Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 7


БОБИ VII.
ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ
МАВҶУДИЯТИ ҶУМҲУРИИ МУХТОРИ ШӮРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТУРКИСТОН (СОЛҲОИ 1918—1924)

§ 1. Ташкил намудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон

Сабабҳои ба эълони мухторияти Туркистон розӣ шудани сарварони болшевикии ин кишвар

Чуноне дар боби аввала қайд кардем, баъди дар сарзамини кишвари Туркистон барпо намудани тартиботи шӯравӣ «Шӯрои исломия», «Шӯрои уламо» ва дигар намояндагони зиёиёни миллӣ аз сарварони болшевикон, ки дар кишвар ҳокимиятро ба дасти худ гирифта буданд, талаб карданд, ки ҳар чӣ зудтар «мухторияти Туркистон»- ро эълон кунанд. Дар ин роҳ мухториятчиёнро ҳатто як қисми эсерон, меншевикҳо ва ғайра низ дастгирӣ карданд. Ҳамон лаҳза ягона болшевикони кишвар ақидаи мухториятчиёнро рад намуда мегуфтанд, ки «Туркистон ба чунин марҳамат ҳанӯз омода нест». Вале намойишу гирдиҳамойиҳое, ки аз моҳҳои ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон дар зери шиори мухториятчиён, ё худ ба тарафдории талаби онҳо мегузоштанд, баъзе аз сарварони болшевикии кишварро маҷбур намуд, ки мавқеи худро оиди масъалаи мухторияти Туркистон тағйир диҳанд. Ин воқеаҳо исбот намуданд, ки талаби мухториятчиён дар баӣни мардуми кишвар, махсусан зиёиён хеле реша гузоштааст. Ба ғайр аз ин қариб дар тамоми шӯроҳои маҳаллию марказии кишвар эсерони чап ҳанӯз иттифоқчиёни асосии болшевикон ҳисоб мешуданд. Баъзан намояндагони ин ҳизб ҳам болшевиконро барои худдорӣ кардан аз эълони мухторияти кишвар сахт танқид мекарданд. Ё худ, баъзе намояндагони чи ҳизбию, чи ғайриҳизбӣ усули болшевикии идоракунии кишвари Туркистонро «идомаи идоракунии тарзу усули ҳукумати подшоҳӣ» меҳисобанд.
Ба ғайр аз ин на танҳо намояндагони ҳизбу ташкилотҳои гуногун, балки ҳатто баъзе аз ҷумлаи худи болшевикони кишвар сарварони худро барои ба таъхир гузоштани иҷроиши ҳуҷҷатҳои муҳими Давлати Шӯравӣ «Декларатсияи ҳуқуқи халқҳои Русия» ва «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ» сахт сарзаниш менамуданд.
Чунин вазъият сарварони болшевикии кишвари Туркистонро ба тарсу ҳарос гузошт. Бинобар ҳамин ҳам онҳо маҷбур шуданд, ки муносибати худро нисбати масъалаи «Мухторияти кишвари Туркистон» тағйир диҳанд. Аз ҷумла комиссари ҳукумати Туркистони шӯравӣ-болшевик П. Полторатский дар анҷумани Қӯқандии намояндагони коргарон ва аскарони мусулмон (охири декабри соли 1917) ва худи раиси ҳукумати шӯравии кишвари Туркистон Ф.И. Колесов дар анҷумани IV кишварии Шӯроҳо ( 25 январи соли 1918 ) ақидаи мухториятро рад накарда, дар бораи ташкил додани «Мухторияти пролетарии кишвар» сухан гуфтанд. Вале сарварони болшевикии кишвари Туркистон ҷуръат накарданд, ки дар ҳамон анҷумани IV Шӯроҳо мухторияти Туркистонро эълон кунанд. Аниқтараш ҳанӯз дар баӣни сарварони кишвари Туркистон нуфузи миллатчиёни рус зиёд буд, ки мегуфтанд «Туркистониён ҳанӯз ба мухторият омода нестанд». Ба ақидаи онҳо бояд интизор шуд, ки «пролетариати туркистонӣ аз буржуазияи маҳаллӣ пурра ҷудо гардад», баъд барои эълони мухторият шароит муҳайё мешавад. Инак, аввали баҳори соли 1918 гӯё барои эълони мухторияти кишвари Туркистон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардидаанд.

Эълони ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон

Охири моҳи марти соли 1918 сарвари Комиссариати халқӣ оид ба корҳои миллии Федератсияи Русия (ҶФШСР) И.В. Сталин ҳангоми сӯҳбати телефонӣ бо сарвари Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарони шаҳри Тошканд — болшевик И. Тоболин ҳар чӣ зудтар ислоҳ намудани камбудиҳои дар соҳаи сохтмони миллию давлатӣ ҷой доштаро талаб кард. Аввали моҳи апрели он сол ба ҳукумати Туркистон, ба воситаи барқия дастури дигари И.В. Сталин омада расид, ки дар он сохтмони мухторияти шӯравӣ муайян карда мешуд. Ин дастур сарварони болшевикии кишвари Туркистонро ба ташвиш гузошт. Онҳо дигар ба таъхир гузоштани эълони мухторияти Туркистонро барои мавқеъ ва мансаби худ хатарнок ҳисобида, анҷумани фавқулоддаи Шӯроҳои кишварро даъват карданд.
Аз 20 апрел то 1 майи соли 1918 дар шаҳри Тошканд анҷумани V фавқулоддаи Шӯроҳои кишвари Туркистон шуда гузашт. Дар кори он 86 нафар болшевикон, 70 нафар эсерони чап, 17 нафар меншевикҳои интернатсионалист, инчунин намояндагони ғайриҳизбӣ иштирок доштанд. 13 рӯз давом кардани кори анҷуман худ гувоҳи он аст, ки дар он дар баӣни болшевикону эсерони чап ва меншевикони интернатсионалист кашмакашиҳои хеле зиёд ба амал омадааст.
Ниҳоят, 30 апрел анҷуман дар ҳайъати Федератсияи Русия ташкил ёфтани Ҷумҳурияти Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (ҶМШСТ)-ро эълон кард, ки он тамоми ҳудуди собиқ генерал- губернаториро дар бар мегирифт. Худи ҳамон рӯз «Низомнома оид ба Ҷумҳурияти Мухтори Шӯравии Туркистон» низ тасдиқ гардид. Дар асоси ҳамин ҳуҷҷат анҷуман бори аввал Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Туркистонро дар баӣни анҷуманҳои Шӯроҳо ҳамчун органи олии давлатӣ интихоб намуд. Он аз 36 нафар: 18 нафар болшевикон ва 18 нафар эсерони чап иборат буд. Раиси КИМ болшевик П.А. Кобозев, ҷонишини аввали ӯ (раиси дуюм мегуфтанд) низ болшевик А.Ф. Солник интихоб шуданд. Ҳайъати Шӯрои Комиссарони Халқии (ШКҲ) ҷумҳурӣ такроран бо сарварии болшевик Ф.И. Колесов, иборат аз 8 нафар болшевикон ва 8 нафар эсерони чап, низ ташкил карда шуд. Дар ҳамин анҷуман яке аз хатогиҳои дар ташкили аввалин ҳокимияти шӯравии кишвар роҳ додашуда, ки аз ба корҳои давлатӣ ҷалб накардани намояндагони мардуми маҳаллӣ мебошад, қисман ислоҳ гардид. Аз ҷумлаи онҳо ба ҳайъати КИМ-7 нафар ва ба ҳайъати ШКХ -3 нафар дохил карданд.
15 октябри соли 1918 анҷумани VI фавқулоддаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Туркистон Қонуни асосии (Конститутсияи) ҶМШС Туркистонро қабул кард. Дар асоси он органи олии қонунбарори ҷумҳурӣ анҷумани Шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва деҳқонон ҳисоб мешуд. Органи олии доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ (дар баӣни анҷуманҳои Шӯроҳо) КИМ ба ҳисоб мерафт. Ҳокимияти иҷроия ва идоракунии ҷумҳурӣ ба ӯҳдаи Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) гузошта шуд.
ШКХ Туркистон дар навбати худ, яъне дар замони ҷумҳурии мухторӣ низ аз комиссариатҳои корҳои дохилӣ, хориҷӣ, ҳарбӣ, адлия, меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ, маориф, почта ва телеграф, оид ба корҳои миллатҳо, молия, роҳҳои алоқа, зироат, хӯрокворӣ, тандурустӣ, назорати давлатӣ ва Шӯрои Марказии хоҷагии халқ иборат буд. Органҳои федералӣ (марказӣ) ба фаъолияти ҶМШС Туркистон оиди корҳои хориҷӣ, ҳарбӣ, почта ва телеграф, роҳҳои алоқа ва молия на ин ки бевосита, балки ба воситаи комиссариатҳои соҳавии ҷумҳурӣ таъсири худро мерасониданд. Комиссариатҳои боқимондаи ҷумҳурӣ дар зери назорат ва роҳбарии бевоситаи КИМ Туркистон ва ШКХ он амал мекарданд.65
Минбаъд дар ҳайъати комиссариатҳои ҶМШС Туркистон тағӣиротҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз ҷумла соли 1919 комиссариатҳои оид ба корҳои миллатҳо, хориҷӣ ва ҳарбии он барҳам дода шуд. Соли 1920 комиссариати меҳнат ва таъминоти иҷтимоӣ ба ду комиссариати алоҳида тақсим гардид. Худи ҳамон сол дар назди ШКХ Кумитаи пахтаи Туркистон ташкил ёфт ва комиссариати роҳҳои алоқа барҳам хӯрд.
Дар асоси Конститутсияи соли 1918 ҳуқуқи интихоботӣ ва интихоб шудан ба Шӯроҳо аз синни 18 солагӣ дода мешуд. Касоне, ки аз меҳнати кироя истифода мебурданд, тоҷирони хусусӣ, миёнаравҳо, хизматгорони динӣ, амалдорони собиқа, шахсони аз тарафи судҳoи замони нав маҳкумшуда ва шахсони рӯҳан носолим аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум карда шуда буданд.
Мувофиқи ин Конститутсия ҶМШС Туркистон ҳуқуқ дошт, ки дар доираи ҳудуди ҷумҳурӣ масъалаҳои зеринро мустақилона ҳал намояд: Қонунҳои дахлдорро қабул намояд; Ташкилотҳои ҳарбиро ба шароити худ мутобиқ кунад; Ба воситаи намояндаи федератавӣ, яъне марказ, оиди масъалаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳамсоя бевосита муносибат кунад; Дар ҳудуди Федератсияи Русия шартномаҳои молиявӣ имзо намояд; Андозу ӯҳдадориҳоро муайян созад; Сохтмони интихобӣ ва судиро ба шароити худ мутобиқ созад; Афви умум гузаронад; Сарҳади вилоят ва ноҳияҳоро тағйир диҳад; Ба ҳаӣати ҶМШС Туркистон аъзоёни навро қабул намояд; Нақшаи хоҷагии халқро муайян кунад; Буҷаи худро дошта бошад.1
Умуман ҶМШС Туркистон дар ҳаӣати Федератсияи Русия мувофиқи Конститутсияи номбурда ҳуқуқҳои васеъ дошт. Вале амалан ҷумҳурӣ имконият надошт, ки аксари он ҳуқуқҳои соҳибихтиёриро истифода барад. Дар аввал барои он ҷанги зиддишӯравӣ халал расонида бошад, минбаъд бо боло гирифтани нуфузи ҳизби коммунистӣ муҳокима ва ҳалли масъалаҳои муҳими давлатӣ оҳиста— оҳиста ба назардошти ҳамин ҳизб гузошт. Бинобар ин аксари он ҳуқуқҳои мустақилияте, ки Конститутсияи ҶМШС Туркистон медод, амалан ҳал нагардида, дар коғаз монду халос.
Дар муқоиса мухторияти эълон кардаи болшевикон нисбат ба мухторияти дар Қӯқанд эълон намудаи мухториятчиён хеле хароб буд. Мухторияти шӯравӣ-болшевикӣ аз бисёр ҷиҳатҳо зоҳиран мухторият буду, амалан дар он ҳуқуқҳои идоракунии мухторӣ эҳсос карда намешуд. Агарчанде, чӣ дар ҳаӣати КИМ ва чӣ дар ҳаӣати ШКХ-и ҷумҳурӣ нисфи аъзоёнро эсерони чап ва меншевикҳои интернатсионалист ташкил намоянд ҳам, вале ҳокимияти асосӣ— реалӣ дар ихтиёри болшевикон буд. Охирон дар фаъолияти худ талабу хоҳишҳои дигар ҳизбҳоро умуман ба эътибор намегирифт.
17-25 июни соли 1918 дар шаҳри Тошканд анҷумани I Муассисони болшевикони Туркистон барпо гардад ва дар он ҳизби коммунистии Туркистон (ҲКТ), ҳамчун қисми таркибии ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия (ҲК(б)Р) ташкил ёфт. Баъди он болшевикони кишвар фаъолияти худро муташаккил намуда, чи дар марказ ва чи дар маҳалҳо намояндагони гаӣриболшевикиро аз ҳокимият танг карда бароварданд. Дар натиҷа, дар ҳудуди ҶМШС Туркистон ҳам ҳизби коммунистӣ ҳизби яккаҳукмрон гардид. Соли 1918 дар ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ташкилотҳои иттифоқи ҷавонон ва иттифоқи касаба ба вуҷуд омаданд. Минбаъд ин иттифоқҳо низ дар зери назорати сахти ҳизби болшевикӣ амал мекарданд.
Аз ҷиҳати маъмурӣ ҶМШС Туркистон ба 6 вилоят, 30 уезд ва 473 волостҳо тақсим мешуд. Ба 5 вилоятҳои собиқа: Сирдарё, Ҳафтрӯд, Самарқанд, Фарғона ва Моварои Каспий (инро вилояти Туркманистон низ ном мебурданд), боз вилояти Амударё (собиқ шӯъбаи Амударёи вилояти Сирдарё, бо марказ дар Тӯртқӯл — Петро-Александровскии аввала) илова гардид.
Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ дар сохти маъмурии ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон тағйиротҳои нисбатан кам ба амал омаданд. Чунончи: кумитаҳoи инқилобии уезди Хуҷанд (волости Мастчоҳ ҳам ба ҳайъати ин уезд дохил мешуд) ва волостҳои болооби Зарафшон (охирин ба воситаи уезди Самарқанд) ба вилояти Самарқанд шомил буданд. Кумитаҳoи инқилобии волостҳои Исфара ва Конибодом, ба воситаи уезди Қӯқанд; I кумитаи инқилобии волости Ашт ба воситаи уезди Намангон; кумитаи I инқилобии Кӯҳистони Бадахшон (Помир) то августи соли 1923 бо I ҳуқуқи уездӣ, вале бо номи «ноҳияи Помир» ба ҳайъати кумитаи инқилобии вилояти Фарғона дохил мешуданд.
15 августи соли 1923 Президиуми КИМ Туркистон масъалаи ташкил намудани вилояти Помирро пешниҳод кард. Вале КИМ-и Умумирусиягӣ тасдиқи онро то 2 январи соли 1925 кашол дод. Дар ин муддат, бо тавсияи КИМ-и ҶМШС Туркистон Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ якҷоя «округи Помир» номида мешуд.
Дар давраи болоравии ҳаракати зиддишӯравӣ, бо мақсади қулай гардонидани идоракунӣ, моҳи майи соли 1919 аз ҳисоби волостҳои атрофи Ӯротеппа уезди Ӯротеппа, бо марказ дар шаҳри Ӯротеппа ташкил ёфт, ки ба ҳайъати он волостҳои: Ӯротеппа, Далён, Шаҳристон, Ғончӣ, Басманда, Мастчоҳ ва Савот дохил мешуданд. 21 декабри соли 1921 уезди Ӯротеппа барҳам хӯрд ва волостҳои он, мисли пештара ба ҳайъати уезди Хуҷанд ҳамроҳ карда шуданд. Ҳамин ҳолат то тақсимоти ҳудуди миллии соли 1924 боқӣ монд.
Ҳамин тавр аз тарафи болшевикон низ мухторияти Туркистон, дер бошад ҳам эълон гардид, ки ин таваҷҷӯҳи баъзе аз зиёиёни миллиро ба тарафи худ кашид. Албатта аксари онҳо на ин ки ба ном, балки бештар ба чорабиниҳои амалии ин мухторият аҳамият медоданд.

§ 2. Чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравӣ барои мустаҳкам намудани тартиботи нав дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон

Кумитаҳoи инқилобӣ ва ба Шӯроҳо табдил додани онҳо

Дар ҳар ноҳияҳои ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон, ҳамин ки ё дар натиҷаи амалиёти ҷангии аскарони сурх, ё ба тарзи осойишта ҳокимияти шӯравӣ барпо карда мешуд, сараввал чун дар Русияи Марказӣ, кумитаҳoи инқилобӣ, яъне ревкомҳо ташкил карда, ҳокимиятро ба ихтиёри онҳо месупориданд. Ин кумитаҳо мувофиқи талаби замон функсияҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва судиро ба худ доштанд. Ҳамин ки дар ин ё он ноҳия ба муқобили тартиботи нав хавфи зиёдро эҳсос намекарданд, кумитаи инқилобии маҳаллиро ба Шӯроҳои маҳаллӣ табдил дода, ҳокимиятро ба ӯҳдаи кумитаҳoи иҷроияи онҳо мегузоштанд. Ё худ баръакс, ҳангоми мураккаб гардидани вазъият дар ноҳияҳои кумитаҳoи иҷроияи Шӯроҳо ташкилёфта, аниқтараш зиёда пай бурдани хавфи ҳаракати зиддишӯравӣ, дар ин нуқтаҳо ҳамоно ба ҷойи Шӯроҳо боз кумитаҳoи инқилобиро аз нав барқарор мекарданд. Зеро, Шӯроҳо ҳамчун органи интихобӣ буда, барои роҳбарони ҳамонвақта ба онҳо дохил намудани шахсони зарурӣ чандон кори осон набуд. Аъзоёни кумитаҳoи инқилобиро бошад худи онҳо таъин менамуданд. Танҳо дар баъзе ноҳияҳои аз ҷиҳати иқтисодию сиёсӣ хеле қафомонда, ба монанди Кӯҳистони Бадахшон ҳайъати кумитаҳoи инқилобӣ низ интихобӣ буданд. Дар ин ҷо мақсади асосӣ, бо ҳамин роҳ ба сӯйи тарғиботи нав ҷалб намудани мардум ба ҳисоб мерафт.
Кумитаҳoи инқилобии маҳалҳо, яъне деҳагӣ (қишлоқӣ), волостӣ, уездӣ ба воситаи кумитаҳoи инқилобӣ ё худ Кумитаҳoи иҷроияи вилоятӣ ба кумитаҳoи инқилобӣ ё худ Кумитаҳoи Иҷроияи Марказии (КИМ) ҷумҳуриявӣ итоат мекарданд. Онҳо шароитро барои интихобот ба Шӯроҳо муҳайё сохта, бо ташкили кумитаҳoи иҷроияи маҳаллӣ функсияи худро ба онҳо месупориданд. Аз ҷумла дар аксари ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ (ба ғайр аз Мастчоҳ) солҳои 1919-1921 кумитаҳoи инқилобӣ ба кумитаҳoи иҷроияи Шӯроҳо табдил дода шудаанд. Аз ин рӯ, дар солҳои аввали мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ кумитаҳoи инқилобӣ ҳамчун органҳои фавқулоддаи муваққатӣ ба ҳисоб мерафтанд. Дар шароити кишвари Туркистон он кумитаҳо мувофиқи Низомномаи КИМ Умумирусиягӣ «Дар бораи кумитаҳoи инқилобӣ», ки 24 октябри соли 1919 қабул гардидааст, амал мекарданд. Ҳаӣати аъзоёни кумитаҳoи инқилобӣ, қариб дар тамоми ҳудуди кишвар (ба ғайр аз Кӯҳистони Бадахшон) таъин мегардиданд.
Дар Кӯҳистони Бадахшон 19 сентябри соли 1921 Сегонаи ҳарбию сиёсӣ1 оиди дар маҳалҳо ташкил додани кумитаҳoи инқилобӣ қарор қабул кард. Фарқияти ин кумитаҳо аз кумитаҳoи инқилобии дигар ноҳияҳои кишвари Туркистон дар он буд, ки чуноне аллакаӣ таъкид кардем, аъзоёни кумитаҳoи инқилобии Кӯҳистони Бадахшон на ин ки таъин, балки интихоб мешуданд. Дар ин ҷо тамоми ҷавонони синнашон ба 18 расида, дар интихобот иштирок мекарданд. Танҳо эшонҳо, шахсони аз тарафи суди замони нав маҳкумшуда аз иштирок дар интихобот маҳрум буданд. Соли 1922 аллакаӣ дар тамоми ҳудуди Кӯҳистони Бадахшон кумитаҳoи инқилобӣ ташкил карда шуданд. Онҳо асосан аз се нафар аъзо ва як нафар номзад иборат буданд.
Дар Кӯҳистони Бадахшон соли 1922 хавфи сар задани ҳаракати зиддишӯравӣ гӯё аз байн рафт. Моҳи майи он сол дар ҳудуди Помири Ғарбӣ интихобот ба ҳайъати Шӯроҳои маҳаллӣ оғоз гардид. Бо ҳамин дар Кӯҳистони Бадахшон давраи аз кумитаҳoи инқилобӣ ба Шӯроҳо гузаштан оғоз гардид. 25 июни он сол аввалин анҷумани ноҳиявии Помири Ғарбӣ барпо гардид. Дар Помири Шарқӣ бошад соли 1923 аз кумитаҳoи инқилобӣ ба Шӯроҳо гузаштанд. 27 майи он сол анҷумани якуми шӯроҳои Помири Шарқӣ барпо гардид. Вале дар Кӯҳистони Бадахшон ҳанӯз ҳам амалан ҳокимият дар ихтиёри сарвари отряди Помир буда, ӯ мисли пештара нуфузи зиёд дошт. Вай дар як вақт намояндаи ГПУ (Управленияи сиёсии давлатӣ) ва аъзои Сегонаи ҳарбию сиёсӣ ба ҳисоб мерафт.
То соли 1923 дар ҳудуди бисёр ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ кумитаҳoи инқилобӣ бо роҳи интихобот аллакаӣ ба Шӯроҳо табдил ёфта буданд. Вале аз нимаи дуюми он сол, бо сабаби асосан ба охир расидани ҳаракати зиддишӯравӣ, ба тарзи умумӣ аз кумитаҳoи инқилобӣ ба Шӯроҳо гузаштанд.
Умуман кумитаҳoи инқилобӣ дар барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон мақоми асосиро бозиданд. Онҳо ҳамчун органи ғайридемократӣ ҳангоми эҳсос намудани хавфи чорабинӣ ё худ ҳаракатҳои зиддишӯравӣ қодир буданд, ки ба муқобили онҳо тамоми имкониятҳои зӯровариро истифода кунанд.

Чорабиниҳо барои муҳофизати тартиботи нав

Яке аз вазифаҳои муҳимтарине, ки дар назди ҳокимияти нав меистод ин муҳофизати музаффариятҳои ба даст дароварда ба ҳисоб мерафт. Яъне, акнун қуввае лозим буд, ки тартиботи навро ҳифз ва нигахдорӣ кунад. Чунин вазифаро дар замони Ҳукумати Муваққатӣ милитсия иҷро мекард. Вале амалдорони тартиботи нав акнун ба милитсияи собиқа боварӣ надоштанд. Ҳукумати нав — Шӯравӣ, ки ҳокимияти синфи коргару деҳқон ҳисоб мешуд, бинобар ин лозим донист, ки барои муҳофизати тартиботи нав милитсияи коргару деҳқонро ташкил диҳад. Оиди ташкили он 28 октябри (10 ноябри) соли 1917 қарори Комиссариати корҳои дохилии Федератсияи Русия баромад. Дар асоси ҳамин қарор дар марказ ва маҳалҳо, махсусан аз ҳисоби коргарон милитсияи шӯравӣ ташкил меёфт. Бинобар ҳамин ҳам 10 ноябр дар замони шӯравӣ ҳамчун рӯзи милитсия қайд карда мешуд.
Дар маҳалҳо милитсия дар ихтиёри шӯроҳои маҳаллӣ буд. Аз ин рӯ, милитсияи шӯравӣ барои пойдории ҷамъияти нав имкониятҳои васеъро дар ихтиёр дошт. Баробари ташкил ёфтани тартиботи нав дар тамоми маҳалҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон милитсияи нав ташкил ёфт. Он ҷое, ки барои ташкили милитсияи нав аз ҳисоби коргарон имконият набуд, аз ҳисоби деҳқонон, махсусан мардикорон, косибон ва ҳунармандон гирифта мешуд.
Масъалаи дигаре, ки ҳукуматдорони Шӯравӣ ҳар чӣ зудтар ҳал намудани он ва ба талаботи сохти нав — Шӯравӣ мувофиқ намуданашро зарур меҳисобиданд ин ислоҳоти тартиботи судӣ буд. Дар замони мустамликаи Русияи подшоҳӣ будани кишвари Туркистон дар баъзе шаҳрҳо, посёлкаҳо ва маҳалҳои бо зиндагию фаъолияти русҳо ва русзабонҳо вобастагӣ дошта, судҳои ба Русия хос, ки ба муфаттишони судӣ, назорати прокурорӣ, вакилони савгандёдкарда ва адвокатураи шахсӣ асос меёфт, амал мекарданд. Вале аксар, судҳои қозигӣ, ки ба талаботи шариат асос меёфтанд, фаъолият доштанд. Ҳомиёни замони навро бошад на суди қозигӣ ва на судҳои замони подшоҳӣ қаноат намекунонданд.
22 ноябри (5 декабри) соли 1917 декрети Шӯрои Комиссарони халқии Федератсия Русия дар бораи барҳам додани судҳои подшоҳӣ баромад. Дар асоси ин ҳуҷҷат ҳукумати кишвари Туркистон моҳи декабри ҳамон сол оиди судҳои кишварӣ декрет баровард. Мувофиқи он ба ҷойи судҳои собиқа, аз ҷумла судҳои қозигӣ, бо ном судҳои халқӣ ва интихобӣ будани мушовирони судӣ ҷорӣ карда шуд. Ин қарор, аз ҷумла моҳи марти соли 1918 дар Хуҷанд, моҳи июли ҳамон сол дар Ӯротеппа амалӣ гардид. То охири соли 1920 чунин тағйирот дар бисёр шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии Туркистон ҷорӣ шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва маҳаллаҳои хеле дар канор буда, ҳанӯз судҳои қозигиро нигоҳ медоштанд. Аммо акнун ин судҳo дар зери назорати шӯроҳои маҳаллӣ буданд. Вале дар баъзе ноҳияҳо, бо сабаби боло гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ ба ҷойи судҳои халқии нав бунёдгардида, муваққатан судҳои қозигӣ аз нав барқарор карда шуда буданд.
Вазифаи сеюми муҳимтарине, ки ҳукуматдорони шӯравӣ дар назди худ гузошта буданд ин ташкили аскарони сурхи инқилобӣ ба ҳисоб мерафт. Зеро, ба онҳо лозим меомад, ки давлати бунёдкардаи худро аз душманони дохилӣ ва беруна муҳофизат намоянд.
Маълум аст, ки дар марказҳои саноатӣ ва губернияҳои марказии Русия дар рафти воқеаҳои октябрию ноябрии соли 1917 гвардияҳои сурх ё худ инқилобӣ (бештар аз ҳисоби аскарон ва коргарон) ташкил карда шуда буд. Ҳукумати Шӯравии Туркистон ҳам дар назди худ мақсад гузошт, ки барои муҳофизати тартиботи нави кишвар, дар қатори қисмҳои аскарони сурхи аз худи Русия фиристодашуда, инчунин аскарони худро дошта бошад. Бо ҳамин мақсад 28 ноябри соли 1917 ҳукумати Туркистон дар бораи ташкили аскарони сурхи кишвар қарор баровард.
Дар асоси ин қарор шӯроҳои маҳаллӣ мебоист дар ташкили аскарони сурхи кишвар аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ фаъолона иштирок мекарданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, моҳи апрели соли 1918 шумораи умумии гвардиячиёни сурхи маҳаллӣ, ки аз ҳисоби русу русзабонҳои туркистонӣ ва маҳаллиён таркиб ёфта якҷоя зиёда 1,5 ҳазор нафарро ташкил доданд. Онҳоро низ ба ҳайъати қисмҳои аскарони сурх дохил карданд. Аммо дар ҳайъаташон ихтиёрони маҳаллӣ хеле камшумор буданд.
10 майи соли 1920 Ҳокимияти Шӯравӣ дар бораи ба ҳайъати аскарони сурх даъват намудани мардуми ғайрирус, аз он ҷумла халқҳои маҳаллии туркистонӣ декрет баровард. Мувофиқи он мардони синнашон аз 19 то 35 сола ба хизмати умумӣ даъват мегардиданд. Дар асосӣ ҳамин декрет мебоист аз ҳисоби мардуми маҳаллии кишвари Туркистон ба сафҳои аскарони сурх 30 ҳазор нафар сафарбар карда мешуд.
Ҳамин тавр дар шароити кишвари Туркистон ҳам бо мақсади пойдории тартиботи нав, барои ташкили милитсияи маҳаллӣ, суди замони нав ва аскарони сурхи кишварӣ чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Чорабиниҳо барои аз нав барқарор намудан ва инкишоф додани хоҷагии халқ

Дар шароити ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон низ масъалаи барқарор намудан ва инкишофи хоҷагии халқ бештар аз сиёсати нисбат ба деҳқон пешгирифтаи тартиботи нав вобастагӣ дошт. Зеро, дар ноҳияҳои номбурда қисми асосии аҳолиро маҳз деҳқонон ташкил медоданд. Синфи коргар бошад хеле камшумор, дар Кӯҳистони Бадахшон, ба ғайр аз мардикорон, онҳо тамоман набуданд. Бинобар ин муносибати мардуми маҳаллӣ аз бисёр ҷиҳат ба ҳар чӣ зудтар амалӣ гардидани «Декрети замин» вобастагӣ дошт.
Сиёсати аграрии Ҳокимияти Шӯравӣ ҳам ба декрети номбурда асос меёфт. Шарҳи ин қонун дар низомномаи кумитаҳoи замину об ва қонуни асосӣ оиди сотсиализатсияи замин (аз 19 феврали соли 1918) ҷой дошт. Моҳияти ин сиёсат аз он иборат буд, ки бо роҳи милликунонии замин моликияти хусусӣ будани онро барҳам дода, ба шакли хоҷагидории коллективӣ гузаранд.
Дар асоси қарорҳои Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон аз 6 ва 9 декабри соли 1917 дар ҳудуди кишвар ба хариду фурӯши замин хотима гузошта шуд. Тамоми заминҳо, ба ғайр аз участкаҳои дар ихтиёри деҳқонҳо буда, ба ихтиёри кумитаҳoи замин гузашт. Инчунин тамоми аппарати кӯҳнаи идоракунии аграриро барҳам доданд. Дар кишвар роҳбарии тамоми корҳои кишоварзӣ ба ихтиёри комиссариати халқӣ оид ба корҳои зироат гузашт. 28 феврали соли 1918 ин комиссариат, дар асоси қарори анҷумани IV Шӯроҳои кишварӣ (аз январи он сол), ба тамоми деҳқонон оиди ташкил додани кумитаҳoи замину об муроҷиат кард. Бояд тамоми замин, сохтмон, воситаҳои истеҳсолот, захираҳои хӯрокворӣ, об ва ғайра аз ихтиёри он хоҷагиҳое, ки худ меҳнат намекарданд, ба ихтиёри ҳамин кумитаҳо мегузаштанд. Дар навбати худ ҳукуматдорони шӯравӣ ният доштанд, ки ба воситаи кумитаҳoи номбурда бо деҳқонон наздик бошанд ва бо талаби онҳо хубтар огоҳ гарданд.
Соли 1918 кумитаҳoи замину об аллакаӣ қариб дар тамоми ноҳияҳои кишвари Туркистон, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ба вуҷуд омаданд. Чунончи, 15 апрел анҷумани намояндагони деҳқонони уезди Хуҷанд кумитаи замину оби уездиро ташкил намуд. Инчунин дар ҳамин анҷуман ҳайъати ҳамин гуна кумитаҳо барои тамоми волостҳо низ ташкил карда шуд. Минбаъд амалӣ гардидани чорабиниҳои ҳокимияти шӯравӣ оиди замин аз фаъолияти ҳамин кумитаҳо вобастагӣ дошт. Апрели соли 1918 анҷумани V Шӯроҳои кишвари Туркистон қонуни асосиро оиди сотсиализатсияи замин қабул кард. Дар асоси он сиёсати милликунонии замин, ки аллакаӣ оғоз гардида буд, ба қонуният дароварда шуд. Мувофиқи он сараввал ба милликунонии мулкҳои ширкатҳои собиқа, ҷамъиятҳои гуногун, заминдорони калон ва ғайра шурӯъ намуданд.
Аз тарафи кумитаҳoи замину об тамоми заминҳо ба ҳисоб гирифта мешуд. Дар он ноҳияҳое, ки дар ихтиёри деҳқонон ҳиссаи замин ночиз буд, замин илова карда мешуд, ё худ деҳқононе, ки безамин буданд, бо замин таъмин мегардиданд. Дар асоси декрети КИМ Умумирусиягӣ аз 11 июни соли 1918 тобистон ва тирамоҳи ҳамон сол дар бисёр ноҳияҳои кишвари Туркистон кумитаҳoи қишлоқии камбағалон ба вуҷуд омаданд. Чунончи, ноябри ҳамон сол ин гуна кумитаҳо дар тамоми волостҳои уезди Хуҷанд ташкил ёфтанд. Ин кумитаҳо на танҳо бо тақсими ғалла, балки мебоист бо корҳои кӯмак расонидан ба деҳқонон, аз ҷумла таъмини онҳо бо асбобҳои кишоварзӣ машғул мешуд. Дар худи ҳамон сол дар як вақт бо кумитаи камбағалон иттифоқи камбағалон низ арзи ҳастӣ намуд. Ин иттифоқ нисбат ба кумитаи камбағалон ташкилоти оммавитар буд. Бинобар ҳамин ҳам ин иттифоқро ташкилоти касбии синфӣ меномиданд. Он баъзан «Иттифоқи деҳқонони камзамину безамин» низ номида мешуд. Соли 1919 аллакаӣ дар бисёр ноҳияҳои уезди Хуҷанд ташкилотҳои «Иттифоқи камбағалон» ташкил ёфтанд. Микдори онҳо танҳо дар гурӯҳи ноҳияҳои Ӯротеппа, ки ҳамон лаҳза уезди Ӯротеппа меномиданд. ба 29 адад расида буд.
«Иттифоқи камбағалон» деҳқононро на танҳо бо масъалаҳои иқтисодӣ, балки аз ҷиҳати сиёсӣ низ муттаҳид менамуд. Ягонагии вазифа ва мақсадҳои дар назди «Кумитаи камбағалон» ва «Иттифоқи камбағалон» истодаро ба инобат гирифта, баҳори соли 1921 ба ҷои онҳо ташкилоти ягонаи «Иттифоқи ҷуфтгарон» («Қӯшчӣ») 66 -ро ташкил доданд.
«Иттифоқи ҷуфтгарон» ташкилоти ҷамъиятии деҳқонон, камбағалон, чоряккорон ва мардикорон ҳисоб мешуд. Он агарчанде ба худ ягон хел функсияи давлатиро надошт, аммо дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок намуд. Аъзоёни «Иттифоқи ҷуфтгарон» худ дар замин кор мекарданд. Онҳо аз тарафи ҳокимият зиёда дастгирӣ медиданд. Дар натиҷа аъзоён ва ташкилотҳои маҳаллии ин иттифоқ зуд меафзуд. Аз ҷумла дар миёнаи соли 1923 аъзоёни он дар уезди Хуҷанд то ба 4,5 ҳазор нафар расидааст, ки онҳо дар 34 ячейкаҳои қишлоқӣ ва 7 кумитаҳoи волостии уезд дохил мешуданд.
Ҳамаи ин чорабиниҳо бо он мақсад гузаронида мешуд, ки аз як тараф дар деҳот тартиботи навро пойдор намоянд ва аз тарафи дигар вазъи кишоварзии кишварро беҳтар гардонанд. Аз ин рӯ, сарварони Ҳокимияти Шӯравӣ баробари дар кишвари Туркистон барпо намудани тартиботи нав ният доштанд, ки ҳар чӣ зудтар пеши роҳи харобгардии кишоварзиро гирифта, ин сарзаминро, мисли пештара, ба макони ашёи хоми саноати бофандагии Русия — пахта табдил диҳанд. Бо ҳамин мақсад баҳори соли 1918 Ҳокимияти Шӯравӣ барои қонеъ гардонидани талаботи пахтакорон ба маблағи 502,6 млн. сӯм, аз он ҷумла 50 млн. сӯм танҳо ба корҳои обёрии кишвари Туркистон ҷудо кард. Вале бо сабабҳои маълум—ҷангӣ дохилӣ, нокифоягии пул ва махсусан беқурбшавии он, то моҳи марти соли 1919 ба кишвар ҳамагӣ 221,3 млн. сӯм оварда шуду халос.
Дар ҳақиқат ҳам солҳои 1918 —1920 дар натиҷаи болоравии ҳаракати зиддишӯравӣ ҳолати кишоварзии кишвари Туркистон хеле хароб гардида буд. Махсусан пахтакорӣ хеле паст фаромад. Агар соли 1915 дар ин кишвар 14 млн. пуд пахта истеҳсол карда шуда бошад, пас соли 1920 он то ба 650 ҳазор пуд кам гардид. Саршумори чорво бошад қариб ду баробар кам шуд. Ба чунин пастравӣ, дар баробари ҷанги дохилӣ, инчунин нодурустии сиёсати мусодираи (развесткаи) озуқавӣ, ки аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ ҳанӯз соли 1918, яъне баробари оғози ҷанги гражданӣ дар Русия, ҷорӣ карда шуда буд, низ сабаб гардид. Зеро, дар асоси ин сиёсат истеҳсолкунанда умуман ба истеҳсолот дилгармие надошт. Ӯ ҳар чизе истеҳсол мекард, ҳомиёни тартиботи нав онро зӯран кашида мегирифтанд ва ба ивазаш, аниқтараш барои тасалло, забонхат ҳам медоданд. Гӯё, баъди чанде, истеҳсолкунанда дар асоси он забонхат мебоист ҳаққи маҳсулоти мусодирашударо ё бо пул ё мол мегирифт. Ба ин деҳқонон умуман боварӣ надоштанд ва ин сиёсатро ғораткунӣ меҳисобиданд, ки дар асл ҳамин тавр ҳам буд. Аз ҷумла то оғози кишти баҳории соли 1919 Давлати Шӯравӣ ҳамагӣ 18%-и қарзи деҳқононро пӯшонида буду халос.
Оиди пахта бошад ҳанӯз 28 феврали соли 1918 декрети Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон бароварда шуда буд, ки мувофиқи он тамоми пахтаи дар ҳудуди кишвар буда, дар кадом навъе, ки набошад мусодира карда мешуд. Ҳангоми додани забонхат нархи муаӣяншудаи пахтаро ба инобат мегирифтанд. Чунончи, барои як пуд пахта соли 191,7-33 сӯм, соли 1918-80 сӯм ва соли 1919-300 сӯм муайян шуда буд. Дар сурати саркашӣ кардани соҳиби мол-пахта аз иҷроиши ин декрет, ба муқобилаш ҳар гуна шора, аз ҷумла ҳукми қатлро раво медиданд.
Мувофиқи тартиботи дар замони подшоҳӣ ҷорӣ гардида, Осиёи Миёна, аз он ҷумла кишвари Туркистон бояд саноати бофандагии губернияҳои марказии Русияро бо пахта, Русия бошад мардуми Осиёи Миёнаро қисман бо галла таъмин мекард. Баъди октябри соли 1917, бо сабабҳои ҷанги гражданию авҷгирии ҳаракатҳои зиддишӯравӣ, гардиши пахтаю ғалла хеле ба пастравӣ рӯ ниҳод. Аз ҷумла дар миёнаи соли 1918 пахта ба миқдори 8 млн. пуд фиристода шуду халос. Ё худ аз Русия ба кишвари Туркистон моҳи ноябри соли 1917—459 вагон, моҳи декабр—185 вагон, моҳи январи соли 1918—174 вагон ва моҳи феврал—ҳамагӣ 122 вагон ғалла овардаанду халос. Ҳол он ки талаботи кишвар ба ғаллаи беруна дар аввали соли 1918 30—35 млн пудро ташкил медод.67 Бо ҳамин сабаб қариб тамоми ноҳияҳои кишварро гуруснагӣ фаро гирифта буд.
Аз соли 1918 сар карда дар назди заводҳои пахтатозакунии кишвар кооперативҳо ташкил доданд, ки онҳо деҳқонони пахтакорро муттаҳид мекарданд. 15 майи соли 1920 миқдори чунин кооперативҳо дар ҳудуди кишвар ба 50 адад расид, ки онҳо ҷамъ зиёда аз 130 ҳазор десятина пахта кишт мекарданд. Давлат ба онҳо бо пул (қарзи ҳасана—бефоиз), тухмӣ, маҳсулоти саноатӣ, олоти меҳнат ва ғайраҳо кӯмак мекард.
Сарварони Ҳокимияти Шӯравӣ оқибатҳои бади сиёсати мусодираи озуқавиро эҳсос намуда, соли 1921 (дар асоси қарори анҷумани X ҳизби болшевикии Русия) онро бо сиёсати нави иқтисодӣ — андози озуқавӣ иваз намуданд. 20 апрели ҳамон сол оиди ин масъала қарори КИМ-и ҷумҳурии Туркистон нашр гардид. Акнун мардуми кишвар ба хазинаи ҳокимият ба ҷойи 22 млн пуд ғаллаи барои соли 1920 муайяншуда (яъне ҳамин миқдор ғалла он сол мебоист аз мардум мусодира карда мешуд), дар соли 1921 чун андози озуқавии пешакӣ муайяншуда, мебоист 12,5 млн. пуд месупориданд. Аз аввали моҳи августи соли 1921 сиёсати мусодираи озуқавӣ дар тамоми ҳудуди кишвари Туркистон бекор карда шуд ва ба ҷойи он андози озуқавиро ҷорӣ намуданд. Дар ҳақиқат ҳам сиёсати нав то андозае ба истеҳсолкунанда дилгармие ба вуҷуд овард ва бозори дохилиро ҷоннок намуд.
Аз соли 1918 сар карда дар ҳудуди кишвари Туркистон аввалин нишонаҳои хоҷагидории сотсиалистӣ: коммуна, артелҳо ва ширкатҳо ба вуҷуд омаданд. Моҳи марти соли 1919 дар вилояти Самарқанд, дар асоси заминҳои милликунонидашуда аввалин 10 совхоз, аз ҷумла ду совхоз дар уезди Хуҷанд ташкил карда шуданд. Апрели он сол дар Хуҷанд, дар маҳаллаи Сари Туқай, дар заминҳое, ки ба воситаи 3 насосҳои обкаш (водокачка) обёрӣ карда мешуд, дар соҳаи кишоварзии уезд аввалин коммуна бунёд гардид. Коммунаҳое, ки дар Дашти Амин ва Чумчук Арал ташкил карда буданд аз ҷумлаи ташкилотҳои калонтарини кишоварзии давр ба ҳисоб мерафтанд.68
Он коммунаҳо, артелҳо ва ширкатҳое, ки солҳои 1918—1920 дар маҳалҳои амалиёти ҷангӣ воқеъ гардида буданд, баста шуданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо соли 1921 дар Ҷумҳурии Туркистон ҷамъ 307 колхози дорои 8.455 аҳолӣ ва 65 совхози дорои 17860 десятина замин вуҷуд доштааст.69 Солҳои 1921—1922 дар кишвари Туркистон ислоҳоти замину об гузаронида шуд. Дар уезди Хуҷанд бошад соли 1921 ин чорабинӣ аллакаӣ аксари ноҳияҳои онро фаро гирифт. Дар ду волости ҳамин уезд, дар базаи заминҳои мусодиракардаи 35 хоҷагии заминдорони собиқа агропункти «Деҳмоӣ» ва артели кишоварзии «Ак-ёр» ташкил ёфтанд. Аллакаӣ дар ҳамон солҳо дар баъзе ноҳияҳо мусодиракунии замин сабаби аз нав аланга гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ гардид. Чунин ҳолатро ба инобат гирифта, муваққатан сиёсати мусодира намудани заминро қатъ намуданд.
Дар Кӯҳистони Бадахшон бошад то соли 1922 ба хоҷагиҳои заминдорони калон, ки албатта дар ин ҷо нисбат ба водиҳо хеле камшумор буданд, кордор нашуданд. Танҳо аз соли 1922 заминҳои баъзе аз бойҳои маҳаллии бадахшонӣ, ки ба ҳаракати зиддишӯравӣ ҳамрайъӣ кардаанд, кашида гирифта шуд ва онро дар баӣни деҳқонони камзамину безамин тақсим намуданд.
Охири соли 1922 ва аввали соли 1923 дар ҳудуди ноҳияҳои уезди Хуҷанд, ба мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони хурд ширкатҳои (рафоқатҳои) кишоварзии соҳавӣ — пахтакорӣ, асалпарварӣ ва ғайраҳо, инчунин иттифоқи деҳқонон ба вуҷуд омаданд. Соли 1923 системаи обёрии Дилварзин ба ширкати алоҳида муттаҳид карда шуд.
Ҳукуматдорони шӯравӣ махсусан зарурияти инкишофи пахтакориро ба инобат гирифта, барои аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намудани деҳқонон ба онҳо қарзҳои имтиёзнок медоданд. Аз ҷумла соли 1923 аллакаӣ қариб 23% хоҷагиҳои пахтакори уезди Хуҷанд бо ширкатҳои (рафоқатҳои) қарздиҳӣ алоқа доштанд. Ин ҳама имконият медод, ки сол аз сол кишти пахта зиёд гардад. Аз соли 1922 деҳқони пахтакишткарда ба ивази як пуд пахта тахминан маблағи 2—3 пуд ғалларо мегирифт. Ин чорабиниҳо то андозае деҳқононро ба кишти пахта ҳавасманд намуд. Дар худи он сол дар кишвар истеҳсоли пахта ба 1.385 ҳазор пуд расид. Аз ҷумла, дар уезди Хуҷанд агар соли 1920 — 500 десятина, соли 1923—1913 десятина пахта кишт карда бошанд, пас соли 1924 он ба 5.670 десятина расид. Аз як десятина 50 пуд ҳосил мегирифтанд. Дар натиҷа истеҳсоли пахта дар уезд қариб ба 300 ҳазор пуд расид. Пешравӣ дар соҳаҳои боғдорӣ, чорводорӣ ва ғайра низ ба амал омад.
Барои аз нав барқарор намудани хоҷагиҳои кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла низ баъзе тадбирҳо андешиданд. Аз ҷумла моҳи июли соли 1919 дар Хуҷанд стансияи тайёр кардани тухми кирмакро ба истифода супориданд. Баъди он хариду фурӯши чаканаи пилларо манъ карданд.
Дар соҳаи саноат ҳам баъзе чорабиниҳо гузаронида шуд. Ҳанӯз 14 ноябри соли 1917 аз тарафи КИМ-и Умумирусиягӣ «Низомнома оид ба назорати коргарӣ» қабул шуд. Дар асоси он ҳокимияти кишвари Туркистон тавсия дод, ки дар тамоми корхонаҳо назорати коргарӣ ҷорӣ карда шавад. Мувофиқи ин ҳуҷҷат охири соли 1917 ва аввали соли 1918 дар бисёр корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, конҳои ангишт, нафт ва ғайра назорати коргарӣ ҷорӣ намуданд. 5 марти соли 1918 декрети ҳокимияти кишварии Туркистон оиди миллӣ кунонидани заводҳои пахтатозакунӣ, собунпазӣ ва чағбутбарорӣ нашр гардид. Дар асоси декрети 16 марти соли 1918 конҳои ангишту нафт моликияти давлатӣ эълон шуд. 13 марти соли 1919 системаи обёрии шахсӣ низ миллӣ кунонида шуд. То ин лаҳза роҳҳои оҳан, бонкҳо ва ғайраҳоро низ аллакаӣ миллӣ кунониданд. Вале сиёсати милликунонӣ барои пешравии саноат чандон мусоидат накард. Баръакс он сабабгори харобиҳои дигар гардид. Зеро, корхонаҳои боқимонда ҳам аз тарафи соҳибонаш хароб карда шуд. Бинобар ин аз нав барқарор намудани онҳо хароҷот ва заҳмати зиёдро талаб мекард. Аллакаӣ тобистони соли 1919 сиёсати азнавбарқароркунӣ дар баъзе соҳаҳои саноат натиҷаҳои дилхоҳ дод. Чунончи, моҳи август истгоҳи барқии Хуҷанд аз нав барқарор гардид, сохтмони заводҳои пӯст ва собунпазӣ анҷом ёфт. Декабри соли 1920 заводи шишабарории Деҳмой ба кор шурӯъ кард.
Соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд барои ба артелҳо муттаҳид намудани бофандагон шурӯъ намуданд. Соли 1921 миқдори артелҳо дар шаҳр аллакаӣ ба 7 адади дорои 200 нафар аъзо расид. Чунин артелҳо дар шаҳрҳои дигари уезд, аз ҷумла дар Ӯротеппа низ бунёд гардиданд. Минбаъд миқдори умумии бофандагони дар артелҳои уездӣ муттаҳидгардида ба 3.500 нафар расид, ки 1.700 нафарашон дар хонаҳои худ кор мекарданд. Баъди гузаштан ба сиёсати нави иқтисодӣ, бо мақсади ҷоннок намудани саноат ва бозори дохилӣ баъзе аз корхонаҳо, бозорҳо ва ғайра ба иҷора дода шуд. Оиди ин қарори ҳукумати Ҷумҳурии Туркистон низ баромада буд. Маҳз дар ҳамин асос пароми гузаштан аз дарёи Сир, бозорҳои Чоршанбе, Панҷшанбе ва кушишхонаи (салоххонаи) шаҳри Хуҷанд ва ғайра дар асоси шартнома ба иҷора супорида шуданд.
Вале азнавбарқароркунӣ дар соҳаи саноат хеле суст мегузашт. Барои тасдиқи ин андеша ба фактҳои зерин назар меафканем: 1 майи соли 1922 аз 180 адад заводҳои пахтатозакунии кишвари Туркистон ҳамагӣ 4 завод кор мекарду халос, аз 18 адад заводҳои равғанкашӣ ягонтоаш ҳам кор намекард. Бинобар ҳамин ҳам дар солҳои 1923-1924 барои ба кор андохтани заводҳои бекорхобида бештар аҳамият дода шуд.
Азнавбарқароркунӣ дар соҳаи истеҳсоли нафту ангишт боз ҳам сусттар буд. Аз ҷумла солҳои 1923—1924 истеҳсоли нефти САНТО ба нисфи ҳаҷми истеҳсоли соли 1917 расид. Аз 7 кони ангишти Шӯроб то соли 1926 танҳо яктоаш кор мекарду халос.
Умуман чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравӣ барои бунёд ва мустаҳкам намудани тартиботи нав дар кишвари Туркистон, аз он ҷумла дар ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшон дар шароити хеле мураккаби сиёсӣ ва иқтисодӣ мегузашт. Зеро, режими нав на танҳо муқобили сохтори сиёсии пештара буд, балки он бо тамоми сохторҳои иқтисодию иҷтимоии гузашта розӣ набуд. Бинобар ҳамин душвориҳои дар ҳам шикастани тамоми он дар мадди аввал ба дӯши халқи меҳнаткаш бор гардид.

Вазъи молиявӣ

Солҳои 1917—1920 вазъи молиявии кишвари Туркистон, чун тамоми Русияи Шӯравӣ душвор буд. Сабабҳои асосӣ — оқибатҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ, инқилобҳои февралӣ ва октябрии соли 1917, аз тарафи дороён бойкот эълон кардани сохти нав — Шӯравӣ, беқурбшавии пул, нарасидани пули нақд ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд. Сиёсати нодурусти нисбат ба бонкҳо пеш гирифтан Ҳукумати Шӯравӣ вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуд. Зеро, дар асоси декрети Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумирусиягӣ аз 14(27) декабри соли 1917 дар ҳудуди Русияи Шӯравӣ, аз ҷумла кишвари Туркистон, тамоми бонкҳо миллӣ кунонида шуданд. Дар натиҷа аксари бонкҳо ва ташкилотҳои маҳаллии онҳо (баъзеашон аз тарафи соҳибони пештараашон) ғорат гардиданд. Яъне, дар аксари шаҳрҳо ба ҳокимияти нав танҳо биноҳои тороҷгардидаи бонкҳо мерос монду халос. Гарчанде худи ҳамон рӯз Бонки Халқии Федератсияи Русия ташкил карда шуд, вале он амалан то соли 1921 (албатта бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва сиёсати развесткаи озуқавӣ) фаъолияти худро дар тамоми вилояту шаҳрҳои Русияи Шӯравӣ, аз он ҷумла дар ҳудуди кишвари Туркистон ҷорӣ карда натавонист. Аз ҳамин сабаб солҳои 1918-1920 кишвари Туркистон аз ҷиҳати молиявӣ гӯё аз Русияи Шӯравӣ «мустақил» буд.
Дар кишвари Туркистон баъди бунёди тартиботи шӯравӣ бозори дохилӣ рӯз аз рӯз хароб ва нархи маҳсулот гарон гардид. То ҳамин лаҳза дар муомилот асосан пули замони Ҳукумати Муваққатӣ, ки «керенка» (аз номи раиси он Керенский) мегуфтанд, амал мекард. Инчунин пулҳои замони подшоҳӣ, ки «николаевка» мегуфтанд, низ дар муомилот буд. Акнун бо сабаби пайдарпай аз тарафи атаман Дутов забт намудани Оренбург ва ба вуҷуд омадани «пробкаи оренбургӣ» аз маркази Русия ба кишвари Туркистон овардани пули нақд хеле кам ва ниҳоят қатъ гардид.
Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон 12 феврали соли 1918 дар ҷамъомади худ вазъи ногувори пулиро ба инобат гирифта, қарор кард, ки дар аввал ба маблағи 15 млн. сӯм пули муваққатии коғазии «10» ва «25» сӯмаро барорад. Аз апрели он сол ба барориши он бо номи «бони туркистонӣ» шурӯъ карданд.
Бо мақсади ба тартиб даровардани муомилоти пулӣ, дар асоси декрети Шӯрои Комиссарони Халқии ҷумҳурии Туркистон аз 8 майи соли 1918 Бонки Халқии Ҷумҳурии Туркистон ташкил ёфт. Ба ҳайъати он тамоми ташкилотҳои бонкҳои собиқи аллакаӣ милликардашуда муттаҳид карда шуданд. Минбаъд ҳуқуқи эмиссионӣ, яъне барориши пул дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркистон ба ихтиёри ҳамин бонк гузашт.
Соли 1918 аз тарафи ҳокимияти Русияи Шӯравӣ низ пули нав бароварда шуд, ки онро «пензенка» мегуфтанд. Ин пул дар тамоми ҳудуди Русияи Шӯравӣ, аз он ҷумла Туркистони Шӯравӣ низ паҳн карда шуд. Вале чӣ «бони туркистонӣ» ва чӣ пули шӯравии «пензенка» талаботро пурра қонеъ гардонида натавонистанд. Бинобар ин минбаъд дар ҳудуди Ҷумҳурии Туркистон чопи пулҳои майдаро хело маҳдуд ва ҳатто қатъ намуда, аз 14 феврали соли 1920 пулҳои «1000» сӯма ва аз 15 июли он сол пулҳои «5000» сӯмаро бароварданд, ки ин пулҳоро низ «бони туркистонӣ» меномиданд.
Бонки Халқии Ҷумҳурии Туркистон ҳуқуқ дошт, ки то 31 декабри соли 1920 ба маблағи 75 млрд. «бони туркистонӣ»-ро барорад. Вале бо сабаби хеле зиёд будани талабот ба пули нақд амалан 100 млрд. (мувофиқи дигар маълумот 96 млрд.) «бони туркистонӣ» бароварда шуд. Аммо ин ҳам вазъиятро беҳтар накард. Зеро, аз январи соли 1919 то июли соли 1920 миқдори бонҳои туркистонӣ 25 баробар афзуда бошад, нархи маҳсулотҳои зарурӣ (аз ҷумла дар Ташкент) 78 баробар афзуд.
Бо сабаби нарасидани пулҳои нақдӣ баъзе шаҳру вилоятҳои ҷумҳурии Туркистон низ пулҳои худро ташкил намуданд. Аз ҷумла комиҷроияи вилояти Ҳафтрӯд аз феврал то 15 ноябри соли 1919 ба маблағи 236 млн. бони худро баровардааст, ки онро «бони вернагӣ» ё худ «бони ҳафтрудӣ» низ мегӯянд ва он танҳо дар ҳудуди ҳамин вилоят амал мекарду халос.
Моҳи апрели он сол дар яке аз кооперативҳои коргарии Андиҷон, бо иҷозати комиҷроияи вилояти Фарғона пулҳои майда ба миқдори қариб 1 млрд. сӯм бо номи «бони андиҷонӣ» бароварда шуд. Вале ҳукумати кишвар ба амалиёти ин пул иҷозат надод ва талаб кард, ки он аз 15 ноябр то 15 декабри ҳамон сол ба хазинаи комиҷроияи вилояти Фарғона баргардонида шавад. Ё худ, дар замоне, ки Моварои Каспӣ дар ихтиёри қувваҳои зиддишӯравӣ буд, аз тарафи ҳукумати он «бони ашқободӣ» бароварда шуд. Ин пул як муддат баъди дар ин вилоят аз нав барқарор намудани ҳокимияти шӯравӣ ҳам амал кард.70
Соли 1919 аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ ислоҳоти нави пулӣ гузаронида шуд. Пулҳои барориши ин сол нисбат ба соли 1918 бақурб буд. Баробари дар ҳудуди Федератсияи Русия, аз он ҷумла ҷумҳурии Туркистон, то андозае хомӯш гардидани ҷангҳои дохилӣ, аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ барориши пулҳои маҳаллӣ манъ гардид ва пулҳои шӯравии барориши соли 1919 паҳн карда шуд. Аз ҷумла дар асоси декрети Ҳокимияти Шӯравӣ аз 11 октябри соли 1920 барориши бони туркистонӣ аз 1 январи соли 1921 манъ гардид. Дар ин асос 30 декабри соли 1920 декрети Шӯрои Комиссарони Халқии ҷумҳурии Туркистон баромад, ки мувофиқи он бони туркистонӣ то 1 марти соли 1921 бояд бо пули русиягии барориши соли 1919 (даҳ бар як) иваз карда мешуд71.
Октябри соли 1921 Бонки Халқии Федератсияи Русия ба Бонки Давлатӣ табдил дода шуд. Бонки Халқии Ҷумҳурии Туркистон бошад, фаъолияти мустақилонаи худро қатъ намуда, ба яке аз шӯъбаҳои он табдил ёфт. Дар худи он сол зарурияти инкишофи пахтакориро ба инобат гирифта Бонки Кишоварзии Осиёимиёнагиро ташкил намуданд, ки он бояд на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон, балки дар қаламрави ҷумҳуриҳои Бухоро ва Хоразм ҳам фаъолият мекард.
Солҳои 1922-1924, махсусан баъди ташкилёбии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС), аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ боз ислоҳотҳои пулӣ гузаронида шуд ва дар асоси онҳо дар ҷумҳурии Туркистон низ пулҳои барориши соли 1919 бо пулҳои барориши нав иваз карда шуданд. Соли 1924, бо мақсади инкишоф додани тиҷорат, бо сармояи асосии 7 млн. сӯми тиллоӣ Бонки Тиҷоратии Осиёимиёнагӣ бунёд гардид.

Вазъи маориф ва маданият

Дар соҳаи маориф ва маданият ҳам ҳукуматдорони нав баъзе тадбирҳо андешиданд. Сараввал аз тарафи режими нав системаи маорифи кӯҳна шикаста шуд. Таълим дар мадраса ва мактабҳои кӯҳна тамоман манъ нагардида бошад ҳам вале фаъолияти онҳоро хеле маҳдуд карданд. Қисми зиёди мактабҳои кӯҳна ва мадрасаҳо фаъолияташонро қатъ намуданд. Баъзе аз биноҳои мактабу мадрасаҳое, ки дар маҳалҳои амалиёти ҷангӣ монда буданд, хароб гардиданд. Муллою мударрисоне, ки бо тартиботи нав розӣ набуданд, ба таъқиб гирифтор шуданд. Қисме аз онҳо маҷбур шуданд, ки ҳудуди Осиёи Миёнаро тарк намоянд. Молу мулки масҷиду мадрасаҳо, махсусан китобҳои нодирро тороҷ ва нобуд карданд. Хулоса талафоти маънавӣ низ хеле зиёд буд.
Дар соҳаи маориф яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукуматдорони нав ин бо тарзи нав ба роҳ мондани маориф ба ҳисоб мерафт. Онҳо бештар ба дастгирии меҳнаткашон — деҳқонон, косибон, ҳунармандон, албатта сараввал коргарон умед мебастанд.
Бинобар ҳамин дар баӣни ин қисми аҳолӣ маҳви бесаводиро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобиданд. Бо ҳамин мақсад аз тарафи ҳукуматдорони нав дар он маҳаллаҳое, ки ҳаракати зиддишӯравӣ заифтар буд, мактабҳои замони нав — шӯравӣ кушода мешуд. Охири соли 1918 дар ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аллакаӣ 15 адад чунин мактабҳо амал мекарданд. Соли 1919 ин миқдор ба 73 адад расид. Минбаъд мактабҳои шӯравӣ қариб дар тамоми маҳалҳо бунёд гардиданд.
Ҳангоми ташкили аввалин мактабҳои шӯравӣ ба таҷрибаи мактабҳои усули нав — ҷадидӣ такя мекарданд, китобҳои дарсии онро истифода мебурданд, омӯзгорон ва хатмкунандагони онро ба кори омӯзгорӣ ҷалб менамуданд. Барои тайёр намудани омӯзгорони замони нав низ қадамҳои аввалин гузошта шуд.
Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 1918 дар шаҳри Тошканд Донишкадаи Шарқ ташкил ёфт, ки таҳсил дар он сесола буд. Солҳои 1919-1920 дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва ғайра бо мақсади тайёр намудани омӯзгорон Донишкадаҳои маорифи халқӣ (Инпросҳо) кушода шуданд. Соли 1920 дар шаҳри Тошканд Донишкадаи олии омӯзгорӣ барпо гардид. Ҳамон сол дар шаҳри Тошканд Донишгоҳи давлатии Туркистон ба фаъолият шурӯъ намуд ва соли 1923 номи Осиёимиёнагиро гирифт. Дар он доншгоҳу донишкадаҳо ҷавонон аз тамоми гӯшаю канори Осиёи Миёна таҳсил менамуданд. Аз ҷумла соли 1920 танҳо дар 6 факултаи Донишгоҳи давлатии Туркистон 1314 нафар донишҷӯён таҳсил менамуданд.
Дар ҳудуди кишвари Туркистон бо мақсади маҳви бесаводии калонсолон курсҳои шабона ташкил карда шуданд. Аз ҷумла шӯрои вилояти Самарқанд қарор қабул кард, ки зану мардҳои бесаводи аз 12 то 45 сола бояд ба тарзи ҳатмӣ чунин курсҳоро гузаранд. Дар чунин курсҳо фанҳои арифметика, грамматика, таърих, сохтмони шӯравӣ, забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ таълим дода мешуд.
Дар шаҳрҳо ва маҳаллаҳои сераҳолӣ китобхонаҳои оммавиро ташкил намуданд, ки микдори умумии онҳо дар кишвар ба 74 адад расид.
Аз ҷумлаи зиёиёни миллӣ, ба монанди Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ вассофони замони нав ба вуҷуд омаданд. Ҳамза на танҳо яке аз сардафтарони адабиёти шӯравии ӯзбек, балки бунёдгузори театри миллӣ низ гардид. Ӯ соли 1918 песаи «Бой ва хизматгор»-ро таълиф намуд, ки он аввалин песа дар драматургияи халқҳои Осиёи Миёна мебошад.

§ 3. Ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон

Сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ

Дар миёнаи соли 1918 дар сарзамини ҶМШС Туркистон тартиботи шӯравӣ ҳанӯз пурра барпо нагардида ба муқобилияти сахт дучор шуд. Онҳое, ки аз ин тартибот, махсусан сиёсати дар амал ҷорӣ кардаистодаи ҳомиёни он норозӣ буданд, ба мубориза бархестанд. Дар маҳалҳо қариб ҳамаи онҳо аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ буданд. Дар байнашон намояндагони диндорон, тоҷирону саноатчиён (яъне намояндагони буржуазияи миллӣ), зиёиён, деҳқонон, косибону ҳунармандон ва ҳатто коргарон низ буданд. Умуман дар ҳайъати онҳое, ки ба ҳаракати зиддишӯравӣ иштирок намудаанд намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ иштирок доштанд. Дар шаҳрҳо, маҳаллаҳои руснишин ва посёлкаҳо ба ин ҳаракат дар қатори намояндагони мардуми маҳаллӣ инчунин намояндагони русҳо ва русзабонҳо ҳам иштирок намуданд. Дар баӣни онҳо, инчунин афсару аскарони собиқи рус, ё худ русзабон (аз Русия, дар натиҷаи таъқиби аскарони сурх гурехта) низ амал мекарданд.
Агар ба миқдори умумии онҳое, ки ба ҳаракати зиддишӯравӣ иштирок намудаанд назар афканем, хеле сершуморанд. Дар давраҳои муайян ба он як ҳиссаи бузурги мардҳои солим дохил гардиданд. Дар ҳақиқат тартиботи нав худро ҳомии бенавоёну бечорагон ҳисобида, ба манфиати онҳо баъзе гузаштҳо кард (бекор кардани андозҳои собиқа, додани замин ба онҳое, ки безамин ё худ камзамин буданд) ва боз ваъдаҳои зиёде дод. Аммо барои мардуми бечорае, ки ба ин ҳаракат иштирок намуданд, аз гузаштҳо ва ваъдаҳои тартиботи нав дида, аз тарафи ҳомиёни ин тартибот таҳқири дин ва урфу одати миллӣ зиёда тоқатнопазир буд.
Пас ин ҳаракате, ки дар ҳақиқат ҳаракати зиддишӯравӣ буд ва маҳз ба муқобили тартиботи нав — Шӯравӣ нигаронида шуда буд, чӣ тавр бояд номид? То ба имрӯз дар адабиёти таърихи онро «ҳаракати босмачигарӣ» мегуфтанд, ки аз ҳақиқат хеле дур аст ва амалан ин баҳо таҳқирест нисбати мардуми таҳҷойӣ. Дар таркиби ин ҳаракат босмачиёни ҳақиқӣ, ки маънои «ғоратгар»-ро дорад, низ буданд.
Барои онҳо ҳиссиёти динию урфу одати миллӣ муқаддас набуда, онҳо аз вазъи мураккаби баамаломада ба хубӣ истифода бурда, бештар ба ғорат намудани молу мулки мардум машғул буданд. Аммо на ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар чунин мавқеъ меистоданд. Баъзе муаллифон ин ҳаракатро «ҷанги шаҳрвандӣ», дигарон «ҳаракати муҷоҳидин» меноманд. Ба ин баҳоҳо то андозае розӣ шудан мумкин аст. Вале ҳангоми қабули баҳои «ҷанги шаҳрвандӣ» боз душвории дигаре ба миён меояд. Масалан, аз тарафи муаллифони зиёд қабул гардидааст, ки «солҳои 1918-1920, ё худ бо андешаи баъзе дигарон то соли 1921 дар ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ «ҷанги гражданӣ», яъне «ҷанги шаҳрвандӣ» давом кардааст. Пас, солҳои минбаъда чӣ? Ҳол он, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон ҳаракати зиддишӯравӣ то солҳои 30-юм давом кардааст. Бо ин ҳама сабабҳо «ҳаракати зиддишӯравӣ» номидани он ҳаракат ҳақиқати ҳоли ҳамон давраро пурра ифода менамояд.
Чуноне аз боби пешина маълум гардид, дар ҳудуди кишвари Туркистон, барои бунёди тартиботи шӯравӣ танҳо дар Тошканд, Қӯқанд, то андозае дар Ӯротеппа, Самарқанд, аз маҳалҳо — Қистакӯз, Мастчоҳ ва ғайра қувваи зӯрӣ-ҳарбӣ истифода гардидааст. Дар боқимонда маҳалҳо тартиботи шӯравӣ асосан ба тарзи осойишта, бе истифодаи қувваи зӯрӣ, барпо карда шуд. Пас чаро як ҳиссаи мардум бо зудӣ аз ин тартибот рӯ гардонида, ба муқобили он ба мубориза бархестанд? Барои ин, бо андешаи мо, сабабҳои зерин асос шуданд:
1. Эътироф накардани дин ва урфу одатҳои мардуми маҳаллӣ. Чуноне маълум аст, яке аз аввалин корҳои амалие, ки бунёдкорони тартиботи нав дар пеши назари мардум анҷом доданд, ин нобуд кардани китобҳои муқаддаси динӣ, бастан (расмӣ набошад ҳам), ё худ хароб кардани масҷиду мадрасаҳо, ба азобу шиканҷа кашидани диндорон ва ғайраҳо. Аз ҷумла, ҳомиёни тартиботи нав дар Марғелон, дар пеши чашми мардум Қуръони Шарифро сӯхтанд, масҷиди ҷомеи Андиҷонро ба казармаи қисмҳои аскарони сурх табдил доданд ва охирин дар ин ҷойи барои мардум муқаддас ҳар гуна корҳои бемаъниро ба ҷо овардаанд.1
2. Дар аввал маҳдуд ва баъд тамоман манъ намудани фаъолияти ҳизбу ҷамъиятҳои ғаӣриболшевикӣ. Маълум аст, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон, аниқтараш дар шаҳрҳои асосии он қариб тамоми ҳизбҳои бузурги Русия ташкилот ё худ намояндаи худро доштанд. Махсусан ҳизби эсерҳо ва ҷамъияти «Шӯрои исломия» аз ҳамаи ҳизбҳо ва ҷамъиятҳо сернуфузтар ба ҳисоб мерафтанд. Сиёсати пешгирифтаи ҳизби болшевикӣ ҳамаи онҳоро ба муқобили худ гузошт.
3. Маҳв намудани ҳаракати мухториятчиён. Чӣ тавре аллакаӣ дар боби пешина таъкид кардем маҳв намудани «Мухторияти Қӯқанд» қариб тамоми тарафдорони онҳоро, ки дар ҳудуди кишвар хеле бисёр буданд, ба майдони муборизаи муқобили сиёсати болшевикӣ бархезонд.
4. Кашида гирифтани замин, завод, бино ва дигар молу мулки дороён, миллӣ кунонидани бонкҳо, ҷорӣ намудани сиёсати развёрсткаи озуқавӣ (яъне аз аҳолӣ кашида гирифтани ғалла ва дигар намуди хӯрокворӣ, пахта ва ғайра). Дар чунин ҳолат соҳибони мулк бо сиёсати пешгирифтаи Ҳокимияти Шӯравӣ розӣ нашуда, барои муқобилият вақти мусоидро интизор буданд.
5. Амалиётҳои ношоистаи баъзе аз ашхосе, ки дар замони нав, дар марказ ва дар маҳалҳо ба сари қудрат омада буданд. Дар баӣни амалдорони нав ашхосе буданд, ки аз мансаб истифода бурда, ба манфиати шахсии худ, ба мол ва номуси мардум даст мезаданд, таҳқир менамуданд ва ғайраҳо. Сиёсати террористӣ, ки тарғиботи нав нисбати муқобилони худ пеш гирифта буд, барои ин гуна амалдорон воситаи 72 хубе буд. Онҳо метавонистанд, ҳар касеро, ки хоҳанд нест кунанд. Чунин далел аз он шаҳодат медиҳад, ки он солҳо дар баӣни аъзоён ва органҳои ҷазодиҳии Самарқанд оиди «ки дар як шаб каси бисёреро қатл карда метавонад», мусобиқае вуҷуд доштааст. 73 Амалан дар баъзе ноҳияҳо, нисбат ба сиёсати фаҳмондадиҳӣ, сиёсати тарсонидан, манъ намудан ва ҷазо доданро пеш гирифта буданд, ки мардум бо зудӣ аз чунин сиёсат рӯй мегардонд.
6. Ҳангоми ташкил додани аввалин органҳои марказӣ ба эътибор нагирифтани манфиати мардуми маҳаллӣ ва ташкил додани чунин ҳокимият танҳо аз ҳисоби русҳо ва русзабонҳо. Ин гуна сиёсатро намояндагони зиёиёни маҳаллӣ ҳамчун ҷорӣ гардидани сиёсати нави мустамликавӣ ва таҳқири миллати худ меҳисобиданд.
Албатта ба сабабҳои дар боло нишон додашуда, инчунин таъсири ҳаракати зиддишӯравии худи Русия, ташвиқоту амалиётҳои мамлакатҳои беруна илова шуда метавонанд. Хулоса, ҳамаи ин сабабҳо қисми бузурги мардуми кишвари Туркистон, аз он ҷумла мардуми сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолиро ба майдони ҳарб кашида буд.

Ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ

Аввалин баромади зиддишӯравӣ дар ҳудуди уезди Хуҷанд 4 феврали соли 1918 дар деҳаи Қистакӯз ба амал омад. Вале дар нимаи дуюми сол ин ҳаракат қариб тамоми ҳудуди уездро фаро гирифт. Зеро, моҳи июл якбора аз ду тарафи кишвари Туркистон ба тартиботи шӯравӣ зарба зада шуд. Чунончи: дар қисми шимол 3 июл қӯшунҳои казакии атаман Дутов Оренбургро бори дуюм гирифта алоқаи Туркистони Шӯравиро бо Русияи Шӯравӣ канд. (Атаман Дутов бори аввал Оренбургро ноябри соли 1917 гирифта то январи соли 1918 дар дасти худ нигоҳ дошта буд.)
Худи ҳамин моҳ дар вилояти Моварои Каспӣ (Закаспий) низ мардуми туркман шӯриш бардошта, дар мулки худ тартиботи шӯравиро барҳам доданд. Ин ду воқеа, ки зуд ба шаҳру ноҳияҳои ҶМШС Туркистон паҳн гардид, сарварони онро сахт ба ташвиш гузошт. 13 июл бо ташаббуси онҳо штаби муҳофизати Туркистон ба вуҷуд омад.
Ҳукумати шӯравии Туркистон дар тарси он буд, ки мабодо ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҳудуди вилояти Фарғона ба амал наояд. Зеро, мардуми ин вилоят, махсусан шаҳри Қӯқанд, ҳангоми аз тарафи аскарони сурх забт намудани он ва барҳам додани ҳокимияти мухториятчиён, аз тороҷгарии онҳо сахт ба дод омада буданд. Чунончи, яке аз иштирокчиёни маҳв намудани «Мухторияти Қӯқанд» собиқ штабс-капитани қӯшунҳои подшоҳӣ Д.Е. Коновалов эътироф кардааст, ки «дар пахш намудани ҳаракати мухториятчиёни Қӯқанд элементҳои тасодуфии авбошу ғоратгар низ танҳо бо мақсади тороҷ намудани амволи мардум иштирок намуда буданд».74 Аз ин рӯ дар Қӯқанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона ҳанӯз оромии том вуҷуд надошт. Шаҳри Хуҷанд бошад, дар баӣни ин вилоят ва шаҳри Тошканд нуқтаи муҳими стратегӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳол он ки дар ин шаҳр ҳам болшевикон такягоҳи боэътимоде надоштанд. Бинобар ҳамин ҳам 13 июл роҳи оҳан ва шаҳри Хуҷанд дар ҳолати ҳарбӣ эълон карда шуд.
Дар нимаи дуюми соли 1918 ҳаракати зиддишӯравӣ бисёр ноҳияҳои Фарғона, Сирдарё, Ҳафтрӯд ва Самарқандро низ фаро гирифт. Моҳи декабр ҶМШС Туркистон дар ҳолати ҳарбӣ эълон карда шуд. 16 декабр сарвари ташкилоти хуҷандии эсерони чап Стерлиговро ҳамчун ташкилкунандаи сӯиқасд ба ҳабс гирифтанд.
Шаби аз 18 ба 19 январи соли 1919 дар худи шаҳри Тошканд бо сарварии комиссари ҳарбии ҷумҳурии Туркистон К.П. Осипов ба муқобили тартиботи болшевикии кишвар исёне ба амал омад, ки дар натиҷаи он бисёре аз коркунони ҳизбию шӯравӣ, аз ҷумла 14 нафар комиссарони туркистонӣ (онҳо бо даъвати худи К. Осипов барои ҷамъомад ҳозир шуда буданд) қурбон шуданд. Фаъолони ин исён аъзоёни «Ташкилоти ҳарбии Туркистон», ки аз тарафи гвардиячиёни сафед бунёд карда шуда буд, ба ҳисоб мерафтанд. Ин воқеа муқобилони тартиботи шӯравии кишварро хеле рӯҳбаланд намуд.
22 январи соли 1919 Оренбург боз ба ихтиёри аскарони сурх гузашт. Ин ба Ҳукумати Шӯравӣ имконият дод, ки ба Туркистони шӯравӣ иловагӣ аскар ва лавозимоти ҳарбӣ фиристад. Дар натиҷа ба муқобили К. Осипов қувваи зиёд гузошта шуд. К. Осипов ҳатто шаҳри Тошкандро пурра ба даст гирифта натавонист ва шикаст хӯрда ба сӯйи Мастчоҳ, баъд, тобистони он сол ба Бухоро гурехт.
Аз охири соли 1918 дар ноҳияҳои гуногуни водии Фарғона, аз он ҷумла ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ отрядҳои зиддишӯравӣ бо сарварии Эргаш, Мадаминбек, Кӯри Шермат, Раҳмонқул, Исломбек, Амонкул, Маҳмадсолеҳ ва дигарон амал мекарданд. Эргаш 5 марти соли 1919 дар волости Исфанаи уезди Хуҷанд бо дастаи сеҳазорнафарааш муборизаро бо шӯроҳо аз сари нав сар кард. Вале ҳамон лаҳза дар баӣни қувваҳои зиддишӯравӣ сернуфузтарин қувваҳои Мадаминбек ба ҳисоб мерафт. Ӯ, ки худро «Сарфармондеҳи армияи сафеди мусулмонии Туркистон» эълон карда буд, тавонист дар атрофи худ отрядҳои зиёди хурд-хурди зиддишӯравиро муттаҳид намояд. Дар натиҷа қариб тамоми водии Фарғона ба зери нуфузи вай гузашт. Ҳамон вақт як ҳиссаи ноҳияи Ӯротеппа аллакаӣ ба зери итоати қувваҳои Амонқул буд.
Моҳи апрели соли 1919 бо мақсади ба танзим даровардани мубориза ба муқобили ҳаракатҳои зиддишӯравӣ дар Тошканд Шӯрои Ҳарбии инқилобии ҶМШС Туркистон ташкил ёфт. Тобистони он сол, баъди дар фронти Шарқии Русияи Шӯравӣ маҳв намудани қувваҳои бузургтарини зиддишӯравии Колчак, ба кишвари Туркистон қувваҳои иловагӣ — қисмҳои аскарони сурх ва масолеҳи зиёди ҳарбӣ фиристода шуд. 11 августи он сол аз ҳисоби қисмҳои аскарони сурхи фронти Шарқӣ, ки ба кишвари ‘Туркистон фиристода шуданд, фронти Туркистонӣ, бо сарварии М.В. Фрунзе ташкил гардид. Ба ихтиёри он инчунин тамоми қисмҳои аскарони сурх, ки дар ҳудуди кишвари Туркистон амал мекарданд, гузашт. Вазифаи асосии фронти нав — дар тамоми ҳудуди Осиёи Миёна, пеш аз ҳама дар кишвари Туркистон пурра маҳв намудани қувваҳои зиддишӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар ҳудуди кишвари Туркистон хеле бисёр ҷамъ гардидани қисмҳои аскарони сурх ба сарварони фронт имконият дод, ки онҳоро бештар дар ноҳияҳои барои тартиботи шӯравӣ хавфнок ҷойгир намоянд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, танҳо дар вилояти Фарғона як муддат миқдори аскарони сурх то ба 30 ҳазор нафар расидааст. Албатта дар як вилояти сераҳолитарини кишвар ба ин миқдор ҷамъ гардидани аскарон боиси боз ҳам зиёд гардидани норозигии мардум мешуд. Зеро ин микдор аскар аз зӯроварию тороҷ намудани мардум худдорӣ намекарданд.
Тобистони соли 1919 ҳаракати зиддишӯравӣ водии Зарафшонро низ фаро гирифта буд. Дар ин ҷо қувваҳои зиёди зиддишӯравӣ дар атрофи Ҳамроқул муттаҳид гардиданд.
Баробари ташкил додани фронти Туркистонӣ, аскарони он ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ба ҳуҷум гузоштанд. Дар натиҷа «пробкаи оренбургӣ» абадан барҳам дода шуд. Ин имконият дод, ки ҳукумати Русияи Шӯравӣ ба вазъи кишвари Туркистон диққати ҷиддӣ диҳад. Бо ташаббуси он 8 октябри соли 1919, бо мақсади кӯмак расонидан ба болшевикони ин кишвар, барои маҳви душманони дохилӣ ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ Комиссияи Кумитаи иҷроияи Марказии (КИМ) Умумирусиягӣ ва Шӯрои Комиссарони Халқии (ШКХ) Федератсияи Русия оид ба корҳои Туркистон (Турккомиссия) ташкил дода шуд. Кумитаи Марказии ҳизби коммунистии болшевикии Русия (ҲК(б) Русия) ба ин комиссия масъулияти ҳизбиро низ дод. Минбаъд, августи соли 1920 барои зиёдтар намудани нуфузи болшевикӣ ва роҳбарияти ҳизбӣ Бюрои Туркистонии (Туркбюро) ҲК(б) Русия ташкил карда шуд.
Аз аввали соли 1920 вазъи ҳарбии ҳомиёни тартиботи нави кишвари Туркистон нисбатан беҳтар гардид. Аҳволи қувваҳои зиддишӯравӣ бошад, баръакс вазнин шуд. Охирин, бо сабаби дар ҳудуди кишвар хеле зиёд гирд овардани қисмҳои аскарони сурх, дигар имконияти муттаҳидшавиро аз даст дода буданд. Бинобар ин онҳо бештар ба отрядҳои хурд-хурд тақсим шуда, дар ноҳияҳои гуногун амал мекарданд. Аз ин рӯ аскарони сурх дар амалиёти ҷангии худ дигар қариб бо қувваҳои нисбатан бузурги муттаҳидаи зиддишӯравӣ дучор намеомаданд. Ин аз як тараф кори қисмҳои аскарони сурхро осон намояд, аз тарафи дигар, бо чунин тарз ҷангидани отрядҳои маҳаллӣ, аз хусуси хеле тӯлонӣ бурдани ин ҷанг далолат медод.
Дар чунин шароит баъзе сарварони ҳизбию шӯравӣ ва махсусан ҳарбии кишвар на танҳо сиёсати ба мардум фаҳмондадиҳӣ, балки сиёсати зӯроварӣ, барои тарсонидани чашми мардум чораҳои ҳабсу қатлро пеш гирифтанд. Махсусан отрядҳои ҷазодиҳии сегона (тройка), ки дар маҳалҳо ташкил дода мешуд, дар ин ҷода бераҳмиҳои зиёде зоҳир намудаанд. Аз тарафи онҳо асосноку беасос каси бисёре қатл карда шудааст. Баъзан, бо мақсади ғаразнок, ё худ рӯпӯш намудани нобарории амалиёти худ, шахсони тамоман бегуноҳро ҷамъ намуда, қатл мекарданд, ё худ деҳаеро ба хок яксон менамуданд. Чунин рафтор баъзан худи иштирокчиёни ҳамин гуна ҳолати мудҳишро ба ғазаб овардааст. Аз ҷумла моҳи марти соли 1921 шикояти як гурӯҳ коммунистон — аъзоёни комиссияи фавқулоддаи Туркистонӣ (ТуркЧК) ва КМ ҲК(б) Русия чоп карда шуд. Дар он муаллифон рӯйрост иқрор шудаанд», ки «ҳарчанд ин ғамангез бошад ҳам, аммо мо бояд иқрор шавем, ки коммунист ба органҳои ҷазодиҳӣ дохил шуда, инсон будани худро фаромӯш мекунад ва ба автомати ба тарзи механикӣ баҳаракатдароянда табдил меёбад. Ӯ наметавонад андешаҳои худро озодона баён намояд, талабҳои худро фаҳмонад. Зеро, ӯро барои ҳамаи ин ҳукми қатл таҳдид мекунад. Аъзои комиссияи фавқулодда худро аз ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ дар канор меҳисобад. Дар онҳо сифатҳои бади инсонӣ, худписандӣ, такаббурӣ, бераҳмӣ ва ғайра бештар дида мешавад. Бо ҳамон гуна хусусиятҳо онҳо номаълум худро аз ҳаёти ҳизбӣ ба канор гирифта, кастаи махсусеро ташкил додаанд, ки ба хотир оварданаш воҳиманок бошад ҳам, ба кастаи аввалаи жандармӣ монандӣ дорад. Ташкилотҳои ҳизбӣ ба онҳо, ҳамчун ба «охранка»-и собиқа, бо тарс ва нафрат менигаранд. Ниҳоят Комиссияи фавқулодда ба мушти зиреҳпӯши ҳизб табдил ёфтааст, вале ин мушт ҳоло ба сари худи ҳизб зада истодааст».75
Ин эътирози коммунистон — аъзоёни комиссияи фавқулодда, ки худ шоҳиди бисёр фоҷиаҳои хунини аз тарафи «мушти зиреҳпӯши ҳизб» содир карда буданд, барои як ё якчанд ноҳия не, балки қариб барои тамоми ҳудуди Осиёи Миёна хос аст. Таърихи башарият борҳо исбот намудааст, ки ҳеҷ гуна тартиботро ба тарзи зӯрӣ, ба мӯҳлати тӯлонӣ барқарор нигоҳ доштан ғайриимкон мебошад. Вале сарварони ҳамонвақтаи Ҳокимияти Шӯравӣ, махсусан ҳизби болшевикӣ, ки бунёдгузори тартиботи нав ба ҳисоб мерафтанд, аз чунин дарси таърих сабақи зарурӣ нагирифтаанд. Бинобар ҳамин ҳам онҳо имконият доданд, ки дар маҳалҳо нисбат ба мардум бераҳмиҳои хеле зиёд зоҳир гардад. Албатта фактҳои болоӣ маънои онро надорад, ки гӯё ҳамаи чекистҳои ҳамонвақта чунин шахсони қотил бошанд. Худи ба вуҷуд омадани он мактуби эътирозии чекистҳо далели он мебошад, ки қисми онҳо аз усули корбарии ташкилотҳои маҳаллиашон норозӣ буданд. Яъне, чекистҳое, ки дар ҳақиқат ғами халқро мехӯрданд, низ фаъолият доштаанд. Маҳз фаъолияти чунин шахсони нисбати мардум содиқ пеши роҳи чандин фоҷиаҳои хунинро гирифтааст. Минбаъда пойдор гардидани тартиботи шӯравӣ ҳам на хизмати онҳост, ки танҳо роҳи қатлу ҳабс ва тарсонидани чашми мардумро пеш гирифта буданд, балки хизмати, он чекистҳое ба ҳисоб меравад, ки аз рӯзҳои аввал дар ғами беҳбудии аҳволи мардум, муқобили ҳар гуна қатли ом ва тарафдори сиёсати фаҳмондадиҳӣ буданд.
Умуман соли 1920 вазъияти кишвари Туркистон нисбат ба соли 1919, ба фоидаи тартиботи шӯравӣ хеле тағйир ёфт. Моҳи феврали соли 1920 аскарони сурх тамоми ҳудуди Моварои Каспиро ба даст дароварда, дар ин ҷо тартиботи шӯравиро аз нав барқарор намуданд. Моҳҳои март-апрел бошад аскарони сурх ба қувваҳои зиддишӯравии Ҳафтрӯд шикасти сахт доданд. Дар натиҷа фронтҳои Моварои Каспӣ ва Ҳафтрӯд барҳам дода шуд.
Солҳои 1918-1919 ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини кишвари Туркистон характери зиддирусӣ ҳам дошт. Зеро, қувваҳое, ки тартиботи нав — шӯравиро дар ин кишвар барпо намуданд ва ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ меҷангиданд, асосан қисмҳои аскарони сурх буданд. Ин қисмҳо бошанд бештар аз ҳисоби казакҳои рус, баъд аз мардуми гуногуни русзабон таркиб ёфта буданд. Ҳатто дастаи дашнакҳои арманиро мардуми маҳаллӣ ба ҳисоби русзабонҳо дохил мекарданд. Он солҳо мардуми маҳаллӣ дар ҳайъати қисмҳои аскарони сурх ё хеле камшумор, ё худ қариб набуданд. Сарварони ҳамонвақтаи давлатию ҳизбӣ ва ҳарбии кишвар оқибати бади чунин ҳолатро ба инобат гирифта, зарурияти дар ҳайъати қисмҳои аскарони сурх зиёд намудани намояндагони мардуми маҳаллиро ба миён гузоштанд, Дар ин ҷода, корҳои ташвиқотиро бештар ба кор бурданд ва он натиҷаҳои дилхоҳ дод. Ҳамаи ин чорабиниҳо дар соли 1920 ҳаракати зиддишӯравиро нисбат ба солҳои 1918-1919 заифтар намуд.
Дар солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ як қисми аҳолии маҳаллӣ оҳиста-оҳиста ба сохти нав майл карда, барои барқарории он ҷонбозиҳо намуданд. Аз ҳисоби онҳо соли 1919 дар ҳудуди уездҳо отрядҳои ихтиёриёни халқӣ ташкил ёфт. Ба чунин отрядҳо, фаъолони ҳаракати шӯравӣ: Ҳайдар Усмонов, Бобобек Мавлонбеков, Аҳмадбек Мавлонбеков, Шариф Раҷабов, Абдуқодир Раҳимбоев, Раҳимбердӣ Эгамбердиев ва дигарон сарварӣ намудаанд. Маҳз дар натиҷаи ба ҳимояи тартиботи шӯравӣ бархестани як ҳиссаи мардуми маҳаллӣ, дар чунин маҳалҳо ҳаракати зиддишӯравӣ ба худ характери ҷаиги шаҳрвандиро гирифт. Ҳамин ҳолат махсусан солҳои 1919-1921 ҳувайдо буд. Вале отрядҳои ихтиёрии халқӣ дар он солҳо қувваи ҳалкунанда ба ҳисоб намерафтанд. Қувваи асосие, ки баҳри тартиботи шӯравӣ меҷангид ҳанӯз ҳам қисмҳои аскарони сурх буданд.
Аз аввали соли 1920 дар водии Фарғона қисмҳои асосии аскарони сурх ба муқобили қисмҳои Эргаш ва Мадаминбек, ки ҳанӯз ҳам хеле сершумор буданд, нигаронида шуданд. Дар натиҷаи муборизаҳои пайдарпай 13 январ деҳаи Бешкир, ки такягоҳи асосии Эргаш ба ҳисоб мерафт, ба ихтиёри аскарони сурх гузошт. Моҳи март бошад Мадаминбек низ шикаст хӯрд ва қисмҳои боқимондаи ӯ ба воситаи Ӯротеппа ба сӯйи Мастчоҳ ақиб нишастанд.76
Баъди шикаст додани қувваҳои Эргаш ва Мадаминбек, охири соли 1920 ва аввали соли 1921 қисмҳои асосии аскарони сурхи дар водии Фарғона буда ба муқобили қувваҳои Холбӯта ва Раҳмонқулбек сафарбар карда шуданд. Дар ин муҳорибаҳои шадид қувваҳои зиддишӯравӣ шикаст хӯрда, ба ҳар сӯ пароканда гардиданд. Солҳои 1921—1923 дастаҳои нисбатан хурди зиддишӯравӣ дар Ӯротеппа бо сарварии Холбӯта, дар волости Қистакӯз — бо сарварии Лаҳадмахсум, дар водии Зарафшон бо сарварии Ҳамроқул ва ғайраҳо амал мекарданд. Сентябри соли 1921 ҳуҷуми қатъии аскарони сурхи фронти Фарғона, аз ҷумла дар ҳудуди Ашт ба муқобили қароргоҳҳои асосии Раҳмонқул ва Аҳмад Полвон, дар ҳудуди маҳалҳои САНТО – Исфара — Қӯқанд ба муқобили қароргоҳҳои Исломқул ва Эшмат нигаронида шуда буд.
Солҳои 1921—1922 дар бисёр маҳалҳои уезди Хуҷанд заминҳои вақфие, ки аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ мусодира карда шуда буд, ба соҳибони пештарааш — масҷиду мадрасаҳо баргардониданд. Ин чорабинӣ то андозае сабаби заифтар гардидани ҳаракати зиддишӯравӣ гардид. Вале дар соли 1922 низ гурӯҳҳои нисбатан пурзӯри зиддишӯравӣ — ин отрядҳои Раҳмонқул ва Холбӯта ба ҳисоб мерафтанд. Махсусан гурӯҳҳои Раҳмонқул дар атрофи Хуҷанд ва Холбутта дар атрофи Ӯротеппа нуфузи зиёд доштанд. Маҳз ҳамин гуна ҳолатро ба инобат гирифта, ҳамон сол дар Хуҷанд ва Ӯротеппа аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ Комиссияҳoи фавқулодда оиди мубориза ба муқобили ҳаракати зиддишӯравӣ ташкил гардид. Инчунин ба ин нуқтаҳо қисмҳои иловагии аскарони сурх фиристода шуд. Дар натиҷа, моҳи октябри соли 1922 Раҳмонкул сахт шикаст хӯрд. Охирин такягоҳи ӯ деҳаи Ашоба ба ихтиёри қисмҳои аскарони сурх гузашт. Худи вай бо 90 нафар наздиконаш таслим шуд. Охири соли 1922 ва аввали соли 1923 отрядҳои Холбӯта асосан дар ҳудуди волостҳои Шаҳристон ва Басманда амал мекарданд. Моҳи апрели соли 1923 отряди Холбутта низ дар Ӯротеппа шикаст хӯрд.77 Баъди ин воқеа масъалаи ҳалли такдири «бекигарии Мастчоҳ» ба миён омад.

Маҳв намудани ҳаракати зиддишӯравӣ дар Мастчоҳ

30 ноябри соли 1918 дар Мастчоҳ агарчанде дар натиҷаи сулҳи тарафҳо тартиботи шӯравӣ ба тарзи осойишта аз нав барқарор ёфта буд, вале баробари аз ҳудуди ин ноҳия дур шудани қисмҳои аскарони сурхи Тихонов ва Силченко, аввали моҳи декабр Султонбек худро бек ва Мастчоҳро бекигарии мустақил эълон кард. Дар натиҷа дар Мастчоҳ Ҳокимияти Шӯравӣ боз барҳам хӯрд.
Баҳори соли 1919 Эргаш бо гурӯҳи начандон калони худ ба Мастчоҳ омад. Ӯ охири моҳи май ба Фалғар ҳуҷум кард, вале аз қисмҳои аскарони сурхи дар Панҷакент буда, ки ба муқобили вай омада расиданд, шикаст хӯрд ва ба Мастчоҳ баргашт. Баъди ин воқеа, Эргаш, бо мақсади пурқувват намудани қувваҳои зиддишӯравии водии Фарғона, тобистони он сол Султонбекро бо дастааш ба Фарғона бурд. Беки нави Мастчоҳ Ҳофиз Ҳусайн бошад дар муборизаи муқобили тартиботи шӯравӣ чандон фаъол набуд. Вале дар ҳудуди волости Мастчоҳ аллакаӣ касони бисёри аз тартиботи шӯравӣ норозии аз ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон омада, паноҳӣ ёфтаанд. Бинобар ин сарварони шӯравӣ ин дафъа ҳам масъаларо бо сарварони нави Мастчоҳ ба тарзи осойишта ҳал карданӣ шуданд. 12 июли соли 1920 дар деҳаи Похути волости Фалғар баӣни Ҳокимияти Шӯравӣ ва бекигарии Мастчоҳ сулҳ имзо гардид. Вале тирамоҳи он сол вазъият аллакаӣ тағйир ёфт. Ба ин мулк Саид Аҳмадхоҷа — писари эшони Авлиёхоҷа, ки дар тамоми ҳудуди уезд шӯҳрат дошт ва аз соли 1919 раиси комиҷроияи волости Бокса-Исфанаи уезди Хуҷанд буду ҳатто ба ҳайъати ҳизби болшевикӣ ҳам шомил буд, омада худро бек эълон кард ва сулҳи бо Ҳокимияти Шӯравӣ вуҷуддоштаро бекор намуд. Вай мехост, ки дар тамоми болооби Зарафшон ҳокимияти худро барқарор намояд.
Саид Аҳмадхоҷа аз Ҳокимияти Шӯравӣ талаб кард, ки мустақилияти давлати ӯро эътироф кунад. Ба ин талаб Шӯроҳо розӣ нашуданд. Ба ҳамин сабаб гуфтушуниди тарафайн натиҷаи дилхоҳ надод. Ниҳоят Ҳокимияти Шӯравӣ ба муқобили бекигарии Мастчоҳ қувваро истифода бурд. Моҳи марти соли 1923 барои маҳви бекигарии Мастчоҳ аз тарафи Ҳокимияти Шӯроҳо, бо сарварии Ҷӯра Зокиров ва Аҳмадбек Мавлонбеков Сегонаи ҳарбию сиёсӣ ташкил карда шуд. Дар худи ҳамон моҳ қисмҳои аскарони сурх ба хоки Мастчоҳ бори аввал қадам гузоштанд. 2 апрели ҳамон сол онҳо маркази «бекигарии Мастчоҳ» — деҳаи Оббурдонро ишғол карданд. Бо ҳамин дар ҳудуди Кӯҳистони Мастчоҳ ҳам пурра тартиботи шӯравӣ аз сари нав барқарор гардид. Худи Саид Аҳмадхоҷа боз ба уезди Хуҷанд гурехта паноҳӣ ёфт. 4 январи соли 1924 ӯ баъди нокомиҳои зиёд ба Ҳокимияти Шӯравӣ таслим шуд.

Ҳаракати зиддишӯравӣ дар Кӯҳистони Бадахшон

Тобистони соли 1919 вазъият дар Кӯҳистони Бадахшон боз мураккаб гардид. Зеро дар ноҳияи Ӯш дер боз отрядҳои хурд-хурди Эргаш ва Мадаминбек амал мекарданд. Аз худи Ӯш то сарҳади Помири Шарқӣ, яъне дар водии Олой, асосан қувваҳои зиёди зиддишӯравӣ бо сарварии Муҳиддин ва Ҷонибек ҳукуматдорӣ менамуданд.
Чунин вазъият барои пурқувват шудани қувваҳои зиддишӯравии Кӯҳистони Бадахшон низ имкониятҳои мувофиқ ба вуҷуд овард. Дар Помири Ғарбӣ ба чунин қувваҳо роҳбари сектаи исмоилиҳо — Муҳаммадалишо, эшони Шохдара — Саид Маҳмудшо ва эшони Поршнев — Саид Юсуфалишо сарварӣ мекарданд. Бевақтии шаби 23 июли соли 1919 дар Хоруғ А.А. Холмаков ва наздикони ӯ аз тарафи мадёрҳои сафед, ки аз Афғонистон гузашта буданд, кушта шуданд. Баъди ин фоҷиа, 24 июл иҷроиши вазифаи сарвари сиёсии Кӯҳистони Бадахшон ба ӯҳдаи П. Воловик гузошта шуд.
Моҳи октябри он сол отряди зиддишӯравии Н. Монстров, ки дар Ҷалолободи мулки қирғизҳо амал мекард, бо Мадаминбек иттифоқ баста, Ӯшро ба даст даровард. Роҳ аз водии Фарғона ба сӯйи Кӯҳистони Бадахшон баста шуд. 26 сентябри соли 1919Ӯшаз тарафи қисмҳои аскарони сурх ишғол карда шуд. Аз ин пештар Андиҷон низ аз ихтиёри қувваҳои зиддишӯравӣ рафта буд. Вале баъди ин воқеа ҳам вазъияти Кӯҳистони Бадахшон беҳтар нагардид. Зеро, қувваҳои зиддишӯравии Мадаминбек минбаъд асосан дар водии Олой ҷамъ гардиданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо охири соли 1919 қувваҳои танҳо Мадаминбек тахминан ба 7 ҳазор нафар мерасид. 24 октябри он сол дар деҳаи Гулҷӣ, ки маҳалли асосӣ дар роҳи Ӯш — Хоруғ ба ҳисоб меравад, Монстров ва Мадаминбек «Ҳукумати Муваққатии Туркистон»-ро бо сарварии Мадаминбек ташкил доданд.
Охири моҳи декабр ба Хоруғ отряди зиддишӯравӣ бо сарварии полковник Тимофеев омада расид, ки он бо супориши генерал Муханов фиристода шуда буд. Бо омадани ин отряд дар Помири Ғарбӣ тартиботи шӯравӣ барҳам хӯрд ва дар ин мулк режими сахти ҳарбӣ ҷорӣ гардид. Дар Помири Шарқӣ каме пештар ҳокимият ба ихтиёри қувваҳои зиддишӯравии маҳаллӣ ба сарварии Кулсарибек Кунакбоев гузошт. Чӣ дар Помири Ғарбӣ ва чи Шарқӣ ба таъқиби онҳое сар карданд, ки нисбат ба тартиботи шӯравӣ хайрхоҳ буданд.
Аввали соли 1920 нуқтаҳои асосии стратегӣ дар роҳи Ӯш- Хоруғ, аз он ҷумла деҳаи Гулҷӣ, аз тарафи қисмҳои аскарони сурх ишғол карда шуд. Ин воқеа дар Кӯҳистони Бадахшон тарафдорони шӯравиро рӯҳбаланд намуд. Бо сарварии Х. Кирмоншоев отряди гвардиячиёни сурх ташкил карда шуд, ки ба он А. Наврӯзбеков, Т. Бердаков, С. Абдуллоев, Э. Элчибеков, Б. Мирзобеков ва Воловик дохил мешуданд.
Моҳи апрели соли 1920 полковник Тимофеев нокифоягии қувваи худро эҳсос намуда, бо наздиконаш ба Ҳиндустон гурехт. Баъди ин воқеа сардори милитсияи Хоруғ Ҳақназар, ба диндорони маҳаллӣ такя намуда, ҳокимиятро гирифт. Вале диндорони Помири Ғарбӣ, бо ташаббуси Абдулғиёсхон ба беки Дарвоз бо мактуб муроҷиат карданд, ки мулки онҳоро низ ба ҳайъати мулкҳои идоракунии амири Бухоро ҳамроҳ кунанд. Дар натиҷа моҳи майи ҳамон сол отряди бухороии дар мулки Дарвоз буда, ба Хоруғ дохил шуданд ва Кӯҳистони Бадахшон мулки амири Бухоро эълон гардид. Акнун дар Хоруғ намояндаи амир — бек менишаст. Дар маҳалҳо тартиботи амириро аз нав барқарор карданд. 26 июн, вақте ки бек ва дигар намояндагони амири Бухоро дар зиёфати шои78 Роштқалъа Саид Маҳмудшо буданд, тарафдорони шӯравӣ, бо сарварии Азизбек Наврӯзбеков (ҳамагӣ зиёда аз 20 нафар), дар аввал кӯпруки дарёи Ғундро, ки роҳи Рошткалъаро бо Хоруғи Боло мепайваст, вайрон карданд Онҳо 27 июн қалъаи Хоруғро ба даст дароварда, тамоми аслиҳаро аз худ намуданд. 28 июн бек ва дигар тарафдорони ӯ аз воқеаи Хоруғ хабардор гашта, аз Роштқалъа омаданд ва бо душвориҳои зиёд аз дарёи Ғунд гузашта, аз исёнгарон талаби супоридани қалъаро карданд, вале ҷавоби рад гирифтанд. Рӯзи 29 июн дар баӣни тарафдорони шӯравӣ ва бек задухӯрд ба амал омад, ки бо ғалабаи шӯравиҳо анҷом ёфт. Бек асир афтид ва ӯро ба Қалъаи Хумб фиристоданд. Ҳокимият дар Кӯҳистони Бадахшон ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ бо сарварии П. Воловик гузашт.
Ҳамин тавр, 29 июни соли 1920, ҳамчун рӯзи дар Помири Ғарбӣ аз нав ташкил ёфтани Ҳокимияти Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Баъди Хоруғ, бо зудӣ тартиботи шӯравӣ дар Вахон ва Ишкошим низ аз нав барқарор гардид. Кумитаи инқилобии Помири Ғарбӣ, бо мақсади пурсидани кӯмак аз ҳокимияти шӯравии Туркистон, моҳи июл ба Тошканд, иборат аз 20-25 нафар ҳайъати намояндагӣ фиристод. Дар ин асос ва бо мақсади мустаҳкам намудани сарҳад, ҳокимияти Туркистон, ба Бадахшон иборат аз 350 нафар отряди нави сарҳадиро фиристод.
Ба Кӯҳистони Бадахшон расидани отряди нави сарҳадӣ ба тарафдорони Ҳокимияти Шӯравӣ имконият дод, ки на танҳо мавқеи қувваҳои зиддишӯравиро дар Помири Ғарбӣ маҳдуд намоянд, балки сентябри соли 1921 дар Помири Шарқӣ низ тартиботи шӯравиро аз нав барқарор созанд.
Дар ин гӯшаи кӯҳӣ ҳам ҳокимият ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузашт. Моҳи сентябри соли 1921 бо ташаббуси ҳокимияти шӯравии Туркистон, бо мақсади дар тамоми маҳалҳои Кӯҳистони Бадахшон барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ Сегонаи ҳарбию сиёсӣ оид ба Помир ташкил карда шуд. Ба он аз Помири Ғарбӣ — Шириншоҳ Шоҳтемур, аз Помири Шарқӣ — Ҳусенбоев ва аз отряди сарҳадӣ — М.М. Дяконов (вай инчунин намояндаи КИМ ҶМШС Туркистон ба ҳисоб мерафт) дохил буданд. Ин сегона 19 сентябр баҳри дар тамоми маҳаллаҳои Кӯҳистони Бадахшон ташкил додани кумитаи инқилобӣ қарор қабул кард.
Сегонаи ҳарбию сиёсӣ мебоист ба иқтидори ҳарбии дар ихтиёраш буда такя намуда бештар бо роҳи фаҳмондадиҳӣ мардумро ба тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ ҷалб мекард. Дар ин ҷода дар ҳақиқат муваффақиятҳои зиёд ба даст дароварданд. Қисми бузурги мардуми ин диёри баландкӯҳ ба зудӣ рӯ ба тарафи шӯроҳо гардониданд.
Вале он усули дағалию ҷазодиҳӣ, ки аз тарафи баъзе ҳомиёни тартиботи шӯравӣ дар водиҳо роҳ дода мешуд, дар ин гӯша ҳам ҷой дошт. Дар яке аз мактуби шикоятии ба номи КИМ ҷумҳурии Туркистон фиристодашуда (соли 1922) таъкид мешавад, ки «роҳбари органи ҷазодиҳӣ ва сарвари сегонаи Помир як шахс мебошад». Вай коркуни кӯҳнаи шӯъбаи махсус буда, мавқеаш ҳанӯз солҳои 1918-1919 ташаккул ёфтааст. Ин усули «тарсонидан, манъ кардан ва ҷазо додан мебошад. Ба ҳамин се усул тамоми мафҳуми корбарии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии корманди шӯъбаи махсус асос ёфтааст». Дар натиҷаи корҳои ношоями ин гуна шахсон сафи онҳое, ки аз Ҳокимияти Шӯравӣ норозианд зиёд шуда истодааст.1 Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки дар Кӯҳистони Бадахшон ҳам махсусан муллою эшонҳо ва шахсони ба онҳо наздик ба таъқиби сахти органҳои ҷазодиҳии тартиботи нав — шӯравӣ гирифтор шудаанд.

Кӯшишҳо барои бо роҳи осойишта ҳал намудани муноқишаҳо

Бояд ба хотир дошт, ки пеш аз даргириҳои ҷангҳои тарафайн, ва ҳангоми ҷанг кӯшишҳои тарафайн барои бо роҳи осойишта ҳал намудани муноқишаҳо дида мешуд. Чуноне таъкид намудем, мухториятчиён пеш аз эълони ҳокимияти мухтории худ талабҳояшонро дар назди сарварони Туркистони Шӯравӣ гузоштаанд ва аз эҳтимол дур нест, ки агар он талабҳо ҳамон лаҳза қабул мегардиданд (яъне ташкили ҳокимияти коалитсионӣ ва эълон намудани мухторияти Туркистон) зарурияти ба вуҷуд омадани «мухторияти Қӯқанд» ва ихтилофҳои баӣни шӯравиҳо ва мухториятчиён намемонд. Вале он таклифҳо ҳамон лаҳза аз тарафи сарварони болшевикии Туркистон рад гардиданд.
Минбаъд бештари талабҳои тарафайн характери таҳдидӣ доштанд. Онҳо ба якдигар гузашт кардан намехостанд. Ҳар ду тараф ҳам мавқеи худро ҳақ ва ҳимоякунандаи асосии манфиати халқ меҳисобид.
Тарафҳо ба якдигар боварӣ надоштанд. Бинобар ин масъалаи мусолиҳаи тарафайн, баъзан аз тарафе барои ба даст даровардани имконияти хуби ҷангӣ пешниҳод карда мешуд. Маҳз ҳамин нобоварӣ нисбати якдигар яке аз сабабҳои асосии тӯлонӣ гардидани ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон ва умуман ҳудуди Осиёи Миёна гардид.
Чунончи моҳи августи соли 1921, анҷумани Шӯроҳои қувваҳои зиддишӯравии водии Фарғона ба Ҳокимияти Шӯравӣ ба тарзи расмӣ муроҷиат намуда, барои гуфтушуниди масъалаи мусолиҳа шартҳои зеринро ба миён гузоштааст; иҷозат ба фаъолияти озоди мактабҳои динӣ, мадрасаҳо ва масҷидҳо; аз нав барқарор намудани судҳои қозигӣ; ба соҳибони пештарааш — мадрасаю масҷидҳо баргардонидани мулкҳои вақфӣ ва ташкили идоракунии динӣ; ҷорӣ намудани фаъолияти озоди бозорҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсолоти косибию ҳунармандӣ; ба ҳаӣати қисмҳои аскарони сурх қабул намудани отряди қувваҳои зиддишӯравӣ ва ғайраҳо. Аммо ин таклифҳо ҳамон лаҳза аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ рад гардиданд. 79 Ҳарчанд баъзеи ин талабҳо минбаъд иҷро карда шуданд. Чунончи: 20 ноябри соли 1921 декрети Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) ҷумҳурии Туркистон оиди афви онҳое, ки дар ҳаракати зиддишӯравӣ иштирок кардаанд, баромад. 26 майи соли 1922 мувофиқи қарори КИМ ҷумҳурии Туркистон заминҳои вақфӣ ба соҳибони пештараашон баргардонида шуд ва судҳои қозигӣ аз нав барқарор гардид. Бинобар ин аз 26 июли он сол дар тамоми ҳудуди кишвари Туркистон дар як вақт бо судҳои шӯравӣ судҳои қозигӣ низ амал мекарданд.
Ин ҳама маънои онро дорад, ки сарварони Ҳокимияти Шӯравии ҷумҳурии Туркистон ҳамон солҳо бо сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ дар амал муросо карданӣ набуданд, ё аниқтараш бе иҷозати марказ ва сарвари фронти Туркистон, барои ба тарафи муқобил мустақилона музокира кардан ҳуқуқ надоштанд. Масалан, Абдулло Раҳимбоев, ки солҳои 1920-1923 раиси КИМ ҷумҳурии Туркистон буд, аз мансаби худ истифода бурда, соли 1923 яке аз сарварони ҳаракати зиддишӯравии Самарқанд Баҳромбекро (ӯ сарвари отряди 500 нафара буд) аз ҳабс озод намуд. Чунин ҷуръат барои А. Раҳимбоев на танҳо боиси ҷазои ҳизбӣ, балки сабаби асосии аз мансаб сабукдӯш гардиданаш шуд.80
Дар кишвари Туркистон, дар давраҳои гуногун як қисми қувваҳои зиддишӯравӣ, баъди ноумедиҳо аз мавқеи ишғолкардаи худ даст кашида, ихтиёран ба қисмҳои аскарони сурх таслим шуданд. Вале тарафи шӯравӣ, ба мавҷуд будани ҳуҷҷатҳо оиди афви умум аҳамият надода, баъзан онҳоро, махсусан қӯрбошиҳо ва наздиконашонро нест мекарданд. Аз ин рӯ, мардуми бо қувваҳои зиддишӯравӣ ҳамроҳшуда на ҳама вақт ба ваъдаҳои ҳомиёни тарафи шӯравӣ боварӣ доштанд.
Маҳз бо сабабҳои болоӣ, дар ҳудуди кишвари Туркистон, аз он ҷумла дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ отрядҳои хурд-хурди зиддишӯравӣ солҳои 20-30-юм низ амал карданд.
Умуман ҳаракати зиддишӯравӣ, ки сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Кӯҳистони Бадахшонро дар қатори дигар ноҳияҳои кишвари Туркистон фаро гирифта буд, на танҳо боиси харобиҳои хоҷагии халқ, балки он боиси талафотҳои зиёди ҷонӣ низ гардидааст. Махсусан солҳои 1918-1921 ба муқобили қисмҳои мунтазами ҳарбӣ, қисмҳои аскарони сурхи казакии мусаллаҳи дар маӣдонҳои ҷанг обутобёфта, тӯдаи зиёди мардуми машқи ҷангӣ надида ва бадмусаллаҳгардида меҷангид. Бинобар ҳамин ҳам агар талафоти ҷонии тамоми Федератсияи Русия (бо ҳамроҳи кишвари Туркистон) дар замони авҷи ҷангӣ гражданӣ, яъне солҳои 1918—1920 ба 800 ҳазор нафар расад, пас талафоти ҷонии танҳо кишвари Туркистон, бо якҷоягии маъюбон 200 ҳазор нафарро ташкил кардааст.81
Дар солҳои болоравии ҳаракати зиддишӯравӣ, аз ноҳияҳое, ки амалиёти ҷангӣ зиёда ба амал омадааст, мардуми зиёде ватани худро тарк карданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо дар он солҳои душвор миқдори мардуми вилояти Фарғона аз се як ҳисса кам шудаанд.82

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!