Н. Ҳотамов. Таърихи халқи тоҷик. Боби 1


БОБИ I.
ҲАЁТИ ТОҶИКОН ДАР
ЗАМОНИ АЗ ТАРАФИ РУСИЯ
ЗАБТ ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА

§ 1. Вазъи мулкҳои Осиёи Миёна дар миёнаи асри XIX ва сабабҳои аз тарафи Русия забт шудани он

Вазъи мулкҳои Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус

Дар миёнаи асри XIX дар сарзамини Осиёи Миёна ба ғайр аз се давлатҳои мустақил — аморати Бухоро, хонигариҳои Қӯқанд ва Хева, боз як қатор мулкҳои ниммустақил, ба монанди: Шаҳрисабз, Китоб, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра вуҷуд доштанд. Халқи тоҷик дар он давр дар ҳайъати аморати Бухорою хонигарии Кӯқанд ва мулкҳои ниммустақили номбаршуда, бо ҳамроҳии халқҳои ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз ва ғайра бародарвор зиндагӣ ба сар мебурданд ва талхию ширинии ҳаётро бо ҳам мечашиданд.
Дар аморати Бухоро аз соли 1753 қабилаи манғитҳои ӯзбек ҳукуматдорӣ мекард, ки онҳо ба чунин марҳамат ба шарофати шоҳи Эрон Нодиршоҳ мушарраф гардидаанд. Хонигарии Қӯқанд бошад ҳанӯз соли 1710 дар замони заифгардии давлати Аштархониҳо (Ҷониҳо) бунёд ёфт ва дар он низ қабилаи мингҳои ӯзбек салтанат меронд.
Аз байни ин ду хонадон албатта таърихи ба ҳокимият соҳиб шудани манғитҳо махсусан ҷолиби диққат аст, ки шарҳи мухтасараш чунин аст. Қабилаи манғит яке аз қабилаҳои муғулӣ буда, дар асри XIII аз Муғулистон ба Даштҳои Қипчоқ кӯчида, дар асрҳои ХШ-Х1У забони туркӣ-қипчоқиро қабул кардаанд. Дар асри XVI онҳо аз даштҳои Қипчоқ ба Мовароуннаҳр кӯшида омаданд1. Намояндагони ин қабила дар ҳайъати қӯшунҳои Чингизхон низ дохил мешуданд. Дар Мовароуннаҳр сарвари қабилаи манғитҳо Муҳаммад Ҳакимбий, ки дар хизмати хонҳои Аштархонӣ (Ҷониҳо) буд, дар замони ҳукмронии охирин намояндаи ин авлод — Абулфайзхон (1711- 1747) то ба унвони баландтарин — оталиқӣ расид.
Мувофиқи анъанаҳои ҳамон вақт, шахсе ки чунин унвонро дошт, бонуфузтарин шахс ба ҳисоб мерафт ва ҳатто худи хон маҳз маслиҳати ӯро мегирифт. Соли 1740 ҳангоми ҳуҷуми шоҳи Эрон Нодиршоҳ ба муқобили Аштархониҳо Абулфайзхон беқувватии худро эҳсос намуда, муқобилият накард ва барои гуфтушунид ба назди Нодиршоҳ намояндагии худро бо сарварии Муҳаммад Ҳакимбии оталиқи манғит фиристод. Муҳаммад Ҳакимбий ҳангоми гуфтушунид нисбат ба Абулфайзхон хиёнат карда, ба тарафи Нодиршоҳ гузашт. Баъди чунин воқеот Нодиршоҳ идоракунии Мовароуннаҳрро ба ихтиёри Муҳаммад Ҳакимбий супорид, вале Абулфайзхонро низ дар мансабаш нигоҳ дошт ва яке аз духтаронашро ба занӣ гирифт. Ҳамон вақт писари Муҳаммад Ҳакимбий — Муҳаммад Раҳимхон ва бародари Ҳакимбий — Дониёлбий ҳам ба хизмати Нодиршоҳ гузашта буданд. Муҳаммад Раҳимхон сарварии як қисми қӯшунҳои Нодиршоҳро ба ӯҳда дошт. Дониёлбий бошад ҳокими Кармана таъин гардид.
Нодиршоҳ соли 1747 дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ кушта шуд. Қариб дар ҳамон лаҳза Муҳаммад Раҳимхон Абулфайзхонро кушта духтари ӯро ба занӣ гирифт, вале ҷуръат накард, ки худро хон эълон кунад. Чуноне С. Айнӣ мегӯяд, бо мақсади рӯпӯш кардани ин ҷиноят Муҳаммад Раҳимхон сараввал писари Абулфайзхон -Абулмӯъминро хон эълон карда, ҳатто духтари худро ба никоҳи ӯ даровард. Вале дере нагузашта «Абулмӯъмини мазлумро ба чоҳи Чилдухтарон, ки дар дохили Арки Бухорост» партофта кушт. Пас аз ин фоҷиа «Убаӣдулло ном писари кӯчаки Абулфайзхонро номзади салтанат кард. Дар андак муддат ӯро низ аз миён бардошт…» яъне, кушт. Баъди қатли Абдулмӯъмин Муҳаммад Раҳимхон духтарашро ба никоҳи бародарзодааш даровард ва аз ӯ Фозилтӯра ном писар шуд. Баъди ҳамаи ин хунрезиҳо Муҳаммад Раҳимхон соли 1758, бо ибораи С. Айнӣ «ҳанӯз дар бистари ҳукмронӣ ҷо гарм накарда ба ҳангоме, ки аз саёҳати тумани Ғиждувон боз мегашт, дар аснои роҳ аз асп афтода гарданаш шикаста озими дорулҷазо гардид»1.
Пас аз марги Муҳаммад Раҳимхон ҳокимият насиби амакаш — Дониёлбий гашт. Аммо ӯ ҳам ҷуръат накард, ки худро хон эълон кунад. Вай «Фозилтӯраро, ки набераи духтарии Раҳимхон ва писари шашсола буд, ба номи хонӣ бардошта», худ ба унвони оталиқӣ қаноат кард. Вале зуд Фозилтӯраро ба сифати ҳоким ба Қаршӣ фиристода, «ба ҷойи ӯ Абулғозихон ном набераи духтарии Абулфайзхонро, ки дар тумани Хонфар деҳқонӣ мекард , оварда ба номи хонӣ бардошта, хутба ва сиккаро ба номи ӯ карда», худ бо унвони оталиқӣ амалан ҳокимиятро дар даст нигоҳ дошт2.
Соли 1785, баъди вафоти Дониёлбий, ҳокимият ба ихтиёри писараш Шоҳмурод гузашт. Шоҳмуроди ҷавон баҳри қонунӣ гардонидани мансаб ба зани бевамондаи амакаш — Муҳаммад Раҳимхон, духтари Абулфайзхони Аштархонии шаҳид хонадор шуд3.
Ба ибораи С. Айнӣ, Шоҳмурод, ки «дар ҳушу хирад ягонаи даврони худ ба шумор мерафт» ҳангоми издивоҷ бо духтари Абулфайзхони шаҳид — Шамсмоҳбону, гӯё се сифати ӯро ба эътибор гирифтааст. Сараввал, сайидӣ, яъне мансуб ба авлоди пайғамбар — Муҳаммад буданаш, баъд, пештар соҳиби тоҷу тахти Бухоро ба шумор рафтани падараш ва авлодаш ва ниҳоят, аз авлоди хонадони чингизӣ буданаш. Чуноне дар давом устод С. Айнӣ таъкид намудааст «ба сабаби ин издивоҷ ба воситаи нисбати сегонаи мазкура биттабъ ҳаққи подшоҳӣ ба авлоди амир Шоҳмурод гузашт. Ҳамин сабаб аст ки дар номҳои амирони манғитии Бухоро аз амир Ҳайдар эътиборан лафзи «сайид» ва «амир» илова гардид»1. Давлати Бухороро низ минбаъд «аморати Бухоро» меномиданд. Ҳамин тавр идоракунии авлоди манғитиҳо оғоз гардид, ки он то сарнагун намудани охирин намояндаи ин хонадон — амир Олимхон идома ёфт.
Давлатҳои мустақилу ниммустақили Осиёи Миёна дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус дар зинаи тараққиёти муносибатҳои феодалӣ буданд. Дар байни онҳо бештар душманӣ ҳукмфармо буд. Махсусан ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд боиси харобиҳои зиёди мулкҳои ҳар ду тараф гардидаанд. Аз ҷумла амири Бухоро Насрулло (1826 -1860) солҳои 1840 ва 1842 ба Қӯқанд ҳуҷум карда, ҳангоми ҳуҷуми дуюм шаҳрро як ҳафта дар ҳолати муҳосира нигоҳ дошт ва баъд ба аскарони худ тороҷи онро фармуд. Писари ӯ — амир Музаффархон (1860-1885) низ ба сӯйи Қӯқанд ду маротиба, солҳои 1862 ва 1865 ҳуҷум карда, ҳангоми ҳуҷуми аввала тамоми водии Фарғонаро зери по кард ва то Қошғар расид. Аз он ҷо вайро мардуми қабилаи қипчоқи ӯзбек зада гардониданд.
Бо сабаби ҷангҳои беохири байни аморати Бухорою хонигарии Қӯқанд, ҳар бор мардуми Ӯротеппаю Хуҷанд, Нову Ҷиззах зарари зиёд медиданд. Танҳо дар зарфи 65 соли аввали асри XIX онҳо ба Ӯротеппа қариб 50 маротиба лашкар кашидаанд*. Дар он давр амирони Бухоро ва хонҳои Қӯқанд бо мақсади ба зери тасарруфи худ даровардани мулкҳои ниммустақил, ба муқобили онҳо борҳо теғ кашидаанд. «Чунончи, амир Насрулло дар муддати 20 сол танҳо ба муқобили Шаҳрисабз 32 маротиба ҳуҷум карда, ниҳоят соли 1856 онро ба зери дасти худ даровард ва тамоми ашхоси намоёни қабилаи кенагаси ӯзбекро, ки он ҷо ҳукмронӣ мекарданд, аз дами тег гузаронид. Баъди ин фоҷиа амир Насрулло дар Шаҳрисабз ва Китоб шахсони ба худ содиқро ҳоким таъин кард, вале баъди марги ӯ, аниқтараш дар соли дуюми ҳукмронии Музаффархон, мардуми қабилаи кенагаси Шаҳрисабз ва музофоти атрофи он боз исён бардоштанд. Онҳо ҳокимони таъинкардаи амирро ҳабс намуда, аз авлодони худ Ҳакимбекро ҳокими Шаҳрисабз ва Ҷӯрабекро ҳокими Китоб таъин карда, бори дигар аз итоати амир худро ба канор кашиданд. Ё худ ҳамон лаҳзае, ки қӯшунҳои рус ба хоки Осиёи Миёна зада даромаданд, амир Музаффархон ба муқобили ҳокимони ниммустақили Бухорои Шарқӣ, ба сӯйи Бойсун ва Деҳнав лашкар кашида, хуни бисёре резонд, ки оиди он баъдтар хоҳем истод.
Бояд қайд кард, ки дар арафаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус вазъияти хонии Қӯқанд хеле ногувор буд. Махсусан байни хонҳои Қӯқанд Худоёрхон (солҳои 1845-1858 ва 1862-1873) ва Маллахон (солҳои 1858-1862, яъне дар фосилаи гурехтани Худоёрхон) рақобати сахти мансабӣ мерафт ва ҳар кадоме мехост, ки амири Бухороро ба тарафи худ кашад. Амири Бухоро Музаффархон Худоёрхонро пуштибонӣ намуда, соли 1862 ба Қӯқанд ҳуҷум карда салтанати Худоёрхонро аз нав барқарор намуд.
Хулоса, дар арафа ва ҳатто лаҳзаи ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба Осиёи Миёна, дар ин сарзамин нооромӣ, ҷангу ҷидолҳо, иқтисодиёти қафомондаю харобгардида ҳукмрон буд. Вазнинии чунин вазъият бештар ба дӯши мардуми бечора меафтод. Онҳо зиндагии қашшоқона доштанд.

Сабабҳои асосии аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

Аз аввали солҳои 60-уми асри XIX ба мулкҳои Осиёи Миёна ҳуҷуми васеи қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ сар шуд, ки барои он сабабҳои зерин вуҷуд доштанд:
Якум, подшоҳони Русия дер боз, аниқтараш аз замони Пётри 1, ният доштанд, ки Осиёи Миёнаро ба зери тасарруфи худ дароранд. Зеро, онҳо барои абарқудратии империяи Русия, аз ҷануб, ба воситаи баҳри Араб ва уқёнуси Ҳинд ба роҳи мунтазами обӣ баромаданро зарур меҳисобиданд. Маҳз бо ҳамин мақсад соли 1717 Пётри 1 ба муқобили хонии Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбӣ, вале бебарор ташкил карда буд. Минбаъд Русия то миёнаи асри XIX, асосан бо сабабҳои мураккабии муносибаташ дар Ғарб, имконияти ғасби Осиёи Миёнаро надошт;
Дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ (19 феврали соли 1861) барои инкишофи муносибатҳои капиталистӣ имконияти васеъ кушода шуд. Дар он махсусан бофандагӣ тараққӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом — пахтаи америкоӣ буд. Вале бо сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ИМА (солҳои 1861-1865) барои Русия аз ин мулк низ овардани пахта мураккаб гардид. Дар натиҷа қисме аз фабрикаҳои бофандагии Русия аз набудани пахта амалиёти худро боздоштанд. Чунончи, агар соли 1860 дар Русия шумораи фабрикаҳои амалкунандаи бофандагӣ 57 (бо 659 дастгоҳ) бошад, пас соли 1863 он то ба 35 (бо 338 дастгоҳ) кам шуд1. Бинобар ҳамин ҳам ҳукуматдорони Русия, то ин ки норозигии саноатчиёнашон ба вуҷуд наояд, мехостанд Осиёи Миёнаро ба зери нуфузи худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне пахта табдил диҳанд;
Сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурӯшӣ зарур буд. Ин гуна бозорро онҳо дар қитъаи Европаи Ғарбӣ ба даст дароварда наметавонистанд. Аниқтараш маҳсулоти саноатии Русия дар бозори мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист. Аз ин рӯ ҳомиёни саноати бофандагӣ ният доштанд, ки ҳаршӣ зудтар Осиёи Миёнаро ба бозори фурӯши молҳои худ табдил диҳанд;
Чаҳорум, маълум аст, ки ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги Қрим (солҳои 1853-1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартҳои вазнини он (аз ҷумла барои бекор намудани беназоратии соҳилҳои шимолии баҳри Сиёҳ) дипломатияи рус, ҳарчанд ҷонбозиҳо кард, вале қувваи Русия, ки дар Ғарб хале заиф буд, он кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Бинобар ин, ҳукуматдорони Русия бо тавсияи ҳарбиён мехостанд, ки ба Шарқ, ба сарҳади Ҳиндустон — мустамликаи Англия, қувваҳои зиёди ҳарбии худро шамъ намуда, бо ин яке аз аъзоёни асосии иттиҳодияи зиддирусиягӣ, аниқтараш сарварӣ он — Англияро барои бекор кардани шартҳои вазнини сулҳи Париж моил гардонанд. Ба андешаи мо, маҳз ҳамин сабаб аввали солҳои 60- уми асри XIX ҳуҷуми васеи қӯшунҳои русро ба муқобили Осиёи Миёна тезонид;
Панҷум, ҳукумати подшоҳии Русия, ки бо шикаст хӯрдан дар ҷанги Қрим хело беобрӯ шуда, боиси коста шудани нуфузаш дар байни синфи ҳукмрони мамлакат гардида буд, ният дошт, бо ба зери тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна обрӯяшро ақаллан дар дохили мамлакати худ аз сари нав барқарор намояд.
Дар асоси ҳамин сабабҳо Русия барои забти Осиёи Миёна қӯшун кашид.

§ 2. Ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро

Таъсиси генерал- губернатории Туркистон

Кӯшишҳои ҷиддии ҳукумати Русия барои забти Осиёи Миёна аз охири солҳои 30 то миёнаи солҳои 50-уми асри XIX Зимистони соли 1839 Русия бо мақсади «танбеҳ» додани хонии Хева бар зидди он амалиёти ҳарбӣ сар кард. Ба қӯшуни 4 ҳазораи русҳо генерал-губернатори Оренбург В.А. Перовскиӣ сарварӣ намуд. Вале ин ҳуҷуми ҳарбӣ барор нагирифт. Сарбозони рус ба хунукии 30 дараҷаи биёбони Мангишлоқ тоб наоварда, ақибнишинӣ намуданд. 4 феврали соли 1840 вақте сарбозони рус аз шаҳри Оренбург баромада қариб 650 км роҳро тай намуданд, фармон расид, ки ҳаракатро сӯйи Хева қатъ намуда, ба қафо гарданд. Бо ҳамин иғвои ҳарбӣ, ки бо номи «ҳуҷуми Хевагӣ» шӯҳрат дошт, зимистони соли 1840 барбод рафт.
Ҳукумати подшоҳӣ охири солҳои 40 ва аввали 50-уми ҳамон аср ҳуҷуми ҳарбиро ба муқобили Осиёи Миёна нисбатан аз доираи васеъ сар карданӣ шуд. Дар он вақт аскарони рус барои ҳуҷум ба ин кишвар асосан дар ду самт: ҷануб (аз Оренбург) ва ҷанубу шарқ (аз Семипалатинск) омодагӣ медиданд.
Аз самти Оренбург қӯшунҳои рус соли 1847 ба соҳилҳои баҳри Арал расида, дар резишгоҳи дарёи Сир истеҳкоми Раим (ҳозира қалъаи Арал)-ро бино карданд. Дар натиҷа самти ҳарбии Оренбург то соҳили баҳри Арал давом дода шуд. Соли 1852 отряди 469 нафараи қӯшунҳои рус, бо ду тӯп, аз самти Оренбург, ба қалъаи Оқмачит (Қизилӯрдаи ҳозира), ки мулки хонигарии Қӯқанд буд, ҳуҷум карданд ва 72 нафарро талаф дода, қафо гаштанд. Соли 1853 генерал-губернатори Оренбург В.А. Перовскиӣ бо отряди 2- ҳазорнафара, бо 12 тӯп ва 5 мортира (тӯпи кӯтоҳмил) ба муқобили Оқмачит бори дуюм ҳуҷум кард. Он лаҳза Оқмачитро, ки нуқтаи муҳими стратегӣ ба ҳисоб мерафт, ҳамагӣ 250 нафар сарбозони қӯқандӣ муҳофизат мекарданд. Муҳосираи қалъа 22 рӯз давом кард. 28 июли соли 1853 қалъа аз тарафи қӯшунҳои рус забт карда шуд. Аз муҳофизони он танҳо 74 нафар зинда монданд, ки 35 нафари онҳо ҳам ярадор буданд1.
Қалъаи Оқмачит баъди забт аз тарафи қӯшунҳои рус ба қалъаи ҳарбии Перовскиӣ табдил дода шуд. Ба ғайр аз ин онҳо бо зудӣ дар соҳилҳои дарёи Сир панҷ истеҳкоми нави ҳарбӣ бунёд карданд. Дар натиҷа хати ҳарбии дарёи Сир (ё худ Сирдарё) ба вуҷуд омад, ки он ҳамчун идомаи хати ҳарбии Оренбург ба ҳисоб мерафт. Аз тарафи хони Қӯқанд бошад, минбаъд борҳо кӯшиши баргардонидани ин истеҳком карда шуд. Вале ҳамаи онҳо бебарор анҷомиданд.
Солҳои1850-1854 қисми дигари қӯшунҳои рус аз ҷанубу шарқ (аз Семипалатинск) ҳаракат карда, водии Залиӣро гирифтанд ва соли 1854 ба шаҳри Верныӣ (Алма Атои ҳозира) асос гузоштанд. Дар натиҷаи ин амалиёт аз Семипалатинск то ба Верныӣ хати дигари нави ҳарбӣ ба вуҷуд омад.
Вале минбаъд, бо сабабҳои авҷ гирифтани «бӯҳрони Шарқ», ки боиси саршавии ҷанги Қрим гардид, амалиёти ҷангӣ дар Осиёи Миёна аз тарафи ҳарбиёни Русия дар ҳар ду самт ҳам мавқуф гузошта шуд.

Оғози ҳуҷуми васеи забткоронаи қӯшунҳои рус дар ҳудуди Осиёи Миёна

Инак аввали солҳои 60 –уми асри Х1Х бо сабабҳои дар боло ишорашуда, қӯшунҳои Русия барои идомаи амалиёти ҷангӣ дар Осиёи Миёна, аз сари нав омода гардиданд. Қӯшунҳои самти Сибирӣ ба ҳуҷум гузашта, моҳи августи соли 1860 қалъаи Токмак ва 4 сентябр қалъаи Пишпек (Бишкеки ҳозира), соли 1861 Шулек ва Янги Қӯрғонро забт карданд. Соли 1861 генерал-губернатори нави Оренбург А.П. Безак таклиф ва лоиҳаи бо ҳам пайвастани хати ҳарбии дарёи Сир (Сирдарё) ва Сибириро пешниҳод кард, ки мувофиқи он шаҳрҳои Туркистон ва Тошканд бояд забт карда мешуд. Генерал-губернатори Сибири Ғарбӣ А.О. Дюгамел таклифи забти пурраи водии Зачуӣро гузошт. Вале ин таклифҳо аз тарафи мутасаддиёни молиявӣ дастгирӣ надид. Аз ҳамин сабаб ҳукумати подшоҳӣ ба ҳар ду генерал-губернатори номбурда иҷозат дод, ки яке, яъне А.П. Безак ба самти Туркистон ва дигаре — А.П. Дюгамел ба самти Пишпек ва Авлиё Ота (Ҷамбули ҳозира), фақат гӯё корҳои тадқиқотиро давом диҳанд. Ин пешниҳод барои амалдорони ҳарбӣ баҳри оғози амалиёти ҷангӣ кифоя буд.
Минбаъд қӯшунҳои барои забти Осиёи Миёна равоншуда аз самти Шарқ, бо сарварии генерал Веревкин ва аз самти Ғарб бо сарварии генерал М.Г. Черняев ҳаракат карда, бо ҳам наздик мешуданд. Моҳи маӣи соли 1864 аз тарафи Веревкин Авлиё Ота, 12 июн қалъаи Туркистон, 21 сентябр аз тарафи Черняев Чимкент ишғол карда шуд. Ҳар ду колоннаи ҳарбӣ дар Чимкент амалан бо ҳам пайвастанд. Дар натиҷа соли 1864 барои фатҳи Тошканд, ки мулки хонигарии Қӯқанд ба ҳисоб мерафт, қӯшунҳои зиёди подшоҳӣ ҷамъ шуданд.

Забти Тошканд

Диққати Черняевро махсусан Тошканд ба худ ҷалб карда буд. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо ҳукумати марказии Русия ба вай ҳуқуқи забти ҷангии Тошкандро надодаанд. Яъне онҳо умед мекарданд, ки ин шаҳр ихтиёран ба ҳаӣати Русия дохил мешавад. Аммо таъкид шуда буд, ки агар хавфи аз тарафи қӯшунҳои Бухоро забт намудани Тошканд ба вуҷуд ояд, он гоҳ ӯ ба сӯйи ин шаҳр лашкар кашад. Ҳамон вақт амири Бухоро — Музаффархон на Тошканд, балки Қӯқандро таҳдид мекард. Ин воқеа барои Черняев кифоя буд, ки ихтиёран ба сӯйи Тошканд ҳуҷум кунад. 1 октябри соли 1864 қӯшунҳои рус бо сарварии Черняев ба Тошканд аввалин бор ҳуҷум кард, вале бебарор ба Чимкент баргаштанд. Ин бебарорӣ ҳукуматдорони подшоҳиро водор сохт, ки барои фатҳи Тошканд ҷиддитар омода гарданд. 29 апрели соли 1865 Черняев ба сӯйи Тошканд бори дуюм ҳуҷум кард. У дар аввал дамбаи дарёи Чирчиқро вайрон карда, канали Анҳорро хушк намуд ва шаҳрро беоб гузошт. Ҷангҳои шадид ба вуҷуд омаданд. Фақат шаби аз 14 ба 15 июни соли 1865 ба Черняев муяссар гардид, ки ба шаҳр дарояд. Дар натиҷа ҷангҳои сахти кӯчагӣ оғоз ёфт, ки он се рӯз давом кард. Ниҳоят, 17 июн Тошканд аз тарафи Черняев забт карда шуд. Байни намояндагони шаҳр ва Черняев шартнома имзо гардид.
Моҳи сентябр, генерал-губернатори Оренбург ҳангоми дар Тошканд буданаш ин шаҳрро, бо мақсади аз нуфузи Қӯқанду Бухоро озод нигоҳ доштан, мулки мустақил эълон кард. Вале он вақт ҷангҳои байни Бухорою Қӯқанд (яъне бо муқобилони Худоёрхон) давом мекард. Амири Бухоро баъди забти Хуҷанд ба сӯйи шаҳри Қӯқанд ҳаракат кард. Инчунин ӯ аз сарварони қӯшунҳои рус талаб кард, ки Тошкандро ба ихтиёри ӯ супорида, худ аз шаҳр баромада раванд. Ҳукумати подшоҳӣ чунин таҳдиди Музаффархонро ба инобат нагирифта, моҳи октябри соли 1865 ба тарзи расмӣ ба ҳаӣати Русия дохил шудани Тошкандро эълон кард.

Нахустин муҳорибаҳои байни Русия ва Бухоро

Барои амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои рус дар пеши роҳи он истеҳкоми нисбатан мустаҳкам — Ҷиззах меистод, ки мулки Бухоро ба ҳисоб мерафт. Ин қалъаро ду қатор деворҳои баланд ва канали пуроб иҳота мекард. Муҳофизони қалъа хеле зиёд буданд. Ба ғайр аз ҷиззахиён, сарбозони истаравшанӣ, бо сарварии ҳокими худ — Аллаёр девонбегӣ; зоминӣ, бо сарварии ҳокими он — Ҷиянхоҷа тӯқсабо; сарбозони бухороӣ бо сарварии қушбегӣ Яъқуббек дар мудофиаи ин қалъа ҳузур доштанд. Сарварии умумии мудофиаи қалъаи Ҷиззахро Яъқуббек ба ӯҳда дошт. Аммо вазъият дар маркази аморати Бухоро — шаҳри Бухоро ҳам мураккаб буд. Хабари аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани Тошканд, мардумро ба ҳаракат даровард. Баъзе гурӯҳҳо амирро барои дар ҷангҳои муқобили Русия иштирок накарданаш на танҳо сарзаниши сахт, балки қасди ҷонашро карданд. Аз ҳамин сабаб, ӯ маҷбур шуд, ба ҷанги муқобили Русия омодагӣ бинад.
Дар Бухоро ба ҷанг омодагии амир ҳанӯз давом дошт. Вале охири январи соли 1866 як теъдоди нисбатан хурди қӯшунҳои рус бо сарварии генерал Черняев, ки иборат аз 14 ротаи пиёдагард ва 600 нафар казакҳои рус, бо 16 адад тӯпҳо буданд, ба Ҷиззах расиданд. Дар натиҷа, дар Ҷиззах ва атрофи он муҳорибаи сахттарини байни ҳимоятгарони қалъа ва қӯшунҳои Черняев ба амал омад. Каси бисёре кушта ва захмӣ гардиданд. Дар ин муҳориба махсусан муҳофизони қалъа бо сарварии Ҷиянхоҷа тӯқсабо мардонагӣ нишон доданд. Онҳо аз қалъа баромада, дар майдон бо сарбозони рус сахт ҷангидаанд. Чунин ҳолат генерал Черняевро ба гурехтан маҷбур намуд ва ҳангоми гурехтан ӯро то 8-10 ҳазор нафар муҳофизони қалъа таъқиб кардаанд5. Дар натиҷа ҷанги аввали Ҷиззах бо ғалабаи бухороиён, аниқтараш — ҷиззахиён ва бо мағлубияти Черняев анҷом ёфт. Ғалаба дар ҷанги якуми Ҷиззах бухороиёнро хеле рӯҳбаланд кард. Амир Музаффархон низ бо мақсади идомаи ғалаба, бо қувваи зиёд ба Ҷиззах ҳозир шуда, дар Сассиқкӯл ном маконе (соҳили чапи дарёи Сир) манзил гирифт. Аз ин ҷо як қисми сарбозони амир ба сӯйи Чирчиқ, қисми дигар ба сӯйи қалъаи Чордара фиристода шуданд. Сарварии умумии ин амалиётро Музаффархон ба ӯҳдаи худ гирифт. Вале вай ба ҷойи сарварӣ ва назорати омодагии амалиёти ҷангӣ дар ҳамон лаҳза ҳам бо базму шатранҷбозӣ банд буду, на танҳо ба ғалабааш боварии комил дошт, балки ҳатто дар фикри мусодираи хазинаи дар Петербург доштаи ҳукумати Русия ва роҳҳои минбаъда истифодаи «асирони» ҳарбии рус буд6.
Баъди шикастхӯрӣ дар Ҷиззах Черняев аз Осиёи Миёна даъват карда шуд ва ба ҷояш генерал Д.И. Романовскиӣ таъин гардид. Аз ин рӯ, минбаъд ӯ қӯшунҳои русро дар ҷангҳои муқобили сарбозони амири Бухоро ва хони Қӯқанд сарварӣ мекард. Вай нисбат ба амири Бухоро ба ҷанги навбатӣ аз ҳар ҷиҳат омода буд. 8 маӣи соли 1866 дар Маӣдаюлғун, ё худ Эрҷор (дар роҳи Ҷиззах ва Хуҷанд) байни қӯшунҳои русу бухороӣ ҷангҳои шадиде ба вуқӯъ омад ва он бо ғалабаи русҳою мағлубияти бухороиён анҷом ёфт. Амалан ин ҷанги нахустини байни қӯшунҳои Бухоро ва Русия ба ҳисоб меравад. Амир Музаффархон бо наздикон ва посбонони худ аз майдони ҷанг ба сӯйи Самарқанд гурехт.
А. Дониш манзараи шикастхӯрии сарбозони амир ва гурехтани худи Музаффархонро чунин тасвир намудааст: Сарбозони амир агарчанде худро «ғозиёни ислом» меномиданд, вале ҳанӯз пеш аз оғози ҷанг «ҳама мунтазири фирор буданд» ва бо шунидани овози тӯпҳои Русия «якбора фирори барқвор ихтиёр карданд». Вақте ба ҷаноби амир хабар оварданд, ки «аскар бевафоӣ карданду пушт доданд, амир низ саросема ба болои аспи қантарӣ ва зинхолие нишаста, фурсат наёфт, ки аммома бар сар кунад ё ҷома бипӯшад. Ҳамчунон аз сари шатранҷ бархеста болои зин (бар) нишаст ва асп меронд»

Забти Хуҷанд ва Ӯротеппа

Барои қӯшунҳои рус, баъди ғалаба дар муҳорибаи Маӣдаюлғун, роҳ ба сӯйи Хуҷанд кушода буд. Шаби аз 19 ба 20 майи соли 1866 онҳо ба шаҳри Хуҷанд наздик шуда, аз 18 тӯп ва 8 мортир (тӯпи кӯтоҳмил) шаҳрро тирборон карданд. Саҳарии 21 май муҳосираи шаҳр оғоз ёфт. Вале аз сабаби муқобилияти сахти муҳофизони шаҳр, аскарони рус ба шаҳр дохил шуда натавонистанд. Барои мудофиаи шаҳр на танҳо мардуми он — тоҷикон, балки атрофи он, дар қатори тоҷикон ӯзбекҳо низ мардонагӣ нишон доданд. Аскарони бағазабомадаи подшоҳӣ шаҳрро се шабонарӯз ба зери тӯппаронии мунтазам гирифтанд. 24 май қӯшунҳои рус ба шаҳри валангоргардида соҳиб шуданд. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо, аз ҳисоби муҳофизони шаҳри Хуҷанд фақат ҳалокшудагон ба 2,5 ҳазор нафар расидааст, ки маросими дафни ҷасади онҳо як ҳафта давом кардааст. Аз тарафи забткорон бошад ҳамагӣ 5 нафар ҳалок шуду халос. 28 май Нов аз ҷониби қӯшунҳои рус забт гардид.
Баъди муҳорибаи Маӣдаюлғуи ва забти Хуҷанду Нов сарфармондеҳи қӯшунҳои рус умед дошт, ки амири Бухоро аз ҷангҳои нав даст кашида, худро мағлуб меҳисобад. Аммо чунин умеди онҳо хом баромад. Музаффархон ба ҷангҳои нав омодагӣ медид. Ҳарбиёни рус аз ин воқиф гардида, тирамоҳи ҳамон сол амалиёти забткоронаи худро идома доданд. 1 октябр аз тарафи онҳо Ӯротеппа муҳосира гардид, ки онро 4 ҳазор нафар муҳофизат мекарданд. 2 октябр шаҳр аз тарафи забткорон ишғол карда шуд. Талафоти ҷонии муҳофизон хеле бузург буд.

Забти Ҷиззах

11 октябри соли 1866 аз тарафи Қӯшунҳои рус муҳосираи нави Ҷиззах оғоз ёфт. Ба онҳо дар ин муҳориба генерал- адъютант Н.А. Криёановскиӣ сарварӣ мекард. Ҷиззах он лаҳза аз ҳар ҷиҳат ба истеҳкоми мустаҳкам табдил ёфта буд. Илова ба ду қабат девори аввала, боз девори сеюм сохта шуд. Барои мустаҳкам намудани қалъа дар муддати ҳашт моҳ ҳазорҳо нафар мардуми тоҷику ӯзбек кор кардаанд. Ҳангоми ҷангҳо бошад шумораи муҳофизони қалъаи Ҷиззах 10 ҳазор нафарро ташкил додааст. Аз ҳамин сабаб ҳам барои забти ин қалъа 7 рӯз ҷангҳои шадид давом кард. Муҳофизон низ, ки асосан тоҷикону ӯзбекон буданд, матонату далерӣ нишон доданд.
Вале дар рафти ҷангҳои шадид қӯшунҳои рус пеши роҳи обро баста, бо ин муҳофизонро аз таъминоти об маҳрум намуданд. Чунин амал муҳофизонро дар ҳолати мураккабтарин гузошт. Ниҳоят, 18 октябр қалъаи вайрона, бо 2,5 ҳазор нафар қурбоншудагон ва маҷрӯҳони бисёр, насиби аскарони рус гардид1.
Баъди мағлубияти Ҷиззах қувваҳои зиёди зиддирусӣ дар Янгиқӯрғон ҷамъ шуда буданд, ки дар баӣни онҳо на танҳо сарбозони амир, балки отрядҳои собиқ бекҳои Ӯротеппа, Ҷиззах, дастаҳои туркманҳо, афғонҳо ва ғайра низ буданд. Бегуфтугӯ дар баӣни онҳо қисми асосиро сарбозони амири Бухоро ташкил медоданд. Вале дар муҳорибаи Янгиқӯрғон ҳам ғалаба насиби қӯшунҳои рус гардид, ки ба онҳо генерал А.К. Абрамов сарварӣ мекард.
Қӯшунҳои рус баъди забти Ҷиззах ва Янгиқӯрғон аз идомаи амалиёти ҷангӣ муваққатан худдорӣ намуда, ба муҳорибаҳои минбаъда омадагӣ медиданд. Ҳукумати подшоҳӣ бошад, дар ин муддат масъалаҳои идоракунии мулкҳои забтшударо ҳал намуд.

Ташкил намудани генерал—губернатории Туркистон

Аввали соли 1865 аз ҳисоби заминҳои аз хонигарии Қӯқанд ишғол кардаи қӯшунҳои рус вилояти Туркистон, дар ҳаӣати генерал-губернатории Оренбург, ташкил ёфт. Сарвари ин вилояти навбунёд генерал Черняев таъин гардид.
Соли 1867 ҳукуматдорони подшоҳӣ натиҷаи амалиётҳои ҷангии худро дар сарзамини Осиёи Миёна гӯё ҷамъбаст намуданд. Дар ин сол бо марказ дар Тошканд генерал-губернатории Туркистонро ташкил доданд, ки он заминҳои аз соли 1847 то он лаҳза аз мулкҳои хонигарии Қӯқанд ва аморати Бухоро забт намудаи қӯшунҳои русро дарбар мегирифт. Ҳамон лаҳза генерал-губернаторӣ аз ду вилоят: Сирдарё — бо марказ дар Тошканд ва Ҳафтрӯд — бо марказ дар Верныӣ иборат буд. Мувофиқи ин тақсимот мулкҳои Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа, Ҷиззах ва ғайра ба ҳайъати вилояти Сирдарё дохил шуданд7. Ҳудуди генерал-губернаторӣ ва микдори вилоятҳои он минбаъд аз ҳисоби мулкҳои тозаишғоли қӯшунҳои рус меафзуд. 7 Соли 1875 тақсимоти нави маъмурии кишвари Туркистон гузаронида шуд, ки мувофиқи он уезди Хуҷанд (ба он Нов ва Ӯротеппа низ дохил мешуд) ба ҳаӣати вилояти Самарқанд дохил гардид.
Баробари бунёди генерал-губернаторӣ инчунин округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт. 14 июли соли 1867 аввалин генерал-губернатори Туркистон генерал-адъютант, барон фон К.П. Кауфман таъин гардид. Подшоҳи Русия Александри II дар асоси «Ярлиқи заррин»-и худ ба Кауфман ҳуқуқи васеъ дода буд, ки мувофиқи он ӯ мустақилона бо давлатҳои ҳамсоя масъалаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, сарҳадӣ, ташкили сафоратҳо, имзои шартномаҳо ва ғайраҳоро ҳал менамуд. Яъне Кауфман, дар асоси он ҳуҷҷат минбаъд имконият дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя, аз он ҷумла аморати Бухоро, хонигариҳои Хеваю Қӯқанд ва ғайра мустақилона ҷанг эълон кунад ва ё бо онҳо сулҳ имзо намояд.
Кауфман ба хубӣ эҳсос намуд, ки хони Қӯқанд — Худоёрхон дигар мадори ҷанг карданро надорад, аммо амири Бухоро — Музаффархон бошад ҳанӯз ҳам тавоност. Ӯ боварии комил дошт, ки Бухорою Қӯқанд дигар муташаккилона ба муқобили қӯшунҳои рус баромада наметавонанд. Зеро, бо ба ихтиёри Русия гузаштани Хуҷанду Ӯротеппа ва Ҷиззах амиру хон аз роҳи муросилаи баӣниякдигарӣ маҳрум гардидаанд. Аз ҳамин сабаб ҳам Кауфман соли 1868 бо Худоёрхон шартномаи барои Русия мувофиқро имзо кард. Мувофиқи он аз ихтиёри хон ҳуқуқи мустақилӣ гирифта шуд, тоҷирони рус дар сарзамини хонигарӣ озодона амал карданро ба даст дароварданд. Яъне, мувофиқи ин шартнома хонигарии Қӯқанд тобеи Русия гардид.
Ҳамин тавр дар сарзамине, ки аз тарафи қӯшунҳои Русияи подшоҳӣ забт гардида буд генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт. Агарчанде вилоятҳои он номҳои ба ҳақиқати ҳол мувофиқро гирифтанд, яъне: сараввал Сирдарё, Ҳафтрӯд, минбаъд Самарқанд, Фарғона ва ҳатто Моварои Каспӣ (Закаспий), вале «Туркистон» ном гирифтани ин кишвари бузург ҳақиқати ҳолро ифода намекард. Аввалан, мулкҳое, ки ба ҳаӣати генерал-губернаторӣ дохил гардид, ба ғайр аз як ҳиссаи сарзамини вилояти Ҳафтрӯд, боқӣ ба Туркисгони таърихӣ ҳеҷ алоқа надоштанд. Сониян, дар ҳудуде, ки соли 1867 генерал-губернатории Туркистон ташкил ёфт, мардуми туркнажод нисбат ба мардуми эронинажод, аз ҷиҳати шумора он қадар бартарии зиёд надоштанд.
Вале, ба андешаи мо, нодуруст номгузории кишвар, ин натиҷаи дар доираи ҳукуматдорону ҳарбиёни олимақоми Русияи ҳамонвақта мавҷуд буданӣ каҷфаҳмӣ, аниқтараш надонистани мардум ва таърихи ин диёр мебошад. Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки ҳангоми амалиётҳои ҷангии аскарони рус, ба онҳо тоторҳо, бошқирдҳо ва дигар халқҳои туркзабони Русия роли миёнаравиро бозидаанд. Муносибати тарафи Русия бо маҳаллиён низ ба воситаи ҳамин миёнаравҳои туркзабон амалӣ мегардид. Минбаъд дар идораҳои маҳаллию марказии кишвар, ки аз тарафи Русияи подшоҳӣ ташкил карда шуд, ҳамин намояндагон кор мекарданд. Яъне, ҳукуматдорони марказии Русияи подшоҳӣ ҳалли масоили Осиёи Миёнаро бо иштироки амалдорони туркнажод амалӣ мекарданд. Бинобар ҳамин ҳам дар натиҷаи нодурустфаҳмии онҳо қисми бузурги сарзамини Осиёи Миёна барғалат «сарзамини Туркистон» эълон шуд. Ҳамин «айнаки туркӣ» ба чашмони аксари арбобони марказӣ ва маҳаллӣ, ки бо мардуми Осиёи Миёна кордор буданд, гузошта шуда буд.

§ 3. Идомаи ҷанги Русия бо Бухоро ва забти Хева

Муҳорибаи Чӯпонато ва забти Самарқанд

К.П. Кауфман баробари генерал- губернатори Туркистон таъин гардиданаш амалиёти забткоронаи пешгузаштагони худро давом дод. Мақсади асосии ӯ таслим намудани аморати Бухоро буд. Сараввал диққати ӯро вазъияти мураккаби Самарқанд ба худ ҷалб кард.
Тасвири ин ҳолат аз рӯйи навиштаи А. Дониш он аст, ки баъди аз даст рафтани Ҷиззах ҳокими Самарқанд Шералӣ Иноқи шиамазҳаб диндорони суннимазҳабро барои мағлубият муттаҳам ҳисобида, зиёда бедодгарӣ намудааст. Ба қавли ӯ гӯё ҳар чӣ қадар сунниён ба қатл расонда шаванд, ҳамон қадар беҳтар мешавад. Ин ҳама сабабгори шӯриши шаҳриён гардидааст8. Тафсили ин воқеаро С. Айнӣ дар асоси навиштаҳои Мирзо Азими Сомӣ ба таври заӣл шарҳ медиҳад: «… баъд аз воқеаи Маӣдаюлғун ва Дизах (Ҷиззах — Н.Ҳ.) ва фирори муҷоҳидон аксари муллоёни ғазоталаб, ки ҳанӯз асари таассуб ва инод дар мухаӣялаашон (тасаввурашон — Н. Ҳ.) боқӣ буд, дар Самарқанд ба мадрасаҳо ҷамъомадҳо карда, мардумро ба ғазо ва ҷиҳод тарғиб намуда, доманзании оташи муҳориба мекарданд. Дар кӯча ва бозорҳо ҳар касеро ки аз сипоҳ ва фуқаро медиданд: «Ту кофирӣ! Тарки амри …ояи ҷиҳод кардаӣ» — гуфта изо ва ҷафо мерасониданд. Рафта — рафта корро ба задан ва тааддӣ кардан оид намуданд»2.
Ҳамин тарз бо сабабҳои дар боло ишорашуда дар Самарқанд задухӯрди сахте ба вуҷуд омад, ки он боиси боз ҳам зиёдтар рехтани хуни мардум гардид. Чунин ҳолат аз як тараф қувваи муҳофизони шаҳрро заиф намуда бошад, аз тарафи дигар сарварони қӯшунҳои дар кишвар доштаи Русияро хурсанд намуд.
1 майи соли 1868 дар баландии Чӯпонато (наздикии Самарқанд) муҳорибаи сахттарини баӣни қӯшунҳои рус ва сарбозони амир, ки бо якҷоягии ихтиёриён амал мекарданд, ба вуқӯъ омад. Дар ин муҳориба ҳокими Ҳисор Раҳмонқулбӣ парвоначии манғит низ бо отряди худ иштирок дошт ва таърихшинос Мирзо Азими Сомӣ воқеанигори ӯ буд. Муҳофизон агарчанде аз ҷиҳати шумора нисбат ба аскарони подшоҳӣ, ки ба онҳо бевосита худи К.П. Кауфман сарварӣ мекард, бартарӣ дошта бошанд ҳам (аз рӯйи баъзе маълумотҳо шумораи онҳо ба 100 ҳазор нафар мерасид), аммо аз ҷиҳати таҷрибаи ҳарбӣ ва таъмини яроқ хело касод буданд. Дар натиҷа ин муҳориба ҳам боиси мағлубият ва талафоти бузурги муҳофизон, аз он ҷумла сарбозони амир гардид.
Мағлубият дар муҳорибаи Чӯпонато тақдири Самарқандро низ ҳал намуд. Зеро, сарварони ин шаҳри бостонӣ муқобилияти минбаъдаро нисбат ба қӯшунҳои забтгари Русияи подшоҳӣ бефоида ва ба зарари шаҳру шаҳриён (яъне боиси талафоти бешумор, ва инчунин ваӣрониҳои зиёд) ҳисобида, бе муқобилият дарвозаи шаҳрро ба рӯйи қӯшунҳои рус кушоданд. Тасвири ин воқеаро Мирзо Азими Сомӣ чунин шарҳ медиҳад, ки онро С. Айнӣ дар китоби худ овардааст: 2 майи соли 1868, пагоҳии рӯзи панҷшанбе, Мирзо Камолиддини муфтӣ «бо шаш нафар оқсаққолони Самарқанд гов ва тухми мурғ гирифта барои изҳори инқиёд ба истиқболи генерал-губернотор Кауфман, ки сараскари рус буд, ба Чӯпонато омада ӯро дида дам аз итоат заданд. Губернотор низ ба онҳо рифқу мадоро карда вилояти Самарқандро тархон кард (яъне бахшид). Баъд аз ин губернотор оқсаққолонро ҳамроҳ гирифта аз дарвозаи Шоҳи Зинда дохили шаҳр шуда ба Кӯктош (арки Самарқанд) қарор гирифт»1. Дар рӯзи дигар губернатор муфтӣ Камолиддинро ба мансаби қозикалони Самарқанд бардошт.
Ҳамин тарз 2 май қӯшунҳои рус дохили шаҳри Самарқанд гардиданд. 3 май ин хабар ба амир Музаффархон расид, ки ӯ он лаҳза дар Кармина буд. Вай ҳатто аз изтироб қосиде, ки хабари аз даст рафтани Самарқандро барояш расонид, қатл намудааст.
Дар чунин вазъият гуфтушуниди намояндагии Русия ва Бухоро оиди масъалаи тиҷорат давом дошт ва он 11 майи соли 1868 бо имзои шартномаи иборат аз 6 банд анҷом ёфт. Мувофиқи он дар қаламрави хоки аморати Бухоро барои тоҷирони Русия имконияти васеи фаъолият дода мешуд.

Муҳорибаи Зирабулоқ. Шартномаи 23 июни соли 1868 ва тақдири он

Имзои шартномаи тиҷоратии 11 майи соли 1868 идомаи ҷангро дар баӣни Русия ва Бухоро боз надошт. 12 май Ургут 18 май Каттақӯргон аз тарафи қисмҳои аскарони рус ишғол карда шуд. Умуман, муҳорибаҳои минбаъда исботи он буданд, ки қӯшунҳои амир имконияти муқобилиятнишондиҳиро аз даст додаанд. Амир Музаффархон чунин вазъиятро эҳсос намуда, маҷбур шуд, ки ба имзои шартномаи пешниҳодкардаи Кауфман розӣ шавад.
Ҳанӯз шартнома дар баӣни Бухорою Русия имзо нагардида хабари он, яъне ба имзои он майл кардани амир ғазаби як қисми мардуми Бухороро ба вуҷуд овард. Як ҳиссаи чунин мардуми ба шӯромада, ки ба сӯйи Самарқанд ба роҳ баромада буданд, дар Чӯли Малик (баӣни Ғиждувону Самарқанд) аз тарафи сарбозони амир пароканда карда шуданд.
Сардори яке аз қабилаҳои қазоқ — Сиддиқтӯра, ки баъди аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани мулкаш — Туркистон гурехта дар Бухоро паноҳӣ ёфта буд, сар бардошта Ғиждувонро ғорат намуд, Карминаро забт кард ва худро хони чингизинажод ном ниҳод. Олимақомони худи Бухоро ҳам аз амир талаб мекарданд, ки бо «кофирҳо», яъне русҳо ҷангро давом диҳад. Бо ҳамин сабабҳо амир маҷбур шуд, ки боз майл ба ҷанг намояд. Ӯ дар наздикии Зирабулоқ 15 ҳазор сарбозони савора, 6 ҳазор сарбозони пиёда ва 14 тӯпро бо сарварии Ҳоҷӣ Тӯқсабо ва Усмон Тӯқсабо 9 ҷамъ намуд. Аз рӯйи маълумотҳои дигар шумораи умумии сарбозон ва мардуме, ки он ҷо ба муқобили аскарони рус ҷамъ намудаанд, ба 50 ҳазор нафар мерасид. (Усмон Тӯқсабо аз рӯйи баромад казаки гурезаи сибирӣ буда, ба худ номи маҳаллиро гирифта, дини исломро кабул кардааст.)
Инак, 2 июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи сахттарин ва охирини баӣни Русияю Бухоро ба вуқӯъ омад. Вале мағлубият боз насиби сарбозони амир гардид. Онҳо 1500 нафарро талаф доданд10. Қӯшунҳои рус баъди ғалаба дар Зирабулоқ боз ба сӯйи Самарқанд равон шуданд. Зеро дар он ҷо ҳанӯз 1 июн шӯриши зиддирусӣ ба вуқӯъ омада буд. Шӯришгарон шаҳрро ба даст дароварда, намояндагони Русия ва маҳаллиёни бо онҳо ҳамкорӣ намударо ба қатл расонидаанд. Ҳокимони Китоб — Ҷӯрабек ва Шаҳрисабз — Бобобек (писари Ҳакимбек) ҳам бо дастаи худ ба Самарқанд, ба кӯмаки шӯришгарон омаданд. Вале онҳо, баробари шунидани хабари ҳаракати қӯшунҳои рус бо сардории Кауфман, шӯришгаронро ба ҳолашон гузошта аз Самарқанд баромада рафтанд. Шӯришгарон, ба чунин вазъият нигоҳ накарда, ҳафт рӯз шаҳрро муҳофизат карданд ва ба қӯшунҳои рус муқобилияти сахт нишон доданд. 8 июни соли 1868 шӯриши Самарқанд бо ваҳшоният пахш карда шуд.
Барои Музаффархон баъди мағлубият дар муҳорибаи Зирабулоқ ва пахш намудани шӯриши Самарқанд ба ғайр аз қабули таклифи Кауфман оиди имзои шартномаи пешниҳод кардааш чораи дигаре набуд. Бинобар ин ӯ намояндаи худро барои имзои шартнома ба Самарқанд фиристод. 23 июни соли 1868 шартномаи баӣни Русия ва Бухоро имзо гардид, ки мувофиқи он амир вазифадор шуд: аз заминҳои забтнамудаи қӯшунҳои рус, бо шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах, Самарқанд ва Каттақӯргон, ба фоидаи Русия даст кашад; ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ чун товони ҷанг 125 ҳазор тилло (500 ҳазор сӯми русӣ) фиристад; аз хоки Бухоро хати телеграф гузаронад; ба тоҷирони Русия имконияти дар сарзамини аморат озодона амал карданро диҳад; дар дарёи Аму ба киштигардии Русия мамониат накунад; ғуломдориро манъ намояд ва ғайраҳо. Мувофиқи ин шартнома амир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо дигар давлатҳои ҳамсоя маҳрум мегардид. Яъне, дар асоси ин банди шартнома аморати Бухоро дар ҳақиқат аз ҷиҳати ҳуқуқ (юридикӣ) бояд тобеи Русия мегардид.
Шартномаи номбурда баъди имзои тарафайн барои тасдиқ, ба подшоҳи Русия Александри 11 фиристода шуд. Подшоҳ бошад бо сабабҳои сиёсию иқтисодӣ шартномаро тасдиқ накард. Аз ин рӯ он шартнома ҳукми қонуниро нагирифт. Агарчанде соли 1869 ҳукумати амир, ки аз ин ҳолат хабар надошт, бо сафирони худ як қисми товони ҷангро (50 ҳазор тангаи тилло ва 19 ҳазор тангаи нуқра) ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ фиристод, хазинадорони подшоҳӣ ҳам он ғаниматро бе ягон калавиш қабул карданд.

Шӯриши Абдумаликтӯра

Баъди имзои шартнома вазъият дар Бухоро боз ҳам мураккаб гардид. Шахсони аз шартнома норозӣ дар атрофи писари калонии амир Музаффархон — Абдумаликтӯра (Каттатӯра) ҷамъ омада, ӯро амир эълон карданд. Ҳокимони Китобу Шаҳрисабз — Ҷӯрабеку Бобобек ҳам бо дастаҳои худ ба тарафи Абдумаликтӯра гузаштанд. Дар натиҷа дар худи Бухоро ба муқобили Музаффархон қувваи бузурге ташкил ёфт. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо тирамоҳи соли 1868 дар ихтиёри Абдумаликтӯра қариб 8 ҳазор нафар аскар буд1. Сиддиқтӯраи қазоқ низ ба тарафи ӯ гузашт. Агар ҳамон лаҳза қувваҳои Абдумаликтӯра, ки Қарширо ба маркази худ табдил дода буданд ва Музаффархон бо ҳам бар мехӯрданд, мағлубияти амир аз эҳтимол дур набуд. Инро худи амир ҳам эҳсос намуда барои имдод ба К.П. Кауфман муроҷиат кард. Кауфман бошад ба хубӣ мефаҳмид, ки ҳаракати Абдумаликтӯра пеш аз ҳама ба муқобили манфиати Русия аст, аз ҳамин сабаб ба таклифи Музаффархон розӣ шуд. Ӯ барои пахш намудани шӯриш қӯшунро бо сарварии генерал А.К. Абрамов фиристод.
Тирамоҳи соли 1870 ба қӯшунҳои Абдумаликтӯра, ки дар наздикии Қаршӣ омодаи ҷанг буданд, сарбозони амир ва аскарони рус якбора ҳуҷум карданд. Махсусан аскарони рус ба қисмҳои тӯра зарбаи қатъӣ зада ба онҳо, ки аксарият ҷангнадидаю бетаҷриба буданд, талафоти зиёди ҷонӣ расониданд. 27 октябр Қаршӣ аз тарафи аскарони рус забт карда шуд. Пас аз он сарбозони амир ҳам вориди шаҳр гардида, онро тороҷ намуданд. Он лаҳза як ҳиссаи бузурги сарбозони амиру аскарони рус ба сӯйи Шаҳрисабзу Китоб ҳаракат карда, он мулкҳоро низ тобеи амир Музаффархон гардониданд. Абдумаликтӯра бошад баъд аз ҳама нобарориҳо аввал ба Қӯқанд, баъд ба Қошғар гурехт.

Эъзомияи Искандаркӯл

Баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Самарқанд инчунин болооби Зарафшон, ё худ Кӯҳистон: Фалғар, Мастчоҳ, Фон, Киштут ва Могиён, ки мулкҳои ниммустақил буданд, низ ба луқмаи он пешкаш гардиданд. Ҳукумати подшоҳӣ аз ҳисоби Самарқанд, Каттақӯргон ва дигар мулкҳои зарафшонии аз аморати Бухоро забт намудааш музофоти Зарафшонро бунёд намуда, генерал А.К. Абрамовро сарвари он таъин намуд. Яке аз мақсадҳои асосии Абрамов ин тобеи худ гардонидани мулкҳои номбурдаи Кӯҳистон буд. Мардуми он мулкҳо агарчанде ҳама тоҷиканд, вале ҳокимони онҳо баӣни худ ҷангида қувваи мудофиавии Кӯҳистонро хеле заиф гардонидаанд. Пӯшида набуд, ки чунин ҳолати ин диёр муваффақияти қӯшунҳои русро осон мегардонид. Вале Абрамов намехост, ки кӯшиши ӯ барои таслими болооби Зарафшон чун походи ҳарбӣ ном бурда шавад. Бо ҳамин мақсад вай зарур шуморид, ки амалиёти ҳарбиро бо эъзомияи илмӣ рӯпӯш намояд. Зеро он вақт марказҳои илмию ҷуғрофии Русия оиди омӯзиши табиату набототи Осиёи Миёна рағбати зиёд пайдо карда буданд. Дар натиҷа баҳори соли 1870 бо сарварии генерал Абрамов эъзомияи Искандаркӯл ташкил карда шуд.
Ба ҳаӣати эъзомияи номбурда 200 нафар казакҳои мусаллаҳ, ротаи пиёдагард ва взводи пулемётчиҳои кӯҳгард дохил мешуданд. Боз аз Ӯротеппа дастаи дигари ҳарбиёни мусаллаҳ таҳти фармондеҳии Деннет ҳаракат карда, дар роҳ ба дастаи Абрамов пайвастанд. Сафари эъзомия 25 апрели соли 1870 аз Самарқанд сар шуд. Моҳи август шаҳри Панҷакент бе муҳорибаи ҷиддӣ ба ихтиёри қӯшунҳои рус гузашт. Вале дар деҳаи Артуч, Панҷруд, Даштӣ, Кулолӣ, Фалғар, Мастчоҳ ва ғайра ҷангҳои шадид ба амал омадааст. Дар ин амалиёт бисёр деҳаҳоро бо ҳукми Абрамов ба хок яксон намудаанд11. Моҳи июни соли 1870 эъзомия амалиёти ҳарбии худро ба охир расонид. Аз ҳисоби мулкҳои ниммустақили кӯҳистонии болооби Зарафшон «Туманҳои Кӯҳистонӣ» ташкил ёфт ва он ба музофоти Зарафшон ҳамроҳ карда шуд.
Дар эъзомияи Искандаркӯл як қатор олимон: табиатшинос А.Ф. Федченко, геолог Д.К. Мищенко, нақшбардор (баъдтар арбоби намоёни ҳарбию сиёсӣ) Л.Н. Соболев ва дигарон дохил буданд. Бо ташаббуси ин донишмандон барои тадқиқи захираҳои табиии болооби Зарафшон қадамҳои аввалин ва муҳими илмӣ гузошта шуд.

Ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хонигарии Хева

Минбаъд амалиётҳои асосии қувваҳои ҳарбии дар Осиёи Миёна доштаи Русия барои забти хонигарии Хева нигаронида шуда буданд. Барон рӯҳан маҳв намудани аскарони хонигарӣ амалдорони ҳарбии Русия ба муқобили он якбора аз се самт: аз самти Тошканд, ба воситаи Ҷиззах, бо сарварии генерал- майор Головашев (4600 нафар), аз самти Оренбург, ба воситаи қалъачаи (форти) Эмбин, бо сарварии генерал-лейтенант Верёвкин (3400 нафар) ва аз самти Красноводск отрядҳои қафқозӣ, бо сарварии полковник Маркозов (4300 нафар), яъне бо шумораи умумии 12 ҳазор нафар, бо сарварии умумии К.П. Кауфман ба ҳуҷум гузаштанд12.
Миёнаи моҳи майи соли 1873 қӯшунҳои подшоҳӣ аллакай дар қаламрави хонигарӣ амалиёти ҷангӣ мегузарониданд. 29 май барои шаҳри Хева ҷангҳои сахттарин ба вуқӯъ омад. Хони Хева, Саид Муҳаммад Раҳими II аз тарс гурехта, бо ишораи таслим, аз Кауфман сулҳ талабид. 12 июн бо фармони Кауфман амалиёти ҷангӣ дар хоки Хева қатъ гардид. 12 августи ҳамон сол баӣни Русияю Хева шартнома имзо гардид, ки мувофиқи он Хева тобеи Русия гардида, бояд чун товони ҷанг ба хазинаи подшоҳӣ 2 млн. 200 ҳазор сӯм медод. Аз заминҳои хонигарӣ соҳилҳои рости дарёи Аму ба ихтиёри Русия гузашт.
Ҳангоми ҳуҷуми қӯшунҳои рус ба муқобили хони Хева, амири Бухоро Музаффархон натанҳо ин амалиётро тарафдорӣ кард, балки ба қӯшунҳои рус кӯмаки амалӣ расонид. Чунин рафтори содиқонаи амир ба Русия ба амалдорони ҳукумати подшоҳӣ хеле маъқул гардид. Бинобар ҳамин ҳам ҳукумати подшоҳӣ, маҳз садоқати амирро нисбат ба худ ба инобат гирифта, инчунин ба ивази он мулкҳое, ки аз ҳисоби аморат ба ихтиёри Русия гузашта буд, заминҳои Чорҷӯйро аз ихтиёри хони Хева гирифта, ба ихтиёри амири Бухоро дод.

Шартномаи 28 сентябри соли 1873 баӣни Русия ва Бухоро

То моҳи сентябри соли 1873 дар баӣни Русияю Бухоро, ба ғайр аз шартномаи тиҷоратии 11 майи соли 1868 дигар ягон ҳуҷҷати ҳуқуқӣ (юридикӣ), ки муносибати ин ду давлатро муайян намояд, вуҷуд надошт. Аз ҳамин сабаб, асосан баъди ҳалли тақдири Хева, дар доираи ҳукумати Русияи подшоҳӣ боз масъалаи муайян намудани муносибат нисбат ба Бухоро ба миён омад.
Инак, 28 сентябри соли 1873 дар Шаҳрисабз баӣни Русия ва Бухоро шартномаи нав имзо гардид, ки он бо номи шартномаи «дӯстӣ» маълум буда, аз 18 банд иборат аст. Ин шартнома аз тарафи подшоҳ тасдиқ гардид ва он дар қатори шартномаи тиҷоратӣ, ки дар боло ишора рафт, ҳамчун ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии баӣни Бухоро ва Русия то Инқилоби Октябри соли 1917 амал кард.
Шартномаи «дӯстӣ»-и соли 1873 сарҳади ҳамонвақтаи баӣни Русияю Бухороро тасдиқ намуда, сарҳади баӣни Бухорою Хеваро низ муайян мекард. Дар асоси он ҳар ду тараф, яъне тарафҳои Русияю Бухоро вазифадор мешуданд, ки дар Осиёи Миёна, дар сарзамини дар зери нуфузи худ буда, инкишофи муносибатҳои тиҷоратӣ ва озодона шино кардани киштиҳоро дар дарёи Аму таъмин мекунанд; тоҷирони рус на танҳо барои дар тамоми шаҳру ноҳияҳои аморати Бухоро озодона амал намудан ҳуқуқ пайдо карданд, балки онҳо дар ҳимояи махсуси ҳукумати амирӣ низ буданд; аз молҳои тарафайн бояд аз 2,5 фоиз зиёд андоз-закот гирифта намешуд; молҳои русӣ ба воситаи сарзамини Бухоро ба дигар давлатҳо бебоҷ гузаронида мешуд; тоҷирони ҳар ду тараф метавонистанд дар доираи Осиёи Миёна корвонсаройи худро дошта бошанд. Ғайр аз ин, тоҷирони рус дар соҳилҳои дарёи Аму истгоҳ (бандар) ва анборҳо сохта метавонистанд; ба раиятҳои тарафайн, аз рӯйи қонунҳои мавҷуда, ҳуқуқи дар ҷойи дилхоҳ машғули касбу ҳунар шудан дода мешуд. Инчунин онҳо метавонистанд мулки ғайриманқула, яъне хона, боғ, замини корам дошта бошанд; тарафайн намояндагии худро, яъне ҳукумати амирӣ дар Тошканд ва ҳукумати Русия дар Бухоро дошта метавонистанд; тарафи ҳукумати амирӣ вазифадор карда мешуд, ки дар сарзамини аморат хариду фурӯши одам, яъне ғуломдориро манъ намояд13.
Ҳамин тавр, дар шартномаҳои тиҷоратии соли 1868 ва «дӯстии» соли 1873 ба ғайр аз баъзе бартариҳо барои тоҷирони рус дар сарзамини Бухоро, дигар ишорае нест, ки дар асоси он аморати Бухоро мутеи Русияи подшоҳӣ гардад. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки аморати Бухоро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, яъне юридикӣ, давлати мустақил будааст. Вале амирони Бухоро, ки дар назди иқтидори ҳарбии Русия нотавон буданашонро ба хубӣ эҳсос мекарданд, бинобар ин худро «ихтиёран» ба оғӯши тобеият андохта, нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ сиёсати содиқона хизмат карданро пеш гузошта, аморатро ба мустамликаи ҳақиқии Русия табдил доданд.

§ 4. БА АМОРАТИ БУХОРО ҲАМРОҲ КАРДАНИ БУХОРОИ ШАРҚӢ

Ҳуҷуми аввали амир Музаффархон ба водии Ҳисор

Чуноне дар боло аллакай ишора намудем, дар сарзамини аморат мулкҳое ба монанди: Шаҳрисабз, Китоб, Бойсун, Деҳнав, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Кӯлоб ва ғайра буданд, ки ҳокимони онҳо худро мустақил ҳисобида, ба ҳукумати амирӣ сар намефароварданд. Мулки Қӯрғонтеппа бошад, он лаҳза макони кашмакашӣ гардида, тобеи гоҳ хони Қундуз, гоҳ Кӯлобу Балҷувон ва гоҳ тобеи Ҳисор мешуд. Амирони манғитияи Бухоро низ барои тобеи худ гардонидани ин мулкҳо, аз ҷумла ба муқобили Шаҳрисабзу Китоб барҳо ҳуҷум карда, хуни зиёде резондаанд.
Амир Музаффархонро бемуваффақият анҷом ёфтани амалиётҳои ҷангии соли 1866 ба муқобили қӯшунҳои рус ором нагузошт. Ӯ мехост, ки ҷойи мулкҳои аз даст додаашро (Хуҷанд, Ӯротеппа, Нов, Ҷиззах ва ғайраро) зуд аз ҳисоби мулкҳои Бухорои Шарқӣ пур кунад. Бо ҳамин сабаб охири ҳамон сол ба сӯйи водии Ҳисор лашкар кашид. Албатта муваффақияти ин ҳуҷум аз бисёр ҷиҳат ба мавқеи ҳокимони Китобу Шаҳрисабз вобастагӣ дошт. Зеро, ҳамон лаҳза ҳокимони Шаҳрисабз — Ҳакимбек (падари Бобобек) ва Китоб — Ҷӯрабек низ майли ба амири Бухоро итоат карданро надоштанд. Вале онҳо дар пеши ҳуҷуми қӯшунҳои рус хусумати худро нисбат ба амир як сӯ гузошта, бо мақсади зарба задан ба душмани асосӣ — қӯшунҳои ҳукумати подшоҳии рус, муваққатӣ бошад ҳам, бо амир якҷоя амал карданро зарур ҳисобиданд. Бо ҳамин мақсад онҳо ба амир Музаффархон изҳори итоат намуданд. Аммо амир ба садоқати ин ҳокимон боварӣ надошт ва нисбаташон дар дили худ оташи интиқомҷӯйиро аланга медоду нияти бо ҳар роҳ маъзул намуданашонро дошт. Лекин амир барои чунин нияти худ ҳанӯз ҷуръат намекард. Ба ҳар ҳол ин дафъа садоқати рӯякии ин ҳокимонро истифода бурданӣ шуд.
Инак, амир Музаффархон охири соли 1866 ва аввали соли 1867 сарзамини Қаршӣ ва Шаҳрисабзро ба такягоҳи қӯшунҳои худ табдил дода, ба сӯйи водии Ҳисор ҳуҷум кард. Вай ба душвории роҳҳои кӯҳӣ нигоҳ накарда, ҳатто тӯпҳоро низ ҳамроҳи худ гирифт. Баробари огоҳӣ аз ин ҳаракати амир, ба муқобили ӯ, дар маҳалҳои Бойсун ва Деҳнав, бо ташаббуси ҳокими Ҳисор Абдулкарим додхоҳ дастаҳои ихтиёрии ин мулкҳо ҷамъ омада буданд. Дар баӣни онҳо ҳиссаи асосиро ҳисориҳо ташкил медоданд ва бо ҳамин сабаб ҳамаи он қувваҳои умумии зиддиамирӣ чун «ҳисориҳо» ном бурда мешаванд. Бо даъвати Абдулкарим додхоҳ ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахон ҳам, ки баромадаш аз қабилаи қатағони Кӯлоб буд, ҳамчун иттифоқчӣ, бо қӯшунҳои худ ба майдони муҳориба ҳозир шуд.
Аз ҷиҳати лавозимоти ҳарбӣ то чӣ андоза қафомонда будани тарафҳоро тасвири зерини амалиёти ҷангӣ, ки дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров акс ёфтааст, равшан нишон медиҳад:
«Тӯпхонаи ҳарду тараф ҳам хеле заиф буд. Ҳисориҳо ҳамагӣ 4 тӯп (2 тӯпи чӯянӣ ва ду тӯпи мисӣ) доштанд, дар онҳо аслиҳаи оташфишони ҳозиразамон ба микдори кофӣ набуд. Бинобар ин дастаҳо аксар вақт ба ҷангҳои тан ба тан мегузаштанд. Қӯшуни Бухоро дар натиҷаи ҳарбу зарби сахт (хусусан дар мавзеи Амоқсой) ҳисориҳоро ақиб нишонда, дар қалъаи Деҳнав ба муҳосира гирифт ва сипас шабохун зада, қалъаро ишғол намуд. Сарбозони амир ба қатли оми даҳшатангезе шурӯъ карда, ҳар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд»14. Мувофиқи баъзе маълумотҳо муҳосираи қалъаи Деҳнав, ки асосан аз тарафи ҳисориҳо мудофиа карда мешуд, шаш рӯз давом кардааст. Баъди забти он аскарони амир тамоми муҳофизони қалъаро қатл ва худи онро ба хок яксон намуданд.
С. Айнӣ ба ҳамон «қатли оми даҳшатангез» таваҷҷӯҳ намуда, онро ин тавр ба қалам додааст: «Вақте ки дар муҳорибаи Деҳнав ҳазор нафар асир» ба дасти амир Музаффархон афтод, амир «дар пеши хаймаи худ ҳамаро сар аз тан ҷудо кунонид. Мисли махмуре, ки барои нӯшидани шароб таҳолук меварзад, ба чашми худ рехтани хуни усароро тамошо карда ҷаллодро ба суръат амр мефармуд.
Дар вақти куштани усаро чун рӯз бегоҳ шуда ғуруби офтобро як соат пеш фурсат намонда буд, ва ҳол он ки усаро ҳанӯз чорсад нафар зинда буданд, амир ба Ҳайит ном ҷаллод амр фармуд, ки «то ғуруби офтоб бояд кори ҳамаро тамом намойӣ, вагарна худат дар маърази қатл хоҳӣ омад». Он ҷаллод баъд аз амри қатъӣ дар фурсати як соат ҳамаро тан аз сар ҷудо кард2.
Сарбозони амир, баъди мағлубияти қувваҳои муттаҳидаи зиддиамирӣ дар Деҳнав, ба самти Шарқ, ба дохили водии Ҳисор ҳаракат карданд. Онҳо қалъаҳои Регар, Қаротоғ, Файзобод ва ғайраро низ ба хок яксон намуданд. Абдулкарим додхоҳ бошад ба назди иттифоқчии худ ҳокими Кӯлобу Балҷувон — Сарахон гурехт. Вале Сарахон барои ҳифзи мансаб ва ҷони худ Абдулкаримро ҳабс намуда ба ихтиёри амир супорид ва тамоми гуноҳро ба гардани ӯ бор карда, бо ин мансаб ва ҷони худро нигоҳ дошт. Дар натиҷа Абдулкарим додхоҳ, бо ҳукми амир, бо ҳамроҳии 20 нафар ҳаммаслаконаш дар Дарбанд қатл карда шуд15. Чӣ тавре С. Айнӣ қайд кардааст, амир Музаффархон Абдулкаримро бо тамоми авлодаш асир карда «нахустин авлодашро то атфоли чордаҳсола дар пеши назараш кушта» пас аз он худи ӯро қатл намуд16.
Амир Музаффархон баъди ин ғалабаҳо дар Бойсун, Деҳнав, Ҳисор ва Файзобод аз ҷумлаи содиқони худ ҳокимони навро таъин карда, аввали соли 1867 ба Бухоро баргашт. Зеро, чуноне таъкид шуд, бо сабаби дар назди ӯ сари таслим фаровардани Сарахон, ба сӯйи Кӯлоб ҳаракат карданро зарур нашуморид. Чунин ҳолат амирро то андозае хотирҷамъ ҳам карда буд. Ӯ боварӣ дошт, ки ҳокимони боқимондаи Бухорои Шарқӣ дигар саркашӣ накарда, дар итоати вай боқӣ хоҳанд монд.
Ҳуҷуми дуюми қӯшунҳои амир Музаффархон ба водии Ҳисор. Таслим намудани Ҳисор, Кӯлоб, Балҷувон ва водии Вахш
Чуноне ишора шуд солҳои 1868-1870 барои амир Музаффархон давраи хеле душвор буд. Аз ҷумла, танҳо соли 1868 соли шикастхӯрӣ аз қӯшунҳои рус дар муҳорибаҳои Чӯпонато ва Зирабулоқ, аз даст рафтани Самарқанд, имзои шартномаи барояш вазнин бо Русия, ниҳоят исёни писараш — Абдумаликтӯра ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад. Ҳангоми шӯриши Абдумаликтӯра як қатор ҳокимон аз итоати амир саркашӣ намуда буданд. Аз ҷумла ҳокими Кӯлобу Балҷувон — Сарахон, аз ӯ рӯ гардонда, майл ба исёнгарон карда буд. Ҳокими ндои Ҳисор ҳам ҳамин гуна мавқеъро ишғол кард.
Инак, амир Музаффархон соли 1870, баъди он ки қӯшунҳои рус шӯриши Абдумаликтӯраро пахш намуда, Китобу Шаҳрисабзро тобеи ӯ намуданд, боз ба сӯйи водии Ҳисор лашкар кашид. Ҳамроҳи вай қушбегӣ Яъқуббек ҳам буд. Дар ин сафари ҳарбӣ сарбозони амир сараввал дастаҳои ҳарбии беки Шеробод Остонақулбий ва ҳокими нави Деҳнав Улуғбекро шикаст дода, ба Ҳисор наздик шуданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо дар ин сарзамин 15 рӯз ҷанг давом кардааст17. Шумораи танҳо қатлшудагон ба 5 ҳазор нафар расида, водӣ ба харобазор табдил ёфтааст 18. Мувофиқи маълумотҳои дигар, он манзараи ваҳшоният чунин сурат гирифтааст: «Амир Музаффар баъд аз ғалабаи Ҳисор аз занону кӯдакон ҳар қадар асире, ки ба даст афтода бошад, бераҳмона дар ҳавзе андохта, дар болои онҳо об монда, тақрибан ду ҳазор зан ва тифли бегуноҳро бо ин ҷабру зулм ҳалок намудааст»19.
Бедодгариҳои амир Музаффархон дар водии Ҳисор тарсу ваҳми ҳокими Кӯлобу Балҷувон Сарахонро хеле зиёд намуд. Он лаҳза дар зери итоати ӯ водии Вахш — мулкҳои Қӯрғонтеппаю Қубодиён низ буд. Амир худи ҳамон соли 1870 ба муқобили Сарахон, ба сӯйи Кӯлоб дастаҳои махсусро бо сарварии қушбегӣ Яъқуббек фиристод. Сарахон бошад, боварии комил дошт, ки барои муқобилият қуввааш кифоягӣ намекунад ва ҳангоми мағлубият саломат нахоҳад монд. Бинобар ин ӯ аз муқобилиятнишондиҳӣ даст кашида, барои халосии ҷони худ ба мулки Афғонистон гурехт. Дар натиҷа Яъқуббек бе ягон муҳориба мулкҳои Кӯлоб, Балҷувон, Қӯрғонтеппа ва Қубодиёнро ба зери тасарруфи ҳукумати амирӣ даровард.

Забти Қаротегину Дарвоз

Амалиёти минбаъдаи қӯшунҳои амирӣ барои забти Қаротегину Дарвоз нигаронида шуда буд. Ин мулкҳо низ аз ниммустақилҳо буда, баъзан боиси кашмакашии баӣни аморати Бухоро ва хонигарии Қӯқанд ҳам мегардиданд. Аз соли 1870 то соли 1876 ҳокими Қаротегин Раҳимхон, писари бародари калонии амир Музаффархон — Муқимхон, буд. Ӯ тарафдори мустақилии Қаротегин ба ҳисоб мерафт. Амир соли 1876 Раҳимхонро ба Бухоро даъват карда, каме дертар ба ҷойи ӯ амакбачаи худи Раҳимхон — Саидхонро фиристод. Саидхон нисбат ба амир содиқ ва тарафдори тобеияти Қаротегин аз Бухоро буд. Вале мардуми Қаротегин омадани Саидхонро хуш напазируфтанд ва аз амир баргардонидани Раҳимхонро талабиданд20.
Саркашии мардуми Қаротегин боиси воҳима ва ташвиши амир Музаффархон гардид. Губернатори ҳарбии вилояти Фарғона генерал Скобелев чунин вазъияти ӯро пай бурда, ба сӯйи Қаротегин ва Бадахшон фиристодани эъзомияи махсусро тезонид. Ин эъзомия охирҳои моҳи июл ва аввали августи соли 1876 ба роҳ баромад. Мақсади ин чорабинӣ дар маҳалҳои роҳи Помир, махсусан ба мардуми Қаротегин нишон додани иқтидори ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар ҳаӣати эъзомия, ба мисли эъзомияи Искандаркӯл, бо мақсади рӯпӯш намудани ниятҳои дар боло зикршуда, дар қатори ҳарбиён инчунин донишмандони ҷуғрофия, табиатшиносӣ ва нуҷум: Л.Ф. Костенко, В.Ф. Ошанин, А.Р. Бонедорф ва дигарон дохил буданд.
Амир Музаффархон аз чунин амалиёти саркардагони ҳарбии рус рӯҳбаланд гардида, нисбат ба масъалаи Қаротегин боз ҳам қатъитар амал кард. Ӯ соли 1877 Саидхонро аз Қаротегин ба Бухоро даъват карда, худи ҳамон сол риштаи ҳаёти Раҳимхонро канд ва ба Қаротегин чун ҳоким Худоӣназар оталиқро фиристод2. Дар натиҷаи ин амалиёт Қаротегин бе ҷанг пурра ба қатори мулкҳои Бухоро дохил карда шуд.
Баъди ҳалли тақдири Қаротегин масъалаи Дарвоз ба миён омад. Иҷроиши он ба ӯҳдаи беки Қаротегин Худоӣназар гузошта шуда буд. Ӯ соли 1877 ба сӯйи Дарвоз бори аввал (иборат аз 150 нафар) лашкар кашид, вале шикаст хӯрд. Худоӣназари маккор бо фиреб шоҳи Дарвоз Сироҷиддинхонро, гӯё барои мулоқот бо амир Музаффархон, ба Шаҳрисабз фиристода, дар он ҷо ба асорат гирифтор намуд. Чунин маккории Худоӣназар ғазаби мардуми Дарвозро боз ҳам зиёдтар намуд ва онҳо ин дафъа ҳам ба ӯ муқобилияти сахт нишон дода, қӯшунҳои якунимҳазор-нафараашро торумор карданд.
Амир Музаффархон аз бемуваффақиятии ҷангҳо дар Дарвоз хавфи оғози шӯришро дар дигар мулкҳои тобеияташ пай бурда, зуд қувваи зиёдеро ба муқобили он фиристод. Ба ин қувваҳо боз Худоӣназар сарварӣ мекард. Онҳо баҳори соли 1878 қалъаи хеле мустаҳками Кафтархона ва баъд Қалъаи Хумбро забт намуданд. Бо ҳамин мулки Дарвоз ҳам ба қисми таркибии аморати Бухоро табдил ёфт.
Ҳамин тавр дар муддати солҳои1866-1878 мулкҳои ниммустақили Бухорои Шарқӣ (ба ғайр аз мулкҳои кӯҳии Бадахшон) тобеи ҳукумати амирии Бухоро гардид. Барои осон гардонидани идоракунии мулкҳои Бухорои Шарқӣ он ба бойигариҳои зерин: Балҷувон, Бойсун, Дарвоз, Деҳнав, Кӯлоб, Шеробод, Юрчӣ, Ҳисор, Қаротегин, Қубодиён ва Қӯрғонтеппа тақсим карда шуд. Ҳар кадоми ин бекигариҳо аз ҷумлаи шахсони ба амир наздик ва содиқ ҳокими худро дошт. Аз ҷумла дар Балҷувон Саидниёзи киикчӣ, дар Кӯлоб Наҷмиддинхоҷа, дар Қаротегин Худоӣназар ва ғайраҳо бек-ҳоким таъин шуда буданд. Вале бо сабаби аз маркази аморат — шаҳри Бухорои Кӯҳна хеле дур будан ва аз ин рӯ мушкилии идоракунии ин диёр, амир ба яке аз ҳокимони бонуфузи он ҳуқуқи васеи назораткунӣ ва идоракунии умумиро дода буд. Аввалин шуда ба чунин марҳамати амир беки Ҳисор Яъқуббек қушбегӣ сарфароз гардид.
Ба зери тасарруфи ҳукумати амирӣ кашидани мулкҳои ниммустақили Бухорои Шарқӣ аҳволи мардуми ин диёрро беҳтар накард. Баръакс, дар ин сарзамини нав забтгардида аз рӯзҳои аввал бедодгарӣ ба дараҷаи баландтар расида буд. Дар ин мулкҳо сарбозони амир ҳарчанд, ки «касеро амон надода, ҳатто аҳолии шаҳру қишлоқҳои муқобилатнакардаро ҳам несту нобуд мекарданд, боз аз мулкҳои истилошуда бо номи «амонпулӣ» хироҷ ҳам меситониданд. Маблағи аз ҳад зиёде, ки бо роҳи ин гуна ғоратгариҳои рӯйрост ҷамъ омада буд, барои афзудани сарвати саркардаҳои феодалии Бухоро сарф гардид ва қисми асосии он ба амир фиристода шуд»2. Бояд эътироф намуд, ки дар натиҷаи ба аморати Бухоро ҳамроҳ намудани мулкҳои пароканда ва ниммустақили Бухорои Шарқӣ, ин диёр низ дар қатори тамоми сарзамини аморат, оҳиста-оҳиста ба муносибатҳои молию пулӣ кашида шуд.

§ 5. ШӮРИШИ СОЛҲОИ 1873-1876 ДАР ХОНИГАРИИ ҚӮҚАНД ВА АЗ ТАРАФИ ҚӮШУНҲОИ РУС ПАХШ НАМУДАНИ ОН. ЗАБТИ САРЗАМИНИ ҚАБИЛАҲОИ ТУРКМАН

Оғоз ва рафти шӯриш

Баъди ба Русияи подшоҳӣ тобеъ гардидани хонигарии Қӯқанд вазъияти мардум боз ҳам вазнинтар гардид. Ҳокимони маҳаллии хоин нисбат ба мардуми меҳнатӣ бештар зулмро раво медиданд. Халқи ҷабрдидаи хонигарӣ ҷавобан ба зулми истисморгарон ҳарҷо-ҳарҷо исён мебардоштанд. Соли 1873 дар хонигарӣ шӯриши калонтарине сар шуд, ки он то феврали соли 1876 идома ёфт. Ба он исёни мардуми деҳаҳои Косон ва Нанайи Намангон ибтидо гузошт. Баҳонаи асосии шӯриш зиёд ситонидани закот, яъне андоз аз чорво ба ҳисоб мерафт. Шӯриш аз моҳи июли соли 1873 характери мусаллаҳонаро гирифта буд. Ба шӯриш ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва қирғизҳо фаъолона иштирок доштанд.
Сарварони асосии шӯриш Мулло Исҳоқ Мулло Ҳасан ӯғлӣ (баромадаш қирғиз, писари мударриси «Оқмадраса»-и Марғелон), ки бо номи «Пӯлодхон»1 машҳур буд ва Абдураҳмон офтобачӣ (писари Мусулмонқул ном шахс, ки аз тарафи хони Қӯқанд Худоёрхон қатл карда шудааст) ба ҳисоб мерафтанд. Абдураҳмон офтобачӣ то соли 1875 ба яке аз қисмҳои аскарони хонӣ сарварӣ мекард ва барои пахш кардани шӯриш борҳо иштирок карда буд. Вале соли 1875 ба муқобили хони Қӯқанд — Худоёрхон сӯиқасд ба вуқӯъ омад ва Абдураҳмон офтобачӣ ҳам бо ҳамроҳии писари калонии Худоёрхон — Насриддинбек иштирокчии он буд. Моҳи июл сӯиқасдчиён ҳам ба тарафи шӯришгарон, ки он лаҳза Пӯлодхон роҳбари асосиаш буд, гузаштанд ва аз ҳамон лаҳза давраи дуюми шӯриш сар мешавад. Минбаъд ба шӯриш Пӯлодхон ва Абдураҳмон офтобачӣ якҷоя сарварӣ карданд. Онҳо Ӯш, Намангон, Андиҷон, Ассакӣ ва Олтиариқро ба даст дароварда, бевосита ба худи Қӯқанд таҳдид мекарданд. Писари дуюми Худоёрхон Муҳаммад Аминбек ҳам бо дастаҳои худ ба шӯриш ҳамроҳ шуд.
Вазъияти Худоёрхон хеле мураккаб гардид. Вай роҳи ягонаи халосиро дар кӯмаки генерал-губернатори Туркистон медид ва барои имдод ба ӯ муроҷиат ҳам кард. Вале баробари ба шаҳри Тошканд расидани муроҷиати Худоёрхон, худи ӯ ҳам 22 июли соли 1875 бо наздиконаш аз Қӯқанд баромада ба воситаи Хуҷанд ба Тошканд омада расиду худро ба ҳимояти ҳукумати подшоҳӣ гирифт. Баъди ин гурӯҳи Абдураҳмон офтобачӣ на ин ки Пӯлодхон, балки писари хони гуреза — Насриддинбекро хон эълон карданд.

Аз тарафи қӯшунҳои рус пахш намудани шӯриш ва барҳам додани хонигарии Қӯқанд

Моҳи июли соли 1875 Насриддинбек ва Абдураҳмон офтобачӣ дар мактуби худ ба генерал-губернатори Туркистон таклифи идома додани муносибати дӯстиро пешниҳод карданд. Дар ҷавоб генерал-губернатор таъкид намуд, ки ҳокимияти Насриддинбекро ҳамон вақт мешиносад, ки агар ӯ тамоми бандҳои шартномаи бо Русия имзо намудаи Худоёрхонро эътироф намояд. Ҳамон лаҳза шӯриш ҳанӯз идома дошт ва ноҳияҳои нав ба навро фаро мегирифт. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо аввали августи соли 1875 шумораи иштирокчиёни шӯриш то ба 15-16 ҳазор нафар расид 21 . Шӯришгарон Новро ишғол намуда роҳи алоқаи Ӯротеппаю Хуҷандро буриданд.
7 августи соли 1875 Кауфман ба муқобили шӯришгарон қувваи бузургеро гузошт. 22 август муҳорибаи сахттарини назди қалъаи Маҳрам ба вуқӯъ омад, ки бо маглубияти шӯришгарон анҷом ёфт. Кауфман баъди ишғоли қалъаи Маҳрам аз шӯришгарон талаб кард, ки муқобилиятро бас карда, чун товони ҷанг ба фоидаи хазинаи подшоҳӣ 40 ҳазор тангаи нуқра, ё худ 10 ҳазор тангаи тилло супоранд. Инро аксари сарварони шӯриш рад карданд. Вале Насриддинбек 22 сентябри ҳамон сол пинҳонӣ аз шӯришгарон бо Кауфман шартнома имзо кард. Мувофиқи он Насриддинбеки хоин на танҳо хизматгори содиқи ҳукумати подшоҳӣ буданашро эътироф кард, балки соҳилҳои рости дарёи Сирро низ бо шаҳрҳои Намангон ва Чуст ба фоидаи Русия гузошт. Инчунин ӯ розӣ шуд, ки ба фоидаи хазинаи ҳукумати подшоҳӣ қариб 2 млн. сӯм товони ҷанг супорад.
Рафтори хоинонаи Насриддинбек ғазаби нави шӯришгаронро ба вуҷуд овард ва онҳо минбаъд муборизаи худро ба муқобили хони нави хоин ва атрофиёнаш нигарониданд. Бо ин давраи сеюми шӯриш оғоз ёфт. Охирҳои моҳи сентябр шумораи шӯришгарон то ба 60-70 ҳазор нафар расид. Шӯришгарон ба ҷойи Насриддинбек Пӯлодхонро хони Қӯқанд эълон карда, аз рӯйи одати пештараи аз муғулҳо қабул намудаи туркҳо, ӯро дар рӯйи намади сафед гузошта, бардоштанд. Ҳамон лаҳза Пулодхон Ассакиро пойтахти худ қарор дода буд. 9 октябри соли 1875 шӯришгарон Қӯқандро ишғол намуданд.
Насриддинбек гурехт. Пӯлодхон моҳи декабр қароргоҳи худро аз Ассаки ба Марғелон овард. Муҳорибаҳои минбаъда, ки асосан бо аскарони рус мегузашт, барои шӯришгарон талафотҳои зиёде овард. Чунончи, 8 январи соли 1876 дар муҳорибаи Андиҷон қариб 20 ҳазор нафар шӯришгарон қурбон шуданд. Дар чунин лаҳзаҳои душвор як қисми сарварони шӯриш, аз он ҷумла Абдураҳмон офтобачӣ ба воҳима афтода, пинҳонӣ бо саркардаҳои рус гуфтушунид карданд. Пӯлодхон ҳанӯз ҳам муқобили ҳар гуна муросо ва тарафдори идома додани мубориза буд. Ӯ ба Учқӯрғон рафта, ният дошт, ки аз Қаротегин қувваи нав сафарбар намояд. Вале шаби аз 27 ба 28 январи ҳамон сол аскарони рус ба манзили Пӯлодхон зада даромаданд. Худи ӯ гурехта бошад ҳам, аммо ба зудӣ дастгир шуд. Моҳи марти ҳамон сол Пӯлодхонро дар майдони бозори Марғелон, бо ҳукми суди ҳарбии рус ба дор овехтанд. Инчунин дигар сарварони шӯриш низ ба тарзи гуногун ҷазо диданд. Ҳукумати подшоҳӣ ба гардани мардуми Қӯқанд чун товони ҷанг 3 млн. сӯмро бор кард22.
19 феврали соли 1876 бо розигии подшоҳи Русия Александри II, бо супориши генерал-губернатори Туркистон Кауфман хонигарии Қӯқанд барҳам дода шуд. Ба ҷойи он, дар ҳаӣати генерал-губернатории Туркистон, боз як вилояти нав — Фарғона ташкил ёфт. Губернатори ҳарбии вилоят генерал М.Д. Скобелев таъин гардид.
Ҳамин тавр шӯриши калонтарини мардуми водии Фарғона шикаст хӯрд. Он аз ҷиҳати характери худ халқӣ буда, дар аввал асосан ба муқобили зулму истибдоди хонигарӣ ва минбаъд ба муқобили ниятҳои мустамликадоронаи ҳукумати подшоҳӣ нигаронида шуда буд. Ҳукуматдорони подшоҳӣ натиҷаи онро ба фоидаи Русия ҳал намуданд.

Аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани сарзамини қабилаҳои туркман

Дар сиёсати забткоронаи ҳукумати подшоҳӣ дар Осиёи Миёна баъди ҳалли тақдири хонигарии Қӯқанд масъалаи забти сарзамини қабилаҳои туркман ба миён омад. Аммо чорабиниҳои ҳукуматдорони подшоҳии Русия оиди ин мақсад нисбатан пештар сар шуда буд. Чунонӣ, ҳанӯз соли 1869 қӯшунҳои қафқозӣ бо сарварии полковник Н.Г. Столетов аз порти Петровскиӣ (Махачқалъаи ҳозира) баҳри Хазарро (Каспийро) гузашта, ба димоғаи Муравёвск фаромаданд. Онҳо дар ин ҷо ба шаҳри Красноводск асос гузоштанд, ки ин нуқта минбаъд ба яке аз масканҳои асосии ҳарбии Русия барои забти Хева ва замини қабилаҳои туркман табдил ёфт. Моҳи марти соли 1874 ҳукумати подшоҳӣ «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Каспӣ (Закаспий)»-ро тасдиқ намуд. Дар асоси ин ҳуҷҷат дар сарзамини шарқии баҳри Хазар то дарёи Атрек ва дар ҷануб то сарҳади хонигарии Хева шӯъбаи Моварои Каспӣ, бо марказ дар Красноводск таъсис дода, онро ба ихтиёри волии Қафқоз супориданд. Ҳамон вақт ба ҳаӣати он шӯъба приставҳои Мангишлоқ ва Красноводск дохил мешуданд.
Минбаъд шӯъбаи Моварои Каспӣ ба маркази асосии қувваҳои ба сарзамини қабилаҳои туркман ҳуҷумкунандаи ҳукумати подшоҳӣ табдил ёфт. Аввали моҳи маӣи соли 1877 отряди генерал Н. Ломакин Қизиларватро ишғол кард, вале бо сабаби аз истеҳкоми асосӣ дур буданаш онро зуд тарк намуд. Ӯ соли 1878 дар соҳили Атрек истеҳкоми Шатраро бино карда, моҳи август Қизиларватро дубора ба даст даровард. Вале 28-29 август вай дар ҷангҳои сахттарини назди Кӯктеппа шикаст хӯрда, ақиб гашт. Баъди ин сарвари қӯшунҳои рус дар Моварои Каспӣ М.Д. Скобелев таъин шуд. 12 январи соли 1881 дар натиҷаи ҷангҳои сахти серӯза қалъаи Данглитеппа, баъд Кӯктеппа, 18 январ Ашқобод забт гардид. Моҳи майи ҳамон сол шӯъбаи Моварои Каспӣ ба вилоят табдил ёфт, ки ба он тамоми заминҳои аз ҳисоби кишвари туркманҳо забтгардида дохил мешуд. Бо ҳамин муқобилияти сахттарини яке аз қабилаҳои бонуфузтарин туркманҳо — тегинҳо бартараф карда шуд. Зеро, то ҳамон лаҳза ба қӯшунҳои рус асосан ҳамин қабила меҷангид.
1 январи соли 1884 дар воҳаи Марв барои маслиҳат ҷамъомади куҳансолони қабилаҳои дигари туркман: вакил, сичмаз, бек ва боҳӣ барпо гардид. Дар ин ҷамъомад онҳо тақдири минбаъдаи мулки худро муҳокима карданд. Ниҳоят моҳи марти ҳамон сол қабилаҳои забтнашудаи туркман дар назди қувваи ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ маҷбур шуданд, ки ба ҳайъати Русия дохил шудани мулки худро эътироф кунанд. Вале яке аз нуқтаҳои баҳснок — ин воҳаи туркманнишини Пандин(Панҷдеҳ) буд, ки ба он чӣ англисҳо ва чӣ русҳо даъво доштанд. Худи ҳамон сол бо дастгирии англисҳо отряди афғонҳо ноҳияи Кушка ва Пандинро ишгол карданд.
Моҳи марти соли 1885 қӯшунҳои рус бо сарфармондеҳии сардори вилояти Моварои Каспӣ А.В. Комаров қӯшунҳои афғонро аз минтақаи Пандин дур партофта, 18 март Кушкаро забт намуданд. Дар натиҷа, ин ихтилоф на туркманҳою афгонҳо, балки русҳою англисҳоро қариб ба оғози ҷанги баӣни ҳамдигарӣ овард. Вале ташаббусро дипломатхои тарафайн ба даст гирифтанд. 10 сентябри он сол дар баӣни Русия ва Англия шартнома имзо гардид ва барои дар ҷануб муайян намудани сарҳади нуфуз комиссияи махсус ташкил карда шуд. Соли 1887 дар натиҷаи корҳои тӯлонӣ дар ин минтақа аз дарёи Аму то ҳудуди давлати Эрон марзҳои нуфузии баӣни Русияю Англия муайян гардид. Мувофиқи он мулкҳои баҳсталаби номбурда ба ихтиёри Русия монд.
Ҳамин тарз сарзамини қабилаҳои туркман ҳам аз тарафи қувваҳои ҳарбии Русияи подшоҳӣ истило карда ҷуд. 26 декабри соли 1897 вилояти Моварои Каспӣ аз ҷиҳати: идоракунӣ ба ихтиёри генерал-губернатории Туркистон гузашт.

§ 6. «МАСЪАЛАИ ПОМИР» ВА ҲАЛЛИ ОН ДАР БАӢНИ РУСИЯ ВА АНГЛИЯ

Вазъи мулкҳои Бадахшон дар арафаи тақсимот

Маълум аст, ки дар миёнаи асри XIX мулкҳои гуногуни Бадахшон (Помир) низ пароканда ва то андозае мустақил буданд. Вале ба онҳо аз як тараф амири Афғонистон (баъд бо кӯмаки Англия) аз тарафи дигар амири Бухоро (баъд бо кӯмаки Русия) таҳдид мекарданд. Аз соли 1850 амирони афғон Дӯстмуҳаммад ва Шералихон, баъди забти Балх, Тошқӯрғон ва Қундуз, борҳо ба сарзамини Бадахшон ҳуҷум карданд. Ҳокими Бадахшон Ҷаҳонгиршоҳ баҳри нигоҳ доштани оромӣ ва мустақилият, барои ба фоидаи ҳукумати Афғонистон супоридани андоз розӣ шуд. Амири Афғонистон Шералихон, ки соли 1868 ба тахт нишаст, духтари худро ба Ҷаҳонгир ба занӣ дода, бо ҳамин роҳ ин мулкро пурра ба ихтиёри худ кашиданӣ шуд. Ҷаҳонгиршоҳ ҳушёриро аз даст надода, то андозае мустақилиро нигоҳ дошта бошад ҳам, вале аз соли 1869 сар карда Бадахшон амалан ба доираи таъсири Кобул кашида шуд. Соли 1883 аз тарафи ҷияни Шералихон — Абдураҳмонҳон, ки амири Афғонистон гардида буд, мулкҳои Бадахшони Ғарбӣ — Вахон, Шуғнон ва Рӯшон забт гардид. Дар ҳамон вақт қӯшунҳои сарҳадии Хитой низ ба Бадахшони Шарқӣ наздик шуда, дар ин маҳал мавқеи худро мустаҳкам мекарданд. Русияю Англия, дар асоси муоҳидаҳои солҳои 1869-1873, дар Осиёи Миёна ҷараёнгоҳи боло ва миёнаи дарёи Амуро сарҳади нуфузи худ меҳисобиданд. Яъне, ин ду давлати бузург ба «масъалаи Помир» ҳанӯз фаъолона дахолат карда наметавонистанд. Ба ғайр аз ин Русия дар ин кишвар дар ҷанг бо қабилаҳои туркман банд буд. Бо ҳамин сабабҳо ба Бадахшон мудохилаи мусаллаҳонаи ҳукумати Афғонистону Хитой тақрибан 10 сол (1883-1893) давом кард.

Ҳалли «масъалаи Помир» дар баӣни Русия ва Англия

Охири асри XIX масъалаи ҷиддие, ки миёнаи Русияю Англия бояд ҳалли худро меёфт ин «масъалаи Помир» буд. Он лаҳза дар баӣни мардуми худи Бадахшон воқеаҳои назаррасе рух доданд. Чунонки, зулму истибдоди ҳукуматдорони афғон тирамоҳи соли 1887 боиси шӯриши мардуми Шуғнон гардид. Шӯришгарон чанде аз хироҷситонандагони афғонро ба қатл расониданд. Ҳукумати
Афғонистон барои ба хун оғушта намудани шӯриш ва танбеҳ додан ба мардуми мулкҳои дигари Бадахшон тайёрии ҷиддӣ медид. Амалдорони Рӯшону Шуғнон ва Вахон дар чунин вазъият ба муқобили иқтидори ҳукумати Афғонистон қувваи худро нокифоя ҳисобида, майл ба тарафи Русия намуданд. Онҳо бо чунин мақсад ба назди ҳукуматдорони Русия якчанд ҳайъати намояндагӣ низ фиристоданд.
Аввали солҳои 90-ум ҳукумати подшоҳӣ ба «масъалаи Помир» ба тарзи ҷиддӣ машғул шуд. Зеро то ин лаҳза дигар мулкҳои Осиёи Миёна пурра ба зери назораташ гузашта буданд ва дар ин кишвар масъалаи номбурда ягона ва нуқтаи охирин дар масъалаи нуфузи марзии баӣни Русияю Англия мешуд. Инак, моҳи июли соли 1891 отряди 120 нафараи казакҳо бо сарварии полковник М. Ионов ба сӯйи I Помир фиристода шуд, ки он бо номи «Эъзомияи Ионов» маълум аст. Мақсади ин эъзомия, гӯё дар Бадахшон омӯхтани он мулкҳое буд, ки онҳо мувофиқи муоҳидаи соли 1873-и баӣни Русияю Англия ба фоидаи ҳукумати подшоҳӣ гузаштаанд. Вале дар асл нияти асосии ин чорабинӣ мустаҳкам намудани нуфузи Русия дар мулкҳои номбурда буд. Ионов амалиёти худро аз ағбаи Қизиларт оғоз намуда, соҳилҳои Рангкӯл ва Қаракӯлро сайр карда, то ба ағбаи Банк расид. Ӯ дар ҳама ҷо ба мардум эълон мекард, ки ин мулкҳо дар тобеияти Русия мебошанд. Дар натиҷа ин эъзомия «масъалаи Помир»-ро боз ҳам таккон дод.
Аз сабаби он ки дипломатияи Англия ҳам ба «масъалаи Помир» дахолат мекард, моҳи апрели соли 1892 дар Петербург ин масъала дар машварати махсуси арбобони давлати Русия муҳокима гардид ва дар он қарор карда шуд, ки мавқеи ҳукумати худро дар ин гӯша мустаҳкам намоянд. Моҳи июни ҳамон сол полковник Ионов бо роҳи аввала бо қувваи нисбатан зиёд, эъзомияи дуюми Помирро ташкил намуд. Ҳангоми ин сафари ӯ дар канори дарёи Оқсу пости Помир (ҳозира шаҳраки Мурғоб) сохта шуд. Дар мавзеи Шоҷон бошад 250 нафар аскарони казакро ба муддати тӯлонӣ гузоштанд. Соли 1893 дар асоси шикояти зиёди шуғнониён, нисбати бедодии дастаҳои гуногуни афғон, отряди дигар бо сарварии капитан С.П. Ванновскиӣ ба воситаи ағбаи Язгулом то ба Ванҷ рафта баргаштаанд.
Ҳукуматдорони подшоҳӣ оиди масъалаи Бадахшони Шарқӣ ҳам бетараф наистоданд. Онҳо аз ниятҳои ҳукумати Хитой воқиф гардида, моҳи июли соли 1894 ба пости Помир (Мурғоб) М.Е. Ионовро, ки ба рутбаи генерал-майорӣ расида буд, бо штабаш фиристоданд. Ӯро сардори штаби тамоми отряди русӣ дар Бадахшон таъин карданд. Дар баробари чунин чорабиниҳо гуфтушуниди намояндагони Русияю Хитой оиди Бадахшони Шарқӣ низ давом мекард. Дар натиҷаи он ҳукумати Хитой постҳои ҳарбии худро аз сарҳади Бадахшони Шарқӣ бардошт. Баъди ин дар Мурғоб нигоҳ доштани «отряди Помир» нолозим шуда монд ва он 25 октябри ҳамон сол барҳам дода шуд.
Вале гуфтушуниди баӣни Русия ва Англия баҳри муайянкунии сарҳади нуфуз дар Бадахшон ҳанӯз аз соли 1893 давом дошт. Баҳори соли 1895 комиссияи мухталифи сарҳадии англису русӣ охирин қитъаи баҳсталаби сарзамини Осиёи Миёнаро ба таври «аниқ» муайян намуд. Ниҳоят моҳи сентябри ҳамон сол шартномаи махсуси муайянкунии сарҳади нуфузи баӣни Русияю Англия дар Бадахшон имзо карда шуд23. Моҳи январи соли 1896 подшоҳи Русия Николаи II хатти сарҳадии империяи Русияро дар Бадахшон тасдиқ кард. Дар асоси ин шартнома дар Бадахшон сарҳади нуфузи баӣни Русия ва Англия аз Заркӯл то канори шарқии Бадахшон дарёи Панҷ қарор гирифт. Мувофиқи он соҳилҳои чапи дарё, пеш аз ҳама заминҳои дар ин канор доштаи Дарвози Бухоро ба зери нуфузи Англия, ба ҳисоби Афғонистон гузашт. Соҳилҳои рости дарё, яъне мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон ба зери нуфузи Русия даромад. Вале ҳукумати подшоҳии рус ин мулкҳоро ба амири Бухоро, ба ивази мулкҳои дар ин минтақа аз даст додааш (яъне заминҳои дар соҳилҳои чапи дарё доштаи Дарвози Бухоро) бахшид. Бадахшони (Помири) Шарқӣ бошад ба ҳайъати вилояти Фарғонаи генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ гардид. Он қисми шарқии водии Вахон, ки дар баӣни мулкҳои Русия ва Ҳиндустон вазифаи минтақаи озод ва бетарафро иҷро мекард, низ ба ҳисоби Афғонистон гузашт.
Ҳамин тарз «Масъалаи Помир» асосан дар баӣни Русия ва Англия «ҳал» гардид ва гӯё бо ин рақобати баӣни ду давлати абарқудрати давр оиди як гӯшаи кӯҳии дунё ба охир расид.

§ 7. Оқибатҳои аз тарафи Русия забт шудани Осиёи Миёна

Забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия ба худ ҷиҳатҳои мусбат ва манфиро дорост. Ҷиҳатҳои мусбат:
1) Дар Осиёи Миёна, ки то забтшавӣ муносибатҳои феодалӣ ҳукмфармойӣ мекард, минбаъд ба доираи муносибатҳои молию пулии ҷамъияти капиталистӣ кашида шуданд. Аввалин заводу фабрикаҳо ба вуҷуд омаданд, роҳҳои оҳан сохта шуд. Умуман иқтисодиёти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳод. Осиёи Миёна оҳиста-оҳиста на танҳо ба бозори умумирусиягӣ, балки ба воситаи он бо бозори умумиҷаҳонӣ муносибат пайдо кард;
2) Ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои мустақил ва ниммустақили кишвар, махсусан баӣни аморати Бухорою хонии Қӯқанд, ки боиси хонахаробиҳои зиёд ва қашшоқии мардум мегардид, барҳам дода шуд. Зеро аз болои тамоми мулкҳои Осиёи Миёна назорати қатъии ҳукумати подшоҳӣ ҷорӣ гардид. Хомӯш гардидани ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бошад барои инкишофи тиҷорати баӣни ноҳияҳо ва вилоятҳои Осиёи Миёна шароити мусоид ба вуҷуд овард;
3) Боқимондаҳои муносибатҳои ғуломдорӣ (махсусан хариду фурӯши ғуломон) манъ карда шуд (агарчанде дар аморати Бухоро он амалан боз чанде давом дошт); 4) Имконияти шиносшавӣ бо маданияти якдигар ва ғанӣ гардидани он ба вуқӯъ омад. Барои омӯзиши илмии табиату маънавиёти Осиёи Миёна қадамҳои аввалин ва ҷиддӣ гузошта шуд.
Ҷиҳатҳои манфӣ:
1) Бо забти Осиёи Миёна аз тарафи Русияи подшоҳӣ мустақилияти давлатдории халқҳои ин сарзамин аз байн рафт. Кишвари Туркистон қисми таркибии империяи Русия гардид. Аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ пурра ба доираи сиёсати ҳукумати подшоҳии рус даромаданд. Онҳо, ба ғайр аз Русия, бо дигар давлатҳо муносибат карда наметавонистанд;
2). Дар сарзамини генерал-губернатории Туркистон тартиботи сахти мустамликавӣ ҷорӣ гардид. Ҳукумати иртиҷоии амири Бухоро ва хонии Хева агарчанде ба зери ҳимояи ҳукумати подшоҳӣ кашида шуда бошанд ҳам, аммо тартиботи идоракунии дохилӣ дар ҳар ду мулкҳои Осиёи Миёна бетағйир монд. Минбаъд ҳукуматдорони амирию хонӣ дар зери сояи қувваи ҳарбии Русияи подшоҳӣ нисбат ба мардуми бечораи худ зулмро боз ҳам зиёдтар раво дониста, онҳоро бераҳмона истисмор мекарданд. Дар натиҷаи ҳамаи ин мардум ба истисмори боз ҳам сахттар гирифтор шуд;
3) Шартномаи байни Русияю Англия дарёи Панҷро сарҳади нуфуз қарор дода, халқи тоҷикро, ки ҳазорҳо сол боз дар тарафи чап ва рости он зиндагӣ карда, бо ҳам рафтуомад ва хешутаборӣ дошт, аз ҳам ҷудо кард. Он лаҳза, ҳангоми муайян намудани марзи давлатӣ, манфиати халқи тоҷик умуман ба эътибор гирифта нашуд. Зеро, тақдири халқи тоҷик аз сиёсати бузургдавлатии забткоронаи Русияю Англия сахт вобастагӣ дошт.

Бозгашт ба мундариҷаи китоб



error: Content is protected !!