Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 4.2

loading...

Боби IV.
Афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX

§ 2. Аҳмади Дониш-ислоҳотхоҳ ва маорифпарвар

Ташаккулёбии ҷаҳонбинии Аҳмади Дониш

Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Куҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи модараш гирифта, дар мактаби қориён (ҳофизони Қуръон) низ таҳсил намудааст. Вале мактаби қориёнро зуд тарк намуда, аз 14 — солагӣ таҳсилро дар мадраса идома додааст. Вай дар мадраса ба ғайр аз илмҳои динӣ, бештар мустақилона, дар асоси асарҳои олимони Шарқ, фанҳои табииёт, риёзиёт, нуҷум, ҳайат, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиётро меомӯзад.
Аҳмади Дониш аз хурдсолӣ хати зебо ва дар рассомиву наққошӣ истеъдоди фавқулодае дошт. Ӯ хушнависиро ҳанӯз аз модараш, ки назми форсии тоҷикиро низ нағз медонист, омӯхт. Бо кӯмаки модараш, ҳанӯз дар хурдсолӣ нақши ҳарфи арабиро хело зебо кашида, ниҳоят чун наққоши моҳир ба камол расид. Дар солҳои таҳсил дар мадраса вай ин истеъдоди худро боз ҳам сайқал дод. Баъди хатми мадраса ӯро, бо тавсияи яке аз устодони санъаткораш ба дарбори амир, ба сифати меъмор ва наққош ба кор гирифтанд. Вале аз сабаби набудани корҳои иморатсозию бинокории ҳукуматӣ, Аҳмади Дониш дар дарбор бештар ба корҳои китобати рисолаву девонҳо ва коғазҳои расмии дарбор машғул буд. Ин ҳама ба ӯ имконият дод, ки аз як тараф ҳунари хаттотӣ ва наққошии худро боз ҳам такмил диҳад, аз тарафи дигар, аз китобхонаи бойи дарбор истифода бурда, мустақилона илмҳои гуногунро боз ҳам чуқуртар омӯзад. Дар натиҷа вай ҳанӯз дар замони ҳукуматдории амир Насруллоҳ аз ҷумлаи соҳибмаърифатноктарин (?соҳибмаърифаттарин, маърифатноктарин — Т.А.) аҳли дарбор гардида буд.
Августи соли 1857 амир Насруллоҳ ба Петербург ҳайати сафорате фиристода, ба он шахсан Аҳмади Донишро, ба сифати мирзо (котиб), дохил намудааст. «Ҳайати сафирон дар аввал иборат аз 40 нафар буданд. Мақсади асосии фиристодани чунин ҳайат ин расонидани таъзияи ҳукумати Бухоро нисбати марги подшоҳи Русия Николаи I ва муборакбодии ба тахт нишастани Александри II буд. Вале ҳукумати подшоҳии Русия ба қабули чунин ҳайати калон розигӣ надод. Бинобар ин аз ҳайат 4 нафарро (аз он ҷумла Аҳмади Донишро низ) интихоб намуда, ба Петербург фиристоданд. Боқимондаи ҳайат бошад, аз Оренбург ба Бухоро баргаштанд. 9 ноябр ҳайати сафирон ба Петербург омада расиданд.
Аҳмади Дониш ҳангоми сафараш, мувофиқи супориши амир, ба ғайр аз адои вазифаи котибӣ, боз аз вазъи иқтисодию сиёсии Русия ба хубӣ огоҳ гардида, баъди сафар бояд натиҷаи мушоҳидаҳояшро ба худи амир нақл менамуд. Ӯ дар шаҳри Петербург ду моҳ буд. Дар ин муддат вай бо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва махсусан фарҳангии маркази империяи Русия, ба қадри имкон аз наздик шинос шуд.
10 январи соли 1858 ҳайати сафирон аз Петербург ба Москва, 23 майи ҳамон сол аз Оренбург ба Бухоро раҳсипор шуданд. Ҳангоми ин сафар онҳо ба ғайр аз шаҳрҳои номбурда боз бо шаҳрҳои Нижний Новгород ва Қазон низ шинос гардиданд. Аҳмади Дониш баъди бозгашт оиди пешрафтҳои иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии Русия ба амир ва аҳли дарбор ахборот дод.
Чуноне дар боби пештара ишора намудем, шартномаи 23 июни соли 1868 байни Русия ва Бухоро барои Бухоро хеле гаронӣ мекард. Махсусан аз даст додани шаҳри Самарқанд ва заминҳои атрофи он бо болооби Зарафшон, инчунин товони ҷанг бори вазнин буданд.
Маҳз бо мақсади сабуктар намудани шартҳои ҳамин шартнома, амир Музаффархон лозим донист, ки ба Петербург ҳайати нави сафиронро иборат аз 4 нафар, бо сарварии писари 12-солаи худ Абдулфаттоҳ фиристад. Амир то ин лаҳза ба фаъолияти А. Дониш аҳамият надода буд. Инак, ӯ ҳангоми ба Русия фиристодани ҳайати нав А. Донишро ба он ба сифати котиби аввал дохил намуд.
Ҳайати сафирон 29 августи соли 1869 аз Тошканд ба Оренбург ва 2 октябр аз Москва ба Петербург раҳсипор шуданд. Онҳо тақрибан ду моҳ дар Петербург буда, аввали соли 1870 ба ватан баргаштанд ва 9-10 феврали ҳамон сол ба Тошканд расиданд. Ин сафари дуюми А. Дониш ба Петербург буд. Дар ин сафар ӯ ҳангоми мулоқотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ худро ҳамчун ходими масъули давлатӣ нишон дода, соҳиби боварии аҳли дарбори ҳукумати подшоҳӣ гардидааст. Амир Музаффархон чунин муваффақиятҳои А. Донишро дар ҳайати сафорат ба эътибор гирифта, баъди баргаштани ӯ ба Бухоро, ба вай унвони фахрии илмии дарборӣ «ӯроқ»-ро дода, яке аз мансабҳои муҳими дарборро пешниҳод намуд. Вале А. Дониш, бо баҳонаи он, ки гӯё аз иштирокаш дар корҳои идоракунӣ фоидае намешавад, аз мансаби пешниҳодшуда даст кашид, Ӯ зарур шуморид, ки андешаҳои худро оиди тарзи давлатдорӣ ба қалам диҳад.

Андешаҳои Аҳмади Дониш роҷеъ ба ислоҳот

Тақрибан солҳои 1870-1873 А. Дониш рисолае таълиф намуд, ки дар он андешаҳояшро оид ба адолат ва тартибу низоми идора намудани давлат ва ҷамъият баён кардааст. Муаллиф дертар ба он номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро ниҳод. Ин рисола дар асл як барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ ва асосҳои иҷтимоии аморати Бухоро ба ҳисоб меравад.
А. Дониш дар ин рисола барои идоракунии мамлакат тартиботи вазорат ва маҷлиси машваратӣ (парламент)-ро зарур мешуморад. Ба ақидаи ӯ ҳуқуқи амир, чун ҳокими мутлақ бояд дар асоси қонун (Конститутсия) маҳдуд карда шавад. Ба ғайр аз ин дар рисола оиди сохт ва ҳуқуқи вазоратҳо, тартибот ва мавқеи қувваҳои ҳарбӣ, ҳуқуқ ва мартабаи амир, муносибати давлатдорон бо халқро батафсил баён кардааст.
Инак чанд нуқта аз ин рисолаи А. Дониш. Дар фасли аввал, ки «Дар фазилати салтанат ва муомилоти салотин ва аҳаққ ва аҳли он» ном дорад, муаллиф таъкид мекунад: «Бидон, ки вилоят доштан кори бузург аст ва халифагии ҳаққ таоло кардан аст ва дар ҳама авомиру навоҳӣ иқтидо ба сулуки илоҳӣ намудаи ва асл дар вилоятдорӣ ва ҳукумат илму амал аст. Ва султонро ин миқдор илм лобудд аст, ки бидонад, ки вайро дар ин олам барои чӣ овардаанд ва қароргоҳи вай чист? Дунё манзилгоҳи вай аст, на қароргоҳи вай. Ва вай бар сурати мусофирест, ки раҳими модар бидояти манзили вай аст ва лаҳад ниҳояти манзили вай».44
Бо андешаи А. Дониш подшоҳ ҳамон вақт адолатхоҳ шуда метавонад, ки ӯ ба худ даҳ шартро маҳфуз дошта бошад. Шарти аввал, бо андешаи нависанда, «дар ҳар воқеа, ки раоёро пеши ҳоким афтод, подшоҳ худро дар он воқеа аз раоё тасаввур кунад ва дигареро бар худ ҳоким донад. Ва дар он ҳам ҳар ҳукм, ки аз дигаре ба худ раво намедорад, мисли он (яъне онро — Н.Ҳ.) аз худ ба дигаре раво надорад ва агар раво дорад, хиёнат карда бошад».
Ё худ дар шарти ҳафтум мегӯяд: подшоҳи одил «он ки аз хатари ҳукумат ва вилоят ғофил набошад. Ва яқин донад, ки мансаби аморату ҳукумат олатест, (ки) бад-он саодату некномии дунё ва охират касб метавон кард. Ва ҳам шақовату гирифторӣ ва бадномии абадӣ ҳосил тавон намуд».
Дар шарти нуҳум гуфтааст: «…некбахттарин раиятдорон касест, ки раият бад-ӯ некбахт аст, ва бадбахтарин касе он аст, ки раият бад-ӯ бадбахт аст»45.
Дар фасли дуюми рисола, ки «Дар муомилаи мулук бо умаро ва сипоҳ ва танқиси уммолу мутасаррифон ва услуби аскардорӣ», ном дорад А. Дониш зарурияти панҷ шарти дигарро низ пешниҳод кардааст:
«Аввал, подшоҳи одили қоҳири зӯр, ки агар подшоҳ золиму заифҳол бувад, ҳамсоягон дар мулки вай тамаъ кунанд ва он шаҳрро поймол гардонанд.
Дуввум, уммолу мутасаррифони мутадайин, ки агар уммолу ҳокимон ҷобир бошанд, агарчи подшоҳ золим набувад (яъне одил бошад. — Н. Ҳ.), ин шаҳр хароб шавад ва раоё нуфур кунанд ва деҳаҳо вайрон шавад. Ва ҳол он ки зулми уммол дар ҳақиқат, зулми султон аст ва худ бад-он ризо дода.
Сеюм, табиби ҳозиқ, ки агар дар шаҳре табиби донишманд набувад, мардуми бисёр ба аворизи дохилӣ ва хориҷӣ мариз шаванд ва ба ҳалокат расанд (ва даво наёбанд) ҷамъияти том (яъне тамом — Н.Ҳ.) даст надиҳад ва мардум аз (хориҷ) камтар омадшуд кунанд, аз бими беморию марг.
Чаҳорум, мардумони ҷаводу карим, ки ҷиҳати ғурабо манзилу маош мураттаб медоранд, то мусофиронро осойишу ҷамъият бошад, ки агар мардуми шаҳр лоим бошанд, кас аз хориҷ дар ин шаҳр дарнаравад, барои сахтии маош. Ва ин шаҳр гумном бошад (яъне гумном шавад. — Н.Ҳ.), балки хароб гардад.
Панҷум, обҳои ҷорӣ, чун дарёву наҳрҳо ва чашмасорҳо зироатро, ки агар шаҳре чунин набошад ва оби дарёву чашма надорад, он қариб хароб гардад, ки дар он шаҳр киштукор ва фалоҳату зироат сурат набандад. Ва сукунати одамӣ ва мавошӣ дар он мутааззир бошад»46.
А. Дониш дар назди амир Музаффархон шарт мегузорад, ки танҳо дар сурати қабул гардидани ин шартҳои ишорашудаи ислоҳот вай метавонад, дар кори идораи давлати амирӣ иштирок намояд. Амир аз чунин пешниҳодоти бебоконаи А. Дониш дар пояи давлатдории худ хавфе бурда, на танҳо онҳоро қабул накард, балки худи ӯро аз дарбор дур намуда, аввал ба Ғузор, баъд дар Наҳрпай қозӣ таъин намуд. Ин воқеа баъди сафари сеюми А. Дониш ба Петербург, ки охири соли 1874 ва аввали соли 1875 воқеъ гардида буд, ба амал омад. Мақсади фиристодани ҳайати нави сафорат, ин расонидани изҳори шукронаи амири Бухоро — Музаффархон ба подшоҳи рус Александри II, ба муносибати ба ихтиёри ҳукумати амирӣ додани заминҳои соҳили рости дарёи Аму, ки баъди аз тарафи қӯшунҳои подшоҳӣ шикаст додани хони Хева, мувофиқи шартномаи Русияю Хева (соли 1873) ба ихтиёри Русия гузашта буд, ба ҳисоб меравад. Дар ин сафар амалдорони Русия ба А. Дониш як дурбини ситорашиносӣ медиҳанд ва ӯ пас аз бозгашт ҷиддан ба илми ситорашиносӣ машғул мешавад. Баъди ҳамин сафар вай аз корҳои давлатӣ ва хизмати дарборӣ тамоман дур карда шуд.

«Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш

Нависанда, тақрибан аз солҳои 1875 ба навиштани шоҳасари худ «Наводир-ул-вақоеъ» шурӯъ намуд ва онро дар муддати 15 сол ба итмом расонид. Ӯ соли 1885, танҳо баъди марги амир Музаффархон ва ба тахт нишастани амири ҷавон — Абдулаҳадхон, ба Бухоро баргашт ва бо марҳамати амири нав муддате китобдори мадрасаи Ҷаъфархоҷаи Бухоро таъин гардид. Ин ҳама ба нависанда имконият дод, ки шоҳасари худро ба итмом расонида, онро дар байни ҳаводорону ҳамфикрони худ паҳн намояд.
А. Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ», чун шоҳиди замон иллатҳои иҷтимоӣ, нобаробарӣ ва беадолатиҳои ҷамъияти феодалии Бухоро, қафомондагии ҳаёти маданӣ, тарзи шахшудамондаи таълим дар мактабу мадрасаҳо, симои маифури табақаҳои ҳукмрони амирӣ, ки нисбат ба мардум хело бераҳмӣ зоҳир менамуданд, ҷаҳолат ва ғафлатзадагии арбобони динию маъмурии давр ва ғайраҳоро хеле сахт танқид намудааст. Ба ин асар, аз тарафи худи муаллиф рисолаи дар боло ишорашуда — «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ҳамчун яке аз қисмҳо дохил карда шуд. Ҳоло ҳам ин «Рисола».. яке аз қисмҳои муҳими «Наводир-ул-вақоеъ»-ро ташкил медиҳад.
Уламои расмии Бухоро, амир ва аҳли дарбор пайдоиши «Наводир-ул-вақоеъ»-ро зараровар ҳисобида, муаллифи он — А. Донишро ба бединӣ, ҳатто ба надонистани асосҳои ислом ва фалсафаи он айбдор намуданд. Чунин муносибати беасоси онҳо боиси ба вуҷуд омадани асари дигари А. Дониш — «Меъёр-ут-тадайюн» гардид. Ин асарро нависанда тақрибан соли 1894 ҳамчун ҷавоб ба душманони ғоявии худ навиштааст. Дар ин асар ӯ аҳком ва нуқтаҳои муҳими дини исломро аз нуқтаи назари масъалаҳои ҳаёти воқеӣ таҳлил намуда, бо он дар қатори донандаи забардасти илмҳои гуногун буданаш, инчунин дониши комилу васеи худро оиди асосҳои фалсафаи дин бори дигар исбот менамояд.
Бояд иқрор шуд, ки пайдоиши «Наводир-ул-вақоеъ»-ро зиёиёни пешқадами Бухоро бо камоли мамнуният қабул намуданд. Он бо зудӣ китоби рӯйимизии онҳо гардида буд. Аз ҳамин сабаб ҳам таъсири ин шоҳасар дар байни зиёиён беҳамтост. Инчунин худи нависанда ҳам аз доираи зиёиёни Бухоро дар канор набуд. Ӯ ҳама вақт якчанд нафар уламо ва талабаҳои боистеъдодро дар атрофи худ ҷамъ намуда, оиди фасодҳои замона ва роҳҳои аз он баромадан, суҳбатҳо меорост. Ниҳоят А. Дониш бо ин ҳама амалиётҳои худ, яъне ба воситаи суҳбатҳо паҳн намудани ақидаҳояш ва инчунин таълифи асарҳои гаронбаҳояш, барои дар шароити Бухоро ба вуҷуд омадан ва ташаккул ёфтани як равия ё худ ҷараёни нав — равияи маорифпарварӣ заминаи асосӣ гузоштааст.

Аҳмади Дониш — асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ

Маорифпарварӣ, ин ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангист, ки зиёиёнро аз ғафлати шахшудамондагии замони куҳнаи феодалӣ бедор намуда, онҳоро ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард. Тарафдорони ин ҷараён (ё худ равия) маҳз бо роҳи тарғиби ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти муайяни ҷамъиятиро барҳам задан, анъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан мехостанд. Андешаҳои Аҳмади Дониш ҳам пурра ба ҳамин мақсад равон гардида буд. Аз ҳамин сабаб ӯро ҳамчун яке аз саромадони ҷараёни маорифпарварии на танҳо Бухоро, балки Осиёи Миёна ҳисоб мекунанд.
Дар ғояҳои маорифпарварии А. Дониш ҳақиқатан ҳам тамоми ҷиҳатҳои мусбати афкори фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсии на танҳо халқи тоҷик, балки инчунин дигар халқҳои Осиёи Миёна, мамлакатҳои ҳамҳудуди Шарқ ва ғайра таҷассум ёфтаанд. Барои ташаккули ин ғояҳо таасуроташ аз сафарҳои Петербург махсусан нақши муҳиме бозидааст. Зеро, ӯ дар натиҷаи ин сафарҳо бо чашми худ дид, ки ватанаш Бухоро нисбат ба Русия то ба кадом дараҷа аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ хеле қафо мондааст47.
Омӯзиши афкори маорифпарварии А. Дониш гувоҳӣ медиҳад, ки дар он се нуқтаи асосиро махсусан мушоҳида намоем: Аввалан, нависанда ҷиҳати асосии сохти давлатӣ ва ҷамъиятии замонашро сахт танқид кардааст, намояндагони табақаи ҳукмрон ва ҳомиёни ин тартиботи қафомондаи феодалиро мазаммат ва маҳкум намудааст. Дуюм, А. Дониш омӯзиши илмҳои дақиқ ва дунявӣ, аз худ намудани таҷрибаи тараққиёти мамлакатҳои Аврупоро тарғиб ва усули куҳнаи таҳсили мадрасаро сахт танқид кардааст. Сеюм, ӯ дар асарҳои худ манфиати оммаи меҳнаткашро самимона ва далерона ҳимоя кардааст. Аз ҳамин сабаб ҳам вай нисбат ба истисморкунандагони халқ, махсусан амалдорони амирӣ бепарда сухан мегӯяд 48. Минбаъд ҳамин сифатҳо аз тарафи тамоми пайравони А. Дониш қабул гардиданд ва инкишоф дода шуданд.
А. Дониш аз барҷастатарин ва фозилтарин шахсони Бухоро ба ҳисоб мерафт. Ӯ пешрафти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии ватани худро мехост. Орзу мекард, ки мулкаш обод ва мардуми он хушбахт бошад. Аммо вайро норасоиҳои замона хело азоб медоданд. Нависанда дар ҷустуҷӯйи роҳҳои амалӣ гардидани мақсад ва орзуҳои худ ба шиори подшоҳи маърифатнок рӯ овардааст. Бо ақидаи вай, агар амир ба фоидаи маорифи халқ «боваркунанда шавад», гӯё худи ҳамин барои ба тарзи нав сохтани ҳаёти воқеии Бухоро кофист. Вале дар айни замон, чӣ тавре аллакай қайд намудем, А. Дониш барои таъсис намудани идораҳои машваратӣ, яъне ба монанди парламент ва ба ин восита маҳдуд гардонидани яккаҳукмронии амирӣ баромад мекард. Яъне, нависанда орзуи онро мекард, ки чи амир ва чи аҳли амалдору машваратчиёни ӯ аз ҷумлаи фозилони давр бошанд. Зеро, дар ҳамон лаҳза аз худи амир сар карда аксарияти амалдорону машваратчиёнаш аз ҷумлаи ҷоҳилон, муқобилони ҳар гуна ислоҳоту тағйирот дар аморат буданд. Онҳо тарафдори он буданд, ки мардуми Бухороро дар зулмоти асримиёнагӣ, бе ягон тағйирот нигоҳ доранд. Дар чунин вазъият ақидаҳои маорифпарваронаи А. Дониш барои бедории афкори ҷамъиятию сиёсии зиёиёни Бухоро як таккони ҷиддие буд. Аз ҳамин сабаб ҳам С. Айнӣ А. Донишро барҳақ ситораи дурахшон дар осмони тираи Бухоро ҳисобидааст49.
Ниҳоят «бузургтарин хизмати Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавонист дар атрофи худ як гурӯҳ пайравон — маорифпарварони асри XIX тоҷикро муттаҳид кунад»50. Як зумра шоирони номии ин давр, ба монанди: Абдулқодирхоҷаи Савдо, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Исо Махдуми Бухороӣ, Шамсиддин Махдуми Шоҳин, Мирзоҳайити Саҳбо, Муҳаммадсиддиқ Ҳайрат ва дигарон пайравони А. Дониш буданд. Эҷодиёти нависанда танҳо бо ҳамин доира маҳдуд нашуд. Минбаъд, яъне дар аввали аср XX ҳам он сабабгори бедории гурӯҳи нисбатан боз ҳам зиёди зиёиёну талабагон ва ниҳоят яке аз манбаъҳои ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия гардид.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Навиштаҳои дигар

Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-5...   1    2    3    4    5    6   7   8 Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойи...
Канзи шифо. Муқаддима 1-3 Аз муаллиф Муқаддима Фасли якум. Дар баёни баъзе ҳолатҳо доир ба ситора ва сайёраҳо ва табииёт Фасли дуюм. Дар баёни ғизо, давои зулхос...
Чанд суруду таронаи «Шашмақом»-3...   1    2    3    4    5    6   7   8 Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойиш...
Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ-6... ←   Ба пас   <6>   Ба пеш   → Гардун зи замин ҳеҷ гуле барн-орад, К-аш нашканаду ҳам ба замин наспорад. Гар...
Диданд: 212

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>