Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 11


БОБИ XI.
ТАҚСИМОТИ ҲУДУДИ МИЛЛӢ ДАР
ОСИЁИ МИЁНА ВА ТАШКИЛЁБИИ ҶУМҲУРИИ МУХТОРИ ШӮРАВИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

§ 1. САБАБҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАҚСИМОТИ ҲУДУДИ
МИЛЛӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА ВА АВВАЛИН ПЕШНИҲОДҲО ОИДИ ИН МАСЪАЛА

Сабабҳои гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ

Дар сарзамини Осиёи Миёна аз барпо намудани тартиботи Шӯравӣ то тақсимоти ҳудуди миллӣ се ҷумҳурӣ: Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (дар ҳайъати Ҷумҳурии Федеративии Шӯравии Сотсиалистии Русия — ҶФШСР) ва ҷумҳуриҳои мустақили халқии Шӯравии Бухоро ва Хоразм вуҷуд доштанд. Дар ин ҷумҳуриҳо ҳам, чун дар Русия, ҳизби коммунистӣ ягона ҳизби ҳукмрон ба ҳисоб мерафт. Мақсаду мароми ҳамаи ин ҳизбҳо, чун ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия бунёди ҷамъияти сотсиалистӣ буд.
Барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ дар шароити Осиёи Миёна пеш аз ҳама ҳал намудани масъалаи миллӣ зарур шуморида мешуд. Ҳалли масъалаи миллӣ бошад, чуноне асосгузори ҳизби болшевикии Русия ва сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В.И. Ленин тавсия ва асоснок намуда буд, ин ба ҳамаи миллатҳои собиқ мазлуми империяи Русия додани ҳуқуқи худмуайянкунии миллӣ, то ин ки онҳо озодона шакли давлатдории миллии худро бунёд намоянд, ба ҳисоб мерафт. В.И. Ленин таъкид карда буд: «Мо исроркорона мегуфтем, ки аз ҷорӣ кардани ҳуқуқи худмуайянкунии миллатҳо дар замони сотсиализм даст кашидан ба кори сотсиализм хиёнат кардан мебуд»115.
Албатта В.И. Ленин дар ин ҷо мақсади онро надошт, ки Русияи сермиллатро ба давлатчаҳои хурди миллӣ тақсим намояд. Аз ин рӯ ӯ соли 1915 дар ҷои дигар таъкид мекунад, ки мо худшиносии озодро талаб мекунем. Мо мақсади ҷудоии иқтисодии миллатҳо ва ба давлатчаҳои хурд тақсим шудани онҳоро надорем. Баръакс мо дар асосҳои ҳақиқатан демократӣ, ҳақиқатан интернатсионалистӣ, бунёди давлати бузург, наздикшавии миллатҳо ва ҳатто якшавии онҳоро мехоҳем 116 . Ин гуфтаҳои В.И. Ленин барои тамоми коммунистон, аз он ҷумла коммунистони Осиёи Миёна, ҳамчун ҳуҷҷатҳои барномавӣ ба ҳисоб мерафт.
Ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм дар навбати худ ҷумҳуриҳои миллӣ набуда, балки ҷумҳуриҳои гуногунмиллӣ, ё худ сермиллат ба шумор мерафтанд. Аниқтараш номи онҳо ифодакунандаи номи ягон миллате набуд. Чунончи: дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон — ӯзбекҳо, тоҷикҳо, қирғизҳо, туркманҳо, қазоқҳо; дар ҷумҳурии Бухоро — тоҷикҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо; дар ҷумҳурии Хоразм — ӯзбекҳо, туркманҳо, ва ғайра асрҳо боз зиндагӣ карда, талхию ширинии замонро бо ҳам кашидаанд. Аммо бо сабаби он ки ҳамаи он халқҳо зинаи тараққиёти ҷамъияти капиталистиро пурра аз сар нагузаронидаанд, бинобар ин онҳо ҳанӯз то ба дараҷаи миллат ташаккул наёфта буданд. Махсусан худшиносии миллии тоҷикон нисбатан ба дараҷаи паст буд. Яъне он солҳо тоҷиконро бештар на аз рӯйи миллат ва ҳатто забон, балки аз рӯйи маҳал: бухороӣ, самарқандӣ, хуҷандӣ, намангонӣ, фарғонагӣ, тошкандӣ, кӯлобӣ, қаротегинӣ, ҳисорӣ ва ғайра фарқ мекарданд. Мардуми туркнажод бошанд ҳанӯз нишонаҳои қавмӣ-қабилавиро ба монанди: лақайҳо, қунғуротҳо, барлосҳо, манғитҳо, қарлуқҳо, кенагасҳо, галдирҳо ва ғайра нигоҳ медоштанд. Ҳамаи онҳо мафҳуми «миллат»-ро мансубият ба дин медонистанд.
Охири асри XIX ва махсусан аввали асри XX, дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои молию пулӣ, бо роҳи табиӣ ба миллат муттаҳидгардии халқиятҳои Осиёи Миёна оғоз ёфта буд. Вале махсусан кашмакашиҳои сиёсию миллии дохилӣ равиши табиии ташаккули худшиносии миллии он халқиятҳоро баръакс боздошт. Бо гузориши масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ бошад, ташаккулёбии бисёри он миллатҳо, аз он ҷумла тоҷикон, бо роҳи сунъӣ равон карда шуд. Зеро, минбаъд равиши ташаккулёбии миллати тоҷик ва давлатдориаш на дар он сарзамине идома ёфт, ки вай (ба ҷуз Хуҷанди бостонӣ) дар таъриху маданияти ҳазорсолаи ин халқи қадима мунтазаман мақоми асосиро ишғол карда бошад.
Бо сабабҳои ишоратёфта, махсусан хело паст будани худшиносии миллӣ, дар ҳудуди Осиёи Миёна ва ҳатто берун аз он ҳам то ба ин давр намояндагони тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳеҷ гоҳ масъалаи бунёди давлатдории миллии худро нагузоштаанд. Баръакс, дар баӣни онҳо андешаҳои: «истиқлолияти Туркистон», «аз нав барқарор намудани хонигарии Қӯқанд», «истиқлолияти Ҳақиқии Бухоро» ва ғайраҳо вуҷуд доштанд. Дар замони мустамликавӣ дар ҳаракатҳои миллию озодихоҳонаи халқҳои тоҷику ӯзбек маҳз ҳамин майлонҳоро пай бурдан мумкин аст. Вале талабу кӯшишҳои қазоқҳо ва туркманҳо барои истиқлолият то андозае ба талаби бунёди давлатдории миллӣ наздик буд.
Ҳамин тавр ба миён омадани масъалаи бунёди давлатдории миллии тоҷикон ва ӯзбекҳо натиҷаи талаби худи ин халқҳо набуда, балки натиҷаи сиёсати миллии ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия ба ҳисоб меравад. Дар Осиёи Миёна маҳз бо талабу ташаббуси онҳо, бо мақсади тезонидани сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ ба миён гузошта шуд. Ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бошанд, оиди ин масъала, асосан иҷрокунандагони дастур ва талабу дархостҳои сарварони ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия, Ҳокимияти Шӯравӣ ва фиристодагони онҳо буданд.

Аввалин пешниҳодҳо оиди тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна

Мутасаддиёни ҳизби коммунистии (болшевикии) Русия, махсусан онҳое, ки бо масъалаи Осиёи Миёна машғул буданд, ҳанӯз солҳои 1920-1921 ба хулосае омада буданд, ки дар шароити ин кишвар ҳалли ҷиддии масъалаи миллӣ бе гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ ғайриимкон аст. Дар натиҷа маҳз аз тарафи онҳо аввалин пешниҳодҳо оиди тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ҳанӯз пеш аз марзбандии соли 1924 ба миён омад. Чунончи, 15 январи соли 1920 Турккомиссияи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии (болшевикии) Русия ва Шӯрои Комиссарони Халқии Федератсияи Русия «Дар барои аз рӯйи нишонаҳои миллӣ ба се ҷумҳуриҳои алоҳида тақсим намудани Туркистон» фишурдае — тезисеро қабул намуд. Албатта ин ҷо танҳо ташкил намудани ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистонро дар назар доштанд. Вале ҳамон лаҳза қайд карда шуд, ки ҳалли амалии ин фишурда ҳанӯз масъалаи рӯзмарра намебошад.
Бояд таъкид кард, ки аз рӯзҳои аввал ва минбаъд ҳам сарриштаи ҳар гуна масъала оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар ихтиёри мутасаддиёни ҲК(б) Русия ва Ҳокимияти Шӯравӣ буд. Маҳз онҳо муайян мекарданд, ки дар ин сарзамин кадом халқҳо муқимӣ мебошанду, кадоме ҳуқуқи ташкили ҷумҳурии миллии худро доранд. Аз ҷумла, 8 марти соли 1920 Кумитаи Марказии ин ҳизб «Низомнома дар бораи мухторияти Туркистон»-ро қабул кард, ки мувофиқи он аҳолии асосии ин ҷумҳурӣ танҳо туркманҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо ҳисоб шуда, тоҷикон, ба тарзи умумӣ, ба ҳайъати миллатҳои хурд дохил карда мешуд. Ё худ, дар радиограммаи котиби Кумитаи Иҷроияи Марказии Федератсияи Русия Н.Н. Крестинский ба номи сарварони Турккомиссия ва КИМ Туркистон (соли 1920) низ гуфта мешуд: «Туркистон ҳамчун ҷумҳурии мухторӣ шинохта мешавад ва мардуми асосии он: туркманҳо, ӯзбекҳо ва қирғизҳо мебошанд».
В.И. Ленин низ ба масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна дахолат намуда, ҳанӯз 13 июни соли 1920 дар қайдҳои худ дар лоиҳаи қарори КМ оиди вазифаҳои ҲК(б) Русия дар Туркистон, зарурияти тартиб додани харитаи Туркистонро «бо тақсим намудан ба Ӯзбекию, Киргизия ва Туркмения» таъкид карда, тавсия намуд, ки махсусан шартҳои муттаҳидшавӣ ё худ ҷудошавии ин се қисмро аз ҳар ҷиҳат омӯзанд 117 . Инчунин мувофиқи яке аз мактубҳои КМ ҲК(б) Русия аз 12 августи соли 1920 ҳамаи ташкилотҳои ҳизби коммунистии Туркистонро таъкид шудааст, ки «халқҳои муқимии Туркистон ӯзбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳокимияти Шӯравӣ бояд ба оммаи меҳнаткаши ин халқҳо такя кунад». Аксари амалдорони ҳизбию шӯравии марказ, дар аввал Федератсияи Русия ва баъд Иттифоқ, ки дар Осиёи Миёна бо гузаронидани сиёсати миллӣ кордор буданд, маҳз дар ҳамин гуна мавқеъ меистоданд.

Авҷи туркпарастӣ

Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки дар доираи сиёсатмадорони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аз бунёди тартиботи Шӯравӣ то маҳви иғвои Анварпошо (тобистони соли 1922) ақидаи туркпарастӣ (пантуркизм) ҳукмфармо буд. Чуноне дар боби 4-уми ин китоб таъкид кардем, ин ақидаи туркпарастӣ ба зудӣ дар баӣни намояндагони буржуазияи миллии халқҳои туркзабон ва зиёиёни онҳо ҳамовозӣ пайдо намуд. На танҳо худи мамлакати Туркия, балки Қрим ва Поволже ҳам аз нуқтаҳои манбаии паҳнгардии ин ақида ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин нуқтаҳо, махсусан аз худи Туркия, ба воситаи он талабагоне, ки дар ин мулкҳо таҳсил мекарданд ва ба воситаи матбуоти даврӣ ақидаи туркпарастӣ ба Осиёи Миёна ҳам паҳн гардид. Фоҷиаовар он аст, ки дар он солҳо на танҳо аз ҷумлаи намояндагони халқҳои туркзабони ин кишвар, балки аз ҷумлаи тоҷикон низ бисёре ба ҳомиёни ва ташвиқгарони ин ақида табдил ёфтаанд.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мавҷудияти тартиботи Шӯравӣ, баробари аз тарафи болшевикон ба миён гузоштани масъалаи худмуайянкунии миллатҳо, туркпарастон низ бо тамоми қувват ба ҳаракат даромаданд. Онҳо, ки дар баӣни амалдорони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, зиёиёни миллӣ ва ғайра ҳомиёни зиёд доштанд, акнун дар ин сарзамин на танҳо ба корҳои ташвиқу тарғиб, балки баҳри амалии ақидаҳои худ шурӯъ намуданд.
Дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро яке аз самтҳои асосии муборизаи туркпарастон ба муқобили эътирофи мавҷудияти тоҷикон равона гардида буд. Бинобар ин дар ин ҷумҳуриҳо бе ягон калавиш маҳз мавҷудияти тоҷикон чун миллат ва ё худ халқияти мустақил инкор карда мешуд. Андешаи ғайриилмии «аслан туркнажод будани тоҷикон» гӯё дарёфтҳои нави «илмӣ» ба ҳисоб мерафт. Чунончи, пӯшида нест, ки яке аз шахсони асосии дар маъракаи марзбандии ҳудуди молии Осиёи Миёна аз аввал то ба охир фаъолона ширкат варзида — Ф. Хоҷаев, раиси Шӯрои Нозирони Халқии ҶХШ Бухоро мебошад. Вай, чуноне дар боби аввала қайд кардем, бунёдгузори ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ (аввали соли 1920) ва яке аз фаъолони сарнагун сохтани тартиботи амирии Бухоро ба ҳисоб меравад. Маҳз ӯ барномаи ҳизби бунёдкардаашро тартиб додааст, ки онро 14 июли соли 1920 конфронси он ҳизб маъқул шуморид. Дар муқаддимаи он барнома чунин таъкид мешавад: «қабилаҳои туркиро, аз ҷумла: кенагасҳо, манғитҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва тоҷикҳо, ки асрҳо боз дар сарзамини Бухоро зиндагӣ мекунанд», ташкил медиҳанд. Яъне, он лаҳза на танҳо Ф. Хоҷаев, балки дигар сарвару аъзоёни ҳукуматии чӣ Бухоро ва чӣ Туркистон аксаран ақидаи ягона доштанд, ки «тоҷикон аслан турканд». Дар ин асос баъзеашон тавсия мекарданд, ки «тоҷиконро бояд ба асл — мансубияти турк баргардонем». Минбаъд ҳамин Ф. Хоҷаев, ки сарвари ҳукумати ҷумҳурии Бухоро гардид, бо ҳамфикронаш барои туркгардонидани тоҷикон тамоми имкониятҳоро фароҳам овард. Худи Ф. Хоҷаев яке аз он тоҷиконе буд, ки аз мансубияти миллии худ даст кашида, сараввал ба туркпарасти ашаддӣ ва сипас ба ӯзбекпарасти ҷанговар табдил ёфтааст. Ин ҳамон Ф. Хоҷаеве, ки бо мақсади нигоҳ доштани мансаби худ, чуноне дар банди аввал таъкид кардем, барои бомбаборон кардани шаҳри бостонии Бухорои Кӯҳна ба М.В. Фрунзе — сарвари фронти Туркистон, аз номи бухороиён розигӣ дода буд.
Ҳамин тавр дар сарзамини Осиёи Миёна мувофиқи нақшаи ҳизби болшевикӣ масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии кишвар, агарчанде барои он ҳанӯз шароитҳои объективию субъективӣ фароҳам нарасида буд, ба миён гузошта шуд. Барои амалии ин тадбир аввалин пешниҳодҳо низ ба амал омаданд, ки дар ҳамаи онҳо маҳз мавҷудияти тоҷикон, чун миллати мустақил ба инобат гирифта намешуд.
Вале пеш аз он ки ба масъалаи гузаронидлни тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна гузарем, зарур аст, ки ба ҳолати ифодаи манфиати тоҷикон дар ҷумҳуриҳои Туркистон ва Бухоро то марзбандӣ алоҳида таваққуф намоем. Зеро, он солҳо тоҷикон дар ҳудуди маҳз ҳамин ҷумҳуриҳо зиндагӣ ба сар мебурданд.

§ 2. Ҳолати ифодаи манфиати тоҷикон дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистон ва Бухоро

Холати ифодаи манфиати тоҷикон дар ҷумҳурии Туркистон Дар ҷумҳурии Туркистон манфиати тамоми мардуми меҳнатӣ, чи тоҷикон ва чи ӯзбекону туркманҳою қирғизҳо ҳама баробар ифода карда мешуд. Яъне дар ин ҷода вазъи тоҷикон аз дигарон фарқе надошт. Вале оиди ифодаи манфиати маънавии онҳо, ки натиҷаи сиёсати миллии сарварони ҷумҳурӣ мебошад, дар ҳақиқат ҳам сиёсати нодурусти маҳдудкунӣ, махсусан нисбати забони форсии тоҷикӣ ҷой дошт. Чунин маҳдудкунӣ бошад маҳз дар натиҷаи нисбат ба мавҷудияти халқи тоҷик мавқеи нодурустро ишғол намудани мутасаддиёни ҳизбию шӯравии чи ҳукумати марказии Русияи шӯравию иттифоқӣ ва чи ҷумҳуриҳои Бухорою Туркистон сар задааст. Зеро, сиёсати миллии ҷумҳурии Туркистон, ки мухтор буд ва ҷумҳурии Бухоро, агарчанде ба ном мустақил бошад ҳам, вале амалан аз сиёсати миллии Ҳукумати Марказии Русия сахт вобастагӣ доштанд. Дар қаламрави кишвари Туркистон, то замони забтшавӣ аз тарафи Русия, аз ҷумла дар замони давлатдории Темуриён, хонигарии Қӯқанд, ва ғайра забони давлатӣ, забони таҳсил, забони илму маърифат асосан забони форсии тоҷикӣ буд. Шаҳри Самарқанди бостонӣ, ки дар ҳудуди ин кишвар буд, дар қатори шаҳри Бухоро аз ҷумлаи гаҳвораи тамаддуни тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Дар шаҳрҳои Қӯқанд, Тошканд ва ғайра агарчанде баъзе асарҳо ба забони туркии ӯзбекӣ офарида мешуд, вале он мақоми забони форсии тоҷикиро ҳеҷ халалдор намекард. Баробари дар кишвари Туркистон пойдор гардидани тартиботи мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳии Русия, дар идораҳои болоии он забони русӣ оҳиста-оҳиста забонҳои тоҷикӣ ва туркӣ-ӯзбекиро маҳдуд намуд. Дар идораҳои поёнии кишвар бошад забонҳои форсии тоҷикӣ ва туркии ӯзбекӣ (яъне мувофиқи ҳиссаи ин халқҳо дар ин ё он ноҳия ва ё маҳалҳо) ҳанӯз мисли пештара мақоми худро нигоҳ медоштанд. Вале дар аввали асри XX, дар кишвар аксарияти матбуоти маҳаллӣ ва аксарияти мактабҳои усули нав (ҷадидӣ) аллакаӣ ба забони туркии ӯзбекӣ буданд. Баъди барқарор гардидани тартиботи Шӯравӣ дар кишвари Туркистон, дар қаламрави он забони форсии тоҷикӣ мақоми пештараи худро пурра аз даст дод. Инак мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҷумҳурии Туркистон аз 14 июли соли дар ин сарзамин, дар қатори забони русӣ, забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ забони давлатӣ эълон гардиданд. Минбаъд аз соли 1923 ҳуҷҷатнависӣ дар ин кишвар, дар баробари забони русӣ, боз ба се забон: ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ бурда мешуд.
Дар натиҷаи нисбат ба тоҷикон сиёсати нодурустро пеш гирифтани роҳбарони ҷумҳурӣ, ин халқи қадимтарини кишвар оҳиста-оҳиста ҳатто аз имкониятҳои ночизи дар аввал ба даст даровардааш ҳам маҳрум гардид. Аз ҷумла нашри ягона маҷаллаи форсии тоҷикӣ — «Шӯълаи инқилоб», ки чун органи ҳафтаинаи вилоятии ҲК(б) Туркистон дар Самарқанд аз 10 апрели соли 1919 нашр мегардид, моҳи декабри соли 1921 баста шуд. Саҳифаи тоҷикии дигар рӯзномаҳо ҳам маҳдуд гардида оҳиста-оҳиста аз байн рафтанд.
Дар органҳои ҳамонвақтаи ҷумҳурии Туркистон ташкилоте, ки манфиати тоҷиконро ифода кунад, вуҷуд надошт. Масалан соли дар ҳайъати Комиссариати оид ба корҳои миллии ҳукумати ҷумҳурӣ шӯъбаҳои зерини миллӣ амал мекарданд: ӯзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ, русӣ, украинӣ, арманӣ, озарӣ, форсӣ, яҳудӣ, туркӣ, тоторӣ ва яҳудиёни маҳаллӣ. Ҳар кадоми ин шӯъбаҳои миллӣ вазифадор буданд, ки аз як тараф дар баӣни мардуми ба худ тааллуқи кишвар моҳияти чорабиниҳои Ҳокимияти Шӯравиро фаҳмонанд ва аз тарафи дигар худ дар ҳукумати Туркистон манфиати он халқҳоро ҳимоя кунанд. Вале маҳз тоҷикони кишвар, ки чунин шӯъбаи худро надоштанд, аз ин гуна ҳимоятгар маҳрум буданд. Соли 1921 КИМ ҷумҳурии Туркистон ҳайъати он комиссариатро аз нав, танҳо бо шӯъбаҳои нисбатан калон — туркманӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ ва миллатҳои хурд ташкил дод. Яъне боз, дар комиссариати номбурда шӯъбаи тоҷикӣ вуҷуд надошт. Баъзеҳо ақида доранд, ки шӯъбаи форсии соли 1919 гӯё манфиати тоҷиконро низ ҳимоя мекардааст, ки ин аз ҳақиқат хеле дур аст. Зеро, он солҳо низ форсҳо гуфта на ин ки тоҷикон, балки эрониёнро дар назар доштанд. Бо сабаби он ки тоҷиконро турк меҳисобиданд, бинобар ин ҳимояи манфиати маънавии онҳоро зарур намешумориданд.
Рӯҳияи туркпарастии сарварони ҷумҳурии Туркистон пайиҳам боло мегирифт. Онҳо дар конфронси V кишварии ҳизби коммунистӣ (20-25 январи соли 1920) ҳатто қарор қабул карданд, ки ҲК(б) Туркистон минбаъд «ҳизби коммунистии халқҳои турк», ҷумҳурии Туркистон бошад, чун «ҷумҳурии халқҳои турк» номида шавад. Яъне туркпарастонро он лаҳза ҳатто номи Туркистон чандон қаноат намекунонд. Барои амалии ин қарор Турккомиссия халал расонид.
Соли 1920 Қонуни асосии (конститутсияи) ҷумҳурии Туркистон тасдиқ гардид, ки дар он ҳам ҳамчун «мардуми муқимии» кишвар фақат қирғизҳо, ӯзбекҳо ва туркманҳо эътироф мегардиданд. Аз ин ҳуҷҷати муҳими ҷумҳурии Туркистон тоҷикон, ки аз ҷумлаи мардуми қадимтарини кишвар ба ҳисоб мераванд, берун монданд.
Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, дар солҳои аввали бунёди тартиботи Шӯравӣ масъалаи мураккабтарин ин масъалаи кадрҳои роҳбарикунанда ва махсусан масъалаи мавқеи онҳо нисбат ба масъалаи миллӣ, аниқтараш оиди тақдири ин ва ё он миллат буд. Ин маънои онро надорад, ки дар ҳайъати кадрҳои роҳбарикунандаи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна намояндагони на ҳамаи миллатҳо буданд. Аз ҷумла дар баӣни онҳо шахсони баромадашон аслан тоҷик кам набуданд. Вале фоҷиаовар он аст, ки қисми бузурги он тоҷикони соҳиби мансабшуда, дар натиҷаи таъсири ақидаҳои туркпарастӣ, дар ҳамон лаҳзаи ҳалкунандаи тақдири миллат, на танҳо манфиати тоҷиконро умуман ифода накарданд, балки ҳатто тоҷик будани худро низ инкор мекарданд.
Барои мисол чунин мавқеъро мо дар фаъолияти Абдулло Раҳимбоев (1896-1938) дида метавонем. Ӯ солҳои 1919-1920 котиби кумитаи ҳизбии уезди Хуҷанд, раиси Кумитаи ҳизбии вилояти Самарқанд, солҳои 1920-1923 раиси КИМ ҷумҳурии Туркистон, котиби КМ ҲК(б) Туркистон, аъзои коллегияи комиссариати халқии оид ба корҳои миллатҳои Федератсияи Русия, солҳои 1923-1924 котиби якуми КМ ҲК Бухоро ва котиби дуюми КМ ҲК(б) Туркистон буд. Яъне дар ҳалли масъалаи миллӣ вай аз ҳисоби кадрҳои миллӣ аз ҷумлаи аввалинҳо ба шумор мерафт. Магар ӯ намедонист, ки дар Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро ва дигар ҷойҳо тоҷикон аксариятро ташкил мекунанд? Албатта медонист! Вале инкор мекард. Дар он солҳои ҳалкунандаи тақдири халқҳои Осиёи Миёна, ӯ ҳатто миллати худро чун «ӯзбек» ба қалам медод. Ба ғайр аз ӯ, дар ҷумҳурии Туркистон Абдураҳим Ҳоҷибоев (1900-1938) чун аъзои КИМ адои хизмат дошт. Вале вай ҳам амалан барои ҳимояи манфиати тоҷикон коре карда натавонист.

Ҳолати ифодаи манфиати тоҷикон дар ҷумҳурии Бухоро

Дар Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҳам вазъи иқтисодии тоҷикон аз мардуми дигари ҷумҳурӣ — ӯзбекҳо ва туркманҳо фарқи ҷиддӣ надошт. Дар ин ҷода ҳукумати ҷумҳурӣ манфиати онҳоро баробар ба инобат мегирифт. Вале дар ин сарзамин ҳам манфиати маънавии маҳз тоҷикон ба инобат гирифта намешуд. Ҷумҳурии Бухоро агарчанде давлати мустақил ба ҳисоб мерафт ва гӯё аз сиёсати пешгирифтаи миллии ҳукумати Русияи Шӯравӣ вобастагӣ надошт, аммо дар сиёсати зиддитоҷикии онҳо як умумияте дида мешуд.
Тоҷикон дар қаламрави Бухоро баъди давлатдории Сомониён то бунёди тартиботи шӯравӣ оиди истифодаи забони худ маҳдудияти ҷиддии ҳокимиятдорони собиқи ғайритоҷик — туркҳо, муғулҳо ва ӯзбекҳоро эҳсос накардаанд. Дар замони ҳукуматдории хонадони манғития ҳам, ки яке аз қабилаи ӯзбекҳо ба ҳисоб меравад ва то замони шӯравӣ дар ин сарзамин ҳукмронӣ намудааст, чуноне аллакаӣ таъкид намудем, забони давлатӣ, забони илму маърифат асосан забони форсии тоҷикӣ буд. Инак, 11 марти соли 1921 Шӯрои Нозирони Халқии Ҷумҳурии Бухоро дар қаламрави ҷумҳурӣ бо тарзи расмӣ забони туркиро забони давлатӣ эълон кард. Барои ба амал омадани чунин қарор ҳиссаи бевоситаи сарвари ҳукумати ҳамонвақтаи ҷумҳурии Бухоро Ф. Хоҷаев дида мешавад. Баъд аз ин забони форсии тоҷикӣ дар сарзамини ҷумҳурӣ як муддат ба ҳайси забони мадрасаю мактабҳо боқӣ монд. Зеро, мутасаддиёни ҷумҳурӣ имконияти якбора таълимро аввал ба забони туркӣ, баъд ба забони ӯзбекӣ гузарониданро надоштанд. Вале онҳо маъракаи аввал ба туркӣ, баъд ба ӯзбекӣ гузаронидани таҳсилро, махсусан дар мактабҳои нав, ки шӯравӣ меномиданд, оғоз карда буданд.
Ҳолати инкор намудан, ё худ ақаллан аз будашон хеле кам нишон додани тоҷиконро дар мавқеи сарварони ҷумҳурии Бухоро низ дида метавонем. Чунончи, моҳи майи соли 1921 собиқ раиси КМ ҲК Бухоро Наҷиб Ҳусаинов (худ тотор буд) ба вориси худ, сарвари ҳамонвақтаи коммунистони Бухоро Олимҷон Оқшурин (вай ҳам тотор буд), ба забони туркӣ, бо ҳуруфоти арабӣ навиштааст: «бояд ба он муваффақ шуд, ки бештар аз нисфи аҳолии Бухороро ӯзбекҳо, қисми хурдро туркманҳо, баъдан эрониҳою яҳудиён ташкил бидиҳанд'».
Дар ҳайъати роҳбарияти ҷумҳурии Бухоро низ тоҷикон буданд.
Мувофиқи маълумоти 20 октябри соли 1920 ҳатто дар ҳуҷҷатҳои расмии ҳайъати ҳукуматӣ се нафар тоҷикон ба қайд гирифта шудаанд, ки ду нафарашон дар трибунали ҳарбии инқилобӣ ва як нафар (Аббос Алиев) дар нозирони маориф адои вазифа доштанд. Вале амалан дар ҳайъати ҳукумати ҷумҳурии Бухоро тоҷикони мансабдори аввал турк ва баъд ӯзбек гардида хеле бисёр буданд. Ба ин, дар қатори Фаӣзулло Хоҷаев мавқеи Абдурауф Фитрат (1886-937), Абдуқодир Муҳиддинов (1892- 1938), Ахмадбек Мавлонбеков (1897-1937) ва дигарон мисол шуда метавонад.
Аз ҷумла Абдурауф Фитрат дар ҷумҳурии Бухоро соли 1921 нозири маориф, соли 1922 ҷонишини раиси Шӯрои нозирони халқ буд. Вале ӯ туркпарасти ашаддитарин ба ҳисоб мерафт. Мувофиқи баъзе маълумотҳо маҳз бо ташаббуси ӯ, дар идорааш, барои ба забони форсии тоҷикӣ сухан гуфтан ҷарима ҷорӣ карда шудааст. Маҳз дар замони нозири маориф будани вай шумораи мактабҳои туркӣ аз ҳисоби мактабҳои тоҷикӣ хеле афзудааст. Е худ Абдуқодир Муҳиддинов аз сентябри соли 1920 раиси Кумитаи инқилобии Бухоро, аз сентябри соли 1921 раиси КИМ ҷумҳурии Бухоро, баъд раиси шӯрои иқтисодии ҷумҳурӣ гардид. Ӯ низ то соли 1924 худро «ӯзбек» меҳисобид. Вай баъдтар хатогии худро фаҳмида, барои нисбати тоҷикон барқароркунии адолат ҷонбозиҳои зиёд кард. Вале аллакаӣ дер шуда буд. Ниҳоят худаш ҳам қурбони беадолатӣ гардид. Аҳмадбек Мавлонбеков солҳои 1923-1924 котиби масъул ва котиби якуми КМ ҲК Бухоро буд. Яъне ӯ низ метавонист пеши роҳи беадолатиҳои нисбат ба тоҷикон содиршудаистодаро гирад. Вале ӯ ҳам тоҷик будани худро эътироф намекард. Ин гуна далелҳо ва мисолҳо хело бисёранд.
Ҳангоми интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи маҳаллӣ, чӣ дар ҷумҳурии Туркистон ва чӣ дар ҷумҳуриҳои халқии Бухорою Хоразм, на ин ки лаёқати кордонию коршоямӣ, балки бештар мансубияти синфӣ ва миллиро ба эътибор мегирифтанд. Махсусан сарварони Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро баъди маҳви иғвои Анварпошо (августи соли 1922) аз мавқеи туркпарастии ҷанговар ба ӯзбекпарастии ашаддӣ табдил ёфтанд. Онҳо дар аввал тоҷиконро барои турк шудан маҷбур карда бошанд, баъди маҳви Анварпошо таҳдид мекарданд, ки ӯзбек бошанд. Дар мавқеи ӯзбекпарастӣ будани сарварони ҷумҳурии Бухорою Хоразм ва аз тарафи онҳо маҳдуд намудани ҳуқуқи туркманҳо ва қирғизҳо ҳатто дар қарори анҷумани XII ҲК(б) Русия (апрели соли 1923) қайд карда шудааст.
Дар ҷумҳурии Бухоро, чун дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, зарбаи асосии туркпарастон ба муқобили мактабҳои форсии тоҷикӣ нигаронида шуда буд. Бо ташаббуси онҳо дар аксарияти маҳаллаҳои тоҷикнишин мактабҳои мавҷудаи форсии тоҷикӣ бо зудӣ баста шуда, онҳо ба мактабҳои таълим ба забони туркӣ ё ӯзбекӣ табдил дода шуданд. Дар ин мактабҳо ба сифати муаллим аз собиқ асирони турки аз гӯшаҳои гуногуни Русия омада, аз туркону тоторҳои бо ихтиёри худ барои «хизмат» ба Бухоро шитофта ва ғайраҳо ба тарзи васеъ истифода мебурданд. Туркҳо на танҳо дар мактабҳо, чун муаллим, балки дар идораҳои ҳокимияти маҳаллии ҷумҳурӣ низ чун корманд ҳиссаи асосиро ташкил медоданд. Дар мактабу маҳалҳое, ки муаллимони турк мақоми асосиро ишғол менамуданд, на танҳо дарсҳо ба забони туркӣ мегузоштанд, балки ҳатто маршу таронаҳо ҳам аз ҳамду сано ба туркҳо ва Камолпошо (яъне Мустафо Камол, ё худ Отатурк — асосгузори ҷумҳурии Туркия) иборат буд.
Солҳои 1917-1924 дар саҳифаҳои матбуоти чӣ Осиёи Миёна ва чӣ марказии Русия оиди тоҷикон қариб чизе чоп намешуд. Агар баногоҳ чунин мақолаҳо чоп шаванд ҳам бештари онҳо ғаразнок буда, баъзан тоҷикон ва забони форсии тоҷикиро рӯйрост таҳқир мекарданд. Чунончи: 2 январи соли 1924 дар газетаи «Туркистон», ки дар Тошканд ба забони ӯзбекӣ нашр мегардид, мақоле бо номи «Дар диёри тоҷикон» чоп шуд. Дар он мақола таъкид мешуд, ки хоҳиши истифодаи забони тоҷикӣ «аз як ҷиҳат хоҳиши аз ҳаёт ҷудо шуданро дорад, зеро равиши таърих муқобили он аст, аз ҷиҳати дигар, қабули он маънои қабули забони бефоида ва зиёдатиро дорад». Бинобар ин муаллифи он мақола рӯйрост таъкид кардааст, ки «барои тоҷикон зарур аст забони махсуси тоҷикиро нигоҳ надошта, ҳар чӣ зудтар ба забони ӯзбекӣ гузаранд, зеро роҳи равиши иҷтимоӣ аллакай такдир онҳоро ҳал намудааст».
Ҳамин тарз дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро, ки тоҷикон асосан дар ҳудуди онҳо зиндагӣ мекарданд, манфиати маънавии ин халқи қадима на танҳо ба эътибор гирифта намешуд, балки ҳатто мавҷудияти онҳоро низ инкор мекарданд. Дар ҳудуди ин ҷумҳуриҳо матбуоти ба забони форсии тоҷикӣ чопшаванда ва мактабҳои бо ин забон амалкунандаро мебастанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медод, ки он солҳо тоҷикон дар ҳудуди Осиёи Миёна пешвои ҳақиқии ифодакунандаи манфиати маънавиашонро надоштаанд. Вале дар чунин шароити барои тоҷикон мураккаб масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ ба миён гузошта шуд.

§ 3. Гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ дар Осиёи Миёна ва ташкилёбии Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Тайёр намудани аввалин лоиҳаҳои тақсимоти ҳудуди миллӣ

Анҷумани XII ҲК(б) Русия (апрели соли 2923), ки масъалаи миллиро муҳокима карда буд, дар навбати худ диққати сарварони ҳизбҳои коммунистии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро низ ба ҳалли ин масъала ҷалб намуд. Вале зарур шуморида шуд, ки оғози ин маъракаро на ҳамчун нишондоди марказ, балки чун ташаббуси худи халқ ба миён гузоранд. Дар натиҷа баъди анҷуман аллакаӣ аз номи ташкилотҳои ҳизбии ҲК(б) Туркистон ба номи КМ ҲК(б) Русия оиди дар Осиёи Миёна ташкил додани ҷумҳуриҳои нави миллӣ фикру дархостҳо фиристода шуданд.
31 январи соли 1924 дар маҷлиси Бюрои ташкилии КМ ҲК(б) Русия аввалин бор масъалаи ҷумҳуриҳои нави миллии Осиёи Миёна муҳокима гардид. Дар ин маҷлис раиси бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия Я.А. Рудзутакро вазифадор намуданд, ки ҳангоми дар Осиёи Миёна будан масъаларо бо ҷалб намудани ходимони масъули ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм аз ҳар ҷиҳат санҷида барояд.
25 феврали соли 1924 пленуми васеи КМ ҲК Бухоро баргузор гардид. Дар он раиси Шӯрои Нозирони Халқии ҷумҳурии Бухоро Ф. Хоҷаев аз рӯи масъалаи «Дар бораи аз рӯйи нишонаҳои миллӣ ба ҷумҳуриҳо тақсим намудани Осиёи Миёнаи шӯравӣ» маърӯза кард. Дар маърӯза ва қарори пленум тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ва ташкили ҷумҳуриҳои нави миллӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Таклиф пешниҳод карда шуд, ки дар асоси ҷумҳурии Бухоро, бо ба он ҳамроҳ намудани сарзамини ҷумҳурии Хоразм (ба ҷуз вилояти Ташауз, ки аҳолиаш асосан туркманҳо мебошанд), вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи ҷумҳурии Туркистон — Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии сотсиалистии Ӯзбекистон ташкил карда шавад. Ин пленум тавсия намуд, ки аз ҳисоби вилоятҳои Чорҷӯйи ҷумҳурии Бухоро, вилояти Ташаузи ҷумҳурии Хоразм ва вилояти Моварои Каспии ҷумҳурии Туркистон Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии сотсиалистии Туркманистонро ташкил намоянд. Оиди тоҷикон бошад он пленум тавсия намуд, ки «аз ҳисоби Мастчоҳу Қаротегину Ғарм вилояти мухтори Тоҷикистонро бунёд кунанд ва он бояд дар ҳайъати ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад». Бояд таъкид намуд, ки ин аввалин пешниҳодот оиди ташкил намудани вилояти мухтори тоҷикон, вале фақат дар ноҳияҳои санглохи кӯҳӣ мебошад. 10 марти соли 1924 хулосаҳои мухтасари пленуми номбурда оиди ҳалли масъалаи миллӣ аз тарафи бюрои иҷроияи КМ ҲК Бухоро тасдиқ карда шуд. Барои ҳалли минбаъдаи он масъала КМ ҲК Бухоро бо сарварии Ф. Хоҷаев комиссияи махсусеро ташкил дод.
10 марти соли 1924 маҷлиси аъзоёни бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия бо иштироки аъзо ва номзадҳои КМ ҲК Туркистон ва садорати КИМ Туркистон барпо гардид. Дар он А. Раҳимбоев, чун котиби КМ ҲК Туркистон ва аъзои бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия баромад карда, таъкид намуд, ки «Осиёи Миёна аз рӯйи ҳайъати миллӣ мамлакате мебошад, ки дар он аксариятро ӯзбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо, баъд баъзе халқиятҳои майда ташкил мекунанд». Дар ин маҷлис низ гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро маъқул шуморида, қарор карда шуд, ки бюрои иҷроияи КМ ҲК Туркистон масъаларо васеътар омӯхта, ба муҳокимаи пленуми худ пешниҳод кунад. Бюрои иҷроия бошад барои ин комиссияи махсусеро ташкил дод. Он комиссия агарчанде зарурияти гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллиро танҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон пешниҳод карда бошад ҳам вале қисми зиёди мутасаддиёни чӣ кишварию чӣ марказӣ гузаронидани он маъракаро дар тамоми Осиёи Миёна, яъне бо ҷалб намудани ҷумҳуриҳои Бухорою Хоразм низ лозим ҳисобиданд.
23-24 марти соли 1924 Пленуми КМ ҲК Туркистон масъаларо «Дар бораи тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳурии Туркистон» муҳокима намуд. Он гузориши масъаларо маъқул шуморида, оиди тақсими Туркистон ба ҷумҳуриҳои миллии мухторӣ андешаҳои худро баён кард.
5 апрели соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия дар маҷлиси худ маърӯзаи котиби КМ ҲК Туркистон ва аъзои Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия А. Раҳимбоевро «Дар бораи Туркистон, Бухоро ва Хоразм (дар бораи ташкили ҷумҳуриҳои миллӣ)» шунида, муҳокима намуд. Дар он КМ ҲК(б) Русия фикру андешаҳои оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна пешниҳодгардидаро маъқул шуморида, ҳалли онро то охири моҳи майи ҳамон сол мавқуф гузошт. Дар навбати худ КМ ҲК(б) Русия мутасаддиёни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро вазифадор намуд, ки ҳуҷҷатҳои заруриро, бо якҷоягии харитаи ҷуғрофии тақсимот, ба анҷумани XIII ҲК(б) Русия пешкаш намоянд. Инчунин Бюрои сиёсӣ раиси Бюрои Осиёимиёнагӣ Я.Э. Рудзутакро вазифадор намуд, ки ҳуҷҷатҳои оиди ин масъала бо худ доштаи вакилони ба Москва, барои иштирок ба анҷумани номбурдаи ҲК(б) Русия омадаи ҳизбҳои коммунистии Туркистон, Бухоро ва Хоразмро низ омӯзад.
Баъди он ки КМ ҲК(б) Русия андешаро оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна маъқул шуморид, КМ ҲК Бухоро дар асоси қарори худ аз 10 апрели соли 1924 Комиссияеро барои тайёр намудан ва гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ ташкил намуд. Ба он комиссия Ф. Хоҷаев, К. Атобоев, К. Пӯлодов, А. Муҳиддинов ва Наврӯзбоев дохил шуданд. 13 апрели соли 1924 Бюрои Осиёимиёнагӣ маърӯзаи котиби масъули КМ ҲК Бухоро А. Мавлонбековро аз рӯйи корҳои анҷомдодаи ин комиссия шунида, дар навбати худ гузориши масъаларо оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна маъқул шуморид. Бюрои Осиёимиёнагӣ инчунин КМ ҲК Бухороро вазифадор намуд, ки ин масъаларо ба воситаи матбуот ва вохӯриҳои бевосита ба мардум фаҳмонанд.
28 апрели соли 1924 маҷлиси якҷояи бюрои Осиёимиёнагӣ ва Бюрои иҷроияи КМ ҲК Туркистон барпо гардид. Он оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қарорҳои дахлдор қабул кард. Дар он тақсимоти ҳудуди миллиро дар шароити ҳамонвақта зарур ва мувофиқи мақсад шуморида шуд. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки фикру андешаҳоро оиди ин масъала ба Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ супоранд. Ба ҳайъати он комиссия А. Раҳимбоев, К. Атобоев, Ф. Хоҷаев, Одинаев, Т. Рискулов, Абдураҳмонов, К. Пӯлодов ва дигарон дохил шуданд. Комиссия дар навбати худ вазифадор карда шуд, ки то 10-уми май омӯзиши масъаларо анҷом дода, фикру андешаҳои худро ба Бюрои Осиёимиёнагӣ супорад. Дар қатори комиссияи умумӣ, ё худ марказӣ, инчунин комиссияҳoи хурди миллӣ низ ташкил доданд. Ин комиссияҳо аввали моҳи май дар маҷлиси нахустини худ ҷамъ омаданд. Минбаъд андешаҳои ин комиссияҳoи хурди миллӣ оиди ҷумҳуриҳои нави миллӣ ва вилоятҳои мухторӣ, бо назардошти ҳудуди онҳо ба Комиссияи марказӣ пешкаш гардиданд.
11 майи соли 1924 бюрои Осиёимиёнагӣ дар маҷлиси худ маърӯзаи Комиссияи марказиро оиди тақсимоти ҳудуди миллӣ шунида, бори дигар зарурияти онро таъкид кард. Бюро дар навбати худ андешаҳоро оиди аз ҷумлаи муттаҳидаҳои нави миллии Осиёи Миёна ташкил намудани федератсияро (ба мисли Федератсияи Закавказе) рад намуд. Бюрои Осиёимиёнагӣ низ пешниҳод кард, ки Ӯзбекистон ва Туркманистон чун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ташкил карда шаванд ва онҳо ҳамчун ҷумҳуриҳои шӯравӣ сотсиалистӣ бевосита ба ҳайъати ИҶШС (СССР), ки ҳанӯз 30 декабри соли 1922 ташкил ёфта буд, дохил шаванд. Инчунин таклиф намуд, ки вилояти мухтори Тоҷикистон дар ҳайъати ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил ёбад. Зарурияти ташкил намудани вилояти мухтори Қарақирғизҳоро (Қирғизистон) низ таъкид намуда, вале масъалаи ба кадом ҷумҳурии иттифоқӣ дохил шудани онро ҳал накард.
Ба ғайр аз ин таъкид карда шуд, ки ноҳияҳои қазоқнишини ҷумҳурии Туркистонро ба ҷумҳурии мухтори шӯравии сотсиалистии Қирғизистон (Қазоқистон) табдил додан низ дар назар дошта шудааст. Дар ҳамон ҷамъомад боз қарор карда шуд, ки барои пеш бурдани корҳои ҳизбию ташкилӣ, барои ҳамаи ҷумҳуриҳои навташкилёбандаи миллии Осиёи Миёна, ташкилоти ягонаи ҳизбӣ дар шакли бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия нигоҳ дошта шавад.
Бюрои Осиёимиёнагӣ ба Комиссияи марказии тақсимот тавсия намуд, ки ҳангоми тайёрии масъала барои ҳар воҳиди алоҳида нишонаҳои зеринро ба инобат гиранд: алоқаи иқтисодӣ, сарҳади тахминии миллӣ, имкониятҳои идоракунии маъмурӣ, хусусиятҳои психологии мардуми (этнографӣ) ноҳияҳо, мавқеи ҷуғрофӣ ва ғайраҳо. Дар асоси ҳамин пешниҳодот гурӯҳе, ки дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро аксариятро ташкил намудани тоҷиконро ночор эътироф менамуданд, мегуфтанд: «аз сабаби дар атрофи ин шаҳрҳо аксариятро ташкил намудани ӯзбекҳо, ноҳияҳои иқтисодиро аз ин марказҳо, бо хусусиятҳои миллӣ ҷудо кардан мумкин нест». Ҳол он ки дар атрофи шаҳри Бухоро ҳамон вақт ва ҳоло ҳам ноҳияе нест, ки дар онҳо амалан ӯзбекҳо нисбати тоҷикон аксариятро ташкил намоянд.
Умуман аз моҳи феврал то маӣи соли 1924 дар ташкилотҳои гуногун, махсусан ҳизбӣ, масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна муҳокима гардид. Аз тарафи онҳо оиди масъалаи ба миён гузошташуда аввалин фикру андешаҳо ва лоиҳаҳо пешкаш карда шуданд. Вале аксари ин ташкилотҳо андешаи якдигарро, махсусан оиди тақдири тоҷикон, тӯтивор такрор мекарданд. Дар аксари он ташкилотҳо тақдири бисёре аз халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ба тарзи объективӣ муҳокима нагардид. Зеро, барои худи онҳо масъалаи гузошташуда чандон фаҳмо набуд, ё худ мавқеи онҳое, ки чун маърӯзачӣ баромад намуда, масъаларо мегузоштанд, яктарафа ва хато буд. Мутасаддиёни масъала ҳамон лаҳза барои омода намудани он андешаи олимони ширқшиноси Русия, аз ҷумла В.В. Бартодд, М.С. Андреев ва дигаронро ба инобат нагирифтанд. Ҳол он ки шарқшиноси машҳури рус В.В. Бартодд ба ҳамон тарзе, ки болшевикон аз рӯйи нишонаи миллӣ ташкил намудани ҷумҳуриҳои миллиро дар Осиёи Миёна пешкаш кардаанд, чандон розӣ набуд. Ин олими дурандеш оқибати чунин марзбандиро тасаввур намуда, онро хилофи анъанаҳои таърихии ин сарзамин, ки форсизабонон пеш аз ҳама тоҷикон, бо туркзабонон дар давлатҳои ягонаи сермиллат мезистанд, ҳисобидааст.
Яке аз арбобони барҷастаи шӯравии он давр, комиссари халқии корҳои хориҷӣ Георгий Чичерин ба ақидаи шарқшиносони рус такя намуда, ба муқобили лоиҳаҳои ҳозиргардида, лоиҳаеро пешниҳод намуд, ки он дар таърих бо номи «лоиҳаи Чичерин» маълум аст ва мувофиқи он дар ҳудуди Осиёи Миёна ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин ва дар ҳайъати он ҷумҳурии мухтори Ӯзбекистон бунёд мегардид. Вале бо сабаби дар ҳайъати мутасаддиёни масъалаи марзбандии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркпарастон, «лоиҳаи Чичерин» қабул нагардид.
Ҳамин тавр, аксари лоиҳаҳои пешкашшуда, ба ҷуз «лоиҳаи Чичерин» ҳақиқати ҳолро ифода намекарданд.

Лоиҳаи асосии тақсимот ва андешаҳо оиди мухторияти тоҷикон. Ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон

12 июни соли 1924 Бюрои сиёсии км ҲК(б) РУСИЯ дар асоси ҳуҷҷату таклифҳои пешниҳодшуда «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна (Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» қарор қабул кард. Дар асоси он пешниҳод карда шуд, ки ҷумҳуриҳои иттифоқии сотсиалистии Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил карда шавад. Инчунин зарурияти муттаҳид кардани ноҳияҳои қирғизии (қазоқии) Туркистонро бо ҶМШС Қирғизистон (Қазоқистон), ташкил додани вилояти мухтори Қара-Қирғизро (Қирғизистон) дар ҳайъати Федератсияи Русия, вилояти мухтори Тоҷикистонро дар ҳайъати Ӯзбекистон пешниҳод кард. КМ ҲК(б) Русия инчунин масъалаи ба Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудани ҷумҳуриҳои нави иттифоқӣ ва барпо намудани ташкилотҳои ҳизбии онҳоро дид.
6 июли соли 1924 бюрои Осиёимиёнагӣ масъаларо «Дар бораи Бюрои муваққатии ҷумҳуриҳо ва вилоятҳои навташкилёбандаи бо масъалаҳои тақсимоти ҳудудӣ алоқаманд» муҳокима намуд. Дар маҷлиси 12-уми июлии он ҳайъати бюрои (комиссияҳoи миллии) ӯзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва қазоқӣ тасдиқ карда шуд.
Ин комиссияҳои нави миллиро вазифадор намуданд, ки бо ҳамроҳии Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ барномаи пешакии худро тартиб дода, ба тасдиқи бюрои Осиёимиёнагӣ пешниҳод намоянд.
3 августи соли 1924 дар маҷлиси бюрои Осиёимиёнагӣ бо иштироки котиби КМ ҲК(б) Русия И.А. Зеленский, «Лоиҳаи таклифҳо дар бораи кори комиссияҳoи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» муҳокима гардид. Дар он ба бюроҳо ё худ комиссияҳои миллӣ супориш дода шуд, ки то 12-уми август лоиҳаи пешакии ҳудудҳои ҷумҳурию вилоятҳои миллии навбунёдшавандаро пешкаш намоянд. Инчунин ба онҳо ҳуқуқ дод, ки ба кори комиссия, аз рӯйи зарурият, шахсони алоҳидаро бо ҳуқуқи овоздиҳии машваратӣ ҷалб намоянд, ё худ комиссияи хурди дигарро ташкил диҳанд.
То миёнаи августи соли 1924 ягон гурӯҳ ё худ комиссияе вуҷуд надошт, ки он бевосита бо такдири тоҷикон машғул шавад. Танҳо 16 август дар маҷлиси бюрои Осиёимиёнагӣ ба ҳайъати аъзоёни комиссияи сарҳадӣ аз тоҷикон Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев (роҳбари гурӯҳ) ва М. Саидҷонов дохил гардиданд. Вале ин комиссия ҳангоми муҳокимаи масъала соҳиби танҳо ҳуқуқи овози машваратӣ буданду халос. Онҳо инчунин мӯҳлати заруриро низ надоштанд, ки масъаларо ба тарзи лозимӣ омӯзанд. Зеро, ба онҳо ҳамагӣ 5 рӯз мӯҳлат дода буданд, ва дар ин муддат бояд ҷамъбасти фикру андешаҳоро оиди тақдири тоҷикон пешкаш менамуданд. Бо ҳамин сабаб ин комиссияи бо ном тоҷикӣ, танҳо имконият пайдо кард, ки лоиҳаи тайёрнамудаи комиссияи ӯзбекиро омӯзад ва бо ҳамон «марҳамате», ки онҳо нисбат ба тоҷикон кардаанд, қаноатманд гарданд ва он андешаҳоро, ё худ нусхаи дигарашро чун тавсияҳои комиссияи тоҷикӣ пешкаш намоянд.
21 августи соли 1924 дар маҷлиси 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ масъала «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» шунида шуд. Дар ин маҷлис А. Хоҷибоев, чун раиси комиссияи тоҷикӣ баромад карда, саховатмандии бемисл нишон дод. Аз ҷумла ӯ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки тоҷикони Бухорои Ғарбӣ ва вилоятҳои дигари Туркистон «ҳам аз ҷиҳати хоҷагӣ, ҳам аз ҷиҳати идораи маъмурӣ бо ӯзбекҳо робитаи зич доранд, аз ин сабаб онҳо ба вилояти мухтори Тоҷикистон, ки дар Бухорои Шарқӣ таъсис хоҳад ёфт, ҳамроҳ шуда наметавонанд». Вале раиси маҷлис аз А. Хоҷибоев пурсид, ки чаро ӯ дар маърӯзааш тоҷикони Фарғона, Самарқанд ва Бухороро зикр карда, дар бораи тоҷикони Хуҷанд чизе нагуфт. Пас маърӯзачӣ дар ҷавоб: дар Хуҷанд тоҷикон бартарӣ доранд, онҳо «он ҷо дар баъзе волостҳо низ ҳастанд, онҳоро ба вилояти Тоҷикистон ҳамроҳ кардан мумкин аст, аммо роҳҳои иртибот нестанд, фақат роҳҳои пиёдарав вуҷуд доранд ва онҳо аз ҷиҳати тиҷорату иқтисод бо ӯзбекҳо сахт пайвастанд. Мо чунин мешуморем, ки онҳоро дар ҷумҳурии Ӯзбекистон мондан лозим аст».
Дар ин ҷамъомад, аз рӯйи масъалаи муҳокимашаванда, ҳангоми музокирот Ҳоҷибоев роҷеъ ба маркази мадании тоҷикон чунин изҳор дошт «мо ақида дорем, ки шаҳри марказии тоҷикон Самарқанд хоҳад буд, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон мемонад, он бояд маркази муваққатии маданияти тоҷик бошад, он ҷо мо бояд мактабҳо ва ғайра ташкил кунем».
Аз ин далелҳои овардашуда баръало равшан аст, ки А. Ҳоҷибоеви ҳамон лаҳза 24 сола, аз қолаби тавсиякардаи комиссияи ӯзбекӣ берун баромада натавонистааст. Ӯ намедонист, ки бо чунин саховатмандиҳо нисбат ба халқи худ ҷинояти сахттарин зоҳир намудааст.
24 августи соли 1924 Комиссияи марказии ҳудудӣ аз комиссияи миллии тоҷикӣ хоҳиш намуд, ки пойтахти вилояти мухтори худро муайян кунанд. Дар чунин лаҳза ҳам комиссияи бо ном тоҷикӣ ақаллан ҷуръат накард, ки масъалаи соҳиб шудан ба яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро ба миён гузорад. Ҷавонӣ ва дуруст надонистани масъала, ба аъзоёни ин комиссия имконият намедод, ки оқибати мавқеи худро дуруст сарфаҳм раванд. Барои онҳо тақдири миллати худ — тоҷикон гӯё бегона буд. Дар лаҳзаҳои ҳалкунанда барои ҳимояи манфиати халқи худ ягон хел ҷонбозӣ накарда, лаҳза ба лаҳза ҷиноят содир мекарданд. Ниҳоят, ин комиссия саховатмандона аз чунин шаҳрҳои машҳури қадимаи тоҷикон — Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Хуҷанд ҳам даст кашида, сараввал деҳаи Қаротоғро чун маркази вилояти мухтории тоҷикон пешниҳод кард. Аммо ин таклиф ба ҳарбиён маъқул набуд. Бинобар ин бо таклифи ҳарбиён, дар он вақт як деҳаи назарногири дурдаст — Душанбе ҳамчун пойтахт қарор гирифт. 6 сентябр Комиссияи марказии ҳудудӣ лоиҳаи ҳудуди вилояти мухтории Тоҷикистонро тасдиқ намуд.
Дар мавқеи амалдорони ҷумҳурии Туркистон аз моҳи августи соли 1924 сар карда, оиди мавҷудияти тоҷикон тағйироте ба амал омад. Онҳо акнун мавҷудияти тоҷиконро рӯйрост рад накарда, ночор, қисман барои қонеъ гардондани талаботи маънавиашон розӣ шуданд. Аз ҷумла, худи ҳамон моҳ КИМ Туркистон дар пленуми охирини худ қарор кард, ки Донишкадаи омӯзгории тоҷикӣ ташкил карда шавад. Дар натиҷа декабри он сол дар Тошканд Донишкадаи маорифи тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он аввал донишҷӯён асосан аз ҳисоби тоҷикони Ӯзбекистон таҳсил мекарданд. 25 августи ҳамон сол дар Самарқанд нашри рӯзномаи «Овози тоҷик» (ҳоло ин рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, бо ҳамон ном нашр мешавад) оғоз ёфт.
Моҳҳои июн-сентябри соли 1924 бо ташаббуси ташкилотҳои коммунистӣ ва шӯравии маҳалҳо, дар баӣни мардум, дар гӯшаю канорҳои гуногуни Осиёи Миёна рафти маъракаи тақсимоти ҳудуди миллӣ муҳокима гардид. Аз ҷумла, моҳҳои июн-август дар ташкилотҳои гуногуни Хуҷанд, Ӯротеппа, аввали сентябр дар Душанбе масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ гӯё маъқули ҳозирон шуд. Чунончи, 1-5 сентябри он сол дар Душанбе анҷумани I Шӯроҳои намояндагии халқии Бухорои Шарқӣ он масъаларо маъқул шуморид. Албатта он солҳо худшиносии миллии мардум, ки ҳанӯз ба дараҷаи зарурӣ нарасида буд, бинобар ин пешниҳодҳо қариб дар ҳама ҷо бо як овоз маъқули ҳозирон мегардид.
Сентябри соли 1924 масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар қарорҳои органҳои болоии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба шакли қонун даромад. Чунончи, 15-16 сентябр сессияи фавқулоддаи КИМ Туркистон ба мардуми кишвар ҳуқуқ дод, ки аз ҳайъати ҷумҳурии Туркистон баромада, ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои миллии худро ташкил диҳанд. 20 сентябр анҷумани Умумибухороии шӯроҳо ҳам ҳамин гуна ҳуқуқро ба мардуми ҷумҳурии Бухоро дод. 29 сентябр бошад анҷумани Умумихоразмии Шӯроҳо низ ҳамин гуна қарор қабул кард. 11 октябри соли 1924 бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия маърӯзаи сардори Комиссияи худ В.В. Куйбышевро оиди тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна шунида, қарорҳои қатъӣ қабул кард. Дар ҳамин маҷлис нақшаи тақсимоти ҳудуди миллӣ ва тақсими фонд ва сармояи давлатӣ дар баӣни ҷумҳурӣ ва вилоятҳои нави миллӣ дида шуд. Бюрои сиёсӣ ба масъалаи тоҷикон таваққуф намуда дар ҳамин ҷамъомад зарур шуморид, ки ба ҷойи вилояти мухтор Ҷумҳурии Мухтории Тоҷикистон дар ҳайъати Ҷумҳурии Иттифоқии сотсиалистии Ӯзбекистон ташкил дода шавад.
14 октябри соли 1924 иҷлосияи II КИМ Умумирусиягӣ қарори КИМ Туркистонро «Дар бораи ба мухториҳои алоҳида тақсим намудани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии сотсиалистии Туркистон» маъқул шуморид. Ин иҷлосия низ ба тоҷикон ҳуқуқ дод, ки ба ҷойи вилояти мухтор (ташкил додани вилояти мухтори Тоҷикистон — ин пешниҳоди КИМ Туркистон ва қарори қурултойи V Умумибухороӣ буд) ҷумҳурии мухторро ташкил диҳанд. Дар натиҷа Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Тоҷикистон — ҷумҳурияти мухторӣ дар ҳайъати Ӯзбекистон, вилояти мухтории Қирғизҳо дар ҳайъати ҶМШС Қазоқистон ташкил ёфтанд. Аз ин рӯ 14 октябр рӯзи тавлиди ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 27 октябр иҷлосияи II КИМ ИҶШС, даъвати 2-юм қарорро оиди тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна маъқул шуморид.
Ҳангоми ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ба ҳайъати он: аз ҶХШ Бухоро вилоятҳои Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа; аз ҶМШС Туркистон вилоятҳои Панҷакент ва Ӯротеппа (Истаравшан) дохил шуданд. Ҳамон лаҳза масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор км2 буда, аҳолиаш 739,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз тоҷикон иборат буд.
26 ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев ташкил ёфт. 6 декабри он сол бюрои Осиёимиёнагӣ роҳбарияти муваққатии ҳизбӣ — бюрои ташкилии ҲК(б) Ӯзбекистонро дар ҶМШС Тоҷикистон барпо намуд. 3 феврали соли 1925 ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайъати пурра ба Душанбе омад. Рӯзи дигар, 4 феврал дар Душанбе гирдиҳамойии серодам барпо гардид. Дар он декларатсияи ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон хонда шуд. 5 феврал ба барҳам додани ташкилотҳои Бухорои Шарқии собиқ ҷумҳурии Бухоро шурӯъ намуданд.
Баъди ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Ашт, ки ба уезди Қӯқанди вилояти Фарғона дохил мешуданд, бевосита ба ҳайъати Ӯзбекистон монданд. Вилоятҳои Панҷакенту Ӯротеппа (Истаравшан) агарчанде аз рӯйи тақсимоти ҳудуди миллӣ ба ҶМШС Тоҷикистон дохил шуданд, вале бо сабабҳои гӯё ҷуғрофӣ, роҳбарии давлатию ҳизбии онҳо то соли 1926 бевосита аз тарафи органҳои ҶШС Ӯзбекистон ҷорӣ мешуд. Онҳо танҳо соли 1926 ба ҳайъати ҶМШС Тоҷикистон амалан гузаштанд. Кӯҳистони Бадахшони ҳам аз соли 1923 чун вилояти мустақил аввал дар ҳайъати ҶМШС Туркистон, баъд ба ҳайъати ҶШС Ӯзбекистон монд. 2 январи соли 1925 вилояти Кӯҳистони Бадахшони ба вилояти Мухтори Бадахшон табдил дода шуд ва худи ҳамон рӯз бо қарори садорати КИМ ИҶШС ба ҳайъати ҶМШС Тоҷикистон дохил шуд.
Тоҷикони баъзе ноҳияҳои бевосита дар ҳайъати ҶШС Ӯзбекистон монда, аз натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллӣ чандон розӣ набуданд. Аз ҷумла охири соли 1924 мардуми Конибодом, чун эътироз, пеши роҳи раиси КИМ ИҶШС (СССР) М.И. Калининро гирифтанд. Дар натиҷа онҳо соли 1925 ҳуқуқи «ноҳияи мухторӣ»-ро соҳиб шуданд. Соли 1926 масъалаи ташкил додани округи Хуҷанд ба миён омад ва феврали соли 1927 он воқеӣ гардид. Ба округи Хуҷанд он лаҳза уезди Хуҷанд, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд. Ин округ танҳо сентябри соли 1929 ба ҳайъати ҶМШС Тоҷикистон дохил шуд ва худи он сол ин ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфт.
Ҳамин тарз, халқи тоҷик дар натиҷаи муқобилияти сахти дар аввал туркпарастону баъд ӯзбекпарастон соҳиби ақаллан ҷумҳурии мухтории худ гардид, ки он барои ин халқи қадима аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ дошт. Вале ин ҷумҳурӣ дар гӯшаи қафомондатарини кишвар — Бухорои Шарқӣ, ки аз собиқ — марказҳои машхуру мадании халқи тоҷик — Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд хеле дар канор буд, бунёд гардид. Яъне, миллатгароён ба ин халқи азияткашида имконият надоданд, ки ҳамон лаҳза ақаллан яке аз он марказҳоро пойтахти ҷумҳурии мухтори худ эълон намояд. Аз ҳамин сабаб ҳам халқи тоҷик бо бунёди ҷумҳурияташ деҳаи хурди назарногири Душанберо пойтахти худ қарор дода, минбаъд бо кӯмаки бародаронаи ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқ онро ба яке аз шаҳрҳои зебою саноатии замона табдил дод.
Воситаҳое, ки ҳангоми гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ барои маҳдуд намудани мавқеи тоҷикон истифода бурдаанд
Чуноне аллакай таъкид намудем, сарвари ҳукумати ҷумҳурии Бухоро Ф. Хоҷаев аввалин шуда пешниҳод карда буд, ки аз ҷумлаи ноҳияҳои кӯҳистони Мастчоҳ ва Қаротегин вилояти мухтори Тоҷикистон бунёд карда шавад. Дигар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурии Бухоро бояд асоси ҷумҳурии Ӯзбекистонро ташкил медоданд. Амалдорони ҷумҳурии Бухоро ҳангоми гузаронидани маъракаи тақсимоти ҳудудии миллӣ аз рӯйи ҳамин нақша амал карданд. Онҳо дар баӣни мардуми шаҳру деҳот ташвиқ карданд, ки «аз ҳисоби сарзамини ҷумҳурии Бухоро ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва вилояти мухтори Тоҷикистон бунёд мегардад. Бо сабаби он ки вилояти мухтори тоҷикон дар ноҳияҳои кӯҳистон барпо мегардад, бинобар ин ҳар касе худро дар рӯйхат «ӯзбек» нависад, дар манзили худ озодона истиқоматро идома дода метавонад. Ҳар касе, ки худро «тоҷик» сабт кунад, хона ва чизу чораашро гузошта, баъд ба ҳамон мулкҳое, ки барои вилояти мухтори тоҷикон муайян шудаанд, раванд ва ё онҳо маҷбуран фиристода мешаванд». Дар асоси ин ташвиқот қисме аз тоҷикони на танҳо Бухоро ва атрофи он, ҳатто тоҷикони дигар вилоятҳои Осиёи Миёна ҳам баҳри дар манзили худ оромона мондан ба рӯйхат худро ҳамчун «ӯзбек» номнавис намуданд.
Зеро, барои онҳо Қаротегину Мастчоҳ ҳамчун гӯшаи қафомондатарин ва мардуми он бечоратарин маълум буд.
Ҳангоми гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна на дар ҷумҳурии Туркистон ва на дар ҷумҳурии Бухоро барӯйхатгирии ҳақиқии объективии аҳолӣ гузаронида нашуд. Зеро, барои ин чуноне таъкид намудем, заминаҳои объективӣ ва субъективӣ ҳанӯз муҳайё нагардида буд. Дар баробари паст будани худшиносии миллӣ, инчунин кадрҳои лаёқатманд намерасиданд. Бинобар ҳамин ҳам, дар рафти маъракаи тақсимоти ҳудуди миллӣ, амалдорон бештар аз кабинети кории худ истода, кӣ будани мардуми ин ё он маҳал ё худ ноҳияро муайян мекарданд. Баъзан онҳо намояндагони худро ба ноҳияҳои гуногун фиристода, бо дасти онҳо рӯйхати муфассалро, бо нишон додани миллати барояшон дилхоҳ, ҳозир менамуданд.
Ҳуҷҷатҳои гуногуни бойгонии шаҳри Москва аз он далолат медиҳанд, ки дар баъзе ноҳияҳои тоҷикнишин мутасаддиёни барӯйхатгирии аҳолӣ ба тамоми фишорҳо нигоҳ накарда, рӯйхати ҳақиқии аҳолиро ба нишон додани миллаташон ҳамчун «тоҷик» пешниҳод кардаанд. Вале чунин ҳолат, ки ба амалдорони болоӣ маъқул набуд, бинобар ин дар чунин рӯйхатҳо калимаи «тоҷик»- ро хат зада, аз болои он «ӯзбек» навиштаанд. Мутаассифона ин гуна рӯйхатҳои ислоҳшуда хело бисёранд.
Ҳангоми маъракаи барӯйхатгирӣ, баъзе аз амалдорон бо дастаҳои силоҳбадаст дар гузару маҳаллаҳои тоҷикнишин ва ҳатто масҷиду мадрасаҳо мардумро «ташвиқ» намудаанд, ки дар рӯйхат худро ҳатман «ӯзбек» нависанд, ё худ ҳангоми пурсидани касе худро ҳамчун «ӯзбек» муаррифӣ намоянд. Чунин шахсони силоҳдор баъзан шабона ба хонаи тоҷикон даромада, онҳоро гӯё бори дигар «огоҳ» намудаанд, ки «ӯзбек» будани худро фаромӯш накунанд.
Ҳамон лаҳза яке аз мақсадҳои асоситарин ва наздиктарини амалдорони ҷумҳуриҳои чи Бухоро ва чӣ Туркистон ин ба инобат нагирифтани мавҷудияти тоҷикон буду бас. Дар ин ҷода онҳо аз дин ҳам моҳирона истифода бурдаанд. Худ тасаввур кунед, ҳанӯз ҳам аз тоҷик ё худ ӯзбек, ки ба дин эътиқоди сахт дорад. саволомез пурсед: «тааллуқ ба кадом миллат дорад?». Дар ҷавоб албатта мегӯяд: «Алҳамду лиллоҳ мусулмонам!» Пас, дар он солҳои пурфоҷиаи 20-ум тоҷики аз тарсу ваҳм гумроҳгардида аз куҷо медонист, ки ҳангоми пурсидани миллат ба ҷойи «мусулмон» бояд «тоҷик» гӯяд!
Ғайр аз ин сиёсатмадороне, ки ҳаллу фасли миллиро ба дӯш доштанд, чунин ташвиқ мекарданд, ки «ҳар кӣ суннимазҳаб аст, туркасл ва ҳар кӣ шиамазҳаб аст, ирониасл мебошад». Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна, махсусан дар Бухоро ва Самарқанд дар радифи тоҷикон эрониён низ зиндагӣ мекунанд. Агарчи тоҷикону ирониён ба гавҳар як халқ мебошанд, тафовути мазҳабӣ онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад. Чуноне пештар таъкид намудем, дар аморати Бухоро ихтилофҳои мазҳабӣ бо ихтилофҳои мансабӣ омехта шуда, январи соли 1910 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна сабабгори хунрези сахт гардида буд. Соли 1924 бошад амалдорони Бухоро чунин ихтилофоти мазҳабии тоҷикон ва эрониёнро ба инобат гирифта ба гумоштагони худ дастур доданд, ки: «ҳар касе худро суннимазҳаб ҳисобад, вай ӯзбек аст, ҳар касе худро тоҷик ҳисобад, вай шиамазҳаб аст». Дар натиҷаи чунин «муайян» кардани миллат бисёр тоҷикони бухороӣ худро «ӯзбек» ҳисобиданд. Зеро, онҳо шиамазҳабиро барои худ ҳам таҳқир ва ҳам гуноҳи азим меҳисобиданд. Абдуқодир Муҳиддинов, чун шоҳид ва иштирокчии бисёр воқеаҳои он давр маҳз ҳамин гуна ҳолатро бо инобат гирифта таъкид кардааст, ки он лаҳза барои муайян кардани тоҷику ӯзбек, мутасаддиён «сунниро ӯзбек ва шиаро форс-тоҷик нишон доданд»1.
Як нуқтаи дигарро низ хотирнишон карданием, ки дар замони бунёди ҷумҳуриҳои миллӣ ва баъди он ҳам, баъзе тоҷикони ҳаваси мансаб намуда, маҳз сиёсати туркпарастӣ, баъд ӯзбекпарастии ҳукуматдорони сараввал ҷумҳуриҳои Бухорою Туркистон, сипас Ӯзбекистонро ба инобат гирифта, баҳри мансаб аз асли хеш даст кашида, барои «исботи» туркнажодӣ худро ҳатто аз авлодони «яссавӣ» ё худ «чағатойӣ» ба қалам медоданд. Минбаъд тоҷикони «ӯзбек» номнависшуда худро барғалат «ӯзбекони тоҷикзабон» меҳисобиданд, ки чунин шахсон хело бисёранд.
Дар охир бори дигар таъкид намуданием, ки дар марҳилаи гузаронидани тақсимоти ҳудудӣ миллии Осиёи Миёна беадолатиҳо нисбати халқи тоҷик на аз тарафи халқи ӯзбек, туркман, қирғиз, қазоқ ва ғайра, балки дар натиҷаи бемасъулиятию бераҳмӣ ва мавқеи нодурустро ишғол намудани арбобони масъули чӣ ҳизбию шӯравии маҳаллӣ ва чӣ марказӣ, махсусан дар натиҷаи шитобкории онҳо дар гузаронидани ин гуна чорабиниҳои муҳими ҳалкунандаи тақдири халқҳо содир гардидааст. Бинобар ин оиди беадолатиҳои содиршуда гуноҳ, ақаллан масъулиятеро ба дӯши ин ё он халқе гузоштан асос ва маъние надорад. Махсусан, чуноне дар боло таъкид намудем, халқҳои тоҷику ӯзбек асрҳо боз дар сарзамини Осиёи Миёна бо ҳам унс гирифта, бародарвор кор ва зиндагӣ доранд. Имрӯз ҳам мардуми асосии аксари ноҳияҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро (ба ҷуз ноҳияҳои кӯҳӣ) тоҷикону ӯзбекҳо ташкил мекунанд. Аз ин рӯ дар дохили ин ё он ҷумҳурӣ ба эътибор нагирифтани манфиати маънавии ин ҳарду миллати бо ҳам дӯст, ҷинояте дар назди рӯҳи поягузорони дӯстии ин ду халқ мебуд. Албатта онҳое, ки дар он солҳои душвор ба хатогиҳои ҷиддӣ, ё худ нисбати тоҷикон ҷинояте содир намудаанд, намедонистанд, ки рӯзе ин ҷумҳуриҳо мустақил мегарданду, хати нодурусти сарҳадии бо қалам муайянкардаашонро симхорҳои касногузар иваз мекунад. Алҳазар аз он рӯзе, ки озодона омадурафти тоҷикону ӯзбекҳо, ё худ мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна маҳдуд гардидааст.

Хулоса

Андешаҳои боло гувоҳи онанд, ки дар таърихи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна аз солҳои 60-уми асри XIX то бунёди ҷумҳуриҳои миллӣ (соли 1924) воқеаҳои гуногуни пеш дар пеш, дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва маданӣ ба вуқӯъ омадаанд. Ин дигаргуниҳоро ба тарзи умумӣ чунин шарҳ дод:
1. Баъди забти Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ истиқлолияти давлатҳои ин кишвар аз байн рафт. Он мулкҳои тоҷикнишин, ки аз тарафи қӯшунҳои подшоҳӣ ишғол гардида буданд, дар қатори дигар мулкҳои забтшуда, бо номи генерал- губернатории Туркистон, бевосита ба ҳайъати империяи Русия дохил карда шуданд. Аморати Бухоро гарчанде аз ҷиҳати ҳуқуқӣ-юридикӣ мустақил буд ва хонигарии Хева амалан ба мустамликаи Русия табдил ёфтанд. Дар натиҷа аз тарафи ҳукумати подшоҳии Русия дар сарзамини Осиёи Миёна режими сахти мустамликавӣ барқарор гардид.
2. Халқи тоҷик гарчанде то забти Русия ҳам пароканда, дар ҳудуди давлатҳои гуногун зиндагӣ ба сар мебурд, вале бо ҳам мубодилаи афкор дошт. Ҳамин ки баӣни ду давлати пурқуввати давр — Русия ва Англия сарҳади нуфуз муайян гардид ва онҳо аз ҷумла чунин сарҳадро дарёи Панҷ қарор доданд, дар натиҷа мубошара ва хешу табории бошандагони соҳилҳои чапу рости ин дарё, ки ҳама тоҷик буданд, оҳиста-оҳиста канда шуд. Яъне, чунин сарҳадро сиёсатмадорони Русияю Англия ғайри хоҳиши мардуми маҳаллӣ муайян кардаанд.
З. Осиёи Миёна амалан ба макони ашёи хоми саноатии бофандагии Русия — пахта ва бозори молфурӯшии саноатчиёни он табдил ёфта буд. Сарзамини ин кишвар майдони озоди амалиёти ширкатҳо ва бонкҳои бонуфузи марказии Русия гардид. Сохтмони роҳи оҳани Осиёи Миёнагӣ ҳарчанд бо мақсади ҳарбӣ оғоз гардид, вале он иқтисодиёти ин кишварро ба бозори Умумирусиягӣ кашида, дар амал аҳамияти бузурги иқтисодӣ пайдо намуд. Дар муддати кӯтоҳ сарзамини ин кишварро, махсусан водии Фарғонаро, корхонаҳои гуногуни саноатӣ, махсусан заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ ва ғайра фаро гирифтанд.
4. Дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна низ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Инкишофи муносибатҳои молию пулӣ боиси оғози ташаккулёбии ду сиифи нав — буржуазияи миллӣ ва синфи коргар гардид. Афкори ҷамъиятӣ хеле пеш рафт. Маҳз дар ҳамин давр равияи маорифпарварӣ ва ҳаракати ҷадидӣ ташаккул ёфт, ки мақсади асосиашон беҳтар намудани шароити зисти мардум, ободу инкишофи мулки худ, бо давлатҳои тараққикардаи ҷаҳонӣ қадам гузоштани он ва ғайраҳо буд. Онҳо, ки асосан аз ҷумлаи зиёиён буданд, нисбати дин ва урфу одати мардуми худ эҳтироми зиёд доштанд ва мехостанд, ки бо роҳи ислоҳот онро ба замони нав мутобиқ гардонанд.
Минбаъд аз бисёр ҷиҳат тақдири халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Миёна аз воқеаҳои худи Русия сахт вобастагӣ дошт. Аз ҷумла иштироки Русия дар ҷанги якуми ҷаҳонӣ, сарнагун намудани подшоҳ Николаи II, воқеаи октябрии (соли 1917) ва ба ихтиёри болшевикон гузаштани ҳокимият ва ғайра воқеаҳое мебошанд, ки хоҳ нохоҳ ба мардуми ин кишвар низ таъсир расонидаанд. Ҳар дигаргуние, ки дар маркази Русия мешуд, он дар кишвари Туркистон ва қисман дар аморати Бухоро ҳам ба амал меомад.
Бунёди Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзамини Осиёи Миёна ҳам аз ҷумлаи он воқеаҳоест, ки сараввал дар маркази Русия ба вуқӯъ омадааст. Мақсаду маром ва ваъдаҳое, ки ҳизби болшевикӣ ба мардуми меҳнаткаш медод дар баъзе нуқтаҳои ин диёр ҳам ҳамовозони худро пайдо намуда буд. Барои мардуми маҳаллӣ сохти сиёсии ҳукуматдории маҳаллии чӣ замони подшоҳӣ, чӣ замони Ҳукумати Муваққатии Русия ва дар аввал чӣ Ҳокимияти Шӯравӣ моҳиятан якхела метофт. Онҳо дар фаъолияти амалдорони маҳаллии ин ҳар се давр, се режими ба ҳам муқобил фарқияти ҷиддиеро намедиданд. Як қисми зиёиёни миллӣ сараввал дар фаъолияти Ҳукумати Муваққатии Русия фоли неки худро пай бурда, ҳатто ба он ҳукумат меҳр бастанд. Баъди сарнагуни он, аз ноилоҷӣ дар барномаи ҳизби болшевикӣ тақдири минбаъдаи худро медиданд. Аммо Ҳокимияти Шӯравӣ дар сарзамини Осиёи Миёна дар баъзе ноҳияҳо бо як тарзи дағалӣ, дар натиҷаи истифодаи қувва, дар баробари ба эътибор нагирифтани дин ва урфу одати мардуми маҳаллӣ, боз таҳқиру поймол кардани онҳо ва ғайра барқарор карда шуд. Ҳодисаҳои мудҳиши охирин қисми мардумро, агарчанде худ хеле бечора буданд, бетараф нагузошт.
Бинобар ҳамин ҳам дар ин сарзамин тартиботи шӯравӣ ҳанӯз ба тарзи бояду шояд барпо нагардида онро ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифт.
Ҳукуматдорони шӯравӣ дар рафти ҳаракати зиддишӯравӣ баъзе камбудиҳои худро сарфаҳм рафта, онҳоро қисман ислоҳ намуданд. Аз ҷумла амалан ба манфиати мардум баъзе чорабиниҳоро гузарониданд; намояндагони мардуми маҳаллиро ба корҳои идоракунӣ ҷалб намуданд; агарчанде аз сиёсати зӯроварӣ даст накашидаанд, вале сиёсати фаҳмондадиҳиро низ пеш бурдаанд ва ғайраҳо. Дар натиҷа мардуми маҳаллӣ низ оҳиста-оҳиста рӯ ба тартиботи нав ниҳод ва ҳаракати зиддишӯравӣ сол аз сол заифтар гардид.
Соли 1924 дар Осиёи Миёна тақсимоти ҳудуди миллӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он ҷумҳуриҳои миллии иттифоқии Ӯзбекистон ва Туркманистон, инчунин ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайъати Ӯзбекистон ба вуҷуд омадаанд. Бояд ба эътибор гирифт, ки ҳангоми гузаронидани ин маърака, аз ҷумлаи халқҳои асосии ин кишвар, тоҷикон ягона халқе буданд, ки зиёда зарар дидаанд. Зеро, он маърака дар амал на ин ки ифодаи манфиати миллии халқҳо, балки «табартақсими» ҳақиқӣ буд. Он марҳила ба замоне мувофиқ омад, ки ҳанӯз худшиносии миллии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон ташаккул наёфта буд, туркпарастӣ тантана мекард, қариб касе набуд, ки манфиати халқи бечорамондаи тоҷикро дар майдони ҳарбу зарби миллию идеологӣ ҳимоя намояд.
Барои халқи тоҷик, ба тамоми душвориҳо ва хатогиҳои замони тақсимоти ҳудуди миллӣ нигоҳ накарда, бунёди ҷумҳурии миллии Тоҷикистон воқеаи бузурги таърихӣ буд. Агарчанде ин ҷумҳурӣ дар як гӯшаи хеле қафомондаи Осиёи Миёна ташкил ёфт, вале он бо дастгирии дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, дар як муддати кӯтоҳ қафомондагии иқтисодию маданиро паси сар карда, ба қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ то андозае баробар шуд. Ҳарчанд дар ин роҳи муқаддас бисёр фарзандони содиқаш қурбони режими тоталитарӣ гардиданд, таҳқири дин ва баъзе урфу одатҳои миллиро эҳсос мекард, вале барои халқи тоҷик солҳои 60 — нимаи аввали 80-уми асри XX давраи аз ҳама баландтарини иқтисодиёт, илм ва маданият ба ҳисоб меравад.
Вале сад афсӯс, ки баъди пароканда гардидани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар замони мушарраф гардидан ба истиқлолияти давлатӣ, ҳамон бемориҳои кӯҳнаи маҳалгароию рақобати мансабӣ аз сари нав ҷон гирифт ва бо ҳам омехта гардида, аввали солҳои 90-уми асри XX ба сари мардуми ҷумҳурӣ мусибату фоҷиаҳои зиёдеро овард. Дар ин солҳо халқҳои ҷумҳурии мо ҷанги ҳақиқии бародаркушӣ, ҷанги ҳақиқии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд.
Ҳоло, ки ин ҷанги худкушӣ паси сар шудааст, халқи тоҷик мисли замонҳои пеш бадани худро қисман табобат намуд. Боварии комил дорем, он захмҳо пурра шифо меёбанд, ҷумҳурии харобу абгоргаштаи мо рӯ ба тараққӣ мениҳад, заводу фабрикаҳо пурра ба кор шурӯъ мекунанд, бонкҳо соҳиби сармояи зиёд мешаванд, соҳибкорон муваффақиятҳои бузург ба даст меоранд, кишоварзон ба ҳосилнокии баландтарин мушарраф мешаванд, илму фарҳанг ба дастовардҳои зиёд соҳиб мешавад, ба бекорию оворагардӣ хотима гузошта мешавад ва зисту зиндагонии мардуми бечора рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Инчунин боварии комил дорем, ки миллати тоҷикро минбаъд дар миқёси ҷаҳонӣ на ҳамчун миллати худкушу нашъафурӯш, чуноне, ки ҳамин тавр дар солҳои 90-уми асри ХХ — остонаи асри XXI шиносондаанд, балки чун гузаштагон: илмдӯсту маорифпарвар, меҳнатдӯсту бунёдкор мешиносанд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!