Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 4


БОБИ IV.
АФКОРИ ҶАМЪИЯТИЮ СИЁСӢ ВА
ФАРҲАНГИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX ВА АВВАЛИ АСРИ XX

§ 1. Заминаҳои ба вуҷуд омадани дигаргуниҳои ҷиддӣ дар афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна дар нимаи дуюми асри XIX

Таъсири дигаргуниҳои иқтисодию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ

Баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоҳӣ кашида шудани Осиёи Миёна дар афкори ҷамъиятию сиёсии мардум, махсусан зиёиён, тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Зеро, дар ин сарзамин, чи дар аморати Бухоро ва чи дар хонигариҳои Қӯқанду Хева, то замони забтшавӣ аз тарафи Русия, муносибатҳои феодалӣ ҳукмфармойӣ мекард. Дар ин давр маркази илму маърифат ва афкори ҷамъиятию сиёсӣ асосан мактабу мадрасаҳо ба ҳисоб мерафтанд. Дини ислом бошад, ҳамчун дини ҳукмрон, дар афкори ҷамъиятӣ мақоми асосиро ишғол менамуд. Аз ҳамин сабаб ҳам он замон дар тамоми сарзамини Осиёи Миёна ҳамаи чорабиниҳо дар асоси қонуну қоидаҳои шариати ислом ба ҷо оварда мешуд.
Пас аз забтшавӣ, чуноне қайд кардем: сарзамини Осиёи Миёна ба доираи муомилоти молию пулӣ ва бозори умумирусиягӣ кашида шуд; дар ин сарзамин корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои бонкӣ ба вуҷуд омаданд; хатҳои роҳи оҳанро гузарониданд; дар хоҷагии қишлоқи кишвар тағӣиротҳо (баъзе намудҳои нави асбобҳои хоҷагии қишлоқ ва истеҳсоли маҳсулоти нав) намоён гардид ва ғайраҳо.
Дар сарзамини кишвари Туркистон бошад, баробари ин дигаргуниҳо ва барҳам додани мустақилияти хонигарии Қӯқанд, инчунин ба баъзе урфу одатҳои асрҳо боз поӣдорбудаи динию миллӣ ва маҳаллӣ зарбаи қатъӣ зада шуд. Акнун дар ин кишвар сарварони дини ислом аз мавқеъ ва ҳуқуқҳои номаҳдуди собиқа маҳрум гардиданд. Онҳо дар идоракунии мулкҳои кишвар, аз генерал- губернаторӣ сар карда то уездию волостӣ ягон нуфузе надоштанд ва амалдорони подшоҳӣ андешаи рӯҳониёнро умуман ба инобат намегирифтанд. Ҳол он ки то забтшавӣ на танҳо амалдорони маҳаллӣ, балки ҳатто худи хон бе розигии онҳо ба ягон хел кори ҷиддӣ ҷуръат намекард. Баъди забтшавӣ дар ҳудуди кишвар ҳатто муқаддастарин моликияти ҷамъияти исломӣ — мулкҳои вақфӣ хеле маҳдуд карда шуд. Мансабҳои бонуфузи динӣ — қозикалон ва раис дар ҳудуди кишвари Туркистон дигар вуҷуд надошт. Ин тағӣиротҳо зиёиёни маҳаллиро, ки ҳама аз ҷумлаи аҳли ислом буданд, зиёда ба андеша кашида буд.

Дигаргуниҳои ҳаёти фарҳангӣ

Тағӣиротҳо дар ҳаёти фарҳангии кишвари Туркистон махсусан назаррас буданд. Аз ҷумла, соли 1868 дар шаҳри Тошканд аввалин матбаа ба вуҷуд омад ва соли 1870 китобхонаи оммавӣ кушода шуд. То ин вақт дар сарзамини Осиёи Миёна, махсусан дар Бухоро, Самарқанд, Қӯқанд ва ғайра китобхонаҳо агарчанде асрҳо боз вуҷуд дошта бошанд ҳам, вале онҳо дар назди дарбори хону амирон ва мадрасаҳо буда, характери оммавиро надоштанд.
28 апрели соли 1870 шумораи аввалин нашрияи генерал- губернатории кишвари Туркистон — рӯзномаи «Туркестанские ведомости» чоп шуд, ки бо он таърихи матбуоти даврии Осиёи Миёна оғоз гардид. Аз худи ҳамон сол он рӯзнома бо забонҳои ӯзбекию қирғизӣ низ бо номи «Туркистон вилоятининг газети» баромад.
Ҳукуматдорони подшоҳӣ дар кишвари Туркистон аз рӯзҳои аввали гузаронидани сиёсати мустамликадоронаи худ, аз нарасидани кадрҳои лаёқатнок, ки бо мардуми маҳаллӣ бевосита муомила карда тавонанд, душворӣ мекашиданд. Махсусан мутахассисони рус ва русзабонони ба Осиёи Миёна аз губернияҳои марказии Русия даъватшуда, мӯҳтоҷи тарҷумонҳо буданд. Бинобар ҳамин ҳам ба ҳукуматдорони подшоҳӣ лозим омад, ки аз ҳисоби талабагони маҳаллӣ тарҷумонҳоро тайёр намоянд. Ин вазифаро бояд мактабҳои русии маҳаллӣ иҷро мекарданд.
Нахустин мактаби русии маҳаллӣ дар кишвари Туркистон, декабри соли 1884 дар шаҳри Тошканд, дар ҳавлии бойи маҳаллӣ Саидғанӣ Азимбоев кушода шуд. Олими номии рус В.П. Наливкин дар ин мактаб омӯзгор буд. 30 июни соли 1886 генерал-губернатори Туркистон ба тарзи расмӣ барои кушодани чунин мактабҳо иҷозат дод. Мӯҳлати таҳсил дар ин мактабҳо 6-7 сол буда, ба он бачагони 8- соларо қабул мекарданд. Дар ин мактабҳо ҳанӯз ягона барномаҳои хониш вуҷуд надошт. Талабагон дар қатори забони русӣ, арифметика, таърихи Русия, ҷуғрофия, инчунин асосҳои дини насронӣ ва исломро меомӯхтанд. Микдори чунин мактабҳо сол аз сол меафзуд. Аз ҷумла, соли 1911 танҳо дар Хуҷанд, Панҷакент, Ӯротеппа, Конибодом, Исфара, Хоруғ ва ғайра 10 адад мактабҳои русии маҳаллӣ амал мекарданд. Дар сарзамини аморати Бухоро бошад, чунин мактаби аввалин соли 1894 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ташкил ёфт.
Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XIX барои аз нуқтаи назари илмӣ омӯхтани сарзамини Осиёи Миёна аввалин кӯшишҳои ҷиддӣ карда шуд. Аз ҷумла соли 1871 Ҷамъияти илмии Осиёимиёнагӣ бунёд гардид, ки мақсади он аз ҷамъ ва нашр кардани материалҳо оид ба таърих ва фарҳанги мардуми ин диёр буд. То ин давр аз расадхонаҳои собиқа, аз он ҷумла расадхонаи Улуғбек (дар Самарқанд), ки дар замони худ шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт, қариб осоре намонда буд. Инак, соли 1873 дар Тошканд аввалин расадхонаи замонавӣ сохта шуд. Соли 1897 бо ташаббуси олимони маъруфи рус В.Ф. Ошанин ва С.И. Жилинский Шӯъбаи туркистонии Ҷамъияти ҷуғрофии Рус ташкил ёфт. Ҷуғрофишиноси номии рус П.П. Семёнов — Тяншанскиӣ ба омӯзиши ҷуғрофияи кишвар асос гузошт. Дигар олими маъруфи рус, ҷуғроф А.П. Федченко аввалин шуда водии Фарғона ва Олойро омӯхт, нуқтаи баландтарини кӯҳҳои Паси Олой (7,134 м) ва қуллаи Чунг Аӣдарро муайян намуд.
Ҳар як эъзомияе, ки солҳои 70-90-уми асри XIX аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ ба гӯшаҳои гуногуни сарзамини Осиёи Миёна ташкил карда мешуд (эъзомияҳои гуногун ба болооби Зарафшон, Бадахшон ва ғайраҳо), дар қатори мақсади забткорона, инчунин нияти омӯзиши илмиро низ доштанд.

Вазъи тиб ва ба амал омадани дигаргуниҳо дар ин соҳа

Маълум аст, ки сарзамини Осиёи Миёна, пеш аз ҳама Бухорои Шариф, дар асрҳои Х-Х1 ба дунёи ҳастӣ чунин мутафаккирони бузург, аз ҷумла файласуф ва табиби машҳури ҷаҳонӣ, фарзанди барӯманди халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)-ро дод. Инчунин асрҳо боз соҳиби дармонгоҳҳо-бемористонҳои овозадор ҳам буд. Вале миқдори бемористону табибони ҳозиқ махсусан дар асрҳои охир нисбатан хеле кам буданд. Яке аз сабабҳои асосии чунин ҳолат ин аз таълимӣ мадрасаҳо бардоштан ва ё хеле маҳдуд намудани омӯзиши илми тиб ва барои аксари толибилмон дастнорас будани китобҳои тиббӣ ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи маълумоти С. Айнӣ, танҳо дар мадрасаҳои шаҳри Бухорои Кӯҳна, то замони ҳукмронии амир Насруллои манғит (1826-1860) қариб 20 китобхонаҳо фаъолият доштанд. Дар баӣни онҳо китобхонаи «Дорушшифо» дорои китобҳои зиёди тиббӣ будааст. Вале дар замони ин амири мустабид, бо талаби аҳли истибдод ин китобхонаҳо барҳам дода шудаанд. Як қисми китобҳои онро ба хазинаи амир кашонда, ба дараш қулф зада шуд, қисми дигараш дар баӣни муллоҳои калони расмӣ тақсим гардид1. Ин гуна ҳолат минбаъд дар Бухоро мустақилона сабзида расидани олимон, махсусан табибонро хело маҳдуд намуд.
Дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ягона бемористоне, ки асрҳо боз вуҷуд дошт ва то сарнагун намудани тартиботи амирӣ (соли 1920) фаъолият мекард, бемористони «Дорушшифо» мебошад. Он бемористон рӯ ба рӯйи Арки Бухоро воқеъ буд. Сарпарастии онро дар охири асри XIX эшони Тоҷиддин (хоҷаи Ҷӯйборӣ) ба ӯҳда дошт. Ӯ ҳар навъ шарбату равған ва доруҳои муолиҷаовар тайёр намуда, бо онҳо беморонро табобат менамуд.
Ба ғайр аз бемористонҳо мардум барои табобат аз обу лойҳои шифобахш ва табибони халқӣ бо тарзи васеъ истифода мебурданд. Аз ҷумла, асрҳо боз дуртар аз шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар Хоҷаи Ӯбон табобати бемориҳои пӯст (бо усули ба бадан молидани лой, нӯшидани оби чоҳ ва бо он шустани бадан), дар Хоҷаи Зафарон — табобати бемории зардча (зафарма, ё худ бемории ҷигар) (бо усули нӯшидани оби чоҳ ва бо он шустани бадан) ва ғайраҳо вуҷуд доштанд. Баъзе аз гармчашмаҳои Бадахшон кайҳо боз шӯҳрат доштанд.
Дар баӣни мардум табибони халқӣ обрӯ ва эътибори зиёде доштанд. Аз ҷумла, ҳанӯз охирҳои солҳои 60-уми асри XIX А. Лерх ном донишманди русиягӣ, ки бо ҳаёти Бухоро шинос гардида буд, таъкид намудааст, ки мардуми Бухоро ба табибони халқӣ майли калон доранд. Ин табибон дар навбати худ «беморро пурсон нашуда аз набзи ӯ иллати бемориро бехато муқаррар мекунанд»2.
Баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоҳӣ гузаштани Осиёи Миёна, махсусан дар ҳудуди кишвари Туркистон, ки қисми таркибии империяи Русия ба ҳисоб мерафт, дар соҳаи тиб низ дигаргуниҳои куллие ба амал омаданд. Дар ҳудуди кишвар бо ташаббуси ҳукумати подшоҳӣ, бо мақсади пешгирӣ ва табобат намудани ҳар гуна бемориҳо пайи ҳам нуктаҳои гуногуни табобатӣ бунёд гардиданд. Албатта аввалин бемористонҳои сохти аврупоӣ дар ин сарзамин танҳо бо мақсади табобати ҳарбиёни рус ва шаҳрвандони Русия ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд ҳанӯз дар нимаи43 дуюми соли 1865 бо мақсади табобати ҳарбиёни рус, бемористони махсус бунёд гардида буд. Минбаъд дар ин ҷо бемористон ва амбулаторияи табобатӣ бунёд шуданд, ки онҳо дорои 168 кат буданд. Дар солҳои баъдина дар шаҳрҳои Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа, Панҷакент ва ғайра низ бемористону марказҳои фелдшерӣ пайдо шуданд.
Дигаргуниҳои соҳаи тиб ба аморати Бухоро низ бетаъсир намонд. Амири Бухоро Музаффархон (1860-1885) дар соли 1885, яъне соли охири қайди ҳаёти худ, ба муносибати 25-солагии ба тахт нишастанаш, аз ҳукумати подшоҳии Русия хоҳиш намуд, ки мутахассисони рус дар шаҳрҳои Шаҳрисабз, Қаршӣ ва деҳаи Душанбе яктоӣ бемористонҳои ҳар кадоме дорои 5 кат созанд. Чунин бемористонҳо амалан сохта шуданд. Дар ҳудуди шаҳри Бухорои Кӯҳна ҳам соли 1910 аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ як бемористон, ки онро «бемористони русию маҳаллӣ», ё худ «аврупоӣ» ҳам мегуфтанд, ва як амбулаторияи занона сохтанд. Дар маҳаллаҳои руснишин ва сарҳадӣ: Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Патта-Ҳисор, Тирмиз, Каркӣ низ амбулаторияҳо ташкил карда шуданд. Дар ҳудуди Кӯҳистони Бадахшон бошад дар Хоруғ ва маҳалҳое, ки қисмҳои сарҳадии аскарони рус ҷойгир буданд, нуқтаҳои табобатӣ ба вуҷуд омаданд. Дар аксари шаҳрҳо ва посёлкаҳо дорухонаҳо ҳам барпо гардиданд. Чи аз нуқтаҳои табобатӣ ва чи аз дорухонаҳо минбаъд мардуми маҳаллӣ низ ба қадри имкон истифода мебурданд.
Вале нуқтаҳои гуногуни табобатие, ки он солҳо ба вуҷуд омаданд талаботи рӯзафзуни мардумро нисбат ба хизмати тиббӣ қонеъ гардонида наметавонистанд. Дар ин соҳа аҳвол махсусан дар аморати Бухоро вазнин буд.
Бемориҳои сирояткунанда тез-тез пайдо гардида, сабабгори вафоти мардуми бисёре мегардиданд. Чунин ҳолатро ҷадидони Бухоро пай бурда, чораҳое андешиданд, ки оиди он дар банди дигар хоҳем истод.

Мавқеи зиёиёни маҳаллӣ нисбати тағйиротҳои баамаломада

Ин ҳама дигаргуниҳои дар сарзамини Туркистон ва аморати Бухоро ба вуҷуд омада албатта ба афкори ҷамъиятию сиёсии мардуми он, махсусан зиёиёнаш бетаъсир намонд. Зиёиёни маҳаллӣ оиди сабаб ва оқибатҳои ин дигаргуниҳо андеша мекарданд. Аксарияти онҳо носозгориҳои чи замони гузашта ва чи сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳиро мазаммат менамуданд.
Дар аморати Бухоро бошад, агарчанде дар ин диёр шариати дини ислом ба тарзи пештара ҳукмфармо, моликияти вақфӣ чун аввала муқаддас ва дастнорас буд, аммо такдири аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ ба сари собиқ хонигарии Қӯқанд боргардида (яъне барҳам додани он) зиёиёни бухороиро низ бештар ба андеша кашид. Онҳо дар хавотири он буданд, ки такдири хонигарии Қӯқанд Бухороро ҳам интизор аст.
Дар натиҷаи ин ҳама тағӣиротҳо, аллакай дар нимаи дуюми асри XIX дар доираи зиёиёни Осиёи Миёна тақсимшавӣ ба гурӯҳҳо ба амал омада буд. Як гурӯҳи зиёиён (асосан дар кишвари Туркистон) ба воқеияти ба амал омада муваққатан ҳам бошад муросо намуда, интизори барқароршавии тартиботи аввала (чи мақоми динӣ ва чӣ мулкҳои вақфӣ) буданд. Қисми дуюми зиёиён ин ҳама дигаргуниҳоро амри воқеӣ ва баргаштан ба тартиботи пештараро ғайри имкон ҳисобида, сарзамини Осиёи Миёнаро тарк намуда, ба хоки мамлакатҳои ҳамсоя: Афғонистон, Эрон, Туркия ва давлатҳои гуногуни араб кӯч карданд. Қисми сеюми зиёиён — воқеаҳои содиршудаи даврро аз ҳар ҷиҳат омӯхта, сабабҳои онро ба хубӣ фаҳмида, оиди оқибатҳои он барои худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, баҳри наҷоти халқи худ, ватани худ ва урфу одати мардуми он мекӯшиданд. Онҳо ба хубӣ эҳсос намуданд, ки дар ҳақиқат ҳам мардуми диёрашон хело қашшоқанд, мулкашон нисбат ба мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон хеле қафомонда аст. Тарафдорони ин гурӯҳ сабабҳои асосии ҳама гуна бадбахтиҳои мардум ва қафомондагии кишварро пеш аз ҳама дар бемаърифатии чи мардуми оддӣ ва чи амалдорони гуногунмақом медиданд.
Ин ҳама дар эҷодиёти маорифпарварони он давра таҷассуми худро ёфтааст, ки бузургтарини онҳо фарзанди барӯманди халқи тоҷик Аҳмади Дониш буд.

§ 2. Аҳмади Дониш-ислоҳотхоҳ ва маорифпарвар

Ташаккулёбии ҷаҳонбинии Аҳмади Дониш

Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи модараш гирифта, дар мактаби қориён (ҳофизони Қуръон) низ таҳсил намудааст. Вале мактаби қориёнрю зуд тарк намуда, аз 14 — солагӣ таҳсилро дар мадраса идома додааст. Вай дар мадраса ба ғайр аз илмҳои динӣ, бештар мустақилона, дар асоси асарҳои олимони Шарқ, фанҳои табииёт, риёзиёт, нуҷум, ҳайъат, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиётро меомӯзад.
Аҳмади Дониш аз хурдсолӣ хати зебо ва дар рассомиву наққошӣ истеъдоди фавқулоддае дошт. Ӯ хушнависиро ҳанӯз аз модараш, ки назми форсии тоҷикиро низ нағз медонист, омӯхт. Бо кӯмаки модараш, ҳанӯз дар хурдсолӣ нақши ҳарфи арабиро хело зебо кашида, ниҳоят чун наққоши моҳир ба камол расид. Дар солҳои таҳсил дар мадраса вай ин истеъдоди худро боз ҳам сайқал дод. Баъди хатми мадраса ӯро, бо тавсияи яке аз устодони санъаткораш ба дарбори амир, ба сифати меъмор ва наққош ба кор гирифтанд. Вале аз сабаби набудани корҳои иморатсозию бинокории ҳукуматӣ, Аҳмади Дониш дар дарбор бештар ба корҳои китобати рисолаву девонҳо ва коғазҳои расмии дарбор машғул буд. Ин ҳама ба ӯ имконият дод, ки аз як тараф ҳунари хаттотӣ ва наққошии худро боз ҳам такмил диҳад, аз тарафи дигар, аз китобхонаи бойи дарбор истифода бурда, мустақилона илмҳои гуногунро боз ҳам чуқуртар омӯзад. Дар натиҷа вай ҳанӯз дар замони ҳукуматдории амир Насруллоҳ аз ҷумлаи соҳибмаърифатноктарин (?соҳибмаърифаттарин, маърифатноктарин Т.А.) аҳли дарбор гардида буд.
Августи соли 1857 амир Насруллоҳ ба Петербург ҳайъати сафорате фиристода, ба он шахсан Аҳмади Донишро, ба сифати мирзо (котиб), дохил намудааст. «Ҳайъати сафирон дар аввал иборат аз 40 нафар буданд. Мақсади асосии фиристодани чунин ҳайъат ин расонидани таъзияи ҳукумати Бухоро нисбати марги подшоҳи Русия Николаи I ва муборакбодии ба тахт нишастани Александри II буд. Вале ҳукумати подшоҳии Русия ба қабули чунин ҳайъати калон розигӣ надод. Бинобар ин аз ҳайъат 4 нафарро (аз он ҷумла Аҳмади Донишро низ) интихоб намуда, ба Петербург фиристоданд. Боқимондаи ҳайъат бошад, аз Оренбург ба Бухоро баргаштанд. 9 ноябр ҳайъати сафирон ба Петербург омада расиданд.
Аҳмади Дониш ҳангоми сафараш, мувофиқи супориши амир, ба ғайр аз адои вазифаи котибӣ, боз аз вазъи иқтисодию сиёсии Русия ба хубӣ огоҳ гардида, баъди сафар бояд натиҷаи мушоҳидаҳояшро ба худи амир нақл менамуд. Ӯ дар шаҳри Петербург ду моҳ буд. Дар ин муддат вай бо ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва махсусан фарҳангии маркази империяи Русия, ба қадри имкон аз наздик шинос шуд.
10 январи соли 1858 ҳайъати сафирон аз Петербург ба Москва, 23 майи ҳамон сол аз Оренбург ба Бухоро раҳсипор шуданд. Ҳангоми ин сафар онҳо ба ғайр аз шаҳрҳои номбурда боз бо шаҳрҳои Нижний Новгород ва Қазон низ шинос гардиданд. Аҳмади Дониш баъди бозгашт оиди пешрафтҳои иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии Русия ба амир ва аҳли дарбор ахборот дод.
Чуноне дар боби пештара ишора намудем, шартномаи 23 июни соли 1868 баӣни Русия ва Бухоро барои Бухоро хеле гаронӣ мекард. Махсусан аз даст додани шаҳри Самарқанд ва заминҳои атрофи он бо болооби Зарафшон, инчунин товони ҷанг бори вазнин буданд.
Маҳз бо мақсади сабуктар намудани шартҳои ҳамин шартнома, амир Музаффархон лозим донист, ки ба Петербург ҳаӣати нави сафиронро иборат аз 4 нафар, бо сарварии писари 12 солаи худ Абдулфаттоҳ фиристад. Амир то ин лаҳза ба фаъолияти А. Дониш аҳамият надода буд. Инак, ӯ ҳангоми ба Русия фиристодани ҳайъати нав А. Донишро ба он ба сифати котиби аввал дохил намуд.
Ҳайъати сафирон 29 августи соли 1869 аз Тошканд ба Оренбург ва 2 октябр аз Москва ба Петербург раҳсипор шуданд. Онҳо тақрибан ду моҳ дар Петербург буда, аввали соли 1870 ба ватан баргаштанд ва 9-10 феврали ҳамон сол ба Тошканд расиданд. Ин сафари дуюми А. Дониш ба Петербург буд. Дар ин сафар ӯ ҳангоми мулоқотҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ худро ҳамчун ходими масъули давлатӣ нишон дода, соҳиби боварии аҳли дарбори ҳукумати подшоҳӣ гардидааст. Амир Музаффархон чунин муваффақиятҳои А. Донишро дар ҳаӣати сафорат ба эътибор гирифта, баъди баргаштани ӯ ба Бухоро, ба вай унвони фахрии илмии дарборӣ «ӯроқ»-ро дода, яке аз мансабҳои муҳими дарборро пешниҳод намуд. Вале А. Дониш, бо баҳонаи он, ки гӯё аз иштирокаш дар корҳои идоракунӣ фоидае намешавад, аз мансаби пешниҳодшуда даст кашид, Ӯ зарур шуморид, ки андешаҳои худро оиди тарзи давлатдорӣ ба қалам диҳад.

Андешаҳои Аҳмади Дониш роҷеъ ба ислоҳот

Тақрибан солҳои 1870-1873 А. Дониш рисолае таълиф намуд, ки дар он андешаҳояшро оид ба адолат ва тартибу низоми идора намудани давлат ва ҷамъият баён кардааст. Муаллиф дертар ба он номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро ниҳод. Ин рисола дар асл як барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ ва асосҳои иҷтимоии аморати Бухоро ба ҳисоб меравад.
А. Дониш дар ин рисола барои идоракунии мамлакат тартиботи вазорат ва маҷлиси машваратӣ (парламент)-ро зарур мешуморад. Ба ақидаи ӯ ҳуқуқи амир, чун ҳокими мутлақ бояд дар асоси қонун (Конститутсия) маҳдуд карда шавад. Ба ғайр аз ин дар рисола оиди сохт ва ҳуқуқи вазоратҳо, тартибот ва мавқеи қувваҳои ҳарбӣ, ҳуқуқ ва мартабаи амир, муносибати давлатдорон бо халқро батафсил баён кардааст.
Инак чанд нуқта аз ин рисолаи А. Дониш. Дар фасли аввал, ки «Дар фазилати салтанат ва муомилоти салотин ва аҳаққ ва аҳли он» ном дорад, муаллиф таъкид мекунад: «Бидон, ки вилоят доштан кори бузург аст ва халифагии ҳаққ таоло кардан аст ва дар ҳама авомиру навоҳӣ иқтидо ба сулуки илоҳӣ намудаи ва асл дар вилоятдорӣ ва ҳукумат илму амал аст. Ва султонро ин миқдор илм лобудд аст, ки бидонад, ки вайро дар ин олам барои чӣ овардаанд ва қароргоҳи вай чист? Дунё манзилгоҳи вай аст, на қароргоҳи вай. Ва вай бар сурати мусофирест, ки раҳими модар бидояти манзили вай аст ва лаҳад ниҳояти манзили вай».44
Бо андешаи А. Дониш подшоҳ ҳамон вақт адолатхоҳ шуда метавонад, ки ӯ ба худ даҳ шартро маҳфуз дошта бошад. Шарти аввал, бо андешаи нависанда, «дар ҳар воқеа, ки раоёро пеши ҳоким афтод, подшоҳ худро дар он воқеа аз раоё тасаввур кунад ва дигареро бар худ ҳоким донад. Ва дар он ҳам ҳар ҳукм, ки аз дигаре ба худ раво намедорад, мисли он (яъне онро — Н.Ҳ.) аз худ ба дигаре раво надорад ва агар раво дорад, хиёнат карда бошад».
Ё худ дар шарти ҳафтум мегӯяд: подшоҳи одил «он ки аз хатари ҳукумат ва вилоят ғофил набошад. Ва яқин донад, ки мансаби аморату ҳукумат олатест, (ки) бад-он саодату некномии дунё ва охират касб метавон кард. Ва ҳам шақовату гирифторӣ ва бадномии абадӣ ҳосил тавон намуд».
Дар шарти нӯҳум гуфтааст: «…некбахттарин раиятдорон касест, ки раият бад-ӯ некбахт аст, ва бадбахтарин касе он аст, ки раият бад-ӯ бадбахт аст»45.
Дар фасли дуюми рисола, ки «Дар муомилаи мулук бо умаро ва сипоҳ ва танқиси уммолу мутасаррифон ва услуби аскардорӣ», ном дорад А. Дониш зарурияти панҷ шарти дигарро низ пешниҳод кардааст:
«Аввал, подшоҳи одили қоҳири зӯр, ки агар подшоҳ золиму заифҳол бувад, ҳамсоягон дар мулки вай тамаъ кунанд ва он шаҳрро поймол гардонанд.
Дуввум, уммолу мутасаррифони мутадайин, ки агар уммолу ҳокимон ҷобир бошанд, агарчи подшоҳ золим набувад (яъне одил бошад. — Н. Ҳ.), ин шаҳр хароб шавад ва раоё нуфур кунанд ва деҳаҳо вайрон шавад. Ва ҳол он ки зулми уммол дар ҳақиқат, зулми султон аст ва худ бад-он ризо дода.
Сеюм, табиби ҳозиқ, ки агар дар шаҳре табиби донишманд набувад, мардуми бисёр ба аворизи дохилӣ ва хориҷӣ мариз шаванд ва ба ҳалокат расанд (ва даво наёбанд) ҷамъияти том (яъне тамом — Н.Ҳ.) даст надиҳад ва мардум аз (хориҷ) камтар омадшуд кунанд, аз бими беморию марг.
Чаҳорум, мардумони ҷаводу карим, ки ҷиҳати ғурабо манзилу маош мураттаб медоранд, то мусофиронро осойишу ҷамъият бошад, ки агар мардуми шаҳр лоим бошанд, кас аз хориҷ дар ин шаҳр дарнаравад, барои сахтии маош. Ва ин шаҳр гумном бошад (яъне гумном шавад. — Н.Ҳ.), балки хароб гардад.
Панҷум, обҳои ҷорӣ, чун дарёву наҳрҳо ва чашмасорҳо зироатро, ки агар шаҳре чунин набошад ва оби дарёву чашма надорад, он қариб хароб гардад, ки дар он шаҳр киштукор ва фалоҳату зироат сурат набандад. Ва сукунати одамӣ ва мавошӣ дар он мутааззир бошад»46.
А. Дониш дар назди амир Музаффархон шарт мегузорад, ки танҳо дар сурати қабул гардидани ин шартҳои ишорашудаи ислоҳот вай метавонад, дар кори идораи давлати амирӣ иштирок намояд. Амир аз чунин пешниҳодоти бебоконаи А. Дониш дар пояи давлатдории худ хавфе бурда, на танҳо онҳоро қабул накард, балки худи ӯро аз дарбор дур намуда, аввал ба Ғузор, баъд дар Наҳрпай қозӣ таъин намуд. Ин воқеа баъди сафари сеюми А. Дониш ба Петербург, ки охири соли 1874 ва аввали соли 1875 воқеъ гардида буд, ба амал омад. Мақсади фиристодани ҳайъати нави сафорат, ин расонидани изҳори шукронаи амири Бухоро — Музаффархон ба подшоҳи рус Александри II, ба муносибати ба ихтиёри ҳукумати амирӣ додани заминҳои соҳили рости дарёи Аму, ки баъди аз тарафи қӯшунҳои подшоҳӣ шикаст додани хони Хева, мувофиқи шартномаи Русияю Хева (соли 1873) ба ихтиёри Русия гузашта буд, ба ҳисоб меравад. Дар ин сафар амалдорони Русия ба А. Дониш як дурбини ситорашиносӣ медиҳанд ва ӯ пас аз бозгашт ҷиддан ба илми ситорашиносӣ машғул мешавад. Баъди ҳамин сафар вай аз корҳои давлатӣ ва хизмати дарборӣ тамоман дур карда шуд.

«Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш

Нависанда, тақрибан аз солҳои 1875 ба навиштани шоҳасари худ «Наводир-ул-вақоеъ» шурӯъ намуд ва онро дар муддати 15 сол ба итмом расонид. Ӯ соли 1885, танҳо баъди марги амир Музаффархон ва ба тахт нишастани амири ҷавон — Абдулаҳадхон, ба Бухоро баргашт ва бо марҳамати амири нав муддате китобдори мадрасаи Ҷаъфархоҷаи Бухоро таъин гардид. Ин ҳама ба нависанда имконият дод, ки шоҳасари худро ба итмом расонида, онро дар баӣни ҳаводорону ҳамфикрони худ паҳн намояд.
А. Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ», чун шоҳиди замон иллатҳои иҷтимоӣ, нобаробарӣ ва беадолатиҳои ҷамъияти феодалии Бухоро, қафомондагии ҳаёти маданӣ, тарзи шахшудамондаи таълим дар мактабу мадрасаҳо, симои маифури табақаҳои ҳукмрони амирӣ, ки нисбат ба мардум хело бераҳмӣ зоҳир менамуданд, ҷаҳолат ва ғафлатзадагии арбобони динию маъмурии давр ва ғайраҳоро хеле сахт танқид намудааст. Ба ин асар, аз тарафи худи муаллиф рисолаи дар боло ишорашуда — «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ҳамчун яке аз қисмҳо дохил карда шуд. Ҳоло ҳам ин «Рисола».. яке аз қисмҳои муҳими «Наводир-ул-вақоеъ»-ро ташкил медиҳад.
Уламои расмии Бухоро, амир ва аҳли дарбор пайдоиши «Наводир-ул-вақоеъ»-ро зараровар ҳисобида, муаллифи он — А. Донишро ба бединӣ, ҳатто ба надонистани асосҳои ислом ва фалсафаи он айбдор намуданд. Чунин муносибати беасоси онҳо боиси ба вуҷуд омадани асари дигари А. Дониш — «Меъёр-ут- тадаӣюн» гардид. Ин асарро нависанда тақрибан соли 1894 ҳамчун ҷавоб ба душманони ғоявии худ навиштааст. Дар ин асар ӯ аҳком ва нуқтаҳои муҳими дини исломро аз нуқтаи назари масъалаҳои ҳаёти воқеӣ таҳлил намуда, бо он дар қатори донандаи забардасти илмҳои гуногун буданаш, инчунин дониши комилу васеи худро оиди асосҳои фалсафаи дин бори дигар исбот менамояд.
Бояд иқрор шуд, ки пайдоиши «Наводир-ул-вақоеъ»-ро зиёиёни пешқадами Бухоро бо камоли мамнуният қабул намуданд. Он бо зудӣ китоби рӯйимизии онҳо гардида буд. Аз ҳамин сабаб ҳам таъсири ин шоҳасар дар баӣни зиёиён беҳамтост. Инчунин худи нависанда ҳам аз доираи зиёиёни Бухоро дар канор набуд. Ӯ ҳама вақт якчанд нафар уламо ва талабаҳои боисгеъдодро дар атрофи худ ҷамъ намуда, оиди фасодҳои замона ва роҳҳои аз он баромадан, сӯҳбатҳо меорост. Ниҳоят А. Дониш бо ин ҳама амалиётҳои худ, яъне ба воситаи сӯҳбатҳо паҳн намудани ақидаҳояш ва инчунин таълифи асарҳои гаронбаҳояш, барои дар шароити Бухоро ба вуҷуд омадан ва ташаккул ёфтани як равия ё худ ҷараёни нав — равияи маорифпарварӣ заминаи асосӣ гузоштааст.

Аҳмади Дониш — асосгузори ҳаракати маорифпарварӣ

Маорифпарварӣ, ин ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ ва адабию фарҳангист, ки зиёиёнро аз ғафлати шахшудамондагии замони кӯҳнаи феодалӣ бедор намуда, онҳоро ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард. Тарафдорони ин ҷараён (ё худ равия) маҳз бо роҳи тарғиби ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти муайяни ҷамъиятиро барҳам задан, анъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан мехостанд. Андешаҳои Аҳмади Дониш ҳам пурра ба ҳамин мақсад равон гардида буд. Аз ҳамин сабаб ӯро ҳамчун яке аз саромадони ҷараёни маорифпарварии на танҳо Бухоро, балки Осиёи Миёна ҳисоб мекунанд.
Дар ғояҳои маорифпарварии А. Дониш ҳақиқатан ҳам тамоми ҷиҳатҳои мусбати афкори фалсафӣ ва иҷтимоию сиёсии на танҳо халқи тоҷик, балки инчунин дигар халқҳои Осиёи Миёна, мамлакатҳои ҳамҳудуди Шарқ ва ғайра таҷассум ёфтаанд. Барои ташаккули ин ғояҳо таасуроташ аз сафарҳои Петербург махсусан нақши муҳиме бозидааст. Зеро, ӯ дар натиҷаи ин сафарҳо бо чашми худ дид, ки ватанаш Бухоро нисбат ба Русия то ба кадом дараҷа аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ хеле қафо мондааст47.
Омӯзиши афкори маорифпарварии А. Дониш гувоҳӣ медиҳад, ки дар он се нуқтаи асосиро махсусан мушоҳида намоем: Аввалан, нависанда ҷиҳати асосии сохти давлатӣ ва ҷамъиятии замонашро сахт танқид кардааст, намояндагони табақаи ҳукмрон ва ҳомиёни ин тартиботи қафомондаи феодалиро мазаммат ва маҳкум намудааст. Дуюм, А. Дониш омӯзиши илмҳои дақиқ ва дунявӣ, аз худ намудани таҷрибаи тараққиёти мамлакатҳои Аврупоро тарғиб ва усули кӯҳнаи таҳсили мадрасаро сахт танқид кардааст. Сеюм, ӯ дар асарҳои худ манфиати оммаи меҳнаткашро самимона ва далерона ҳимоя кардааст. Аз ҳамин сабаб ҳам вай нисбат ба истисморкунандагони халқ, махсусан амалдорони амирӣ бепарда сухан мегӯяд 48 . Минбаъд ҳамин сифатҳо аз тарафи тамоми пайравони А. Дониш қабул гардиданд ва инкишоф дода шуданд.
А. Дониш аз барҷастатарин ва фозилтарин шахсони Бухоро ба ҳисоб мерафт. Ӯ пешрафти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии ватани худро мехост. Орзу мекард, ки мулкаш обод ва мардуми он хушбахт бошад. Аммо вайро норасоиҳои замона хело азоб медоданд. Нависанда дар ҷустуҷӯйи роҳҳои амалӣ гардидани мақсад ва орзуҳои худ ба шиори подшоҳи маърифатнок рӯ овардааст. Бо ақидаи вай, агар амир ба фоидаи маорифи халқ «боваркунанда шавад», гӯё худи ҳамин барои ба тарзи нав сохтани ҳаёти воқеии Бухоро кофист. Вале дар айни замон, чӣ тавре аллакай қайд намудем, А. Дониш барои таъсис намудани идораҳои машваратӣ, яъне ба монанди парламент ва ба ин восита маҳдуд гардонидани яккаҳукмронии амирӣ баромад мекард. Яъне, нависанда орзуи онро мекард, ки чи амир ва чи аҳли амалдору машваратчиёни ӯ аз ҷумлаи фозилони давр бошанд. Зеро, дар ҳамон лаҳза аз худи амир сар карда аксарияти амалдорону машваратчиёнаш аз ҷумлаи ҷоҳилон, муқобилони ҳар гуна ислоҳоту тағйирот дар аморат буданд. Онҳо тарафдори он буданд, ки мардуми Бухороро дар зулмоти асримиёнагӣ, бе ягон тағйирот нигоҳ доранд. Дар чунин вазъият ақидаҳои маорифпарваронаи А. Дониш барои бедории афкори ҷамъиятию сиёсии зиёиёни Бухоро як таккони ҷиддие буд. Аз ҳамин сабаб ҳам С. Айнӣ, А. Донишро барҳақ ситораи дурахшон дар осмони тираи Бухоро ҳисобидааст49.
Ниҳоят «бузургтарин хизмати Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавонист дар атрофи худ як гурӯҳ пайравон — маорифпарварони асри XIX тоҷикро муттаҳид кунад»50. Як зумра шоирони номии ин давр, ба монанди: Абдулқодирхоҷаи Савдо, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Исо Махдуми Бухороӣ, Шамсиддин Махдуми Шоҳин, Мирзоҳаӣити Саҳбо, Муҳаммадсиддиқ Ҳаӣрат ва дигарон пайравони А. Дониш буданд. Эҷодиёти нависанда танҳо бо ҳамин доира маҳдуд нашуд. Минбаъд, яъне дар аввали аср XX ҳам он сабабгори бедории гурӯҳи нисбатан боз ҳам зиёди зиёиёну талабагон ва ниҳоят яке аз манбаъҳои ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия гардид.

§ 3. Ҳаракати ҷадидия

Бавуҷудойии ҳаракати ҷадидия

Ҳаракати ҷадидия дар аввал ҳамчун ҷараёни фарҳангию маърифатӣ, сипас ҳамчун ҷараёни иҷтимоию сиёсии ислоҳотхоҳона, охирҳои асри XIX ва аввали асри XX дар баӣни зиёиёни бедоргаштаи маҳаллии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Тарафдорони ин ҳаракат ақибмондагии иқтисодию сиёсии мулки худро ба хубӣ дарк намуда, қафомондагии маънавии мардуми онро эҳсос карда, чун пешгузаштагонашон — маорифпарварон дар андешаи он буданд, ки:
1) бо роҳи паҳн намудани маърифат (дар асоси ислоҳи усули кӯҳнаи таълим дар мактабу мадрасаҳо, | ташкили мактабҳои усули нав, паҳн намудани адабиёти навину нашри рӯзномаю маҷаллаҳо) аҳволи мардумро беҳтар намоянд; 2) ба ислоҳи тарзи идоракунии мулки худ ноил гардида, барои дар қатори халқҳо ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ инкишоф ёфтани он шароит муҳайё кунанд;
3) ба барҳам додани ҳар гуна разолатҳои давр — бетартибию ғоратгариҳо ҳангоми ситонидани андозҳо, худсарии амалдорон ва ғайраҳо мушарраф шаванд; 4) бо роҳи ислоҳот динӣ исломро ба талаботи замони нав — инкишофи муносибатҳои капиталистӣ мутобиқ гардонанд.
Пеш аз ҳама бояд таъкид намуд, ки махсусан ҷадидони Бухоро, дар аввал худро «ҷадид» наномидаанд. Ин номро ба онҳо гӯё чун калимаи таҳқиркунанда, муқобилони ислоҳот гузоштаанд. Барои гузоштани чунин ном аз тарафи ҷадидон ташкил намудани мактабҳои усули нав (ё худ усули ҷадидӣ ҳам мегӯянд) сабаб шуда буд. Дар ин бора С. Айнӣ, ки худ аз ҷумлаи аввалин фаъолони ин ҳаракат буд, чунин ишора мекунад: «Азбаски барои ба ҳамдигар наздик шудани ин соҳибфикрон (яъне тарафдорони мактаби усули нав — Н.Ҳ.) дар марҳилаи аввал мактаби усули ҷадидия сабаб шуда буд, уламо ва арбоби ҳукумат ин фирқаро «ҷадид» ё «ҷадидӣ» номидаанд. Азбаски маслаки ин фирқа тараққӣ ва пешрафт ва роҳбаронашон ҷавонон ва ҷавонфикрон буданд, онҳо худро «ҷавонбухориён» (мисли ҷавонтуркон) меномиданд»51.
Калимаи «ҷадид» арабӣ буда ба форсии тоҷикӣ маънои «нав», «тоза»-ро дорад ва дар он ягон ифодаи таҳқиркунанда ё худ таҳқиркунӣ дида намешавад. Вале он солҳо, махсусан дар шароити аморати Бухоро, ҳомиёни тартиботи кӯҳна ҳар каси ба худ аз рӯйи ақида муқобилро «ҷадид» гӯён таҳқир менамуданд. Оҳиста-оҳиста ин калима нисбати ҳамаи онҳое, ки тарафдори ислоҳот буданд, мактабҳои усули нав мекушоданд, дар чунин мактабҳо таҳсил менамуданд ва ё бо он алоқа доштанд, умуман нисбати ҳамаи онҳое, ки чӣ ба тартиботи асримиёнагӣ ва чӣ усули кӯҳнаи таълимӣ розӣ набуданд, истифода мекардид. Ниҳоят, онҳо бо ҳамин номи «ҷадид» дар таърих дохил шуданд ва худи ҷадидон низ онро нисбати худ ва ҳамфикронашон на ба маънои таҳқир, балки озодона истифода мебурданд.
Дар асл ҷадидон дар марҳилаи аввал худро «ҷавонон», «ҷавонфикрон», «маорифпарварон», «тараққипарварон», «ислоҳотпарварон», «ислоҳотхоҳон», «навпарастон» ва ғайра меномиданд. Ба ғайр аз ин ҷадидони Бухоро, чуноне дар боло ишора кардем, ба ҷавонтуркони Туркия пайравӣ намуда, худро «ҷавонбухориён», ҷадидони Хева бошанд, худро «ҷавонхевагиҳо» меномиданд. Дар навбати худ ҷадидон низ муқобилони худро «кӯҳнапарастон», «қадимиён», «қадимпарастон», «тарафдорони усули кӯҳна» ва ғайра меномиданд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҷанҷоли тарафдорон ва муқобилони мактаби усули нав дар таърих ба номи «низои баӣни ҷадидону қадимпарастон» маълум аст ва он ҷанҷол сол аз сол шиддат ёфта, махсусан дар шароити Бухорои амирӣ бештар шакли фоҷиавиро мегирифт.
Марказҳои намоёни ҳаракатҳои ҷадидӣ дар аморати Бухоро — шаҳри Бухорои Кӯҳна (яъне пойтахти аморат); дар кишвари Туркистон — шаҳрҳои Самарқанд, Қӯқанд, Тошканд ва хонигарии Хева — шаҳри Урганҷ ба ҳисоб мерафтанд. Зеро, ин шаҳрҳо дар баробари марказҳои маъмурӣ ҳисоб шудан, боз ҳамчун маркази илму маърифат ҳам буданд.
Дар шаҳру деҳаҳои сераҳолии Осиёи Миёна масҷидҳои зиёд ва дар назди онҳо мактабҳои бисёре ҳам вуҷуд доштанд. Бинобар ҳамин ҳам дар сарзамини Осиёи Миёна миқдори хело зиёди мактабҳои усули кӯҳна амал мекарданд. Чунончи, охири асри XIX (соли 1899) танҳо дар кишвари Туркистон 4632 адад чунин мактабҳо вуҷуд дошт, ки дар онҳо 44773 нафар талаба таҳсил менамуд. Аз ин рӯ дар шаҳрҳои номбурда миқдори нисбатан хеле зиёди мактабу мадрасаҳо, муллою мударрисҳо ва талабагон фаъолият ва таҳсил менамуданд. Онҳо аз вазъи давр нисбатан хубтар огоҳ буданд. Инчунин дар байнашон ҳар гуна ақидаҳо ва хабарҳо бо зудӣ паҳн мешуд.
Агар ба ҷойгиршавии мактабу мадрасаҳо ва миқдори талабагони онҳо боз ҳам саҳеҳтар назар афканем, пас маълум мешавад, ки аввали асри XX танҳо дар шаҳри Бухорои Кӯҳна 360 мактаби усули кӯҳнаи назди масҷидҳо ва 140 адад (мувофиқи маълумоти дигар қариб 200 адад) мадрасаҳо амал мекарданд. Шумораи талабагон дар ин шаҳри аҳолиаш ҳамон вақт 70-75 ҳазорнафара тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медод, ки аз ин 10 ҳазор нафарро танҳо талабагони мадрасаҳо ташкил медоданд. Боқимонда — 10 ҳазор нафар талабагони мактабҳои усули кӯҳна буданд. Дар шаҳри Самарқанди бостонӣ бошад, ки дорои тақрибан 30-35 ҳазор нафар аҳолӣ буд, 70 адад мактабҳои усули кӯҳна ва 24 адад мадрасаҳо вуҷуд доштанд. Шаҳри Қӯқанд низ дорои 36 мадраса буд, ки дар онҳо 2262 нафар талаба таҳсил мекарданд. Шаҳри Хуҷанд дорои 30 мактаби усули кӯҳна (бо 490 нафар талаба), 8 мактаби духтарона (бо 97 нафар толиба) ва 47 мадраса (зиёда аз 50 мударрис ва қариб як ҳазор нафар талаба) буд. Умуман дар вилояти Фарғона 368 мадраса (бо зиёда аз 11 ҳазор нафар талаба), қариб 2 ҳазор адад мактабҳои ибтидоӣ (яъне кӯҳна), 300 адад мактабҳои духтарона, зиёда аз 6 ҳазор масҷидҳои обод ва ғайра фаъолият доштанд.
Рақамҳои дар боло номбаршуда гувоҳи онанд, ки шаҳрҳои қайдгардида аз ҷиҳати микдори мактабу мадрасаҳо ва масҷидҳо нисбат ба дигар нуқтаҳои аҳолинишини Осиёи Миёна дар қатори аввал меистоданд. Бинобар ҳамин ҳам ин шаҳрҳо ба марказҳои асосии ҳаракати ҷадидия табдил ёфтанд.

Манбаъҳои ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия

Гуфтан лозим аст, ки ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна дар ҷойи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст. Балки он ба худ заминаҳо, ё худ манбаъҳои маънавии зеринро доро буд:
Манбаи аввал, ин ақидаҳои маорифпарварии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Аҳмади Дониш, фарзандони халқи ӯзбек Зокирҷон Фурқат, Муҳаммад Аминхоҷа Муқимӣ, Завқӣ ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Аз баӣни онҳо махсусан А. Дониш зиёда шӯҳрат пайдо карда буд. Ақидаҳои маорифпарварии ин марди фозил аллакай дар охири асри XIX на танҳо дар Бухоро, балки берун аз он, аз ҷумла дар Самарқанд низ ҳаводорони зиёди худро пайдо карда буд. Ба ғайр аз ин дар мадрасаҳои Бухоро аз ҳар гӯшаю канорӣ Осиёи Миёна, аз ҷумла аз Фарғона, Тошканд, Хева ва ғайра низ талабаҳо таҳсил менамуданд, ки қисме аз онҳо, бегуфтугӯ аз эҷодиёти А. Дониш воқиф гардидаанд.
Чуноне дар боло қайд намудем, эҷодиёти А. Дониш махсусан дар Бухоро таваҷҷӯҳи як зумра зиёиён — аз ҷумлаи муллою мударрисҳо ва талабагонро ба ҳаёти сиёсӣ бедор карда буд. С. Айнӣ ва дӯсти наздикаш (дар ҳамон солҳо) Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (Бурҳонов) ҳам аз ҷумлаи он бухориёне буданд, ки маҳз дар натиҷаи таъсири мутолиаи асари барҷастаи А. Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» фикру ақидаашон нисбат ба ҳақиқати воқеии Бухорои ҳамонвақта дигаргун шудаанд. Устод С. Айнӣ ин воқеиятро ба хотир оварда менависад: «… мо сартосари ин китобро хонда баромадем. Муаллиф (яъне А. Дониш — Н.Ҳ.) усули идораи амир, муомилаи маъмурони ӯ ба мардум, қозиҳо, раисҳо ва дигаронро танқид мекард. Мадрасаҳо, мударрисҳо ва усули дарсгӯйии онҳоро, ҳам чизҳоеро, ки дар он вақтҳо дар он мадрасаҳо мехонданд, танқид мекард. Касбҳо, пешаҳо, заношӯйӣ, муомилаи оилагӣ, тартиби зангирӣ, занталоқкунӣ ва дигарҳоро ягон-ягон танқид мекард. Умуман «дар он китоб дар зимни ҳикоя ва мусоҳибаҳо чизҳое тасвир меёфт, ки мо онҳоро дар зиндагонии ҳаррӯза медидем ва намеписандидем. Муаллиф ана ҳамон чизҳоро тасвир карда танқид мекард». Дар натиҷа «ин китоб, — давом медиҳад С. Айнӣ,- ба мо чунин таъсир кард, ки назари мо ба амир, вазир, ба муллоҳо ва ба зиндагонии онрӯза қариб тамоман дигар шуд.'» С. Айнӣ ва М.А. Мунзим минбаъд дар давраи бавуҷудойӣ ва инкишофи ҳаракати ҷадидияи Бухоро на танҳо яке аз иштирокчиёни он балки аз ҷумлаи сарварони асосиаш буданд.
Манбаи дигари маънавии ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна ин таъсири ҳаракати ҷадидияи тоторҳо, ки ҳанӯз пештар, солҳои 80-ӯми асри XIX ташаккул ёфтааст, ба ҳисоб меравад. Марказҳои асосии ҳаракати ҷадидияи тоторҳо Боғчасаройи Қрим ва шаҳри Қазон буданд. Аз сабаби он ки дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна тоторҳо низ зиндагӣ мекарданд ва онҳо бо тоторҳои Қрим ва Поволже алоқаи наздик доштанд, бинобар ин ақидаҳои ҷадидияи тоторҳо дар баӣни тоторҳои осиёимиёнагӣ бо зудӣ паҳн гардид. Дар натиҷа аз ин ақида зиёиёни маҳаллӣ — тоҷикон ва ӯзбекон низ дар канор намонданд.
Манбаи сеюми ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёнаро таъсироти инкишофи муносибатҳои нав — молию пулӣ ташкил медиҳад. Зеро, маълум аст, ки аллакай охирҳои асри XIX ба доираи муносибатҳои капиталистӣ шаҳр ва ноҳияҳои нав ба нав кашида мешуданд ва ҳамин тариқ мавқеи муносибатҳои феодалӣ танг мегардид. Мардум дар муддати кӯтоҳ шоҳиди воқеаҳои наҷиб: ба вуҷуд омадани заводҳои гуногун, сохтани роҳҳои оҳан, пайдо шудани бонкҳо ва ғайра гардиданд. Ҳамаи ин дигаргуниҳо барои бедорӣ ва тағйир ёфтани афкори зиёиён бетаъсир намемонд.
Манбаи чоруми ташаккулёбии ҳаракати ҷадидия таъсироти матбуоти даврӣ гардид. Дар охири асри XIX ва махсусан ибтидои асри XX ба Осиёи Миёна бештар маҷалла ва рӯзномаҳое, ки дар давлатҳои ҳамсоя ба забонҳои форсӣ, тоторӣ, русӣ ва туркӣ нашр мегардиданд, паҳн шуданд. Он рӯзномаҳо зиёиёнро на танҳо аз воқеаҳои муҳими ҷаҳонӣ, ба мисли ҷанги русу япон, воқеаҳои Болқон, инқилоби якуми рус ва дигар ҳаракатҳои инқилобӣ, балки, дар як вақт бо ихтирооту тараққиёти илму техникаи ҷаҳонӣ, инкишофи тиҷорату саноат дар мамлакатҳои дунё ва ҳамсоя ва ғайраҳо хабардор менамуданд.
Аз ҷумлаи ҳамон рӯзномаҳо «Тарҷумон» буд, ки солҳои 1883- 1914 дар Боғчасарой, бо ташаббуси яке аз саромадҳои асосии ҳаракати ҷадидияи тотор Исмоили Ғаспарӣ (1851-1914), ба забони тоторӣ чоп мешуд. Ин рӯзнома, бо ташаббуси тоторони осиёимиёнагӣ дар баӣни зиёиёни ғайритотор низ паҳн мегардид. Дар Бухоро бошад, инчунин маҷаллаҳои «Ҳабл-ул-матин», ки дар Ҳиндустон, «Чеҳранамо» ва «Парвариш», ки дар Миср ба забони форсӣ нашр мешуданд, низ паҳн мешуданд. Дар зери таъсири ин рӯзномаю маҷаллаҳо, ки дар саҳифаҳои онҳо, аз ҷумла оиди Бухоро мақолаҳои танқидӣ чоп мешуданд, назари зиёиёнро нисбат ба ҳақиқати ҳоли аморат тағйир медоданд.
Маҳз ҳамин манбаъҳои номбурда асоси ташаккулёбии ҳаракати ҷадидияи Осиёи Миёна гардиданд.

Фаъолияти ҷадидон дар шароити кишвари Туркистон

Бояд таъкид намуд, ки Осиёи Миёна дар шароити гуногун амал мекарданд. Аз ҷумла, дар шароити кишвари Туркистон онҳо то андозае озодона фаъолият мегузарониданд. Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба корҳои онҳо (ба ғайр аз солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ) чандон аҳамият намедоданд. Бинобар ин ҷадидони кишвари Туркистон, дар роҳи амалӣ гардонидани мақсадҳои худ, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ғайр аз муқобилияти тарафдорони усули кӯҳнаи таълим, дигар монеии ҷиддиро қариб эҳсос намекарданд.
Ҳаракати ҷадидия дар кишвари Туркистон то замони инқилоби февралии (соли 1917) Русия ба тарзи ташкилӣ ташаккул наёфта бошад ҳам, вале тарафдорони он шароити кишварро ба инобат гирифта, дар назди худ чунин мақсадҳои муайяне гузошта буданд: дар масъалаи тарбия — ҷавонони маҳаллиро бештар ба илму маърифат, ривоҷ додани корҳои тиҷорату саноат даъват менамуданд. Дар ин соҳа онҳо бегуфтугӯ тарафдори ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо ва бунёди мактабҳои усули нав буданд; оиди сабук намудани аҳволи халқи меҳнаткаш — ба тартиб даровардани андозҳо ва сабук намудани онҳо; қатъ гардонидани муҳоҷиркунии деҳқонони рус ба кишвари Туркистон; дар масъалаи идоракунии кишвар — ислоҳ намудани усули идоракунии мустамликавӣ, аз ҷумла тағйир додани баъзе бандҳои «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон», ки дар асоси онҳо амалдорони ҳукумати подшоҳӣ нисбат ба мардуми маҳаллӣ бераҳмӣ зоҳир менамуданд; дар масъалаи ҳуқуқ — баробарҳуқуқии раиягони муқимии кишвар бо раиягони рус, маҳдуд намудани дахолати амалдорони подшоҳӣ дар корҳои идоракунии маҳаллӣ, ки баъзан боиси аз тарафи онҳо поймол намудани урфу одати мардум мегардид ва ғайраҳо.
Сарварони ҳаракати ҷадидия дар кишвари Туркистон: Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ (1875-1919), Абдуқодир Шакурӣ (Абдуқодир Абдушукуров) (1875-1943), ҳар ду дар Самарқанд, Мунаввар-Қорӣ (Абдурашидов) дар Тошканд ва дигарон буданд. Аз ҷумла М. Беҳбудӣ баробари хатми мадраса ба Қазону Уфа, Мисру Туркия сафар намуда, бо ҳаёти он кишварҳо ба хубӣ шинос шуда, ниҳоят тарафдори шӯълавари ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо ва бунёди мактабҳои усули нав гардидааст. Ӯ муҳаррир ва ношири рӯзномаи «Самарқанд» (1913-1914) ва маҷаллаи «Оина» (1913-1915) буд. Аз ҷумла маҷаллаи «Оина» бо ду забон-тоҷикӣ ва ӯзбекӣ нашр мешуд. Ба қалами вай инчунин песаи «Падаркуш» тааллуқ дорад. Мунаввар-Қорӣ Абдурашидов бошад ношир ва муҳаррири рӯзномаи «Хуршед» (с. 1906) буд.
Умуман аз тарафи ҷадидони кишвари Туркистон ба ғайр аз маҷаллаю рӯзномаҳои номбурда боз рӯзномаҳои «Тараққӣ» (с.1906), «Шӯҳрат» ва «Туҷҷор» (с. 1907-1908), «Осиё» (с.1913-1915), «Садои Туркистон» (1914-1915), «Садои Фарғона» (1913) ва ғайраҳо нашр мегардиданд. Ҳамаи ин рӯзномаҳо ба забони ӯзбекӣ чоп мешуданд.
Дар шароити кишвари Туркистон ҳам аз ҷумлаи мударрису муллоҳо ва талабагон муқобилони ҳаракати ҷадидия низ кам набуданд. Ин гурӯҳи муқобилон дар мактабу мадрасаҳо усули кӯҳнаи таълимро дастгирӣ намуда, муқобили чӣ мактабҳои усули нав ва чӣ мактабҳои русии маҳаллӣ, тарафдори аз нав барқарор намудани мавқеи номаҳдуди дину шариат ва ғайраҳо буданд. Вале онҳо аз баромади ошкоро ба муқобили сиёсати ҳукумати подшоҳӣ метарсиданд.

Фаъолияти ҷадидон дар шароити аморати Бухоро

Дар шароити аморати Бухоро бошад вазъият барои фаъолияти ҷадидон тамоман дигар буд. Ҳукумати амирӣ аз рӯзҳои аввали бавуҷудойии ҳаракати ҷадидия тарафдорони онро таъқиб намуда, фаъолияти мактабҳои усули нави онҳоро манъ кард. Чунин муносибат суръати аз ҷиҳати ташкилӣ танзим ёфтани ҳаракати ҷадидияи Бухороро тезонид. Махсусан, соли аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шудани мактаби усули нави Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1877-1934) ва С. Айнӣ (1878-1954) тарафдорони ҳаракати навро ба ғазаб овард ва баръакс онҳоро бо ҳам наздиктар намуд. Тарафдорони мактаби усули нав минбаъд бо ҳам тез-тез вохӯрда, оиди тақдири Бухоро, мардуми он, корҳои мактабу мадрасаҳо сӯҳбатҳо меоростанд. Дар натиҷа солҳои 1909 дар Бухоро ҳаракати ҷадидия ҳамчун ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷамъиятию сиёсӣ аз ҷиҳати ташкилӣ ташаккул ёфт.
Чуноне дар боло ишора намудем, С. Айнӣ бо ҳамроҳии дӯсти худ М.А. Мунзим дар маркази ҳаракати ҷадидияи Бухоро, аниқтараш аз ҷумлаи сарварони он буданд. Инак, мувофиқи маълумоти С. Айнӣ, он солҳо ҷадидони бухороӣ вазъи аморатро ба инобат гирифта, баҳри инкишоф ва ободии ватани худ — Бухоро, инчунин баҳри хушбахтии мардуми он дар назди худ, чун мақсаду маром, иҷроиши вазифаҳои зеринро гузоштаанд: дар соҳаи маориф — барҳам додани бесаводӣ ба воситаи кушодани мактабҳои усули нав, ислоҳи таълим дар мадрасаҳо, паҳн намудани адабиёти нав ва матбуоти ҳаррӯза; дар соҳаи ҳимояи манфиати халқ — бо роҳи ташвиқот ба мардум фаҳмонида додани разолатҳои ҳукуматдорони амирӣ, исрофкории амир ва аҳли дарбор, инчунин дар баӣни мардум барҳам додани исрофкориҳои зиёд ҳангоми тӯй, мотам (маъракаҳои азодорӣ) ва дигар маъракаҳо; дар соҳаи мустаҳкам иамудани иттифоқ ва дӯстии мардум — бо роҳи фаҳмондадиҳӣ барҳам додани низоъҳои мазҳабӣ ва гаӣраҳо.52
Минбаъд ба ҳаракати ҷадидияи Бухоро, дар қатори зиёиён, инчунин намояндагони тоҷирони маҳаллӣ, ба монанди миллионери номӣ Муҳиддин Мансуров ва писари ӯ Абдуқодир Муҳиддинов (1892-1934), ки аз ҷумлаи маърифатпарварон буданд, дохил гардиданд. Дар натиҷа ба мақсаду мароми маърифатпарваронаи ҷадидони Бухоро боз иловаҳо дохил шуданд. Аз ҷумла: дар соҳаи тиҷорат — дар тамоми сарзамини аморат муҳайё намудани имконият барои инкишофи тиҷорат ва бартараф намудани ҳар гуна монеаҳои мавҷуда, дар Бухоро барпо намудани биржа, роҳҳо, кӯпрукҳо ва ғайраҳо; дар соҳаи моликият — на танҳо таъмин намудани дахлнопазирии моликият, балки дар асоси қонун муҳофизат намудани он аз ҳар гуна ниятҳои бадқасдонаи амиру амалдорон, ба тартиб даровардани тақсимоти об ва ғайраҳо илова шудаанд53.
Ин ҳама вазифаҳое буданд, ки дар асоси онҳо ҷадидони Бухоро бояд дар аморат фаъолият мекарданд. Дар ҳақиқат ҳам ҳалли чунин мақсаду маром дар шароити онвақтаи Бухорои амирӣ як инқилобе менамуд. Зеро, аксари онҳое ки дар сари қудрати ҳукуматдории амирӣ буданд, ё худ ба он нуфузи зиёд доштанд, ҳанӯз ҳам аз пешрафтҳои шаҳон хулосаҳои зарурӣ набароварда буданд ва мехостанд, ки Бухороро мисли пештара, бе ягон тағйирот нигоҳ доранд. Масалан, ҳанӯз аввалҳои асри XX як гурӯҳ муллоҳои иртиҷопарасти бухороӣ ҳатто дар чароғи керосинӣ нишонаи инқилобро дида, барои истифодаи он дар масҷидҳо сахт муқобил баромадаанд. Ё худ яке аз шахсони бонуфузтарини Бухоро Ғиёс махдуми аълам барои дар Бухоро кушодани намойишгоҳи кино ва сангфарш намудани кӯчаҳо сахт муқобил баромада буд. Ин муқобилиятҳо танҳо бо дахолати кормандони агентии сиёсии Русия бартараф карда шуданд.
Дар шароити хонигарии Хева бошад, ҷадидон имконияти озодона амал карданро доштанд. Зеро, режими хонӣ, ки дар ин ҷо нисбатан заиф буд, ба ҷадидон муқобилияти сахт нишон надод. Баръакс, баъзе намояндагони ҷадидон дар ҳукумати хонӣ нуфузи зиёд доштанд. Мавқеи муқобилони ҷадидон низ дар ин мулк нисбатан суст буд. Мақсаду мароми ҷадидони Хева бошад ба мақсаду мароми ҷадидони кишвари Туркистон ва махсусан Бухоро хело мувофиқат мекард. Вале корҳои амалан иҷро кардаи ҷадидони Хева нисбатан назаррас набуд.
Ҷадидон ҳақиқатан ҳам давомдиҳандагони фаъолияти маорифпарварони асри XIX буданд. Бинобар ин онҳоро низ маорифпарварон номидан хато нест. Вале ин ҳаракатро нисбат ба маорифпарварони асри XIX «як қадам ба қафо» гуфтан хатост. Баръакс, ҳаракати ҷадидия нисбат ба маорифпарварии гузашта як қадам ба пеш аст. Зеро, маорифпарварони аввал норасоиҳои замонро дар асарҳо, сӯҳбатҳо, шеъру сурудҳои худ сахт танқид карда, худ барои амалии онҳо чандон корҳои назаррасе накардаанд. Ҷадидон бошанд, дар давраи аввал аксаран фаъолияти худро бо кори амалӣ — ташкили мактабҳои усули нав, нашри рӯзномаҳо, ислоҳи усули таълим дар мадрасаҳо ва ғайра сар карданд.
Ба ҷадидон тамғаи исломпарастӣ (панисломизм)-ро часпонда сиёҳ намудан низ хатост. Зеро, чуноне таъкид намудем фаъолони ин ҳаракат аксаран аҳли савод, муллою муллозодаҳо, мударрисҳо ва талабагони мадрасаҳо, яъне қариб ҳама аз аҳли ислом буданд. Бинобар ин онҳо ҳеҷ гоҳ аз доираи ислом берун шуда наметавонистанд ва ин тавр шуданаш мумкин ҳам набуд. Аз аҳли ғайримусулмон — яҳудиёни маҳаллӣ аксаран хаӣрхоҳон буданду халос. Бинобар ин ҷадидон, аз доираи шариати дини ислом набаромада, бо роҳи ислоҳот мулки худ ва мардуми онро аз ҳолати бенавоию қашшоқӣ бароварда, ба қатори халқҳо ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон расонидан мехостанд.

Зиёд гардидани нуфузи равияи туркпарастӣ дар баӣни ҷадидон

Маълум ас тки дар охири асри XIX ва авали асри XX дар базаи идеологияи миллатчиёни турк — туркизм, ақида ва ё худ равияи дигар — туркпарастӣ (пантуркизм), бо марказ дар Туркия, ба вуҷуд омада, инкишоф ёфт. Мувофиқи таълимоти туркпарастон як қатор миллатҳои ҷаҳон, ба монанди — юнониҳо, форсҳо, арабҳо аллакай хароб шудаанд ва онҳо гӯё оянда надоранд; қисми дигари миллатҳo, аз ҷумла халқҳои Аврупо гӯё ба интиҳо мерасанд; танҳо қисми сеюми миллатҳo, ки ба онҳо танҳо туркҳоро нисбат медоданд, гӯё инкишоф меёбанд ва ояндаи дунё насиби онҳост. Аз ин рӯ онҳо «ягонагии миллӣ ва давлатии» ҳамаи халқҳои туркзабонро тарғиб мекарданд. Роҳи асосии амалӣ гардидани мақсадашонро дар ягонагии забони туркӣ дида, барои ба туркӣ гардонидани забонҳои ғайритуркӣ шурӯъ намуданд. Дар ҳудуди давлати Туркия, он забонҳоро, ки туркӣ намуданашон ғайриимкон буд, барои ҷисман нест кардани он халқҳо шурӯъ намуданд. Бинобар ҳамин ҳам, солҳои 1915-1916 дар ҳудуди ин давлат ташкил намудани қатли умумии халқи арман бесабаб набуд.
Туркпарастӣ дар ҳудуди империяи Русия баӣни миллатчиёни тотори Қриму Поволже махсусан ҳамовозии зиёд пайдо кард. Зеро, онҳо дар ин равия воситаи ягонаи ҷудоӣ аз давлати Русияро медиданд. Бояд таъкид кард, ки қисми тарҷумонҳо ва ҳатто амалдорони хурди давлати Русия, ки бо корҳои Осиёи Миёна машғул буданд, низ аз ҷумлаи тоторҳо буда, баъзеи онҳо дар қатори ҷадидони тотор, ҳамин равияро дастгирӣ мекарданд.
Дар натиҷа ҷавонони осиёимиёнагие, ки ба Туркия ва ё ба Қриму Поволже сафар кардаанд, ё худ аз тарафи ҷадидон барои таҳсил фиристода шудаанд, бо зудӣ ба таъсири ҳамин равия меафтоданд. Минбаъд онҳо чун шахсони барои забони худ бегона, тарғибгарони равияи туркпарастӣ ба воя мерасиданд ва амал мекарданд.
Дар шароити Осиёи Миёна туркпарастон мавҷудияти на танҳо тоҷиконро балки ӯзбекон, туркманҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигар халқҳои туркзабонро низ тамоман ба эътибор намегирифтанд. Тоҷиконро «туркҳои бо таъсири адабиёти классикии форс забони худро гумкарда» ҳисоб мекарданд. Бинобар ин, онҳо мегуфтанд: «тоҷикҳо бояд ба асли худ — туркҳо табдил дода шаванд».
Оиди муайян намудани туркпарастии ҷадидони Осиёи Миёна ҳушёрии ҷиддӣ лозим аст. Пеш аз ҳама бояд ба инобат гирифт, ки ҳаракати ҷадидӣ ва туркпарастӣ ҳеҷ гоҳ ҳаракати ягона набуд ва на ҳамаи ҷадидон дар тамоми даври фаъолияташон туркпараст буданд. Махсусан дар давраи аввали фаъолияти ҷадидони Бухоро таъсири равияи туркпарастӣ нисбатан хело кам буд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҷадидони Бухоро аввалин мактаби усули нав ва аввалин рӯзномаро ба забони форсии тоҷикӣ ташкил намудаанд. Вале пӯшида нест, ки нуфузи туркпарастӣ дар фаъолияти онҳо сол аз сол меафзуд. Зеро, худи ҷадидони Осиёи Миёна дар симои давлати Туркия намунаи ибратбахши давлати тараққикардаи исломиро дида, нисбат ба он таваҷҷӯҳи зиёде пайдо карда буданд.
Дар натиҷа қисми зиёди зиёиёни бедоргаштаи тоҷик, ки дар равия ё худ ҳаракати ҷадидия дохил буданд, низ бо равияи туркпарастӣ заҳролуд шуда, минбаъд худро турк ҳисоб намуда, нисбат ба миллат ва забони худ хиёнатҳои зиёде кардаанд, ки оиди ин масъалаҳо дар фаслҳои зарурӣ хоҳем истод.

§ 4. Мактабҳои усули нав ва рӯзномаи «Бухорои Шариф» Фарқияти мактабҳои усули кӯҳна ва нав

Чуноне таъкид намудем, ҳанӯз дар охири асри XIX ва махсусан аввали асри XX муносибати як гурӯҳ зиёиёни пешқадам нисбат ба таълими усули кӯҳна, яъне усули ҳамонвақтаи таълим дар мактабу мадрасаҳо тағйир ёфта буд. Ин гурӯҳи зиёиён ҳатто яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро маҳз дар мавҷудияти чунин усул дида, дар андешаи ислоҳи он буданд. Зеро, фанҳое, ки дар мактабҳои усули кӯҳна асрҳо боз таълим дода мешуд, танҳо бо як мақсад — ҳар чӣ васеътар омӯзондани асосҳои дини ислом нигаронида мешуду халос. Аз ин рӯ дар чунин мактабҳо талабагон, қариб ним сол танҳо ҳарфҳои арабиро меомӯхтанд. Баъд ба омӯзиши «Ҳафтяк» (порчаҳо аз «Қуръон»), аз он пас ба хондани «Чоркитоб» шурӯъ менамуданд. Ин ҳама қариб се солро дар бар мегирифт. Пас талабагон ба машқи навиштан оғоз мекарданд. Яъне, дар мактабҳои усули кӯҳна аксаран ба ғайр аз фанҳои динӣ, дигар фанҳо қариб омӯзанда намешуд. Баъзан, бо ташаббуси худи муаллимони мактаб — домуллоҳо, дар баъзеи мактабҳои кӯҳна фанҳои ғайридинӣ низ ба монанди: риёзиёт, таърих, ҷуғрофия ва ғайра таълим дода мешуд. Вале микдори ин гуна мактабҳо хело камшумор буданд. Бинобар ҳамин ҳам аксари талабагон баъди хатми мактабҳои усули кӯҳна аз навиштан бехабар мемонданд. Чунин ҳолат яке аз хусусиятҳои хоси замони гузашта ва мутобиқи ҳамон давр буд.
Замони нав — замони инкишофи муносибатҳои молию пулӣ ба донандагони илмҳои дунявӣ зиёда муштоқ буд. Чунин талабот зарурияти бунёди мактабҳои усули навро ба миён овард. Зеро, дар мактабҳои усули нав талабагон дар баробари хондани «Қуръон» ва аз худ намудани заруриёти динӣ, риёзиёт, ҷуғрофия, таърих ва дигар хел фанҳои дунёвиро низ ба тариқи васеъ ва ҳатмӣ меомӯхтанд. Ба ғайр аз ин дар мактабҳои усули нав барои ба талабагон дар як вақт пайдо намудани малакаи хондану навиштан диққати махсус медоданд. Омӯхтани илмҳои дунёвӣ бошад диққати талабагонро бештар ба олами ҳастӣ ҷалб мекард, ки ин махсусан дар замони нав барои васеъ намудани дараҷаи дониш ва аз ҷиҳати маънавӣ бедор намудани онҳо роли мусбатро мебозид. Дар натиҷа талабагон дар мактабҳои усули нав, дар як вақт, саводи хондан ва навиштанро пайдо мекарданд. Таълим дар аксари мактабҳои усули нав шор сола, дар баъзе шаҳрҳо, аз ҷумла дар Тошканд шашсола буда, ҳамаи онҳо чун мактабҳои ибтидоӣ ҳисоб мешуданд.

Ташкили мактабҳои усули нав

Дар шароити кишвари ташкили мактабҳои Туркистон ташкили мактабҳои русии маҳаллӣ кушодани мактабҳои усули навро тезонид. Зеро, ин воқеият зиёиёни пешқадами кишварро водор намуд, ки ҳар чӣ зудтар оиди такдири халқи худ чораҳои амалие андешанд. Ҳамин ҳолат баъзе саноатчиёни маҳаллиро, ки худ низ маърифатпарвар буданд, бетараф нагузошт. Барои зиёиён тарафи иқтисодии масъала, мураккабӣ мекард. Вале барои саноатчиёни маҳаллӣ, ки сол аз сол соҳиби даромади зиёд мегардиданд, ин қисми масъала зуд ҳалшаванда буд. Ҳамин тарз, бо дастгирии бойҳои маҳаллӣ, соли 1898 дар Қӯқанд бо ташаббуси мулло Салоҳиддин, соли 1899 дар Андиҷон бо ташаббуси мулло Шамсиддин ва дар Тошканд бо ташаббуси қорӣ Манон, мактабҳои усули нав, бо таълим ба забони ӯзбекӣ ташкил ёфтанд.,
Нахустин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ ба маорифпарвари номии самарқандӣ — Абдуқодир Шакурӣ тааллуқ дорад. Бо ташаббуси ӯ соли 1901 дар гузари Хоҷазудмуроди шаҳри Самарқанд чунин мактаби аввалин кушода шуд. Баъдтар вай дар деҳаи Раҷабамини Самарқанд ва соли 1903 дар гузари Қӯшҳавз, дар ҳавлии Муҳаммадраҳимбой низ ҳамин гуна мактабҳои усули навро бунёд намудааст. С. Айнӣ соли 1908 ҳангоми бори аввал ба Самарқанд сафар намуданаш, бо ҳамроҳии М.А. Мунзим маҳз бо фаъолияти ҳамин мактаб шинос шудааст. Аз ҳамон рӯзи шиносоӣ бо мактаби А. Шакурӣ сар карда, мегӯяд ӯ «фикри мактаб тамоми мағзи моро ишғол кард.»1 А. Шакурӣ баробари фаъолияти омӯзгорӣ, инчунин барои мактабаш дастурҳои зарурӣ-махсусан китобҳои дарсиро низ тартиб медод. Ба қалами ӯ аввалин китоби алифбои форси 54 тоҷикии мактабҳои усули нав -«Роҳбари савод», китобҳои қироати адабӣ бо номи «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Зубдат-ул-ашъор» тааллуқ дорад. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ бошад, барои ин мактабҳо як қатор китобҳои дарсӣ ва дастурҳоро, ба монанди «Мухтасари таърихи ислом», «Амалиёти ислом», «Мунтахаби ҷуғрофияи умумӣ», «Мадҳали ҷуғрофияи имронӣ», «Мухтасари ҷуғрофияи Русия», «Китоб-ул-атфол»-ро таълиф намудааст.
Дар мактаби А. Шакурӣ ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танҳо падару модарони талабагон, балки дигар ҳавасмандон низ мушоҳида карда метавонистанд.
Миқдори мактабҳои усули нав дар кишвари Туркистон сол аз сол меафзуд. Агар соли 1910 шумораи ин гуна мактабҳо дар шаҳр ва маҳалҳои гуногуни кишвар тақрибан 50 адад бошад, пас соли 1911 онҳо ба 68 адад расиданд. Аз он ҷумла дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ — собиқ уезди Хуҷанд, волостҳои Панҷакент, Конибодом ва Исфара 7 адад мактабҳои усули нав амал мекарданд.
Аввалин кӯшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар шароити Бухоро ба мулло Ҷӯрабойи пирмастӣ, ки инчунин бо корҳои тиҷорат машғул буд, мансуб аст. Ӯ, ки дар Туркия таҳсил намуда буд, дар асоси мактабҳои дар он ҷо ва дар Русия мушоҳида намудааш, ибтидои соли 1900 дар гузари Пӯстиндӯзони шаҳри Бухорои Кӯҳна як мактаби хусусӣ кушод. Вай ният дошт, ки дар 5-6 моҳ наврасон ва калонсолонро саводнок намояд. Вале ин мактаб ба қадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рӯ, худ аз худ бо зудӣ баста шуд.
Баъд аз мулло Ҷӯрабой, солҳои 1902-1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавӣ буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Тоторони Бухоро, ки раияи Русия ба ҳисоб мерафтанд ва аз дахолати ҳукуматдорони амирӣ эмин буданд, бинобар ин дар аввал барои ташкили мактабҳои усули ҷадидия ягон монеъгиро эҳсос намекарданд. Онҳо ба тоторони Русия пайравӣ намуда, минбаъд ҳам, барои фарзандони худ бо усули нав мактабҳои шахсӣ ташкил доданд. Аз ҷумла соли 1907 дар Бухоро аз тарафи тоторон чунин мактаб кушода шуда буд.
Мактабҳои усули нави тоторӣ, ки дар онҳо забони таълим низ тоторӣ буд, барои таҳсили бухороиён — тоҷикон ва тоҷикзабонон душворӣ мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабҳо ба тариқи кофӣ баҳравар шуда наметавонистанд.
Октябри соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (Мунзим) ва С. Айнӣ дар дохили шаҳри Бухоро, дар гузари дарвозаи Салоҳҳон, дар ҳавлии худи Мунзим, барои бухороиён аввалин мактаби усули нави форсии тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он 12 нафар хонанда буд. С. Айнӣ ва М.А. Мунзим сараввал дар такмили маҳорати омӯзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории Бухоро такя намудаанд. Онҳо барои аз ҷиҳати моддӣ таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моҳе се сӯм ҳаққи таълим муайян намуда, фақирбачагонро бепул қабул кардаанд. М.А. Мунзим барои шогирдони мактаби худ «Роҳбари хат» ном аввалин дастурамали дарсӣ тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи «мактаби Мунзим» маълум аст.
Дар мактаби ташкилдодаи М.А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ, моҳи март ва апрели соли 1909 бо ташаббуси ҳарду «Ширкати Бухорои Шариф» таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби «Тартил-ул-Қуръон»-ро ҳозир намуда, ба воситаи муаллимони тотор, барои нашр ба матбааи Оренбург фиристодааст. Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ «Таҳзиб-ус-сибён» («Тарбияи ҷавонон») тайёр ва нашр карда шуд.
Ба ғайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси М.А. Мунзим, махсус барои калонсолони бухороӣ, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ӯ ҷавонони 20-30 соларо ҷамъ намуда, ҳар рӯз ду соат таълим медод.
Дар натиҷа дар Бухоро обрӯ ва эътибори мактаби усули нави М.А. Мунзим ва С. Айнӣ зиёда паҳн гардид, ки ин ҳолат муқобилони онро ором намегузошт. Бинобар ин М.А. Мунзим ва С. Айнӣ хавфи пӯшонидани мактаби худро ҳис намуда, бо мақсади ақаллан ба умум нишон додани натиҷаи кори худ, 7 сентябри соли 1909 як маҷлиси имтиҳонот оростаанд. Дар он қариб 100 нафар даъватшудагон аз ҳисоби падарон, рӯҳониён, шаҳриён ва ғайра ҳузур доштанд. Ҳозирон, гарчанде дар фаъолияти ин мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд. Вале қисме аз бухороиён, яъне онҳое, ки бештар муштоқи саводнокӣ буданд, ба манъи ҳукуматдорони амирӣ нигоҳ накарда, баъди ин воқеа ҳам дар мактабҳои тоторӣ таҳсилро давом доданд.

Ҷамъияти «Тарбияи атфол»

Муборизаи шадиди баӣни тарафдорон ва муқобилони мактаби усули нав, пеш аз ҳама тарафдорон, яъне ҷадидонро водор намуд, ки дар баробари махфӣ нигоҳ доштани фаъолияти худ, боз ҳам муттаҳидтар шаванд. Бо ҳамин мақсад онҳо 1 декабри соли 1910 ҷамъияти пинҳонии худро бо номи «Тарбияи атфол» бунёд намуданд. Таъсискунандагони ин ҷамъият М.А. Мунзим, Ҳамидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷон Махдум Ҳамдӣ (Абдусаидов), мударрис ҳоҷӣ Рофеъ ва Мукамаллиддин Маҳдуми Бурҳонзода буданд. Умуман аз 28 нафар аъзоёни ин ҷамъият 14 нафар мулло ва муллозода буда, се нафарашон аз қабили мударрисон ба ҳисоб мерафтанд.
Ҷамъияти «Тарбияи атфол» аввалин ташкилоти ҷадидони Бухоро ба ҳисоб меравад. Ин ҷамъият ба тарзи махфӣ фаъолият намуда, мувофиқи мақсаду мароми дар боло ифодашудаи ислоҳотхоҳон, яъне ҷадидон амал мекард. Аъзоёни он, махсусан дар баӣни талабагони мадрасаҳо, бо роҳҳои гуногун ташвиқот бурда, барои ба муқобили тартиботи кӯҳна бедоргардии ҳиссиёти онҳо кӯшишҳои зиёде намудаанд. Дар натиҷаи фаъолона кор бурдани онҳо аввалҳои соли 1911 як қисми талабагони мадрасаҳо ба амир аз хусуси ислоҳи усули таълим дар мадрасаҳо ариза супоридаанд, ки мазмуни он бо талабҳои ислоҳотхоҳонаи ҷадидон мувофиқат мекард. Албатта чунин ҳодиса дар шароити онвақтаи Бухорои амирӣ воқеаи гӯшношуниде буд. Зеро, мактабу мадрасаҳо, махсусан талабагони он такягоҳи асосии тартиботи амирӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ҳукумати амирӣ бошад ба садоқати онҳо боварии комил дошт.
Ташкил намудани мактабҳои усули нав ва барои таҳсил ба Туркия фиристодани талабагони бухороӣ аз корҳои намоёнтарини ҷамъияти номбурда ба ҳисоб меравад. Бояд ба инобат гирифт, ки ба Туркия фиристодани толибилмони бухороӣ ҳанӯз пеш аз бунёди ҷамъияти «Тарбияи атфол» оғоз гардидааст. Чунончи, охири соли 1909 ва аввали соли 1910 аз Бухоро ба Стамбул 8 нафарро барои таҳсил фиристодаанд. Вале баъди бунёди ҷамъияти номбурда ин миқдор сол аз сол афзуд. Аз ҷумла шумораи талабагони бухороие, ки дар мактабҳои Стамбул таҳсил мекарданд, соли 1911 ба 15 нафар ва соли 1912 ба 30 нафар расидааст. Як ҳиссаи хароҷоти ин толибилмон низ аз тарафи ҷамъияти номбурда дода мешуд.
Ҷадидони Бухоро ба ғайр аз Туркия, ба воситаи ҷамъияти худ ҷавононро, мисли пештара барои таҳсил боз ба шаҳрҳои Русия: Оренбург, Қазон, Уфа ва Қрим фиристоданд.
Дар солҳои минбаъд ҳам дар маркази диққати ҷамъияти «Тарбияи атфол» масъалаи мактабҳои усули нав буд. Чунин мактабҳо бо роҳҳои гуногун, бо ташаббуси шахсони касбу кори гуногун (асосан зиёиён, баъд қисман тоҷирон) ташкил карда мешуд. Масалан, дар солҳои 1912-1913 мактаби мулло Абдулқосим бо 50 нафар талаба ва мактаби Мукаммалиддин Махдум бо 30 нафар талаба аз ҷумлаи мактабҳои калонтарин (ҳар ду ҳам дар шаҳри Бухорои Кӯҳна) ба ҳисоб мерафтанд. Соли 1913 дар баъзе мактабҳои усули нав (аз ҷумла дар мактаби лаби ҳавзи Говкушон) аллакай доска ва парта барин асбобҳои мактабӣ мавҷуд буд. Мулло Вафо ном як мударриси бухороӣ, ки худ аз забони русӣ каме хабардор буд, дар гузари Пойиостонаи шаҳр мактаби русӣ ва форсии тоҷикӣ кушод. Дар ин сол мактабҳои усули нав ба ғайр аз шаҳри Бухорои Кӯҳна боз дар Шаҳрисабз, Қарокӯл, Қаршӣ, Ғиждувон ва дигар ҷойҳо низ вуҷуд доштанд.
Соли 1914 шумораи мактабҳои усули нав танҳо дар шаҳри Бухоро ба 45 адад расид. Миқдори талабагони онҳо боз ҳам афзудааст. Масалан мактаби дар лаби ҳавзи Говкушон буда дорои 200 нафар талаба, мактаби мулло Вафо дорои 80 нафар талаба ва мактаби дар гузари Моркаш буда дорои 150 нафар талаба буданд.
Умуман дар давоми солҳои 1912-1914 гарчанде амалиёти мактабҳои усули нав расман махфӣ бошад ҳам, аммо онҳо амалан ошкор буданд. Дар ин давр баъзе ҳукуматдорони амирӣ аз кори чунин мактабҳо воқиф бошанд ҳам, вале муваққатан сукут кардаанд. Аммо аз соли 1913 сар карда вазъият хеле тағйир ёфт. Дар ин сол яке аз иртиҷоъпарастони номӣ — Бурҳониддин дар Бухоро ба мансаби қозикалон соҳиб шуд. Баъд аз ин қувваҳои иртиҷоъ, махсусан онҳое, ки муқобили мактабҳои усули нав буданд, аз сари нав қувват гирифтанд. Дар натиҷа, бо талаби онҳо мактабҳои усули нав аз 5 июли соли 1914 аз сари нав баста шуданд. Вале баъд аз ин ҳам чӣ дар маркази аморат-шаҳри Бухорои Кӯҳна ва чи дар баъзе маҳалҳо қисме аз мактабҳои усули нав фаъолияти худро ба тарзи махфӣ давом доданд.
Агар иртиҷоъпарастони аморат дар симои қозикалон Бурҳониддин ба худ сарвар ва пушту паноҳе дошта бошанд, ислоҳотхоҳон дар симои муфтӣ домулло Икром (1847-1925) (Муҳаммад Икром ибни Абдусалом, ки ба номи мулло Икромча машҳур аст) ҳамфикр доштаанд. Домулло Икром дар Бухоро яке аз мударрисони равшанфикр ва олими номии охири асри XIX ва аввали асри XX буд. Ӯ охири асри XIX ба якчанд мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Миёна (аз ҷумла Туркия) сафар намуда, аз ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва махсусан мадании онҳо аз наздик шинос шуда, ба қафомондагии аморати Бухоро боварии комил ҳосил намудааст. Ба вай инчунин эҷодиёти А. Дониш таъсири бузург расонид. Дар натиҷа, аввали асри XX домулло Икром тарафдори шӯълавари мактабҳои усули нав ва яке аз ташаббускорони ислоҳи усули таълим дар мадраса гардид.
Домулло Икром тақрибан соли 1910 рисолаи худро бо номи «Ифоз-ал-наимин ва эълом-ал-ҷоҳилин» («Бедории хобидагон ва огоҳии нодонон»)-ро навишта, дар он ҷаҳолат ва ғафлатзадагӣ, хурофот ва разолати замонашро танқид намудааст.
Ҳамин тавр, дар ҳаёти мардуми Осиёи Миёна, махсусан аморати Бухоро ба вуҷуд омадан ва инкишоф ёфтани мактабҳои усули нав, нисбат ба мактабҳои усули кӯҳна як воқеаи пешқадам буд. Аз ҷумла дар шароити Бухоро сол аз сол афзудани чунин мактабҳо гувоҳи он аст, ки зиёиён ва ҷавонон ҳарчи бештар рӯ ба ҳаёти нав менигаристанд. Вале ҳукумати амирӣ бошад, баръакси фаъолияти онҳо, бо доираи иртиҷоъпарастон, муқобилони ислоҳот муттаҳид мешуд. Дар натиҷаи ин дар Бухоро ҷудоии баӣни ҳомиёни тартиботи амирӣ ва зиёиёни пешқадам сол аз сол меафзуд.

Рӯзномаи «Бухорои Шариф»

Дигар кори ба чашм намоёне, ки ҷадидони Бухоро карданд, ин нашри рӯзномаҳо буд. Маҳз ба ташаббуси онҳо аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ «Бухорои Шариф» — аз 11 марти соли 1912 нашр гардид. Ин рӯзнома дар матбааи Бухорои Нав (Когон) бо ташаббуси равшанфикрони машҳури тоҷик-тоҷир ва миллионери бухороӣ Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзо Сироҷи Ҳаким чоп шуда буд. Муҳарририи рӯзнома ба ӯҳдаи яке аз донишманди забону адабиёти форсии тоҷикӣ, адиб ва журналисти маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода, ки ӯро аз Боку ба Бухоро даъват кардаанд, гузошта шуда буд.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар мавқеи маорифпарварӣ истода, хонандагони худро бо забони содда аз воқеаҳои ҷаҳон, масъалаҳои гуногуни таърихӣ, ҷуғрофӣ, адабиёт ва ғайра огоҳ мекард. Дар саҳифаҳои он махсусан зарурияти омӯхтани илму дониш қайд карда мешуд ва мақолаҳои ташвиқотӣ, оиди ин масъала чоп мешуданд. Зеро, бо андешаи муаллифони мақолаҳо асоси инкишофи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон маҳз дар натиҷаи ба нуқтаи баланд расидани савияи илму дониши раиятонаш будааст. Сарзамини аморати Бухоро бошад маҳз бо сабаби беаҳамиятӣ нисбат ба илму дониш ба ҳолати қафомондагӣ гирифтор шудааст.
Инак, дар яке аз мақолаҳои «Бухорои Шариф», ки ба қалами Мирзо Ҷалоли Юсуфзода тааллуқ дорад, оиди зарурияти илму дониш чунин омадааст: «Аввало, нигоҳ ба сафоҳати гузаштаи худ намуда мебинем, ки як вақте мо исму расме доштем, мо ҳам маншаи коре будем, мо ҳам ҷузви урафои (орифон) олам ба шумор мерафтем. Аммо ҳоло исми мо, аз дафтари доноӣ маҳву мо аз сафҳаи ирфонӣ фонӣ гашта… Ҳоло ваҳшитарин халқи рӯйи замин мо, мусулмонҳо ба шумор меравем. Дар воқеъ, ва ҳақиқат ҳам ҳамин тавр аст, ки анису муҳаббатро фаромӯш намуда, бар ҳолати ваҳшият баргаштаем…
Ҳосили арз: чунончи дар нумраи собиқа арз шуда, аслу асоси осойиш ва тараққии мусулмонон амал намудан ба амри ҳумоюни расули акрам (с) ва талаби илм кардан аст.
Мо бояд талаби илм намоем ва бас».
Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар ҳамон замони душвори амирӣ ягона минбари равшанфикрони тоҷик ба ҳисоб мерафт. Бинобар ҳамин ҳам дар саҳифаҳои рӯзнома талабу дархости онҳо оиди тақдири минбаъдаи Бухоро бештар чоп мегардид.
Ислоҳотхоҳони бухороӣ дар шароити нав бо ба инобат гирифтани инкишофи муносибатҳои молию пулӣ, ба вуҷуд омадани намудҳои гуногуни саноат, кушода шудани ташкилотҳои зиёди бонкӣ, гузаронидани хатҳои роҳи оҳан ва ғайраҳо, мактабу маорифро заруртарин воситаи инкишофи кишвар ҳисобидаанд. Аз ҷумла дар яке аз мақолаҳои рӯзномаи «Бухорои Шариф» (аз 6 июни соли 1912, рақами 6) таъкид шудааст: «Дар корҳои тиҷоратӣ ва саноатӣ аҳамияти илмӣ дунё аз вақти ҷанг зиёдтар аст. Агар мамлакат саноат, тиҷорат надошта бошад, ҳатман тараққӣ нахоҳад кард ва оқибат маҳв ва нобуд хоҳад шуд».
Маҳз ҳамин рӯзномаи «Бухорои Шариф» аввалин бор хонандагони тоҷик ва тоҷикзабони бухороиро бо асарҳои нависандаи бузурги рус Л.Н. Толстой (таҳти сарлавҳаи «Осори Гроф Толстой» 12 асари ӯро чоп кардааст), «Ҳикояҳои чинӣ»-и адиби Фаронса Анри д. Рине, «Данко» ва «Кампир Изергил»-и А.М. Горкий ва бо дигар асарҳои нависандагони дунё шинос намудааст.
Рӯзномаи «Бухорои Шариф» то 2-уми январи соли 1913, ҳамагӣ 153 шумора нашр гардид ва бо иғвои муқобилони ислоҳот, аз тарафи ҳукумати амирӣ баста шуд.
Ҷадидони Бухоро, инчунин дар аморат мавҷудияти туркзабонҳоро ба инобат гирифта аз 14 июли соли 1912 сар карда, то 2 январи соли 1913 (ҳамагӣ 49 шумора) рӯзномаи «Тӯрон»-ро низ ба забони ӯзбекӣ нашр намуданд.
Ҳамин тавр аз тарафи ҷадидони Бухоро нашр намудани аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ бузургтарин воқеа дар ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар Ҷумҳурии мо рӯзи нашри нахустин шумораи рӯзномаи «Бухорои Шариф», яъне 11-уми мартро ҳамчун рӯзи матбуот қайд мекунанд.
Чорабиниҳои ҷадидони Бухоро оиди беҳтар намудани вазъи тиб
Чуноне дар банди боло ишора рафт, дар замони мустамликавӣ дар бисёр шаҳрҳо ва маҳаллаҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар аморати Бухоро, бо ташаббуси ҳукуматдорони подшоҳӣ табобатхонаҳою дорухонаҳо ба вуҷуд омаданд. Дар худи шаҳри Бухорои Кӯҳна оиди муносибат нисбат ба бемористони замонавӣ («аврупоӣ») ва дорухонаҳо дар баӣни ҷадидон ва қадимпарастон зиддияти сахт вуҷуд дошт. Агар ҷадидон ин гуна воқеиятро дастгирӣ намуда бошанд, қадимпарастон ба он муқобилияти сахт нишон доданд. Қадимпарастон ҳар гуна бемориҳоро «ҷазои худо нисбат ба раиягони гунаҳкори худ» ҳисоб мекарданд. Бинобар ҳамин ҳам онҳо соли 1910 кӯшиш кардаанд, ки дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ба кушодани бемористон аз тарафи ҳукумати подшоҳии Русия роҳ надиҳанд. Ин бемористон танҳо бо талаби сахти кормандони агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия аз ҳар гуна тааддии қадимпарастон эмин мондааст. Ба қадимпарастон ҳатто солҳои пурфоҷиаи 1889 ва 1893-и Бухоро ва маҳаллаҳои атрофи он, ки дар натиҷаи бемории сирояткунандаи вабо мардуми бисёре фавтиданд, ибрат нагардидааст. Он солҳо ҳукумати амирии Бухоро, маҳз бо тавсияи қадимпарастон ба муқобили бемории номбурда, чуноне С. Айнӣ таъкид мекунад, чорае дидааст, ҳақиқат ҳам «хеле хандаовар буд: вай ба воситаи қозикалон фармон баровард, ки муаззинҳои гузарҳо ва қориҳои хушовоз чор-чор ва панҷ-панҷ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ҳар шаб баъд аз хуфтан то саҳар кӯчаҳои шаҳрро гардиш карда, дар сари гузарҳо ва дуроҳаҳо бо як овоз азони бемаҳал гуфта гарданд, то ки «худованди Карим ба шарофати он азонҳои бемаҳал ваборо аз сари мардум бардорад.»1 Дар чунин ҳаёти тираи тиббии Бухоро ба монанди Саид Насриддинхоҷа, ки бо лақаби «Тӯра-табиб» машҳур буд ва Мирзо Сироҷи Ҳаким чун «ситораи дурахшон» пайдо шуда буданд.
Тӯра-табиб, ки дар гузари Ҷафъархоҷаи шаҳри Бухоро мезист, ба саводи мадрасагӣ қаноат накарда, бо роҳи худомӯзӣ аз бисёр55 илмҳо, аз ҷумла аз илми таб огоҳ гардид. Вай маҳз бо мақсади такмил додани дониши тиббии худ ба Ҳиндустону Франсия сафар кардааст. Баъди бозгашт, ҳукуматдорони амирӣ Тӯра-Табибро, барои чунин сафари худсарона ба ҳабси 40-солаи хонагӣ маҳкум намуданд. Минбаъд ӯ ҳавлии хурдакаки худро ба ҷойи қабули беморон ва дорухона табдил дод. Вай дар баробари муолиҷаи беморон худаш аз гиёҳҳои гуногун доруҳо тайёр мекард. Дар кори дорусозии Тӯра-табиб ҳамсараш, ки духтари Саидхоҷаи зедӯз буд, кӯмак мерасонид. Онҳо фарзанди дуюми худ Абдуллохоҷаро, ки гирифтори касалии сил гардида буд, табобат намуданд.
Абдуллохоҷа (1893-1920) низ чун падараш ба таълими мадраса қаноат накарда, бисёр илмҳои замонаро аз худ намуд. Вай низ ба ҳаракати ҷадидии Бухоро ҳамроҳ гардида, дар ҳавлии худ мактаби усули нав ташкил намуд, ки дар он 10-15 нафар ҷавонон таҳсил мекарданд. Ҷавонони ин мактаб дар қатори илмҳои зарурӣ қисман аз илми тиб низ огоҳ мегардиданд. Абдуллохоҷа бо ин корҳо қаноат накарда роҳи инқилобро пеш гирифт, яке аз бунёдгузорони ҳизби коммунистии Бухоро, сарвари шӯъбаи дар шаҳри Бухорои Кӯҳна доштаи он гардид, ки дар ин бора дар қисми дахлдор хоҳем истод.
Мирзо Сироҷи (Сироҷиддини) Ҳаким (1877-1914) шоир, сайёҳ, ҳаким, публисист ва яке аз фаъолони ҳаракати ҷадидии Бухоро ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухоро, дар оилаи тоҷир ва сарроф Мирзо Абдурауф ба дунё омадааст. Дар ҳамин ҷо соҳиби савод ва маълумоти анъанавӣ гардида, забонҳои арабӣ, русӣ, франсавӣ, туркиро аз худ намудааст. Вай сараввал бо тиҷорат ва саррофӣ машғул шуда, бо бонки Русию Хитойӣ (соли 1910 он ба бонки Русию Осиёгӣ табдил ёфта буд) алоқаи наздик дошт. Шавқи дунёбинӣ Мирзо Сироҷро соли 1902 ба саёҳати тӯлонӣ баровард, ки он то соли 1909 идома ёфтааст. Дар ин муддат ӯ ба бисёр мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Аврупо сафар намуда, дар Теҳрон Коллеҷи тиббии америкоиро хатм карда, соҳиби диплом гардида буд. Инак, вай баъди бозгашт, сентябри соли 1910 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар ҳавлии худ бемористонеро кушод, ки онро «табобатхонаи усули аврупоӣ» ҳам меномиданд. Дар он беморон «бо усули нав — ҷадидӣ», яъне дар асоси дастовардҳои ҳамонвақтаи илми тиб табобат карда мешуданд. Мирзо Сироҷ дар баӣни мардум бо лақаби «доктор Собир»низ машҳур буд.56
Умуман кӯшишҳои Тӯра-табиб ва Мирзо Сироҷи Ҳаким аз ҷумлаи иқдомҳои дигари неки ҷадидони Бухоро ба ҳисоб меравад. Ин иқдомҳое буданд, ки бар хилофи мавқеи ҳукумати амирӣ ва қадимпарастони Бухоро пеш гирифта шудааст.

§ 5. Таърихнигорӣ ва ҳаёти адабии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX

Таърихнигорӣ

Яке аз хусусиятҳои хоси таърихнигорӣ ва ҳаёти адабии тоҷик дар замони мустамликавӣ он аст, ки аксари таърихнигорони ин давр дар навбати худ нависанда ё шоир ва қисмашон аз ҷумлаи маорифпарварон буданд. Бегуфтугӯ дар тамоми ин соҳаҳо дар қатори аввал Аҳмади Дониш меистад. Чуноне, ки дар боло қайд намудем, асари барҷастаи ӯ «Наводир- ул-вақоеъ» пеш аз ҳама асари барҷастаи адабӣ мебошад ва маҳорати баланди нависандагии маорифпарварро нишон медиҳад.
Албатта афкори маорифпарваронаи Аҳмади Дониш ба эҷодиёти таърихнигорон низ бе таъсир намонд. Аз ин рӯ яке аз фарқиятҳои таърихнигории ин давр аз замонҳои гузашта дар он аст, ки маҳз дар ҳамин давр асарҳои танқидии таърихӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин соҳа асарҳои навиштаи Аҳмади Дониш ва Мирзо Абдулазими Сомӣ махсусан мақоми муҳимеро ишғол мекунанд.
Рисолаи таърихии А. Дониш аз ҷумлаи асарҳои охирини ӯ мебошад, ки тақрибан дар ду-се соли охири умраш ба тарзи махфӣ навишта, аммо ба охир расонида натавонистааст. А. Дониш ба ин рисолааш ҳатто ном нагузошта бошад ҳам, вале бо номи шартии «Рисолаи таърихӣ» машҳур гардид. Дар он муаллифи асар таърихи хонадони манғитияро таҳлил намуда, махсусан ба замони ҳукмронии амир Музаффар диққати ҷиддӣ додааст. Аз ҳамин сабаб ҳам ин давр аз нуқтаи назари танқидӣ, ҳаҷвнигорона, нисбатан батафсил тасвир шудааст. Дар асар аз ҳаёти ҳаррӯзаи халқи оддӣ бисёр лаҳзаҳои муҳими таъсирбахш ҷой дорад.
А. Дониш дар хотимаи «Рисолаи таърихӣ» ба хулосае меояд, ки ин салтанати амирон ба зулм ва нобаробарии иҷтимоӣ асос ёфтааст, бинобар ин бояд сарнагун шавад. Ин асар имрӯз бо номи «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» дастраси ҳаводорони эҷодиёти ӯ гардидааст.
Мирзо Абдулазими Сомӣ (Бӯстонӣ) (тавал. 1838, соли вафоташ номаълум) низ муаллифи «Таърихи салтанати манғития» мебошад. Ӯ ҳамчун А. Дониш баъди хатми мадраса дар хизмати дарбор буд. Агар А. Дониш хизматро аз замони амир Насруллоҳ сар карда бошад, Сомӣ аз замони амир Музаффар ва пас дар замони амир Абдулаҳадхон давом додааст. Сомӣ чун таърихнигор дар сафарҳои ҳарбии амирон онҳоро ҳамроҳӣ мекард. Вай шоҳиди ҷанги баӣни Русияю Бухоро (соли 1868) буда, онро дар асари худ батафсил нишон додааст. Дар асар муаллиф тавонистааст, ки ҷаҳолат, ақибмондагӣ ва бемаърифатии амалдорону сарлашкарони амириро ба қалам дода, онҳоро масхара намояд.
Сомӣ дар айёми пирӣ аз дарбор ронда шуд. У дар охири умр бо китобати дастхатҳо рӯз мегузаронид. Вай инчунин муаллифи манзумаи «Миръот-ул-хаёл» (ривоятҳои аҷиб аз ҳаёти фозилон ва шоирони ҳамзамонаш), «Санъати маҳзун», «Тӯҳфаи шоҳӣ» мебошад.

Шарифҷон Махдуми Зиё ва маҳфили адабии ӯ

Садри Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1867-1932) дар шаҳри Бухоро дар оилаи Абдушукур ном домулло, ки бо тахаллуси Оят шеър менавишт, ба дунё омадааст. Шариф номи ӯст, махдум калимаест, ки ба номи муллозодагон илова мекарданд, садр унвони илмии динист, ки баъд аз ӯроқ ва судур саввумин ва олитарин унвони уламо ба шумор меравад, Зиё тахаллуси адабиаш мебошад. Падари Садри Зиё- Абдушукури Оят аз косибони Бухоро буда овони ҷавонӣ, бо касби падару бобоёнаш — чармгарӣ ва шустагарӣ (шуста сафед кардани карбосу суфи хоми дағали зардчатоб) машғул шудааст. Ӯ баъди хатми мадраса дар мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ ва дар баъзе мулкҳои аморат (аз ҷумла дар бекигарии Зиёуддин) қозигӣ карда, дар охири умр қозикалони Бухоро таъин гардидааст.
Садри Зиё ҳам баъди таҳсили мадраса аз соли 1893 ба фаъолияти қозигӣ оғоз намуд, ки он то соли 1920 давом кардааст. Дар ин муддат ӯ дар Ҷондор, туманҳои Зандане (Пешкӯ), Вобканд, Ғиждувон, бекигариҳои Чорҷӯй, Қаршӣ, Каркӣ, Шаҳрисабз қозигӣ кардааст. Вай хеле кӯтоҳ, аз 25 март то 8 апрели соли 1917, яъне 15 рӯз қозикалони Бухоро шудааст.
Мероси илмию адабии Садри Зиё зиёда аз 60 асарро ташкил медиҳад. Муҳимтарини онҳо: «Наводири Зиёия», «Рӯзнома», «Тазкират-ул-Хаттотин», «Таърихи амирони манғития», «Рисолаи асбоби инқилоби Бухоро» ва ғайраҳо мебошанд
Охири асри XIX ва аввали асри XX хонаи Садри Зиё ба як маҳфили адабӣ табдил ёфта буд, ки дар он як зумра зиёиён иштирок намуда, баҳра гирифтаанд. С. Айнӣ иштирокчии фаъоли ҷамъомадҳои маҳфили адабии хонаи Садри Зиё буд. Ӯ воқеоти он солҳоро дар «Ёддоштҳо»-яш ин тавр тасвир намудааст: «Хонаи Шарифҷон-махдум дар ҳар ҳафта се шаби таътил — сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе одатан ранги анҷумани шоирон, шеършиносон, латифагӯён ва ширинкоронро мегирифт». Дар он маҳфил адибу фозилони пешқадами Бухоро аз қабили: Мулло (Мирзо) Назруллоҳи Лутфӣ, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳамид, Абдуллохоҷаи Таҳсин, Мулло Бурҳони Муштоқӣ («Бисмил»). Қорӣ Абдулкарими Офаринӣ («Дӯзахӣ»), Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ, Мулло Раҳмати Сартарош, Азизхоҷаи Азиз ва дигарон иштирок менамуданд.57
Иштироккунандагони маҳфили адабии Садри Зиё кам ё беш аз тартиботи замони амирӣ норозӣ буданд. Бинобар ин дар он ҷамъомадҳо на танҳо масъалаҳои адабиёт муҳокима мегардид, балки дар бораи аҳволи замон ва кирдори мансабдорон ҳам сухан мерафт. Бегуфтугӯ аҳли маҳфил хубиҳои Аҳмади Донишро зикр мекарданд, нисбат ба андешаҳои ислоҳотхоҳонаи ӯ ҳамфикр будани худро изҳор менамуданд. Маҳз ҳамин маҳфил ба ташаккулёбии ҷаҳонбинии адабии худи С. Айнӣ ва Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, ки ҳамон давр дар ҳавлии Садри Зиё «вазифаи пешхизматиро» адо мекарданд, заминаи асосӣ гузоштааст. Бояд ба инобат гирифт, ки эҳтимол дар натиҷаи таъсири ҳамин маҳфил, бо ташаббуси С. Айнӣ ва М.А. Мунзим, аз ҷумлаи толибилмони мадрасаҳои Бухоро, маҳфили дӯстдорони илми таърих бунёд гардида буд. Чуноне яке фаъолони он маҳфил мулло Бобо Қосим Рамазонов (1887-1970) ба хотир меоваранд, аъзоёни он аз С. Айнӣ ва М.А. Мунзим ҳар гуна супоришҳо гирифта, онҳоро аз сарчашмаҳои таърихӣ пайдо мекарданд. Инчунин, баъзан дар бораи асарҳои гуногун, ё худ воқеаҳои таърихӣ . сӯҳбатҳо барпо менамуданд.

Аз ҳаёт ва эҷодиёти дигар зиёиёни давр

Дилшоди Барно (1800-1907) — шоира, маорифпарвар ва таърихнигор ба ҳисоб меравад. Шоира дар Ӯротеппа ба дунё омадааст. Хони Қӯқанд Умархон ҳангоми забти Ӯротеппа (солҳои 1810-1822) Дилшодро бо ҳамроҳии асирон ба Қӯқанд мебарад. Чанде нагузашта Дилшод аз дарбор гурехта, дар хонаи Тошмахдум ном шахс паноҳ меёбад ва баъд зани ӯ шуда, то охири умр дар Қӯқанд мемонад. Шоира дар шеърҳояш беадолатиҳои замонаро сахт мазаммат кардааст. Вай дар Қӯқанд мактабдори номӣ буд ва мувофиқи баъзе маълумотҳо 891 нафар духтаронро саводнок намудааст. Яке аз асарҳои Дилшод «Таърихи муҳоҷирон» мебошад. Ӯ дар ин асар тороҷгарк ва кушокушиҳои Умархон, баъзе воқеаҳои аз тарафи Русияи подшоҳӣ забт намудани Осиёи Миёна, ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии замонро инъикос кардааст.
Абдулқодирхоҷа Савдо (1823-1873)-шоир, маорифпарвар ва таърихнигор дар Бухоро таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо таҳсили мадраса намудааст. Ҳангоми таҳсил дар баробари донишҳои расмии мадраса илмҳои нуҷум, риёзиёт, ҳунари наққошӣ, заргарӣ, меъморӣ, тарроҳӣ, лаввоҳӣ ва навозандагиро низ омӯхтааст. Қобилияти ӯро ба инобат гирифта, вайро ба дарбор, ба кор даъват карданд. Дар натиҷа Савдо бо супориши ҳукумат ба гӯшаю канори аморат сафарҳо карда, бо бечорагии мардум аз наздик ошно гардид. Шоир дар бисёр шеърҳояш, махсусан шеърҳои ҳаҷвиаш ба худ тахаллуси «Бепул»-ро қабул намудааст. Мероси бадеии Савдо ҳанӯз ҳам пароканда аст ва то имрӯз қисме аз онҳо дастраси хонандагон гардидаасту халос. Вай инчунин муаллифи як рисолаи таърихӣ мебошад.
Муҳаммад Шамсиддин Махдуми Шоҳин (1857-1894) яке аз шоирони шинохта ва маорифпарвари нимаи дуюми асри XIX мебошад. Ӯ дар Бухоро ба дунё омада, аз хурдсолӣ (11-12 солагӣ ) ба шеъру адаб шавқи зиёд дошт. Вай тақрибан соли 1885 таҳсили мадрасаро ба итмом расонида мирзои яке аз маъмурони дарбор гардид. Шоир бо А. Дониш ва эҷодиёти ӯ аз наздик шинос буд. Шоҳин нисбат ба разолатҳои замона нафрати зиёд дошт. Мехост аз дарбор равад. Аммо амир Абдулаҳадхон ӯро аз рикоби худ қасдан дур намекард. Ниҳоят, вай ҳангоми яке аз сафарҳои амир, дар Қаршӣ вафот кард. Шоҳин девони ашъор-маснавии «Лайлӣ ва Маҷнун», маснавии нотамоми «Тӯҳфаи дӯстон» ва асари «Бадоеъ-ус-саноеъ»-ро мерос гузоштааст. Аз ҷумла «Тӯҳфаи дӯстон» асари ахлоқӣ буда, дар «Бадоеъ-ус-саноеъ» афкори маорифпарварии А. Донишро инкишоф дода тартиботи амирӣ, кирдорҳои разилонаи мансабдоронро сахт мазаммат кардааст.
Мирзоҳайит Саҳбо (тақр.1850-1918) шоири лирик буд. Вай дар тумани Вобканди наздикии Бухоро ба дунё омада, дар замони амир Абдулаҳадхон ба хизмати дарбор ҷалб гардида, унвони «тӯқсабо» ва «бий»-ро гирифта буд. Вале ӯ нисбат ба кирдорҳои разилонаи дарбориён ва амалдорони амир нафрати зиёд дошт. Вай шоири ҳақиқатҷӯй ва ҳақиқатгӯй буд, оиди нуқсонҳои аморат бепарда сухан мекард, ки ин ҷиҳатҳоро аз шеърҳои лирикиаш ба хубӣ эҳсос карда метавонем. Амир, бо мақсади аз марказ дур намудан, ӯро ба мулки дурдаст ҳоким таъин мекунад. Вале Саҳбо аз ин вазифа даст кашида, ба Бухоро бармегардад ва гӯшанишиниро ихтиёр мекунад. Соли 1915 барои рӯзномахонӣ ҳатто ҷазо дидааст. Баъди намойиши апрелии соли 1917-и Бухоро, амир Саҳборо ба вазифаи ҳокимӣ ба Қубодиён фиристод. Пас ӯро соли 1918 дар он ҷо, бо дасти одамони худ, ба тарзи ваҳшиёна қатл намуд.
Тошхӯҷа Асирӣ (1864-1915) шоир ва маорифпарвар мебошад. Вай дар Хуҷанди бостонӣ ба дунё омада, бо касби сангиосиёбтарошӣ камбағалона зиндагӣ ба сар мебурд. Ба ақидаи Асирӣ вазифаи адабиёт тавсифи ақлу дониш аст. Бинобар ин ӯ тарғиботчии фаъоли илму дониш ба ҳисоб меравад. Ба андешаи вай мардуми гумроҳро бо роҳи маърифатнокӣ аз ҷаҳолат баровардан мумкин аст. Шоир дар ашъораш истисморгаронро сахт мазаммат мекунад. Ӯ тарафдори ашаддии ислоҳи усули таълим дар мактабу мадрасаҳо, дар мактабҳо ҷорӣ намудани таълими илмҳои дунявӣ буд.
Муҳаммадсидиқи Ҳайрат (1878-1902) гарчанде ҳамагӣ 25 сол умр дидааст, вале чун устоди ғазал шӯҳрат пайдо карда буд. Камбағалӣ ва ятимӣ аз хурдсолиаш ба ҳаёти ӯ нақши вазнини худро гузоштааст. Аз 15-16 солагӣ вай ба таҳсили мадраса оғоз намуда ба ҳаӣати адибони давр дохил шуд. Дар ғазалу қасидаҳои шоир разолатҳои замона сахт танқид карда мешавад. Ҳайрат аз бемории сил вафот кардааст.
Накибхон Туғрал (1865-1919) яке аз шоирони намоёни давр ва устоди ғазал ба ҳисоб меравад. Ӯ дар деҳаи Зосуни бекигарии Фалғар, дар оилаи давлатманде (аз авлодони Хоҷа Аҳрори Валии Самарқандӣ) ба дунё омада, дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардааст. Чанде дар назди Шоҳин хондааст. Баъди таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, бо деҳқонӣ ва чорводорӣ машғул шудааст. Бо тӯҳмати ақсулинқилобӣ ӯро ба қатл расонидаанд. Туграл дар ғазал пайрави Бедил буда, дар онҳо дар баробари сурудани ишқ, инчунин бехирадии мансабдорону давлатдорон, авомфиребии муллоҳои чаласаводу рӯҳониёни иртиҷоъпарастро тасвир намудааст.
Дар аввали асри XX дар Бухоро С. Айнӣ ва М.А. Мунзим ҳам на танҳо ҳамчун маорифпарвар, балки дар олами адабиёт аллакай қадамҳои ҷиддӣ гузошта буданд. Дар шеърҳои онҳо, ки аз ақидаҳои маорифпарварӣ саршор буд, меҳрубоние нисбат ба халқи мазлум, нафрат ба истисморгарон дида мешавад. Ҳамдардӣ нисбат ба мардум, нафрат нисбат ба истисморгарон мағзи эҷодиёти шоири инқилобӣ Ҳамза Ҳакимзода Ниёзиро (1889-1929) ташкил менамоянд, ки шеърҳои худро бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштааст.
Зиёиёни тоҷик, махсусан зиёиёни водии Фарғона, аз эҷодиёти шоирон ва маорифпарварони номии ӯзбек — Муҳаммадхоҷаи Муқимӣ (1850-1903), Зокирхоҷаи Фурқат (1858-1909) ва дигарон низ аз наздик шинос буданд. Дар эҷодиёти онҳо дӯстию рафоқат, адлу инсоф тараннум карда мешуд.
Умуман вазъи илму адаби ин давр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки арбобони он нисбат ба давраҳои гузашта боз ҳам ҷиддитар ва бештар ба мардум ва талабҳои онҳо наздик шудаанд. Аксари ин арбобон дар асарҳо ва шеърҳои худ нисбат ба бетартибиҳои давр оштинопазир буда, ислоҳи онро талаб мекарданд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ

Ёбед: