Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 10


БОБИ X.
ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ШӮРАВИИ
БУХОРО (СОЛҲОИ 1920 -1924)

§ I. Ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва вазъи ҷамъиятию сиёсии он

Ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ва органҳои он

Чуноне дар боби гузашта таъкид намудем, баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), аввали сентябри соли 1920 Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ манифест бароварда Бухороро Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ (ҶХШБ) эълон кард. Дар тамоми маҳалҳои аз дасти ҳукуматдорони амирӣ кашида гирифташуда (аз маҳалҳо то марказ) ҳокимият ба ихтиёри кумитаҳoи инқилобӣ (ревкомҳо) гузашт.
Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ҳамчун органи олии давлатӣ ба ҳисоб мерафт. Дар аввал ба ҳайъати он дар қатори Аҳмадҷон Абдусаидов (Ҳамдӣ) (чун раис), боз М. Аминов, М. Юсупов, М. Бурҳонов ва X. Иброҳимов дохил мешуданд. Ҳокимияти иҷроия — Шӯрои Нозирони Халқӣ ба ҳисоб мерафт, ки дар аввал ба ҳайъати он ба ғайр аз Файзулло Хоҷаев (чун раис), боз Қ.И. Пӯлодов — нозири маориф, А. Муҳиддинов — нозири кишоварзӣ, М. Саидҷонов — нозири корҳои дохилӣ, У. Пӯлодхоҷаев — нозири молия, М. Бурҳонов — нозири адлия, Б. Шаҳобиддинов — нозири ҳарбӣ ва Н. Ҳусаинов — назорати давлатӣ дохил буданд. Бо сабаби аз вазифа озод намудани А. Абдусаидов, раиси Шӯрои Нозирони Халқӣ Ф. Хоҷаев то 9 сентябри соли 1920 вазифаи раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороиро низ иҷро мекард. 9 сентябр Олимҷон Оқчурин, бо тавсияи ХК Бухоро раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ таъин гардид. 14 сентябр масъалаи роҳбарони асосии ҷумҳурӣ дар маҷлиси якҷояи КМ ХҚ Бухоро, Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқӣ, бо иштироки намояндаи фавқулоддаи Федератсияи Русия дар ҷумҳурии Бухоро ва намояндаи КМ ХК(б) Русия ва Байналмилали коммунистӣ дар назди КМ ҲК Бухоро В.В. Куйбышев, аз сари нав дида шуд. Дар он раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ Абдуқодир Муҳиддинов ва раиси Шӯрои Нозиронн Халқӣ Ф. Хоҷаев тасдиқ гардиданд.
22 сентябри соли 1920 Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ низомномаро оиди кумитаҳoи инқилобии маҳаллӣ тасдиқ намуд. Мувофиқи он чунин кумитаҳо бояд аз 5 нафар аъзои аз тарафи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ таъин гардида, ташкил меёфт. Ба он ҳайъат як нафарӣ намояндаи нозири ҳарбӣ низ буд. 6-8 октябри соли 1920 дар Ситораи Моҳи Хоса анҷумани (қурултойи) якуми муассисони Умумибухороии намояндагони халқ шуда гузашт. Дар он 1950 нафар намоянда иштирок доштанд, ки онҳоро дар митингҳо, майдони бозорҳо бо нишондоди ҲК Бухоро «интихоб» намудаанд. Амалдорони собиқ, заминдорони калон аз ҳуқуқи ба намояндагӣ интихоб шудан маҳрум буданд.
Дар анҷуман ҷонишини намояндаи фавқулоддаи Федератсияи Русия дар Бухоро Карим Ҳакимов баромад карда, аз тарафи Ҷумҳурии Русия эътироф гардидани мустақилияти ҷумҳурии Бухороро эълон кард. Ӯ инчунин эълон намуд, ки Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Тирмиз ва Каркӣ, ки аслан сарзамини Бухорост, ба ҷумҳурии Бухоро баргардонида мешаванд.
8 октябр анҷуман оиди ташкилёбии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (ҶХШБ) қарори таърихӣ қабул кард. Анҷуман ҳисоботи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқиро шунида, фаъолияти онҳоро ба қонуният даровард.
18-23 сентябри соли 1921 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна анҷумани дуюми Умумибухороии намояндагони халқ шуда гузашт. Дар рӯзи охири кори анҷуман аввалин Конститутсияи (Қонуни асосии) ҶХШ Бухоро қабул карда шуд. Мувофиқи ин ҳуҷҷати асосӣ барҳамхӯрии тартиботи амирӣ ва ба дасти меҳнаткашон (коргарон ва деҳқонон) гузаштани ҳокимият, ташкилёбӣ ва мустақил будани ҶХШ Бухоро ба қонуният дароварда шуд. Конститутсия ба ғайр аз авлодони амир, собиқ амалдорони олимартаба, заминдорони калон, шахсони аз тарафи суди халқӣ маҳкумшуда, ба дигар ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки синнашон ба 20 расидааст, новобаста аз ҷинс, миллат ва нажод ҳуқуқи интихоботиро медод. Он инчунин ҳуқуқи озодиҳои демократӣ-озодии сухан, озодии матбуот, озодии ҷамъомад ва ғайраро бояд таъмин менамуд. Дар асоси ин ҳуҷҷат органи олии қонунгузор анҷумани (қурултойи) Умумибухороӣ ба ҳисоб мерафт, ки минбаъд анҷумани Шӯроҳои намояндагии халқ номида мешуд ва он соле як маротиба даъват мегардид. Дар баӣни анҷуманҳо органи олии қонунгузор ва назоратӣ Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Умумибухороӣ (маълум бо номи БухЧИК) ба ҳисоб мерафт, ки он ба ҷойи собиқ Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ташкил ёфта буд. Садорати КИМ-и Умумибухороӣ барои дидани масъалаҳои ҳалталаб дар ҳар ду моҳ сессияро даъват мекард. Бо ташаббуси садорат инчунин ҳокимияти ҷумҳурӣ — Шӯрои Нозирони Халқӣ ташкил дода шуд, ки он дар навбати худ аз 10 нозират (вазорат) иборат буд. Баъди анҷуман дар кентҳо, туманҳо ва вилоятҳое, ки то андозае оромӣ ҳукмфармо буд, кумитаҳoи инқилобӣ ба кумитаҳoи иҷроияи Шӯроҳои намояндагии халқӣ табдил дода шуданд. Агар дар чунин мулк аз сари нав ҳаракати зиддишӯравӣ оғоз гардад, он гоҳ кумитаи иҷроия фавран боз ба кумитаи инқилобӣ табдил дода мешуд.
Барои ҷумҳурии ҷавони Бухоро, яке аз вазифаҳои мураккабтарин — ин масъалаи кадрҳо буд. Зеро, барои ташкилотҳои нави давлатию ҳукуматӣ кадрҳои қобилиятнок маҳаллӣ намерасиданд. Бинобар ин, мувофиқи қарори Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ва Шӯрои Нозирони Халқӣ аз 5 сентябри соли 1920 амалдорони собиқи амирӣ, ки тартиботи навро эътироф намудаанд ва аз таҳти дил ба он хизмат карданианд, бояд истифода мегардиданд. Вале, амалан амалдорони собиқе, ки ба хизмати тартиботи нав гузашта бошанд, қариб набуданд, ё худ хеле камшумор буданд. Аз ҳамин сабаб ба вазифаҳои масъул бештар шахсоне таъин мегардиданд, ки то ин вақт ягон хел таҷрибаи роҳбарикуниро надоштанд.
Чуноне яке аз арбобони онвақтаи ҶХШ Бухоро Абдуқодир Муҳиддинов ба хотир меоварад, он солҳо ба вазифаҳои масъули кентҳо, туманҳо, вилоятҳо ва аппарати ҳокимияти марказии Бухоро аз ҷумлаи «ӯзбекҳои Фарғона» ва махсусан собиқ асирони ҳарбии Туркия, ки аз замони ҷанги якуми ҷаҳонӣ то ҳамон лаҳза дар ноҳияҳои дурдасти хунуки Сибир хизмати маҷбуриро адо мекарданд, таъин гардида буданд108.
Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро аз ҷиҳати маъмурӣ ба 4 округ, округҳои: Зарафшон, Бухорои Шарқӣ, Қашқадарё ва Амударё тақсим мешуд. Округҳо дар навбати худ аз вилоятҳо иборат буданд. Аз ҷумла округи Зарафшон ба вилоятҳои Бухоро, Кармина ва Нурато; округи Бухорои Шарқӣ ба вилоятҳои Душанбе, Бойсун, Кӯлоб, Сариосиё, Шеробод, Қӯрғонтеппа ва Ғарм тақсим мешуданд. Вилоятҳо аз туманҳо, туманҳо аз кентҳо, кентҳо аз деҳаҳои гуногун иборат буданд. Чунончи, ба ҳайъати вилояти Душанбе туманҳои Ёвон, Янгибазар ва Файзобод дохил мешуданд. Сарвари деҳа, ки мувофиқи анъана арбоб, амин ё худ оқсақол мегуфтанд (дар замони амирӣ вазифаашон гуногун буд) ва он акнун интихобӣ буда, ба кумитаи инқилобии кентӣ итоат мекард.

Дар ҶХШ Бухоро боло гирифтани нуфузи ҳизби коммунистӣ

Ҳизби коммунистии Бухоро (ҲК Бухоро) дар доираи ҷумҳурии Бухоро ҳизби ягонаи ҳукмрон ба ҳисоб мерафт. Зеро, 11 сентябри соли 1920, дар асоси шартномаи пешакии байни ҲК Бухоро ва ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ (аз моҳи августи соли 1920), ҳизби охирин худро пароканда эълон намуд ва бештарини аъзоёни он ба ҳайъати ҲК Бухоро аз сари нав дохил гардиданд. Бо ҳамин дар Бухоро ба дуҳизбӣ хотима гузошта шуд. Оҳиста-оҳиста тамоми риштаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании ҷумҳурӣ ба ихтиёри ҳизби коммунистӣ гузашт. Ҷо ба ҷо гузоштани кадрҳо, муайян намудани сиёсат аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ҳамин ҳизб гардиданд.
23-27 феврали соли 1921 анҷумани V ҲК Бухоро (аввалин анҷуман баъди сарнагун намудани тартиботи амирӣ) вазифаҳои ҳизбро дар давраи нав, барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ муайян кард. Дар фаъолияти худ сарварони ХК Бухоро аз мутасаддиёни КМ ХК(б) Русия, Байналмилали коммунистӣ ҳама вақт маслиҳат мегирифтанд. Махсусан, намояндаи доимии Федератсияи Русия дар ҷумҳурии Бухоро В.В. Куӣбышев аз болои фаъолияти ҲК Бухоро ва ҳокимияти Бухоро ба тарзи ҷиддӣ назорат мекард. Ӯ дар ин ҷо моҳирона кор бурда, сиёсати ба Русияи Шӯравӣ ва ҲК(б) Русия мақбулро ба тарзе ҷорӣ менамуд, ки чунин чорабинӣ гӯё аз тарафи худи роҳбарони ҷумҳурии Бухоро сар зада бошад. Вай аксари роҳбарони ҷумҳуриро ба хубӣ омӯхта буд, дар муносибат ва баромадҳои худ ба дағалӣ роҳ намедод.
Вале на ҳамаи намояндагони Русия одоби оддии роҳбариро чун В.В. Куйбышев риоя мекарданд. Чунончи, 26 декабри соли 1920 дар Бухоро маҷлиси фаъолони ҲК Бухоро барпо гардид. Дар он чун намояндаи Байналмилали коммунистӣ Г. Сафаров иштирок ва баромад кард. Ӯ сарварони ҷумҳурии Бухороро барои то ба ҳол барҳам надодани боқимондаҳои сарбозони амирӣ айбдор намуда, ҳатто бо ибораи «тӯдаи дуздони шӯравӣ» таҳқир намуда, боз таҳдид намудааст, ки «мо ҳамаи шумоёнро мепарронем», Ниҳоят вай дар охири баромадаш роҳбарони ҷумҳурии Бухороро «аҳмақон» гӯён дашном ҳам додааст. Чунин баромади таҳқиромези Г. Сафаров боиси ба номи ҳукумати Русияи Шӯравӣ фиристодани эътирозномаи сахти сарвари Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ Абдуқодир Муҳиддинов ва раиси Шӯрои Нозирони Халқии ҶХШ Бухоро Файзулло Хоҷаев гардид.
Албатта сарварони ҲК Бухоро ба хубӣ эҳсос менамуданд, ки бе кӯмаку дастгирии ХК(б) Русия ва Байналмилали коммунистӣ фаъолият карданашон хеле душвор аст. Бинобар ин онҳо ҳеҷ гоҳ тарафдори сардии муносибат набуданд. Натиҷаи чунин мавқеъ буд, ки соли 1921 ҲК Бухоро ба ҳайъати Байналмилали коммунистӣ чун ташкилоти хайрхоҳ қабул карда шуд.
Декабри соли 1921 анҷумани VI ҲК Бухоро барнома ва оинномаи нави ҳизбро қабул кард. Дар барнома қайд мешуд, ки ҳизби номбурда ташкилоти сиёсии коргарон ва деҳқонони камбағал буда, он барои сохтмони ҷамъияти коммунистӣ мубориза мебарад. Анҷуман ҳайъати нави КМ-и ҳизбро бо сарварии Мухторҷон Саидҷонов интихоб намуд. Мувофиқи «хоҳиши» ҳамин анҷуман 2 феврали соли 1922 ҲК Бухоро ба хайъати ҲК(б) Русия (ба мисли ҳизбҳои ҷумҳуриҳои дигари Федератсияи Русия) дохил шуд.
15-20 январи соли 1924 анҷумани УП ҲК Бухоро масъалаҳои интизом ва рафти сохтмони ҷамъияти сотсиалистиро дида, ҳайъати нави КМ-и ҳизбро бо сарварии Аҳмадбек Мавлонбеков, ки бо тавсияи бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия аз ҷумҳурии Туркистон ба Бухоро фиристода шуда буд, интихоб намуд. Миёнаи соли 1924 бо мақсади пурзӯр намудани корҳои ташвиқотӣ бюрои ташкилии КМ ҲК Бухоро дар Бухорои Шарқӣ ташкил карда шуд. Ҳамон лаҳза ташкилотҳои ҳизбӣ дар Душанбе ва Ҳисор вуҷуд доштанд.
Дар асоси таҷрибаи Русияи Шӯравӣ, дар ҶХШ Бухоро ҳам бо кӯшиши ҳизби коммунистӣ дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ: иттифоқи ҷавонон, иттифоқи касаба ва ғайра ташкил карда шуданд. Чунончи, охири соли 1920 дар Бухоро ташкилотҳои иттифоқи касаба ба вуҷуд омад, ки он иттифоқҳои ҳунармандон, деҳқонон, аробакашҳо ва ғайраҳоро дар бар мегирифт. Аз ҷумла 29 декабри он сол «Иттифоқи деҳқонон» ташкил ёфт.
Иттифоқи ҷавонони Бухоро, ба тарзи расмӣ ҳанӯз моҳи августи соли 1919 ташкил ёфта буд. 17 сентябри соли 1920 маҷлиси ташкилии ин иттифоқ КМ-и худро интихоб намуд. Ин иттифоқ низ дар асоси қарори анҷумани якуми худ аз 12 майи соли 1921 ба ҳайъати Байналмилали Коммунистии Ҷавонон дохил шуд ва минбаъд номи Иттифоқи Ҷавонони Бухороро гирифт. Бегуфтугӯ ин иттифоқ дар зери назорати ҲК Бухоро буд.

Судҳои халкии қозигӣ

Масъалаи муносибат нисбат ба судҳои қозигӣ дар шароити ҷумҳурии Бухоро аз ҷумлаи чорабиниҳои душвортарин буд. Зеро, чуноне дар боло таъкид намудем, ба таҷрибаи ҷумҳурии Туркистон такя намуда, Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ дар асоси манифести аввалааш судҳои қозигиро барҳам дода, ба ҷойи онҳо судҳои халқиро бунёд намуд. Вале мардум чунин тағйиротро эътироф накард. Бинобар ин бо ташаббуси кумитаҳoи инқилобӣ ба ҷойи судҳои халқӣ, судҳои халқии қозигӣ ташкил карда шуданд ва хароҷоти онҳо бошад ба ҳисоби буҷети давлатӣ гузашт. Августи соли 1923 миқдори чунин судҳои халқии қозигии туманию вилоятӣ дар ҷумҳурии Бухоро то ба 65 адад расид, ки аз онҳо 17 ададашон дар Бухорои Шарқӣ амал мекарданд.
Қозиҳои халқӣ аз тарафи нозири адлия, ба мӯҳлати як сол, аз ҷумлаи донандагони дину шариати ислом таъин мегардиданд. Бинобар ин онҳо минбаъд ҳам дар итоати нозири адлия буданд. Дар назди нозири адлия, ҳамчун органи олии судӣ — Шӯрои қозиҳои халқӣ вуҷуд дошт.
Мавҷудияти судҳои халқии қозигӣ, ки бештар дар асоси қонунҳои нав амал мекарданд, ҳамчун давраи гузариш аз судҳои динӣ-шариатӣ ба судҳои дунявӣ, яъне ғайридинӣ ба ҳисоб меравад.

Муносибати ҶХШ Бухоро бо Федератсияи Русия

Ҷумҳурияти Бухоро агарчанде мустақил ҳисоб мешуд ва чуноне аллакай қайд кардем, ҷумҳурии Русия мустақилияти онро шинохт, вале амалан он дар аввал ба доираи сиёсати Русияи Шӯравӣ ва баъд ба Иттиҳоди Шӯравӣ кашида шуд. Чунончи, 3 ноябри соли 1920 дар баӣни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Бухоро шартномаи (муоҳидаи) муваққатии ҳарбию сиёсӣ имзо гардид, ки мувофиқи он Русияи Шӯравӣ ба ҶХШ Бухоро барои муҳофизати тартиботи нав ва бунёди қисмҳои сурхи ҳарбиаш кӯмаки амалӣ мерасонид. 4 марти соли 1921 дар баӣни ҶХШ Бухоро ва Русияи Шӯравӣ шартномаи нави иттифоқӣ, шартнома оиди собиқ маҳаллаҳои руснишини Бухоро ва шартномаи иқтисодӣ имзо гардид. Феврали соли 1922 ҶХШ Бухоро дар қатори 8 ҷумҳуриҳо ба протоколе имзо гузошт, ки мувофиқи он ҳамаи онҳо дар гуфтушунидҳои байналхалқӣ ба вакили Федератсияи Русия ҳуқуқи ҳимояи манфиати худро медоданд. 3 августи соли 1922 дар Москва баӣни Русияи Шӯравӣ ва ҶХШ Бухоро шартномаи нави иқтисодӣ имзо гардид, ки дар асоси он дар баӣни ин ду давлат монегиҳои гумрукӣ бардошта шуд. Дар худи ҳамон сол Федератсияи Русия вазъи душвори ҷумҳурии Бухороро ба инобат гирифта, ба ихтиёри ҳукумати он 200 ҳазор пуд галла фиристод. Бо ташаббуси КМ ҲК(б) Русия моҳи марти соли 1923 дар Тошканд конфронси иқтисодии ҷумҳуриҳои Осиёимиёнагӣ: Туркистон, Бухоро ва Хоразм ҷамъ омад. Мувофиқи қарори он фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагии ин ҷумҳуриҳо муттаҳид карда шуданд. Инчунин бо мақсади инкишофи пахтакорӣ заминҳои пахта бояд аз андоз озод мегардиданд.
Ҳамин тавр дар сарзамини собиқ аморати Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ ташкил ёфт. Дар он ҳизби коммунистӣ роли роҳбарикунандаро ба ӯҳдаи худ дошт. Бо пешниҳодоти ҲК(б) Русия ва Байналмилали Коммунистӣ дар ҶХШ Бухоро ҳам сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ пеш гирифта шуд. Вале мардуми Бухоро ба чунин тағйиротҳои ҷиддӣ ҳанӯз омода набуданд.

§ 2. Вазъи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ

Масъалаи замин

Барои ҶХШ Бухоро муҳимтарин чорабинии иқтисодию иҷтимоӣ ин ҳалли масъалаи замин ва муайян намудани муносибат бо деҳқон ба ҳисоб мерафт. Бо ҳамин мақсад Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ ҳанӯз мувофиқи аввалин манифести худ эълон намуд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ: заминҳои дар ихтиёри амир, амалдорони амир, қозиҳо ва заминдорони калон бударо мусодира намуда, онҳоро дар баӣни деҳқонони камзамину безамин тақсим менамояд; хироҷ, аминона ва дигар намуди андозҳоро бекор мекунад ва ғайраҳо
Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ 30 сентябри соли 1920 декрет дар бораи заминро тасдиқ намуда, онро 5 октябри ҳамон сол эълон кард. Дар асоси ин декрет чорабиниҳои оиди ҳалли масъалаи замин, ки дар манифест акс ёфтаанд, ба қонуният дароварда шуданд.
Манифест ва декрети номбурда дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳалли қатъии масъалаи замин набуд. Вазъи ҷумҳурӣ дар назди роҳбарони он ҳар шӣ зудтар ҳал намудани ин масъаларо гузошт. Зеро, бо сабаби он, ки зиёда аз 85 % аҳолии ҷумҳурии Бухороро деҳқонон ташкил мекарданд, барои ҳукумати нав, аз ҳалли масъалаи замин масъалаи ба тарафи сохти нав ҷалб намудани деҳқонон сахт вобастагӣ дошт.
Инак, дар назди ҳукумати ҷавони Бухоро вазифа меистод, ки хусусиятҳои ҷумҳуриро ба инобат гирифта, дар шароити он роҳҳои ҳалли масъалаи аграриро пешниҳод намоянд. Аммо оиди ин масъала дар доираи мутасаддиёни ҳукумати Бухоро фикри ягона вуҷуд надошт. Аз ҷумла гурӯҳи якум, бо сарварии котиби КМ ҲК Бухоро Наҷиб Ҳусаинов тарафдори дар ҷумҳурӣ миллӣ кунонидани тамоми замин, аз ҷумла заминҳои вақфиро талаб мекарданд. Ин гурӯҳро гурӯҳи «чап» мегуфтанд.
Гурӯҳи дуюм, ки ба он раиси онвақтаи Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ Абдуқодир Муҳиддинов сарварӣ мекард, талаб мекарданд, ки дар баробари мусодира карда, ба деҳқонони камзамину безамин тақсим карда додани замини амиру амалдорони он, инчунин мулкҳои заминдорони калонро нигоҳ дошта, барои бо роҳи капиталистӣ инкишоф ёфтани хоҷагии қишлоқ шароит муҳайё карда шавад. Тарафдорони ин ақидаро гурӯҳи «рост» меномиданд.
Гурӯҳи сеюм, бо сарварии раиси Шӯрои Нозирони Халқии Фаӣзулл Хоҷаев мавқеи миёнаро ишғол намуда, миллӣ кунонидани заминҳои амир ва амалдорони онро маъқул шуморида, барои миллӣ кунонидани заминҳои заминдорони калон ва заминҳои вақфӣ ҳанӯз сабр карданро талаб мекарданд. Тарафдорони ин ақидаро гурӯҳи «миёна» мегуфтанд.
Ниҳоят, 2 феврали соли 1921 дар асоси андешаҳои гурӯҳҳои «чап» ва «миёна» декрети нав дар бораи замин қабул гардид. Дар асоси он тамоми замин, аз он ҷумла замини вақфӣ ҳам миллӣ кунонида шуд. Албатта дар шароити ҳамонвақтаи мураккаби ҷумҳурии Бухоро махсусан миллӣ кунонидани замини вақфӣ хатои ҷиддӣ буд. Бинобар ин бо авҷ гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ аз миллӣ кунонидани заминҳои вақфӣ бо зудӣ даст кашиданд.
Октябри соли 1923 анҷумани IV Шӯроҳои ҶХШ Бухоро Кодекси замин (Қоидаи асосӣ оиди истифодаи замин дар ҶХШ Бухоро)-ро қабул кард. Он тамоми замин, об, бойигарии зеризаминӣ ва ҷангалро мулки давлатӣ эълон кард. Танҳо заминҳое, ки дар ихтиёри масҷидҳо (яъне мулки вақфӣ) ва роҳҳои оҳан буданд ба ихтиёри ташкилотҳои дахлдор гузошта шуд.
Кодекси замин дар шароити ҶХШ Бухоро интихоби шаклҳои гуногуни коркарди заминро пешниҳод кард. Аз ҷумла; I) шакли обшинагӣ (маҳсулоти он дар баӣни хоҷагиҳо баробар тақсим карда мешуд); 2) шакли участкавӣ (бо муайян намудани ҳиссаи аъзоён ба замин); 3) шакли ширкатӣ (аз тарафи аъзоёни ширкат якҷоя кор кардани замин); 4) шакли омехта. Кодекс ба хариду фурӯш ва такдим намудани заминҳои обӣ иҷозат дода, барои заминҳои лалмӣ ва ҷангал чунин ҳуқуқро намедод. Инчунин миқдори умумии замини як хоҷагӣ бояд аз 30 таноб (тахминан 7-8 га) зиёд намешуд. Ба истифодаи меҳнати кироя, ба иҷора додани замин ва усули чоряккории замин иҷозат буд. Вале ин ҳама бояд дар зери назорати органҳои ҳукуматӣ мегузашт.
Ҳамин тавр дар ҷумҳурии Бухоро ба шакли асрҳо боз идома доштаи заминдории амлокӣ (аз он ҷумла амирӣ) ва мулкӣ (чӣ мулки андозӣ ва чӣ озод) хотима дода шуд. Мулки вақфӣ то андозае маҳдуд гардида, аз болои он назорати давлатӣ, махсусан идораи вақфӣ, ки дар назди нозирати маориф буд, ҷорӣ карда шуд.

Масъалаи андоз

Дар ШХШ Бухоро аз сентябри соли 1920 м андози замин бекор карда шуд. Мувофиқи он деҳқонон аз супоридани тамоми намуди андозҳо озод буданд. Чунин ҳолат то аввали соли 1922 давом кард. Аммо дар қисми Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), чун Русияи Шӯравӣ аз 11 октябри соли 1920 нисбат ба галла, ҷуворӣ, ҷав, тухми алаф ва мавиз развесткаи озуқа ҷорӣ карда шуд. Дар асоси он як ҳиссаи маҳсулотҳои номбурдаро ба ихтиёри худи деҳқонон гузошта, боқимондаашро ба фоидаи давлат кашида мегирифтанд. 18 октябри он сол қарори Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ баромад, ки мувофиқи он соҳибони пахта, пӯсти қарокӯлӣ, пашм ва маҳсулотҳои мануфактурӣ бояд маҳсулоташонро ба давлат супоранд. Давлат бошад дар вақти ба худ муносиб бо соҳибони он маҳсулотҳо гӯё ҳисобӣ мекардааст. Баъди он, ки дар Русияи Шӯравӣ анҷумани X ҳизби болшевикӣ (марти соли 1921) ба ҷойи развесткаи озуқавӣ андози озуқавиро ҷорӣ намуд, дар ҶХШ Бухоро ҳам чунин тағйирот ба амал омад. 26 ноябри соли 1921 қонуни Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ оид ба андозҳои давлатӣ нашр гардид.
Ҳамин тавр дар қисми зиёди сарзамини ҷумҳурии Бухоро (яъне қисми марказӣ, ё худ ғарбии он) зиёда аз як сол развесткаи озуқавӣ давом кард ва он барои тамоман хароб гардидани хоҷагиҳои мардуми ин мулк яке аз сабабҳои асосӣ гардид. Дар Бухорои Шарқӣ бошад, бо сабаби авҷ гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ, развесткаи озуқавӣ ҷорӣ карда нашуд.
Зарурияти ҷорӣ намудани андозҳоро дар шароити ҶХШ Бухоро дар он медиданд, ки соли 1921 хароҷоти ҷумҳурӣ қариб 15 млн сӯми тиллоро ташкил намуду даромад бошад ҳамагӣ 1 млн. сӯм. Инчунин, дар ин мулк низ ба хубӣ маълум гардид, ки истеҳсолкунандагон: деҳқонон, чорводорон ва ҳунармандон аз сиёсати развесткаи озуқавӣ норозианд. Ҳавасмандии онҳо барои истеҳсолот аз байн рафтааст. Бинобар ин аз як тараф бо мақсади ба эътидол овардани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ва аз тарафи дигар барои пӯшонидани хароҷотҳои давлатӣ қонуни номбурда, яъне Қонуни ҷумҳурӣ оиди андоз, ки 26 ноябри соли 1921 тасдиқ гардид, аз 1 январи соли 1922 ба амал ҷорӣ карда шуд.
Дар қонун, талабҳои шариатро ба инобат гирифта, шаклҳои зерини андоз ҷорӣ карда шуд: 1) ушр (номи пештарааш хироҷ) — аз кишоварзон, ба миқдори аз даҳ як ҳиссаи ҳосил; 2) закоти савоим — андоз аз чорво ба миқдори як сар аз ҳар 40 сар гови шохдор ё худ моли майда; 3) андоз аз маҳсулоти косибону ҳунармандон ва тоҷирон дар ҳаҷми аз шил як ҳиссаи сармояи асосӣ ва ғайраҳо.
27 декабри соли 1922 декрети садорати Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ оиди аз 1 январи соли 1923 ҷорӣ намудани андозҳои нави давлатӣ баромад, ки мувофиқи он ба ғайр аз андозҳои «ушр» ва «закоти савоим» дигар намуди андозҳоро бекор намуда, ба ҷои онҳо шаклҳои зерини андозро ҷорӣ карданд: 1) андози савдою саноатӣ (патентӣ); 2) андоз аз даромад (подоходный); 3) андоз аз истифодаи замину об (аз ҳар таноб 15 тангаи тилло); 4) андози беморӣ (аз ҳар оила 50 тангаи тилло) ва мӯҳрона. Чунин дигаргуниҳои андоз ба заминҳои вақфӣ дахл надошт. Мисли пештара ин заминҳоро иҷоракорон кор мекарданд. Онҳо чун замони амирӣ, амалан 30-40 фоизи ҳосилро ба фоидаи соҳиби мулк — масҷиду мадрасаҳо месупориданд. Ин гуна ҳолат барои деҳқонони иҷоракор хело вазнинӣ мекард. Ҳамин ҳолатро ба инобат гирифта, мувофиқи қарори анҷумани IV Шӯроҳои ҶХШ Бухоро (октябри соли 1923) барои заминҳои вақфӣ ҳам микдори андоз, чун дигар шаклҳои замин аз даҳ як ҳиссаи ҳосил муайян карда шуд.
Дар асоси декрети номбурда 13 декабри соли 1923 Комиссияи диктаторӣ барои мардуми Бухорои Шарқӣ шаклҳои зерини андозро муайян кард: 1) ушр — аз даҳ як ҳиссаи ҳосил; 2) закот — аз чил як ҳиссаи маҳсулоте, ки ба бозор бароварда мешавад; 3) закоти савоим — аз ҳар 40 сар чорво як сар. Ҳангоми аз он зиёд будани чорво: аз 40 то 120 сар — ду сар, аз 120 сар — се сар, аз он зиёд — аз ҳар 100 сар як сар; 4) ҳасана — барои чарогоҳҳо — аз ҳар 100 сар чорво — як сар; 5) боғпулӣ — андоз аз токзор ва дарахтҳои мева — аз ҳар таноб 25 фунт мавиз ё худ меваи хушк ва ғайраҳо.
Бо мақсади инкишофи пахтакорӣ дар ҷумҳурии Бухоро ва барои кишти пахта ҳавасманд намудани деҳқонон, мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Умумибухороӣ аз 19 марти соли 1924 хоҷагиҳои пахтакор аз супоридани андоз аз ҳосили пахта озод карда шуданд.2
Ҳамин тавр дар ҷумҳурии Бухоро сохтори андоз ба шакли муайян дароварда шуд.

Ҳимояи хоҷагии деҳқонон

Ҳалли масъалаи замин ва ба шакли муайян даровардани системаи андоз ҳанӯз барои пеш бурдани хоҷагии деҳқонон ва ҳавасманд намудани онҳо кифоягӣ намекард. На танҳо деҳқонони камбағал, ҳатто қисме аз деҳқонони миёнаҳол ҳам мӯҳтоҷи тухмӣ барои кишт, чорвои корӣ ва маблағ буданд. Бе иҷроиши чунин заруриятҳо махсусан инкишофи пахтакорӣ ғайриимкон буд.
Маҳз вазъияти душвори деҳқонони ҷумҳуриро ба инобат гирифта ҳукумати нави Бухоро ҳанӯз моҳҳои март-апрели соли 1921 барои эҳтиёҷоти онҳо 500 ҳазор сӯм ҷудо кард. Ба деҳқонони камбағал бештар қарзи ҳасана (бефоиз) дода, онҳоро мувофиқи имконият бо чорвои корӣ ҳам таъмин менамуданд. Шӯъбаи бонки Кишоварзии Осиёимиёнагӣ барои қарзи ҷудокардааш 18% -и солона мегирифт. Минбаъд вазъи душвори деҳқонони Бухороро ба инобат гирифта он то ба 12 фоизи солона паст фароварда шуд. Бо сарварии Порсо Хоҷаев комиссияи кӯмак ба деҳқонон ташкил карда шуд.
Бо мақсади барои кишти пахта ҳавасманд намудани деҳқонон 10 апрели соли 1921 қарори Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ бароварда шуд, ки мувофиқи он деҳқонон барои ҳар як таноби кишти пахта маҳсулотҳои зеринро бепул мегирифтанд; 1) як пуд пундонаи тухмӣ барои кишт; 2) як пуд пундона барои равған; 3) се фунт керосин; 4) дуним оршинӣ молҳои мануфактурӣ; 5) барои хар таноб пахтаи навъи америкоӣ — 5 ҳазор сӯми пули нақд; 6) барои ҳар таноб пахтаи навъи ҷойдорӣ — ғӯза — 4 ҳазор сӯм пул ва ғайраҳо. Дар сарзамини ҶХШ Бухоро ҳам аз рӯйи таҷрибаи ҷумҳурии Туркистон ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ (дар кишвари Туркистон то соли 1917 хеле инкишоф ёфта, миқдори умумиашон то ба 900 адад расида буд.) ташкил карда шуданд. Онҳо бо ташаббуси худи истеҳсолкунандагон ташкил меёфтанд. Ҳокимият онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекард. Мувофиқи маълумоти 13 июни соли 1924 чунин ташкилотҳо дар ҷумҳурии Бухоро низ аллакаӣ 8.400 нафар аъзо доштанд. Шӯъбаи бухороии бонки Кишоварзии Осиёимиёнагӣ барои эҳтиёҷоти онҳо 214 ҳазор сӯм пул ҷудо карда буд.
21 феврали соли 1924 дар ҷамъомади садорати Шӯрои Иқтисодии Бухоро масъалаи ташкил намудани ширкати қарздиҳии кишоварзӣ дида шуд. То 24 ноябри ҳамон сол миқдори чунин ширкатҳо дар ҷумҳурӣ ба 79 адад расид, ки барои онҳо бонки номбурда 500 ҳазор сӯм ҷудо кардааст.
Дар хоҷагии қишлоқи ҶХШ Бухоро ҳанӯз техникаи бобок — омочу каланд ҳукмфармо буд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ тамоми оҳангархонаҳо аз нав барқарор карда шуданд. Барои ин ҳукумати Бухоро маблағи муайяне ҷудо кард. Аз ҷумла шӯъбаи бухороии бонки Кишоварзии Осиёимиёнагӣ фақат барои бунёди оҳангархонаҳои Бухорои Шарқӣ 340 ҳазор сӯм муайян намуд. Соли 1924 ҳукумати ҷумҳурии Бухоро танҳо барои корҳои кишоварзии даштҳои Қаршӣ ва Кармина, барои харидани 4 адад аввалин тракторҳо пул ҷудо карда буд.
Барои инкишофи пахтакорӣ дар Осиёи Миёна, аз он ҷумла дар ҶХШ Бухоро на танҳо ҳукумати нави Бухоро, балки махсусан аввал ҳукумати Федератсияи Русия, баъд Иттиҳоди Шӯравӣ сахт ҳавасманд буданд. Бо ҳамин мақсад ҳанӯз охири соли 1921 дар Москва Кумитаи пахтаи Туркистон ташкил карда шуд. Ин кумита ба масъалаи пахтаи тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна сарварӣ мекард. Соли 1922 бошад Ширкати пахтаи Бухорою Русия ташкил карда шуд.
Ин ҳама чорабиниҳо имконият доданд, ки дар ҶХШ Бухоро, то андозае пахтакорӣ пеш равад. Соли 1923 аз Бухоро ба Русия қариб 450 ҳазор пуд ва соли 1924 — 885 ҳазор пуд пахта фиристода шуд. Бо сар шудани мавсими пахтачинии соли 1924, дар Бухоро 11 сентябр нархи 1 пуд пахтаи америкоиро 4 сӯму 50 тин, ғӯзаро 2 сӯму 60 тин муайян карданд1.

Вазъи молиявӣ ва саноат

Баъди инқилоби октябрии (соли 1917) Русия вазъи молиявии аморати Бухоро махсусан душвор гардид. Дар ҳудуди аморат амалиёти 14 намуди пулҳоро дидан мумкин буд. Дар баӣни онҳо пули замони Ҳукумати Муваққатии Русия «керенка» мақоми асосиро ишғол мекард. Пулҳои шӯравии барориши солҳои 1918 ва 1919, инчунин бонҳои Туркистонӣ дар ҳудуди аморати Бухоро амал намекарданд.
Баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар ҳудуди ҷумҳурии навбунёди Бухоро низ пули шӯравии барориши соли 1919 қабул гардида бошад ҳам, вале нокифоягии он сахт эҳсос карда мешуд. Нархҳо пайдарпай меафзуд. Охири соли 1920 Бонки Халқии ҷумҳурии Бухоро ташкил карда шуд. Вале ин ҳам вазъияти молиявиро зуд тағйир дода натавонист. Маблағе, ки ба ҷумҳурии Бухоро бонки Кишоварзии Осиёимиёнагӣ медод, низ барои барқарор намудан ва инкишоф додани иқтисодиёт ва тиҷорат кифоя набуд.
Сентябри соли 1922, бо сармояи 5 млн сӯми тиллоӣ банки Давлатии ҷумҳурии Бухоро ташкил карда шуд. Аниқтараш собиқ бонки Халқии Бухоро ба бонки Давлатӣ табдил ёфт. Дар ин муддат ҳукумати ҷумҳурии Бухоро бо мақсади беҳтар намудани вазъи молиявии худ, махсусан бартараф намудани норасоии пули нақд, ба барориши пулҳои коғазии «1000, 2000 ва 3000» сӯма шурӯъ кард, ки онҳоро пулҳои шӯравии бухороӣ ҳам мегуфтанд. Чунин пулҳо ҳар рӯз бо усули нисбатан оддӣ, дар дастгоҳи (станоки) дастӣ, ба миқдори аз 3 то 5 млн сӯм бароварда мешуд. Албатта ин пул дар қаламрави ҷумҳурии Бухоро ба амалиёти озодонаи пули Русияи Шӯравӣ ва қурби он таъсири манфӣ расонид. Бинобар ин бо «хоҳиши» ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ аз 2 майи соли 1923 барориши пули шӯравии бухороӣ қатъ гардид. Баъди он Бухоро низ ба доираи пули ягонаи иттифоқӣ дохил шуд.
Соли 1924 дар Бухоро, дар қатори бонки Давлатӣ ва бонки Кишоварзии Осиёимиёнагӣ, инчунин бонки Тиҷоратии Осиёимиёнагӣ, ки ҳамон сол бунёд гардидааст, аллакаӣ фаъолияти худро сар карда буд. Ин ҳама вазъи молиявии ҷумҳурии Бухороро оҳиста-оҳиста беҳтар намуданд.
Вале бо сабаби мураккабии вазъият, яъне идома доштани ҳаракатҳои зиддишӯравӣ, бонкҳои номбурда хело боэҳтиёт амалиёт мегузарониданд. Бинобар ҳамин ҳам на ҳамаи истеҳсолкунандагони мӯҳтоҷ ба пул, ба он соҳиб мешуданд. Махсусан деҳқонони Бухорои Шарқӣ аксарият эҳтимол аз вуҷуд доштани бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ хабар ҳам надоштанд.
Вазъи саноати ҷумҳурии Бухоро боз ҳам вазнинтар буд. Боиси воқеаҳои солҳои 1917-1921 ба амал омада, қариб ҳамаи корхонаҳои саноатии дар ҳудуди ҷумҳурӣ вуҷуддошта хароб гардида, соҳибонашон гурехта буданд. То 1 июни соли 1921 агарчанде 4 заводи равғанкашӣ ба кор шурӯъ кард, вале бо сабаби набудани ашёи хом соли 1924 танҳо яктои онҳо кор мекарду халос. Аз 35 заводи пахтатозакунии дар замони амирӣ вуҷуддошта, соли 1924 танҳо 6 адади чунин заводҳо ба кор омода буданду халос, ки онҳо дар Бухорои Нав (Когон), Кармина ва Қарокӯл ҷойгир буданд.

Вазъи маорифу фарҳанг ва нигаҳдории тандурустӣ

Вазъи маорифу фарҳанг дар сарзамини собиқ аморати Бухоро баъди сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар ҳолати мураккабтарин афтод. Зеро, дар замони амирӣ, чуноне дар бобҳои пештара таъкид намудем, бо ташаббуси ҷадидон, бо душвориҳои зиёд, бар хилофи сиёсати ҳукумати амирӣ, ба тарзи пинҳонӣ, барои бухороиён мактабҳои усули нав (ҷадидӣ) кушода мешуд ва шумораи онҳо сол аз сол меафзуд. Акнун, баробари сарнагун намудани тартиботи амирӣ, ҳукумати нави Бухоро бо каме тағйирот мактабҳои усули навро, чун мактабҳои шӯравӣ ба расмият дароварда, барои кушодани онҳо, ба қадри зарурӣ имкониятҳоро муҳайё намуд. Фаъолияти мактабҳои усули кӯҳна бошад, аз тарафи ҳукумати нав сол аз сол маҳдуд карда мешуд.
Мактабҳои усули нав, яъне акнун шӯравӣ, дар давраи нав ба душвориҳои дигар дучор омад. Зеро, қисми зиёиёни пешқадами бухороӣ, агарчанде амирро дастгирӣ накарданд, аммо аз тартиботи нав ҳам рӯ гардонида, ё хонашин шуданд, ё ба хориҷа фирор карданд. Бинобар ин барои кушодани мактабҳои нав пеш аз ҳама муаллим -омӯзгор намерасид.
Дар солҳои аввали мавҷудияти ҶХШ Бухоро барои мактабҳои усули нав албатта ҳанӯз имконияти сохтани биноҳои махсус набуд.
Аз ҳамин сабаб чунин мактабҳо, мисли пештара бештар дар хонаҳои бойҳо (дар давраи нав аксари онҳо гурехта буданд.), баъзан дар масҷидҳо кушода мешуд.
Умуман, ба душвориҳои мавҷуда нигоҳ накарда ҳукумати нави Бухоро ҳалли масъалаи маорифро зарур шуморид. Ҳанӯз аввали сентябри соли 1920 Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ бо манифест эълон намуд, ки дар ҷумҳурӣ таълими бепул ҷорӣ карда мешавад, талабагонро бо либос ва пойафзол таъмин менамояд, китобхонаҳо, клубҳо, яслию боғчаи кӯдаконро ташкил менамояд.
Аллакаӣ охири соли 1920 ва аввали соли 1921 масъулони маорифи ҷумҳурии Бухоро кӯшиш намуданд, ки фаъолияти мактабҳои усули нави пештараро аз нав ба роҳ монда, боз ба мисли онҳо, мактабҳои нав ташкил диҳанд. Вале муваффақиятҳои соли 1921 ҳам оиди ин масъала чандон назаррас набуданд. Танҳо соли 1922 дар ин соҳа каме пешравӣ ба вуҷуд омад. Дар ин сол дар ҷумҳурӣ 55 адад, аз ҷумла 37 мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, 3 мактаби махсуси занона ва духтарона, 12 интернат, 4 мактаби мусиқӣ ва якто мактаби ҳунармандӣ амал мекарданд.
Албатта он солҳо ташкил намудани мактабҳои нав пеш аз ҳама аз мавҷуд будани омӯзгорон вобастагӣ дошт. Маҳз ҳамин ҳолатро ба инобат гирифта соли 1922 дар Бухоро ва Чорҷӯй Донишкадаҳои муаллимтайёркунӣ кушоданд. Инчунин худи он сол 300 нафар бухороиёнро барои таҳсил ба Москва фиристоданд. Дар ҷумҳурӣ барои маорифи халқ соли 1921 8 фоиз ва соли 1923 25 фоизи буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо карда шуд.
Аз дигаргуниҳои соҳаи маориф Бухорои Шарқӣ низ дар канор намондааст. Ҳанӯз моҳи марти соли 1921 дар Душанбе нозироти вилоятии маорифи халқӣ ташкил ёфт. Барои ташкили мактабҳои шӯравӣ ба ин ҷо аз Бухоро мутахассисон фиристода шуданд. Аз ҷумла, худи он сол ба Душанбе ва Ҳисор ду нафарӣ чунин шахсон омаданд. Дар натиҷа баҳори ҳамон сол дар водии Ҳисор аллакаӣ 5 адад мактабҳои шӯравӣ ташкил ёфтанд, ки дар онҳо 600 нафар талаба таҳсил мекарданд. Бо мақсади ҳарчи зудтар тайёр намудани омӯзгорон апрели соли 1921 дар Душанбе курси семоҳа ташкил ёфт, ки дар он 40 нафар шахсони дар мадрасаю мактабҳо таълимгирифта таҳсил мекарданд. Июли ҳамон сол 25 нафари онҳо курсро тамом намуда, ба ҷумлаи аввалин омӯзгорони шӯравии Бухорои Шарқӣ дохил шуданд.
11 августи соли 1923 бо ташаббуси КМ ҲК Бухоро оиди масъалаи маорифи халқи ҷумҳурӣ баҳс ташкил гардид. Дар он таъкид гардид, кӯдаконро ҳар чӣ бештар ба мактабҳои шӯравӣ ҷалб намуда, миқдори чунин мактабҳоро зиёд намоянд, ба муқобили мактабҳои усули кӯҳна ташвиқотро пурзӯр кунанд. Вале ташвиқоти зидди усули кӯҳнаи таълим дар амал якҷоя бо ташвиқоти муқобили дин, баъзан таҳқири урфу одати мардумӣ мегузашт. Аз ин рӯ дар ҶХШ Бухоро ҳанӯз ҳам муборизаи баӣни тарафдорон ва муқобилони мактабҳои усули нав давом дошт. Муқобилони мактабҳои усули нав чунин мактабҳоро мактабҳои «кофирӣ» эълон карда буданд. Дар натиҷа мардум аз тарсу воҳима фарзандони худро ба чунин мактабҳо намегузоштанд. Бинобар ҳамин ҳам соли 1924 шумораи умумии мактабҳои шӯравӣ дар ҶХШ Бухоро ба 69 адад расиду халос. Дар онҳо 5604 нафар талабагон мехонданд, ки ин ҳамагӣ 3,1 фоизи микдори умумии талабагонро ташкил медод. Дар мактабҳои усули кӯҳна бошад он сол 12 ҳазор нафар талабагон таҳсил мекарданд, ки он 6,6 фоизи миқдори умумии талабагонро ташкил менамуд. Яъне микдори талабагони мактабҳои усули кӯҳна аз мактабҳои усули нав ҳанӯз бештар аз ду баробар зиёд буд.
Таҳсил дар мактабҳои шӯравӣ танҳо ба забони туркӣ, дар мактабҳои усули кӯҳна ба забони форсии тоҷикӣ мегузашт.
Аз соли 1921 барои калонсолон мактабҳои маҳви бесаводӣ ташкил карда шуд, ки миқдори онҳо соли 1924 ба 45 адад расид ва дар онҳо тақрибан 4 ҳазор нафар талабагон сабақ меомӯхтанд.
1 майи соли 1923 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна аввалин мактаби ҳизбию шӯравӣ ташкил карда шуд, ки он барои ҷумҳурӣ мутахассисони ҳизбию шӯравиро тарбия менамуд.
Охири соли 1920 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна китобхонаи махсус ба кор шурӯъ намуд. Бо ташаббуси ҳукумати ҷумҳурӣ дар дигар нуқтаҳо низ китобхонаҳо ба вуҷуд омаданд ва соли 1924 микдори умумии онҳо ба 13 адад расид. Аз ҷумла соли 1923 аз Қаршӣ ба Душанбе 3 ҳазор нусха китоб оварда шуд ва он асоси аввалин китобхона (аввал дар назди гарнизони аскарони сурх) гардид.
Ҳукумати ҷумҳурии Бухоро ба масъалаи нигоҳдории тандурустии мардум низ аҳамияти ҷиддӣ медод. Бо мақсади пешгирии ҳар гуна бемориҳо ботлоқзорҳоро хушк мекарданд. Ба муқобили бемориҳои сирояткунанда чораҳои заруриро медиданд. Беморхонаҳо ташкил менамуданд. Октябри соли 1923 дар ҶХШ Бухоро 5 адад беморхонаҳои халқӣ амал мекарданд, ки онҳо дар як вақт 240 нафар беморонро табобат карда метавонистанд. Беморхонаҳо дар Бухорои Кӯҳна, Бухорои Нав (Когон), Қаршӣ, Кармина ва Чорҷӯй ҷойгир буданд. Дар Душанбе, Каркӣ, Кӯлоб, Тирмиз, Қаротоғ, Шаҳрисабз ва Чорҷӯй нуқтаҳои табобатӣ амал мекарданд. Дар Бойсун, Шаҳрисабз, Китоб, Ғузор, Нурато, Ғиждувон, Вобканд ва Қарокӯл нуқтаҳои фелдшерӣ вуҷуд доштанд, ки онҳо ба беморон маслиҳатхои зарурӣ медоданд. Дар худи шаҳри Бухорои Кӯҳна лаборатория ва нуқтаҳои марказии ба муқобили бемории табларза, аз 1 январи соли 1924 Пажӯҳишгоҳи минтақавӣ (тропикӣ) амал мекард. Дар Душанбе низ нуқтаҳои пешгирии бемории табларза ташкил ёфт.
Барои пешгирии ҳар гуна бемориҳо ва табобати онҳо дар нуқтаҳои дурдасти ҷумҳурӣ аз имкониятҳои қисмҳои аскарони сурх низ истифода мебурданд. Аз ҷумла, ҳанӯз ҳукумати маҳаллии Бухорои Шарқӣ бо қисми санитарии корпуси 13-уми тирандозӣ дар бораи дар Ғарм, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Шеробод ташкил додани нуқтаҳои табобатӣ шартнома имзо карда буд. Бо ташаббуси ҳукуматдорони маҳаллӣ дар чойхонаҳо гӯшаи санитарию гигиенӣ ташкил карданд.
Маҳз дар давраи мавҷудияти ҶХШ Бухоро ташаккулёбии адабиёти шӯравии тоҷик дар асоси адабиёти классикии он оғоз гардид, ки бунёдгузорони он С. Айнӣ, М.А. Мунзим, М. Раҳимӣ (1901-1968), А. Лоҳутӣ (1887-1957), П. Сулаӣмонӣ (1899-1933), ва дигарон буданд. С. Айнӣ бо шеърҳои инқилобӣ ва мақолаҳои публисистии худ дар сарнагун намудани тартиботи иртиҷоии амирӣ ҳисса гузошт. Вай дар он солҳо дар баробари бо ду забон; форсии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навиштани асарҳои худ, инчунин барои тарбияи адибони ҷавони ин ду халқи ба ҳам дӯст ҳисса гузошт ва аз ин рӯ, дар баробари сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик будан, сардафтари адабиёти шӯравии ӯзбек низ гардид.
С. Айнӣ соли 1920 повести таърихии худ «Ҷаллодони Бухоро» (ба забони ӯзбекӣ навиштааст), солҳои 1918-1921 очеркҳои таърихии «Таърихи инқилоби Бухоро» (аввал ба забони форсии тоҷикӣ навишта, баъд ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст), солҳои 1921- 1922 «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (ба забони форсии тоҷикӣ), соли 1924 повести «Одина»-ро (ба забони форсии тоҷикӣ) навиштааст.
А. Лоҳутӣ соли 1922 аз таъқиби ҳукуматдорон ватанаш — Эронро тарк намуда ба мамлакати Шӯроҳо омад. Вай соли 1923 достонҳои «Кремл» ва «Инқилоби Сурх»-ро офарид.
Шеърҳои М.А. Мунзим, П. Сулаӣмонӣ, М. Раҳимӣ тез-тез дастраси хонандагон мегардиданд.
Ҳанӯз охири соли 1920 дар Бухоро нашриёти давлатӣ ташкил ёфт. Зарурияти нашри варақаҳои зиёди ташвиқотиро ба инобат гирифта, соли 1923 дар Душанбе нашрияи хурдеро бунёд карданд.
Ҳамин тавр ҶХШ Бухоро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо душвориҳои хеле зиёд ба сӯйи ҷамъияти сотсиалистӣ қадамҳои аввалин мегузашт. Вале ин дигаргуниҳои давраи гузариш дар шароите мегузашт, ки дар сарзамини ҷумҳурӣ, махсусан қисми шарқии он ҳаракати зиддишӯравӣ аз аввал то ба охир қатъ нагардидааст.

§ 3. Оғози ҳаракати зиддишӯравӣ. Афзудани нуфузи Иброҳимбек дар Бухорои Шарқӣ

Сабабҳои ба амал омадани ҳаракати зиддишӯравӣ

Чуноне дар боби пештара ишора рафт, ҳангоми сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва бунёди тартиботи нав, чӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ва чӣ Бухорои Шарқӣ мардум аз як тараф ба чунин тағйиротҳои ҷиддӣ ҳанӯз омода набуд, аз тарафи дигар, ҳангоми амалиётҳои ҷангии қисмҳои аскарони сурх урфу одат ва махсусан эътиқоди динии мардуми маҳаллӣ ба эътибор гирифта нашуд. Ин ҳама баръакс халқро аз тартиботи нав ба канор мекашид. Илова ба ҳамаи ин аз вазъият истифода бурда гурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла баъзе қисмҳои аскарони сурх бо ғорати молу мулки мардум машғул мешуданд.
Ҳукумати нав кӯшиш мекард, ки ҳар чӣ зудтар ба камбудиҳои ҷойдошта хотима гузошта, оромии мардумро ба даст дарорад. Аммо чорабиниҳои ҳукумати нав, агарчанде зарур буданд, вале чандон натиҷаи дилхоҳ намедоданд. Дар маҳалҳо ҳокимияти нав ҳанӯз пурра барпо нагардида, он ба муқобилияти сахт дучор мешуд. Гӯё дар тамоми мулкҳои ҷумҳурӣ қувваҳои зидди тартиботи нав сабзида мерасиданд. Ҳукумати нав, ки Ҳукумати Шӯравӣ номида мешуд, бинобар ин ҳаракати сабзидаистода ба худ характери зиддишӯравиро дошт. Он оҳиста-оҳиста доираи васеи мардуми маҳаллиро дар бар гирифт.
Дар давраи аввали ҳаракати зиддишӯравӣ (солҳои 1920-1923) ҷанг асосан дар баӣни қисмҳои аскарони сурх ва гурӯҳҳои зиддишӯравии маҳаллӣ мегузашт. Зеро, дар ин давр мардум дар симои аскарони сурх бештар забткорон ва поймолкунандагони дин ва урфу одати худро дида, баҳри озодии мулк — ватани худ, мудофиаи дин ва урфу одати худ ба мубориза бархеста буданд. Аз ин рӯ ин ҷанг ҷанги шаҳрвандӣ набуда, балки бештар ба ҷанги миллию озодихоҳӣ шабоҳат дошт. Собиқ амалдору саркардаҳои амирӣ, норозигии мардумро нисбати тартиботи нав ба фоидаи худ истифода бурда, сарварии ин ҳаракатро ба дасти худ гирифта буданд.
Дар қисми Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) бо сабабҳои зиёда мавҷуд будани гурӯҳҳои аскарони сурх ва техникаи ҳарбӣ қувваҳои зиддишӯравӣ чандон фаъолона амал карда натавонистанд. Онҳо дар ин мулкҳо чун дастаҳои хурд-хурд амал мекарданд. Аз ҷумла: дар ноҳияи Ғиждувон — бо сарварии мулло Қаҳҳор, дар ноҳияи Шофирком бо сарварии Остон қаравулбегӣ, дар ноҳияи Зандане (Пешкӯ) бо сарварии Мурод машкоби қучоқӣ (дар замони амирӣ дар бозор ва тӯйҳо машкобӣ, яъне обкашӣ мекард), дар Лақлақа (Ромитан) — Ҷӯра амин, дар Вобканд — кӯри Ато, дар Галаосиё — Аъзамхӯҷа ва дигарон фаъолият доштанд. Дар баӣни онҳо танҳо даста, аниқтараш қувваи мулло Қаҳҳор ва баъд Аъзамхӯҷа, ки нисбатан сершумор ва беҳтар мусаллаҳ буданд, ба тартиботи нав хавф доштанд.
Бухорои Шарқӣ бошад ба макони ҳақиқии қувваҳои зиддишӯравӣ табдил ёфта буд. Зеро, шароити кӯҳии ин мулкҳо аз як тараф ҳаракати қисмҳои аскарони сурх, махсусан техникаи ҷангии онҳоро душвор гардонида, аз тарафи дигар он ба қувваҳои зиддишӯравӣ имконияти ҳар лаҳза ба муқобили тартиботи нав мубориза бурдан ва дар вақти зарурӣ паноҳ шуданро медод. Баъд аз он ки шӯриши зиддишӯравии ноҳияҳои Шерободу Шӯрчӣ (декабри соли 1920) аз тарафи қисмҳои аскарони сурх бераҳмона пахш карда шуд, душманони сохти нав боз ҳам шарқтари ҷумҳурӣ — дар водии Ҳисору Кӯлоб, Вахшу Қаротегин ҷамъ омаданд. Илова ба ҳамаи ин дар водиҳои номбурда дастаҳои боқимондаи амирӣ ҳам кам набуданд.
Ҳангоми ба хоки Афғонистон гурехтани амир Олимхон ӯро тахминан 300 нафар сарбозони содиқаш ҳамроҳӣ карданд. Ҳамон лаҳза, аз таъқиби аскарони сурх, инчунин аз дигар гузаргоҳҳои дарёи Панҷ ба хоки Афғонистон мардуми бисёр, мувофиқи хотираҳои худи амир «тахминан як лак» (яъне сад ҳазор) нафар гузаштаанд. Амир аз ҷумлаи онҳо тахминан 500 нафар ашрофони бухороиро ҳамроҳи худ гирифта ба сӯйи Кобул рафтаасту халос. Гурезагони боқимонда, ки аксар аз ҷумлаи бечорагон, наврасон ва зану мӯйсафедон буданд, дар ноҳияҳои сарҳадии хоки Афғонистон ҳарҷо-ҳарҷо маскан гирифтаанд.
Қисми зиёди сарбозони амирӣ, ки дар хоки ҷумҳурии Бухоро мондаанд, низ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар ноҳияҳои гуногуни сарҳадӣ бо Афғонистон пинҳон шуда буданд. Онҳо дар аввал аз муқобилияти рӯйрост бо қисмҳои аскарони сурх худдорӣ намуда, барои баромади умумӣ мавқеи қулайро интизорӣ мекарданд.
Ба ғайр аз ин ҳама барои муайян намудани сабабҳои маҳз дар қисми Бухорои Шарқӣ нисбатан авҷ гирифтан ва тӯлонӣ идома ёфтани ҳаракати зиддишӯравӣ боз ба нуктаҳои зерин бояд диққат дод. Пеш аз ҳама бояд ба инобат гирифт, ки дар қаламрави Бухорои Шарқӣ, дар рафтори қисмҳои аскарони сурх, ки тартиботи навро барпо мекарданд ва дараҷаи омодагии мардуми ин гӯша барои қабули ин тартибот, нисбат ба қаламрави Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ) ҷиҳатҳои фарқкунанда вуҷуд дошт.
Аз ҷумла, чуноне таъкид шуд, Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор, то ба охири амалиёти ҷангӣ асосан аз ҳисоби аскарони сурх таркиб ёфта буд. Аз тарафи ҳукумати Бухоро ҳарчанд то охири ин амалиёт барои ташкил намудани аскарони сурхи Бухоро чораҳои зиёде дида шуд, аммо онҳо натиҷаҳои умедбахш надоданд. Агарчанде, дар марҳилаҳои гуногуни амалиёти отряд онро намояндагони муайяни миллӣ ҳамроҳӣ намуданд, вале онҳо бо сабабҳои бетаҷрибагӣ дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок накарда, баъзеашон ҳангоми амалиёти отряд роли роҳбаладӣ ва бештар роли тарҷумониро бозидаанду халос.
Мавқеи мардуми маҳаллӣ низ нисбат ба амалиёти аскарони сурх чандон хайрхоҳона набуд. Зеро, онҳо то ин лаҳза аз моҳияти ҷамъияти коммунистӣ, яъне шӯравӣ огоҳӣ надоштанд. Бинобар ин мардуми ин диёр ҷамъияти навро танҳо аз рӯйи рафтори аскарони сурхи отряд тасаввур мекарданд. Аммо рафтори қисмҳои аскарони сурх чандон хайрхоҳона набуд. Мардум дар рафтори онҳо на ин ки бахшандагони озодӣ, балки таҳқиркунандагони дин ва урфу одатҳои миллӣ, тороҷгарони навбатиро медиданд.
Сабаби ҳамаи ин мураккабиҳо дар он аст, ки ҳангоми бунёди Отряди эъзомии ҳарбии Ҳисор ҳукумати нав — шӯравии Бухоро бо хӯрокворӣ таъмин намудани аскарони сурхро ба ӯҳдаи худ гирифта буд. Таъминоти лавозимоти ҳарбиро бошад Ҳукумати Шӯравӣ дар ӯҳда дошт. Вале, баробари егози амалиёти отряд, ҳукумати шӯравии Бухоро, бо сабаби мураккабии вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ, иқрор шуд, ки аз ӯҳдаи ваъдаи худ баромада наметавонад. Аз ин рӯ ҳукумати нави Бухоро ба аскарони сурхи отряд иҷозат дод, ки ҳангоми амалиёт, аз номи ҳукумат амал карда, аз маҳалҳо барои худ хӯрокворӣ ва дигар лавозимоти заруриро пайдо кунанд. Дар натиҷа, қисмҳои аскарони сурхи отряд, баъди ба даст даровардани ин ё он маҳали аҳолинишин рӯйрост ба тороҷи он медаромаданд.
Ин ҳама мардуми маҳаллии Бухори Шарқиро дар ҳолати ногувор гузошта буд. Зеро, то омадани аскарони сурх онҳоро аллакаӣ сарбозони амирӣ ғорат кардаанд. Инак, акнун аскарони сурх ҳам тороҷ менамуданд. Бинобар ин мардуми сарсахт роҳи ягонаи халосиро дар гурехтан дида, дар ҳамон фасли зимистони қаҳратун, дар кӯҳҳо паноҳӣ меҷустанд. Бо ҳамин сабаб бисёре аз деҳаҳое, ки аскарони сурх ба даст медароварданд, асосан холӣ — беодам буданд.
Чуноне таъкид намудем, амалиёти ҷангии отряд дар фасли зимистони кӯҳистон ва аввали баҳори серборишу сард (аз моҳи декабри соли 1920 то моҳи апрели 1921) мегузашт. Дар ин гуна ҳолат, барои аскарон на танҳо либоси гарм ва хӯрока, балки паноҳгоҳ чӣ барои худашон ва чӣ барои аспҳояшон зарур буд. Албатта дар қад-қади роҳи тайкардаи отряд, ки миқдораш дар давраҳои гуногун аз 1,5 то 5 ҳазор нафар аскарони савора мерасиду ба қисмҳо тақсим шуда ҳаракат мекарданд, ягон хел казарма вуҷуд надошт. Аз ин рӯ аскарони сурх гарчанде бештар вақти истироҳати худро дар палаткаҳо гузаронанд, баъзан бинои масҷидҳо, ҳавлиҳои мардумро низ истифода мебурданд. Ҳатто баъзан масҷидҳоро, ки барои мардуми маҳаллӣ ҷойи муқаддас ба ҳисоб меравад, муваққатан ба аспхонаи худ табдил доданд. Ё худ аскарони сурх аксаран (эҳтимол қариб ҳама) тамоку мекашиданд. Онҳо то андозае захираи тамоку (махорка) доштанд. Вале дар шароити кӯҳистон, барои пешонидани тамоку дарёб намудани коғаз хеле мушкил буд. Бинобар ин, ҳар боре, ки аскарони сурх ба ҳавлиҳои мардум ё худ ба масҷидҳо медаромаданд, китобҳои он ҷо мавҷударо, аз ҷумла Қуръони Шариф ва ё худ дигар намуд китобҳои зарурии дини исломро барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худ истифода мебурданд. Мувофиқи маълумотҳо, баъзе аз аскарони сурх, баъди ғалаба дар маҳалҳои бадастовардаашон, дар баробари ғоратгарӣ, инчунин ба таҷовузкорӣ ҳам машғул шудаанд.
Ин ҳама фоҷиаҳо дар пеши назари мардум ба амал меомаданд.
Дар натиҷа мардуми маҳаллӣ, ки чуноне аллакаӣ қайд намудем, аксаран оиди ҷамъияти нав тасаввуроте надоштанд, бо мушоҳидаи чунин ҳодисаҳои нангин танҳо таҳқири дин ва урфу одати худро дида, ба гуруснагию бараҳнагӣ нигоҳ накарда, маҳз барои ҳимояи дин ва урфу одати худ ба муқобили аскарони сурх ва тартиботи барпо намудаи онҳо, ба мубориза бархестанд. Яъне, бунёдкунандагони ҷамъияти нав ҳангоми амалиёти худ чунин нозукиҳоро ба эътибор нагирифтанд. Амирпарастон бошанд ин гуна ҳолатро ба фоидаи худ истифода карданд. Дузду ғоратгарон вазъиятро истифода бурда мардумро бераҳмона тороҷ мекарданд. Дар натиҷа дар сарзамини Бухорои Шарқӣ ҷамъияти нав ҳанӯз пойдор нагардида, онро ҳаракати нав-зиддишӯравӣ фаро гирифта буд.

Оғози ҳаракати зиддишӯравӣ

Сабабҳои дар боло ифодашуда, бо якҷоягии душвориҳои зиндагӣ ва ташвиқотҳои зиддишӯравӣ охири апрел ва аввали моҳи майи соли 1921 мардуми зиёди Кӯлобу Балҷувонро ба муборизаи муқобили тартиботи нав бархезонид. Дар натиҷа ҳаракати зиддишӯравӣ бо зудӣ дар худи ин моҳҳо қариб тамоми сарзамини ин мулкҳоро фаро гирифт110. Ба ин қувваҳо яке аз собиқ амалдор ва саркардаи номии амирӣ Иброҳимбек сарварӣ мекард. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, ҳамон лаҳза дар атрофи Иброҳимбек аллакаӣ тақрибан 10 ҳазор нафар мардум ҷамъ омадаанд. 111 Ин қувваи бузург ба Иброҳимбек имконият дод, ки дар бисёре аз маҳалҳои (мулкҳои) номбурда ҳокимияти шӯравиро барҳам дода, тартиботи кӯҳнаи амириро аз нав барқарор намояд.
Инак, дар нимаи дуюми баҳори он сол қувваҳои дар атрофи Иброҳимбек ҷамъ гардида, аллакаӣ барои мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ хавфноктарин қувва на танҳо дар мулкҳои водии Кӯлоб, балки қариб барои тамоми Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб мерафт. Барои пахш намудани ҳаракати зиддишӯравии ин мулкҳо қисмҳои асосии аскарони сурхи дар тамоми мулкҳои Бухорои Шарқӣ буда, аз он ҷумла дар водии Қаротегин маскангирифта, сафарбар карда шуданд. Вале ҳамин, ки аскарони сурх дар самти Кӯлобу Балҷувон (нимаи дуюми моҳи май) амалиёти ҷангиро сар карда, баъзе гурӯҳҳои Иброҳимбекро шикаст доданд, қисмҳои ҷудогонаи он ба водии Қаротегин ва Ҳисор гузаштанд. Дар натиҷа охири моҳи май ва аввали июни ҳамон сол водии Қаротегинро низ ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифт, ки ба он Фузайл Махсум. Эшони Султон ва дигарон сарварӣ мекарданд.
Охири моҳи май ва аввали июни соли 1921 дар водии Қаротегин, Вахон ва Дарвоз тартиботи шӯравӣ барҳам дода шуд ва тартиботи амириро аз сари нав барқарор намуданд.
Иброҳимбек баъди шикастхӯрӣ дар самти Кӯлобу Балҷувон дастаҳои худро асосан аз ҳисоби лақайҳо зиёд намуда, барои ба по хезонидани боқимонда мардуми лақай ва мардуми води Ҳисор кӯшид. Дар ноҳияҳои Кӯлобу Балҷувон бошад қувваҳои зиддишӯравӣ минбаъд бештар дар атрофи Давлатманбий ҷамъ омаданд. Нахустин кӯшиши ҷиддӣ оиди мусолиҳаи миллӣ ва оқибатҳои истифода нашудани он
Аввали моҳи августи соли 1921 бо ташаббуси намояндаи фавқулоддаи ҶХШ Бухоро дар Бухорои Шарқӣ Ато Хоҷаев (Атохоҷа Пӯлодхоҷаев) нахустин кӯшиши ҷиддӣ оиди мусолиҳаи миллӣ карда шуд. Ӯ бо баъзе сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ гуфтушунид намуда, онҳоро розӣ намуд, ки ба манфиати тартиботи нав кор кунанд. 12 августи соли 1921 Ато Хоҷаев аз ҷумла бо Давлатманбий шартнома имзо кард, ки мувофиқи он: Ато Хоҷаев барои аз хоки Бухорои Шарқӣ баровардани қисмҳои аскарони сурх ва барҳам додани шӯъбаҳои махсуси дар назди он қисмҳо буда розигӣ дод. Давлатманбий бошад, дар сурати иҷро гардидани шарти боло, ваъда дод, ки тамоми гурӯҳаш аслиҳаи худро ба намояндагони ҳокимияти нав месупоранд.
Ато Хоҷаев бо чунин мазмун шартномаро бо Эшони Султон ҳам имзо карда буд. Аз сарварони асосии қувваҳои зиддишӯравӣ танҳо Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва дигарон аз ҳар гуна музокира бо намояндагони тартиботи нав даст кашиданд.
Бо тавсияи Ато Хоҷаев Давлатманбий сарвари кумитаи инқилобии Балҷувон, Эшони Султон сарвари Кумитаи инқилобии Ғарм таъин гардиданд. Инчунин бо розигии Ато Хоҷаев, 12 нафар фаъолони маҳаллиро, ки ба аскарони сурх хизмат расонидаанд, ба ихтиёри қувваҳои зиддишӯравӣ супориданд. Зеро, ин талаби дигари тарафи муқобил буд. Зиддишӯравиён 6 нафари он фаъолонро дар вақти идомаи гуфтушуниди тарафайн қатл карданд.
Вале натиҷаи кори Ато Хоҷаев дар роҳи мусолиҳаи миллӣ ба баъзе сарварони онвақтаи ҷумҳурии Бухоро ва махсусан ба намояндаи Федератсияи Русия дар Бухоро В.В. Куӣбишев маъқул нашуд. Бинобар ин Ато Хоҷаевро фавран аз Бухорои Шарқӣ даъват намуданд ва ҳуҷҷатҳои имзонамудаи ӯро ба эътибор нагирифтанд. Аз ин рӯ Давлатманбий ва Эшони Султон мисли пештара ба қувваҳои ҷудогонаи зиддишӯравӣ сарварӣ намуда, дар қатори Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва дигарон муборизаро ба муқобили тартиботи нав давом доданд. Бо ҳамин яке аз аввалин имкониятҳои қулайи пешгирӣ намудани авҷи ҳаракати зиддишӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ аз байн рафт. Дар натиҷа ин ҳаракат аз сари нав қувват гирифт.
Моҳи сентябри соли 1921 қариб тамоми ноҳияҳои Бухорои Шарқиро ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифта буд. Дар худи ин моҳ дар Кӯктош ҷамъомади сарварони дастаҳои (қӯрбошиҳои) зиддишӯравӣ барпо шуд ва дар он ба Иброҳимбек унвони «сардори лашкари ислом»-ро доданд.
Вазъи Бухорои Шарқӣ роҳбарони ҷумҳурии Бухороро осуда намегузошт. 27 сентябри соли 1921 бо мақсади мустаҳкам намудани органҳои ҳокимияти маҳаллӣ ва корҳои мудофиавӣ, дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои баӣни қисмҳои аскарони сурх ва муассисаҳои маҳаллӣ ва ғайра ба ин мулк раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои ҶХШ Бухоро Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев фиристода шуд. Бо ҳамроҳии ӯ отряди 400 нафараи милитсионерон бо сарварии Алӣ Ризо буданд. Дар роҳ ба онҳо отряди 200 нафараи нозири ҳарбии Бойсун Дониёрбек (Дониёр афандӣ) ҳамроҳ гардиданд.
У. Пӯлодхоҷаев миёнаи ноябри соли 1921 ба Душанбе омада расид. Ҳамон вақт дар ноҳияи Қубодиён нозири вилояти Шеробод, собиқ полковники турк Ҳасан афандӣ (Ҳасанов), бо отряди милитсия ба тарафи қувваҳои зиддишӯравӣ гузашт. Ин боиси дар водии Вахш боз ҳам қувват гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ гардид.
Вале махсусан дар водии Ҳисор вазъият хело мураккаб гардида буд. Атрофи Душанберо қувваҳои зиддишӯравӣ қариб пурра иҳота карда буданд. Тамоми ин қувваҳо дар зери итоати Иброҳимбек амал мекарданд. Иброҳимбек якчанд вақт дар Султонобод истода, баъд ба сӯйи деҳаи Мавлоно ҳаракат кард ва ин манзилро ба «пойтахти давлатӣ» худ қарор дод. Ӯ дар мулкҳои ба зери нуфузи худ дароварда аз ҷумлаи ҳаммаслаконаш ҳокимон — бекҳо таъин намуда, ҷонишинони худро ба туману кентҳо барои ғундоштани пул, асп ва сафарбар кардани одамон фиристод. Вай бо сарварони дастаҳое, ки дар водии Вахшу Кӯлоб амал мекарданд, низ алоқа дошт.
Ҳамин тавр дар сарзамини Бухорои Шарқӣ аз бунёди тартиботи нав — шӯравӣ ҳамагӣ ду моҳ нагузашта, онро аллакаӣ ҳаракати зиддишӯравӣ фаро гирифт. Аз он қувваҳо нисбатан пуриқтидортарин ва ба тартиботи нав хавфноктарин гурӯҳҳои Иброҳимбек ба ҳисоб мерафт. Дар чунин вазъият иғвои Анварпошо ба амал омад.

§ 4. Иғвои Анварпошо ва Салимпошо. Комиссияи фавқулоддаи диктаторӣ (Диккомиссия) оид ба Бухорои Шарқӣ

Сабабҳои ба амал омадани иғвои Анварпошо

Ҳолати вазнини ҷумҳурии Бухоро ва ноиттифоқии ҳайъати ҳукумати он; вазъи ноороми Бухорои Шарқӣ; дар баӣни мардум ҳанӯз эътибори зиёд надоштани тартиботи нав; баръакс пурқувват шуда истодани дастаҳои гуногуни зиддишӯравӣ; ҳамсарҳадӣ бо давлати Афғонистон, ки маркази асосии гурезагони бухороии аз тартиботи нав норозӣ гардида буд; дастгирии қувваҳои берунаи зиддишӯравӣ, бо сарварии амири гуреза — Олимхон ва ҳукуматдорони англис ва ғайраҳо барои ба вуҷуд омадани иғвои Анварпошо чун сабабҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1921 бо ташаббуси собиқ полковники турк, нозири ҳарбии вилояти Шеробод Ҳасан-афандӣ дар маркази Қубодиён митинге барпо гардид. Ӯ ба ҳозирон эълон намуд, ки ҳамроҳи ӯ Ан3в2а2рпошо ҳузур дорад. Ин меҳмони нохонда гӯё бо мақсади «озод кардани Бухоро аз дасти болшевикон» омадааст. Анварпошо мехост сарварии умумии қувваҳои зиддишӯравии Бухорои Шарқиро ба дасти худ гирад. Бо ҳамин мақсад Анварпошо аз Қубодиён ба Ҷилликӯл рафт ва интизор буд, ки дигар сарварони ҳаракати зиддишӯравӣ дар атрофи ӯ ҷамъ омада, ба вай таъзим ва итоат хоҳанд кард. Охирҳои моҳи ноябри соли 1921 вақте, ки Иброҳимбек нақшаи забти Душанберо мекашид, ба қароргоҳи вай — Кӯктош Анварпошо бо отряди хурди савора ҳозир мешавад. Иброҳимбек дар аввал ба садоқати Анварпошо нисбат ба қувваҳои зиддишӯравӣ бовар накарда, ӯро бо отрядаш ҳатто беяроқ кард ва ба ҳабс гирифт. Баъди аз амир Олимхон омада расидани хабари садоқатмандии Анварпошо нисбат ба ӯ, Иброҳимбек одамони Анварпошоро аз ҳабс озод намуда, яроқашонро баргардонид.
Вале минбаъд ҳам Иброҳимбек ба Анварпошо сари таъзим фуруд наовард.
Анварпошо дар ҳақиқат чун иғвогар симои маълум буд. Дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ ӯ ҷонишини вазири ҳарбии Туркия дар ҳукумати ҷавонтуркон буд. Дар амалиётҳои ҷангӣ ба қӯшунҳои турк сарварӣ мекард ва шикаст хӯрд. Дар худи Туркия дар натиҷаи инқилоб тартиботи султонӣ ва ҳукумати ҷавонтуркон сарнагун карда шуд. Ба сари ҳокимият Камолшошо (Отатурк) омад. Анварпошо шармандавор аз Туркия аввал ба Олмон гурехт. Баъд худро ҳамчун намояндаи ҳаракати озодихоҳии халқҳои Шарқ тарошида, сентябри соли 1920 дар Боку, ба Анҷумани 1-уми халқҳои Шарқ чун вакил омад. Баъд ба Москва рафт. Бо сарвари Давлати Шӯравӣ В.И. Ленин вохӯрд. Аз он ҷо октябри соли 1921 ба Бухоро омад. Сарварони ҷумҳурии Бухоро ӯро хуш қабул карданд. Анварпошо онҳоро бовар кунонид, ки барои ором намудани вазъи Бухорои Шарқӣ кӯмак хоҳад кард. Албатта аз мақсади асосии ин иғвогар на ҳамаи аъзоён ва сарварони ҳукумати Бухоро хабардор буданд. Аз эҳтимол дур нест, ки сарварони бонуфузи ҶХШ Бухоро: раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳо -Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, нозири маъмурияти милитсия, полковники турк Алӣ Ризо ва дигарон аз нақшаҳои ӯ ба хубӣ хабар доштанд. Бинобар ин ба вай як даста саворагони мусаллаҳи содиқро дода, ба Бухорои Шарқӣ гусел карданд. Анварпошо ба Бухорои Шарқӣ бо ҳамроҳии афсарони собиқи султонии Туркия: Ҳоҷӣ Салимбек (Салимпошо), Бартинли Муҳиддин, Нафтибек, Халилбек, нозири ҳарбии вилояти Шеробод Ҳасан афандӣ, сардори милитсияи Тирмиз Усмон афандӣ ва дигар туркон пайдо шуд. 112 Амир Олимхон Анварпошоро сарфармондеҳи «лашкари ислом» таъин намуд.
Аввали моҳи декабри соли 1921 дар Кӯктош, дар қароргоҳи Иброҳимбек, бо иштироки худи ӯ, бо ташаббуси Анварпошо ҷамъомади сарварони дастаҳои зиддишӯравӣ барпо гардид. Дар он намояндагони Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев — Алӣ Ризо ва Дониёр ҳам, ки гӯё барои «ғун кардани» озуқаворӣ ва ему хошок омада буданд, ширкат доштанд. Дар ҳамин ҷамъомад нақшаи забти Душанбе кашида шуд.
9 декабри соли 1921, соати 19, дар Душанбе, бо ташаббуси У. Пӯлодхоҷаев, гӯё ба шарафи комиссари ҳарбии гарнизони Душанбе Марозенко ва гусели консули генералии Русия дар Бухорои Шарқӣ Нагорный «зиёфате» барпо гардид. Дар он муовини комиссари ҳарбӣ Мухин низ иштирок дошт. Соҳибони зиёфат У. Пӯлодхоҷаев, Алӣ Ризо, Дониёр ва дигарон нимишабӣ «меҳмонони» худ Марозенко, Мухин ва Нагорныйро беяроқ ва ҳабс намуданд, инчунин ба беяроқкунии баталиони сеюми полки ҳафтум сар карданд. Баталиони дуюм аз ин хиёнаткориҳо воқиф гардида муқобилият нишон дод. Дар натиҷа, 10 декабр дар Душанбе ҷанги сахт ба амал омад. Баталиони дуюм дар баробари бартараф намудани ҳуҷуми 800 нафараи саворагони сӯиқасдчӣ, инчунин ҳабсшудагонро озод намуда, яроқҳои баталиони сеюмро баргардонид. Миқдори аскарони сурхи гарнизон тақрибан 600-700 нафар буд. Бо ташаббуси Анварпошо барои забти Душанбе қувваи иловагӣ фиристода шуд. Ҷанг се шабонарӯз давом кард. Ниҳоят қувваҳои зиддишӯравӣ аз забти Душанбе умедашонро канда, ба қафо гаштанд. Баъди ин воқеа У. Пӯлодхоҷаев, Алӣ Ризо ва Дониёр ба кӯҳҳои Боботоғ пинҳон шуданд. Онҳо дар натиҷаи бархӯрдан бо дигар гурӯҳҳои зиддишӯравӣ бойигарии худро талаф дода, пароканда гардиданд. У. Пӯлодхоҷаев ва Алӣ Ризо ба Афғонистон гурехтанд. Дониёр бошад, 70 нафар милитсионерони содиқашро гирифта, худро бек эълон карда, ба сӯйи Санггардак ҳаракат кард ва минбаъд муборизаро ба муқобили тартиботи нав давом дод.
Баъди барбод рафтани сӯиқасди У. Пӯлодхоҷаев ҳам вазъи Душанбе беҳтар нагардид. Баръакс дар атрофи он аз ҳар сӯ гурӯҳҳои зиёд ҷамъ омаданд, ки ниҳоят миқдори онҳо то ба 10 ҳазор нафар расид. Дар натиҷа Душанбе аз тарафи ин қувваҳо ба муҳосира гирифтор шуд, ки он ду моҳ давом кард.
Комиссари ҳарбии гарнизони Душанбе Марозенко ва консули генералии Русия Нагорный вазъиятро ба инобат гирифта, бо Иброҳимбек роҳи музокираро пеш гирифтанд, ки он соли 1921 дар нимаи дуюми моҳи декабр 12 рӯз давом кард. 26 декабр худи Нагорный ҳам ба Кӯктош рафта бо Иброҳимбек вохӯрд. Талаби ягонаи Иброҳимбек — «аз Бухорои Шарқӣ тамоман баровардани қисмҳои аскарони сурх буд.» Баъзе аз муқобилони тартиботи нав инчунин рӯйрост чун мақсади худ — «аз нав барқарор намудани тартиботи амирӣ»-ро изҳор мекарданд. Вале ин ҳама гуфтушунидҳо натиҷа надоданд. 1 январи соли 1922 Иброҳимбек ба муқобили Ҳукумати Шӯравӣ ҷанг эълон кард.

Ташкил намудани комиссияи фавқулоддаи диктаторӣ (Диккомиссия)

2 январи соли 1922 дар маҷлиси якҷояи КМ ҲК Бухоро, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Шӯрои Нозирони ҷумҳурии Бухоро бо сабаби душвор гардидани вазъияти ҳарбию сиёсӣ дар Бухорои Шарқӣ, махсус барои ин гӯшаи ҷумҳурӣ, Комиссияи фавқулоддаи диктатории Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶХШ Бухоро (Диккомиссия) ташкил карда шуд. Ба он Носир Ҳакимов (раис), Олимҷон Оқчурин, Аҳмад Комилов, Рашид Боймуродов ва Ҳоҷӣ Зайнулло Зикриёев дохил шуданд. Ба комиссия супориш дода шуд, ки аз 10 январ дер намонда ба Душанбе равад. 8 январ садорати (Президиуми) Кумитаи Иҷроияи Марказӣ тартиби кори комиссияро тасдиқ намуд.
5 июни соли 1922 дар тамоми вилоятҳои Бухорои Шарқӣ Шӯрои ҳарбии инқилобӣ (Реввоенсовет) ташкил карда шуд, ки он мебоист тамоми сарварони ҳарбӣ ва шаҳрвандиро муттаҳид намуда, органҳои ҳокимияти маҳаллиро мустаҳкам менамуд. Ин шӯроҳо дар як вақт бо диккомиссия амал мекарданд.
Фаъолияти диккомиссия сарзамини вилоятҳои Шеробод, Ҳисор, Ғарм ва Кӯлобро дар бар мегирифт. Дар ҳудуди ин вилоятҳо тамоми ҳокимияти сиёсӣ, ҳарбӣ ва судӣ ба ихтиёри диккомиссия гузашт. Диккомиссия фаъолияти худро муваққатан дар ҳудуди вилоятҳои Қаршӣ, Шаҳрисабз ва Каркӣ низ паҳн карда буд. Вале дар ин вилоятҳо диккомиссия дар доираи Конститутсияи ҶХШ Бухоро амал карда, мебоист ҳар чӣ зудтар тартиботи давлатиро барқарор мекарданд.
Дар назди комиссияи диктаторӣ шӯрои иқтисодӣ (ё худ машварати иқтисодӣ), шӯъбаҳои назорати давлатӣ, адлия, замину об, сохтмон, ташкилотҳои табобатӣ, маорифи халқ, трибунали ҳарбии инқилобӣ, маъмурияти муҳофизат, маъмурияти нақлиёт, комиссариати фавқулоддаи молиявӣ ва комиссияи андоз вуҷуд дошт.
Комиссияи диктаторӣ ба муддати нисбатан муайяни кӯтоҳ, то 31 марти соли 1922 ташкил карда шуда буд. Он бо мақсади: аз як тараф мубориза бурдан ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ва аз тарафи дигар ба низом даровардани вазъи иқтисодию сиёсии Бухорои Шарқӣ бунёд гардид. Вале бо сабаби дар ҳудуди Бухорои Шарқ тӯл кашидани ҳаракати зиддишӯравӣ комиссияи номбурда ба «Комиссияи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ» табдил ёфт ва фаъолияти худро то тобистони соли 1924 давом дод. Чунин комиссия дар дигар нуқтаҳои ҷумҳурии Бухоро, аз ҷумла дар қисми марказии (ғарбии) он ҳам, бо мақсади мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ташкил карда шуд. Бо сабаби мураккаб шудани вазъият дар вилоятҳои Шаҳрисабз ва Каркӣ, алоҳида аз «Комиссияи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ», бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои ҶХШ Бухоро «комиссияи диктатории вилоятҳои Шаҳрисабз ва Каркӣ» бунёд гардид.
Бо ташаббуси Комиссияи диктаторӣ оид ба корҳои Бухорои Шарқӣ дар он маҳалҳое, ки аз дасти қувваҳои зиддишӯравӣ гирифта мешуд, кумитаҳoи инқилобӣ аз сари нав барқарор мегардид. Дар натиҷа дар вилоятҳо, туманҳо ва кентҳо чунин кумитаҳо бори дигар ташкил меёфтанд. Ҳайъати кумитаҳoи инқилобӣ аз се нафар иборат буд. Аз ин ҳисоб дар кумитаи инқилобии вилоятӣ як нафар ва дар кумитаи инқилобии туманию кентӣ дунафарӣ аз тарафи худи халқ интихоб карда мешуд, боқимонда таъин мегардиданд.
Комиссияи диктаторӣ дар роҳи мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ ва бунёду мустаҳкамии ҷамъияти нав, дар баробари корҳои мусбат ба ташкилоти ҷазодиҳӣ табдил ёфта буд.
Зеро, аз тарафи ин ташкилот мардуми зиёд, аксар бегуноҳ, қурбони беадолатиҳои замон гардиданд.

Боз ҳам қувват гирифтани ҳаракати зиддишӯравӣ дар ҶХШ Бухоро

Аввали соли 1922 ҳаракати зиддишӯравӣ қариб тамоми ҳудуди Бухорои Шарқиро фаро гирифта буд. Масъулони қисмҳои аскарони сурх чунин вазъиятро таҳлил намуда, онро ҳамчун шӯриши халқӣ ҳисобида, 14 феврал қисмҳои худро аз Душанбе бароварданд. 22 феврал ин қисмҳо дар Бойсун бо дигар қисмҳои аскарони сурх муттаҳид гардиданд. Душанбе бошад ба ихтиёри дастаҳои Иброҳимбек гузашт.
Хабари аз Душанбе бароварда шудани қисмҳои аскарони сурх бо зудӣ дар тамоми ҳудуди ҶХШ Бухоро паҳн гардид ва боиси боз ҳам пурзӯр шудани ҳаракати зиддишӯравӣ дар ноҳияю вилоятҳои дигар шуд. Аз ҷумла Мулло Абдуқаҳҳор ва Аъзамхоҷа, ки дар атрофи худ зиёда аз 4 ҳазор нафар муборизони зиддишӯравии ноҳияҳои Ғиждувону Вобканд, Галаосиёю атрофи шаҳри Бухорои Кӯҳнаро ҷамъ намудаанд, аввали моҳи марти соли 1922 маркази худи ҷумҳурӣ — шаҳри Бухорои Кӯҳнаро таҳдид мекарданд.
8 марти соли 1922 барои шаҳри Бухорои Кӯҳна рӯзи вазнинтаре буд. Шаҳрро қисмҳои Аъзамхоҷа ва Мухшо Абдуқаҳҳор пурра ба муҳосира гирифтанд. Дар чунин лаҳзаи душвор сарвари дивизияи савораи аскарони сурхи Бухоро, собиқ афсари турк Иброҳим афандӣ ҳам рӯйрост ба тарафи муқобил гузашт. Нозири ҳарбии ҶХШ Бухоро А. Орифов, ки он вақт дар Кармина буд ва ҷонишини ӯ, афсари турк — Талъатзода низ ба қувваҳои ақсулинқилобӣ ҳамроҳ гардиданд. Чунин хиёнаткориҳоро ба инобат гирифта ҳукумати ҷумҳурии Бухоро дар худи Бухорои Кӯҳна 25 нафар афсаронро, ки аксар баромадашон турк буд, бо кӯмаки қисмҳои аскарони сурх ба ҳабс гирифг.113
9 марти соли 1922 дар наздикии Вобканд ва Ғиждувон қисмҳои аскарони сурх отряди Ҷабборхоҷаро, ки яке аз қисмҳои фаъоли қӯшуни Мулло Абдуқаҳҳор ба ҳисоб мерафт, мағлуб намуданд. Ин воқеа каме бошад ҳам вазъияти шаҳри Бухорои Кӯҳнаро сабук намуд. Мулло Абдуқаҳҳор Нураторо ба қароргоҳи худ табдил дода, ба ҳуҷуми қатъӣ тайёрӣ медид. Чунин вазъиятро ба инобат гирифта 17 март ҳукумати ҷумҳурӣ дар туманҳои Бухоро ҳам комиссияи диктаторӣ ташкил намуд.114

Ҳуҷуми аскарони сурх ба муқобили Анварпошо ва маҳв намудани он

Сарварони Русияи Шӯравӣ ба хубӣ пай бурда буданд, ки таҳдиди Анварпошо, бо қӯшунҳои тахминан 20 ҳазорнафарааш, ки дар Бухорои Шарқӣ аллакаӣ ҷамъ карда буд, на танҳо барои мавҷудияти тартиботи шӯравӣ дар Бухоро, балки барои тамоми сарзамини Осиёи Миёна хатари ҷиддӣ дорад. Анварпошо низ мақсади худро пинҳон намедошт. 19 майи соли 1922 вай аз Ҳукумати Шӯравии Русия бо таҳдид талаб кард, ки дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Бухоро, Туркистон ва Хоразм давлати монархиявии исломии ташкилкардаистодаи ӯро ба расмият шиносад ва дар мӯҳлати 15 рӯз қисмҳои аскарони сурхро аз ин сарзамин барорад. Ин талабҳо дар таърих бо номи «таҳдидномаи Анварпошо» маълум аст.
Барои Ҳукумати Шӯравии Русия ва ҳизби коммунистии он мағлуб кардани Анварпошо аз вазифаҳои муҳимтарин гардид. Бо қарори КМ Ҳизби Коммунистии (болшевикии) Русия, арбоби намоёни ҳизбӣ Г.К. Орҷоникидзе ва бо қарори ҳукумат сарфармондеҳи қувваҳои ҳарбии Русия С.С. Каменев ба Бухоро фиристода шуданд. Ба эътирозу муқобилияти вазири ҳарбии Русия Тротскиӣ нигоҳ накарда, аз фронти Кавказ ва дигар фронтҳо қисмҳои аскарони савораро ба Осиёи Миёна фиристоданд. Аксари ин қисмҳо барои ҷанг ба муқобили қӯшунҳои Анварпошо сафарбар гардиданд. Роҳбарии умумии мубориза ба муқобили қӯшунҳои Анварпошо ба ӯҳдаи С.С. Каменев гузошта шуд. Қисмҳои аскарони сурхро, ки бевосита ба ин амалиёт сафарбар гардиданд «гурӯҳи аскарони Бухоро» ё худ «фронти Бухоро» номиданд ва фармондеҳии он ба ӯҳдаи Н.Е. Какурин афтод.
Пеш аз ҳуҷуми қатъӣ ба муқобили қувваҳои асосии Анварпошо сарварони қисмҳои аскарони сурх зарур шумориданд, ки гурӯҳҳои алоҳидаи қувваҳои зиддишӯравиро мағлуб намоянд. Аз ҷумла моҳи майи соли 1922 дар наздикии Бойсун қисмҳои Иброҳимбек, ки аз 1900 нафар ҷанговар иборат буд, мағлуб ва бемадор карда шуд. Иброҳимбек дар ин мулк якчанд муддат фаъолияти худро пурзӯр карда натавонист. То ин лаҳза дар ин самт қувваҳои зиддишӯравӣ бо сарварии Хуррамбек амал мекарданд ва онҳо ба ҳайъати қувваҳои Иброҳимбек дохил шуда буданд. 28 май бошад, қисмҳои аскарони сурх дар Нурато базаи асосии Мулло Абдуқаҳҳорро маҳв намуданд ва худи ӯ бо гурӯҳи ба худ содиқ гурехт. Акнун ҳуҷуми навбатӣ бевосита ба муқобили Анварпошо нигаронида шуда буд.
15 июни соли 1922 ҳуҷуми васеи қисмҳои аскарони сурх ба муқобили Анварпошо сар шуд. Онҳо ба қанотҳо тақсим гардида — қаноти чап бо сардории А.Я. Мелкумов аз Бойсун ба сӯйи Деҳнав, Ҳисор, Душанбе, Кофарниҳон, Файзобод ва қаноти рост, бо сардории Богданов, аз секунҷаи Шеробод-Кокайти-Тирмиз ба сӯйи Қубодиён, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Балҷувон ҳаракат карданд. Дар худи ҳамон рӯз дар маҳали Бойсун-Работ бо қисмҳои Анварпошо ҷанги сахт ба амал омад. Дар ин ҷанг Анварпошо на танҳо талафоти зиёд дод, ҳатто посбонони шахсии вай ба қисмҳои аскарони сурх асир афтоданд. Қисмҳои боқимондаи Анварпошо роҳи гурезро пеш гирифтанд. Қисмҳои аскарони сурх аз қафои аскарони гурезаи Анварпошо дунболагир шуданд. Онҳо дар натиҷаи ҷангҳои шадид 18 июн Деҳнав ва Юрчӣ, 30 июн — Регар, 1 июл — Қаротоғ, 2 июл — Ҳисор, 14 июл — Душанберо аз сари нав ба даст дароварданд.
Баъди шикастхӯрӣ дар ҷанги шадиди назди Душанбе дастаҳои Анварпошо ба ҳар сӯ пароканда гардиданд. Аз ҷумла дастаи Мастчоҳ бо сардории Раҳмондодхоҳ ба қаторкӯҳҳои Ҳисор, дастаи Қаротегину Дарвоз бо сардории Фузайл Махсум ва Эшони Султон ба сӯйи Янгибозор (Ваҳдат), қисмҳои ба худи Анварпошо содиқ ба воситаи Кӯктош ба водии Лақай гурехтанд. Дар ин лаҳза, қисмҳои дигари аскарони сурх (қаноти рост) 3 июл — Ҷилликӯл, 4 июл — Қӯрғонтеппа ва 17 июл — Кӯлобро гирифта, гузаргоҳи дарёи Панҷро аз Чубек то Баҳорак ишғол намуданд. Дар натиҷа пеши роҳи Анварпошо, барои ба Афғонистон гурехтан, баста шуд. Анварпошо аз ин воқеа огоҳ гардида, аз Қӯрғонтеппа ба сӯйи Сангтӯда ҳаракат кард. Бо ҳамроҳии ӯ дастаи Балҷувон, бо сарварии Давлатманбий низ буд. Дар назди деҳаи Сангтӯда ҷанги сахтарине ба амал омад. Анварпошо шикаст хӯрда ба сӯйи Балҷувон гурехт. 17-20 июли соли 1922 дар Балҷувон ҷанги шадиде рӯй дод. Анварпошо, тақрибан бо 500 нафар аскарони содиқаш ба сӯйи деҳаи Обдара ақиб гашт. 4 август дар наздикии ин деҳа бо Анварпошо ҷанги шадиди охирин ба амал омад. Дар ҳамин ҷанг вай 5 маротиба захмин гардида, ҳалок шуд.
Инчунин дар ин муҳориба Дониёрбек ва Давлатманбий ҳам сахт ярадор гардиданд. Бо ҳамин ҷанг «иғвои Анварпошо» барояш ба тарзи фоҷиавӣ анҷом ёфт.

Пастшавии ҳаракати зиддишӯравӣ. Барбод рафтани иғвои Салимпошо ва шикасти Фузайл Махсум

Давраи иғвои Анварпошо (ноябри соли 1921-августи соли 1922) нуқтаи баландтарини ҳаракати зиддишӯравӣ дар сарзамини ҷумҳурии Бухоро, махсусан Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб меравад. Баъди маҳви Анварпошо, албатта ин ҳаракат анҷом наёфт, вале рӯ ба пастравӣ ниҳод. Рӯз аз рӯз сарварони он дастаҳо эътибори худро дар баӣни мардуми оддӣ аз даст медоданд. Баръакс, тартиботи нав, дар натиҷаи чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла афви умумӣ, муддате қатъ гардидани ситонидани андозҳо, тақсим кардани замин, ба деҳқонон додани қарзи ҳасана, тухмӣ ва ғайра соҳиби эътибор мегардид.
Баъзе арбобони шӯравӣ хатогиҳои нисбат ба дин ва урфу одати мардум содиркардаи аскарони сурхро ислоҳ карданӣ шуданд. Аз ҷумла раиси нави Комиссияи диктаторӣ Ҳоҷӣ Мирбобо Мирмуҳсинов бо фармони худ аз 10 августи соли 1922 кумитаҳoи инқилобии Бухорои Шарқиро вазифадор намуд, ки масҷидҳоро аз ҳисоби маблағи давлатӣ таъмир ва обод кунанд.
Вале дастаҳои зиддишӯравӣ дар сарзамини Бухорои Шарқӣ ҳанӯз пурра маҳв нашуда, балки аксарашон пароканда гардида буданд. Инак, августи соли 1922, бо мақсади муттаҳид нигоҳ доштани қувваҳои Анварпошо, амир Олимхон дар шаҳри Кобул машварате гузаронида, иғвогари дигар, афсари дигари турк Ҳоҷӣ Салимбоӣро, ки бо номи «Салимбек» ҳам маълум аст, вориси Анварпошо эълон намуда, ба сӯйи Бухоро фиристод. Дар ин лаҳза низ қувваи нисбатан хавфноки зиддишӯравӣ, гурӯҳҳои Иброҳимбек ба ҳисоб мерафт, ки дар Лақай ҷойгир буданд.
Тирамоҳи соли 1922 Салимпошо аз дарёи Панҷ гузашта бе муқобилият ба Қалъаи Хумб дохил шуд. Ӯ аз он ҷо бо кӯмаки Эшони Султон ба Ғарм, ба назди Фузайл Махсум омад. Дар ин ҷо вай аз муборизаи баӣни Эшони Султон ва Фузайл Махсум барои ҳокимият воқиф гардида, онро ба фоидаи худ истифода бурд. Фузайл Махсум бо дастгирии Салимпошо Эшони Султонро шикаст дода, ӯро бо ҳамроҳии бародараш Эшони Сулаймон ба дор кашонд, Кӯри Шерматро низ, ки он ҷо буд, шикаст дод. Вале Кӯри Шермат аз чанголи Фузайл Махсум халос хӯрда, ба водии Олой гурехт. Баъд аз ин Фузайл Махсум тамоми қувваҳои зиддишӯравии Дарвозу Қаротегинро ба итоаташ дароварда, худро амир эълон кард. Вай Салимпошоро ба ивази дастгирӣ ва кӯмакаш ҳамчун вориси Анварпошо эътироф кард. Салимпошо моҳи декабри соли 1922 бо ҳамроҳии бародари Фузайл Махсум ва отряди 500-600 нафара ба Кӯлоб омада, баъди муҳорибаи шадид шаҳрро ба даст даровард. Вале қисмҳои аскарони сурх бо зудӣ Кӯлобро аз Салимпошо баргардонида гирифтанд. Баъди чунин нобарорӣ Салимпошо ба водии Ҳисор рафт. Феврали соли 1923 вай ба соҳили рости дарёи Вахш гузашта, деҳаи Шӯрёнбошро маркази худ қарор дод. Дар он ҷо бо сарварони отрядҳои гуногуни зиддишӯравӣ вохӯрда, ба онҳо супориш дода, худ бо қӯшунҳои тахминан 4 ҳазорнафара ба сӯйи Ғузору Қаршӣ ҳаракат кард. Иброҳимбек, ки нисбат ба Салимпошо ҳам чандон содиқ набуд, бо қӯшунҳои 2 ҳазорнафарааш дар Бухорои Шарқӣ монд.
Иғвогари нав — Салимпошо ният дошт, ки бо ҳаракат ба сӯйи Ғузору Қаршӣ на танҳо қувваҳои зиддишӯравии Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ), балки мардуми тамоми ҷумҳурии Туркистонро низ ба муқобили тартиботи нав бархезонад. Вале дар наздикии Қаршӣ, дар деҳаи Тошлик дастаҳои Турдитӯқсабо, ки барои ҳамроҳшавӣ бо отряди Салимпошо мешитофтанд, торумор карда шуданд. 13 марти соли 1923 қисмҳои асосии қӯшунҳои Салимпошо дар секунҷаи Болдур-Ғузор — истгоҳи роҳи оҳани Тангиҳарам иҳота ва маҳв гардиданд. Баъди ин муҳориба Салимпошо бо отряди начандон зиёд ба кӯҳҳои Ҳисор гурехт. Акнун зиддияти баӣни Салимпошо ва Иброҳимбек хеле боло гирифта буд. Иброҳимбек ба Салимпошо на танҳо итоат карданро намехост, балки аз Салимпошо талаб мекард, ки ба ӯ итоат кунад. Чунин рақобат боиси парокандагии дастаҳои ҷудогонаи онҳо ва маҳвашон аз тарафи қисмҳои аскарони сурх гардид. Баъди ин ҳама ноумедиҳо Салимпошо, бо отряди ба худ содиқ 15 июли соли 1923 аз дарёи Панҷ гузашта, ба Афғонистон гурехт. Бо ҳамин иғвои Салимпошо хам бенатиҷа анҷом ёфт.
Тобистони соли 1923 қисмҳои асосии аскарони сурх барои маҳви қӯшунҳои Фузайл Махсум нигаронида шуданд. Ҳалли ин масъаларо маҳви қувваҳои зиддишӯравии Мастчоҳ осон гардонид. Зеро, ба муқобили қувваҳои Фузайл Махсум ҳам аз болои Мастчоҳ (отряди эъзомияи Самарқанд, бо сарварии Е.Н. Шветсов) ва ҳам аз тарафи Оби Гарм (отряди эъзомия бо сарварии Баранов) ҳуҷум карданд. Қисмҳои Баранов моҳи июл Оби Гармро ишғол карданд. Ба муқобили дастаҳои Фузайл Махсум дар деҳаҳои водии Қаротегин қисмҳои Шветсов ва Баранов ҷангҳои шадид бурданд. Фузайл Махсум ба сӯйи Дарвоз ақиб гашт. Миёнаи моҳи август дар Дарвоз ҳам ба ӯ шикаст доданд. Фузайл Махсум бошад аз дарёи Панҷ гузашта, ба Афғонистон гурехт. Иттифоқчии вай, собиқ беки Дарвоз Диловаршо дар ҷанг ҳалок гардид. Ниҳоят дар водии Қаротегин ва Дарвоз Ҳокимияти Шӯравӣ аз сари нав барқарор карда шуд.

Гузариш ба ҳаёти осойишта

Баробари маҳви иғвои Салимпошо вазъи нисбатан солими ба амал омада имконият дод, ки дар Бухорои Шарқӣ низ дар худи ҳамон соли 1923 оҳиста-оҳиста аз вазъи ҳарбӣ ба ҳаёти осойишта гузаранд. Ҳанӯз охири он сол Комиссияи диктаторӣ «Низомномаро оиди Кумитаҳoи иҷроияи (кумитаҳо инқилобии) вилоятҳо» тасдиқ намуд. Мувофиқи он дар Бухорои Шарқӣ ҳам сохтмони ҷамъияти нав дар асоси принсипҳои ягона бо ҷумҳурии Бухоро мегузашт. Дар худи он сол дар аксари туман ва вилоятҳои ин кишвар аввалин интихоботи намояндагӣ гузаронида шуд. Аммо иштироки мардум дар он хеле суст буд. Шахсони ба анҷуманҳои туманӣ ва вилоятӣ интихобшуда аксар аз ҷумлаи рӯҳониён, заминдорони калон, амалдорони хурди амирӣ буданд, ки чунин натиҷа ба табъи мутасаддиёни тартиботи нав нафорид. Бинобар ин соли 1924 дар Бухорои Шарқӣ интихоботи дуюми маҳаллӣ гузаронида шуд. Ин ҳама натиҷаи оромии ба даст даромада ба ҳисоб мерафт.
Маҳз мӯътадил гардидани вазъият дар Бухорои Шарқӣ имконият дод, ки минбаъд аз баъзе ташкилотҳои ҷазодиҳӣ даст кашанд. Аз ҷумла 15 апрели соли 1924 бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия қарор қабул кард, ки «фавран сегонаи ҷазодиҳӣ, ки дар Бухорои Шарқӣ амал мекунад, барҳам дода шавад». Баъди он 28 май Кумитаи Иҷроияи Марказии Умумибухороӣ бо қарори худ Комиссияи фавқулоддаи диктаториро дар Бухорои Шарқӣ барҳам дода, ба ҷойи он Кумитаи Иҷроияро оид ба Бухорои Шарқӣ ташкил намуд. 7 июли соли 1924 Комиссияи диктаторӣ қатъ гардидани фаъолияти худро эълон кард. Маҳз ҳамин орган бо роҳҳои ташвиқотӣ, ҳарбӣ ва ҷазодиҳӣ Ҳокимияти Шӯравиро дар Бухоро Шарқӣ пойдор намуд.
Августи соли 1924, яъне баъди ба итмом расидани маъракаи интихоботии шӯроҳои маҳаллӣ, анҷумани Шӯроҳои маҳаллӣ, анҷумани шӯроҳои кентӣ, туманӣ ва вилоятӣ барпо гардид. Аз 1 то 5 сентябри он сол дар Душанбе анҷумани якуми Шӯроҳои намояндагии халқии Бухорои Шарқӣ барпо гардид, ки он масъалаҳои: мубориза ба муқобили босмачигарӣ; шӯравӣ гардонидани мамлакат; аз нав барқарор кардани хоҷагии халқ; инкишофи маорифи халқ ва ғайраҳоро дид. Анҷуман Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои намояндагии халқии Бухорои Шарқӣ ва намояндагонро ба анҷумани V Умумибухороии Шӯроҳо интихоб кард.
Ҳамин тарз дар Бухорои Шарқӣ низ тартиботи нав-шӯравӣ барпо гардид ва он структураҳои фарқкунавдаи идоракунӣ, ки бо оғози иғвои Анварпошо дар ин мулк ба вуҷуд оварда шуд, оҳиста- оҳиста аз байн рафтанд ва Бухорои Шарқӣ, аз ҷиҳати маъмурӣ ба сохтори ягонаи идоракунии ҷумҳурии Бухоро ворид шуд.
Умуман дар таърихи дунимҳазорсолаи Бухоро давраи бо номи Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ вуҷуд доштан ва маркази ҷумҳурӣ будани ин шаҳри бостонӣ давраи хеле муҳим, мураккаб ва фоҷиавӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, таърихи ин давр дар қатори саҳифаҳои қаҳрамонии мубориза баҳри беҳбудии зиндагии мардуми он, боз аз авроқҳои хунин низ саршор аст. Мардуми сарзамини Бухоро ба ҳаёти осойиштаи замони нав акнун каме одат карда буд, ки дар ин мулк низ тақсимоти ҳудуди миллӣ гузаронида шуд.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!