Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1.6


Боби I.
Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

§ 6. «Масъалаи Помир» ва ҳалли он дар байни Русия ва Англия

Вазъи мулкҳои Бадахшон дар арафаи тақсимот

Маълум аст, ки дар миёнаи асри XIX мулкҳои гуногуни Бадахшон (Помир) низ пароканда ва то андозае мустақил буданд. Вале ба онҳо аз як тараф амири Афғонистон (баъд бо кӯмаки Англия) аз тарафи дигар амири Бухоро (баъд бо кӯмаки Русия) таҳдид мекарданд. Аз соли 1850 амирони афғон Дӯстмуҳаммад ва Шералихон, баъди забти Балх, Тошқӯрғон ва Қундуз, борҳо ба сарзамини Бадахшон ҳуҷум карданд. Ҳокими Бадахшон Ҷаҳонгиршоҳ баҳри нигоҳ доштани оромӣ ва мустақилият, барои ба фоидаи ҳукумати Афғонистон супоридани андоз розӣ шуд. Амири Афғонистон Шералихон, ки соли 1868 ба тахт нишаст, духтари худро ба Ҷаҳонгир ба занӣ дода, бо ҳамин роҳ ин мулкро пурра ба ихтиёри худ кашиданӣ шуд. Ҷаҳонгиршоҳ ҳушёриро аз даст надода, то андозае мустақилиро нигоҳ дошта бошад ҳам, вале аз соли 1869 сар карда Бадахшон амалан ба доираи таъсири Кобул кашида шуд. Соли 1883 аз тарафи ҷияни Шералихон — Абдураҳмонхон, ки амири Афғонистон гардида буд, мулкҳои Бадахшони Ғарбӣ — Вахон, Шуғнон ва Рӯшон забт гардид. Дар ҳамон вақт қӯшунҳои сарҳадии Хитой низ ба Бадахшони Шарқӣ наздик шуда, дар ин маҳал мавқеи худро мустаҳкам мекарданд. Русияю Англия, дар асоси муоҳидаҳои солҳои 1869-1873, дар Осиёи Миёна ҷараёнгоҳи боло ва миёнаи дарёи Амуро сарҳади нуфузи худ меҳисобиданд. Яъне, ин ду давлати бузург ба «масъалаи Помир» ҳанӯз фаъолона дахолат карда наметавонистанд. Ба ғайр аз ин Русия дар ин кишвар дар ҷанг бо қабилаҳои туркман банд буд. Бо ҳамин сабабҳо ба Бадахшон мудохилаи мусаллаҳонаи ҳукумати Афғонистону Хитой тақрибан 10 сол (1883-1893) давом кард.

Ҳалли «масъалаи Помир» дар баӣни Русия ва Англия

Охири асри XIX масъалаи ҷиддие, ки миёнаи Русияю Англия бояд ҳалли худро меёфт ин «масъалаи Помир» буд. Он лаҳза дар байни мардуми худи Бадахшон воқеаҳои назаррасе рух доданд. Чунонки, зулму истибдоди ҳукуматдорони афғон тирамоҳи соли 1887 боиси шӯриши мардуми Шуғнон гардид. Шӯришгарон чанде аз хироҷситонандагони афғонро ба қатл расониданд. Ҳукумати Афғонистон барои ба хун оғушта намудани шӯриш ва танбеҳ додан ба мардуми мулкҳои дигари Бадахшон тайёрии ҷиддӣ медид. Амалдорони Рӯшону Шуғнон ва Вахон дар чунин вазъият ба муқобили иқтидори ҳукумати Афғонистон қувваи худро нокифоя ҳисобида, майл ба тарафи Русия намуданд. Онҳо бо чунин мақсад ба назди ҳукуматдорони Русия якчанд ҳайати намояндагӣ низ фиристоданд.
Аввали солҳои 90-ум ҳукумати подшоҳӣ ба «масъалаи Помир» ба тарзи ҷиддӣ машғул шуд. Зеро то ин лаҳза дигар мулкҳои Осиёи Миёна пурра ба зери назораташ гузашта буданд ва дар ин кишвар масъалаи номбурда ягона ва нуқтаи охирин дар масъалаи нуфузи марзии байни Русияю Англия мешуд. Инак, моҳи июли соли 1891 отряди 120 нафараи казакҳо бо сарварии полковник М. Ионов ба сӯйи I Помир фиристода шуд, ки он бо номи «Эъзомияи Ионов» маълум аст. Мақсади ин эъзомия, гӯё дар Бадахшон омӯхтани он мулкҳое буд, ки онҳо мувофиқи муоҳидаи соли 1873-и байни Русияю Англия ба фоидаи ҳукумати подшоҳӣ гузаштаанд. Вале дар асл нияти асосии ин чорабинӣ мустаҳкам намудани нуфузи Русия дар мулкҳои номбурда буд. Ионов амалиёти худро аз ағбаи Қизиларт оғоз намуда, соҳилҳои Рангкӯл ва Қаракӯлро сайр карда, то ба ағбаи Банк расид. Ӯ дар ҳама ҷо ба мардум эълон мекард, ки ин мулкҳо дар тобеияти Русия мебошанд. Дар натиҷа ин эъзомия «масъалаи Помир»-ро боз ҳам таккон дод.
Аз сабаби он ки дипломатияи Англия ҳам ба «масъалаи Помир» дахолат мекард, моҳи апрели соли 1892 дар Петербург ин масъала дар машварати махсуси арбобони давлати Русия муҳокима гардид ва дар он қарор карда шуд, ки мавқеи ҳукумати худро дар ин гӯша мустаҳкам намоянд. Моҳи июни ҳамон сол полковник Ионов бо роҳи аввала бо қувваи нисбатан зиёд, эъзомияи дуюми Помирро ташкил намуд. Ҳангоми ин сафари ӯ дар канори дарёи Оқсу пости Помир (ҳозира шаҳраки Мурғоб) сохта шуд. Дар мавзеи Шоҷон бошад 250 нафар аскарони казакро ба муддати тӯлонӣ гузоштанд. Соли 1893 дар асоси шикояти зиёди шуғнониён, нисбати бедодии дастаҳои гуногуни афғон, отряди дигар бо сарварии капитан С. П. Ванновский ба воситаи ағбаи Язгулом то ба Ванҷ рафта баргаштаанд.
Ҳукуматдорони подшоҳӣ оиди масъалаи Бадахшони Шарқӣ ҳам бетараф наистоданд. Онҳо аз ниятҳои ҳукумати Хитой воқиф гардида, моҳи июли соли 1894 ба пости Помир (Мурғоб) М. Е. Ионовро, ки ба рутбаи генерал-майорӣ расида буд, бо штабаш фиристоданд. Ӯро сардори штаби тамоми отряди русӣ дар Бадахшон таъин карданд. Дар баробари чунин чорабиниҳо гуфтушуниди намояндагони Русияю Хитой оиди Бадахшони Шарқӣ низ давом мекард. Дар натиҷаи он ҳукумати Хитой постҳои ҳарбии худро аз сарҳади Бадахшони Шарқӣ бардошт. Баъди ин дар Мурғоб нигоҳ доштани «отряди Помир» нолозим шуда монд ва он 25 октябри ҳамон сол барҳам дода шуд.
Вале гуфтушуниди байни Русия ва Англия баҳри муайянкунии сарҳади нуфуз дар Бадахшон ҳанӯз аз соли 1893 давом дошт. Баҳори соли 1895 комиссияи мухталифи сарҳадии англису русӣ охирин қитъаи баҳсталаби сарзамини Осиёи Миёнаро ба таври «аниқ» муайян намуд. Ниҳоят моҳи сентябри ҳамон сол шартномаи махсуси муайянкунии сарҳади нуфузи байни Русияю Англия дар Бадахшон имзо карда шуд23. Моҳи январи соли 1896 подшоҳи Русия Николаи II хатти сарҳадии империяи Русияро дар Бадахшон тасдиқ кард. Дар асоси ин шартнома дар Бадахшон сарҳади нуфузи байни Русия ва Англия аз Зоркӯл то канори шарқии Бадахшон дарёи Панҷ қарор гирифт. Мувофиқи он соҳилҳои чапи дарё, пеш аз ҳама заминҳои дар ин канор доштаи Дарвози Бухоро ба зери нуфузи Англия, ба ҳисоби Афғонистон гузашт. Соҳилҳои рости дарё, яъне мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон ба зери нуфузи Русия даромад. Вале ҳукумати подшоҳии рус ин мулкҳоро ба амири Бухоро, ба ивази мулкҳои дар ин минтақа аз даст додааш (яъне заминҳои дар соҳилҳои чапи дарё доштаи Дарвози Бухоро) бахшид. Бадахшони (Помири) Шарқӣ бошад ба ҳайати вилояти Фарғонаи генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ гардид. Он қисми шарқии водии Вахон, ки дар байни мулкҳои Русия ва Ҳиндустон вазифаи минтақаи озод ва бетарафро иҷро мекард, низ ба ҳисоби Афғонистон гузашт.
Ҳамин тарз «Масъалаи Помир» асосан дар байни Русия ва Англия «ҳал» гардид ва гӯё бо ин рақобати байни ду давлати абарқудрати давр оиди як гӯшаи кӯҳии дунё ба охир расид.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Навиштаҳои дигар

Китобҳо. Тиб ва зистшиносӣ Китобҳо Тиб ва зистшиносӣ Таҳрири охирин 26.08.2018 Дар ин саҳифа ба Шумо китобҳои илмӣ ва оммавии риштаи тиб, зистшиносӣ (биология – анатомия, ф...
Ҳофиз. Ғазалиёт 176-200 176 Ману салоҳу саломат? Кас ин гумон набарад, Ки кас ба ринди харобот занни он набарад. Ман ин мураққаи пашмина баҳри он дорам, Ки зери хирқа каш...
Чор дарвеш Ба ҷойи сарсухан «Чор дарвеш» бори аввал дар соли 1295 ҳиҷрӣ (1878) дар Бамбай (Ҳиндустон) дар матбааи Ҳайдарӣ чоп карда шудааст. Дар и...
Э. Раҳмон. Нигоҳе… Боби 4.1.... Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ Боби чаҳорум. Оини зардуштӣ Замон ва макони Зардушт Шахсияти Зардушт дар таърихи инкишофи афк...
Диданд: 48

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>