Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 8


БОБИ VIII.
ТАЙЁРӢ БАРОИ САРНАГУН НАМУДАНИ ТАРТИБОТИ АМИРИИ БУХОРО (ОКТЯБРИ СОЛИ 1917-АВГУСТИ СОЛИ 1920)

§ 1. Тезутунд гардидани зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирии Бухоро

Дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадии аморати Бухоро барпо намудани тартиботи Шӯравӣ

Воқеаи дар маркази Русия — шаҳри Петроград сарнагун иамудани Ҳукумати Муваққатӣ ва дар маркази кишвари Туркистон — шаҳри Тошканд сар шудани ҳаракатҳои инқилобӣ ба зудӣ то ба маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро — Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, инчунин нуқтаҳои сарҳадӣ — Тирмиз, Каркӣ ва ғайра расид. Аз ҷумла хабари дар Петроград ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият аллакаӣ 28-уми октябри соли 1917, яъне дар рӯзи оғози шӯриши шаҳриёни Тошканд, то ба бошандагони Бухорои Нав гӯшрас шуд. Дар ин рӯз бо ташаббуси болшевик Полторатский ба тарзи таъҷилӣ ҷамъомади гурӯҳҳои демократии шаҳр гузаронида шуд ва дар он кумитаи инқилобӣ ташкил гардид. Ин кумита қарор дод, ки ҳукумати нави Русия — Ҳукумати Шӯравиро дастгирӣ мекунад. Рӯзи дигар — 29-уми октябр, Кумитаи инқилобӣ дар Бухорои Нав ба ихтиёраш гузаштани ҳокимиятро эълон кард. 31 октябр дар Чорҷӯйи Нав ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳо гузашт. Дар Тирмиз Кумитаи иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ дуру дароз муқобилият карда натавонист. Шӯрои Тирмиз низ 1 ноябр соҳиби ҳокимият шуд. Каме дертар дар Каркӣ ҳам ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳо гузашт.
Вале дар Бухорои Нав вазъият ба зудӣ тағйир ёфт. Зеро, баъди аз ин ҷо рафтани П.Г. Полторатский, ки 15 ноябри соли 1917 дар анҷумани Шӯроҳои кишварии Туркистон комиссари халқӣ оид ба меҳнат таъин шуд, мақоми болшевикон хеле суст гардид. Бинобар ин дар шаҳр амалан резидентсияи Русия ва комиҷроияи вилоятии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ, ки ба он П.П. Введенский ҳамчун комиссар сарварӣ мекард, ҳукмфармойӣ менамуданд. Эсеру меншевикон, ки дар Бухорои Нав нуфузи зиёд доштанд, низ муқобили ба ихтиёри болшевикон гузаштани ҳокимият дар марказ буданд. Аз ин рӯ, намояндагони ин ҳизбҳо низ дар атрофи П.П. Введенский боз ҳам муттаҳидтар гардиданд. Гурӯҳи болшевикии Бухорои Нав бо сабаби заифӣ қодир набуд, ки ба онҳо муқобилият нишон диҳад.
Вазъи Бухорои Нав ҳукумати нави болшевикии Туркистонро сахт ба ташвиш гузошт. Бо талаби онҳо шаби аз 28 ба 29 ноябри соли 1917 ҷамъомади таъҷилии Кумитаи инқилобии Бухорои Нав баргузор гашт. Дар он қарор карда шуд, ки комиссари вилоятӣ П.П. Введенский аз вазифааш озод карда шавад, комиҷроияи вилоятии Ҳукумати Муваққатиро барҳам дода, комиссарони онро дар тамоми маҳаллаҳои руснишин аз вазифаашон озод намоянд. Мувофиқи қарори ин ҷамъомад ҳокимият дар тамоми маҳаллаҳои руснишини аморат ба ихтиёри Шӯроҳо ва Кумитаи муваққатии инқилобӣ, ки дар он ҷамъомад ташкил гардида буд, гузашт. Кормандони резидентсия ин қарорро қабул накарданд. Дар натиҷа бинои он аз тарафи аскарони сурх бо штурм забт гардид.2-7
15-20 декабри соли 1917 дар Бухорои Нав анҷумани II Шӯроҳои маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро барпо гардид.
Вай дар ин маҳаллаҳо барҳам додани кумиҷроияи вилоятии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ ва резидентсияро маъқул шуморида, ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро ба қонуният даровард.
Анҷумани II Шӯроҳо органи иҷроияи маҳаллаҳои руснишини аморат — Шӯрои Комиссарони Халқиро ташкил дод, ки ба ҳаӣати он ду нафар аз намояндагии Шӯрои Бухорои Нав ва якнафарӣ аз Шӯрои Чорҷӯйи Нав, Тирмиз ва Каркӣ дохил гардида буданд. Анҷуман, бо мақсади муттаҳид гардонидани фаъолияти пролетариати рус ва мусулмон, ба он як нафар коргари мусулмонро низ тавсия кард.

Тезутунд гардидани зиддияти барҳам баӣни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирии Бухоро

Баъди дар Бухоро додани резидентсия, барои Ҳукумати Шӯравӣ, алалхусус барои Ҳукумати Шӯравии кишвари Туркистон яке аз масъалаҳои мураккабтарин ин масъалаи муносибат бо ҳукумати амирии Бухоро буд. Аз ин рӯ анҷумани II Шӯроҳои маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро, бо мақсади аз нав ба роҳ мондани муносибатҳои байнидавлатӣ бо аморати Бухоро, аз номи Давлати Шӯравӣ Коллегияро оид ба корҳои Бухоро иборат аз намояндагони Шӯроҳои Бухорои Нав, Чорҷӯйи Нав ва Тирмиз — В.С. Уткин, М.А. Преображенский ва Б.М. Баржанов ташкил дод. Аммо ин коллегия ягон кор карда натавонист. Зеро, ҳукумати амирӣ на танҳо ин коллегияро, балки умуман Ҳукумати Шӯравиро, аз ҷумла дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадии аморат барпо гардидани чунин ҳукуматро низ нашинохт. Аз ҳамин сабаб ҳам як муддат вазифаи резидентро (яъне, баъди барҳам додани он), на коллегия, балки намояндаи фавқулоддаи Ҳукумати Шӯравӣ оид ба корҳои Бухоро иҷро намуд.
29 ноябри (12 декабри) соли 1917 сарвари ҳукумати кишвари Туркистони Шӯравӣ Ф.И. Колесов ба амири Бухоро Саид Олимхон барқия (телеграмма) фиристода, дар он таъкид намуд, ки Ҳукумати Шӯравӣ ба тарзи қатъӣ принсипҳои нисбат ба давлатҳои хурд эълон намударо риоя менамояд. Мувофиқи он таъкид мегардид, ки ҳангоми оромӣ дар сарзамини Бухоро, Ҳукумати Шӯравӣ тайёр аст бо ҳукумати амирӣ муносибати худро беҳтар намояд ва соҳибихтиёрии Бухороро ба тарзи расмӣ шиносад. Зеро, яке аз принсипҳои нисбат ба миллатҳои дигар эълон намудаи Давлати Шӯравӣ ҳам ин принсипи худмуайянкунии миллатҳо буд.83 Амалӣ гардидани ин принсип аз сиёсати пешгирифтаи Ҳокимияти Шӯравӣ вобастагӣ дошт.
Вале ҳукумати амирии Бухоро бо Ҳукумати Шӯравӣ муносибати худро беҳтар карданӣ набуд. Бинобар ҳамин ҳам амир П.П. Введенскийро, ки аз тарафи Ҳукумати Шӯравӣ аз вазифааш озод карда шуд (зеро вай муқобили ҳукумати нав — Шӯравӣ буд), ба маслиҳатчии асосии худ табдил дод.
Ҳанӯз аввали декабри соли 1917 аз тарафи ҳукумати амирӣ ба номи Ҳукумати Шӯравӣ ду таҳдиднома (ултиматум) фиристода шуд. Дар таҳдидномаи аввал амир аз Ҳукумати Шӯравӣ талаб мекард, ки барои аз сӯйи Қаршӣ, ба воситаи Бухорои Нав, ба Бухорои Кӯҳна гузаронидани ғалла ягон хел мамониат накунанд. Дар таҳдидномаи дигар бошад амир талаб мекард, ки дар маҳаллаҳои руснишини аморат ба ҷадидон-ҷавонбухороиён паноҳгоҳ надиҳанд.
Ҳанӯз анҷумани II Шӯроҳо ба ин таҳдиднома дахл намуда, ба таҳдидномаи аввал ҷавоби қаноатбахш дода, таъкид намуд, ки ҳар гуна бор, ҳангоми аз Бухорои Нав гузаштан, танҳо бо мақсади нагузаронидани яроқ тафтиш карда мешаванд. Таҳдидномаи дуюмро бошад анҷуман рад намуд. Баръакс он анҷуман аз ҳукумати амирӣ ба тарзи қатъӣ талаб намуд, ки дар дохили аморат ҳам ба ҳар гуна таҳдид ва қатли мардум, аз он ҷумла ҷавонбухороиён, хотима диҳад.
Вазъият дар дохили Бухоро баъд аз пароканда намудани намойиши апрелии (соли 1917) ҷавонбухороиён ҳамоно мураккаб буд. Гурӯҳи хурди иртиҷопарастон, бо сарварии мулло Қутбиддин, ба сари қудрат баромада, ба ҳукумати амирӣ танҳо ҳабсу қатли муқобилонро тавсия мекарданд. Намояндагони ин гурӯҳ, шахсони бегуноҳро низ «ҷадид» гӯён дастгир намуда, нисбаташон худсарона ҷазо муайян мекарданд, ё худ аз онҳо ба фоидаи худ маблағе меситониданд. Бедодгарии ин гурӯҳ, норозигии мулло ва мударрисони пешқадами Бухоро, пеш аз ҳама мулло Икромча ва паӣравони ӯро ба вуҷуд овард. Маҳз бедодгарии мулло Қутбиддин аввали январи соли 1918 сабабгори ҷамъомади эътирозии бухороиён дар майдони Регистони шаҳри Бухорои Кӯҳна гардидааст, ки дар он зиёда аз ҳазор нафар мардум иштирок намудаанд. Қисми зиёди онҳо аз сари қудрат дур кардани гурӯҳи мулло Қутбиддинро талаб кунанд, қисми дигар масъалаи аз мансаб озод намудани қозикалон Бурҳониддинро гузоштанд.
Вале ҳукуматдорони аморат тавонистанд бо зудӣ ташаббускорони ҷамъомадро аз шаҳр бадарға намуда, худи ҷамъомадро пароканда намоянд.
Ҳамин тавр дар охири соли 1917 ва аввали соли 1918 зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирии Бухоро рӯз аз рӯз боло мегирифт. Дар дохили аморат тарафдорони тартиботи ҳамонвақтаи амирӣ нисбат ба муқобилони худ — махсусан ҷавонбухороиён, ягон гузашт карданро намехостанд. Ҳангоми мавҷуд будани чунин вазъи мураккаб таҷовузи Колесов ба амал омад.

§ 2. Таҷовузи Колесов ва оқибатҳои он

Сабабҳои таҷовуз

Қисми зиёди ҷавонбухороиён, махсусан аксари сарваронашон, дар аввал аз сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатии буржуазии Русия ғамгин гардида буданд. Зеро, боварии онҳо нисбат ба он ҳукумат хело зиёд буд. Инак, дар замоне, ки зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирӣ боло мегирифт, вазъияти ҷавонбухороиён боз ҳам душвортар гардид. Чунки, ҷавонбухороиён баъди моҳи апрели соли 1917 аксаран имконияти дар Бухорои Кӯҳна осойишта зистанро аз даст дода, муваққатан дар Бухорои Нав қарор гирифта буданд. Вале дар ин ҷо ҳам, агарчанде Ҳукумати Шӯравӣ ҳукмронӣ мекард, онҳоро ҷосусони амирӣ ором намегузоштанд. Бинобар ин ба сарварони ҷавонбухороиён зарур буд, ки муносибати худро нисбат ба Давлати Шӯравӣ муайян намоянд. 84 Дар ин ҷо онҳо бе ягон калавиш ба тарафи Шӯроҳо гузаштанд. Зеро, оштишавии ҷавонбухороиён бо амирпарастон ғайриимкон буд. Ба ғайр аз ин ҷавонбухороиён шод буданд, ки зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва аморати Бухоро рӯз аз рӯз боло мегирад.
Инак, ҷавонбухороиён аз бологирии зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва аморати Бухоро истифода бурданӣ шуданд. Пеш аз ҳама вазъият онҳоро маҷбур намуд, ки дар атрофи Кумитаи Марказии (мувофиқи маълумоти дигар кумитаи иҷроияи) ҳизби худ, ки ҳанӯз марти соли 1917 ташкил ёфта буд, муттаҳид бошанд. Онҳо вазъиятро борҳо муҳокима намуда, ба хулосае омаданд, ки минбаъд, дар масъалаи Бухоро бо якҷоягии ҳукумати Туркистони Шӯравӣ амал кунанд. Дар яке аз ҷамъомадҳои Кумитаи Марказии ҳизби ҷавонбухороиён, бо таклифи аъзои коллегияи оид ба корҳои Бухоро З.И. Преображенский, қарор карда шуд, ки аъзои Кумитаи Марказӣ Ф. Хоҷаевро чун сарвари ҳайъати намояндагӣ, барои гуфтушунид бо сарвари ҳукумати Туркистони Шӯравӣ Ф.И. Колесов, ба Тошканд фиристанд. 6 декабри ҳамон сол ҳайъат ба Тошканд омад. Ҳангоми гуфтушунид Ф. Хоҷаев Ф.И. Колесовро бовар кунонидааст, ки ҷавонбухороиён гӯё дар дохили Бухоро 30 ҳазор нафар шахсони ба худ содиқ, аз он ҷумла 4 ҳазор нафар шахсони мусаллаҳ доштаанд. Ҳамаи онҳо гӯё интизори фармон ё худ ишорае будаанд. 85
Намояндаи ҷавонбухороиён, инчунин аз сарвари ҳукумати Туркистон барои мусаллаҳ намудани тарафдорони худ аслиҳа пурсид.
Ҳамин тавр дар рӯзнома масъалаи бо қувваҳои муттаҳидаи Туркистони Шӯравӣ ва ҷавонбухороиён сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро меистод. Ин масъала дар баӣни қариб тамоми сарварони ҳизбию шӯравии кишвари Туркистон ҳамовозӣ пайдо кард. Комиссари фавқулоддаи Шӯрои Комиссарони Халқии Федератсияи Русия дар Осиёи Миёна П. Кобозев ҳам онро маъқул шуморид.

Оғоз, рафти амалиёти ҷангӣ ва оқибатҳои он

Аз тарафи аскарони сурх маҳв намудани Мухторияти Қӯқанд 22 феврали соли 1918 ҳалли масъалаи Бухороро тезонид. Вале ба сарвари ҳукумати Туркистон Ф.И. Колесов лозим омад, ки пеш аз ҳалли ин масъала хурӯҷи дивизиони туркманиро хомӯш намуда, онҳоро беяроқ гардонад.
Инак, 28 феврали соли 1918 Ф.И. Колесов, ҳангоми бозгашт аз Ашқобод, дар истгоҳи роҳи оҳани Бухорои Нав ҳозир шуд. Омадани ӯ бо кори анҷумани ҳизби ҷавонбухороиён мувофиқ омад. Дар истгоҳ Ф.И. Колесов бо намояндагони анҷуман, бо сарварии Ф. Хоҷаев сӯҳбат намуд ва дар ҳамин сӯҳбат қарор карда шуд, ки масъалаи Бухороро 1-3 марти ҳамон сол, бо гуфтушунид бо амир оғоз намоянд. Вай инчунин ба ҷавонбухороиён фаҳмонд, ки бо ҳамроҳии худ тахминан 200-300 камон ва миқдори ба он зарур тир дораду халос. Худи Ф.И. Колесов бошад ба Бухорои Нав тақрибан бо 50 нафар посбонони шахсиаш чун посбони раиси ҳукумат омада буду халос. Дар ихтиёри ӯ дигар ягон хел қувва набуд. Ҷавонбухороиён низ дар атрофи худ фаъолони зиёд надоштанд. Онҳо метавонистанд дружинаеро иборат аз 200-300 нафар асосан аъзоёни ҳизб ташкил диҳанду халос. Вале онҳо ба чунин ҳолат аҳамият надода, аз омадани Ф.И. Колесов рӯҳбаланд гардида, барои роҳбарии шӯриш, бо сарварии Ф. Хоҷаев Кумитаи инқилобиро ташкил доданд.
Ҳамон рӯзи 28 феврал, бо имзои Ф.И. Колесов — чун раиси ҳукумати Туркистон ва Ф. Хоҷаев — чун раиси Кумиҷроияи ҳизби ҷавонбухороиён, ба номи амир Олимхон мактуб, аниқтараш таҳдиднома (ултиматум) фиристода шуд. Дар он аз амир талаб карда мешуд, ки ӯ дар муддати 24 соат бояд ҳукуматашро пароканда намуда, идоракунии мамлакатро ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи ҳизби ҷавонбухороиён супорад. Ҳукумати нав аз ҷумлаи ҷавонбухороиён, гӯё бо розигии амир ташкил карда мешавад.86 Яъне, мувофиқи ин таҳдиднома амир дар мансабаш як муддат нигоҳ дошта мешуду, вале ӯ бояд аз рӯйи хоҳиши ҷавонбухороиён амал мекард.
Амир Олимхон бо мақсади ба иштибоҳ гузоштани Ф. И. Колесов ва Ф. Хоҷаев, қушбегӣ Мирзо Низомиддини Урганҷиро, ки душмани қаттоли ҷавонбухороиён буд, аз мансабаш озод намуда, ба ҷойи ӯ Усмонбекро қушбегӣ таъин намуд. Рӯзи 1 март вай ба таҳдиднома ҷавоб гардонд, вале барои аз ҳисоби ҷавонбухороиён ташкил додани ҳокимият розӣ нашуд.
Дар натиҷа 2 марти соли 1918 ҷанги баӣни қӯшунҳои Колесов ва амир сар шуд, ки он дар таърих бо номи «таҷовузи Колесов» маълум аст. Миқдори умумии қӯшунҳои Колесов, ба ғайр аз посбонони шахсиаш, тақрибан 450-500 нафарро ташкил медоданду халос. Аз ин ҳисоб тахминан 200 нафарро дружинаи ҷавонбухороиён ва тахминан ҳамон миқдори дигарро отряди ҷангии коргарони Бухорои Нав ташкил медоданд. Миқдори сарбозон ва фидоиёни амир ҳанӯз дар рӯзи якуми ҷанг нисбат ба қӯшунҳои Колесов хело сершумор буданд. Вале ба чунин бартарӣ нигоҳ накарда, натиҷаи рӯзи аввали ҷанг ба фоидаи отряди Колесов буд. Онҳо ҳатто ду тӯпи амирро ғанимат гирифтанд. Роҳбари умумии қӯшунҳои амир Мирзо Низомиддинхоҷаи Урганҷӣ аз майдони ҷанг гурехт.
Натиҷаи рӯзи аввали ҷанг амирро ба воҳима гузошт. Амир Олимхон бо мақсади ба иштибоҳи нав гузоштани Колесов, рӯзи дигар — 3 март ба назди ӯ ҳайъати намояндагии худро, бо сарварии қушбегӣ Усмонбек, барои музокира фиристод. Онҳо ба Колесов нусхаи фармони ислоҳоти ҳанӯз 2 март имзо намудаи амирро нишон доданд, ки мувофиқи он амир гӯё дар аморат ислоҳоти васеъ мегузаронад; аз ҳисоби мардуми доно, пеш аз ҳама ҷавонбухороиён ҳукумати нав ташкил менамояд ва ғайра. Дар рафти музокирот ҷавонбухороиён талаби нав — беяроқ гардонидани сарбозони амирро гузоштанд. Тарафи амир бо дили нохоҳам ин талабро ҳам қабул кард. Аз тарафи Ф.И. Колесов, барои назорати беяроқшавии сарбозони амир, гурӯҳе аз 22 нафар, бо сарварии В.П. Уткин фиристода шуд, ки қариб ҳамаи онҳо дар Арки Бухоро дар таҳхонаи қушбегӣ, ба тарзи ваҳшоният кушта шуданд.
Ф.И. Колесов ва Ф. Хоҷаев нисбати гуфтушунид зиёда боварӣ ҳосил карда, интизори расидани хабари беяроқшавии сарбозони амир буданд. Вале амир аз фурсати бадастдароварда, зеро рӯзи 3 март амалиёти ҷангӣ набуд, самаранок истифода бурда, ба муқобили қувваи камшумори Колесов, аллакаӣ 4 март тақрибан 35 ҳазор нафарро, бо сарварии Салимбек, гузошт. Сарбозони амир дар як вақт ба вайрон намудани роҳи оҳани атрофи Бухорои Нав шурӯъ намуданд.
Дар натиҷа, ҳамон рӯзи 4 март Колесов дар ҳолати ногувор монд. Лавозимоти ҳарбии ӯ дар арафаи тамомшавӣ буд. Вайронии роҳи оҳан умеди вайро аз ҳар гуна кӯмаки беруна канд. Бинобар ин он рӯз қӯшунҳои Колесов, ягона бартарии худ, ки тӯпҳо буданд, истифода бурданд. Вале тири тӯпҳо ҳам ба нишон намерасиданд. Ҷанги рӯзи 5 март ҳам барои онҳо хеле душвор буд. Ниҳоят, шаби аз 5 ба 6 март Колесов маҷбур шуд, ки роҳи оҳани вайронаро таъмир намуда, оҳиста-оҳиста ба сӯйи Қизилтеппа ҷангкунон ба қафо гардад. Бо ҳамроҳии Колесов тамоми мардуми русзабони Бухорои Нав ҳам ба роҳ баромаданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, шумораи умумии мардуми бо ҳамроҳии Колесов рафта ба 8-10 ҳазор нафар мерасид.
11 март, яъне дар муддати 5 рӯз, Колесов бо душвориҳои зиёд то ба Қизилтеппа расид. То ин лаҳза вай аз амир борҳо сулҳро хоҳиш намуд. Вале ҳар бор аз тарафи амир талаби пеш аз гуфтушунид ба ихтиёри ӯ додани сарварони ҷавонбухороиён, аз ҷумла Ф. Хоҷаев, А. Фитрат ва М. Бурҳонов садо медод. Танҳо хабари аз Тошканд омадани қувваи имдодия ба Колесов ва ҳамроҳони ӯ рӯҳияи тоза бахшид. 17 март аз тарафи қувваҳои муттаҳидаи отряди Колесов ва қувваҳои навомада яке аз шаҳрҳои калонтарини аморат — Кармина забт карда шуд.
25 марти соли 1918 дар Қизилтеппа баӣни аморати Бухоро ва Туркистони Шӯравӣ сулҳ имзо гардид. Мувофиқи он тарафайн ӯҳдадор шуданд, ки шартномаи соли 1873-и баӣни Бухоро ва Русияро риоя кунанд, асиронро иваз намоянд. Ҳукумати амирӣ барои шинохтани Давлати Шӯравӣ ва эътирофи чунин ҳокимият дар маҳаллаҳои руснишини аморат ваъда дод. Инчунин ҳукумати амирӣ розӣ шуд, ки роҳи оҳани ваӣронкардаашро таъмир намояд, аскарони худро аз 12 ҳазор нафар зиёд накунад, ба ихтиёри ҳукумати Туркистон 100 вагон ғалла фиристад ва ғайраҳо.
Ҳамин тавр зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва аморати Бухоро, ки ниҳоят ба ҷанг оварда расонид, ба охир расид. Ин ҷанг ба ҳар ду тараф зарари моддию маънавӣ ва талафоти ҷонии зиёдро овард. Бегуфтугӯ он натиҷаи хатогии ҷиддии сарварони ҳизби ҷавонбухороиён ва Туркистони Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан, баъди он ҷанг сарзамини Бухоро ба як кушишхона табдил ёфта буд.
Таҷовузи Колесов диққати ҳукумати Англияро низ ба худ ҷалб карда буд. Зеро он ба муқобили Давлати Шӯравӣ ба ҷанги қатъӣ тайёрӣ медид. Инак, баъди ин таҷовуз, бо мақсади дурусттар огоҳ гардидан аз воқеаҳои Осиёи Миёна, баҳори соли 1918 вай дар Қошғари Хитой ва Машҳади Эрон миссияи худро кушод. Аз ҷумла, ба миссияи қошғарӣ дар солҳои аввал П.Ф. Эссертон сарварӣ намуд, ки вай душмани қаттоли Ҳукумати Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Ниҳоят, дар замоне, ки зиддияти баӣни Давлати Шӯравӣ ва ҳукумати амирӣ давом дошт, ҷавонбухороиён бо мақсади сарнагун намудани тартиботи амирӣ ҳизбҳои худро бунёд намуданд.

§ 3. Ҳизби Коммунистии Бухоро ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ

Ҳизби Коммунистии Бухоро

Баъд аз таҷовузи Колесов барои ҷавонбухороиён на танҳо дар сарзамини аморати Бухоро, ҳатто дар Бухорои Нав, ки шаҳри русӣ ҳисоб мешуд ва дар идоракунии ҳукумати Туркистони Шӯравӣ буд, зистан ғайриимкон гардид. Зеро фиристодагони ҳукумати амирӣ ҳар лаҳза ба ҷони онҳо қасд мекарданд. Аз ин рӯ ҷавонбухороиён маҷбур шуданд ки барои халосии ҷони худ ба дарунтари кишвари Туркистон ҳиҷрат намоянд. Аксарияти онҳо бо ҳамроҳии Кумитаи марказии ҳизби худ ба шаҳри Тошканд кӯшиданд.
Дар шаҳри Тошканд дар баӣни ҷавонбухороиён, оиди сабабҳои фоҷиаи содиршуда яъне таҷовузи Колесов баҳсу мунозираҳо авҷ гирифт. Дар натиҷа на танҳо Кумитаи марказии ҳизби ҷавонбухороиён, балки худи ҳизб ҳам ба гурӯҳҳо тақсим шуд. Яке дигареро барои фоҷиаи содиршуда гунаҳкор меҳисобид.
Вазъи онвақтаи Тошканд низ чандон беҳтар набуд. Гуруснагӣ, бараҳнагӣ ҳукмфармо буд. Ҳизбҳои гуногун — болшевикон, меншевикон, эсерҳо ва ғайра, инчунин гурӯҳҳою ҷамъиятҳои гуногун амал мекарданд. Албатта ин ҳама ба фаъолияти ҷавонбухороиён бетаъсир намонд.
Ҷавонбухороиён дар шаҳри Тошканд бо фаъолияти ҳизбҳои гуногун шинос шуданд. Вале диққати онҳоро дар аввал бештар ҳизби эсерҳо ба худ ҷалб кард. Зеро, ин ҳизб, ки асосан ҳимояи манфиати деҳқононро мақсади худ қарор дода буд ва аксари мардуми аморати Бухоро ҳам деҳқонон буданд, бинобар ин, бо андешаи ҷавонбухороиён барномаи ҳизби эсерҳо ба шароити Бухоро бештар мувофиқат менамуд. Дар натиҷа, баҳори соли 1918 як гурӯҳи ҷавонбухороиён бо сарварии Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Ато Хоҷаев ва Қорӣ Ғулом аз ҳайъати ҳизби ҷавонбухороиён баромада, дар асоси барномаи эсерони чап ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчиро бунёд намуданд87.
7 июли соли 1918, баъди сӯиқасд ба ҷони сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В.И. Ленин, ҳизби эсерони чап аз тарафи Давлати Шӯравӣ маҳв карда шуд. Ин воқеа ба тарафдорони туркистонӣ ва бухороии ин ҳизб низ бетаъсир намонд. Аниқтараш фаъолияти онҳо низ манъ карда шуд. Дар натиҷа дар ҳайъати ҳизби навбунёди ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчӣ боз ҷудоӣ ба амал омад.
25 сентябри соли 1918 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади 86 нафар собиқ аъзоёни ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчӣ барпо гардид. Дар он ҳозирон қарор карданд, ки онҳо аз ҳайъати ҳизб ва аз мавқеи эсерҳои чап баромада ба мавқеи ҳизби болшевикӣ мегузаранд ва ҳизби навро бо номи «Ҳизби ҷавонбухороиён — коммунистон- болшевикон» бунёд мекунанд. Ин ҳизб инчунин бо номи ҳизби сотсиалистӣ ва инқилобчии ҷавонбухороиёни Бухоро (коммунистон- болшевикон) низ дучор меояд.
Дар ҳамон ҷамъомад кумитаи марказии ҳизби нав интихоб гардид, ки раисаш Азимҷон Ёқубов Ёқубзода ва ҷонишинаш Муҳаммад Қулмуҳаммадов ба ҳисоб мерафтанд.
Ҳамин тавр ҳизби коммунистии Бухоро (ҲКБ) ташкил ёфт. Он дар шаҳрҳои Самарканд, Бухорои Нав, Бухорои Кӯҳна, Чорҷӯйи Нав, Каттақӯргон, Каркӣ ва дигар ҷойҳо шӯъбаҳои худро дошт. Аз ҷумла ба шӯъбаи дар шаҳри Бухорои Кӯҳна буда Абдуллохоҷа Тӯраев сарварӣ менамуд, ки ӯ минбаъд яке аз қаҳрамонҳои мусбати романи «Дохунда»-и С. Айнӣ гардид.
23 октябри соли 1918 дар маҷлиси навбатии кумитаи марказии ҳизби коммунистии Бухоро барномаи ҳизб қабул карда шуд. Мувофиқи он ҳизб бояд: барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухоро ва бунёди ҷумҳурии халқӣ; мусодираи замини амиру бекҳо ва дар баӣни деҳқонон тақсим намудани онҳо; ба ҷойи суди қозигӣ ҷорӣ намудани суди интихобӣ; баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо, занҳо ва мардҳо, озодии сухан, матбуот; таълиму табобати бепул ва ғайраҳо мубориза мебурд. Ин барнома дар асоси барномаи ҳизби болшевикони Русия, (яъне ҲКб Русия) тартиб дода шуда буд.
Аз 30 май то 11 июни соли 1919 дар шаҳри Тошканд анҷумани якуми (муассисони) ҳизби коммунистии Бухоро барпо гардид. Он дар қатори ҳисоботи кумитаи марказӣ, ҳисоботи шӯъбаҳои ҳизб, маърӯзаро дар бораи барномаи ҳизб низ шунид. Вале анҷуман барномаи 23 декабри соли 1918 қабул кардаи кумитаи марказии ҳизбро маъқул нашуморид ва такмили онро ба ӯҳдаи М. Бурҳонов ва А. Фитрат гузошт.
2 июли соли 1919 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна шӯриши калонтарини косибон ва ҳунармандон ба амал омад, ки дар он қариб 15 ҳазор нафар иштирок намуданд. Шӯриш бо ташаббуси шӯъбаи дар шаҳр доштаи ҳизби коммунистии Бухоро тайёр карда шуда буд. Шӯришгарон ба муқобили тороҷгарии амалдорони амир баромада, дар аввал дар Регистони майдони назди Арк Бухорои Кӯҳна ҷамъ омада, аз амир бекор намудани андози аминона ва аз вазифа озод намудани ҳамаи амалдорони тороҷгар; ба тартиб даровардани андозҳои боқимонда ва ғайраро талаб карданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки то ҳол амир аз аҳволашон хабар надорад ва аз ин рӯ ба меҳрубонии вай боварии комил доштанд. Инак, шӯриш аз тарафи сарбозони амир пароканда карда шуд. Аз 2 то 12 июни ҳамон сол қариб 5 ҳазор нафар, бо баҳонаи иштирок дар шӯриш, ҳабс гардиданд. Аз ҷумлаи онҳо 63 нафарашонро дар майдони Регистони шаҳр қатл намуданд. Дар баӣни ҳабс ва қатлшудагон аъзоёни ҳизб низ буданд. Ин ҳодиса аз ҳизби коммунистии Бухоро дар амалиёти минбаъда ҳушёрии ҷиддиро талаб мекард.
26-27 июли соли 1919 дар Тошканд анҷумани II ҳизби коммунистии Бухоро ҷамъ омад. Он ба хулосае омад, ки баӣни ҳукумати амирии Бухоро ва Ҳукумати Шӯравӣ муносибати дӯстӣ шуда наметавонад. Аз ин рӯ анҷуман аз Ҳукумати Шӯравӣ хоҳиш намуд, ки барои сарнагун намудани ҳукумати амирии Бухоро ба коммунистони Бухоро бештар ёрии моддӣ ва маънавӣ, махсусан барои мусаллаҳшавии яроқнок (? Т.А.) ёрӣ расонад. Анҷуман КМ-ро бо сарварии Наҷиб Ҳусаинови тотор (бо тавсияи сарварони Кумитаи кишвари Туркистонии ҳизби коммунистии (болшевикони) Русия, ки то ин вақт сарвари ташкилоти дар Бухорои Нав доштаи коммунистони хориҷӣ буд), интихоб намуд. Зеро, сарварони собиқаи ҲК Бухоро, пеш аз ҳама М. Бурҳонов ва А. Фитрат, бештар майли ба инобат гирифтани хусусиятҳои хоси Бухороро доштанд, ки чунин мавқеъ чандон ба тавсияҳо ва нишондодҳои КМ ҲК(б) Русия мувофиқат намекарданд. Бинобар ҳамин ҳам Н. Ҳусаиновро, ки то ин лаҳза бо ҲК Бухоро ҳеҷ алоқа надошт ва ин ҳизб гӯё ҳизби мустақил ҳисоб мешуд, якбора сарвари он таъин намуданд. Аз ҳисоби аъзоёни собиқаи КМ ҲК Бухоро ба ҳайъати нав танҳо М. Бурҳонов ва Усмонхӯҷа Пӯлодхоҷаев дохил шуданд.
29 июли соли 1919 маҷлиси якҷояи кумитаи кишвари Туркистонии ҲК(б) Русия, бюрои мусулмонӣ, бо иштироки намояндаи Федератсияи Русия дар хонигарии Бухоро, комиссари халқӣ оид ба корҳои ҷумҳурии Туркистон ва котиби вилояти Самарқандии ҲК Туркистон барпо гардид. Дар он фаъолияти ҲК Бухороро муҳокима намуданд. Хулосаи маърӯзаи сарвари КМ ҲК Бухоро Н. Ҳусаинов чунин буд, ки гӯё тахминан баъди 1,5 моҳ дар Бухоро инқилоб ба вуҷуд меояд. Дар он ҷамъомад резиденти Федератсияи Русия дар аморати Бухоро Печатников бо маърӯзаи иловагӣ баромад карда таъкид намуд, ки мардуми бечораи аморати Бухоро ҳанӯз дар ҷаҳолати карахтӣ аст, бинобар ин «барои ба муқобили ҳукуматдоронашон — вазирон, амалдорон ва муллоҳо бархезонидани онҳо аз гурӯҳҳои инқилобӣ корҳои зиёд ва дуру дарозро талаб мекунад… Ҳалқи меҳнаткаши деҳаҳои дурдаст умуман ба корҳои инқилобӣ кашида нашудаанд'».
Асосгузор ва сарвари ҲК(б) Русия В.И. Ленин ҳанӯз дар анҷумани VIII ин ҳизб марти соли 1919 гуфта буд:»…. Мо нисбат ба қирғизҳо, ӯзбекҳо, тоҷикҳо. туркманҳо барин халқҳое. ки то ҳол дар зери таъсири муллоҳои худ мебошанд, чӣ кор карда метавонем?… .Оё мо метавонем ба пеши ин халқҳо биёему «Мо истисморкунандагони шуморо аз сари гарданатон гирифта мепартоем» гӯем? Мо ин корро карда наметавонем, чунки онҳо тамоман дар зери итоати муллоҳои худ мебошанд. Дар ин ҷо сабр карда истодан лозим аст, то фалон миллат тараққӣ кунад ва пролетариат аз унсурони буржуазӣ ҷудо шавад, ки рафта-рафта ин тавр шуданаш ногузир аст'». Ин гуфтаҳо ба ҳолати ҳамонвақтаи мардуми Бухоро пурра мувофиқат мекунад.
Ё худ В.И. Ленин дар маърӯзаи худ дар анҷумани II Умумирусиягии ташкилотҳои коммунистии халқҳои Шарқ (22 ноябри соли 1919), ки дар он намояндаи ҲК Бухоро низ иштирок дошт, хусусияти вазифаҳои коммунистони мамлакатҳои Шарқро дар вақти ба муборизаи инқилобӣ ҷалб намудани деҳқонон муайян карда гуфта буд: «Вазифа — аз фаъолияти револютсионии оммаҳои меҳнаткашро, сарфи назар аз он, ки онҳо дар кадом дараҷа истодаанд, барои худфаъолӣ ва муташаккилӣ бедор кардан, таълимоти ҳақиқии коммунистиро, ки барои коммунистони мамлакатҳои пешқадамтар пешбинӣ карда шудааст, ба забонҳои ҳар як халқ тарҷима кардан, вазифаҳои амалиеро, ки фавран ба ҷо овардан ва дар муборизаи умумӣ бо пролетарҳои мамлакатҳои дигар як шудан иборат аст.
Вале дар фаъолияти амалии минбаъдаи ҲК Бухоро на хулосаҳои Печатников ва на тавсияҳои В.И. Ленин чандон ба инобат гирифта нашуд. Зеро, Турккомиссия, махсусан сарварони фронти Туркистон аллакаӣ дар мавқеи ҳар чӣ зудтар барҳам додани тартиботи амирии Бухоро буда, ба масъалаи ба инқилоб тайёр будан ва ё набудани мардуми аморат кам аҳамият медоданд.
Чуноне таъкид намудем, дар сарзамини аморати Бухоро нуқтаҳои муҳими аҳолинишин, ки қад-қади роҳи оҳан ба вуҷуд омада буданд, ё худ вуҷуд доштанд, ба монанди: Когон (Бухорои Нав), Чорҷӯйи Нав, Каркӣ ва Тирмиз аз ҷиҳати идоракунӣ дар ихтиёри ҳукумати Туркистони Шӯравӣ буданд ва мардуми ғаӣритаҳҷойиаш шаҳрванди Туркистон ё худ Русия ҳисоб мешуданд. Бинобар ин дар ин маҳаллаҳо дар баробари шӯъбаҳои ҳизби коммунистии Бухоро, инчунин ҳизби коммунистии Туркистон ҳам шӯъбаҳои худро дошт. Баъдтар (июни соли 1920) ин шӯъбаҳо ба маркази алоҳидаи вилоятии маҳаллаҳои руснишин муттаҳид шуданд.
Дар навбати худ ҲК Туркистон ва ҲК Бухоро дар зери назорати сахти ҲК(б) Русия буданд. ҲК Туркистон қисми таркибии ҲК (б) Русия ба ҳисоб мерафт. Бо мақсади боз ҳам аз наздиктар назорат намудани фаъолияти ин ҳизбҳо, чуноне аллакаӣ таъкид намудем, бо ташаббуси КМ ҲК(б) Русия ва Шӯрои Комиссарони Халқии Русия, моҳи октябри соли 1919 — Комиссияи Туркистонӣ Турккомссия ташкил карда шуд, ки ба ҳайъати он болшевикон Ш.З. Элиава (аввалин сарвари он), В.В. Куйбышев, М.В. Фрунзе, Я.Э. Рудзутак ва дигарон дохил шуданд. Мақсади асосии ин комиссия ҳам дар баробари назорат аз фаъолияти ҳизбҳои маҳаллӣ, инчунин кӯмаки амалӣ расондан ба онҳо ба ҳисоб мерафт.
Моҳи декабри соли 1919 дар Тошканд, бо ташаббуси Турккомиссия, дар аввал ҳамчун шӯъбаи он, Шӯрои ташвиқотии Байналмилал дар Шарқ Савинтерпроп ташкил ёфт, ки он дар як вақт ташкилоти маҳаллии Байналмилали Коммунистӣ низ буд. Вазифаи асосии Совинтерпроп — ҷорӣ намудани алоқа бо тамоми ҳизбҳо ва ташкилотҳои инқилобии Шарқ; ба он ҳизбҳо расонидани кӯмаки моддию маънавӣ; дар он ҷойҳое, ки ҳизбу ташкилотҳо вуҷуд надоранд ташкил додани онҳо; ниҳоят ҳамаи он ташкилоту ҳизбҳоро ба муборизаи муқобили империализми хориҷӣ ва истисморгарони дохилӣ ҷалб намудан иборат буд.
Яъне, чӣ Турккомиссия ва чӣ Совинтерпроп ба фаъолияти ҲК Бухоро назорат мекарданд ва ба он дар баробари ёрии моддию маънавӣ расонидан, инчунин супоришу тавсияҳо медоданд.
Аз 26 то 31 декабри соли 1919 дар шаҳри Тошканд анҷумани III фавқулоддаи ҲК Бухоро шуда гузашт. Дар он котиби КМ А. Фитрат ва раиси КМ Н. Ҳусаинов баромад карданд. Анҷуман қарор кард, ки бо мақсади васеъ намудани корхои инқилобӣ дар назди кумитаҳoи ҳизб шӯъбаҳои инқилобӣ ташкил диҳанд, корҳои ташвиқоту тарғиботиро инкишоф диҳанд.
Анҷуман баъд аз муҳокимаҳои тӯлонӣ таклифи А. Фитратро иборат аз 15 банд, ки он бо номи «Трактати А. Фитрат» маълум аст, қабул намуд. Мувофиқи он, бо мақсади дар аморат инкишоф додани ташвиқoти зиддиҳукуматӣ, вазифаҳои зерин пешниҳод карда шуд: рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, варақаҳо ва китобчаҳо нашр намуда, паҳн карда шавад; барои ба тарафи худ кашидани сарбозони амир мушарраф гарданд; дар назди КМ-и ҳизб ва шӯъбаҳои он кумитаҳoи инқилобӣ ташкил диҳанд ва ғайраҳо.
Анҷуман ҳаӣати нави КМ ҳизбро бо сарварии Н. Ҳусаинов интихоб намуд. Дар он А. Фитрат аз вазифаи котибии КМ истеъфо дод. Анҷуман тамоми ташкилотҳои ҳизбро вазифадор намуд, ки корҳои ташвиқотию тарғиботиро васеъ намоянд, аз ҳисоби инқилобчиён отрядҳои махсуси ҳарбӣ ва дружинаҳои ҷангӣ ташкил намоянд.

Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ва нуқтаҳои фарқкунандаи барномаи онҳо аз барномаи коммунистони Бухоро

Дар аввали соли 1920 — вазъияти Ҳукумати Шӯравии Русия нисбатан беҳтар гардид. Қувваҳои зиддишӯравӣ асосан шикаст хӯрданд. 2 феврали ҳамон сол хони Хева ҳам сарнагун карда шуд ва ба ҷойи он Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм ба вуҷуд омад. Баъд аз он аморати Бухоро дар Осиёи Миёна ҳамчун ягона такягоҳи қувваҳои зиддишӯравӣ монд.
Вазъияти баамаломада тамоми қувваҳои зиддиамириро, аз ҷумла қисми боқимондаи ҷавонбухороиёнро низ ба ҷунбиш даровард. Зеро, як қисми онҳо агарчанде ҲК Бухороро ташкил дода ба он дохил шуданд, қисми дигарашон худро ба канор гирифта, то ин лаҳза фаъолияти худро чандон нишон надодаанд. Аз ҷумла яке аз пешвоёни ин ҳаракат Ф. Хоҷаев ба Москва рафта, аз фаъолияти ҳизби ҷавонбухороиён то андозае канда шуда буд. Инак, январи ҳамон сол ӯ аз Москва ба Тошканд омад ва ҳизби ҷавонбухороиёнро аз нав ташкил дод. Дар ҷамъомади ҳизб, ки низ дар шаҳри Тошканд гузашт, «Бюрои марказии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ» интихоб карда шуд ва он бо номи дигар «Бюрои марказии Туркистонии ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ» низ маълум аст. Бюрои марказӣ муваққатан вазифаи КМ-ро иҷро мекард. Ҳамин тавр ҳизби нави ҷавонбухороиён номи ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчиро гирифт. Онҳо интихоби КМ-и ҳизбро то конфронси худ мавқуф гузоштанд.
Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ барномаи худро дошт, ки он аз тарафи худи Ф. Хоҷаев тартиб дода шуда буд ва конфронси ҳизбӣ 14 июни соли 1920 онро қабул намуд. Вале то ҳол нусхаи тасдиқгардидаи барнома ёфт нашудааст. Дар бойгонии ҳизбии шаҳри Тошканд нусхаи дастхати ин барнома вуҷуд дорад.1 Мувофиқи он маълум мегардад, ки ҳизб ҳамчун мақсад: барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва барқарор кардани ҷумҳурии халқӣ; барои баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо мубориза мебурдааст. Дар барномаи ҳизб оиди масъалаи дин таъкид мешуд, ки «дин ва шариат ифодакунандаи ҳақиқат ва ҳимоятгари камбағалон мебошад.» Бинобар ин ҳизб ният дошт дин ва шариатро ба муқобили ҳукуматдорони аморат ва капитализм истифода барад. Нисбати масъалаи замин ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ният дошт, замини дар ихтиёри амир, бекҳо ва дигар истисморгарон бударо мусодира намуда, онҳоро дар баӣни деҳқононе, ки дар ҳамон заминҳо кор мекарданд, тақсим намояд. Барои ба тарзи қатъӣ ҳал намудани масъалаи замин онҳо анҷумани деҳқононро даъват карданӣ буданд. Дар барнома, инчунин инкишофи саноат дар Бухоро, рӯзи кори 8-соата, инкишофи илму маданият ва ғайра дар назар дошта шуда буд. Мувофиқи он таълим дар мактабҳои ибтидоӣ бояд ба забони ҳамон халқе ҷорӣ карда мешуд, ки он халқ дар он маҳал аксариятро ташкил менамояд. Вале дар донишкадаҳои олӣ88 таълим бояд танҳо ба «забони адабии туркӣ» ҷорӣ мегардид. Тоҷикон, дар барнома яке аз қабилаҳои туркӣ ҳисоб карда мешуданд. Мувофиқи оинномаи ҳизб, барои аъзоёни гунаҳкор, ҷазои аз хориҷ намудан аз ҳизб то ҷазои қатл муайян карда шуда буд. Фарқияти ҷиддии барномаи ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ аз барномаи ҲК Бухоро дар он буд, ки барномаи коммунистон дар асоси барномаи ҲК(б) Русия тартиб ёфтааст ва аз ин рӯ худро қисми таркибии ин ҳизб ва ҷумҳурии ояндаи Бухороро ҳамчун қисми таркибии ҷумҳурии Туркистон ҳисоб мекард. Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ бошад худро ҳизби мустақил ва ҷумҳурш1 ояндаи Бухороро низ мустақил мешуморид. Такя ба дину шариат бошад, он ба ҷавонбухороиёни инқилобчӣ имконият медод, ки минбаъд мардуми зиёди аморатро ба тарафи худ кашанд. Зеро, ин нуқта дар барномаи коммунистон ҷой надошт. Баръакс, ба ақидаи пешвоёни ҲК Бухоро, дар аморат бо такя ба коргарон ва камбағалони шаҳру деҳот инқилоби сотсиалистӣ имконпазир будааст. Бо ақидаи пешвоёни ҷавонбухороиёни инқилобчӣ бошад, инқилоби Бухоро, бояд инқилоби халқии демократӣ бошад, ва дар он бояд доираи васеи мардуми Бухоро, ҳатто буржуазияи миёна ва хурд иштирок намоянд.
Ба вуҷуд омадани ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ боиси норозигии сарварони ҲК Бухоро гардид. Турккомиссия ҳам аз ба вуҷуд омадани ҳизби нав қаноатманд набуд. Бинобар ин коммунистони бухороӣ ва Турккомиссия дар аввал бо ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ҳамкориро намехостанд. Танҳо Совинтерпроп дар шароити аморат вуҷуд доштани чунин ҳизбро зарур шуморида, барои сарнагун намудани ҳукумати амирии Бухоро ҳамкории онҳоро бо коммунистон талаб кард.
Маҳз дастгирии Совинтерпроп барои амалиёти ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ илҳоми тоза бахшид. Ин ҳизб дар қатори Тошканд ва Москва, инчунин дар худи аморат: дар Бухорои Кӯҳна, Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Каркӣ, Шаҳрисабз ва дигар нуқтаҳо шӯъбаҳои худро дошт. Онҳо аз 15 апрели соли 1920 дар Тошканд ба нашри рӯзномаи худ — «Учқун» («Шарора») сар карданд, ки он моҳе ду маротиба, ба миқдори 5 ҳазор нусха, ба забони ӯзбекӣ нашр мешуд.
Ҳукуматдорони амирии Бухоро дар сарзамини аморат мисли пештара нисбати ҷавонбухороиён ва тарафдоронаш сиёсати таъқибкуниро давом медоданд. Дар шароити нав, яъне дар вазъи мавҷудияти ду ҳизби бухороӣ — ҲКБ ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ низ чунин сиёсат давом кард. Вале ноиттифоқии баӣни он ҳизбҳо, ки баъзан то ба ҷанҷолҳои байнихудӣ мерасид, баръакс ба амалдорони амирӣ имконият медод, ки аз фаъолияти махфиёнаи онҳо огоҳ гарданд. Аз ҷумла моҳи апрели соли 1920 ба амалдорони амир муяссар гардид, ки ба воситаи ҷосусони худ оиди фаъолияти шӯъбаи дар Бухорои Кӯҳна доштаи ҲК Бухоро огоҳӣ пайдо намуда, сарвари он инқилобчии матинирода — Абдуллохоҷа Тӯраевро дар қатори ҳамфикронаш ҳабс ва қисми зиёдашонро қатл намоянд.
Аз 28 июни соли 1920 КМ ҲК Бухоро, аввал дар Тошканд, баъд дар Бухорои Нав (Когон) ба нашри рӯзномаи худ «Кутулуш» (Озодӣ) сар кард. Ин рӯзнома ҳамчун рӯзномаи ҷамъиятию сиёсӣ ва адабӣ, ҳафтае ду маротиба, ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикии форсӣ, то 3 ҳазор нусха нашр гардида, бепул паҳн карда мешуд. Дар нашри ин рӯзнома С. Айнӣ (ӯ аъзои ҳизб набуд), Мунзим (А. Бурҳонов), А. Мухиддинов ва Ҳамдӣ (Абдусаидов) фаъолона иштирок намудаанд.
Сарварони ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ вазъияти мураккаби худ, махсусан мушкилоти молиявӣ, дастгирӣ накардан аз тарафи Турккомиссия ва ғайраҳоро ба инобат гирифта, ба сарвари ҲК(б) Русия В.И. Ленин бо мактуб муроҷиат намуда, аз ӯ хоҳиш намуданд, ки ҳизби онҳоро ба ҳайъати ҳизби худ қабул намояд. 29 июли соли 1920 ин муроҷиат дар маҷлиси бюрои ташкилии КМ ҲК(б) Русия муҳокима гардид ва бо сабаби он, ки асосҳои барномаи ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ба «идеалҳои коммунизм муқобил аст» аз қабулаш ба ҳайъати ҳизби худ даст кашид, вале даъват намуд, ки дар роҳи муборизаи инқилобӣ бо он ҳамкорӣ карда шавад.
3 августи соли 1920 дар маҷлиси васеи Турккомиссия, бо иштироки сарварони Совинтерпроп, ҲК Бухоро ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ масъалаи иттифоқи байни коммунистони Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобчӣ дида шуд. Ниҳоят, баъди баҳсҳои зиёд баӣни онҳо иттифоқи муваққатиро зарур шумориданд. Зеро, сарвари ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ Ф. Хоҷаев дар баромади худ таъкид намуд, ки «фарқияти барномавӣ то сарнагун намудани тартиботи амирӣ зарур аст. Чунки, дар барнома ҷой додани идеяи коммунизм қисми мардуми Бухороро аз роҳи инқилоб дур мекунад, бинобар ин, баробари ғалабаи инқилоб дар Бухоро, онҳо гӯё тайёранд дар рӯзи дигар ба ҳайъати ҲК Бухоро дохил шуда, барномаи онро кабул намоянд».
Анҷумани IV ҲК Бухоро (16-18 августи соли 1920 дар Чорҷӯйи Нав шуда гузашт) баъди баҳсу мунозираҳои зиёд иттифоқу ҳамкории коммунистони Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобчиро лозим шуморид. Ин анҷуман вазъиятро аз ҳар ҷиҳат муҳокима намуда, қувваҳои мавҷудаи инқилобии Бухороро барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ нокифоя ҳисобид ва «аз номи аҳолии мазлуми семиллионнафараи аморати Бухоро», «барои тезонидани инқилоби Бухоро», барои кӯмак ба Кумитаи Иҷроияи Байналмилали Коммунистӣ ва КМ ҲК(б) Русия муроҷиат намуд.
Ҳамин тавр, дар арафаи сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро ду ҳизби бухороиён вуҷуд дошт. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар ҳамон лаҳза, ҳизби коммунистони Бухоро гӯё 5 ҳазор нафар аъзо ва 20 ҳазор нафар хайрхоҳон, ҳизби ҷавонбухороиёни инкилобчӣ-800 нафар аъзо ва 10 ҳазор нафар хаӣрхоҳон доштаанд. Аммо дар баӣни худи ин ду ҳизб минбаъд ҳам иттифоқи мустаҳкам вуҷуд надошт. Вале онҳо боварии комил доштанд, ки барои сарнагун намудани ҳукумати амирӣ имконияти мукаммал надоранд. Аз ин рӯ сарварони ҳар ду ҳизб ҳам ҳар чӣ зудтар амалӣ гардидани мақсади асосии ҳизби худ, яъне сарнагун намудани тартиботи амириро дар кӯмаки беруна, пеш аз ҳама кӯмаки аскарони сурх медиданд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!