Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 3


БОБИ III.
ТОҶИКОН ДАР ЗАМОНИ БАВУҶУДОЙИИ
ДИГАРГУНИҲО ДАР ҲАЁТИ ИҶТИМОӢ. БОЛОРАВИИ ҲАРАКАТҲОИ ХАЛҚӢ ВА ИХТИЛОФҲОИ МАЗҲАБИЮ МАНСАБӢ (СОЛҲОИ 1867-1917)

§ 1. Оғози ташаккулёбии синфи коргар ва буржуазияи миллӣ

Оғози ташаккулёбии синфи коргари миллӣ

Ибтидои ташаккулёбии синфи коргар дар Осиёи Миёна асосан ба солҳои 80-90-и асри XIX мувофиқ меояд. Зеро, ба вуҷудойӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат ва сохтмони роҳи оҳан маҳз ба ин солҳо хос аст. Аммо оиди миқдори синфи коргари он солҳо маълумотҳо гуногунанд.
Албатта шумораи коргарон аз иқтидори заводҳо ва корҳои сохтмони роҳҳои оҳан вобастагӣ дошт. Маълум аст, ки корхонаҳои саноатии солҳои 80-90-и асри XIX хеле хурд ва аз ҳамин сабаб миқдори коргарон низ дар онҳо хеле кам буданд. Чунонки, соли 1885 дар 27 корхонаи нисбатан калони шаҳри Тошканд ба ҳисоби миёна 10 нафар коргар кор мекарданд.
Мувофиқи баъзе маълумотҳо, танҳо дар кишвари Туркистон, то охири асри XIX, шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатӣ тақрибан 10 ҳазор нафар будаанд, ки аз онҳо 70,7 фоизро намояндагони халқҳои маҳаллӣ, 22,8 фоизро русҳо, 6,5 фоизро намояндагони дигар миллатҳo ташкил мекардаанд. Ҳиссаи коргарони маҳаллӣ махсусан дар вилояти Фарғона зиёд буда, он 79,3 фоизро ташкил медод. Сабаби ин пеш аз ҳама дар он аст, ки аксарияти кулли коргарони заводҳои пахтатозакунӣ аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ буданд. Инчунин тақрибан сеяки ҳиссаи коргарони заводҳои пахтатозакунии вилояти Фарғонаро мардуми Қаротегин, ки бечоратарин мардуми аморати Бухоро буда ва бо ҳамин сабаб ҳар сол ба ҷустуҷӯйи кор ба ин диёр мерафтанд, ташкил мекарданд.
Ҳиссаи дигари коргарони Осиёи Миёнаро коргароне, ки дар сохтмони роҳҳои оҳан ва устохонаҳои таъмирии он кор мекарданд, ташкил медоданд. Миқдори коргарони ин соҳа ҳам (чи доимию чи мавсимӣ), бо якҷоягии хизматчиён, тахминан ба 10 ҳазор нафар мерасиданд. Шумораи коргарони роҳи оҳан баробари сохтмони худи роҳ меафзуд. Аз ҷумла, агар соли 1890 дар роҳи оҳан 2778 нафар коргар кор кунад, пас соли 1894 он миқдор ба 3222 нафар, соли 1898 ба 5044 нафар расидааст. Аз эҳтимол дур нест, ки ин рақамҳо асосан коргарони доимии роҳи оҳан, яъне коргарони устохонаҳои роҳ ва таъмиргарони худи роҳро дар бар гиранд. Бинобар ҳамин ҳам дар таркибашон ҳиссаи коргарони маҳаллӣ хело кам буд. Чунончи, онҳо, яъне коргарони маҳаллии роҳи оҳан соли 1890 — 728 нафар, соли 1894 — 863 нафар, соли 1898 — 948 нафар будаанду халос. Мувофиқи ин маълумотҳо, дар роҳи оҳан коргарони маҳаллӣ тахминан аз 5 як ҳиссаро ташкил медодаанд. Дар ин соҳа мардуми маҳаллӣ бештар дар корҳои заминкании роҳ, чун коргарони мавсимӣ, ҷалб карда мешуданд. Як ҳиссаи онҳо оҳиста-оҳиста, дар устохонаҳо чун шогирд ба кор даромада, ихтисос пайдо карда, ба коргарони доимӣ табдил меёфтанд.
Дар аввалҳои асри XX қисме аз корхонаҳои Осиёи Миёна ҳаҷман васеъ ва сифатан беҳтар гардида, дорои шумораи зиёди коргарон мешуданд. Масалан, дар вилояти Фарғона, мувофиқи маълумоти соли 1914 дар се заводи пахтатозакунии Миркомил Мӯъминбоев — 1-25 нафар коргар, дар се заводи Юсуфбоӣ Матмусобоев — 115 коргар, дар се заводи Саид Аҳмад Хоҷаев — 101 коргар, дар се заводи Султонмуродбек Худоёрбеков — 100 коргар, дар се заводи Аҳмадбекхоҷа Темирбеков — 125 нафар коргар кор мекарданд. Яке, аз заводҳои пахтатозакунии ширкати Р.Ш. Потеляхов, ки соли 1907 дар шаҳри Қӯқанд бунёд гардидааст, дорои 125 нафар коргар буд. Дар заводи пахтатозакунии В.И. Леви (дар Бухорои Нав — Когон, ҳанӯз соли 1894 сохта шуда буд) низ 125 нафар коргар кор мекарданд. Дар се заводи равғанкашии «К.М. Соловев ва К°» 475 нафар коргарон будаанд. Аз он ҷумла, заводи дар Андиҷон буда — 250 нафар. заводи дар Намангон буда — 150 нафар ва заводи дар Чуст буда — 75 нафар коргар доштаанд. Дар заводи виною спиртии Тошканд 160 нафар коргар меҳнат мекарданд. Заводи қандпазии (аз лаблабуи қанд) Каунчии уезди Тошканд дорои аз ҳама зиёд — ҳазор нафар коргар буд. Вале ҳанӯз ҳам заводҳое буданд, ки онҳо ҳамагӣ 8-10 нафар коргар доштанду халос31.
Дар конҳои ангишт ва нафт ҳам як миқдор коргарон кор мекарданд. Аз ҷумла дар кони ангишти «Қизил-Кия» (уезди Скобелев) 598 нафар коргар, заводи коркарди нефти Шимион — 300 нафар, кони нефти Шимион (уезди Марғелон) — 350 нафар коргар, кони намаки ҳавзаи (кӯли) Куми уезди Красноводск — 400 нафар коргар кор мекарданд2.
Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон аввалии намояндагони синфи коргар дар гурӯҳи ноҳияҳои шимолии ҷумҳурӣ, махсусан дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ва атрофи он ташаккул меёфт. Аз ҷумла соли 1916 танҳо дар корхонаҳои саноатии уезди Хуҷанд — 416 нафар коргар, дар кони ангишти Сулукта — 580 нафар коргар кор мекарданд. Вале дар шароити уезди Хуҷанд ҳам, чун ба монанди бисёр дигар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна, ҳанӯз миқдори зиёди коргаронро коргарони корхонаҳои ҳунармандӣ ва косибӣ ташкил медоданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо соли 1916 шумораи чунин коргарон танҳо дар уезди Хуҷанд ба 2492 нафар расидааст. Яъне аз ин маълум мешавад, ки дар уезди Хуҷанд миқдори коргарони корхонаҳои ҳунармандию косибӣ нисбат ба коргарони корхонаҳои саноатӣ хеле зиёд будаанд.
Миқдори муайяни коргарон инчунин дар корхонаҳои ҳунармандию косибии Ӯротеппа, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор, Қаротоғ, Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Дарвоз, Ғарм ва дигар ҷойҳо низ кор мекарданд. Дар бисёри ин корхонаҳо фаъолияти меҳнатии коргарон мавсимӣ ё худ оилавӣ буд. Қисме аз коргарони онҳо инчунин бо корҳои деҳқонӣ (кишоварзӣ) ва чорводорӣ низ машғул буданд.
Дар сарзамини Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубии имрӯза марҳилаи ташаккулёбии синфи коргар дар аввалҳои асри XX ҳам ҳанӯз дар ибтидои худ буд. Вале яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ташаккулёбии синфи коргар дар ин қисми Тоҷикистони тошӯравӣ он аст, ки як ҳиссаи мардуми он ҳар сол ба шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон (махсусан водии Фарғона) ва маркази аморати Бухоро рафта, дар заводҳо, фабрикаҳо ва корхонаҳои хурди ҳунармандию косибӣ кор мекарданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо шумораи онҳое, ки ҳар сол, ба шаҳрҳои гуногуни Туркистон барои кофтукови кор танҳо аз водии Қаротегин мерафтаанд, тахминан 20 ҳазор нафарро ташкил мекардаанд. Чунин ҳолати, бо мақсади дарёфти кор, ба дигар водиҳо, махсусан водиҳои саноатӣ омадани мардум, барои водии Кӯлоб, Мастчоҳ, Дарвоз, Ҳисор, Вахш, инчунин Бадахшон низ хос буд. Бояд қайд кард, ки мардикорони кӯҳистонӣ на танҳо дар корхонаҳои саноатӣ, балки дар хоҷагиҳои заминдорони водиҳои Зарафшону Фарғона ҳамчун коргари кироя кор мекарданд.

Музди кор

Албатта дараҷаи зиндагонии чи коргарони заводу фабрикаҳо ва чи коргарони кирояи соҳаи кишоварзӣ аз музди коре, ки мегирифтанд, вобастагӣ дошт. Сараввал ба музди меҳнати коргарони яке аз корхонаҳои саноатии кишвар, заводи равғанкашии дар шаҳри Чуст доштаи рафоқати «К.М. Соловев ва К°» назар мекунем. Дар ин завод ҳамагӣ 75 нафар коргар бошад ҳам, вале ба ҳисоби миёна доимо, аз 67 то 70 нафар кор мекардаанд. Ба коргарон, ба ивази меҳнаташон ҳисобан ба ҳар пуд пунбаи равған 10 тин ҳаққи меҳнат муайян гардида буд. Ин завод дар як сол (яъне мавсими кор) то 300 ҳазор пуд пунбаро равған мекард, ки аз он музди умумии коргарон 30 ҳазор сӯмро ташкил медод. Ҳангоми тақсим намудани он маблағ музди меҳнати солонаи ҳар як коргар (аниқтараш дар як мавсим) тақрибан ба 400-500 сӯм мувофиқ меомад 32 . Қисме аз корхонаҳои саноатӣ дар назди бинои худ барои коргарон хобгоҳ доштанд. Хароҷоти ҷойи хоб ва либоси корӣ аз ҳисоби корхона набуда, балки ҳама дар души худи коргар буд. Дар натиҷа, агар дар тамоми мавсими кор (ин тақрибан ним сол давом мекард) коргари завод барои хӯроки худ 200-250 сӯм харҷ кунад, боқӣ 200-250 сӯми дигарро метавонист барои сарфи оилааш захира намояд.
Вале коргарони кирояе, ки дар хоҷагиҳои заминдорон кор мекарданд, нисбат ба коргарони соҳаи саноатӣ, музди ночизе мегирифтанд. Бояд ба эътибор гирифт, ки аввалҳои асри XX коргарони кирояи хоҷагиҳои заминдорон низ ба ивази меҳнаташон, на ин ки чун пештара маҳсулот, балки пул мегирифтанд. Миқдори (ҳаҷми) хизматпулӣ, чи моҳонаю солона ва чи рӯзона (рӯзбайъ) бештар ба характери маҳалҳо, ба талабот нисбати чунин коргарон вобастагӣ дошт. Аз ҷумла, дар аввали аср мардикорон дар уезди Хуҷанд, ки талабот ба онҳо нисбатан кам буд, ба ивази меҳнати солонаашон 35-50 сӯм мегирифтанд, ҳол он ки дар уезди Самарқанд (дар ин ҷо талабот ба коргарони кироя зиёдтар буд) он аз 50 то 120 сӯмро ташкил мекард. Мардикори дар хоҷагиҳои заминдорони уезди Самарқанд коркарда ба ивази музди солонааш метавонист 2 ва ё 3 асп ё худ гови ҷӯшоӣ харида гирад. Дар уезди Хуҷанд мардикорони рӯзбайъ ба ивази меҳнаташон 30-45 тин ва дар уезди Самарқанд 25-45 тин мегирифтаанд. Дар уезди Самарқанд, дар фасли тирамоҳ, кори аз ҳама мураккаб таги хок намудани ток (боғгӯркунӣ) ба ҳисоб мерафт ва аз ҳамин сабаб заминдор ба ин намуди меҳнат коргаронро бештар рӯзбайъ қабул намуда, ба онҳо музди аз ҳама баланд — 45 тин медод.
Аз ҷумла хоҷагии Баротбоӣ Муродбоев, аз волости Маҳаллаи уезди Самарқанд, иборат аз қариб 1,5 десятина замини корам буд.
Дар он якчанд нафар коргарони баромадашон аз Мастчоҳ, Панҷакент, Шаҳрисабз ва дигар мулкҳои вилояти Самарқанду аморати Бухоро кор мекарданд. Соҳиби мулк ба ивази меҳнати солонаи коргарон 40-50 сӯм (боз ду бор либос = 20 сум), ба ивази меҳнати моҳонаи коргарон (тобистон) 7 сӯму 50 тин, ба ивази кори рӯзбайъ 25 тин музд медод. Барои хӯроки коргари кироя дар як рӯз 12 тин харҷ мекард. Ба ин харҷи ҳаррӯза хароҷот барои нон, мевае, ки дар хоҷагӣ ҳаст (себ, ангур, анор, мавиз, зардолу, шафтолу, ғӯлинг ва ғайраҳо), ҳар рӯз як бор хӯроки гарм, дар як ҳафта як маротиба шӯрбо, баъзан гӯштбирён ё худ оши палав, дар як рӯз ду маротиба чой (яъне нону чой, саҳарӣ ширчой) дохил мешуд. Ҳамаи ин хароҷотҳо бо ҳисоби миёна дар як рӯз ба 10-12 тин мувофиқ меомад33.
Ҳамин тавр аз фактҳои боло маълум мешавад, ки музди меҳнатӣ корхонаҳои саноатӣ нисбат ба музди хоҷагиҳои заминдорон аз 5 то 10 баробар зиёд будааст. Бинобар ҳамин ҳам мардуми ба ҷустуҷӯйи кор аз мулкҳои дур, аз ҷумла аз Бухорои Шарқӣ омада, кӯшиш мекарданд, ки маҳз дар чунин корхонаҳо, яъне заводҳои равғанкашӣ, пахтатозакунӣ ва ғайра барои худ кор пайдо кунанд.
Онҳо танҳо, ҳангоми аз корхонаҳои саноатӣ пайдо накардани кор, пас ноилоҷ ба хоҷагиҳои заминдорон ба мардикорӣ дохил мешуданд.

Оғози ташаккулёбии буржуазияи миллӣ

Баробари ташаккулёбии синфи коргар инчунин ҷараёни ташаккулёбии буржуазияи миллии Осиёи Миёна ҳам маҳз дар солҳои 70-90-и асри XIX оғоз ёфт. Ин ҷараёнро инкишофи муносибатҳои молию пулӣ ва махсусан васеъ гардидани амалиёти сармояи бонкӣ тезонид. Зеро, чуноне дар боби пеш қайд намудем, шӯъбаҳои Осиёимиёнагии бонкҳои марказӣ дар шароити кишвар аз кӯмаки миёнаравҳо васеъ истифода мебурданд. Аксарияти кулли он миёнаравҳо аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ, махсусан тоҷикон, ӯзбекҳо ва яҳудиёни маҳаллӣ буданд. Онҳо баробари қарзро ба истеҳсолкунандагон, ба ивази фоизи баланд расонидан, инчунин аз истеҳсолкунандагон маҳсулотро харида ба ширкатҳо ва савдогарони калон мефурӯхтанд, ё худ, агар худ гумоштаи онҳо бошанд, он маҳсулотҳоро ба нуқтаҳои таъиншуда мерасониданд. Дар натиҷаи чунин амалиёт миёнаравҳо оҳиста-оҳиста бою бадавлат мешуданд, худ соҳиби маблағ ва мулкҳои зиёд гардида, барои ташаккулёбии буржуазияи миллӣ ибтидо мегузоштанд.
Дар охири асри XIX ва махсусан аввалҳои асри XX аз ҷумлаи намояндагони буржуазияи миллӣ соҳибони заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ ва ғайра кам набуданд. Баъзеи онҳо аллакай соҳиби заводҳои зиёд гардидаанд, ки чунин ҳолатро дар мисоли рафоқати Вадяевҳо ва Потеляхов дидем. Сарварони рафоқати Вадяевҳо бародарон Сион ва Ёқуб, дар натиҷаи кордонии худ, на танҳо рафоқаташонро дар соҳаи амалиёти пахта ва равған ба ҷумлаи рафоқатҳои калонтарини империяи Русия табдил додаанд, балки худашон ҳам дар арафаи инқилоби Октябр ба қатори капиталистони номии он дохил шудаанд. Намояндагони буржуазияи навташкилшудаистодаи миллиро дар тамоми вилоятҳои кишвари Туркистон мушоҳида кардан мумкин буд. Онҳоро аз рӯйи муносибаташон нисбат ба заводҳои пахтатозакунӣ ба тарзи зайл ном бурдан мумкин: дар вилояти Фарғона — Миркомил Мӯъминбоев, Юсуфбоӣ Матмусобоев, Саид Аҳмад Хоҷаев, Султонмуродбек Худоёрбеков, ҳар кадоми онҳо соҳиби 4 завод, Аҳмадбек Темирбеков — соҳиби 3 завод; дар вилояти Самарқанд — Абдуҳакимбоӣ Мӯъминҷонов — соҳиби 3 завод, Аҳмадҷон Абоев (Валиев), Мулло Умар Абдуғаффоров, Абдуҳакимбоев, бародарон Абрам ва Бениам Фузайловҳо ҳар кадом соҳиби 2 завод ва ғайраҳо. Онҳое, ки соҳиби як ё ду заводи пахтатозакунӣ, ё худ дар қатори заводи пахтатозакунӣ боз заводҳои дигарро ихтиёрдорӣ мекарданд, хеле зиёд буданд. Дар аморати Бухоро соҳибони заводҳои пахтатозакунӣ аз ҳисоби намояндагони буржуазияи миллӣ_ хеле кам буданд. Чунин миллионерҳои бухороӣ, ба монанди бародарон Қосимхоҷаевҳо, бародарон Арабовҳо ва дигарон барои бунёди заводҳо ҳавасмандӣ надоштанд. Онҳо махсусан дар соҳаи савдои пӯсти қарокӯлӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд.
Аксарияти буржуазияи навташкилшудаистодаи Осиёи Миёна худ соҳиби сармояи хусусӣ гардида, онро ба гардиш гузоштаанд. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти соли 1911 тоҷирони номии бухороӣ Латифхоҷа Қосимхоҷаев ба амалиёт 250 ҳазор сӯм сармояи худро низ гузоштааст. Гардиши солонаи ӯ аз корҳои тиҷорат қариб 3 млн. сӯмро ташкил медод. Ё худ тоҷири дигари номии бухороӣ Турақулбоӣ Сафарбоев ба ҳисоб мерафт. Гардиши солонаи ӯ низ ба 1 млн. сӯм мерасид. Вай ҳам ба амалиёт 25 ҳазор сӯм сармояи худро гузоштааст. Вале дар соҳаи ба амалиёт гузаштани сармояи хусусӣ ҳам тоҷирони вилояти Фарғона дар мадди аввал меистоданд.
Аммо тоҷирони чи бухороию чи фарғонагӣ қисми асосии тиҷорати худро маҳз дар асоси ҳамон сармояе пеш мебурданд, ки онро аз шӯъбаҳои бонкҳои дар кишвар доштаи Русия қарз гирифтаанд. Дар чунин ҳолат ба онҳо сармояи шахсиашон як ҳиссаи иловагӣ хизмат мекард.
Баъзе аз тоҷирони маҳаллӣ дар натиҷаи пеш бурдани корҳои тиҷоратию судхӯрӣ ва махсусан алоқаи наздик доштан бо шӯъбаҳои бонкҳои марказӣ, дар муддати кӯтоҳ, ба шахсони бойтарини ноҳия ва вилоят табдил ёфтаанд. Масалан падари Миркомил Мӯъминбоев аз ҷумлаи заминдорон ва тоҷирони миёнаи вилояти Фарғона буд. Вай ба писараш — Миркомил 30-35 ҳазор сӯмро гузошта, васият намуд, ки баъд аз сари ӯ аз ҳисоби он пулҳо дар Мадинаи Мунаввара хонае созад. Вале Миркомил баъди марги падар он пулҳоро ба муомилот гузошт. Худаш корҳои савдоро аз фурӯхтани керосин (чун аробакаш) сар карда, бо шӯъбаҳои бонкҳо алоқа кард, амалиёти судхӯриро пеш бурд, дар натиҷа солҳои 1909-1911 ба шахси бойтарини вилоят табдил ёфт. Дар он солҳо арзиши мулкҳои ғайриманқулаи Миркомил қариб ба 5 млн. сӯм мерасид. Соли 1915 бошад он то ба 14 млн. сӯм зиёд шуд34. Чунин ҳолатро дар симои бисёре аз намояндагони буржуазияи навтавлидшудаистодаи Осиёи Миёна низ дида метавонем.
Дар шароити худи Осиёи Миёна дар ҳаӣати буржуазияи навташаккулёфтаистода фарқияти ҷиддие мавҷуд буд. Аз ҷумла, махсусан намояндагони буржуазияи миллии водии Фарғона даромади худро бештар барои ба вуҷуд овардани соҳаҳои гуногуни саноат сарф менамуданд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар шаҳру ноҳияҳои водӣ, аз он ҷумла уезди Хуҷанд (агарчанде он аз ҷиҳати маъмурӣ ба вилояти Самарқанд дохил мешуд) соҳаҳои гуногуни саноат сол аз сол меафзуд. Дар натиҷа буржуазияи навташкилшудаистодаи водии Фарғона аз намояндаи буржуазияи тиҷоратӣ ба буржуазияи саноатӣ ё худ саноатию тиҷоратӣ табдил меёфт.
Аммо тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллӣ дар аморати Бухоро аз тарзи ташаккулёбии буржуазияи водии Фарғона тамоман фарқ мекард. Чунончи, агарчанде дар аморати Бухоро миллионерҳои маҳаллӣ буданд, вале аксари онҳо даромади худро бештар ба тиллою нуқра ва дигар сангҳои қимматбаҳо табдил дода, барои сохтани заводу фабрикаҳои нав чандон ҳавасманд набуданд. Аз ҳамин сабаб афзойиши соҳаҳои гуногуни саноат дар сарзамини аморати Бухоро хеле суст ба назар мерасид. Ҳол он ки эҳтиёҷот ба хелҳои гуногуни он, чун дар водии Фарғона, дар Бухоро ҳам зиёд буд.
Дар натиҷаи ин ҳама буржуазияи навтавлидёфтаистодаи бухороӣ на ин ки чун буржуазияи саноатӣ, балки буржуазияи тиҷоратӣ ва судхӯрӣ ба ҳисоб меравад. Чунин ҳолат ба буржуазияи самарқандӣ ва хевагӣ ҳам хос аст. Бинобар ҳамин ҳам баъди сарнагун намудани тартиботи кӯҳна ва бунёди тартиботи Шӯравӣ аз бойҳои водии Фарғона ақаллан заводҳои харобгашта мерос монд. Аммо аз бойҳои бухороӣ бошад қариб тамоми зару зевари онҳо, ба монанди хазинаи амир, ҳама ба яғмо расиданд, ба ғайр аз биноҳои истиқоматии тороҷгардида, дигар меросе намонд.

§ 2. Ҷунбишҳои мардумӣ дар солҳои 80-уми асри XIX. Шӯриши Восеъ

Ҷунбишҳои мардумӣ дар кишвари Туркистон

Ба зери тасарруфи Русия гузаштани Осиёи Миёна аҳволи мардумро чандон беҳтар накард. Инкишофи муносибатҳои молию пулӣ қисми деҳқонон, косибон ва ҳунармандонро хонахароб намуд. Худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ ҳадду канор надошт. Истеҳсолкунандагон ҳарчанд маҳсулоти зиёд ба даст дароранд ҳам, вале он бо роҳҳои гуногун: ба воситаи андозҳо, баргардонидани қарз ва ғайра насиби ҳаннотон мегардид. Бинобар ин халқи мазлуми меҳнаткаш ба душвориҳои давр тоб наоварда ба мубориза бармехест.
Баъди дар қисми сарзамини Осиёи Миёна — кишвари Туркистон ҷорӣ гардидани ҳукуматдории бевоситаи Русияи подшоҳӣ, аллакай соли 1872 дар соҳили Қарасӯи уезди Тошканд ва дар Хуҷанд соли 1873 дар Пошӣ ном деҳаи Ӯротеппа, соли 1875 дар худи Ӯротеппа, соли 1880 боз дар Хуҷанду Ӯротеппа ва дигар ҷойҳо ҷунбишу шӯришҳои халқӣ ба вуқӯъ омадаанд.
Аз ҷумла ҷунбиши мардумии соли 1880-и Хуҷанду Ӯротеппа ба тарзи зайл ба амал омадааст. Аввали моҳи ноябри ҳамон сол сарвари уезди Хуҷанд Путинсев фармон дод, ки аз ҳар раияти ноҳияҳои Хуҷанду Ӯротеппа иловагӣ андози земствогӣ рӯёнанд, агарчанде мардуми ин ноҳияҳо тамоми андозҳои пештар муайяншударо аллакай адо карда буданд. Инак, мардум, ки дигар имконияти иҷро намудани андози навро надошт, муқобили фармони нав баромада, онро ғайриқонунӣ ҳисобида, бо шикоят ба сӯйи идораи Путинсев равон шуданд. Вале сарвари уезд ба эътирози мардум аҳамият надод ва баръакс ба политсия ҳукм дод, ки сарварони ҳаракат Рахмонқулхоҷа, Миркомилбой ва дигаронро ҳабс намоянд. Дар ҳамон лаҳза ба ҳимояи мардуми Хуҷанду Ӯротеппа ҳисобчии хазинаи (казначей) дар шаҳри Хуҷанд доштаи ҳукумати подшоҳӣ Воробёв баромада, андози навро ғайриқонунӣ ва худи Путинсевро «ғораткунандаи мардум» ҳисобидааст. Вале чорабиниҳои сарвари уезд, ки ба генерал-губернатори Туркистон маъқул буд, бинобар ҳамин ҳам Воробёвро барои шаккокиаш ба ҳабси муваққатии ҳарбӣ (гауптвахта) шинондаанд.
Бояд ба инобат гирифт, ки аллакай дар солҳои 80-уми асри XIX дар кишвари Туркистон аввалин баромади коргарон ба амал омадааст. Ин баромади соли 1885 дар кони ангишти Заврон-Киштути волости Панҷакент (тобеи уезди Самарқанд) мебошад, ки дар он тақрибан 80 нафар коргарон кор мекарданд. Соҳиби кон полковники баистеъфобаромадаи қӯшунҳои подшоҳӣ Заленскиӣ ба ҳисоб мерафт. Коргарон аз шароити вазнини кор норозӣ буда аз хӯҷаини кон зиёд намудани маоши худро талаб карданд. Вале роҳбарияти кон аз иҷрои талаби коргарон саркашӣ намуд. Пас коргарони бақаҳромада мудири кон ва ду нафар назоратчиёни конро зада, худ барои шикоят ба Панҷакент рафтанд. Аммо ҳукуматдорони маҳаллии волостӣ ба муқобили онҳо қувваро истифода бурда, се нафар фаъолонашонро ҳабс ва як қисми дигарро аз кор озод намуданд. Он вақт ягон талаби коргарон қонеъ нагардид.
Баромадҳои коргарӣ бошад дар шароити Осиёи Миёна, махсусан кишвари Туркистон, чун худи Русия, амри воқеӣ гардида, зуд-зуд дар нуқтаҳои гуногун ба амал меомаданд.

Ҷунбишҳои мардумӣ дар аморати Бухоро

Аҳволи халқи меҳнаткаш дар аморати Бухоро боз ҳам вазнинтар ва худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ зиёдтар буд. Маҳз чунин ҳолат соли 1871 боиси шӯришҳои халқӣ дар бекигариҳои Қаршӣ ва Ғузор гардид.
Чуноне дар боби аввал ишора рафт, Бухорои Шарқӣ асосан солҳои 70-уми асри XIX ба зери итоати ҳукумати амирӣ кашида шуд. Вале, дар ин гӯша аллакай солҳои 80-ум вазъият хело ноором гардида буд. Зеро, дар ин қисми аморат зиндагии мардум боз ҳам тоқатфарсотар ва худсарии ҳокимони маҳаллӣ боз ҳам зиёдтар ба ҳисоб мерафт. Бо ибораи Б. Ғ. Ғафуров «ҳукумати амирӣ аслан Бухорои Шарқиро чун мустамликаи худ қарор дода, дар ин ҷо назар ба қисми ғарбии аморат тартиботи сахттаре ҷорӣ намуд». Амир ба сипоҳиёни дарбории худ, ки дар ин гӯша «хизмат» мекарданд, ба ивази маош чун танҳо, ситонидани андози як ё худ якчанд деҳаҳоро бахшида буд. Дар натиҷа деҳқонони ин гуна деҳаҳо «амалан дар ҳолати крепостноӣ» буданд35.
Ҳукумати амирии Бухоро барои пешгирӣ ва ё худ пахш намудани ҳар гуна хурӯҷҳои халқӣ дар Ҳисор ва Ғарм як ҳисса сарбозони эътимодбахше дошт. Чӣ тавре таъкид шуд, аз сабаби аз маркази аморат хеле дар канор будани ин гӯша, ба яке аз ҳокимони он ҳуқуқи васеъ дода шуда буд. Дар аввал соҳиби чунин ҳуқуқи васеъ ҳокими Ҳисор Яъқуббек қушбегӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди ӯ ҳокими Ҳисор Салим дастурхончӣ гардид, вале ӯ ҳуқуқи васеъро бо зудӣ аз даст дод. Сабаби чунин тағйирот воқеоти зерин гардидааст: Вақте, ки Салим дастурхончӣ ҳокими Ҳисор гардидааст (тахминан соли 1878), аз ҳуқуқи васеи худ истифода бурда, духтари соҳибҷамолеро, ки Яъқуббек барои амир Музаффархон тахмин карда буд, ба ҳарами худ даровард. Амир ба чунин «гуноҳи азим» Салим дастурхончиро ба Бухоро даъват карда, инчунин шикоятҳои гуногунро низ ба эътибор гирифта, аввал ба тахтапушташ бо дарра занонд ва баъд ҳукм кард, ки дар заводи хишт чун коргари оддӣ кор кунад. Баъди Салим дастурхончӣ мансаби ҳокимии Ҳисор ба авлодони наздиктарини амир насиб гардид. Аз ин рӯ беки навбатии Ҳисор писари амир Музаффархон — Саид Абдумӯъмин гардид. Вале амир аз сабаби он ки баногоҳ писараш ташаббускори сӯиқасди муқобили амир нагардад, бинобар ин ба писараш ҳуқуқи васеъ (чун барои Яъқуббек қушбегӣ) надод. Ба ихтиёри вай фақат мулкҳои Ҳисору Қаротоғ буду халос. Вале дар Ҳисор, чун пештара амир як ҳисса сарбозонро нигоҳ медошт36.
Баъди Яъқуббек дар идоракунии Бухорои Шарқӣ нуфузи ҳокими Қаротегин Худойназар (баромади ӯ эронист) афзуд. Ба вай супорида шуда буд, ки Ғармро ба маркази резидентсияи худ табдил дода, барои мустаҳкамии ҳокимияти амирӣ дар ин гӯша ӯ тамоми чораҳои заруриро бинад. Худоӣназар низ чун ҳоким — намояндаи амир, аз Ғарм истода, аз баҳори соли 1878 то соли 1886 идоракунии Бухорои Шарқиро ба ӯҳда дошт. Бо ташаббуси ӯ, барои осон гардидани идоракунии бекигариҳои Бухорои Шарқӣ, онҳо боз ба амлокдориҳо тақсим карда шуданд. Баҳори соли 1886 беки нави Ҳисор Останақул қушбегиро таъин намуданд. Дар замони ӯ ҳуқуқи волигии амир дар Бухорои Шарқӣ боз насиби беки Ҳисор, яъне Останақул қушбегӣ гардид.
Худсарию бедодгариҳои ҳукуматдорони амирӣ, ки дар Бухорои Шарқӣ «адои вазифа» доштанд, инчунин зиндагии тоқатфарсои мардуми ин диёр солҳои 1885-1886 сабабгори мавҷи ҳаракатҳои халқӣ дар Шӯробод, Мӯъминобод, Кӯлоб, Балҷувон, Ҳисор ва Деҳнав, соли 1887 дар дараи Ромит ва ғайраҳо гардидаанд. Аз баӣни ин шӯришҳои номбурда шӯриши соли 1885, ки дар ҳудуди Мӯъминободи бекигарии Кӯлоб ба вуқӯъ омадааст, боиси ташвиши сахти ҳукуматдорони амирӣ гардид. Баҳонаи ин шӯриш хело афзудани иштиҳои амалдорони ҳоким дар ситонидани андоз аз ҳосили соли 1885 буд. Яъне, чуноне маълум мешавад, онҳо дар натиҷаи камҳосилию беҳосилии солҳои гузашта (бо сабаби хушксолиҳо ва ҳуҷуми малахҳо), аз деҳқонон андозро ба миқдори дилхоҳ ситонида натавонистаанд. Инак, соли 1885 ҳосил нисбатан фаровон гардид. Амалдорони ҳоким чунин вазъиятро ба фоидаи худ истифода бурдани шуда, аз деҳқонон қарзҳои солҳои пешина, яъне андозҳои солҳои беҳосилию камҳосилии гузаштаро низ талабиданд. Чунин кирдори худсаронаи амалдорони маҳаллӣ аз як тараф сабабгори аз тарафи мардуми мазлум барои шикоят ба назди амир фиристодани ҳаӣати вакилон гардида бошад, аз тарафи дигар, баҳонаи сар задани шӯриш шудааст, ки он бо зудӣ сарзамини Мӯъминободро фаро гирифт. Иштирокчиёни фаъол ва роҳбарони ин шӯриш Мулло Мирзо, Мулло Барот, Мулло Давлат, Мулло Назрӣ, Одинамуҳаммад ва дигарон ба ҳисоб мерафтанд. Шӯриш агарчанде пахш карда шуд, вале амири Бухоро махсусан аз ин ҷунбиш сахт ба ташвиш афтода, маҷбур шудааст, ки ҳокими Кӯлоб Муҳаммад Назарбойро аз вазифааш озод кунад.

Шӯриши Восеъ

Дар баӣни шӯришҳои солҳои 80-ум бузургтарин шӯриш бо сарварии Восеъ ба ҳисоб меравад, ки он соли 1888 дар бекигарии Балҷувон ба амал омадааст. Сабаби асосии ин шӯриш ҳам бенавоӣ ва қашшоқии халқи мазлум, зиёд будани андозҳо, худсарии ҳукуматдорони маҳаллӣ ва ғайра гардидаанд. Бенавоии мардуми ин бекигарӣ ба дараҷае буд, ки мувофиқи нақли яке аз иштирокчиёни шӯриши Восеъ Давлат Собиров дар он замон «дар ихтиёри мардони як деҳа танҳо як ҷома буд ва касе ба бозор равад ё домод шавад ҳамон ҷомаро мепӯшид». Падари Восеъ — Шакар (номи бобояш — Белак) деҳқони камбағал аз деҳаи Нурунҷои Балҷувон будааст. Мӯҳтоҷӣ ӯро ба деҳаи Дараи Мухтор овард ва Восеъ дар ҳамин деҳаи на он қадар калон ба дунё омад. Ӯро дар ҷавониаш ба ҳайъати сарбозони ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарабек (Сарахон? Т.А.) сафарбар намуданд ва соли 1870 дар ҷангҳои муқобили қӯшунҳои амири Бухоро — Музаффархон ширкат варзидааст. Вай ҳатто дар яке аз ҷангҳо бо ҳокими Дарвоз низ иштирок намудааст. Дар натиҷаи ин ҳама Васеъ аллакай бо баъзе нозукиҳои санъати ҳарбӣ шинос гардид. Касби Восеъ деҳқонӣ ва ҷувозкашӣ буд. Ӯ зағирро қисман худаш кишт мекард ва бештар онро аз деҳқонони деҳаҳои гуногуни атроф харида, худ онро ҷувоз мекашид ва равғанашро дар бозори Ховалинг мефурӯхт. Ҳангоми шӯриш Восеи паҳлавонҷусса тахминан 35-37 сола будааст.
Аз сабаби он ки оиди оғоз ва рафти шӯриши Восеъ ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ҳанӯз дарёфт нагардидаанд, бинобар ин он асосан аз рӯйи ривоятҳо тасвир ёфтааст ва табиист, ки онҳо гуногунанд37. Чунонки, мувофиқи он ривоятҳо, дар яке аз рӯзҳои бозор, ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам ҳамроҳи закотчиёнаш ва чанд нафар сарбозон ду деҳқони маҳбусро барои дар сари вақт насупоридани андоз, ба бозори Ховалинг, барои қатл овардаанд. Агарчанде дар ҳудуди аморат ҳукми қатлро амир медоду дар шароити Бухорои Шарқӣ ин гуна ҳуқуқро пештар танҳо ҳокими Ҳисор дошт. Восеъ аз воқеа воқиф шуда, ба беку амалдоронаш ҳамлаи шерона намуд ва маҳбусони бечораро аз марг наҷот дод. Дар ҳамон лаҳза қисме аз деҳқонони дар бозор буда ба Восеъ ҳамроҳ мешаванд. Ҳоким бо сарбозони худ аз тарс роҳи гурезро пеш гирифт. Мувофиқи ин ривоят ҳамин ҳодиса барои оғози шӯриш баҳонае гардидааст.
Мувофиқи ривояти дигар (нақли шодравон, набераи Восеъ — Бобои Камол, аз рӯйи хотироти падараш — Ҳасан, писари нахустини Восеъ) вақте, ки Восеъ машғули хирманкӯбӣ будааст, мансабдорони ҳокими Балҷувон омада аз ӯ чор танга андози «ноҳақона» талаб кардаанд. Восеъ пул надошт. Вале мансабдорон ӯро ба ҳолаш нагузоштаанд. Бинобар ҳамин ҳам Восеи ба ғазаб омада бо як чолокӣ ба сӯйи мансабдорон ҳамла намуда, онҳоро аз асп зада меафтонаду, худ сӯйи Сурхдара мегурезад. Восеъ дар муддати 10 рӯз деҳаҳои Сурхдара ва Шӯробдараро тай намуда, мардумро ба шӯриш даъват кардааст. Дар рӯзи 11-ум дар теппаи кӯҳи Тали Баландсор гулхан афрӯхтаанд, ки ин нишонаи даъват ба шӯриш буд. Дар ибтидои шӯриш дар атрофи Восеъ 11 тан ҳамдиёронаш будаанд, вале ба зудӣ сафи онҳо ба 600 кас расидааст. Онҳо 20 рӯз дар Сурсақова манзил гузошта ба мубориза тайёрӣ дидаанд. Ҳокими Балҷувон бо қувваҳои дар ихтиёр доштааш ба бошишгоҳи шӯришгарон ҳамла кард, вале шикаст хурд. Шӯришгарон деҳаи Хӯҷа Балҷувон ва ниҳоят қалъаи Балҷувонро, ки маркази ҳокимнишин буд, соҳиб шуданд. Ҳоким бо амалдорону сарбозонаш гурехт. 8 рӯз Балҷувон дар ихтиёри шӯришгарон монд. Он лаҳза шумораи шӯришгарон то ба ҳазор нафар расидааст. Онҳо асосан аз ҷумлаи мардуми деҳаҳои Маҳмуддара, Сӯҷина, Шаӣхон, Шуқурак, Оқтерак ва ғайра будаанд. Дар ин муддат Восеъ «ҳукумати» худро ташкил додааст, ки дар он Юсуф ном шахс вазир, Мулло Назир, ки ӯ ҳам мисли Восеъ ҷувозкаш буд, девонбегӣ таъин шудаанд.
Инчунин оид ба оғози шӯриш маълумоти дигаре низ ҳаст, ки мувофиқи он шӯришгарон бо сарварии Восеъ аввал ҳавлии амлокдори Ховалинг ва ҳомиёни онро ба хок яксон намуда, пас ба сӯйи қалъаи Балҷувон ҳаракат кардаанд. Онҳо ба қалъа якбора ҳуҷум накардаанд. Баръакс ба назди ҳоким Мирзо Акрам намояндагони худро фиристода, розигии ӯро барои кам кардани андоз пурсидаанд. Ҳоким бошад он намояндагонро ҳабс намуда, ба назди шӯришгарон, барои ташвиқот, чанд нафар муллоҳоро фиристода, хостааст ки бо ҳамин усул онҳоро пароканда намояд. Аммо шӯришгарон, ки дар деҳаи Тути Қозӣ (наздикии Балҷувон) меистоданд, ба найранги он муллоҳо бовар накардаанд. Дар ҳамин лаҳза сарбозони ҳоким якбора ба муқобили шӯришгарон ба ҳуҷум гузаштаанд. Восеъ бошад ҳушёриро аз даст надода, дар аввал қувваи худро ба ҳолати мудофиавӣ гузаронида, баъд ба ҳуҷум гузаштааст. Дар натиҷа ғалаба насиби Восеъ гардид. Ин муҳорибаи аввалин ва ҳам ғалабаи аввалини Восеъ дар рафти шӯриш ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳориба ҳатто сарвари қӯшунҳои бек Содиқбек кушта шудааст. Ҳоким ва атрофиёнаш ба сӯйи Кангурт гурехтаанд. Шӯришгарон бошанд баробари ба даст даровардани ғалаба намояндагони худро аз ҳабс озод намуда, аслиҳаҳои ба даст даровардаро дар баӣни худ тақсим карданд. Мувофиқи ин ривоят шӯришгарон танҳо се шабонарӯз қалъаи Балҷувонро соҳибӣ кардаанд. Вале онҳо «аз ғалабаи худ мамнун шуда қадаме аз Балҷувон берун намондаанд».
Ҳокими Балҷувон Мирзо Акрам аз вазъият истифода бурда қувваҳои парокандаи худро аз сари нав ҷамъ намуд. Дар ин муддат ба ихтиёри ӯ отряде, чун кӯмак аз беки Кӯлоб низ омада расид. Мирзо Акрам бо якҷоягии ин қувваҳо ба қалъаи Балҷувон ҳуҷум карда онро соҳиб шуд. Шӯришгарон бошанд ба сӯйи Кангурт қафо гашта, деҳқонони Кангурту Қизилмазорро ҷамъ намуданд ва қалъаи Балҷувонро бори дуюм ба даст дароварданд. Дар ин муҳориба’ сарвари нави қӯшунҳои ҳокими Балҷувон Аллаёр низ кушта шуд. Ҳокими Балҷувон бошад боз роҳи гурезро пеш гирифта, ин дафъа дар кӯҳҳои Қизилмазор манзил гирифт. Дар ин лаҳза ба ихтиёри Восеъ Балҷувон, Ховалинг ва Кангурт гузашта буд. Овозаи ғалабаҳои Восеъ ниҳоят то ба амир Абдулаҳадхон, ки ӯ ҳамон лаҳза барои истироҳати тобистона ба Шаҳрисабз омада буд, низ расид. Расидани ин хабар, дар як вақт, бо ба сӯйи Ҳисор аз тарафи амир фиристодани дастаи сарбозон бо сарварии Яъқуббек мувофиқ омад. Беки Ҳисор Остонакул қушбегӣ баробари ба мулкаш омада расидани он сарбозон, ба онҳо қӯшунҳои худро низ ҳамроҳ намуд ва сарварии умумиро ба ӯҳдаи худ гирифта, барои пахш намудани шӯриш, ба сӯйи Балҷувон шитофт. Восеъ бошад аз омадани қувваҳои зиёди амири хабардор шуда, дар дараи Пули Сангин — кӯпруки дарёи Вахшро, ки ягона гузаргоҳ ба сӯйи Балҷувон буд, вайрон кард. Вале Остонақул таъхир накарда, барои аз дарёи Вахш гузаштан мардуми деҳаи Норак ва атрофи онро сафарбар намуда, бо дасти онҳо маҷбуран кӯпруке (амаде) бунёд кард.
Қӯшунҳои Остонақул баробари аз дарёи Вахш гузаштан ба муқобилияти сахти шӯришгарон дучор шуданд. Он лаҳза дастаҳои ҷудогонаи шӯришгаронро дӯстони содиқи Восеъ — Назир, Карим, Наим, Нозим, Муҳаммадӣ, Муродалӣ, Раҳимбой, Саидалӣ ва Давлат сарварӣ мекарданд. Вале сифатан акнун бартарӣ ба фоидаи Остонақул буд. Зеро, дар Кангурт ба онҳо отрядҳои парокандаи беки Балҷувон низ ҳамроҳ шуда будаанд. Дар Тутқавул ва Кангурт дар баӣни шӯришгарон ва қӯшунҳои Остонақул ҷангҳои шадиде ба амал омаданд. Вале ин ҳар ду муҳориба ҳам ба фоидаи Остонақул ва мағлубияти шӯришгарон анҷом ёфт.
Восеъ баъди шикастхӯриҳои Тутқавул ва Кангурт аз муҳорибаи нав даст кашида, бо отряди камшумори боқимондааш ба сӯйи деҳаи Сарипул (шимолу Шарқии Ховалинг) қафо гашт. Вале қисмҳои қӯшунҳои Остонақул то ба ин ҷо ҳам омада расида, ба шӯришгарон зарбаи охиринро расониданд, ки ин воқеа тахминан охири моҳи июли соли 1888 ба вуқӯъ омада буд. Восеъ баъди ин шикастхӯрӣ ба деҳаи Гулдара, ба назди Юнус ном ҳаммаслакаш мегурезад. Юнус Восеъро дар камари обшара пинҳон менамояд. Вақте, ки Давлат қаравулбегӣ аз ҷойи Восеъ огоҳ гардид, Юнус дӯсташро аз ин хабардор мекунад ва Восеъ ба Девлох ном кӯҳ паноҳ меёбад. Баъди ин воқеа амалдорони ҳоким худи Юнусро дастгир намуда, ба сараш равғани доғро рехта куштанд. Писари Юнусро бошад бо шамшер пора карданд.
Ниҳоят Маҳмадалӣ ном хоин (собиқ иштирокчии шӯриш, ки аз тарафи сарбозони ҳоким ҳабс карда шуда буд ва гӯё аз ҳабс гурехта ба Восеъ ҳамроҳ шудааст) ба Восеъ тавсия мекунад, ки аз кӯҳҳои Девлох ба Буздара ном чарогоҳ раванду, аз он ҷо ҳамаашон (онҳо 12 нафар будаанд) асп гирифта ба Афғонистон гурезанд. Вале дар Буздара Восеъ ва ҳаммаслаконашро сарбозони ҳоким аллакай интизор буданд. Дар ин ҷанги нобаробар (тахминан охири августи соли 1888) Восеъ асир афтод. Ӯро аз он ҷо аввал ба Балҷувон, баъд ба Ҳисор оварданд ва аз он ҷо беки Ҳисор Останақул қушбегӣ вайро бо 6 нафар ҳамсафонаш ба Шаҳрисабз, ба ҳузури амир Абдулаҳадхон, ки ҳанӯз ҳам истироҳаташро дар ин ҷо давом медод, фиристод. Бо ҳукми амир Восеъро дар токи нимваӣронаи Оқсараи Шаҳрисабз ба дор кашиданд.
Баъди пахш иамудани шӯриш 120 нафар иштирокчиёни он ҳабс ва 46 нафари онҳо қатл гардиданд. Минбаъд ҳам таъқибкунии иштирокчиёни ин шӯриш 5 сол давом кардааст.
Дар шӯриш асосан деҳқонон иштирок кардаанд. Инчунин нисбати ин шӯриш баъзе дороён ва диндорон низ харҳо буданд.
Чунончи, ҳангоми ҳабси Восеъ эшони халифа писарони Восеъ — Ҳасан ва Давлатро дар хонаи худ пинҳон намудааст. Ё худ ҳангоми ба Шаҳрисабз фиристодани Восеъ, ҳамроҳи, ӯ чун гунаҳкорони ашаддии ин воқеа, аз ҷумлаи мансабдорони маҳаллӣ, ба монанди: Абдулҳақхоҷаи Соҳибзода, Муллобойи тӯқсабо, Қурбон қаравулбегӣ, Хӯҷамурод мирохур ва дигарон низ будаанд.
Сабаби асосии шикастхӯрии шӯриши Восеъ, чун дигар шӯришҳои деҳқонӣ, ин пеш аз ҳама ба он ҷалб нагардидани деҳқонони дигар деҳаю бекигариҳо, камтаҷрибагии сарварони шӯриш, мавҷуд набудани нақшаи амалиёт, нокифоягии аслиҳаи ҷангӣ ва ғайраҳо буданд. Аҳамияти шӯриши Восеъ дар он аст, ки баъди пахш намудани шӯриш ҳукуматдорони амирӣ маҷбур шуданд, ки миқдори ситонидани баъзе намуди андозҳоро кам намоянд (масалан аз наску нахӯд) ва баъзеашро (ба монанди «сабзапулӣ», ки аввали баҳор аз ҳар оила 4 тангагӣ рӯёнида мешуд) аз байн бардоранд.

§ 3. Авҷ гирифтани шӯришҳои зиддимустамликавӣ дар кишвари Туркистон

Сабабҳои ба амал омадани шӯришҳои зиддимустамликавӣ

Дар замони мустамликавӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон худсарию бедодгариҳои амалдорони маҳаллии ҳукумати подшоҳӣ ҳадду канор надошт. Бераҳмиҳои онҳо ҳангоми ҷамъоварии андоз, махсусан дар вақти ба фоидаи муҳоҷирони рус кашида гирифтани ҳиссае аз заминҳои мардуми таҳҷойӣ, зоҳир мегардид. Дар натиҷаи пай дар пай афзудани маҳаллаҳои руснишин, заминҳои корам ва чарогоҳҳои мардуми маҳаллӣ маҳдуд мешуд. Фасли тобистон дар баъзе ноҳияҳои кишвар норасоии об барои корҳои обёрӣ эҳсос карда мешуд. Ҳангоми дар чунин ноҳия мавҷуд будани маҳаллаҳои руснишин аксаран масъалаҳо, аз ҷумла оид ба об, ба фоидаи муҳоҷирони рус ҳал мегардид.
Ба ғайр аз бедодгариҳою маҳдудиятҳои иқтисодӣ, аз тарафи амалдорони маҳаллии ҳукумати подшоҳӣ на ҳама вақт дин ва урфу одати мардуми маҳаллӣ ба эътибор гирифта мешуд. Дар идоракунии кишвар (ба ғайр аз идоракунии маҳаллӣ) аз байн бардоштани нуфузи сарварони дини ислом, дар ҳудуди кишвар маҳдуд намудани мулкҳои вақфӣ ва ғайраҳо олимақомони диниро норозӣ ва ниҳоят ба ғазаб меовард. Ҳол он ки пеш аз забтшавӣ чи ҳукумати хонӣ ва чи ҳокимони маҳаллӣ бе розигии олимақомони динӣ ягон хел чорабиниро намегузарониданд. Мулкҳои вақфӣ бошанд муқаддас ҳисоб карда мешуданд.
Барҳам хӯрдани истиқлолияти миллӣ қисми бузурги мардуми кишвар, махсусан зиёиёни маҳаллиро ором намегузошт, ки дар ин бора дар боби минбаъда хоҳем истод. Қисме аз онҳо роҳи ягонаи озодиро дар мубориза медиданд.
Ниҳоят дар замони мустамликавӣ мардуми маҳаллии кишвари Туркистон дар симои ҳукуматдорони маҳаллии подшоҳӣ истисморгарони асосӣ ва таҳқиркунандагони дину урфу одатҳои миллии худро медиданд. Маҳз ҳамин воқеаҳо дар ҳудуди кишвар сабаби асосии ба амал омадани як қатор шӯришҳои зиддимустамликавӣ, аз ҷумла исёни вабо, шӯриши соли 1898 дар Андиҷон, шӯриши Осиёимиёнагии соли 1916 ва ғайраҳо гардидаанд.

Исёни вабо

Соли 1892 дар шаҳри Тошканд ҳаракати халқӣ ба вуҷуд омад, ки он дар таърих бо номи «исёни вабо» маълум аст. Баҳонаи ба вуҷуд омадани исён, ин моҳи майи ҳамон сол, бо чорабиниҳои дар Тошканд барои пешгирии бемории номбурда андешидаи ҳукумати кишвари Туркистон вобаста аст. Дар он сол беморони вабо аввалин бор моҳи март дар шаҳрҳои Кобул ва Ҳироти Афғонистон пайдо шуда, нишонаҳои онро 1-уми июн дар уезди Ҷиззахи вилояти Самарқанд ва 7-уми июн дар Тошканд ба қайд гирифтаанд. Вале он лаҳза барои табобати беморон чи табибон ва чи доруворӣ намерасид. Бинобар ин, мувофиқи баъзе маълумотҳо, шумораи умумии аз ин беморӣ фавтидагон танҳо дар кишвари Туркистон қариб ду ҳазор нафарро ташкил медоданд.
Сарварони шаҳри Тошканд, бо маслиҳати мутахассисон, барои пешгирии ин бемории хавфноки гузаранда, бо қарори худ барои гӯронидани майитҳои аз ин касалӣ фавтида танҳо як қабристонро муайян намуда, 12 қабристони дигари шаҳриро бастанд. Дар қабристони муайяншуда ҳам майитро танҳо баъди иҷозати хӯҷаинҳои шаҳр мегӯрониданд. Бо сабаби зиёд гардидани фавтидагон мӯҳлати иҷозатгирӣ тақрибан 3-4 рӯз давом мекард ва дар ин муддат майит бояд нигоҳ дошта мешуд. Агар авлодони майит ба ногоҳ ин қоидаи нав ҷоришударо бо инобат нагирифта, майити аз бемории вабо фавтидаро (баъзан аз ин беморӣ набошад ҳам) худсарона дар дигар қабристон ба хок супоранд, он гоҳ ҳукуматдорони шаҳр онҳоро маҷбур мекарданд, ки майитро аз қабристони аввала бароварда ба қабристони муайяншуда оварда гӯронанд. Инчунин дар муддати маъракаи мубориза бо вабо аз шаҳр баромадан ва ба шаҳр даромадан маҳдуд карда шуда буд. Чунин ҳолат на танҳо тоҷирон, балки чоряккорон, мардикорон ва ғайраро низ норозӣ мекард.
Оғози исёнро рақобати мансабӣ тезонид. Чунончи, 12 майи соли 1892 оқсаққоли калони шаҳр Иноятхоҷаро аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Муҳаммад Ёқубро таъин намуданд. Ин ҳолат тарафдорони Иноятхоҷаро ором нагузошт. Онҳо ҳамоно дар баӣни мардум чунин ташвиқот бурданд, ки гӯё қисми зиёди чорабиниҳои шудаистода аз ҷумлаи худсариҳои Муҳаммад Ёқуб мебошанд. Бинобар ин онҳо мардумро маҳз ба муборизаи муқобили Муҳаммад Ёқуб даъват намуданд. Мардуми маҳаллӣ ин ҳама чорабиниҳоро на ҳамчун кӯшишҳо барои пешгирии бемории вабо, балки чун таҳқири дину одат ҳисобиданд. Ниҳоят онҳо 28-уми июни (аз рӯйи дигар маълумотҳо 24-уми июн) соли 1892 исён бардоштанд.
Баҳона барои оғози исён он гардид, ки майитеро авлодонаш беиҷозат ба мазори хостаашон гӯронидаанд. Мутасаддиёни шаҳр аз ин воқеа воқиф гардида авлодони майитро ҷамъ намуда, онҳоро аз баӣни бозор гузаронида, ба идораи маъмурияти шаҳрӣ бурданӣ шудаанд. Он мутасаддиён инчунин дар роҳ авлодони он майитро таҳдид намуда гуфтаанд, ки «майити беиҷозат гӯронидаашонро аз он қабристон гирифта ба қабристони муайяншуда гӯронанд». Мардуми бозор ва кӯчаҳои шаҳр аз асли воқеа воқиф гардида, ба ҳимояи авлодони майит гузаштанд. Дар натиҷа ин воқеа ба исён сабзида расид. Ҳукуматдорони кишвар бо зудӣ ба муқобили исёнгарон қувваи зиёди низомиро гузоштанд. Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр задухӯрди сахти баӣни қувваҳои низомӣ ва исёнгарон ба вуқӯъ омад. Аз ҷумлаи иштирокчиёни шӯриш панҷ нафар ҳалок гардида, бисёриҳо ҳангоми гурехтан дар канали Анҳор ғарқ шудаанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, баъди хомӯш намудани исён аз он канал 80 ҷасадро баровардаанд. Аз ҷумлаи фаъолони исён 60 нафар ба ҳабс гирифта шуд.
Ҳамин тавр, яке аз шӯришҳои калонтарин, ки маҳз дар натиҷаи таҳқири урфу одати миллӣ аз тарафи ҳукуматдорони мустамликавӣ ба вуқӯъ омадааст, хомӯш гардид.

Шӯриши соли 1898 дар Андиҷон

Соли 1898 дар водии Фарғона шӯриши калонтарине ба амал омад, ки дар таърих бо номҳои: «шӯриши Андиҷон», «шӯриши эшони Дукчӣ» ва «шӯриши Мадалӣ-эшон» маълум аст. Сарвари шӯриш Мадалӣ- эшон ба ҳисоб меравад. Аз сабаби он ки падари вай Собири дугчӣ буд, бинобар ин ба Мадалӣ-эшои боз лақаби «дугчӣ» монд. Вале Собири дугчӣ устои камбағали деҳаи Шимиони уезди Марғелон буду, писари вай Мадалӣ-эшон на танҳо эшони машҳури водӣ, балки заминдори калон ҳам ба ҳисоб мерафт. Вай дар ҳақиқат маълумоти хуби динӣ гирифта, ба Макка ҳам рафта омад. Ӯ танҳо дар уезди Марғелон 447 таноб замин, ду осиё, чор ҷувози равған ва заводи киштро ихтиёрдорӣ мекард. Мадалӣ-эшон муридҳо — пайравони зиёде дошт. Рӯзе дар Марғелони Нав полисмеӣстри аз худ рафтаи рус ӯро дар ҳузури одамон, аз он ҷумла муридонаш, маҷбур кард, ки аз хар фаромада, пиёда аз шаҳр гузарад. Мадалӣ-эшон ин воқеаро барои худ таҳқири нобахшиданӣ ҳисобид. Бинобар ин ӯ нисбат ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ нафрати зиёд пайдо карда, муридонашро ҳам ба ҳамин майл ҷалб кард. Яъне ӯ ва муридонаш барои ба фоидаи худ ба муборизаи зидди амалдорони подшоҳӣ бархезонидани мардум лаҳзаи муносибро интизорӣ мекарданд. Инак, соли 1898 чунин лаҳза муҳайё гардид. Мадалӣ-эшон ва муридони ӯ аз ҳамин гуна вазъияти барояшон қулай истифода бурданӣ шуданд.
Дар аввал дар атрофи Мадалӣ-эшон тақрибан 200 нафар саворагон аз деҳаи Тоҷики уезди Мингтеппа ҷамъ шуданд. Баъд ба онҳо мардуми худи Мингтеппа, ки деҳаи сераҳолӣ ба ҳисоб мерафт, ҳамроҳ гардиданд. 17 майи соли 1898 Мадалӣ-эшон, бо мардуми дар атрофаш ҷамъомада, аз деҳаи Мингтеппа ба Андиҷон, ки маркази уездӣ буд, ҳаракат кард. Дар ин лаҳза шумораи шӯришгарон аллакай ба 2 ҳазор нафар расид, ки аз онҳо тахминан ҳазор нафарашон саворагон будаанд. Онҳо 18 март ба гарнизони қӯшунҳои рус якбора ҳуҷум карданд. Дар натиҷа дар баӣни аскарони рус ва шӯришгарон задухӯрди сахт ба амал омад. Танҳо талафоти аскарони рус 22 нафар ҳалокшудагон ва 24 нафар захминшудагонро ташкил медод. Бо ташаббуси ҳукуматдорони кишвар ва вилоят бо зудӣ ба Андиҷон қувваҳои имдодия фиристода шуд. Баробари омада расидани он қувваҳо, аллакай бегоҳии ҳамон рӯз шӯриш дар Андиҷон хомӯш гардид. Мадалӣ-эшон дар аввал гурехта бошад ҳам вале худи ҳамон рӯз дастгир шуд.
Шӯриши соли 1898 на танҳо Андиҷон, балки Намангон, Марғелон, Ӯш, умуман қариб тамоми водии Фарғонаро фаро гирифта буд. Дар он дар қатори ӯзбекҳо, қирғизҳо, инчунин тоҷикҳо низ иштирок карданд. Шӯриш аз рӯйи характери худ миллӣ-озодихоҳӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, он пеш аз ҳама ба муқобили сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ нигаронида шуда буд. Вале сарварони он, пеш аз ҳама Мадалӣ-эшон ва муридони содиқи ӯ, ин шӯришро ба манфиати худ истифода бурданд. Аз ин рӯ бисёр олимон то ба имрӯз дар ин шӯриш фақат ҷиҳатҳои иртиҷоиро медиданд, ки ин баҳои яктарафа аст.
Ҳукуматдорони подшоҳӣ ба воситаи қувваи аскарони худ шӯриши соли 1898-ро дар тамоми нуқтаҳояш пахш намуданд. Аз ҷумлаи иштирокчиён ва хаӣрхоҳони он 777 нафарро (мувофиқи маълумоти дигар 546 нафар) ҳабс карда, 18 нафар фаъолонашро барои ба дор овехтан ҳукм карданд. Ба ғайр аз ин, танҳо аз волости Мингтеппа, деҳаҳои Тоҷик, Қошгар ва Қутчӣ, ки аз онҳо шӯришгарон нисбатан бисёр буданд, аз тарафи аскарони подшоҳӣ тамоман вайрон карда шуданд. Умуман мутасаддиёни ҳарбии кишвар барои тарсонидани чашми мардум ният доштанд, ки боз 29 деҳаҳоро тамоман вайрон кунанд. Вале аз ғазаби нави мардум тарсида, чунин мақсади худро то ба охир нарасонидаанд. Дар ҳақиқат ҳам аллакай 20 июни соли 1899 дар водии Фарғона шӯриши нав ба вуқӯъ омадааст.
Бинобар ҳамин ҳам ҳукуматдорони подшоҳӣ, бо мақсади такмил додани сиёсати мустамликадоронаи худ дар Осиёи Миёна, ба шӯриши соли 1898 диққати ҷиддӣ дода, оид ба сабаб, рафт ва оқибатҳои он, ҳуҷҷатҳои зиёди заруриро ҷамъ намудаанд, ки онҳо 20 ҷилдро ташкил медиҳанд.
Умуман чи дар Туркистон ва чи дар аморати Бухоро зиндагии вазнин минбаъд ҳам боиси ҷунбишҳои эътирозии мардум гардидаанд.

§ 4. Инқилоби якуми буржуазию демократии Русия ва таъсири он дар афзудани ҳаракати зидди мустамликавии мардуми Осиёи Миёна

Инқилоби якуми рус ва таъсири он ба кишвари Туркистон Аввали асри XX барои Русия давраи нооромиҳои зиёд гардид. Бӯҳрони иқтисодии солҳои 1900-1903, махсусан хушксолии соли 1901, ҷанги русу япон (солҳои 1904-1905) ва ғайраҳо сабабгори хароб гардидани иқтисодиёти мамлакат ва боз ҳам вазнин гардидани аҳволи мардум шуд. Овозаҳои дар амалиётҳои ҷангии муқобили қӯшунҳои япон шикаст хӯрдани қӯшунҳои рус боиси боз ҳам коста гардидани обрӯ ва эътибори ҳукумати подшоҳӣ шуд.
Аз соли 1898 ҳизби сотсиал-демократии коргарии Русия (РСДРП) вуҷуд дошт, ки он сарнагун намудани тартиботи подшоҳиро мехост. Ин ҳизб дар анҷумани дуюми худ (соли 1903) ба ду гурӯҳ: болшевикӣ (бо сарварии В.И. Ленин) ва меншевикон тақсим шуд, ки онҳо минбаъд ба ҳизбҳои алоҳида табдил ёфтанд. Гарчанде дар баӣни ин ҳизбҳо ихтилофҳо зиёд вуҷуд доштанд, вале онҳо дар масъалаи сарнагун намудани ҳукумати подшоҳӣ асосан ҳамфикр буданд. Ташкилотҳои ин ҳизбҳо дар тамоми гӯшаю канори империяи Русия, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам амал мекарданд.
Инқилоби якуми рус 9 январи соли 1905, дар шаҳри Петербург, бо якшанбеи хунин (яъне дар он рӯз аз тарафи аскарони ҳукумати подшоҳӣ тирборон кардани намойиши осойишта) сар шуда, бо зудӣ қариб тамоми сарзамини империяи Русия, аз он ҷумла Осиёи Миёнаро низ фаро гирифт.
Дар кишвари Туркистон маркази асосии ҳар гуна ошӯбҳо ва гирдиҳамойиҳои эътирозӣ шаҳри Тошканд ба ҳисоб мерафт. Дар вилоятҳои Фарғона ва Самарқанд ба ҳаракатҳои инқилобӣ деҳқонон низ иштирок намуданд. Аз ҷумла моҳҳои октябр-ноябри соли 1905 деҳқонони уезди Хуҷанд на танҳо аз додани андоз ба хазинаи подшоҳӣ саркашӣ карданд, балки замини бойҳо ва давлатиро дар баӣни худ тақсим намуданд. Моҳи марти соли 1906 деҳқонони деҳаи Чоркӯҳ волости Исфара ёрдамчии сардори уезди Қӯқандро ҳабс карда, замини бойҳоро кашида гирифтанӣ шуданд. Зӯран кашида гирифтани замини бойҳо аз тарафи деҳқонони камзамин ва безамин дар мулкҳои болооби Зарафшон ҳам ҷой дошт.

Чорабиниҳои ҳукумати подшоҳӣ барои пароканда намудани қувваҳои инқилобӣ

Ҳукумати подшоҳӣ барои аз ҳаракати инқилоби дур намудани оммаи халқ чораҳои гуногун андешид. Аз ҷумла 6 августи соли 1905 дар бораи даъват намудани Думаи машваратии давлатӣ (Думаи булигинӣ) манифест баровард. 17 октябри он сол манифесте қабул карда шуд, ки дар асоси он озодиҳои гражданӣ эълон карда мешуд. Бо ин ҳукумати подшоҳӣ буржуазияи Русияро ба тарафи худ кашид. дар натиҷа, дар Русия ҳизбҳои сиёсии буржуазии октябристҳо ва кадетҳо ба вуҷуд омаданд.
Аввали моҳи майи соли 1906 қоидаҳои аз тарафи подшоҳи рус тасдиқ гардидаи интихоботи вакилон аз кишвари Туркистон ба
Думаи давлатӣ омада расид. Мувофиқи он, барои муҳофизати манфиати русҳо ва русзабонҳо аз панҷ вилояти кишвар якнафарӣ, аз ҳисоби шаҳри Тошканд ва казакҳои вилояти Ҳафтрӯд як нафарӣ, яъне ҷамъ ҳафт нафар намояндагони рус ҳамчун вакил интихоб мегардиданд. Аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ бошад, аз тамоми вилоятҳои кишвар як нафарӣ ва аз шаҳри Тошканд ҳам як нафар, яъне ҷамъ шаш нафар намоянда интихоб мегардид. Мувофиқи ин тартибот агар, ба ҳисоби миёна, 46 ҳазор нафар русҳо ва русзабонҳо як нафар намоянда интихоб кунанд, пас 896 ҳазор маҳаллиён як нафар вакил интихоб мекарданд. Дар асоси ин қоида вакилони интихобгардидаи маҳаллиёни кишвари Туркистон дар Думаи давлатӣ шахсони зерин буданд: 1) муллои тошкандӣ — Абдурауфкорӣ Абдувоҳидқориев, 2) тоҷири самарқандӣ — Тошпӯлод Абдухолиқов, 3) тоҷири фарғонагӣ — Муҳаммадҷонов, 4) чорводори калони сирдарёӣ — Т. Оллоберганов, 5) муҳандиси ҳафтрудӣ — Муҳаммадҷон Тонишбоев, 6) аз вилояти Моварои Каспӣ — полковник Махтумқулӣ. Аз ҳисоби русу русзабонҳои шаҳри Тошканд олим — В.П. Наливкин интихоб шуда буд.
Дар Русия инқилоб ҳанӯз идома дошт. Ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеи худ 9 июли соли 1906 Думаи булигиниро пароканда намуда, ибтидои соли 1907 интихоботи Думаи дуюми давлатиро гузаронид. Вале ин дума нисбат ба Думаи якум боз ҳам чаптар буд.

Пурзӯр гардидани амалиётҳои таъқибкунии ҳукумати подшоҳӣ

Ҳукумати подшоҳӣ аз пастравии инқилоб истифода бурда 3 июни соли 1907 Думаи 2-юми давлатиро пароканда намуд, ки он дар таърих ҳамчун «табадуллоти 3-юми июнӣ» ном гирифтааст ва маънои ба итмом расидани инқилоби якуми русро дорад. Яъне, инқилоб шикаст хӯрд ва ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеаш таъқиби мухолифонашро инкишоф дод. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 1907 Шӯъбаи мудофиавии ноҳияи Туркистонӣ ташкил карда шуд, ки онро худи русзабонҳо «охранка» ва мардуми маҳаллӣ «идораи сиёсӣ» мегуфтанд. Дар асл он политсияи махфӣ буд, ки намояндагонаш на танҳо дар кишвари Туркистон, балки дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева ҳам амал мекарданд. Вале ин ҳама пеши роҳи афзудани ҳаракати зиддимустамликавиро гирифта натавонист.
Инқилоби якуми рус махсусан барои бедории сиёсии зиёиёни миллии Осиёи Миёна таъсири ҷиддӣ расонид. Дар худи кишвари Туркистон, ки қисми таркибии империяи Русия ба ҳисоб мерафт, рӯзномаҳои гуногун ба майдон омаданд. Ин инқилоб ҷараёни ташаккулёбии ҳаракати ҷадидии Осиёи Миёнаро тезонид.
Умуман инқилоби номбурда, ки ба муқобили ҳукумати подшоҳӣ нигаронида шуда буд, барои афзудани ҳаракати зиддимустамликавии мардуми Осиёи Миёна таккони ҷиддӣ дод.

§ 5. Омезиши ихтилофҳои мазҳабӣ бо рақобати мансабӣ ва ба амал омадани фоҷиаи баӣни суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар Бухоро

Сабабҳои асосии ба вуҷуд омадани фоҷиа

Моҳи январи соли 1910 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна — маркази аморати Бухоро, дар баӣни суннимазҳабон ва шиамазҳабони ин шаҳри бостонӣ панҷ шабонарӯз, яъне аз 21 то 26 январ хунрезии даҳшатноке идома ёфтааст, ки он воқеа дар таърихи бисёрҳазорсолаи ин маркази тамаддуни Машриқзамин саҳифаи фоҷиавитарин ба ҳисоб меравад.
Маълум аст, ки аксарияти мардуми аморати Бухоро (тоҷикҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва ғайра) пайравони мазҳаби суннӣ38 мебошанд.(Мазҳаби суннӣ — як равияи асосии динии ислом буда, пайравони он ғайр аз Қуръон боз Суннаро, ки ҳадиси муқаддас ҳисоб мешавад ва дар он фикру ақида, гуфторҳои Муҳаммад ва пайравони ӯ, халифҳо: Абу Бакр, Умар, Усмон ва Ҳайдар (Алӣ) баён карда шудаанд, эътироф менамоянд. Сунниҳо баробари халифҳоро ҳокимони олии аз тарафи худо таъиншуда шуморидан, боз бо парастишу маросимҳои мусулмонӣ аз шиаҳо фарқ мекунанд.) Эътиқодмандони равияи шиа3, асосан эрониёне, ки дар шаҳри Бухорои Кӯҳна ва деҳаҳои атрофи он мезистанд, ташкил мекарданд. Маҳз ҳамин фарқияти мазҳабӣ халқҳои асосии ориёӣ ва форсизабон — тоҷикон ва эрониёнро аз якдигар ҷудо намудааст. Дар солҳои пеш, агарчанде баӣни суннимазҳабон ва шиамазҳабон баъзан ихтилофҳо рӯй дода бошанд ҳам, вале дар даҳсолаҳои охир намояндагони ҳар ду мазҳаб бародарвор мезистанд.
Дар Бухоро барои ба амал омадани хунрезии январии соли 1910 сиёсати дар вақтҳои охир пешгирифтаи амирони манғит ва хусумати баӣни мансабталошони ҳар ду мазҳаб сабабҳои асосӣ гардиданд. Ин воқеа чунин рӯй дода буд: Амирони манғит дар шароити аморати Бухоро ба худ такягоҳи боэътимоде надоштанд. Худи қабилаи манғит ҳам нисбатан камшумор буд. Он қабила на танҳо бо дигар қабилаҳои ӯзбек, балки умуман бо туркнажодҳо иттифоқи мустаҳкаме надошт. Тоҷикҳо, ки аксарияти мардуми аморатро ташкил медоданд, ҳеҷ гоҳ боиси боварии амирони манғит нагардидаанд. Бинобар ҳамин ҳам амирони манғит мансаби қушбегиро, ки баъди амир шахси дуюм ба ҳисоб мерафт, на ба тоҷикҳо ва на ба намояндаи дигар қабилаҳои туркнажод муносиб намедиданд. Аниқтараш, амирони манғит хавфи онро доштанд, ки ҳангоми ба мансаби қушбегӣ таъин кардани намояндагони тоҷикҳо ё худ туркнажодҳо, яъне умуман суннимазҳабҳо, онҳо дар вақти муносиб метавонистанд, ки амирро аз мансаб дур кунанд. Аз ҳамин сабаб ҳам амирон ба мансаби қушбегӣ маҳз намояндаи шиамазҳаб — эрониёнро таъин мекарданд. Зеро, эрониён, аз боиси кам будани нуфузи худ дар аморат ҳеҷ гоҳ талоши мансаби амириро намекарданд ва ба амирони манғит содиқона хизмат менамуданд. Агар, амирони манғит қушбегии аз ҳисоби шиамазҳабон таъин кардаашонро аз вазифа озод карданӣ шаванд ҳам, он гоҳ низ ҳеҷ хавфе мавҷуд набуд.
Инак, дар замони ҳукмронии амир Абдулаҳадхон (Мувофиқи баъзе маълумотҳо модари амир Абдулаҳадхон — Шамшод ном зани баромадаш эронй, яъне шиамазҳаб будааст ва ӯ зани дӯстдоштаи амир Музаффархон ба ҳисоб мерафтааст.) шахси бонуфузтарин баъд аз ӯ Остонақул қушбегӣ, ки баромадаш эронист, ба ҳисоб мерафт. Остонақул низ аз мавқеи худ истифода бурда ба дигар мансабҳои зарурии ҳукумати амирӣ эрониёнро таъин кард. Чунин амалиёти ӯ мансабталошони суннимазҳабро, бо сарварии раиси Бухоро Бурҳониддин, ки мехост баъд аз амир бонуфузтарин шахс дар аморат бошад, ба ғазаб овард. Бинобар ин тарафдорони Бурҳониддин барои аз байн бардоштани Остонақул қушбегӣ фурсати мувофиқро интизор буданд.

Баҳона, саршавӣ ва оқибатҳои фоҷиа

Ниҳоят, барои саршавии фоҷиа мавқеи қулай ва баҳонае ҳам муҳайё гардид. 22 январи соли 1910 рӯзи шанбе, дар чорбоғе, ки берун аз дарвозаи Самарқандии шаҳри Бухорои Кӯҳна воқеъ буд, як ҷамоаи эрониёни маҳаллӣ ва мусофир ҷамъ шуда, мотам ороста, маросими таъзияи Ҳусейн (Ҳусейн дар рақобат ва муборизаи дурударози Аббосиён (авлодони пайғамбар Муҳаммад) ба муқобили хукмронии Умавиён иштирок намудааст. Вай соли 680, ҳангоми шӯриш дар маҳалли Карбало ба ҳалокат расид. Шиаҳо Ҳусейнро шахси муқаддас ҳисоб мекунанд.), писари Алӣ, набераи пайғамбар Муҳаммадро мегузарониданд. Барои озодона гузаронидани чунин маросим, эрониёни бухороӣ аз соли 1908, яъне дар замони қушбегӣ Остонақул ҳуқуқ пайдо карда буданд.
Одатан дар рӯзи маросими мотами имом Ҳусейн эрониён либосҳои сиёҳ дар тан, тобути холиро бардошта, «Во Ҳусейн! — гӯён сари дили худро мекӯфтанд. Вале мардуми бухороӣ — сунниҳо ин гуна рафторҳои шиаҳоро фақат мавқеи тамошо медонистанду халос. Аммо дар маросиме, ки 22 январ баргузор гардид на танҳо қисме аз тоҷикон ва ӯзбекони бухороӣ, балки баъзе талабаҳои тошкандӣ ва фарғонагие, ки дар мадрасаҳои Бухоро мехонданд, низ ҳозир буданд.
Инак, чунин амалиёти эрониён боиси хандаи яке аз талабагони фарғонагӣ гардид. Эрониён бошанд ин хандаро нисбати мазҳаби худ таҳқир ҳисобида, ба ӯ ҳуҷум карда, вайро маҷрӯҳ намуданд. Аз ин ҳодиса иртиҷоъпарастони бухороӣ (яъне аз ҳисоби мансабталошони суннимазҳаб) истифода бурда, барои ба муқобили эрониён бархезонидани як қисми талабаҳои мадрасаҳо ва мардуми гумроҳи Бухоро муваффақ гардиданд. Яъне, ин иғвогарон воқеаро ба фоидаи худ шарҳ дода, дар баӣни мардум ҷор мезаданд, ки: «Эрониён муллобачаеро зада куштанд!», «Эрониён бухороиёнро кушта истодаанд!», «Барои ҳифзи ҷон ва номуси худ ҷамъ шавед!».
Мувофиқи баъзе маълумотҳо бо даъвати он иғвогарон, ба тарафдории суннимазҳабон қариб даҳ ҳазор нафар бухороиён ба майдон баромадаанд. Онҳо, ки асосан ба сӯйи Арк ҳаракат мекарданд, аз қушбегӣ Остонақул на танҳо қатли гунаҳкорони тарафи эронии ин воқеа, балки дар сарзамини аморати Бухоро тамоман манъ намудани ҳар гуна маросиму чорабиниҳои шиамазҳабонро талаб менамуданд.
Амир Абдулаҳадхон он солҳо бо баъзе сабабҳо, аз ҷумла ихтилофаш бо сарварони суннимазҳаб, шаҳри Карминаро ба қароргоҳи худ табдил дода буд. Баробари ба ӯ расонидани хабари воқеаи Бухоро, вай вазифаи хомӯш намудани ихтилофро ба ӯҳдаи ҳоким — беки Шаҳрисабз — Мирзо Насрулло, ҳокими Чорҷӯй — Мирзо Низомиддинхоҷаи Урганҷӣ ва баъдтар ба ӯҳдаи ворисаш, ҳокими Кармина — Олимхон гузошт.
Аммо дар дохили шаҳри Бухорои Кӯҳна аллакай худи ҳамон рӯзи аввали воқеа, яъне 22 январ, кушокушии баӣни суннимазҳабон ва шиамазҳабон сар шуда буд. Ҳар ду тараф нисбат ба якдигар ваҳшонияти зиёде зоҳир намуданд. Онҳо то ҳамин лаҳза, ки бо ҳам дар як гузари шаҳр ва ё ҳамсоя мезистанд, ба ҳавлии якдигар зада даромада, кӯдакони дар гоҳвора бударо сар бурида, шиками занҳои ҳомиладорро чок намуда, ҳатто кӯдаки ҳанӯз тавлиднаёфтаро низ аз батни модараш гирифта, сар буриданд. Аз ин фоҷиа пирони ҳар ду тараф ҳам солим намонданд. Мувофиқи маълумоти шоҳидони «он рӯзҳои фоҷиа дар он нуқтаҳои шаҳр, ки зиёда кушокушӣ ба амал омадааст, хуни одамӣ чун оби борон аз гузарҳои танг ҳаракат кардааст».
Ба хунрезии баӣни суннимазҳабон ва шиамазҳабон, ки асосан дар шаҳри Бухорои Кӯҳна давом кардааст, дар баробари шаҳриён инчунин пайравони ин равияҳо аз деҳаҳои атрофи шаҳр низ ҷалб гардидаанд. Микдори умумии қурбоншудагони ин фоҷиа ба ҳазор нафар расидааст. Миқдори маҷрӯҳон беҳисоб буд.
Ҳукумати амирии Бухоро қудрати бо қувваи худ бартараф намудани хунрезии мазҳабии баӣни бухороиён ва эрониёнро надошт. Бинобар ин ба шаҳр як даста аскарони рус бо сарварии генерал Лилиентал дохил шуда, хунрезиро хомӯш намуданд. Ташаббускорони хунрезӣ — олимақомони суннимазҳаб ба азли қушбегӣ Остонақул ва ҳаммаслаконаш мушарраф гардиданд. Баъди ин воқеа Мирзо Насрулло, ки суннимазҳаб буд, ба вазифаи қушбегӣ сарафроз шуд.
Ҳамин тавр рақобати мансабӣ дар Бухоро ба хунрезии калонтарине оварда расонид, ки гунаҳкорони асосии он мансабталошони ҳар ду мазҳаб — суннӣ ва шиа буданд. Вале ин фоҷиа ба гардани бечорагони чи бухороӣ ва чи эронӣ бадбахтиҳои зиёдеро овард. Онҳо аз ин фоҷиа зарари ҷонӣ ва моддӣ диданд.

§ 6. Шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 дар Осиёи Миёна

Оғози ҷанги якуми ҷаҳон ва иштироки Русия дар он

19 июли (1 августи) соли 1914 ҷанги якуми ҷаҳон оғоз ёфт, ки ба он 38 давлатҳои ҷаҳон, бо аҳолии 1,5 млрд. нафар, ё худ аз шор се ҳиссаи мардуми башар кашида шуданд. Дар шор соли ҷанг, яъне то соли 1918, дар амалиётҳои ҷангӣ аз аҳолии башар қариб 10 млн. нафар ҳалок ва зиёда аз 20 млн. нафар маҷрӯҳ гардидаанд. Яке аз сабабҳои асосии сар задани ин ҷанг ихтилофи баӣни мамлакатҳои- Антанта’ ва иттифоқи сегона мебошад. Ба ташкилшавии Антанта шартномаҳои баӣни Англияю Франсия (соли 1904) ва Англияю Русия (соли 1907) асос гардиданд. Дар рафти ҷанг миқдори иттифоқчиёни ин блок ба 25 мамлакат расид. Аз ҷумла ИМА ва Япония низ дохил шуданд. Иттифоқи сегона соли 1882 ҳамчун иттифоқи ҳарбию сиёсии баӣни Олмон, Юнон, Австро-Венгрия ва Италия ба вуҷуд омад. Ба он шартномаи соли 1879 дар баӣни Олмон ва Австро-Венгрия имзогардида асос шудааст. Дар рафти ҷанг миқдори иттифоқчиёни ин блок ба 13 мамлакат расид. Моҳи майи соли 1915, яъне дар рафти ҷанги якуми ҷаҳон Италия аз ин иттифоқ баромада, ба муқобили иттифоқчиёни худ — Олмон ва Австро-Венгрия ба ҷанг даромад.
Мамлакатҳои ташаббускори Антанта — Англия, Русия ва Франсия мамлакатҳои бузурги мустамликадор ба ҳисоб мерафтанд. Ташаббускорони блоки дуюм, махсусан Олмон ва Авсгро-Венгрия, ки дертар рӯ ба тараққӣ ниҳода, аз тақсими мустамликаҳо маҳрум мондаанд, норозӣ буданд. Онҳо талаб мекарданд, ки тақсимоти нави мустамликаҳо гузаронида шавад. Мамлакатҳои мустамликадори Антанта албатта ба фоидаи рақибони худ ягон хел гузашт карданро намехостанд. Зеро, мустамликаҳо на танҳо ҳамчун манбаи ашёи хом, балки бозори берақобати молфурӯшӣ низ ба ҳисоб мерафтанд.
Баҳона барои оғози ҷанги ҷаҳонӣ дар Сараево кушта шудани шоҳзодаи империяи Австро-Венгрия Франс Фердинанд (28 июни соли 1914) гардид. Гарчанде ҳукумати Сербия тамоми талабҳои таҳдидномаи (ултиматуми) ҳукумати Австро-Венгрияро қабул кард, вале ҳукумати охирин 28 июли ҳамон сол ба муқобили сербҳо ҷанг эълон кард. 29 ва 30 июл ҳукумати Русия дар мулкҳои худ сафарбарии умумиро эълон кард. Дипломатияи рус сербҳоро дастгирӣ намуд. Олмон 1 август ба Русия, 3 август ба Франсия, 4 август Англия ба Олмон ҷанг эълон карданд. ИМА 6 апрели соли 1917 ба тарафдории мамлакатҳои Антанта ба ҷанг дохил шуд. Русия ба ҷанги ҷаҳонии оғозгардида чандон омада набуд. Ҳанӯз соли 1908 ҳукумати он барномаи 10 солаи тайёрии ҷангро қабул намуд, ки он пурра иҷро нагардида буд. Сарфи назар аз ин моҳҳои аввали ҷанг қӯшунҳои рус дар Пруссияи Шарқӣ ғалабаҳои назаррас ба даст дароварданд. Солҳои 1915-1916 ҳам фронти Русия яке аз фронтҳои асосӣ буд. Бинобар ин ҳукумати Олмон ва Австро-Венгрия ба ин фронт қувваҳои асосии худро гузоштаанд. Дар натиҷа дар ин фронт ҷангҳои шадиде рух доданд. Вале ҷанги тӯлонӣ хароҷотҳо ва аскарони зиёдро талаб мекард.

Баҳонаи шӯриш

Ҳукумати подшоҳии Русия, нисбат ба худ, ба садоқати мардуми Осиёи Миёна ва Қазоқистон боварӣ надошт. Аз ин рӯ, дар солҳои ҷанг ҳам аз ҳисоби мардуми таҳҷойии ин кишвар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар накард. Вале, соли 1916 ҳукумати подшоҳӣ вазъияти ногувори фронтҳоро ба инобат гирифта, ба корҳои ақибгоҳ сафарбар намудани мардуми таҳҷойии кишвари Туркистон ва Қазоқистонро зарур шуморид. 25 июни соли 1916 оиди ин масъала фармони подшоҳ эълон карда шуд. Мувофиқи он бояд аз ҳисоби мардони аз 19 то 43 солаи кишвари Туркистон 250 ҳазор нафар ва Қазоқистон — 80 ҳазор нафар ба корҳои заминкании хати фронт ҷалб карда мешуданд. Аз ҷумла фақат аз уезди Хуҷанд бояд 8948 кас сафарбар мегардиданд41 ва аз онҳо 8140 нафарашон бояд ба корҳои ақибгоҳи фронт фиристода мешуданд 42 . Вазнинии тақсимот ба гардани аҳолии шаҳри Хуҷанд афтида буд. Зеро, танҳо аз ин шаҳри бостонӣ, мебоист 2708 нафар аз ҷумлаи онҳое, ки дар корҳои пахтакорӣ иштирок намекарданд, сафарбар мегардиданд.
Дар асоси фармони номбурда 2 ва 3-юми июли ҳамон сол мардони Хуҷандро ба рӯйхат гирифтанд. Аксари онҳое, ки ба рӯйхат дохил шуда буданд, қувваи асосии кориро ташкил медоданд. Аз ин рӯ, дар айни авҷи корҳои тобистонӣ, ба корҳои ақибгоҳи фронт ҷалб намудани онҳо бегуфтугӯ ба вазъияти хоҷагиашон таъсири манфӣ мерасонид. Ба ғайр аз ин хизмати ҳарбӣ дар баӣни мардуми Осиёи Миёна чандон анъанаи хубе набуд ва аз ин рӯ ин маърака ҳамовозие пайдо накард. Илова бар ин аз тарафи амалдорони маҳаллӣ ҳангоми ба рӯйхатгирӣ ба беадолатиҳо роҳ дода шуда буд. Яъне, ҳар касе, ки доро буд, ба амалдорон пора дода, худро аз рӯйхат баровард. Чунин ҳолат мардуми камбағале, ки имконияти пора додан надоштанд, дарғазаб намуд ва онҳоро ба майдон баровард.

Оғози шӯриш. Характер ва аҳамияти он

4 июли соли 1916 ба қозихонаи маҳаллаи Қалъаи Нави шаҳри Хуҷанд зиёда аз 500 нафар шаҳриён ҷамъ омада, аз қозӣ ва пристав талаб карданд, ки барӯйхатгириро қатъ намоянд. Аммо чунин талаби онҳо аз тарафи қозӣ ва пристав ба инобат гирифта нашуд. Пас мардум бо чунин талаб ба назди сардори уезд, ба сӯйи бозори Чоршанбе ҳаракат карданд. Дар роҳ ба ин мардум аз ҳар сӯ одамони бисёре ҳамроҳ гардиданд. Дар муддати кӯтоҳ шумораи намойишчиён афзуда то ба 7-8 ҳазор нафар расид. Вале сарварони уезд, ба қувваи политсия такя намуда, талаби мардумро рад карданд. Дар натиҷа мардуми бағазабомада ба ҳуҷум гузаштанд. Ҷӯра Зокиров, Зубаӣдалло Раҳматуллоев, Ҷӯра Алӣ ва ғайра аз ҷумлаи фаъолони ин ҳаракати мардумӣ буданд. Аз тарафи политсия ба муқобили мардум тир кушода шуд. Бегоҳии ҳамон рӯз шаҳр дар ҳолати ҳарбӣ эълон гардид. Дар тамоми гӯшаю канори шаҳр ҳарбиён ва политсия назорати қатъӣ ҷорӣ намуданд. Рӯзи дигар, яъне 5 июл ба кӯмаки хуҷандиёни шӯришбардошта агарчанде қариб 700 нафар сокинони волости Қистакӯз омаданд, вале ин қувва вазъиятро дар шаҳр дигар тағйир дода натавонист. Шӯриш дар шаҳри Хуҷанд аллакай хомӯш гардида буд.
Шӯриши Хуҷанд барои баромади умумии кишвар сигнале гардид. Он бо зудӣ ноҳия ва вилоятҳои нав ба навро фаро гирифт. Баъди шӯриши мардуми Хуҷанд мардуми Ургут шӯриш бардоштанд. 6 июли ҳамон сол намойишҳои эътирозӣ ба муқобили сиёсати ҳукумати подшоҳӣ дар Самарқанд ва Тошканд ба амал омаданд. 8-9 июл ҳаракати халқӣ дар Фарғона сар шуд. Дар миёнаи моҳи июл чунин ҳаракат қариб тамоми кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Махсусан мардуми Ҷиззах қариб ҳама ба мубориза бархестанд. Дар ин ҷо мардуми ба мубориза баромада борҳо бо амалдорону ҳимоятгарони ҳукумати подшоҳӣ даст ба гиребон гардиданд. Баромадҳои мардумӣ дар ҳамон сол дар Ӯротеппа, Ашт, Панҷакент низ ба амал омадааст. Дар ноҳияю даштҳои Қазоқистон бошад шӯриш бештар аз ҳама дар вилояти Турғай хеле шиддат гирифт.
Соли 1916 дар сарзамини аморати Бухоро ба ғайр аз хурӯҷҳое, ки дар роҳи оҳани Бухоро ба вуқӯъ омаданд, боз дар Қаршӣ, Қубодиён, Қаротегин ва ғайра ҷунбишҳои мардумӣ рух доданд. Аз ҷумла он сол дар Қалъаи Лабиоби (Тоҷикободи ҳозира) бекигарии Қаротегин ба хурӯҷи халқӣ мардикори мавсимӣ Қаландаршо сарварӣ намудааст. Албатта хурӯҷҳои халқие, ки дар хоки аморат ба амал омадаанд, пеш аз ҳама ба муқобили зулму истибдоди амирӣ, махсусан бедодгариҳои амалдорони маҳаллӣ нигаронида шудаанд. Ҳамин тавр ба доираи шӯриш на танҳо сарзамини кишвари Туркистон ва Қазоқистон балки аморати Бухоро ҳам кашида шуд.
Хурӯҷҳои халқӣ дар шаклҳои гуногун: эътирози оммавӣ, корпартоии коргарон, аз хоҷагии бою кулакҳо ба дашту кӯҳҳо баромада рафтани батракҳо, фирори мардум ба хориҷа, нобуд кардани рӯйхати даъватшудагон, ба амалдорони подшоҳӣ итоат накардан, хароб кардани манзилгоҳ ва тороҷ намудани молу мулки боёну кулакҳо, ниҳоят задухӯрдҳои мусаллаҳона бо политсияю аскарони подшоҳӣ ва ғайраҳо зоҳир мегардиданд. Дар шӯриш тамоми табақаҳои аҳолӣ: деҳқонон, коргарон, тоҷирон, зиёиён, аз ҷумла рӯҳониён иштирок намудаанд.
Ҳукумати подшоҳӣ, аз вусъати шӯриш ба воҳима афтода, 17 июли соли 1916 кишвари Туркистонро дар ҳолати ҳарбӣ эълон кард.
Дар бисёр маҳалҳо, бо фармони амалдорони ҳукумати подшоҳӣ, ба муқобили шӯришгарон силоҳро истифода бурданд. Дар натиҷа шӯриш бераҳмона пахш карда шуд. Бисёр фаъолони шӯриш ҳабс ва бадарға гардиданд. Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ баъди пахш намудани шӯриш миқдори муаӣяншудаи мардикоронро (аз мардуми маҳаллии кишвари Туркистон ва Қазоқистон), ба тарзи зӯрӣ ба корҳои ақибгоҳи фронт фиристоданд.
Ҳамин тавр шӯриши соли 1916 ба таври амалӣ ба сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ як зарбаи қатъӣ зад. Зеро, ин шӯриш мазмунан миллию озодихоҳӣ ба ҳисоб мерафт. Шӯриш барои бедории сиёсӣ ва баланд гардидани шуури сиёсии мардуми маҳаллӣ кӯмаки амалӣ расонид. Он қувваи мардуми маҳаллии Осиёи Миёнаро, ки ҳукумати подшоҳӣ ба он эътиборе намедод, нишон дод. Аз ин рӯ ин шӯриш аҳамияти бузурги таърихӣ дошт.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!