Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 4.3

Боби IV. Афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX

§ 3. Ҳаракати ҷадидия

Бавуҷудойии ҳаракати ҷадидия

Ҳаракати ҷадидия дар аввал ҳамчун ҷараёни фарҳангию маърифатӣ, сипас ҳамчун ҷараёни иҷтимоию сиёсии ислоҳотхоҳона, охирҳои асри XIX ва аввали асри XX дар байни зиёиёни бедоргаштаи маҳаллии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Тарафдорони ин ҳаракат ақибмондагии иқтисодию сиёсии мулки худро ба хубӣ дарк намуда, қафомондагии маънавии мардуми онро эҳсос карда, чун пешгузаштагонашон — маорифпарварон дар андешаи он буданд, ки:
1) бо роҳи паҳн намудани маърифат (дар асоси ислоҳи усули куҳнаи таълим дар мактабу мадрасаҳо, ташкили мактабҳои усули нав, паҳн намудани адабиёти навину нашри рӯзномаю маҷаллаҳо) аҳволи мардумро беҳтар намоянд;
2) ба ислоҳи тарзи идоракунии мулки худ ноил гардида, барои дар қатори халқҳо ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ инкишоф ёфтани он шароит муҳайё кунанд;
3) ба барҳам додани ҳар гуна разолатҳои давр — бетартибию ғоратгариҳо ҳангоми ситонидани андозҳо, худсарии амалдорон ва ғайраҳо мушарраф шаванд;
4) бо роҳи ислоҳот динӣ исломро ба талаботи замони нав — инкишофи муносибатҳои капиталистӣ мутобиқ гардонанд.
Пеш аз ҳама бояд таъкид намуд, ки махсусан ҷадидони Бухоро, дар аввал худро «ҷадид» наномидаанд. Ин номро ба онҳо гӯё чун калимаи таҳқиркунанда, муқобилони ислоҳот гузоштаанд. Барои гузоштани чунин ном аз тарафи ҷадидон ташкил намудани мактабҳои усули нав (ё худ усули ҷадидӣ ҳам мегӯянд) сабаб шуда буд. Дар ин бора С. Айнӣ, ки худ аз ҷумлаи аввалин фаъолони ин ҳаракат буд, чунин ишора мекунад: «Азбаски барои ба ҳамдигар наздик шудани ин соҳибфикрон (яъне тарафдорони мактаби усули нав — Н.Ҳ.) дар марҳилаи аввал мактаби усули ҷадидия сабаб шуда буд, уламо ва арбоби ҳукумат ин фирқаро «ҷадид» ё «ҷадидӣ» номидаанд. Азбаски маслаки ин фирқа тараққӣ ва пешрафт ва роҳбаронашон ҷавонон ва ҷавонфикрон буданд, онҳо худро «ҷавонбухориён» (мисли ҷавонтуркон) меномиданд»51.
Калимаи «ҷадид» арабӣ буда ба форсии тоҷикӣ маънои «нав», «тоза»-ро дорад ва дар он ягон ифодаи таҳқиркунанда ё худ таҳқиркунӣ дида намешавад. Вале он солҳо, махсусан дар шароити аморати Бухоро, ҳомиёни тартиботи куҳна ҳар каси ба худ аз рӯйи ақида муқобилро «ҷадид» гӯён таҳқир менамуданд. Оҳиста-оҳиста ин калима нисбати ҳамаи онҳое, ки тарафдори ислоҳот буданд, мактабҳои усули нав мекушоданд, дар чунин мактабҳо таҳсил менамуданд ва ё бо он алоқа доштанд, умуман нисбати ҳамаи онҳое, ки чӣ ба тартиботи асримиёнагӣ ва чӣ усули куҳнаи таълимӣ розӣ набуданд, истифода мегардид. Ниҳоят, онҳо бо ҳамин номи «ҷадид» дар таърих дохил шуданд ва худи ҷадидон низ онро нисбати худ ва ҳамфикронашон на ба маънои таҳқир, балки озодона истифода мебурданд.
Дар асл ҷадидон дар марҳилаи аввал худро «ҷавонон», «ҷавонфикрон», «маорифпарварон», «тараққипарварон», «ислоҳотпарварон», «ислоҳотхоҳон», «навпарастон» ва ғайра меномиданд. Ба ғайр аз ин ҷадидони Бухоро, чуноне дар боло ишора кардем, ба ҷавонтуркони Туркия пайравӣ намуда, худро «ҷавонбухориён», ҷадидони Хева бошанд, худро «ҷавонхевагиҳо» меномиданд. Дар навбати худ ҷадидон низ муқобилони худро «куҳнапарастон», «қадимиён», «қадимпарастон», «тарафдорони усули куҳна» ва ғайра меномиданд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҷанҷоли тарафдорон ва муқобилони мактаби усули нав дар таърих ба номи «низои байни ҷадидону қадимпарастон» маълум аст ва он ҷанҷол сол аз сол шиддат ёфта, махсусан дар шароити Бухорои амирӣ бештар шакли фоҷиавиро мегирифт.
Марказҳои намоёни ҳаракатҳои ҷадидӣ дар аморати Бухоро — шаҳри Бухорои Куҳна (яъне пойтахти аморат); дар кишвари Туркистон — шаҳрҳои Самарқанд, Қӯқанд, Тошканд ва хонигарии Хева — шаҳри Урганҷ ба ҳисоб мерафтанд. Зеро, ин шаҳрҳо дар баробари марказҳои маъмурӣ ҳисоб шудан, боз ҳамчун маркази илму маърифат ҳам буданд.
Дар шаҳру деҳаҳои сераҳолии Осиёи Миёна масҷидҳои зиёд ва дар назди онҳо мактабҳои бисёре ҳам вуҷуд доштанд. Бинобар ҳамин ҳам дар сарзамини Осиёи Миёна миқдори хело зиёди мактабҳои усули куҳна амал мекарданд. Чунончи, охири асри XIX (соли 1899) танҳо дар кишвари Туркистон 4632 адад чунин мактабҳо вуҷуд дошт, ки дар онҳо 44773 нафар талаба таҳсил менамуд. Аз ин рӯ дар шаҳрҳои номбурда миқдори нисбатан хеле зиёди мактабу мадрасаҳо, муллою мударрисҳо ва талабагон фаъолият ва таҳсил менамуданд. Онҳо аз вазъи давр нисбатан хубтар огоҳ буданд. Инчунин дар байнашон ҳар гуна ақидаҳо ва хабарҳо бо зудӣ паҳн мешуд.
Агар ба ҷойгиршавии мактабу мадрасаҳо ва миқдори талабагони онҳо боз ҳам саҳеҳтар назар афканем, пас маълум мешавад, ки аввали асри XX танҳо дар шаҳри Бухорои Куҳна 360 мактаби усули куҳнаи назди масҷидҳо ва 140 адад (мувофиқи маълумоти дигар қариб 200 адад) мадрасаҳо амал мекарданд. Шумораи талабагон дар ин шаҳри аҳолиаш ҳамон вақт 70-75 ҳазорнафара тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз ин 10 ҳазор нафарро танҳо талабагони мадрасаҳо ташкил медоданд. Боқимонда — 10 ҳазор нафар талабагони мактабҳои усули куҳна буданд. Дар шаҳри Самарқанди бостонӣ бошад, ки дорои тақрибан 30-35 ҳазор нафар аҳолӣ буд, 70 адад мактабҳои усули куҳна ва 24 адад мадрасаҳо вуҷуд доштанд. Шаҳри Қӯқанд низ дорои 36 мадраса буд, ки дар онҳо 2262 нафар талаба таҳсил мекарданд. Шаҳри Хуҷанд дорои 30 мактаби усули куҳна (бо 490 нафар талаба), 8 мактаби духтарона (бо 97 нафар толиба) ва 47 мадраса (зиёда аз 50 мударрис ва қариб як ҳазор нафар талаба) буд. Умуман дар вилояти Фарғона 368 мадраса (бо зиёда аз 11 ҳазор нафар талаба), қариб 2 ҳазор адад мактабҳои ибтидоӣ (яъне куҳна), 300 адад мактабҳои духтарона, зиёда аз 6 ҳазор масҷидҳои обод ва ғайра фаъолият доштанд.
Рақамҳои дар боло номбаршуда гувоҳи онанд, ки шаҳрҳои қайдгардида аз ҷиҳати миқдори мактабу мадрасаҳо ва масҷидҳо нисбат ба дигар нуқтаҳои аҳолинишини Осиёи Миёна дар қатори аввал меистоданд. Бинобар ҳамин ҳам ин шаҳрҳо ба марказҳои асосии ҳаракати ҷадидия табдил ёфтанд.

Манбаъҳои ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия

Гуфтан лозим аст, ки ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна дар ҷойи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст. Балки он ба худ заминаҳо, ё худ манбаъҳои маънавии зеринро доро буд:
Манбаи аввал, ин ақидаҳои маорифпарварии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Аҳмади Дониш, фарзандони халқи ӯзбек Зокирҷон Фурқат, Муҳаммад Аминхоҷа Муқимӣ, Завқӣ ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Аз байни онҳо махсусан А. Дониш зиёда шуҳрат пайдо карда буд. Ақидаҳои маорифпарварии ин марди фозил аллакай дар охири асри XIX на танҳо дар Бухоро, балки берун аз он, аз ҷумла дар Самарқанд низ ҳаводорони зиёди худро пайдо карда буд. Ба ғайр аз ин дар мадрасаҳои Бухоро аз ҳар гӯшаю канорӣ Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Фарғона, Тошканд, Хева ва ғайра низ талабаҳо таҳсил менамуданд, ки қисме аз онҳо, бегуфтугӯ аз эҷодиёти А. Дониш воқиф гардидаанд.
Чуноне дар боло қайд намудем, эҷодиёти А. Дониш махсусан дар Бухоро таваҷҷуҳи як зумра зиёиён — аз ҷумлаи муллою мударрисҳо ва талабагонро ба ҳаёти сиёсӣ бедор карда буд. С. Айнӣ ва дӯсти наздикаш (дар ҳамон солҳо) Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (Бурҳонов) ҳам аз ҷумлаи он бухориёне буданд, ки маҳз дар натиҷаи таъсири мутолиаи асари барҷастаи А. Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» фикру ақидаашон нисбат ба ҳақиқати воқеии Бухорои ҳамонвақта дигаргун шудаанд. Устод С. Айнӣ ин воқеиятро ба хотир оварда менависад: «… мо сартосари ин китобро хонда баромадем. Муаллиф (яъне А. Дониш — Н.Ҳ.) усули идораи амир, муомилаи маъмурони ӯ ба мардум, қозиҳо, раисҳо ва дигаронро танқид мекард. Мадрасаҳо, мударрисҳо ва усули дарсгӯйии онҳоро, ҳам чизҳоеро, ки дар он вақтҳо дар он мадрасаҳо мехонданд, танқид мекард. Касбҳо, пешаҳо, заношӯйӣ, муомилаи оилагӣ, тартиби зангирӣ, занталоқкунӣ ва дигарҳоро ягон-ягон танқид мекард. Умуман «дар он китоб дар зимни ҳикоя ва мусоҳибаҳо чизҳое тасвир меёфт, ки мо онҳоро дар зиндагонии ҳаррӯза медидем ва намеписандидем. Муаллиф ана ҳамон чизҳоро тасвир карда танқид мекард». Дар натиҷа «ин китоб, — давом медиҳад С. Айнӣ,- ба мо чунин таъсир кард, ки назари мо ба амир, вазир, ба муллоҳо ва ба зиндагонии онрӯза қариб тамоман дигар шуд.'» С. Айнӣ ва М. А. Мунзим минбаъд дар давраи бавуҷудойӣ ва инкишофи ҳаракати ҷадидияи Бухоро на танҳо яке аз иштирокчиёни он балки аз ҷумлаи сарварони асосиаш буданд.
Манбаи дигари маънавии ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна ин таъсири ҳаракати ҷадидияи тоторҳо, ки ҳанӯз пештар, солҳои 80-ӯми асри XIX ташаккул ёфтааст, ба ҳисоб меравад. Марказҳои асосии ҳаракати ҷадидияи тоторҳо Боғчасаройи Қрим ва шаҳри Қазон буданд. Аз сабаби он ки дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна тоторҳо низ зиндагӣ мекарданд ва онҳо бо тоторҳои Қрим ва Поволже алоқаи наздик доштанд, бинобар ин ақидаҳои ҷадидияи тоторҳо дар байни тоторҳои осиёимиёнагӣ бо зудӣ паҳн гардид. Дар натиҷа аз ин ақида зиёиёни маҳаллӣ — тоҷикон ва ӯзбекон низ дар канор намонданд.
Манбаи сеюми ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёнаро таъсироти инкишофи муносибатҳои нав — молию пулӣ ташкил медиҳад. Зеро, маълум аст, ки аллакай охирҳои асри XIX ба доираи муносибатҳои капиталистӣ шаҳр ва ноҳияҳои нав ба нав кашида мешуданд ва ҳамин тариқ мавқеи муносибатҳои феодалӣ танг мегардид. Мардум дар муддати кӯтоҳ шоҳиди воқеаҳои наҷиб: ба вуҷуд омадани заводҳои гуногун, сохтани роҳҳои оҳан, пайдо шудани бонкҳо ва ғайра гардиданд. Ҳамаи ин дигаргуниҳо барои бедорӣ ва тағйир ёфтани афкори зиёиён бетаъсир намемонд.
Манбаи чоруми ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия таъсироти матбуоти даврӣ гардид. Дар охири асри XIX ва махсусан ибтидои асри XX ба Осиёи Миёна бештар маҷалла ва рӯзномаҳое, ки дар давлатҳои ҳамсоя ба забонҳои форсӣ, тоторӣ, русӣ ва туркӣ нашр мегардиданд, паҳн шуданд. Он рӯзномаҳо зиёиёнро на танҳо аз воқеаҳои муҳими ҷаҳонӣ, ба мисли ҷанги русу япон, воқеаҳои Болқон, инқилоби якуми рус ва дигар ҳаракатҳои инқилобӣ, балки, дар як вақт бо ихтирооту тараққиёти илму техникаи ҷаҳонӣ, инкишофи тиҷорату саноат дар мамлакатҳои дунё ва ҳамсоя ва ғайраҳо хабардор менамуданд.
Аз ҷумлаи ҳамон рӯзномаҳо «Тарҷумон» буд, ки солҳои 1883-1914 дар Боғчасарой, бо ташаббуси яке аз саромадҳои асосии ҳаракати ҷадидияи тотор Исмоили Ғаспарӣ (1851-1914), ба забони тоторӣ чоп мешуд. Ин рӯзнома, бо ташаббуси тоторони осиёимиёнагӣ дар байни зиёиёни ғайритотор низ паҳн мегардид. Дар Бухоро бошад, инчунин маҷаллаҳои «Ҳабл-ул-матин», ки дар Ҳиндустон, «Чеҳранамо» ва «Парвариш», ки дар Миср ба забони форсӣ нашр мешуданд, низ паҳн мешуданд. Дар зери таъсири ин рӯзномаю маҷаллаҳо, ки дар саҳифаҳои онҳо, аз ҷумла оиди Бухоро мақолаҳои танқидӣ чоп мешуданд, назари зиёиёнро нисбат ба ҳақиқати ҳоли аморат тағйир медоданд.
Маҳз ҳамин манбаъҳои номбурда асоси ташаккулёбии ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна гардиданд.

Фаъолияти ҷадидон дар шароити кишвари Туркистон

Бояд таъкид намуд, ки Осиёи Миёна дар шароити гуногун амал мекарданд. Аз ҷумла, дар шароити кишвари Туркистон онҳо то андозае озодона фаъолият мегузарониданд. Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба корҳои онҳо (ба ғайр аз солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ) чандон аҳамият намедоданд. Бинобар ин ҷадидони кишвари Туркистон, дар роҳи амалӣ гардонидани мақсадҳои худ, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ғайр аз муқобилияти тарафдорони усули куҳнаи таълим, дигар монеии ҷиддиро қариб эҳсос намекарданд.
Ҳаракати ҷадидия дар кишвари Туркистон то замони инқилоби февралии (соли 1917) Русия ба тарзи ташкилӣ ташаккул наёфта бошад ҳам, вале тарафдорони он шароити кишварро ба инобат гирифта, дар назди худ чунин мақсадҳои муайяне гузошта буданд: дар масъалаи тарбия — ҷавонони маҳаллиро бештар ба илму маърифат, ривоҷ додани корҳои тиҷорату саноат даъват менамуданд. Дар ин соҳа онҳо бегуфтугӯ тарафдори ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо ва бунёди мактабҳои усули нав буданд; оиди сабук намудани аҳволи халқи меҳнаткаш — ба тартиб даровардани андозҳо ва сабук намудани онҳо; қатъ гардонидани муҳоҷиркунии деҳқонони рус ба кишвари Туркистон; дар масъалаи идоракунии кишвар — ислоҳ намудани усули идоракунии мустамликавӣ, аз ҷумла тағйир додани баъзе бандҳои «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон», ки дар асоси онҳо амалдорони ҳукумати подшоҳӣ нисбат ба мардуми маҳаллӣ бераҳмӣ зоҳир менамуданд; дар масъалаи ҳуқуқ — баробарҳуқуқии раиягони муқимии кишвар бо раиягони рус, маҳдуд намудани дахолати амалдорони подшоҳӣ дар корҳои идоракунии маҳаллӣ, ки баъзан боиси аз тарафи онҳо поймол намудани урфу одати мардум мегардид ва ғайраҳо.
Сарварони ҳаракати ҷадидия дар кишвари Туркистон: Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (1875-1919), Абдуқодир Шакурӣ (Абдуқодир Абдушукуров) (1875-1943), ҳар ду дар Самарқанд, Мунаввар-Қорӣ (Абдурашидов) дар Тошканд ва дигарон буданд. Аз ҷумла М. Беҳбудӣ баробари хатми мадраса ба Қазону Уфа, Мисру Туркия сафар намуда, бо ҳаёти он кишварҳо ба хубӣ шинос шуда, ниҳоят тарафдори шуълавари ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо ва бунёди мактабҳои усули нав гардидааст. Ӯ муҳаррир ва ношири рӯзномаи «Самарқанд» (1913-1914) ва маҷаллаи «Оина» (1913-1915) буд. Аз ҷумла маҷаллаи «Оина» бо ду забон-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд. Ба қалами вай инчунин песаи «Падаркуш» тааллуқ дорад. Мунаввар-Қорӣ Абдурашидов бошад ношир ва муҳаррири рӯзномаи «Хуршед» (с. 1906) буд.
Умуман аз тарафи ҷадидони кишвари Туркистон ба ғайр аз маҷаллаю рӯзномаҳои номбурда боз рӯзномаҳои «Тараққӣ» (с.1906), «Шуҳрат» ва «Туҷҷор» (с. 1907-1908), «Осиё» (с. 1913-1915), «Садои Туркистон» (1914-1915), «Садои Фарғона» (1913) ва ғайраҳо нашр мегардиданд. Ҳамаи ин рӯзномаҳо ба забони ӯзбекӣ чоп мешуданд.
Дар шароити кишвари Туркистон ҳам аз ҷумлаи мударрису муллоҳо ва талабагон муқобилони ҳаракати ҷадидия низ кам набуданд. Ин гурӯҳи муқобилон дар мактабу мадрасаҳо усули куҳнаи таълимро дастгирӣ намуда, муқобили чӣ мактабҳои усули нав ва чӣ мактабҳои русии маҳаллӣ, тарафдори аз нав барқарор намудани мавқеи номаҳдуди дину шариат ва ғайраҳо буданд. Вале онҳо аз баромади ошкоро ба муқобили сиёсати ҳукумати подшоҳӣ метарсиданд.

Фаъолияти ҷадидон дар шароити аморати Бухоро

Дар шароити аморати Бухоро бошад вазъият барои фаъолияти ҷадидон тамоман дигар буд. Ҳукумати амирӣ аз рӯзҳои аввали бавуҷудойии ҳаракати ҷадидия тарафдорони онро таъқиб намуда, фаъолияти мактабҳои усули нави онҳоро манъ кард. Чунин муносибат суръати аз ҷиҳати ташкилӣ танзим ёфтани ҳаракати ҷадидияи Бухороро тезонид. Махсусан, соли аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шудани мактаби усули нави Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1877-1934) ва С. Айнӣ (1878-1954) тарафдорони ҳаракати навро ба ғазаб овард ва баръакс онҳоро бо ҳам наздиктар намуд. Тарафдорони мактаби усули нав минбаъд бо ҳам тез-тез вохӯрда, оиди тақдири Бухоро, мардуми он, корҳои мактабу мадрасаҳо суҳбатҳо меоростанд. Дар натиҷа солҳои 1909 дар Бухоро ҳаракати ҷадидия ҳамчун ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷамъиятию сиёсӣ аз ҷиҳати ташкилӣ ташаккул ёфт.
Чуноне дар боло ишора намудем, С. Айнӣ бо ҳамроҳии дӯсти худ М. А. Мунзим дар маркази ҳаракати ҷадидияи Бухоро, аниқтараш аз ҷумлаи сарварони он буданд. Инак, мувофиқи маълумоти С. Айнӣ, он солҳо ҷадидони бухороӣ вазъи аморатро ба инобат гирифта, баҳри инкишоф ва ободии ватани худ — Бухоро, инчунин баҳри хушбахтии мардуми он дар назди худ, чун мақсаду маром, иҷрои вазифаҳои зеринро гузоштаанд: дар соҳаи маориф — барҳам додани бесаводӣ ба воситаи кушодани мактабҳои усули нав, ислоҳи таълим дар мадрасаҳо, паҳн намудани адабиёти нав ва матбуоти ҳаррӯза; дар соҳаи ҳимояи манфиати халқ — бо роҳи ташвиқот ба мардум фаҳмонида додани разолатҳои ҳукуматдорони амирӣ, исрофкории амир ва аҳли дарбор, инчунин дар байни мардум барҳам додани исрофкориҳои зиёд ҳангоми тӯй, мотам (маъракаҳои азодорӣ) ва дигар маъракаҳо; дар соҳаи мустаҳкам намудани иттифоқ ва дӯстии мардум — бо роҳи фаҳмондадиҳӣ барҳам додани низоъҳои мазҳабӣ ва ғайраҳо. 52
Минбаъд ба ҳаракати ҷадидияи Бухоро, дар қатори зиёиён, инчунин намояндагони тоҷирони маҳаллӣ, ба монанди миллионери номӣ Муҳиддин Мансуров ва писари ӯ Абдуқодир Муҳиддинов (1892-1934), ки аз ҷумлаи маърифатпарварон буданд, дохил гардиданд. Дар натиҷа ба мақсаду мароми маърифатпарваронаи ҷадидони Бухоро боз иловаҳо дохил шуданд. Аз ҷумла: дар соҳаи тиҷорат — дар тамоми сарзамини аморат муҳайё намудани имконият барои инкишофи тиҷорат ва бартараф намудани ҳар гуна монеаҳои мавҷуда, дар Бухоро барпо намудани биржа, роҳҳо, кӯпрукҳо ва ғайраҳо; дар соҳаи моликият — на танҳо таъмин намудани дахлнопазирии моликият, балки дар асоси қонун муҳофизат намудани он аз ҳар гуна ниятҳои бадқасдонаи амиру амалдорон, ба тартиб даровардани тақсимоти об ва ғайраҳо илова шудаанд53.
Ин ҳама вазифаҳое буданд, ки дар асоси онҳо ҷадидони Бухоро бояд дар аморат фаъолият мекарданд. Дар ҳақиқат ҳам ҳалли чунин мақсаду маром дар шароити онвақтаи Бухорои амирӣ як инқилобе менамуд. Зеро, аксари онҳое ки дар сари қудрати ҳукуматдории амирӣ буданд, ё худ ба он нуфузи зиёд доштанд, ҳанӯз ҳам аз пешрафтҳои шаҳон хулосаҳои зарурӣ набароварда буданд ва мехостанд, ки Бухороро мисли пештара, бе ягон тағйирот нигоҳ доранд. Масалан, ҳанӯз аввалҳои асри XX як гурӯҳ муллоҳои иртиҷоъпарасти бухороӣ ҳатто дар чароғи карасинӣ нишонаи инқилобро дида, барои истифодаи он дар масҷидҳо сахт муқобил баромадаанд. Ё худ яке аз шахсони бонуфузтарини Бухоро Ғиёс махдуми аълам барои дар Бухоро кушодани намойишгоҳи кино ва сангфарш намудани кӯчаҳо сахт муқобил баромада буд. Ин муқобилиятҳо танҳо бо дахолати кормандони агентии сиёсии Русия бартараф карда шуданд.
Дар шароити хонигарии Хева бошад, ҷадидон имконияти озодона амал карданро доштанд. Зеро, режими хонӣ, ки дар ин ҷо нисбатан заиф буд, ба ҷадидон муқобилияти сахт нишон надод. Баръакс, баъзе намояндагони ҷадидон дар ҳукумати хонӣ нуфузи зиёд доштанд. Мавқеи муқобилони ҷадидон низ дар ин мулк нисбатан суст буд. Мақсаду мароми ҷадидони Хева бошад ба мақсаду мароми ҷадидони кишвари Туркистон ва махсусан Бухоро хело мувофиқат мекард. Вале корҳои амалан иҷро кардаи ҷадидони Хева нисбатан назаррас набуд.
Ҷадидон ҳақиқатан ҳам давомдиҳандагони фаъолияти маорифпарварони асри XIX буданд. Бинобар ин онҳоро низ маорифпарварон номидан хато нест. Вале ин ҳаракатро нисбат ба маорифпарварони асри XIX «як қадам ба қафо» гуфтан хатост. Баръакс, ҳаракати ҷадидия нисбат ба маорифпарварии гузашта як қадам ба пеш аст. Зеро, маорифпарварони аввал норасоиҳои замонро дар асарҳо, суҳбатҳо, шеъру сурудҳои худ сахт танқид карда, худ барои амалии онҳо чандон корҳои назаррасе накардаанд. Ҷадидон бошанд, дар давраи аввал аксаран фаъолияти худро бо кори амалӣ — ташкили мактабҳои усули нав, нашри рӯзномаҳо, ислоҳи усули таълим дар мадрасаҳо ва ғайра сар карданд.
Ба ҷадидон тамғаи исломпарастӣ (панисломизм)-ро часпонда сиёҳ намудан низ хатост. Зеро, чуноне таъкид намудем фаъолони ин ҳаракат аксаран аҳли савод, муллою муллозодаҳо, мударрисҳо ва талабагони мадрасаҳо, яъне қариб ҳама аз аҳли ислом буданд. Бинобар ин онҳо ҳеҷ гоҳ аз доираи ислом берун шуда наметавонистанд ва ин тавр шуданаш мумкин ҳам набуд. Аз аҳли ғайримусулмон — яҳудиёни маҳаллӣ аксаран хаӣрхоҳон буданду халос. Бинобар ин ҷадидон, аз доираи шариати дини ислом набаромада, бо роҳи ислоҳот мулки худ ва мардуми онро аз ҳолати бенавоию қашшоқӣ бароварда, ба қатори халқҳо ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон расонидан мехостанд.

Зиёд гардидани нуфузи равияи туркпарастӣ дар баӣни ҷадидон

Маълум ас тки дар охири асри XIX ва авали асри XX дар базаи идеологияи миллатчиёни турк — туркизм, ақида ва ё худ равияи дигар — туркпарастӣ (пантуркизм), бо марказ дар Туркия, ба вуҷуд омада, инкишоф ёфт. Мувофиқи таълимоти туркпарастон як қатор миллатҳои ҷаҳон, ба монанди — юнониҳо, форсҳо, арабҳо аллакай хароб шудаанд ва онҳо гӯё оянда надоранд; қисми дигари миллатҳо, аз ҷумла халқҳои Аврупо гӯё ба интиҳо мерасанд; танҳо қисми сеюми миллатҳо, ки ба онҳо танҳо туркҳоро нисбат медоданд, гӯё инкишоф меёбанд ва ояндаи дунё насиби онҳост. Аз ин рӯ онҳо «ягонагии миллӣ ва давлатии» ҳамаи халқҳои туркзабонро тарғиб мекарданд. Роҳи асосии амалӣ гардидани мақсадашонро дар ягонагии забони туркӣ дида, барои ба туркӣ гардонидани забонҳои ғайритуркӣ шурӯъ намуданд. Дар ҳудуди давлати Туркия, он забонҳоро, ки туркӣ намуданашон ғайриимкон буд, барои ҷисман нест кардани он халқҳо шурӯъ намуданд. Бинобар ҳамин ҳам, солҳои 1915-1916 дар ҳудуди ин давлат ташкил намудани қатли умумии халқи арман бесабаб набуд.
Туркпарастӣ дар ҳудуди империяи Русия байни миллатчиёни тотори Қриму Поволже махсусан ҳамовозии зиёд пайдо кард. Зеро, онҳо дар ин равия воситаи ягонаи ҷудоӣ аз давлати Русияро медиданд. Бояд таъкид кард, ки қисми тарҷумонҳо ва ҳатто амалдорони хурди давлати Русия, ки бо корҳои Осиёи Миёна машғул буданд, низ аз ҷумлаи тоторҳо буда, баъзеи онҳо дар қатори ҷадидони тотор, ҳамин равияро дастгирӣ мекарданд.
Дар натиҷа ҷавонони осиёимиёнагие, ки ба Туркия ва ё ба Қриму Поволже сафар кардаанд, ё худ аз тарафи ҷадидон барои таҳсил фиристода шудаанд, бо зудӣ ба таъсири ҳамин равия меафтоданд. Минбаъд онҳо чун шахсони барои забони худ бегона, тарғибгарони равияи туркпарастӣ ба воя мерасиданд ва амал мекарданд.
Дар шароити Осиёи Миёна туркпарастон мавҷудияти на танҳо тоҷиконро балки ӯзбекон, туркманҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигар халқҳои туркзабонро низ тамоман ба эътибор намегирифтанд. Тоҷиконро «туркҳои бо таъсири адабиёти классикии форс забони худро гумкарда» ҳисоб мекарданд. Бинобар ин, онҳо мегуфтанд: «тоҷикҳо бояд ба асли худ — туркҳо табдил дода шаванд».
Оиди муайян намудани туркпарастии ҷадидони Осиёи Миёна ҳушёрии ҷиддӣ лозим аст. Пеш аз ҳама бояд ба инобат гирифт, ки ҳаракати ҷадидӣ ва туркпарастӣ ҳеҷ гоҳ ҳаракати ягона набуд ва на ҳамаи ҷадидон дар тамоми даври фаъолияташон туркпараст буданд. Махсусан дар давраи аввали фаъолияти ҷадидони Бухоро таъсири равияи туркпарастӣ нисбатан хело кам буд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҷадидони Бухоро аввалин мактаби усули нав ва аввалин рӯзномаро ба забони форсии тоҷикӣ ташкил намудаанд. Вале пӯшида нест, ки нуфузи туркпарастӣ дар фаъолияти онҳо сол аз сол меафзуд. Зеро, худи ҷадидони Осиёи Миёна дар симои давлати Туркия намунаи ибратбахши давлати тараққикардаи исломиро дида, нисбат ба он таваҷҷӯҳи зиёде пайдо карда буданд.
Дар натиҷа қисми зиёди зиёиёни бедоргаштаи тоҷик, ки дар равия ё худ ҳаракати ҷадидия дохил буданд, низ бо равияи туркпарастӣ заҳролуд шуда, минбаъд худро турк ҳисоб намуда, нисбат ба миллат ва забони худ хиёнатҳои зиёде кардаанд, ки оиди ин масъалаҳо дар фаслҳои зарурӣ хоҳем истод.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Навиштаҳои дигар

Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 87-93... 87. Канаф 88. Шунгбед 89. Ангурғӯра 90. Ҳулба 91. Туршак 92. Нахӯд 93. Ҳино 87. Канаф Ин растаниест, ки зироат мек...
Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 2-2 Сайри Файзобод Ман ҳаракати ҷисмонии чобукона ва паҳлавонии мардонаи Махдуми Гавро дар сайри Файзобод дидам. Дар Бухоро дар он вақтҳо Наврӯзро, ки...
Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 247-254... 247. Парпӣ 248. Газна 249. Ҳалила 250. Бодинҷон 251. Боқило 252. Сунбул 253. Бӯймодарони маҳинбарг 254. Бӯймодарони дуруштбарг ...
Айнӣ. Ёддоштҳо, қ. 1-4 Сайри Дарвешобод Тирамоҳ шуд, вақти сайри Дарвешобод расид. Дар ҳафтаи якум ба сайр рафтан падарам розӣ нашуд: - Ҳафтаи нахустинро одатан бачадава...
Диданд: 124

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>