Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 3.2

Боби III.
Тоҷикон дар замони бавуҷудойии дигаргуниҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ. Болоравии ҳаракатҳои халқӣ ва ихтилофҳои мазҳабию мансабӣ (солҳои 1867-1917)

§ 2. Ҷунбишҳои мардумӣ дар солҳои 80-уми асри XIX. Шӯриши Восеъ

Ҷунбишҳои мардумӣ дар кишвари Туркистон

Ба зери тасарруфи Русия гузаштани Осиёи Миёна аҳволи мардумро чандон беҳтар накард. Инкишофи муносибатҳои молию пулӣ қисми деҳқонон, косибон ва ҳунармандонро хонахароб намуд. Худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ ҳадду канор надошт. Истеҳсолкунандагон ҳарчанд маҳсулоти зиёд ба даст дароранд ҳам, вале он бо роҳҳои гуногун: ба воситаи андозҳо, баргардонидани қарз ва ғайра насиби ҳаннотон мегардид. Бинобар ин халқи мазлуми меҳнаткаш ба душвориҳои давр тоб наоварда ба мубориза бармехест.
Баъди дар қисми сарзамини Осиёи Миёна — кишвари Туркистон ҷорӣ гардидани ҳукуматдории бевоситаи Русияи подшоҳӣ, аллакай соли 1872 дар соҳили Қарасӯи уезди Тошканд ва дар Хуҷанд соли 1873 дар Пошӣ ном деҳаи Ӯротеппа, соли 1875 дар худи Ӯротеппа, соли 1880 боз дар Хуҷанду Ӯротеппа ва дигар ҷойҳо ҷунбишу шӯришҳои халқӣ ба вуқӯъ омадаанд.
Аз ҷумла ҷунбиши мардумии соли 1880-и Хуҷанду Ӯротеппа ба тарзи зайл ба амал омадааст. Аввали моҳи ноябри ҳамон сол сарвари уезди Хуҷанд Путинсев фармон дод, ки аз ҳар раияти ноҳияҳои Хуҷанду Ӯротеппа иловагӣ андози земствогӣ рӯёнанд, агарчанде мардуми ин ноҳияҳо тамоми андозҳои пештар муайяншударо аллакай адо карда буданд. Инак, мардум, ки дигар имконияти иҷро намудани андози навро надошт, муқобили фармони нав баромада, онро ғайриқонунӣ ҳисобида, бо шикоят ба сӯйи идораи Путинсев равон шуданд. Вале сарвари уезд ба эътирози мардум аҳамият надод ва баръакс ба политсия ҳукм дод, ки сарварони ҳаракат Рахмонқулхоҷа, Миркомилбой ва дигаронро ҳабс намоянд. Дар ҳамон лаҳза ба ҳимояи мардуми Хуҷанду Ӯротеппа ҳисобчии хазинаи (казначей) дар шаҳри Хуҷанд доштаи ҳукумати подшоҳӣ Воробёв баромада, андози навро ғайриқонунӣ ва худи Путинсевро «ғораткунандаи мардум» ҳисобидааст. Вале чорабиниҳои сарвари уезд, ки ба генерал-губернатори Туркистон маъқул буд, бинобар ҳамин ҳам Воробёвро барои шаккокиаш ба ҳабси муваққатии ҳарбӣ (гауптвахта) шинондаанд.
Бояд ба инобат гирифт, ки аллакай дар солҳои 80-уми асри XIX дар кишвари Туркистон аввалин баромади коргарон ба амал омадааст. Ин баромади соли 1885 дар кони ангишти Заврон-Киштути волости Панҷакент (тобеи уезди Самарқанд) мебошад, ки дар он тақрибан 80 нафар коргарон кор мекарданд. Соҳиби кон полковники баистеъфобаромадаи қӯшунҳои подшоҳӣ Заленский ба ҳисоб мерафт. Коргарон аз шароити вазнини кор норозӣ буда аз хӯҷаини кон зиёд намудани маоши худро талаб карданд. Вале роҳбарияти кон аз иҷрои талаби коргарон саркашӣ намуд. Пас коргарони бақаҳромада мудири кон ва ду нафар назоратчиёни конро зада, худ барои шикоят ба Панҷакент рафтанд. Аммо ҳукуматдорони маҳаллии волостӣ ба муқобили онҳо қувваро истифода бурда, се нафар фаъолонашонро ҳабс ва як қисми дигарро аз кор озод намуданд. Он вақт ягон талаби коргарон қонеъ нагардид.
Баромадҳои коргарӣ бошад дар шароити Осиёи Миёна, махсусан кишвари Туркистон, чун худи Русия, амри воқеӣ гардида, зуд-зуд дар нуқтаҳои гуногун ба амал меомаданд.

Ҷунбишҳои мардумӣ дар аморати Бухоро

Аҳволи халқи меҳнаткаш дар аморати Бухоро боз ҳам вазнинтар ва худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ зиёдтар буд. Маҳз чунин ҳолат соли 1871 боиси шӯришҳои халқӣ дар бекигариҳои Қаршӣ ва Ғузор гардид.
Чуноне дар боби аввал ишора рафт, Бухорои Шарқӣ асосан солҳои 70-уми асри XIX ба зери итоати ҳукумати амирӣ кашида шуд. Вале, дар ин гӯша аллакай солҳои 80-ум вазъият хело ноором гардида буд. Зеро, дар ин қисми аморат зиндагии мардум боз ҳам тоқатфарсотар ва худсарии ҳокимони маҳаллӣ боз ҳам зиёдтар ба ҳисоб мерафт. Бо ибораи Б. Ғ. Ғафуров «ҳукумати амирӣ аслан Бухорои Шарқиро чун мустамликаи худ қарор дода, дар ин ҷо назар ба қисми ғарбии аморат тартиботи сахттаре ҷорӣ намуд». Амир ба сипоҳиёни дарбории худ, ки дар ин гӯша «хизмат» мекарданд, ба ивази маош чун танҳо, ситонидани андози як ё худ якчанд деҳаҳоро бахшида буд. Дар натиҷа деҳқонони ин гуна деҳаҳо «амалан дар ҳолати крепостноӣ» буданд35.
Ҳукумати амирии Бухоро барои пешгирӣ ва ё худ пахш намудани ҳар гуна хурӯҷҳои халқӣ дар Ҳисор ва Ғарм як ҳисса сарбозони эътимодбахше дошт. Чӣ тавре таъкид шуд, аз сабаби аз маркази аморат хеле дар канор будани ин гӯша, ба яке аз ҳокимони он ҳуқуқи васеъ дода шуда буд. Дар аввал соҳиби чунин ҳуқуқи васеъ ҳокими Ҳисор Яъқуббек қушбегӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди ӯ ҳокими Ҳисор Салим дастурхончӣ гардид, вале ӯ ҳуқуқи васеъро бо зудӣ аз даст дод. Сабаби чунин тағйирот воқеоти зерин гардидааст: Вақте, ки Салим дастурхончӣ ҳокими Ҳисор гардидааст (тахминан соли 1878), аз ҳуқуқи васеи худ истифода бурда, духтари соҳибҷамолеро, ки Яъқуббек барои амир Музаффархон тахмин карда буд, ба ҳарами худ даровард. Амир ба чунин «гуноҳи азим» Салим дастурхончиро ба Бухоро даъват карда, инчунин шикоятҳои гуногунро низ ба эътибор гирифта, аввал ба тахтапушташ бо дарра занонд ва баъд ҳукм кард, ки дар заводи хишт чун коргари оддӣ кор кунад. Баъди Салим дастурхончӣ мансаби ҳокимии Ҳисор ба авлодони наздиктарини амир насиб гардид. Аз ин рӯ беки навбатии Ҳисор писари амир Музаффархон — Саид Абдумӯъмин гардид. Вале амир аз сабаби он ки баногоҳ писараш ташаббускори суиқасди муқобили амир нагардад, бинобар ин ба писараш ҳуқуқи васеъ (чун барои Яъқуббек қушбегӣ) надод. Ба ихтиёри вай фақат мулкҳои Ҳисору Қаротоғ буду халос. Вале дар Ҳисор, чун пештара амир як ҳисса сарбозонро нигоҳ медошт36.
Баъди Яъқуббек дар идоракунии Бухорои Шарқӣ нуфузи ҳокими Қаротегин Худойназар (баромади ӯ эронист) афзуд. Ба вай супорида шуда буд, ки Ғармро ба маркази резидентсияи худ табдил дода, барои мустаҳкамии ҳокимияти амирӣ дар ин гӯша ӯ тамоми чораҳои заруриро бинад. Худойназар низ чун ҳоким — намояндаи амир, аз Ғарм истода, аз баҳори соли 1878 то соли 1886 идоракунии Бухорои Шарқиро ба ӯҳда дошт. Бо ташаббуси ӯ, барои осон гардидани идоракунии бекигариҳои Бухорои Шарқӣ, онҳо боз ба амлокдориҳо тақсим карда шуданд. Баҳори соли 1886 беки нави Ҳисор Остонақул қушбегиро таъин намуданд. Дар замони ӯ ҳуқуқи волигии амир дар Бухорои Шарқӣ боз насиби беки Ҳисор, яъне Остонақул қушбегӣ гардид.
Худсарию бедодгариҳои ҳукуматдорони амирӣ, ки дар Бухорои Шарқӣ «адои вазифа» доштанд, инчунин зиндагии тоқатфарсои мардуми ин диёр солҳои 1885-1886 сабабгори мавҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Шӯробод, Муъминобод, Кӯлоб, Балҷувон, Ҳисор ва Деҳнав, соли 1887 дар дараи Ромит ва ғайраҳо гардидаанд. Аз байни ин шӯришҳои номбурда шӯриши соли 1885, ки дар ҳудуди Муъминободи бекигарии Кӯлоб ба вуқӯъ омадааст, боиси ташвиши сахти ҳукуматдорони амирӣ гардид. Баҳонаи ин шӯриш хело афзудани иштиҳои амалдорони ҳоким дар ситонидани андоз аз ҳосили соли 1885 буд. Яъне, чуноне маълум мешавад, онҳо дар натиҷаи камҳосилию беҳосилии солҳои гузашта (бо сабаби хушксолиҳо ва ҳуҷуми малахҳо), аз деҳқонон андозро ба миқдори дилхоҳ ситонида натавонистаанд. Инак, соли 1885 ҳосил нисбатан фаровон гардид. Амалдорони ҳоким чунин вазъиятро ба фоидаи худ истифода бурдани шуда, аз деҳқонон қарзҳои солҳои пешина, яъне андозҳои солҳои беҳосилию камҳосилии гузаштаро низ талабиданд. Чунин кирдори худсаронаи амалдорони маҳаллӣ аз як тараф сабабгори аз тарафи мардуми мазлум барои шикоят ба назди амир фиристодани ҳайати вакилон гардида бошад, аз тарафи дигар, баҳонаи сар задани шӯриш шудааст, ки он бо зудӣ сарзамини Муъминободро фаро гирифт. Иштирокчиёни фаъол ва роҳбарони ин шӯриш Мулло Мирзо, Мулло Барот, Мулло Давлат, Мулло Назрӣ, Одинамуҳаммад ва дигарон ба ҳисоб мерафтанд. Шӯриш агарчанде пахш карда шуд, вале амири Бухоро махсусан аз ин ҷунбиш сахт ба ташвиш афтода, маҷбур шудааст, ки ҳокими Кӯлоб Муҳаммад Назарбойро аз вазифааш озод кунад.

Шӯриши Восеъ

Дар байни шӯришҳои солҳои 80-ум бузургтарин шӯриш бо сарварии Восеъ ба ҳисоб меравад, ки он соли 1888 дар бекигарии Балҷувон ба амал омадааст. Сабаби асосии ин шӯриш ҳам бенавоӣ ва қашшоқии халқи мазлум, зиёд будани андозҳо, худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ ва ғайра гардидаанд. Бенавоии мардуми ин бекигарӣ ба дараҷае буд, ки мувофиқи нақли яке аз иштирокчиёни шӯриши Восеъ Давлат Собиров дар он замон «дар ихтиёри мардони як деҳа танҳо як ҷома буд ва касе ба бозор равад ё домод шавад ҳамон ҷомаро мепӯшид». Падари Восеъ — Шакар (номи бобояш — Белак) деҳқони камбағал аз деҳаи Нурунҷои Балҷувон будааст. Муҳтоҷӣ ӯро ба деҳаи Дараи Мухтор овард ва Восеъ дар ҳамин деҳаи на он қадар калон ба дунё омад. Ӯро дар ҷавониаш ба ҳайати сарбозони ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарабек (Сарахон? Т.А.) сафарбар намуданд ва соли 1870 дар ҷангҳои муқобили қӯшунҳои амири Бухоро — Музаффархон ширкат варзидааст. Вай ҳатто дар яке аз ҷангҳо бо ҳокими Дарвоз низ иштирок намудааст. Дар натиҷаи ин ҳама Васеъ аллакай бо баъзе нозукиҳои санъати ҳарбӣ шинос гардид. Касби Восеъ деҳқонӣ ва ҷувозкашӣ буд. Ӯ зағирро қисман худаш кишт мекард ва бештар онро аз деҳқонони деҳаҳои гуногуни атроф харида, худ онро ҷувоз мекашид ва равғанашро дар бозори Ховалинг мефурӯхт. Ҳангоми шӯриш Восеи паҳлавонҷусса тахминан 35-37 сола будааст.
Аз сабаби он ки оиди оғоз ва рафти шӯриши Восеъ ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ҳанӯз дарёфт нагардидаанд, бинобар ин он асосан аз рӯйи ривоятҳо тасвир ёфтааст ва табиист, ки онҳо гуногунанд37. Чунонки, мувофиқи он ривоятҳо, дар яке аз рӯзҳои бозор, ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам ҳамроҳи закотчиёнаш ва чанд нафар сарбозон ду деҳқони маҳбусро барои дар сари вақт насупоридани андоз, ба бозори Ховалинг, барои қатл овардаанд. Агарчанде дар ҳудуди аморат ҳукми қатлро амир медоду дар шароити Бухорои Шарқӣ ин гуна ҳуқуқро пештар танҳо ҳокими Ҳисор дошт. Восеъ аз воқеа воқиф шуда, ба беку амалдоронаш ҳамлаи шерона намуд ва маҳбусони бечораро аз марг наҷот дод. Дар ҳамон лаҳза қисме аз деҳқонони дар бозор буда ба Восеъ ҳамроҳ мешаванд. Ҳоким бо сарбозони худ аз тарс роҳи гурезро пеш гирифт. Мувофиқи ин ривоят ҳамин ҳодиса барои оғози шӯриш баҳонае гардидааст.
Мувофиқи ривояти дигар (нақли шодравон, набераи Восеъ — Бобои Камол, аз рӯйи хотироти падараш — Ҳасан, писари нахустини Восеъ) вақте, ки Восеъ машғули хирманкӯбӣ будааст, мансабдорони ҳокими Балҷувон омада аз ӯ чор танга андози «ноҳақона» талаб кардаанд. Восеъ пул надошт. Вале мансабдорон ӯро ба ҳолаш нагузоштаанд. Бинобар ҳамин ҳам Восеи ба ғазаб омада бо як чолокӣ ба сӯйи мансабдорон ҳамла намуда, онҳоро аз асп зада меафтонаду, худ сӯйи Сурхдара мегурезад. Восеъ дар муддати 10 рӯз деҳаҳои Сурхдара ва Шӯробдараро тай намуда, мардумро ба шӯриш даъват кардааст. Дар рӯзи 11-ум дар теппаи кӯҳи Тали Баландсор гулхан афрӯхтаанд, ки ин нишонаи даъват ба шӯриш буд. Дар ибтидои шӯриш дар атрофи Восеъ 11 тан ҳамдиёронаш будаанд, вале ба зудӣ сафи онҳо ба 600 кас расидааст. Онҳо 20 рӯз дар Сурсақова манзил гузошта ба мубориза тайёрӣ дидаанд. Ҳокими Балҷувон бо қувваҳои дар ихтиёр доштааш ба бошишгоҳи шӯришгарон ҳамла кард, вале шикаст хурд. Шӯришгарон деҳаи Хӯҷа Балҷувон ва ниҳоят қалъаи Балҷувонро, ки маркази ҳокимнишин буд, соҳиб шуданд. Ҳоким бо амалдорону сарбозонаш гурехт. 8 рӯз Балҷувон дар ихтиёри шӯришгарон монд. Он лаҳза шумораи шӯришгарон то ба ҳазор нафар расидааст. Онҳо асосан аз ҷумлаи мардуми деҳаҳои Маҳмуддара, Сӯҷина, Шайхон, Чуқурак, Оқтерак ва ғайра будаанд. Дар ин муддат Восеъ «ҳукумати» худро ташкил додааст, ки дар он Юсуф ном шахс вазир, Мулло Назир, ки ӯ ҳам мисли Восеъ ҷувозкаш буд, девонбегӣ таъин шудаанд.
Инчунин оид ба оғози шӯриш маълумоти дигаре низ ҳаст, ки мувофиқи он шӯришгарон бо сарварии Восеъ аввал ҳавлии амлокдори Ховалинг ва ҳомиёни онро ба хок яксон намуда, пас ба сӯйи қалъаи Балҷувон ҳаракат кардаанд. Онҳо ба қалъа якбора ҳуҷум накардаанд. Баръакс ба назди ҳоким Мирзо Акрам намояндагони худро фиристода, розигии ӯро барои кам кардани андоз пурсидаанд. Ҳоким бошад он намояндагонро ҳабс намуда, ба назди шӯришгарон, барои ташвиқот, чанд нафар муллоҳоро фиристода, хостааст ки бо ҳамин усул онҳоро пароканда намояд. Аммо шӯришгарон, ки дар деҳаи Тути Қозӣ (наздикии Балҷувон) меистоданд, ба найранги он муллоҳо бовар накардаанд. Дар ҳамин лаҳза сарбозони ҳоким якбора ба муқобили шӯришгарон ба ҳуҷум гузаштаанд. Восеъ бошад ҳушёриро аз даст надода, дар аввал қувваи худро ба ҳолати мудофиавӣ гузаронида, баъд ба ҳуҷум гузаштааст. Дар натиҷа ғалаба насиби Восеъ гардид. Ин муҳорибаи аввалин ва ҳам ғалабаи аввалини Восеъ дар рафти шӯриш ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳориба ҳатто сарвари қӯшунҳои бек Содиқбек кушта шудааст. Ҳоким ва атрофиёнаш ба сӯйи Кангурт гурехтаанд. Шӯришгарон бошанд баробари ба даст даровардани ғалаба намояндагони худро аз ҳабс озод намуда, аслиҳаҳои ба даст даровардаро дар байни худ тақсим карданд. Мувофиқи ин ривоят шӯришгарон танҳо се шабонарӯз қалъаи Балҷувонро соҳибӣ кардаанд. Вале онҳо «аз ғалабаи худ мамнун шуда қадаме аз Балҷувон берун намондаанд».
Ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам аз вазъият истифода бурда қувваҳои парокандаи худро аз сари нав ҷамъ намуд. Дар ин муддат ба ихтиёри ӯ отряде, чун кӯмак аз беки Кӯлоб низ омада расид. Мирзо Акрам бо якҷоягии ин қувваҳо ба қалъаи Балҷувон ҳуҷум карда онро соҳиб шуд. Шӯришгарон бошанд ба сӯйи Кангурт қафо гашта, деҳқонони Кангурту Қизилмазорро ҷамъ намуданд ва қалъаи Балҷувонро бори дуюм ба даст дароварданд. Дар ин муҳориба’ сарвари нави қӯшунҳои ҳокими Балҷувон Аллаёр низ кушта шуд. Ҳокими Балҷувон бошад боз роҳи гурезро пеш гирифта, ин дафъа дар кӯҳҳои Қизилмазор манзил гирифт. Дар ин лаҳза ба ихтиёри Восеъ Балҷувон, Ховалинг ва Кангурт гузашта буд. Овозаи ғалабаҳои Восеъ ниҳоят то ба амир Абдулаҳадхон, ки ӯ ҳамон лаҳза барои истироҳати тобистона ба Шаҳрисабз омада буд, низ расид. Расидани ин хабар, дар як вақт, бо ба сӯйи Ҳисор аз тарафи амир фиристодани дастаи сарбозон бо сарварии Яъқуббек мувофиқ омад. Беки Ҳисор Остонақул қушбегӣ баробари ба мулкаш омада расидани он сарбозон, ба онҳо қӯшунҳои худро низ ҳамроҳ намуд ва сарварии умумиро ба уҳдаи худ гирифта, барои пахш намудани шӯриш, ба сӯйи Балҷувон шитофт. Восеъ бошад аз омадани қувваҳои зиёди амири хабардор шуда, дар дараи Пули Сангин — кӯпруки дарёи Вахшро, ки ягона гузаргоҳ ба сӯйи Балҷувон буд, вайрон кард. Вале Остонақул таъхир накарда, барои аз дарёи Вахш гузаштан мардуми деҳаи Норак ва атрофи онро сафарбар намуда, бо дасти онҳо маҷбуран кӯпруке (амаде) бунёд кард.
Қӯшунҳои Остонақул баробари аз дарёи Вахш гузаштан ба муқобилияти сахти шӯришгарон дучор шуданд. Он лаҳза дастаҳои ҷудогонаи шӯришгаронро дӯстони содиқи Восеъ — Назир, Карим, Наим, Нозим, Муҳаммадӣ, Муродалӣ, Раҳимбой, Саидалӣ ва Давлат сарварӣ мекарданд. Вале сифатан акнун бартарӣ ба фоидаи Остонақул буд. Зеро, дар Кангурт ба онҳо отрядҳои парокандаи беки Балҷувон низ ҳамроҳ шуда будаанд. Дар Тутқавул ва Кангурт дар байни шӯришгарон ва қӯшунҳои Остонақул ҷангҳои шадиде ба амал омаданд. Вале ин ҳар ду муҳориба ҳам ба фоидаи Остонақул ва мағлубияти шӯришгарон анҷом ёфт.
Восеъ баъди шикастхӯриҳои Тутқавул ва Кангурт аз муҳорибаи нав даст кашида, бо отряди камшумори боқимондааш ба сӯйи деҳаи Сарипул (шимолу Шарқии Ховалинг) қафо гашт. Вале қисмҳои қӯшунҳои Остонақул то ба ин ҷо ҳам омада расида, ба шӯришгарон зарбаи охиринро расониданд, ки ин воқеа тахминан охири моҳи июли соли 1888 ба вуқӯъ омада буд. Восеъ баъди ин шикастхӯрӣ ба деҳаи Гулдара, ба назди Юнус ном ҳаммаслакаш мегурезад. Юнус Восеъро дар камари обшара пинҳон менамояд. Вақте, ки Давлат қаравулбегӣ аз ҷойи Восеъ огоҳ гардид, Юнус дӯсташро аз ин хабардор мекунад ва Восеъ ба Девлох ном кӯҳ паноҳ меёбад. Баъди ин воқеа амалдорони ҳоким худи Юнусро дастгир намуда, ба сараш равғани доғро рехта куштанд. Писари Юнусро бошад бо шамшер пора карданд.
Ниҳоят Маҳмадалӣ ном хоин (собиқ иштирокчии шӯриш, ки аз тарафи сарбозони ҳоким ҳабс карда шуда буд ва гӯё аз ҳабс гурехта ба Восеъ ҳамроҳ шудааст) ба Восеъ тавсия мекунад, ки аз кӯҳҳои Девлох ба Буздара ном чарогоҳ раванду, аз он ҷо ҳамаашон (онҳо 12 нафар будаанд) асп гирифта ба Афғонистон гурезанд. Вале дар Буздара Восеъ ва ҳаммаслаконашро сарбозони ҳоким аллакай интизор буданд. Дар ин ҷанги нобаробар (тахминан охири августи соли 1888) Восеъ асир афтод. Ӯро аз он ҷо аввал ба Балҷувон, баъд ба Ҳисор оварданд ва аз он ҷо беки Ҳисор Остонақул қушбегӣ вайро бо 6 нафар ҳамсафонаш ба Шаҳрисабз, ба ҳузури амир Абдулаҳадхон, ки ҳанӯз ҳам истироҳаташро дар ин ҷо давом медод, фиристод. Бо ҳукми амир Восеъро дар тоқи нимвайронаи Оқсаройи Шаҳрисабз ба дор кашиданд.
Баъди пахш намудани шӯриш 120 нафар иштирокчиёни он ҳабс ва 46 нафари онҳо қатл гардиданд. Минбаъд ҳам таъқибкунии иштирокчиёни ин шӯриш 5 сол давом кардааст.
Дар шӯриш асосан деҳқонон иштирок кардаанд. Инчунин нисбати ин шӯриш баъзе дороён ва диндорон низ харҳо буданд.
Чунончи, ҳангоми ҳабси Восеъ эшони халифа писарони Восеъ — Ҳасан ва Давлатро дар хонаи худ пинҳон намудааст. Ё худ ҳангоми ба Шаҳрисабз фиристодани Восеъ, ҳамроҳи, ӯ чун гунаҳкорони ашаддии ин воқеа, аз ҷумлаи мансабдорони маҳаллӣ, ба монанди: Абдулҳақхоҷаи Соҳибзода, Муллобойи тӯқсабо, Қурбон қаравулбегӣ, Хӯҷамурод мирохур ва дигарон низ будаанд.
Сабаби асосии шикастхӯрии шӯриши Восеъ, чун дигар шӯришҳои деҳқонӣ, ин пеш аз ҳама ба он ҷалб нагардидани деҳқонони дигар деҳаю бекигариҳо, камтаҷрибагии сарварони шӯриш, мавҷуд набудани нақшаи амалиёт, нокифоягии аслиҳаи ҷангӣ ва ғайраҳо буданд. Аҳамияти шӯриши Восеъ дар он аст, ки баъди пахш намудани шӯриш ҳукуматдорони амирӣ маҷбур шуданд, ки миқдори ситонидани баъзе намуди андозҳоро кам намоянд (масалан аз наску нахӯд) ва баъзеашро (ба монанди «сабзапулӣ», ки аввали баҳор аз ҳар оила 4 тангагӣ рӯёнида мешуд) аз байн бардоранд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.