Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1.7


Боби I.
Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

§ 7. Оқибатҳои аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

Забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия ба худ ҷиҳатҳои мусбат ва манфиро дорост. Ҷиҳатҳои мусбат:
1) Дар Осиёи Миёна, ки то забтшавӣ муносибатҳои феодалӣ ҳукмфармойӣ мекард, минбаъд ба доираи муносибатҳои молию пулии ҷамъияти капиталистӣ кашида шуданд. Аввалин заводу фабрикаҳо ба вуҷуд омаданд, роҳҳои оҳан сохта шуд. Умуман иқтисодиёти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳод. Осиёи Миёна оҳиста-оҳиста на танҳо ба бозори умумирусиягӣ, балки ба воситаи он бо бозори умумиҷаҳонӣ муносибат пайдо кард;
2) Ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои мустақил ва ниммустақили кишвар, махсусан байни аморати Бухорою хонии Қӯқанд, ки боиси хонахаробиҳои зиёд ва қашшоқии мардум мегардид, барҳам дода шуд. Зеро аз болои тамоми мулкҳои Осиёи Миёна назорати қатъии ҳукумати подшоҳӣ ҷорӣ гардид. Хомӯш гардидани ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бошад барои инкишофи тиҷорати байни ноҳияҳо ва вилоятҳои Осиёи Миёна шароити мусоид ба вуҷуд овард;
3) Боқимондаҳои муносибатҳои ғуломдорӣ (махсусан хариду фурӯши ғуломон) манъ карда шуд (агарчанде дар аморати Бухоро он амалан боз чанде давом дошт);
4) Имконияти шиносшавӣ бо маданияти якдигар ва ғанӣ гардидани он ба вуқӯъ омад. Барои омӯзиши илмии табиату маънавиёти Осиёи Миёна қадамҳои аввалин ва ҷиддӣ гузошта шуд.
Ҷиҳатҳои манфӣ:
1) Бо забти Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ мустақилияти давлатдории халқҳои ин сарзамин аз байн рафт. Кишвари Туркистон қисми таркибии империяи Русия гардид. Аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ пурра ба доираи сиёсати ҳукумати подшоҳии рус даромаданд. Онҳо, ба ғайр аз Русия, бо дигар давлатҳо муносибат карда наметавонистанд;
2) Дар сарзамини генерал-губернатории Туркистон тартиботи сахти мустамликавӣ ҷорӣ гардид. Ҳукумати иртиҷоии амири Бухоро ва хонии Хева агарчанде ба зери ҳимояи ҳукумати подшоҳӣ кашида шуда бошанд ҳам, аммо тартиботи идоракунии дохилӣ дар ҳар ду мулкҳои Осиёи Миёна бетағйир монд. Минбаъд ҳукуматдорони амирию хонӣ дар зери сояи қувваи ҳарбии Русияи подшоҳӣ нисбат ба мардуми бечораи худ зулмро боз ҳам зиёдтар раво дониста, онҳоро бераҳмона истисмор мекарданд. Дар натиҷаи ҳамаи ин мардум ба истисмори боз ҳам сахттар гирифтор шуд;
3) Шартномаи байни Русияю Англия дарёи Панҷро сарҳади нуфуз қарор дода, халқи тоҷикро, ки ҳазорҳо сол боз дар тарафи чап ва рости он зиндагӣ карда, бо ҳам рафтуомад ва хешутаборӣ дошт, аз ҳам ҷудо кард. Он лаҳза, ҳангоми муайян намудани марзи давлатӣ, манфиати халқи тоҷик умуман ба эътибор гирифта нашуд. Зеро, тақдири халқи тоҷик аз сиёсати бузургдавлатии забткоронаи Русияю Англия сахт вобастагӣ дошт.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Забони олмонӣ Забони олмонӣ Забони немисӣ: Китоби дарсӣ барои синфи 5. У. Т. Балтабаева, Р. А. Мӯсоева. – Д.: «Маориф ва фарҳанг», ...
Б. Ғафуров. Тоҷикон. Фасли 6, боби 4... Фасли шашум Тоҷикон дар давраи ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ва тараққиёти муносибатҳои капиталистӣ дар ин сарзамин Боби чорум Халқи тоҷик ...
Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ-8... ←   Ба пас   <8>   Ба пеш   → Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт, К-аз хоб касеро гули шодӣ нашукуфт. Коре ч...
Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 7... Боби VII. Халқи тоҷик дар замони мавҷудияти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (солҳои 1918-1924) § 1. Ташкил намудани Ҷумҳурии Мухтор...
Диданд: 10

Андешаатонро баён кунед

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>