Тоҷикнома-2

Абдуҳамид Тағоев / Май.4.2015. / Гузориш нест

tojiknoma
Тоҷикнома – ин дарду дармон, ранҷу осойиш, вайронию ободӣ, умеду навмедӣ, ҷангу оштӣ, сӯзу соз, маргу зист ва орзуву ормонҳои ин миллати бостонист, ки аз забони бузургони дардошнояш баён шудаанд.

Мундариҷа:

Қутбӣ Киром. БӮЙИ НОН
Мӯъмин Қаноат. БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Бозор Собир. АЙНӢ
Бозор Собир. ТОҶИКИСТОН
Лоиқ Шералӣ. ОЛИ СОМОН
Лоиқ Шералӣ. АЙНӢ
Лоиқ Шералӣ. КИТОБҲОИ ШАҲИД
Гулрухсор. ОРИЁНО
Гулрухсор. ГӮЕД БА НАВРӮЗ
Гулрухсор. МИЛЛАТИ ХУРШЕД

Қутбӣ Киром
БӮЙИ НОН

Солҳое, ки Ватан дар ҳифзи ному нанг буд,
Танг ҳоли халқ аз дасти балои ҷанг буд.
Дар ҳамин айём, дар як рӯзи пурфайзи баҳор,
Гушнагӣ бо дасти шахшӯлаш рабуд аз ман мадор.
Бо дили холӣ, сари пурорзу биштофтам,
Суфраву дегу табақҳоро саросар кофтам.
Тоза будӣ суфраҳо чун суфраи пайғамбарон,
Соф будӣ косаю дегу табақ чун осмон.
«Очаҷон, ку нони ҳаққи чоштгоҳонии ман?»
Лек аз модар гирифтам ман ҷавоби бесухан.
Ман ба ин нокарда бовар, боз гаштам беқарор,
Ҳамчу мурғи пойсӯхта медавидам ҳар канор.
Даст бурдам ин замон бар сандуқи чӯбинамон,
Бар машомам ногаҳон аз дур омад бӯйи нон.
Ман аз ин бӯ нашъаи нав, қувваи нав ёфтам,
Чаппагардон карда сандуқро ба сӯзан кофтам.
Резаи ноне набуд ин ҷо, валекин бӯйи нон,
Дод бар ҷонам ҳаловат, дод бар ҷисмам равон…
Ҷанг охир гашт, аҳли кишварам масрур шуд,
Хонаҳо аз нозу неъмат пур бишуд, маъмур шуд.
Ман калон гаштам, кунун олам расад бар доди ман,
Лек он бӯйи муаттар кай равад аз ёди ман?!

Мӯъмин Қаноат
БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Қанд ҷӯйӣ, панд ҷӯйӣ, эй ҷаноб,
Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳар чӣ меҷӯйӣ, биҷӯ.
Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ,
Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,
Ҳар чӣ мегӯйӣ, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест-нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.

Бозор Собир
АЙНӢ

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,
Ин замин бо ӯ ба дунёе баробар мешавад.
То ба Айнӣ гарчи дарёи сухан шодоб буд,
То ба ӯ дар зиндагӣ пайроҳаи ноёб буд.
Мисли он рӯзе, ки онро метавон дар ёд дошт,
Дар лаби Вахшу Зарафшон мардуме бе об буд.
Ин ҳақиқат мекунад чашми маро ҳар бор тар:
Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.
Дар Бухоро бохабар буд мардум аз дунё агар,
Аз Алӣ буд бохабар, аз Бӯалӣ буд бехабар.
Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин бар табъи Айнӣ – Рӯдакӣ эҷод кард.
Гар ба дунё рафт Сино чун табиби иллате,
Кард ӯро ҳиммати Айнӣ табиби миллате.
Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ,
Чун китоби кӯҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ.
Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ӯст,
Хотири бедори мардум хотири бедори ӯст.

Бозор Собир
ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту,
Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам,
Пойи худро раҳ ба раҳ афшонда рафтам,
Аз заминат
(Сарзамини камзаминам),
Гарди хоке кам накардам.
Ҳар куҷое об дидам,
Қатрае хӯрдам агар,
Ман гирифтам қатрае дар чашм,
То ба дарёят фишонам,
Оби дарёят шавад як қатра бисёр.
По ба ҳар хоке ниҳодам,
Гарди хокеро гирифтам дар сари мижгон,
То ба саҳроят фишонам,
Хоки саҳроят шавад як зарра бисёр.
Ҳар куҷое санг дидам,
Даст бурдам бар сараш чун бар сари фарзанди хеш,
Бо навозиш
Гуфтам: инро аз Бадахшон кандаанд,
Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд…
Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Лоиқ Шералӣ
ОЛИ СОМОН

Маснаде дар ҳалқаи саҳронишинон,
Бӯстоне дар миёни шӯразорон,
Гулхане дар моварои кӯрдуд,
Паҳлавоне дар миёни нотавонон –
Оли Сомон!
Махзани тилло ба дасти боддастон,
Шоире дар инҳисори худпарастон,
Уфтода ахтаре ногаҳ зи гардун
Дар муҳити золимону зулматистон –
Оли Сомон!
Гӯйиё
Як нафас тоҷикро Таърих дод оинае,
То дар ӯ бинад нишони хештанро,
То дар ӯ ёбад ҷаҳони хештанро,
Лек шодикаф шуду оина аз дасташ фитод,
Хештанро ҳам надиду дигаронро ҳам надид…
Гӯйиё
Як нафас тоҷикро Таърих ҷӯе об дод,
То кунад обӣ макони хештанро,
Даштҳои бекарони хештанро,
Лек шодикаф шуду он об аз ҷӯяш гузашт,
То бидид оби варо аъдо, ба ҷӯйи худ кашид…
Гӯйиё тоҷик андар дашти бопаҳнои Таърих
Ёфт аспи шахлаҷоме,
Хост ҷӯяд манзили номусу номе.
Асп нофармону саркаш…
Ӯ савориро намедонист…
Ногаҳ аз сари асп уфтод…
Бесавора, зин кашола,
Асп дар саҳрои пурфарёди Таърих он қадар сарсон давид,
Шиҳа зад, афғон кашид,
То ба дасти душманон афтоду ҷон аз даст дод…
Оли Сомон!
Давлати навкисаву навхонагон,
Давлати навдавлату навхоҷагон,
Кӯдаки якрӯзаи Таърихи тоҷик,
Зодрӯзат ёд бодо,
Ғӯрамарго, ғӯрамарго!..

Лоиқ Шералӣ
АЙНӢ

Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон,
Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон,
Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон,
Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён
Ту моро кофтӣ, устод,
Ту моро ёфтӣ устод!
Зи аъмоқи фаромӯшхонаҳои тираи таърих,
Зи хоке, ки шуда омоҷгоҳи тири ағёрон,
Чу абёти парешоне, ки монд аз Рӯдакӣ мерос,
Ту моро ҷамъ овардӣ зи ҳар тазкираву девон,
Ту моро зинда гардондӣ,
Ба мо моро шиносондӣ.
Зи исёнҳову шӯришҳо, зи кулли буду нобудаш,
Зи фарёди таболудаш, зи Фирдавсию Маҳмудаш,
Зи хунҳое, ки баҳри хунбаҳои ҳамгинонаш рехт,
Зи андӯҳи тараболуду шодии ғамолудаш,
Ту ҷустӣ сарнавишти халқ,
Оғози сиришти халқ.
Чу айвони валангоре, ки на бому на девораш,
Чу девори ҳисоре, ки на синҷеву на болораш.
Ту таърихи хароби халқро тармимҳо кардӣ,
Шиносондӣ ба бунёдаш, ба фарҳангаш, ба осораш,
Ки мо ҳам одамем охир,
Ва аз ин оламем охир!
Чу гумҷӯе, ки меҷӯяд пари гумгаштагонашро,
Чу танҳое, ки меҷӯяд зи дунё дӯстонашро,
Нишони мардумон ҷустӣ ту аз шаш ҷиҳати таърих.
Барои ҳоҷати имрӯз ганҷи бостонашро,
Ки бе дирӯз ҳоло нест,
Ки бе имрӯз фардо нест…
Зи юмни Инқилобу аз нафасҳои равонбахшаш,
Ту як-як мурдаҳоро берун овардӣ зи гӯристон,
Ва андар тоҷгоҳи ҳар кадоме тоҷ бинҳодӣ,
Ҳидоят кардӣ ононро барои хидмати даврон,
Ба онҳо ҷон ато кардӣ,
Сари минбар баровардӣ.
Зи маснадҳову манзарҳо,
Зи чанги роҳи кишварҳо,
Зи авроқи баёзу ҳарфи нохонои дафтарҳо,
Зи сарҳое, ки рӯйи дорҳо ҳам буда сарафроз,
Зи ҳар доре, ки бишкаста зи бори фитрати сарҳо,
Ту ҷустӣ номи тоҷикон,
Муроду коми тоҷикон.
Туро чун ҳимматеву фитрати олампаноҳе буд,
Ба чашмандози ту пайдо ҷаҳони мурғу моҳӣ буд,
Ҳама печухами таърихро бо сар гузаштӣ ту,
Ки аз мардонагии халқ осораш гувоҳе буд,
Шудӣ худ ҳайкале дигар,
Ба мардум машъале дигар.
Чу зери парчами Октябр аз зиндон раҳо гаштӣ,
Хаёлам, нуру фазлу шеър аз зиндон раҳо гардид.
Ба дунё омадӣ чилсола шогирде, к-аз устодӣ-ш
Забони мо ба даъватҳои даврон ҳамсадо гардид.
Садояшро ҷаҳон бишнид,
Ҷаҳони бекарон бишнид.
Ту худ як инқилобе дар шуури мардумон будӣ,
Ту худ як изтиробе дар ниҳоди ину он будӣ,
Ба рағми он ҳама кӯрони таърихи наҷиби мо
Ту чун мушти гираҳбаста, чу тири дар камон будӣ.
Ту аз мо сохтӣ моро,
Зи мо бишнохтӣ моро.
Бас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ,
Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ,
Сари гӯри ниёгон машъала афрӯхтӣ аз меҳр,
Аз ин рӯ ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ!
…Чунин андар ҷаҳони гирдгардон,
Чунин андар ҷаҳони рӯҳи озодон –
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд…

Лоиқ Шералӣ
КИТОБҲОИ ШАҲИД

Шуморо ҳам чу осӣ зинда гӯронданд,
Шуморо чун Бруно зинда сӯзонданд.
Шуморо ҳам хафа карданд, афшурданд, озурданд,
Шуморо ҳам ба зери дорҳо бурданд.
Шуморо ҳамчу як қонуншикан куштанд.
Шуморо ҳамчу балвогар, чу яғмогар,
Чу исёнгар, чу вайронгар
Басо бераҳм парронданд.
Шумо дар чоҳҳо,
Дар ғорҳо,
Дар гӯрҳои кӯҳна мадфунед.
Шумо мағруқи дарёҳо,
Шумо матруки саҳроҳо,
Шумо ҳам ғарқаи хунед.
Шумо дар хоку хун ғалтон,
Шуморо сӯхт Искандар,
Қутайба кард хокистар,
Шуморо кушт Чингизхон.
Шуморо соҳибон, то зиндагишон бебало бошад,
Ба дасти хештан куштанд.
Шуморо котибон, то дасташон аз ғул раҳо бошад,
Ба дасти хештан куштанд.
Шуморо ҳамчу хиште аз тани девори қасру маъбади фарҳанг
Зи тоқи ошёни илму дониш ҷоҳилон канданд.
Ба дунёи фаромӯшӣ шуморо дур афканданд.
Валекин модари он шоирони ғайбдон зинда-ст,
Валекин модари он бихрадони ҷовидон зинда-ст,
Ки то дунё бувад, обистани имрӯзу оянда-ст.
Валекин чашмаҳои фикрату фитрат
Зи пистони сафеди модари тоҷик нахушкидааст
Валекин халқ бо афкори нуронӣ
Ба зери осмон
Бо гардиши чархи замон зинда-ст.
Кунун донишписандоне чу гумҷӯён
Шуморо аз ҳама кунҷу канори даҳр меҷӯянд.
Кунун саррофҳо — гавҳаршиносони сухан ҳар дам
Шуморо аз хазону аз баҳори даҳр меҷӯянд.
Дареғо!
Шумо чун соҳибони хеш
Ҳама будед яктое…
Ҳама будед танҳое…
Шумо ҳам аскаре будед, бас размоварӣ кардед.
Шумо ҳам сафдаре будед, алҳақ сафдарӣ кардед.
Шумо бо ақлҳои тира ҷангидед,
Шумо бо мағзҳои хира ҷангидед
Шумо бо зӯъми кӯрони замони хеш,
Шумо бо буғзу ноинсофии хонандагони хеш,
Чи ҷанги беамон кардед,
К-охир қаҳрамон мурдед.
Кунун ман аз замону аз ҳақиқат як талаб дорам,
Ки аз баҳри шумо ҳам ҳайкале созанд,
Бо сони ҳайкале бар ёдгори аскари гумном,
Ва тарҳи он чунин бошад:
Китоби даргирифта дар сари дасте,
Зи ҳар саҳфа шароре барҷаҳад ҷовид
Шароре барҷаҳад то хонаи хуршед…
Шумо ҳам баски машъал будаед андар замони хеш,
Ки бо нури шумо меҷуст инсоне ҷаҳони хеш…

Гулрухсор
ОРИЁНО

Ориёно!
Эй нишони бенишонии мурувват,
Эй забони безабонии мадоро,
Гар зи дуди оташи худ куштаат,
Чун шарори оташи аз тирагӣ ворастаат,
Зиндадори Миллати дар хоку хун
       оғуштаат боло нагардам,
Вой бар ман!
Гар набинам зиштиамро дар сиришти худшиносӣ,
Гар наёбам сарфароямро, сарамро
Дар талоши худхалосӣ,
Вой бар оину бар оинадори ман!

Ориёно!
Пири барҷомондаи бемуттако,
Марги фарзандони худро
Нотавону хаста мебиниву хомӯшӣ.
Олам аз фарҳанги ту ҳусни маонӣ ёфт,
Одамӣ аз гавҳари фазли ту
Асли хешро бишнохт,
Худ вале аз ёди ёди оламу одам фаромӯшӣ,
Дар азои оини меҳрат сияҳпӯшӣ?!

Ориёно!
Орзуҳои ҳазини хокиямро, осмоно,
Дарси худсозӣ ҳамехоҳам
Зи худбозии таърихофаринат.
Оташи дил, оташи чашм, оташи рӯҳам бидеҳ,
Эй сардгашта хонаи хуршед
Аз бунёди поку оташинат!

Ориёно!
Он қадар ман паст афтодам
Зи арши қуллаи рӯҳат ба фарши тоқати таҳқир,
Ки баландие намехоҳам дигар аз осмонҳо
Ҷуз баландии заминат.

Ориёно!
Саҳнаи пархошу чоши зиндагиву марг,
Лолаи хуни Сиёваш то ба кай наврӯзии туст?
То ба кай хуршеди ховар
Нусхаи худсӯзии туст?
То ба кай ҳамчун нахи абрешимини нур,
Бар сари ангушти гардунӣ,
То ба кай дар оташу хунӣ?

Ориёно!
Хастагурди шӯҳрабемор,
Аз фари оянда канда,
Бар гузашта чашми бедор,
Ман дигар андар дифои шӯҳрати афсурдаи ту
Қудрату тамкини арзонӣ надорам.

Ориёно!
Эй таҳамтан Рустами фарзандбезор,
Дар набарди зиндадории фари ту,
Модари ту, духтари ту, дилбари ту,
Хунбаҳои сангари хунофари ту
Ман дигар Сӯҳроби қурбонӣ надорам!
Ман дигар Сӯҳроби қурбонӣ надорам, Ориёно!

Гулрухсор
ГӮЕД БА НАВРӮЗ

Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд,
Дар кишвари хунинкафанон раҳ накушояд
Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд,
Хунинкафанонро лаби пурханда нашояд
Хун медамад аз хоки шаҳидони ватан вой,
Эй войи ватан, вой!
   Халилуллоҳ Халилӣ

Гӯед ба Наврӯз, ки нав нест ғами мо,
Аз ҳасрати хунинкафанон чашми нами мо.
Аз ваҳшати оқи падарон пушти хами мо
Гӯед ба Наврӯз, ки ҳар рӯз биёяд
Ҳар рӯз биёяд дари ғамхона кушояд,
З-оинаи дил занги ҷароҳат бизудояд
Булбул алами миллати бечора сарояд
Гӯед ба нав рӯз, ки Наврӯз биёяд
Гӯед ба Наврӯз, ки размида биёяд,
Аз сангари мардони шарафдида биёяд.
Аз гӯри шаҳидон гули ғам чида биёяд
Гӯед ба Наврӯз, ки пирӯз биёяд.
То меҳани мо пойгаҳи мири шикор аст
Дар гулшани мо куштани гулғунча баҳор аст.
Ҳар пушта мазор аст, мазори дили зор аст,
Гӯед ба Наврӯз аламсӯз биёяд.

Гулрухсор
МИЛЛАТИ ХУРШЕД

Миллати ман, миллати борон,
Чашми ҳузни сарнавиштат
Он қадар аз гиря саршор аст,
Ки дар олам чанд анҳори дигар туфонӣ хоҳад шуд.

Миллати ман, миллати хокӣ,
Меҳрабони дард,
Ҳамзабони дард,
Боғбони дард,
Мазраи андӯҳи худро кишт манмо,
            кишт манмо,
Ки дар олам тухми ғам арзонӣ хоҳад шуд.

Миллати ман, миллати андарз,
Устоди ношиноси ҳикматистони ҷаҳон,
Ҳар қадар ҷоҳу ҷалолатро ба хоки раҳ кашиданд,
Он қадар дар шишаи нилобии ашкам,
Фазлу фарҳанги туро рахшанда мебинам.
Гарчи дирӯзи туро бо насли худсӯзи ту куштанд,
Нури эҳёи туро дар дидаи оянда мебинам.

Миллати ман,
            миллати оинадори сирати худро надида,
Аз дилу аз дидаву хунат
            сели ҷаҳлу фитна бигзашт,
Навбати рахшидани нуру сафои чашмасорон аст.

Миллати ман, миллати хуршед,
Қисмати ту аз азал худсӯзиву зулматфурӯзист,
Разми ту бо деви зулмат амри яздон аст!
Миллати ман, миллати борон,
Миллати ман, миллати андӯҳ,
Миллати ман, миллати андарз…


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


6 + 5 =


error: Content is protected !!