Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 5


БОБИ V.
САРНАГУН ГАРДИДАНИ ҲУКУМАТИ ПОДШОҲӢ ДАР РУСИЯ ВА НАТИҶАҲОИ ОН БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА ДИГАР ХАЛҚҲОИ ОСИЁИ МИЁНА

§ 1. Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ (соли 1917) дар Русия ва натиҷаҳои он барои мардуми кишвари Туркистон

Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ (соли 1917)дар Петроград

Иштироки ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги якуми ҷаҳон вазъияти иқтисодию сиёсии мамлакатро хело вазнин намуд. Ҷанги тӯлонӣ хоҷагии халқи мамлакатро хароб кард. Беқурбшавии пул, гаронии нархҳо, гуруснагӣ ва зиёдшавии қашшоқии мардум ҳақиқати ҳоли давр гардида буд. Ин ҳолатҳо охири соли 1916 ва аввали соли 1917 дар Русия вазъияти нави инқилобиро ба вуҷуд овард. Ин дафъа, махсусан фаъол будани халқи мазлум зиёда эҳсос мегардид. Нооромӣ на танҳо дар корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ, балки дар фронтҳо ҳам ба вуҷуд омад. Пешсафи ҳаракати инқилобӣ коргарони пойтахти Русия — шаҳри Петроград (ҳозира Санкт-Петербург) ба ҳисоб мерафтанд.
Дар Русия, дар арафаи инқилоби февралӣ 10 ҳизбҳои сиёсии асосии марказӣ вуҷуд доштанд, ки қариб ҳамаашон дар гӯшаю канори империя, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам фаъолият мекарданд. Аз онҳо 5 ҳизбҳои буржуазӣ ва помешикӣ: иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо, октябристҳо, прогрессистҳо ва кадетҳо тарафдори нигоҳ доштани мутлақият (қисмашон тарафдори бо баъзе тағӣиротҳо дар он), 5 ҳизбҳои боқимонда: трудовикҳо, сотсиалистони халқӣ, эсерҳо, меншевикҳо ва болшевикҳо тарафдори барҳам додани мутлақият буданд. Ба ҷойи мутлақият болшевикҳо бунёди ҷумҳурии демократӣ, ҳизбҳои боқимонда бошанд ҷумҳурии буржуазиро мехостанд.
17 феврали соли 1917 дар калонтарин корхонаи шаҳри Петроград — заводи Путилов корпартоӣ ба амал омад. 23 феврал (8 март) онҳо аввалин шуда ба маркази шаҳр ба намойиш баромаданд. Ба онҳо коргарони заводҳои дигар низ ҳамроҳ гардиданд. Шиори намойишчиён: «Нон!», «Нест бод ҷанг!», «Нест бод мутлақият!» буд.
25-26 феврал дар кӯчаҳои шаҳр задухӯрдҳо бо политсия ба амал омад. Намойиш ба шӯриши яроқнок табдил ёфта ба зудӣ тамоми шаҳрро фаро гирифт. Қисме аз аскарони гарнизони шаҳр ҳам ба тарафи шӯришчиён гузаштанд. 27 феврал шаҳр пурра дар ихтиёри шӯришчиён буд.
Дар баӣни шӯришгарон нуфузи ҳизбҳои болшевикӣ, меншевикӣ ва эсерӣ зиёд буд ва онҳо дар рафти шӯриш роли роҳбарикунандаро мебозиданд. Меншевикҳо ва эсерҳо муқобили васеъ гардидани амалиётҳои инқилобӣ буданд. Чунин ҳолро сарварони ин ҳизбҳо барои мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар ва аз ҷиҳати сиёсӣ хатарнок ҳисоб мекарданд. Онҳо интизори ҳар чи зудтар аз тахт даст кашидани подшоҳ буданд. Аммо болшевикон бошанд шӯришгаронро ба муборизаҳои боз ҳам шадиди инқилобӣ даъват карда, ҳар ши зудтар сарнагун намудани мутлақият ва ба ҷойи он бунёди ҳукумати муваққатии инқилобиро мехостанд.
Ҳанӯз дар оғози шӯриш, бо ташаббуси коргарон ва аскарони инқилобӣ кумитаҳо бунёд гардиданд, ки дар рафти инқилоб онҳо ба Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон табдил меёфтанд. Ҳамон шаби 27 феврал ба қасри Тавричи шаҳри Петроград аввалин намояндагони интихобшудаи коргарон ва аскарон ҳозир шуданд. Ташаббусро дар ин Шӯроҳо намояндагони ҳизбҳои меншевикон ва эсерон ба дасти худ гирифтанд. Худи ҳамон рӯзи 27 -уми феврал аъзоёни Думаи давлатӣ бо дастгирии ҳизбҳои буржуазӣ ва помешикии Русия, бо мақсади дар пойтахт ҷорӣ намудани тартибот, Кумитаи Муваққатиро интихоб намуданд. Ин кумита ҳанӯз мақсади гирифтани ҳукуматро надошт. Вале он ба фронт, ба назди подшоҳ Николаи II, ҳайъати намояндагӣ фиристода, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ба фоидаи писараш аз тахт даст кашад. Чунин талабро сарварони тамоми фронтҳо низ дастгирӣ намуданд. Дар натиҷа, он рӯз подшоҳ манифестеро имзо намуд, ки мувофиқи он ӯ аз номи худ ва аз номи писараш ба фоидаи бародараш — Михаил аз ҳокимият даст мекашид.
Ҳамин тавр, 27 феврали соли 1917 дар Русия ҳукумати подшоҳӣ, яъне мутлақият сарнагун гардид. Вале шӯриш дар шаҳри Петроград идома мекард ва он Кумитаи Муваққатии Думаи давлатиро ба воҳима гузошт. Сарварони кумита маҷбур шуданд, ки бо сарварони Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони шаҳри Петроград, яъне роҳбарони ҳизбҳои меншевикон ва эсерҳо музокира намоянд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо сарварони меншевикон ва эсерҳо, аз номи Шӯроҳо розигӣ доданд, ки аз тарафи Кумитаи Муваққатии Думаи давлатӣ барои идоракунии мамлакат Ҳукумати Муваққатӣ ташкил карда шавад. Вале худи сарварони меншевикон ва эсерҳо барои бевосита дар чунин ҳукумат иштирок намудан розӣ нашуданд.
2 марти соли 1917 дар асоси шартномаи баӣни Кумитаи Муваққатии Думаи давлатӣ ва сарварони Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони Петроград, бо сарварии княз Г. Е. Лвов, Ҳукумати Муваққатӣ ташкил карда шуд, ки дар таърих бо номи Ҳукумати буржуазӣ ҳам маълум аст. Бо ҳамин дар Русия инқилоби навбатӣ, яъне инқилоби дуюми буржуазно демократӣ бо ғалаба анҷом ёфт. Он мутлақиятро, ки ҳамчун нишонаи ҷамъияти феодалӣ ба ҳисоб мерафт, сарнагун намуд. Аммо дар мамлакат дуҳокимиятӣ — Ҳукумати Муваққатӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон ба амал омад. Шӯришгарон дар симои Шӯроҳо ҳокимияти асосии худро медиданд ва фақат аз рӯйи дастурҳои он амал мекарданд. Сарварони Шӯроҳо бошанд, яъне меншевикон ва эсерҳо мегуфтанд, ки ин инқилоб — инқилоби буржуазию демократӣ аст, бинобар ин ҳокимият бояд ба ихтиёри буржуазия гузарад. Вале Ҳукумати Муваққатии буржуазӣ, ки чун ҳукумати расмӣ ба ҳисоб мерафт, дар назди инқилобчиён — коргарон ва аскарон ҳанӯз обрӯ ва эътиборе надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам дар Русия то воқеаҳои июлии соли 1917 дуҳокимиятӣ мавҷудияти худро нигоҳ дошт.

Барҳам додани тартиботи подшоҳӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон. Шӯроҳо ва иттифоқҳо

Чун дар маркази империяи Русия — шаҳри Петроград, дар гӯшаю канори он, аз ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам дуҳокимиятӣ, яъне намояндагии ҳукумати муваққатии буржуазӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бунёд гардиданд.
1 марти соли 1917 хабари ғалабаи инқилоби февралӣ дар Петроград то ба Тошканд омада расид. Аммо бо тавсияи генерал- губернатори кишвари Туркистон А.Н. Куропаткин амалдорони ҳукумати подшоҳӣ ин хабарро аз мардум пинҳон нигоҳ доштанд. Танҳо 3-уми март, бо омада расидани рӯзномаҳо, ки аз ғалабаи инқилоб ва сарнагун кардани мутлақият хабар медоданд, мардум аз ҳақиқат воқиф гардид. Дар шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон ҷамъомаду гирдиҳамойиҳо барпо гардиданд, ки дар онҳо Шӯроҳои намояндагии соҳаҳои гуногун интихоб карда шудаанд.
Ҳанӯз 2 март дар Тошканд, бо ташаббуси коргарони устохонаи асосии роҳи оҳани Осиёимиёнагӣ, гирдиҳамойии серодаме ҷамъ омад. Дар он ҳозирон якдилона Шӯрои намояндагии коргаронро дар ҳаӣати 12 нафар интихоб намуданд. 3 март Шӯрои намояндагии коргарони Тошканд аз ҳисоби ҳаӣати намояндагии заводҳо, корхонаҳо ва гурӯҳҳои сотсиал — демократӣ ташкил карда шуд. Ин нахустин Шӯрои намояндагии коргарон дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Дар он, чун дар дигар шӯроҳои минбаъдаи Осиёимиёнагӣ, аксариятро меншевикон ва эсерон (тахминан аз се ду ҳиссаро) ташкил мекарданд. Танҳо аз се як ҳиссаи боқимонда болшевикон буданд. Сарвари Шӯрои намояндагии коргарони Тошканд меншевик И. И. Белков интихоб гардид. 2 ва 3 март дар қисмҳои гуногуни гарнизони ҳарбии шаҳри Тошканд ҷамъомадҳо барпо гардида, дар онҳо аскарон кумитаҳoи худро интихоб намуданд. 5 март аз ҳисоби намояндагии интихобшудагон Шӯрои намояндагии аскарони Тошканд ташкил ёфт.
Моҳи марти соли 1917, дар баробари Тошканд боз дар дигар шаҳрҳои калонтарини кишвари Туркистон — Самарқанд, Хуҷанд, Андиҷон, Скобелев ва ғайраҳо, инчунин дар кони нефти САНТО, кони ангишти Кизил-кия, аз маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро — Бухорои Нав (Когон) Шӯроҳо ба вуҷуд омаданд.
Аз ҷумла, 5 март дар Самарқанд намойиши аскарон барпо шуд, ки дар натиҷаи он Шӯрои намояндагии аскарони шаҳр бунёд гардид. 8 март ба муносибати ғалабаи инқилоби февралӣ дар қалъаи Хуҷанд гирдиҳамойӣ бо иштироки аскарон ва шаҳриён ташкил ёфт. Рӯзи дигар, яъне 9 март дар маҷлиси умумии аскарони гарнизони шаҳрӣ интихобот ба Шӯрои намояндагии аскарон шуда гузашт. Ин аввалин Шӯро дар минтақаи имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шӯрои номбурда аз 14 намоянда иборат буда, ба он аскари қаторӣ Борис Шерняк ҳамчун сарвар интихоб гардид58. Баъд аз Хуҷанд, дар моҳи март интихоби Шӯрои намояндагии аскарон дар Ӯротеппа шуда гузашт.
14 март коргарон ва хизматчиёни истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд Шӯрои намояндагии коргаронро бо сарварии коргари ин корхона Румянсов ташкил дода, барои Шӯрои шаҳрӣ вакилонро интихоб намуданд. 18 март бо дастгирии Шӯрои Хуҷандӣ дар кони Сулукта низ Шӯрои намояндагии коргарон ташкил ёфт, ки ба он болшевик Д. Т. Деканов сарварӣ мекард.
Охири моҳи марти соли 1917 Шӯрои намояндагии коргарони Тошканд бо Шӯрои намояндагии аскарон муттаҳид гардид ва минбаъд чунин муттаҳидшавӣ дар тамоми кишвари Туркистон ба амал омад.
Шикастани тартиботи ҳукумати подшоҳӣ дар шароити кишвари Туркистон, на аз барҳам додани ҳукумати марказӣ, чун дар худи империяи Русия, балки аз ташкил намудани ҳукуматҳои маҳаллӣ оғоз ёфт. Ҳанӯз 6 марти соли 1917 дар Тошканд, бо ташаббуси Думаи шаҳрӣ маҷлиси ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ барпо гардид ва дар он иборат аз 19 нафар Кумитаи иҷроияи муваққатиро интихоб намуданд, ки он идоракунии шаҳрро ба ихтиёри худ гирифт. Ба он намояндагони сармоядорон, зиёиён, амалдорон ва ғайра, аз ҷумла панҷ нафар намояндагони Шӯроҳои коргарӣ дохил шуданд. Дар Самарқанд Кумитаи иҷроияи бехатарии ҷамъиятӣ ташкил карда шуд, ки дар он амалдорон, адвокатҳо, афсарон (офитсерон), бойҳои маҳаллӣ, меншевикҳо, эсерҳо ва ғайра дохил шуданд.
Тағйиротҳое, ки дар соҳаи идоракунӣ дар маркази генерал- губернаторӣ ва вилоятҳо ба амал омаданд, ба марказҳои уездҳо низ таъсири худро расониданд. 21 марти соли 1917 дар Хуҷанд, бо талаби Шӯрои шаҳрӣ сарвари уезд Арсишевский аз вазифааш озод карда, политсия ва жандармҳоро аз шаҳр бароварданд. Бо қарори Шӯро муҳофизати шаҳрро аскарони гарнизони шаҳрӣ ба ӯҳдаи худ гирифтанд. Минбаъд бо ташкил додани милитсия муҳофизати шаҳр ба ихтиёри он гузашт. Идоракунии уезд ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ гузашт, ки он бо кӯмаки Шӯрои шаҳрии Хуҷанд бунёд гардид. Кумиҷроияи Хуҷанд аз 36 нафар аъзо иборат буд, ки ба ҳайъати он аъзоёни Шӯро низ дохил шуданд. Ба он дар қатори амалдорони подшоҳӣ, инчунин намояндагони сармоядорон ҳам буданд59.
Генерал-губернатори Туркистон Куропаткин ҳанӯз дар сари қудрат буд. Ӯ вазъиятро ба инобат гирифта худро намояндаи Ҳукумати Муваққатӣ эълон кард. Вай аз амалдорони вилоятию уездӣ ва волостӣ талаб намуд, ки қарорҳои ҳукумати навро бе ягон мамониат амалӣ гардонанд. Вале сарварони Шӯроҳо ба садоқати худи Куропаткин нисбат ба режими нав шубҳа доштанд. 28 марти соли 1917 дар маҷлиси муттаҳидаи Шӯрои намояндагони коргарон ва аскарон, дар қатори дигар масъалаҳо фаъолияти генерал-губернатор низ муҳокима гардид. Махсусан қарори ӯ оиди мусаллаҳ намудани мардуми русзабон, ки аввали ҳамон моҳ баҳри муҳофизати мансаби худ аз хурӯҷи мардуми маҳаллӣ бароварда буд, ҳамчун амалиёти иғвогарона маҳкум гардид. Он маҷлис чунин қарорро бекор намуда, фармуд, ки аслиҳаи тақсимшуда ҳарчи зудтар баргардонида шавад.
30 марти соли 1917 дар маҷлиси васеи Шӯроҳои муттаҳидаи намояндагони коргарон ва аскарони Тошканд, бо иштироки кумиҷроияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони Иттифоқҳои деҳқонӣ ва Шӯрои намояндагии мусулмонон масъалаи аз вазифа озод намудани генерал-губернатор Куропаткинро муҳокима намуданд. Дар он қарор қабул карда шуд, ки то гирифтани тавсияи Ҳукумати Муваққатӣ Куропаткин бо ёрдамчиаш — генерал Ерофеев ва сардори штаби округ — генерал Сиверс ба ҳабси хонагӣ гирифта шаванд. Ин қарор 31 март, соати 10-и пагоҳӣ амалӣ гардид. Худи он рӯз ба вазифаи сарварии қувваҳои ҳарбии округ коменданти шаҳр полковник Черкесро интихоб намуданд. 7 апрели соли 1917, мувофиқи қарори Ҳукумати Муваққатӣ иборат аз 9 нафар, Кумитаи Туркистонӣ, бо сарварии кадет Шепкин ташкил ёфт. Ин кумита бояд қарорҳои Ҳукумати Муваққатиро дар тамоми Осиёи Миёна (аз ҷумла дар аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ) амалӣ мекард.
Ташкил намудани Шӯроҳо дар кишвари Туркистон минбаъд ҳам, дар шаклҳои гуногун давом дошт. Мувофиқи қарори Ҳукумати Муваққатии Русия аз 5 майи соли 1917, танҳо охири моҳи май ва аввали июни ҳамон сол зиёда аз 100 ҳазор нафар коргарони соли 1916 аз кишвари Туркистон ба корҳои ақибгоҳи фронт маҷбуран фиристодашуда, ба манзилашон баргаштанд. Бо ташаббуси онҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, ҳамчун ташкилоти интихобии онҳо — Шӯрои намояндагии мардикорон ташкил ёфт. Аз ҷумла, 25 май дар майдони бозори Чоршанбеи шаҳри Хуҷанд ҷамъомади мардикорони шаҳр ва атрофи он барпо гардид. Дар он Шӯрои намояндагии мардикорони шаҳр интихоб шуд. Ба ҳайъати садорати он Ҷӯра Зокиров, Абдуқодир Раҳимбоев, Ҳаӣдар Усмонов, Раҳимбердӣ Эгамбердиев, Ҷӯра Шокаримов ва дигар болшевикон дохил гардиданд. Охири моҳи май дар Ӯротеппа низ чунин Шӯро ташкил ёфт, ки ба ҳаӣати он 14 нафар намоянда интихоб шудаанд.
Дар шаҳрҳои ҷудогонаи кишвари Туркистон боз «Иттифоқҳо» -и гуногун ба вуҷуд омада, амал мекарданд. Аз ҷумла, ҳанӯз моҳи марти соли 1917 дар Самарқанд «Клуби исломия» ба вуҷуд омад. Яке аз ташкилкунандагони он М. Беҳбудӣ ба ҳисоб мерафт. Аз сабаби он ки аксарияти аъзоёни ин клуб камбағалон буданд, онро «Ҷамъомади камбағалон» низ мегуфтанд. Аъзоёни клуб дар баӣни камбағалони шаҳри кӯҳна на танҳо ташвиқoти маданию маорифпарварӣ мебурданд, балки онҳо баъзе талабҳои сиёсиро низ гузоштаанд. Фаъолони клуб, аз ҷумла масъалаи аз вазифа озод намудани тамоми амалдорони подшоҳӣ, тамоман барҳам додани дастгоҳи идоракунии мустамликавӣ ва ба ҷойи он, ба монанди «шаҳри нав» иборат аз се нафар ташкил намудани кумитаро гузошта, ба зудӣ чунин Кумитаро барпо намуданд. Ин Кумита ба ғайр аз се нафар, ки сарварони он буданд, боз зиёда аз 100 нафар аъзо дошт. Аммо 15 апрели ҳамон сол, ихтилофҳои дохилӣ боиси қатъ гардидани фаъолияти он кумита гардидааст. Ҳанӯз дар арафаи ин воқеа қисми фаъоли он (ба он қисм М. Беҳбудӣ низ ҳамроҳ буд) ташкилоти коргарони мусулмонро бунёд намуданд, ки баъдтар номи «Иттифоқ» -ро гирифтааст. 16 апрели соли 1917 онҳо органи чопии худ — рӯзномаи «Ҳуррият» -ро бароварданд. Дар нашри он М. Беҳбудӣ, А. Фитрат (аз 25 июли соли 1917 муҳаррири калони он) мавқеи асосиро бозидаанд. Дар саҳифаҳои рӯзнома бештар ақидаҳои маорифпарварӣ, махсусан аҳамияти мактабҳои усули нав чоп мешуд.
Моҳи марти соли 1917 дар Хуҷанд бо роҳбарии Е. А. Иванитскиӣ «Иттифоқи коргарони рус» ба вуҷуд омад ва он коргарони русу русзабони шаҳрро, ки дар истгоҳҳои роҳи оҳани Хуҷанду Драгомирово, заводҳои пахта ва равғани уезд кор мекарданд, муттаҳид кард. Худи ҳамон моҳ коргарону хизматчиёни маҳаллии Хуҷанд ба «Иттифоқи коргарони маҳаллӣ» муттаҳид шуданд. Дар ҳамон вақт «Иттифоқи коргарони тотор» низ ба вуҷуд омад. 29 июли соли 1917 дар Хуҷанд, дар асоси Иттифоқи коргарони русу тотор ва «Шӯрои ҳизби коргарони маҳаллӣ» «Иттифоқи меҳнаткашон» ташкил ёфт.
Моҳҳои май — июли соли 1917 дар Тошканд, Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд, Андиҷон ва дигар шаҳрҳо «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон» ба вуҷуд омаданд. Онҳо дар кори муттаҳиду муташаккил кардани меҳнаткашони миллатҳои маҳаллӣ ва ба ҳаёти сиёсӣ ҷалб намудани онҳо роли калон бозиданд. Баъди Инқилоби Октябр ин иттифоқҳо бо Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон муттаҳид шуданд.
Дар баробари Шӯроҳо ва Иттифоқҳои номбурда, дар шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон, аз рӯйи касбҳо Иттифоқҳои ба соҳаи худашон хос: Иттифоқи коргарони бинокори мусулмон, Иттифоқи оҳангарон, Иттифоқи ҳунармандон, Иттифоқи косибон, Иттифоқи коргарон, Иттифоқи савдогарони хурд ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, моҳи июни соли 1917 дар шаҳри Қӯқанд Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон ба вуҷуд омадааст. Дар шаҳри Хуҷанд низ чунин Иттифоқҳо ба монанди: «Иттифоқи фойтунчӣ ва аробакашон», «Кумитаи роҳиоҳанчиён ва деҳқонони истгоҳ», дар конҳои САНТО, Шӯроб ва Сулукта «Иттифоқи коргарони саноати истихроҷи маъдан» ва ғайраҳо ташкил ёфтанд. Ин Иттифоқҳо аксаран бо болшевикон ва меншевикон ҳамкорӣ мекарданд ва аз ташкилшавии аввалин ташкилотҳои Иттифоқҳои касаба гувоҳӣ медоданд.

Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо

Дар шароити кишвари Туркистон Шӯрои исломия яке аз ташкилотҳои ва шӯрои ӯ сернуфус ба ҳисоб мерафт. Он 9 марти соли 1917 дар шаҳри Тошканд ташкил ёфт. Яке аз ташкилкунандагони он Мунавварқорӣ Абдурашидов буд, ки ӯ дар марҳилаи аввал ба фаъолияти ин ташкилот сарварӣ намудааст. Бо ҳамроҳии вай боз намояндагони зиёиён: Мустафо Шокаев (хатмкунандаи шӯъбаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи Петроград) ва Абдулвоҳидқорӣ; намояндагони буржуазияи миллӣ: Миркомил Мӯъминбоев, Аҳмадхон (Аҳмадбек) Темирбеков ва дигарон аз ҷумлаи ташкилкунандагони Шӯрои исломия буданд. Худи ҳамон моҳ шӯъбаҳои он қариб дар тамоми шаҳрҳои кишвари Туркистон ва ҳатто маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро ташкил шудаанд. Ба Шӯрои исломия намояндагони зиёиёни миллӣ, аз ҷумла ҷадидон, буржуазияи нав ташкилшудаистодаи миллӣ, рӯҳониёни мусулмон, заминдорони калон (феодалон), коргарон, косибон, ҳунармандон ва деҳқонони маҳаллӣ дохил мешуданд.
Шӯрои исломия дар ҳайъати Русия аз ҷиҳати миллӣ ва динӣ мухтор будани кишвари Туркистонро мехост, тарафдори нисбат ба замин нигоҳ доштани моликияти хусусӣ буд.
16-23 апрели соли 1917 дар Тошканд анҷумани аввалини Шӯрои исломия барпо гардид. Дар он намояндагони 42 шӯъбаҳои Шӯро иштирок доштанд. Анҷуман қарор кард, ки кишвари Туркистон бояд аз ҷиҳати сиёсию маданӣ, чун кишвари мухтор ва мустақил бошад. Анҷуман Ҳукумати Муваққатии Русияро эътироф намуда, сиёсати онро нисбати кишвари Туркистон маъқул шуморид. Дар анҷуман Шӯрои кишварии мусулмонони Туркистон дар ҳайъати М. К. Абдурашидов, М. Чокаев, М Беҳбудӣ ва дигарон интихоб шуд. Аммо дар ҳайъати сарварони Шӯрои исломия якдилӣ вуҷуд надошт. Муборизаи гурӯҳҳо барои ба даст даровардани сарварии шӯро мушоҳида мешуд. Махсусан намояндагони рӯҳониён аз фаъолияти он чандон қаноатманд набуданд. Зеро, онҳо мехостанд, ки шӯро танҳо дар асоси талабҳои Қуръони Шариф ва шариат амал кунад. Инчунин тамоми фаъолияти шӯроро дар зери назорати худ гирифтанӣ буданд, то ин ки шӯро бояд аз рӯйи нақшаи онҳо амал кунад. Аммо аксарияти аъзоёни Шӯрои исломия Қуръони Шариф ва шариатро муқаддас ҳисоб кунанд ҳам, вале кори Шӯроро мувофиқи талаботи замон пеш бурданӣ буданд. Дар натиҷа намояндагони рӯҳониён аз амалӣ гардидани мақсадҳои худ ноумед шуда, моҳи июни ҳамон сол аз ҳайъати Шӯрои исломия баромаданд ва ташкилоти мустақили худро бо номи Шӯрои уламо бунёд карданд.
Ба Шӯрои уламо намояндагони рӯҳониён, заминдорони калон, қисман зиёиён, умуман онҳое, ки мақоми динро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баланд бардоштанӣ ва асосҳои шариатро пурра ҷорӣ кардани буданд, дохил гардиданд. 17-20 сентябри соли 1917 онҳо низ дар шаҳри Тошканд ба анҷумани худ ҷамъ омаданд. Дар он қарор карда шуд, ки шӯъбаҳои шӯроро дар ҳама шаҳрҳои кишвари Туркистон бунёд намоянд.
Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо оиди тақдири минбаъдаи кишвари Туркистон асосан ҳамфикр буданд. Яъне иттифоқан онҳо мухторияти маданию сиёсии кишварро тарафдорӣ мекарданд.
Ҷадидони кишвари Туркистон баробари ташкил ёфтани Шӯрои исломия фаъолияти худро ба он пайваст намуданд. Баъзе аз сарварони онҳо, аз он ҷумла М. Беҳбудӣ, дар анҷумани нахустини ин Шӯро иштирок намуда, ба ҳайъати Шӯрои кишварии мусулмонони Туркистон интихоб гардидаанд.

Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ

Ғалабаи инқилоби февралӣ дар аввал ба фаъолияти ҳизбҳои худи Русия такони ҷиддӣ дод. Махсусан он ҳизбҳое, ки тарафдори сарнагун кардани мутлақият буданд, ба мисли болшевикон, меншевикон, эсерон, сотсиалистони халқӣ ва трудовикҳо, аз натиҷаи инқилоб асосан қаноатманд буданд. Акнун онҳо фаъолияти худро ба шароити нав мутобиқ менамуданд. Аз ҷумла болшевикон дар шароити худи Русия аз фаъолияти пинҳонкорӣ баромада, бо сарварии асосгузори ҳизби худ В. И. Ленин, барои ба тарзи осойишта ба инқилоби сотсиалистӣ табдил додани инқилоби буржуазию демократӣ тайёрӣ медиданд. Ин мақсад дар тезисҳои апрелии (соли 1917) В. И. Ленин ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ пешниҳод гардид. Дар асоси он болшевикон бояд тамоми чораҳоро барои ҳарчи тезтар ба ихтиёри Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани ҳокимият медиданд.
Маҳз ҳамин гуна вазифа болшевиконро минбаъд аз ҳамкорӣ бо меншевикон боз ҳам ҷудо кард. Зеро, чуноне дар боло қайд кардем, меншевикон якҷоя бо эсерон дар Шӯроҳои марказии Русия аксариятро ташкил карда, ба фоидаи буржуазия, аз гирифтани ҳокимият даст кашиданд. Акнун чӣ болшевикон ва чӣ меншевикон аз фаъолияти пинҳонкорӣ ба амалиёти рӯйрост гузашта, дар доираи ташкилоти ягонаи сотсиал-демократӣ буданд. Аммо дар шаҳрҳои марказии Русия ҳар кадоми онҳо бо роҳҳои гуногун кор мебурданд. Дар шароити кишвари Туркистон ҳам дар арафа ва рӯзҳои инқилоби февралӣ болшевикон ва меншевикон дар доираи ташкилотҳои ягонаи сотсиал-демократӣ, албатта пинҳонӣ, амал мекарданд. Назар ба марказ ҷудоии баӣни болшевикон ва меншевикон дар ин ҷо бо зудӣ ба амал наомад. Ба ғайр аз ин чӣ болшевикон ва чӣ меншевикони кишвар чандон мақсади ҷудогона амал карданро ҳақ надоштаанд. Махсусан меншевикони кишвар, ки нисбат ба болшевикон сершумор буданд, мақсади ягона нигоҳ доштани ташкилоти сотсиал-демократиро доштаанд.
21-27 июни соли 1917 дар шаҳри Тошканд анҷумани II кишварии ҳизби сотсиал-демократӣ барпо гардид. Дар он ба болшевикон аз 31 намоянда танҳо 11 нафарашон ва аз 22 ташкилот 12 тоаш тааллуқ дошту, боқимонда ба меншевикон. Дар анҷуман масъала «Дар бораи ягонагии ҳизбӣ» ба тарзи васеъ муҳокима гардид. Ин далолати он аст, ки болшевикони Туркистон ҳанӯз дастури «Ба муттаҳидчигӣ хотима гузоред!»-и марказро нагирифтаанд. Зеро, мувофиқи он болшевикон бояд аз ҳар гуна муросо бо меншевикон худдорӣ мекарданд. Дар ин анҷуман ақаллан ягон нафар болшевик масъалаи ҷудоӣ аз меншевиконро бо миён нагузошт. Баръакс, мувофиқи қарори анҷуман муттаҳидии тамоми қувваҳо ва равияҳо зарур шуморида мешуд. Инчунин таъкид карда мешуд, ки ҷудоӣ, фраксиябозӣ боиси ҳалокати ҳаракати сотсиал-демократии Русия мегардад. Бо андешаи онҳо, гуногунии ақида, агарчанде аҳамиятнок бошад ҳам, он набояд сабабгори ҷудоии ташкилот гардад.
Анҷумани номбурда инчунин масъалаи муносибат бо ҳизби эсерҳоро муҳокима намуда, даъват намуд, ки бо онҳо танҳо дар ҳолати хеле зарур, яъне ҳангоми эҳсоси вазъияти хеле муташанниҷ, аз ҷумла таҳдиди хавфи қувваҳои ақсулинқилобӣ ва зиддидемократӣ якҷоя мубориза баранд. Ҳар гуна созиши пешазинтихоботӣ бо ҳизбҳои буржуазии марказӣ рад карда мешуд. Бо таклифи меншевикон анҷуман дар шароити мураккаб зарурияти иттифоқро танҳо бо ҳизбҳои буржуазию демократии мусулмони (миллӣ) маъқул шуморид.
Аввали моҳи июли соли 1917 дар Петроград Ҳукумати Муваққатӣ намойиши коргаронро тирборон кард ва бо ин давраи дуҳокимиятӣ дар Русия ба охир расид. Баъд аз ин ҷудоии баӣни болшевикон ва меншевикон чӣ дар марказ ва чӣ дар канор, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон, боз ҳам чуқуртар шуд. Як қисми меншевикҳо мавқеи ростро ишғол карда, бо ҳизбҳои буржуазӣ наздик. шуданд ва муқобили болшевикон буданд. Қисми дигари меншевикон, мавқеи чапро ишғол намуда (онҳоро меншевикони интернасионалисг ҳам мегӯянд), бо болшевикон нисбатан наздик шуданд.
Ҳизби эсерҳо бошад дар кишвари Туркистон, баъди сотсиал- демократҳо, аз ҳизбҳои бонуфузтарини марказӣ ба ҳисоб мерафт. Он солҳои 1907-1910 ба парокандагӣ дучор шуда, баъди инқилоби февралии соли 1917 фаъолияти худро, аз ҷумла дар кишвари Туркистон, аз сари нав оғоз намуд ва то июл-августи он сол бо меншевикон якҷоя амал кард. Дар шароити кишвари Туркистон эсерҳо дар Шӯроҳо аксариятро ташкил медоданд. Моҳи майи соли 1917 дар шаҳри Тошканд анҷумани эсерҳои кишвар шуда гузашт.
Эсерҳо ба қанотҳои чап ва рост тақсим шуда буданд. Дар бисёр шаҳрҳои кишвар: Самарқанд, Қӯқанд, Бухорои Нав, Хуҷанд ва ғайра нуфузи эсерони чап бештар назаррас буд. Онҳо сиёсати нисбат ба деҳқонон номаълуми Ҳукумати Муваққатиро ба зери танқид мегирифтанд, созишкории ин ҳукуматро бо заминдорон ва буржуазияи калон сарзаниш мекарданд. Чунин мавқеъ эсерони чапро бо сотсиал-демократҳо наздик менамуд. Эсерҳои рост бошанд, баръакс сиёсати Ҳукумати Муваққатии буржуазиро аз ҳар ҷиҳат тарафдорӣ мекарданд.
Аз ҳизбҳои сернуфузи буржуазию помешикии марказӣ — ҳизби кадетҳо ба ҳисоб мерафт, ки он дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна аз солҳои 1905-1907 амал мекард. Ин ҳизб дар кишвари Туркистон гузаронидани ягон хел тағйироти ҷиддиро намехост. Зеро, кадетҳо тарафдори бетағйир нигоҳ доштани сарҳади ҳамонвақтаи империяи Русия буданд. Дар маҳалҳо, аз ҷумла ташкилоти қӯқандии ин ҳизб, танҳо баъзе гузаштҳои маданӣ, аз ҷумла оиди истифодаи озодонаи забонҳоро пешниҳод мекард. Ин гуна мавқеи кадетҳо дар баӣни зиёиён ва намояндагони буржуазияи миллӣ, ки тарафдори мухторияти кишвар буданд, ҳамовозӣ пайдо накард.
Ҳамин тарз, аз маълумотҳои болоӣ маълум гардид, ки бо ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралии соли 1917 чӣ дар маркази Русия ва чӣ дар гӯшаю канори он, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд. Баъди сарнагун шудани ҳукумати подшоҳӣ ташкилотҳои поёнии онро низ барҳам доданд. Қувваҳои мухолифин ба озодиҳои демократӣ сазовор гардида, ҳуқуқи рӯйрост амал карданро пайдо карданд. Бо ташаббуси коргарон, аскарон ва баъзан деҳқонон Шӯроҳои намояндагӣ, Иттифоқҳо ва ғайраҳо ташкил шуданд. Дар шароити кишвари Туркистон Шӯрои исломия ва аз баӣни ҳизбҳои марказӣ-ҳизбҳои меншевикӣ ва эсерӣ нуфузи зиёд пайдо карда буданд.

§2. Бадахшон баъд аз инқилоби февралии (соли 1917) Русия

Ба амал омадани дигаргуниҳо дар идоракунии Бадахшон

3 апрели соли 1917 хабари сарнагун гардидани ҳукумати подшоҳии Русия то ба Бадахшон ҳам расид. То ин лаҳза қисми ғарбии Бадахшон бо номи бекигарии Шуғнону Рӯшон аз ҷиҳати идоракунӣ расман дар ҳаӣати аморати Бухоро бошад ҳам, вале амалан, чун қисми Шарқӣ дар ихтиёри отряди Помирии Русия буд, ки он дар як вақт чӣ сарҳади баӣни Бадахшону Афғонистон ва чӣ оромии Бадахшонро назорат мекард. Бинобар ин вазъи сиёсии Бадахшон асосан аз мавқеи афсарон ва аскарони ин отряд сахт вобастагӣ дошт,
Афсарон ва аскарони Отряди Помир хабари барҳамхӯрии тартиботи подшоҳии Русияро хуш қабул намуданд. Дар худи ҳамон моҳ бо сарварии П. Волков Кумитаи Умумипомирии аскарон таъсис ёфт, ки он дар шароити Бадахшон бояд вазифаи Шӯрои намояндагии аскаронро мебозид. Аммо ҳамон лаҳза аз сабаби камшумории қисмҳо ва аскарон, дар шароити Бадахшон ташкил ёфтани чунин Шӯро ғайриимкон буд.
Дар нимаи дуюми моҳи апрели соли 1917 дар Бадахшон бо сардории собиқ амалдори подшоҳӣ Белов Кумитаи Умумипомирии Ҳукумати Муваққатӣ ташкил ёфт. Ӯ дар як вақт сардори отряди Помир ва комиссари граждании Ҳукумати Муваққатӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ташкили ин кумита тамоми афсарон ва аскарони отряди Помир фаъолона иштирок намуданд. Бо ҳамин сабаб дар Бадахшон мавҷудияти дуҳокимиятӣ чандон эҳсос намешуд.
Моҳи апрели соли 1917 Кумитаи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ отряди Помирро (эҳтимол бо мақсади ба фронт фиристодан) аз Бадахшон даъват карданӣ шуд. Вале 24 апрел аз номи мардуми волости Шуғнон ба номи Кумита мактуб расид, ки дар он хоҳиши дар Бадахшон нигоҳ доштани отрядро кардаанд. Бо андешаи муаллифони мактуб, даъват намудани отряди номбурда сабабгори ҳар гуна бетартибиҳо дар сарҳад мегардад. Ин таклифро Кумитаи Умумипомирӣ ва Кумитаи аскарони отряди Помир низ дастгирӣ намуданд. Дар натиҷа отряди Помир дар макони аввалааш нигоҳ дошта шуд.

Аз ихтиёри идоракунии амирии Бухоро ба Ҳукумати Муваққатии Русия гузаштани қисми ғарбии Бадахшон

Баъд аз инқилоби февралии (соли1917) Русия масъалаи Бадахшон як муддат дар баӣни амалдорони Ҳукумати Муваққатӣ ва ҳукумати амирии Бухоро мавзӯи баҳс гардид. Зеро, то моҳи апрели соли 1917 дар Бадахшон намояндаи амири Бухоро — бек низ ба тарзи расмӣ фаъолият мекард, гарчанде ҳокимият, чуноне дар боло қайд кардем, амалан дар ихтиёри отряди Помир буд. Инак, моҳи апрел он намояндаи амир — Мирзо Касири мирохур, ки чун беки Шуғнон ном бурда мешуд, вафот кард. Баъди ин воқеа, 8 майи соли 1917 Кумитаи иҷроияи волости Шуғнон қарор кард, ки “Помири Ғарбӣ ба усули худидоракунӣ мегузарад». Ҳатто бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Туркистонии Ҳукумати Муваққатӣ дар асоси принсипҳои идоракунии кишвар «Низомномаи муваққатӣ оид ба идоракунии ноҳияҳои Помир» -ро тартиб доданд. Дар асоси ин ҳуҷҷат идоракунии граждании ноҳия ба ӯҳдаи Комиссари ноҳиявии Помир, ки аз тарафи Ҳукумати Муваққатии Русия таъин мегардид, ва ду нафар ёрдамчиёни он мегузашт. Минбаъд, бо ташаббуси ин комиссар амалдорони маҳаллии Ҳукумати Муваққатӣ дар қисми ғарбии Бадахшон бояд аз сари нав интихоб карда мешуданд. Дар ин интихобот бояд мардуми Бадахшон аз 25 сола боло, новобаста аз фарқияти миллат, ҷинс ва эътиқоди динӣ иштирок намоянд. Инчунин, мувофиқи ҳамин «Низомнома …» ба вазифаи амалдорони маҳаллӣ шахсоне бояд интихоб мегардиданд, ки онҳо дар ин мулк камаш як сол истиқомат карда бошанд.
Мувофиқи «Низомнома …» дар ҳар як деҳаи аҳолинишин бояд оқсақол (староста) интихоб мегардид. Якчанд маҳаллаҳои аҳолинишин ҷамъияти қишлоқиро ташкил медоданд, ки онҳо аз тарафи амин ва кумитаи ҷамъиятии қишлоқӣ идора карда мешуд. Ба кумитаи ҷамъиятии қишлоқӣ чун аъзо — амин, таҳсилдор (ҷамъоварандаи андоз аз аҳолӣ), ки ӯро хазиначӣ ҳам мегуфтанд, юзбошӣ (сотник) ва мироб дохил мешуданд. Якчанд ҷамъиятҳои қишлоқӣ волосгро ташкил медоданд, ки он аз тарафи кумитаи иҷроия бо сардории комиссар (ҳамчун раиси кумитаи иҷроия) идора мегардид. Аввалин комиссари граждании ноҳияи Бадахшон ва раиси кумитаи ноҳия шарқшинос И.И. Зарубин (минбаъд олими номӣ, профессор, доктори илми филологӣ) интихоб гардида буд.60
Чунин тағйиротҳои ҷиддӣ дар усули идоракунӣ, махсусан пурра ба ҳайъати Русия дохил гардидани Бадахшонро рӯҳониён ва заминдорони калони Бадахшон, бо сарварии Азизхон хуш қабул накарданд. Онҳо тарафдори дар ҳайъати аморати Бухоро мондани Бадахшон буданд ва аз амир хоҳиш намуданд, ки ба ҷойи беки вафоткарда шахси дигарро таъин кунад. Инак моҳи майи ҳамон сол ба Бадахшон беки навро фиристоданд. Вале ӯ то ҷойи муайяншуда — Шуғнон (ҷойи бекнишини бекигарии Шуғнону Рӯшон) расида натавонист, зеро дар роҳ ба вай аз тарафи кумитаи иҷроияи Рӯшон мамониат нишон дода шуд.
Аммо рӯҳониён ва заминдорони калони Бадахшон минбаъд ҳам умеди худро аз майл ба аморати Бухоро накарданд. 10 октябри соли 1917 бо имзои Азизхон ва дигарон ба номи амири Бухоро Олимхон ва беки Дарвоз Туробкул мактуб фиристода шуд, ки дар он хоҳиши ба ҳаӣати аморат қабул намудани Бадахшонро кардаанд. Вале ин мактуб низ дар роҳ, аз тарафи намояндагони Ҳукумати Муваққатии Русия гирифта шуд.
29 октябри соли 1917 маҷлиси якҷояи намояндагони Кумиҷроияи волости Шуғнон, кумитаи аскарони отряди Помир, бо иштироки комиссари ноҳиявӣ Зарубин ва сарвари нави отряди Помир подполковник Фенин барпо гардид. Дар он қарор шуд, ки Азизхон ба Сарикӯл, ба зери назорати сарвари пости Тошқӯрғон фиристода шавад.
Ҳамин тавр, кӯшишҳои ҷиддии рӯҳониён ва заминдорони калони Бадахшон, барои дар зери ҳукуматдории амирии Бухоро нигоҳ доштани ватанашон, барбод рафт. Бадахшон минбаъд чун қисми таркибии Русия монд ва аз тарафи намояндагии ҳукумати он идора мегардид. Аз ҷиҳати идоракунии гражданӣ Бадахшон тобеи вилояти Фарғонаи кишвари Туркистон ба ҳисоб мерафт.
Бояд ба инобат гирифт, ки бо ташаббуси И.И. Зарубин, барои ҳалли масъалаи аграрӣ дар Бадахшон кӯшишҳои ҷиддие карда шуд. Аз ҷумла, ӯ, махсусан бенавоии мардуми ин диёри кӯҳистонро ба инобат гирифта, заминҳои бекорхобидаи Шохдараро ба деҳқонони безамини Рӯшон, Ғунд ва Горан тақсим карда дод. Чунин чорабинӣ барои мардуми бечораи Бадахшон як илҳоми тоза бахшид. Умуман дар Бадахшон ҳам баъд аз инқилоби февралии Русия дар масъалаҳои чӣ иқтисодӣ ва чи сиёсӣ, махсусан тарзи идоракунии он, тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд.

§ 3. Таъсири сарнагун намудани ҳукумати подшоҳии Русия ба аморати Бухоро ва болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён

Таъсири инқилоби февралии (соли 1917) Русия ба аморати Бухоро

Аз тахт маҳрум гардидани подшоҳ Николаи II аз ҳама бештар амири Бухоро — Олимхонро ба ташвиш андохт. Зеро, чӣ тавре дар бобҳои аввал қайд гардид, подшоҳи Русия барои ҳукумати амирии Бухоро пушту паноҳи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб ҳам амир Олимхон бо шунидани хабари барҳам хӯрдани мутлақияти Русия, бо ибораи С. Айнӣ, -«якбора сарриштаи кори худро гум карда, поро аз сар намешинохт ва метарсид, ки фирқаи аҳрор ва асокири Русия мабодо табдили асоси ҳукумати Бухороро хоҳон шаванд, амир ва атбоашро мисли Николай ва арконаш аз беху бунёд барҳам зананд» 61 . Бинобар ин ҳукумати амирӣ тамоми чораҳоро дид, ки дар сарзамини аморат ба хурӯҷҳои халқӣ роҳ надиҳад. Ӯ дар ин амалиёт бо кормандони агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия якҷоя амал мекард.
Мардуми аморати Бухоро танҳо 4 марти соли 1917, бо омадани матбуоти даврӣ, аз ғалабаи инқилоби февралии Русия ва аз тахт рафтани подшоҳ огоҳ гаштанд. Баъди ин ба агенти сиёсӣ, ғайр аз эълон намудани он, ки гӯё подшоҳ «бо ихтиёри худ» фуромадааст, чораи дигар намонда буд. Ӯ дар навбати худ даъват намуд, ки на танҳо дар қаламрави аморат, инчунин дар маҳаллаҳои руснишини он низ оромӣ ва тартибу интизомро риоя намоянд. Вале сарфи назар аз кӯшишҳои ҳукумати амирӣ ва кормандони агентии сиёсӣ дар сарзамини аморат, аз ҷумла дар истгоҳи роҳи оҳани назди дарвозаи Қаршигии шаҳри Бухорои Кӯҳна ва дар Бухорои Нав (Когон) бахшида ба инқилоби февралии Русия ҷамъомаду митингҳо барпо гардиданд. Дар худи моҳи март дар Бухорои Нав, Чорҷӯйи Нав, Каркӣ ва Тирмиз, Шӯроҳои намояндагии коргарон ба вуҷуд омаданд, ки аксариятро дар сарварии онҳо эсеру меншевикон ташкил менамуданд. Дар ин маҳалҳо инчунин кумитаҳoи иҷроияи Хусумати Муваққатӣ низ бунёд гардиданд, ки дар аввал аз болои онҳо бояд агенти сиёсӣ назорат мекард.
17 марти соли 1917 агенти сиёсӣ ба резидентсияи Русия дар Бухоро табдил дода шуд. Аслан чунин тағйирот фақат дар ном буду халос. Зеро, дар иҷроиши вазифаи онҳо тағйироте дида намешуд.

Болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён

Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии феврали дар Русия ба фаъолияти ҷавонбухороиён низ такони ҷиддӣ дод. Онҳо, ки дар натиҷаи таъқиби ҳукуматдорони аморат ба таври пинҳонӣ амал мекарданд, аз маглубияти пушту паноҳи амири Бухоро, подшоҳ Николаи II рӯҳбаланд гардида, дар роҳи ислоҳот нисбатан ҷиддитар амал карданд. Ҷамъияти махфиашон, ки дар дохили шаҳри Бухорои Кӯҳна фаъолият дошт, дар гӯшаҳои шаҳр низ шӯъбаҳои худро кушод. Сафи ҷавонбухороиён махсусан аз ҳисоби талабагони мадрасаҳои шаҳр рӯз аз рӯз меафзуд.
Бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи таъсири инқилоби февралии Русия, дар талаботи ҷавонбухороиён тағйироте ба вуҷуд омада буд. Онҳо дар шароити нав талаботи ислоҳоти мактабу мадрасаҳо ва усули дарсдиҳиро дуюминдараҷа ҳисобида, дар мадди аввал ислоҳоти ҳукумати амирии Бухороро гузоштанд. Ҷавонбухороиён дар ин роҳ ба кӯмаки Ҳукумати Муваққатии Русия умед доштанд. Бо ҳамин мақсад, ҷавонбухороиён ба номи он ҳукумат телеграммаҳо фиристода, дар онҳо, аввал ҳукумати навро табрик гуфта, сониян ёрмандии онро дар ислоҳи тартиботи амирии Бухоро хостаанд. Вале на ҳамаи намояндагони Ҳукумати Муваққатии Русия тарафдори ислоҳи тартиботи амирии Бухоро буданд. Аз ҷумла вазири адлияи ҳамонвақтаи он ҳукумат А.Ф. Керенский (ходими ҳизби трудовикҳо ва баъд эсерӣ, аз 8 июл то 25 октябри он сол сарвари Ҳукумати Муваққатӣ), дар мавқеи ба Русия ҳамроҳ намудани аморати Бухоро будааст. Ҳамин тавр, умеди ҷавонбухороиён аз «кӯмаки» Ҳукумати Муваққатӣ барбод нарафт. Рӯзе ба кормандони резидентсия ва худи амир хабари тарафдори ислоҳоти тарғиботи амирӣ будани ҳукумати нави Русия расидааст. Мувофиқи он ризоият ташаббуси гузаронидани ислоҳот ба ӯҳдаи худи «ҷаноби олӣ»- амир Олимхон гузошта мешуд.
Дар натиҷа ҳукумати амирии Бухоро дар вазъияти ниҳоят мушкиле монда буд. Зеро, аз як тараф дар дохили мамлакат ҷавонбухороиён, ҳамчун қувваи ягонаи оппозитсионӣ аз амир ислоҳот талаб мекарданд, аз тарафи дигар Ҳукумати Муваққатии Русия ҳам ин гуна ислоҳотро хоҳиш намудааст. Кормандони резидентсия бошанд, ки ҳамон лаҳза маслиҳатчии асосии амир ва ҳукумати ӯ буданд, низ тарафдори ислоҳот буданд. Бинобар ; ҳамин ҳам барои амир Олимхон ва ҳукумати вай ғайр аз розигӣ барои гузаронидани ислоҳот роҳи дигаре набуд. Аз ҷумла қушбегӣ Насрулло низ аз хусуси зарурияти ислоҳот сухан гуфтааст.
Вале муқобилони ислоҳот аз вазъияте, ки баъди инқилоби февралии Русия дар Бухоро ба вуҷуд омада буд, хулосаи дуруст набаровардаанд. Аз ҷумла Бурҳониддин қозикалон ва Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ, ки баъд аз қушбегӣ аввалин ашхоси ҳукумати амирӣ ба ҳисоб мерафтанд, ба ҳар кор ҷуз «намехоҳам» ҷавобе надоштанд. Муқобилони ислоҳот амалиёти худро пинҳон нигоҳ надошта, нисбат ба тарафдорони ислоҳот — ҷавонбухороиён, ҳар гуна бӯҳтонҳоро бофта бароварданд. Онҳо динро ҳамчун аслиҳа, ба муқобили ҷавонбухороиён ба таври васеъ истифода бурданд. Чунин аҳвол вазъияти ҳукумати амириро боз ҳам вазнинтар гардонид. Бинобар ин амир ва қушбегӣ маҷбур шуданд, ки дар роҳи ислоҳот ҳар гуна амалиёти худро аз душманони ислоҳот пинҳон доранд.

Эълон кардани лоиҳаи ислоҳоти амирӣ

Амир ва қушбегӣ вазъиятро ба назар гирифта, бо мақсади наҷот додани салтанати худ, ба ислоҳоти ночизе розӣ шуда. Дар ин роҳ бо якҷоягии кормандони резидентсияи Русия лоиҳа ва дигар дастурҳои заруриро ҳозир намуданд. Ҳангоми ҳозир намудани он лоиҳа қушбегӣ Насрулло бо яке аз сарварони ҷавонбухороиён Мирзо Муҳиддин Мансуров, резидент Миллер бо дигар сарварони ҷавонбухороиён Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Абдулвоҳвд Бурҳонов (Мунзим) ва дигарон сӯҳбат карда, фикри онҳоро низ оиди ислоҳот шунидаанд.
Дере нагузашта симои Ҳукумати Муваққатии Русия ба мансабдорони аморати Бухоро пурра маълум гардид. Акнун амир ва ҳукумати ӯ дар симои ҳукумати нави Русия ба худ пушту паноҳи тозаро пайдо карда буданд. Амир 10 марти соли 1917 ба номи вазири корҳои хориҷии Ҳукумати Муваққатӣ Милюков телеграммаи табрикӣ фиристода, дар он ҳукумати нави Русияро ҳамчун «ҳукумати демократӣ, ки озодии пурра ва тараққиёти ҳамаи миллат ва халқҳоро таъмин» мекарда бошад, ҳисобидааст. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, қушбегӣ Насрулло бо мақсади ба тарафи. ҳукумати амирии Бухоро кашидани таваҷҷӯҳи кормандони ҳукумати нави Русия хароҷоти зиёд кардааст.
Вале, фақат як вазъияти дигар амир ва қушбегиро каме ором намегузошт. Ин ҳам бошад аллакай ба доираи васеъ паҳн гардидани масъалаи ислоҳоти Бухоро буд. Махсусан ҷавонбухороиён бесаброна дар интизори ислоҳот буданд. Аз ин рӯ амир нахост, ки худро дар назди аҳли ҷамъият, пеш аз ҳама матбуоти давр, чун ҳокими мустабид ба қалам диҳад.
Аммо амир ва ҳукумати ӯ ба қувваҳои зиддиислоҳотии Бухоро чандон баҳои дуруст надода буданд. Онҳо, дар аввал бо мақсади осудагии амалиёташон муқобилони ислоҳотро аз ҳокимияти марказӣ дур карданд. Аз ҷумла 25 марти соли 1917 Бурҳониддинро аз вазифаи қозикалонӣ озод намуда, ба ҷояш қозии Ғиждувон, тарафдори ислоҳот, яке аз маърифатпарварони номии аввали асри ХХ-и Бухоро Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро таъин карданд. Рӯзи дигар, муқобили дигари ислоҳот, раиси Бухоро — Абдуллохоҷаро низ аз мансаб озод намуда ба ҷояш қозии Чорҷӯй, маърифатпарвари номӣ — Абдусамадхоҷаро, 27 март, қозии Вабкент — Орифхоҷаро, ки низ тарафдори ислоҳот буд, муфтиаскар таъин намуданд. Муфтиаскари собиқ Изамиддинхоҷаи Мусаннифро ба Ғиждувон, раиси собиқ Абдуллохоҷаро ба Чорҷӯй барои адои вазифаи қозигӣ фиристонданд. Дигар ашаддитарин душмани ислоҳот Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷиро бо баҳонаи хизмате ба Қаршӣ гуселониданд. Пас аз чунин тағйиротҳо ҳукумати амир худро барои эълон намудани фармони ислоҳот гӯё аз ҳар ҷиҳат озод ҳис мекард. Ҳол он ки муқобилони ислоҳот низ дер боз дар мактабу мадрасаҳо ва гузарҳои аҳолинишини шаҳр ташвиқот бурда, як ҳиссаи мардумро ба тарафи худ кашида буданд.
Лоиҳаи ислоҳот, ки аз тарафи ҳукумати амир, бо иштироки кормандони резидентсия ҳозир карда шуд, баъди дар вазорати корҳои хориҷии Ҳукумати Муваққатии Русия муҳокима гардидан, 4 апрели соли 1917 аз тарафи худи ҳукумати нави Русия тасдиқ гардид. 7 апрел ин лоиҳа дар меҳмонхонаи «Раҳимхонӣ»-и Арк, дар ҳузури даъватшудагон ва меҳмонон эълон карда шуд.
Мувофиқи лоиҳаи ислоҳот амир бояд: дарбори худро дигар мекард; барои ҳамаи амалдорон аз хазина моҳона таъин мекард (то ки мардумро худсарона тороҷ накунанд); закот, хироҷ ва дигар андозҳоро ба тартиб медаровард; ба худсарию бедодгарии амалдорон хотима мегузошт; аз ҳисоби мардуми доно ва соҳиби дониши Бухоро дар назди ҳукумат як маҷлиси машваратӣ таъин мекард, харҷу дахли хазинаи ҳукуматиро ба ҳисоб мегирифт; барои маърифатнокии мардум дар Бухоро як матбаа мекушод ва ғайраҳо. 8 апрели соли 1917, пагоҳӣ барвақт, амир Олимхон ба номи сардори Ҳукумати Муваққатии Русия княз Лвов ва вазири корҳои хориҷии он Милюков, аз хусуси эълони фармони ислоҳот телеграмма фиристода, дар он қайд кардааст, ки гӯё «қарори ӯ барои аз рӯйи шариат гузаронидани ислоҳот қатъӣ мебошад».
Ҳарчанд лоиҳаи ислоҳоти эълонкардаи амир ба назар хело ночиз менамояд, вале агар он дар Бухорои ҳамонвақта амалӣ мегардид, аз аҳамият холӣ набуд. Аммо он лоиҳаи ислоҳоти ночиз ҳам дар коғаз монд.

Намойиши шукронаи ҷавонбухороиён ва пароканда намудани он. Авҷи иртиҷоъ дар Бухоро

Эълони фармони ислоҳот тарафдорон ва ҳам муқобилонашро ба ҳаракат даровард С. Айнӣ, чун шоҳиди он ҳодисаҳо, вазъиятро чунин шарҳ медиҳад: «Ҷавонбухороиён баъд аз намози ҷумъаи ҳамон рӯз фармони мазкурро дастовези худ карда, ба ҳар тарафи шаҳр «дар лаби ҳавзи Девонбегӣ, майдони мадрасаи Кӯкалтош, майдони Заргарон ва дар дигар ҷойҳо анҷуманҳои ошкор барпо намуда, онро қироат ва шарҳ медоданд. Вале мақсади асосии ҷавонбухороиён, ҳамчун ҷавоб ба фармони ислоҳоти амир, ташкил намудани намойиши шукрона ба ҳисоб мерафт. Зеро, аз вақти сухан дар бораи ислоҳот ба миён гузоштан, масъалаи намойиш низ дар баӣни ҷавонон мавқеи муҳимро ишғол карда буд.62
Вале ҷавонбухороиён ба намойиш тайёрӣ дида, қувваҳои иртиҷоии аморат, яъне мавқеи муқобилони ислоҳотро ба эътибор нагирифтанд. Ҳол он ки муқобилони ислоҳот ҳам аз ҳамон лаҳзаи эълони фармони ислоҳот, аз сари нав ба ҷунбиш даромаданд. Намояндагони онҳо ҳанӯз ҳангоми хондани фармони ислоҳот эътироз баён кардаанд. Инак, баробари ба муқобилони ислоҳот расидани хабари тараддуди намойиши ҷавонбухороиён онҳо ҳам барои ба майдон баромадан тайёрӣ медиданд.
8 апрел, соати 8-и пагоҳӣ, намойиши ҷавонбухороиён оғоз ёфт.
Онҳо бо шиорҳои: «Зинда бод амир Олимхон!», «Зинда бод ислоҳот!», «Зинда бод амири озодихоҳ!», «Зинда бод амири ҳурриятпарвар, амир Олимхон! «, «Зинда бод озодӣ, конститутсия, озодии матбуот ва истиқлоли мактаб!» ба майдон баромада буданд. Шумораи намойишчиён, ки дар оғоз тақрибан ҳазор нафар буд, оҳиста-оҳиста аз ҳисоби шаҳриён меафзуд ва то ба 5-7 ҳазор нафар расидааст. Дар намойиш тоҷикҳо, яҳудиҳо, эрониҳо, ӯзбекҳо, тоторҳо ва дигар мардуми шаҳр иштирок карданд.
Оғози намойиш ва бо муқобилони ислоҳот бархӯрдани онҳо чунин сурат гирифта буд. Вақте ки ҷавонбухороиён аз Чорсӯйи Бухоро ба роҳ баромада то Хиёбон расиданд, аз тарафи дигар муқобилони ислоҳот низ ба қуввати тамом бархеста, ба Регистони Бухоро, яъне майдони назди Арк расиданд. Аксулҳаракатчиён аксарият аз ҷумлаи диндорони иртиҷопараст буданд. Онҳо аз гумроҳии мардуми Бухоро истифода бурда, чуноне С. Айнӣ ба хотир меоварад, ба миёни худ фӯта баста, муроҷиаткунон мегуфтаанд: «Во шариато! Во дино! Во қурбоно! Эӣ мусулмонҳо! Дин аз даст рафт, шариат тамом шуд, акнун рӯйи занҳоятонро мекушоянд, ба номуси духтаронатон таҷовуз мекунанд, фарзандонатонро дар мактаби кофирӣ мехононанд»63. Дар натиҷаи чунин ташвиқотҳо як ҳиссаи дигари мардуми дарғафлатбудаи шаҳр ба тарафи аксулҳаракат гузаштанд. Бо ҳамин роҳ муқобилони ислоҳот тавонистанд, ки шумораи тарафдорони худро то ба 7-8 ҳазор нафар расонанд.
Баъд аз сар шудани аксулҳаракат, амир ва қушбегӣ аз ин воқеа мурданивор ба воҳима афтода, муносибати худро нисбат ба ислоҳотхоҳон бо тезӣ тағйир доданд ва тарафдори гурӯҳи мухолифон шудаанд. Дар натиҷаи ин намойиши шукронаи ҷавонбухороиён пароканда карда шуд. Иштирокчиёни он ба ҳар тараф гурехтанд. Як қисмашон барои халосии ҷони худ ҳатто ба тарафи аксулҳаракат гузаштанд. Бинобар ин ҳамон лаҳза дар Бухоро «хар кас, -ба хотир меоварад С. Айнӣ, — барои ҳифзи ҷони худ дигареро «Ин ҷадид аст» гуфта, таҳқир мекард ва сабаби дастгирии он бечора мегардид».
Аксулҳаракатчиён на танҳо ҷавонбухороиёнро таъқиб мекарданд, балки ба баъзе шахсони бонуфузи ҳукумат, ки ислоҳотхоҳ буданд, низ таҳдид кардаанд. Аз ҷумла, онҳо қозикалон Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро ҳангоми аз хонааш ба Арк омадан, дар майдони Регистон, дар он ҷое, ки чашми амир меафтод, таҳқир ва зада аз асп афтонда, беҳуш намуданд. Раис Абдусамадхоҷаро бошад дар назди худи қушбегӣ зада маъюб карданд.
Рӯзҳои 8 ва 9 апрел аз тарафи ҳукумати амирӣ қариб 150 нафар иштирокчиёни намойиш ва махсусан ҷавонбухороиён, аз он ҷумла С. Айнӣ (агарчанде ӯ муқобили намойиш буду дар он иштирок надошт, вале дастгир шуда 75 чӯб ҷазо дид) ҳабс гардиданд.
Қисми зиёди ҷавонбухороиён, аз ҷумла, сарварони онҳо ба Бухорои Нав (Когон) паноҳӣ ёфтанд. Вале маълум мешавад, ки ҳамаи ин фоҷиа барои сарварони ҷавонбухороиён ҳанӯз ҳам дарси ибрат нагардидааст. Онҳо барои оштӣ бо амир розӣ шуда, 12 нафар намояндагони худро (асосан ҳама аъзоёни Кумитаи марказиашон бо сарварии раиси он Муҳиддин Мансуров) 14 апрел барои гуфтушунид ба ҳузури амир фиристоданд.
Кормандони резидентсия дар ин чорабинӣ роли миёнаравро бозиданд. Вақте ки намояндагони ҷавонбухороиён ба Арк даромаданд, ба ҳабс гирифта шуданд. Онҳо, танҳо бо таҳдиди сахти Шӯрои намояндагии коргарони Бухорои Нав ва аскарони инқилобии дар он ҷо буда, аз қатл раҳоӣ ёфтаанд.
15 апрел дар Бухорои Нав бо ташаббуси Шӯрои намояндагии коргарони шаҳр маҷлиси серодаме барпо гардид. Дар он амалиётҳои кормандони резидентсияи Русияро дар рӯзҳои фоҷиаи Бухоро муҳокима намуда, қарор кардаанд, ки сарвари он Миллер ва ҷонишинаш Шулга ба ҳабс гирифта шаванд.
Дар аморати Бухоро иртиҷоъ тантана мекард. Оҳиста-оҳиста тамоми мансабҳо боз ба ихтиёри муқобилони ислоҳот гузашт. Аз ҷумла 15 апрели ҳамон сол қушбегӣ Насрулло маъзул гардид, ва ба ҷойи ӯ душмани ашаддии ислоҳот ва ҷавонбухороиён Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ нишаст. Мирзо Насруллоро бо тамоми аҳли оилааш ба Кармина (мувофиқи дигар маълумот ба Қаршӣ) бадарға ва ҳабс намуда, дар рӯзҳои «таҷовузи Колесов» (марти соли 1918) ҳамаашонро бо ҳукми амир қатл намудаанд. 31 июли соли 1917 Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро низ (ҳарчанд ӯ аз рӯзи латхӯриаш — 8-апрел, аллакай дар мансаб набуд ва бемори бистарӣ буд) бо ҳукми амир аз вазифаи қозикалонӣ озод карда, ба ҷойи ӯ Бурҳониддин такроран соҳиби ин мансаб гардид.
Воқеаҳои апрелии (соли 1917) Бухоро ба баъзе ҷавонбухороиён таъсири ҷиддӣ расонид. Бо ҳамин воқеа амир Олимхон обрӯ ва эътибори худро дар баӣни зиёиёни пешқадами Бухоро, ки қисмашон ба ӯ ҳанӯз боварӣ доштанд, аз даст дод. Ин гурӯҳи зиёиён — ҷавонбухороиён дигар ба ислоҳ ёфтани ҳукумати амирӣ боварӣ надоштанд. Аз ҷумла, ҳанӯз дар моҳи апрели ҳамон сол Фатҳуллохоҷа ном шахс, дар маҷлиси гурӯҳи ҷавонбухороиёни дар Бухорои Нав буда, масъалаи «ҳатман тайёр намудани шӯриши яроқноки бухороиён»-ро гузоштааст. Ин гурӯҳ дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ баъзан «ҷавонбухороиёни ашаддӣ» ном бурда мешавад.
Дар аморати Бухоро гурӯҳи иртиҷопарастон ғалабаи худро тантана мекарданд. Таъқиби на танҳо ҷавонбухороиён, балки хаӣрхоҳони онҳо низ давом дошт. Иртиҷоъпарастони аморат ҳатто аз мавқеъ ва амалиёти худи амир Олимхон оиди масъалаи ислоҳот розӣ набуданд. Аз ҳамин сабаб ҳанӯз аввали моҳи майи ҳамон сол иртиҷопарастон масъалаи аз мансаби амирӣ озод намудани Олимхон ва ба ҷойи ӯ таъин кардани амакаш — беки Ғузор — иртиҷопарасти ашаддӣ — Акрамхонро гузоштанд. Вале онҳо аз иқтидори ҳукумати Русия дар тарс буданд. Бинобар ин нияти иваз намудани амирро амалӣ карда натавонистанд. Зеро, сиёсати амир Олимхонро чи амалдорони болоии Ҳукумати Муваққатии Русия ва чи маҳаллии он, аз ҷумла кормандони резидентсияю сарварони кишвари Туркистон дастгирӣ мекарданд.
Ҳамин тавр, ҷавонбухороиён дар натиҷаи таъсири ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралии соли 1917-и Русия, дар роҳи ислоҳот фаъол гардида, дар Бухоро аз ҳукумати амирӣ ба тарзи ҷиддитар гузаронидани ислоҳотро талаб карданд. Онҳо дар ин роҳ ба кӯмаки Ҳукумати Муваққатии Русия боварии комил доштанд. Вале дар дохилӣ аморат қувваҳои иртиҷоӣ, ки муқобили ҳар гуна ислоҳот ва тағйирот буданд, ҳанӯз нуфузи зиёд доштанд. Ин қувваҳо аз ғафлати аксари мардум ва нуфузи дин ба фоидаи худ истифода бурда, ба ислоҳотхоҳон — ҷавонбухороиён зарбаи қатъӣ заданд. Муқобилони тартиботи амирӣ маҷбур шуданд, ки барои ҳифзи ҷони худ боз ба пинҳонкорӣ гузаранд, ё худ ба сарзамини кишвари Туркистон ҳиҷрат намоянд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!