Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 6


БОБИ VI.
БАРПО НАМУДАНИ ҲОКИМИЯТИ
ШӮРАВӢ ДАР САРЗАМИНИ ИМРӮЗАИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ВА БАДАХШОН (СОЛҲОИ 1917-1919)

§ 1. Ғалабаи инқилоби Октябр дар Русия ва барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон

Ғалабаи инқилоби Октябр дар Петроград

Дар Русия баъди ба охир расидани дуҳокимиятӣ ва яккаҳукмрон гардидани Ҳукумати Муваққатӣ ҳам (яъне аз аввали моҳи июли соли 1917) вазъият беҳтар нагардид. Ҷанги якуми ҷаҳон, ки Русия чун дар оғозаш яке аз иштирокчиёни фаъоли он буд, ҳамоно давом дошт. Дар мамлакат мисли пештара гуруснагӣ, бараҳнагӣ, беқурбшавии пул ҳукмфармойӣ мекард. Ин ҳама боиси норозигии нав ба нави на танҳо мардум, балки аскарони рус низ гардид. Ҳамаи ин ҳолатҳо аз хусуси дар Русия сабзида расидани нишонаҳои шӯриши навбатӣ дарак медод. Махсусан дар маркази империя — шаҳри Петроград хавфи таркиш ҳувайдо буд.
Ҳизби болшевикии Русия аз вазъияти ба вуҷудомада ба хубӣ истифода бурд. Вай ба мисли пештара ягона ҳизбе буд, ки бо Ҳукумати Муваққатӣ ҳеҷ муросо накард ва муросо карданро ҳам намехост. Баръакс, баъди воқеаҳои июлии соли 1917 дар Петроград (тирборон кардани намойиши осойиштаи коргарон ва ба охир расидани дуҳокимиятӣ), ҳизби болшевикӣ бо мақсади гирифтани ҳокимият мардумро ба шӯриши навбатии яроқнок даъват мекард. 24 октябри соли 1917 шӯриш дар Петроград сар шуд. Ба он дар қатори коргарон, инчунин аскарони дар шаҳр будаи аз сиёсати Ҳукумати Муваққатӣ норозӣ иштирок намуданд. Сарварии шӯриш аз лаҳзаҳои аввал ба ихтиёри ҳизби болшевикӣ гузашт. Дар ин роҳ, ба болшевикон танҳо эсерҳои чап ва меншевикҳои чап то андозае хайрхоҳ буданд, Боқимонда ҳамаи ҳизбҳои марказии Русия: эсерони рост, меншевикони рост, октябристҳо, прогрессистҳо, кадетҳо, трудовикҳо, иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо ва сотсиалистони халқӣ ҳанӯз ҳам дар атрофи Ҳукумати Муваққатӣ муттаҳид истода, муқобили ҳар гуна шӯриш буданд. Вале акнун муттаҳидии онҳо Ҳукумати Муваққатиро наҷот дода натавонист.
Шаби 24 ба 25 октябр дар Петроград тамоми кӯпрукҳои дарёи Нева, вокзалҳои роҳи оҳан, телеграф, телефон, почтамт, истгоҳи барқӣ, бонки Давлатӣ ва ғайра ба ихтиёри шӯришгарон гузашта буд.
Ниҳоят шаби аз 25 ба 26-октябр (соати дую даҳ дақиқаи шаби 26-октябр) қароргоҳи Ҳукумати Муваққатии Русия — Қасри Зимистона (ҳоло осорхонаи Эрмитаж) низ ба дасти шӯришгарон гузашт. Аксари аъзоёни он ҳокимият ҳабс карда шуданд. Дар Петроград ҳокимият ба ихтиёри Кумитаи ҳарбии инқилобӣ, ки аз тарафи ҳизби болшевикӣ дар арафаи оғози шӯриш ташкил карда шуда буд, гузашт.
25 октябр, соати 22:40 дақиқаи бегоҳӣ дар қасри Смолнии Петроград анҷумани II Умумирусиягии Шӯроҳои намояндагони коргарон ва аскарон кори худро шурӯъ намуда, таҳти назорати ҳизби болшевикӣ мегузашт. Аз ин рӯ 25 октябр (бо санаи нав 7 ноябр) ҳамчун рӯзи ғалабаи инқилоби Октябр ва бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ ҳисоб мешуд ва онро дар замони мавҷудияти тартиботи шӯравӣ ҳар сол бошукӯҳ ҷашн мегирифтанд.
26 октябр анҷумани номбурда сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатиро маъқул шуморид ва бо сарварии В.И. Ленин Ҳокимияти Шӯравӣ — Шӯрои Комиссарони Халқиро (ШКХ), асосан аз ҳисоби болшевикон бунёд намуд. Ҳамин анҷуман ҳуҷҷатҳои барои мардуми Русия ҳаётан зарур — «Декрет дар бораи сулҳ» ва «Декрет дар бораи замин»-ро қабул кард. Мувофиқи ҳуҷҷати аввала Русия бояд аз ҷанги харобиовари ҷаҳон мебаромад ва мардум ба ҳаёти осойишта бармегашт. Дар асоси ҳуҷҷати дуюм бошад, мебоист замин ба деҳқонон барои истифодабарии доимӣ дода мешуд.
Анҷуман қарор қабул кард, ки дар тамоми сарзамини Русия, аз он ҷумла кишвари Туркистон, ҳокимият бояд ба ихтиёри Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони маҳаллӣ гузарад. Вале на дар ҳамаи шаҳру вилоятҳои Русия ин қарорро хуш пазируфтанд. Дар баъзе маҳалҳо тарафдорони Ҳукумати Муваққатӣ барои бунёди ҳокимияти нав — Шӯравӣ муқобилияти сахт нишон доданд. Чунин муқобилият дар маркази кишвари Туркистон — шаҳри Тошканд низ дида мешуд.

Ғалабаи шӯриш дар Тошканд

Шӯриш дар Тошканд октябри соли 1917 сар шуд Худи ҳамон рӯз, бо ташаббуси болшевикон, барои сарварии шӯриш кумитаи инқилобӣ ташкил ёфт. Сарвари Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ генерал Кравшенко дар шаҳри Тошканд нокифоя будани қувваи ба худ содиқро эҳсос намуда, ба муқобили шӯришгарон аз Фарғона қувваҳои ба худ боваринокро даъват намуд. Аз чунин мақсади ӯ болшевикони Хуҷанд огоҳ гардида, то ин ки қувваҳои ҳарбӣ аз Фарғона ба Тошканд рафта натавонад, аз 28 октябр то 2 ноябр ҳаракати поездҳоро аз истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд қатъ гардониданд. Дар натиҷаи он сарвари Ҳукумати Муваққатии кишвар аз кӯмаки аскарони ба худ содиқ маҳрум гардид. Бинобар ин ба ӯ лозим омад, ки барои пахш намудани шӯриш асосан ба қувваҳои дар шаҳри Тошканд доштааш такя намояд.
Шаҳри Тошканд чор рӯз (аз 28 октябр то 1 ноябр) шоҳиди ҷангҳои шадид гардид. Болшевикони Тошканд тавонистанд, ки ба аскарони мусаллаҳи генерал Кравшенко аз ҳисоби мардум қувваи бисёрро муқобил гузоранд. Шӯришгарон ба тарзи гуногун мусаллаҳ шуда буданд. Дар байнашон аскарони ба тарафи шӯриш гузашта ҳам (онҳо бо силоҳҳои худ гузашта буданд) кам набуданд. Ниҳоят, 1 ноябр (ба тақвими нав 14 ноябр) ҳокимият дар Тошканд ба ихтиёри Кумитаи инқилобӣ гузашт. Худи ҳамон рӯз аз тарафи Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарони Тошканд муроҷиатнома «Ба мардум!» бароварда шуд. Дар он дар кишвари Туркистон бо ихтиёри Шӯрои кишвари ва кумитаи иҷроияи Шӯрои шаҳрии намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани ҳокимият эълон гардид.
Рӯзи дигар, 2 ноябр дар шаҳри Тошканд ҷамъомади Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон ва аскарон барпо гардид, ки он масъалаи ҳокимиятро дид. Ҳамон лаҳза дар Шӯроҳои кишварӣ намояндагони ҳизбҳои эсерҳо ва меншевикҳо аксариятро ташкил мекарданд. Онҳо ҳанӯз 28 октябр, яъне дар рӯзи оғози шӯриши Тошканд, муқобили ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият буданд. 2 ноябр бошад, оиди ташкил намудани Кумитаи иҷроияи кишварии Туркистон қарор қабул карданд, ки он мебоист дар кишвар то даъвати анҷумани III Шӯроҳои кишварӣ органи олии давлатӣ ба ҳисоб мерафт.
Ҳаӣати Кумитаи иҷроияи кишвари Туркистон аз 9 нафар аъзо иборат буд. Аз ҷумла: 3 нафар аз Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон ва аскарон, 2 нафар аз Шӯрои кишварии намояндагии деҳқонон, як нафарӣ аз: Шӯрои кишварии намояндагии мусулмонон, Шӯрои кишварии намояндагии қирғизҳо (қазоқҳо), болшевикҳо ва эсерони чап буданд. Аксари онҳо дар мавқеи эсерҳо ва меншевикҳо меистоданд ва худи кумита ба худ характери коалитсиониро дошт. Вале чунин таркиби кумитаи кишварӣ сарварони Ҳокимияти Шӯравӣ, махсусан болшевикони кишвар ва марказро қаноат накунонд. Дар натиҷа фаъолияти Шӯроҳои болшевиконидашуда, аз ҷумла Шӯрои шаҳри Тошканд, ба муқобили Кумитаи кишварӣ нигаронида шуд. Бо талаби ҳамин гуна Шӯроҳо Кумитаи иҷроияи марказии кишвар даъвати анҷумани III Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон ва аскаронро ба 15 ноябр (28 ноябр) таъин намуд.
Дар ин муддат дар як қатор нуқтаҳои кишвар Шӯроҳо ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Аз ҷумла, ҳанӯз баробари оғози шӯриш дар Тошканд, дар истгоҳи роҳи оҳани Урсатевск (Хавос) ва Драгомирово (Пролетарск) ҳокимият ба ихтиёри кумитаи инқилобӣ гузашт. Дар конҳои Сулукта ва Шӯроб, кони нефти САНТО Шӯроҳо бе ягон муқобилият соҳиби ҳокимият шуданд.
Аз 15 то 22 ноябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд анҷумани III Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон ва аскарон барпо гашт. Анҷуман баъди кашмакашиҳои хеле зиёд оиди дар кишвари Туркистон барпо гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ қарор қабул кард. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки ин анҷуман дид, ин ташкили ҳокимияти кишварӣ буд. Дар анҷуман эсерҳо, меншевикҳо, шӯроиисломистҳо, шӯроиуламоиҳо, намояндагони ҷадидон ва зиёиёни маҳаллӣ, намояндагони буржуазияи рус ва миллӣ тарафдори бо иштироки тамоми қувваҳои сиёсии кишвар ташкил намудани ҳокимияти коалитсионӣ буданд. Ба ин таклиф болшевикон тамоман муқобил баромаданд. Зеро, ҳангоми ташкил намудани ҳокимияти коалитсионӣ аз 12 ҷойи умумӣ ба болшевикон, мувофиқи овози аз кишвар барои Маҷлиси Муассисони Умумирусиягӣ гирифтаашон, фақат се ҷой мерасиду халос. Болшевикон ба муқобили ин таклиф, таклифи ба мисли марказ ташкил намудани ҳокимияти шӯравиро пешниҳод карданд. Ниҳоят таклифи якҷояи болшевикон ва максималистон гузашт, ки мувофиқи он дар ҳокимият аз 15 ҷой 8 ҷой ба эсерҳои чап, 5 ҷой ба болшевикон, 2 ҷой ба максималистон дода шуд.
Ҳамин тавр аввалин ҳокимияти комиҷроияи шӯравии кишвар дар шакли Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) ташкил ёфт, ки он аз комиссариатҳои: корҳои хориҷӣ, меҳнат, зироат, истифодаи об, маорифи халқӣ, корҳои дохилӣ, адлия, почта ва телеграф, хӯрокворӣ, молия, савдо, саноат ва тандурустӣ иборат буд. Ба онҳо комиссарҳо сарварӣ мекарданд. Раиси ШКХ кишвари Туркистон болшевик Ф.И. Колесов интихоб гардид. Ӯ дар як вақт вазифаи комиссари почта ва телеграфро низ ба ӯҳда дошт.
Бояд ба инобат гирифт, ки аввалин ШКХ кишвари Туркистон на танҳо органи олии иҷроия, балки органи олии қонунгузор низ ба ҳисоб мерафт. Зеро, мувофиқи қарори анҷумани III Шӯроҳои кишварӣ ба ШКХ инчунин ҳуқуқи органи олии давлатӣ — Шӯроҳои кишварии намояндагии коргарон, аскарон ва деҳқонон дода шуд. Яъне дар ШКХ ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳам органи олии давлатӣ ва ҳам органи олии иҷроия омехта гардид. Ҳамин ҳолат то анҷумани V Шӯроҳои кишварӣ (апрели соли 1918) давом кард ва минбаъд ба ду қисми алоҳида: органи олии қонунгузор — Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ) (дар баӣни анҷуманҳо) ва органи олии иҷроия — ШКХ тақсим шудааст64. Аз ин рӯ, дар асоси қарори ҳамон анҷумани III ШКХ ҳуқуқ дошт, ки дар ҳар ду моҳ анҷумани навбатии Шӯроҳои кишвариро даъват намояд.
Ниҳоят анҷумани III ба тамоми Шӯроҳои кишварӣ муроҷиат намуд, ки дар маҳалҳо ҳокимиятро ба ихтиёри худ гиранд.
Тошканд дар кишвари Туркистон қариб ягона шаҳри калонтарин буд, ки дар он нуфузи болшевикон нисбат ба дигар ҳизбҳо зиёдтар ҳис карда мешуд. Ҳамин ҳолат махсусан дар рӯзҳои шӯриш ошкор гардид. Вале дар дигар шаҳру вилоятҳои кишвар нуфузи болшевикон чандон назаррас набуд. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки дар дигар нуқтаҳои кишвар болшевикон ва меншевикон ҳанӯз ҳам дар фраксияи ягонаи сотсиал-демократӣ буданд. Ҳарчанд аз тарафи кумитаи марказии ҳизби болшевикии Русия (РКП(б)) оиди кандани алоқа аз меншевикҳо дастур фиристода шуда бошад ҳам, болшевикони кишвар аз он ё хабар надоштанд, ё аз иҷрояш худдорӣ кардаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар чунин нуқтаҳои кишвар болшевикон камшумор ва камнуфузии худро ба инобат гирифта, ҷуръат накарданд, ки рӯйрост ба муқобили иттифоқчиёни худ-меншевикон бароянд. Ҳамин гуна ҳолат ба шаҳрҳои Самарқанд, Хуҷанд, Қӯқанд ва ғаӣра хос аст.

Ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият дар Хуҷанд

Дар арафаи Инқилоби Октябрии Русия уезди Хуҷанд ҳанӯз ҳам ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил мешуд. Бинобар ин ҳалли такдири ҳокимият дар ин маркази уездӣ аз тақдири ҳокимияти вилоятӣ, яъне Самарқанд вобастагӣ дошт. Шӯроҳои Хуҷанд ва Самарқанд нисбатан сернуфуз ва асосан дар ихтиёри эсерҳо ва меншевикон буданд. Болшевикон, махсусан дар Шӯроҳои Самарқанд қариб нуфузе надоштанд. Чӣ дар Самарқанд ва чӣ дар Хуҷанд, дар баробари эсеру меншевикҳо нуфузи ташкилотҳои «Шӯрои исломия», «Шӯрои уламо» хеле зиёд буд. Дар ҳар дуи ин шаҳрҳои бостонӣ аз аввал баӣни эсерҳою меншевикҳо, шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо ягонагии амалиёт дида мешуд. Маҳз натиҷаи чунин ягонагӣ буд, ки онҳо дар Самарқанд, ба ҷойи шиори аз тарафи болшевикон пешниҳодшуда — «Тамоми ҳокимият ба шӯроҳо!» шиори ба худ мақбул — «Тамоми ҳокимият ба маҷлиси муассисон!»-ро гузоштанд. Болшевикони шаҳри Самарқанд сарфи назар ба камшуморӣ ва камнуфузии худ, бо тавсияи роҳбарияти марказии ҳизбӣ амал мекарданд. Маҳз бо ташвиқoти болшевикон 31-октябр коргарон ва хизматчиёни истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд дар ҷамъомади умумии худ иборат аз 10 нафар кумитаи инқилобиро ташкил намуданд. Вале ин кумита дастгирии Шӯроҳо ва дигар ҳизбҳои Самарқандро надид. Зеро, меншевикҳо ва эсерҳои ин шаҳр, ки Шӯроҳои шаҳрӣ ва вилоятиро дар ихтиёри худ доштанд, аз гирифтани ҳокимият худдорӣ карданд. Аммо эсеру меншевикҳои Хуҷанд, бар хилофи мавқеи эсеру меншевикҳои Самарқанд, ҷуръати ба дасти худ гирифтани ҳокимиятро карданд.
11 ноябри соли 1917 дар Хуҷанд маҷлиси васеи Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бо якҷоягии намояндагони «Иттифоқи меҳнаткашон», думаи шаҳрӣ ва кумитаҳoи иҷроияи волостҳои Қистакӯз ва Унҷӣ барпо гардид. Ин ҷамъомад дар шаҳр ва уезди Хуҷанд ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон карда, ба тарафдории дар кишвари Туркистон барпо намудани ҳокимияти Шӯроҳо овоз доданд. Худи ҳамон рӯз Шӯрои шаҳрии Хуҷанд дар шаҳр ҳокимиятро ба дасти худ гирифт. Ҳамон лаҳза дар ин Шӯро аксариятро аъзоёни ҳизбҳои эсерҳо ва меншевикҳо ташкил мекарданд. Сарвари Шӯроҳои Хуҷанд низ аъзои ҳизби эсерҳо Т. Тараненко буд.
Дар Хуҷанд ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият боиси оғози рақобати сахти баӣни эсеру меншевикҳо бо иттифоқчиёни онҳо шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо гардид. Зеро, сарварони ташкилотҳои хуҷандии «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо» аз сарварони маҳаллии эсеру меншевикҳо чунин амалиёти ҷудоихоҳонаро умедвор набуданд. Мебоист, тамоми ташкилотҳои туркистонии онҳо ҳокимияти муваққатии дар Қӯқанд ташкилшударо (яъне «Мухторияти Қӯқанд»)-ро дастгирӣ мекарданд. Ин гувоҳи он аст, ки дар Хуҷанд баӣни иттифоқчиён ягонагӣ вуҷуд надоштааст. Ғайр аз ин мувофиқи баъзе маълумотҳо, сарварони эсеру меншевикони Хуҷанд нисбати иттифоқчиёни худ дидаю дониста ба чунин сӯиқасд ҷуръат карданд. Гӯё, онҳо хавфи онро доштанд, ки ҳангоми нигоҳ доштани иттифоқ бо «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо» охирин дар Кумитаҳoи иҷроияи Шӯроҳо аксариятро ташкил намуда, дур нест, ки ҳокимиятро пурра ба дасти худ гиранд.
Сарварони «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо»-и Хуҷанд минбаъд ҳам бо Шӯроҳои маҳаллӣ муросо карданро нахостанд ва ҳар лаҳза ба онҳо муқобилият нишон медоданд. Шӯрои эсеру меншевикии Хуҷанд барои хотима гузоштан ба чунин амалиётҳои густохонаи собиқ иттифоқчиёни худ, ба иқтидори ҳарбии кишвар такя намуда, моҳи декабри соли 1917 дар Хуҷанд фаъолияти «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо»-ро манъ кард. Ин ҳодиса дар баӣни шӯроиисломистҳо ва шӯроиуламоиҳо ҷудоиро ба амал овард. Қаноти чапи онҳо ба эсерони чап наздик шуда, Шӯрои Хуҷандро дастгирӣ намуд. Қаноти рости он бошад минбаъд ҳам ба тарзи махфӣ амал карда, моҳи январи соли 1918 ҳизби навро бо номи «Талаби миллат» бунёд кард.
Ҳизби нав ҳамоно муқобили Шӯрои Хуҷанд баромад ва бо ҳар восита «Мухторияти Қӯқанд»-ро дастгирӣ мекард. Пайравони ин ҳизб ҳамон моҳи январ кӯшиши гузаронидани табаддулоти бебарорро карданд. Дар натиҷа аз махфигоҳи онҳо 120 камону 10 қуттӣ тир мусодира карда шуд. Чунин вазъият барои болшевикони Хуҷанд айни муддао буд. Онҳо рақобати эсеру меншевикҳоро бо шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо моҳирона истифода бурда, бо ҳар восита дар Шӯроҳои Хуҷанд мавқеи худро мустаҳкам менамуданд.
Дар аввал яъне аз ноябри соли 1917 то марти соли 1918 муносибати баӣни ҳокимияти марказии болшевикии кишвар бо ҳокимияти шӯроҳои эсеру меншевикии Хуҷанд чандон самимӣ набуд. Бинобар ҳамин ҳам ҳукумати кишварӣ барои дар шароити Хуҷанд ҷорӣ намудани сиёсати худ бештар ба фраксияи болшевикии ин ҷо такя мекард. Маҳз бо ташаббуси болшевикон, аввали моҳи декабри соли 1917 мардуми шаҳри Хуҷандро ба гирдиҳамойӣ ҷамъ намуданд, ки он мебоист фаъолияти думаи шаҳрӣ ва управаи онро оиди таъмини аҳолӣ бо хӯрокворӣ назорат мекард.
Болшевикони Хуҷанд такя ба қувваи аскарони сурх намуда, баробари маҳви «Мухторияти Қӯқанд» 22 феврали соли 1918 ба иттифоқчиёну паӣравони он шӯроиисломистҳо ва шӯроиуламоиҳои хуҷандӣ низ зарбаи қатъӣ заданд. Онҳо инчунин мавқеи эсеру меншевикони Хуҷандро низ хеле маҳдуд намуданд. Моҳи марти соли 1918 бо ташаббуси болшевик И. Калугин, ки ӯ ҳамон лаҳза аъзои Шӯрои кишварӣ шуда буд, ҳайъати нави Шӯрои намояндагони Хуҷанд ташкил гардид. Акнун он махсусан аз ҳисоби аъзоёни «Иттифоқи меҳнаткашон» афзуд. Худи Шӯро ҳам минбаъд номи «Шӯрои намояндагии коргарон, аскарон, мусулмонон ва деҳқонони Хуҷанд»-ро гирифт. Ба он Г. Стерлингов сарвари маҳаллии эсерони чап — ҳамчун раис ва ҷонишини ӯ болшевикон: Е.А. Иванитскиӣ ва Ҷӯра Шокаримов интихоб шуданд. Ин маънои онро дошт, ки Шӯрои Хуҷанд ба мавқеи болшевикӣ гузаштааст.
Бояд ба инобат гирифт, ки дар Хуҷанд ва дар аксари маркази волостҳои он, ба ғайр аз Ӯротеппа ва то андозае Қистакӯз, аз ҷумла дар Унҷӣ, Ғӯлакандоз, Нов, Исфана, Чапқулоқ, Бокса-Себирғон, Сретен, Уралск, Дилварзин аз ноябри соли 1917 то апрели соли 1918 тартиботи шӯравӣ ба тарзи осойишта барқарор карда шуд. Аз ҷумла 29 марти соли 1918 анҷумани волостии Унҷӣ Шӯрои намояндагии деҳқонони волостиро ташкил дода, кумитаи иҷроияи онро интихоб намуд. Ин маънои дар Унҷӣ ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро дошт.
Дар Қистакӯз агарчанде муқобилият ба вуқӯъ омад, вале он низ бо зудӣ пешгирӣ карда шуд. Чунончи, 12 ноябри соли 1917 дар маркази волости Қистакӯз — деҳаи Қистакӯз, дар гирдиҳамойии серодам, аъзои Шӯрои Хуҷанд, болшевик Мулло Аҳмад Ӣӯлдошев оиди ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимият маърӯза карда хост, ки ҳокимияти маҳаллии Шӯравиро ташкил диҳад. Вале тарафдорони Ҳокимияти Муваққатӣ, бо сарварии комиссари волостӣ, ба посбонони дар маҳал доштаашон такя намуда, муқобилият нишон доданд. 13 ноябр Шӯрои уездии Хуҷанд аз воқеаи Қистакӯз огоҳ гардида, қарор кард, ки дастаи посбонон ва сарвари онҳо Абдуқаҳор Комилҷонов ва Урмонбоӣ Очилбоев «то равшан гардидани масъала ба ҳабс гирифта шаванд». 5 декабр бошад Шӯрои уездӣ оиди аз вазифа озод намудани комиссари волости Қистакӯз қарор қабул кард. Баъди он дар ин мулк низ Ҳокимияти Шӯравӣ барпо карда шуд. 9 декабр барои муқобилиятнишондиҳӣ ба тартиботи нав бойҳои калони Қистакӯз — Орифбоӣ Маҳкамбоев ва Муҳаммадшукур Маҳкамбоевро ба ҳабс гирифтанд.
Вале масъалаи барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ ва болшевиконидани Шӯроҳо аз шаҳри Хуҷанду деҳаи Қистакӯз дида дар шаҳри Ӯротеппа, ки маркази яке аз волостҳои калонтарини уезди Хуҷанд ба ҳисоб мерафт, дар қатори нуқтаи дуртарини он — волости Мастчоҳ ба зиддиятҳои зиёд дучор гардид.

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа ва Мастчоҳ

Дар арафа ва ҳангоми бунёд дар намудани Ҳокимияти Шӯравӣ Ӯротеппа(Истаравшан) ва ноҳияҳои атрофи он вазъият чандон мураккаб набуд, баръакс то андозае оромӣ ҳукмфармойӣ мекард. Ҳамон лаҳза ба гурӯҳи ноҳияҳои Ӯротеппа волостҳои: Ӯротеппа, Ғончӣ, Шаҳристон, Босмандӣ, Далён ва Мастчоҳ дохил шуда, якҷоя, то моҳи майи соли 1919 дар ҳаӣати уезди Хуҷанд буданд. Дар худи шаҳри Уротеппа ҳам ҳокимият моҳи ноябри соли 1917 ба Шӯрои маҳаллӣ, ки дар ихтиёри эсеру меншевикҳо буд, гузашт. Аз моҳи ноябри ҳамон сол то моҳи марти соли 1918 дар волостҳои Шаҳристон, Босмандӣ, Далён, Мастчоҳ ва Ғончӣ ба ихтиёри Шӯроҳои маҳаллӣ гузаштани ҳокимият эълон гардид. Аммо дар баъзеи ин маҳалҳо, аз ҷумла дар Ӯротеппа Ҳокимияти Шӯравӣ ҳанӯз амалан бунёд нагардида, он ба зудӣ сарнагун гардид.
Шӯрои шаҳри Ӯротеппа баробари ба даст гирифтани ҳокимият аз маркази кишвар — шаҳри Тошканд супориш гирифт, ки барои наҷоти мардум аз гуруснагӣ, ки он кишвари Туркистонро аллакай фаро гирифта буд, маъракаи мусодираи ғалларо гузаронад. Дар натиҷаи ин чорабинӣ ғаллаи мардум дар бозор ва аз дӯкону хонаҳояшон мусодира карда мешуд. Чунин чорабинӣ дар шаҳр вазъиятро хеле мураккаб гардонид. Худи аъзоёни шӯро, ки асосан аз ҷумлаи эсеру меншевикон ва паӣравони онҳо буданд, чандон хоҳиши иҷрои он супоришро надоштанд. Нуфузи болшевикон бошад ҳанӯз ҳам дар ин ҷо назаррас набуд.
Ташкилоти маҳаллии «Шӯрои исломия», аз вазъияти ба амал омада истифода бурда, думаи шаҳриро аз нав барқарор кард. Бо ташаббуси ташкилоти маҳаллии «Шӯрои уламо» ҷамъияти маънавии динӣ бо номи «Нури ислом» бунёд гардид. Онҳо рӯйрост ба муқобили сиёсати мусодиракунии ғалла баромаданд. Дар шаҳр як муддат на танҳо ҳолати ба дуҳокимиятӣ хос, яъне аз як тараф комиҷроияи Шӯроҳо ва аз тарафи дигар думаи шаҳрӣ, балки беҳокимиятию бесарусомонӣ ҳукмфармо гардид.
Вазъи дар шаҳри Ӯротеппа ба амал омада русзабонҳои шаҳрро ба воҳима андохт. Сарварони онҳо 4 феврали соли 1918 ба комиҷроияи Шӯроҳои маҳаллӣ яъне Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарон муроҷиат карда, гӯё барои ҳифзашон аслиҳа пурсиданд. Дар комиҷроияи шаҳр, ки чун шӯрои маҳаллӣ аксар эсеру меншевикҳо буданд, ин таклифро маъқул шумориданд.
18 феврали соли 1918, бо таклифи судяи мировой судя шаҳри Ӯротеппа монархист В.И. Владимиров, маҷлиси якҷояи шаҳрвандон ва аскарони русзабон ҷамъ омад ва дар он қарор карданд, ки барои таъмини бехатарии русзабонҳои Ӯротеппа аз ҳисоби мардони русзабон дружинаи халқӣ ташкил дода, органи роҳбарикунанда -Шӯрои дружинаро иборат аз панҷ нафар интихоб намуданд. Ба ҳаӣати ин Шӯро комиссари маҳаллӣ участковиӣ Шомирзо Шокаримбоевро, ки забони русиро медонист, низ дохил карданд. Ҳамин тавр ташкилоти аксулинқилобии «дружинаи халқии рус» ба вуҷуд омад. Албатта мақсади асосии ин дружина дар баробари таъмини бехатарии русзабонҳо, гирифтани ҳокимият низ буд.
Дружиначиёни Ӯротеппа дар ҳаӣати ҳукумати кишвари Туркистон, дар симои комиссари халқӣ оид ба корҳои гражданӣ ва маъмурӣ — Агапов ба худ такягоҳи боэътимодеро доштанд. Агапов аз номи раиси Шӯрои Комиссарони Халқии кишвари Туркистон фармонеро имзо кард, ки мувофиқи он дар Ӯротеппа ҳокимият пурра ба ихтиёри дружина мегузашт.
13 апрели соли 1918 дар бинои думаи шаҳрӣ маҷлиси дружиначиён ва тарафдорони онҳо барпо гардид. Дар он оид ба барҳам додани Шӯрои намояндагии коргарон ва аскарони Ӯротеппа қарор қабул карданд. Комиҷроияи Шӯроҳои шаҳр, ки аксарият дар мавқеи эсеру меншевикҳо буданд, ба муқобилияти болшевикон аҳамият надода, худи ҳамон рӯз барои бо «дружинаи халқии рус» якҷоя шудан розигӣ доданд. Ҳамин тарз, дар шаҳри Ӯротеппа Ҳокимияти Шӯравӣ ба таври расмӣ барҳам хӯрд.
Моҳи майи соли 1918 бо ташаббуси болшевикони Ӯротеппа, аз ҳисоби муқобилони дружиначиён, ҳизби коргарон ва деҳқонони мусулмон бунёд гардид. Дар ҳамин вақт онҳо Шӯрои намояндагии коргаронро низ аз сари нав ташкил карданд. Мақсади асосии ин ташкилотҳо дар Ӯротеппа аз сари нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ буд. Бо ин мақсад ҳизби нав мардумро ташвиқ мекард, ки барои дар Ӯротеппа ба ихтиёри Шӯрои намояндагии коргарон гузаштани ҳокимият ба мубориза бархезанд. Дар натиҷа муқобилони Ҳокимияти Шӯравӣ дар атрофи Шӯрои дружина ва тарафдорони Ҳокимияти Шӯравӣ дар атрофи Шӯрои намояндагии коргарон ҷамъ гардида буданд. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Ӯротеппа боз дуҳокимиятии нав ба вуҷуд омадааст.
8 июли соли 1918 аз Хуҷанд ба Ӯротеппа қисмҳои аскарони сурх фиристода шуданд ва онҳо худи ҳамон рӯз шаҳрро ба дасти худ гирифтанд. Шӯрои дружиначиён пароканда карда шуд. 10 июл дар Ӯротеппа ба ихтиёри Шӯрои намояндагии коргарон ва деҳқонон гузаштани тамоми ҳокимият эълон карда шуд. Ҳамин тарз Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа аз нав барқарор карда шуд.
Баъди аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ӯротеппа дар назди ҳукуматдорони кишвари Туркистон ҳалли масъалаи Мастчоҳ ба миён омад. Зеро дар ин гӯшаи дурдаст Ҳокимияти Шӯравӣ аллакай вуҷуд надошт.
Чунончи, моҳи феврали соли 1918 дар Мастчоҳ низ ба ҷойи комиссари волостии собиқ Ҳукумати Муваққатӣ, ташкил ёфтани бо ном кумитаи иҷроияи шӯравиро эълон карданд. Тобистони он сол, чун дар Ӯротеппа, дар ин мулк ҳам маъракаи аз мардуми доро ва миёнаҳол кашида гирифтани ғалла яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани Ҳокимияти Шӯравӣ гардид. Моҳи сентябри он сол бо ташаббуси намояндаи кумитаи иҷроияи вилояти Самарқанд Чечевишкин кумитаи иҷроияи волости Мастчоҳ таъсис ёфт, ки он танҳо деҳаҳои поёнии қисми ғарбии волостиро дар бар мегирифт. Қисми болоии шарқии Мастчоҳ аз ин воқеаҳо бехабар буданд. Раиси комиҷроияи волости Мастчоҳ Исо Олимбоеви ӯротеппагӣ, ки худ дар мавқеи зиддишӯравӣ меистод, интихоб шуд.
Моҳи ноябри соли 1918 дар Мастчоҳ исёни зиддишӯравӣ ба амал омад, ки яке аз ташаббускорони он худи Исо Олимбоев буд.
Шӯришгарон Ҳокимияти Шӯравиро дар Мастчоҳ сарнагун намуданд. Худи ҳамон моҳ, яъне баъди дар Ӯротеппа сарнагун намудани «дружиначиён», аз Ӯротеппа ба сӯйи Мастчоҳ, бо мақсади аз нав барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ, бо сарварии С.Я. Хохлов отряди махсуси 20-нафараи аскарони сурх, ба воситаи ағбаҳои Камодон ва Оббурдон фиристода шуд. Вале ин отряд, ки дар ҳайъаташ маҳаллиён: — Д. Худоёров, И. Холматов, И. Саримсоқов низ буданд, дар наздикии деҳаҳои Мадрушкат ва Ревомутк аз тарафи мастчоҳиён маҳв карда шуд. Баъди ин аз Хуҷанд бо сарварии раиси комиҷроияи уезди Хуҷанд Тихонов отряди 56 нафара ба Ӯротеппа омада ба сӯйи Мастчоҳ раҳсипор гардид. Аз Самарқанд низ ба сӯйи Мастчоҳ отряди дигаре бо сарварии Н.А. Силченко ба роҳ баромад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани хунрезӣ кумитаи ҳарбии инқилобии Ӯротеппа қарор кард, ки бо қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳ роҳи мусолиҳаро пеш гирад. 30 ноябри он сол дар деҳаи Овчӣ гуфтушуниди тарафайн барпо ва сулҳ имзо гардид. Тарафи мастчоҳиён ваъда доданд, ки Ҳокимияти Шӯравиро эътироф намуда, хурӯҷҳои зиддишӯравиро бас мекунанд.
Бо ҳамин маъракаи барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҳудуди уезди Хуҷанд, ки моҳи ноябри соли 1917 оғоз ёфта буд, моҳи , ноябри соли 1918 ба охир расид. Ҳанӯз моҳи октябри соли 1918 дар шаҳри Хуҷанд анҷумани 1 шӯроҳои уезди Хуҷанд барпо гардид ва он дар сарзамини уездӣ пурра ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Анҷуман ҳаӣати шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон, мусулмонон ва деҳқонони уезди Хуҷандро интихоб намуд ва кумитаи иҷроияи онро ташкил дод.

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Ашт

Бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ на танҳо дар волости Ашт, балки Исфараю Конибодом ҳам, ки ба ҳаӣати вилояти Фарғона дохил мешуданд, аз воқеаҳои дар ин вилоят рӯйдода сахт вобастагӣ дошт. То аввали моҳи декабри соли 1917 аксари ноҳияҳои ин вилоят, аз ҷумла волостҳои номбурда, ба доираи идоракунии «Мухторияти Қӯқанд» дохил мешуданд. Танҳо конҳои нефти САНТО ва ангишти Шӯроб, ки ҳанӯз моҳи ноябри он сол дар он ҷойҳо Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуда буд, чун ҷазира дар иҳотаи мухториятчиён меистоданд. 6 декабр, дар натиҷаи амалиётҳои ҷангии қисмҳои аскарони сурх, маркази вилояти Фарғона — шаҳри Скобелев, ҳозира шаҳри Фарғона ба ихтиёри Ҳокимияти Шӯравии Туркистон гузашт.
6-7 декабри он сол дар шаҳри Скобелев анҷумани шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва мусулмонони вилояти Фарғона барпо гардид. Ин анҷуман дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри Шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Вале ин қарор, аз ноҳияҳои номбурда, танҳо дар ҳудуди волости Ашт амалӣ гардид.
Зеро дар Ашт нуфузи мухториятчиён, яъне «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо» нисбатан суст буд. Ба ғайр аз ин волости Ашт аз маркази мухториятчиён — шаҳри Қӯқанд нисбатан дар канортар меистод. Амалӣ намудани қарори анҷуман дар ҳудуди ин волост ба ягон хел муқобилият дучор наомад. Ин маънои онро дорад, ки дар волости Ашт, агарчанде нуфузи болшевикон чандон назаррас набуд, Ҳокимияти Шӯравӣ ба тарзи осойишта барқарор карда шудааст. Волостҳои Исфараю Конибодом бошанд ба ҳаӣати Мухторияти Қӯқанд дохил мешуданд, бинобар ин дар ин нуқтаҳо амалӣ гардидани он қарор то охири феврали соли 1918 тӯл кашид.

Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар болооби Зарафшон

Барпо намудани тартиботи шӯравӣ дар мулкҳои болооби Зарафшон, ки аз волостҳои Панҷакент, Фалғар, Мастчоҳ, Искандарӣ, Моғиёну Фароб, Офтобрӯ ва Киштут иборат буд, аз вазъи Самарқанд сахт вобастагӣ доштанд. Аз волостҳои номбурда танҳо Мастчоҳ чуноне аллакай таъкид кардем, аз ҷиҳати маъмурӣ, ба воситаи Ӯротеппа, ба уезди Хуҷанд дохил мешуд. Волостҳои боқимондаи номбурда якҷоя участкаи Панҷакентро ташкил дода, ба ҳаӣати уезди Самарқанди вилояти Самарқанд шомил буданд.
Чуноне дар боло қайд карда шуд дар Самарқанд нуфузи болшевикон хеле суст ва нуфузи эсерону меншевикҳо, шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо хеле зиёд буданд. Ба болшевикони шаҳри Самарқанд муяссар гардид, ки бо кӯмаки ҳукумати марказии кишвар охири ноябри соли 1917 дар шӯрои маҳаллӣ аксариятро 70% ба даст дароранд. 28 ноябр болшевикони Самарқанд маҷлиси таъҷилии Шӯрои маҳаллиро даъват намуда, дар он ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон карданд. Вале ҳокимият амалан дар Самарқанд ҳанӯз ҳам дар ихтиёри кумитаи вилоятии Ҳукумати Муваққатӣ буд ва он аз тарафи эсеру меншевикҳо, шӯроиисломистҳою шӯроиуламоиҳо аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ дида, Ҳокимияти Шӯравиро эътироф намекард. Аз ин рӯ кумитаи номбурда қарори маҷлиси таъҷилии шӯроҳоро ба эътибор нагирифт.
Ҳукумати Шӯравии болшевикии Туркистон аз вазъи Самарқанд сахт ба ташвиш омада, дар тарси он буд, ки мабодо Самарқанд, ба мисли Қӯқанд ба маркази нави қувваҳои зиддишӯравӣ табдил наёбад. Бинобар ин вай ба воситаи қисмҳои аскарони сурх шаби аз 1 ба 2 — декабри соли 19!7 нуқтаҳои асосии шаҳри Самарқандро ба даст дароварда, кумитаи вилоятии Ҳукумати Муваққатиро барҳам дод. Ин ҳолат дар шаҳр муқобилони болшевиконро ба ҷунбиш даровард. 2 декабр дар Самарқанд анҷумани вилоятии Шӯрои исломия барпо гардид. Дар он, аз ҷумла намояндагон аз Хуҷанд (чунонки, комиссари уездӣ, эсери чап Камолиддин Ҳусаӣнов), Ӯротеппа ва ғайра иштирок доштанд. Анҷуман Ҳукумати Шӯроҳоро маҳкум намуда, «Мухторияти Қӯқанд»-ро дастгирӣ намуд. 4 декабр болшевикони Самарқанд, ба қисмҳои аскарони сурх такя намуда, кумитаи ҳарбии инқилобиро ташкил доданд ва дар шаҳр ҳокимиятро ба дасти худ гирифтанд. Думаи шаҳрӣ, ки ҳанӯз ҳам дар ҳимояи эсеру меншевикҳо ва шӯрои исломиҳою шӯроиуламоиҳо буд, бо кӯмаки қисмҳои казакҳои сафеди И.М. Зайтсев ҳокимиятро дар шаҳри Самарқанд боз ба ихтиёри худ гирифт. Ин думаи шаҳрӣ низ аз тарафи қисмҳои аскарони сурх бо зудӣ барҳам дода шуд.
13 декабри соли 1917 дар шаҳри Самарқанд анҷумани П Шӯроҳои вилоятӣ ба кори худ шурӯъ кард ва он дар тамоми ҳудуди вилоят ба ихтиёри шӯроҳо гузаштани ҳокимиятро эълон кард. Дар худи ҳамин моҳ кумитаи инқилобии Самарқанд намояндагони Ҳукумати Муваққатиро, ки ҳанӯз дар болооби Зарафшон сарварони волостҳо буданд аз вазифаашон озод карда, намояндагони худро барои бунёди Ҳукумати Шӯравӣ фиристод.
Ҳамин тавр, моҳи декабри соли 1917 дар болооби Зарафшон, аз ҷумла дар волостҳои Панҷакент, Фалғар, Искандарӣ, Моғиёну Киштут, Фароб ва Офтобрӯ бе ягон муқобилияти ҷиддӣ Ҳокимияти Шӯравӣ барпо карда шуд.

§ 2. «Мухторияти Қӯқанд» ва барҳам додани он

Ба вуҷуд омадани масъалаи мухторияти Туркистон

Чуноне дар боби пешина таъкид кардем, ақидаи мухторияти Туркистон дар баӣни зиёиёни кишвар ҳанӯз то барҳам хӯрдани ҳукумати подшоҳӣ вуҷуд дошт. Он пас аз шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 дар Осиёи Миёна ва махсусан бо ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралии соли 1917 Русия бештар паҳн гардид. Дар маркази ин ҳаракат ташкилотҳои Шӯрои исломия, Шӯрои уламо, инчунин ҷадидони туркистонӣ меистоданд, ки онҳо дар ҳаӣати худ қисми бузурги зиёиёни бедоргаштаи кишварро муттаҳид мекарданд. Аммо он лаҳза амалдорони Ҳукумати Муваққатии Русия чандон тарафдори фавран ба Туркистон додани ҳуқуқи мухториятро надоштанд. Вале ин таклифро рад ҳам накарданд.
Аз ҷумла ҳизби эсерҳо эсерҳои рост дар ҳаӣати Ҳукумати Муваққатӣ ва сарвари охирини ин ҳокимият — А.Ф. Керенскиӣ намояндаи онҳо буд оиди масъалаи мухторият дар аввал умуман мавқеи ягона надоштанд. Онҳо то октябри соли 1917 тарзҳои гуногун: федератсия ё худ мухторияти маданӣ; худидоракунӣ ё худ ҷумҳурияти демократии мутамарказонидашударо пешниҳод мекарданд. Аз ноябри соли 1917 қисме аз эсерҳо талаби мухториятчиёни кишвари Туркистонро дастгирӣ намуданд.
Моҳи сентябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистон чор рӯз масъалаҳои гуногунро оиди тақдири минбаъдаи Туркистон муҳокима кард. Ҳамаи намояндагони анҷуман ба тарафдории мухторияти Туркистон овоз доданд. Дар анҷуман инчунин муносибати минбаъдаи Туркистону Русия низ муайян карда шуд. Мувофиқи он ҷумҳурияти Русия фақат муҳофизати сарҳади Туркистонро ба ӯҳда дошту ба корҳои дохилии он бояд дахолат намекард. Мухторияти Туркистон дар навбати худ барои нигаҳдории оромии дохилиаш қӯшунҳои худро ташкил медод.
Анҷуман замин ва обро дар кишвари Туркистон моли тамоми халқ эълон намуда, онҳоро ба ихтиёри маҷлиси умумихалқӣ медод. Дар ҳамин анҷуман инчунин Барномаи Мухторияти Туркистон дида шуд. Мувофиқи он мухторияти Туркистон оиди корҳои дохилӣ: идоракунӣ, молия, дин, маданияту маориф мустақил буда, ба раиятҳои мухторият озодии эътиқод, сухан, матбуот ва ташкил додани ҷамъиятҳо иттифоқҳо-ро медод. Ба ғайр аз ин мухториятчиён ният доштанд, ки системаи шиносномагиро (паспортиро) бекор намуда, дар дохили мухторият ва барои ба хориҷа сафар кардани раиятонаш рафтуомади озодро ҷорӣ намоянд. Инчунин ба тартиб даровардани андозҳо, ба донишкадаҳои олӣ додани ҳуқуқи мустақилӣ низ дар назар дошта мешуд.
Тарафдорони мухторияти Туркистон пурра умед доштанд, ки Маҷлиси Муассисони Умумирусиягӣ қарори анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистонро оиди мухторият тасдиқ хоҳад кард. Вале Инқилоби Октябр умеди онҳоро барбод дод. Ҳукумати Муваққатии Русия, ки бо он тарафдорони мухторият ҳамкорӣ карданд, сарнагун карда шуд. Дар Русия ба сари ҳокимият болшевикон омаданд

Сабабҳои фаъолтар гардидани мухториятхоҳон

2(15) ноябри соли 1917 аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ Декларатсияи ҳуқуқи халқҳои Русия ва 20 ноябр (3 декабр)-и ҳамон сол муроҷиати он «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ» бароварда шуд. Ин ҳуҷҷатҳо ба халқҳои собиқ мазлуми Русия ҳуқуқи васеъ, то ҳуқуқи мустақилии миллиро дод. Вале амалӣ гардидани он ҳуҷҷатҳо аз мавқеъ ва кордонии ҳукуматҳои маҳаллӣ вобастагӣ дошт.
Аввалин Ҳукумати Шӯравии Туркистон — Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) чуноне дар боло аллакай қайд намудем, бо кашмакашиҳои зиёди сиёсӣ, дар анҷумани III Шӯроҳои кишварӣ (ноябри соли 1917) асосан аз ҷумлаи намояндагони болшевикон, эсерони чап ва максималистон, аз рӯйи баромади миллӣ аз ҳисоби русҳо ва русзабонҳо ташкил карда шуд. Ба ҳокимият тарафдорони мухторияти Туркистон: шӯроиисломиҳо, шӯроиуламоиҳо, ҷадидон ва ғайра роҳ дода нашуданд.
Болшевикони кишвар ҳукумати якҷоя бо эсеронро низ муваққатӣ ҳисобида, амалан бо сарварии Ф.И. Колесов аз рӯйи нақшаи пешниҳодкардаи ҳизби худ кор мебурданд. Онҳо оҳиста- оҳиста эсеронро аз ҳаӣати ҳокимияти кишвар танг карда бароварданд. Ба ғайр аз ин он лаҳза дар доираи ҳукуматдорони кишвар мавқеи миллатчиёни рус зиёдтар буд ва онҳо нисбати мардуми маҳаллӣ таваҷҷӯҳе надоштанд. Аз ҳамин сабаб ба ҳаӣати ҳукумати кишвар аз ҳисоби намояндагони мардуми маҳаллӣ касе ҳам дохил карда нашуд. Яъне ба ақидаи онҳо мардуми маҳаллӣ гӯё «барои иштирок дар идоракунии кишвар ҳанӯз омода нестанд». Дар натиҷаи ҳукмрон будани чунин ақидаи зарарнок, дар ташкили нахустин Ҳукумати Шӯравии кишвар, аввалин хатои ҷиддӣ содир гардида буд.
Хатои дуюми ҷиддии Ҳукумати Шӯравии кишвари Туркистон ва болшевикони он ин номуайянии мавқеи онҳо оиди масъалаи мухторият буд. Ин ҳокимият нисбат ба аввалин ҳуҷҷатҳои муҳими дар боло ишорашуда, яъне «Декларатсияи ҳуқуқи халқҳои Русия» ва «Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ» муносибати худро ба тарзи равшан муайян накард. Аммо нахустин Ҳукумати Шӯравии Туркистон ақидаи мухториятро рад ҳам накарду амалан дастгирӣ ҳам. Яъне оиди ин масъала ҳам ба ақидаи онҳо Туркистон гӯё барои чунин марҳамат ҳанӯз омода набудааст. Ин гуна мавқеи ноаниқ мухториятхоҳонро, ки аз ҳуҷҷатҳои болоӣ хабардор буданд, норозӣ намуд. Ба ақидаи онҳо ҳокимияти марказии шӯравӣ (яъне федератсияи Русия — РСФСР) гӯё дар асоси он ҳуҷҷатҳо барои туркистониён ҳуқуқи мухториятро додаасту аммо ҳокимияти кишварӣ онро намехостааст. Бинобар ин мухториятчиёни кишвар фаъолтар амал карданро зарур шумориданд.
12 ноябри соли 1917 дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси раиси «Шӯрои уламо» Шералӣ Лапин маҷлиси гурӯҳҳои гуногуни мусулмонӣ ҷамъ омад. Масъалаи асосӣ-ин ташкил намудани ҳукумати Туркистон. Вале аз натиҷаи кори ин маҷлис ҳанӯз маълумот нест. Аз эҳтимол дур нест, ки онҳо тарафдори ҳукумати коалитсионӣ буданд. Аммо ба чорабиниҳои онҳо оғози кори анҷумани III Шӯроҳои кишварӣ халал расонид. Вақте, ки ин анҷуман ҳокимияти кишварро бо сарварии болшевик Ф.И. Колесов (аз ҳисоби фақат русзабонҳо) ташкил дод, мухториятчиён аз қарорҳои он норозӣ шуда, гузаронидани анҷумани худро зарур шумориданд. Бо чунин мақсад онҳо дар шаҳри Қӯқанд, ки дар кишвар маркази асосии тиҷорат, яке аз нуқтаҳои асосии ҳаракати либералии зиёиёни миллӣ ва барояшон аз ҳама муҳим, нуқтаи аз ҳаракатҳои инқилобӣ нисбатан дар канор буд, ҷамъ омаданд. Сабаби дигари дар шаҳри Қӯқанд ҷамъ омадани анҷумани мухториятчиён ин дар шаҳри Тошканд аз тарафи ҳокимияти болшевикӣ хеле танг кардани фаъолияти онҳо мебошад. Ташаббуси гузаронидани анҷуманро «Шӯрои исломия» ба ӯҳдаи худ гирифт.

Анҷумани Қӯқандии мухториятчиён ва эълон гардидани мухторияти Туркистон

26 ноябр (9 декабр)-и соли 1917 дар шаҳри кӯҳнаи Қӯқанд анҷумани IV таъҷилии мусулмонони кишвар, бо иштироки 205 намоянда, ба кори худ шурӯъ кард. Онро бо сухани муқаддимавӣ аъзои бюрои ташкилӣ, аъзои Шӯрои мусулмонони кишвар, хатмкунандаи шӯъбаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи Петроград Мустафо Чоқай кушод. Дар анҷуман намояндагони ғайримусулмон, аз ҷумла русҳо, яҳудиҳо ва ғайра низ иштирок доштанд.
Ҳангоми оғози анҷуман Маҳмудови қӯқандӣ ба сухан баромада таклиф кард, ки «интихоби ҳайъати садорати анҷуман на аз рӯйи вилоят, миллат ва нишонаҳои динӣ муайян гардад, балки фақат аз рӯйи дониш ва қобилиятнокӣ пешбарӣ шаванд». Дар натиҷа ба ҳаӣати садорати анҷуман, ки аз 13 нафар иборат буд, ях нафар шахси ғайримусулмон низ интихоб шуд.
Масъалаҳои асосие, ки он анҷуман муҳокима кард, ин: 1) оиди ба ҳайъати «Иттифоқи Ҷанубу Шарқӣ» дохил шудани кишвари Туркистон ва 2) оиди мухторияти кишвари Туркистон ба ҳисоб мерафтанд. Масъалаи якум боиси баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ гардид. Зеро, махсусан як қисми зиёиёни маҳаллӣ ба ҳайъати иттифоқи номбурда, ки бо ташаббуси атамани казакҳои Оренбург — Дутов ташкил шуда буд, хоҳиши ҳамроҳ гардидани кишвари Туркистонро надоштанд. Онҳо чунин ҳолатро як шакли нави мустамликашавии кишвари худ меҳисобиданд. Ба ғайр аз ин аз хотираи онҳо кирдорҳои ваҳшиёнаи отрядҳои казакӣ — чун қисми асосии аскарони ҳукумати подшоҳӣ, ҳангоми пахш намудани шӯриши соли 1916 ҳанӯз фаромӯш нашуда буд. Вале анҷуман шароити мураккабро ба инобат гирифта, махсусан барои ба муқобили Ҳокимияти Шӯравӣ истодагарӣ карда тавонистан, ба иттифоқи номбурда дохил шуданро лозим шуморид.
Бегоҳии 27 ноябр (10 декабр) анҷуман ба муҳокимаи масъалаи дуюм оғоз намуда, соати 12-и шаб мухторияти кишвари Туркистонро эълон кард. Дар қарори анҷуман аз ҷумла гуфта мешуд, ки «анҷуман хоҳиши тамоми миллатҳои истиқоматкунандаи Туркистонро оиди худмуайянкунӣ, ки Инқилоби Бузурги Русия (яъне Инқилоби Октябр — Н.Ҳ.) дод, ба инобат гирифта, Туркистонро ҳамчун сарзамини мухторӣ дар ҳайъати Ҷумҳурияти Демократии Федеративии Русия эълон намуда, (барои тасдиқ) ба Маҷлиси Муассисони Туркистон пешниҳод мекунад». Анҷуман инчунин муҳофизати манфиати миллатҳои камшумори кишварро низ эълон намуд.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои қабулкардаи анҷуман, то замони даъвати Маҷлиси Муассисони Умумитуркистонӣ, дар кишвар тамоми ҳокимият бояд ба ихтиёри Шӯрои муваққатӣ ё худ Шӯрои халқӣ, ҳамчун органи олии қонунбарор ва назорат; идоракунии ҳокимият бошад ба ихтиёри ҳукумати муваққатӣ дода мешуд. Шӯрои халқӣ аз 54 ҷой иборат буд. Ҳангоми тақсими он ҷойҳо ҳамаи гурӯҳҳои миллии кишвар ба назар гирифта шуд. Аз ҷумла барои ташкилоту миллатҳои «аврупоии» кишвар сеяки ҷой, яъне 18 нафар намоянда муайян карда шуда буд.
Ташкил намудани ҳукумати мухториятчиён ҳам боиси баҳсу мунозираи тӯлонӣ нагардид. Яке аз роҳбарони фаъоли ҳизби миллии «Алаш-Ордӣ», собиқ аъзои кумитаи туркистонии Ҳукумати Муваққатии Русия, пантуркисти ашаддӣ Мустафо Танишбоев сарвари муваққатии Мухторияти Туркистон таъин гардид. Бояд таъкид кард, ки ҳанӯз дар барномаи ҳизби «Алаш-Ордӣ» соли 1905 ташкил ёфтааст таъкид мешуд; «Русия бояд ҷумҳурии федеративии демократӣ шавад… Давлатҳои дигар яъне онҳое, ки ҳамон лаҳза мустамликаи Русияи подшоҳӣ ҳисоб мешуданд — Н.Х, дар ҷумҳурии федератавӣ мавқеи мухторӣ дошта, худро мустақилона идора кунанд». Ба ҳаӣати ҳокимияти мухториятчиён инчунин намояндагони рафоқатҳои машҳури тиҷоратию саноатии Вадяевҳо ва Потеляхов — ҳар ду намояндаи яҳудиёни маҳаллӣ низ дохил шуда буданд. Мустафо Чоқай нозири корҳои хориҷӣ таъин гардид.
Дар натиҷа, дар кишвари Туркистон дуҳокимиятии нав ба вуҷуд омад, ки яке ҳокимияти шӯравии Туркистон бо марказ дар Тошканд ва дигаре ҳокимияти мухторияти Туркистон бо марказ дар Қӯқанд, Ҳокимияти охирин дар таърих бо номи «Мухторияти Қӯқанд» маълум аст. Агар мутобиқи шароити ҳамонвақтаи кишвар ба сифати кордонию мутобиқати фаъолияти аъзоёни ҳар ду ҳокимият назар афканем, пас ҳокимияти ташкилкардаи мухториятчиён нисбат ба ҳокимияте, ки Ф.И. Колесов сарварӣ мекард бештар ба талабот ҷавоб дода метавонист.
Намояндагони ҳар ду ҳокимият барои мустаҳкам намудани мавқеи худ дар баӣни мардум кӯшишҳои зиёд харҷ намуданд. Дар мадди аввал ҳар ду ҳокимият дар маҳалҳое, ки дар ихтиёри худ доштанд, мавқеашонро мустаҳкам мекарданд. Он лаҳза аз ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ волостҳои Конибодом ва Исфара, ки ба уезди Қӯқанд дохил мешуданд, дар ҳаӣати «Мухторияти Қӯқанд» монданд. Дар волости Исфара танҳо дар кони нефти «САНТО», чуноне дар боло аллакай таъкид кардем, чун ҷазирачае Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор монда буду халос. Гарчанде дар уезди Хуҷанд ҳокимият ба ихтиёри Шӯроҳо гузошта бошад ҳам, аммо он дар баӣни обу оташ, яъне Ҳокимияти Шӯравии Туркистон ва мухториятчиён монда буд.

Боз ҳам муташанниҷ гардидани муносибати баӣни Ҳокимияти Шӯравии кишвари Туркистон ва мухториятчиён

6 декабри соли 1917 дар мадрасаи Бекларбегии шаҳри кӯҳнаи Тошканд, бо ташаббуси шӯрои исломиҳои шаҳр ҷамъомади шаҳриён барпо гардид. Дар он қарор карданд, ки 13 декабр барои дастгирии ҳукумати мухториятчиён намойиш ташкил кунанд. Бо ҳамин мақсад онҳо кумитаи ташкилӣ интихоб намуданд, ки он дар навбати худ барои гузаронидани намойиш аз сарварони шаҳр иҷозат пурсид. Ин гуна чорабиниҳои мухториятчиён бо воқеаи барояшон нохуше мувофиқ омад. Чуноне аз гуфтаҳои қисми аввал бармеояд, дар худи он рӯзи 6 декабр, дар маркази вилояти Фарғона- Скобелев, бо кӯмаки аскарони сурх ҳокимияти мухториятчиёнро барҳам дода, Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шуд. Албатта ин ҳама минбаъд барои муносибати мухториятчиён нисбати чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравии кишвар бетаъсир намонд.
13 декабри соли 1917, рӯзи намойиш ба рӯзи таваллуди пайғамбар Муҳаммад, яъне ба иди «Мавлуди Шариф» мувофиқ омад. Аз тарафи ҳукумати мухториятчиён, бо мақсади дар Тошканд, дар баӣни намойишчиён паҳн намудан, муроҷиатнома бо номи «Ба ҳамаи раияти Туркистон-мусулмонон, русҳо, яҳудиҳо, коргарон, аскарон ва деҳқонон!» қабул карда шуд, ки дар он мардуми кишварро ба ҳимоя ва дастгирии сиёсати худ даъват мекарданд.
Намойиш дар рӯзи муайяншуда барпо гардид. Ҳукуматдорони Тошканд намойишро фақат дар қисми кӯҳнаи шаҳр — Ӯрда иҷозат доданд. Вале он амалан тамоми шаҳрро фаро гирифт. Дар он на танҳо мардуми таҳҷойӣ: ӯзбекҳо, тоҷикҳо, қазоқҳо ва ғайра, балки қариб 2-3 ҳазор нафар русу русзабонҳо низ фаъолона иштирок карданд. Мувофиқи нақша намойишчиён бояд яке аз аксулинқилобчиёни номӣ — Доррерро аз ҳабс озод намуда, дар Тошканд ӯро ба сари ҳокимият мегузоштанд. Вақте ки Доррер аз ҳабс озод карда шуд, бо супориши сарвари гарнизони Тошканд, ба муқобили намойиш аскарон истифода шуданд. Дар натиҷа намойиш пароканда гардид. Қариб 20 нафар, аз ҷумла 15 нафар мардуми маҳаллӣ ҳалок шуданд. Шӯрои Тошканд шаҳрро дар ҳолати ҳарбӣ эълон кард.
Худи ҳамон рӯз, баробари оғози намойиш, сарвари Ҳокимияти Шӯравии Туркистон Ф.И. Колесов ба Шӯрои Комиссарони Халқии Федератсияи Русия (ҶФШСР) барқия фиристода, фоҷиаи Тошкандро ба тарзи зайл шарҳ дод: «дар Қӯқанд аз тарафи синфи иртиҷоӣ мухторияти кишвари Туркистон эълон карда шуд. Ҳокимияти мухторияти Туркистон, ки онро оммаи пролетариати Туркистон эътироф намекунад, бо тамоми қувва кӯшиш дорад, ки мухториятро дар шаҳрҳои алоҳидаи кишвар эълон намояд. 13 декабр, дар рӯзи таваллуди Муҳаммад, дар Тошканд мухторият эълон карда шуд». Дар охири он барқия Ф. Колесов барои фаъолияти минбаъдаи ҳокимияташ маслиҳат, аниқтараш супориши марказро пурсид.
16 декабри ҳамон сол вазъияти кишвари Туркистон аллакаӣ мавзӯи баҳси ҷамъомади ҳукумати Федератсияи Русия, бо иштироки сарвари он В.И. Ленин, гардид. 27 декабр И.В. Сталин дар ҳаӣати ҳокимияти Русияи Шӯравӣ сарварии комиссариати оид ба корҳои миллиро ба ӯҳда дошт дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) ҶФШСР баромад карда, таъкид намуд, ки баъзе марказҳои вилоятӣ ҳукумати худро дар шакли Шӯрои Комиссарони Халқӣ ташкил дода аз ҷумла Туркистон, ба марказ, ба Шӯрои Комиссарони Халқӣ барои дастур муроҷиат кардаанд. Шӯрои Комиссарони Халқ ҷавоб дод, ки Шумо худатон ҳокимият дар маҳалҳо мебошед. Бинобар ин худатон бояд дастурҳои бароятон зарурро тайёр намоед».
Аз далели боло маълум мешавад, ки ҳокимияти ҶФШСР ба мухторияти Туркистон муқобил набудааст. Баръакс тавсия намудааст, ки масъалаҳои ҷиддии маҳалҳоро мувофиқи шароит дар ҷояш ҳал намуда, дар ин асос худашон дастури заруриро ҳозир намоянд. Аммо аксарияти сарварони онвақтаи шӯравию ҳизбии Туркистон аз вазъияти кишвар хулосаҳои зарурӣ бароварда натавонистанд. Баръакс онҳо ба иқтидори ҳарбӣ такя намуда, бо фоҷиаи Тошканд, ба муқобили мухториятчиён муборизаи рӯйростро пеш гирифтанд.
Дар кишвари Туркистон мухториятчиёнро на танҳо «Шӯрои исломия», «Шӯрои уламо», балки ҷадидон, буржуазияи миллӣ ва рус, эсерҳо ва меншевикҳо, инчунин як қатор шӯроҳои ноҳиявию вилоятӣ дастгирӣ мекарданд. Дар рӯзҳои аввал шӯрои вилоятии Фарғона низ, ки сарвараш эсери росг буд, мухториятчиёнро ҳимоя намуд. Иттифоқи муаллимони Тошканд ҳам 10 декабр дар маҷлиси худ мухториятчиёнро табрик кард. Анҷумани 11 эсерҳои кишвари Туркистон, ки 7-10 январи соли 1918 дар Қӯқанд ҷамъ омад, на танҳо мухториятчиёнро дастгирӣ намуд, балки дар бораи бо онҳо ҳамроҳ шудан қарор қабул кард.
Ҳукумати муваққатии мухторӣ бо мақсади қонунӣ гардонидани муваффақияти ба даст дароварда, яъне эълони мухторияти Туркистон, лоиҳаи қонуни асосӣ (конститутсия)-ро тайёр карда буд, ки онро бояд Маҷлиси Муассисони Умумитуркистонӣ қабул менамуд. Мувофиқи нақшаи эсерҳо интихобот ба маҷлиси Муассисони Умумитуркистонӣ бояд то 10 марти соли 1918 гузаронида шуда, 20 март кушодашавии он маҷлис барпо мегардид. Минбаъд ҳамин гуна андешаро ҳукумати муваққатии мухторӣ низ дастгирӣ намуд.
Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки дар сиёсати ҳукумати мухториятчиён нуфузи диндорони мусулмон хело зиёд буд. Аз ин рӯ дар мухторияти Туркистон ба дини ислом мақоми давлатӣ дода мешуд. Ин ҳама сиёсатмандони Туркистони шӯравиро, ки муқобили нуфузи ҳар гуна дин буданд, боз ҳам ба ғазаб овард. Умуман мавҷудияти ҳукумати мухтории Қӯқанд Ҳукумати Шӯравии Туркистонро ором нагузошт. Ҳукумати Колесов маҳви «Мухторияти Қӯқанд»-ро, ки аллакаӣ аввали декабри соли 1917 оғоз намуда буд, идома дод. Бо кӯмаки қисмҳои аскарони сурх 20 декабр дар Андиҷон, 28 декабр дар қисми нави шаҳри Қӯқанд яъне Қӯқанди Нав Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид.
26-30 декабри соли 1917 8-12 январи соли 1918 дар Қӯқанд, дар қисми шаҳри кӯҳна — анҷумани 1 таъҷилии намояндагии коргарон ва аскарони мусулмон барпо шуд. Он бо ташаббуси ҳукумати муваққатии мухторӣ, бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеи худ, даъват шуда буд. Аксари намояндагони анҷуман аз ҷумлаи аъзоёни «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон» ба ҳисоб мерафтанд. Аммо доираи иртиҷоии диндорон дар ҳаққи худи ин иттифоқ, бо сабаби дар шаҳрҳои дигар ҳамрайъӣ намудан бо Шӯроҳои болшевикӣ, фатво бароварда, онҳоро «кофир» эълон карда буданд. Бинобар ҳамин ҳам аъзоёни «Иттифоқ» дар ҳудуди мухторият низ пинҳонӣ амал мекарданд.
Дар анҷумани номбурда комиссари оиди меҳнат дар Ҳукумати Шӯравии Туркистон П. Полторатскиӣ баромад карда, таъкид намуд, ки «мо муқобили мухторияти меҳнаткашон нестем, аммо мо муқобили мухторияти бойҳо мебошем. Мо барои мухторият мубориза бурдем ва ҳокимиятро аз дасти буржуазия на барои худ, балки ба фоидаи коргарон ва камбағалон гирифтем. Мо ҳокимиятро барои шӯрои намояндагии коргарон ва аскарон гирифтем.»
Вале баромади П. Полторатскиӣ мавқеи иштирокчиёни анҷуманро тағйир надод. Баръакс анҷуман хоҳиш намуд, ки Шӯрои Комиссарони Халқии Туркистон ҳокимиятро ба ихтиёри ҳукумати мухторияти Туркистон ва шӯрои халқӣ супорад. Бо ҳамин мазмун қарори анҷуманро тартиб дода ба номи В.И. Ленин фиристода буданд. Мақсад аз ин амал он буд, ки аз боло ба Шӯрои Комиссарони Халқии Туркистон фармоянд, то онҳо ба фоидаи ҳукумати муваққатии мухторияти Туркистон аз ҳокимият даст кашад.
Дар миёнаи январи соли 1918 дар Тошканд анҷумани IV кишварии Шӯроҳои Туркистон барпо гардид. Дар он сарвари болшевикони Туркистон И.О. Тоболин оиди масъалаи мухторияти Туркистон таъкид намуд, ки «шароити ҳозира барои эълони мухторият мувофиқ нест». Барои ин, ба ақидаи ӯ, бояд сараввал аз ҳисоби халқҳои маҳаллӣ кадрҳо тайёр карда шавад.
Ҳамин тавр сарварони Туркистони Шӯравӣ ҳанӯз ҳам аз вазъияти кишвар хулосаҳои зарурӣ набароварда, масъалаи мухториятро ба мӯҳлати номуайян партофтанд. Зеро, бо ақидаи яке аз болшевикони бонуфузи ҳамон давр — Д.И.Манжара, он лаҳза дар мафкураи бисёр сарварони ҳизбию шӯравии кишвар «мафкураи шовинизми бузургдавлатӣ» ҳукмрон буд. Минбаъд қисмҳои наву кӯҳнаи шаҳри Қӯқанд ба марказҳои асосии муқобилият табдил ёфтанд. Қисми нави шаҳр, ки дар он тартиботи шӯравӣ ҳукмрон буд, оҳиста-оҳиста аз Ҳукумати Шӯравии кишвар имдод гирифта, қувват гирифт. Қисми кӯҳнаи шаҳр, ки маркази мухторият ба ҳисоб мерафт, дар иҳотаи аскарони сурх монда, аз имконияти гирифтани имдоди беруна (оиди имдод қувваҳои гуногуни беруна ваъдаҳои зиёде карда буданд) маҳрум гардида буд.

Инқирози ҳукумати мухториятчиён ва «табаддулоти Эргаш»

Мухториятчиён аз қувват гирифтани Ҳукумати Шӯравӣ дар қисми нави шаҳри Қӯқанд ҳаросида, бо коменданти ин қисм, собиқ офитсери подшоҳӣ Зинченко забон як карда, шаби аз 11 ба 12 январи соли 1918 ба муқобили он ҳуҷуми бебарор намуданд. Баъди ин воқеа шаҳри нави Қӯқанд аз ҷиҳати ҳарбӣ боз ҳам мустаҳкамтар гардид.
Ҳукумати мухториятчиён кӯшид, ки аз ҳисоби мардум сафи муҳофизони худро зиёд кунад. Вале аз як тараф чунин хоҳишмандон хеле кам буданд, аз тарафи дигар, барои ин пули зиёд лозим буд. Зеро Ҳукумати Шӯравии Туркистон ҳамаи пул ва коғазҳои қурбноки бонкҳои дар Қӯқанд бударо мусодира намуда буд. Дар натиҷаи ҳамаи ин мушкилиҳо, махсусан мураккабии ҳолати молиявӣ, сарвари ҳукумати муваққатии мухториятчиён Мустафо Танишбоевро маҷбур намуд, ки ба истеъфо равад. Ӯро Мустафо Чоқай иваз намуд. Ҳукумати Мустафо Чоқай бо мақсади беҳтар гардонидани вазъияти молиявии мухторият ба микдори 30 млн. сӯм бо пули ҳамонвақта заёми дохилӣ баровард. Вале хоҳишмандони харидани чунин заём хело кам буданд. Аз ҳамин сабаб он ба тарзи маъмурӣ — зӯрӣ ба тоҷирони хурд, махсусан дӯкондорон ва ғайра тақсим карда шуд. Чунин чорабинӣ боиси норозигии тоҷирони хурди миллӣ гардид ва он натиҷаи дилхоҳ надод.
Вақте, ки аз ҳукумати Мустафо Чоқай ҳам умеди наҷот намонд, доираи болоии мухториятчиён Эргашро ба хизмат даъват намуда, ӯро сарфармондеҳи «армияи ислом» таъин карданд. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо дар он лаҳза Эргаш дар қисми шӯравии водии Фарғона ҳаракати зиддишӯравиро сарварӣ мекард. Аз рӯйи дигар маълумотҳо ӯ то эълони мухторият сарвари милитсияи шаҳри кӯҳнаи Қӯқанд будааст. Вай то расидан ба ин мансаб дар бадарға, дар Сибир будааст ва аз ҳаракати инқилобии Русия истифода бурда, аз он ҷо гурехтааст. Умуман дастаи Эргаш, ки тахминан 2-4 ҳазор нафарро ташкил медоданд, аксаран аз ҳисоби дар бадарғабудагон ҷамъ шудаанд. Аз ҳамин сабаб ҳам баробари ба сари қудрат омадани Эргаш дар шаҳри Қӯқанд сӯиқасд ба дараҷаи баландтарини худ расид. Сарварони қувваҳои зиддишӯравии кишвари Туркистон вазъияти мураккаби ҳукумати мухтории Қӯқандро пай бурда, барои наҷоти он аз маҳвшавӣ, хостанд қисмҳои казакӣ, ки бо сарварии полковник Заӣтсев аз Эрон баргаштаанд, истифода баранд. Онҳо ҳатто умед доштанд, ки бо ин қувва ҳокимияти шӯравиро сараввал аз Самарқанд то Тошканд барҳам диҳанд.
Вале 14 феврали соли 1918 он қисмҳои казакӣ низ дар наздикии Самарқанд дар истгоҳи роҳи оҳани Ростовсев минбаъд Красногвардейская аз тарафи аскарони сурх маҳв карда шуд. Худи ҳамон рӯз ҳокимияти шӯравии Туркистон вилояти Фарғонаро дар ҳолати ҳарбӣ эълон кард.
17 феврали соли 1918 дар шаҳри нави Қӯқанд баҳри сулҳ гуфтушуниди тарафи шӯравӣ ва мухториятчиён оғоз ёфт. Рӯзи дигар ҳам гуфтушунид давом кард. Вале дар ин рӯз Эргаш баъзе аъзоёни ҳукумати мухториро, аз он ҷумла М. Танишбоевро ҳабс намуд. Худи Мустафо Чоқай ва баъзе аъзоёни дигари ҳукумати ӯ барои гурехтан муваффақ шуданд. Эргашро, ки махсусан аъзоёни «Шӯрои уламо» дастгирӣ мекарданд, хони Қӯқанд эълон карданд. Ин ҳодиса дар таърих ҳамчун «табаддулоти уламоиён» ё худ «табаддулоти Эргаш» маълум аст.

Маҳви «Мухторияти Қӯқанд» аз тарафи аскарони сурх

Баъди «табаддулоти Эргаш», тарафи шӯравӣ идомаи музокираро бо мухториятчиён нолозим шуморида, ба муқобили он ба амалиёти ҷангӣ ҷиддан шурӯъ намуд. 19 феврал комиссари ҳарбии Туркистони шӯравӣ Е. Перфилев бо қувваи бузург дар Қӯқанд ҳозир шуд. Худи ҳамон рӯз ӯ, чун фармондеҳи қувваҳои шӯравӣ дар минтақа, ба Эргаш талаби қатъии дар муддати 45 дақиқа таслимшавиро фиристод. Баъди аз Эргаш омадани ҷавоби раддия бо супориши Е. Перфилев, аз соати яки рӯз то нимаи шаб ба сӯйи шаҳри кӯҳнаи Қӯқанд аз 12 тӯпҳо тир кушоданд. 20 феврал, яъне баъди тирпаррониҳои зиёд, ба Қӯқанд қисмҳои ҳарбии дашнакҳоро дароварданд, ки онҳо асосан мардумро ғорат карданд. Эргаш бо наздикони худ гурехт. 21 феврал гуфтушуниди баӣни намояндагии шӯроҳо ва мухториятчиёни аллакаӣ мағлубшударо давом доданд. 22 феврал шартномаи тарафайн барои қатъ гардидани амалиёти ҷангӣ имзо шуд. Мувофиқи он беяроқ гардонидани тамоми тарафдорони мухторият; аз тарафи мухториятчиён шинохтани Ҳукумати Шӯравии кишвар ва ғайра дар назар дошта мешуд.
Бо ҳамин «Мухторияти Қӯқанд», баъди мавҷудияти 86 рӯза аз тарафи аскарони сурх барҳам дода шуд. Ин воқеа имконият дод, ки дар қатори дигар мулкҳои собиқ мухторият, инчунин дар Конибодом ва Исфара ҳам Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шавад. Вале бо барҳам додани «Мухторияти Қӯқанд» тухми гурӯҳҳои зиддиболшевикӣ ва зиддишӯравӣ, ки дар доираи мухторият муттаҳид гардида буданд, дар тамоми сарзамини Осиёи Миёна паҳн гардиданд.
30 апрели соли 1918 дар анҷумани V Шӯроҳои кишвари Туркистон қарор аз хусуси ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон қабул гардид, ки оиди он дар боби оянда таваққуф хоҳем кард. 1 майи соли 1918 ин воқеоти таърихиро бо тантана эълон карданд. Чуноне маълум аст, эълон намудани мухторияти Туркистон яке аз талабҳои асосии зиёиёни маҳаллӣ, аз ҷумла «Шӯрои исломия» ва «Шӯрои уламо» ба ҳисоб мерафт. Агар моҳи ноябри соли 1917 сарварони болшевикии кишвари Туркистон чунин талаби мухториятчиёнро рад накарда, ақаллан иҷрояшро ба вақти дигар мегузоштанд, аз эҳтимол дур набуд, ки дар кишвари Туркистон яке аз сабабҳои бо ҳам муқобилистии қувваҳо аз байн мерафт.

§ 3. Барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон

Мавқеи отряди Помир нисбат ба Ҳокимияти Шӯравӣ

Дар Кӯҳистони Бадахшон мисли пештара ҳар гуна тағйирот аз мавқеи отряди сарҳадии аскарони рус, ки ин ҷо буданд яъне отряди Помир, вобастагӣ дошт. Аз тарафи дигар сарварони отряд дар қатори вазифаҳои ҳарбӣ инчунин вазифаҳои маъмуриро низ иҷро мекарданд. Хулоса, сарвари отряд сарвари ҳарбию маъмурӣ ба ҳисоб рафта, нисбатан ҳуқуқҳои васеъ дошт. Ҳамон лаҳза сарвари отряд полковники рус Фенин буд.
То 2 июли соли 1918 на танҳо дар Бадахшон, ҳатто дар ҳудуди отряди Помир ҳам аз сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатӣ чӣ дар Петроград ва чӣ дар Тошканд хабар надоштанд. Танҳо дар ин рӯз, дар кумитаи аскарони отряд мактуби аз Тошканд фиристодаи П. Воловикро хонда, муҳокима намуданд, ки дар он оиди сарнагун шудани Ҳокимияти Муваққатӣ хабар дода мешуд. Дар натиҷа, хабари дар марказҳо бунёд гардидани Ҳокимияти Шӯроҳо бо зудӣ дар баӣни афсарону аскарони отряд ва оҳиста-оҳиста дар баӣни мардуми ноҳияҳои Кӯҳистони Бадахшон низ паҳн гардид.
Афсарону аскарони отряд дар марказҳо бунёди тартиботи навро ба тарзи гуногун пазируфтанд. Пеш аз ҳама афсарон, бо сарварии полковник Фенин ва як қисми аскарони қатории отряд, ки нисбат ба Ҳукумати Муваққатӣ содиқ буданд, Ҳокимияти Шӯравиро эътироф накарданд.
Тобистони соли 1918 аз Тошканд, бо мақсади ҷорӣ намудани алоқа бо отряди Помир, ба Бадахшон, бо сарварии собиқ поручики қӯшунҳои подшоҳӣ Афанасев, отряди иловагӣ фиристода шуд. Вале аксари аъзоёни ин отряд ҳам, бо сарварии худи Афанасев муқобили тартиботи нав буданд. Аз ин рӯ отряди Помир, бо якҷоягии отряди навомада, дар мавқеи зиддишӯравӣ меистод.
30 августи соли 1918, мувофиқи фармони барои қисмҳои аскарони сурх баровардашуда, отряди Помир ба тобеияти сардори комиссариати ҳарбии Ҷумҳурии Мухтори Туркистон гузашт. Аммо полковник Фенин ва дигар афсарони отряд на танҳо ин фармонро ба эътибор нагирифтанд, балки мисли пештара умуман аз шинохтани Ҳокимияти Шӯравӣ саркашӣ мекарданд.
Ниҳоят, моҳи ноябри соли 1918, полковник Фенин ва дигар афсарони отряд, бенатиҷагии мавқеи ишғолкардаи худро эҳсос намуда, бо ҳамроҳии 32 нафар аскарони қатории отряд, тамоми маблағ ва аслиҳаи мавҷудаи отрядро бо худ гирифта, дар миёнаи моҳи ноябри ҳамон сол, ба воситаи Вахон, ба Ҳиндустон гурехтанд. Бо ҳамин воқеа дар як вақт Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ низ барҳам хӯрд. Дар постҳои сарҳадии чӣ Помири Шарқӣ ва чӣ Ғарбӣ як қисми ками аскарони рус монда буданду халос. Аз ҳисоби ҳамин аскарон, бо сардории Волков, кумитаи инқилобӣ ташкил карда шуд, ки он мебоист дар Кӯҳистони Бадахшон ҳокимиятро ба дасти худ мегирифт.

Отряди А.А. Холмаков ва барпо намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бадахшон

Охири моҳи ноябри соли 1918 Кумитаи Иҷроияи Маркази КИМ Ҷумҳурии Туркистон баробари шунидани хабари ба хориҷа гурехтани полковник Фенин ва дигар тарафдорони вай, оиди ба Бадахшон фиристодани комиссияи ҳарбию сиёсӣ ва отряди ихтиёрӣ бо сарварии коммунист А. А. Холмаков қарор қабул кард. Дар ҳаӣати отряд 20 нафар болшевикон буданд. Комиссия ва отряд моҳи феврали соли 1919 бо душвориҳои хеле зиёд ба Хоруғ омада расид. То ҳамин лаҳза дар Бадахшон ҳолати беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд. Дар маҳалҳо бошад ҳанӯз ягон хел ташкилот ё худ ҷамъияти сиёсию инқилобӣ вуҷуд надошт1.
Дар аксари адабиётҳои мавҷуда таъкид мегардад, ки «моҳи ноябри соли 1918 дар натиҷаи баромади инқилобии аскарон, коргарон ва мардикорон дар маркази Помир — Хоруғ кумитаи инқилобӣ — аввалин органи Ҳокимияти Шӯравӣ дар Кӯҳистони Бадахшон ташкил карда шуд». Маълум аст, ки ин гуна андешаҳо беасос будаанд.
Вазифаи асосии комиссия ва отряди А.А. Холмаков — ин дар маҳалҳо ташкил намудани органҳои ҳокимияти инқилобии халқӣ ва муҳофизати сарҳади давлатии Федератсияи Русия дар Бадахшон ба ҳисоб мерафт.
Баҳори соли 1919 ба ташаббуси комиссия ва отряд дар як қатор маҳаллаҳои Бадахшон кумитаҳoи инқилобӣ ташкил карда шуданд. Дар худи ҳамон фасл анҷумани ин кумитаҳо низ барпо гардида дар онҳо оиди муттаҳид намудани Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ қарор қабул карданд. Аз ҳамон лаҳза роҳбарии умумиро дар Кӯҳистони Бадахшон кумитаи отряд бо сарварии А.А. Холмаков ба ихтиёри худ гирифт. Дар назди отряд низ кумитаи инқилобӣ ташкил карда шуд, ки ба ҳаӣати он ба ғайр аз А.А. Холмаков, боз П. Волков ва Руднев шомил буданд.
Ҳамин тавр, баҳори соли 1919 дар Кӯҳистони Бадахшон низ бо ташаббуси комиссия ва отряди аз Тошканд фиристодашуда Ҳокимияти Шӯравӣ ташкил карда шуд. Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки ҳаӣати отряди номбурда аз қисмҳои аскарони сурх иборат буданд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!