Тоҷикон дар шимолу шарқи Қафқоз. ТАРИХИ КЫЗЛАРКАЛА

Абдуҳамид Тағоев / Янв.12.2014. / 2 комментария

Нависанда, асосгузори романи қумиқ Абдулҳусайн Иброҳимов, ки ба гуфти худаш аз
www.mojgorod.ru_
тоҷикон аст, дар солҳои 1915 – 1916 асари таърихии худ «Таърихи Қизларқалъа»-ро ба забони қумиқӣ навиштааст. Чунки дар ин замон тоҷикони Қафқоз аксаран забони худро гум карда буданд ва Иброҳимов забони тоҷикиро ба тарзи бояду шояд намедонист.

Шаҳри Кизляри Доғистон бунёди дасти тоҷикон. форсҳо, арманиҳо ва казакҳои рус буда дар ибтидо бо номҳои Обисиёҳ, Обисиёҳканд, Қалъаи Духтарон, Девичий крепость, Қизларқалъа ёд шуда, дар охир номи имрӯзаи Кизлярро гирифтааст.

Дар китоби Иброҳимов «Таърихи Қизларқалъа» тоҷикон ҳамчун мардуми бофарҳанг, заҳматкаш, бунёдкор, илмдӯст ва сарбаланду муттафиқ ба қалам дода шудаанд. Нависанда аз он ифтихор мекунад, ки аз ибтидои асри XVI то аввали асри XX халқе, ки ӯ ба он мансуб аст, дар таърихи Қафқози шимолу шарқӣ нақши муҳиме бозидааст. Дар баробари ин аз он афсӯс мехӯрад, ки ин халқ афзоиш наёфта истодааст ва сол аз сол шумораи касоне, ки ба тоҷикӣ ҳарф мезананд, кам мешавад.

Иброҳимов бо романи «Аманхор» ба таърихи адабиёти нави қумиқ поя гузоштааст. Асар дар бораи муҳаббати қаҳрамони мардумӣ — Аманхор ва духтари точик Дилбар (Дилбархонум) нақл мекунад.

Дар поён баъзе иқтибосҳоро аз ин китоб дар тарҷимаи камина ба муҳокимаи Шумо пешниҳод менамоем:

/вар. 18/ Аҳолии Обисиёҳканд аз халқе иборат буд, ки аз Осиёи Миёна баромада аввалан ба Закавказие ва пасон ба хонигарии Шервон-Шемаха омада буд. Як гурӯҳи ин халқ дар ҷойҳои гуногун зиста, охири охирон дар соли 1545 дар соҳилҳои дарёи Терек муқимӣ шуд. Он ҷое, ки онҳо маҳалли зист қарор доданд, Обисиёҳ ном карданд.

Мардуми Обисиёҳканд ҳама мусулмон буданд, ки аз Осиёи Миёна, аз соҳилҳои Аму ва Сир омада буданд – сартҳо, тоҷикҳо ва форсҳо. Онҳо дар мазҳаби имом Шофеъӣ буда,

/вар. 19/ ба забони форсӣ сухан мегуфтанд.

/вар. 27/ Мувофиқи таърихҳо, нахустин сокинони инҷоӣ тоҷикон буданд. Ин халқ халқи сарбаланд ва тифоқ буд.

Ҳоло, дар соли 1916 онҳо масҷиди алоҳида доранд, ки «тоҷикмасҷид» меноманд, ҳамчунин ҷамоае доранд бо номи Ҷамоаи тоҷикон. Китобҳои ҷудогонаи метрикӣ, штамп ва мӯҳри худро доранд ва эҳтироми идораи шаҳрро сазоворанд. Аммо шумораи онҳо сол аз сол кам мешавад. Насли онҳо афзоиш намеёбад. Мумкин, баъд аз чил – панҷоҳ сол ҳатто номашон аз миён биравад. Ман ҳам узви ҷамъияти номбурдаи тоҷикон ҳастам.

/вар. 28/ Муассисаи идоравии Обисиёҳканд дар соли 1703 аз шахсони мазкур иборат буд: Мансурбек – раиси идора, вазири Татархон, тоҷик, Абдулҳад – хазинадор (аминулмулк), тоҷик, Қозӣ Насруллоҳ – раиси девони қозӣ, тоҷик, Абдусалом – мудири политсия, араб, Ғазанфар – котиби идора, форс, Ҷабборӣ – мудири зиндон, форс, Мусайф-оғо – миршаб, форс, Маҳмуд-оғо – миррӯзӣ, сарт, Рӯҳуллоҳ – сарт, Аҳмад-сайтар – рӯҳонӣ ба забони арабӣ, тоҷик, Мешмадӣ Ғаффор– рӯҳонӣ ба забони форсӣ, форс, Бабский – муаллими забони русӣ, казаки рус.

/вар. 29/ Мардуми Обисиёҳканд махлут буданд аз панҷ ҷинси гуногун: аз тоҷикон, форсҳо, арабҳо, сартҳо ва русҳо (казакҳо)…

Агар китобҳои граф Л. Н. Толстойро дар бораи казакҳои Терек хонед, дар онҳо ибораи «таджикские казаки» (казакҳои тоҷик)-ро метавонед дарёфт…

Вақте ки шоҳ Петр (Петри Якум – Т. А.) дар соли 1722 ба Обисиёҳканд ташриф овард, ӯ ҳамаи аҳолии Обисиёҳкандро ҳамчун тоҷикон қайд намуд.

ТАРИХИ КЫЗЛАРКАЛА

Кизляр — один из старейших среди нынешних городов Дагестана, торжественно отметивший в 1985 г. свое славное 250-летие. Он сыграл заметную роль в политической, торгово-экономической и культурной жизни всего Северо-Восточного Кавказа. Особенно его роль стала значительна после 1735 г., когда была построена Кизлярская крепость, служившая форпостом Российской империи на юге, у предгорий Кавказа. Однако во многом загадочная, но крайне интересная предыстория российской крепости на Тереке восходит к середине XVI в. Она, как показывают источники, неразрывно связана с предшественниками Кизлярской крепости — с Терским городком (крепость Терки) и Сулакской крепостью (Крепость Святого Креста). Недаром некоторые поздние авторы окрестили Терскую крепость «Старым Кизляром».

История многоязычного Кизляра привлекала внимание как многих ученых, краеведов, журналистов, так и литераторов. Ему посвящено немало научных и популярных книг, отдельных статей и очерков (Например: Гевит. Описание Кизляра; Павлов. Краткое обозрение; Хозяйственное описание, с.440-451, 452-464; Окружной город Кизляр, с.93-98; Шидловский. Записки, с.161-208; Геворгян. Кизляр; Гриценко. Города, с.84-113; Васильев. Загадка, с.35-58; он же. Очерки; также серия статей краеведов Д.С.Васильева, В.Фоменко, Г.Зейналова, А.Давидова и других на страницах кизлярских районных газет «Рассвет» (1962-1964 гг.), «Кизлярская правда» (1958, 1971, 1984-1985 гг.).) — на русском, кумыкском, армянском, грузинском, персидском и других языках. Кизляр упоминается почти во всех путевых записках и трудах ученых и путешественников, побывавших на берегах буйного Терека. Он упоминается в ряде списков XVIII — начала XX в. широко распространенной дагестанской исторической хроники «Дербенд-наме». С этим городом связаны многие исторические события и в период установления Советской власти в [215] Притеречье. Кизляр — город-герой Гражданской войны (с 1921 г.) (История КПСС, с.111.), город-орденоносец («Знак Почета», 1980 г.).

Интересно, что история Кизляра как часть истории Северо-Восточного Кавказа нашла свое письменное отражение уже вскоре после


2 комментария Андешаатонро баён кунед

  • Маълумоте, ки дар ин чо нашр шудааст, дар хеч чойи дигар нахонда будам. Махсусан, дар бораи точикони Кизляркалъа ё Обисиёхкент. Ман бисёр дуст медорам, дар бораи таърихи точиконе, ки кисмат онхоро аз Ватани асли дур андохтааст, вале ба хар хол онхо забонашонро гум карда бошанд (ё шояд забони имрузаи мо чунон содда карда шуд, ки забони бобоёни мо ба онхо ва худи мо хам нофахмо шуд, масалан «Гулистон»,»Бахористон» «Маснавии маънави»навиштахои Ахмади Донишро кам андар кам касон мефахманд), вале онхо асли худро аз ёд набаровардаанд. Ман аз Шумо миннатдор хастам ва хохиш дорам, ки оиди точикони лаби дарёи Волга, точикони Казокистон, Хиндустон, Покистон (албатта агар маводе дастрас дошта бошед) дар ин торнома чоп намоед.

    • Олимҷон, Худованд агар хоҳад ва умр агар боқӣ бошад, бародари азиз, ин ниятҳо дар ман ҳаст.

Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


− 5 = 1


error: Content is protected !!