори моро.
Чӣ кунам, ҷуз ин ки гӯям: «бинигар ба лутф, бингар
Дили гармсӯзи моро, рухи шармсори моро?»
Зи сиришк нам фишондам ба бунафшазори дуре,
Ки зи буттаҳо бичинӣ гули интизори моро.
Чу насими ошноӣ зи кадом сӯ вазидӣ
Ту, ки беқарор кардӣ ҳама лолазори моро?
Манам он шикаста созе, ки туам наменавозӣ,
Ки фиғон кунам зи дасте, ки гусаста тори моро.
Зи кавири ҷони Симин на гулу на сабза рӯяд,
Дили рангубӯписандат чӣ кунад баҳори моро?

Гар бӯса мехоҳӣ

(Аз маҷмӯаи «Мармар»)

Гар бӯса мехоҳӣ, биё, як на, дусад бистон бирав,
Ин ҷо тани беҷон биё, з-ин ҷо саропо ҷон бирав.
Сад бӯсаи тар бахшамат, аз бӯса беҳтар бахшамат,
Аммо зи чашми душманон пинҳон биё, пинҳон бирав.
Ҳаргиз мапурс аз рози ман, з-ин раҳ машав дамсози ман,
Гар меҳрубон хоҳӣ маро, ҳайрон биё, ҳайрон бирав.
Дар пойи ишқам ҷон бидеҳ. Ҷон чист? Беш аз он бидеҳ,
Гар бандаи фармонбарӣ, аз ҷон пайи фармон бирав.
Имшаб чу шамъи равшанам, сар мекашад ҷон аз танам,
Ҷони бурун аз тан манам, хомӯш биё, сӯзон бирав.
Имшаб саропо мастиам, ҷоми шароби ҳастиам,
Сар каш маро в-аз кӯйи ман афтон бирав, хезон бирав.
Бингар, ки нури ҳақ шудам, зебоии мутлақ шудам,
Дар чеҳраи Симин нигар, бо ҷилваи ҷонон бирав.

Вафодор

(Аз маҷмӯаи «Мармар»)

Бигзор, ки дар ҳасрати дидор бимирам,
Дар ҳасрати дидори ту бигзор бимирам.
Душвор бувад мурдану рӯйи ту надидан,
Бигзор ба дилхоҳи ту душвор бимирам.
Бигзор, ки чун нолаи мурғони шабоҳанг,
Дар ваҳшату андӯҳи шаби тор бимирам.
Бигзор, ки чун шамъ кунам пайкари худ об,
Дар бистари ашк афтаму ночор бимирам.
Бигзор чу хуршеди гудозандаи мисфом,
Дар домани шаб бо тани табдор бимирам.
Бигзор шавам сояи айвони баландат,
Сӯят хазаму гӯшаи девор бимирам.
Мемирам аз ин дард, ки ҷони дигарам нест,
То аз ғами ишқи ту дигар бор бимирам.
То будаам, ай дӯст, вафодори ту будам,
Бигзор бад-он гуна вафодор бимирам.

Доми фиреб

(Аз маҷмӯаи «Мармар»)

Гуфтам, ки мехоҳам туро, бовар макун, бовар макун,
Аз ҷамъи ёрон сар макаш, бо ман ба ёрӣ сар макун.
Гар ҳамчу гул дар хандаам, доми фиреб афкандаам,
Дар ҳасрати доме чунин беҳуда доман тар макун.
Аз ошиқи покизахӯ васли мани расво маҷӯ,
Ҳамбистари ҳар сифларо бо хеш ҳам бистар макун.
Шаҳди лаби майранги ман олуда бо найранги ман,
Ин ҷоми афсун дар макаш, ин бода дар соғар макун.
Чашмам агар дорад наме, резад ба пойи оламе,
З-ин гавҳари беобрӯ, зинҳор, ангуштар макун.
На, на, ки ҷуз оғӯши ман, ҷуз лаъли соғарнӯши ман,
Дар хилвати хомӯши ман андешаи дигар макун.
Инак туву инак лабам, ин шӯру ин тобу табам,
Сад бӯса бар лаълам бизан, в-аз сад яке камтар макун.

Санги гӯр

(Аз маҷмӯаи «Ҷойи по»)

Ай рафта зи дил, рафта зи бар, рафта зи хотир,
Бар ман манигар, тоби нигоҳи ту надорам.
Бар ман манигар, з-он ки ба ҷуз талхии андӯҳ,
Дар хотир аз он чашми сиёҳи ту надорам.
Ай рафта зи дил, рост бигӯ, баҳри чӣ имшаб
Бо хотираҳо омадаӣ боз ба сӯям?
Гар омадаӣ аз пайи он дилбари дилхоҳ,
Ман ӯ наям, ӯ мурдаву ман сояи ӯям!
Ман ӯ наям, охир, дили ман сарду сиёҳ аст –
Ӯ дар дили савдозада аз ишқ шарар дошт.
Ӯ дар ҳама ҷо, бо ҳама кас, дар ҳама аҳвол,
Савдои туро, ай бути бемеҳр, ба сар дошт.
Ман ӯ наям, ин дидаи ман гунгу хамӯш аст,
Дар дидаи ӯ он ҳама гуфтор ниҳон аст.
В-он ишқи ғамолуда дар он дидаи шабранг
Мармузтар аз тирагии шомгаҳон.
Ман ӯ наям, оре, лаби ман — ин лаби беранг
Дерест, ки бо хандае аз ишқи ту нашкуфт.
Аммо ба лаби ӯ ҳама дам хандаи ҷонбахш
Маҳтобсифат бар гули шабнамзада мехуфт.
Бар ман манигар, тоби нигоҳи ту надорам,
Он кас, ки ту мехоҳиаш аз ман – ба Худо, мурд!
Ӯ дар тани ман буду надонам, ки баногоҳ
Чун диду чиҳо карду куҷо рафту чаро мурд!
Ман гӯри ваям, гӯри ваям, бар тани гармаш
Афсурдагиву сардии кофур ниҳодам.
Ӯ мурдаву дар синаи ман ин дили бемеҳр
Сангест, ки ман бар сари он гӯр ниҳодам.

Хаёли манӣ

(Аз маҷмӯаи «Ҷойи по»)

Чӣ гӯямат, ки ту худ бохабар зи ҳоли манӣ,
Чу ҷон ниҳон шуда, дар ҷисми пурмалоли манӣ.
Чунин ки мегузарӣ талх бар ман аз сари қаҳр,
Гумон барам, ки ғамангез моҳу соли манӣ.
Хамӯшу гӯшанишинам, магар нигоҳи туям,
Латифу дургурезӣ, магар хаёли манӣ?
Зи чанду чуни шаби дурият чӣ мепурсам,
Сияҳчашмиву худ посухи саволи манӣ.
Чу орзу ба дилам хуфтаӣ ҳамешаву ҳайф,
Ки орзуи фиребандаи муҳоли манӣ.
Ҳавои саркашӣ, эй табъи ман, макун, ки дигар
Асири ишқиву мурғи шикастаболи манӣ.
Аз ин ғаме, ки чунин синасӯзи Симин аст,
Чӣ гӯямат, ки ту худ бохабар зи ҳоли манӣ.

Осмон холист

Осмон холист, холӣ, рӯшанонашро кӣ бурд?
Тоҷи моҳаш, синарези Каҳкашонашро кӣ бурд?
Гесувони шаб парешон аст чун ошуфтагон,
Мӯйбанди нилии пулакнишонашро кӣ бурд?
Аз Камонгири шаҳобаш кас намебинад нишон,
Тирҳояшро кӣ бишкасту камонашро кӣ бурд?
Боғбон танҳост, танҳо, гирди ӯ ҷуз хор нест,
Беди мушкашро, гулашро, арғувонашро кӣ бурд?
Он чинори дерсол озурда аз беҳудагист,
Ошёни мурғакони нағмахонашро кӣ бурд?
Ҷӯйбор аз лаззати ҳамбистарӣ саршор нест,
Печутоби нарми симоби равонашро кӣ бурд?
Пеш аз инҳо ин заминро осмони сабз буд,
Нест, инак, ҷуз сиёҳӣ, осмонашро кӣ бурд?

Шохаҳои оҳакӣ

Вой, ман беҳудаам, беҳудаам дар корҳо,
Оҳ, ман афтодаам, афтода чун беморҳо.
Рӯзу шаб мерӯяму рӯйиданам ин аст, ин:
Шохаҳои оҳакӣ дар зери сақфи ғорҳо!
Дар кавире сахт сӯзон мояи навмедӣ аст
Устухоне монда боқӣ аз тани мурдорҳо.
Лошахорон дар танам ковидаву нодида ҳеҷ,
Хашмгин кӯбида бар ҳам болҳо, минқорҳо.
Холиам, холитар аз як хоб ё аз як сукут,
Ай шумо, аз зиндагӣ лабрезҳо, саршорҳо!
Дӯстонам одамакҳо, одамакҳоям гилӣ,
Душманонам гургҳо, кафторҳо, хунхорҳо…
Рӯзҳоям, ҳафтаҳоям, солҳоям чист? Чист?
Достоне кӯҳна бо тақлидҳо, такрорҳо!
Ай, ки чашмандози сабзе дидаӣ, овоз деҳ,
То ҷавобам бишнавӣ аз пушти ин деворҳо.

Дубора месозамат, Ватан

  Ба бонуи қиссаи форсӣ Симини Донишвар.

Дубора месозамат, Ватан, агарчи бо хишти ҷони хеш,
Сутун ба сақфи ту мезанам, агарчи бо устухони хеш.
Дубора мебӯям аз ту гул ба майли насли ҷавони ту,
Дубора мешӯям аз ту хун ба сели ашки равони хеш.
Дубора як рӯзи рӯшно сиёҳӣ аз хона меравад, равшано?
Ба шеъри худ ранг мезанам зи обии осмони хеш.
Касе, ки «азми рамим»-ро дубора иншо кунад ба лутф,
Чу кӯҳ мебахшадам шукӯҳ ба арсаи имтиҳони хеш.
Агарчи пирам, вале ҳанӯз маҷоли таълим агар бувад,
Ҷавонӣ оғоз мекунам канори наводагони хеш,
Ҳадиси «ҳубулватан» зи шавқ бад-он равиш соз мекунам,
Ки ҷон шавад ҳар каломи дил чу баркушоям даҳони хеш.
Ҳанӯз дар сина оташе баҷост, к-аз тоби шӯълааш,
Гумон надорам ба коҳише зи гармии дудмони хеш.
Дубора мебахшиям тавон, агарчи шеърам ба хун нишаст,
Дубора месозамат ба ҷон, агарчи беш аз тавони хеш.

Тӯфон

Имшаб агар ёрӣ кунӣ, эй дида, тӯфон мекунам,
Оташ ба дил меафканам, дарё ба домон мекунам.
Меҷӯямат, меҷӯямат, бо он ки пайдо нестӣ,
Мехоҳамат, мехоҳамат, ҳарчанд пинҳон мекунам.
Зиндони сабромӯзро дар мекушоям ногаҳон,
Парҳези тоқатсӯзро яксар ба зиндон мекунам.
Ё ақли тақвопешаро аз ишқ медӯзам кафан,
Ё шоҳиди андешаро аз ақл урён мекунам.
Боз о, ки фармон мебарам, ишқи ту бо ҷон мехарам,
Онро ки мехоҳӣ зи ман, он мекунам, он мекунам.

Гуфтугӯ

Гуфтӣ, ки мебӯсам туро, гуфтам, таманно мекунам,
Гуфтӣ, агар бинад касе, гуфтам, ки ҳошо, мекунам.
Гуфтӣ, зи бахти бад агар ногаҳ рақиб ояд зи дар?
Гуфтам, ки бо афсунгарӣ ӯро зи сар во мекунам.
Гуфтӣ, ки талхиҳои май гар ногувор ояд маро,
Гуфтам, ки бо нӯши лабам онро гуворо мекунам.
Гуфтӣ, чӣ мебинӣ, бигӯ дар чашми чун оинаам?
Гуфтам, ки ман худро дар ӯ урён тамошо мекунам.
Гуфтӣ, ки аз бетоқатӣ дил қасди яғмо мекунад,
Гуфтам, ки бо яғмогарон боре мадоро мекунам.
Гуфтӣ, ки пайванди туро бо нақди ҳастӣ мехарам,
Гуфтам, ки арзонтар аз ин ман бо ту савдо мекунам.
Гуфтӣ, агар аз кӯйи худ рӯзе туро гӯям, «бирав»,
Гуфтам, ки сад соли дигар имрӯзу фардо мекунам.
Гуфтӣ, агар аз пойи худ занҷири ишқат во кунам?
Гуфтам, зи ту девонатар, донӣ, ки пайдо мекунам.

Биравед, то бимонам

Ба онҳо, ки рафтаанд,
Ба онҳо, ки мондаанд.

Биравед, то бимонам, биравед, то бимонам,
Ки ман аз Ватан ҷудоӣ, ба Худо, наметавонам.
Чу маҷоли тан шавад тай, чу бирезадам рагу пай,
Ту ҳамон «ҳикояти най» шунавӣ зи устухонам.
Шаби ғурбат, арчи рангин зи булӯру нуру озин,
Ба чӣ кор оядам ин, ки дар ӯ на шодмонам?
Зи гудозаҳои оташ шабу рӯз дар кашокаш,
Чу хаёли ман мушавваш шуда зеҳни осмонам.
Гули рӯшанӣ ниҳон беҳ, хафа дар чароғдон беҳ,
Ки ба гӯшҳо синон беҳ зи хурӯши газмагонам.
Ҳараме ки соя мезад, ба сарам агар бирезад,
Дили ман куҷо гурезад, ки муқими остонам?
Ману кӯдакону пирон, ғами ҷангҷӯ далерон,
Ба ҳамин хамӯши вайрон, ки дар ӯст ошёнам.
Ману кунҷи ин парешон ба диёри сифлакешон,
Наравам, ки меҳри эшон, ба гадоваше ситонам.
Агар ин кабуд айвон накушодаасту хандон,
Зи ман асту шаҳрвандон, на ба вом соябонам.
Ба умеди рӯзи беҳтар, пайи гом, гоми дигар,
Задаам ба сӯйи бовар, биравед, то бимонам.

Гули хушк

Магар, эй беҳтар аз ҷон, имшаб аз ман беҳтаре дидӣ,
Ки рух тобидиву дар ман ба чашми дигаре дидӣ?
Зи ашки ман чӣ медонӣ гарониҳои дардамро?
Зи тӯфон шабнаме дидӣ, зи дарё гавҳаре дидӣ.
Ба ёд овар, ки мехоҳам дар оғӯшат супорам ҷон,
Дар оғӯши саҳар дар осмон гар ахтаре дидӣ.
Ало, эй дидаи ҷонон, зи афсунҳо чӣ менолӣ?
Накардӣ хештанбинӣ, куҷо афсунгарӣ дидӣ?
Маро мондаст ақле хушку домоне тар аз дунё,
Бисӯз, эй оташи ғам, ҳар куҷо хушку таре дидӣ.
Туро ҳақ медиҳам, эй ғам, ки даст аз ман намедорӣ,
Ки бо камтар касе ин сон дили ғампарваре дидӣ.
Маро, эй боғбони дил, агар сӯзӣ, сазоворам,
Ки дар гулшан ниҳоли хушки бебаргу баре дидӣ.
Тиҳидастӣ насиби шоха аз ҷаври хазон омад,
Миёни боғ агар ганҷинаи бодоваре дидӣ.
Зи Симин ёд кун в-аз номи ӯ дар дафтари гетӣ,
Агар барги гули хушке миёни дафтаре дидӣ.


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

Ёбед: