Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 9


БОБИ IX.
САРНАГУН НАМУДАНИ ТАРТИБОТИ АМИРИИ БУХОРО (АВГУСТИ СОЛИ 1920 — АПРЕЛИ СОЛИ 1921)

§ 1. САРНАГУН НАМУДАНИ ТАРТИБОТИ АМИРИИ БУХОРОИ МАРКАЗӢ (ҒАРБӢ)

Омода намудани қисмҳои аскарони сурх барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро

Тобистони соли 1920 назди фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе масъалаи Бухоро кӯндаланг меистод. Зеро, он лаҳза сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро — вазифаи навбатии Ҳокимияти Шӯравии Русия ба ҳисоб мерафт. Чунин сиёсатро муқобилони тартиботи амирӣ бо он асоснок мекарданд. аморати Бухоро дар самти ҷануб такягоҳ ва макони асосии қувваҳои зиддишӯравӣ гардидааст. Бо ҳамин сабаб, мувофиқи фармони М.В. Фрунзе, қисмҳои аз муҳорибаҳо озодгардидаи аскарони фронти Туркистон пайиҳам дар нуқтаҳои асосии аморат ҷойгир карда шуданд.
Бояд ба инобат гирифт, ки ҳамон лаҳза сиёсати берунии нисбат ба ҳукумати амирии Бухоро пеш гирифтаи Давлати Шӯравӣ низ хайрхоҳона набуд. Барои равшании ин масъала маърӯзаи ҷонишини комиссари корҳои хориҷии Федератсияи Русия (ҶФШСР) Л.М. Карахан ба номи В.И. Ленин менигарем,. онро дар ҳамон лаҳза Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия аз ҳар ҷиҳат муҳокима намуда, пурра маъқул шуморида буд. Дар он маърӯза маркази қувваҳои зиддишӯравӣ гардидани Бухоро, сиёсати зиддимардумии онро бори дигар нишон дода, таъкид намуда; ки «Сиёсати мо … то ҳанӯз ягон натиҷае надоданд — Бухоро на бо мо, балки муқобили мост. Бинобар ин мо пурра бо андешаи Турккомиссия, намояндагиамон дар Тошканд, розӣ шуда пешниҳод менамоем, ки амирро сарнагун намуда, ба сари ҳокимият ҷавонбухороиёнро (ҳоло коммунистонро) гузошта Бухороро демократӣ эълон намоянд.
Ин дар муддати якчанд моҳ, дар натиҷаи табаддулоти дохилӣ дар Бухоро ва дастгирӣ аз сарзамини мо, ба воситаи отрядҳои бухороии аз ҳисоби гурезагони зиёди худи қӯшунҳои амир ташкилёфта имконпазир аст. Баъди ташкил гардидани ҳукумати нав мо метавонем қӯшунҳои худро барои муҳофизати роҳи оҳан ва сарҳад дарорем»1.
Яъне аз ин навиштаҷотҳои Л.М. Карахан чунин бармеояд, ки он лаҳза дар комиссариати корҳои хориҷии Русияи шӯравӣ ба аҳволи дохилии худи Бухоро аз будаш хеле зиёда баҳо додаанду тақдири ҳукумати амириро бо ҳаракати онҳо ва кӯмаки худи бухороиёни дар кишвари Туркистон машқи ҷангӣ дидаистода ҳал карданӣ буданд. Он лаҳзаҳо ин ҳама бояд бе иштироки қисмҳои аскарони сурхи Русияи шӯравӣ амалӣ мегардид.
Аммо мавқеи Турккомиссия ва пеш аз ҳам сарвари фронти Туркистон — М.В. Фрунзе дар ҳалли масъалаи Бухоро тамоман дигар буд. Онҳо дар ин масъала бештар ба қувваи аскарони сурх боварӣ доштанд. Амири Бухоро Олимхонро бошад махсусан дар маҳаллаҳои руснишини аморат — Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав-ҷойгир намудани қисмҳои аскарони сурх ба воҳима гузошт. Зеро сарбозон ва навкарони аксаран машқи ҷангӣ надидаи ӯ, ки тахминан ба 13 ҳазор нафар мерасид, ба қисмҳои 70 ҳазорнафараи аскарони сурхи дар маӣдонҳои ҷангӣ ба хубӣ обутобёфтаи фронти Туркистон муқобил истода наметавонистанд.2
Сиёсатмадорони Шӯравиро якравии амир зиёда ба ташвиш. гузошта буд. Ҳамоно Олимхон бо душманони шӯравӣ буд. Аз ин рӯ ҳар се вохӯриҳои сарвари фронти Туркистон М.В. Фрунзе бо амир бенатиҷа анҷом ёфтанд. Дар ин вохӯриҳо М.В. Фрунзе аз ҳукумати амирӣ, дар баробари беҳтар намудани муносибат бо давлати Шӯравӣ, талаб кард, ки қисмҳои аскарони сурхи дар Бухорои Нав, Қаршӣ, Каркӣ, Чорҷӯйи Нав ва Тирмиз бударо бо хӯрокворӣ таъмин намуда, хати телеграфро барқарор намояд. Аммо ба ивази ин ҳама М.В. Фрунзе ҳеҷ чизро пешниҳод намекард. Амир бошад, талаб мекард, ки аз тамоми нуқтаҳои номбурда қисмҳои аскарони сурх бароварда шаванд.3 Инак, тобистони соли 1920 дар муносибати баӣни ҳукумати амирии Бухоро ва Ҳокимияти Шӯравӣ каме беҳтаршавӣ ба вуҷуд омад, Аниқтараш ҳукумати амирӣ маҷбур шуд, ки нисбат ба Ҳокимияти Шӯравӣ муносибаташро беҳтар намояд. Зеро, то ин вақт ба қувваҳои зиддишӯравии дохили Русия ва империалистони хориҷӣ боварии калон дошт. Акнун, ҳамаи он умедҳо барбод рафтанд, қувваҳои зиддишӯравӣ шикаст хӯрданд. Давлати Шӯравӣ бошад, бар хилофи чашмдошти амир Олимхон ва дигар ҳамфикрони ӯ рӯз аз рӯз пурқувват мегардид. Илова бар ҳамаи ин қисмҳои аскарони сурх аллакаӣ дар хоки Бухоро мавқеъ гирифта буданд.
8 июни соли 1920 амир Олимхон комиссари корҳои хориҷии Федератсияи Русия Г.В. Чичеринро хабардор намуд, ки барои ба Москва фиристодани ҳайъати сафирони худ тайёр аст. Вале чунин кӯшиши ҳукумати амирӣ боиси норозигии сарварони ҳизби коммунистии Бухоро ва сарварони фронти Туркистон гардид. Зеро, дар ин вақт, дар рӯзнома аллакаӣ масъалаи сарнагун намудани тартиботи амирӣ меистод. Бо ҳукумати амирӣ муносибати мӯътадилро ҷорӣ намудан бошад иҷроиши ин масъаларо ба таъхир мегузошт.
2 июли соли 1920 аз Бухоро ба сӯйи Москва ҳаӣати намояндагии амир (сафорати фавқулодда) раҳсипор гардиданд. Худи ҳамон рӯз, баробари гусели он ҳайъат дар Бухорои Нав (Когон), дар он биноҳое, ки танҳо ба ҳукумати амирии Бухоро тааллуқ доштанд, аз он ҷумла резидентсияи худи амир, бе розигии ҳукумати амирӣ, қисмҳои сурх ҷойгир карда шуданд. Сабаби ин иғво чандон равшан набуд. Гуфтушунидҳои дипломатӣ онро ҳал карда натавонист.
Иғвои 2 июл қувваҳои зиддишӯравии Бухороро ба ҳаракат даровард. Бо талаби онҳо амир 7 июл ба фатвое имзо гузошт, ки дар асоси он, баҳри муҳофизати дини ислом ва шариат, ҳамаи мусулмонон ба муқобили Давлати Шӯравӣ ба ҷанги муқаддас даъват карда мешуд.
Фармондеҳи фронти Туркистон воқеоти дар Бухорои Нав (Когон) содиршударо ба Москва аз будаш зиёдтар ва ба манфиати худ шарҳ дода розигии сарварони ҳарбию ҳизбии Федератсияи Русияро барои оғози ҳуҷум ба Бухоро пурсид.
Дар худи ҳамин моҳ бо ташаббуси Турккомиссия, барои тайёр намудани инқилоби Бухоро Бюрои ҳарбии инқилобӣ ташкил карда шуд. Ба ҳайъати он раиси КМ ҲК Бухоро Н. Ҳусаинов, раиси бюрои марказии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ — Ф. Хоҷаев ва дигарон дохил шуданд. 30 июл дар маҷлиси бюро масъалаи дар шакли коалитсионӣ ташкил додани органи олии ҳукумати инқилобии Бухоро — Кумитаи Муваққатии инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқӣ, ҳар кадом дорои 9 нафарӣ аъзо (аз ҷумла 6 нафарӣ аз ҲК Бухоро аз 3 нафари аз ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ) дида шуд. Ба вазифаи раиси Кумитаи Муваққатии инқилобии Умумибухороӣ коммунист — Аҳмадҷон Абдусаидов (Ҳамдӣ) ва ба раиси Шӯрои Нозирони Халқӣ Ф. Хоҷаев тавсия гардиданд. 10 август ин масъаларо бори дигар дар маҷлиси якҷояи Турккомиссия, КМ ҲК Бухоро ва бюрои марказии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ дида, маъқул шумориданд.
10 август Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия низ ҷавобан ба хоҳиши фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе оиди масъалаи Бухоро, ба Шӯрои ҳарбии фронт дастур дод, ки мувофиқи он бо мақсади «муҳофизати раияти рус ва маъмурияти давлати рус» метавонистанд дар маҳаллаҳои руснишини аморат ва дар мулкҳои ҳамсарҳади Бухоро қувваҳои зиёди ҳарбиро ҷойгир намоянд.
Баъди ду рӯзи тавсияи Бюрои сиёсии ҲК(б) Русия ва ташкили Кумитаи Муваққатии инқилобии Умумибухороию Шӯрои Нозирони Халқи Бухоро, яъне 12 август, соати 11.15 фармондеҳи фронти Туркистон М.Ф. Фрунзе иборат аз 14 банд, таҳти рақами 3504 «Дастур ба қӯшунҳои фронт оиди инқилоби Бухоро»-ро имзо кард. Мувофиқи он қисмҳои асосии ба муқобили сохти амирӣ нигарондашудаи аскарони сурх дар муддати кӯтоҳ аз 12 то 17 август, баробари ҷойгир намудани онҳо дар нуқтаҳои муайяншуда, бояд пурра омодаи ҷанг мегардиданд.
23 августи соли 1920 дар деҳаи Шакарбозор (каме дуртар аз Чорҷӯй) «шӯриш» ба амал омад. Аз эҳтимол дур нест, ки он бо супориши М.В. Фрунзе ташкил гардидааст. Дар он отряди туркманӣ бо сарварии Бешим Сардор иштирок кардаанд. Ҳангоми задухӯрд 36 нафар амалдор ва сарбозони амир ҳалок гардидаанд. «Шӯришгарон» деҳаро ба даст дароварда, дар он ҷо Ҳокимияти Шӯравиро эълон карданд. Вале ба дастгирии он «шӯриш» на дар худи Чорҷӯйи Кӯҳна ва на дар дигар деҳаҳои атрофи он ягон ҷунбише ба вуҷуд наомад. Чунин хомӯшӣ М.В. Фрунзе ва коммунистону ҷавонбухороиёни инқилобчиро водор намуд, ки мардуми Бухоро ҳанӯз барои мубориза ба муқобили тартиботи амирӣ тайёр нестанд.
25 август маркази ҳарбӣ ташкил карда шуд, ки ба он намояндагон: аз Турккомиссия ва бюрои Туркистонии КМ ҲК(б) Русия — В.В. Куӣбышев, аз ҲК Бухоро Н. Ҳусаинов ва аз бюрои марказии ҷавонбухороиёни инқилобчӣ — Ф. Хоҷаев дохил шуданд. Ин марказ бояд аз 28 август сар карда ба муқобили амир ва ҳукумати он сарварии «шӯриши умумихалқии оммаи меҳнаткашон»-ро ба ӯҳдаи худ мегирифт. Аммо амалан, дар рафти амалиётҳои ҷангии муқобили сохти амирии Бухоро, ин марказ ҳеҷ коре накард. Зеро худи «шӯриши умумихалқии оммаи меҳнаткашон» ба вуҷуд наомад.
25 август, соати 13.00 бо имзои фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ва аъзои Шӯрои ҳарбии фронт В.В. Куйбышев, таҳти рақами 3667 «Дастур ба аскарони фронт барои расонидани кӯмак ба меҳнаткашони шӯришбардоштаи Бухоро» бароварда шуд, ки он аз ҷиҳати моҳият нақшаи асосии сарнагун намудани ҳукумати амирии Бухоро буда, дар қатори дастури рақами 3504 (аз 12 август) аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Инак, махсусан муҳими ин дастурро ба инобат гирифта онро ин ҷо пурратар ҷой медиҳем.
Дастури тоза (яъне рақами 3667) бо суханҳои зерин сар мешуд:
«Мардуми Бухоро, ки асрҳо боз аз тарафи амир, амалдорони шаҳватпараст ва дороён истисмор карда мешуд, байрақи мубориза ва озодиро бардошта ба муқобили истисморгарони худ ба шӯриш бархестаанд». Вале дар асл, чуноне аллакаӣ таъкид кардем, он лаҳзаҳо ба ғайр аз «шӯриши» деҳаи Шакарбозор дар дигар маҳаллаҳо ақаллан ягон ҷунбиши зиддиамирӣ ба вуҷуд наомад. Аз эҳтимол дур нест, ки фармондеҳи фронт ҳамин ҳолатро ба инобат гирифта, дар асоси ин дастур дар назди қисмҳои аскарони сурх вазифаҳои аниқ мегузорад. Чунонки дар дастур таъкид шудааст: Дар муборизаи мардуми Бухоро бо мутлақияти мустабидаи амирӣ, барои расонидани кӯмаки бародаронаи инқилобӣ ва баҳри иҷроиши дастури худ аз 12 август, таҳти рақами 3504 фармон медиҳам:
1. Тамоми отрядҳо ва қисмҳои гурӯҳи Бухорою Самарқандӣ то шаби 28 августи соли ҷорӣ тайёрии ҳарбиро ба итмом расонида, шаби аз 28 — ба 29 август ҳаракати фаъолонаро сар кунанд.
2. Фармондеҳи отряди чорҷӯйӣ рафиқ Никитин бояд қисмҳои зиёди қувваи рафиқ Кулмуҳаммадовро ба Чорҷӯйи Кӯҳна фиристад ва он аз соати 4-и саҳарии 29 август дер намонда, бо имдоди шӯриши мардуми яроқнок шаҳрро ишғол намояд. Баъди он, дар Чорҷӯйи Кӯҳна гарнизони заруриро гузошта, рафиқ Кулмуҳаммадов қувваҳои савораи худро ба сӯйи Норазм ва Бурдалик гардонад ва бо ишғоли он нуқтаҳо роҳҳои аз сӯйи Бухорои Кӯҳна ба сӯйи Каркӣ ва Тирмиз мавҷударо ба зери назорати қатъӣ гиранд, то ин ки ҳангоми кӯшиши ба сӯйи Афғонистон гурехтани амир ва аъзоёни ҳукумати кӯҳнаи Бухоро онҳоро дастгир намоянд.
3. Рафиқ Никитин баробари шунидани хабари ишғол гардидани Чорҷӯйи Кӯҳна қисмҳои боқимондаи рафиқ Кулмуҳаммадовро (қисмҳои пиёда ва савора) бо ҳимояи дивизиони савора, пиёдагард ва артиллерияи мо барои забти Қарокӯл равона кунад ва дар он ҷо назорати роҳи оҳанро то истгоҳи Яккатут ба ӯҳда гирад. Вазифаи махсус — имконияти гузаштан надодан ба амир ва ҳукумати ӯ.
Вазифаи умумии гурӯҳи чорҷӯйӣ — ин кӯмак расонидан барои барпо намудани ҳокимияти инқилобӣ дар ноҳияҳои қад-қади дарёи Аму, аз сарҳади Хева то Тирмиз.
4. Фармондеҳи гурӯҳи когонӣ рафиқ Белов, баробари шунидани хабари табаддулоти инқилобӣ дар Чорҷӯйи Кӯҳна, бо зудӣ қисмҳоро ба сӯйи Бухорои Кӯҳна ва Ситораи Моҳи Хоса равона кунад ва дар он ҷо бо зарбаи қатъӣ ва ҳалкунанда тамоми қувваҳои ҳукумати Бухорои Кӯҳнаро маҳв сохта, нагузоранд, ки душман барои муқобилият имконияти ҷамъ намудани қувваи навро пайдо кунад. Дар ҷанг чораҳои пурраи маҳв сохтани қувваи душман андешида шавад. Барои ин бо мақсади аз ҷиҳати маънавӣ маҳв сохтани душман аз тамоми қувваҳои ҷангии воҳиманок истифода гардад, то ин ки онро аз ҳар хел муқобилият кардан маҳрум созад. Оиди дастгир намудани амир ва ҳукумати ӯ вазифаи махсус гузошта мешавад. Яке аз поездҳои зиреҳпӯши (рақами 28) пуриқтидортарин дар хати Бухорои Кӯҳна истифода карда шавад. Дар ҳайъати эскадрилияи ҷангӣ аз отряди ҳавоӣ баробари бомбапартоӣ, аз пулемёт паррондан ва назорат кардан аз қафои душман ба тарзи васеътар истифода карда шавад. Аппаратҳо то соати 6-и саҳарии 29 август дар Когон ҳозир карда шуда ба ихтиёри фармондеҳи гурӯҳи Бухорою Самарқандӣ рафиқ Коновалов супорида шавад.
5. Фармондеҳи отряди каттақӯрғонӣ бо ҳуҷуми якҷояи қисмҳои сурхи Бухоро ва полки 2-юми савораи интернатсионалистӣ саҳарии 29 август Хатирчӣ ва Зиёуддинро гирад.
6. Фармондеҳи отряди самарқандӣ рафиқ Шветсов шаби ба 29 август қисмҳои отрядро пинҳонӣ аз душман, бе ягон амалиёти ҷангӣ, дар нуқтаи муайяни мувофиқ омода созад. Аз саҳарии 29 август дар Китоб, Шаҳрисабз ба ҳуҷуми қатъӣ гузашта, қӯшунҳои амирпарастонро маҳв намуда, дарёи Қашқадарёро то Ғузору Қаршӣ ба даст дарорад.
7. Фармондеҳи полки 7-уми тирандозӣ рафиқ Авров мувофиқи супориши махсуси рафиқ Белов амал карда, ноҳияҳои Қаршӣ, Ғузорро гирад ва барои ба сӯйи Шерободу бекигариҳои Бухорои Шарқӣ рафтани аскарони боқимондаи беки Шаҳрисабз имконият надиҳад….
9. Қувваҳои эҳтиётии ман: полки 6-уми тирандозии туркистонӣ ва полки 3-юми алоҳидаи савора бо штаби бригадаи алоҳидаи савора дар нуқтаҳои муайян интизори супориши махсус бошанд.
Дар аввали амалиётҳои ҷангӣ ман бо штаби саҳроии худ дар Самарқанд мешавам.
10. Кӯчонидани қисмҳои ҳарбӣ мувофиқи нақшаи сарвари таъминоти ҳарбӣ ба тарзе гузаронида шавад, ки он ҳама бояд аз соати 6-и саҳарии 29 август дер намонда ба охир расад. Боқимонда аз рӯйи фармони рақами 3504 амал кунанд.
11. Фармондеҳoни ҳамаи отрядҳо ва қисмҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки тамоми муваффақияти амалиёт аз чолокӣ ва қатъият вобастагӣ дорад. Пеш аз ҳуҷум мақсади онро ба тамоми аскарони сурх фаҳмонида, аз ҳар кадоми онҳо иҷроиши қарзи инқилобӣ талаб карда шавад.
Ба фармондеҳон ва комиссарон ҷавобгарии махсуси роҳ надодан ба худсарию беадолатӣ нисбати мардуми осойишта, ки ба имдодашон пилкҳои сурх омадаанд, гузошта шавад.
12. Хабари гирифтагии ин фармон ва омӯхтани он фавран расонда шавад.89
Ҳамин тавр ин ҳуҷҷати муҳим аз он шаҳодат медиҳад, ки фармондеҳи фронти Туркистон пешакӣ, ҳанӯз 25 август мӯҳлати оғози амалиёти ҷангиро барои сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро муайян намуда, сарварии умумии он амалиётро пурра ба ӯҳдаи худ гирифта буд. Ба воситаи бомбапартоӣ вайрон намудани шаҳри бостонии Бухоро ҳам амри тасодуфӣ набуда, балки нақшаи пешакӣ ба ҳисоб мерафт.
Аҷибаш он аст, ки баъди 3 соату 40 дақиқаи имзои ин дастур, ки бо он фармондеҳoни қисмҳои алоҳидаи фронт барои гузаронидани амалиёти ҷангӣ аллакаӣ вазифадор карда шуда буданд, яъне соати 16.40 фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ба сарфармондеҳи олии Федератсияи Русия маърӯзаро «Дар бораи шиддат гирифтани вазъият дар Туркистон» фиристод. Дар он ӯ вазъи Бухороро тасвир намуда, аз ҷумла қайд намудааст, ки «имконияти ҳалли масъала аллакаӣ аз даст рафтааст. Ҳангоми кашолкории минбаъда, дар вазъи умумии носолим, хатари ба вуҷуд омадани мураккабиҳои фавқулодда мешавад».
Инак, 27 август, дер бошад ҳам, М.В. Фрунзе барои сар кардани ҳуҷум ба муқобили ҳукумати амирии Бухоро розигии сарфармондеҳи олии Федератсияи Русияро низ гирифт. Зеро, аз баҳори соли 1919 сар карда сарфармондеҳи олӣ ба сарварони аскарони сурх барои дахолат ба масъалаи Бухоро розигӣ намедод. Акнун бошад, фармондеҳи фронти Туркистон — М.В. Фрунзе аз сарфармондеҳи олӣ чунин ҷавоб гирифт: «Ба муқобили қӯшунҳои Бухоро мувофиқи вазъият амал кунед».
28 август бо фармони таъҷилии штаби фронти Туркистон барои гузаронидани «Амалиёти Бухоро» се гурӯҳи зерини асосӣ ташкил карда шуд, ки ба онҳо бевосита худи М.В. Фрунзе сарварӣ мекард:
1. Гурӯҳи Чорҷӯйӣ, дар ҳайъати: полкҳои 5-ум ва 8-ум, ду отрядҳои мусулмонии миқдорашон то 250-300 нафарӣ, батареяҳои 2-юм ва 3-юми полки савораи 16-ум, ҳамаи қисмҳои махсус ва мактаби техникии штаби бригадаи 3-юми дивизияи 1-уми тирандозии Туркистонӣ, инчунин отрядҳое, ки дар қалъаҳои Каркӣ ва Тирмиз воқеанд. Сарвари гурӯҳ Никитин таъин гардид. Штаби гурӯҳ ва шӯъбаи сиёсии он дар Чорҷӯйи Нав ҷой гирифта буд.
2. Гурӯҳи Когонӣ, дар ҳайъати: полкҳои 10-ум ва 12-уми тирандозии тоторӣ, полки 1-уми савора, полки 1-уми алоҳидаи шарқии мусулмонӣ, полки алоҳидаи таъиноти махсуси тирандозӣ, штаби фронт, полки 4-уми савора, поездҳои зиреҳпӯш ва вагонҳои болокушоди бедевор бо 3 тӯпи дурзанандаи баҳрӣ (сохти англисӣ, ки ҳангоми муҳориба дар Моварои Каспӣ аз англисҳо ғанимат гирифтаанд), отряди зиреҳпӯши рақами 53, поезди зиреҳпӯши рақами 28, се махнинаи батареяҳои 5-3, 1-6, як аэростати басташаванда ва дигар қисмҳои хурд. Штаб ва шӯъбаи сиёсии гурӯҳ дар Бухорои Нав (Когон) ҷойгир мешуд. Сарварии гурӯҳ ба ӯҳдаи Белов гузошта шуда буд.
3. Гурӯҳи Самарқандӣ, дар ҳайъати: дивизиони 1-уми савора (бригадаи 3-юми савора), батареяи савораи кӯҳгард, қисмҳои мусулмонӣ, ротаи инженерӣ. Аз ҷиҳати оперативӣ ба ин гурӯҳ инчунин полки 7-уми тирандозӣ, ки дар истгоҳи роҳи оҳани Қаршӣ меистод ва батареяи 3-юм аз бригадаи 3-юми дивизияи 1- уми Туркистонӣ низ итоат мекарданд. Ба гурӯҳ Коновалов ва Шветсов сарварӣ мекарданд.90
Ҳамин тавр, то рӯзи 28 август тамоми чорабиниҳои ба маъракаи ҷангии муқобили ҳукумати амирии Бухоро омода гардонидани қисмҳои аскарони сурхи фронти Туркистонӣ ба охир расид. Акнун қисмҳои алоҳидаи фронт бояд супориши фармондеҳи фронтро, ки дар дастури ишорашудаи рақами 3667 (аз 25 августи ҳамон сол) муайян шудааст, иҷро намоянд. Мувофиқи он сарнагун намудани сохти амирӣ бояд аз ҳуҷум ба муқобили бекигарии Чорҷӯй, аниқтараш аз ҳуҷум ба шаҳри Чорҷӯйи Кӯҳна оғоз мешуд.

Забти Чорҷӯйи Кӯҳна ва Қарокӯл

Амалиёти ҳарбӣ барои фатҳи Чорҷӯйи Кӯҳна мувофиқи нақша бояд шаби аз 28-ум ба 29 август ба вуқӯъ омада, то соати 4.00-и саҳарии 29-ум иҷро мегардид. Иҷроиши ин амалиёт вазифаи гурӯҳи Чорҷӯйӣ ба ҳисоб равад ҳам вале мувофиқи нақшаи аниқ он ба ӯҳдаи отряди Кулмуҳаммадов гузошта шуда буд. Ин отряд, ки асосан аз ҳисоби ӯзбекзабонони бекигарии Чорҷӯй ташкил ёфта буд, ҳангоми амалиёт бояд ба қувваҳои инқилобии дохили худи Чорҷӯйи Кӯҳна такя мекард.
Ҳуҷҷатҳои тоза гувоҳӣ медиҳанд, ки дар сурати дуруст истифода бурдани нақшаи боло ҳатто танҳо қувваи дар ихтиёри Кулмуҳаммадов буда (чуноне дар боло ишора кардем – микдори он аз рӯйи маълумоти якум 500 нафар, аз рӯйи маълумоти дигар 250-300 нафар) барои сарнагун намудани ҳокимияти бекии Чорҷӯй кифоягӣ мекард. Зеро, мувофиқи маълумотҳои ба даст даровардаи разведкаи штаби фронти Туркистон дар қалъаи Чорҷӯйи Кӯҳна, дар ихтиёри бек ҳамагӣ то 260 нафар аскарони мусаллаҳ бо 2 тӯп будаанду халос. Вале ҳалли масъалаи Чорҷӯй ранги дигар гирифт.
Пеш аз оғози фатҳи Чорҷӯй, — ба хотир меоварад яке аз иштирокчиёни фаъоли он амалиёт Н.Д. Ратников, фармон дода шуда буд, ки шаҳри Чорҷӯйи Кӯҳна то соати 3-и 29-уми август бояд ишғол карда шавад. Баъди анҷоми ин амалиёт гурӯҳи Чорҷӯйӣ бояд Қаракӯлро ишғол намуда, ба фатҳи Бухорои Кӯҳна мешитофт. Аз ин рӯ яке аз вазифаҳои муҳими гурӯҳ, ки дар ноҳияҳои Қаракӯл-Бурдалик- Норазм амалиёт мегузаронид — ин ба воситаи ноҳияҳои номбурда, ба амир надодани имконияти рафтан ба Афғонистон ба ҳисоб мерафт.2 Умуман қувваҳое, ки аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ба муқобили ҳукумати бекигарии Чорҷӯй омода карда шуда буд, ҳам аз ҷиҳати шумора (эҳтимол чанд баробар зиёд ҳам бошанд), ҳам аз ҷиҳати сифати аслиҳа (дар ин бора ҳам иштибоҳе шуда наметавонад), бартарии куллӣ доштанд. Вале он лаҳза фақат як ҳолатро ба эътибор нагирифта буданд, ки магар отрядҳои маҳаллӣ таҷрибаи ба муқобили ҳукумати бек шабона ҷангиданро, ки ҳамин тарз пешбинӣ шуда буд, доранд?
Сурати амалии он воқеиятро Н.Д. Ратников ба тарзи зайл шарҳ медиҳад: «Шаби 28 август, соати 23, ҳамаи қисмҳои барои фатҳи Чорҷӯйи Кӯҳна пешбинишуда барои иҷрои супориш ба роҳ баромаданд. Пешопеш 3 отряди мусулмонӣ, ки аз ҷиҳати шумора ва сифати аслиҳа нисбати муҳофизони бек бартарӣ доштанд, ҳаракат мекарданд. Чун қисми эҳтиётӣ — дар ихтиёри мо мактаби бригадаи русии худамон буд. Шаб хело торик. Тахминан соатҳои ду, бе ягон задухӯрд ба шаҳри Чорҷӯйи Кӯҳна омада расидем. Қаноти чап — Отряди савораи туркманӣ каме таъхир намуд. Маълум шуд, ки ба онҳо шабона ҷангидан воҳиманок намудааст. Аз ҳамин сабаб дар сабзазоре аз аспҳо фаромада, субҳро интизор мешуданд. Муддати муаӣяншудаи фатҳи шаҳр дар фарорасӣ буд. Торикӣ. Мо асабонӣ мешудем, ки чаро то ҳол хабаре аз фатҳи шаҳр нест. Вазъиятро аз назар гузаронидем. Муайян гардид, ки на танҳо дивизиони савораи туркманӣ, балки инчунин отряди мусулмонӣ ҳам бо ташаббуси худ таваққуф намуда, субҳро интизорӣ мекарданд. Барон муҳокимарониҳо вақт набуд, агарчанде лаҳзаҳои фаҳмондадиҳӣ мавҷуд буд. Бояд ҳаракат кард. Ҳама вақт, аз он ҷумла шабона ҳам ҷангида тавонистан лозим. Мактаби бригадаи русии худро ба қаноти рост гузоштем, ки он бо амалиёти фаъолонаи худ диққати ҳамаро ба худ ҷалб намуд. Шаҳр баъди тирпаррониҳои кӯтоҳмуддат фатҳ гардид, бек ва амалдорони масъули ӯ асир афтоданд. Дар баӣни ғаниматҳо аслиҳаи зиёд ҳам буд. Аммо вақти аз тарафи рафиқ Фрунзе таъиншуда аллакаӣ гузашта буд. Соати 4-и саҳарии 29 август. Амалиёт бошад бояд то соати 3 ба охир мерасид. «Мо 1,5 соат дер мондем». Тамоми вақти амалиёти Чорҷӯйи Кӯҳна аз соати 2,5 то 4,5—и 29 августро дар бар мегирад.
Ҳангоми фатҳи Чорҷӯйи Кӯҳна аз тарафи қисмҳои аскарони сурх ба онҳо як қисми ками аскарони бек муқобилият нишон дода, қисми дигар ба ҳар тараф гурехтаанд.
Бо фатҳи Чорҷӯйи Кӯҳна сарвари гурӯҳи Чорҷӯйии аскарони сурх Никитин фавран аз хусуси иҷроиши супориши ба ӯҳдаи гурӯҳ гузошташуда, ба сарвари гурӯҳи Когонӣ — Белов хабар дод. Зеро, «аз ҳар чӣ тезтар иҷро шудани амалиёти назди Чорҷӯй ҳуҷуми умумии гурӯҳи асосӣ — Когонӣ, ки бояд 29 август, соати 3 сар мешуд, вобастагӣ дошт. Инчунин дар як вақт бояд ҳуҷуми қӯшунҳои гурӯҳи Самарқандӣ ҳам сар мешуд».91
Дар Чорҷӯйи Кӯҳна Кумитаи муваққатии инқилобӣ ташкил ёфт ва ҳокимият дар сарзамини бекигарӣ ба ихтиёри он гузашт. Сарвари он кумита коммунист Бешим Сардор таъин гардид. Абдураҳим Юсупов ва Ҳасан Апиев аъзоёни кумита ба ҳисоб мерафтанд. Кумитаи инқилобӣ ба мардуми Бухоро бо муроҷиатнома баромад кард, ки дар он вазъият тамоман ба тарзи дигар шарҳ дода шуд. Дар он ҳуҷҷат аз ҷумла гуфта мешуд:
«Мардуми Бухоро ба шӯриш бархест. Вай ҳукумати кӯҳнаро дар бекигарии Чорҷӯй сарнагун намуда, дар он ҷо ҳукумати халқии шӯравиро бунёд кард. Шӯриш тамоми сарзамини Бухороро фаро гирифтааст… Бародарон, ҳамаи ҳомиёни тартиботи кӯҳнаро маҳв намуда, ба сафҳои аскарони сурхи бухороӣ ҳамроҳ шавед. Дар ҳама ҷо исён кунед. Марг ба зӯроварон, марг ба истисморгарон!»92 Вале дар асл ба муқобили тартиботи амирӣ дар ягон гӯшаи сарзамини Бухорои Марказӣ ва Ғарбӣ ҳанӯз ҳам шӯриши ҳақиқии мардумӣ ба вуқӯъ наомада буд.
Субҳи 29-уми август отрядҳои туркманӣ ва мусулмонӣ ба шаҳри Чорҷӯйи Кӯҳна, яъне шаҳри аллакаӣ аз тарафи қисмҳои аскарони сурх фатҳшуда, бе муқобилият, «Ура!, «Ура!« гӯён даромаданд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар аксари хотираҳои иштирокчиёни фатҳи Чорҷӯй, инчунин дар баъзе маълумотҳои расмӣ низ нодуруст таъкид мешавад, ки «Чорҷӯйи Кӯҳна бе ҷанг таслим шуд».
Бо фатҳи Чорҷӯйи Кӯҳна гурӯҳи Чорҷӯйи аскарони сурх ба иҷроиши супоришҳои минбаъда, ки дар наздаш меистад, кӯшид. Ду отряди начандон калони гурӯҳ; отрядҳои Бурдалик ва Норазм барои фатҳи маркази ҳамноми отрядҳо — бекигариҳои Бурдалик ва Норазм фиристода шуданд. Бо сабаби он ки дар ин бекигариҳо отрядҳои на чандон зиёди амирӣ нигоҳ дошта мешуд, бинобар ин тақдири онҳо аз тарафи қисмҳои аскарони сурх худи ҳамон рӯз, яъне 29 август ҳал гардид ва ҳокимият дар он ҷо ҳам ба ихтиёри кумитаҳoи инқилобии навтаъсисёфта супорида шуд. Вале ба ҳокимони ҳар ду бекигариҳои баъдина муяссар гардид, ки пеш аз фатҳи мулкашон аз тарафи қисмҳои аскарони сурх, худ гурезанд.
Барои гурӯҳи Чорҷӯйӣ яке аз вазифаҳои минбаъдаи асосӣ ва наздиктарин ин фатҳи Қарокӯл ба ҳисоб мерафт. Мувофиқи дастури дар боло ишорарафтаи рақами 3667-и фармондеҳии фронти Туркистон фатҳи Қарокӯл ҳам ба ихтиёри отряди Кулмуҳаммадов гузошта мешуд. Яъне, Қулмуҳаммадов мебоист баъди фатҳи Чорҷӯйи Кӯҳна бо як қисми отряди худ ба сӯйи Қарокӯл шитофта, бояд тақдири онро бо зудӣ ба фоидаи аскарони сурх ҳал мекард. Вале ин тавр нашуд. Сарварони гурӯҳи Чорҷӯйӣ гӯё дар ин қисмати дастур, дар асоси воқеоти Чорҷӯй худсарона тағйирот даровардаанд. Яъне, баъди он воқеа отрядҳои туркманӣ ва мусулмонӣ аз боварии сарварони гурӯҳ баромада буданд ва аз ин сабаб онҳо ҳалли масъалаи Қарокӯлро аз ихтиёри отряди Қулмуҳаммадов гирифтанд. Бо ҳамин сабаб тамоми масъулияти амалиёти Қарокӯл ба дӯши қисмҳои аскарони сурх гузошта шуд. Дар амалиёти фатҳи Қарокӯл аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурхи гурӯҳи Чорҷӯйӣ полки 5-уми тирандоз, ротаи муттаҳидаи полки 8-ум ва дивизияи савораи полки 16-уми савора иштирок карданд.
То бегоҳии 29 август шаҳри Қарокӯл бе ягон тирпарронӣ ишғол карда шуд. Амалдорони амир ва тамоми аскарони дар ин ҷо доштааш, ба микдори тахминан 500 нафар, ба сӯйи Бухорои Кӯҳна гурехтанд. Вале дар наздикии ин шаҳр полки 16-уми савора ба онҳо расида гирифт ва онҳоро маҳв сохт. Дар Қарокӯл аскарони сурх кумитаи инқилобиро бунёд намуда, он ҷо гарнизоне гузоштанд. Баъд қисмҳои асосии отряди Қарокӯлии гурӯҳи Чорҷӯйӣ ба сӯйи Бухорои Кӯҳна ҳаракат карданд.

Забти Хатирчӣ, Зиёуддин, Кармина ва Қаршӣ

Забти Хатирчӣ, Зиёуддин ва Кармина ба ӯҳдаи гурӯҳи Каттақӯрғонӣ, ки Кужелло сарварӣ мекард, гузошта шуда буд. Мувофиқи нақша ва мӯҳлати пешакӣ муайяншуда отряди номбурда ба ҳаракат даромад. Полки 2-юми савора бо ҳамроҳии ротаи посбонии ба кӯмакашон гузашта ва дивизияи савораи полки 7-уми сарҳадӣ 29 август, саҳарии барвақт, аз Каттақӯргон ба воситаи Панҷшанбе, ба сӯйи Хатирчӣ ҳаракат карданд. Онҳо соати 17-00 ба нуқтаи муайяншуда омада расиданд. Вале дар он ҷо ба муқобилияти сахти аскарони ҳукумати амирӣ дучор шуданд. Дар натиҷа ҷанги сахти шашсоата ба вуқӯъ омад. Ин ҷанг соати 23-00-и худи ҳамон рӯз бо ғалабаи аскарони сурх анҷомид. Аскарони сурх инчунин аз ҳисоби аслиҳаи аскарони амирӣ ва муҳофизони шаҳр ғаниматҳои зиёде ба даст дароварданд.
Полки 2-юми савора аз қафои аскарони гурезаи амирӣ ба сӯйи Зиёуддин ҳаракат намуда, тақрибан 5-8 км дуртар аз он шаҳр шабро гузарониданд. Зиёуддин агарчанде яке аз бекигариҳои аморат ба ҳисоб равад ҳам, вале ҳамон лаҳза қувваҳои асосии ҳукумати амирӣ на дар маркази бекигарӣ, балки дар қисми ҷанубии Зирабулоқ ҷойгир буд. Бинобар ин фармондеҳи фронт дар ин самт полки 2-юми савораро нокифоя ҳисобида, ба имдоди ӯ аз Самарқанд ротаи муттаҳидаи интернатсионалистонро фиристод. Пагоҳии 30 август ин рота ба Зиёуддин омада расид. Дар натиҷа ҷанги сахти тарафҳо ба вуқӯъ омад. Тахминан соатҳои 12°°-и ҳамон рӯз Зиёуддин аз тарафи қисмҳои номбурдаи аскарони сурх, яъне полки 2-юми савора ва ротаи муттаҳидаи интернатсионалистӣ забт карда шуд. Дар ин ҷо ҳам онҳо ғаниматҳои зиёдеро, аз он ҷумла 5 тӯпи сохти кӯҳнаро ба даст дароварданд. Аммо фатҳи Зиёуддин аз мӯҳлати муайяншуда як шабонарӯз дертар иҷро шуд. Фатҳи Хатирчӣ ва Зиёуддин имконияти забти Карминаро ки яке аз шаҳрҳои асосии аморат (махсусан барои амирони манғит) ба ҳисоб мерафт, осон гардонид. Инак, вазифаи минбаъдаи гурӯҳи Каттақӯрғонӣ ба даст даровардани Кармина буд. Фармондеҳии фронт аҳамияти ин шаҳрро ба инобат гирифта, барои забти он боз қувваи иловагӣ фиристод. Дар натиҷа ҷанги шадиди тарафҳо ба вуқӯъ омад. 31 август, соати 6°°-и саҳарӣ шаҳри Кармина аз тарафи ротаи интернатсионалистӣ ва эскадрони полки 7-уми сарҳадӣ, бо кӯмаки поезди зиреҳпӯши рақами 10 ишғол карда шуд. Дар ин ҷо ҳам аскарони сурх 3 тӯп ғанимат гирифтанд. Дар Хатирчӣ, Зиёуддин ва Кармина ҳам бо ташаббуси аскарони сурх кумитаҳoи инқилобӣ таъсис ёфтанд.
29-уми август, соати 4″°-и саҳарӣ қисмҳои сурхи дар Қаршӣ буда фармони забти ин шаҳрро гирифтанд. Аллакаӣ соати 5-30 ротаҳои фаъоли полки 7-уми тирандозии туркистонӣ ба сӯйи шаҳр ҳаракат карданд. Ба муқобили онҳо аскарони савораи бек баромаданд, вале дар ҷанг шикаст хӯрда қафо гаштанд. Махсусан барои забти қасри бекнишин ҷанги шадид ба амал омад. Худи бек аллакаӣ дар қаср набуд. Зеро, вай ҳанӯз якчанд рӯз пеш хазина ва ҳарами худро ба Бухорои Шарқӣ фиристода, худаш баробари ҳуҷуми аскарони сурх ба тан либоси деҳқони оддиро пӯшида, аз қафои онҳо гурехтааст.
То бегоҳи ҳамон рӯзи 29 август тамоми шаҳри Қаршӣ, бо якҷоягии қалъаи бекнишин, аз тарафи аскарони сурх фатҳ карда шуд. Дар шаҳр сӯхтор аланга мекард. Қисми бузурги бозори шаҳрӣ сӯхт. Худи ҳамон рӯз барои эълони бунёди ҳокимияти нав ба шаҳри Қаршӣ Ато Хоҷаев ва В. В. Куйбышев омаданд. 30 август дар митинги серодам аз тарафи онҳо бунёди тартиботи нав эълон гардид. Ҳокимият дар Қаршӣ ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузашт.93

Забти Китоб, Шаҳрисабз ва Ғузор

Ба даст даровардани Китоб, Шаҳрисабз ва Ғузор бошад аз фаъолияти гурӯҳи Самарқандии аскарони сурх вобастагӣ дошт. Чунин супориш ҳанӯз дар асоси дастури рақами 3667-и фармондеҳи фронти Туркистон, аз 25 август ба ӯҳдаи ин гурӯҳ гузошта шуда буд.
Ҳар се шаҳрҳои дар назардошти марказҳои бекигариҳои номии аморати Бухоро буда, нуқтаҳои муҳими иқтисодӣ ва стратегӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Қисмҳои аскарони сурхи гурӯҳ то оғози амалиёт дар деҳаи Оҳалики вилояти Самарқанд ҷойгир буданд. Онҳо ҳанӯз шаби аз 28 ба 29 август ба роҳ баромада, саҳарии 29-ум ба дидбонгоҳи сарҳадии Бухоро — деҳаи Амонқӯтан омада расиданд. Дар ин ҷо 200 нафар дидбонҳои амирӣ маскан доштанд. Ҳамон ҷо аввалин задухӯрди қувваҳо ба вуқӯъ омад ва он бо маглубияти қӯшунҳои амирӣ анҷом ёфт. Як қисми онҳо аз мардони ҳарб фирор карданд. Баъди муҳориба қисмҳои аскарони сурх бемамониат ба деҳаи Амонқӯтан, ки бекас буд, дохил шуданд. Онҳо аз ағбаи Тахтақарочӣ ҳам гузашта, ба поён, ба деҳаи Қайнарбулоқ, ки ҳамагӣ 7 км аз Китоб дур буд, расиданд. Дар наздикии ин деҳа ҳам задухӯрди тарафҳо ба амал омад. Дар он қӯшунҳои амирӣ имконияти аз тӯпҳо оташ кушоданро истифода бурда, ба сӯйи аскарони сурхи ба ҳуҷум гузашта, тир холӣ карданд. Ин ҳолат дар аввал аскарони сурхро зиёда ба хавотир ва мушкилӣ гузошт. Вале маълум гардид, ки тирҳои аз тӯпҳо паррондашуда, агарчанде қисман ба нуқтаҳои асосӣ расидаанд, онҳо натаркидаанд. Чунин ҳолат аскарони сурхро барои ҳуҷумкунӣ боз ҳам шердилтар намуд. Аскарони амирӣ бошанд, аз нобарории ҳуҷум рӯҳафтода шуда, ба сӯйи Китоб ақиб гаштанд. Бригадаи савораи аскарони сурх, тӯпҳои худро тақрибан 3 км дуртар аз Китоб ҷойгир намуда, омодаи ҷанг меистоданд. Вале аскарони амирӣ дар Китоб аллакаӣ имконияти муқобилияти сахт нишон доданро надоштанд. Бинобар ин аскарони сурх муқобилияти начандон сахти онҳоро бартараф намуда, дар натиҷаи задухӯрди назди шаҳр худи ҳамон рӯз, соати 12 Китобро гирифтақд.94
Ҳангоме, ки аскарони сурх дохили шаҳр гардиданд, онро беодам диданд. Зеро мардуми он аллакаӣ дар кӯҳҳои атроф пинҳон шуда буданд. Қасри бек ба ҳолати аслиаш, яъне бо тамоми бойигариаш ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Инчунин аслиҳаи зиёде, аз он ҷумла 10 тӯп ба онҳо ғанимат афтид.
Бо ҳамин «амалиёти Китоб» ба охир расид. Дар муҳорибаҳое, ки дар самти Оҳалиқ (Самарқанд) — Китоб баӣни аскарони сурх ва сарбозони амирӣ ба вуқӯъ омад, талафоти ҷонию молӣ асосан аз тарафи аскарони амирӣ буд. Аскарони сурх бошанд дар ин муҳорибаҳо ҳамагӣ як нафарро талаф додаанду халос. Ин ҳама аз як тараф аз хусуси таҷрибаи бойи ҷангӣ доштани аскарони сурхи ба аморат ҳуҷумкарда (инчунин бартарии аслиҳаи ҷангии онҳо) далолат диҳад, аз тарафи дигар бетаҷрибагию аслиҳаи кӯҳнаи ҷангии аскарони амириро нишон медиҳад.
Баъди фатҳи Китоб сарвари гурӯҳи Самарқандии аскарони сурх, бо мақсади омӯхтани вазъият, ба сӯйи Шаҳрисабз 17 нафарро фиристод. Аз паси онҳо бригадаи савора ҳам ба ҳаракат даромад. Вале то ба остонаи ин шаҳр дар баӣни аскарони сурху амирӣ ягон задухӯрде ба вуқӯъ наомад. Аз ҳамин сабаб ҳам қисмҳои аскарони сурх бе ягон душворӣ то ба шаҳр омада расиданд. Дар худи шаҳр бошад задухӯрдҳои ҷиддӣ ба вуқӯъ омаданд. Қисмҳои полки 6-уми савора, бо сарварии Долгов, ки аз нақшаи дохилии шаҳр маълумот надоштанд, баъди муҳорибаҳои ҷудогона, то ба маркази шаҳр расиданд.
Лаҳзае, ки қисмҳои аскарони сурх ба маркази Шаҳрисабз расиданд, дар майдони назди қасри бекнишин гирдиҳамойие бо иштироки тахминан 5 ҳазор нафар мегузашт. Онҳо ба тарзи гуногун мусаллаҳ буданд. Дар байнашон аз аскарони доимии бек сар карда то шаҳрванди оддӣ, тоҷирон, савораҳо ва пиёдаҳо ҳузур доштанд. Ҷамъомадагон иборат аз 6 нафар саворагон ҳаӣати намояндагии худро интихоб намуданд, ки онҳо бо парчами сафед ба назди сарварони полки савораи аскарони сурх омада, аз хусуси таслими шаҳр хабар доданд. Он лаҳза маълум гардид, ки бек — ҳокими Шаҳрисабз — амаки амири Бухоро – Акрамхон ( бо ӯ худи амир муносибати нағз дошт), ҳамагӣ якчанд дақиқа пештар, бо 200 нафар ҷавонони ба худ содиқ, роҳи гурезро пеш гирифтааст. Ӯ он лаҳза имконият пайдо кардааст, ки ҳамроҳи худ фақат ҳайъати оилаашро гираду халос. Аз ин рӯ ҳамаи бойигарии бекигарӣ ба ихтиёри аскарони сурх гузаштааст.95
Ҳамин тарз худи ҳамон рӯзи 29 август Шаҳрисабз аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. 30 август ба ин муносибат дар шаҳр иди бошукӯҳ оростаанд, ки он бо ҷамъомадҳою бузкашӣ ва зиёфати қисмҳои аскарони сурх анҷомидааст. Дар Шаҳрисабз ҳамоно кумитаи инқилобиро ташкил намудаанд, ки он ҳокимиятро ба ихтиёри худ гирифтааст.
Баъди фатҳи Шаҳрисабз барои қисмҳои аскарони сурх роҳи Ғузор низ кушода гардид. Аниқтараш, аскарони сурх баъди дар наздикии Китоб — Шаҳрисабз шикаст додани аскарони амирӣ барои забти Ғузор имконияти хубро ба даст дароварданд.
31 август дивизияи савораи аскарони сурх ба сӯйи Ғузор ҳаракат карда, дар натиҷаи ҳуҷуми дуюм, тақрибан соатҳои 14- 15-и якуми сентябр шаҳрро забт намуданд. Аммо беки Ғузор бо отряди худ ҳанӯз пеш аз ҳуҷуми қисмҳои аскарони сурх ба сӯйи Бухорои Шарқӣ гурехта буд.96
Бо фатҳи Ғузор вазифаи асосии гурӯҳи Самарқандӣ, ки мувофиқи дастури фармондеҳи фронти Туркистон аз 25 август гузошта шуда буд, асосан иҷро гардид. Дар асоси он қисмҳои аскарони сурхи ин гурӯҳ чунин нуқтаҳои муҳим — Китоб, Шаҳрисабз ва Ғузорро ба даст дароварда бошанд ҳам, вале ҳокимони ҳар ин се бекигарӣ, барои бо отрядҳои худ ба Бухорои Шарқӣ гурехтан мушарраф гардида будаанд.
Аз самтҳои гуногуни Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ҳуҷум гузаштани аскарони сурх, инчунин аз тарафи онҳо ишғоли чунин нуктаҳои муҳими стратегӣ, ба монанди Чорҷӯйи Кӯҳна, Китоб, Шаҳрисабз, Қаршӣ ва ғайра дар боқимонда мавзеъҳои ин қисми аморат низ ҳомиёни тартиботи амириро ба ҳар сӯ пароканда кард. Аз ин рӯ чунин марказҳои бекигарӣ: Чироқчӣ ва Яккабоғ 1 сентябр аз тарафи қисмҳои аскарони сурх қариб бе муқобилият ба даст дароварда шуд. Вале ҳокимони ин мавзеъҳо ҳам барои саломат монда ба Бухорои Шарқӣ гурехтан муваффақ шуданд.
Ҳамаи ин воқеот дар лаҳзаҳое рӯй дода буданд, ки дар атрофи шаҳри Бухорои Кӯҳна баӣни аскарони сурх ва амирӣ ҷангҳои шадид рух медод. Яъне, ҳокимони ҷудогонаи Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) баъди аз даст додани мулки худ на ба кӯмаки муҳофизони шаҳри Бухорои Кӯҳна — пойтахти аморат шитофтанд, балки баҳри осудагии худ ба Бухорои Шарқӣ гурехтанд. Қисмҳои аскарони сурх бошанд, баръакс, бо фатҳи ин ё он мулки ҷудогонаи ин қисми аморат, аз ҳар гӯша барои фатҳи ин шаҳри бостонӣ мешитофтанд. Аз ин рӯ муҳорибаи шаҳри Бухорои Кӯҳна барои муҳофизонаш хеле сангин ва фоҷианок мегузашт.

Забти шаҳри Бухорои Кӯҳна

Мувофиқи дастури рақами 3667-и фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе забти шаҳри Бухорои Кӯҳна пурра ба ӯҳдаи гурӯҳи Когонӣ гузошта шуда буд. Гурӯҳ баробари гирифтани хабари аз тарафи қисмҳои аскарони сурх забт гардидани Чорҷӯйии Кӯҳна, соати 5°°-и саҳарии 29 август ҳуҷумро ба сӯйи шаҳри Бухорои Кӯҳна ва манзили тобистонаи амир Ситораи Моҳи Хоса сар кард. Дар худи ҳамон рӯз аскарони сурх деҳаҳои дар баӣни шаҳрҳои Бухорои Кӯҳна ва Бухорои Нав (Когон) ҷойгирбуда, аз он ҷумла деҳаҳои Работи Қозӣ, Арбоб Раҷаббой, Сафедмӯй ва ғайраро ба даст дароварда, ба шаҳри Бухорои Кӯҳна омада расиданд.
Ба муқобили шаҳр, аз тарафи аскарони сурх тамоми техникаи ҳарбии муайяншуда, аз он ҷумла ёздаҳ адад аэропланҳои бомбаандоз, тӯпҳои вазнини дурзан, поездҳои зиреҳпӯш ва ғайра истифода гардиданд.
Аллакай дар рӯзи аввали ҷанг ба яке аз қисмҳои аскарони сурх муяссар гардид, ки сарбозони амирро дунболагир намуда, ҳатто ба шаҳр дохил шаванд. Аммо дар даромадгоҳи Бухорои Кӯҳна онҳо ба муқобилияти сахт дучор шуда, маҷбур шуданд, ки қафо гарданд. Амалиёти ҷангӣ асосан дар самти дарвозаи Қаршигии Бухорои Кӯҳна мегузашт. Роҳ ба сӯйи Бухорои Нав (Когон) низ ба воситаи ҳамин дарвоза буд. Инчунин дар наздикии ҳамин дарвоза истгоҳ ва нуктаи охирини роҳи оҳани Бухорои Нав — Бухорои Кӯҳна воқеъ гардида буд.
Дар амалиётҳои аввалаи ҷангӣ барои забти Бухорои Кӯҳна, мувофиқи дастури фармондеҳи фронт, полки Шарқии мусулмонӣ дар нуқтаи асосӣ, яъне дар самти дарвозаи Қаршигӣ меҷангид. Зеро, ин полк, ки асосан аз тоторҳою бошқирдҳо иборат буд, дар хати худ ихтиёриёни осиёимиёнагиро (агарчанде хело камшумор буданд, аз он ҷумла тоҷикону ӯзбекҳои Бухороиро низ) дошт, барои дар миқёси байналхалқӣ рӯпӯш намудани амалиёти қисмҳои асосии аскарони сурх зарур буд. Вале ин полк ба ҳуҷуми аскарони пиёда ва савораи амирӣ тоб наоварда, зуд қафо гашт. Баъд аз ин полки номбурда аз мавқеи асосии ҷангӣ ба қисми эҳтиётӣ гузаронида шуд. Бинобар ин дар забти Бухорои Кӯҳна ҳам амалиёти ҷангӣ асосан дар баӣни қисмҳои аскарони сурх ва сарбозони амирӣ гузашт.
30 август амалиёти ҷангӣ барои қисмҳои аскарони сурх чандон муваффақиятнок набуд. Баръакс. сарбозони амирӣ аз самти дигар, аз дарвозаи Мазори Шариф ногаҳон баромада, ба қисмҳои алоҳидаи аскарони сурх зарбаи қатъӣ заданд. Дар натиҷа, дар худи ин рӯз гурӯҳи Когонии аскарони сурх 25 нафарро талаф доданд. Инчунин аз онҳо 30 нафар ярадор ва 60 нафар бедарак шуданд. Амалиёти ҷангии ин рӯзро М.В. Фрунзе таҳлил намуда эътироф кардааст, ки маҳз «парвози аэропланҳои фарсудашудаи мо, ки саворагони муқобилро ба гурехтан маҷбур намуд, отрядро аз маҳвшавӣ наҷот дод».97
Нобарории амалиёти ҷангии қисмҳои аскарони сурх дар рӯзи 30 август М.В. Фрунзеро маҷбур намуд, ки барои амалӣ гардонидани забти Бухорои Кӯҳна, ба қисмҳои аскарони сурх дастури нав дода, ба ин муҳориба қисмҳои тозаро ҷалб намояд. Мувофиқи он қувваҳои амир бояд ба тарафи шимолу шарқӣ, ба самти Ғиждувон танг карда бароварда мешуд ва онҳоро бо якҷоягии гурӯҳҳои Чорҷӯйӣ, Когонӣ ва Каттақӯрғонӣ дар ноҳияҳои Вобканд, Ғиждувон, Вардонзе ва Баҳоваддин маҳв менамуданд. Дар асоси ин дастур сарвари қаноти рости аскарони сурх В.Г. Клементев, сарвари қаноти чап, командири полки шарқии мусулмонӣ Б.М. Баржанов таъин гардида, сарварии гурӯҳи Чорҷӯйӣ бошад бевосита ба ӯҳдаи командири армияи 1- ум Г.В. Зиновев гузошта шуд. Қаноти росг асосӣ ҳисоб мешуд ва он бояд аз дарвозаҳои Қаршигӣ ва Самарқандии шаҳр зада медаромад. Қаноти чап, дар асл ҳамчун қувваи имдодия ҳисоб мешуд ва он бояд аз қисми ҷанубии шаҳр, яъне аз тарафи дарвозаҳои Қарокӯл ва Шайх Ҷалол ҳуҷумҳои хурд-хурд ташкил намуда, қисми қувваи муқобилро овора мекард. Гурӯҳи Қизилтеппагӣ бошад (ба ихтиёри ин гурӯҳ як поезди зиреҳпӯш ва се мошини зиреҳпӯш низ дода шуд) бояд ба қафогардии қувваҳои амирӣ имконият намедод.98
Амалиёти ҷангии 31 август ҳам бештар характери мавзеӣ (позитсионӣ) дошт. Қисмҳои аскарони сурх асосан техника — тӯпҳо ва аэропланҳоро истифода бурданд. Соати 20-45 дақиқаи ин ба аскарони сурх оиди ҳуҷум ба қалъа фармон дода шуд. Вале матонати муҳофизони шаҳри қадим сарварони аскарони сурхро ба ҳайрат гузошта буд. Зеро онҳо аз сӯхтор ва ваӣрониҳои шаҳр наҳаросида, бо қурбониҳои зиёд на танҳо истодагарӣ карданд, балки мавқеи қулайро пайдо намуда, ба ҳуҷум низ гузаштанд. Дар натиҷа, дар худи ин рӯз микдори захмиён ва ҳалокшудагони қисмҳои аскарони сурх ба 138 нафар расид. М.В. Фрунзеро амалиёти серӯзаи ҷангии назди шаҳри Бухорои Кӯҳна сахт ба ташвиш гузошта буд. Ӯ ҳангоми гуфтугӯйи телефонӣ бо командири армияи 1-ум Г.В. Зиновев аз чунин ҷанг дар ҳайрат будани худ ва умуман норозигиашро аз амалиётҳои камҷуръатонаи ҷангии қисмҳо баён намудааст. Пӯшида нест, ки вай то ба ин дараҷа ба ирода ва матонати муҳофизони ин шаҳри қадима боварӣ надошт. Ҷанги серӯзаи бебарори назди шаҳр дар баӣни аскарони сурх низ нобовариро ба вуҷуд оварда буд.
Сарварони фронти Туркистон, аз як тараф кашолёбии ҷанг бо Бухоро ва аз тарафи дигар барои пойдории тартиботи шӯравӣ дар кишвар нокифоягии қувваро ба инобат гирифта, аз марказ имдод пурсиданд. Маҳз, ҳамон рӯзи 31 август ҷонишини сарвари штаби фронт Благовешенский аз Москва, аз сарфармондеҳи аскарони сурх хоҳиш намуд, ки аз фронти Кавказ ҳарчи зудтар қисмҳоро ба Красноводск, ба ихтиёри фармондеҳи фронти Туркистон фиристанд.1 Минбаъд он қувваро, ҳангоми зарурият, ба воситаи роҳи оҳан ба Бухоро оварда, барои забти шаҳр истифода бурдан мумкин буд.
Бояд таъкид намуд, ки ҷангҳои серӯзаи муҳосиравии назди шаҳри Бухорои Кӯҳна ва чӣ амалиётҳои ҷангии Чорҷӯйи Кӯҳна, Кармина, Зиёуддин, Қаршӣ, Китоб, Шаҳрисабз, ва дигар нуқтаҳо асосан дар баӣни қисмҳои аскарони сурх ва сарбозони амирӣ мегузаштанд. Баъзан, дар баъзе нуқтаҳо ҳукуматдорони амирӣ аз ҳисоби мардум дастаҳои фидоиён ташкил карда бошанд ҳам, вале бо сабаби нарасидани аслиҳа он дастаҳо амал карда натавонистанд. Инчунин аскарони сурх низ аз мардуми маҳаллӣ (ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ) ягон хел дастгириро эҳсос накарданд.
Ин ҳама амалиётҳои ҷангӣ барои мардум гӯё бефарқ буд. Аниқтараш онҳо аз бештари нуқтаҳои ҷангӣ гурехта, ба ҷое пинҳон шуданро афзалтар мешумориданд.
Вале барои мардуми шаҳри Бухорои Кӯҳна чунин имконияти гурехтан ҳам набуд Зеро шаҳри қадима бо девори баландиаш 10 метра ва ғафсиаш 5 метра пурра иҳота карда шуда буд. Роҳҳои ба шаҳр даромадан ва баромадан танҳо ба воситаи 11 дарвозаи шаҳр амалӣ мегардид. Дар рӯзҳои муҳосира бошад тамоми дарвозаҳо маҳкам буданд. Аз ин рӯ мардуми шаҳр гӯё ҷойи гурез надошт. Онҳо ба тақдир тан дода, ё дар хонаҳои худ менишастанд, ё дар масҷидҳо гӯё «паноҳӣ» мебурданд. Дар натиҷа чунин «паноҳиёфтагон» бо осонӣ ҳадафи тири тӯп ва таркиши бомбаҳо мешуданд.
Ҳангоми муҳосираи шаҳри Бухорои Кӯҳна, махсусан рӯзҳои 30-31 август, аскарони сурх ба воситаи тӯпҳои дурзан, ки дар майдони назди дарвозаи Қаршӣ ҷойгир карда шуда буданд, маркази шаҳрро тирборон кардаанд. Аэропланҳо низ ҳар лаҳза ба шаҳр парвоз намуда, баробари бомбапартоӣ, лётчикҳои онҳо оиди нуқтаҳои зарурӣ, ки бояд ба нишон гирифта мешуд, ба тӯпчиён хабар медоданд. Инчунин, аз ҳамон майдон (назди тӯпҳо) ҳар лаҳза аэростати ҳавоиро боло бароварда, аз он ба воситаи дурбин нуқтаҳои заруриро ба нишон мегирифтанд. Дар дигар нуқтаҳои шаҳр бошад, ҳатто дар бозорчаи назди ин дарвоза, осори ҷанг чандон намоён набуд. Дар ин бора шоҳид ва иштирокчии фаъоли муҳосираи шаҳр Н.Д. Ратников чунин маълумот медиҳад: «Дар бозорчаи назди дарвозаи Қаршӣ ба амалиётҳои ҷангӣ нигоҳ накарда тиҷорат дар авҷ буд. Ман мушоҳида накардам, ки ягон дӯконе маҳкам бошад, ё худ савдо накунад…. Тамоми маҳсулотҳои заруриро дар савдо гузоштаанд. Махсусан фаровонии харбузаю ангур ба чашм мерасид. Тамоми чойхонаҳо аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ва аскарони сурх серодам буданд. Онҳо дар катҳо нишаста чойи кабуд менӯшиданд ва чилим мекашиданд». Шоҳид, боз лаҳзаҳои амалиёти ҷангии муҳосираи шаҳрро ба хотир оварда, таъкид мекунад, ки сарбозони амир баъзан аз теппаи девори баланд камон гирифта ба сӯйи аскарони сурх тир мепаррониданд. Аммо, бо сабаби дурзан набудан ва кӯҳнагии камонҳояшон тирҳои онҳо то ба аскарони сурх намерасид. Тири аскарони сурх бошад, бемалол ба нишон мерасид.99
Шаби аз 31 август ба 1 сентябр тамоми қисмҳои аскарони сурхро барои ҳуҷуми қатъи омода намуданд. Ба баталиони инженерии Туркистонӣ фармон дода шуд, ки шабона аз наздикии дарвозаи Қаршӣ девори шаҳрро тарконда, барои аскарони сурх гузаргоҳ тайёр кунанд. Саҳарии 1 сентябрь, соати 5-30 дақиқа таркише ба амал омад. Он барои ҳуҷуми умумии тамоми қисмҳои аскарони сурх чун сигнали асосӣ хизмат намуд. Бо тамоми тӯпҳо шаҳрро ба зери оташ гирифтанд. Аэропланҳо ба бомбапартоии навбатӣ шурӯъ карданд.
Вале маълум гардид, ки барои дар рӯзи 1 сентябр пурзӯр намудани ҳуҷум аз тарафи аскарони сурх ягон зарурияте набудааст. Зеро, шаби аз 31 август ба 1 сентябр амир Олимхон, бо наздикони худ ва тахминан ҳазор нафар посбонон, аз дарвозаи Самарқандӣ, ки аз тарафи полки 4-уми савораи аскарони сурх муҳофизат карда мешуд, баромада, шаҳрро тарк намудааст. Аз ин хусус сарварони аскарони сурх аллакаӣ хабардор буданд. Аммо, ба вазъияти нави бавуқӯъомада нигоҳ накарда, онҳо нисбат ба рӯзҳои аввала шаҳрро зиёдтар ба зери тири тӯпҳо гирифтаанд ва бомбаборон намудаанд. Дар ин рӯз зиёда Арки Бухоро бомбаборон карда шуд. Фоусек ном лётчик, ки дар бомбаборон кардани Бухорои Кӯҳна фаъолона иштирок намудааст, дар хотираҳояш ҳамон лаҳзаҳоро бо завқ ба ёд оварда, чунин қайд менамояд: «Дар назди мо вазифаи бомбаборон кардани қасри амирро гузошта буданд». Барои ин «тамоми қувваи ҳавоӣ, ки то ин вақт мислаш дар фронти Туркистон дида нашудааст, истифода гардид… Мо Бухороро бомбаборон кардем. Мо аморати кӯҳнаро вайрон кардем. Ситораи Моҳи Хосаро ҳам бомбаборон кардем. Ҳар ҷое, ки аз он ҷо бӯйи амир меомад, бомбаборон кардем».1
Умуман, чуноне ҳуҷҷатҳо шаҳодат медиҳанд, аз 29 август то 2 сентябр ёздаҳ адад аэропланҳо барои забти Бухорои Кӯҳна 59 маротиба, ё худ 79 соат парвоз намуда, 170 бомбаи вазни умумиаш 123 пуд ва 3 пуд варақаҳои ташвиқотӣ партофтаанд.
2 сентябр, соати 10-и пагоҳӣ Арки Бухоро аз тарафи аскарони сурх забт карда шуд. Ҳамин тавр муҳосираи панҷрӯзаи Бухорои Кӯҳна бо забти он аз тарафи аскарони сурх ба охир расид. Худи ҳамон рӯз сарвари фронти Туркистон М.В. Фрунзе, аз Самарқанд ба Москва, бо мазмуни зайл телеграмма фиристод: «Қалъаи Бухорои Кӯҳна бо ҷидду ҷаҳди якҷояи қисмҳои сурхи Бухоро ва қисмҳои мо имрӯз бо штурм гирифта шуд». Вале амалан дар ин амалиёт «ҷидду ҷаҳди» қисмҳои сурхи Бухоро дида нашуд. Яъне амалиёт, чуноне аллакаӣ қайд намудем, асосан аз тарафи аскарони сурх иҷро гардид.
Шаҳри Бухорои Кӯҳна баъди забтшавӣ ба назар хело воҳимаангез менамуд. Ин шаҳр аз замони забткории муғулҳо чунин сӯхтору вайронӣ ва рехтани хуни одамиро надида буд. Мувофиқи хотираҳои шоҳиди он рӯзҳои фоҷиавии Бухоро Муҳаммад Алӣ ибни Муҳаммад Саиди Балҷувонӣ, ки дар асари худ «Таърихи нофеъ» ҷой медиҳад, алангаи сӯхтори шаҳр 20 рӯз давом кардааст. Дар натиҷа 34 гузар, зиёда аз ҳазор хонаҳо сӯхта вайрон шудаанд. Дар худи Арк тахминан 100 хона сӯхта валангор шудааст. 100 Арки Бухоро маҳз аз бомбаҳои партофташуда хело хароб гардида буд. Меҳмонхонаи Раҳимхонии Арк, ки чун ҷойи қабулгоҳи амирон, яке аз биноҳои зеботарини шаҳр ба ҳисоб мерафт, тамоман ба хок яксон карда шуд. Дар гузарҳо ва ҳавлиҳои харобгардида мурдаҳои зиёди чандрӯза воҳиманокии шаҳрро дучанд менамуданд. 2-3 сентябр шаҳриён барои гӯронидани қурбоншудагон сафарбар карда шуданд. Аксари онҳо дар натиҷаи таркиши тири тӯпҳои аскарони сурх ва таркиши бомбаҳо ҳалок гардидаанд. Дар баӣни фавтидагон инчунин шахсоне низ буданд, ки онҳо нисбати тартиботи иртиҷоии амирӣ нафрат доштанду дар ҳабсхонаҳои он буданд ва дар рӯзҳои муҳосираи шаҳр аз тарафи ҷаллодони амир қатл карда шуданд. Дар шаҳри Бухорои Кӯҳна илова ба ҳамаи фоҷиаҳо тороҷгарӣ низ хело авҷ гирифта буд. Аз молу мулки мардум то хазинаи амир, ҳатто либосу аслиҳаҳои аз амир боқӣ монда, ҳама ба тороҷ кашида шуд. Дар ин амалиёт баъзе қисмҳои аскарони сурх, ки ба шаҳр дохил шуданд, махсусан фаъол буданд. Ин ҳама то ба М.В. Фрунзе низ маълум гардид. Бинобар ин ӯ 5 сентябр супориш дод, ки тамоми аскарони сурх ва шахсони мансабдор бояд тилло, нуқра ва дигар бойигариҳои дар сарзамини аморати Бухоро гирифтаашонро ба намояндаи шӯрои ҳарбии инқилобии фронти Туркистон Василев супоранд. 101 Ҳамин тавр, қариб тамоми бойигарии хазинаи амир Олимхон, ки дар таҳхонаҳои Арки Бухорои Кӯҳна буд, ба ихтиёри аскарони сурх ғанимат афтод. Миқдори умумии бойигарии хазинаи амир Олимхон (ҳангоми ба ихтиёри аскарони рус гузаштан) кам набуд. Ҳанӯз солҳои 1916-1917, пеш аз бунёди бонки Русию Бухоро, ё худ бонки Бухоро, бо хоҳиши сармоядори номии Русия Стахеев, қушбегии Бухоро Мирзо Насрулло бойигарии хазинаи амирро ба рӯйхат гирифтааст, ки натиҷааш чунин аст: тиллои бухороӣ 102 — 1.148.380 дона; тиллои русӣ — дар ҳаҷми 4.365.100 рубли русӣ; тиллои рехтаи гамбургӣ — 1.108 пуд; нуқра — 45 тонна; нуқраи русӣ- 1.385 пуд; тангаи бухороӣ, (яъне тангаи нуқра) — 62.834.780 дона; тангаи мисии бухороӣ, яъне «пул» — 731 пуд; хока ё риштаи тиллоӣ — 16 пуд; нуқраи бонки русӣ — 864 пуд; бриллиантҳо — 3482 карат; бриллиантҳои дар либосҳо дӯхташуда — 968 карат; сангҳои қимматбаҳо- 8617 карат; саҳмияҳои саноат ва бонкҳои русиягӣ, ба маблағи 33 млн рубли русӣ; 100 млн рубли нақди русӣ103. Ба ин бойигариҳо боз ғаниматҳои аз бекигариҳои аморат ғасб намудаи қисмҳои аскарони сурх илова гардид. Аз ҷумла онҳо ҳангоми забти танҳо Шаҳрисабз 150 сандуқи 1,5 оршинии пур аз тиллою нуқра ва дигар намуди бойигариҳоро ба даст даровардаанд («танга» ва тангаи мисӣ — «пул». Аз ин рӯ тангаҳоро мувофиқи шуморааш: «як тилло», «ду танга», «се пул» мегуфтанд).
Солҳои 1917-1920 амир Олимхон бо баҳонаи омодагӣ ба ҷанги муқобили шӯроҳо аз мардуми аморат боз ҳам зиёдтар андоз ҷамъ намуд. Аммо дар амал хароҷотҳои зиёде накардааст. Вай имконияти дар бонкҳои хориҷӣ гузоштани пул ё дигар бойигариҳояшро надошт. Бинобар ин аз эҳтимол дур нест, ки ҳангоми ғасби хазина аз тарафи аскарони сурх бойигарии он аз миқдори нишондодаи қушбегӣ Мирзо Насрулло на ин ки кам балки зиёдтар буд.
Баъди забти шаҳри Бухорои Кӯҳна аскарони сурх ҳамаи бойигарии хазинаи амирро бо поезд, бо баҳонаи муҳофизати муваққатӣ аз тороҷгарӣ, аввал ба Самарқанд оварда. минбаъд ба Москва фиристоданд. Ҳамаи ин бойигариро, дар оянда пурра ба манфиати Давлати Шӯравӣ истифода бурданд.
Чуноне таъкид намудем, ба назорати қатъии аскарони сурх нигоҳ накарда, амир Олимхон барои аз шаҳри Бухорои Кӯҳна баромада гурехтан мушарраф гардид. Вай ба қасри тобистонаи худ — Ситораи Моҳи Хоса омада, чуноне яке аз саркардагони худи амир ва ҳамроҳи ӯ аз Бухоро то Кобул — Ҳоҷӣ Абдусаттор ба хотир меоварад, 1 сентябр, ба воситаи Вобканд, роҳи Ғиждувонро пеш гирифта, шабро дар Ғиждувон, дар хонаи Абдулло-бойбачча ном яке аз махсусони худ гузаронидааст. Саҳарии рӯзи дигар, яъне 2 сентябр, вай Ғиждувонро тарк намуда, аз баӣни деҳаҳои Соктаре ва Ғиштӣ дарёи Зарафшонро гузашта, ба сӯйи Бухорои Шарқӣ рафтааст. 104 Дар худи ин рӯз Вобканд, Пирмаст, Ғиждувон ва Қизилтеппа ҳам ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Дар ин нуқтаҳо низ бо ташаббуси аскарони сурх кумитаҳoи инқилобӣ ташкил карда шуд ва онҳо ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аз нуқтаҳои номбурда, танҳо дар наздикии Ғиждувон (баӣни Ғиждувон ва Қизилтеппа) каме муҳорибаи баӣни аскарони сурх ва сарбозони амирӣ ба амал омаду халос. Нуқтаҳои боқимонда бе муҳориба ба ихтиёри аскарони сурх гузаштанд. Инчунин барои ба дигар нуқтаҳои муҳими аҳолинишини водии Зарафшон ҳаракат намудани қисмҳои аскарони сурх, аз ҷумла ба маркази туманҳои Рометан, Зандане, Шофирком, Вардонзе ва ғайра зарурият намонд. Зеро, дар ин нуқтаҳо сарбозони амирӣ вуҷуд надоштанд. Аз ин рӯ, минбаъд, дар маҳалҳои номбурда, ба тарзи осойишта кумитаҳoи инқилобиро бунёд намуда, ҳокимиятро ба ихтиёри онҳо супоридаанд. Аз ҷумла чунин кумитаҳoи инқилобӣ 11 сентябр дар Шофирком, 29 сентябр дар Зандане ба вуҷуд омадаанд.
Ҳамин тавр то охири сентябри соли 1920 дар тамоми сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳoи инқилобӣ гузашт.

Аввалин чорабиниҳои ҳукумати нави Бухоро

Баъди аз тарафи аскарони сурх забт намудани шаҳри Бухорои Кӯҳна ба ин ҷо аз Бухорои Нав (Когон) ҳукумати ҳанӯз пештар ташкил додашудаи Бухоро, бо сарварии Ф. Хоҷаев кӯшида омад. Ӯ дар ҳамин лаҳза на танҳо вазифаи раиси Шӯрои Нозирони Халқии Бухороро иҷро мекард (ин вазифа ҳанӯз пештар насиби ӯ гардида буд), балки вазифаи раиси Кумитаи Марказии Инқилобӣ, ё худ Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ ба ӯҳда дошт. Зеро Ахмадҷон Абдусаидов (Ҳамдӣ), ки пештар ба ин вазифа пешниҳод шуда буд, дар рӯзҳои муҳосираи шаҳри Бухорои Кӯҳна гӯё худро фаъол нишон надод. Аниқтараш, мувофиқи баъзе маълумотҳо, вай барои ба муқобили Бухорои Кӯҳна истифода бурдани тӯпҳои дурзан ва бомбаборон намудани он розигӣ надодааст. Бинобар ин ӯро аз вазифааш озод намуда, вазифаи раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ муваққатан ба ӯҳдаи Ф. Ҳоҷаев гузоштаанд.
Баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Кӯҳна, Кумитаи Инқилоби Умумибухороӣ манифесте бароварда, Бухороро Ҷумҳурии Шӯравӣ эълон намуд. Мувофиқи ҳамон манифест бояд: заминҳои дар ихтиёри амир, амалдорони амир, қозиҳо ва заминдорони калон бударо мусодира намуда, онҳоро дар баӣни деҳқонони камзамину безамин тақсим менамуданд; хироҷ, аминона ва дигар намуди андозҳо бекор карда мешуд; судҳои қозигиро бекор намуда, ба ҷойи онҳо судҳои халқиро ташкил медоданд; баробарҳуқуқии ҳамаи халқҳо, новобаста аз фарқиятҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ таъмин мегардид; ҷорӣ намудани таълими бепул; пароканда намудани қӯшунҳои амир; бекор намудани ҳукми қатл, ҷазои ҷисмонӣ ва ғайраҳо эълон карда шуд.
Вале вазъият дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ҳамоно мураккаб буд. Дуздию ғоратгарӣ ва сӯхтору кушокушӣ ҳанӯз идома дошт. Бо мақсади бартараф намудани ҳамаи ин оқибатҳои манфӣ, ҳанӯз 4 сентябри соли 1920 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ҳолати фавқулоддаро ҷорӣ карда, Комиссияи фавқулодда (Бухчека)-ро ташкил доданд. Барои таъмин намудани бехатарии шаҳриён инчунин иборат аз се ҳазор нафар милитсияи халқӣ ташкил карда шуд.
Ҳамин тавр дар сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) дар натиҷаи амалиётҳои ҷангии қисмҳои аскарони сурх тартиботи амирӣ сарнагун карда шуд. Ҷангҳои шадид махсусан барои забти шаҳри Бухорои Кӯҳна ба амал омаданд. Вале ҳукумати нави Бухоро бо сабаби дар Бухорои Шарқӣ ҳанӯз пойдор будани тартиботи амирӣ худро ором ҳис карда наметавонист.

§ 2. БАРПО НАМУДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШӮРАВӢ ДАР БУХОРОИ ШАРҚӢ

Вазъи Бухорои Шарқӣ баъди сарнагун намудани тартиботи амири дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ)

Чуноне аллакаӣ қайд гардид, аз қувваҳои амирии Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) танҳо беки Чорҷӯй бо қисме аз дастаҳояш маҳв ва худ асир гардиду, бекҳои (ҳокимони) боқимондаи ин сарзамин, бо сарбозони содиқи худ, ба ҳар сӯ, аксаран ба сӯйи Бухорои Шарқӣ фирор кардаанд. Худи амир Олимхон ҳам аз Бухорои Кӯҳна роҳи сӯйи Ғиждувонро пеш гирифта, саҳарии рӯзи дигар, яъне 2 сентябри соли 1920 аз он ҷо ба сӯйи Бухорои Шарқӣ гурехт. Дар ин ҷода воқеаро худи амир дар хотираҳояш чунин шарҳ додааст: аз Ғиждувон дар муддати 8 рӯз то ба «вилояти Қӯрғонтеппа, тобеи Бухоро расида як даҳ рӯз дар он ҷо истодам. Ҳангоми убур аз Ғиждувон ногаҳон аробавагони оҳанпӯш (поезди зиреҳпӯш — Н.Ҳ.) пайдо шуда роҳро ба бенавоён баст. Дар он мавқеъ чанд нафар аз бузургон ва атрофи ман аз қабили Усмон қушбегӣ, қозӣ-ул-қуззот (яъне қозикалон — Н.Ҳ.) Бурҳониддин, раис Абдурауф корвонбошӣ, Юсуфбий, Мукимбий дастгир шуданд. Аз вилояти мазкур дар тараддуди истеҳкоми роҳи душман гардида асокиру фуқароёнро ҷамъ оварда аз бандари мавзеи Дарбанд, тобеи вилояти Бойсун, пеши душманро истеҳком намуда шурӯи муҳорибаро эҷод намуда, вопас дар вилояти Ҳисори Шарқии Бухоро омада истодам».105
Фармондеҳи фронти Туркистон М.В. Фрунзе ҳанӯз 4 сентябри соли 1920 дар назди аскарони сурхи гурӯҳи Бухорию Самарқандӣ вазифаи нав гузошта буд, ки мувофиқи он дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ барҳам додани тартиботи амирӣ ва барпо намудани Ҳукумати Шӯравӣ дар назар дошта мешуд. Барои иҷрои ин вазифа гурӯҳи номбурда, пеш аз ҳама Шеробод ва Бойсунро гирифта, бояд бо гарнизони Тирмиз алоқа ҷорӣ менамуд. Инчунин ҳамин гурӯҳ иттифоқан бо Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ, барои бо қувваҳои якҷоя ба даст даровардани ноҳияи Ҳисор, мебоист отряди мусулмонӣ ташкил менамуд.106 Аммо М.В. Фрунзе худ ин нақшаро амалӣ карда натавонист. Мувофиқи қарори Шӯрои ҳарбии инқилобии Федератсияи Русия ӯ аз кишвари Туркистон даъват карда шуд ва фармондеҳи фронти Ҷануб гардид. Бинобар ин вай 10 сентябр аз кишвар рафт.
Қисмҳои аскарони сурх ҳамоно аз дунболи амири гуреза мерафтанд. Онҳо 11 сентябр бе ҷанг Дарбанд ва баъди он, дар натиҷаи муҳорибаи хурд Бойсунро низ забт намуданд.
Сарварони нави қисмҳои дар Бухоро будаи аскарони сурх вазъияти навро муҳокима намуда, набудани захира ва қисмҳои эҳтиётӣ, дар пеш будани тирамоҳу зимистон, набудани роҳи мувофиқ барои кашондани тӯпҳои ҷангӣ, мондагии аскарону аспҳо ва ғайраҳоро ба инобат гирифта, ба пеш ҳаракат кардани қисмҳоро лозим надонистанд. Бо сабабҳои номбурда дар мавзеъҳои номбурда, яъне Дарбанду Бойсун мавқеъ гирифта истодани онҳо низ ғайриимкон буд. Бинобар ин 13 сентябри ҳамон сол қисмҳои аскарони сурх ба сӯйи Ғузор ақиб гаштанд ва худи ҳамон рӯз роҳи Қарширо пеш гирифтанд. Бо ҳамин ҳаракати қисмҳои аскарони сурх аз қафои амири гуреза як муддат қатъ гардид. Дар ин муддат ҳар ду тараф ба муқобили якдигар омодагӣ медиданд.
Аз Дарбанду Бойсун ба Қаршӣ, ба қафо баргаштани қисмҳои аскарони сурх амир Олимхон ва тарафдорони ӯро рӯҳбаланд намуд. Онҳо бо роҳҳои гуногун, яъне чӣ аз ҳисоби сарбозони аз Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ин сӯ омада ва чӣ аз ҳисоби мардум ҷамъ намудани қувваи нав, инчунин ҷалб намудани гурезагон — аксулинқилобчиёни кишвари Туркистон қувваи азимеро омода намуданд. Амир дар ин мулк ҳукумати муваққатии худро ташкил дод, ки вазифаи асосии он омода намудани амалиёти ҷангӣ барои аз аскарони сурх баргардонидани Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ба ҳисоб мерафт. Дар ҳукумати нав тағои амир Муҳаммадсаидбек парвоначӣ вазифаи вазири ҳарбиро ба ӯҳда дошт. Абдулҳафиз парвоначӣ ва Иброҳимбекбий сараскарони низомӣ ба ҳисоб мерафтанд. Амир, бо мақсади аз ҷиҳати маънавӣ рӯҳбаланд намудан, ба Иброҳимбек унвони мирохуриро дод. Ҳамон лаҳза дар атрофи амир, дар қатори Иброҳимбек боз Олимбой, Давлатмандбий, эшони Султон, Фузаӣл Махсум, Раҳмонқул додхоҳ ва дигарон аллакаӣ аз ҷумлаи симоҳои номии «ҳарбӣ» буданд. Амир Олимхон дар Бухорои Шарқӣ ҳам таъқиби мухолифони режими худро давом дод. Ҳарчанд дар Бухорои Шарқӣ ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҷамъиятҳои нисбат ба режими ӯ мухолиф вуҷуд надоштанд, вале бо мақсади тарсонидани чашми мардум чанд нафарро бо тӯҳмати ҷадидӣ қатл намуд. Аз ҷумла дар майдони Душанбе 26 нафар камбағалонро бо тӯҳмати «хайрхоҳӣ нисбат ба аскарони сурх ва Ҳукумати Шӯравӣ» қатл намуданд.
Дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли 1920 амир дар Душанбе тамоми сарварони қувваҳои зиддишӯравии дар Бухорои Шарқӣ бударо, аз ҷумла намояндагони қувваҳои ақсулинқилобӣ аз кишвари Туркистон ва аз Хева омадаро низ ба қурултойи махсус даъват намуд. Дар он намояндагони аксулинқилобии гвардиячиёни сафеди рус, намояндагони афғон ва ғайра низ ҳузур доштаанд. Курултой қарор кард, ки бо тамоми қувваҳои зиддишӯравии Осиёи Миёна якҷоя амал кунанд.107
Дар Бухорои Шарқӣ амир Олимхон ба ҳайъати қӯшунҳои худ каси бисёрро сафарбар намуда, аз рӯзҳои аввал нокифоягии лавозимоти ҳарбиро ҳис намуд. Оҳангарони маҳаллӣ вазифадор карда шуда буданд, ки танҳо барои сарбозони амир лавозимоти зарурӣ, пеш аз ҳама шамшер тайёр намоянд. Вале ин ҳама нокифоягӣ мекарданд. Бинобар ин умеди ягонаи вай ба кӯмаки ҳукумати Англия буд.
Ҳанӯз 12 октябри соли 1920 амир Олимхон ба номи кароли Британияи Кабир муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки ҳар чӣ зудтар, чун дастгирии дӯстона, бо ҳамроҳии қосидони фиристодааш 100 ҳазор фунт стерлинг чун қарзи давлатӣ, 20 ҳазор адад туфанг бо миқдори тирҳои лозимӣ, 30 адад тӯп бо тирҳояш ва 10 адад аэроплан бо лавозимотҳои заруриаш фиристад. Боз ӯ хоҳиш намудааст, ки 2 ҳазор нафар аскарони мусаллаҳи англо-ҳиндии дар Ҳиндустон доштаашро ба воситаи Қаротегин, барои мубориза бо болшевикон фиристад. Вале ҳукумати англис, агарчанде ҳанӯз ҳам аз мавқеи зиддишӯравӣ даст накашида буд, бо сабабҳои гуногун хоҳиши амирро ба ҷо наовард. Пеш аз ҳама шикаст хӯрдани он дар интервенсияи зиддишӯравии солҳои 1918-1920 ва шикастхӯриаш дар ҷанг бо озодихоҳони Афғонистон имконият надод, ки аз Қаротегин фронти нави муқобили шӯравиро оғоз намояд. Инчунин ҳукумати Британияи Кабир аз фиристодани лавозимоти ҳарбӣ ба ихтиёри амир ҳам худдорӣ кард. Зеро, метарсид, ки аслиҳаи фиристодашуда, дар роҳ, ба дасти озодихоҳони афғон меафтаду, он аслиҳаҳо баръакс, ба муқобили худи англисҳо нигаронида мешавад. Бинобар ин ҳукумати англисҳо ба воситаи миссияҳои дар Қошғар ва Машҳад доштаи худ вазъи Осиёи Миёна, аз он ҷумла Бухороро танҳо мушоҳида намуда, аз оғози корҳои амалӣ, аз он ҷумла аз фиристодани аслиҳа барои амири гурезаи Бухоро, худдорӣ намуд.
Бо сабабҳои боло, ба амир Олимхон лозим омад, ки баҳри ба даст даровардани мақсадаш, яъне на танҳо нигоҳ доштани Бухорои Шарқӣ, балки баргардонидани Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), танҳо ба иқтидори ҷамънамудаи худ такя намояд. Аз ин рӯ, дар Бухорои Шарқӣ, амир Олимхон аз як тараф сафи сарбозони худро пайдарҳам зиёд намуд, аз тарафи дигар, баҳри пӯшонидани хароҷотҳои афзудаистода, ба дӯши мардуми дар зери даст доштааш андозҳои бисёрро гузошт.
Албатта, мисли пештара ба Бухорои Шарқӣ дастаҳои аксулинқилобии дар ноҳияҳои гуногун аз тарафи аскарони сурх пароканда кардашуда паноҳӣ меёфтанд. Ҳатто бекигарии Мастчоҳ ҳам аҳамиятнокии масъалаи Бухорои Шарқиро ба эътибор гирифта, декабри соли 1920 ба кӯмаки амир 400 нафар ҷангиёни мусаллаҳи худро фиристод. Ин ҳама албатта ба амир илҳоми тоза мебахшид. Вале сиёсати нави нисбат ба мардуми сарсахти Бухорои Шарқӣ пешгирифтаи амир ба худ характери фоҷиавиро мегирифт.

Шӯриши Усмон

Чуноне дар боло ишора рафт, амир Олимхон ҳангоми аз Бухорои Кӯҳна гурехтан, баҳри халосии ҷони худ, ба хазинаи пурбораш хайрбод гуфт ва ҳар чизе, ки бо худ гирифта буд, онро ҳам дар роҳ, махсусан ҳангоми гузаштан аз дарёи Зарафшон талаф дод2
Бинобар ин ӯ худро дар Бухорои Шарқӣ бечоратарин меҳисобид.
Вале бо чунин аҳвол қаноат накарда, ба гардани ҳокимон ва заминдорони ин диёр андозҳои зиёдро бор кард. Ҳокимон ва феодалон бошанд дар навбати худ андози ба амир супоридаашонро аз мардуми бечора ба микдори дучанд ва ҳатто аз он ҳам зиёд меситониданд. Аз ҷумла, чуноне маълум мешавад, охири соли 1920 танҳо аз бекигарии Қаротегин барои амир 800 асп ва 300 буғча «тӯҳфаҳои» қиматбаҳо фиристодаанд3 . Чунин аҳвол, албатта нисбати дигар бекигариҳои Бухорои Шарқӣ низ хос буд. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки аз тарафи ҳокимони ин гӯша барои кайфияти амир, дар қатори тӯҳфаҳои гуногун инчунин духтар ва писарони ноболиғ пешкаш мешуд.
Аммо аз сиёсати дар Бухорои Шарқӣ пешгирифтаи амир, махсусан сиёсати сафарбарии ҳарбии ӯ фоҷианоктар менамуд. Зеро, чун ҳарвақта, ба чунин рӯйхат боз бечорагон, ки имконияти пора додан надоштанд, дохил карда мешуданд. Ҳамин сиёсат, дар водии Қаротегин сабабгори сар задани шӯриши калонтарин бо сарварии Усмон гардид.
Сарвари шӯриш — Усмон Муҳаммадаминови 35-сола, ки худ зодаи деҳаи Янғолики Қаротегин буд, сахтиҳои замонаро аз сар гузаронидааст. Ӯ мисли дигар ҳамватанонаш — деҳқонон ба фоидаи хазинаи амир хироҷ месупорид. Аз бойи маҳаллӣ Муҳаммад Саид қарздор буд. Бо шарофат ва кӯмаки бародараш Худойдод ва язнааш Хоркаш тамоми қарзашро супорида, соли 1916 барои кор ба водии Фарғона рафта, дар заводҳои пахтатозакунии Андиҷон, Фарғона ва Асакӣ кор кард. Дар ҳамон вақт дӯстони қарини ҳамватанаш Одина ва Мулло Тош ҳамроҳи вай буданд. Онҳо якҷоя воқеаҳои сиёсии охири соли 1917 ва аввали соли 1918—и водии Фарғонаро аз сар гузарондаанд. Баъди ба Қаротегин баргаштан, яъне аввали соли 1918 қисме аз чизу чора ва пули онҳоро амалдорони ҳоким, «барои ҳоким» гӯён ғасб намудаанд. Усмон ба чунин ғоратгарӣ тоб наоварда, яке аз нӯкарони ҳокимро зада, худ ба кӯҳ мегурезад ва якчанд вақт пинҳон мешавад.
Моҳи декабри соли 1920, ҳокими (беки) Қаротегин Мир Абдулҳафиз, ҳангоми гузаронидани маъракаи сафарбаркунии ҳарбӣ, хост, ки аз деҳқонони «гарданшах», ба монанди Усмон халос шавад. Бо ҳамин мақсад бек Усмонро бо ҳамроҳии Мулло Тош, инчунин дигар ҳамфикронаш, ба сифати навкар ба Душанбе, ба хизмати амир фиристод. Вале онҳо дар роҳ, аз Файзобод ба қафо, ба Қаротегин гурехтанд. Ҳокими Қаротегин аз хоҷагиҳои онҳое, ки намояндагонашон аз хизмати навкарии амир гурехтаанд (аз он ҷумла аз хоҷагии Усмон ва Мулло Тош), талаб кард, ки андоз — хироҷи 7- соларо пешакӣ супоранд. Чунин чорабинии ҳоким мувофиқи баъзе андешаҳо, барои саршавии шӯриш баҳона гардидааст. Зеро, маҳз баъди ин воқеа Усмон вазъияти баамаломадаро ба инобат гирифта, роҳи ягонаи халосиро дар шӯриш дида, ҳатто ба дӯсти худ — Одина, ки дар Ҳоит мезист, барои кӯмак, бо мактуб муроҷиат кардааст. Одина низ ҷавобан ба ин мактуб, деҳқонони Ҳоит ва Қалъаи Лаби обро ҳамроҳии худ гирифта, ба кӯмаки Усмон, ба деҳаи Янғолик, ки маркази шӯриш буд, шитофтааст.
Мувофиқи андешаи дигар дар Ҳоит яке аз рӯзҳои бозор, ҳангоми ба Душанбе, барои амир фиристодани аспҳои пурбор, тарафдорони Усмон ба Қӯрғон, ки он ҷо амлокдор менишаст, якбора ҳуҷум карда, онро гирифтаанд. Бо ҳамин гӯё шӯриш ба дигар деҳаҳои Қаротегин паҳн гардидааст.
Дар ҳақиқат ҳам шӯришгарон дар деҳаи Янғолик ҷамъ омадаанд. Онҳо дар ҷамъомади худ сарварии шӯришро ба ӯҳдаи Усмон гузошта Одинаро ҷонишини аввал ва Мулло Тошро ҷонишини дуюм таъин намудаанд. Он лаҳза миқдори шӯришгарон аз 2500 нафар пиёдаҳо ва 650 нафар савораҳо иборат буд. Вале онҳо дар ихтиёри худ ҳамагӣ 400 дона камонҳои фитилии худсоз ва тақрибан ҳазор дона шамшер доштаанд. Боқимонда бо корду табар мусаллаҳ буданд. Ҳокими Қаротегин бошад дар ихтиёри худ ҳамагӣ 15-20 нафар навкарони мусаллаҳ дошту халос.
Шӯришгарон аз деҳаи Янғолик ба маркази бекигарии Қаротегин — Ғарм ҳаракат карданд. Онҳо ба деҳаи Навда омада якчанд рӯз он ҷо истоданд. Ба ин ҷо намояндагони ҳоким барои музокира ва имзои сулҳ омадаанд. Вале Усмон он таклифҳоро рад намуда, ба сӯйи Ғарм ҳаракатро давом дод. Вақте, ки шӯришгарон ба Ғарм наздик омаданд, ҳоким аз муқобилият даст кашида, ба Усмон ваъда дод, ки гуноҳи ҳамаи шахсони аз хизмати навкарӣ гурехтаро афв мекунад, онҳоро аз андоз озод менамояд, ба худи Усмон унвони «биӣ»-ро медиҳад ва ғайраҳо. Аммо Усмон ба ин ваъдаҳои ҳоким бовар накард. Ҳокими Қаротегин Абдулҳафиз аз тарс гурехтанӣ шуд, вале дастгир ва ҳабс карда шуд. Ғарм бе ҷанг ба дасти шӯришгарон гузашт. Онҳо ҳамаи ҳабсбудагонро озод намуданд, тамоми ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри ҳоким бударо, аз ҷумла васиқаҳоро сӯзониданд. Ба муносибати ғалаба 7 рӯз шодиву хурсандӣ эълон карданд.
Ҳамин тавр дар маркази Қаротегин — Ғарм ҳокимият пурра ба ихтиёри шӯришгарон гузашт, ки он дар таърих бо номҳои «ҳокимияти халқӣ» ва «ҳокимияти халқии Усмон» маълум аст. Дар он ҳокимият Усмон — раис, Одина ва Мулло Тош ҷонишинони ӯ гардиданд. Вале онҳо бо гирифтани ҳокимият ором гардида, дигар аз чӣ сар кардани корро намедонистанд. Бинобар ин шӯришгарон маҷбур шуданд, ки қисме аз амалдорони ҳокими собиқро аз ҳабс озод намоянд ва ба онҳо амалҳои гуногунро доданд. Яъне бо ном «ҳокимияти коалитсионӣ» барпо намуданд. Аз ҷумла, аз амалдорони собиқа Давлатбекбий — сарвари таъминот, Мулло Абдураҳим судур — қозӣ, Мулло Мирзо Умед — муфтӣ таъин гардиданд.
Дар «ҳукумати халқии Усмон» ягонагӣ вуҷуд надошт. Амалдорони собиқ ба ҳукумати нав содиқ набуданд. Баръакс онҳо камтаҷрибагии Усмонро ба инобат гирифта, ӯро бо фиреб, гӯё «барои пешвозгирии ихтиёриёни қисми поёни Қаротегин» фиристоданд. Ҳангоми дар Ғарм набудани Усмон Давлатбекбий Одинаро ба хонаи худ, гӯё ба зиёфат даъват намуда, ӯро кушт ва ҳокимро бо дигар тарафдоронаш аз ҳабс озод намуд. Бо шунидани ин фоҷиа тарафдорони Одина, ки аз Ҳоит ва Қалъаи Лаби об омада буданд, ба деҳаҳои худ баргаштанд. Бо ҳамин «ҳукумати халқии Усмон» баъди 10-15 рӯзи мавҷудияташ амалан барҳам хӯрд.
Усмон аз фоҷиаи Ғарм баъди ду рӯз огоҳ гардида, ба Ғарм баргашт. Дар наздикии Ғарм вай аз тарафи тарафдорони ҳокими собиқа шикаст хӯрд. Баъди ин бо ҳамроҳии Усмон ҳамагӣ 12 нафар шӯришгар монду халос. Вале Усмон аз мақсади худ даст накашид. Вай барои гирифтани Ғарм боз қувва ҷамъ кард. Микдори қувваҳои ӯ ин дафъа ба 150 нафар расиданд. Баъди 20 — рӯзи фоҷиаи Ғарм Усмон бори дигар ба он ҳуҷум кард, вале шикаст хӯрд ва дастгир гардид. Дар муддати як моҳ тақрибан 50 нафар иштирокчиёни шӯриш ҳабс карда шуданд. Сарварони он — Усмон, Мулло Тош ва дигаронро қатл намуда, ҷасадашонро ба дарёи Сурхоб партофтанд. Дӯстон ва авлодони Усмон ҷасади ӯро аз дарё бароварда, пинҳонӣ гӯрониданд. Аз ин кор яке аз сипоҳиёни бонуфузи маҳаллӣ — Муҳаммад Саид бий огоҳ гардида, бо мақсади ибрати дигарон, ба гардани онҳое, ки ҷасади Усмонро гӯронидаанд, 1500 танга ҷарима бор карда, молу мулкашонро тарака эълон намудааст.
Ҳамин тарз шӯриши Усмон шикаст хӯрд. Вай агарчанде, дар сарзамини Қаротегин нисбат ба шӯриши Қаландаршо аз ҷиҳати ташкилӣ ва фаъол будани мардум қадаме ба пеш буд, вале бетаҷрибагӣ имконият надод, ки муваффақиятҳои ба даст даровардаро мустаҳкам намоянд. мардуми атрофро ҳарчи зудтар ба тартиботи нав ҷалб намоянд, аз болои амалдорони собиқаи амирӣ, ки ба ҳукумат ҷалб намудаанд, назорати қатъӣ ҷорӣ намоянд ва ғайра.

Ташкил намудани Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ва амалиётҳои ҷангии он барои барпо кардани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ

Инак, баъди дар сарзамини Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) барпо намудани тартиботи шӯравӣ сарзамини собиқ аморат ба ду тартиботи ба ҳам муқобил тақсим шуд. Яъне дар қисми Марказӣ (Ғарбӣ) тартиботи шӯравӣ ва дар қисми Шарқӣ тартиботи амирӣ ҳукмфармойӣ мекарданд.
Ҳукумати Шӯравии Бухоро низ дар сарзамини Бухорои Шарқӣ барпо намудани тартиботи шӯравиро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморид. Ин ҳукумат бо мақсади пойдор намудани тартиботи нав дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ва сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Шарқӣ қувваҳои инқилобии худро ташкил карданӣ шуд. Чунин иқдом аз тарафи сарварони фронти Туркистон дастгирӣ дид. 5 сентябри соли 1920 сарвари фронт ба ихтиёри нозири корҳои ҳарбии ҶХШ Бухоро ду полки савора, баталиони пиёда ва батареяи тӯпчиёнро бо мақсаде супорид, ки минбаъд, бо роҳи ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ихтиёриён, шумораи умумии қӯшунҳои худро то ба микдори зарурии бригада расонад.
Вале чорабиниҳои ҳукумати шӯравии Бухоро оиди ташкил намудани қувваҳои инқилобӣ-ҳарбии худ натиҷаҳои назарбахш надоданд. Зеро, аз ҷумлаи бухороиён ихтиёриён, ки ба сафи қӯшунҳои нав дохил шаванд, қариб набуданд. Бинобар ҳамин ҳам ҳанӯз 6 октябри соли 1920 нозири ҳарбии ҷумҳурии Бухоро ба маълумоти сарварони фронти Туркистон расонид, ки «барои ташкил додани армия (яъне бригада — Н.Ҳ.) ихтиёриён нокифояанд».
Сарварони ҳукумати нави Бухоро вазъиятро ба инобат гирифта, барои кӯмаки ҳарбӣ ба Комиссияи Туркистонӣ (Турккомиссия) муроҷиат карданд. В.В. Куйбышев, ки намояндаи доимии Ҷумҳурии Федератсияи Русия дар ҷумҳурии Бухоро буд, миёнаи моҳи октябри соли 1920 аз сарварони фронти Туркистон талаб кард, ки чораҳои ҳар чӣ зудтар дар Бухорои Шарқӣ низ сарнагун намудани тартиботи амириро бинанд. Барои ин ташкил намудани эъзомияи ҳарбӣ зарур шуморида шуд. Бо сабаби мураккабии вазъи иқтисодии Давлати Шӯравӣ таъминоти иқтисодии ин эъзомияро ба ӯҳдаи ҷумҳурии Бухоро гузоштанд.
9 ноябри соли 1920 дар маҷлиси Турккомиссия масъалаи барои озод намудани Бухорои Шарқӣ ташкил намудани отряди эъзомии ҳарбӣ дида шуд. Дар он шароити Бухорои Шарқӣ, пеш аз ҳама шароити кӯҳистон, аз роҳи оҳан хело дур будан ва бероҳии худи ин гӯшаро ба инобат гирифта, Турккомисия Шӯрои ҳарбии инқилобии фронти Туркистонро вазифадор намуд, ки аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурх, «Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор»- ро ташкил диҳанд. Вазифаи асосии отряд аз он иборат буд, ки он бояд бо амалиёти ҳарбию ҷангӣ дар сарзамини Бухорои Шарқӣ тартиботи амириро тамоман барҳам дода, дар ин ҷо низ Ҳокимияти Шӯравиро барқарор намояд.
Ташкил намудани отряди номбурда дар худи моҳи ноябри соли 1920 дар Қаршӣ оғоз гардид. Ба ҳайъати он дивизияи якуми савораи Туркистонӣ, ки аз се полкҳои савора, ва дивизиони савораи бо тӯпҳои кӯҳгард мусаллаҳ иборат буд ва қисмҳои аскарони сурхи ҶХШ Бухоро дохил мешуданд. Қисмҳои аскарони сурхи бухороӣ дар ҳайъати отряд ба тарзи расмӣ ном бурда мешуданд. Яъне, чунин қисмҳо хеле камшумор ва бештар бо ном вуҷуд доштанду дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намекарданд. Онҳо амалан ҳамчун роҳбалад ва тарҷумон ҳисоб шаванд ҳам, аммо ин вазифаро ҳам ба дараҷаи зарурӣ иҷро карда натавонистаанд. Аниқтараш сарварони қисмҳои аскарони сурх ба роҳбаладии онҳо чандон боварӣ надоштанд. Бинобар ин қисмҳои аскарони сурх асосан ба воситаи харитаҳои дар даст доштаашон ҳаракат мекарданд.
Дивизияи якуми савора бошад аз ҷумлаи таҷрибаноктарин қисмҳои аскарони сурх ба ҳисоб мерафт. Ин дивизия аз ҳисоби казакҳои Оренбург ва Ҳафтрӯд таркиб ёфта, аксари онҳо ҳанӯз дар замони подшоҳӣ дар хизмати ҳарбӣ буданд. Аз ин рӯ ин дивизия ҳанӯз дар охири соли 1920 барои оғоз намудани амалиёти ҷангӣ омада меистод.
8 декабри соли 1920 кумитаи марказии ҳизби коммунистии Бухоро ба ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурии Бухоро муроҷиат намуда, онҳоро барои мустаҳкам намудани тартиботи шӯравӣ дар сарзамини ҷумҳурӣ ва сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Шарқӣ даъват кард.
17 декабри соли 1920 дар Қаршӣ корҳои ташкилии Отряди ҳарбии эъзомии Ҳисор асосан анҷом ёфт. Ҳангоми оғози амалиёти ҳарбии отряд дар ҳайъати он: ҷанговарон — 1087 нафар, хӯрандагон (едоков) — 1928 нафар, отряди шӯъбаи махсус- 35 нафар, аспҳо — 1830 адад ва пулемёт — 22 адад буданд. Ҳайъати отряд ва аслиҳаи ҷангии он дар рафти амалиётҳои ҷангӣ тағйир меёфт.
Амир Олимхон низ барои муқобилият бар зидди қисмҳои аскарони сурх омадагӣ медид. Вай дар баробари қувваҳои ҷамънамудааш, ҳанӯз ҳам аз ҳукумати Афғонистон ва Англия умеди имдод гирифтанро дошт. Бинобар ин амир ба ҳукумати онҳо борҳо муроҷиат кард.
Вале минбаъд ҳам ӯ дар амал аз онҳо ба ғайр аз ваъдаҳои зиёд, ба тарзи расмӣ, ягон чиз гирифта натавонист.
Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор 17 декабри соли 1920 амалиёти ҷангии худро бо сарварии Марсов аз Қаршӣ сар кард. Он дар аввал ба сӯйи Бойсун, ки дарвозаи Бухорои Шарқӣ ҳисоб мешуд, ҳаракат кард. 20 декабр дар ағбаи Оқкӯтал аввалин задухӯрди қисмҳои аскарони сурхи отряд бо аскарони амир ба амал омад. Дар ин муҳориба бригадаи сеюми дивизияи якуми савораи туркистонӣ иштирок намуд. Ин бригада махсусан дар дараи кӯҳии Бузғолахона ба муқобилияти сахти аскарони амир дучор шуд. Ҷанг агарчанде кӯтоҳмуддат буд, вале қурбониҳои зиёдро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла сарвари отряд Марсов дар ҳамин муҳориба ҳалок гардид ва ӯро командири полки 16-уми савора Роганов иваз намуд. Муҳориба бо ғалабаи қисмҳои аскарони сурх анҷом ёфт ва онҳо Бойсунро ба даст дароварда, дар он ҷо лагери худро гузоштанд.
Баробари ба даст даровардани Бойсун қисмҳои аскарони сурх дар ҳолати боз ҳам вазнинтар монданд. Зеро, 24 декабр дар Шеробод, Шаҳрисабз, Китоб, Яккабоғ ва Чироқчӣ ба муқобили тартиботи шӯравӣ шӯриши халқӣ сар шуда буд, ки дар онҳо, мувофиқи баъзе маълумотҳо то 15 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок намудаанд. Аз ин пештар, чунин шӯриш дар Каркӣ ба амал омада буд. Бинобар ин полки якуми савораи бригадаи якум, ки бояд ба кӯмаки бригадаи сеюми дивизияи якуми савораи туркистонӣ мешитофт, бо пахш намудани он шӯришҳо банд буд.
26 декабри ҳамон сол Зиновев, дар маҷлиси фаъолонаи ҲК Бухоро дар шаҳри Бухорои Кӯҳна баромад карда, иқрор шуд, ки «ҳоло тамоми ноҳияи Шерободро шӯриш фаро гирифтааст. Мардум, ки қисман бо камонҳои сохти англисӣ ва семилаи русӣ мусаллаҳ буданд, ба тарзи оммавӣ ба гарнизонҳои мо ҳуҷум мекунанд. Онҳоро бо пулемёт қир намудем». Мувофиқи маълумоти сарвари гурӯҳ, миқдори қурбониён аз ҷумлаи бухороиён беҳисоб. Муқобили мардуми шӯришбардошта «аз тӯпҳо оташ кушоданд ва дар натиҷа ғарами мурдаҳо ба вуҷуд омадааст».
Ҳокими Бойсун аз фурсат истифода бурда, маркази ҳукуматдории аз даст додаи худро аз сари нав муҳосира намуд ва он 12 рӯз давом кард. Ба кӯмаки аскарони сурхи дар муҳосира монда аз Самарқанд имдод фиристода шуд. Ин қувваи нав дар роҳ шӯришҳои Шаҳрисабз, Китоб, Яккабоғ ва Чироқчиро пахш намуда, аввали январи соли 1921 ба Бойсун омада расид ва муҳосираро рахна намуд. Баъди дар Бойсун муттаҳид намудани тамоми қисмҳои Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор сарвари он В.М. Ионов гардид. Амалиётҳои минбаъдаи ҷангӣ дар водии Ҳисор мегузашт.
Вазъи мураккаби Бухорои Шарқиро ба инобат гирифта, дар қатори Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор боз эъзомияи мустақили сиёсии ҶХШ Бухоро ва КМ ҲК Бухоро оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ ташкил карда шуд. Сарварии он ба ӯҳдаи Саъдулло Турсунхоҷаев гузошта шуд, ки ӯ 7 январи соли 1921 мувофиқи қарори бюрои туркистонии КМ ҲК(б) Русия, барои расонидани кӯмак ба сарварони ҳизбию давлатии Бухоро фиристода шуда буд. То ин лаҳза вай вазифаи котиби КМ ҲК Туркистонро ба ӯҳда дошт. Аз ин рӯ С. Турсунхоҷаев, баробари ба Бухоро омадан, котиби масъули КМ ҲК Бухоро интихоб гардид ва сарвари эъзомияи номбурда таъин шуд. Ҳайъати эъзомия аз намояндагони ҳизбӣ, шӯравӣ, иттифоқи касаба, иттифоқи ҷавонон, нозиратҳои (вазоратҳои) гуногун ва ғайраҳо иборат буд. Вазифаи асосии эъзомияи нав ин дар маҳалҳои ҷудогонаи аз тарафи Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ишғолгардида ташкил намудани кумитаҳoи инқилобӣ ва барои иҷроиши вазифаҳо ба онҳо расонидани кӯмак ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафт. Ба комиссияи сиёсӣ ҳуқуқи органҳои олиро дода буданд. Он фаъолияти органҳои ҳокимияти маҳаллиро ташкил ва назорат мекард.
Амалиётҳои ҷангӣ дар Бухорои Шарқӣ қувваҳои зиёдро талаб мекард. Аз ин рӯ ҳукумати ҷумҳурии Бухоро минбаъд ҳам борҳо кӯшиш намуд, ки аз ҳисоби хоҳишмандон аскарони сурхи Бухороро ташкил диҳад. Вале мисли пештара хоҳишмандон набуданд. Шахсони хоҳишпайдокарда ҳам тасаввуроти ҳарбӣ надоштанд. Бинобар ин ҳукумати Бухоро сиёсати зӯран ба сафҳои қӯшунҳои худ ҷалб намудани ҷавононро пеш гирифт. Чунин сиёсат бошад аз сафи қӯшунҳо гурехтани аскарон сабаб шуд. Хавфи гурехтан боз дар он буд, ки аскарони гуреза бисёр вақт аслиҳаи худро ҳамроҳ мегирифтанд. Дар натиҷа дар баъзе қисмҳои бухороӣ на аскар монду на аслиҳа. Барои пешгирӣ намудани чунин ҳолат 1 феврали соли 1921 ҳукумати Бухоро Комиссияи махсуси марказии мубориза ба муқобили аскарони гурезаро ташкил дод. Инчунин бо мақсади зиёд намудани миқдори аскарон, аввали ҳамон моҳ нозири ҳарбӣ фармон баровард, ки мувофиқи он дар ҷумҳурӣ мардон аз синни 20 то 50 сола бояд ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешуданд. Бо мақсади баланд бардоштани аҳамияти хизмати ҳарбӣ ва барои бештар дар баӣни мардум ташвиқ намудани аҳамияти он, 5 феврал рӯзи тавлиди қӯшунҳои сурхи Бухоро эълон гардид. Вале ҳамоно натиҷаҳои мусбати ин чорабиниҳо назаррас набуданд. Қӯшунҳои сурхи миллии ҷумҳурии Бухоро ҳанӯз амалан вуҷуд надошт. Аз ин рӯ, дар сарзамини Бухорои Шарқӣ, амалиётҳои ҷангӣ барои бунёди тартиботи Шӯравӣ танҳо аз тарафи аскарони сурхи Русия гузаронида мешуд.
14 феврали соли 1921 аскарони Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор аз Бойсун баромада ва худи ҳамон рӯз ба дараи Бандихона расиданд. Ба водии Сурхон роҳи асосӣ аз ҳамин дара мегузашт. Ҳамон лаҳза қисмҳои ба амир содиқ дар Деҳнав ҷойгир буданд. 15 феврал дар Деҳнав ҷанги сахттарин ба амал омад ва он бо ғалабаи қисмҳои аскарони сурх анҷом ёфт. Ин ғалаба ҳаракати минбаъдаи отрядро ба водии Ҳисор осон намуд. Дар натиҷа 16 феврал аз тарафи онҳо бо осонӣ Юрчӣ, Сариосиё ва Сариҷӯй ишғол карда шуд. Баъди он қисмҳои аскарони сурхи Отряд боз ба Деҳнав баргаштанд. Зеро дар ин самт қӯшунҳои амирӣ дар ноҳияи Ҳисору Қаротоғ мавқеъ гирифта буданд.
Амир Олимхон бо мақсади гирифтани пеши роҳи аскарони сурх, ба ин самт, қувваҳои иловагӣ, аз ҷумла отряди аксулинқилобчиёни Фарғонаро бо сарварии Кӯри Шермат, ки баъди шикастхӯрӣ дар Фарғона ба ин мулк омадаанд ва отряди дуҳазорнафараи лакаӣҳоро бо сарварии Иброҳимбек фиристод. Дар баӣни ин қӯшунҳо қӯшунҳои беки Ҳисор низ вуҷуд доштанд.
19 феврали соли 1921 аскарони сурх, баъди омодагии серӯза, аз Деҳнав баромада, ба сӯйи Регар ҳаракат карданд ва дар қисми аввали ҳамон рӯз ин мулкро ҳам ба даст дароварданд. Қисмҳои амирӣ, ки дар Регар буданд, чандон муқобилият нишон надода, 28 нафарро талаф дода, як қисмашон ба сӯйи Ҳисор ва қисми дигарашон ба кӯҳҳои Боботоғ ақиб гаштаанд. 20 феврал дар наздикии Ҳисор ҷанги сесоатаи сахттарини баӣни аскарони сурх ва аскарони амирӣ ба амал омад. Ин ҷанг ҳам ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Талафоти аскарони амирӣ хеле зиёд буд. Аскарони сурх худи ҳамон рӯз Ҳисор ва Қаротоғро ба даст дароварданд.
Амир Олимхон 20 феврал баробари шунидани хабари мағлубияти назди Ҳисор, бо наздикони худ ва 300 шутури пурбор ба сӯйи Кӯлоб, гӯё «барои зиёрати мақбараи Мир Алии Ҳамадонӣ», гурехт. Ӯ ҳангоми гурехтан аз содиқони худ Иброҳимбек ва Давлатмандбийро (ҳар ду ҳам ба рутбаи девонбегӣ сарфароз гардидаанд) вазифадор намуд, ки пеши роҳи душманро гиранд. Вале гурехтани амир аскарони дар Душанбе гузоштаашро хотирпарешон намуд. Онҳо, аз муқобилияти минбаъда сар кашида, ба ҳар сӯ гурехтанд. Ин имконият дод, ки бригадаи якуми савора бо сарварии Я.А. Мелкумов 21 феврал, соати 10-и пагоҳӣ Душанберо бе муқобилият ба даст дарорад.
Дар тамоми маҳалҳое, ки аз тарафи аскарони сурх забт гардиданд, аз он ҷумла дар Регар, Ҳисор, Қаротоғ ва Душанбе кумитаҳoи инқилобӣ ташкил карда шуданд ва ҳокимият ба’ ихтиёри онҳо гузашт. Рӯзи дигар, яъне 22 феврал ба Душанбе Эъзомияи фавқулоддаи сиёсии ҶХШ Бухоро ва КМ ҳизби коммунистии Бухоро бо сарварии С. Турсунхоҷаев, штаби Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор омада расиданд. Ҳамин эъзомияи сиёсӣ, ба Душанбе, чун маводҳои ташвиқотӣ, бо худ аввалин рӯзнома ва адабиёти мансуб ба сохти навро овард.
Муқобилияти аскарони амирӣ баъди аз даст рафтани Душанбе ҳам идома ёфт. Онҳо баъди шикастхӯрии назди Ҳисор, ба муқобили аскарони сурх ба муҳорибаи муттаҳидаи ҷиддӣ ҷуръат накарда, ба маҳалҳои гуногуни Бухорои Шарқӣ пароканда шуда, муборизаро идома доданд. Аскарони сурх баъди ишғол намудани Душанбе ба ду самт: яке ба самти водии Вахш ва дигаре ба самти Кӯлоб ҳаракат карданд. Қисмҳое, ки ба самти водии Вахш ҳаракат мекарданд, яъне бригадаи савораи 3-юм дар ҳайъати полкҳои савораи 5 ва 6-ум, саҳарии 22 феврал аз Ҳисор баромада, аз болои деҳаҳои Лақаӣ, Даҳанакиик, Обикиик гузашта, аз наздикии деҳаи Қизил Қалъа дарёи Вахшро убур намуда, 24 феврал Қӯрғонтеппа, 6 март Қубодиён ва 9 март Саройи Камарро забт намуданд. Дар ин самт қисмҳои аскарони амирӣ ба аскарони сурх муқобилияти сахт нишон дода натавонистанд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар муддати кӯтоҳ, яъне аз 24 феврал то 9 март дар тамоми водии Вахш тартиботи Шӯравӣ барпо карда шуд ва ҳокимият дар ин мулкҳо низ ба ихтиёри кумитаҳoи инқилобӣ гузашт. Минбаъд ин қисмҳо амалиёти худро ба сӯйи Кӯлоб давом дода Фархор, Саёд, Чубекро забт намуда, ба Кӯлоб расиданд.
Қисми дигари аскарони сурх, ки ба самти Кӯлоб ҳаракат мекарданд, аниқтараш барои дастгирии амири гуреза мешитофтанд, 23 феврал Кофарниҳон ва 24 феврал Файзободро ба даст дароварданд. Ин маҳалҳо, дар навбати худ барои ҳаракат кардан ба сӯйи Кӯлоб ва Қаротегин нуқтаҳои муҳимтарин ба ҳисоб мерафт. Амир ҳам ҳангоми гурехтан аз болои ҳамин маҳалҳо гузашта, ба воситаи кӯпруки Пули Сангин (ҳозира ҷойи истгоҳи барқии Норак) дарёи Вахшро убур намуда, ба сӯйи Кӯлоб гурехт.
Амир Олимхон ҳангоми гурехтан, аз қафои худ тамоми кӯпрукҳо, аз он ҷумла кӯпруки Пули Сангинро вайрон кард, Чунин ҳолат ҳаракати қисмҳои аскарони сурхро душвор гардонид. Барои аз нав барқарор намудани Пули Сангин 9 март аз Душанбе мутахассисон фиристода шуданд. Барқарор намудани кӯпрук дар ҳолати мураккаби ҷангӣ, идомаи тирпарронии тарафайн мегузашт.
Аз Файзобод қисмҳои аскарони сурх боз ба ду самт: самти Қаротегин ва самти Кӯлоб тақсим шуданд. Қисмҳое, ки бояд ба сӯйи Кӯлоб ҳаракат мекарданд, дар назди Пули Сангин камин гирифта, ҳар лаҳза ба ҳуҷум гузашта, интизори аз нав барқарор намудани кӯпрук буданд. Қисмҳое, ки ба самти Қаротегин ҳаракат мекарданд, 13 март ба роҳ баромаданд. Онҳо дар роҳи Файзобод — Оби Гарм муқобилияти отряди Нурулло тӯқсаборо бартараф намуда, 16 март Оби Гармро забт намуданд.
18 марти соли 1921 қисмҳои аскарони сурх, баъди каме истироҳат, аз Оби Гарм ба сӯйи Ғарм ҳаракат карданд. Роҳ хело сербарф ва бо дараҳои танги кӯҳӣ мегузашт. Аскарони сурх бо чунин душвориҳо то ба деҳаи Муҷихарф, ки каме дуртар аз Ғарм воқеъ аст, омада расиданд. Дар наздикии Ғарм муҳорибаи сахттарин ба амал омад, ки дар он ҷо ба муқобили қисмҳои аскарони сурх отряди Кӯри Шермат ва қӯрбошиҳои ӯ Нурмат мингбошӣ, Аскарполвон ва қӯшунҳои Фузайл Махсум меҷангиданд. Ин муҳориба низ ба фоидаи аскарони сурх анҷом ёфт. Кӯри Шермат бо дастаҳои боқимондаи худ ба сӯйи водии Олой гурехта, аз он ҷо боз ба Фарғона гузашт. Аскарони сурх 23 март бе муқобилияти ҷиддӣ дохили Ғарм шуданд. Онҳо дар Ғарм кумитаи инқилобиро бо сарварии Умаров ташкил доданд. Сарвари комиссияи озуқа Нусратулло Махсум таъин гардид. Охири моҳи март маркази бекигарии Дарвоз — Қалъаи Хумб ҳам аз тарафи аскарони сурх ишғол гардид. Дар ин ҷо ҳам кумитаи инқилобӣ ташкил ёфт. То 9 апрели ҳамон сол қисмҳои аскарони сурх, бо сардории Я.А. Мелкумов тамоми сарзамини бекигариҳои Қаротегин ва Дарвозро ба даст дароварданд. 14 марти соли 1921 баробари аз нав барқарор намудани кӯпруки Пули Сангин, қисмҳои аскарони сурх амалиётро ба сӯйи Кӯлоб давом доданд. Вақти аз дарёи Вахш гузаштани онҳо, аскарони амирӣ, ки дар он тарафи дарё буданд, аз ҷангҳои ҷиддии минбаъда даст кашида, ба ҳар сӯ пароканда шуда рафтанд. Ин имконият дод, ки аскарони сурх, аллакаӣ дар рӯзи дигар, яъне 15 март, соати 14-у 30 дақиқа Кӯлобро бе ҷанг ба даст дароранд. Вале амир Олимхон аллакаӣ дар Кӯлоб набуд. Вай ҳанӯз рӯзи чаҳоршанбе, 22 ҷумодӣ-ус-сонии соли 1339 ҳиҷрӣ (4 марти соли 1921 милодӣ), аз гузаргоҳи Дарқади назди Чубек дарёи Панҷ (ё худ дарёи Омуя)-ро гузашта, ба хоки Афғонистон дохил шуд.1
16 март дар Кӯлоб гирдиҳамойии серодам ба вуҷуд омад. Дар он ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузаштани ҳокимият эълон гардид. Чунин кумитаҳо дар Мӯъминобод (бо сарварии Саидҷон Назаров), Ховалинг (бо сарварии Мирҷон Акобиров), Сари Хосор ва дигар ҷойҳо ташкил ёфт. Вале ташкил намудани кумитаи инқилобӣ дар Балҷувон нисбатан кашол ёфт. Зеро, беки Балҷувон Давлатмандбий аз мавқеи кӯҳии мулки худ истифода бурда, ба муқобили аскарони сурх муборизаро давом дод. Аммо вай ҳам дуру дароз истодагарӣ карда натавонист. 20 март қисмҳои аскарони сурх Балҷувонро ба даст дароварда дар ин ҷо ҳам кумитаи инқилобиро ташкил карданд. Дар Кӯлоб инчунин Кумитаи Инқилобии вилоятӣ ташкил дода шуд, ки ба он кумитаҳoи инқилобии Балҷувон, Ховалинг ва Саройи камар итоат мекарданд.
Ҳамин тавр, аз моҳи декабри соли 1920 то апрели соли 1921, дар натиҷаи амалиётҳои ҷангии аскарони сурхи Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор дар тамоми сарзамини Бухорои Шарқӣ тартиботи амирӣ барҳам дода шуд ва ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳoи инқилобӣ гузашт. Бо ҳамин чорабиниҳои дар назди қисмҳои аскарони сурх, барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар тамоми сарзамини собиқ аморати Бухоро гузошташуда, пурра иҷро гардид.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!