Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 5.2


Боби V.
Сарнагун гардидани ҳукумати подшоҳӣ дар Русия ва натиҷаҳои он барои халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна

§2. Бадахшон баъд аз инқилоби февралии (соли 1917) Русия

Ба амал омадани дигаргуниҳо дар идоракунии Бадахшон

3 апрели соли 1917 хабари сарнагун гардидани ҳукумати подшоҳии Русия то ба Бадахшон ҳам расид. То ин лаҳза қисми ғарбии Бадахшон бо номи бекигарии Шуғнону Рӯшон аз ҷиҳати идоракунӣ расман дар ҳаӣати аморати Бухоро бошад ҳам, вале амалан, чун қисми Шарқӣ дар ихтиёри отряди Помирии Русия буд, ки он дар як вақт чӣ сарҳади байни Бадахшону Афғонистон ва чӣ оромии Бадахшонро назорат мекард. Бинобар ин вазъи сиёсии Бадахшон асосан аз мавқеи афсарон ва аскарони ин отряд сахт вобастагӣ дошт,
Афсарон ва аскарони Отряди Помир хабари барҳамхӯрии тартиботи подшоҳии Русияро хуш қабул намуданд. Дар худи ҳамон моҳ бо сарварии П. Волков Кумитаи Умумипомирии аскарон таъсис ёфт, ки он дар шароити Бадахшон бояд вазифаи Шӯрои намояндагии аскаронро мебозид. Аммо ҳамон лаҳза аз сабаби камшумории қисмҳо ва аскарон, дар шароити Бадахшон ташкил ёфтани чунин Шӯро ғайриимкон буд.
Дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 1917 дар Бадахшон бо сардории собиқ амалдори подшоҳӣ Белов Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ ташкил ёфт. Ӯ дар як вақт сардори отряди Помир ва комиссари граждании Ҳукумати Муваққатӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ташкили ин кумита тамоми афсарон ва аскарони отряди Помир фаъолона иштирок намуданд. Бо ҳамин сабаб дар Бадахшон мавҷудияти дуҳокимиятӣ чандон эҳсос намешуд.
Моҳи апрели соли 1917 Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ отряди Помирро (эҳтимол бо мақсади ба фронт фиристодан) аз Бадахшон даъват карданӣ шуд. Вале 24 апрел аз номи мардуми волости Шуғнон ба номи Кумита мактуб расид, ки дар он хоҳиши дар Бадахшон нигоҳ доштани отрядро кардаанд. Бо андешаи муаллифони мактуб, даъват намудани отряди номбурда сабабгори ҳар гуна бетартибиҳо дар сарҳад мегардад. Ин таклифро Кумитаи Умумипомирӣ ва Кумитаи аскарони отряди Помир низ дастгирӣ намуданд. Дар натиҷа отряди Помир дар макони аввалааш нигоҳ дошта шуд.

Аз ихтиёри идоракунии амирии Бухоро ба Ҳукумати Муваққатии Русия гузаштани қисми ғарбии Бадахшон

Баъд аз инқилоби февралии (соли1917) Русия масъалаи Бадахшон як муддат дар байни амалдорони Ҳукумати Муваққатӣ ва ҳукумати амирии Бухоро мавзӯи баҳс гардид. Зеро, то моҳи апрели соли 1917 дар Бадахшон намояндаи амири Бухоро — бек низ ба тарзи расмӣ фаъолият мекард, гарчанде ҳокимият, чуноне дар боло қайд кардем, амалан дар ихтиёри отряди Помир буд. Инак, моҳи апрел он намояндаи амир — Мирзо Касири мирохур, ки чун беки Шуғнон ном бурда мешуд, вафот кард. Баъди ин воқеа, 8 майи соли 1917 Кумитаи иҷроияи волости Шуғнон қарор кард, ки “Помири Ғарбӣ ба усули худидоракунӣ мегузарад». Ҳатто бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ дар асоси принсипҳои идоракунии кишвар «Низомномаи муваққатӣ оид ба идоракунии ноҳияҳои Помир» -ро тартиб доданд. Дар асоси ин ҳуҷҷат идоракунии граждании ноҳия ба уҳдаи Комиссари ноҳиявии Помир, ки аз тарафи Ҳукумати Муваққатии Русия таъин мегардид, ва ду нафар ёрдамчиёни он мегузашт. Минбаъд, бо ташаббуси ин комиссар амалдорони маҳаллии Ҳукумати Муваққатӣ дар қисми ғарбии Бадахшон бояд аз сари нав интихоб карда мешуданд. Дар ин интихобот бояд мардуми Бадахшон аз 25 сола боло, новобаста аз фарқияти миллат, ҷинс ва эътиқоди динӣ иштирок намоянд. Инчунин, мувофиқи ҳамин «Низомнома…» ба вазифаи амалдорони маҳаллӣ шахсоне бояд интихоб мегардиданд, ки онҳо дар ин мулк камаш як сол истиқомат карда бошанд.
Мувофиқи «Низомнома…» дар ҳар як деҳаи аҳолинишин бояд оқсақол (староста) интихоб мегардид. Якчанд маҳаллаҳои аҳолинишин ҷамъияти қишлоқиро ташкил медоданд, ки онҳо аз тарафи амин ва кумитаи ҷамъиятии қишлоқӣ идора карда мешуд. Ба кумитаи ҷамъиятии қишлоқӣ чун аъзо — амин, таҳсилдор (ҷамъоварандаи андоз аз аҳолӣ), ки ӯро хазиначӣ ҳам мегуфтанд, юзбошӣ (сотник) ва мироб дохил мешуданд. Якчанд ҷамъиятҳои қишлоқӣ волостро ташкил медоданд, ки он аз тарафи кумитаи иҷроия бо сардории комиссар (ҳамчун раиси кумитаи иҷроия) идора мегардид. Аввалин комиссари граждании ноҳияи Бадахшон ва раиси кумитаи ноҳия шарқшинос И. И. Зарубин (минбаъд олими номӣ, профессор, доктори илми филологӣ) интихоб гардида буд.60
Чунин тағйиротҳои ҷиддӣ дар усули идоракунӣ, махсусан пурра ба ҳайати Русия дохил гардидани Бадахшонро рӯҳониён ва заминдорони калони Бадахшон, бо сарварии Азизхон хуш қабул накарданд. Онҳо тарафдори дар ҳайати аморати Бухоро мондани Бадахшон буданд ва аз амир хоҳиш намуданд, ки ба ҷойи беки вафоткарда шахси дигарро таъин кунад. Инак моҳи майи ҳамон сол ба Бадахшон беки навро фиристоданд. Вале ӯ то ҷойи муайяншуда — Шуғнон (ҷойи бекнишини бекигарии Шуғнону Рӯшон) расида натавонист, зеро дар роҳ ба вай аз тарафи кумитаи иҷроияи Рӯшон мамониат нишон дода шуд.
Аммо рӯҳониён ва заминдорони калони Бадахшон минбаъд ҳам умеди худро аз майл ба аморати Бухоро накарданд. 10 октябри соли 1917 бо имзои Азизхон ва дигарон ба номи амири Бухоро Олимхон ва беки Дарвоз Туробқул мактуб фиристода шуд, ки дар он хоҳиши ба ҳайати аморат қабул намудани Бадахшонро кардаанд. Вале ин мактуб низ дар роҳ, аз тарафи намояндагони Ҳукумати Муваққатии Русия гирифта шуд.
29 октябри соли 1917 маҷлиси якҷояи намояндагони Кумиҷроияи волости Шуғнон, кумитаи аскарони отряди Помир, бо иштироки комиссари ноҳиявӣ Зарубин ва сарвари нави отряди Помир подполковник Фенин барпо гардид. Дар он қарор шуд, ки Азизхон ба Сарикӯл, ба зери назорати сарвари пости Тошқӯрғон фиристода шавад.
Ҳамин тавр, кӯшишҳои ҷиддии рӯҳониён ва заминдорони калони Бадахшон, барои дар зери ҳукуматдории амирии Бухоро нигоҳ доштани ватанашон, барбод рафт. Бадахшон минбаъд чун қисми таркибии Русия монд ва аз тарафи намояндагии ҳукумати он идора мегардид. Аз ҷиҳати идоракунии гражданӣ Бадахшон тобеи вилояти Фарғонаи кишвари Туркистон ба ҳисоб мерафт.
Бояд ба инобат гирифт, ки бо ташаббуси И. И. Зарубин, барои ҳалли масъалаи аграрӣ дар Бадахшон кӯшишҳои ҷиддие карда шуд. Аз ҷумла, ӯ, махсусан бенавоии мардуми ин диёри кӯҳистонро ба инобат гирифта, заминҳои бекорхобидаи Шохдараро ба деҳқонони безамини Рӯшон, Ғунд ва Ғорон тақсим карда дод. Чунин чорабинӣ барои мардуми бечораи Бадахшон як илҳоми тоза бахшид. Умуман дар Бадахшон ҳам баъд аз инқилоби февралии Русия дар масъалаҳои чӣ иқтисодӣ ва чи сиёсӣ, махсусан тарзи идоракунии он, тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Чор дарвеш. Баёни саргузашти дарвеши сеюм... Баёни саргузашти дарвеши сеюм Дарвеши сеюм ба дузону даромада ҳам чун абри баҳорон сиришк аз дида борон гуфт: - Шаҳрёро, ман аз аҳволи худ чӣ гӯям...
Канзи шифо. Давоҳои ҳайвонӣ 41-49... 41. Марворид 42. Буз 43. Каргас 44. Мӯрча 45. Эчкиэмар 46. Пӯпишак 47. Заргӯш 48. Инсон 49. Ғоз 41. Марворид Ин ...
Ҳофиз. Ғазалиёт 526-550 526 Катубту қиссата шавқӣ ва мадмаъӣ бокӣ Биё, ки бе ту ба ҷон омадам зи ғамнокӣ. Басо, ки гуфтаам аз шавқ бо ду дидаи худ: «Аё манозила Сал...
Оклеветанный поэт Нақибхони Туғрали Аҳрорӣ Трагедия Накибхона Туграла, вынужденного вместо пера взять в руки штык В первые месяцы после победы Октябрьской революци...
Диданд: 54

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>