Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 2.3


Боби II. Халқи тоҷик дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1867-1917)

§ 3. Инкишофи пахтакорӣ ва саноат дар Осиёи Миёна

Шаклҳои заминдорӣ ва андоз

Чуноне дар мавзӯи аввал қайд кардем, яке аз мақсадҳои асосии забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия — ин ба макони ашёи хоми саноати бофандагии буржуазияи рус — пахта табдил додани кишвар ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин мақсад ҳукуматдорони подшоҳӣ баробари дар ин сарзамин мустаҳкам намудани мавқеи худ чораҳои заруриро барои инкишофи пахтакорӣ диданд. Зеро то замони забти ин кишвар ҳиссаи пахтаи он дар саноати бофандагии Русия ночиз буд. Масалан, он соли 1862 тахминан 4-7 фоизро ташкил мекарду халос.
Барои амалан ба маркази ашёи хом — пахта табдил додани Осиёи Миёна, ба ҳукумати подшоҳӣ лозим омад, ки дар мадди аввал ақаллан дар кишвари Туркистон тарзи истифодаи замин ва ситонидани андозро ба талаботи худ мувофиқ намояд. Бинобар ҳамин ҳам, баробари дар ин кишвар ҷорӣ гардидани тартиботи мустамликавӣ, масъалаи шаклҳои заминдорӣ ва андоз низ диққати ҳукуматдорони подшоҳиро ба худ ҷалб карда буд. Вале бо сабаби ҷиҳатҳои фарқкунандагии ҳолати кишоварзии Осиёи Миёна, махсусан дар ин ҷо мақоми асосиро ишғол намудани заминҳои обӣ ва камҳосил будани заминҳои лалмӣ (яъне нисбат ба губернияҳои сиёҳзамини Русия) онҳоро маҷбур намуд, ки ба масъалаи заминдорӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар аморати Бухорою хонии Қӯқанд то забти Русия ҳиссаи бузурги замин — тахминан 50%-ро заминҳои давлатӣ-амлокӣ ва 25%-ро заминҳои вақфӣ ташкил медоданд. Дар ин заминҳо асосан деҳқонони камзамину безамин кор карда, ба фоидаи хазинаи амирию хонӣ ва ташкилотҳои вақфӣ (мадрасаҳо, масҷидҳо ва ғайра) андоз — хироҷ месупориданд. Тахминан 25%-и боқимондаи заминро мулкҳои ҳури холис (яъне мулкҳои аз андоз озод) ва мулкҳои хироҷӣ ташкил менамуданд. Аз чунин тартиботи заминдорӣ ҳукуматдорони подшоҳӣ қаноатманд набуданд. Баъди забти Осиёи Миёна, дар кишвари Туркистон дар асоси «Низомнома оид ба идоракунии…» ин кишвар заминҳои давлатӣ, яъне амлокӣ ва як ҳиссаи заминҳои вақфӣ чун мулки хусусӣ бевосита ба ихтиёри истифодакунандагонаш — деҳқонон, бе пул супорида шуд. Инчунин он ҳиссаи заминҳои мулкие, ки то забтшавӣ аз андоз озод буданд, аз чунин ҳуқуқ маҳрум гардида, ба қатори заминҳои андозсупоранда дохил карда шуданд. Дар баъзе ноҳияҳо, дар асоси таҷрибаи Русия, қисме аз заминҳо ба ихтиёри обшинаҳои деҳқонӣ гузаронида шуд.
Дар кишвари Туркистон андози давлатиро аз заминҳои истифодашавандаи обӣ, аз рӯйи даромаднокӣ, ба ҳисоби миёна 10 фоиз муайян карданд. Аз заминҳои лалмӣ аз ҳар десятина 25 тин рӯёнида мешуд. Барои мардуми кӯчманчӣ, чун андоз, аз ҳар юрта (кибитка) 4 сӯмӣ, барои мулки ғайриманқулаи мардуми шаҳр андози давлати муайян карданд. Ҳамаи ин андозҳо ба фоидаи хазинаи подшоҳӣ ситонида мешуд. Агар соли 1896 аз мардуми кишвар ҳамчун андоз 6978720 сӯм ҷамъ карда бошанд, пас он соли 1917 зиёда аз 33 млн. сӯмро ташкил намудааст.
Дар аморати Бухоро, баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштани он, оид ба шаклҳои заминдорӣ ва андоз тағйироте ба вуҷуд наомад. Дар ин ҷо мисли пештара замин ба шаклҳои: амлокӣ (ё худ давлатӣ, ки ба он заминҳои бо ном амирӣ ҳам дохил мешаванд), вақфӣ, мулкҳои ҳури холис ва хироҷӣ тақсим мешуданд. Мисли пештара (тахминан 75%-ро заминҳои амлокӣ ва вақфӣ ташкил менамуданд. Аз заминҳои амлокӣ ва хироҷӣ андоз бо номи хироҷ бояд 10 фоизи ҳосил ба фоидаи хазинаи амир аз заминҳои вақфӣ ҳамин миқдор андоз ба фоидаи мадрасаю масҷидҳо ва дигар ҷойҳои муқаддас ситонида мешуд.
Вале амалан дар аморати Бухоро амалдорони амирӣ, яъне шахсони мутасаддии андоз миқдори муайяншудаи 10 фоизаро риоя намекарданд. Ҳақиқати ҳолро аз ин хусус С. Айнӣ, чун шоҳиди он давр, ба таври зайл шарҳ медиҳад: «вақти расидани ҳосил муставфии хироҷ (амлокдор) ё намояндаи он бо саворе чанд ба сари замин омада ҳосилро аз будаш ду дараҷа зиёдтар тахмин карда, миқдори ҳаққи подшоҳиро ба қиёси он тахмин ба номи деҳқони фалакзада навишта меравад. Дар вақти тахмин як шахсе ба сифати аминӣ ба унвони намояндагии деҳқон ҳамроҳи муставфиён бошад ҳам, аз ин амин ба деҳқон нафъе намерасад, азбаски нони амин аз табақи муставфӣ равғанӣ мешавад, ин ҳам ба қадри мақдур тахминро мувофиқи дилхоҳи муставфӣ мекунад». Бинобар ин «инҳо ихтиёр доштанд — мегӯяд С. Айнӣ,- ки як заминро як ман25 ё даҳ ман ҳосилот тахмин намоянд. Пас дар ин сурат ҳеҷ тафовут надорад, ки амир даҳяк фармояд ё даҳ панҷ»26.
Андози дигари асосии пуркунандаи хазинаи ҳукумати амирии Бухоро закот ба ҳисоб мерафт. Закот чун андоз аз чорво, молҳои тиҷоратӣ ва пули нақд ситонида мешуд. Ин намуди андоз, мувофиқи Қуръони Шариф яке аз панҷ шартҳои асосии мусулмонӣ ба ҳисоб меравад. Ва он бояд ба фоидаи бенавоён ва дар роҳи Худо сарф мегардид. Мувофиқи шариати ислом ҳар чизе, ки даромад меоварад, агар аз он закот насупоранд, ҳаром аст.
Дар шароити Бухорои амирии охири асри XIX ва аввали асри XX се шакли закот дучор меояд, ки асоситаринаш «закоти савоим»-андоз аз чорводорон ба ҳисоб мерафт. Мувофиқи он аз 40 сар буз ё гӯсфанд як сар чун андоз муайян гардидааст. Вале ба фоидаи онҳое, ки чорвои зиёд доштанд, барои аз 100 сар зиёд, аз ҳар 100 сар буз ё гӯсфанд як сар чун андоз муайян шуда буд. Касоне, ки аз 40 сар буз ё гӯсфанд кам доштанд, бо номи «закоти чакана» барои ҳар як сар гӯсфанд ним танга (7,5 тини ҳамонвақтаи русӣ), барои ҳар як сар буз чоряки танга (3,3 тин) месупориданд. Аз ҳисоби чорвои калон бошад, аз ҳар 5 шутур ё худ гов 1 сар гӯсфанд, ҳамчун «закоти савоим», агар аз он кам бошад, аз ҳар як сар шутур ё гов аз 5 то 10 танга (вобаста ба маҳал) чун андоз — «закоти чакана» месупориданд. Шакли сеюми закотро закоти шавореъ» мегуфтанд, ки он аз ҳисоби пули нақд ва моли бо худ доштаи фуқароён ситонида мешуд.
Аминона ҳам яке аз андозҳои асосии замони амирӣ ба ҳисоб мерафт. Ин намуди андозро аз ҳамаи молҳои барои фурӯхтан муайяншуда меситониданд. Дар байни молҳое, ки ба фурӯш бароварда мешуд, ҷойи намоёнро пахта, ғалла, пӯсти қарокӯлӣ, пашм, чорво, мева, матоъҳои гуногун ва ғайраҳо ташкил менамуданд. (Як ман=128 кг)
Ба ғайр аз андозҳои номбурда, дар шароити амирии Бухоро боз даҳҳо намудҳои гуногуни андоз вуҷуд доштанд. Амалдорони замони амирӣ барои аз мардум зиёдтар ситонидани андоз ҳавасманд буданд. Зеро, бо чунин тадбир онҳо аз як тараф ба амир ва наздикони ӯ кордонии худро нишон диҳанд, аз тарафи дигар як ҳиссаи андози ғункардаро аз они худ мекарданд, ки ин гуна ҳолат ҳатто баъзе амалдорони ҳукумати подшоҳиро ба ташвиш гузоштааст.
Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ барои оромии дохилии аморати Бухоро низ манфиатдор буданд. Зеро, ҳангоми ба вуқӯъ омадани хурӯҷҳои халқӣ амир барои имдод бегуфтугӯ ба онҳо муроҷиат мекард. Бинобар ҳамин ҳам амалдорони рус борҳо дар назди ҳукумати амирӣ масъалаи ба тартиб даровардани тарзи ситонидани андоз, бартараф намудани он бетартибиҳо, махсусан худсарии ҳокимон (бекҳо) ва мутасаддиёни андозро гузоштаанд. Чунончи, боре гумоштаи давлати Русия А. Сомов дар вақти суҳбат бо амир Олимхон ҳамин таклифро гузоштааст. Вале амир дар ҷавоб гуфтааст: «Ман худам дар аҳди падари марҳумам беки Қаршӣ будам… Агар ба даромад кардани бекҳо роҳ надиҳам, дар он вақт ба онҳо маош додан лозим меояд ки ин тамоман як дигаргунии калон мешавад, вале дар мамлакати мо ба ин одат накардаанд». Минбаъд, агарчанде аз тарафи ҳукумати амирӣ барои қисми амалдорон маош таъин карда шуда бошад ҳам, вале худсариҳои онҳо ҳамон, мисли пештара, давом кардааст.
Ҳамин тарз, баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоҳӣ гузаштани Осиёи Миёна ҳукуматдорони подшоҳӣ танҳо дар шароити кишвари Туркистон то андозае тарзи истифодаи замин ва рӯёнидани андозро ба тартиби муайян даровардаанду халос.

Оғози кишти пахтаи навъи америкоӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна ва ба манбаи ашёи хом — пахта табдил ёфтани он

Дар сарзамини Осиёи Миёна аз замонҳои қадим пахтаи навъи «ғӯза» кишт карда мешуд. Тарзи кишти он оддӣ буда, мисли ғалла дар замин пош медоданд. Онро баъди неш заданаш тоқа-тоқа намуда, аз алафҳои бегона халос карда, ҳар сари чанд вақт об дода, бехашро бо каланд нарм мекарданд. Ғӯза ба мисли пахтаи имрӯза нағз намешукуфт. Кӯраки он нимкола шукуфта, хушк мешуд. Аз ин рӯ ба деҳқонон лазим меомад, ки ҳангоми ҷамъоварӣ онро бо даст канда, баъд пахтаашро ба воситаи ҳаллоҷӣ ном асбоб ҷудо кунанд.
Ҳамаи ин корҳо он лаҳза ба воситаи меҳнати дастӣ сурат мегирифт. Дар қитъаҳои ғӯзакиштшуда танҳо ҳангоми шудгори замин аз омочу чорвои корӣ истифода мебурданду халос. Нахи ғӯза ҳам кӯтоҳ буд.
Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XIX яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи пахтакории кишвар ин иваз намудани пахтаи навъи маҳаллӣ — ғӯза бо навъи пешқадами ҷаҳонӣ — америкоӣ буд. Зеро, ғӯза талаботи рӯзафзуни саноатчиёни Русияро қонеъ гардонида наметавонист. Аз ҳамин сабаб дар сарзамини Осиёи Миёна бо ташаббуси ширкатҳои марказии Русия кишти пахтаи навъи америкоӣ оғоз ёфт.
Аввалин кӯшиши дар ҳудуди Осиёи Миёна паҳн намудани пахтаи навъи америкоӣ ба замони пеш аз забтшавӣ мувофиқ меояд. Чунончи, ҳанӯз солҳои 1859-1860 дар Бухоро пунбаи чунин навъи аз тарафи тоҷирони рус овардаро, чун таҷриба кишт кардаанд. Вале кишти онсола бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ ҳосил надод. Баъди забтшавӣ, соли 1874 дар уездҳои Тошканд, Хуҷанд ва Қурама кӯшиши дигари кишти пахтаи навъи америкоӣ карда шуд. Боз натиҷааш манфӣ баромад.
Охири соли 1880 ва аввали соли 1881 аз тарафи ширкати С. Морозов (аз Москва) ба ихтиёри сарвари роҳи оҳани Моварои Каспӣ княз Хилков 6-7 пуд пунбаи пахтаи навъи америкоӣ ва мисрӣ фиристода шуд. Онро соли 1882 кишт карданд ва дар шароити кишвар аввалин маротиба натиҷаи дилхоҳ дод. Минбаъд дар кишвар сол аз сол кишти ин навъи пахта зиёд гардид. Чунончи, агар соли 1885 пахтаи навъи америкоӣ қариб ба ҳазор десятина кишт карда 30 ҳазор пуд пахта гирифта бошанд, пас соли 1887 чунин пахтаро ба майдони қариб 14,5 ҳазор десятина кишт карда аз он то 212 ҳазор пуд ҳосил гирифтаанд.
Дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева аз соли 1887, бо ташаббуси Рафоқати тиҷоратию саноатии Осиёимиёнагии Кудрин ва К° кишти пахтаи навъи америкоӣ сар шуд. То ин вақт дар ҳудуди ин ду мулк кишти пахтаи навъи америкоӣ ҳатто манъ буд. Маҳз рафоқати номбурда аз амир ва хон оиди кишти ин навъи пахта иҷозат гирифтааст.
Солҳои 80-90-уми асри XIX рафоқату ширкатҳои номии марказие, ки дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна нуфуз пайдо карда буданд, ин рафоқати номбурдаи Кудрин ва К°, рафоқати мануфактураи бузурги Ярослав, рафоқати «Владимир Алексеев», ширкатҳои Бародарон Шлосберг, Познанскийҳо, Крафт ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҷумла дар муддати солҳои 1886-1887 аз тарафи рафоқати Кудрин ва К° дар Тошканд, Қӯқанд, Хуҷанд, Намангон, Марғелон, Бухоро, Чорҷӯй, Марв, Хева ва Дилварзин 20 ҳазор пуд пунбаи пахтаи навъи америкоӣ тақсим гардидааст. Ба ғайр аз ин худи рафоқат дар мавзеъҳои дар ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон доштааш қариб даҳ ҳазор десятина ин гуна навъи пахта кишт намудааст.
Намояндаи ширкати Крафт — Майеркорт бошад ба деҳқонон пунбаи пахтаи навъи америкоиро бе пул тақсим карда дод. Ӯ инчунин, бо мақсади ҳавасмандӣ, барои онҳое, ки зиёда пахтаи аълосифати ин навъро супоридаанд, ҳатто мукофотҳои пулӣ муайян кардааст.
Албатта рафоқату ширкатҳои марказӣ аз харидани пахтаи маҳаллӣ — ғӯза низ даст накашидаанд. Вале онҳо кӯшиш мекарданд, ки деҳқонон ҳар чӣ зиёдтар маҳз пахтаи навъи америкоӣ коранд. Барои ин онҳо деҳқонони пахтакори кишварро маҷбур не, балки ҳавасманд менамуданд. Нархи хариди пахтаи навъи америкоӣ низ нисбат ба ғӯза баландтар буд. Яъне он ширкатҳо пахтаи истеҳсолшударо, кадом навъе, ки бошад, бемаҳдуд мехариданд. Чунончи, ширкати бародарон Шлосбергҳо солҳои 1890-1897 аз ҳудуди аморати Бухоро, аз он ҷумла қисми Шарқии он 440750 пуд пахтаро ба маблағи қариб 2,7 млн. сӯм харидааст, ки қисми зиёди онро ғӯза ташкил мекард. Намояндагони калонтарин фабрикантҳои Лодзаи Полша — Познанскийҳо бошанд дар муддати солҳои 1891-1898 танҳо аз аморати Бухоро 1138 ҳазор пуд пахтаро, аксар ғӯза, ба маблағи 6614 ҳазор сӯм ҳаридаанд.
Охири асри XIX дворянин Д. А. Журавко-Покорский бо мақсади ҷорӣ намудани пахтаи навъи америкоӣ ният дошт, ки дар ҳудуди аморати Бухоро кишти онро дар бекигариҳои Ғузор, Ҳисор, Кӯлоб ва ҳатто Қаротегин ҷорӣ кунад.
Ҳамин тавр бо ташаббуси рафоқату ширкатҳои марказии Русия аз аввали солҳои 80-уми асри XIX кишти пахтаи навъи америкоӣ ҷорӣ карда шуд ва он сол аз сол хеле вусъат ёфт. Вале худи он ширкатҳо аз хоҷагиҳои плантатсионии худ, ки ба меҳнати дастии деҳқони чоряккор асос ёфта буд, зиёда зарар диданд. Инчунин аз кишт то ҷамъоварӣ хеле тӯлонӣ будан худи марҳилаи истеҳсоли пахта онҳоро дилгир мекард. Бо ҳамин сабабҳо он ширкатҳо минбаъд аз плантатсияҳои худ даст кашиданд. Ҳол он ки усули плантатсионӣ, ҳангоми бо техникаи замонавӣ таъмин намудани чунин хоҷагиҳо, он ба усули пешқадами замон — фермерии америкоӣ хеле шабоҳат мекард. Дар ин ҷода кӯмаки молиявии давлатӣ зарур буд. Вале ин роҳ аз ҳамон вақт канда шуд. Бинобар ҳамин ҳам минбаъд низ дар ҳудуди Осиёи Миёна инкишофи пахтакорӣ танҳо аз меҳнати пурмашаққати деҳқонон вобастагӣ дошт.
Сарфи назар аз душвориҳои молиявӣ, маҳз бо ташаббуси рафоқату ширкатҳои марказӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна баъзе таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, махсусан америкоӣ оҳиста-оҳиста ҷорӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар кишвар ба воситаи сеялка ба кишти қатораи пахта оғоз намуда, баъзе хоҷагиҳо ҳангоми шудгори замин аз плугҳо низ истифода бурдаанд.
Бо ташаббуси ҳукуматдорони подшоҳӣ, бо мақсади дар шароити ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна мутобиқ кунонидани пахтаи навъи америкоӣ, майдонҳои таҷрибавии пахтакорӣ ҷорӣ карда шуд. Чунин майдонҳои таҷрибавӣ соли 1897 дар наздикии Ашқобод, соли 1900 дар Дилварзин ва соли 1901 дар наздикии Андиҷон ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷа пахтаи навъи америкоӣ бо зудӣ дар шароити ноҳияҳои гуногуни кишвар мутобиқ кунонида шуд.
Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XIX дар ҳудуди Осиёи Миёна пахтакорӣ аз ду ҳисоб пеш мерафт. Яке, аз ҳисоби кам кардани кишти заминҳои ғалладона, богу токзорҳо, юнучқазорҳо ва ғайра. Дигаре, аз ҳисоби азхудкунии заминҳои бекорхобида. Аз ҷумла азхудкунии даштҳои Дилварзин (Мирзочӯл? – Т. А.) маҳз ҳамон вақт оғоз ёфта буд, ки он минбаъд бо номи «Голодная степь» («Дашти гурусна»), машҳур гардид. Дар аввали асри XX ин иқдом боз ҳам инкишоф ёфта даштҳои Қаршӣ, майдонҳои Сурхон, водии Вахш ва ғайраро фаро гирифт. Бо ташаббуси ҳукумати подшоҳӣ барои обёрии даштҳои Дилварзин каналҳо канда шуд, дар дарёҳо сарбандҳо сохта обро ба баландиҳо мебароварданд.
Албатта суръати пахтакорӣ аз ҳолати техникӣ ҳам вобастагӣ дошт. Аммо он солҳо ба хоҷагии қишлоқи кишвар сар даровардани баъзе намудҳои техникаи нав нигоҳ накарда, пахтакорӣ ҳанӯз ҳам бештар ба техникаи куҳна асос меёфт. Зеро, аз як тараф аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки миёнаҳол буданд, бинобар ин онҳо қобилияти харидани техникаи навро надоштанд ва аз тарафи дигар дар шароити кишвар муқобилони ҷорӣ намудани техникаи нави кишоварзӣ, аз ҷумлаи мутасаддиёни болоии ҳукумати подшоҳӣ кам набуданд. Чунонки, 23 сентябри соли 1907 дар яке аз ҷамъомадҳои Кумитаи Биржагии Қӯқанд, бо иштироки раиси Кумитаи пахтаи Русия, собиқ вазири савдо ва саноати Русия В. И. Тимирязев, масъала «Дар бораи ба воситаи қувваи мошин кор кардани заминҳои пахта» муҳокима гардид. Ин ҷамъомад ҳатто қарор кард, ки ҳосилнокии замини пахтаи бо меҳнати дастӣ асос ёфта, нисбат ба коркарди мошинӣ хеле баланд ва самаранок аст. Аз ин сабаб таъкид шуд, ки «дар шароити деҳқонони яккадасти кишвар бо мошин иваз кардани меҳнати дастӣ беасос мебошад».
Умуман чорабиниҳои гуногуни дар соҳаи пахтакорӣ пешгирифта (пеш аз ҳама ҳавасманд намудани деҳқонон) имконият доданд, ки дар Осиёи Миёна пахтакорӣ инкишоф ёбад, ҳосилнокии он нисбат ба солҳои пешин зиёд гардад ва истеҳсоли пахта хело афзояд.
Барои муайян намудани ҳиссаи пахтаи Осиёи Миёна ба фактҳои зерин диққат медиҳем. Чунончи, дар саноати бофандагии Русия истифода мешуд:
Соли 1890
5980 ҳаз. пуд пахтаи хориҷӣ
1986-»- -»- ватанӣ. Соли 1900
9895 -»- -»- хориҷӣ
6110-»- -»- ватанӣ.
Соли 1910
10846 -»- -»- хориҷӣ
11239 -»- -»- ватанӣ. Соли 1915
7313 -»- -»- хориҷӣ
17202 -»- -»- ватанӣ.
Аз ин рақамҳо маълум мегардад, ки агар ҳиссаи пахтаи ватанӣ (онро асосан пахтаи Осиёи Миёна ташкил медод, зеро ҳиссаи пахтаи Кавказ хеле ночиз буд) соли 1890 тақрибан 30 фоиз ва хориҷӣ 70 фоиз бошад, пас соли 1914 ҳиссаи пахтаи ватанӣ (ба марказ кашонидани он соли 1915 ҳам идома ёфт) тақрибан ба 70 фоиз расиду ҳиссаи пахтаи хориҷӣ то ба 30 фоиз фаромад. Ин бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон Осиёи Миёна ба манбаи асосии ашёи хом — пахтаи саноати бофандагии Русия табдил ёфтааст.
Бояд ба инобат гирифт, ки ҳанӯз дар охири асри XIX ва аввали асри XX ҳукумати подшоҳӣ, бо мақсади дар сарзамини Осиёи Миёна инкишоф додани пахтакорӣ, уҳдадор шуда буд, ки мардуми ин кишварро бо ғаллаи арзони дигар губернияҳои Русия, махсусан аз ғаллаи ноҳияҳои Сибир таъмин намояд. Чунин «уҳдадорӣ» то солҳои аввали ҷанги якуми ҷаҳон ба хубӣ иҷро шуд. Вале минбаъд, махсусан солҳои 1916-1917, он уҳдадорӣ бо сабабҳои гуногун иҷро нагардид ва боиси гаронии нархи галла дар кишвар ва хеле паст рафтани сатҳи зиндагии мардум шуд.
Консессияҳои замин Ҳукуматдорони Русияи подшоҳӣ ба хуби эҳсос намуданд, ки дар шароити Осиёи Миёна, аз он ҷумла кишвари Туркистон корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобида хароҷотҳои зиёдро талаб мекунад. Вале маблағе, ки ҳукумати подшоҳӣ дар ин ҷода ҷудо мекард, хеле нокифоя буд. Чунончи, аз рӯйи баъзе маълумотҳо, ба мақсади номбурда хароҷоти солонаи ҳукумати подшоҳӣ аз соли 1882 то соли 1908, ба ҳисоби миёна, тахминан 300 ҳазор сӯмро ташкил мекардаасту халос. Аммо афзудани талабот нисбат ба пахта дар навбати худ зиёд намудани майдони кишти ин зироат ва мантиқан зиёд намудани хароҷотро ба миён гузошта буд. Бинобар ҳамин ҳам соли 1907 Шӯрои генерал-губернатории Туркистон барои ба корчаллонҳои алоҳида, маҳз барои кишти пахта чун консессия додани қитъаҳои замини давлатӣ қарор қабул кард. Ин қарор агарчанде танҳо ба сарзамини кишвари Туркистон дахл дошт, вале он барои ба ҳамин иқдом кашидани тамоми Осиёи Миёна, аз ҷумла сарзамини аморати Бухорою хонии Хева низ роҳ кушод.
Дар натиҷа, дар маҳалҳои гуногуни Осиёи Миёна корчаллонҳо (бештар аз ҳисоби амалдорони ҳукумати подшоҳӣ, гумоштагони бонкҳо, сармоядорон, муҳандисон ва ғайра), дар асоси қарори боло, гӯё, бо мақсади инкишофи пахтакорӣ, қитъаҳои калони заминро ба ихтиёри худ дароварданд. Аз ҷумла соли 1913 агенти бонки Русию Осиёгӣ Стовба аз ҳукумати амирии Бухоро 10,9 ҳазор гектар замини бекигарии Қубодиёнро ба консессия гирифт. Дар худи ҳамон сол княз Андронников бо ҳамроҳии Шарапов зиёда аз 27 ҳазор гектар заминро аз дашти Қаршӣ чун консессия аз ҳукумати амирӣ ба ихтиёр дароварданд. Ё худ ҳанӯз 23 феврали соли 1912 дар байни ҳукумати амирии Бухоро ва муҳандиси ҳарбӣ А. Г. Ананев шартномае имзо гардида буд, ки мувофиқи он амир ба Ананев 78 ҳазор гектар замини водии Шерободро чун консессия дод. Бо мақсади азхуд намудани замини пешкашшуда 30 марти соли 1914 бо ташаббуси А. Г. Ананев ва намояндаи бонки Тиҷоратию саноатии русӣ ҷамъияти саҳҳомии (аксионерии) «Шеробод», бо сармояи 18 млн. сӯм ташкил карда шуд. Соли 1916 ҷамъият барои азхудкунии водӣ корҳои васеъро оғоз намуд. Вале соли 1917 бо ғалабаи Инқилоби Октябр ҳамаи нақшаи бунёдкунандагони ҷамъият барбод рафт.

Ба вуҷуд омадан ва инкишоф ёфтани шаклҳои гуногуни саноат дар Осиёи Миёна (заводҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ)

Барои Осиёи Миёна солҳои 80-90-и асри XIX асосан солҳои бавуҷудойӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат ба ҳисоб меравад. Зеро, мувофиқи баъзе маълумотҳо то соли 1880 дар кишвари Туркистон ҳамагӣ 21 корхонаи саноатӣ вуҷуд доштаасту халос. Аз он ҷумла: 1 заводи пахтатозакунӣ, 2 заводи пӯст, 1 заводи собунпазӣ, 1 матбаа, 4 заводи вино, 1 заводи пивопазӣ, 5 заводи спирттозакунӣ, 1 корхонаи пиллахушккунӣ, 1 заводи биринҷтозакунӣ ва ғайра амал мекардаанд.
Дар ин давр гумоштагони рафоқатҳою ширкатҳои марказӣ пахтаи аз Осиёи Миёна харидаашонро ба шаҳрҳои марказӣ, аз он ҷумла Москва ва атрофи он фиристода, дар ҳамон ҷо онро аз пунбааш (пундонааш) тоза мекарданд, ки ин барояшон хело гаронӣ мекард. Бинобар ин минбаъд, яъне аз солҳои 80-уми асри XIX бо ташаббуси он ширкатҳо дар маҳалҳои гуногуни пахтакорӣ (бештар дар назди деҳаҳо) заводҳои пахтатозакунӣ сохта шуданд. Дар аввал барои ҳаракати он заводҳо қувваи гов ё асп истифода мешуд. Минбаъд онҳоро ба қувваи механикӣ иваз карданд. Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо аз соли 1880 то соли 1890 танҳо дар кишвари Туркистон боз 63 корхонаи нави саноатӣ ба кор шурӯъ намуд, ки 22-тоаш заводҳои пахтатозакунӣ буданд. Солҳои 1890-1900 боз 111 корхонаҳои нави саноатӣ сохтаанд, ки аз онҳо: 52 заводҳои пахтатозакунӣ, 3 заводи равғанкашӣ, 6 матбаа, 19 заводҳои винокашӣ ва ғайра буданд. Бо ин ҳисоб то соли 1900 шумораи умумии корхонаҳои саноатии кишвари Туркистон ба 195 адад расида буд. Аз ин миқдор танҳо ҳиссаи корхонаҳои пахтатозакунӣ 75 заводро ташкил мекарданд. Вале мувофиқи маълумоти расмии ҳукумати подшоҳӣ (аммо начандон пурра, зеро дар он солҳои таъсиси бисёр заводҳо нишон дода нашудааст), дар охирҳои асри XIX дар кишвари Туркистон микдори танҳо заводҳои пахтатозакунӣ аз 100 адад зиёд будааст. Инчунин мувофиқи он маълумот, дар ҳамон давр, заводҳои пахтатозакунӣ дар сарзамини аморати Бухоро (зиёда аз 10 завод) ва хонигарии Хева (тахминан 5 завод) низ вуҷуд доштаанд27. Аз ин рӯ ҷамъбасти умумии заводҳои пахтатозакунии Осиёи Миёна дар он давр ба 120 ва тамоми корхонаҳои саноатӣ бошад тахминан ба 240-250 адад мерасанд. Аз сабаби он ки истеҳсоли пахта, махсусан дар вилояти Фарғона меафзуд, бинобар ин маҳз дар ҳамин вилоят тахминан 70-80 фоизи заводҳои пахтатозакунӣ ҷойгир буданд.
Заводҳои пахтатозакунӣ ба соҳибонашон даромади зиёди бедардимиён медоданд. Зеро, онҳо пахтаро аз деҳқонон бо нархи нисбатан арзон харида, онро дар заводи худ тоза намуда (яъне нахашро аз пунбааш ҷудо намуда), нахашро бо нархи дучанд ба корхонаҳои бофандагӣ мефурӯхтанд. Аз ҳамин сабаб ҳам шумораи заводҳои пахтатозакунӣ дар Осиёи Миёна бо суръати тез меафзуд ва дар соли 1914 то ба 378 адад расид, ки аз он 338 завод фақат дар кишвари Туркистон (аз ҷумла танҳо дар вилояти Фарғона — 240 завод), дар аморати Бухоро — 29 ва дар хонии Хева — 11 завод ҷоӣ гирифта буд28.
Сохтмони заводҳои пахтатозакунӣ минбаъд ҳам идома ёфт. Аз он ҷумла соли 1916 дар Саройи Камар (шаҳрчаи Панҷи ҳозира) ягона дар Бухорои Шарқӣ заводи пахтатозакунӣ сохта шуд, ки он то барқароршавии ҳукумати шӯравӣ амал мекард. Он завод ба Ширкати Бухорои Шарқӣ тааллуқ дошт.
Дар аввал пунбаро (ё худ пундонаро) аз пахта (ё худ ғӯза) ҷудо карда, онро бештар ба ҷойи сӯзишворӣ истифода мебурданд. Яъне қисми бузурги пунба ҳамчун ашёи хом бе ягон фоида нобуд мешуд. Бо мақсади истифодаи ин ашё ва аз он гирифтани равған аз аввали солҳои 90-и асри XIX, боз бо ташаббуси ширкатҳо ва тоҷирон заводҳои равғанкашӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки шумораи онҳо соли 1914 ба 29 адад расид.
Мувофиқи ашёи хоми кишвар инчунин заводҳои дигар, ба монанди: заводҳои ордкашӣ, винокашӣ, пивопазӣ, собунпазӣ, коркарди чӯб, коркарди пӯст; фабрикаҳои тамоку, гӯгирдбарорӣ; корхонаи шоҳибофӣ ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи инкишофи шаклҳои гуногуни саноат шумораи умумии заводу фабрикаҳои кишвари Туркистон соли 1914 ба 852 ва соли 1917 ба 1100 адад расидааст. Албатта аксарияти кулли онҳо корхонаҳои хурд буданд. Миқдори зиёди заводу фабрикаҳои нав низ дар вилояти Фарғона ҷой гирифта буданд. Бо инкишофи корхонаҳои саноатӣ Қӯқанд, Намангон, Андиҷон (дар вилояти Фарғона), Самарқанд, Хуҷанд (дар вилояти Самарқанд), Тошканд (дар вилояти Сирдарё), Когон (дар аморати Бухоро) ва дигарҳо ба марказҳои саноатӣ (ба маънои давраи аввалааш) табдил ёфтаанд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Чор дарвеш Ба ҷойи сарсухан «Чор дарвеш» бори аввал дар соли 1295 ҳиҷрӣ (1878) дар Бамбай (Ҳиндустон) дар матбааи Ҳайдарӣ чоп карда шудааст. Дар и...
С. Улуғзода. Субҳи ҷавонии мо 1... Падарам Падарам то синни чиҳилсолагиаш паҳлавон будааст. Вай қадбаланд, қоматаш рост, ришаш сип-сиёҳ, пӯсти рӯяш сиёҳтоб, нигоҳи чашмонаш тези андак...
Ҳофиз. Ғазалиёт 276-300 276 Сабо, зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор В-аз ӯ ба ошиқи бедил хабар дареғ мадор. Ба шукри он, ки шукуфтӣ ба коми бахт, эй гул, Насими васл зи...
Забони англисӣ Забони англисӣ Забони англисӣ. Китоби дарсӣ барои синфи 3. Абдураҳмон Саидов. – Д.: Полиграф Групп, 2004. - 120 с. Фаро кашидан:...
Диданд: 8

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>