Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 9


Боби IX.
Сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро (августи соли 1920 — апрели соли 1921)

§ 1. Сарнагун намудани тартиботи амирии Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ)

Омода намудани қисмҳои аскарони сурх барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро

Тобистони соли 1920 назди фармондеҳи фронти Туркистон М. В. Фрунзе масъалаи Бухоро кӯндаланг меистод. Зеро, он лаҳза сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро — вазифаи навбатии Ҳокимияти Шӯравии Русия ба ҳисоб мерафт. Чунин сиёсатро муқобилони тартиботи амирӣ бо он асоснок мекарданд: аморати Бухоро дар самти ҷануб такягоҳ ва макони асосии қувваҳои зиддишӯравӣ гардидааст. Бо ҳамин сабаб, мувофиқи фармони М.В. Фрунзе, қисмҳои аз муҳорибаҳо озодгардидаи аскарони фронти Туркистон пайиҳам дар нуқтаҳои асосии аморат ҷойгир карда шуданд.
Бояд ба инобат гирифт, ки ҳамон лаҳза сиёсати берунии нисбат ба ҳукумати амирии Бухоро пеш гирифтаи Давлати Шӯравӣ низ хайрхоҳона набуд. Барои равшании ин масъала маърузаи ҷонишини комиссари корҳои хориҷии Федератсияи Русия (ҶФШСР) Л. М. Карахан ба номи В. И. Ленин менигарем. Онро дар ҳамон лаҳза Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия аз ҳар ҷиҳат муҳокима намуда, пурра маъқул шуморида буд. Дар он маъруза маркази қувваҳои зиддишӯравӣ гардидани Бухоро, сиёсати зиддимардумии онро бори дигар нишон дода, таъкид намуда; ки «Сиёсати мо… то ҳанӯз ягон натиҷае надоданд — Бухоро на бо мо, балки муқобили мост. Бинобар ин мо пурра бо андешаи Турккомиссия, намояндагиамон дар Тошканд, розӣ шуда пешниҳод менамоем, ки амирро сарнагун намуда, ба сари ҳокимият ҷавонбухороиёнро (ҳоло коммунистонро) гузошта Бухороро демократӣ эълон намоянд.
Ин дар муддати якчанд моҳ, дар натиҷаи табаддулоти дохилӣ дар Бухоро ва дастгирӣ аз сарзамини мо, ба воситаи отрядҳои бухороии аз ҳисоби гурезагони зиёди худи қӯшунҳои амир ташкилёфта имконпазир аст. Баъди ташкил гардидани ҳукумати нав мо метавонем қӯшунҳои худро барои муҳофизати роҳи оҳан ва сарҳад дарорем»1.
Яъне аз ин навиштаҷотҳои Л. М. Карахан чунин бармеояд, ки он лаҳза дар комиссариати корҳои хориҷии Русияи шӯравӣ ба аҳволи дохилии худи Бухоро аз будаш хеле зиёда баҳо додаанду тақдири ҳукумати амириро бо ҳаракати онҳо ва кӯмаки худи бухороиёни дар кишвари Туркистон машқи ҷангӣ дидаистода ҳал карданӣ буданд. Он лаҳзаҳо ин ҳама бояд бе иштироки қисмҳои аскарони сурхи Русияи шӯравӣ амалӣ мегардид.
Аммо мавқеи Турккомиссия ва пеш аз ҳам сарвари фронти Туркистон — М. В. Фрунзе дар ҳалли масъалаи Бухоро тамоман дигар буд. Онҳо дар ин масъала бештар ба қувваи аскарони сурх боварӣ доштанд. Амири Бухоро Олимхонро бошад махсусан дар маҳаллаҳои руснишини аморат — Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав ҷойгир намудани қисмҳои аскарони сурх ба воҳима гузошт. Зеро сарбозон ва навкарони аксаран машқи ҷангӣ надидаи ӯ, ки тахминан ба 13 ҳазор нафар мерасид, ба қисмҳои 70 ҳазорнафараи аскарони сурхи дар майдонҳои ҷангӣ ба хубӣ обутобёфтаи фронти Туркистон муқобил истода наметавонистанд.2
Сиёсатмадорони Шӯравиро якравии амир зиёда ба ташвиш. гузошта буд. Ҳамоно Олимхон бо душманони шӯравӣ буд. Аз ин рӯ ҳар се вохӯриҳои сарвари фронти Туркистон М. В. Фрунзе бо амир бенатиҷа анҷом ёфтанд. Дар ин вохӯриҳо М. В. Фрунзе аз ҳукумати амирӣ, дар баробари беҳтар намудани муносибат бо давлати Шӯравӣ, талаб кард, ки қисмҳои аскарони сурхи дар Бухорои Нав, Қаршӣ, Каркӣ, Чорҷӯйи Нав ва Тирмиз бударо бо хӯрокворӣ таъмин намуда, хати телеграфро барқарор намояд. Аммо ба ивази ин ҳама М.В. Фрунзе ҳеҷ чизро пешниҳод намекард. Амир бошад, талаб мекард, ки аз тамоми нуқтаҳои номбурда қисмҳои аскарони сурх бароварда шаванд.3 Инак, тобистони соли 1920 дар муносибати байни ҳукумати амирии Бухоро ва Ҳокимияти Шӯравӣ каме беҳтаршавӣ ба вуҷуд омад, Аниқтараш ҳукумати амирӣ маҷбур шуд, ки нисбат ба Ҳокимияти Шӯравӣ муносибаташро беҳтар намояд. Зеро, то ин вақт ба қувваҳои зиддишӯравии дохили Русия ва империалистони хориҷӣ боварии калон дошт. Акнун, ҳамаи он умедҳо барбод рафтанд, қувваҳои зиддишӯравӣ шикаст хӯрданд. Давлати Шӯравӣ бошад, бар хилофи чашмдошти амир Олимхон ва дигар ҳамфикрони ӯ рӯз аз рӯз пурқувват мегардид. Илова бар ҳамаи ин қисмҳои аскарони сурх аллакай дар хоки Бухоро мавқеъ гирифта буданд.
8 июни соли 1920 амир Олимхон комиссари корҳои хориҷии Федератсияи Русия Г. В. Чичеринро хабардор намуд, ки барои ба Москва фиристодани ҳайати сафирони худ тайёр аст. Вале чунин кӯшиши ҳукумати амирӣ боиси норозигии сарварони ҳизби коммунистии Бухоро ва сарварони фронти Туркистон гардид. Зеро, дар ин вақт, дар рӯзнома аллакай масъалаи сарнагун намудани тартиботи амирӣ меистод. Бо ҳукумати амирӣ муносибати муътадилро ҷорӣ намудан бошад иҷрои ин масъаларо ба таъхир мегузошт.
2 июли соли 1920 аз Бухоро ба сӯйи Москва ҳайати намояндагии амир (сафорати фавқулода) раҳсипор гардиданд. Худи ҳамон рӯз, баробари гусели он ҳайат дар Бухорои Нав (Когон), дар он биноҳое, ки танҳо ба ҳукумати амирии Бухоро тааллуқ доштанд, аз он ҷумла резидентсияи худи амир, бе розигии ҳукумати амирӣ, қисмҳои сурх ҷойгир карда шуданд. Сабаби ин иғво чандон равшан набуд. Гуфтушунидҳои дипломатӣ онро ҳал карда натавонист.
Иғвои 2 июл қувваҳои зиддишӯравии Бухороро ба ҳаракат даровард. Бо талаби онҳо амир 7 июл ба фатвое имзо гузошт, ки дар асоси он, баҳри муҳофизати дини ислом ва шариат, ҳамаи мусулмонон ба муқобили Давлати Шӯравӣ ба ҷанги муқаддас даъват карда мешуд.
Фармондеҳи фронти Туркистон воқеоти дар Бухорои Нав (Когон) содиршударо ба Москва аз будаш зиёдтар ва ба манфиати худ шарҳ дода розигии сарварони ҳарбию ҳизбии Федератсияи Русияро барои оғози ҳуҷум ба Бухоро пурсид.
Дар худи ҳамин моҳ бо ташаббуси Турккомиссия, барои тайёр намудани инқилоби Бухоро Бюрои ҳарбии инқилобӣ ташкил карда шуд. Ба ҳайати он раиси КМ ҲК Бухоро Н. Ҳусаинов, раиси бюрои марказии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ — Ф. Хоҷаев ва дигарон дохил шуданд. 30 июл дар маҷлиси бюро масъалаи дар шакли коалитсионӣ ташкил додани органи олии ҳукумати инқилобии Бухоро — Кумитаи Муваққатии инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқӣ, ҳар кадом дорои 9 нафарӣ аъзо (аз ҷумла 6 нафарӣ аз ҲК Бухоро аз 3 нафари аз ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ) дида шуд. Ба вазифаи раиси Кумитаи Муваққатии инқилобии Умумибухороӣ коммунист — Аҳмадҷон Абдусаидов (Ҳамдӣ) ва ба раиси Шӯрои Нозирони Халқӣ Ф. Хоҷаев тавсия гардиданд. 10 август ин масъаларо бори дигар дар маҷлиси якҷояи Турккомиссия, КМ ҲК Бухоро ва бюрои марказии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ дида, маъқул шумориданд.
10 август Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия низ ҷавобан ба хоҳиши фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе оиди масъалаи Бухоро, ба Шӯрои ҳарбии фронт дастур дод, ки мувофиқи он бо мақсади «муҳофизати раияти рус ва маъмурияти давлати рус» метавонистанд дар маҳаллаҳои руснишини аморат ва дар мулкҳои ҳамсарҳади Бухоро қувваҳои зиёди ҳарбиро ҷойгир намоянд.
Баъди ду рӯзи тавсияи Бюрои сиёсии ҲК(б) Русия ва ташкили Кумитаи Муваққатии инқилобии Умумибухороию Шӯрои Нозирони Халқи Бухоро, яъне 12 август, соати 11.15 фармондеҳи фронти Туркистон М.Ф. Фрунзе иборат аз 14 банд, таҳти рақами 3504 «Дастур ба қӯшунҳои фронт оиди инқилоби Бухоро»-ро имзо кард. Мувофиқи он қисмҳои асосии ба муқобили сохти амирӣ нигарондашудаи аскарони сурх дар муддати кӯтоҳ аз 12 то 17 август, баробари ҷойгир намудани онҳо дар нуқтаҳои муайяншуда, бояд пурра омодаи ҷанг мегардиданд.
23 августи соли 1920 дар деҳаи Шакарбозор (каме дуртар аз Чорҷӯй) «шӯриш» ба амал омад. Аз эҳтимол дур нест, ки он бо супориши М.В. Фрунзе ташкил гардидааст. Дар он отряди туркманӣ бо сарварии Бешим Сардор иштирок кардаанд. Ҳангоми задухӯрд 36 нафар амалдор ва сарбозони амир ҳалок гардидаанд. «Шӯришгарон» деҳаро ба даст дароварда, дар он ҷо Ҳокимияти Шӯравиро эълон карданд. Вале ба дастгирии он «шӯриш» на дар худи Чорҷӯйи Куҳна ва на дар дигар деҳаҳои атрофи он ягон ҷунбише ба вуҷуд наомад. Чунин хомӯшӣ М.В. Фрунзе ва коммунистону ҷавонбухороиёни инқилобчиро водор намуд, ки мардуми Бухоро ҳанӯз барои мубориза ба муқобили тартиботи амирӣ тайёр нестанд.
25 август маркази ҳарбӣ ташкил карда шуд, ки ба он намояндагон: аз Турккомиссия ва бюрои Туркистонии КМ ҲК(б) Русия — В. В. Куйбышев, аз ҲК Бухоро Н. Ҳусаинов ва аз бюрои марказии ҷавонбухороиёни инқилобчӣ — Ф. Хоҷаев дохил шуданд. Ин марказ бояд аз 28 август сар карда ба муқобили амир ва ҳукумати он сарварии «шӯриши умумихалқии оммаи меҳнаткашон»-ро ба уҳдаи худ мегирифт. Аммо амалан, дар рафти амалиётҳои ҷангии муқобили сохти амирии Бухоро, ин марказ ҳеҷ коре накард. Зеро худи «шӯриши умумихалқии оммаи меҳнаткашон» ба вуҷуд наомад.
25 август, соати 13.00 бо имзои фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ва аъзои Шӯрои ҳарбии фронт В.В. Куйбышев, таҳти рақами 3667 «Дастур ба аскарони фронт барои расонидани кӯмак ба меҳнаткашони шӯришбардоштаи Бухоро» бароварда шуд, ки он аз ҷиҳати моҳият нақшаи асосии сарнагун намудани ҳукумати амирии Бухоро буда, дар қатори дастури рақами 3504 (аз 12 август) аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Инак, махсусан муҳими ин дастурро ба инобат гирифта онро ин ҷо пурратар ҷой медиҳем.
Дастури тоза (яъне рақами 3667) бо суханҳои зерин сар мешуд:
«Мардуми Бухоро, ки асрҳо боз аз тарафи амир, амалдорони шаҳватпараст ва дороён истисмор карда мешуд, байрақи мубориза ва озодиро бардошта ба муқобили истисморгарони худ ба шӯриш бархестаанд». Вале дар асл, чуноне аллакай таъкид кардем, он лаҳзаҳо ба ғайр аз «шӯриши» деҳаи Шакарбозор дар дигар маҳаллаҳо ақаллан ягон ҷунбиши зиддиамирӣ ба вуҷуд наомад. Аз эҳтимол дур нест, ки фармондеҳи фронт ҳамин ҳолатро ба инобат гирифта, дар асоси ин дастур дар назди қисмҳои аскарони сурх вазифаҳои аниқ мегузорад. Чунонки дар дастур таъкид шудааст: Дар муборизаи мардуми Бухоро бо мутлақияти мустабидаи амирӣ, барои расонидани кӯмаки бародаронаи инқилобӣ ва баҳри иҷрои дастури худ аз 12 август, таҳти рақами 3504 фармон медиҳам:
1. Тамоми отрядҳо ва қисмҳои гурӯҳи Бухорою Самарқандӣ то шаби 28 августи соли ҷорӣ тайёрии ҳарбиро ба итмом расонида, шаби аз 28 — ба 29 август ҳаракати фаъолонаро сар кунанд.
2. Фармондеҳи отряди чорҷӯйӣ рафиқ Никитин бояд қисмҳои зиёди қувваи рафиқ Қулмуҳаммадовро ба Чорҷӯйи Куҳна фиристад ва он аз соати 4-и саҳарии 29 август дер намонда, бо имдоди шӯриши мардуми яроқнок шаҳрро ишғол намояд. Баъди он, дар Чорҷӯйи Куҳна гарнизони заруриро гузошта, рафиқ Қулмуҳаммадов қувваҳои савораи худро ба сӯйи Норазм ва Бурдалик гардонад ва бо ишғоли он нуқтаҳо роҳҳои аз сӯйи Бухорои Куҳна ба сӯйи Каркӣ ва Тирмиз мавҷударо ба зери назорати қатъӣ гиранд, то ин ки ҳангоми кӯшиши ба сӯйи Афғонистон гурехтани амир ва аъзоёни ҳукумати куҳнаи Бухоро онҳоро дастгир намоянд.
3. Рафиқ Никитин баробари шунидани хабари ишғол гардидани Чорҷӯйи Куҳна қисмҳои боқимондаи рафиқ Қулмуҳаммадовро (қисмҳои пиёда ва савора) бо ҳимояи дивизиони савора, пиёдагард ва артиллерияи мо барои забти Қарокӯл равона кунад ва дар он ҷо назорати роҳи оҳанро то истгоҳи Яккатут ба уҳда гирад. Вазифаи махсус — имконияти гузаштан надодан ба амир ва ҳукумати ӯ.
Вазифаи умумии гурӯҳи чорҷӯйӣ — ин кӯмак расонидан барои барпо намудани ҳокимияти инқилобӣ дар ноҳияҳои қад-қади дарёи Аму, аз сарҳади Хева то Тирмиз.
4. Фармондеҳи гурӯҳи когонӣ рафиқ Белов, баробари шунидани хабари табаддулоти инқилобӣ дар Чорҷӯйи Куҳна, бо зудӣ қисмҳоро ба сӯйи Бухорои Куҳна ва Ситораи Моҳи Хоса равона кунад ва дар он ҷо бо зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда тамоми қувваҳои ҳукумати Бухорои Куҳнаро маҳв сохта, нагузоранд, ки душман барои муқобилият имконияти ҷамъ намудани қувваи навро пайдо кунад. Дар ҷанг чораҳои пурраи маҳв сохтани қувваи душман андешида шавад. Барои ин бо мақсади аз ҷиҳати маънавӣ маҳв сохтани душман аз тамоми қувваҳои ҷангии воҳиманок истифода гардад, то ин ки онро аз ҳар хел муқобилият кардан маҳрум созад. Оиди дастгир намудани амир ва ҳукумати ӯ вазифаи махсус гузошта мешавад. Яке аз поездҳои зиреҳпӯши (рақами 28) пуриқтидортарин дар хати Бухорои Куҳна истифода карда шавад. Дар ҳайати эскадрилияи ҷангӣ аз отряди ҳавоӣ баробари бомбапартоӣ, аз пулемёт паррондан ва назорат кардан аз қафои душман ба тарзи васеътар истифода карда шавад. Аппаратҳо то соати 6-и саҳарии 29 август дар Когон ҳозир карда шуда ба ихтиёри фармондеҳи гурӯҳи Бухорою Самарқандӣ рафиқ Коновалов супорида шавад.
5. Фармондеҳи отряди каттақӯрғонӣ бо ҳуҷуми якҷояи қисмҳои сурхи Бухоро ва полки 2-юми савораи интернатсионалистӣ саҳарии 29 август Хатирчӣ ва Зиёуддинро гирад.
6. Фармондеҳи отряди самарқандӣ рафиқ Шветсов шаби ба 29 август қисмҳои отрядро пинҳонӣ аз душман, бе ягон амалиёти ҷангӣ, дар нуқтаи муайяни мувофиқ омода созад. Аз саҳарии 29 август дар Китоб, Шаҳрисабз ба ҳуҷуми қатъӣ гузашта, қӯшунҳои амирпарастонро маҳв намуда, дарёи Қашқадарёро то Ғузору Қаршӣ ба даст дарорад.
7. Фармондеҳи полки 7-уми тирандозӣ рафиқ Авров мувофиқи супориши махсуси рафиқ Белов амал карда, ноҳияҳои Қаршӣ, Ғузорро гирад ва барои ба сӯйи Шерободу бекигариҳои Бухорои Шарқӣ рафтани аскарони боқимондаи беки Шаҳрисабз имконият надиҳад….
9. Қувваҳои эҳтиётии ман: полки 6-уми тирандозии туркистонӣ ва полки 3-юми алоҳидаи савора бо штаби бригадаи алоҳидаи савора дар нуқтаҳои муайян интизори супориши махсус бошанд.
Дар аввали амалиётҳои ҷангӣ ман бо штаби саҳроии худ дар Самарқанд мешавам.
10. Кӯчонидани қисмҳои ҳарбӣ мувофиқи нақшаи сарвари таъминоти ҳарбӣ ба тарзе гузаронида шавад, ки он ҳама бояд аз соати 6-и саҳарии 29 август дер намонда ба охир расад. Боқимонда аз рӯйи фармони рақами 3504 амал кунанд.
11. Фармондеҳони ҳамаи отрядҳо ва қисмҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки тамоми муваффақияти амалиёт аз чолокӣ ва қатъият вобастагӣ дорад. Пеш аз ҳуҷум мақсади онро ба тамоми аскарони сурх фаҳмонида, аз ҳар кадоми онҳо иҷрои қарзи инқилобӣ талаб карда шавад.
Ба фармондеҳон ва комиссарон ҷавобгарии махсуси роҳ надодан ба худсарию беадолатӣ нисбати мардуми осойишта, ки ба имдодашон пилкҳои сурх омадаанд, гузошта шавад.
12. Хабари гирифтагии ин фармон ва омӯхтани он фавран расонда шавад.89
Ҳамин тавр ин ҳуҷҷати муҳим аз он шаҳодат медиҳад, ки фармондеҳи фронти Туркистон пешакӣ, ҳанӯз 25 август муҳлати оғози амалиёти ҷангиро барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро муайян намуда, сарварии умумии он амалиётро пурра ба уҳдаи худ гирифта буд. Ба воситаи бомбапартоӣ вайрон намудани шаҳри бостонии Бухоро ҳам амри тасодуфӣ набуда, балки нақшаи пешакӣ ба ҳисоб мерафт.
Аҷибаш он аст, ки баъди 3 соату 40 дақиқаи имзои ин дастур, ки бо он фармондеҳони қисмҳои алоҳидаи фронт барои гузаронидани амалиёти ҷангӣ аллакай вазифадор карда шуда буданд, яъне соати 16.40 фармондеҳи фронти Туркистон М. В. Фрунзе ба сарфармондеҳи олии Федератсияи Русия маърузаро «Дар бораи шиддат гирифтани вазъият дар Туркистон» фиристод. Дар он ӯ вазъи Бухороро тасвир намуда, аз ҷумла қайд намудааст, ки «имконияти ҳалли масъала аллакай аз даст рафтааст. Ҳангоми кашолкории минбаъда, дар вазъи умумии носолим, хатари ба вуҷуд омадани мураккабиҳои фавқулода мешавад».
Инак, 27 август, дер бошад ҳам, М.В. Фрунзе барои сар кардани ҳуҷум ба муқобили ҳукумати амирии Бухоро розигии сарфармондеҳи олии Федератсияи Русияро низ гирифт. Зеро, аз баҳори соли 1919 сар карда сарфармондеҳи олӣ ба сарварони аскарони сурх барои дахолат ба масъалаи Бухоро розигӣ намедод. Акнун бошад, фармондеҳи фронти Туркистон — М. В. Фрунзе аз сарфармондеҳи олӣ чунин ҷавоб гирифт: «Ба муқобили қӯшунҳои Бухоро мувофиқи вазъият амал кунед».
28 август бо фармони таъҷилии штаби фронти Туркистон барои гузаронидани «Амалиёти Бухоро» се гурӯҳи зерини асосӣ ташкил карда шуд, ки ба онҳо бевосита худи М. В. Фрунзе сарварӣ мекард:
1. Гурӯҳи Чорҷӯйӣ, дар ҳайати: полкҳои 5-ум ва 8-ум, ду отрядҳои мусулмонии миқдорашон то 250-300 нафарӣ, батареяҳои 2-юм ва 3-юми полки савораи 16-ум, ҳамаи қисмҳои махсус ва мактаби техникии штаби бригадаи 3-юми дивизияи 1-уми тирандозии Туркистонӣ, инчунин отрядҳое, ки дар қалъаҳои Каркӣ ва Тирмиз воқеанд. Сарвари гурӯҳ Никитин таъин гардид. Штаби гурӯҳ ва шуъбаи сиёсии он дар Чорҷӯйи Нав ҷой гирифта буд.
2. Гурӯҳи Когонӣ, дар ҳайати: полкҳои 10-ум ва 12-уми тирандозии тоторӣ, полки 1-уми савора, полки 1-уми алоҳидаи шарқии мусулмонӣ, полки алоҳидаи таъиноти махсуси тирандозӣ, штаби фронт, полки 4-уми савора, поездҳои зиреҳпӯш ва вагонҳои болокушоди бедевор бо 3 тӯпи дурзанандаи баҳрӣ (сохти англисӣ, ки ҳангоми муҳориба дар Моварои Каспӣ аз англисҳо ғанимат гирифтаанд), отряди зиреҳпӯши рақами 53, поезди зиреҳпӯши рақами 28, се машинаи батареяҳои 5-3, 1-6, як аэростати басташаванда ва дигар қисмҳои хурд. Штаб ва шуъбаи сиёсии гурӯҳ дар Бухорои Нав (Когон) ҷойгир мешуд. Сарварии гурӯҳ ба уҳдаи Белов гузошта шуда буд.
3. Гурӯҳи Самарқандӣ, дар ҳайати: дивизиони 1-уми савора (бригадаи 3-юми савора), батареяи савораи кӯҳгард, қисмҳои мусулмонӣ, ротаи инженерӣ. Аз ҷиҳати оперативӣ ба ин гурӯҳ инчунин полки 7-уми тирандозӣ, ки дар истгоҳи роҳи оҳани Қаршӣ меистод ва батареяи 3-юм аз бригадаи 3-юми дивизияи 1- уми Туркистонӣ низ итоат мекарданд. Ба гурӯҳ Коновалов ва Шветсов сарварӣ мекарданд.90
Ҳамин тавр, то рӯзи 28 август тамоми чорабиниҳои ба маъракаи ҷангии муқобили ҳукумати амирии Бухоро омода гардонидани қисмҳои аскарони сурхи фронти Туркистонӣ ба охир расид. Акнун қисмҳои алоҳидаи фронт бояд супориши фармондеҳи фронтро, ки дар дастури ишорашудаи рақами 3667 (аз 25 августи ҳамон сол) муайян шудааст, иҷро намоянд. Мувофиқи он сарнагун намудани сохти амирӣ бояд аз ҳуҷум ба муқобили бекигарии Чорҷӯй, аниқтараш аз ҳуҷум ба шаҳри Чорҷӯйи Куҳна оғоз мешуд.

Забти Чорҷӯйи Кӯҳна ва Қарокӯл

Амалиёти ҳарбӣ барои фатҳи Чорҷӯйи Куҳна мувофиқи нақша бояд шаби аз 28-ум ба 29 август ба вуқӯъ омада, то соати 4.00-и саҳарии 29-ум иҷро мегардид. Иҷрои ин амалиёт вазифаи гурӯҳи Чорҷӯйӣ ба ҳисоб равад ҳам вале мувофиқи нақшаи аниқ он ба уҳдаи отряди Қулмуҳаммадов гузошта шуда буд. Ин отряд, ки асосан аз ҳисоби ӯзбекзабонони бекигарии Чорҷӯй ташкил ёфта буд, ҳангоми амалиёт бояд ба қувваҳои инқилобии дохили худи Чорҷӯйи Куҳна такя мекард.
Ҳуҷҷатҳои тоза гувоҳӣ медиҳанд, ки дар сурати дуруст истифода бурдани нақшаи боло ҳатто танҳо қувваи дар ихтиёри Қулмуҳаммадов буда (чуноне дар боло ишора кардем – миқдори он аз рӯйи маълумоти якум 500 нафар, аз рӯйи маълумоти дигар 250-300 нафар) барои сарнагун намудани ҳокимияти бекии Чорҷӯй кифоягӣ мекард. Зеро, мувофиқи маълумотҳои ба даст даровардаи разведкаи штаби фронти Туркистон дар қалъаи Чорҷӯйи Куҳна, дар ихтиёри бек ҳамагӣ то 260 нафар аскарони мусаллаҳ бо 2 тӯп будаанду халос. Вале ҳалли масъалаи Чорҷӯй ранги дигар гирифт.
Пеш аз оғози фатҳи Чорҷӯй, — ба хотир меоварад яке аз иштирокчиёни фаъоли он амалиёт Н. Д. Ратников, фармон дода шуда буд, ки шаҳри Чорҷӯйи Куҳна то соати 3-и 29-уми август бояд ишғол карда шавад. Баъди анҷоми ин амалиёт гурӯҳи Чорҷӯйӣ бояд Қаракӯлро ишғол намуда, ба фатҳи Бухорои Куҳна мешитофт. Аз ин рӯ яке аз вазифаҳои муҳими гурӯҳ, ки дар ноҳияҳои Қаракӯл-Бурдалик-Норазм амалиёт мегузаронид — ин ба воситаи ноҳияҳои номбурда, ба амир надодани имконияти рафтан ба Афғонистон ба ҳисоб мерафт.2 Умуман қувваҳое, ки аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ба муқобили ҳукумати бекигарии Чорҷӯй омода карда шуда буд, ҳам аз ҷиҳати шумора (эҳтимол чанд баробар зиёд ҳам бошанд), ҳам аз ҷиҳати сифати аслиҳа (дар ин бора ҳам иштибоҳе шуда наметавонад), бартарии куллӣ доштанд. Вале он лаҳза фақат як ҳолатро ба эътибор нагирифта буданд, ки магар отрядҳои маҳаллӣ таҷрибаи ба муқобили ҳукумати бек шабона ҷангиданро, ки ҳамин тарз пешбинӣ шуда буд, доранд?
Сурати амалии он воқеиятро Н. Д. Ратников ба тарзи зайл шарҳ медиҳад: «Шаби 28 август, соати 23, ҳамаи қисмҳои барои фатҳи Чорҷӯйи Куҳна пешбинишуда барои иҷрои супориш ба роҳ баромаданд. Пешопеш 3 отряди мусулмонӣ, ки аз ҷиҳати шумора ва сифати аслиҳа нисбати муҳофизони бек бартарӣ доштанд, ҳаракат мекарданд. Чун қисми эҳтиётӣ — дар ихтиёри мо мактаби бригадаи русии худамон буд. Шаб хело торик. Тахминан соатҳои ду, бе ягон задухӯрд ба шаҳри Чорҷӯйи Куҳна омада расидем. Қаноти чап — Отряди савораи туркманӣ каме таъхир намуд. Маълум шуд, ки ба онҳо шабона ҷангидан воҳиманок намудааст. Аз ҳамин сабаб дар сабзазоре аз аспҳо фаромада, субҳро интизор мешуданд. Муддати муайяншудаи фатҳи шаҳр дар фарорасӣ буд. Торикӣ. Мо асабонӣ мешудем, ки чаро то ҳол хабаре аз фатҳи шаҳр нест. Вазъиятро аз назар гузаронидем. Муайян гардид, ки на танҳо дивизиони савораи туркманӣ, балки инчунин отряди мусулмонӣ ҳам бо ташаббуси худ таваққуф намуда, субҳро интизорӣ мекарданд. Барон муҳокимарониҳо вақт набуд, агарчанде лаҳзаҳои фаҳмондадиҳӣ мавҷуд буд. Бояд ҳаракат кард. Ҳама вақт, аз он ҷумла шабона ҳам ҷангида тавонистан лозим. Мактаби бригадаи русии худро ба қаноти рост гузоштем, ки он бо амалиёти фаъолонаи худ диққати ҳамаро ба худ ҷалб намуд. Шаҳр баъди тирпаррониҳои кӯтоҳмуддат фатҳ гардид, бек ва амалдорони масъули ӯ асир афтоданд. Дар байни ғаниматҳо аслиҳаи зиёд ҳам буд. Аммо вақти аз тарафи рафиқ Фрунзе таъиншуда аллакаӣ гузашта буд. Соати 4-и саҳарии 29 август. Амалиёт бошад бояд то соати 3 ба охир мерасид. «Мо 1,5 соат дер мондем». Тамоми вақти амалиёти Чорҷӯйи Куҳна аз соати 2,5 то 4,5—и 29 августро дар бар мегирад.
Ҳангоми фатҳи Чорҷӯйи Куҳна аз тарафи қисмҳои аскарони сурх ба онҳо як қисми ками аскарони бек муқобилият нишон дода, қисми дигар ба ҳар тараф гурехтаанд.
Бо фатҳи Чорҷӯйи Куҳна сарвари гурӯҳи Чорҷӯйии аскарони сурх Никитин фавран аз хусуси иҷроиши супориши ба ӯҳдаи гурӯҳ гузошташуда, ба сарвари гурӯҳи Когонӣ — Белов хабар дод. Зеро, «аз ҳар чӣ тезтар иҷро шудани амалиёти назди Чорҷӯй ҳуҷуми умумии гурӯҳи асосӣ — Когонӣ, ки бояд 29 август, соати 3 сар мешуд, вобастагӣ дошт. Инчунин дар як вақт бояд ҳуҷуми қӯшунҳои гурӯҳи Самарқандӣ ҳам сар мешуд».91
Дар Чорҷӯйи Куҳна Кумитаи муваққатии инқилобӣ ташкил ёфт ва ҳокимият дар сарзамини бекигарӣ ба ихтиёри он гузашт. Сарвари он кумита коммунист Бешим Сардор таъин гардид. Абдураҳим Юсупов ва Ҳасан Апиев аъзоёни кумита ба ҳисоб мерафтанд. Кумитаи инқилобӣ ба мардуми Бухоро бо муроҷиатнома баромад кард, ки дар он вазъият тамоман ба тарзи дигар шарҳ дода шуд. Дар он ҳуҷҷат аз ҷумла гуфта мешуд:
«Мардуми Бухоро ба шӯриш бархест. Вай ҳукумати куҳнаро дар бекигарии Чорҷӯй сарнагун намуда, дар он ҷо ҳукумати халқии шӯравиро бунёд кард. Шӯриш тамоми сарзамини Бухороро фаро гирифтааст… Бародарон, ҳамаи ҳомиёни тартиботи куҳнаро маҳв намуда, ба сафҳои аскарони сурхи бухороӣ ҳамроҳ шавед. Дар ҳама ҷо исён кунед. Марг ба зӯроварон, марг ба истисморгарон!»92 Вале дар асл ба муқобили тартиботи амирӣ дар ягон гӯшаи сарзамини Бухорои Марказӣ ва Ғарбӣ ҳанӯз ҳам шӯриши ҳақиқии мардумӣ ба вуқӯъ наомада буд.
Субҳи 29-уми август отрядҳои туркманӣ ва мусулмонӣ ба шаҳри Чорҷӯйи Куҳна, яъне шаҳри аллакаӣ аз тарафи қисмҳои аскарони сурх фатҳшуда, бе муқобилият, «Ура!, «Ура!« гӯён даромаданд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар аксари хотираҳои иштирокчиёни фатҳи Чорҷӯй, инчунин дар баъзе маълумотҳои расмӣ низ нодуруст таъкид мешавад, ки «Чорҷӯйи Куҳна бе ҷанг таслим шуд».
Бо фатҳи Чорҷӯйи Куҳна гурӯҳи Чорҷӯйи аскарони сурх ба иҷрои супоришҳои минбаъда, ки дар наздаш меистад, кӯшид. Ду отряди начандон калони гурӯҳ; отрядҳои Бурдалик ва Норазм барои фатҳи маркази ҳамноми отрядҳо — бекигариҳои Бурдалик ва Норазм фиристода шуданд. Бо сабаби он ки дар ин бекигариҳо отрядҳои на чандон зиёди амирӣ нигоҳ дошта мешуд, бинобар ин тақдири онҳо аз тарафи қисмҳои аскарони сурх худи ҳамон рӯз, яъне 29 август ҳал гардид ва ҳокимият дар он ҷо ҳам ба ихтиёри кумитаҳои инқилобии навтаъсисёфта супорида шуд. Вале ба ҳокимони ҳар ду бекигариҳои баъдина муяссар гардид, ки пеш аз фатҳи мулкашон аз тарафи қисмҳои аскарони сурх, худ гурезанд.
Барои гурӯҳи Чорҷӯйӣ яке аз вазифаҳои минбаъдаи асосӣ ва наздиктарин ин фатҳи Қарокӯл ба ҳисоб мерафт. Мувофиқи дастури дар боло ишорарафтаи рақами 3667-и фармондеҳии фронти Туркистон фатҳи Қарокӯл ҳам ба ихтиёри отряди Қулмуҳаммадов гузошта мешуд. Яъне, Қулмуҳаммадов мебоист баъди фатҳи Чорҷӯйи Куҳна бо як қисми отряди худ ба сӯйи Қарокӯл шитофта, бояд тақдири онро бо зудӣ ба фоидаи аскарони сурх ҳал мекард. Вале ин тавр нашуд. Сарварони гурӯҳи Чорҷӯйӣ гӯё дар ин қисмати дастур, дар асоси воқеоти Чорҷӯй худсарона тағйирот даровардаанд. Яъне, баъди он воқеа отрядҳои туркманӣ ва мусулмонӣ аз боварии сарварони гурӯҳ баромада буданд ва аз ин сабаб онҳо ҳалли масъалаи Қарокӯлро аз ихтиёри отряди Қулмуҳаммадов гирифтанд. Бо ҳамин сабаб тамоми масъулияти амалиёти Қарокӯл ба дӯши қисмҳои аскарони сурх гузошта шуд. Дар амалиёти фатҳи Қарокӯл аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурхи гурӯҳи Чорҷӯйӣ полки 5-уми тирандоз, ротаи муттаҳидаи полки 8-ум ва дивизияи савораи полки 16-уми савора иштирок карданд.
То бегоҳии 29 август шаҳри Қарокӯл бе ягон тирпарронӣ ишғол карда шуд. Амалдорони амир ва тамоми аскарони дар ин ҷо доштааш, ба миқдори тахминан 500 нафар, ба сӯйи Бухорои Куҳна гурехтанд. Вале дар наздикии ин шаҳр полки 16-уми савора ба онҳо расида гирифт ва онҳоро маҳв сохт. Дар Қарокӯл аскарони сурх кумитаи инқилобиро бунёд намуда, он ҷо гарнизоне гузоштанд. Баъд қисмҳои асосии отряди Қарокӯлии гурӯҳи Чорҷӯйӣ ба сӯйи Бухорои Куҳна ҳаракат карданд.

Забти Хатирчӣ, Зиёуддин, Кармина ва Қаршӣ

Забти Хатирчӣ, Зиёуддин ва Кармина ба уҳдаи гурӯҳи Каттақӯрғонӣ, ки Кужелло сарварӣ мекард, гузошта шуда буд. Мувофиқи нақша ва муҳлати пешакӣ муайяншуда отряди номбурда ба ҳаракат даромад. Полки 2-юми савора бо ҳамроҳии ротаи посбонии ба кӯмакашон гузашта ва дивизияи савораи полки 7-уми сарҳадӣ 29 август, саҳарии барвақт, аз Каттақӯрғон ба воситаи Панҷшанбе, ба сӯйи Хатирчӣ ҳаракат карданд. Онҳо соати 17-00 ба нуқтаи муайяншуда омада расиданд. Вале дар он ҷо ба муқобилияти сахти аскарони ҳукумати амирӣ дучор шуданд. Дар натиҷа ҷанги сахти шашсоата ба вуқӯъ омад. Ин ҷанг соати 23-00-и худи ҳамон рӯз бо ғалабаи аскарони сурх анҷомид. Аскарони сурх инчунин аз ҳисоби аслиҳаи аскарони амирӣ ва муҳофизони шаҳр ғаниматҳои зиёде ба даст дароварданд.
Полки 2-юми савора аз қафои аскарони гурезаи амирӣ ба сӯйи Зиёуддин ҳаракат намуда, тақрибан 5-8 км дуртар аз он шаҳр шабро гузарониданд. Зиёуддин агарчанде яке аз бекигариҳои аморат ба ҳисоб равад ҳам, вале ҳамон лаҳза қувваҳои асосии ҳукумати амирӣ на дар маркази бекигарӣ, балки дар қисми ҷанубии Зирабулоқ ҷойгир буд. Бинобар ин фармондеҳи фронт дар ин самт полки 2-юми савораро нокифоя ҳисобида, ба имдоди ӯ аз Самарқанд ротаи муттаҳидаи интернатсионалистонро фиристод. Пагоҳии 30 август ин рота ба Зиёуддин омада расид. Дар натиҷа ҷанги сахти тарафҳо ба вуқӯъ омад. Тахминан соатҳои 12-00-и ҳамон рӯз Зиёуддин аз тарафи қисмҳои номбурдаи аскарони сурх, яъне полки 2-юми савора ва ротаи муттаҳидаи интернатсионалистӣ забт карда шуд. Дар ин ҷо ҳам онҳо ғаниматҳои зиёдеро, аз он ҷумла 5 тӯпи сохти куҳнаро ба даст дароварданд. Аммо фатҳи Зиёуддин аз муҳлати муайяншуда як шабонарӯз дертар иҷро шуд. Фатҳи Хатирчӣ ва Зиёуддин имконияти забти Карминаро ки яке аз шаҳрҳои асосии аморат (махсусан барои амирони манғит) ба ҳисоб мерафт, осон гардонид. Инак, вазифаи минбаъдаи гурӯҳи Каттақӯрғонӣ ба даст даровардани Кармина буд. Фармондеҳии фронт аҳамияти ин шаҳрро ба инобат гирифта, барои забти он боз қувваи иловагӣ фиристод. Дар натиҷа ҷанги шадиди тарафҳо ба вуқӯъ омад. 31 август, соати 6-00-и саҳарӣ шаҳри Кармина аз тарафи ротаи интернатсионалистӣ ва эскадрони полки 7-уми сарҳадӣ, бо кӯмаки поезди зиреҳпӯши рақами 10 ишғол карда шуд. Дар ин ҷо ҳам аскарони сурх 3 тӯп ғанимат гирифтанд. Дар Хатирчӣ, Зиёуддин ва Кармина ҳам бо ташаббуси аскарони сурх кумитаҳои инқилобӣ таъсис ёфтанд.
29-уми август, соати 4-00-и саҳарӣ қисмҳои сурхи дар Қаршӣ буда фармони забти ин шаҳрро гирифтанд. Аллакаӣ соати 5-30 ротаҳои фаъоли полки 7-уми тирандозии туркистонӣ ба сӯйи шаҳр ҳаракат карданд. Ба муқобили онҳо аскарони савораи бек баромаданд, вале дар ҷанг шикаст хӯрда қафо гаштанд. Махсусан барои забти қасри бекнишин ҷанги шадид ба амал омад. Худи бек аллакаӣ дар қаср набуд. Зеро, вай ҳанӯз якчанд рӯз пеш хазина ва ҳарами худро ба Бухорои Шарқӣ фиристода, худаш баробари ҳуҷуми аскарони сурх ба тан либоси деҳқони одиро пӯшида, аз қафои онҳо гурехтааст.
То бегоҳи ҳамон рӯзи 29 август тамоми шаҳри Қаршӣ, бо якҷоягии қалъаи бекнишин, аз тарафи аскарони сурх фатҳ карда шуд. Дар шаҳр сӯхтор аланга мекард. Қисми бузурги бозори шаҳрӣ сӯхт. Худи ҳамон рӯз барои эълони бунёди ҳокимияти нав ба шаҳри Қаршӣ Ато Хоҷаев ва В. В. Куйбышев омаданд. 30 август дар митинги серодам аз тарафи онҳо бунёди тартиботи нав эълон гардид. Ҳокимият дар Қаршӣ ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузашт.93

Забти Китоб, Шаҳрисабз ва Ғузор

Ба даст даровардани Китоб, Шаҳрисабз ва Ғузор бошад аз фаъолияти гурӯҳи Самарқандии аскарони сурх вобастагӣ дошт. Чунин супориш ҳанӯз дар асоси дастури рақами 3667-и фармондеҳи фронти Туркистон, аз 25 август ба уҳдаи ин гурӯҳ гузошта шуда буд.
Ҳар се шаҳрҳои дар назардошти марказҳои бекигариҳои номии аморати Бухоро буда, нуқтаҳои муҳими иқтисодӣ ва стратегӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Қисмҳои аскарони сурхи гурӯҳ то оғози амалиёт дар деҳаи Оҳалики вилояти Самарқанд ҷойгир буданд. Онҳо ҳанӯз шаби аз 28 ба 29 август ба роҳ баромада, саҳарии 29-ум ба дидбонгоҳи сарҳадии Бухоро — деҳаи Амонқӯтан омада расиданд. Дар ин ҷо 200 нафар дидбонҳои амирӣ маскан доштанд. Ҳамон ҷо аввалин задухӯрди қувваҳо ба вуқӯъ омад ва он бо мағлубияти қӯшунҳои амирӣ анҷом ёфт. Як қисми онҳо аз мардони ҳарб фирор карданд. Баъди муҳориба қисмҳои аскарони сурх бемамониат ба деҳаи Амонқӯтан, ки бекас буд, дохил шуданд. Онҳо аз ағбаи Тахтақарочӣ ҳам гузашта, ба поён, ба деҳаи Қайнарбулоқ, ки ҳамагӣ 7 км аз Китоб дур буд, расиданд. Дар наздикии ин деҳа ҳам задухӯрди тарафҳо ба амал омад. Дар он қӯшунҳои амирӣ имконияти аз тӯпҳо оташ кушоданро истифода бурда, ба сӯйи аскарони сурхи ба ҳуҷум гузашта, тир холӣ карданд. Ин ҳолат дар аввал аскарони сурхро зиёда ба хавотир ва мушкилӣ гузошт. Вале маълум гардид, ки тирҳои аз тӯпҳо паррондашуда, агарчанде қисман ба нуқтаҳои асосӣ расидаанд, онҳо натаркидаанд. Чунин ҳолат аскарони сурхро барои ҳуҷумкунӣ боз ҳам шердилтар намуд. Аскарони амирӣ бошанд, аз нобарории ҳуҷум рӯҳафтода шуда, ба сӯйи Китоб ақиб гаштанд. Бригадаи савораи аскарони сурх, тӯпҳои худро тақрибан 3 км дуртар аз Китоб ҷойгир намуда, омодаи ҷанг меистоданд. Вале аскарони амирӣ дар Китоб аллакаӣ имконияти муқобилияти сахт нишон доданро надоштанд. Бинобар ин аскарони сурх муқобилияти начандон сахти онҳоро бартараф намуда, дар натиҷаи задухӯрди назди шаҳр худи ҳамон рӯз, соати 12 Китобро гирифтақд.94
Ҳангоме, ки аскарони сурх дохили шаҳр гардиданд, онро беодам диданд. Зеро мардуми он аллакаӣ дар кӯҳҳои атроф пинҳон шуда буданд. Қасри бек ба ҳолати аслиаш, яъне бо тамоми бойигариаш ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Инчунин аслиҳаи зиёде, аз он ҷумла 10 тӯп ба онҳо ғанимат афтид.
Бо ҳамин «амалиёти Китоб» ба охир расид. Дар муҳорибаҳое, ки дар самти Оҳалиқ (Самарқанд) — Китоб байни аскарони сурх ва сарбозони амирӣ ба вуқӯъ омад, талафоти ҷонию молӣ асосан аз тарафи аскарони амирӣ буд. Аскарони сурх бошанд дар ин муҳорибаҳо ҳамагӣ як нафарро талаф додаанду халос. Ин ҳама аз як тараф аз хусуси таҷрибаи бойи ҷангӣ доштани аскарони сурхи ба аморат ҳуҷумкарда (инчунин бартарии аслиҳаи ҷангии онҳо) далолат диҳад, аз тарафи дигар бетаҷрибагию аслиҳаи куҳнаи ҷангии аскарони амириро нишон медиҳад.
Баъди фатҳи Китоб сарвари гурӯҳи Самарқандии аскарони сурх, бо мақсади омӯхтани вазъият, ба сӯйи Шаҳрисабз 17 нафарро фиристод. Аз паси онҳо бригадаи савора ҳам ба ҳаракат даромад. Вале то ба остонаи ин шаҳр дар байни аскарони сурху амирӣ ягон задухӯрде ба вуқӯъ наомад. Аз ҳамин сабаб ҳам қисмҳои аскарони сурх бе ягон душворӣ то ба шаҳр омада расиданд. Дар худи шаҳр бошад задухӯрдҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ омаданд. Қисмҳои полки 6-уми савора, бо сарварии Долгов, ки аз нақшаи дохилии шаҳр маълумот надоштанд, баъди муҳорибаҳои ҷудогона, то ба маркази шаҳр расиданд.
Лаҳзае, ки қисмҳои аскарони сурх ба маркази Шаҳрисабз расиданд, дар майдони назди қасри бекнишин гирдиҳамойие бо иштироки тахминан 5 ҳазор нафар мегузашт. Онҳо ба тарзи гуногун мусаллаҳ буданд. Дар байнашон аз аскарони доимии бек сар карда то шаҳрванди оддӣ, тоҷирон, савораҳо ва пиёдаҳо ҳузур доштанд. Ҷамъомадагон иборат аз 6 нафар саворагон ҳайати намояндагии худро интихоб намуданд, ки онҳо бо парчами сафед ба назди сарварони полки савораи аскарони сурх омада, аз хусуси таслими шаҳр хабар доданд. Он лаҳза маълум гардид, ки бек — ҳокими Шаҳрисабз — амаки амири Бухоро – Акрамхон ( бо ӯ худи амир муносибати нағз дошт), ҳамагӣ якчанд дақиқа пештар, бо 200 нафар ҷавонони ба худ содиқ, роҳи гурезро пеш гирифтааст. Ӯ он лаҳза имконият пайдо кардааст, ки ҳамроҳи худ фақат ҳайати оилаашро гираду халос. Аз ин рӯ ҳамаи бойигарии бекигарӣ ба ихтиёри аскарони сурх гузаштааст.95
Ҳамин тарз худи ҳамон рӯзи 29 август Шаҳрисабз аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. 30 август ба ин муносибат дар шаҳр иди бошукӯҳ оростаанд, ки он бо ҷамъомадҳою бузкашӣ ва зиёфати қисмҳои аскарони сурх анҷомидааст. Дар Шаҳрисабз ҳамоно кумитаи инқилобиро ташкил намудаанд, ки он ҳокимиятро ба ихтиёри худ гирифтааст.
Баъди фатҳи Шаҳрисабз барои қисмҳои аскарони сурх роҳи Ғузор низ кушода гардид. Аниқтараш, аскарони сурх баъди дар наздикии Китоб — Шаҳрисабз шикаст додани аскарони амирӣ барои забти Ғузор имконияти хубро ба даст дароварданд.
31 август дивизияи савораи аскарони сурх ба сӯйи Ғузор ҳаракат карда, дар натиҷаи ҳуҷуми дуюм, тақрибан соатҳои 14- 15-и якуми сентябр шаҳрро забт намуданд. Аммо беки Ғузор бо отряди худ ҳанӯз пеш аз ҳуҷуми қисмҳои аскарони сурх ба сӯйи Бухорои Шарқӣ гурехта буд.96
Бо фатҳи Ғузор вазифаи асосии гурӯҳи Самарқандӣ, ки мувофиқи дастури фармондеҳи фронти Туркистон аз 25 август гузошта шуда буд, асосан иҷро гардид. Дар асоси он қисмҳои аскарони сурхи ин гурӯҳ чунин нуқтаҳои муҳим — Китоб, Шаҳрисабз ва Ғузорро ба даст дароварда бошанд ҳам, вале ҳокимони ҳар ин се бекигарӣ, барои бо отрядҳои худ ба Бухорои Шарқӣ гурехтан мушарраф гардида будаанд.
Аз самтҳои гуногуни Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ҳуҷум гузаштани аскарони сурх, инчунин аз тарафи онҳо ишғоли чунин нуктаҳои муҳими стратегӣ, ба монанди Чорҷӯйи Куҳна, Китоб, Шаҳрисабз, Қаршӣ ва ғайра дар боқимонда мавзеъҳои ин қисми аморат низ ҳомиёни тартиботи амириро ба ҳар сӯ пароканда кард. Аз ин рӯ чунин марказҳои бекигарӣ: Чироғчӣ ва Яккабоғ 1 сентябр аз тарафи қисмҳои аскарони сурх қариб бе муқобилият ба даст дароварда шуд. Вале ҳокимони ин мавзеъҳо ҳам барои саломат монда ба Бухорои Шарқӣ гурехтан муваффақ шуданд.
Ҳамаи ин воқеот дар лаҳзаҳое рӯй дода буданд, ки дар атрофи шаҳри Бухорои Куҳна байни аскарони сурх ва амирӣ ҷангҳои шадид рух медод. Яъне, ҳокимони ҷудогонаи Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) баъди аз даст додани мулки худ на ба кӯмаки муҳофизони шаҳри Бухорои Куҳна — пойтахти аморат шитофтанд, балки баҳри осудагии худ ба Бухорои Шарқӣ гурехтанд. Қисмҳои аскарони сурх бошанд, баръакс, бо фатҳи ин ё он мулки ҷудогонаи ин қисми аморат, аз ҳар гӯша барои фатҳи ин шаҳри бостонӣ мешитофтанд. Аз ин рӯ муҳорибаи шаҳри Бухорои Куҳна барои муҳофизонаш хеле сангин ва фоҷианок мегузашт.

Забти шаҳри Бухорои Кӯҳна

Мувофиқи дастури рақами 3667-и фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе забти шаҳри Бухорои Куҳна пурра ба уҳдаи гурӯҳи Когонӣ гузошта шуда буд. Гурӯҳ баробари гирифтани хабари аз тарафи қисмҳои аскарони сурх забт гардидани Чорҷӯйии Куҳна, соати 5-00-и саҳарии 29 август ҳуҷумро ба сӯйи шаҳри Бухорои Куҳна ва манзили тобистонаи амир Ситораи Моҳи Хоса сар кард. Дар худи ҳамон рӯз аскарони сурх деҳаҳои дар байни шаҳрҳои Бухорои Куҳна ва Бухорои Нав (Когон) ҷойгирбуда, аз он ҷумла деҳаҳои Работи Қозӣ, Арбоб Раҷаббой, Сафедмӯй ва ғайраро ба даст дароварда, ба шаҳри Бухорои Куҳна омада расиданд.
Ба муқобили шаҳр, аз тарафи аскарони сурх тамоми техникаи ҳарбии муайяншуда, аз он ҷумла ёздаҳ адад аэропланҳои бомбаандоз, тӯпҳои вазнини дурзан, поездҳои зиреҳпӯш ва ғайра истифода гардиданд.
Аллакай дар рӯзи аввали ҷанг ба яке аз қисмҳои аскарони сурх муяссар гардид, ки сарбозони амирро дунболагир намуда, ҳатто ба шаҳр дохил шаванд. Аммо дар даромадгоҳи Бухорои Куҳна онҳо ба муқобилияти сахт дучор шуда, маҷбур шуданд, ки қафо гарданд. Амалиёти ҷангӣ асосан дар самти дарвозаи Қаршигии Бухорои Куҳна мегузашт. Роҳ ба сӯйи Бухорои Нав (Когон) низ ба воситаи ҳамин дарвоза буд. Инчунин дар наздикии ҳамин дарвоза истгоҳ ва нуктаи охирини роҳи оҳани Бухорои Нав — Бухорои Куҳна воқеъ гардида буд.
Дар амалиётҳои аввалаи ҷангӣ барои забти Бухорои Куҳна, мувофиқи дастури фармондеҳи фронт, полки Шарқии мусулмонӣ дар нуқтаи асосӣ, яъне дар самти дарвозаи Қаршигӣ меҷангид. Зеро, ин полк, ки асосан аз тоторҳою бошқирдҳо иборат буд, дар хати худ ихтиёриёни осиёимиёнагиро (агарчанде хело камшумор буданд, аз он ҷумла тоҷикону ӯзбекҳои Бухороиро низ) дошт, барои дар миқёси байналхалқӣ рӯпӯш намудани амалиёти қисмҳои асосии аскарони сурх зарур буд. Вале ин полк ба ҳуҷуми аскарони пиёда ва савораи амирӣ тоб наоварда, зуд қафо гашт. Баъд аз ин полки номбурда аз мавқеи асосии ҷангӣ ба қисми эҳтиётӣ гузаронида шуд. Бинобар ин дар забти Бухорои Куҳна ҳам амалиёти ҷангӣ асосан дар байни қисмҳои аскарони сурх ва сарбозони амирӣ гузашт.
30 август амалиёти ҷангӣ барои қисмҳои аскарони сурх чандон муваффақиятнок набуд. Баръакс. сарбозони амирӣ аз самти дигар, аз дарвозаи Мазори Шариф ногаҳон баромада, ба қисмҳои алоҳидаи аскарони сурх зарбаи қатъӣ заданд. Дар натиҷа, дар худи ин рӯз гурӯҳи Когонии аскарони сурх 25 нафарро талаф доданд. Инчунин аз онҳо 30 нафар ярадор ва 60 нафар бедарак шуданд. Амалиёти ҷангии ин рӯзро М. В. Фрунзе таҳлил намуда эътироф кардааст, ки маҳз «парвози аэропланҳои фарсудашудаи мо, ки саворагони муқобилро ба гурехтан маҷбур намуд, отрядро аз маҳвшавӣ наҷот дод».97
Нобарории амалиёти ҷангии қисмҳои аскарони сурх дар рӯзи 30 август М. В. Фрунзеро маҷбур намуд, ки барои амалӣ гардонидани забти Бухорои Куҳна, ба қисмҳои аскарони сурх дастури нав дода, ба ин муҳориба қисмҳои тозаро ҷалб намояд. Мувофиқи он қувваҳои амир бояд ба тарафи шимолу шарқӣ, ба самти Ғиждувон танг карда бароварда мешуд ва онҳоро бо якҷоягии гурӯҳҳои Чорҷӯйӣ, Когонӣ ва Каттақӯрғонӣ дар ноҳияҳои Вобканд, Ғиждувон, Вардонзе ва Баҳоваддин маҳв менамуданд. Дар асоси ин дастур сарвари қаноти рости аскарони сурх В. Г. Клементев, сарвари қаноти чап, командири полки шарқии мусулмонӣ Б. М. Баржанов таъин гардида, сарварии гурӯҳи Чорҷӯйӣ бошад бевосита ба уҳдаи командири армияи 1- ум Г. В. Зиновев гузошта шуд. Қаноти рост асосӣ ҳисоб мешуд ва он бояд аз дарвозаҳои Қаршигӣ ва Самарқандии шаҳр зада медаромад. Қаноти чап, дар асл ҳамчун қувваи имдодия ҳисоб мешуд ва он бояд аз қисми ҷанубии шаҳр, яъне аз тарафи дарвозаҳои Қарокӯл ва Шайх Ҷалол ҳуҷумҳои хурд-хурд ташкил намуда, қисми қувваи муқобилро овора мекард. Гурӯҳи қизилтеппагӣ бошад (ба ихтиёри ин гурӯҳ як поезди зиреҳпӯш ва се мошини зиреҳпӯш низ дода шуд) бояд ба қафогардии қувваҳои амирӣ имконият намедод.98
Амалиёти ҷангии 31 август ҳам бештар характери мавзеӣ (позитсионӣ) дошт. Қисмҳои аскарони сурх асосан техника — тӯпҳо ва аэропланҳоро истифода бурданд. Соати 20-45 дақиқаи ин ба аскарони сурх оиди ҳуҷум ба қалъа фармон дода шуд. Вале матонати муҳофизони шаҳри қадим сарварони аскарони сурхро ба ҳайрат гузошта буд. Зеро онҳо аз сӯхтор ва ваӣрониҳои шаҳр наҳаросида, бо қурбониҳои зиёд на танҳо истодагарӣ карданд, балки мавқеи қулайро пайдо намуда, ба ҳуҷум низ гузаштанд. Дар натиҷа, дар худи ин рӯз миқдори захмиён ва ҳалокшудагони қисмҳои аскарони сурх ба 138 нафар расид. М. В. Фрунзеро амалиёти серӯзаи ҷангии назди шаҳри Бухорои Куҳна сахт ба ташвиш гузошта буд. Ӯ ҳангоми гуфтугӯйи телефонӣ бо командири армияи 1-ум Г. В. Зиновев аз чунин ҷанг дар ҳайрат будани худ ва умуман норозигиашро аз амалиётҳои камҷуръатонаи ҷангии қисмҳо баён намудааст. Пӯшида нест, ки вай то ба ин дараҷа ба ирода ва матонати муҳофизони ин шаҳри қадима боварӣ надошт. Ҷанги серӯзаи бебарори назди шаҳр дар байни аскарони сурх низ нобовариро ба вуҷуд оварда буд.
Сарварони фронти Туркистон, аз як тараф кашолёбии ҷанг бо Бухоро ва аз тарафи дигар барои пойдории тартиботи шӯравӣ дар кишвар нокифоягии қувваро ба инобат гирифта, аз марказ имдод пурсиданд. Маҳз, ҳамон рӯзи 31 август ҷонишини сарвари штаби фронт Благовешенский аз Москва, аз сарфармондеҳи аскарони сурх хоҳиш намуд, ки аз фронти Кавказ ҳарчи зудтар қисмҳоро ба Красноводск, ба ихтиёри фармондеҳи фронти Туркистон фиристанд.1 Минбаъд он қувваро, ҳангоми зарурият, ба воситаи роҳи оҳан ба Бухоро оварда, барои забти шаҳр истифода бурдан мумкин буд.
Бояд таъкид намуд, ки ҷангҳои серӯзаи муҳосиравии назди шаҳри Бухорои Куҳна ва чӣ амалиётҳои ҷангии Чорҷӯйи Куҳна, Кармина, Зиёуддин, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз, ва дигар нуқтаҳо асосан дар байни қисмҳои аскарони сурх ва сарбозони амирӣ мегузаштанд. Баъзан, дар баъзе нуқтаҳо ҳукуматдорони амирӣ аз ҳисоби мардум дастаҳои фидоиён ташкил карда бошанд ҳам, вале бо сабаби нарасидани аслиҳа он дастаҳо амал карда натавонистанд. Инчунин аскарони сурх низ аз мардуми маҳаллӣ (ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ) ягон хел дастгириро эҳсос накарданд.
Ин ҳама амалиётҳои ҷангӣ барои мардум гӯё бефарқ буд. Аниқтараш онҳо аз бештари нуқтаҳои ҷангӣ гурехта, ба ҷое пинҳон шуданро афзалтар мешумориданд.
Вале барои мардуми шаҳри Бухорои Куҳна чунин имконияти гурехтан ҳам набуд Зеро шаҳри қадима бо девори баландиаш 10 метра ва ғафсиаш 5 метра пурра иҳота карда шуда буд. Роҳҳои ба шаҳр даромадан ва баромадан танҳо ба воситаи 11 дарвозаи шаҳр амалӣ мегардид. Дар рӯзҳои муҳосира бошад тамоми дарвозаҳо маҳкам буданд. Аз ин рӯ мардуми шаҳр гӯё ҷойи гурез надошт. Онҳо ба тақдир тан дода, ё дар хонаҳои худ менишастанд, ё дар масҷидҳо гӯё «паноҳӣ» (паноҳ – Т.А.) мебурданд. Дар натиҷа чунин «паноҳиёфтагон» (паноҳёфтагон – Т.А.) бо осонӣ ҳадафи тири тӯп ва таркиши бомбаҳо мешуданд.
Ҳангоми муҳосираи шаҳри Бухорои Куҳна, махсусан рӯзҳои 30-31 август, аскарони сурх ба воситаи тӯпҳои дурзан, ки дар майдони назди дарвозаи Қаршӣ ҷойгир карда шуда буданд, маркази шаҳрро тирборон кардаанд. Аэропланҳо низ ҳар лаҳза ба шаҳр парвоз намуда, баробари бомбапартоӣ, лётчикҳои онҳо оиди нуқтаҳои зарурӣ, ки бояд ба нишон гирифта мешуд, ба тӯпчиён хабар медоданд. Инчунин, аз ҳамон майдон (назди тӯпҳо) ҳар лаҳза аэростати ҳавоиро боло бароварда, аз он ба воситаи дурбин нуқтаҳои заруриро ба нишон мегирифтанд. Дар дигар нуқтаҳои шаҳр бошад, ҳатто дар бозорчаи назди ин дарвоза, осори ҷанг чандон намоён набуд. Дар ин бора шоҳид ва иштирокчии фаъоли муҳосираи шаҳр Н. Д. Ратников чунин маълумот медиҳад: «Дар бозорчаи назди дарвозаи Қаршӣ ба амалиётҳои ҷангӣ нигоҳ накарда тиҷорат дар авҷ буд. Ман мушоҳида накардам, ки ягон дӯконе маҳкам бошад, ё худ савдо накунад…. Тамоми маҳсулотҳои заруриро дар савдо гузоштаанд. Махсусан фаровонии харбузаю ангур ба чашм мерасид. Тамоми чойхонаҳо аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ва аскарони сурх серодам буданд. Онҳо дар катҳо нишаста чойи кабуд менӯшиданд ва чилим мекашиданд». Шоҳид, боз лаҳзаҳои амалиёти ҷангии муҳосираи шаҳрро ба хотир оварда, таъкид мекунад, ки сарбозони амир баъзан аз теппаи девори баланд камон гирифта ба сӯйи аскарони сурх тир мепаррониданд. Аммо, бо сабаби дурзан набудан ва Куҳнагии камонҳояшон тирҳои онҳо то ба аскарони сурх намерасид. Тири аскарони сурх бошад, бемалол ба нишон мерасид.99
Шаби аз 31 август ба 1 сентябр тамоми қисмҳои аскарони сурхро барои ҳуҷуми қатъи омода намуданд. Ба баталиони инженерии Туркистонӣ фармон дода шуд, ки шабона аз наздикии дарвозаи Қаршӣ девори шаҳрро тарконда, барои аскарони сурх гузаргоҳ тайёр кунанд. Саҳарии 1 сентябрь, соати 5-30 дақиқа таркише ба амал омад. Он барои ҳуҷуми умумии тамоми қисмҳои аскарони сурх чун сигнали асосӣ хизмат намуд. Бо тамоми тӯпҳо шаҳрро ба зери оташ гирифтанд. Аэропланҳо ба бомбапартоии навбатӣ шурӯъ карданд.
Вале маълум гардид, ки барои дар рӯзи 1 сентябр пурзӯр намудани ҳуҷум аз тарафи аскарони сурх ягон зарурияте набудааст. Зеро, шаби аз 31 август ба 1 сентябр амир Олимхон, бо наздикони худ ва тахминан ҳазор нафар посбонон, аз дарвозаи Самарқандӣ, ки аз тарафи полки 4-уми савораи аскарони сурх муҳофизат карда мешуд, баромада, шаҳрро тарк намудааст. Аз ин хусус сарварони аскарони сурх аллакаӣ хабардор буданд. Аммо, ба вазъияти нави бавуқӯъомада нигоҳ накарда, онҳо нисбат ба рӯзҳои аввала шаҳрро зиёдтар ба зери тири тӯпҳо гирифтаанд ва бомбаборон намудаанд. Дар ин рӯз зиёда Арки Бухоро бомбаборон карда шуд. Фоусек ном лётчик, ки дар бомбаборон кардани Бухорои Куҳна фаъолона иштирок намудааст, дар хотираҳояш ҳамон лаҳзаҳоро бо завқ ба ёд оварда, чунин қайд менамояд: «Дар назди мо вазифаи бомбаборон кардани қасри амирро гузошта буданд». Барои ин «тамоми қувваи ҳавоӣ, ки то ин вақт мислаш дар фронти Туркистон дида нашудааст, истифода гардид… Мо Бухороро бомбаборон кардем. Мо аморати Куҳнаро вайрон кардем. Ситораи Моҳи Хосаро ҳам бомбаборон кардем. Ҳар ҷое, ки аз он ҷо бӯйи амир меомад, бомбаборон кардем».1
Умуман, чуноне ҳуҷҷатҳо шаҳодат медиҳанд, аз 29 август то 2 сентябр ёздаҳ адад аэропланҳо барои забти Бухорои Куҳна 59 маротиба, ё худ 79 соат парвоз намуда, 170 бомбаи вазни умумиаш 123 пуд ва 3 пуд варақаҳои ташвиқотӣ партофтаанд.
2 сентябр, соати 10-и пагоҳӣ Арки Бухоро аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. Ҳамин тавр муҳосираи панҷрӯзаи Бухорои Куҳна бо забти он аз тарафи аскарони сурх ба охир расид. Худи ҳамон рӯз сарвари фронти Туркистон М. В. Фрунзе, аз Самарқанд ба Москва, бо мазмуни зайл телеграмма фиристод: «Қалъаи Бухорои Куҳна бо ҷидду ҷаҳди якҷояи қисмҳои сурхи Бухоро ва қисмҳои мо имрӯз бо штурм гирифта шуд». Вале амалан дар ин амалиёт «ҷидду ҷаҳди» қисмҳои сурхи Бухоро дида нашуд. Яъне амалиёт, чуноне аллакаӣ қайд намудем, асосан аз тарафи аскарони сурх иҷро гардид.
Шаҳри Бухорои Куҳна баъди забтшавӣ ба назар хело воҳимаангез менамуд. Ин шаҳр аз замони забткории муғулҳо чунин сӯхтору вайронӣ ва рехтани хуни одамиро надида буд. Мувофиқи хотираҳои шоҳиди он рӯзҳои фоҷиавии Бухоро Муҳаммад Алӣ ибни Муҳаммад Саиди Балҷувонӣ, ки дар асари худ «Таърихи нофеъ» ҷой медиҳад, алангаи сӯхтори шаҳр 20 рӯз давом кардааст. Дар натиҷа 34 гузар, зиёда аз ҳазор хонаҳо сӯхта вайрон шудаанд. Дар худи Арк тахминан 100 хона сӯхта валангор шудааст. 100 Арки Бухоро маҳз аз бомбаҳои партофташуда хело хароб гардида буд. Меҳмонхонаи Раҳимхонии Арк, ки чун ҷойи қабулгоҳи амирон, яке аз биноҳои зеботарини шаҳр ба ҳисоб мерафт, тамоман ба хок яксон карда шуд. Дар гузарҳо ва ҳавлиҳои харобгардида мурдаҳои зиёди чандрӯза воҳиманокии шаҳрро дучанд менамуданд. 2-3 сентябр шаҳриён барои гӯронидани қурбоншудагон сафарбар карда шуданд. Аксари онҳо дар натиҷаи таркиши тири тӯпҳои аскарони сурх ва таркиши бомбаҳо ҳалок гардидаанд. Дар байни фавтидагон инчунин шахсоне низ буданд, ки онҳо нисбати тартиботи иртиҷоии амирӣ нафрат доштанду дар ҳабсхонаҳои он буданд ва дар рӯзҳои муҳосираи шаҳр аз тарафи ҷаллодони амир қатл карда шуданд. Дар шаҳри Бухорои Куҳна илова ба ҳамаи фоҷиаҳо тороҷгарӣ низ хело авҷ гирифта буд. Аз молу мулки мардум то хазинаи амир, ҳатто либосу аслиҳаҳои аз амир боқӣ монда, ҳама ба тороҷ кашида шуд. Дар ин амалиёт баъзе қисмҳои аскарони сурх, ки ба шаҳр дохил шуданд, махсусан фаъол буданд. Ин ҳама то ба М. В. Фрунзе низ маълум гардид. Бинобар ин ӯ 5 сентябр супориш дод, ки тамоми аскарони сурх ва шахсони мансабдор бояд тилло, нуқра ва дигар бойигариҳои дар сарзамини аморати Бухоро гирифтаашонро ба намояндаи шӯрои ҳарбии инқилобии фронти Туркистон Василев супоранд. 101 Ҳамин тавр, қариб тамоми бойигарии хазинаи амир Олимхон, ки дар таҳхонаҳои Арки Бухорои Куҳна буд, ба ихтиёри аскарони сурх ғанимат афтод. Миқдори умумии бойигарии хазинаи амир Олимхон (ҳангоми ба ихтиёри аскарони рус гузаштан) кам набуд. Ҳанӯз солҳои 1916-1917, пеш аз бунёди бонки Русию Бухоро, ё худ бонки Бухоро, бо хоҳиши сармоядори номии Русия Стахеев, қушбегии Бухоро Мирзо Насрулло бойигарии хазинаи амирро ба рӯйхат гирифтааст, ки натиҷааш чунин аст: тиллои бухороӣ 102 — 1.148.380 дона;
тиллои русӣ — дар ҳаҷми 4.365.100 рубли русӣ;
тиллои рехтаи гамбургӣ — 1.108 пуд;
нуқра — 45 тонна;
нуқраи русӣ — 1.385 пуд;
тангаи бухороӣ, (яъне тангаи нуқра) — 62.834.780 дона;
тангаи мисии бухороӣ, яъне «пул» — 731 пуд;
хока ё риштаи тиллоӣ — 16 пуд;
нуқраи бонки русӣ — 864 пуд;
бриллиантҳо — 3482 карат;
бриллиантҳои дар либосҳо дӯхташуда — 968 карат;
сангҳои қимматбаҳо — 8617 карат;
саҳмияҳои саноат ва бонкҳои русиягӣ, ба маблағи 33 млн рубли русӣ;
100 млн рубли нақди русӣ103.
Ба ин бойигариҳо боз ғаниматҳои аз бекигариҳои аморат ғасб намудаи қисмҳои аскарони сурх илова гардид. Аз ҷумла онҳо ҳангоми забти танҳо Шаҳрисабз 150 сандуқи 1,5 оршинии пур аз тиллою нуқра ва дигар намуди бойигариҳоро ба даст даровардаанд («танга» ва тангаи мисӣ — «пул». Аз ин рӯ тангаҳоро мувофиқи шуморааш: «як тилло», «ду танга», «се пул» мегуфтанд).
Солҳои 1917-1920 амир Олимхон бо баҳонаи омодагӣ ба ҷанги муқобили шӯроҳо аз мардуми аморат боз ҳам зиёдтар андоз ҷамъ намуд. Аммо дар амал хароҷотҳои зиёде накардааст. Вай имконияти дар бонкҳои хориҷӣ гузоштани пул ё дигар бойигариҳояшро надошт. Бинобар ин аз эҳтимол дур нест, ки ҳангоми ғасби хазина аз тарафи аскарони сурх бойигарии он аз миқдори нишондодаи қушбегӣ Мирзо Насрулло на ин ки кам балки зиёдтар буд.
Баъди забти шаҳри Бухорои Куҳна аскарони сурх ҳамаи бойигарии хазинаи амирро бо поезд, бо баҳонаи муҳофизати муваққатӣ аз тороҷгарӣ, аввал ба Самарқанд оварда, минбаъд ба Москва фиристоданд. Ҳамаи ин бойигариро, дар оянда пурра ба манфиати Давлати Шӯравӣ истифода бурданд.
Чуноне таъкид намудем, ба назорати қатъии аскарони сурх нигоҳ накарда, амир Олимхон барои аз шаҳри Бухорои Куҳна баромада гурехтан мушарраф гардид. Вай ба қасри тобистонаи худ — Ситораи Моҳи Хоса омада, чуноне яке аз саркардагони худи амир ва ҳамроҳи ӯ аз Бухоро то Кобул — Ҳоҷӣ Абдусаттор ба хотир меоварад, 1 сентябр, ба воситаи Вобканд, роҳи Ғиждувонро пеш гирифта, шабро дар Ғиждувон, дар хонаи Абдулло-бойбачча ном яке аз махсусони худ гузаронидааст. Саҳарии рӯзи дигар, яъне 2 сентябр, вай Ғиждувонро тарк намуда, аз байни деҳаҳои Соктаре ва Ғиштӣ дарёи Зарафшонро гузашта, ба сӯйи Бухорои Шарқӣ рафтааст. 104 Дар худи ин рӯз Вобканд, Пирмаст, Ғиждувон ва Қизилтеппа ҳам ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Дар ин нуқтаҳо низ бо ташаббуси аскарони сурх кумитаҳои инқилобӣ ташкил карда шуд ва онҳо ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аз нуқтаҳои номбурда, танҳо дар наздикии Ғиждувон (байни Ғиждувон ва Қизилтеппа) каме муҳорибаи байни аскарони сурх ва сарбозони амирӣ ба амал омаду халос. Нуқтаҳои боқимонда бе муҳориба ба ихтиёри аскарони сурх гузаштанд. Инчунин барои ба дигар нуқтаҳои муҳими аҳолинишини водии Зарафшон ҳаракат намудани қисмҳои аскарони сурх, аз ҷумла ба маркази туманҳои Рометан, Зандане, Шофирком, Вардонзе ва ғайра зарурият намонд. Зеро, дар ин нуқтаҳо сарбозони амирӣ вуҷуд надоштанд. Аз ин рӯ, минбаъд, дар маҳалҳои номбурда, ба тарзи осойишта кумитаҳои инқилобиро бунёд намуда, ҳокимиятро ба ихтиёри онҳо супоридаанд. Аз ҷумла чунин кумитаҳои инқилобӣ 11 сентябр дар Шофирком, 29 сентябр дар Зандане ба вуҷуд омадаанд.
Ҳамин тавр то охири сентябри соли 1920 дар тамоми сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳои инқилобӣ гузашт.

Аввалин чорабиниҳои ҳукумати нави Бухоро

Баъди аз тарафи аскарони сурх забт намудани шаҳри Бухорои Куҳна ба ин ҷо аз Бухорои Нав (Когон) ҳукумати ҳанӯз пештар ташкил додашудаи Бухоро, бо сарварии Ф. Хоҷаев кӯшида омад. Ӯ дар ҳамин лаҳза на танҳо вазифаи раиси Шӯрои Нозирони Халқии Бухороро иҷро мекард (ин вазифа ҳанӯз пештар насиби ӯ гардида буд), балки вазифаи раиси Кумитаи Марказии Инқилобӣ, ё худ Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ ба уҳда дошт. Зеро Аҳмадҷон Абдусаидов (Ҳамдӣ), ки пештар ба ин вазифа пешниҳод шуда буд, дар рӯзҳои муҳосираи шаҳри Бухорои Куҳна гӯё худро фаъол нишон надод. Аниқтараш, мувофиқи баъзе маълумотҳо, вай барои ба муқобили Бухорои Куҳна истифода бурдани тӯпҳои дурзан ва бомбаборон намудани он розигӣ надодааст. Бинобар ин ӯро аз вазифааш озод намуда, вазифаи раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ муваққатан ба уҳдаи Ф. Хоҷаев гузоштаанд.
Баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Куҳна, Кумитаи Инқилоби Умумибухороӣ манифесте бароварда, Бухороро Ҷумҳурии Шӯравӣ эълон намуд. Мувофиқи ҳамон манифест бояд:
заминҳои дар ихтиёри амир, амалдорони амир, қозиҳо ва заминдорони калон бударо мусодира намуда, онҳоро дар байни деҳқонони камзамину безамин тақсим менамуданд;
хироҷ, аминона ва дигар намуди андозҳо бекор карда мешуд;
судҳои қозигиро бекор намуда, ба ҷойи онҳо судҳои халқиро ташкил медоданд;
баробарҳуқуқии ҳамаи халқҳо, новобаста аз фарқиятҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ таъмин мегардид;
ҷорӣ намудани таълими бепул;
пароканда намудани қӯшунҳои амир;
бекор намудани ҳукми қатл, ҷазои ҷисмонӣ ва ғайраҳо эълон карда шуд (мешуд — Т.А.).
Вале вазъият дар шаҳри Бухорои Куҳна ҳамоно мураккаб буд. Дуздию ғоратгарӣ ва сӯхтору кушокушӣ ҳанӯз идома дошт. Бо мақсади бартараф намудани ҳамаи ин оқибатҳои манфӣ, ҳанӯз 4 сентябри соли 1920 дар шаҳри Бухорои Куҳна ҳолати фавқулодаро ҷорӣ карда, Комиссияи фавқулода (Бухчека)-ро ташкил доданд. Барои таъмин намудани бехатарии шаҳриён инчунин иборат аз се ҳазор нафар милитсияи халқӣ ташкил карда шуд.
Ҳамин тавр дар сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) дар натиҷаи амалиётҳои ҷангии қисмҳои аскарони сурх тартиботи амирӣ сарнагун карда шуд. Ҷангҳои шадид махсусан барои забти шаҳри Бухорои Куҳна ба амал омаданд. Вале ҳукумати нави Бухоро бо сабаби дар Бухорои Шарқӣ ҳанӯз пойдор будани тартиботи амирӣ худро ором ҳис карда наметавонист.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Аббревиатуры. Вожаномаи ихтисораҳо... A B C D E F G H I J K L M N O P Q R S T U V W X Y Z A АС (alternating current) – переменный ток – ҷараёни тағйирёбанда AKA (Also-Known-As) — ...
Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 158-166... 158. Сагангур 159. Санҷид 160. Писта 161. Замбӯруғ 162. Ток 163. Мурч 164. Қаламфур 165. Биринҷ 166. Пудина 158. Са...
Назаре ба сарнавишт ва забони тоҷикони муқими Чин... Тӯфони қисмат ҳаммиллатони моро ғарибу фирорӣ гардонида, ба чор тарафи дунё парешон гардонидааст. Эмомалӣ Раҳмон Омӯзиш, тадқиқ ва баррасии таър...
Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ-8... ←   Ба пас   <8>   Ба пеш   → Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт, К-аз хоб касеро гули шодӣ нашукуфт. Коре ч...
Диданд: 275

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>