Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 3.5

Боби III.
Тоҷикон дар замони бавуҷудойии дигаргуниҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ. Болоравии ҳаракатҳои халқӣ ва ихтилофҳои мазҳабию мансабӣ (солҳои 1867-1917)

§ 5. Омезиши ихтилофҳои мазҳабӣ бо рақобати мансабӣ ва ба амал омадани фоҷиаи баӣни суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар Бухоро

Сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани фоҷиа

Моҳи январи соли 1910 дар шаҳри Бухорои Куҳна — маркази аморати Бухоро, дар байни суннимазҳабон ва шиамазҳабони ин шаҳри бостонӣ панҷ шабонарӯз, яъне аз 21 то 26 январ хунрезии даҳшатноке идома ёфтааст, ки он воқеа дар таърихи бисёрҳазорсолаи ин маркази тамаддуни Машриқзамин саҳифаи фоҷиавитарин ба ҳисоб меравад.
Маълум аст, ки аксарияти мардуми аморати Бухоро (тоҷикҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва ғайра) пайравони мазҳаби суннӣ38 мебошанд.(Мазҳаби суннӣ — як равияи асосии динии ислом буда, пайравони он ғайр аз Қуръон боз Суннаро, ки ҳадиси муқаддас ҳисоб мешавад ва дар он фикру ақида, гуфторҳои Муҳаммад ва пайравони ӯ, халифҳо: Абу Бакр, Умар, Усмон ва Ҳайдар (Алӣ) баён карда шудаанд, эътироф менамоянд. Сунниҳо баробари халифҳоро ҳокимони олии аз тарафи худо таъиншуда шуморидан, боз бо парастишу маросимҳои мусулмонӣ аз шиаҳо фарқ мекунанд.) Эътиқодмандони равияи шиа3, асосан эрониёне, ки дар шаҳри Бухорои Куҳна ва деҳаҳои атрофи он мезистанд, ташкил мекарданд. Маҳз ҳамин фарқияти мазҳабӣ халқҳои асосии ориёӣ ва форсизабон — тоҷикон ва эрониёнро аз якдигар ҷудо намудааст. Дар солҳои пеш, агарчанде байни суннимазҳабон ва шиамазҳабон баъзан ихтилофҳо рӯй дода бошанд ҳам, вале дар даҳсолаҳои охир намояндагони ҳар ду мазҳаб бародарвор мезистанд.
Дар Бухоро барои ба амал омадани хунрезии январии соли 1910 сиёсати дар вақтҳои охир пешгирифтаи амирони манғит ва хусумати байни мансабталошони ҳар ду мазҳаб сабабҳои асосӣ гардиданд. Ин воқеа чунин рӯй дода буд: Амирони манғит дар шароити аморати Бухоро ба худ такягоҳи боэътимоде надоштанд. Худи қабилаи манғит ҳам нисбатан камшумор буд. Он қабила на танҳо бо дигар қабилаҳои ӯзбек, балки умуман бо туркнажодҳо иттифоқи мустаҳкаме надошт. Тоҷикҳо, ки аксарияти мардуми аморатро ташкил медоданд, ҳеҷ гоҳ боиси боварии амирони манғит нагардидаанд. Бинобар ҳамин ҳам амирони манғит мансаби қушбегиро, ки баъди амир шахси дуюм ба ҳисоб мерафт, на ба тоҷикҳо ва на ба намояндаи дигар қабилаҳои туркнажод муносиб намедиданд. Аниқтараш, амирони манғит хавфи онро доштанд, ки ҳангоми ба мансаби қушбегӣ таъин кардани намояндагони тоҷикҳо ё худ туркнажодҳо, яъне умуман суннимазҳабҳо, онҳо дар вақти муносиб метавонистанд, ки амирро аз мансаб дур кунанд. Аз ҳамин сабаб ҳам амирон ба мансаби қушбегӣ маҳз намояндаи шиамазҳаб — эрониёнро таъин мекарданд. Зеро, эрониён, аз боиси кам будани нуфузи худ дар аморат ҳеҷ гоҳ талоши мансаби амириро намекарданд ва ба амирони манғит содиқона хизмат менамуданд. Агар, амирони манғит қушбегии аз ҳисоби шиамазҳабон таъин кардаашонро аз вазифа озод карданӣ шаванд ҳам, он гоҳ низ ҳеҷ хавфе мавҷуд набуд.
Инак, дар замони ҳукмронии амир Абдулаҳадхон (Мувофиқи баъзе маълумотҳо модари амир Абдулаҳадхон — Шамшод ном зани баромадаш эронӣ, яъне шиамазҳаб будааст ва ӯ зани дӯстдоштаи амир Музаффархон ба ҳисоб мерафтааст.) шахси бонуфузтарин баъд аз ӯ Остонақул қушбегӣ, ки баромадаш эронист, ба ҳисоб мерафт. Остонақул низ аз мавқеи худ истифода бурда ба дигар мансабҳои зарурии ҳукумати амирӣ эрониёнро таъин кард. Чунин амалиёти ӯ мансабталошони суннимазҳабро, бо сарварии раиси Бухоро Бурҳониддин, ки мехост баъд аз амир бонуфузтарин шахс дар аморат бошад, ба ғазаб овард. Бинобар ин тарафдорони Бурҳониддин барои аз байн бардоштани Остонақул қушбегӣ фурсати мувофиқро интизор буданд.

Баҳона, саршавӣ ва оқибатҳои фоҷиа

Ниҳоят, барои саршавии фоҷиа мавқеи қулай ва баҳонае ҳам муҳайё гардид. 22 январи соли 1910 рӯзи шанбе, дар чорбоғе, ки берун аз дарвозаи Самарқандии шаҳри Бухорои Куҳна воқеъ буд, як ҷамоаи эрониёни маҳаллӣ ва мусофир ҷамъ шуда, мотам ороста, маросими таъзияи Ҳусейн (Ҳусейн дар рақобат ва муборизаи дурударози Аббосиён (авлодони пайғамбар Муҳаммад) ба муқобили ҳукмронии Умавиён иштирок намудааст. Вай соли 680, ҳангоми шӯриш дар маҳалли Карбало ба ҳалокат расид. Шиаҳо Ҳусайнро шахси муқаддас ҳисоб мекунанд.), писари Алӣ, набераи пайғамбар Муҳаммадро мегузарониданд. Барои озодона гузаронидани чунин маросим, эрониёни бухороӣ аз соли 1908, яъне дар замони қушбегӣ Остонақул ҳуқуқ пайдо карда буданд.
Одатан дар рӯзи маросими мотами имом Ҳусейн эрониён либосҳои сиёҳ дар тан, тобути холиро бардошта, «Во Ҳусейн! — гӯён сари дили худро мекӯфтанд. Вале мардуми бухороӣ — сунниҳо ин гуна рафторҳои шиаҳоро фақат мавқеи тамошо медонистанду халос. Аммо дар маросиме, ки 22 январ баргузор гардид на танҳо қисме аз тоҷикон ва ӯзбекони бухороӣ, балки баъзе талабаҳои тошкандӣ ва фарғонагие, ки дар мадрасаҳои Бухоро мехонданд, низ ҳозир буданд.
Инак, чунин амалиёти эрониён боиси хандаи яке аз талабагони фарғонагӣ гардид. Эрониён бошанд ин хандаро нисбати мазҳаби худ таҳқир ҳисобида, ба ӯ ҳуҷум карда, вайро маҷрӯҳ намуданд. Аз ин ҳодиса иртиҷоъпарастони бухороӣ (яъне аз ҳисоби мансабталошони суннимазҳаб) истифода бурда, барои ба муқобили эрониён бархезонидани як қисми талабаҳои мадрасаҳо ва мардуми гумроҳи Бухоро муваффақ гардиданд. Яъне, ин иғвогарон воқеаро ба фоидаи худ шарҳ дода, дар байни мардум ҷор мезаданд, ки: «Эрониён муллобачаеро зада куштанд!», «Эрониён бухороиёнро кушта истодаанд!», «Барои ҳифзи ҷон ва номуси худ ҷамъ шавед!».
Мувофиқи баъзе маълумотҳо бо даъвати он иғвогарон, ба тарафдории суннимазҳабон қариб даҳ ҳазор нафар бухороиён ба майдон баромадаанд. Онҳо, ки асосан ба сӯйи Арк ҳаракат мекарданд, аз қушбегӣ Остонақул на танҳо қатли гунаҳкорони тарафи эронии ин воқеа, балки дар сарзамини аморати Бухоро тамоман манъ намудани ҳар гуна маросиму чорабиниҳои шиамазҳабонро талаб менамуданд.
Амир Абдулаҳадхон он солҳо бо баъзе сабабҳо, аз ҷумла ихтилофаш бо сарварони суннимазҳаб, шаҳри Карминаро ба қароргоҳи худ табдил дода буд. Баробари ба ӯ расонидани хабари воқеаи Бухоро, вай вазифаи хомӯш намудани ихтилофро ба уҳдаи ҳоким — беки Шаҳрисабз — Мирзо Насрулло, ҳокими Чорҷӯй — Мирзо Низомиддинхоҷаи Урганҷӣ ва баъдтар ба уҳдаи ворисаш, ҳокими Кармина — Олимхон гузошт.
Аммо дар дохили шаҳри Бухорои Куҳна аллакай худи ҳамон рӯзи аввали воқеа, яъне 22 январ, кушокушии байни суннимазҳабон ва шиамазҳабон сар шуда буд. Ҳар ду тараф нисбат ба якдигар ваҳшонияти зиёде зоҳир намуданд. Онҳо то ҳамин лаҳза, ки бо ҳам дар як гузари шаҳр ва ё ҳамсоя мезистанд, ба ҳавлии якдигар зада даромада, кӯдакони дар гоҳвора бударо сар бурида, шиками занҳои ҳомиладорро чок намуда, ҳатто кӯдаки ҳанӯз тавлиднаёфтаро низ аз батни модараш гирифта, сар буриданд. Аз ин фоҷиа пирони ҳар ду тараф ҳам солим намонданд. Мувофиқи маълумоти шоҳидони «он рӯзҳои фоҷиа дар он нуқтаҳои шаҳр, ки зиёда кушокушӣ ба амал омадааст, хуни одамӣ чун оби борон аз гузарҳои танг ҳаракат кардааст».
Ба хунрезии байни суннимазҳабон ва шиамазҳабон, ки асосан дар шаҳри Бухорои Куҳна давом кардааст, дар баробари шаҳриён инчунин пайравони ин равияҳо аз деҳаҳои атрофи шаҳр низ ҷалб гардидаанд. Миқдори умумии қурбоншудагони ин фоҷиа ба ҳазор нафар расидааст. Миқдори маҷрӯҳон беҳисоб буд.
Ҳукумати амирии Бухоро қудрати бо қувваи худ бартараф намудани хунрезии мазҳабии байни бухороиён ва эрониёнро надошт. Бинобар ин ба шаҳр як даста аскарони рус бо сарварии генерал Лилиентал дохил шуда, хунрезиро хомӯш намуданд. Ташаббускорони хунрезӣ — олимақомони суннимазҳаб ба азли қушбегӣ Остонақул ва ҳаммаслаконаш мушарраф гардиданд. Баъди ин воқеа Мирзо Насрулло, ки суннимазҳаб буд, ба вазифаи қушбегӣ сарафроз шуд.
Ҳамин тавр рақобати мансабӣ дар Бухоро ба хунрезии калонтарине оварда расонид, ки гунаҳкорони асосии он мансабталошони ҳар ду мазҳаб — суннӣ ва шиа буданд. Вале ин фоҷиа ба гардани бечорагони чи бухороӣ ва чи эронӣ бадбахтиҳои зиёдеро овард. Онҳо аз ин фоҷиа зарари ҷонӣ ва моддӣ диданд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.