Аминҷон Шукӯҳӣ: Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад

aminjon_shukuhi

Аминҷон Шукӯҳӣ (10.06.1923 — 17.05.1979)

Китобҳои шеър ва навиштаҳои дигараш: «Арзи қалам» (1971), «Асад ва Самад» (повест, 1972), «Баргҳои тиллоӣ» (маҷмӯаи ашъор, 2014), «Баррачаи дупо» (шеърҳо, 1964), «Ватани сулҳ» (1952), «Достони Муллолатиф» (қиссаи мазҳакавӣ, 1976), «ИЛ-18 омад» (шеърҳо, 1968), «Кӯчабоғи ошиқон» (1962, 1984), «Муҳаббат ва оила» (1962), «Нафаси гарм» (1964), «Об аз куҷо меояд?» (повест, 1969, 1973), «Парии ҷазира» (повест, 1973), «Рӯзҳои мо» (1954), «Садафи сиёҳ» (1974), «Садои дил» (1956), «Чормағз: Дубайтию рубоиҳо» (1973), «Шохаи райҳон» (2003). Дар ҳаммуаллифӣ бо Ҳ. Аскар «Имзои шахсӣ» (повест, 1967), «Печутоби роҳҳо» (роман дар ду ҷилд, 1978-1981), «Шаҳло» (1964), «Шаҳло ва Шифо» (повест, 1968).

Ҷавонӣ агар боз ояд

Агар рӯзе ҷавонӣ чун баҳорон боз меомад,
Чу оби нуқравори ҷӯйборон боз меомад,
Чу марҷони гул андар шохсорон боз меомад,
Туро меҷустаму меёфтам аз нав,
Ба мӯят қиссаҳо мебофтам аз нав.

Зи нав аспи хаёлу орзуро мезадам маҳмез,
Вафодории худро то барам пешат чу дастовез,
Худамро мезадам бар мавҷи баҳри ишқи шӯрангез,
Қадамгоҳи ту лангаргоҳи ман мешуд,
Замину осмон дилхоҳи ман мешуд.

Зи нав такрор мекардам саволи беҷавобамро,
Ба роҳат ҳадя мекардам ҳама кори савобамро,
Ҳамебурдам ба пешат рӯйи каф қалби кабобамро,
Ба он то афганӣ чашми сиёҳатро,
Бубинам ман рухи олампаноҳатро.

Гирифта боз аз нав домани шабзиндадориҳо,
Ба боди субҳ медодам сабақ аз беқарориҳо,
Кашида дар раҳат бо пой нақши интизориҳо,
Ҳамедодам хаёли хешро парвоз,
Ки онро дида шояд мешиносӣ боз.

Фақат изҳори рози хеш андак тез мекардам,
Таваккал карда аз андешаҳо парҳез мекардам,
Замини орзуро зуд ҳосил хез мекардам.
Шукуфон карда боғи рӯзгоратро,
Бибӯям бештар бӯйи баҳоратро.

Ту гул не

Бидидам, гул вафодорӣ надорад,
Ба роҳи ишқ подорӣ надорад,
Насими раҳгузар чун бӯсад ӯро,
Ба булбул вай дигар коре надорад,
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.

Гул охир на дилу на дида дорад,
Фақат як чеҳраи хандида дорад,
Агар ҳиммат кунад танҳо ду-се рӯз,
Ба бӯяш хотирам болида дорад.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.

Ту дар ҳайрат шудӣ ҳозир аҷаб не,
Валекин ин суханҳо бесабаб не,
Худи ту нағз медонӣ, азизам,
Ҳаёт охир иборат аз тараб не.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.

Ту охир мавҷи дарёи вафоӣ,
Ту охир бо дили ман ҳамсадоӣ,
Ба обу оташ афтодам, фитодӣ,
Накардӣ ҳеҷ гоҳ аз ман ҷудоӣ.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.

Ба меҳнат чашм коромӯз кардем,
Хаёли толеи фирӯз кардем.
Ту бар ман, ман ба ту дилдорӣ дода,
Шаби торикро ҳам рӯз кардем.
Ту гул не, ҷони ман, ҳаргиз ту гул не.

Мепарварам

Беҳтар аз ҷонам туро, эй дилрабо, мепарварам,
Карда ишқатро, чу дил, дар сина ҷо мепарварам.
Зулфи мушкини туро, мисли сабо, мепарварам,
Сарви қаддатро ба боғи дилкушо мепарварам,
Дар дилам ганҷинаи меҳру вафо мепарварам.

Ман туро сад бор, эй гулпираҳан, санҷидаам,
Дар вафою шафқату кору сухан санҷидаам,
Хубтар дар рӯзҳои ҷанг ман санҷидаам,
Хизмататро дар раҳи ҳифзи Ватан санҷидаам,
Бештар аз ин сабаб, дилбар, туро мепарварам.

Гарчи будам дур чанде аз ту, буд ин ифтихор,
Рафта дар майдон, намудам бо фашистон корзор.
Буд меҳрат ҷилвагар, дар дидаам, эй гулъузор,
Софтар аз баргҳои қуллаҳои кӯҳсор
Дида ин дам боз дар нашъунамо, мепарварам.

Эй Ватанпарвар нигорам, баски ҳастӣ ҳамдамам,
Аз ту хуррамтар шавад пайваста қалби хуррамам,
Дар гулистони саодат нест андуҳу ғамам,
Бар ту мегардад қавӣ даҳчанд аҳди маҳкамам,
Меҳри покатро чу шамси пурзиё, мепарварам.

Доимӣ рахшон бувад субҳи сабоҳи бахти мо,
Нур пошад дар ҷаҳон хуршеди моҳи бахти мо
Ҷовидон монад ба олам ҷилвагоҳи бахти мо,
Ин Ватанро к-он бувад пушту паноҳи бахти мо,
Бо шукӯҳу шафқату сидқу сафо мепарварам.

Дар базми соҳибҷамолон

Имшаб ба базми соҳибҷамолон
Рақсед, ёрон, ҳамчун ғизолон.
Шуд хона равшан, шуд дил мунаввар,
Аз нури чашми кавкабмисолон.
Афтад ба қалби ошиқ шарора
Аз ҳар нигоҳи ширинхисолон.
Моҳи пур омад аз нав ба таъзим
Бар пеши пои абруҳилолон.
Гул аз рухи гул мебӯсад имшаб
Чун дар баҳорон шохи ниҳолон.
Рӯйи хазонро ҳаргиз набинад,
Боғи муроди ҳамсиннусолон.

Оби ҷонбахш

Гул ба оби ҷӯй вақте ки хуморӣ мешавад,
Барги ҳар як ғунча чашми интизорӣ мешавад.
Об ояд тӯй хоҳам кард гӯяд боғи нав,
Ҳар қарори ошиқон аз беқарорӣ мешавад.
Ҳар кӣ кард обод як саҳрои ноободро
Ҳар ниҳол аз ҳиммати ӯ ёдгорӣ мешавад.
Дона то дар хок н-афтад кай ба боло қад кашад,
Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад.
Ташнагонро об додан баски мебошад савоб,
Лутфу эҳсони ҳақиқӣ ихтиёрӣ мешавад.
Гул кун, эй саҳрои беҳадду канори рӯзгор,
Оби ҷонбахш аз канал имрӯз ҷорӣ мешавад.

Ман шаби васли туро мекобам

Дилбари гулрухи баодобам,
Чӣ кунам то ки дилатро ёбам?
Туӣ он нурфишон хуршедам,
Туӣ он шуълафикан маҳтобам.
Ман раҳи ишқи туро мепӯям,
Ман шаби васли туро мекобам.
Ба умеди нигаҳат мехезам,
Ба хаёлоти рухат мехобам.
Лек, ҷонона, туро ранҷондам…
Пас чӣ созам, ки дилатро ёбам?

Дар осмони бахтам

Бар пешвозам имшаб ороми ҷон баромад,
Бо лаъли шаккарафшон ширинзабон баромад,
Баҳри салом додан сарви равон баромад,
Борони лутф омад, меҳри ҷаҳон баромад,
Дар осмони бахтам тирукамон баромад.

Беихтиёр дасташ бигрифтаму фишурдам,
Бе як сухан диламро бар дасти ӯ супурдам.
Ҳайрон аз онам имрӯз, аз шодӣ чун намурдам?
Додам ҳар он чӣ додам, бурдам ҳар он чи бурдам,
Бахтам чу Моҳи маснӯъ то Каҳкашон баромад.

Зулфони анбаринаш монанди бедмаҷнун
Мехӯрд печутобе бо сад ҳазор мазмун,
Бар рӯйи сап-сафедаш гашта шафақ ҷигархун,
Шасти нигоҳи масташ дилро кашида берун,
Аз синаам танӯри оташфишон баромад.

Эй кошки, ҳамеша будам ба рӯ ба рӯяш,
То ин ки сер бошам доим зи гуфтугӯяш,
Афсӯс рафт он гул, маҳрум шудам зи бӯяш,
То умр боқӣ бошад, бошам ба ҷустуҷӯяш.
Аз хона ишқи ман бар роҳи калон баромад.

Интизорӣ

Гули садбарги сурхеро харида,
Ба вақти ваъдагӣ сӯят давида,
Туро аммо дар он ҷо ман надида,
Нишастам оҳи вазнине кашида.

Дилам хун шуд зи раҳпойӣ, азизам,
Чаро охир намеойӣ, азизам?

Ба уммеди ту, ҷоно бекамукост
Ҳазорон бор рафтам бар чапу рост,
Аз он ҷо рафтан асло дил намехост,
Бикун бовар, ки мегӯям гапи рост:

Дилам хун шуд зи раҳпойӣ, азизам,
Чаро охир намеойӣ, азизам?

Ҳаво торик шуд, маҳ ҳам баромад,
Ба рӯйи сабзаҳо шабнам фаромад,
Бигуфтам худ ба худ: «ёрам наомад,
Магар ногаҳ ба вай коре баромад?»

Дилам хун шуд зи раҳпойӣ, азизам,
Чаро охир намеойӣ, азизам?

Туӣ, ҷоно, умеду орзуям,
Биёю як нафас шин рӯ ба рӯям
Ва ё хатте фиристон ту ба сӯям,
Бикун коре, ки дигар ман нагӯям:

Дилам хун шуд зи раҳпойӣ, азизам,
Чаро охир намеойӣ, азизам?

Замини бори аввал кишт гардида

Замини бори аввал кишт гардида,
Ба дунё чашм медӯзад ба мисли кӯдаки навзод.
Туро, эй марди деҳқон, бар сари гаҳворааш дида,
Гаҳе механдаду гаҳ менамояд гиряву фарёд.

Ба чашмони ту аз ин ханда ҳам шодист,
Аз ин гиря ҳам шодист,
Ки аз онҳо нидои зиндагӣ бар гӯш меояд.
Дар онҳо инъикоси рӯйи ободист,
Замини як замон хомӯш чун бар ҷӯш меояд.

Замини асрҳо бекорхобида
Кашад чун шарбати ҷонбахш оби ҷӯйборонро,
Ба оғӯши фарох аз бахт болида,
Кунад таклиф бар ин сӯ шукӯҳи навбаҳоронро.

Нарезад то ки бефарқ аз рухи хуршед,
Дигар бар хоку гил он зарраҳои гарми тиллоӣ,
Кушояд сабз дастурхон ба сад уммед,
Ки зебоӣ бирезад боз аз нав рӯйи зебоӣ.

Замини ҷомаҳои зарҳалинпӯшам,
Ба фасли тирамаҳ овард хирман-хирмани эҳсон.
Қадаҳ пур карда бар бахти шумо нӯшам,
Заминҳои навободам, набуд фатҳи шумо осон!

Ба рухи поки ватан дилбандам

Ман ба ин хоки Ватан дилбандам,
Ба рухи поки Ватан дилбандам,
Ба ҳамин рӯз, ки ин дам дорам,
Сари таъзим фурӯ меорам.
Дар замири дили пуранворам,
Донаи меҳру вафо мекорам.
Назар афканда ба ҳар фарзандам,
Ба рухи поки Ватан дилбандам.
Ҳар ниҳол арчи замин бошад сахт,
Баъди даҳ сол шавад нағз дарахт.
То дамад шаъшааи субҳи бахт,
Хоҳу нохоҳ ба вай лозим вақт.
Дида гулзори шакарпайвандам,
Ман ба ин хоки Ватан дилбандам.
Дар баҳорон, ки аҷаб гулбезанд,
Абрҳо донаи гавҳар резанд,
Сабзаҳо мавҷзанон бархезанд,
Токҳо ҳалқа ба гӯш овезанд,
Ман аз ин ҳусни расо хурсандам.
Ба рухи поки Ватан дилбандам.
Аввалин дафъа дилам чун битапид,
Хуни нофам ба ҳамин хок чакид,
Чашмаи ишқам аз ин хок дамид,
Сарам аз фахр ба хуршед расид.
Хоҳ ман гиряму хоҳе хандам,
Ба ҳамин хоки Ватан дилбандам.

Мо тарафдори сулҳем

Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем,
Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем,
Лекин ҳама чун як дилу ҷон сулҳшиорем,
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.

Моро Ватану модару ҷонона азиз аст,
Меҳри дилу ободии ҳар хона азиз аст,
Осудагию кори далерона азиз аст,
Ҳар як қадами худ ба ҳамин азм гузорем.

Сулҳ аст чунон қалъаи пурқудрати маҳкам,
Маҳкам бикунад боз варо халқ дамодам,
Ҳар кас ки бихоҳад шарафи одаму олам,
Ӯ ҳамраҳи мо бошаду ҳамфикру қарорем.

То ҳифз намоем ҳама пиру ҷавонро,
То дур кунем аз ҳама ҷо офати ҷонро,
Хунмаст ҷанобони ҷаҳонсӯзи ҷаҳонро
Бо тантана бар суди адолат бисупорем.

Ёди ватан

Ба сар орам агар ёди ватанро,
Ҷилои нав диҳам ҳарфу суханро.
Агар дар сӯхтан бошад муҳаббат,
Зи ман омӯз доим сӯхтанро.

Агарчи моҳ ояд бар нигинам,
Агарчи Зӯҳра гардад ҳамнишинам,
Нахезам ман ба истиқболи бахте,
Наорад бахт агар бар сарзаминам.

Ватан на деҳаю на хонаи ман,
Сухан на шеъру на афсонаи ман.
Ватан бошад дили халқи азизам,
Сухан– ҳарфи лаби ҷононаи ман.

Ватанро беҳтар аз ҷон ёд кардам,
Ба мисли ҷону ҷонон ёд кардам.
Агар борон биёяд дон, ки ман ҳам
Варо бо чашми гирён ёд кардам.

Сафар кардам агар ман гоҳу бегоҳ,
Бидидам неку бадро хоҳу нохоҳ,
На тарсидам, на дилро бой додам
Чу буд меҳри ватан ҳамроҳи дилхоҳ.

Ватан ҳаргиз зи ёди ман нарафта-ст,
Шукӯҳи шуъла аз гулхан нарафта-ст,
Агар шоир бувад мурғи сухангӯ,
Зи ман завқи сухан гуфтан нарафта-ст.

Дил ба колхози Шумо ошиқ шудаст

Дил ба колхози шумо ошиқ шудаст,
Ошиқи якумрии содиқ шудаст.
Чунки кору боратон, эй дӯстон,
Бар мукофоти Ватан лоиқ шудаст.

Кони пахта домани майдонатон,
Пур зи неъмат рӯйи дастурхонатон.
Хонаи нав, мактаби нав, роҳи нав
Ҳосили меҳнат – ҳузури ҷонатон.

Ҳар ниҳоле бар ниҳоле ёр шуд,
Боғ барпо гаштаву пурбор шуд,
Об омад, нур омад, бахт ҳам
Мазраи беҳосиле гулзор шуд.

Маҳкам аз домони ҳиммат дошта,
Обрӯйи хешро бардошта,
Пешсаф бошед аз ин ҳам бештар
Пахтаи бисёрро ғундошта.

Салом, модар

Бо номи ту ин калом, модар,
Бар шири ту эҳтиром, модар.
Ҳар соату субҳу шом модар,
Аз ҷону дилам салом, модар!

Ту ранҷ кашида рӯзу шабҳо,
Бӯсида маро зи рӯю лабҳо,
Бо меҳри бузургу бо талабҳо
Хӯрдӣ ғами ман мудом модар.

То марди басе далер гардам,
Лозим бишавад чу шер гардам,
Бо умри дароз пир гардам,
Ман ҳам ба қатори ом, модар.

Эй модари меҳрубони дилбанд,
Ман аз ту ҳазор бор хурсанд.
Ҳаст оташи меҳр баҳри фарзанд
Андар дили ҳар кадом модар.

Бо меҳри ту рафта, комёбам,
Як зарра зи аҳд рӯ натобам,
Гар ман дили халқи худ наёбам
Ҳар як нафасам ҳаром, модар.

Бо ёди муҳаббату вафоят,
Бо ҳурмати шири ҷонфазоят,
Такрор намоям аз бароят,
Сад бори дигар, салом, модар!

Ҳурмати мӯйи сафедаш

Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин ӯ баробар
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.

Фақат модар ба ҳар гармову сармо,
Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо,
Накарда мижжа таҳ, биншаста шабҳо,
Бипарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.

Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,
Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.
Агар хоре халад бар пойи фарзанд,
Расад андар дили модар чу ханҷар.

Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои ҳурмати мӯйи сафедаш,
Ба ҷон ҳам ҳурмату иззат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш ҳеҷ гаҳ тар.

То ба рӯзи боздид

Боз дорам, модаро, азми сафар,
Гӯй чун ҳарбора ҳарфе мухтасар:
– Соғ рафта ту, саломат боз ой,
Гар илоҷаш ҳаст, хат кун тезтар.

Меравам, модар ҷудоӣ гарчи сахт,
Ман намеҷӯям раҳи осони бахт.
Дар сафар одам шавад марди бутун
Пир дар якҷо шудан расми дарахт.

Бояд одам мисли оби чашмасор
Рӯ ба дарёҳо намояд ихтиёр.
Чун шавад наҳри калон, бояд кунад
Даштҳои ташналабро обшор.

Нағз медонам, хавотир мешавӣ,
Гаҳ мушавваш, гоҳ собир мешавӣ,
То ягон хатту хабар ояд зи ман,
Бар раҳи қосид ту нозир мешавӣ.

Модаро, вақте ки мехезад шамол,
Боз меорӣ маро андар хаёл,
Боз мегӯйӣ ки: пояш дар хунук
Берун аз бистар бимонда, эҳтимол.

Мебиёяд чун ба ҷӯйи ҳавлӣ об,
Мекунӣ гӯё ба ман аз нав хитоб:
– Бар лаби дарё нарав танҳо худат,
Дар лаби ҷӯйи калон танҳо нахоб!

Ранг мегирад агар гелоси боғ
Мекунӣ аз нав маро ёду суроғ.
Баччаҳо гелосро ғорат кунанд
Хуб месӯзад туро аз ин димоғ.

Мепазад зардолуи қандак агар,
Мебиёям ман ба ёдат аз дигар.
Ҳосили як шохро дорӣ нигоҳ
То дами баргаштани ман аз сафар.

Ҳар гаҳе дар ток ангури чарас
Пухта, орад иштиҳои нав ба кас.
Канда то як сар хӯрам пеш аз ҳама,
Мекунӣ дар вақти ноништа ҳавас.

Модаро, вақте ки шояд дар чаман
Ман ба гулҳо ҳамнишину ҳамсухан,
Ту гумон дорӣ, ки дар як шаҳри дур
Бекасу бечораю маҳҷур ман.

Ғам махӯр, модар, ки фардо аз сафар
Мебиёям бехабар то пушти дар.
Мекунӣ бар чойҷӯш он гаҳ алав,
Мекунӣ ҳамсояҳоро ҳам хабар.

Мекунӣ сонӣ ту бо шодӣ хамир,
Мепазӣ аз нӯги он аввал фатир,
Вақти ноништа ба наздам мениҳӣ
Мисли ҳарбора ду қошуқ рӯйишир.

Мебарад хоби ҳама, бедор ту,
Мепарад чашмат, ба чашми чор ту.
Мекунӣ шукри замони тинҷро
Дар сари ҳар як қадам сад бор ту.

Қадри дилдор аз ҷудоӣ шуд азиз,
Серӣ баъди бенавоӣ шуд азиз,
Баски хеле тирашабҳо дидаем,
Аз ҳамин рӯ рӯшноӣ шуд азиз.

Хайр, модар, то ба рӯзи боздид,
Боздид охир бувад чун рӯзи ид.
Меравам, бе оби дида гӯй боз:
– Меравӣ? …Хайр эй писар, роҳи сафед!

Нигаҳ бикун ба дидаам

Нигаҳ бикун ба дидаам,
Ки аз ту ман чӣ дидаам.
Тамоми шаб нахуфтаам,
Азоби ту кашидаам.

Ба орзуи он ки боз
Шавӣ ба ман ту дилнавоз.
Сару дилам ба хоки пот
Бубин ки кардаам ниёз.

Ду бор дар тамоми сол
Ба паҳлуи ту, гулҷамол,
Нишаста бурдаам ба сар
Шаби висоли бевисол.

Ба ту, гули шукуфтаам,
Ман арзи худ нагуфтаам.
Аз ин сабаб чу чашмаҳо
Тамоми шаб нахуфтаам.

Вале ту чун ситораҳо
Ба ламъаи назораҳо,
Сухан нагуфта мезанӣ
Ба синаам шарораҳо.

Дар он дақиқаҳо ки роз
Қариб буд, ки гашта боз
Китоби ишқи покро
Кунад ба боби нав дароз.

Дилам ба таҳ кашида рафт,
Ҷигар маро дарида рафт,
Зи ҷайби ту сабоҳи нав
Чу андаке дамида рафт,

Ту кавкабӣ, ту кавкабӣ,
Чароғи равшани шабӣ.
Ба мисли ғунчаҳои гул
Зи шаҳди ханда лаб-лабӣ.

Ба ошиқон Худо дигар
Замин дигар, само дигар.
Савобу ҳам хато дигар,
Ҷафо дигар, вафо дигар.

Шаби тӯй

Шаби тӯй то ин ки бошад дароз,
Рафиқон, биёед нӯшем боз.
Барои ҳамон ин ки ширу шакар
Ба як ҷо шуду гашт хушмаззатар.
Барои диле, к-ӯ ба дил реша ронд
Ва бӯйи хуши мушк пинҳон намонд,
Барои шумо, духтари маҳҷабин,
Барои ту, эй ҷӯраи нозанин.
Барои ҳамон кӯчабоғе, к-аз он
Гузаштед бори якум гапзанон,
Барои нигоҳе, ки вай худ ба худ,
Ба мобайнатон рафтуомад намуд,
Барои ҳамон навниҳоле, ки он
Бишуд воқиф аввал зи рози ниҳон,
Барои ҳамон ин ки аз ин нафас
Бишуд сар дами гулшукуфти ду кас.
Барои шаби тӯю рӯзи саид,
Ки маъшуқу ошиқ ба мақсад расид.
Рафиқон, биёед нӯшем боз,
Шаби тӯй то ин ки гардад дароз.

Эй ирода!

Ирода, эй ирода, дар куҷоӣ,
Ниҳоят ту ба ман ин лаҳза даркор.
Маро аз теғи ин чашми сиёҳе
Биёю дар паноҳи худ нигаҳ дор.

Ба ман бори дигар ин чашми махмур
Ҳамин хел ар нигаҳ созад чи созам.
Агар ту дер монӣ, дор маъзур,
Ки ман ночор аз нав ишқ бозам.

Ба зидди теғи ин чашмони ҷоду
Сипар азбаски бар дил ман надорам,
Ба дафъи шӯриши ишқи балоҷӯ
Ирода, эй ирода, бош маҳкам.

Чаро бар кокулонаш дилбарона
Насими шӯх бозӣ менамояд,
Чаро бо ин маро дар ин миёна
Ба нози ишқ розӣ менамояд.

Лаби аз барги гул нозуктари ӯ
Чаро охир барои ханда моил?
Ба нури чеҳраи чун ахтари ӯ
Чаро дил мешавад пайваста қоил?

Ирода, эй ирода, дар куҷоӣ,
Ниҳоят ту ба ман ин лаҳза даркор.
Маро аз теғи ин чашми сиёҳе
Биёю дар паноҳи худ нигаҳ дор.

То ҳамон вақте ки рахшад офтоб

Лоларо ман соғари дастат кунам,
Пас, шабе бо бӯйи гул мастат кунам.
Чун ба рақс ойӣ ду чашмам то саҳар
Гашта-гашта бар қаду бастат кунам.

Ошиқ он дам сарфарозӣ мекунад,
Зиндагӣ аз хеш розӣ мекунад.
Ҳалқаат моҳичаи тилло барин
Гар ба пеши дида бозӣ мекунад.

То ҳамон вақте ки рахшад офтоб,
Сар ба зонуям гузорӣ баҳри хоб,
Бар сабо гӯям: даме шӯхӣ макун,
Буд имшаб ёри мо бедорхоб.

Хоб кун, гар хоб мебинӣ маро,
Ё шаби маҳтоб мебинӣ маро.
Зулфаконатро зи дасти ман накаш,
Ғарқи чун симоб мебинӣ маро.

Сафар кардам, ҷаҳон дидам

Сафар кардам, ҷаҳон дидам,
Рухи пиру ҷавон дидам,
Гаҳе фасли хазон дидам,
Гаҳе оби равон дидам.
Вале, эй мулки озодам,
Намерафтӣ ту аз ёдам.
Ба ҳар ҷо фахр мекардам,
Ки ман аз Шарқи озодам.

Нигоҳеро нафаҳмидам,
Сурудеро писандидам,
Гаҳе аз ғусса бигристам
Гаҳе бо дӯст хандидам.
Вале, эй мулки озодам,
Намерафтӣ ту аз ёдам.
Ба ҳар ҷо фахр мекардам,
Ки ман аз Шарқи озодам.

Агар ман боз раҳ гардам,
Ба сад кас ҳамқадаҳ гардам,
Ба гулбоғи фараҳ гардам,
Агар меҳмони Маҳ гардам,
Вале, эй мулки озодам,
Намерафтӣ ту аз ёдам.
Ба ҳар ҷо фахр мекардам.
Ки ман аз Шарқи озодам.

Мебарам

Тӯшаи раҳ гарчи аз бӯйи баҳоре мебарам,
Гул ба он ҷо монду бо худ захми хоре мебарам,
Бар биёбон ёди оби чашмасоре мебарам,
«Меравам аз ин диёру дарди ёре мебарам,
Дарди ёре аз диёре бар диёре мебарам».

Рӯйи хубат чун ба оби соф аксандоз шуд,
Зери поят сабзаҳои кӯҳ пойандоз шуд,
Як-ду соат давлати дидори ту дамсоз шуд,
Корвон бар раҳ даромад, боз боре мебарам,
Бори шабҳои фироқу беқарорӣ мебарам.

Ман ки бар назди ту сад арзу ниёз овардаам,
Саҷда бар занҷири мӯҳои дароз овардаам,
Ношукуфта ғунчаҳои сӯзу соз овардаам,
Бо худ он ёди нигоҳи дилшикоре мебарам,
Орзуи дидани чашми хуморе мебарам.

Гар насибе бошаду боз оям аз ин роҳи дур,
Кор фармоям тамоми ақлу идроку шуур,
То кунам баҳри ту ширин оби дарёҳои шӯр,
З-ин сабаб аз шаккари лабҳот боре мебарам,
Мебиёрам давлати нуру ғуборе мебарам.

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 2

  1. Дар «Интизорӣ» ин мисраъ, ба фикрам, коста аст:
    Аз он ҷо рафтан асло дил намехост,
    Шояд «Аз он ҷо рафтан дил лек намехост,» бошад!

    • Салом, Ансор!
      Аз тарзи қироат вобаста. Агар ин тавр хонед, сактае нест:
      А-зон-ҷо-раф // та-нас-ло-дил // на-ме-хост
      мафоӣлун мафоӣлун мафоӣл

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.