Садриддин Айнӣ. Зиндагонӣ ва қаҳрамонӣ


ayni-3

Пас аз ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сусиёлистии Тоҷикистон фаъолияти душманони халқи тоҷик боз аз нав авҷ гирифт. Онҳо ба муқобили ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон садо баланд карда, мавҷудияти халқи тоҷик ва забону адабиёти онро бешармона инкор мекарданд. Дар ҳамин шароити душвор исботи мавҷудияти халқи тоҷик аҳамияти басо муҳими таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пайдо намуд. Зеро фош сохтани моҳияти ақоиди иртиҷоии миллатгароён яке аз шартҳои ташаккули фарҳанги сусиёлистии тоҷик ба шумор мерафт. Маҳз ба ин ният солҳои 1924-1926 дар саҳифаи матбуот доир ба таъриху тамаддун ва забону адабиёти тоҷик мақолаҳои зиёд нашр гардиданд, ки ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти таърихии халқи тоҷик ва ҷоннисориҳои равшанфикрони онро баҳри ҳифзи манофеи миллӣ инъикос мекарданд.

Дар ин вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид. Ӯ тавассути таълифи “Намунаи адабиёти тоҷик”, мақолаҳои илмӣ ва асарҳои барҷастаи мустанад алайҳи идеологияи бадхоҳон дар роҳи бедориву худшиносии миллати тоҷик хидматҳои барҷаста кард. Устод дар офаридаҳои хеш бисёр масъалаҳои ҳаёти таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва адабии халқи тоҷикро ба миён мегузорад ва бо мӯшикофиҳои хирадмандона таъриху тамаддуни қадима доштани тоҷиконро исбот месозад. Ӯ таъкид менамояд: “Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон ба будани як қавми бузурге бо номи тоҷик бояд касе инкор надошта бошад. Соҳиби маданияти куҳан ва адабиёти куҳансол будани ин қавм низ ҷойи инкор нест”.

***

Адабиёт, каломи бадеӣ эҳсоси ватандӯстӣ, нангу номуси ватандории мардумро ба ҷӯш меовард, онҳоро ба муборизаи зидди фашизми гитлерӣ, меҳнати фидокорона баҳри ғалаба рӯҳбаланду сафарбар менамуд. Устод Айнӣ бо мақолаҳои тезутунди публисистии худ моҳияти фашизмро ошкор сохта, дар мисоли гузаштаи қаҳрамононаи халқи тоҷик эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардумро бедор мекард.

***

Устод С. Айнӣ фармудаанд, ки калимаи ‘‘тоҷик’’ ба сифати номи як халқи форсизабон, сараввал нисбат ба мардуми форсизабони Осиёи Марказӣ ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он ба ҳама форсизабонони рӯйи дунё ба кор бурда шудааст.

Маъмулан калимаи ‘‘тоҷик’’ ҳамрадиф ва ҳаммаънои ориёрӣ, яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи ‘‘тоҷик’’ мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст. Ва номи имрӯзаи тоҷик ба ҷойи номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст.

***

Талошу муборизаҳои гузаштагонамон, ки дар таърих бо номи пешвоён ва саркардагонашон — Спитамен, Муқаннаъ, Шерак, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва ғайра ёд мешаванд, ҳама мубориза баҳри худшиносӣ, дифоъ аз номус ва қадру эътибори инсонӣ ва миллӣ будааст. Ҳатто дар асри ХХ-ум, дар тӯли 70 соли мавҷудияти Давлати Шӯравӣ низ ин ҷаҳду кӯшишҳо қатъ нагардидаанд. Магар талошу муборизаҳои Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Шириншо Шотемур, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳиддинов, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо зиёиёну сиёсатмадорони мо баҳри дифоъ аз манфиатҳои халқу миллат моҳияти истиклолҷӯйӣ надоштанд?!

***

Ҳазорон мардони фидоӣ ҷойи гарму хонаҳои ободи худро дар шаҳрҳои азим тарк намуда, роҳи Душанберо пеш мегирифтанд. Дар қатори ин мардони фидокор Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Аббос Алиев, Саидризо Ализода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳомид Маҳмудов, Миркарим Саидов, Муҳаммадҷон Қосимов, София Тӯйбоева ва садҳову ҳазорҳо бунёдгузорони илму фарҳанг ва тамаддуни даврони нави тоҷикро метавон ном бурд.

***

Номи миллатро аслан фарзандони бонангу номусаш зинда медоранд. Ва ҳар боре, ки ба роҳи паймудаи миллати хеш бо чашми хирад назар афканем, мебинем, ки бузургони ҳар давру замон чун ҳалқаҳои як занҷир бори миллатро бар души хеш кашидаанд. Ин занҷир аз овони “Авасто»-ву Зардушт сарчашма гирифта, бо нағмаҳои Борбад, бо нақшаҳои Монӣ, бо сурудҳои оташкадаҳои Балху Суғд, бо шеъри Рӯдакию теғи ҷонофарини Сино, бо каломи мавзуни Ҷомию мусаввараҳои нотакрори Беҳзод, бо саъю талошҳои тақдирсози Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзодаву Турсун Ӯлҷабоев то ба имрӯз расидааст.

***

Маҳз ғурури миллӣ, кӯшиш барои бақои Ватан ва нигоҳ доштани фарҳанг ба Садриддин Айнӣ имкон дод, ки очерки пурмуҳтавои “Темур- малик”-ро нависад. Ба азобу шиканҷа ва калтаккӯбиҳо нигоҳ накарда, устод Айнӣ таърихи адабиёти моро эҷод кард. Вай собит намуд, ки халқи тоҷик на танҳо вуҷуд дорад, балки дорои тамаддуни бостонӣ ҳам мебошад.

***

Барои фароҳам омадани муҳити солими маънавӣ зарур аст, ки насли наврас суннатҳои ахлоқӣ, таърих, адабиёт ва фалсафаи қадимии халқи худро хуб донад. Китоби “Тоҷикон”-и устод Бобоҷон Ғафуровро бояд тамоми ҷавонони мо бодиққат хонанд, гузашта ва имрӯзаи халқи худро донанд, то ки ояндаро ба худ дуруст тасаввур намоянд. Онҳо бояд хабар дошта бошанд, ки Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров барин фарзандони сарсупурдаи миллатамон барои зинда кардани таъриху фарҳанги халқи худ бо чи азобҳо, туҳматҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ шуда буданд. Вале онҳо аз ҳеҷ чиз наҳаросиданд, зеро нангу номуси ватандориашон аз манфиатҳои шахсӣ ва маҳаллӣ хеле боло буд.

***

Даҳҳо ва садҳо фарзандони баору номуси халқро ном бурдаи мумкин аст, ки барои озодӣ, ободӣ ва обрӯй миллату истиқлолияти Ватани азиз фидокориву ҷоннисориҳо кардаанд. Аз байни ин фарзандони сарсупурда ман ду нафарро махсус ном бурдан мехоҳам, ки барои ташаккули миллат, болоравии ҳисси худшиносию ватандорӣ ва истиқлолияти тоҷикон хизмати бузург кардаанд. Ин ду фарзанди барӯманди халқ устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуда, ҳаққу ҳуқуқҳои қонунии ин миллатро барои ташкил додани давлатдории миллии худ ба миён гузошт. Бобоҷон Ғафуров иқдоми ватандӯстонаи Садриддин Айниро идома дода, баробари фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ таърихи қадимаи миллаташро ба шакли як асари ҷомеъ аз замонҳои қадимтарин то рӯзҳои мо навишта, пойдевори истиқлолият ва худшиносии тоҷиконро ҷовидона сохт.

Мо бо камоли эҳтиром ва сипосгузорӣ ба ин ду фарзанди фарзонаи миллат аввалин унвони “Қаҳрамони Тоҷикистонро муносиб донистем.

***

Боиси ифтихор аст, ки осори панду ахлоқӣ ва фалсафии адабиёти ҳазорсолаи мо дар саросари ҷаҳон эътироф гардида, барои тарбияи маънавии инсонҳо хидмати беандоза кардааст. Башарияти тараққипарвар дар сафи бузургони ҷаҳон ҳамеша аз устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Шайх Саъдӣ, Ибни Сино, Ҷалолуддини Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мирзо Бедил ёдовар мешавад.

Мо аз он низ сарбаланд ҳастем ва ифтихор дорем, ки шоири шаҳири Олмон Гёте аз байни адибон ва шоирон ҳафт тан ҳамзабонони моро ситораи дурахшони назм номид ва дар назди истеъдоди онҳо сари таъзим фуруд овард.

Анъанаи гузаштагони барӯмандамонро дар даврони нав устод Садриддин Айнӣ. Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода идома дода, ин адабиётро бо ҷустуҷӯ ва эҷодҳои нав ба нав ғанитар сохтанд.

***

Танҳо ба воситаи ҳунару истеъдоди воло, ибрози ҳақиқат, ифодаи маъниҳои баланд, ки ба дарду ниёзи мардум ҳамсадо бошанд, дар адабиёт ҷовидон мемонанд, азизи ҳар фард ва ҳар хонадон мешаванд. Инро зиндагиномаи даҳҳо бузургони адабиётамон, хусусан эҷодиёт ва талошҳои устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Шайх Саъдӣ то Садриддин Айнӣ собит мекунанд. Яъне адиб сарнавиштнигори даврон ва миллати худ аст. Адиб раҳнамо ва пандомӯзи инсонҳост.

***

Магар зиндагӣ ва кору эҷод дар солҳои пурошӯб барои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, баъдтар барои Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар ва Ҷалол Икромиву дигарон осон буд? Магар Бобоҷон Ғафуров бе мамониат таҳқиқҳои худро ба анҷом расонду хидмати бузургу шойистае ба миллат кард?

Сухан аз заҳмати мушкили роҳи эҷодӣ ва ҳадафу масъулияти эҷодкор меравад. Устод Садриддин Айнӣ роҳи осони зиндагӣ ва эҷодро интихоб накард. Вай бо вуҷуди барҷомондагӣ, азобу шиканҷаи сахти ҷисмонии мухолифон барои ҳифзи фарҳанг, исботи ҳастии миллат тамоми хирад ва ақлу заковати худро дареғ надошт. Устод Айнӣ ҳар лаҳза дар арсаи мубориза бо қалам қаҳрамонӣ нишон дод ва барои сарбаландии имрӯзиён роҳ кушод.

Ин хидмати арзандаи онҳо як навъ адои қарзи фарзандӣ буд ва дар китоби зиндагиномаи миллат то ҷовидон сабт гаштааст. Ва, ниҳоят, заҳмату истеъдоди ин ду ҷигарбанди вафодори халқ баҳои сазовор гирифт. Устод Айнӣ ва академик Бобоҷон Ғафуров барҳақ қаҳрамони нахустини Тоҷикистон эътироф гардиданд.

***

Яке аз вазифаҳои муҳими Иттифоқи нависандагон, пирони адабиёт тарбияи насли ҷавони адибон мебошад. Гумон мекунам солҳои охир дар ин бахш кори пурсамар ва назаррасе карда нашуд. Биёед, як бор худ ба худ биандешем. Фардо ба ҷойи шумо кӣ ба майдони адабиёт меояд ва шуҳрату анъанаҳои беш аз ҳазорсоларо нигоҳ медорад?

Ин кори саҳл нест. Метавон садҳо мутахассисони дигар соҳаҳоро бо ҳар роҳ тарбия кард, вале ҷустан ва кашф кардан, тарбия намудани истеъдодҳои арзандаи ҷавон вазифаи Иттифоқи нависандагон ва пирони адабиёт аст. Яъне дар мактабу донишгоҳҳо кори маҳфилҳои адабиро пурзӯр бояд кард. Аз соҳибистеъдодҳо адибони хушсалиқа, ҷасуру ватанпараст тарбия кунем. Ин анъанаи неки устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ашӯр Сафар ва дигарон буд. Мактаби онҳоро бояд идома дод.

***

Наврӯз дар таърихи миллати мо чун ойинаест, ки гирудори аҷнабиёни соҳибқудрат ва сарнавишти халқи ҷафокашидаи тоҷикро таҷассум менамояд. Фарзандони бузурги миллати мо, сарфи назар аз ҳангомаҳои мазҳабӣ ва гирумони меҳробу минбар, дар ҳама давру замон қадру қимати забони шевои модарӣ, суннату ойинҳои наҷиби аҷдодӣ, илму фарҳанги оламгир ва шеъру ҳикмати ибратомӯзро пос дошта, аз насл ба насл расонидаанд.

Ҳатто дар даврони начандон дур, ки як фазои муштараки омезишу баҳамойии миллатҳо боло мегирифт ва расму ойинҳои аҷдодӣ ошкору ниҳон зери таъқиб қарор доштанд, Наврӯз аз ҳама фишору зӯровариҳо гузашта, ҳамчун иди миллӣ зинда монд. Таърих хизматҳои бузурги Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва даҳҳо фарзандони бузурги миллатро, ки дар рӯзҳои сахт суннати Наврӯз ва расму ойинҳои неки аҷдодиро пуштибонӣ кардаанд, бо ҳарфҳои зарии сабт кардааст.

***

Тамоми осори гузаштагони бузурги мо, аз «Авесто» то Рӯдакию Фирдавсӣ, Хайёму Носири Хусрав, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Сайидову Шоҳин, Аҳмади Донишу Айнӣ ва даҳҳо нафари дигарро метавон маҷмӯи меъёрҳои ахлоқи созандагони ҷомеаи адолатпарвар ва инсондӯст номид. Фақат омӯзишу фарогирии ин осор ва арзишҳои маънавиро ба таври ҷиддӣ, бонизом ва муҳимтар аз ҳама, бо дарки масъулияти миллӣ ба роҳ мондан лозим аст.

***

Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бефарҳангӣ хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд.

Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиёти нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангоранг) пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шуҳратёфтаашонро боз ҳам бештар шуҳратманд гардонанд ва дар назари оламиён исбот созанд, ки онҳо ворисони асили Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ мебошанд.

***

Мардонагии фарзандони бузурги халқ Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигар ходимони барҷаста дар саҳифаҳои таърих ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Агар Садриддин Айнӣ барои амалӣ гардидани ҳуқуқи тоҷикон ба доштани ҷумҳурии хеш дар Осиёи Марказӣ мусоидат карда бошад, Бобоҷон Ғафуров мустақилият ва ҳувийяти хоси рушди таърихии тоҷиконро аз замонҳои қадим дар минтақа собит намуд. Ба ин васила ба кӯшиши ҳал кардани тамаддуни тоҷикон дар таркиби таърихи дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна қотеона хотима бахшида шуд.

Ҳамин тариқ, заминаи истиқлолияти миллии тоҷикон, ки дар охири асри XX мукаммал гардид, гузошта шуд.

***

Пос доштани хотираи гузаштагон ва гиромидошти мероси онҳо қарзу вазифаи муқаддаси фарзандии мост. Вале муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо дар бобати ватандорию давлатдорӣ, худшиносиву миллатдӯстӣ аз бурду бохти гузаштагон ва аз таърих сабақи зарурӣ гирифта тавонем. Бинобар ин омӯзиши таърихи давраи Сомониён бо таҷлили ин сана набояд ба охир расад, балки ин ҷашн бояд идомаи таҳқиқу таҳлили мунтазаму муназзами ин давраи муҳими таърихи миллати мо гардад. Зеро тавре ки Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ 60 сол муқаддам хотирнишон карда буд, “тамоми халқи тоҷику форс, дар хусуси он ки баъд аз истилои араб мисли як миллат бо забон, адабиёт ва маданияти худ дар ҷаҳон боқӣ мондаанд, аз Сомониён миннатдоранд ”.

***

Миллатҳои мутамаддин мероси гаронмояи аҷдодони худро на танҳо пос медоранд, балки онро бо арзишҳои нав танӣ мегардонанд. Наслҳои гузаштаи адибону олимони мо, хушбахтона, ҳамин тавр ҳам кардаанд. Вале чунин навовариҳо на ҳамеша самараи дилхоҳ медиҳанд. Масалан, дар солҳои сиюми асри XX нияти неки устод Айнӣ ва ҳаммаслаконаш ҷиҳати содда ва ба фаҳми халқ наздик кардани забони адабӣ бояд танҳо ба осон гардонидани саводомӯзӣ ва ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ ҷалб шудани омма мусоидат мекард.

***

Вақте ки дар бораи фарҳанги навини тоҷикон суҳбат мекунем, аз рӯйи инсоф мешавад агар аз дастовардҳое сухан ба миён орем, ки халқи мо дар замони шомил буданаш ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ба онҳо ноил гардидааст.

Дар он шароити таърихӣ, ки барои миллати мо марҳалаи воқеан сарнавиштсоз маҳсуб мегашту масъалаи ҳастиву нестии миллат ва забону фарҳанги моро ба таври сунъӣ ба харитаи сиёсии тақдирнамо гузошта буданд, боз ҳам аҳли маърифат, зиёиёни шарафманд парчами муборизаро барои ҳастии таърихӣ ва имрӯзу ояндаи миллат, забон, адабиёт ва фарҳанги ӯ ба дасти худ гирифта, дар набарди шадиди зидди душманони миллати тоҷик зафар ёфтанд. “Марши ҳуррият”-и устод Айнӣ тафаккури халқи ҷафокашида ва аз равандҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ дарканормондаи моро бедор карда, дар замони инқилоб ба ташаккули худшиносии миллӣ асос гузошт.

Мақолаҳои оташбори публитсистии ӯ, ки солҳои 1919-1921 дар маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” чоп шуда, ҳуқуқи халқи тоҷикро ба забон, мероси фарҳангӣ, мактабу маорифи миллӣ, матбуоти тоҷикӣ, давлату давлатдорӣ ҳимоя карда, халқро ба омӯзиш ва маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ташвиқ менамуданд, имрӯз низ ба аҳамияти бузурги таърихӣ моликанд.

Корномаи таърихии устод Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” дар замони худ воқеан нақши шиносномаи ҳақиқии халқи тоҷикро бозид, беасосии даъвоҳои бадхоҳони миллати тоҷикро фош намуда, ҳуқуқи таърихии халқи моро ба адабиёти ғаниву оламшумул исбот кард.

Дар солҳои бистуму сиюми асри гузашта, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо душворӣ қомат рост мекард, набзи фарҳангу адабиёт бо набзи пуршиддати ҳаёт баробар ва ҳамоҳанг метапид. Кормандони соҳаи матбуот, адибон ва аҳли фарҳанг бо бунёдкорони ҳаёти нав паҳлу ба паҳлу истода, аз синаи кӯҳ канал мекофтанд, ба биёбонҳои лабташна об мебурданд, чӯлистонро ба гулистон табдил медоданд. Асарҳои бадеиву публитсистии он замон ба бунёдгарони корхонаҳои саноатӣ, роҳу каналҳо, неругоҳҳои барқӣ, фотеҳони даштҳои ташналаб рӯҳу мадор бахшида, онҳоро ба шуҷоату корнамойиҳо ҳидоят менамуданд. Сухан қудрати бузурги созандагӣ касб карда буд. Асарҳои пурарзиши Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Абдусалом Деҳотӣ дар мавзӯъҳои гуногуни сохтмони ҳаёти нав танин андохта, аз садои дил ва маҳсули меҳнати бунёдкоронаи халқи тоҷик ба ҷаҳониён мужда мерасониданд.

***

Ба ҳамагон комилан равшан аст, ки ҳеҷ кишвар ва миллат бе зиёиёни худогоҳ ва ватанпараст ояндаи худро обод карда наметавонад. Таҷрибаи худи мо дар асри бистум собит кард, ки бо вуҷуди мушкилиҳо ва ҳатто фоҷеаҳо, зиёиёни Тоҷикистон фидокориҳо нишон дода, дар кишвар илму маориф, фарҳангу тибби пешрафтаро бунёд карданд. Устодони номӣ, олимони шуҳратманд, шоирону нависандагони машҳур, табибони ҳозиқ, арбобони бузурги театр ва кино, ҳофизони мумтоз ва рӯзноманигорон барои тараққиёти босуръати иқтисод, илм, фарҳанг нақши бузург бозиданд. Имрӯз ва дар оянда низ халқи мо бо номҳои ҷовидонаи устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Султон Умаров, Абдулғанӣ Мирзоев, Аловаддин Баҳоваддинов, Муҳаммад Осимӣ, Муҳаммадқул Нарзиқулов, Ибодулло Нарзиқулов, Зариф Раҷабов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Шоҳназар Соҳибов, Одина Ҳошимов, Акашариф Ҷӯраев, Борис Кимёгаров, Минҳоҷ Ғуломов, Комил Тоҷиев, Маҳмудҷон Воҳидов, Лоиқ Шералӣ ва дигар фарзандони миллатамон, ки ному шуҳраташон аз Тоҷикистон берун рафта, дар тамоми ҷаҳон мавқеъ ва мақоми намоён доштанд, ифтихор мекунад. Сирри маҳбуби тамоми халқ гардидани ин фарзонагони миллат дар он нуҳуфтааст, ки онҳо халқу Ватани худро беҳад дӯст медоштанд, худ аз пайи шуҳрат нагаштанд, балки меҳнати ҳалол ва бедареғ онҳоро ба боргоҳи иззат ва эътибори умумихалқӣ бардошт.

Ман боварии комил дорам, ки зиёиёни имрӯзаи халқи мо низ дорои чунин нангу номуси олии ватандорӣ мебошанд.

***

Исмоили Сомонӣ гуфта буд: “То зиндаам, девори Бухоро манам”. Фикр мекунам, ки ҳар як фарди бедордили Тоҷикистон низ бояд ҳамеша омода бошад, то дар мавриди зарурӣ девор ва ҳимоятгари Ватани соҳибистиқлоли худ гардад.

Ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, ки ба иди бузурги умумихалқӣ табдил ёфт, ба раванди худшиносии миллӣ ва ваҳдати тоҷикон мазмуну мундариҷаи олӣ ва неруи тоза ворид сохт. Ҳамчунин тайи чанд соли охир барпо гардидани ҷашнвораҳо ва бо унвони олитарини Ватан қадрдонӣ шудани шоирон, олимон ва мутафаккирони бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон нишонаи болоравии худшиносии миллӣ, рӯ овардан ба таърихи қадимаи халқи тоҷик ва эҳё гардидани суннатҳои волои аҷдодӣ мебошад.

***

Рисолати азалии зиёиёни тоҷик ҳамин аст ва ман бовар дорам, ки зиёиёни имрӯза низ неруи ақлонии мамлакатамонро афзун мекунанд, ба кашфиёти нодири илмӣ муваффақ мегарданд, асарҳои шойистаи даврон меофаранд, санъатро ривоҷ медиҳанд. Бояд ҳар иқдоми зиёиён бо номи миллату Ватан ва ба хотири шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол шурӯъ гардад. Тимсоли чунин хизмати олӣ ба миллату Ватани хеш осори миллатсозу талошҳои фидокоронаи устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода мебошад, ки бо унвони ифтихории “Қаҳрамони Тоҷикистон” мушарраф гардидаанд.

***

Зиёӣ будан маънои нисбат ба худ серталаб буданро низ дорад. Зиёии ҳақиқӣ дар ҷодаи соҳибмаърифат кардани ҷомеа, баланд бурдани сатҳи шуур ва покизагии ахлоқи мардум бедареғ заҳмат мекашад.

Боз як сабақи таърихиро азхуд кардани зиёиён, ба назарам, хеле муҳим аст. Ин устуворӣ дар мавқеи сиёсӣ, зиракӣ дар шинохти манфиатҳои миллӣ, парвариш ва талқини ҳисси ватанпарастӣ, оштинопазир будан бо ҷаҳолат ва хурофоту таассуб мебошад. Устод Айниро мисол мегирем. Мударриси забардаст буд, динро ба дараҷаи аъло медонист. Китоберо низ бо номи “Заруриёти диния” таълиф карда буд. Вале дар тамоми асарҳояш бо таассубу ҷаҳолат мубориза мебурд. Барои ба давлатҳои бедору пешрафта баробар кардани Ватанаш, то сатҳи миллатҳои мутараққӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқаш фидокорона ҷаҳду талош меварзид.

Воқеаҳои Афғонистон нишон доданд, ки чунин шахсиятҳои бузурги фарҳангӣ ба мисли устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода барои ҳар халқ зарур мебошанд. Таҷрибаи чунин шахсиятҳои бузург барои ба маҷрои дурусти зиндагӣ ва самти солими рушди фарҳангӣ ҳидоят намудани ҷомеа хеле муҳим аст.

***

Боиси ифтихор аст, ки миллати мо дар гузаштаи дур ҳам бузургтарин донишкадаҳо дошт, ки дар оғӯши худ садҳо адибону донишмандони фарзона, аз ҷумла. Рӯдакиву Сино, Хайёму Берунӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Ҷомӣ, Донишу Айниро ба камол расонида, дар рушди илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ мақоми хосса пайдо кардаанд.

***

Пандҳои бузургони мо — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Турсунзода ва дигарон дар саросари олам ба нафъи сулҳ, адолат ва ғояҳои гуманистӣ хизмат менамоянд.

***

Мактаби бузурги шоирие, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо шоирони тавоное чун Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозиву Хоҷа Ҳофиз, Абдулқодири Бедилу Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнию Муъмин Қаноат ва амсоли инҳо аз он мактаб сабақҳо бардоштаанду хоҳанд бардошт.

***

Мехоҳам, ки як чизро гаштаю баргашта таъкид намоям: ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад.

Фарзандони фарзонаи миллат инро амиқ дарк менамуданд ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медоданд, ки шуълаи худшиносии миллиро дар дили ҳаммиллатони худ бедор кунанд. Ба ёд орем сухани миллатсози устод Айниро дар оғози асри XX, ки барқасди ҳама бадхоҳони миллати тоҷик баланд садо дод ва он то ба имрӯз барҳақ хизмати бузург дар назди миллати хеш мебошад.

***

Агар дар аҳди Сомониён дар сари гаҳвораи фарҳангу адабиёти оламшумули мо сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шабзиндадорӣ карда бошад, дар садсолаи бистум, ки масъалаи будан ё набудани миллати тоҷик борҳо дар дастури рӯз қарор дошт, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ба пуштибониву посдории таърих, фарҳанг, забон ва мероси адабӣ, парчаму ойини давлатдорӣ ва ҳаққу ҳуқуқи маънавии миллати тоҷик бархоста, бар зидди фарҳангситезони кӯрботин муборизаи оштинопазир бурданд.

Ин ду фарзанди бузурги миллат бо шоҳасарҳои худ “Намунаи адабиёти тоҷик” ва дертар “Тоҷикон” нақшаҳои шуми бадхоҳон ва душманони миллати тоҷикро бо бурҳону далелҳои қотеъ ва санадҳои раднопазири илмӣ барбод дода, таъриху фарҳанг ва забони ноби тоҷикиро наҷот доданд.

***

Таҷрибаи арзишманди таърихии мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри XX — дар даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти фавқулодат ва ҳаётӣ дошт. Тавре ки таърих собит месозад, дар охири асри XIX ва оғози асри XX миллати тоҷик бинобар омилҳои

зиёд дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт. Асолат ва ҳатто бақои таърихии ӯ таҳти хатари бевосита қарор гирифта буд. Доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор на фақат асолат ва ҳастии таърихи тоҷиконро аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ бадқасдона инкор мекарданд, балки бо ҳамдастӣ ва мусоидати фаъоли як тоифа фарзандони нохалафи халқи мо мекӯшиданд, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати асил ва соҳибватан асири фаромӯшхонаи таърих гардад.

Дар чунин даврони тақдирсоз устод Садриддин Айнӣ вориди саҳнаи пайкори муқаддаси миллӣ шуд. Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шойиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд. Бесабаб нест, ки устод Садриддин Айнӣ нахустин “Қаҳрамони Тоҷикистонии соҳибистиқлол гардид.

***

Душанбе аз рӯзҳои нахустини пойтахт эълон гардиданаш рисолати пойтахтҳои қадимаи миллати тоҷикро ба дӯши худ гирифта, барои ташаккули давлатдорию инкишофи илму фарҳанг ва муттаҳидсозии не- рӯҳои зеҳнию афроди пешбарандаи миллат нақши арзанда бозид. Дар навбати худ ҳамин рисолати таърихии пойтахтро бисёр фарзандони бофазлу дониш ва бонангу номуси миллати тоҷик саривақт дарк карда, аз Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Хуҷанд, водиҳои Зарафшону Бадахшон, Рашту Хатлон ва дигар шаҳрҳо ба Душанбе ҷамъ омадаанд. Ба нодорию қашшоқӣ ва дигар сахтиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ҳама ба мактабу маориф, фарҳангу китоб рӯ оварданд, то ки барои миллати худ хизмат намоянд, давлати хешро эҳё созанд ва пойдевори Душанбеи ҷавонро ниҳода, соҳиби пойтахти нави худ гарданд.

Устод Садриддин Айнӣ бо хираду ҷасорати таърихиаш ба ҳифзи фарҳангу адабиёти куҳанбунёди миллати тоҷик бархоста, дар густариши онҳо дар сафи пеш қарор дошт. Бо ҳидояти ӯ даҳҳо шогирдонаш ба пойтахти навтаъсис кӯч бастанд. Ҳамон солҳо даҳҳо шоирону нависандагон, олимон, овозхонону оҳангсозон ва дар маҷмӯъ зиёиёни зиёде ба пойтахти мамлакат омаданд, то ин ки неруи солим ва пешбарандаи зеҳниву ақлонии онро ташкил дода, ҳамчунин дар маҳви бесаводии мардум саҳми сазовор гузоранд. Пойтахти давлати навини тоҷикон ба макони нашъунамои сиёсатмадорони нав, қаҳрамонони меҳнат, олимони забардасти соҳаҳои табиатшиносию ҷомеашиносӣ, шаҳри дӯстию бародарии миллатҳои гуногун табдил ёфт.

Дар натиҷаи кӯшишу талошҳои назарраси бисёр ходимони давлативу сиёсӣ ва илмиву фарҳангии тоҷик, аз ҷумла, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Чинор Имомов, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва бисёр дигарон ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба маҷрои нави тараққиёт ворид шуд. Душанбе чун пойтахт ба маркази воқеии маъмурӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва илму фарҳанги Тоҷикистон табдил ёфт.

***

Қобили зикр аст, ки фарзандони содиқ ва огоҳи кишварҳои исломӣ, қабл аз ҳама Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, аллома Муҳаммад Иқбол, Маҳмуди Тарзӣ, Садриддин Айнӣ ва даҳҳо дигарон ба манзури бедорӣ, огоҳӣ ва дурнамойи нек талошҳо намудаанд.

***

Ҳар гоҳе дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ — забони модариамон — забони тоҷикиро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Забони зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест, ки бо он “Авастоиро навиштаанд, ҳамон забонест, ки “Худойнамак”-у “Таърихи мулуки Аҷамиро навиштаанд, ҳамон забонест, ки бо такомулу таҳаввулаш дар даврони ислом “Шоҳнома”-ву “Маснавии маънавӣ”-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи Шӯравӣ ба ҳар навъе аз бӯҳрони фарҳангӣ худро ба саломат то истиқлолияти фарҳангиву сиёсӣ расонд ва ҳатто тавонист давоми сарнавишти соҳибашро бо қалами Айниву Турсунзода ва аллома Ғафуров бинависад.

***

Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст.

Модари тоҷик фарзандони фарзонаеро мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилу Сайидо, Аҳмади Дониш, Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Низомулмулк, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ҳазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба дунё овардааст, ки имрӯз ифтихори мо — тоҷикон мебошанд.

***

Мо бояд як далели таърихиро фаромӯш насозем, ки ягон миллати дигари дунё мисли тоҷикон ба таъқибу фишорҳои нажодпарастона ва бузургманишиҳои миллӣ гирифтор нагардида ва аз ҳаводиси миллаткуши таърих ранҷ накашидааст.

Ҳатто дар гузаштаи начандон дур, ҳангоми таъсиси Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон доираҳои миллатгаро кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, ки асолати фарҳангӣ ва ҳастии таърихии миллати тоҷикро инкор намоянд. Дар чунин даврони ҳассос ва тақдирсоз як гурӯҳ зиёиёни ватанпараст бо роҳбарии устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Абдуқодир Муҳиддинов дар саҳнаи пайкори муқаддаси миллӣ муборизаҳои ҷасурона бурданд.

***

Хидмати ҷоннисорона ва миллатдӯстонае, ки устод Садриддин Айнӣ барои нигоҳ доштан ва ривоҷи забону адабиёт, таърихи фарҳангамон ва умуман тарбияи таърихнигорон, рӯзноманигорон, шоирону нависандагон ва арбобони давлати ҷавони тоҷик кардааст, қобили ҳама гуна қадршиносии. Бинобар ин, пешниҳод мекунам, ки аввалин мактаби олии маорифи кишвар, яъне Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айнӣ номгузорӣ шавад.

***

Дар лаҳзаҳои сарнавиштсози Ватан зиёиён бояд мавқеи сиёсии устуворро ишғол намоянд, аз калавандагию бетарафӣ ҳазар кунанд ва ифодагари ормонҳои миллати хеш бошанд. Дар ин маврид ба ёд овардани сухани миллатсози устод Айнӣ — «Намунаи адабиёти тоҷик» кофист, ки мисоли барҷастаи таъсир расондани адабиёт ба равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замон мебошад.

***

Фаромӯш набояд кард, ки замони шӯравӣ як давраи томи таърихи халқи мост ва сарфи назар аз ҳама шебу фарозҳо нодида гирифтани он дастовардҳо, ки дар он давра насиби халқи тоҷик шуданд, ғалати маҳз аст. Ҳаминро ёдовар шудан кофист, ки заминаи давлатдории миллии тоҷикон баъд аз ҳазор сол маҳз дар ҳамон давра ташаккул ёфта буд. Агар ба таърих назар афканем, пас хоҳем дид, ки он давра чи сон пурфоҷиа будааст ва мухолифини ба вуҷуд омадани давлати миллии тоҷикон чи қадар фишорҳо овардаанд.

Маҳз дар ҳамин давра ҷунбиши миллие ба миён омад, ки бо номи Садриддин Айнӣ ва дигар фарзандони миллатдӯсти тоҷик алоқаманд аст, ки онро метавон ҳаракати шуубияи даврони шӯравӣ номид. Минбаъд байрақбардорони ин ҷунбиш Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Аловаддин Баҳоваддинов, Абдулғанӣ Мирзоев ва дигарон шуданд, ки ба раванди худшиносии миллӣ такони нав бахшиданд. Онҳо чун саромадони бузурги ҳаракати шуубия дар замони худ дар шароити нави таърихӣ барои маҳфуз доштан ва рушди фарҳанг ва суннатҳои миллӣ фидокорона талошҳо карданд.

Мақсади асосии ин ҳаракати бедорӣ ва созандагии миллӣ ҳифзи мавҷудияти миллат ва фарҳанги он баҳри оянда буд, ки ин марому мақсад дар замони муосири ҷаҳонишавӣ аҳамияти махсус касб менамояд.

***

Устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр ва фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст. Баробари таъсис ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо тамоми ҳастиаш ба он пайваст ва барои рушди забону адабиёт, илму маориф ва фарҳанги халқи тоҷик хизмати беназир кард. Мирзо Турсунзода аз он айёми тақдирсоз ёдовар шуда, чунин нигоштааст:

Худи устод машъал шуд, алав шуд,
Чароғи мардуми дунёи нав шуд.

Ман рисолати зиёиёни имрӯзаро маҳз дар ҳамин мебинам: чароғи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол будан. Бо назардошти чунин мақоми баланди зиёиён дар ҷомеа бори дигар метавон таъкид сохт, ки онҳо воқеан хазинаи тиллоии миллат ва гули сари сабади ҷомеа мебошанд.

***

Адабиёт дар ҳақиқат ойинаи зиндагӣ аст ва шоирону нависандагони кишвар бояд ба муҳимтарин воқеаҳо ва рӯйдодҳои тақдирсози ҳаёти кишвар, бунёдкориву сохтмонҳои азими аср ва таҳаввулоту дигаргуниҳои зиндагии ҷомеаи мо ҳамовоз гашта, онҳоро дар асарҳои худ ҳақиқатнигорона тасвир намоянд. Ҳар як кишвари олам ҳамеша дар талоши он аст, ки бо қадамҳои устувор пеш равад ва рушд намояд. Имрӯз ҳаёт нишон медиҳад, ки иҷрои ин мақсади наҷиб аз бисёр ҷиҳат ба рушди илм, мактабу маориф ва технологияи муосир вобаста аст. Зеро рушди илм ва мактабу маориф воситаи муҳимтарин ва тавонои болоравии тафаккур, донишу маърифат, ҷаҳонбинӣ ва баҳра гирифтан аз ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ ва илми замонавӣ мебошад. Ҳанӯз устод Садриддин Айнӣ бо дарки амиқи ин масъала мардумро ба савод ва дониш андухтан даъват мекард ва худ дар сафи аввали маорифпарварони замонаш қарор дошт. Устод бо рағбати зиёд китобҳои дарсӣ менавишт ва солҳои 1919-1920 дар саҳифаҳои матбуот як силсила мақолаҳо мунташир намуда, таваҷҷуҳи мардумро ҳарчи бештар ба мактабу маориф ҷалб месохт. Ӯ мактаб ва маорифро ҳаёту мамоти халқи тоҷик медонист ва бо далелҳо собит менамуд, ки «қавми беилм имрӯз ё фардо маҳкуми завол» мебошад. Устод Айнӣ ҳанӯз соли 1920 ба хотири пешрафти мардум, бедории тафаккури ҷомеа ва худшиносиву худогоҳии наслҳо навишта буд: «Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо иззату обрӯй хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба ибораи кӯтоҳ — агар мо ҳаёт хоҳем, моро лозим аст, ки ҳарчи пештар ва бештар ба шоҳроҳи маориф қадам гузорем».

***

Маҳз давраи Сомониён буд, ки адабу фарҳанги ҷаҳоншумул ва забони ноби тоҷикии форсӣ чун дурри гаронбаҳо то имрӯз бар ҷабини таърих ва тамаддуни башарӣ медурахшад, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшонро тақдими ҷомеаи инсонӣ менамояд. Донишмандони тавоное чун устод Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Евгений Бертелс борҳо изҳор доштаанд, ки агар Сомониёни хирадпарвару фарҳангдӯст ба арсаи сиёсат ва давлат намеомаданд, имрӯз сарзамини тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон қаламрави нажоду забони аҷнабиён ба шумор мерафтанд ва адабу фарҳанги ҷаҳоншумули мо чун ғунча лаб во накарда, пажмурда мегашт ва ба боди хазон мерафт. Аз ин рӯ, метавон бо итминони комил гуфт, ки Сомониён илму фарҳанг, забон ва китобу назми тоҷикиро мақоми хосса бахшиданд ва ин омилҳо боиси ҳастии миллат ва пойдории он гардиданд.

***

Агар мо нақши бузурги китобро дар ҳаёти сиёсӣ ва давлативу иҷтимоӣ равшантар донистан хоҳем, бояд бори дигар асари безаволи устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷикиро ба хотир оварем. Дар он давраи ҳассос ва қисматсоз (соли 1926) устод Айнӣ дар кӯтоҳтарин муддат китоби «Намунаи адабиёти тоҷикиро ба майдон овард, даъвоҳои ғаразноки нотавонбинонро фош сохт, ҳуқуқи маънавии халқи тоҷикро ба таърихи куҳан, ба забон ва адабиёти оламшумулаш исбот ва таъмин намуд.

***

Ёдовар шудан кофист, ки тамаддуни мардуми ориёинажод, мероси маънавии аҷдоди фарҳанғсозу фарҳангпарварӣ мо яке аз пояҳои тамаддуни ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Мо бояд аз ин ифтихор кунем ва ҳамеша саъю талош намоем, ки пайравони сазовор ва ворисони арзандаи абармардони миллатамон бошем ва чароғи илму маърифатро ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо бузургдошти шахсиятҳои муътабари таърихӣ, чеҳраҳои барҷастаи сиёсӣ, илму адаб ва фарҳангу маърифат, аз ҷумла, Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Имоми Аъзам, Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзодаро, ки дар давраҳои гуногун дар ташаккули тамаддун ва давлатсозии мо саҳми арзишманд гузоштаанд, бо шукӯҳи хосса ва муҳтавои тоза таҷлил намудем.

***

Дар робита ба нақшу мавқеи матбуот яке аз аввалин рӯзноманигорон ва саромадони матбуоти тоҷик устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз дар ибтидои асри гузашта чунин гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». Бо назардошти ин рисолати матбуот аҳли қалами тоҷик 11-уми марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои Шариф» чоп карданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар сад соли гузашта маҳсуб мешавад.

***

Барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки бо фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳм гирифтанд. Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст. Дар як мақолааш устод Айнӣ таъкид намудааст: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад». Ин суханони воқеан пурарзиш ва ин панди устод барои ҳамаи мо ва хусусан барои аҳли қалам ва рӯзноманигорон сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд.

***

Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва қадр кардани заҳмати дарвоқеъ душвори рӯзноманигорон як силсила тадбирҳои судманд амалӣ карда шаванд. Масалан, таъсис додани Ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ метавонад аз қабили ҳамин гуна тадбирҳо бошад. Ин ҷоиза бояд ба рӯзноманигороне супорида шавад, ки фаъолияти онҳо ба таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодии давлат ва пешрафти маънавии ҷомеа, густариши арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон мусоидат менамояд.

Фикр мекунам, ки ин тадбир минбаъд обрӯйи воситаҳои ахбори омма, эътибори сухан ва суханвар, масъулияти ӯро дар назди халқу Ватани азизи мо боз ҳам баланд мебардорад.

***

Дар фарҷом мехоҳам боз аз як мақолаи устод Садриддин Айнӣ ёдовар шавам. Ин мақола чунин ном дорад: «Кори Тоҷикистон гул карданист!». Дар пайравии устод ман гуфтанӣ ҳастам: — Бале, кори Тоҷикистон гул карданист, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дурахшон аст! Мо ҳатман ба ҳадафҳои милливу стратегии худ баҳри рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ноил хоҳем шуд.

Бозгашт ба мундариҷа

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.