Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1

Боби I.
Ҳаёти тоҷикон дар замони аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

§ 1. Вазъи мулкҳои Осиёи Миёна дар миёнаи асри XIX ва сабабҳои аз тарафи Русия забт шудани он

Вазъи мулкҳои Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус

Дар миёнаи асри XIX дар сарзамини Осиёи Миёна ба ғайр аз се давлатҳои мустақил — аморати Бухоро, хонигариҳои Қӯқанд ва Хева, боз як қатор мулкҳои ниммустақил, ба монанди: Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра вуҷуд доштанд. Халқи тоҷик дар он давр дар ҳайати аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд ва мулкҳои ниммустақили номбаршуда, бо ҳамроҳии халқҳои ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз ва ғайра бародарвор зиндагӣ ба сар мебурданд ва талхию ширинии ҳаётро бо ҳам мечашиданд.
Дар аморати Бухоро аз соли 1753 қабилаи манғитҳои ӯзбек ҳукуматдорӣ мекард, ки онҳо ба чунин марҳамат ба шарофати шоҳи Эрон Нодиршоҳ мушарраф гардидаанд. Хонигарии Қӯқанд бошад ҳанӯз соли 1710 дар замони заифгардии давлати Аштархониҳо (Ҷониҳо) бунёд ёфт ва дар он низ қабилаи мингҳои ӯзбек салтанат меронд.
Аз байни ин ду хонадон албатта таърихи ба ҳокимият соҳиб шудани манғитҳо махсусан ҷолиби диққат аст, ки шарҳи мухтасараш чунин аст. Қабилаи манғит яке аз қабилаҳои муғулӣ буда, дар асри XIII аз Муғулистон ба Даштҳои Қипчоқ кӯчида, дар асрҳои ХШ-Х1У забони туркӣ-қипчоқиро қабул кардаанд. Дар асри XVI онҳо аз даштҳои Қипчоқ ба Мовароуннаҳр кӯшида омаданд1. Намояндагони ин қабила дар ҳайати қӯшунҳои Чингизхон низ дохил мешуданд. Дар Мовароуннаҳр сарвари қабилаи манғитҳо Муҳаммад Ҳакимбий, ки дар хизмати хонҳои Аштархонӣ (Ҷониҳо) буд, дар замони ҳукмронии охирин намояндаи ин авлод — Абулфайзхон (1711- 1747) то ба унвони баландтарин — оталиқӣ расид.
Мувофиқи анъанаҳои ҳамон вақт, шахсе ки чунин унвонро дошт, бонуфузтарин шахс ба ҳисоб мерафт ва ҳатто худи хон маҳз маслиҳати ӯро мегирифт. Соли 1740 ҳангоми ҳуҷуми шоҳи Эрон Нодиршоҳ ба муқобили Аштархониҳо Абулфайзхон беқувватии худро эҳсос намуда, муқобилият накард ва барои гуфтушунид ба назди Нодиршоҳ намояндагии худро бо сарварии Муҳаммад Ҳакимбии оталиқи манғит фиристод. Муҳаммад Ҳакимбий ҳангоми гуфтушунид нисбат ба Абулфайзхон хиёнат карда, ба тарафи Нодиршоҳ гузашт. Баъди чунин воқеот Нодиршоҳ идоракунии Мовароуннаҳрро ба ихтиёри Муҳаммад Ҳакимбий супорид, вале Абулфайзхонро низ дар мансабаш нигоҳ дошт ва яке аз духтаронашро ба занӣ гирифт. Ҳамон вақт писари Муҳаммад Ҳакимбий — Муҳаммад Раҳимхон ва бародари Ҳакимбий — Дониёлбий ҳам ба хизмати Нодиршоҳ гузашта буданд. Муҳаммад Раҳимхон сарварии як қисми қӯшунҳои Нодиршоҳро ба уҳда дошт. Дониёлбий бошад ҳокими Кармана таъин гардид.
Нодиршоҳ соли 1747 дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ кушта шуд. Қариб дар ҳамон лаҳза Муҳаммад Раҳимхон Абулфайзхонро кушта духтари ӯро ба занӣ гирифт, вале ҷуръат накард, ки худро хон эълон кунад. Чуноне С. Айнӣ мегӯяд, бо мақсади рӯпӯш кардани ин ҷиноят Муҳаммад Раҳимхон сараввал писари Абулфайзхон Абулмӯъминро хон эълон карда, ҳатто духтари худро ба никоҳи ӯ даровард. Вале дере нагузашта «Абулмӯъмини мазлумро ба чоҳи Чилдухтарон, ки дар дохили Арки Бухорост» партофта кушт. Пас аз ин фоҷиа «Убайдулло ном писари кӯчаки Абулфайзхонро номзади салтанат кард. Дар андак муддат ӯро низ аз миён бардошт…» яъне, кушт. Баъди қатли Абдулмӯъмин Муҳаммад Раҳимхон духтарашро ба никоҳи бародарзодааш даровард ва аз ӯ Фозилтӯра ном писар шуд. Баъди ҳамаи ин хунрезиҳо Муҳаммад Раҳимхон соли 1758, бо ибораи С. Айнӣ «ҳанӯз дар бистари ҳукмронӣ ҷо гарм накарда ба ҳангоме, ки аз саёҳати тумани Ғиждувон боз мегашт, дар аснои роҳ аз асп афтода гарданаш шикаста озими дорулҷазо гардид»1.
Пас аз марги Муҳаммад Раҳимхон ҳокимият насиби амакаш — Дониёлбий гашт. Аммо ӯ ҳам ҷуръат накард, ки худро хон эълон кунад. Вай «Фозилтӯраро, ки набераи духтарии Раҳимхон ва писари шашсола буд, ба номи хонӣ бардошта», худ ба унвони оталиқӣ қаноат кард. Вале зуд Фозилтӯраро ба сифати ҳоким ба Қаршӣ фиристода, «ба ҷойи ӯ Абулғозихон ном набераи духтарии Абулфайзхонро, ки дар тумани Хонфар деҳқонӣ мекард, оварда ба номи хонӣ бардошта, хутба ва сиккаро ба номи ӯ карда», худ бо унвони оталиқӣ амалан ҳокимиятро дар даст нигоҳ дошт2.
Соли 1785, баъди вафоти Дониёлбий, ҳокимият ба ихтиёри писараш Шоҳмурод гузашт. Шоҳмуроди ҷавон баҳри қонунӣ гардонидани мансаб ба зани бевамондаи амакаш — Муҳаммад Раҳимхон, духтари Абулфайзхони Аштархонии шаҳид хонадор шуд3.
Ба ибораи С. Айнӣ, Шоҳмурод, ки «дар ҳушу хирад ягонаи даврони худ ба шумор мерафт» ҳангоми издивоҷ бо духтари Абулфайзхони шаҳид — Шамсмоҳбону, гӯё се сифати ӯро ба эътибор гирифтааст. Сараввал, сайидӣ, яъне мансуб ба авлоди пайғамбар — Муҳаммад буданаш, баъд, пештар соҳиби тоҷу тахти Бухоро ба шумор рафтани падараш ва авлодаш ва ниҳоят, аз авлоди хонадони чингизӣ буданаш. Чуноне дар давом устод С. Айнӣ таъкид намудааст «ба сабаби ин издивоҷ ба воситаи нисбати сегонаи мазкура биттабъ ҳаққи подшоҳӣ ба авлоди амир Шоҳмурод гузашт. Ҳамин сабаб аст ки дар номҳои амирони манғитии Бухоро аз амир Ҳайдар эътиборан лафзи «сайид» ва «амир» илова гардид»1. Давлати Бухороро низ минбаъд «аморати Бухоро» меномиданд. Ҳамин тавр идоракунии авлоди манғитиҳо оғоз гардид, ки он то сарнагун намудани охирин намояндаи ин хонадон — амир Олимхон идома ёфт.
Давлатҳои мустақилу ниммустақили Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус дар зинаи тараққиёти муносибатҳои феодалӣ буданд. Дар байни онҳо бештар душманӣ ҳукмфармо буд. Махсусан ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд боиси харобиҳои зиёди мулкҳои ҳар ду тараф гардидаанд. Аз ҷумла амири Бухоро Насрулло (1826 -1860) солҳои 1840 ва 1842 ба Қӯқанд ҳуҷум карда, ҳангоми ҳуҷуми дуюм шаҳрро як ҳафта дар ҳолати муҳосира нигоҳ дошт ва баъд ба аскарони худ тороҷи онро фармуд. Писари ӯ — амир Музаффархон (1860-1885) низ ба сӯйи Қӯқанд ду маротиба, солҳои 1862 ва 1865 ҳуҷум карда, ҳангоми ҳуҷуми аввала тамоми водии Фарғонаро зери по кард ва то Қошғар расид. Аз он ҷо вайро мардуми қабилаи қипчоқи ӯзбек зада гардониданд.
Бо сабаби ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд, ҳар бор мардуми Ӯротеппаю Хуҷанд, Нову Ҷиззах зарари зиёд медиданд. Танҳо дар зарфи 65 соли аввали асри XIX онҳо ба Ӯротеппа қариб 50 маротиба лашкар кашидаанд*. Дар он давр амирони Бухоро ва хонҳои Қӯқанд бо мақсади ба зери тасарруфи худ даровардани мулкҳои ниммустақил, ба муқобили онҳо борҳо теғ кашидаанд. «Чунончи, амир Насрулло дар муддати 20 сол танҳо ба муқобили Шаҳрисабз 32 маротиба ҳуҷум карда, ниҳоят соли 1856 онро ба зери дасти худ даровард ва тамоми ашхоси намоёни қабилаи кенагаси ӯзбекро, ки он ҷо ҳукмронӣ мекарданд, аз дами тег гузаронид. Баъди ин фоҷиа амир Насрулло дар Шаҳрисабз ва Китоб шахсони ба худ содиқро ҳоким таъин кард, вале баъди марги ӯ, аниқтараш дар соли дуюми ҳукмронии Музаффархон, мардуми қабилаи кенагаси Шаҳрисабз ва музофоти атрофи он боз исён бардоштанд. Онҳо ҳокимони таъинкардаи амирро ҳабс намуда, аз авлодони худ Ҳакимбекро ҳокими Шаҳрисабз ва Ҷӯрабекро ҳокими Китоб таъин карда, бори дигар аз итоати амир худро ба канор кашиданд. Ё худ ҳамон лаҳзае, ки қӯшунҳои рус ба хоки Осиёи Миёна зада даромаданд, амир Музаффархон ба муқобили ҳокимони ниммустақили Бухорои Шарқӣ, ба сӯйи Бойсун ва Деҳнав лашкар кашида, хуни бисёре резонд, ки оиди он баъдтар хоҳем истод.
Бояд қайд кард, ки дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус вазъияти хонии Қӯқанд хеле ногувор буд. Махсусан байни хонҳои Қӯқанд Худоёрхон (солҳои 1845-1858 ва 1862-1873) ва Маллахон (солҳои 1858-1862, яъне дар фосилаи гурехтани Худоёрхон) рақобати сахти мансабӣ мерафт ва ҳар кадоме мехост, ки амири Бухороро ба тарафи худ кашад. Амири Бухоро Музаффархон Худоёрхонро пуштибонӣ намуда, соли 1862 ба Қӯқанд ҳуҷум карда салтанати Худоёрхонро аз нав барқарор намуд.
Хулоса, дар арафа ва ҳатто лаҳзаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна, дар ин сарзамин нооромӣ, ҷангу ҷидолҳо, иқтисодиёти қафомондаю харобгардида ҳукмрон буд. Вазнинии чунин вазъият бештар ба дӯши мардуми бечора меафтод. Онҳо зиндагии қашшоқона доштанд.

Сабабҳои асосии аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

Аз аввали солҳои 60-уми асри XIX ба мулкҳои Осиёи Миёна ҳуҷуми васеи қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ сар шуд, ки барои он сабабҳои зерин вуҷуд доштанд:
Якум, подшоҳони Русия дер боз, аниқтараш аз замони Пётри 1, ният доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба зери тасарруфи худ дароранд. Зеро, онҳо барои абарқудратии империяи Русия, аз ҷануб, ба воситаи баҳри Араб ва уқёнуси Ҳинд ба роҳи мунтазами обӣ баромаданро зарур меҳисобиданд. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 1717 Пётри 1 ба муқобили хонии Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбӣ, вале бебарор ташкил карда буд. Минбаъд Русия то миёнаи асри XIX, асосан бо сабабҳои мураккабии муносибаташ дар Ғарб, имконияти ғасби Осиёи Миёнаро надошт;
Дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ (19 феврали соли 1861) барои инкишофи муносибатҳои капиталистӣ имконияти васеъ кушода шуд. Дар он махсусан бофандагӣ тараққӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом — пахтаи америкоӣ буд. Вале бо сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ИМА (солҳои 1861-1865) барои Русия аз ин мулк низ овардани пахта мураккаб гардид. Дар натиҷа қисме аз фабрикаҳои бофандагии Русия аз набудани пахта амалиёти худро боздоштанд. Чунончи, агар соли 1860 дар Русия шумораи фабрикаҳои амалкунандаи бофандагӣ 57 (бо 659 дастгоҳ) бошад, пас соли 1863 он то ба 35 (бо 338 дастгоҳ) кам шуд1. Бинобар ҳамин ҳам ҳукуматдорони Русия, то ин ки норозигии саноатчиёнашон ба вуҷуд наояд, мехостанд Осиёи Миёнаро ба зери нуфузи худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне пахта табдил диҳанд;
Сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурӯшӣ зарур буд. Ин гуна бозорро онҳо дар қитъаи Европаи Ғарбӣ ба даст дароварда наметавонистанд. Аниқтараш маҳсулоти саноатии Русия дар бозори мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист. Аз ин рӯ ҳомиёни саноати бофандагӣ ният доштанд, ки ҳарчи зудтар Осиёи Миёнаро ба бозори фурӯши молҳои худ табдил диҳанд;
Чаҳорум, маълум аст, ки ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги Қрим (солҳои 1853-1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартҳои вазнини он (аз ҷумла барои бекор намудани беназоратии соҳилҳои шимолии баҳри Сиёҳ) дипломатияи рус, ҳарчанд ҷонбозиҳо кард, вале қувваи Русия, ки дар Ғарб хале заиф буд, он кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Бинобар ин, ҳукуматдорони Русия бо тавсияи ҳарбиён мехостанд, ки ба Шарқ, ба сарҳади Ҳиндустон – мустамликаи Англия, қувваҳои зиёди ҳарбии худро шамъ намуда, бо ин яке аз аъзоёни асосии иттиҳодияи зиддирусиягӣ, аниқтараш сарварӣ он — Англияро барои бекор кардани шартҳои вазнини сулҳи Париж моил гардонанд. Ба андешаи мо, маҳз ҳамин сабаб аввали солҳои 60-уми асри XIX ҳуҷуми васеи қӯшунҳои русро ба муқобили Осиёи Миёна тезонид;
Панҷум, ҳукумати подшоҳии Русия, ки бо шикаст хӯрдан дар ҷанги Қрим хело беобрӯ шуда, боиси коста шудани нуфузаш дар байни синфи ҳукмрони мамлакат гардида буд, ният дошт, бо ба зери тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна обрӯяшро ақаллан дар дохили мамлакати худ аз сари нав барқарор намояд.
Дар асоси ҳамин сабабҳо Русия барои забти Осиёи Миёна қӯшун кашид.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.