Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 2

БОБИ II.
ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР
ЗАМОНИ ҲУКУМАТДОРИИ МУСТАМЛИКАВИИ РУСИЯИ ПОДШОҲӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА (СОЛҲОИ 1867-1917)

§ 1. Вазъи сиёсию маъмурии Осиёи Миёна баъди ҷорӣ гардидани ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ

Вазъи кишвари Туркистон

Дар замони ҳукуматдории мустамликавии Русияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 1867-1917) дар ин сарзамин генерал- губернатории Туркистон, аморати Бухоро ва хонигарии Хева мавҷудияти худро нигоҳ доштанд. Кишвари Туркистон ба қисми таркибии Русияи подшоҳӣ табдил ёфт. Тамоми қонун ва чорабиниҳои зарурии ҳукумати подшоҳӣ дар ин сарзамин бевосита ҷорӣ карда мешуд.
Ҳукумати подшоҳӣ дар кишвари Туркистон тартиботи мустамликавии ба худ хосеро ҷорӣ кард. Зеро, ба андешаи баъзе амалдорони ҳукумати подшоҳӣ, усули идоракунии франсавӣ (нисбати Тунис ва Алҷазоир) хеле либералӣ менамуд. Ба ақидаи яке аз он амалдорон К.К. Абаза, ин усул барои «мардуми нимваҳшии кишвари Туркистон» гӯё мувофиқ набудааст. Бинобар ин дар кишвар нисбат ба халқи маҳаллӣ системаи вазнини истисморгарӣ ҷорӣ карда шуд.
Соли 1886 «Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон» тасдиқ гардид ва он чун қонуни асосии идоракунии ин кишвар бо баъзе тағйироту иловаҳо то инқилоби Октябрии Русия (соли 1917) амал кард. Дар он инчунин сохти судии кишвар, шаклҳои заминдорӣ, шаклу микдори андозҳо ва ғайра муайян шуда буд. Низомнома ҳукуматдории мустамликавии Русияро дар кишвари Туркистон мустаҳкам менамуд.
Маъмурияти кишвари Туркистон ба мисли дигар губернияҳои Русия на ин ки ба вазорати корҳои дохилӣ, балки ба вазорати ҳарбии он итоат мекард. Аз ҷиҳати маъмурӣ генерал- губернатории Туркистон ба вилоятҳо, вилоятҳо ба уездҳо, уездҳо ба волостҳо тақсим мешуданд. Генерал-губернатор дар ихтиёри худ идоракунии маъмурӣ ва ҳарбиро муттаҳид мекард. Ба ӯ, чуноне дар боби аввал ишора рафт, ҳуқуқҳои васеъ дода буданд. Дар назди ӯ ҷонишин ва шӯрои махсус аз амалдорони ҳарбӣ ва граждании кишвар вуҷуд дошт. Органи иҷроия бошад конселярияи ӯ ба ҳисоб мерафт, ки он дар навбати худ аз се шӯъба иборат буд. Шӯъбаи аввал бо масъалаҳои маъмурӣ ва ҳаӣати шахсии маъмурияти кишвар; шӯъбаи дуюм — бо масъалаҳои замину андоз, сохтмон, алоқа ва масъалаҳои молия, воридоту содирот, назорат аз болои моликияти вақфӣ, назорат аз болои хориҷиёни дар кишвар буда ва ғайра машғул буданд. Шӯъбаи сеюм — шӯъбаи махсуси дар назди конселярия буда ҳамчун қисми дипломатӣ ба ҳисоб мерафт, ки он аз соли 1899 чун амалдори дипломатии намояндаи вазорати корҳои хориҷӣ шуморида мешуд ва ба воситаи он сиёсати мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ аз болои аморати Бухорою хонигарии Хева низ амалӣ мегардид.
Дар вилоятҳо губернаторҳои ҳарбӣ, дар уездҳо сарварони уездҳо роҳбарӣ мекарданд. Ҳамаи онҳо шахси ҳарбӣ ва якҷоя маъмурияти ҳарбии кишварро ташкил мекарданд. Бояд қайд кард, ки қисме аз онҳо дар қатори рутбаи ҳарбӣ доштан, аз таъриху маданияти кишвар хабардор буданд, забонҳои маҳаллиро медонистанд, баъзеашон шарқшиносони номӣ (ба монанди Н.С. Ликошин-губернатори ҳарбии вилояти Самарқанд) ба ҳисоб мерафтанд.
Сарварони вилоятҳо ҳокимияти маҳаллӣ — оқсаққолони деҳаҳо ва авулҳоро аз ҳисоби бойҳои маҳаллӣ интихоб мекарданд. Аз ҳамин сабаб ҳам ҳокимияти маҳаллиро «ҳокимияти халқӣ» мегуфтанд. Ин «ҳокимияти халқӣ» якҷоя бо маъмурияти ҳарбӣ номи «идоракунии ҳарбию халқӣ»-ро гирифтааст.
Чуноне дар боби аввал ишора рафт, генерал-губернатори Туркистон ҳангоми ташкилёбӣ (с.1867) аз ду вилоят (Сирдарё — бо марказ дар Тошканд ва Ҳафтрӯд-бо марказ дар Верный) иборат буд. Соли 1876 баъди барҳам додани хонигарии Қӯқанд сарзамини боқимондаи он (яъне қисми ҷанубии хонигарӣ) бо номи вилояти Фарғона ба ҳаӣати генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд. Округи Зарафшон соли 1887 ба вилояти Самарқанд табдил ёфт. Соли 1882 вилояти Ҳафтрӯдро як муддат ба генерал-губернатории Степной ва соли 1899 боз ба ҳаӣати генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ намуданд. Шӯъбаи Моварои Каспӣ (Закаспий) соли 1891 ба вилоят табдил дода шуд ва он то соли 1890 ба ҳаӣати мулки Кавказ дохил мешуд. Вилояти номбурда солҳои 1890-1897 бевосита дар итоати вазорати ҳарбӣ буда, аз соли 1897 ба генерал-губернатории Туркистон дохил карда шуд.
Сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшони (Помири) Шарқӣ ба ҳаӣати ду вилоятҳои кишвари Туркистон: Самарқанд ва Фарғона мансубият доштанд. Ба ҳаӣати вилояти Самарқанд уезди Хуҷанд ва болооби Зарафшон, ба ҳаӣати вилояти Фарғона Бадахшони Шарқӣ, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд.
Ҳукумати подшоҳӣ аз фаъолияти генерал-губернатории Туркистон чандон қаноатманд набуд ва аз ҳамин сабаб ҳам онҳоро тез-тез иваз мекард. Аз баӣни 15 нафари онҳо танҳо К.П. Кауфман (1867-1882) ва А.В. Самсонов (1903-1913) нисбатан тӯлонӣ сарварӣ намудаанд. Бо мақсади самаранок истифода бурдани Осиёи Миёна ҳукумати подшоҳӣ солҳои 1882-1883 бо сарварии сенатор Ф.К. Гирс ва солҳои 1909-1910 бо сарварии граф К.К. Пален ба ин сарзамин ҳаӣати тафтишотии махсус фиристода, маҳал ва соҳаҳои ҷудогонаро ба тарзи васеъ омӯхт.

Вазъи аморати Бухоро ва боз ҳам маҳдуд намудани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии он

Вазъияти сиёсии аморати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштан хеле тағйир ёфт. Акнун аморати Бухоро бо дигар давлатҳои ҳамсоя мустақилона муносибат намекард. Чунин маҳдудият агарчанде дар ягон шартномаи баӣни Русияю Бухоро акс наёфтааст, вале амирони Бухоро дар симои ҳукумати подшоҳӣ ба худ пушту паноҳи пурқувватеро дида, бо мақсади ягона нигоҳ доштани аморат ва осуда ҳукуматдорӣ намудан, ихтиёран аз баҳри чунин мустақилият баромада, худро ба оғӯши мутегии ҳукумати подшоҳии Русия кашида буданд.
22 апрели соли 1868 хати гумрукии (боҷии) Сибири Ғарбӣ ва Оренбургӣ аз байн бардошта шуд. Баъди он масъалаи тиҷорати баӣни Русияю Осиёи Миёна, ҳамчун масъалаи дохилии империяи Русия гардид. Соли 1894 хати гумрукии Русияю Бухороро низ аз байн бардоштанд ва он ба хати гумрукии Бухорою Афғонистон пайваст. Аз ҷумла солҳои 1894-1895 дар чунин нуқтаҳои сарҳадии аморати Бухоро: Қаршӣ, Калиф, Чӯчқагузар,. Патта-Ҳисор ва Айваҷ ташкилотҳои гумрукии Русия кушода шуд. Ин ташкилотҳо, бегуфтугӯ озодона ба бозори дохилии чи аморат ва чи кишвари Туркистон дохил гардидани молҳои хориҷиро маҳдуд мегардониданд.
Соли 1893 мувофиқи хоҳиши вазорати молияи Русия аз тарафи ҳукумати амирии Бухоро ва хонии Хева сикка задани тангаи нуқрагин қатъ карда шуд. Қурби тангаи бухороӣ ва хевагӣ аз рӯйи 15 тини русӣ ҳисоб карда, аз тарафи бонки Давлатии Русия харида мешуд. Бо ҳамин яке аз нишонаҳои асосии мустақилияти аморати Бухоро аз байн рафт. Вале амалан, агарчанде амири Бухоро дигар ҳуқуқи сикка задани тангаи худро надошта бошад ҳам, тангаи Бухороӣ, дар қатори рубли русӣ, то маҳви тартиботи амирӣ фаъолият кард.
Ба ҳукумати подшоҳӣ содиқ будан ба ҳар се амирони Бухорои замони ҳукуматдории мустамликавии Русия дар ин сарзамин хос аст. Аз ҷумла, ҳанӯз амир Музаффархон кӯшиш мекард, ки нисбати ҳукумати подшоҳӣ садоқати худро исбот намояд. Генерал- губернатори Туркистон фон К.П. Кауфман ҳам чунин амалиётҳои ӯро эҳсос намуда беҳуда нагуфтааст, ки аз ҳама «беҳтарин ҳокими уездии ман амири Бухоро мебошад». Моҳи январи соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Русия» кушода шуд, ки ба он агенти сиёсӣ сарварӣ мекард ва он дар асл, аз фаъолияти амир ва ҳукумати ӯ назорат карда, ба маслиҳатчии асосиаш табдил ёфта буд.
Аз замони Музаффархон сар карда ба тахти Бухоро таъин намудани ворис на ба хоҳиш ва иродаи амирон, балки ба розигии подшоҳи рус вобастагӣ дошт. Масалан, амир Музаффархон дорои 13 нафар писар буд. Мувофиқи анъанаҳои пештара бародарон дар аввал аксаран баҳри мансаб баӣни худ меҷангиданд, баъди ба мансаб соҳиб шудан, бо мақсади бехатарии салтанаташон, боқимонда бародаронашонро нест мекарданд. Акнун ин гуна анъана, ки боиси хунрезиҳои зиёд мегардид, аз байн рафт. Масъулияти дар Бухоро ворис таъин кардан, бо розигии худи амирон ба ӯҳдаи подшоҳи Русия гузашт. Аз ҳамин сабаб ҳам Музаффархон якчанд нафар писарони худро як-як ба Петербург, ба ҳузури подшоҳ фиристод. Аз ҷумла соли 1882 ба чунин марҳамат Абдулаҳадҳон мушарраф гардида, валиаҳд таъин шуд. Амир Абдулаҳадҳон (1885-1911) дар навбати худ писараш — Олимхонро дар хурдсолиаш ба дарбори подшоҳ Николаи II (1894- 1917) фиристода буд, ки вай дар он ҷо, бо ибораи С. Айнӣ чун «ғуломи ҳалқабаргӯши колонизаторон шуда тарбия» гирифт, ва лоиқи тоҷу тахти падар гардида тавонист1.
Бинобар ҳамин ҳам амирони охирини Бухоро нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ содиқ буданд. Амалдорони аморат низ садоқати амиронро нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ эҳсос намуда, дар навбати худ онҳо ҳам нисбат ба гумоштагони ҳукумати подшоҳӣ вафодории худро нишон медоданд. Дар натиҷаи ин ҳама аморати Бухоро агарчанде аз ҷиҳати ҳуқуқ давлати мустақил буд, вале амалан, махсусан аз ҷиҳати иқтисодӣ пурра ба талаботи сиёсати иқтисодии Русияи подшоҳӣ мутобиқ карда шуда буд.
Аморати Бухоро то охири аҳди амир Абдулаҳадҳон аз ҷиҳати маъмурӣ ба 28 бекигарӣ ва 9 туманҳо тақсим мешуд. Бекигариҳо инҳо буданд: Чорҷӯй, Кармина, Зиёуддин, Нурато, Қаршӣ, Хатирчӣ, Китоб, Шаҳрисабз, Чироқчӣ, Яккабоғ, Ғузор, Бойсун, Қаротегин, Қубодиён, Шеробод, Деҳнав, Ҳисор, Дарвоз, Балҷувон, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шуғнону Рӯшон, Калиф, Каркӣ, Кабаклин, Бурдалик, Норазм ва Сариҷӯй. Дар охири аҳди Абдулаҳадҳон бекигарии Сариҷӯй барҳам дода шуд ва 5 амлокдории он ба бекигарии Ҳисор ҳамроҳ гардид. Туманҳои аморати Бухоро инҳо буданд: Қарокӯл, Зандане, Пирмаст, Ғиждувон, Конимех, Вағонзе, Вобканд, Шофирком ва Ёртеппа. Туманҳо асосан дар атрофи шаҳри Бухорои Кӯҳна — маркази аморат ҷойгир буданд ва онҳо бевосита аз тарафи қушбегӣ, ки дар аморат шахси дуюм (яъне баъди амир) буд, идора карда мешуд. Тамоми корҳои динӣ дар ихтиёри қозикалон, назорати иҷроиши нормаҳои шариат дар ихтиёри раис буд. Дар бекигариҳо бек ё худ ҳоким сарварӣ мекарданд. Инчунин дар ҳар бекигарӣ ва туманҳо қозӣ таъин карда мешуд. Дар деҳаҳо хӯҷаинӣ дар ихтиёри арбобу оқсақолон буд.
Дар хонигарии Хева ҳам, ба мисли аморати Бухоро, баъди мутеи Русияи подшоҳӣ гардидани он, дар идоракунии дохилиаш тағйироти ҷиддие ба вуҷуд наомад.

§ 2. Сиёсати муҳоҷиркунӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан дар Осиёи Миёна

Сиёсати муҳоҷиркунии ҳукумати подшоҳӣ дар шароити Осиёи Миёна

Ҳукумати подшоҳӣ Осиёи Миёнаро ба мустамликаи худ табдил дода, барои босамар истифода бурдани он шурӯъ карда бошад ҳам, вале нисбат ба худ ба садоқати мардуми таҳҷойии ин кишвар боварӣ надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам вай бо мақсади ба вуҷуд овардани такягоҳи боварибахш аз губернияҳои сераҳолии марказии Русия қисми деҳқонони русро ба ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна кӯчонид. Ҳукумати подшоҳӣ бо чунин чорабинӣ, бо як тир ду нишонро заданӣ буд. Яъне он аз як тараф қисми деҳқонони русро аз губернияҳои сераҳолии марказ кӯчонида, дар он маҳалҳо барои зиёд намудани миқдори замини деҳқонони боқимонда мушарраф гардиданӣ буд. Вай бо ҳамин мехост пеши роҳи норозигии он деҳқононро гирад. Аз тарафи дигар, ҳукумати подшоҳӣ мехост деҳқонони кӯчонидашудаи русро дар ин ё он маҳали кишвари Туркистон ҷойгир намуда, ба онҳо нисбатан замини зиёдро дода, аз ҳисоби ин деҳқонони рус ба худ такягоҳи боварибахш тайёр намояд. Зеро чунин такягоҳ ҳангоми, ба муқобили сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳӣ, болоравии норозигии мардуми маҳаллӣ хеле зарур ҳисобида мешуд.
Ҳукумати подшоҳӣ нақшаи ба вилояти Ҳафтрӯд кӯчонидани деҳқонони русро ҳанӯз соли 1869 тартиб дода буд. Дар асоси он аз соли 1868 то соли 1882 дар вилояти номбурда 29 маҳаллаҳои руснишин, бо аҳолии 25 ҳазор нафар ба вуҷуд омад. Вале он вақт танҳо бо вилояти Ҳафтрӯд маҳдуд нагардида, муҳоҷирони русро дар дигар вилоятҳои Туркистон низ ҷойгир намудаанд. Масалан, соли 1881 дар вилояти Сирдарё аллакай 19 маҳаллаҳои руснишин, бо аҳолии 1300 нафар вуҷуд дошт. Ё худ соли 1896 танҳо дар уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд 6 маҳаллаҳои руснишин вуҷуд дошт, ки дар онҳо қариб ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекарданд.
Дар натиҷаи чунин сиёсат дар гӯшаю канори Туркистон маҳаллаҳои гуногуни руснишин ба вуҷуд омада, миқдоран сол аз сол афзудаанд. Ба зиёдшавии онҳо сохтмони роҳи оҳан, сиёсати муҳоҷиркунии столипинӣ низ таъсир расониданд. Инак, соли 1910 шумораи чунин маҳаллаҳо дар кишвари Туркистон ба 124 адад расид, ки дар онҳо 70 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекарданд. Дар ин давр шумораи умумии мардуми русзабони кишвар бо якҷоягии шаҳриён зиёда аз 200 ҳазор нафарро ташкил медоданд.
Вале бояд қайд кард, ки ғайри чашмдошти ҳукуматдорони подшоҳӣ муҳоҷирони рус бо мардуми маҳаллӣ бештар унс гирифта, талхию ширинии замони подшоҳиро якҷоя мечашиданд. Онҳо инчунин ба якдигар барои ғанӣ гардонидани таҷрибаи деҳқонӣ ва истифодаи техникаи нав кӯмаки амалӣ мерасониданд.

Сохтмони роҳҳои оҳан дар Осиёи Миёна

Албатта барои ба макони ашёи хом — пахта ва бозори молфурӯшии саноатчиёни рус табдил ёфтани Осиёи Миёна мақоми роҳи оҳан хеле бузург аст. Зеро, бо сохтани ин роҳ пахта аз водии Фарғона то ба марказҳои саноатии Русия дар муддати аз 2 то 6 ҳафта омада мерасид. Дар вақти набудани роҳи оҳан муддати дастрасшавии он маҳсулот аз 4 то 10 моҳро ташкил мекард.
Зарурияти сохтани роҳи оҳани Осиёи Миёнаро капиталистони Москва ҳанӯз соли 1874 ба миён гузошта буданд. Вале ҳукуматдорони подшоҳӣ, махсусан амалдорони соҳаи молия, сохтмони чунин роҳро барои Русия аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар меҳисобиданд. Бо ҳамин сабаб, онҳо сараввал сохтани чунин роҳро дастгирӣ накардаанд. Вале вазъияти ҳамонвақтаи ҳарбии Русия сохтмони ин гуна роҳро на танҳо ба миён гузошт, балки тезонид.
Чунончи, қувваҳои ҳарбии Русия соли 1878 дар яке аз ҷангҳои аввалаи худ бо қабилаҳои туркман дар мавзеи Ахал-Тегин ба муқобилияти сахт дучор шуда, шикаст хӯрданд. Барои аскарони рус дар ин ҷанг махсусан ҷангкунон тай карда гузаштани даштҳои беобу регзор хело гаронӣ намуд. Инак, бо мақсади таслим намудани қабилаҳои саркаши туркман, бо супориши ҳукумати подшоҳӣ 3 августи соли 1880 аз димоғаи Михаӣловск (ё худ Узун-Ада) сохтмони роҳи оҳанро ба тарзи таъҷилӣ сар карданд. 1 сентябри соли 1881 онро аллакай то ба Қизил-Арват расониданд. 20 сентябри ҳамон сол дар ин роҳ ҳаракати поездҳо оғоз ёфт. Соли 1884 ин роҳ то ба Ашқобод расид. Дар ин муддат тақдири қабилаҳои туркман ҳам ҳал гардид. Онҳо дар назди иқтидори ҳарбии аскарони рус маҷбур шуданд, ки таслим шаванд.
Бо забти сарзамини қабилаҳои туркман сохтмони роҳи оҳан қатъ нагардид. Баръакс дар ин муддат аз ҷиҳати иқтисодӣ зарур ва фоидаовар будани роҳи оҳан исбот гардид. Бинобар ин сохтмони роҳи оҳан минбаъд ҳам идома ёфт. Он соли 1886 то ба Марв ва Чорҷӯй омад. Баъдан он роҳ аз сарзамини аморати Бухоро гузошта, соли 1887 то ба Бухорои Нав (Когон) расид ва ба сӯйи Самарқанд идома дода шуд. Соли 1888 Самарқанд ҳам ба хати роҳи оҳан пайваст гардид.
Соли 1895 сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёна идома ёфт. Он соли 1899 ба воситаи Хавос ва Хуҷанд то ба Андиҷон расид ва дар ҳамин муддат дигар хати он аз Хавос то ба Тошканд омад. Сохтмони ин роҳ барои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ аҳамияти махсус дошт. Солҳои 1900-1901 роҳи оҳани байни Бухорои Нав ва Бухорои Кӯҳна (пойтахти аморати Бухоро) аз ҳисоби хазинаи амири Бухоро сохта шуд.
Дар натиҷаи сохтмони роҳи оҳан (то ба Тошканд) маҳсулотро аз Осиёи Миёна (аз Тошканд, Андиҷон ё худ Хуҷанд) ба маркази Русия бо поезд то ба димоғаи Михаӣловск оварда, аз он ҷо ба киштиҳо бор карда, ба воситаи баҳри Хазар (Каспӣ) ё ба Кавказ бурда боз ба воситаи поезд то ба маркази Русия мебурданд, ё худ он киштиҳо борро ба воситаи дарёи Волга то шаҳрҳои Астрахан ё худ Қазон меоварданд. Ҳамаи ин амалиётҳо вақт ва меҳнати зиёдро талаб мекард. Аз ҷумла пахтаи водии Фарғона то ба нуқтаи муайяншуда дар муддати аз 1 то 3 моҳ омада мерасид. Бо ҳамин сабаб зарурияти бо ҳам пайвастани нуқтаҳои байни Тошканд-Оренбург ба миён омад, ки он дар муддати солҳои 1900- 1906 сохта шуд. Дар натиҷаи ин роҳи оҳани Осиёи Миёна бо роҳи оҳани умумирусиягӣ пайваст гардид.
То ба ин вақт хароҷоти сохтмони роҳҳои оҳан (ба ғайр аз хати баӣни Бухорои Нав ва Бухорои Кӯҳна) аз ҳисоби хазинаи ҳукумати подшоҳӣ буд. 10 июни соли 1905 ҳукумати подшоҳӣ қонуне баровард, ки мувофиқи он дар Русия барои сохтмони роҳи оҳан ба сармояи хусусӣ низ иҷозат дода мешуд. Дар натиҷа бо ташаббуси бонкҳои хусусӣ ва сармоядорони ҷудогона, бо мақсади сохтани роҳҳои оҳан ҷамъиятҳои гуногун ташкил карда шуданд. Аз ҷумла соли 1912 Ҷамъиятҳои роҳи оҳани Фарғона ва Ҳафтрӯд, соли 1913 Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро ба вуҷуд омаданд.
Ҷамъияти роҳи оҳани Бухоро бо ташаббуси муҳандиси сохтмони роҳи оҳан А.Н. Ковалевскиӣ, бо иштироки бонки Русию Осиёгӣ ва амири Бухоро ташкил ёфта буд. Мақсади бунёди ин ҷамъият сохта ва ба истифода додани роҳи оҳани Бухорои Нав (Когон) — Қаршӣ-Калиф-Тирмиз, бо шохаҳои Қаршӣ-Ғузор-Китоб ба ҳисоб мерафт. Сохтмони ин роҳ соли 1914 оғоз ёфт ва соли 1916 ба охир расид. Дар сохтмони ин роҳ аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ, махсусан аз мардуми Қаротегин чун қувваи корӣ ба тарзи васеъ истифода бурдаанд.
Роҳи оҳан агарчанде то ба водии Вахшу Ҳисор ва Кӯлоб, яъне сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ нарасида бошад ҳам, вале гумоштагони ширкатҳои гуногун, тоҷирони алоҳида ба ин водиҳо ҳам сар дароварда, ба ин гӯшаи дурдаст мол меоварданд ва аз ин ҷо маҳсулотҳои заруриро харида бо роҳҳои гуногун то ба Тирмиз, Чорҷӯй, Қӯқанд, Самарқанд ва дигар истгоҳҳои роҳи оҳан мерасониданд. Бинобар ин сохтмони роҳи оҳан барои гӯшаю канори дурдаст ҳам бетаъсир намонд.

§ 3. Инкишофи пахтакорӣ ва саноат дар Осиёи Миёна

Шаклҳои заминдорӣ ва андоз

Чуноне дар мавзӯи аввал қайд кардем, яке аз мақсадҳои асосии забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия — ин ба макони ашёи хоми саноати бофандагии буржуазияи рус — пахта табдил додани кишвар ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин мақсад ҳукуматдорони подшоҳӣ баробари дар ин сарзамин мустаҳкам намудани мавқеи худ чораҳои заруриро барои инкишофи пахтакорӣ диданд. Зеро то замони забти ин кишвар ҳиссаи пахтаи он дар саноати бофандагии Русия ночиз буд. Масалан, он соли 1862 тахминан 4- 7 фоизро ташкил мекарду халос.
Барои амалан ба маркази ашёи хом — пахта табдил додани Осиёи Миёна, ба ҳукумати подшоҳӣ лозим омад, ки дар мадди аввал ақаллан дар кишвари Туркистон тарзи истифодаи замин ва ситонидани андозро ба талаботи худ мувофиқ намояд. Бинобар ҳамин ҳам, баробари дар ин кишвар ҷорӣ гардидани тартиботи мустамликавӣ, масъалаи шаклҳои заминдорӣ ва андоз низ диққати ҳукуматдорони подшоҳиро ба худ ҷалб карда буд. Вале бо сабаби ҷиҳатҳои фарқкунандагии ҳолати кишоварзии Осиёи Миёна, махсусан дар ин ҷо мақоми асосиро ишғол намудани заминҳои обӣ ва камҳосил будани заминҳои лалмӣ (яъне нисбат ба губернияҳои сиёҳзамини Русия) онҳоро маҷбур намуд, ки ба масъалаи заминдорӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар аморати Бухорою хонии Қӯқанд то забти Русия ҳиссаи бузурги замин — тахминан 50%-ро заминҳои давлатӣ-амлокӣ ва 25%-ро заминҳои вақфӣ ташкил медоданд. Дар ин заминҳо асосан деҳқонони камзамину безамин кор карда, ба фоидаи хазинаи амирию хонӣ ва ташкилотҳои вақфӣ (мадрасаҳо, масҷидҳо ва ғайра) андоз — хироҷ месупориданд. Тахминан 25%-и боқимондаи заминро мулкҳои ҳури холис (яъне мулкҳои аз андоз озод) ва мулкҳои хироҷӣ ташкил менамуданд. Аз чунин тартиботи заминдорӣ ҳукуматдорони подшоҳӣ қаноатманд набуданд. Баъди забти Осиёи Миёна, дар кишвари Туркистон дар асоси «Низомнома оид ба идоракунии…» ин кишвар заминҳои давлатӣ, яъне амлокӣ ва як ҳиссаи заминҳои вақфӣ чун мулки хусусӣ бевосита ба ихтиёри истифодакунандагонаш — деҳқонон, бе пул супорида шуд. Инчунин он ҳиссаи заминҳои мулкие, ки то забтшавӣ аз андоз озод буданд, аз чунин ҳуқуқ маҳрум гардида, ба қатори заминҳои андозсупоранда дохил карда шуданд. Дар баъзе ноҳияҳо, дар асоси таҷрибаи Русия, қисме аз заминҳо ба ихтиёри общинаҳои деҳқонӣ гузаронида шуд.
Дар кишвари Туркистон андози давлатиро аз заминҳои истифодашавандаи обӣ, аз рӯйи даромаднокӣ, ба ҳисоби миёна 10 фоиз муайян карданд. Аз заминҳои лалмӣ аз ҳар десятина 25 тин рӯёнида мешуд. Барои мардуми кӯчманчӣ, чун андоз, аз ҳар юрта (кибитка) 4 сӯмӣ, барои мулки ғайриманқулаи мардуми шаҳр андози давлати муайян карданд. Ҳамаи ин андозҳо ба фоидаи хазинаи подшоҳӣ ситонида мешуд. Агар соли 1896 аз мардуми кишвар ҳамчун андоз 6978720 сӯм ҷамъ карда бошанд, пас он соли 1917 зиёда аз 33 млн. сӯмро ташкил намудааст.
Дар аморати Бухоро, баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштани он, оид ба шаклҳои заминдорӣ ва андоз тағйироте ба вуҷуд наомад. Дар ин ҷо мисли пештара замин ба шаклҳои: амлокӣ (ё худ давлатӣ, ки ба он заминҳои бо ном амирӣ ҳам дохил мешаванд), вақфӣ, мулкҳои ҳури холис ва хироҷӣ тақсим мешуданд. Мисли пештара (тахминан 75%-ро заминҳои амлокӣ ва вақфӣ ташкил менамуданд. Аз заминҳои амлокӣ ва хироҷӣ андоз бо номи хироҷ бояд 10 фоизи ҳосил ба фоидаи хазинаи амир аз заминҳои вақфӣ ҳамин миқдор андоз ба фоидаи мадрасаю масҷидҳо ва дигар ҷойҳои муқаддас ситонида мешуд.
Вале амалан дар аморати Бухоро амалдорони амирӣ, яъне шахсони мутасаддии андоз микдори муаӣяншудаи 10 фоизаро риоя намекарданд. Ҳақиқати ҳолро аз ин хусус С. Айнӣ, чун шоҳиди он давр, ба таври зайл шарҳ медиҳад: «вақти расидани ҳосил муставфии хироҷ (амлокдор) ё намояндаи он бо саворе чанд ба сари замин омада ҳосилро аз будаш ду дараҷа зиёдтар тахмин карда, миқдори ҳаққи подшоҳиро ба қиёси он тахмин ба номи деҳқони фалакзада навишта меравад. Дар вақти тахмин як шахсе ба сифати аминӣ ба унвони намояндагии деҳқон ҳамроҳи муставфиён бошад ҳам, аз ин амин ба деҳқон нафъе намерасад, азбаски нони амин аз табақи муставфӣ равғанӣ мешавад, ин ҳам ба қадри мақдур тахминро мувофиқи дилхоҳи муставфӣ мекунад». Бинобар ин «инҳо ихтиёр доштанд — мегӯяд С. Айнӣ,- ки як заминро як ман25 ё даҳ ман ҳосилот тахмин намоянд. Пас дар ин сурат ҳеҷ тафовут надорад, ки амир даҳяк фармояд ё даҳ панҷ»26.
Андози дигари асосии пуркунандаи хазинаи ҳукумати амирии Бухоро закот ба ҳисоб мерафт. Закот чун андоз аз чорво, молҳои тиҷоратӣ ва пули нақд ситонида мешуд. Ин намуди андоз, мувофиқи Қуръони Шариф яке аз панҷ шартҳои асосии мусулмонӣ ба ҳисоб меравад. Ва он бояд ба фоидаи бенавоён ва дар роҳи Худо сарф мегардид. Мувофиқи шариати ислом ҳар чизе, ки даромад меоварад, агар аз он закот насупоранд, ҳаром аст.
Дар шароити Бухорои амирии охири асри XIX ва аввали асри XX се шакли закот дучор меояд, ки асоситаринаш «закоти савоим»-андоз аз чорводорон ба ҳисоб мерафт. Мувофиқи он аз 40 сар буз ё гӯсфанд як сар чун андоз муайян гардидааст. Вале ба фоидаи онҳое, ки чорвои зиёд доштанд, барои аз 100 сар зиёд, аз ҳар 100 сар буз ё гӯсфанд як сар чун андоз муайян шуда буд. Касоне, ки аз 40 сар буз ё гӯсфанд кам доштанд, бо номи «закоти чакана» барои ҳар як сар гӯсфанд ним танга (7,5 тини ҳамонвақтаи русӣ), барои ҳар як сар буз чоряки танга (3,3 тин) месупориданд. Аз ҳисоби чорвои калон бошад, аз ҳар 5 шутур ё худ гов 1 сар гӯсфанд, ҳамчун «закоти савоим», агар аз он кам бошад, аз ҳар як сар шутур ё гов аз 5 то 10 танга (вобаста ба маҳал) чун андоз — «закоти чакана» месупориданд. Шакли сеюми закотро закоти шавореъ» мегуфтанд, ки он аз ҳисоби пули нақд ва моли бо худ доштаи фуқароён ситонида мешуд.
Аминона ҳам яке аз андозҳои асосии замони амирӣ ба ҳисоб мерафт. Ин намуди андозро аз ҳамаи молҳои барои фурӯхтан муайяншуда меситониданд. Дар баӣни молҳое, ки ба фурӯш бароварда мешуд, ҷойи намоёнро пахта, ғалла, пӯсти қарокӯлӣ, пашм, чорво, мева, матоъҳои гуногун ва ғайраҳо ташкил менамуданд. (Як ман=128 кг)
Ба ғайр аз андозҳои номбурда, дар шароити амирии Бухоро боз даҳҳо намудҳои гуногуни андоз вуҷуд доштанд. Амалдорони замони амирӣ барои аз мардум зиёдтар ситонидани андоз ҳавасманд буданд. Зеро, бо чунин тадбир онҳо аз як тараф ба амир ва наздикони ӯ кордонии худро нишон диҳанд, аз тарафи дигар як ҳиссаи андози ғункардаро аз они худ мекарданд, ки ин гуна ҳолат ҳатто баъзе амалдорони ҳукумати подшоҳиро ба ташвиш гузоштааст.
Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ барои оромии дохилии аморати Бухоро низ манфиатдор буданд. Зеро, ҳангоми ба вуқӯъ омадани хурӯҷҳои халқӣ амир барои имдод бегуфтугӯ ба онҳо муроҷиат мекард. Бинобар ҳамин ҳам амалдорони рус борҳо дар назди ҳукумати амирӣ масъалаи ба тартиб даровардани тарзи ситонидани андоз, бартараф намудани он бетартибиҳо, махсусан худсарии ҳокимон (бекҳо) ва мутасаддиёни андозро гузоштаанд. Чунончи, боре гумоштаи давлати Русия А. Сомов дар вақти сӯҳбат бо амир Олимхон ҳамин таклифро гузоштааст. Вале амир дар ҷавоб гуфтааст: «Ман худам дар аҳди падари марҳумам беки Қаршӣ будам… Агар ба даромад кардани бекҳо роҳ надиҳам, дар он вақт ба онҳо маош додан лозим меояд ки ин тамоман як дигаргунии калон мешавад, вале дар мамлакати мо ба ин одат накардаанд». Минбаъд, агарчанде аз тарафи ҳукумати амирӣ барои қисми амалдорон маош таъин карда шуда бошад ҳам, вале худсариҳои онҳо ҳамон, мисли пештара, давом кардааст.
Ҳамин тарз, баъди ба зери тасарруфи Русияи подшоҳӣ гузаштани Осиёи Миёна ҳукуматдорони подшоҳӣ танҳо дар шароити кишвари Туркистон то андозае тарзи истифодаи замин ва рӯёнидани андозро ба тартиби муайян даровардаанду халос.

Оғози кишти пахтаи навъи америкоӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна ва ба манбаи ашёи хом — пахта табдил ёфтани он

Дар сарзамини Осиёи Миёна аз замонҳои қадим пахтаи навъи «ғӯза» кишт карда мешуд. Тарзи кишти он оддӣ буда, мисли ғалла дар замин пош медоданд. Онро баъди неш заданаш тоқа-тоқа намуда, аз алафҳои бегона халос карда, ҳар сари чанд вақт об дода, бехашро бо каланд нарм мекарданд. Ғӯза ба мисли пахтаи имрӯза нағз намешукуфт. Кӯраки он нимкола шукуфта, хушк мешуд. Аз ин рӯ ба деҳқонон лазим меомад, ки ҳангоми ҷамъоварӣ онро бо даст канда, баъд пахтаашро ба воситаи ҳаллоҷӣ ном асбоб ҷудо кунанд.
Ҳамаи ин корҳо он лаҳза ба воситаи меҳнати дастӣ сурат мегирифт. Дар қитъаҳои ғӯзакиштшуда танҳо ҳангоми шудгори замин аз омочу чорвои корӣ истифода мебурданду халос. Нахи ғӯза ҳам кӯтоҳ буд.
Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XIX яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи пахтакории кишвар ин иваз намудани пахтаи навъи маҳаллӣ — ғӯза бо навъи пешқадами ҷаҳонӣ — америкоӣ буд. Зеро, ғӯза талаботи рӯзафзуни саноатчиёни Русияро қонеъ гардонида наметавонист. Аз ҳамин сабаб дар сарзамини Осиёи Миёна бо ташаббуси ширкатҳои марказии Русия кишти пахтаи навъи америкоӣ оғоз ёфт.
Аввалин кӯшиши дар ҳудуди Осиёи Миёна паҳн намудани пахтаи навъи америкоӣ ба замони пеш аз забтшавӣ мувофиқ меояд. Чунончи, ҳанӯз солҳои 1859-1860 дар Бухоро пунбаи чунин навъи аз тарафи тоҷирони рус овардаро, чун таҷриба кишт кардаанд. Вале кишти онсола бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ ҳосил надод. Баъди забтшавӣ, соли 1874 дар уездҳои Тошканд, Хуҷанд ва Қурама кӯшиши дигари кишти пахтаи навъи америкоӣ карда шуд. Боз натиҷааш манфӣ баромад.
Охири соли 1880 ва аввали соли 1881 аз тарафи ширкати С. Морозов (аз Москва) ба ихтиёри сарвари роҳи оҳани Моварои Каспӣ княз Хилков 6-7 пуд пунбаи пахтаи навъи америкоӣ ва мисрӣ фиристода шуд. Онро соли 1882 кишт карданд ва дар шароити кишвар аввалин маротиба натиҷаи дилхоҳ дод. Минбаъд дар кишвар сол аз сол кишти ин навъи пахта зиёд гардид. Чунончи, агар соли 1885 пахтаи навъи америкоӣ қариб ба ҳазор десятина кишт карда 30 ҳазор пуд пахта гирифта бошанд, пас соли 1887 чунин пахтаро ба майдони қариб 14,5 ҳазор десятина кишт карда аз он то 212 ҳазор пуд ҳосил гирифтаанд.
Дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева аз соли 1887, бо ташаббуси Рафоқати тиҷоратию саноатии Осиёимиёнагии Кудрин ва К° кишти пахтаи навъи америкоӣ сар шуд. То ин вақт дар ҳудуди ин ду мулк кишти пахтаи навъи америкоӣ ҳатто манъ буд. Маҳз рафоқати номбурда аз амир ва хон оиди кишти ин навъи пахта иҷозат гирифтааст.
Солҳои 80-90-уми асри XIX рафоқату ширкатҳои номии марказие, ки дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна нуфуз пайдо карда буданд, ин рафоқати номбурдаи Кудрин ва К°, рафоқати мануфактураи бузурги Ярослав, рафоқати «Владимир Алексеев», ширкатҳои Бародарон Шлосберг, Познанскийҳо, Крафт ва ғайраҳо ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҷумла дар муддати солҳои 1886-1887 аз тарафи рафоқати Кудрин ва К° дар Тошканд, Қӯқанд, Хуҷанд, Намангон, Марғелон, Бухоро, Чорҷӯй, Марв, Хева ва Дилварзин 20 ҳазор пуд пунбаи пахтаи навъи америкоӣ тақсим гардидааст. Ба ғайр аз ин худи рафоқaт дар мавзеъҳои дар ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон доштааш қариб даҳ ҳазор десятина ин гуна навъи пахта кишт намудааст.
Намояндаи ширкати Крафт — Майеркорт бошад ба деҳқонон пунбаи пахтаи навъи америкоиро бе пул тақсим карда дод. Ӯ инчунин, бо мақсади ҳавасмандӣ, барои онҳое, ки зиёда пахтаи аълосифати ин навъро супоридаанд, ҳатто мукофотҳои пулӣ муайян кардааст.
Албатта рафоқату ширкатҳои марказӣ аз харидани пахтаи маҳаллӣ — ғӯза низ даст накашидаанд. Вале онҳо кӯшиш мекарданд, ки деҳқонон ҳар чӣ зиёдтар маҳз пахтаи навъи америкоӣ коранд. Барои ин онҳо деҳқонони пахтакори кишварро маҷбур не, балки ҳавасманд менамуданд. Нархи хариди пахтаи навъи америкоӣ низ нисбат ба ғӯза баландтар буд. Яъне он ширкатҳо пахтаи истеҳсолшударо, кадом навъе, ки бошад, бемаҳдуд мехариданд. Чунончи, ширкати бародарон Шлосбергҳо солҳои 1890-1897 аз ҳудуди аморати Бухоро, аз он ҷумла қисми Шарқии он 440750 пуд пахтаро ба маблағи қариб 2,7 млн. сӯм харидааст, ки қисми зиёди онро ғӯза ташкил мекард. Намояндагони калонтарин фабрикантҳои Лодзаи Полша — Познанскийҳо бошанд дар муддати солҳои 1891-1898 танҳо аз аморати Бухоро 1138 ҳазор пуд пахтаро, аксар ғӯза, ба маблағи 6614 ҳазор сӯм ҳаридаанд.
Охири асри XIX дворянин Д.А. Журавко-Покорский бо мақсади ҷорӣ намудани пахтаи навъи америкоӣ ният дошт, ки дар ҳудуди аморати Бухоро кишти онро дар бекигариҳои Ғузор, Ҳисор, Кӯлоб ва ҳатто Қаротегин ҷорӣ кунад.
Ҳамин тавр бо ташаббуси рафоқату ширкатҳои марказии Русия аз аввали солҳои 80-уми асри XIX кишти пахтаи навъи америкоӣ ҷорӣ карда шуд ва он сол аз сол хеле вусъат ёфт. Вале худи он ширкатҳо аз хоҷагиҳои плантатсионии худ, ки ба меҳнати дастии деҳқони чоряккор асос ёфта буд, зиёда зарар диданд. Инчунин аз кишт то ҷамъоварӣ хеле тӯлонӣ будан худи марҳилаи истеҳсоли пахта онҳоро дилгир мекард. Бо ҳамин сабабҳо он ширкатҳо минбаъд аз плантатсияҳои худ даст кашиданд. Ҳол он ки усули плантатсионӣ, ҳангоми бо техникаи замонавӣ таъмин намудани чунин хоҷагиҳо, он ба усули пешқадами замон — фермерии америкоӣ хеле шабоҳат мекард. Дар ин ҷода кӯмаки молиявии давлатӣ зарур буд. Вале ин роҳ аз ҳамон вақт канда шуд. Бинобар ҳамин ҳам минбаъд низ дар ҳудуди Осиёи Миёна инкишофи пахтакорӣ танҳо аз меҳнати пурмашаққати деҳқонон вобастагӣ дошт.
Сарфи назар аз душвориҳои молиявӣ, маҳз бо ташаббуси рафоқату ширкатҳои марказӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна баъзе таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, махсусан америкоӣ оҳиста-оҳиста ҷорӣ карда шуд. Аз ҷумла, дар кишвар ба воситаи сеялка ба кишти қатораи пахта оғоз намуда, баъзе хоҷагиҳо ҳангоми шудгори замин аз плугҳо низ истифода бурдаанд.
Бо ташаббуси ҳукуматдорони подшоҳӣ, бо мақсади дар шароити ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна мутобиқ кунонидани пахтаи навъи америкоӣ, майдонҳои таҷрибавии пахтакорӣ ҷорӣ карда шуд. Чунин майдонҳои таҷрибавӣ соли 1897 дар наздикии Ашқобод, соли 1900 дар Дилварзин ва соли 1901 дар наздикии Андиҷон ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷа пахтаи навъи америкоӣ бо зудӣ дар шароити ноҳияҳои гуногуни кишвар мутобиқ кунонида шуд.
Ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XIX дар ҳудуди Осиёи Миёна пахтакорӣ аз ду ҳисоб пеш мерафт. Яке, аз ҳисоби кам кардани кишти заминҳои ғалладона, богу токзорҳо, юнучқазорҳо ва ғайра. Дигаре, аз ҳисоби азхудкунии заминҳои бекорхобида. Аз ҷумла азхудкунии даштҳои Дилварзин (Мирзочӯл? – Т. А.) маҳз ҳамон вақт оғоз ёфта буд, ки он минбаъд бо номи «Голодная степь» («Дашти гурусна»), машҳур гардид. Дар аввали асри XX ин иқдом боз ҳам инкишоф ёфта даштҳои Қаршӣ, майдонҳои Сурхон, водии Вахш ва ғайраро фаро гирифт. Бо ташаббуси ҳукумати подшоҳӣ барои обёрии даштҳои Дилварзин каналҳо канда шуд, дар дарёҳо сарбандҳо сохта обро ба баландиҳо мебароварданд.
Албатта суръати пахтакорӣ аз ҳолати техникӣ ҳам вобастагӣ дошт. Аммо он солҳо ба хоҷагии қишлоқи кишвар сар даровардани баъзе намудҳои техникаи нав нигоҳ накарда, пахтакорӣ ҳанӯз ҳам бештар ба техникаи кӯҳна асос меёфт. Зеро, аз як тараф аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки миёнаҳол буданд, бинобар ин онҳо қобилияти харидани техникаи навро надоштанд ва аз тарафи дигар дар шароити кишвар муқобилони ҷорӣ намудани техникаи нави кишоварзӣ, аз ҷумлаи мутасаддиёни болоии ҳукумати подшоҳӣ кам набуданд. Чунонки, 23 сентябри соли 1907 дар яке аз ҷамъомадҳои Кумитаи Биржагии Қӯқанд, бо иштироки раиси Кумитаи пахтаи Русия, собиқ вазири савдо ва саноати Русия В.И. Темирязов, масъала «Дар бораи ба воситаи қувваи мошин кор кардани заминҳои пахта» муҳокима гардид. Ин ҷамъомад ҳатто қарор кард, ки ҳосилнокии замини пахтаи бо меҳнати дастӣ асос ёфта, нисбат ба коркарди мошинӣ хеле баланд ва самаранок аст. Аз ин сабаб таъкид шуд, ки «дар шароити деҳқонони яккадасти кишвар бо мошин иваз кардани меҳнати дастӣ беасос мебошад».
Умуман чорабиниҳои гуногуни дар соҳаи пахтакорӣ пешгирифта (пеш аз ҳама ҳавасманд намудани деҳқонон) имконият доданд, ки дар Осиёи Миёна пахтакорӣ инкишоф ёбад, ҳосилнокии он нисбат ба солҳои пешин зиёд гардад ва истеҳсоли пахта хело афзояд.
Барои муайян намудани ҳиссаи пахтаи Осиёи Миёна ба фактҳои зерин диққат медиҳем. Чунончи, дар саноати бофандагии Русия истифода мешуд:
Соли 1890
5980 ҳаз. пуд пахтаи хориҷӣ
1986-»- -»- ватанӣ.
Соли 1900
9895 -»- -»- хориҷӣ
6110-»- -»- ватанӣ.
Соли 1910
10846 -»- -»- хориҷӣ
11239 -»- -»- ватанӣ.
Соли 1915
7313 -»- -»- хориҷӣ
17202 -»- -»- ватанӣ.
Аз ин рақамҳо маълум мегардад, ки агар ҳиссаи пахтаи ватанӣ (онро асосан пахтаи Осиёи Миёна ташкил медод, зеро ҳиссаи пахтаи Кавказ хеле ночиз буд) соли 1890 тақрибан 30 фоиз ва хориҷӣ 70 фоиз бошад, пас соли 1914 ҳиссаи пахтаи ватанӣ (ба марказ кашонидани он соли 1915 ҳам идома ёфт) тақрибан ба 70 фоиз расиду ҳиссаи пахтаи хориҷӣ то ба 30 фоиз фаромад. Ин бори дигар гувоҳӣ медиҳад, ки дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон Осиёи Миёна ба манбаи асосии ашёи хом — пахтаи саноати бофандагии Русия табдил ёфтааст.
Бояд ба инобат гирифт, ки ҳанӯз дар охири асри XIX ва аввали асри XX ҳукумати подшоҳӣ, бо мақсади дар сарзамини Осиёи Миёна инкишоф додани пахтакорӣ, ӯҳдадор шуда буд, ки мардуми ин кишварро бо ғаллаи арзони дигар губернияҳои Русия, махсусан аз ғаллаи ноҳияҳои Сибир таъмин намояд. Чунин «ӯҳдадорӣ» то солҳои аввали ҷанги якуми ҷаҳон ба хубӣ иҷро шуд. Вале минбаъд, махсусан солҳои 1916-1917, он ӯҳдадорӣ бо сабабҳои гуногун иҷро нагардид ва боиси гаронии нархи галла дар кишвар ва хеле паст рафтани сатҳи зиндагии мардум шуд.
Консессияҳои замин Ҳукуматдорони Русияи подшоҳӣ ба хуби эҳсос намуданд, ки дар шароити Осиёи Миёна, аз он ҷумла кишвари Туркистон корҳои азхудкунии заминҳои бекорхобида хароҷотҳои зиёдро талаб мекунад. Вале маблағе, ки ҳукумати подшоҳӣ дар ин ҷода ҷудо мекард, хеле нокифоя буд. Чунончи, аз рӯйи баъзе маълумотҳо, ба мақсади номбурда хароҷоти солонаи ҳукумати подшоҳӣ аз соли 1882 то соли 1908, ба ҳисоби миёна, тахминан 300 ҳазор сӯмро ташкил мекардаасту халос. Аммо афзудани талабот нисбат ба пахта дар навбати худ зиёд намудани майдони кишти ин зироат ва мантиқан зиёд намудани хароҷотро ба миён гузошта буд. Бинобар ҳамин ҳам соли 1907 Шӯрои генерал-губернатории Туркистон барои ба корчаллонҳои алоҳида, маҳз барои кишти пахта чун консессия додани қитъаҳои замини давлатӣ қарор қабул кард. Ин қарор агарчанде танҳо ба сарзамини кишвари Туркистон дахл дошт, вале он барои ба ҳамин иқдом кашидани тамоми Осиёи Миёна, аз ҷумла сарзамини аморати Бухорою хонии Хева низ роҳ кушод.
Дар натиҷа, дар маҳалҳои гуногуни Осиёи Миёна корчаллонҳо (бештар аз ҳисоби амалдорони ҳукумати подшоҳӣ, гумоштагони бонкҳо, сармоядорон, муҳандисон ва ғайра), дар асоси қарори боло, гӯё, бо мақсади инкишофи пахтакорӣ, қитъаҳои калони заминро ба ихтиёри худ дароварданд. Аз ҷумла соли 1913 агенти бонки Русию Осиёгӣ Стовба аз ҳукумати амирии Бухоро 10,9 ҳазор гектар замини бекигарии Қубодиёнро ба консессия гирифт. Дар худи ҳамон сол княз Андронников бо ҳамроҳии Шарапов зиёда аз 27 ҳазор гектар заминро аз дашти Қаршӣ чун консессия аз ҳукумати амирӣ ба ихтиёр дароварданд. Ё худ ҳанӯз 23 феврали соли 1912 дар баӣни ҳукумати амирии Бухоро ва муҳандиси ҳарбӣ А.Г. Ананев шартномае имзо гардида буд, ки мувофиқи он амир ба Ананев 78 ҳазор гектар замини водии Шерободро чун консессия дод. Бо мақсади азхуд намудани замини пешкашшуда 30 марти соли 1914 бо ташаббуси А.Г. Ананев ва намояндаи бонки Тиҷоратию саноатии русӣ ҷамъияти саҳҳомии (аксионерии) «Шеробод», бо сармояи 18 млн. сӯм ташкил карда шуд. Соли 1916 ҷамъият барои азхудкунии водӣ корҳои васеъро оғоз намуд. Вале соли 1917 бо ғалабаи Инқилоби Октябр ҳамаи нақшаи бунёдкунандагони ҷамъият барбод рафт.

Ба вуҷуд омадан ва инкишоф ёфтани шаклҳои гуногуни саноат дар Осиёи Миёна (заводҳои пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ)

Барои Осиёи Миёна солҳои 80- 90-и асри XIX асосан солҳои бавуҷудойӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат ба ҳисоб меравад. Зеро, мувофиқи баъзе маълумотҳо то соли 1880 дар кишвари Туркистон ҳамагӣ 21 корхонаи саноатӣ вуҷуд доштаасту халос. Аз он ҷумла: 1 заводи пахтатозакунӣ, 2 заводи пӯст, 1 заводи собунпазӣ, 1 матбаа, 4 заводи вино, 1 заводи пивопазӣ, 5 заводи спирттозакунӣ, 1 корхонаи пиллахушккунӣ, 1 заводи биринҷтозакунӣ ва ғайра амал мекардаанд.
Дар ин давр гумоштагони рафоқатҳою ширкатҳои марказӣ пахтаи аз Осиёи Миёна харидаашонро ба шаҳрҳои марказӣ, аз он ҷумла Москва ва атрофи он фиристода, дар ҳамон ҷо онро аз пунбааш (пундонааш) тоза мекарданд, ки ин барояшон хело гаронӣ мекард. Бинобар ин минбаъд, яъне аз солҳои 80-уми асри XIX бо ташаббуси он ширкатҳо дар маҳалҳои гуногуни пахтакорӣ (бештар дар назди деҳаҳо) заводҳои пахтатозакунӣ сохта шуданд. Дар аввал барои ҳаракати он заводҳо қувваи гов ё асп истифода мешуд. Минбаъд онҳоро ба қувваи механикӣ иваз карданд. Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо аз соли 1880 то соли 1890 танҳо дар кишвари Туркистон боз 63 корхонаи нави саноатӣ ба кор шурӯъ намуд, ки 22-тоаш заводҳои пахтатозакунӣ буданд. Солҳои 1890-1900 боз 111 корхонаҳои нави саноатӣ сохтаанд, ки аз онҳо: 52 заводҳои пахтатозакунӣ, 3 заводи равғанкашӣ, 6 матбаа, 19 заводҳои винокашӣ ва ғайра буданд. Бо ин ҳисоб то соли 1900 шумораи умумии корхонаҳои саноатии кишвари Туркистон ба 195 адад расида буд. Аз ин миқдор танҳо ҳиссаи корхонаҳои пахтатозакунӣ 75 заводро ташкил мекарданд. Вале мувофиқи маълумоти расмии ҳукумати подшоҳӣ (аммо начандон пурра, зеро дар он солҳои таъсиси бисёр заводҳо нишон дода нашудааст), дар охирҳои асри XIX дар кишвари Туркистон микдори танҳо заводҳои пахтатозакунӣ аз 100 адад зиёд будааст. Инчунин мувофиқи он маълумот, дар ҳамон давр, заводҳои пахтатозакунӣ дар сарзамини аморати Бухоро (зиёда аз 10 завод) ва хонигарии Хева (тахминан 5 завод) низ вуҷуд доштаанд27. Аз ин рӯ ҷамъбасти умумии заводҳои пахтатозакунии Осиёи Миёна дар он давр ба 120 ва тамоми корхонаҳои саноатӣ бошад тахминан ба 240-250 адад мерасанд. Аз сабаби он ки истеҳсоли пахта, махсусан дар вилояти Фарғона меафзуд, бинобар ин маҳз дар ҳамин вилоят тахминан 70-80 фоизи заводҳои пахтатозакунӣ ҷойгир буданд.
Заводҳои пахтатозакунӣ ба соҳибонашон даромади зиёди бедардимиён медоданд. Зеро, онҳо пахтаро аз деҳқонон бо нархи нисбатан арзон харида, онро дар заводи худ тоза намуда (яъне нахашро аз пунбааш ҷудо намуда), нахашро бо нархи дучанд ба корхонаҳои бофандагӣ мефурӯхтанд. Аз ҳамин сабаб ҳам шумораи заводҳои пахтатозакунӣ дар Осиёи Миёна бо суръати тез меафзуд ва дар соли 1914 то ба 378 адад расид, ки аз он 338 завод фақат дар кишвари Туркистон (аз ҷумла танҳо дар вилояти Фарғона — 240 завод), дар аморати Бухоро — 29 ва дар хонии Хева — 11 завод ҷоӣ гирифта буд28.
Сохтмони заводҳои пахтатозакунӣ минбаъд ҳам идома ёфт. Аз он ҷумла соли 1916 дар Саройи Камар (шаҳрчаи Панҷи ҳозира) ягона дар Бухорои Шарқӣ заводи пахтатозакунӣ сохта шуд, ки он то барқароршавии ҳукумати шӯравӣ амал мекард. Он завод ба Ширкати Бухорои Шарқӣ тааллуқ дошт.
Дар аввал пунбаро (ё худ пундонаро) аз пахта (ё худ ғӯза) ҷудо карда, онро бештар ба ҷойи сӯзишворӣ истифода мебурданд. Яъне қисми бузурги пунба ҳамчун ашёи хом бе ягон фоида нобуд мешуд. Бо мақсади истифодаи ин ашё ва аз он гирифтани равған аз аввали солҳои 90-и асри XIX, боз бо ташаббуси ширкатҳо ва тоҷирон заводҳои равғанкашӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки шумораи онҳо соли 1914 ба 29 адад расид.
Мувофиқи ашёи хоми кишвар инчунин заводҳои дигар, ба монанди: заводҳои ордкашӣ, винокашӣ, пивопазӣ, собунпазӣ, коркарди чӯб, коркарди пӯст; фабрикаҳои тамоку, гӯгирдбарорӣ; корхонаи шоҳибофӣ ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Дар натиҷаи инкишофи шаклҳои гуногуни саноат шумораи умумии заводу фабрикаҳои кишвари Туркистон соли 1914 ба 852 ва соли 1917 ба 1100 адад расидааст. Албатта аксарияти кулли онҳо корхонаҳои хурд буданд. Миқдори зиёди заводу фабрикаҳои нав низ дар вилояти Фарғона ҷоӣ гирифта буданд. Бо инкишофи корхонаҳои саноатӣ Қӯқанд, Намангон, Андиҷон (дар вилояти Фарғона), Самарқанд, Хуҷанд (дар вилояти Самарқанд), Тошканд (дар вилояти Сирдарё), Когон (дар аморати Бухоро) ва дигарҳо ба марказҳои саноатӣ (ба маънои давраи аввалааш) табдил ёфтаанд.

§ 4. Сиёсати қарздиҳӣ ва фаъолияти бонкҳо дар шароити Осиёи Миёна

Кассаҳои қарздиҳии уездӣ

Кассаҳои қарздиҳии уездиро дар замони ҳукуматдории подшоҳӣ «ташкилотҳои қарздиҳии халқӣ» меномиданд. Зеро, онҳо барои дастгирии маҳз хоҷагии истеҳсолкунандагони хурд, ки аксари аҳолиро ташкил медоданд, нигаронида шуда буд.
Дар шароити кишвари Туркистон истеҳсолкунандагони хурдро хоҷагии пахтакорон, ғаллакорон, ҳунармандон, косибон ва чорводорон, яъне умуман ҳамаи онҳое, ки худ бо истеҳсолот машғул буданд, ташкил менамуданд. Онҳо ҳар сол ба фоидаи давлат хелҳои гуногуни андозро супорида хазинаро пур мекарданд. Бинобар ин ҳукуматдорони подшоҳӣ бенавогардии ин қисми аҳолиро намехостанд. Зеро, чунин ҳолат натанҳо барои ҷамъоварии андоз, балки барои мавҷудияти худи системаи мустамликавӣ хавфи ҷиддӣ дошт. Аз ин рӯ ҳукуматдорони подшоҳӣ ба хубӣ эҳсос намуданд, ки истеҳсолкунандагони хурди кишвар мӯҳтоҷи дастгирии молиявӣ мебошанд ва ҳамин ҳолат онҳоро ба доми судхӯрон кашидааст. Баъзе амалдорони подшоҳӣ, дар шароити кишвар яке аз роҳҳои халосиро аз чунин ҳолат, дар ҷорӣ намудани фаъолияти кассаҳои қарздиҳии уездӣ медиданд.
Соли 1870 генерал-губернатори Туркистон фон Кауфман дар шароити кишвар зарурияти кассаҳои қарздиҳии уездиро ба миён гузошта буд. Соли 1873 барои кишвари Туркистон оинномаи намунавии чунин кассаҳо тартиб дода шуд. Мувофиқи он пешниҳод гардида буд, ки ба хоҳишмандон — мӯҳтоҷон қарз ба миқдори аз 10 то 300 сӯм, ба мӯҳлати аз 3 моҳ то як сол, ба ивази 6%-и солона дода шавад. Дар асоси ин оинномаи намунавии умумии кишварӣ минбаъд ҳар як кассаи нав ба вуҷудомада оинномаи худро тартиб медод.
Дар ҳудуди кишвари Туркистон аввалин кассаҳои қарздиҳӣ соли 1876 дар шаҳри Намангони вилояти Фарғона, дуюмин, соли 1882 дар Каттақӯрғони округи Зарафшон (баъд вилояти Самарқанд) ташкил карда шуд. Доираи фаъолияти кассаи каттақӯрғонӣ ҳудуди участкаи Панҷакентро низ, ки тумани Нагорный меномиданд, дар бар мегирифт. Соли 1885 кассаи қарздиҳии уезди Хуҷанд ташкил ёфт. Фонди пулии кассаҳо аз маблағи даромади худи уезд ва вилоят таркиб меёфт. Чунин даромад аз ҳисоби андоз, махсусан андози кишоварзон, даромади шаҳрҳо ва ғайра иборат буд.
Фаъолияти қарздиҳии кассаҳо чунин сурат мегирифт. Сараввал шахси мӯҳтоҷ барои қарз бо ариза ба сарвари уезд муроҷиат мекард.
Дар он инчунин шахсони кафолатдиҳандаро низ нишон медод. Сарвари уезд ҳолати пулии кассаро ба инобат гирифта, барои шахси муроҷиаткарда, миқдори қарзро албатта камтар аз хости ӯ муайян мекард. Мувофиқи оинномаи кассаҳои қарздиҳии вилоятҳои Самарқанд ва Фарғона, дар ҳолати барои қарз муроҷиат кардани шахсони бисёр ва кам будани маблағ, талаботи ҳамон шахсоне қонеъ гардонида мешуд, ки вай нисбатан бечора буд ва ё ба микдори камтар қарз хоҳиш намудааст. Амалан дар вилоятҳои Ҳафтрӯд, Сирдарё ва Самарқанд ҳаҷми қарз то 50 сӯм, дар вилояти Фарғона то 30 сӯм муайян шудааст. Барои гирифтани қарз дар ҳаҷми то 30 сӯм кафолати ду шахс, барои аз 30 сӯм зиёд кафолати 3 касро талаб мекарданд. Дар вилояти Самарқанд қарзи то 5 сӯм бе кафолат дода мешуд. Вале дар чунин ҳолат муроҷиаткунанда бояд дар бораи шахси боваринок буданаш шаҳодатномаи аз тарафи сарвари волост додашударо бо худ доштанаш зарур буд.
Ҳаҷми зиёдтарини қарз — то 300 сӯм дар уезди Казалинскии вилояти Сирдарё дода мешуд. Ҳаҷми камтарини қарз — барои як кас то 40 тин дар уезди Каттақӯрғони вилояти Самарқанд ҷой дошт. Яъне, бо сабаби нокифоя будани маблағ, аз миқдори дар оиннома муайяншуда ҳам камтар қарз медоданд.
Он солҳо дар вилояти Самарқанд ба 30 сӯм як гови ҷӯшоӣ ва ё асп харидан мумкин буд. Аз маҳсулотҳои кишоварзӣ: як пуд гандум — 1 сӯму 20 тин, як пуд пахтаи америкоӣ — 2 сӯму 40 тин, як пуд ҷав — 80 тин, як пуд шолӣ — 1 сӯму 30 тинро ташкил мекарданд. Ҳангоми мавҷудияти чунин нархҳо қарзи аз ҳама кам — 40 тин қариб ба ягон хел дарди истеҳсолкунанда даво шуда наметавонист.
Албатта истеҳсолкунандае, ки аз ин ва ё он касса қарз гирифтааст, вазифадор буд, ки қарзи гирифтаашро саривақт баргардонад. Агар қарздор қарзи худро дар вақти муайяншуда адо карда натавонад, сараввал ҳаққи қарз аз мулки ӯ, ҳангоми нокифоягии арзиши мулк аз шахсони кафолатдода ситонида мешуд. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани офатҳoи табиӣ, бо розигии губернатори вилоят мӯҳлати адои қарзро дароз мекарданд.
Ба ғайр аз кассаҳои қарздиҳии уездии вилояти Ҳафтрӯд тамоми кассаҳои дигар вилоятҳои кишвар қарзи кӯтоҳмуддат, ба мӯҳлати то як сол медоданд. Танҳо дар вилояти Ҳафтрӯд, дар баробари қарзҳои кӯтоҳмуддат, инчунин қарзи дарозмуддат — ба мӯҳлати то 5 сол дода мешуд. Фоизи қарз ҳам дар ин вилоят 5%-и солона муайян шуда буд. Вале онро пешакӣ, ҳангоми супоридани қарз (агар қарзи дарозмуддат бошад, оғози ҳар сол) ситонида мешуд. Дар вилоятҳои боқимонда, чуноне таъкид кардем, барои қарз 6%-и солона, ҳангоми баргардонидани қарз мегирифтанд.
Микдори кассаҳои қарздиҳии уездӣ соли 1903 ба 21 ташкилот, бо сармояи 342,5 ҳазор сӯм расид. Ин маблағ соли 1909 ба 1159 ҳазор сӯм ва дар арафаи ҷанги якуми ҷаҳон ба 1,6 млн. сӯм расид. Аз ҷумла маблағи кассаи Хуҷанд агар ҳангоми ташкилшавӣ (с.1885) 7,5 ҳазор сӯмро ташкил диҳад, пас соли 1909 он то ба 12 ҳазор сӯм зиёд шуду халос. Танҳо дар вилояти Ҳафтрӯд чунин касса якто вуҷуд дошт, бинобар ин он кассаи қарздиҳии уездӣ набуда амалан кассаи вилоятӣ буд.
Албатта ин миқдор маблағ талаботи рӯзафзуни истеҳсолкунандагони хурдро қонеъ гардонида наметавонист. Барои аксари онҳо чунин қарзи ночиз ҳам дастнорас буд. Зеро, мувофиқи ҳисоби мутахассисони ҳамон давр, талаботи мизоҷони танҳо вилояти Фарғона нисбат ба қарз қариб 10 млн. сӯмро ташкил медод.
Ба ғайр аз ин он қарзи ночиз ҳам ба истеҳсолкунандагон ба осонӣ дастрас намешуд. Ҳозир намудани ҳуҷҷатҳои расмӣ, гирифтани розигии кафолатдиҳандагон ва ғайра ин ҳама хароҷотҳои зиёдро талаб мекарданд. Фаъолияти чунин кассаҳои қарздиҳӣ низ танҳо ҳудуди кишвари Туркистонро фаро гирифта буданд. Ин гуна кассаҳо дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева вуҷуд надоштанд.

Фаъолияти қарздиҳии ширкатҳои марказии Русия дар Осиёи Миёна

Ширкату рафоқатҳои марказии тиҷоратии Русия, ки манфиати саноатчиёни бофандагиро ҳимоя мекарданд, махсусан тарафдори инкишофи пахтакорӣ буданд. Чуноне дар қисми аввали ин боб таъкид кардем, маҳз бо ташаббуси онҳо дар ҳудуди Осиёи Миёна кишти пахтаи навъи америкоӣ паҳн гардид. Маҳз он ширкату рафоқатҳо зарурияти қарзро барои инкишофи пахтакорӣ эҳсос намуда, чунин хоҷагиҳоро ба қадри имкон бо пул таъмин кардаанд.
Масалан Рафоқати мануфактураи бузурги Ярослав аз соли 1887 сар карда барои кишти пахтаи навъи америкоӣ, ба ивази 8%-и солона қарз медод. Ин рафоқат дар амалиёти қарздиҳии худ бо рафоқати «Владимир Алексеев» якҷоя фаъолият мекард. Ин ду рафоқат соли 1900 дар 14 волостҳои уезди Андиҷон ба 5632 нафар деҳқонон қариб 415 ҳазор сӯм қарз додаанд. Деҳқонон бошанд ба ивази, ин қарз пахтаи худро бояд маҳз ба намояндагони ҳамин рафоқатҳо месупориданд.
Чуноне аз фаъолияти қарздиҳии ин рафоқатҳо маълум мешавад, онҳо тамоми қарзи муайяншударо якбора ба мизоҷон намедоданд. Балки давраҳои барои деҳқон зарури қарзро ба инобат гирифта, онро ба се қисм тақсим карда, дар даври муайян медоданд. Ин давраҳо: 1) аз 1-уми феврал; 2) аз 15-уми апрел ва 3) аз 10-уми июн сар мешуд. Маълум аст, ки қарзи аввала барои харидани чорвои корӣ, таъмири омоч ва дигар олотҳои меҳнат нигаронида шавад, қарзҳои минбаъда барои хароҷоти коркарди пахта равона шудааст. Рафоқатҳои номбурда барои ҳар як десятина замини кишти пахтаи америкоӣ аз 36 то 60-сӯм қарз муайян кардаанд.
Муайян намудани миқдори қарз ба тарзи зайл сурат мегирифт. Баробари қабули аризаи мизоҷи нав, яъне деҳқон, ба хоҷагии он намояндаи рафоқат рафта онро ба хубӣ меомӯхт, даромаднокӣ ва арзишашро муайян мекард. Он намоянда инчунин ба ҷойгиршавии замин, ҳосилнокӣ ва имконияти обёрии он, масофаи он аз роҳҳои асосӣ ё худ шаҳр ва ё бозор диққати махсус дода, инчунин, ҳамон хоҷагиро бо хоҷагиҳои ҳамсоя муқоиса мекард ва ғайраҳо. Баъди ин ҳама он намоянда андешаи худро оиди микдори қарз пешниҳод мекард ва таъкид менамуд, ки қобилияти мизоҷ барои пӯшондани ҳамин миқдор қарз мерасаду халос. Ниҳоят рафоқат дар асоси ин маълумотҳо микдори қарзро муайян намуда, онро ба деҳқон, ба ивази векселҳои дар нотариус ва ё қозихона ба қайд гирифташуда, медод.
Намояндаи рафоқатҳои номбурда на танҳо дар ҳудуди вилоятҳои гуногуни кишвари Туркистон, балки дар ҳудуди аморати Бухоро ва хонигарии Хева ҳам амал мекарданд.
Рафоқату ширкатҳои дигари марказӣ: Бародарон Шлоссберг, Кудрин ва К°, Познанскийҳо, Крафт, Л. Кноп ва ғайраҳо, ки дар ноҳияҳои гуногуни кишвар фаъолият доштанд, ба мисли рафоқатҳои дар боло номбурда, бо шартҳои гуногун ба деҳқонон қарз медоданд.
Аз ҷумла намояндаи Ширкати Крафт — И. Маӣеркорт, чуноне дар боло қайд кардем, асосан дар ҳудуди уездҳои Самарқанду Каттақӯрғон, ба деҳқонон қарз медод. Он ба деҳқонон соли 1889 — 14 ҳазор сӯм, соли 1890 — 35 ҳазор сӯм қарз дода, соли 1891 ният дошт, ки ин миқдорро аз 60 ҳазор сӯм ҳам зиёд намояд.
Рафоқати Кудрин ва К°. (Рафоқати тиҷоратию саноатии Осиёимиёнагии Кудрин ва К° ) 27 июли соли 1884, дар Москва, аз тарафи 56 нафар саҳмдорони москвагӣ, аз ҷумла Ширкати Савва Морозов, бо мақсади аз ҳудуди Осиёи Миёна ва Эрон харидани пахта ташкил карда шуда буд. Ин рафоқат дар Оренбург, Тошканд, Қӯқанд, Қошгар, Бухоро, Чорҷӯй, Марв, Ашқобод, Кушан ва Машҳад контора ва анборҳои худро дошт. Рафоқат ба деҳқонони ноҳияҳои пахтакори ба ин нуқтаҳои худ наздик қарзҳои гуногун медод.
Сарвари рафоқат Н.П. Кудрин нокифоягии қарзҳои ба деҳқонон додаро ва барои Русия зарурияти пахтаи худиро ба инобат гирифта, 21 майи соли 1887 ба вазири корҳои дохилии Русия Д.А. Толстой бо мактуб-маърӯза муроҷиат намуд. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳоло фабрикантҳои Русия дар як сол 8 млн. пуд пахтаи америкоӣ, мисрӣ, бразилӣ, ост-индиягиро ба маблағи 90 млн. сӯм харида истифода мебаранд, ки ин маблағ тамоман ба хориҷа меравад. Аз ин рӯ таклиф мекунад, ки агар дар ҳудуди Осиёи Миёна 500 ҳазор десятина пахта кишт карда шавад, ҳамин миқдор, яъне 8 млн. пуд пахтаро аз ҳамин ҷо гирифтан мумкин аст. Бо андешаи вай хароҷоти истеҳсоли ин миқдор пахта (бо ҳисоби барои ҳар як десятина то 115 сӯм) ҷамъ тахмин 57 млн. сӯмро ташкил мекунад. Албатта на ин рафоқат ва на ширкатҳои дигар барои ба ин микдор маблағ ҷудо кардан қодир набуданд. Бинобар ин Н.П. Кудрин пешниҳод мекард, ки маблағи зарурӣ барои инкишофи пахтакорӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна бояд аз ҳисоби хазинаи ҳукумати подшоҳии Русия ҷудо карда шавад. Вале чунин таклифҳои Н.П. Кудрин аз тарафи ҳукуматдорони подшоҳӣ дастгирӣ наёфт. Кори худи рафоқат ҳам, махсусан аз плантатсияҳо барор накард, 1,5 млн. сӯм зарар дид.
Умуман фаъолияти қарздиҳии рафоқату ширкатҳои марказии Русия дар роҳи инкишофи иқтисодиёти Осиёи Миёна, махсусан пахтакорӣ қадами ҷиддие буд. Маҳз онҳо дар ҳудуди кишвар барои фаъолияти васеи сармояи бонкӣ шароити қулайро ба вуҷуд овардаанд.

Бонкҳо

Зарурияти дар шароити Осиёи Миёна, пеш аз хама кишвари Туркистон оғоз намудани фаъолияти бонкҳои марказии Русияро рафоқату ширкатҳои марказии тиҷоратӣ ба миён гузоштаанд. Зеро, гумоштагони онҳо, ки дар кишвар бо корҳои тиҷорат машғул буданд, на ҳама вақт бо пули зиёд ба ин сарзамин омада метавонистанд. Аз ин рӯ аз ҳукумати подшоҳӣ талаб карданд, ки дар кишвари дурдаст шӯъбаи бонкҳои Русияро ташкил намояд. Мувофиқи ин талаб 10 майи соли 1875 дар Тошканд аввалин ташкилоти бузургтарини давлатии қарздиҳӣ дар кишвар — шӯъбаи бонки Давлатии Русия кушода шуд. Он шӯъба то соли 1890 дар сарзамини Осиёи Миёна ягона ташкилоти калони қарздиҳанда ба ҳисоб мерафт ва он ба рафоқату ширкат ва тоҷирони калон қарзи кӯтоҳмуддат (то 1 сол) медод. Минбаъд ин бонк шӯъбаҳои худро дар шаҳрҳои Самарқанд (с. 1890), Қӯқанд (с.1893), Бухоро (с.1894), Ашқобод (с.1895), Андиҷон Верниӣ (с.1911) кушод.
Аз аввали солҳои 90-и асри XIX дар Осиёи Миёна бонкҳои тиҷоратии Русия ҳам шӯъбаҳои худро кушоданд. Шумораи ташкилотҳои 9 бонкҳои тиҷоратии Русия асосан дар аввали асри XX афзуда то ба 45 адад расид. Ҳиссаи он бонкҳо дар ин ҳисоб чунинанд: Русию Осиёгӣ (дар асоси шӯъбаҳои собиқ бонки Русию Хитойӣ) -12 шӯъба, Тиҷорати Сибирӣ — 8 шӯъба, Тиҷорати Азовию Донӣ — 7 шӯъба, Ҳисоби Москвагӣ — 6 шӯъба, Тиҷорати Волжию Камагӣ ва Муттаҳида (дар асоси шӯъбаҳои собиқ бонки Тиҷорати Байналхалқии Москвагӣ) — ҳар кадом 4 шӯъбагӣ, Русиӣ барои тиҷорати беруна -2 шӯъба, Тиҷорати Москвагӣ ва Саноати Москвагӣ — ҳар кадом яктоӣ шӯъба кушоданд. Дар қатори 7 шӯъбаҳои дар боло номбурдаи бонки Давлати, боз ду агенти бонки нимҳукуматии Ҳисоби қарздиҳии Эрон, 18 бонкҳои маҳаллӣ (бештар дар шакли ҷамъиятҳои қарздиҳии байнихудӣ) ба вуҷуд омадаанд. Шумораи умумии ташкилоти бонкҳои марказӣ ва маҳаллӣ дар Осиёи Миёна ба 72 адад расида буд, ки аз онҳо дар арафаи инқилоби Октябр 61 адади он амал мекарданд.
Шӯъбаҳои бонкҳо бештар дар вилояти Фарғона (22 ташкилот) ҷойгир шуда буданд. Боқимонда дар вилоятҳои Сирдарёю Моварои Каспӣ (Закаспӣ) — дар ҳар кадом 10 ташкилотӣ, дар вилояти Самарқанду Ҳафтрӯд — дар ҳар кадом 9 ташкилотӣ, яъне ҷамъ дар кишвари Туркистон — 60 ташкилоти бонкӣ ҷойгир буданд. Дар аморати Бухоро бошад 11 ташкилот ва дар хонигарии Хева ҳамагӣ як ташкилоти бонкӣ амал мекарданду халос.
Дар баӣни шаҳрҳо дар ҷойи аввал Кӯқанд меистод, ки дар он ҷо ҷамъ 10 ташкилоти бонкӣ (як шӯъбаи бонки Давлатӣ, 8 ташкилоти бонкҳои тиҷоратии марказӣ ва як бонки маҳаллӣ), дар ҷойи дуюм ва сеюм Бухорою Самарқанд, ки дар ҳар кадоми онҳо 8 ташкилотҳои бонкӣ ва дар ҷойи чаҳорум Тошканд бо 7 ташкилоти бонкӣ буданд.
Ба ғайр аз бонкҳои номбаршуда, танҳо дар ҳудуди кишвари Туркистон боз ду бонкҳои марказии кишоварзӣ: Нижегородию Самарагӣ (аз соли 1899) ва Полтавагӣ (аз соли 1902) амал мекарданд. Онҳо ба соҳибони мулкҳои ғайриманқула — соҳибони заводҳо, замин, хонаҳо ва ғайра ба мӯҳлати аз 10 то 66 солу 2 моҳ қарзи дарозмуддат медоданд. Вале хусусиятҳои кишварро ба назар гирифта ин бонкҳо қарзро асосан ба мӯҳлати 20 солу 7 моҳ додаанд.
Бонкҳои тиҷоратии марказӣ дар сарзамини Осиёи Миёна мустақилона амал мекарданд. Онҳо танҳо ба ташкилотҳои марказии худ итоат намуда, дар асоси оинномаашон фаъолият мегузарониданд. Яъне дар маҳалҳо ба фаъолияти бонкҳо ҳукуматдорони подшоҳӣ дахолат намекарданд.
Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон расман ягон ташкилоти бонкӣ ҷойгир нашуда буд. Фақат дар шаҳри Хуҷанд якто ташкилоти хазинахона (казначейство) амал мекард, ки он корҳои хурди бонкиро, аз ҷумла қабул ва фиристодани қарзҳо, ба қайд гирифтани қарзҳои векселӣ ва ғайраҳоро иҷро мекард. Вале ин маънои онро надорад, ки сармояи бонкӣ дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон сар надаровардааст. Пеш аз ҳама бояд ба эътибор гирифт, ки сармояи бонкӣ дар сарзамини Осиёи Миёна барои худ сарҳади амалиёт надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам бисёр тоҷирону кордонҳои Хуҷанду Ӯротеппа ҳам аъзоёни фаъоли шӯъбаҳои бонкии дар Самарқанд, Қӯқанд ва дигар шаҳрҳо буда ба ҳисоб мерафтанд. Аз ҷумла шӯъбаи Самарқандии бонки Давлатии Русия (дар асоси маълумоти 1 январи соли 1915) дорои 440 нафар шахсони ваколатдор (аккредетивӣ) буд, ки аз онҳо 111 нафарашон аз уезди Хуҷанд (танҳо аз ш. Хуҷанд -101 нафар, аз Ӯротеппа — 2 нафар, Ғӯлакандоз — 2 нафар ва ғайра) буданд.
Мутасаддиёни бонкҳо бо мақсади ҳар чӣ васеътар паҳн намудани фаъолияташон аз хизмати миёнаравҳо: рафоқату ширкатҳо, савдогарони бонуфуз, даллолҳо (комиссионерҳо) ва аробакашҳо моҳирона истифода мебурданд. Зеро худи бонкҳо имконият надоштанд, ки бевосита бо истеҳсолкунандагон — деҳқонон, ҳунармандон, косибон, чорводорон ва ғайра кордор бошанд. Бинобар ин шӯъбаҳои бонкҳо пулро ҳамчун қарз ба рафоқату ширкатҳо ва савдогарони бонуфуз (бештари онҳо соҳиби заводҳои гуногун, махсусан заводҳои пахтатозакунӣ буданд) медоданд. Рафоқатҳо, ширкатҳо ва савдогарони калон дар навбати худ қарзи аз бонк гирифтаашонро дар баӣни миёнаравони нисбатан хурд: савдогарони миёна ва хурд, даллолҳо (комиссионерҳо), аробакашҳо ва ғайра тақсим мекарданд. Ин гурӯҳ дар навбати худ қарзро ба истеҳсолкунандагон, аз ҷумла ба деҳқонон мерасониданд.
Агар нуқтаи охири қарз ҳар чӣ қадар аз маркази ташкилотҳои бонкӣ дур бошад, миёнаравҳо ҳамон қадар зиёд ва фоизи қарз меафзуд. Яъне агар бонкҳо ба рафоқатҳо, ширкатҳо ё худ савдогарони калон қарзро ба ивази 8-10 фоизи солона диҳанд, дар маҳалҳои наздики бонк он қарз ба ивази 12-15 фоиз дастраси деҳқонон мешуд. Вале дар гӯшаҳои дурдаст, ки рақобат вуҷуд надошт, фоизи қарз то 50-60 фоиз ва ҳатто аз он ҳам зиёд мерасид. Бинобар ҳамин ҳам баъзе ширкатҳо манфиатдор буданд, ки қарзро аз бонкҳо гирифта, ба маҳалҳои дурдаст баранд. Зеро, дар чунин маҳалҳо, аз як тараф рақобат вуҷуд надошт, аз тарафи дигар онҳо фоизи қарзро мувофиқи хоҳиши худ боло бардошта метавонистанд. Дар натиҷаи ин ҳама пахтакорӣ сол аз сол ноҳияҳои кӯҳии Бухорои Шарқиро (масалан ноҳияҳои Дарвозро) низ фаро гирифта буд. Аз ҷумла соли 1911 дар бекигарии Дарвоз, ки дурдасттарин бекигарии аморати Бухоро ҳисоб мешуд, 10 ҳазор пуд пахта ҷамъ оварда шудааст. Фаъолияти бонкҳо аз миқдори сармояи дар ихтиёри худ доштаашон вобастагӣ дошт. Аксарияти шӯъбаҳои бонкҳои марказӣ чунин сармояро аз марказ, яъне аз миқдоре, ки садораташ ҷудо мекард, мегирифтанд. Аммо қариб ҳамаи онҳо инчунин пасандоз ҳам ҷамъ менамуданд. Дар шароити Осиёи Миёна маблағи аз ҳама зиёде, ки дар бонкҳои марказии Русия гузоштаанд, амирони охирини Бухоро — Абдулаҳадҳон ва Олимхон буданд. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти А.А. Семенов амир Олимхон соли 1913 дар бонки Давлатии Русия 27 млн. сӯм ва бонкҳои тиҷоратии марказии он 7 млн. сӯм доштааст29. Яъне маблағи дар бонкҳои Русия гузоштаи ӯ ҷамъ 34 млн. сӯмро ташкил мекардааст. Ба амир пайравӣ намуда қушбегӣ, раис ва дигар амалдорони Бухоро низ пули худро чун пасандоз дар шӯъбаҳои дар Бухоро доштаи бонкҳои марказӣ гузошта, фоизи зиёд мегирифтанд.
Барои муайян намудани мақоми бонкҳо дар пахтакорӣ ва амалиёти пахта ба далели зерин диққат медиҳам. Моҳи сентябри соли 1917 дар шаҳри Москва ҷамъомади бонкҳои марказие, ки бо амалиёти пахта, яъне аз қарздиҳӣ ба пахтакорон (албатта ба воситаи миёнаравон) то ба марказҳои саноатии Русия расонидани нахи пахта кордор буданд, барпо шуд. Дар он масъалаи бо маблағ таъмин намудани деҳқонони пахтакор ва ширкатҳое, ки бо амалиёти пахта шуғл доштанд, муҳокима гардид. Аз рӯйи масъалаи муҳокимашуда маълум шуд, ки соли 1916 танҳо бонкҳои хусусии марказӣ аз ҳисоби худ ба амалиёти пахта ба миқдори 350 млн. сӯм сарф кардаанд. Ин маблағ, ҳангоми зиёда аз 30 сӯм будани нархи 1 пуд нахи пахта, барои бо маблағ таъминкунии қариб 11 млн. пуд нах кифоягӣ мекарду халос. Ҳол он ки миқдори истеҳсоли нахи пахтаи ҳамонсола 14-15 млн. пуд тахмин карда мешуд. Бинобар ин аз сабаби нарасидани сармояи бонкҳо аз ҳосили соли 1916 тахминан 3-4 млн. пуд нахи пахта аз Осиёи Миёна ба марказҳои саноатии Русия кашонда нашуд.
Сабаби асосии мураккабии амалиёти пахта дар соли 1916 ин дар натиҷаи беқурбшавии пул хело баланд гардидани нархи пахта буд. Аз ҷумла агар дар Москва нархи 1 пуд нахи пахтаи солҳои 1913-1914 ба ҳисоби миёна 15 сӯму 94 тинро ташкил дода бошад, пас он солҳои 1916-1917 аз 36 то ба 60 сӯм боло баромад. Бонкҳои тиҷоратӣ бошанд, дар аввали соли 1916 нархи пахтаро 16-24 сӯм тахмин карда, мувофиқи ҳамин тахмин пул ҷудо карда буданд.
Инак, бонкҳои тиҷоратии марказӣ дар он ҷамъомад болоравии нархро ба инобат гирифта, таъкид намуданд, ки барои бомуваффақият анҷом додани амалиёти пахтаи соли 1917 ва харидани ҳосили боқимондаи соли 1916 барои онҳо қариб 1 млрд. сӯм зарур аст. Бонкҳои тиҷоратии марказӣ бошанд қудрати ба ин миқдор, барои амалиёти пахта, ҷудо кардани маблагро надоштанд. Бинобар ин онҳо аз бонки Давлатӣ хоҳиш намуданд, ки барои мақсади муайяншуда, ба ҳисоби бонкҳои тиҷоратии марказӣ тахминан 600 млн. сӯм гузаронад, вагарна қисми бузурги пахтаи Осиёи Миёна дар маҳалҳои истеҳсолӣ монда, ба саноатчиёни марказ дастрас намешавад.
Умуман маълумотҳои болоӣ бори дигар аз он хусус далолат мекунанд, ки амалиёти пахта аз кишти пунба сар карда то ба марказҳои саноатӣ расонидани нахи он ҳама дар зери назорати сармоягузорони бонкҳо буданд. Гӯё ки дар ин соҳа дигар ягон хел ташкилоти маъмурии давлатӣ ё худ ҳукуматӣ вуҷуд надошт. Дар ҳақиқат ҳам дастгоҳи маъмурии ҳукумати подшоҳӣ, ҳатто амалдорони ҷудогонаи он ҳам, ба ғайр аз назорати умумӣ, дар амалиёт бо пахта чандон кордор набуданд. Бонкҳо аз амалиёти пахта даромади зиёд ба даст медароварданд ва барои инкишофи он манфиатдор ҳам буданд. Вале онҳо, акнун дар шароити болоравии рақобати бонкии Осиёи Миёна бе кӯмаки миёнаравҳо, махсусан ширкатҳои маҳаллӣ, тоҷирони калон ва ғайра ба чунин муваффақият расида наметавонистанд.

Рафоқат ва ширкатҳои маҳаллӣ. Кӯшишҳои консерни Стахеев дар Бухоро

Чуноне дар боло ишора рафт барои мутобиқ гардонидани фаъолияти бонкҳо дар шароити 0сиёи Миёна махсусан барои амалӣ гардидани амалиёти қарздиҳии онҳо, рафоқат ва ширкатҳо нақши махсусро бозидаанд. Рафоқатҳо ва ширкатҳое, ки солҳои 70-90-и асри XIX дар Осиёи Миёна амал мекарданд аксарият москвагӣ ва ё худ аз дигар шаҳрҳои марказии Русия буданд. Вале онҳо ҳам дар амалиёташон, баҳри инкишофи фаъолияти худ, ба тоҷирони маҳаллӣ такя мекарданд. Дар натиҷаи ин ҳама минбаъд аз ҳисоби тоҷирони маҳаллӣ бунёдкунандагони рафоқатҳои бузург сабзида расидаанд, ки мисоли онро дар симои рафоқатҳои бародарон Вадяевҳо, Р.Ш. Потеляхов ва ғайраҳо дида метавонем.
Чунончи, ҳанӯз 24 ноябри соли 1894 шӯъбаи қӯқандии бонки Давлатии Русия ба тоҷирони начандон номӣ, бародарон Вадяевҳо 50 ҳазор сӯм қарз дода буд. 21 июли соли 1900 ҳамон шӯъба кордонии онҳоро ба инобат гирифта миқдори қарзашонро то ба 100 ҳазор сӯм зиёд намуд. Ин гуна кӯмаки бонкӣ ба бародарон Вадяевҳо имконият дод, ки 28 феврали соли 1902 дар Қӯқанд ширкати мустақили худро ба номи «Хонаи тиҷоратии бародарон Вадяевҳо», бо сармояи 70 ҳазор сӯм. бунёд кунанд. Мақсади ин ширкат асосан хариду фурӯши пахта, фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва ғайра ба ҳисоб мерафт. Аз ҷумлаи бародарон Вадяевҳо махсусан кордонии Ёқуб ва Сион диққати амалдорони бонкҳои марказиро ба худ ҷалб карда буд. Пас аз ташкил ёфтани ширкат, бонки Давлатӣ миқдори қарзи Вадяевҳоро боз ҳам зиёдтар намуд, ки он соли 1903 то ба 200 ҳазор сӯм ва соли 1907 то ба 250 ҳазор сӯм афзуд.
Бародарон Вадяевҳо баъди дар Осиёи Миёна паҳн гардидани фаъолияти бонкҳои тиҷоратии марказӣ шахсони боэътимоди бисёре аз онҳо гардида буданд. Дар натиҷа Вадяевҳо дар қатори бонки Давлатӣ аз дигар бонкҳои тиҷоратии марказӣ низ қарзҳои зиёди нисбатан имтиёзнок гирифта ба амалиёт даровардаанд. Дар замони афзудани рақобати баӣни бонкҳо наздикшавии ширкати Вадяевҳо бо бонки тиҷоратии марказӣ — Русию Осиёгӣ аҳамияти махсус дошт ва он 11 майи соли 1912 ба ташкил додани ширкати боз ҳам калонтар «Рафоқати тиҷоратию саноатии Вадяевҳо» оварда расонид.
Дар рафоқати нав низ бародарон Сион ва Ёқуб нақши роҳбарикунандагиро бозиданд. Аз ширкати собиқи Вадяевҳо ба рафоқати нав амалиёт бо пахта ва заводҳои пахтатозакунӣ гузашт. Охири соли 1913 дар ихтиёри ин рафоқат аллакай 9 заводи шахсии пахтатозакунӣ ва 15 заводи ба иҷора гирифташуда, яъне ҷамъ 24 заводи пахтатозакунӣ буд. Охири соли 1915 шумораи он заводҳои пахтатозакунӣ ба 28 адад расид, ки аз онҳо 12 заводи худи рафоқат ва 16 заводи иҷоравӣ буд.
Бонки Русию Осиёгӣ, ки дар қатори бародарон Вадяевҳо ҳамчун бунёдгузори рафоқати нав ба ҳисоб мерафт, бинобар ин дар муддати фаъолияти якҷоя бо ширкат (солҳои 1912-1915) ба он маблағи хеле зиёди имтиёзнок дода буд. Рафоқат маҳз ба шарофати саховатмандии ин бонк дар муддати аз 1 ноябри соли 1913 то майи соли 1914, ба деҳқонони пахтакор, ба миқдори зиёда аз 12,5 млн. сӯм қарз додааст. Дар натиҷа, дар ин муддат микдори умумии қарзи ба деҳқонон додаи рафоқат аллакай зиёда аз 36 млн. сӯмро ташкил намудааст.
Рафоқати Вадяевҳо сол аз сол пурқувват мегардид. Аз панҷ як ҳиссаи пахтаи Осиёи Миёна танҳо ба воситаи ҳамин рафоқат ба марказҳои саноатии Русия фиристода мешуд. Соли 1916 сармояи асосии рафоқат якбора ду баробар зиёд гардида, аз 3 ба 6 млн. сӯм расид. Дар ин вақт (аниқтараш аз соли 1915) рафоқат бо бонкҳои гуногун алоқа дошт. Вай ҳиссаи асосии саҳмияҳои яке аз ҷамъиятҳои калонтарини саҳҳомии Русия «Салолин»-ро низ ба даст даровард. Дар натиҷа рафоқат дар арафаи маҳви тартиботи подшоҳии Русия ба қатори рафоқатҳои бузургтарини соҳаи саноати сабуки империя (махсусан дар соҳаи пахта, равған ва маргарин) дохил гардид.
Рафоқати дигари бонуфузе, ки дар рақобат бо ширкат ва рафоқати бародарон Вадяевҳо ба вуҷуд омадааст ин Рафоқати Потеляхов ба хисоб мерафт. Р.Ш. Потеляхов ҳам ба мисли бародарон Вадяевҳо маҳз бо кӯмаки қарзи бонки Давлатии Русия дар баӣни тоҷирони водии Фарғона ҳанӯз дар охири асри XIX ва аввали асри XX нуфузи зиёде пайдо карда буд. Дар замони авҷи рақобати баӣни бонкҳо, вақте ки бонки Русию Осиёгӣ бо ҳамроҳии бародарон Вадяевҳо «Рафоқати тиҷоратию саноатии Вадяевҳо»-ро ташкил доданд, ширкати бонуфузи москвагӣ — Хонаи тиҷоратии «Л. Кноп» бо якҷоягии бонки Тиҷоратии Москвагӣ ва Р.Ш. Потеляхов 13 декабри соли 1912 рафоқати худро бо номи «Рафоқати тиҷоратию саноатии Потеляхов» ташкил доданд.
Дар солҳои аввали фаъолияти рафоқати Потеляхов бонки Тиҷоратии Москвагӣ манбаи асосии сармояи он ба ҳисоб мерафт. Чунончи, мувофиқи маълумоти 1 феврали соли 1914, миқдори қарзе, ки рафоқати номбурда аз ин бонк гирифт зиёда аз 5 млн. сӯмро ташкил дод. Дар ин сол рафоқат соҳиби 10 заводи пахтатозакунӣ буд, ки аз онҳо 9 ададаш дар вилояти Фарзона ва танҳо як завод дар вилояти Самарқанд, он ҳам дар ш. Хуҷанд ҷой гирифта буданд.
Соли 1916-1917 рафоқати Потеляхов аз доираи таъсири бонки Тиҷоратии Москвагӣ баромада, чун рафоқати Вадяевҳо, бештар қарзро аз бонкҳои Петроградӣ — Русии барои тиҷорати беруна, Волжию Камагӣ ва ғайра мегирифт. Соли 1917 сармояи асосии рафоқати Потеляхов низ ду баробар, аз 2 то ба 4 млн. сӯм зиёд шуд. Ниҳоят ин ҳам дар қатори рафоқати Вадяевҳо, ба рафоқатҳои бонуфузтарин табдил ёфта мавҷудияти худро то замони шӯравӣ нигоҳ дошт.
Таҳлили фаъолияти рафоқатҳои Вадяевҳо ва Потеляхов нишон медиҳад, ки гумоштагони рафоқати Вадяевҳо дар тамоми вилоятҳои пахтакори кишвари Туркистон: Фарғона, Самарқанд, Сирдарё, Моварои Каспӣ (Закаспиӣ), инчунин аморати Бухоро амал мекардаанд. Аммо рафоқати Петеляхов бошад танҳо дар водии Фарғона (яъне вилояти Фарғона ва уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд, ки ин ҳам ҳиссаи водии Фарғона аст) амал менамуд. Умуман фаъолияти ин ҳар ду рафоқат шоҳиди он аст, ки солҳои 1912-1917 дар шароити Осиёи Миёна низ кӯшишҳои дар асоси рафоқатҳои алоҳида муттаҳид намудан, яъне монополикунонии амалиёти пахта дида мешуд. Албатта ҳамаи ин кӯшишу амалиётҳо ба қарзҳои ҳаҷман калони бонкҳо асос ёфтаанд.
Ба ғайр аз рафоқатҳои Вадяевҳою Потеляхов дар шароити Осиёи Миёна боз даҳҳо рафоқату ширкатҳои калон ва садҳо ширкатҳои миёна ва хурд амал мекарданд. Ҳамаи онҳо бо бонкҳое, ки дар Осиёи Миёна амал мекарданд, сару кор доштанд.
Дар солҳои ҷанги якуми шаҳон аз рафоқатҳои марказии Русия махсусан рафоқати тиҷоратию саноатии «И. Стахеев ва К°», ки чун консерни30 Стахеев машҳур буд, ба иқтисодиёти аморати Бухоро зиёда рағбат пайдо кардааст. Ин консерн ҳанӯз октябри соли 1916 розигии ҳукумати амирии Бухороро аз хусуси дар ҳудуди аморат сохтани корхонаҳои саноатии фоиданок ва инкишофи тиҷоратро гирифтааст. Дар ибтидои кор, ширкат ҳатто барои амалӣ гардонидани ин мақсади худ 2,5 млн. сӯм пул ҷудо карда, инчунин розигии амирро низ барои гузаронидани ҳамин миқдор пул 30 Консерн-иттиҳодияи муассисаҳои тиҷоратию саноатии капиталистӣ, ки дар замони ба давраи империализм сабзида расидани сохти капиталистӣ хос аст ва яке аз шаклҳои олии монополия мебошад мушарраф шудааст. Яъне бо ин роҳ рафоқати Стахеев мехост пули хазинаи амирро, ки беамалиёт мехобид, ба гардиш гузорад. Ба ғайр аз ин тарафҳо розӣ буданд, ки минбаъд ҳаҷми маблағгузориро аз ҳар ду тараф, яъне ҳам ширкат ва ҳам амир зиёд намоянд. Дар натиҷа бонки Бухоро (ё худ бонки Русию Бухоро) бунёд гардид ва оинномаи он 22 августи соли 1917 аз тарафи вазорати молияи Русия тасдиқ шуда буд.
Ҳанӯз 15 ноябри соли 1916 дар баӣни рафоқати Стахеев ва ҳукумати амирии Бухоро иборат аз 15 банд шартнома имзо гардид. Мувофиқи он рафоқат ният дошт, ки дар ду нуқтаи аморат осиёи буғии ордбарорӣ бо иқтидори солонааш то 2 млн. пуд созад. Он вақт ин гуна осиё ҳанӯз дар Осиёи Миёна набуд. Рафоқати номбурда инчунин ният дошт, ки барои истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, дар сарзамини аморат комбинати бофандагӣ, заводи коркарди пӯст. заводҳои равғанкашӣ, фабрикаи коркарди маҳсулоти пашмӣ ва ғайраҳоро бунёд кунад. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, рафоқати Стахеев ният дошт қитъаи замине ба даст дароварда, дар он ба тарзи замонавӣ системаи нави обёриро ҷорӣ намояд, мошинҳои нави кишоварзиро аз мамлакатҳои тараққикарда харида биёрад ва ғайраҳо. Вале ҳамаи ин нақшаҳоро Инқилоби Октябр барбод дод.
Ҳамин тавр маълумотҳои дар боло зикршуда шоҳиди он мебошанд, ки фаъолияти рафоқатҳои Осиёи Миёна, аз як тараф маҳаллаҳои гуногуни кишварро пай дар пай ба муомилоти молию пулӣ кашида, аз тарафи дигар, худи онҳо сабабгори ба вуҷуд омадани корхонаҳои нави замонавии саноатӣ мегардиданд.

Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ

Дар охири асри XIX ва аввалҳои асри XX дар инкишофи пахтакории Осиёи Миёна хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол мақоми асосиро мебозиданд. Вале ҳукуматдорони подшоҳиро вазъияти ногувори ҳамонвақтаи он хоҷагиҳо сахт ба ташвиш гузошта буд. Зеро, миёнаравҳо: рафоқатҳо, ширкатҳо, тоҷирон, пахтаҷаллобон, махсусан судхӯрони маҳаллӣ аз деҳқонони харобгардида ба ивази қарзҳои напардохта порчаи замини онҳоро кашида мегирифтанд. Чунин ҳолат аз як тараф қисми мардуми Осиёи Миёнаро оҳиста- оҳиста ба ҳолати бенавоӣ-пролетарӣ оварда мерасонид, аз тарафи дигар ба инкишофи пахтакорӣ низ зарбаи қатъӣ мезад. Барои ҳукумати подшоҳии Русия ҳар дуи ин оқибатҳо ташвишовар буд. Бинобар ин, дар шароити кишвари Туркистон яке аз вазифаҳои навбатии он ин наҷот додани хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол ба ҳисоб мерафт. Амалдорони ҳукумати подшоҳӣ дар ин соҳа роҳи ягонаи наҷотро дар ҷорӣ намудани амалиёти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ медиданд.
Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, чун дар тамоми Русия, дар кишвари Туркистон ҳам бояд мувофиқи қонуни аз 7 июни соли 1904 бунёд мегардид. Дар асоси он қонун се намуди чунин ташкилотҳо пешбинӣ шуда буд: рафоқати қарздиҳӣ, рафоқати қарздиҳии амонатӣ ва кассаҳои ҷамъиятии қарздиҳии амонатӣ. Соли 1905 оиди ҳар кадоми ин шаклҳо оинномаҳои махсус бароварда шуд. Мувофиқи он ҳуҷҷатҳо ширкати қарздиҳӣ танҳо аз ҳисоби маблағи бонки Давлатӣ ташкил меёфт, бинобар ин нисбати аъзоёни худ ҳаққи аъзогӣ надошт. Ҳангоми амалиёти мусбати рафоқат бонки Давлатӣ нисбати он сари чанд вақт миқдори қарзи худро зиёд мекард. Даромад ва зарари рафоқати қарздиҳӣ ҳамааш ба ӯҳдаи давлат мегузашт.
Рафоқати қарздиҳии амонатӣ бошад дар асоси ҳаққи аъзогии бунёдкунандагонаш ташкил карда мешуд ва даромаднокӣ, яъне ҳаққи аъзогии саҳм (дивиденд) ҳам ба фоидаи онҳо буд. Фақат баъди як соли фаъолияти мусбат чунин ширкатҳо метавонистанд аз қарзи бонки Давлатӣ истифода баранд. Ҳангоми пароканда ва ё қатъ намудани фаъолияти чунин рафоқат тамоми маблағаш дар баӣни аъзоён — бунёдгузоронаш тақсим карда мешуд. Барои ташкил намудани ҳар ду шакли рафоқатҳо, яъне рафоқатҳои қарздиҳӣ ва қарздиҳии амонатӣ шартнома бо имзои зиёда аз 20 нафар шахсони алоҳида, танҳо аз ҷумлаи истеҳсолкунандагони хурд зарур буд.
Фарқияти шакли сеюм — кассаҳои ҷамъиятии қарздиҳии амонатӣ аз рафоқатҳои аввала дар он аст, ки чунин кассаҳо бо ташаббуси ҷамъиятҳои алоҳида, аз ҷумла ҷамъиятҳои қишлоқӣ, ё худ бо қарори ҷамъомадҳои қишлоқӣ ташкил карда мешуд.
Дар шароити кишвари Туркистон аз ҳар се шаклҳои номбурда танҳо ду шакли аввала: рафоқатҳои қарздиҳӣ ва қарздиҳии амонатӣ ташкил карда шуда буданд.
Ҳамаи ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар навбати худ ба маъмурияти оиди корҳои қарздиҳии хурд, ки дар назди бонки Давлатӣ вуҷуд дошт, итоат мекарданд. Дар маҳалҳо бошад ҳамчун ташкилоти поёнии идоракунии чунин ташкилотҳо — кумитаҳoи вилоятӣ оиди корҳои қарздиҳии хурд ба ҳисоб мерафтанд. Ба гаӣр аз он дар назди ҳар як шӯъбаҳои маҳаллии бонки Давлатӣ боз инспектор оиди корҳои қарздиҳии хурд мавҷуд буд.
Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ қарзро чун қарзи имтиёзнок танҳо ба аъзоёни худ, ба миқдори барои ҳар як кас то ҳазор сӯм, ба ивази то 12 фоизи солона медоданд. Аз микдори умумии қарзи пешниҳодшуда танҳо барои истеҳсоли галла то 700 сӯм, барои маҳсулотҳои боқимонда, аз он ҷумла истеҳсоли пахта то 300 сӯм муайян шуда буд. Рафоқатҳо, мувофиқи оинномаашон, ба мизоҷони худ қарзи дарозмуддат — то 5 сол ва кӯтоҳмуддат то 1 сол медоданд.
Албатта миқдори қарзе, ки ин ташкилотҳо барои ғаллакорон медод (яъне то 700 сӯм) то андозае талаботи онҳоро, аз сабаби нисбатан камхарҷии он маҳсулот, қонеъ мекард.
Аммо бо 300 сӯм қонеъ гардонидани талаботи пахтакорон, ки ин соҳа баръакс зиёда меҳнатталаб ва харҷталаб аст, ғайриимкон буд. Бинобар ҳамин ҳам генерал-губернатори Туркистон соли 1914 ба губернаторони ҳарбии вилоятҳои пахтакори кишвар иҷозат дода буд, ки дар шароити зарурӣ метавонанд миқдори қарзро ба деҳқонони пахтакор зиёд кунанд.
Аз ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ қарзро танҳо ҳамон аъзоёнаш гирифта метавонистанд, ки агар дар истеҳсолот бештар худашон бо аҳли оилаашон: яъне деҳқон дар замин, косиб ё худ ҳунарманд худашон бо касбашон машғул бошанд. Агар истеҳсолкунанда меҳнати кирояро истифода барад, ба чунин шахсон имконияти қарзгирӣ аз ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ хело маҳдуд буд. Зеро, ин гуна шахсон аз доираи миёнаҳолон боло ҳисоб карда мешуд, аз ин рӯ онҳо бояд мустақилона манбаи қарзи худро аз ҷумлаи шӯъбаҳои бонкҳо ва ё ширкатҳои гуногун меҷустанд. Низомнома оиди дар сарзамини империяи Русия ташкил намудани ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ҳанӯз 7 июни соли 1904 тасдиқ шуда бошад ҳам, аммо бо сабаби то ҳанӯз пурра наомӯхтани шароити кишвари Туркистон, ташкили онҳо дар ин сарзамин якчанд сол ба таъхир гузошта шуд. Танҳо соли 1907 аввалин рафоқати қарздиҳӣ дар вилояти Фарғона ташкил карда шуд ва он ҳамон сол ягона чунин ширкат дар тамоми сарзамини кишвар буд. Соли 1909 дар кишвари Туркистон 7 рафоқати нав, аз ҷумла 5 рафоқати дар вилояти Самарқанд ва 2 рафоқат дар вилояти Фарғона ташкил ёфтанд. Аз соли 1910 дар сарзамини кишвари Туркистон ба тарзи оммавӣ бунёди ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ сар шуд ва соли 1917 шумораи умумии онҳо танҳо (дар кишвар) то ба 900 адад расид. Аз ин ҳисоб тахминан 340 рафоқатҳои қарздиҳӣ ва бештар аз 500 рафоқатҳои қарздиҳии амонатӣ буданд. Шумораи умумии аъзоёни ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ танҳо дар вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи кишвари Туркистон то ба 200 ҳазор нафар расида буд.
Аз сабаби он ки талаботи истеҳсолкунандагон нисбат ба қарз хеле зиёд буд, бинобар ин баробари афзудани шумораи ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ инчунин маблағи аз тарафи онҳо чун қарз дода ҳам меафзуд. Фақат соли 1917 аз тарафи тамоми ташкилотҳои хурди қарздиҳии кишвар (ба ғайр аз вилояти Моварои Каспӣ) ба истеҳсолкунандагон қариб 51 млн. сӯм қарзи имтиёзнок дода шуд. Дар ин маблағ ҳиссаи асосиро қарзи аз тарафи бонки Давлатӣ, барои ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ҷудокардашуда, ташкил мекард. Вале бояд ба инобат гирифт, ки дар солҳои охир, баробари зиёд гардидани талабот ба қарз, ба ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, дар қатори шӯъбаҳои бонки Давлатӣ, инчунин шӯъбаҳои бонкҳои тиҷоратии марказӣ, ширкатҳои гуногун, кассаҳои қарздиҳии уездӣ ва ҳатто тоҷирони алоҳида низ бо пул кӯмак мерасониданд. Яъне, онҳо низ ба ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ қарзи имтиёзноки камфоиза медоданд.
Фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ноҳияҳои пахтакор (асосан), ғаллакор, чорводор, маҳаллаҳои ҳунармандону косибони кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Аз ин рӯ бисёр хоҷагиҳои ноҳияҳои имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ низ ба доираи фаъолияти ин ташкилотҳо дохил мешуданд. Ба ин фаъолияти рафоқатҳои қарздиҳии Ӯротеппа, Нов, Қистакӯз, Исписор, Ғӯлакандоз, Исфара, Маҳрам ва ғайра мисол шуда метавонанд.
Ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, баробари мустаҳкамшавӣ ва васеъ намудани фаъолияташон, инчунин қисман вазифаи миёнаравиро низ ба ӯҳдаи худ гирифта, аъзоёнашонро бо асбобҳои кишоварзӣ, пунбаи тухмӣ, тухми кирмак, галла ва ғайра таъмин мекарданд. Масалан, солҳои 1916-1917 дар натиҷаи беқурбшавии пул, гаронии ғалла ва ғайраҳо як қисми деҳқонон кишти пахтаро кам намуда, галла кишт карда буданд, ки ин ҳолат ҳукуматдорони подшоҳиро сахт ба ташвиш оварда буд. Дар чунин вазъият баъзе ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ талаботи ҳукумати подшоҳиро нисбати пахта ба инобат гирифта, кӯшиш кардаанд, ки аъзоёни худро бо ҳар роҳ бо ғаллаи нисбатан арзон таъмин намоянд, то ин ки дар маҳали фаъолияташон истеҳсоли пахта кам нашавад. Баъзе ташкилотҳо дар назди идораи худ нуқтаҳои кирояи (прокати) ҳар гуна асбобҳои хоҷагии қишлоқро (аз ҷумла техникаи замонавиро) ташкил карда буданд. Дар натиҷаи ин аз техникаи ба даст даровардаи ин ё он ташкилот аъзоёни он ба хубӣ истифода бурда метавонистанд.
Дар фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ баъзе норасоиҳо низ дида мешуд. Аз ҷумла, ба манъи оинномаи ташкилот нигоҳ накарда, ба онҳо, бо роҳҳои гуногун шахсони доро, яъне бойҳои маҳал низ дохил шуда, пули барои ташкилот ба тарзи имтиёзнок додашударо ба фоидаи худ истифода мебурданд. Ё худ дар фаъолияти баъзе ташкилотҳо ҳодисаҳое низ дида мешавад, ки шахсони мутасаддӣ бо роҳҳои гуногун пули ташкилотро гирифта, онро на барои истеҳсолот, балки ба манфиати шахсии худ, ҳатто барои адои қалини зани дуюм ва ё сеюм сарф мекарданд.
Умуман дар шароити кишвари Туркистон ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ, сарфи назар аз норасоии фаъолияташон, барои дастгирӣ ва инкишофи хоҷагии деҳқонони миёнаҳол, ҳунармандон ва косибон нақши муҳим бозиданд. Гарчанде ин чорабинӣ истеҳсолкунандагонро аз чанголи миёнаравон, махсусан судхӯрон пурра халос карда натавониста бошад ҳам, вале ба ҳар ҳол ба хоҷагиҳои миёнаҳолон дасти ёрӣ дароз карда, бештари онҳоро аз қашшоқию муфлисӣ эмин нигоҳ дошт.
Фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар шароити Осиёи Миёна, чуноне таъкид намудем, танҳо сарзамини кишвари Туркистонро фаро гирифта буд. Яъне, он чорабинӣ барои сарзамини аморати Бухоро ва хонии Хева, ки дар идоракунии дохилӣ давлатҳои «мустақил» ҳисоб мешуданд, дахл надошт. Аниқтараш мутасаддиёне, ки бо ташкили чунин ташкилотҳо машғул буданд, пеш аз ҳама маъмурияти оид ба корҳои қарздиҳии хурд, дар сарзамини аморату хонигарӣ амал намекарданд. Вале, чуноне маълум мешавад, дар натиҷаи таъсири мусбати фаъолияти ташкилотҳои хурди қарздиҳии кишвари Туркистон, ҳукумати амирӣ ҳам кӯшидааст, ки бо ташаббуси худ ҳанӯз соли 1911 чунин чорабиниҳо дар баъзе туманҳои марказии аморат (аз ҷумла дар тумани Вобканд) ҷорӣ намояд. Дар ин ҷо тарзи бевосита ба деҳқон додани қарзи имтиёзнок чунин буд: дар аввал арбобу оқсаққолони маҳалҳо деҳқононро рӯйхат намуда, он рӯйхатро ба қозӣ пешниҳод мекарданд, пас қозӣ он рӯйхатро ба маркази аморат мефиристод. Баъд аз марказ амалдоре бо пул ба он маҳалҳо омада, дар ҳузури қозӣ, аз рӯйи рӯйхати фиристодашуда, ба деҳқонон қарзро медод.
Қарзро тахминан моҳҳои март-апрел дода, моҳи сентябр ҷамъ менамуданд. Миқдори зиёдтарини чунин қарз 75 сӯм буд.
Чунин чорабинӣ, гарчанде ночиз бошад ҳам, дар шароити аморати Бухоро, ки судхӯрӣ ба дараҷаи олии худ расида буд, аҳамиятнок ба ҳисоб мерафт. Вале он кӯшиш на танҳо дар ҳамаи бекигариҳои аморат паҳн нагардид, балки чорабинӣ дер ҳам давом накарда, пас аз ду-се сол қатъ гардид. Зеро, амалдорони амирӣ аз як тараф ба мушкилиҳои зиёд дучор омаданд, аз тарафи дигар аксари деҳқонони қарзгирифта онро сари вақт баргардонида натавонистанд

Бозгашт ба мундариҷаи китоб


error: Content is protected !!