Муҳаммад (с). Бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ


muhammad

Хусрави II Парвиз баъди фатҳи Искандарияву Миср ва канораҳои баҳри Сурх ба Тайсафун бозгашта, бо шукӯҳу ҷалол дар тахти шоҳаншоҳӣ меосуд, ки ба ҳузури ӯ омадани сафиреро аз шаҳри Ясриб (Мадина)-и мулки Араб хабар доданд. Хусрав ҳарчанд аз кадом мулки Араб ва аз ҷониби кӣ омадани сафирро дуруст пай набурда бошад ҳам, аз рӯйи одати дарбор рӯзи дигар ба пазируфтани ӯ ризоият дод.

Сафири расида дар соати қабул берун аз қасри шоҳаншоҳ уштурашро басту бо пероҳани нимдошти пашмина, риши анбӯҳу мӯйи сари расида ва пойи нимурён ба толори пазироии шоҳаншоҳ ворид гашт. Сурати зоҳирӣ ва сару либоси фақиронаи ӯ ба ягон сафири то ин дам омада шабоҳат надошт ва бехабар будани ӯро аз расмияти сафорату пазироӣ аён мекард. Сафир гӯё аз фаршҳои густурдаи мунаққашу рангоранги дастибофт ҳазар мекарда бошад, аз гӯшаи толор ба рӯйи замин нишасту номаеро аз бағал берун кард. Шоҳаншоҳ бо ҳисси шубҳа, вале сабру таҳаммул саропойи ин сафирро аз назар гузаронду ба дабирпат амр дод, ки номаро бигирад ва аз куҷо расидани сафирро бипурсад. Марди ҷулҳундипӯш бо камоли ғуруру худписандӣ хабар дод, ки ӯро Расули Худо (с) вакил карда ба назди Хусрави Парвиз фиристодааст, то подшоҳи Аҷам аз дини собиқаи зардуштӣ даст кашида, ба дини ислом бигаравад. Хусрави Парвиз хашму ғазабашро фурӯ бурда, номи Расули Худо(с)-ро пурсид. Посух омад, ки Расули Худо Муҳаммад (с) ном дошта, дини исломро дар Арабистон ҷорӣ кардааст.

Ба қавли Табарӣ, ин нома баъди муҳорибаи лашкари начандон афзуни Арабу Аҷам дар сари чоҳи Зи-Қор ва аз ғояти ташнагӣ рӯ ба фирор овардани сипоҳи Сосониён фиристода шуда буд. Нома ба забони арабӣ сабт шуда, мазмуни зайл дошт:

«Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон. Аз номи Муҳаммад — пайғамбари Худо ба Парвиз писари Ҳурмуз. Аммо баъд. Ба дурустӣ, ки ман ба ту Худоро сипосу ситойиш мекунам. Нест маъбуде ба ҷуз Ӯ зиндаву поянда. Он, ки маро ба ростӣ ба сӯйи қавме, ки бар онҳо сақо аст ва хирадашон рабудашуда аст, муждадиҳанда ва бимкунанда фиристодааст. Ва ҳар касро, ки Худо раҳ намояд, ҳеҷ гумроҳкунандае барои ӯ нест ва ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, пас ҳеҷ раҳнамое барои ӯ нест. Ба дурустӣ, ки Худо ба бандагон биност. Монанди Ӯ чизе нест ва Ӯ шунавои биност. Ислом овар, солим бимонӣ ё ба ҷанге аз ҷониби Худо ва пайғамбари Ӯ омода бош, онро касе оҷиз накунад».

Кисро чун ин нома бидид, хашм омадаш, гуфт: «Ин кист, ки номи хеш пеш аз номи ман набиштааст? Ва бифармуд, то он номаро бидариданд ва расулро хор доштанд. Пайғомбар салавоту-л-лоҳи алайҳи, чун ин хабар бишунид гуфт: «Мулки хештан дарид»1.

Табарӣ менигорад, ки баъди ин қазия кори Паёмбари ислом (с) дар сарзамини араб рӯ ба беҳӣ оварда, пайравонаш рӯз то рӯз меафзуданд. Вале аз қазо Хусрави Парвиз аз ҷониби қайсари Рум дучори шикасту бебарориҳо гашта, дар поёни умраш ба яъсу навмедӣ гирифтор мегардад. Чун овоза ва пирӯзиҳои Паёмбари ислом (с) ба шаҳри Тайсафун мерасид, баъди чанде Хусрави Парвиз ду нафарро аз меҳтарони Аҷам ба назди Муҳаммад (с) фиристод, то нахуст ба Мадина рафта, ӯро ба ҳузури шоҳаншоҳ хонанд. Ба сафирон дастур дод, ки «агар биёяд, бо ӯ бозгардед ва агар наёяд, аз ӯ бигзаред ва ба Яман шавед ва ин нома ба Бозон (малики Яман — Э.Р.) диҳед, то кас фиристад ва ӯро бубанданд ва ба назди ман оваранд. Ин ҳадис дар поёни умри Кисро буд» 2.

Вақте ки сафирон ба назди Муҳаммад (с) омаданд ва пайғоми Хусрави Парвизро расонданд, эшонро бо хушӣ пазируфта, посухи ризоият ё рад надод. Онҳоро дар хонаи Салмони Порсӣ фуруд овард ва ризқи ҳаррӯзаи эшонро аз пиставу хурмо таҳия кард. Ҳар гоҳе сафирон ба ҳузури Паёмбар (с) мерафтанд, онҳоро ваъдае неку медод ва сабр кардан мефармуд. Чун шаш моҳ аз миён гузашт, сафирон сабру қарор бохта, ҳамроҳи Салмони Порсӣ ба назди Паёмбар (с) омаданд ва гуфтанд: «Моро сабр намонд ё бо мо биёӣ, ё моро дастуре деҳ, то биравем»3. Салмони Порсӣ посухи Паёмбаронро ба онҳо тарҷума кард: «Худои ман худойгони шуморо

___________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.638.
2. Ҳамон ҷо.
3. Ҳамон ҷо. — С.639.

бикушт ва Шерӯя — писарашро бар вай мусаллат кард, то бикушташ дӯш ба шаб»1.

Сафирон аз ин посух ҳайрон шуда, аз Мадина ба сӯйи Яман омаданд, то номаи Хусравро ба малики он расонанд. Аз қазо ҳангоми ба Яман омадани онҳо номаи Шерӯя низ расида буд, ки аз қазияи «Парвиз бимурд ва ман ба мулк бинишастам» 2 хабар медод.

То кадом андоза воқеият доштани ин қиссаро ба таърихнигорон вогузошта, дар атрофи як ҷузъиёти аҷиби он — Салмони Порсӣ меистем, ки дар ҳузури Паёмбари ислом (с) мартабаи муносиб дошта, сухани касони аз қаламрави Эрон омадаро ба забони арабӣ тарҷума мекард. Сарнавишти Салмони Порсӣ яке аз ҳангомаҳои шигифтангези таърихи аҳди Сосониён ва зуҳури ислом буда, назар ба бисёр далелҳои хурду бузург аз фарорасии бӯҳрони амиқи иҷтимоиву сиёсӣ ва омилҳои фурӯпошии империяи паҳновари Хусрави Парвиз ва ворисони ӯ шаҳодат медиҳад. Ислом ба қаламрави Ироқи Сосониён, ки дар зери нуфузи ойинҳои зардуштӣ, масеҳӣ ва яҳудӣ қарор дошт, аслан дар ибтидо бидуни ҷангу хунрезиҳо чун ақидаи тозаи маънавӣ ва таълимоти яктопарастии ҳамагониву башардӯстона роҳ кушода буд.

Таълимоти ислом саршори ғояҳои баробарӣ, бародарӣ, адолати иҷтимоӣ буда, аз миён бурдани тафриқаи нажодӣ, имтиёзҳои табақавӣ, мансубияти миллию маҳаллӣ ва ҳама гуна нобаробариҳои ҷомеаро пеш мегузошт ва табиист, ки дар атрофи Паёмбар (с) Салмони Порсӣ барин солимфикрону хирадмандони адолатпарварро гирд меовард. Салмони Порсӣ аз табори ашрофони эронӣ буда, номи аслии ӯро Рӯзбеҳ пури Марзбон мешуморанд. Ӯ аз хурдӣ ба омӯзиши илм рағбат пайдо карда, бо ҳидояти рӯҳониёну аҳли хирад ҷумлаи нозукиҳои ойини зардуштиро аз бар менамояд. Таназзули низоми давлатдории Сосониён хоҳу нохоҳ боиси таназзули ғояҳои маънавӣ ва коҳиши нуфузи дини зардуштӣ гардида, Рӯзбеҳ барин ҷавонони озодфикру ҷӯяндаро қаноатманд карда наметавонист. Ӯ шояд аз таълимоти ойини зардуштӣ ва ҷавҳари ғоявию иҷтимоии он қаноатманд нагашта, рӯ ба дини насронӣ меорад ва дар Ироқ бо уламову коҳинони ойини масеҳӣ вохӯрда, чандин соли умрашро дар ҷустуҷӯй ҳақиқату адолат сарф мекунад. Вале он ҳадафҳои наҷибонаву иддаое, ки дошт, дар дини насронӣ низ пайдо накард ва овозаи дини тозаи ислом ва рисолати Паёмбари он (с) Рӯзбеҳро сӯй худ кашид. Бо

____________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С. 639.
2. Ҳамон ҷо.

тақозои сарнавишт ӯ чун ғуломе ба Ясриб (Мадина) омад ва бо мадади ҳазрати Муҳаммад (с) аз қайди ғуломӣ раҳо ёфт. Ба қавли Табарӣ, ӯ «ба дасти ҷуҳуде ғулом буда», вазифаи Котибиро адо мекард. Паёмбар (с) баҳои ӯро дод ва аз ғуломӣ озод кард1. Рӯзбеҳ ба дасти Расули акрам (с) мусалмон шуд ва аз ғояти хираду фазилат «ба ҷумлаи даҳ тан аз беҳтарин саҳобагони Муҳаммад (с) шомил гашт» 2 ва бо номи Салмони Порсӣ шуҳрат ёфт.

Ва ҷойи тааҷҷубу нигаронӣ ҳам нест, ки Паёмбар (с) сафирони фиристодаи Хусрави II Парвизро дар хонаи яке аз саҳобаҳои худ — Салмони Порсӣ ҷой дода, мехост онҳоро ба дасти як нафар эронии ҳамқавму ҳамзабонашон ба дини ислом ташвиқ намояд. Ва ин марди фидоии роҳи ҳақиқату адолат, ки аз ғуломии яҳудиёни Мадина раҳида, рӯ ба ислом оварда буд, «дар замони хилофати Умар (р) пас аз фатҳи шаҳри Тайсафун, волии ин шаҳр шуд. Вале чӣ тафовути азиме дар байни дастгоҳи фақирона ва дарвешонаи ӯ ва дарбори бо карру фарри Яздигурди Сосонӣ вуҷуд дошт. Салмон «ато» ё ҳуқуқи ба ӯ бахшидашударо ба сабаби фурӯтание, ки дошт, напазируфт. Ӯ сабадбофӣ мекард, сабадҳоро мефурӯхт ва бо баҳои он мезист, яъне ба ақидаи баробарӣ ва баъд бародарии худ устувор монд».3

Аз қазои тақдир зимоми садорати пойтахти Хусрави Парвиз, ки ба қавли Табарӣ, дар қасраш дувоздаҳ ҳазор канизаку ромишгар, панҷоҳ ҳазор аспу астари хосса, дувоздаҳ ҳазор уштури сапед ва ганҷу зару сарвати беҳисоб дошт,4 ба дасти марди порсову риёзаткаше аз саҳобаҳои Паёмбари ислом (с) афтод, ки шоҳаншоҳи сосонӣ ҳатто ба сафиру номаи фиристодаи ӯ бо чашми эътимод нанигариста буд. Ва ҳангомаи шигифтовари таърих боз дар он аст, ки маҳз Салмони Порсӣ расулони фиристодаи Хусрави Парвизро пазируфта, ба хонааш ҷой дод, суханони онҳоро ба ҳазрати Муҳаммад (с) аз порсӣ тарҷума кард, онҳоро аз дер кашидани посухи Паёмбар (с) то шаш моҳ дар манзилаш нигоҳ дошт. Салмони Порсӣ бо ҳама зиракию заковат шояд он соатҳо ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки рӯзе маснади волии шаҳри Тайсафун барояш насиб мегардаду ӯ дар сафи лашкари кишваркушои арабҳо қаламрави паҳновари Сосониён — Ироқу Эронро фатҳ мекунад.

_______________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.906.
2. Юсупов 3. Тоҷикон дар фарҳанги ориёӣ//Баҳори Аҷам, 1999, №9.
3. Ҳамон ҷо.
4. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.623-624.

Салмони Порсӣ инро мехост ё на, ба арсаи таърих чун яке аз нафароне ворид шуд, ки бо ҳидояту раҳнамойи хеш салтанати беш аз чаҳорсадсолаи давлати Сосониёнро халалдор намуда, ба ҷойи ойини собиқаи зардуштиву тамаддуни куҳани ориёӣ ба қаламрави кишвараш дини ислом ва фарҳанги нави исломиро интиқол дод. Салмони Порсӣ дар шумори олимону хирадмандон амсоли Каъбаи Яҳудӣ, Заҳиби Масеҳӣ, Зайд ибни Собит аст, ки нахустин ояҳои осмонии Қуръони Маҷид ва таълимоти исломро аз рисолати шифоҳӣ ба риштаи хатту китоб овардаанд. Зайд ибни Собит, ки дар Ясриб ойини насронӣ дошт, дар синни 11-солагӣ ба ислом имон оварда, бо ҳидояти Паёмбар (с) забон ва сарфу наҳви арабиро омӯхт ва дертар ҳамчун муншии Ӯ (с) иншои номаҳо ва коргузории расмии девонро пеш гирифт. Дертар вай дар замони хилофати Абӯбакр пораҳои Қуръонро ҷамъоварӣ карда, китобат намуд, то ихтилофи дар атрофи ояҳо бархостаро аз байн бибаранд1. Ин абармардон ҳар кадом ҳарчанд дар ибтидо аз ойинҳои мухталифи зардуштӣ, яҳудӣ ва масеҳӣ пайравӣ мекарданд, дар охир ба ислом имон оварда, дар атрофи Паёмбари мусулмонон (с) муттаҳид шуданд ва барои густариши ислом мусоидат намуданд.

Нахустин осори хаттии арабӣ китоби муқаддаси Қуръон буд, ки дар он ояҳои осмонии Худованд, ривоятҳои динӣ, ҳикмату суханҳои пандомез, аҳкому низоми ҷомеа ва таълимоти дини ислом гирд омада, дертар бо иродати Зайд ибни Собит ва Салмони Порсӣ барин босаводону аҳли хатту ҳирфа китобат мешуданд. Ҳатто бархе аз арабшиносон бар он андешаанд, ки хатти форсӣ, ки ҳоло бештар бо номи хатти арабӣ шуҳрат дорад, аз ҷониби эрониён ихтироъ шудааст ва Салмони Порсӣ дар таҳияву такмили сарфу наҳви забони арабӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ба қавли муаррихи тавоно Ибни Халдун, «Ҷумлаи улуми шаръии ва ақлия ва асҳоби фунун ва бадоеъ ҳамагӣ аз эрониҳо буданд ва бо собиқаи қадимӣ, ки онҳо дар тадвину таълифи улум ва китобҳо доштаанд, ихтирои ин хат (хатти арабӣ) аз тарафи онҳо шудааст. Дар замонҳои аввали ислом муаллифон гарчи забонашон арабист, вале ҳасабу насабашон эронист ва тарбияташон низ эронист. Арабҳо ба иллати ин ки мардумоне сода ва бадавӣ буданд, бад-ин ҷиҳат аз фунун ва саноеъ бебаҳра будаанд» 2.

Арабҳо дар даврони тоисломӣ аз хатту савод маҳрум буда, бештар анъанаи шифоҳии суханварӣ, шеъргӯйӣ ва достонсаройӣ дар байни онҳо роиҷ буд. Дар миёни арабҳои даврони тоисломӣ ё худ аҳди ҷоҳилият

______________________________
1. Муҳаммадҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди 1. — С. ЗОО.
2. Иқтибос аз китоби Афсаҳов А., Қаҳҳоров Ҳ. Хат ва пайдоиши он. — Душанбе, 1994. — С. 20-21.

асосан ойини бисёрхудоӣ ва бутпарастӣ маъмул буда, аксари қабилаҳо буту санам ва худои ҷудогонаи хешро доштанд. Дини ислом дар ҷараёни ташаккулу таҳаввулаш маҳз бо ҳидояти Паёмбар (с) ва фидоиёни бозаковату дурандеши аҳли ҳирфаву футувват аз кеши қабилаҳои бодиянишини араб ба дини ҷаҳонӣ ва тамаддуни арзишманди умумибашарӣ табдил ёфт. Бояд гуфт, ки дар даврони зуҳури ислом динҳои густурдаи ҷаҳоние амсоли кеши зардуштӣ, масеҳӣ, яҳудӣ ва буддоӣ дар чаҳор самти олам муътақидону пайравони бешумори худро доштанд ва таълимоти паёмбарони онҳо дар китобҳои муқаддаси Авасто, Таврот, Инҷил ва Талмуд тарғиб мешуданд.

Паёмбари банӣ-Исроил Мӯсо дини яҳудиро бунёд гузошта, дар Мисру Фаластин ва дигар кишварҳои Араб пайравони худро дошт. Ойини масеҳии паёмбар Исо бошад, дар Мисру Шом ва Юнону Рим нуфуз пайдо карда, аз ҷониби империяи Византия пуштибонӣ медид. Кеши зардуштӣ чор аср боз дар Эрони Сосонӣ ва Осиёи Миёна интишор ёфта, мақоми давлатӣ дошт.

Чуноне ки дар боло дидем, аксари ҷангу зиддиятҳои миёни империяи Рум ва давлати Сосониён дар заминаи ихтилофҳои мазҳабӣ сар мезад. Ва дар миёни ду неруи тавонои мазҳабӣ — дини масеҳӣ ва кеши зардуштӣ падид омадани дини ислом ва дар муқобили ин ду империяи абарқудрат истодагарӣ кардани он худ як муъҷизаро мемонд. Зеро ба арсаи динҳои ҷаҳонӣ омадани дини ислом ва китоби яздонии Қуръон кори саҳлу осон набуд. Вале Муҳаммад (с) бо сиёсати саҳеҳ, лаёқати комил, истеъдоди фитрӣ, иродаи қавӣ ва ҳусни тадбиру зиракӣ тавонист, ки сароғоз дини исломро дар миёни қабоили саркашу бадавии араб густариш диҳад.

Пӯшида нест, ки то зуҳури ислом дар қисмати шимолу ғарбии Арабистон қабилаҳои бадавие иқомат доштанд, ки ойинашон ғолибан масеҳӣ буд. Яке аз чунин қабилаҳо қабилаи Хайра ба шумор мерафт, ки дар ҳудудҳои Наҷд ва канораҳои Фурот буду бош дошта, аз таъсири афкори дини масеҳии румиён илҳом мегирифтанд. Гузашта аз ин, дар шаҳрҳои Мадина, Хайбар, Яман, Ҳиҷоз ва ғайра дини яҳудӣ бештар нуфуз дошта, Тавротро китоби муқаддаси худ меҳисобиданд. Мувофиқи андешаи муҳаққиқони аҳди хилофат, дар шаҳри Мадина панҷ қабилаи бонуфуз сокин буд, ки аз онҳо қабилаҳои аёс ва ҳазраҷ бутпараст буданд ва се қабилаи дигар кешҳои яҳудиву масеҳиро пайравӣ мекарданд.

Дар шаҳри Макка бештар ойини бутпарастӣ роиҷ буда, дар бинои чаҳоргӯшаи Каъба буту санамҳои худро мегузоштанд. Бути асосии қабилаи Қурайш Ҳубал ном дошта, дар атрофи он бутҳои дигар — Маноф, Саъд (худои бахт), Зулхаласа (худои ҷанг) қомат афрохта буданд. Адои русуму қурбонӣ ва парастишу ниёиши бутҳоро пешвоёни қабилаи Қурайш анҷом медоданд, ки бобои Паёмбар (с) Абдулмуталлиб сарвари хонадони яке аз нигоҳбонони Каъба ва чоҳи Зам-зам буд.1 Чун шаҳри Макка дар масири роҳи корвонгузар қарор дошт, тоҷирон аз кишварҳои дуру наздик ба зиёрати хонаи Каъба ва чоҳи Зам-зам омада, баъди шикастани ташнагӣ ба парастишу ниёиши буту санамҳо рӯ меоварданд.

Чуноне ки дар боло зикр кардем, аз нимҷазираи Арабистон роҳи бузурги корвонгарде тавассути Макка ба Яману Сурия, Фаластину Ироқ мерафт ва ҳатто қабилаҳои биёбонгардӣ бадавӣ бори корвонҳои тоҷирони ҳинду ҳабаширо бо қофилаи уштурони хеш то канораҳои баҳри Миёназамин мерасонданд. Роҳи дарози тиҷоратии Ҳиҷоз аз канораҳои шарқии баҳри Сурх тӯл кашида, чандин шаҳрҳои асосии он замон — Макка, Ясриб (Мадина) ва Тоифро убур намуда, дар зиндагии мардуми нодори бадавӣ дигаргуниҳои иҷтимоиро ворид месохт.

Арабҳои бадавӣ, ки аслан зиндагии кӯчманчигӣ доштанд, бо уштурони яккӯҳонаи пуртоқаташон роҳҳои биёбонро бо осонӣ мепаймуданд. Уштурони онҳо дар гармиҳои тоқатфарсо 4-5 шабонарӯз беобу гиёҳ тоб оварда, беш аз 250 кг борро бемалол мекашониданд1 2. Гузашта аз ин, пашми уштур барои бадавиён либос, пӯсташ хаймаву бистар, ширу гӯшташ ғизои ҳамешагӣ буд ва аз саргинаш дар сардиҳои қаҳратун гулхан меафрӯхтанд. Рӯзгори сахт ва муҳтоҷии ҳамешагӣ арабҳои бадавиро домангир буд ва онҳоро водор мекард, ки ба тохтутозу яғмогариҳо рӯ оваранд. Аз асноди таърихӣ бармеояд, ки бадавиҳо дар солҳои қаҳтию хушксолӣ тифлҳои хеш, бахусус духтаронро мекуштанд, то ки аз як хӯрандаи барзиёд раҳоӣ ёбанд. Сарони қабила — сайидҳо ба иттиҳоди қабилавӣ ва авлодӣ, ки асосан дар заминаи қаробати хешовандӣ гирд омада буданд, сарварӣ мекарданд.

Ду роҳи бузурги корвонгарде, ки аз қаламрави шарқию ғарбии Арабистон мегузашт, дертар ба зиндагии суннатии бадавиёни араб дигаргуниҳо ворид сохта, онҳоро нахуст ба роҳбаладию кашондани бори тоҷирону тавонгарони аҷнабӣ балад намуд. Қофилаи корвони савдогарон, ки баъзан шумораашон аз ҳазор ҳам зиёд буд, ин мардуми саҳрогарду биёбоннавардро тадриҷан ба ҳунари тиҷоратӣ, доду ситадӣ бозор, русуми шаҳрҳои дуру наздик ошно месохт. Чорводорони бадавии дирӯза аз ду

___________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.672; Большаков О. Г. История Халифата. Том 1. — С.52-55.
2. Большаков О. Г. Ҳамон асар. — С. 32-33.

роҳи асосии тиҷоратӣ — яке аз канораҳои баҳри Сурх, ки метавон онро роҳи корвонгарди ғарбӣ номид ва дигаре аз наздикии халиҷи Форс, саҳрои Шому Фаластин, яъне роҳи корвонгарди шарқӣ бору колои савдогаронро бо қофилаи уштурони хеш кашонида, тадриҷан ба олами тамаддун роҳ меёфтанд.

Шаҳри Макка, ки дар сари роҳи корвонгарди самти ғарбӣ дар ҷодаи тӯлонии баҳри Сурх воқеъ буд, аз асри VI-и мелодӣ сар карда, ба маркази тиҷоратӣ ва мадании Арабистон табдил меёбад. Яке аз қабилаҳои бонуфузи аҳли Макка Қурайшиён ба шумор мерафтанд, ки дар ибтидо барои боркашонӣ ва интиқоли колои савдогарон мусоидат намуда, дертар худашон тавонгару тиҷоратпеша гардиданд. Акнун савдогарони Қурайшӣ, ки қофилаи корвонашон то сесад уштур мерасид, қабилаҳои дигари бадавиро чун роҳбаладу ҳомии корвонҳо истифода мекарданд. Маҳз бо ҳидояту дастури ҳамин тавонгарони Қурайшӣ дар атрофи ибодатгоҳи муқаддаси Каъба манзилҳои истиқоматӣ, корвонсарою бозорҳо ва дигар иморатҳои гуногун сохта шуда, шаҳри Макка вусъат меёфт ва ободтар мегашт. Акнун тоҷирону савдогарони худию аҷнабӣ аз бозорҳои машҳури Укоз ва Маҷанна ба зиёрати Каъба омада, аз оби Зам-зам баҳра мебурданд ва маросими ниёишу ибодатро ба хотири бузургдошти Ҳубал ва дигар буту санамҳо ба ҷо меоварданд.

Аҳли Макка асли баромад ва насаби худро аз Иброҳими Халилуллоҳ дониста, ӯро нахустин бунёдкунандаи хонаи муқаддаси Каъба мешумурданд. Воқеан, дар сураи Оли Имрон дар ин боб чунин омадааст: «Нахустин хонае, ки барои мардум бино шуда, ҳамон аст, ки дар Макка аст. Хонае, ки ҷаҳониёнро сабаби баракат ва ҳидоят аст» (Сураи Оли Имрон, ояи 96).

Ва ояи 97 аз мақоми Иброҳим ва воҷиботи Каъба хабар медиҳад: «Дар он ҷост оёти равшан ва мақоми Иброҳим. Ва ҳар кӣ бад-он дохил шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст»1.

Меҳтарин шаҳри Макка, нигоҳубини хонаи Каъба ва чоҳи Зам-зам, ба андешаи муаррихону арабшиносон, аввал мансуби қабилаи ҷурҳум, сипас қабилаи хузоа ва ниҳоят қабилаи Қурайш будааст 2. Хонадони банӣ- Ҳошим дар миёни қабилаи Қурайш яке аз авлодони бонуфузу сарватманд ва нигаҳбони Каъба буда, адои расму ойинҳои диниро назорат мекарданд.

_____________________________
1. Қуръон. Сураи Оли Имрон. 3. Ояи 96 ва 97. — Теҳрон, 1997. — С. 63.
2. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди 1. — С. 108-110.

Ниҳоят бобои Паёмбар (с) Абдулмуталлиб, ки аз хонадони банӣ-Ҳошим ва як марди ботаҷрибаю рӯзгордида буд, ба сифати пешвои қабилаи Қурайш пазируфта шуд. Мувофиқи маълумоти Табарӣ, Абдулмуталлиб чун ба меҳтарин қабилаи Қурайш расид, азм намуд, ки чоҳи Зам-замро биканад ва оби нуҳуфтаи онро берун орад. Ва ӯ аз куҳансолони қабила шунида буд, ки андаруни чоҳ дафинае маҳфуз аст. Ба хотири ёфтани оби саргумзадаи чоҳи Зам-зам ва дафинаи эҳтимолӣ ӯ ба Худояш (Ҳубал) ваъда дод, ки аз писарони доштааш якеро қурбон мекунад. Аз қазо ҳам дафинаро пайдо карду ҳам оби чоҳ берун омад. «Ва ӯро дувоздаҳ писар буд ва кеҳтар аз ҳама Абдуллоҳ буд — падари Пайғомбар салла-л-лоҳу алайҳи… Пас Абдулмуталлиб ба миёни ҳама фарзандон қуръа зад се бор ва ҳар се бор бар Абдуллоҳ — падари Муҳаммади Мустафо салавоту-л- лоҳи алайҳи омад. Пас Абдулмуталлиб оҳанги куштани ӯ кард».1

Абдуллоҳ аз миёни фарзандон хурдтарину маҳбубтарин фарзанди падар буд ва дар ҷабини ӯ нуреро эҳсос мекард. Вале ӯ чун Иброҳими Халилуллоҳи бузургабояш аз қурбонӣ кардан ва вафо намудан ба аҳд чорае надошт. Бузургони қабила ва мардуми Қурайш ба ҳузури ӯ омада гуфтанд, ки Абдуллоҳро қурбонӣ накунад «ва барои худдорӣ аз ин кор дар пешгоҳи Ҳубал узре биёварад» 2. Оқибат бо машварати коҳини солхӯрдае барои ризои Худо даҳ уштур назри хунбаҳо муқаррар карданд. Ва дар баробари Ҳубал ҳар боре, ки қуръа мезаданд, қуръа боз ба номи Абдуллоҳ меафтод. Шумораи уштуронро даҳ-даҳ афзуда, аз нав қуръа мепартофтанд. Ҳангоме ки саршумори уштурон ба сад расид, қуръа ба номи уштурон афтод ва дар роҳи ризои Худованд ва аз назр раҳидани Абдуллоҳ ҳамаи уштуронро қурбон карданд3.

Абдуллоҳ — падари Паёмбар (с) мувофиқи маълумоти муаллифи асари «Зиндагиномаи Муҳаммад» ҷавони зебову хушқиёфа буда, духтарони Макка аз қазияи бар ивази сад шутур аз қурбонӣ раҳиданаш мехостанд ба ӯ бирасанд. Вале падараш Омина бинти Ваҳбро барояш муносиб донист ва аз асари издивоҷу хонадории онҳо, яке аз бузургтарин мардони таърих — Паёмбари ислом — Муҳаммад (с) ба дунё омад.

Аз қазои тақдир зиндагии ширини навхонадории Абдуллоҳ чандон дер накашид. Омина думоҳа обистан буд, ки шавҳараш дар қатори корвони савдогарон азми тиҷорат намуда, ба сӯй Шом (Сурия) рафт. Ҳангоми

_________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.672.
2. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Муҳаммад. — С. 113.
3. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Ҳамон асар. — С.672-673; Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Ҳамон асар. — С. 113-114.

бозгашт ранҷур шуда, оҳанги Мадина кард, то дар назди хешовандон аз хастагии сафар биосояду сипас роҳи Маккаро пеш гирад. Вале рӯзе чанд дарду ранҷ кашиду дар Мадина умраш ба сар омад. Фосилаи обистании ҳамсараш низ поён ёфт ва тақрибан 20-уми августи соли 570-и мелодӣ1 аз Омина писаре ба дунё омад. Чун тифлро ба ҳузури бобояш Абдулмуталлиб бурданд, ӯ ҳамон нури ошноро дар ҷабини наберааш дид ва меҳри ӯро ба ҷон пазируфт.

Муҳаммад (с)-ро аз рӯйи одати маъмули арабҳо ба Ҳалима ном дояе аз қабилаи банӣ-Саъд супурданд. Ӯ соле чанд дар саҳро таҳти парастории дояаш Ҳалима монд. Ва ривоятест, ки чун Муҳаммад (с) ба синни сесолагӣ расид, ҳамроҳи писари Ҳалима — бародари ҳамшираш ба пушти хона рафт ва ӯро ду марди сафедпӯш ба замин хобонда, шикамашро чок карданду зеру рӯ намуданд 2. Ҳалима ва шавҳараш аз ин қазия ҳаросида, тифлро ба модараш бозгардонданд. Ва бархе аз муаррихон бар онанд, ки Муҳаммад (с)-ро дар панҷсолагӣ ба модараш — Омина супурданд. Дар ҳар сурат ҳангоми шашсолагӣ модараш Омина Муҳаммад (с)-ро сӯйи Ясриб (Мадина) ба назди ҳамнасабонаш аз қабилаи ҳазраҷ бурд, то ки хешовандон ва қабри шавҳари ҷавонмаргаш Абдуллоҳро зиёрат намояд. Онҳо як моҳ дар Ясриб монданд ва ҳангоми бозгашт ба Макка дар аснои роҳи Абво Омина бемор шуда, ногаҳон вафот кард.3 Ва аз миён ду сол нагузашта, ҳангоме ки Муҳаммад (с) ҳанӯз ҳашт сол надошт, бобояш Абдулмуталлиб соли 579 дар синни ҳаштодсолагӣ вафот кард ва сарпарастию пуштибонии набераи ятимашро ба уҳдаи писараш Абӯтолиб вогузошт.

Абӯтолиб бародарзодааш Муҳаммад (с)-ро бо камоли меҳр тарбия мекард ва аз фарзандони худ азизтар медошт. Ҳангоме ки ӯ ба синни дувоздаҳ расид, бо майлу хоҳиши худ ҳамроҳи амакаш Абӯтолиб азми сафари тиҷоратӣ намуд. Сафари тиҷоратии Шом, ки аз масири роҳи корвонгарди шарқӣ мегузашт, барои Муҳаммад (с) мактаби нахустини роҳнаварди, тиҷорат ва зиндагӣ гашта, барояш бисёр сабақҳои хотирмон дод.

Муҳаммад (с) баъди ин тиҷорат, ки барои Абӯтолиб чандон судбахш наанҷомид, бо он басирати фитрӣ, зиракӣ ва оқилии табиие, ки дошт, бештар ба шунидану донистану мушоҳида кардан машғул мешуд, неку

___________________________
1. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал ба истинод аз Касин де-Персевал ин таърихро пешниҳод кардааст. Ниг.: Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди 1. — С. 120.
2. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Ҳамон асар. — С.122.
3. Ҳамон асар. — С. 124.

бад ва асрори зиндагиро пайваста меомӯхт. Ӯ рӯзгоре ба чӯпонӣ низ машғул буд ва дар фазои паҳновари биёбон ба тафаккуру андеша, пиндори худшиносию ҷаҳоншиносӣ ва заҳмати ҳалолу дили саршори ормонҳои наҷиб овони наврасиро паси сар мекард.

Рӯзгори чӯпонӣ барои Муҳаммад (с) барин як ҷавони ботафаккуру оқил чандон муносиб набуд ва аз он суди зиёде ҳосил намегашт. Амакаш Абӯтолиб дертар ӯро ба сифати тоҷири кироя ба чаҳор уштур бори Хадича ном бевазани сарватманде вобаста карда, ҳамроҳи корвони тоҷирон ба сӯйи Шом (Сурия) фиристод. Муаллифи «Зиндагонии Муҳаммад» менигорад, ки Хадичаи духтари Ҳувайлид бевазани чиҳилсолаи тиҷоратпешаву сарватманде буда, яке аз сармоядорони бонуфузтарини шаҳри Макка ба шумор мерафт ва молу колои афзунашро бо мадади падар, дигар шахсони мавриди эътимод ва тоҷирони кироя идора мекард. Ӯ ду бор шавҳар кардаву аз онҳо сармояе насибаш гашта буд, борҳо хостгории бузургони Қурайшро рад мекард ва мепиндошт эшон ба молу сарваташ дил бастаанд.

Корвони тоҷироне, ки Муҳаммад (с) ҳамроҳи онҳо буд, аз ҷодае сӯйи Шом мерафт, ки Паёмбар (с) дар овони дувоздаҳсолагӣ онро паймуда буд. Дар ин сафари тиҷоратӣ Муҳаммад (с) аз ғояти зиракию кордонӣ суди муносибе дида, ситойиши боамонату росткирдор буданаш ба Хадича расид. Ва дере нагузашта бо миёнравии Нафиса ном зани хайрхоҳе Муҳаммад (с) бо Хадича дар синни 25-солагӣ издивоҷ намуд.

Муҳаммад (с) баъди издивоҷ бо Хадича ба доираи тавонгарону соҳибсарватони Макка мансуб гашта, эҳтироми Ӯ дар миёни хосу ом меафзуд. Паёмбар (с) инсоне комил ва нексиришт буда, суботи азму неруи ирода ва рӯҳи тавоно дошт. Бо мурури рафтани умр тафаккуру таҳаммул ба андешаҳои бардавом ёраш мегашт ва аз қазо хобҳои ростин медид. Ӯ бештар ба риёзату ибодат машғул шуда, аз ниёиши Худованд рӯҳаш меосуду вуҷудаш роҳат мекард. Дурӣ ҷустан аз ғавғои зиндагӣ, рӯ овардан ба сабру қаноат ва гӯшанишинию узлатписандӣ ба хулқаш роҳ меёфт. Аз ин рӯ, Ӯ ҳар сол аз рӯйи ойини мардуми Қурайш ба ғори кӯҳи Ҳиро (ду фарсах дур аз Макка) рафта, ба ибодату риёзат менишаст.1

Ӯ андар ин ғори хилват рӯҳашро парвоз мебахшид, асрори ҳақиқатро меҷусту аз кирдори азал ҳайрон мемонд ва ихтиёр ба андешаву тафаккур дода, рафтани рӯзу шабро эҳсос намекард. Чун ба домони чиҳилсолагӣ расид, дар шаби қадри моҳи рамазони соли 610, ҳангоме ки дар ғори

____________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.720.

Ҳиро хобида буд, Ҷабраил бо амри Худо худро ба Вай (с) намуд ва пеш омада гуфт:

«Дуруд бар ту, эй Муҳаммад, эй Пайғамбари Худой!» Муҳаммад (с) битарсид ва бар пой бархост ва пиндошт, ки девона шуд… Ҷабраил ӯро гуфт: «Матарс, ки ту Пайғамбари Худои ҷалла ҷалолуҳу ва ман Ҷабраил ам — фариштаи Худой»1. Ва Ҷабраил ӯро ба хондани ваҳйе амр намуд, ки бо номи сураи «Алақ» (Хунлахта) дар гори Қирон Макка нозил шудааст: «Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид! Одамиро аз хуни баста биёфарид. Бихон! Ва Парвардигори ту бузургвор аст! Он, ки ба қалам илм омӯхт: одамиро он чӣ намедонист, омӯхт». 2

Нозил шудани ваҳй ва зуҳури Ҷабраилро ба Паёмбар (с) исломшиносӣ маъруфи олмонӣ Август Мюллер дар китоби пурмуҳтавояш «Таърихи ислом» қариб дар ҳамоҳангӣ бо «Таърихи Табарӣ» нигошта, меафзояд, ки баъди бозгаштан аз гори Ҳиро ӯро тарсу ҳарос ва бими азим фаро гирифт ва аз ғояти изтиробу ҳолате чун табларза аз Хадича хоҳиш намуд, ки болояшро пӯшонад. Пас аз фурсате бо ҷома печида хобидан эҳсос намуд, ки ҳамон бонги ошно ба гӯшаш мерасад. Ва лаҳзае нагузашта сураи «Мудассир» (74, ояҳои 1-4) барояш нозил гашт ва Паёмбар (с) ҷомаро аз сар афканда, ба ҳақиқати ислом ва ваҳйи Худованд имон овард3. Инак, асли сураи «Мудассир» (Ҷома дар сар кашида) аз китоби муқаддаси Қуръон:

«Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон! Эй ҷома дар сар кашида, бархезу бим деҳ! Ва Парвардигоратро такбир гӯй! Ва ҷомаатро покиза дор! Ва аз палидӣ дурӣ гузин!».4

Воқеан, китоби «Саҳеҳ»-и имом Исмоили Бухорӣ, ки дар олами ислом баъди Қуръон саҳеҳтарин дастур аст, суоли саҳобагони Паёмбар (с) ва посухи Ҳазратро оид ба чӣ гуна расидани ваҳй чунин меорад:

«Пайғамбари Худо салла-л-лоҳу алайҳи ва саллам гуфт: «Гоҳо ба (гӯши) ман (садое) мисли овози зангӯла меояд ва он сахттарин ваҳй аст ва ҳангоме қатъ мегардад, ки ман он чиро, ки гуфта мешавад, фаҳмида бошам. Гоҳо фаришта ба гунаи марде намудор шуда, бо ман сухан мегӯяд. Ва ман он чиро, ки мегӯяд, мефаҳмам. Ойиша разия-л-лоҳу анҳу гуфт: «Ба

_____________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Ҳамон асар. — С.682.
2. Қуръон. Сураи Алак (96). Ояҳои 1-5. — Теҳрон, 1997. — С.599.
3. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Ҳамон асар. — С. 683; Мюллер А. История ислама. Книга первая. — М.. 2004. — С. 86-87.
4. Қуръон. Сураи Мудассир, 74. Ояҳои 1-4. — С. 576.

ростӣ, ман Ӯро дар рӯзи сармои сахт дидам, ки ба Ӯ ваҳй нозил мешуд ва дар мавриди қатъ гардиданаш пешонии Ӯ арақшор буд»1.

Аввалин касе, ки баъди Муҳаммад (с) ислом овард ва аз паси Паёмбар (с) намоз гузорид, ҳамсараш Хадича буд. Рӯзе онҳо намоз мегузориданд, ки Алӣ ибни Абӯтолиб, ки дар хонаи Паёмбар (с) мезист, ҳангоми адои суҷуд ба ҳузурашон даромад. Аз ин кори онҳо дар ҳайрат монда пурсид: «Ё Муҳаммад, киро саҷда мекунӣ?» Паёмбар (с) посух дод, ки «Ба Худое саҷда меорам, ки маро пайғомбараш хондаву фармуда, ки мардумро ба парастиши Ӯ хонам. Агар ту ҳам ба дини мо бигаравӣ, аз гуноҳи кофирӣ бираҳӣ». Сипас Муҳаммад (с) оёти нозилшудаи Қуръонро барояш хонд. Алӣ мафтуни оёт шуда, рухсат хост, ки бо падараш машварат намояд. Паёмбар (с) ӯро таъкид кард, ки суҷудашонро пинҳон дорад ва ғайри Абӯтолиб ба касе нагӯяд. Ва Алӣ аз остони сарой бозгашту гуфт: «Ё Муҳаммад, Худои азза ва ҷалла, маро бе машварати Абӯтолиб офарид. Маро низ барои пазируфтани дини Худой ва парастиши Ӯ ниёзе ба Абӯтолиб нест. 2

Сипас, рисолати пайғамбарӣ ва даъвати Муҳаммад (с) ошкор шуд ва Ӯ ба андеша афтод, ки ин розро пеши кӣ кушояд, то нагӯяд: «Ин мард девона шудааст».3 Оқибат Ӯ аз миёни аҳли Қурайш дӯсти содиқаш Абӯбакр ибни Абӯқуҳофаро интихоб намуд, ки марде буд бузургвор, тиҷоратпешаю беамонат, зираку оқил, поктинату писандидаи мардум ва «пиру ҷавон бар ӯ гирд омадандӣ ва сухани ӯ бишунидандӣ ва аз вай раъйҳо пурсидандӣ».4

Муҳаммад (с) рози паёмбарии худро ба Абӯбакр кушод ва дин ба ӯ арза кард. Абӯбакр бидуни ташвиқ даъвати Паёмбареро пазируфт ва ба ислом имон овард. Ва аз паси Абӯбакр аввал Зайди Ҳариса, сипас Билол ва Ҳамома ягон-ягон мусулмон мешуданд. Абӯбакр низ қиссаи ислом овардани худро ба касони мавриди эътимодаш мекушод ва ба ташвиқи ӯ Усмон ибни Аффон, Абдураҳмон ибни Авф, Талҳа ибни Убайдуллоҳ, Саъд ибни Ваққос ва Зубайд ибни Авом ба ислом гаравиданд ва баъди муддате шумораи онҳо ба сию нуҳ тан расид, ки дини хеш ниҳон медоштанд ва намозро пинҳон мегузориданд5.

________________________________
1. Саҳеҳи ал-Бухорӣ. Ҷилди 1. — Душанбе, 2004. — С.20.
2. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.684; Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди 1. — С. 147-148; Панова В. Ф., Вахтин Б. Ю. Жизнь Мухаммеда. — М.. 1990. — С. 136-137.
3. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Ҳамон асар. — С.684.
4. Ҳамон асар. — С.685.
5. Ҳамон асар. — С.686-687.

Овозаи дини Муҳаммад (с) ва рисолати паёмбариаш дар миёни мардуми Макка паҳн мешуд ва нуфузи худоёни собиқа Ҳубал, Лот, Уззо, Ноила ва дигар буту санамҳои Каъба мекоҳид. Оқибат мушрикони Қурайш ва қабоили дигар бар Паёмбар (с) шӯриданд ва ашрофони Макка бо ҳидояти Абусуфён ба назди Абӯтолиб, ки ҳанӯз ислом наоварда буд, шитофтанд ва чунин додхоҳӣ намуданд: «Бародарзодаи ту аз худоёни мо бад мегӯяд, аз дини мо айбҷӯйӣ мекунад ва ба аҳли мо механдаду падарони моро гумроҳ мешуморад. Ба ӯ бигӯй, ки аз мо даст бардорад ва ё ӯро ба мо вогузор. Ту низ мисли мо бо ӯ мувофиқ нестӣ ва мо ҳисоби худро бо ӯ яксара хоҳем кард»1.

Хулласи калом, баъди чандин ҳангомаҳои тезу тунд, таҳқиру озор ва бадрафториҳои мушрикони Қурайш ва таҳдид ба ҷони пайравони ислом гурӯҳе аз мусулмонон ба Ҳабашия муҳоҷират карданд. Вале Паёмбар (с) бо пуштибонии хонадони банӣ-Ҳошим ва амакаш Абӯтолиб — меҳтари қабилаи Қурайш аз қасди бадхоҳон дар амон буд.

Аз қазои тақдир аз даврони нубуввати Муҳаммад (с) нуҳ сол гузашта буд, ки амаки ҳаштодсолааш Абӯтолиб дар ибтидои моҳи зулқаъда (нимаи аввали моҳи июли соли 619) аз ҷаҳон гузашт. 2 Аз миён як моҳ паси сар гашта, ҳамсараш Хадича вафот кард ва Паёмбари ислом (с) дар симои онҳо аз ду пуштибону ҳомии бовафояш маҳрум шуд. Ба қавли Август Мюллер ва дигар исломшиносон, Хадича дар синни 65-солагӣ фавтид ва Ӯро аз машваратҳо ва меҳрубониҳои ғамхоронааш бенасиб намуд.

Баъди марги Абӯтолиб бадхоҳони Муҳаммад (с) афзуда, мушрикон ба озори Ӯ даст мезаданд ва ҳоли пайравонашро танг карда, сӯяшон санг меандохтанд. Вале Паёмбар (с) мардуми Маккаро ба парастиши Худои яккаву ягона даъват мекард, ҷиҳатҳои ахлоқиву иҷтимоии таълимоти ислом, баробариву бародарӣ, инсофу адолат ва хайру эҳсонро талқин менамуд ва онҳоро аз ниёиши Ҳубал ва дигар буту санамҳо боздоштан мехост.

Озори Қурайшиён торафт авҷ гирифта, Паёмбаронро водор намуд, ки рӯ ба Тоиф оварда, ашрофонашро ба ислом хонаду аз онҳо мадад ҷӯяд. Тоиф дар фосилаи серӯза роҳ аз Макка воқеъ буд ва аҳли Макка ба ин шаҳр қаробату рафтуо доштанд. Паёмбар (с) 26-уми шаввол (мутобиқ ба 15-уми июни соли 619) ниҳонӣ ба Тоиф омад3 ва аз меҳтарони он — се бародар Ҳабиб, Масъуд ва Амир — фарзандони Умайр аз қабилаи банӣ-

_________________________
1. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди 1. — С. 153.
2. Мюллер А. История Ислама. — С.118-119.
3. Большаков О. Г. История Халифата. Том.1. — С.83.

Сақиф дархост намуд, ки ӯро бипазиранд, аз озори аҳли Қурайш паноҳ диҳанд ва ислом оваранд. Се бародар ин тақозоро напазируфтанд, то ба сарзанишу хусумати аҳли Қурайш гирифтор нашаванд. Ва ҷавонони ҷоҳилро бар Паёмбар (с) барангехтанд, «ки ин девонаи Қурайшро берун кунед, то имшаб андар ҳадди Тоиф намонад… Он ҷавонон бар Ӯ шитоб ҳамекарданд ва бизадандаш ва санг андохтанд ва бар шитоланг бизаданд. Ва хун аз вай равон шуд. Пайғомбар (с) бишитофт ва аз ҳадди Тоиф берун омад пиёда ва рондаву ғамгин ва гуруснаву ташна ва хунолудшуда».1

Мушрикони Қурайш аз рафтани Паёмбар (с) ба Тоиф огоҳ шуда, бо сарварии Абӯҷаҳл азм намуданд, ки Ӯро ба Макка роҳ надиҳанд. Муҳаммад (с) аз қасди мушрикон огоҳ шуда, ночор рӯ ба гори Ҳиро овард, то пушту паноҳе ёфта, сипас вориди Макка гардад. Оқибат Мутъим ибни Адӣ — сарвари қабилаи банӣ-Навфал Ӯро зинҳор дод ва ба паноҳаш гирифт. Паёмбар (с) бо ҳимояту пуштибонии мардони ин қабила 23-юми зулқаъда (мутобиқ ба 12-уми июли соли 619) ба Каъба омада, намоз гузорид ва аз даъвати хеш даст барнадошт. 2 Ва барои афзудани нуфузи хеш ва иттиҳоди пайравонаш Ойиша — духтари Абӯбакрро хостгорӣ кард. Хабари Паёмбари ислом (с) ба тамоми кишварҳои Арабистон паҳн шуда, дар шаҳри пурфайзу сарсабзи водии Ҳиҷоз — Ясриб, ки 350 км дар арзи шимолии Макка воқеъ буд, сару садое ангехт.

Сокинони Ясриб асосан қабилаҳои авсу ҳазраҷ бошанд ҳам, дар ин шаҳр тоифаҳои арабтабори яҳудӣ ё аниқтараш, арабҳои яҳудимазҳаби банӣ-Қайнуқа, банӣ-Қурайза, банӣ-Назир мезистанд. Дар байни ин қабилаҳо иттиҳоду созиш набуд ва пайравони мазҳаби яҳудӣ мутобиқи китобҳои муқаддасашон аз падид омадани Паёмбари нав ва афзудани нуфузи хеш дар қаламрави Ҳиҷоз ҳадс мезаданд ва дигар қабоили арабро бим медоданд.3 Гурӯҳе аз қабилаҳои авс ва ҳазраҷ, ки дар асл бутпараст буданд, ҳангоми зиёрати Каъба ба Паёмбари ислом (с) дучор омаданд. «Вақте Муҳаммад (с) бо ин гурӯҳ сухан гуфту ба сӯйи Худо даъваташон кард, ба якдигар нигаристанду гуфтанд: — Ба Худо ин пайғомбарест, ки яҳуд мегӯянд. Нагузоред онҳо зудтар аз шумо бад-ӯ бигараванд».4

Ҳамин тариқ, баъди як соли ин вохӯрӣ ҳангоми фаро расидани зиёрати Каъба дувоздаҳ нафар намоянда аз ҷониби қабилаҳои авс ва ҳазраҷи шаҳри Ясриб ба Макка омада, бо Паёмбар (с) дар Ақаба мулоқот кар-

_________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.710.
2. Ҳамон ҷо.
3. Большаков О. Г. История Халифата. Том.1. — С.86.
4. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди 1. — С.207.

данду паймон бастанд, ки «чизеро бо Худо анбоз насозанд, дуздию зино накунанд ва фарзандони хеш накушанд, бӯҳтону ифтиро назананд ва дар корҳои писандидаву раво фармони Пайғомбар(с)-ро бибаранд. Агар ба паймони худ вафо карданд, сазои онҳо биҳишт бошад, вагарна корашон бо Худост. Агар бихоҳад, азоб кунад, агар хоҳад бибахшад».1 Баъди ин паймон, ки бо номи паймони аввал шуҳрат дорад, пайравони Муҳаммад (с) дар Ясриб афзуда, дини ислом рӯз то рӯз бештар интишор меёфт. Ва соле аз миён гузашта буд, ки беш аз ҳафтод нафар пайравони ислом соли 622 аз Ясриб ба тавофи Каъба омаданд, «ки бо Пайғомбар салавоту- л-лоҳи алайҳи гирд оянд бар Ақаба ва бо Ӯ байъат кунанд ва Ӯро ба Мадина баранд» 2.

Баъди мулоқот бо Паёмбар (с), ки чун пештара дар Ақаба сурат гирифт, дар ҳузури амаки Муҳаммад (с) — Аббос ибни Абдулмуталлиб паймон бастанд ва савганд хӯрданд, ки «хуну хостаи хеш аз барои Худои таоло дорем ва аз они Пайғомбараш ва Худои азза ва ҷалларо нахуст ба худ гувоҳ кардем ва пас туро, ки амми пайғамбарӣ»3.

Паёмбар (с) баъди ин паймон аз онҳо хоҳиш намуд, ки бар гувоҳии худ аз байнашон нақибонро номзад кунанд. Онҳо аз миёни ҳафтод тан дувоздаҳ мардро номзад карданд, ки нуҳ тан аз тоифаи ҳазраҷ буду се тан аз авс ва ҳама меҳтарони эшон буданд. Ва дигарбора савганд хӯрданд, ки ҳама мардуми шаҳри Ясриб фармони Паёмбар (с) баранд. Паёмбар (с) аз паймони онҳо шод шуд ва аз интихоби дувоздаҳ нақиб фоли нек бардошт: «Адади ин нақибону меҳтарон, ки ин пазируфторӣ карданд, дувоздаҳ тананд. Ва адади ҳаввориёни Исо дувоздаҳ тан буданд, ки Худои азза ва ҷалла дини Исоро бад-эшон ошкор кард ва андар ҳама ҷаҳон бипароканд».4

Бо ҳамин паймон Паёмбар (с) ба пайравони худ дастур дод, ки сӯйи Ясриб муҳоҷират намоянд. Пайравони ислом аз Макка ба Ясриб бо дастаҳои чанднафарӣ раҳсипор мегаштанд, то қабилаи Қурайш аз муҳоҷирати онҳо огоҳ нагардад. Оқибат Муҳаммад (с) бо ҳамроҳии Абӯбакри Сиддиқ 12- уми моҳи рабеъулаввал, мутобиқ ба 14-уми сентябри соли 622 ба Қубо расид, ки дар фосилаи ду фарсах аз Ясриб воқеъ аст ва мусулмонони Ясриб Паёмбаронро чанд рӯз боз интизорӣ мекашиданд. Муҳаммад (с)

____________________________
1. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди 1. — С.208.
2. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.710.
3. Ҳамон асар. — С. 720.
4. Ҳамон ҷо.

бо Абӯбакр дар Қубо чаҳор рӯз монда, аввалин коре, ки кард, «асоси масҷиди Қуборо бирехт».1

Чунон ки дар боло гуфтем, модари Паёмбар (с) Омина аз аҳли қабилаи хазраҷ буд, аз ин лиҳоз ӯ дар ибтидо ба нақибони хеш аз тоифаи хазраҷу авс такя карда, ойини исломро дар саросари Ясриб интишор медод. Дертар шаҳри Ясриб ба шарафи омадани Паёмбари ислом (с) номи Мадинатуннабиро гирифт ва соли 622-и мелодӣ, яъне таърихи аз Макка ба Ясриб ҳиҷрат кардани Муҳаммад (с) ибтидои солшумории мусулмонӣ пазируфта шуд. Ба қавли Табарӣ, «Пас андар соли ҳиҷрат Пайғамбар салавоту-л-лоҳи алайҳи бифармуд, то онро соли таърих биниҳанд…». 2

Ҳамин тариқ, дар зиндагонии Муҳаммад (с) на танҳо таърихгузории нав ба ҳукми расмият даромад, балки даврони нави зиндагӣ, даврони афзудани нуфузи сиёсиву иҷтимоии дини ислом ва чун пешвои воқеии мусулмонон ва сиёсатмадори дурандеш зуҳур кардани Ӯ шурӯъ гардид. Муҳаммад (с) қабл аз ҳама дар Мадинатуннабӣ (Ясриб) миёни муҳоҷирон, яъне мусулмонони аз Макка омада ва ансор, яъне мусулмонони Ясриб (аниқтараш, гурӯҳе аз мардумони Ясриб, ки дар он ҳангом ба муҳоҷирон кӯмак карданд), тарҳи дӯстию бародархондагиро ба роҳ андохта, кулли мусулмононро аз ҳама қавму қабилаҳои араб бародару баробар эълон кард. Сиёсати баробарӣ ва ҳукми бародархондагии аҳли ислом ҳамовозию истиқболи мардуми Мадинаро аз Паямбари ислом(с) афзуда, боиси ваҳдату иттиҳоди мусулмонон, бахусус, мардуми оддӣ дар атрофи Муҳаммад (с) гардид. Ӯ дар заминаи сиёсати баробарӣ ва бародарии мусулмонон бунёди тамаддун ва давлатдории исломиро ниҳода, дини исломро аввал дар Мадина ва сипас дар дигар шаҳрҳои араб интишор дод ва амалан низоми давлатдории арабҳоро ба арсаи таърих овард.

Муҳаммад (с) ҳангоми оғози фаъолияташ дар Мадина ба хотири аз байн бурдани хусумати дохилӣ ва муттаҳид сохтани тамоми аҳли Ясриб ҳатто бо яҳудиён қарордод баста, пайравии онҳоро аз дини собиқашон манъ накарда буд.

Мувофиқи матни ин қарордод «Яҳудиёни банӣ-Авф бо муъминон муттаҳид ва дар ҳукми як умматанд. Яҳудиён пайрави дини худ ва мусулмонон пайрави дини хешанд… Яҳудиён (дар ҷанг) уҳдадори махориҷи худ ва мусулмонон уҳдадори махориҷи хешанду ҳамдигарро бар зидди касе, ки бо пайравони ин қарордод ба ҷанг бархезад, ёрӣ кунанд… Ҳаводису

__________________________________
1. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди 1. — С.221.
2. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.724.

ихтилофоте, ки миёни пайравони ин қарордод рух медиҳад, марҷаи он ба Худову Муҳаммад — расули Ӯст»1.

Муҳаммад (с) хатари ҳамлаи эҳтимолии душманонашро аз Макка пешбинӣ карда, мехост дар миёни қабилаҳои мухталифмазҳабу гуногуннасаби Ясриб сарфи назар аз хусумату кинаҳои деринаашон иттиҳоду ҳампаймонӣ падид оварад. Ӯ адолату бародархондагӣ ва меҳрубонию дастгирии байниҳамдигарии умматонро талқин карда, мазҳари дин ва аҳкоми тамаддуни исломро ба Алӣ ибни Абӯтолиб чунин шарҳ медиҳад: «Маърифат сармояи ман аст, ақл асоси дини ман, муҳаббат асоси кори ман, шавқ маркаби ман, ёди Худо аниси ман, эътимод ганҷинаи ман, гом рафиқи ман, илм ҳарбаи ман, сабр ридои ман, ризоят ғанимати ман, фақр ифтихори ман, зуҳд ҳирфаӣ ман, яқин қудрати ман, ростӣ шафеи ман, ибодат мояи кифояти ман, кӯшиш фитрати ман аст ва хушнудии ман дар намоз аст». 2

Муҳаммад (с) дар Мадина баробари интишори ислом ба сифати ҳакам низ ном бароварда, бисёр масъалаҳои баҳсталаби миёни мусулмононро ҳамчун Паямбари ислом (с) ҳал мекард. Баҳсҳои диние, ки миёни уламои яҳудӣ ва Паёмбари ислом (с) сурат мегирифт, тадриҷан тезу тунд шуда, миёни онҳо тарҳи ҷудоӣ меафканд. Яҳудиён ба ҳукми китоби хеш Муҳаммадиро талқин мекарданд, ки чун дигар пайғамбарони салаф, ки ҳама ҷониби Байтулмуқаддас рафтаанду он ҷо иқомат ихтиёр намудаанд, «Мадинаро дар роҳи муҳоҷират миёни Маккаву Байтулмуқаддас восита қарор диҳад»3. Вале Паёмбари ислом (с) ин иддаои онҳоро қабул накард ва дар асоси сураи «Бақара», ояи 144, ки барояш нозил шуда буд, қиблаи мусалмононро аз сӯй Байтулмуқаддас боздошта, самти Каъбаро қиблаи онҳо қарор дод. Мувофиқи ақидаи Муҳаммад(с), Худо ба ҳузури яҳудиёну масеҳиёни «аҳли китоб» пайғамбаронашон Мӯсо ва Исоро фиристода буд, ки каломи Илоҳиро ба одамон расонанд. Аммо онҳо гуфтаҳои пайғамбаронашонро бо мурури замон таҳрифу дигаргун ва фаромӯш карда, ба радифи мунофиқон даромаданд. Аз ин лиҳоз Худо ба ҳузури бандагонаш китоби Қуръон ва пайғамбари охирини хешро фиристод, то бо ҳидояти хотиматуланбиё онҳоро ба роҳи ҳақ ҳидоят намояд. Ин охирин огоҳӣ ва раҳми Аллоҳи ягона аст ба бандагонаш ва баъди ин қиёмат қоим мегардад ва бандагон ба подоши амалашон расида, ба биҳишти адн ё оташи дӯзах меафтанд.

____________________________
1. Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Муҳаммад. Ҷилди 1. — С.230.
2. Ҳамон асар.- С.236.
3. Ҳамон асар. — С.240.

Муҳаммад (с) ҳамчун сайид (пешвои қабила) ва ақид (пешвои лашкар) ба таъсис додани дастаҳои сипоҳ шурӯъ карда, онҳоро омодаи муҳорибаҳои оянда мекард. Ба қавли Табарӣ, «аз ҳиҷрат ҳафт моҳ шуда буд, Ҳамзаро бифиристод бо сӣ савор аз муҳоҷирин. Ва нахустсипоҳе аз ислом он буд. Ва Пайғомбар (с) ӯро ливое баст ба дасти хеш, ливои сапед»1. Азбаски муҳоҷирон бештари сарвату дороии худро аз таъқиби мушрикон дар Макка гузошта, дар Мадина аз ҳисоби ризқу рӯзии додаи ёрони ансори худ мезистанд, дар андешаи он буданд, ки ба корвонҳои тиҷоратии Макка даст ёбанд ва сарвати бохтаи хешро пайдо намоянд.

Ҷанги Бадр. Дар соли дуюми муҳоҷират хабар расид, ки корвони тиҷоратии Абусуфён — яке аз рақибони оштинопазири мусулмонон ва доротарин тоҷири Макка бо қофилаи ҳазор уштур ва колои арзишаш панҷоҳ ҳазор динор таҳти ҳимояи 70 савори ҷангӣ ба роҳ баромада, азми Шом (Сурия) дорад. Муҳаммад (с) сарфи назар аз баъзе ихтилофҳои дохилиқабилавӣ тақрибан сесад марди ҷангиро бо 70 уштур ва ду асп, ки дар тӯли роҳ бо навбат савор мешуданд, рӯзи 8-уми моҳи рамазони соли дуюми муҳоҷират (624) ба муқобили Абусуфён фиристод. Абусуфён аз ҳангомаи лашкаркашии мусулмонон огоҳ шуда, аз мардуми Макка барои ҳифзи корвон кӯмак хост. Ба кӯмаки аҳли корвони Макка бо сарварии Абӯҷаҳл тақрибан ҳазор марди ҷангӣ бо сад асп ва ҳафтсад уштур омаданд, ки мусулмонони густохро ҷазо диҳанд.

Оқибат ҷанги Бадр рӯзи ҷумъаи 19-уми моҳи рамазон (15-уми марти соли 624) рӯй дод, ки лашкари исломро Муҳаммад (с) ба ҷанг тарғиб мекард ва аз пирӯзӣ башорат медод. Дар ин ҷанг Ҳамза ибни Абдулмуталлиб ва Алӣ ибни Абӯтолиб қаҳрамониҳо нишон дода, дар сафи душман парокандагӣ оварданд. Бо вуҷуди се баробар афзун будан ҷанговарони Қурайшӣ шикаст хӯрданд ва сарбозони зиёде асир афтоданд. Ин пирӯзӣ шуҳрати мусулмононро дар Арабистон афзуд ва онҳо ғанимати зиёде гирифтанд.

Шикасти Бадр ҳисси интиқому кинахоҳии қабилаи Қурайшро афзуда, онҳоро ба ҷанги нав барангехт ва пайравони исломро неруи тозаву рӯҳбаландӣ бахшид. Шумораи пайравони Муҳаммад (с) афзуда, аз панҷ як ҳиссаи ғаниматҳои муҳорибаи Бадр барои пайравони бенаво ва таҳкими ислом равона гардид. Асирони ҳарбиро, ки аксараш ашрофони сарватманди Макка буданд, бо гирифтани фидя озод мекарданд, ки ин тадбир иқтидори молиявии иттиҳоди мусулмонони Мадинаро меафзуд.

_______________________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.731.

Андозаи фидя барои сарватмандон ШО у қин (нуқра) ё худ 4 ҳазор дирҳам муқаррар шуда буд, ки бо ин маблағ 80 уштур харидан имкон дошт.1

Ҷанги Уҳуд. Пас аз мағлубияти Бадр, ки сокинони Макка чандин ашрофону тавонгарони бонуфуз ва хешу ақрабои наздики хешро бохта буданд, ҳисси интиқомҷӯйиашон боло мегирифт. Ба қавли Табарӣ, сабаби аслии ҷанги Уҳуд мусибати ғазои Бадр буд, ки бар асари он аҳли Қурайш ба ҳама кишварҳои Араб нома кардаву кас фиристода аз эшон ёрӣ мехостанд ва мегуфтанд: «Мо наёромем, то дод аз Муҳаммад настонем» 2.

Соли сеюми ҳиҷрӣ Абусуфён аз қабилаи Қурайш ва дигар қабилаҳои араб сипоҳ гирд овард, ки «се ҳазор марди ҳарбӣ буд бо силоҳи тамом, аз Маккаву аз Араб. Ва аз эшон дувист бар асп ва дигар бар шутурон, ҳафтсад мард буданд, ки зиреҳ доштанд. Бирафтанд ва оҳанги Мадина карданд».3 Лашкари Абусуфён бо лавозимоти ҳарбӣ ва таҷҳизоти фаровон ба самти Мадина ҳаракат карда, 21-уми марти соли 625 дар Зул-Хулайфо ном мавзее, воқеъ дар самти ҷануби ғарбӣ (Ю-километрӣ)-и Ясриб мавқеъ гирифтанд. Муҳаммад (с) аз ин қазия огоҳ шуда, то бегоҳ ҳазор марди ҷангӣ гирд овард ва баъди машварат бо сарони лашкар ба самти шимол ҳаракат карда, дар қалъаи Шайхон барои шабгузаронӣ бозистод. Аз миёни сипоҳи ислом Абдуллоҳ ибни Убай бо сесад сарбозаш ҷудо шуда, бо баҳонаи муҳофизати шаҳр роҳи Мадинаро пеш гирифт ва лашкари мусулмонон дар маҷмӯъ тақрибан 700 нафар монд.

Лашкари ислом ба Уҳуд расиданд ва дар майдони муҳориба тарзе ҷой гирифтанд, ки кӯҳе дар паси сарашон воқеъ буд. Муҳаммад (с) аз миёни аҳли лашкар панҷоҳ тан камонвару тирандозро дар даҳонаи шикофи кӯҳ ҷой дода таъкид намуд, ки ҳангоми набард лашкарро аз қафо ҳимоят кунанд, зеро хатари аз дараи пушт ҳамла овардани душман яқин аст. Дар атрофи парчами Қурайшиён ҷанги шадид боло гирифта, паси ҳам ҳафт парчамбардори онҳо кушта шуданд. Лашкари ислом таҳти се парчам — аз марказ ва ду қанот ҳамлаи шадид оварда, душманро ба ақибнишинӣ ва ҳазимат водор намуданд. Дар ин ҷанги беамон Ҳамза ибни Абдулмуталлиб, ки яке аз размоварону таҳамтанони ислом буд, кушта шуд.

Аз ҳамлаи нахустин лашкари аҳли Қурайш рӯ ба фирор оварданд. Сипоҳиёни ислом аз фирори мушрикон рӯҳбаланд гашта, саргарми ғанимат гирифтан дар қароргоҳи Абусуфён шуданд ва таъқиби душманро идома набахшиданд. Панҷоҳ тан тирандози даҳанаи кӯҳ рӯ ба

__________________________________
1. Большаков О. Г. История Халифата. Том 1. — С. 108.
2. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 1. — С.787.
3. Ҳамон асар. — С.788.

ғанимат овардани ҳамсафони хешро дида пиндоштанд, ки сипоҳи ислом ғолиб омад ва даҳанаи дараро тарк намуда, ба қавли Табарӣ, гуфтанд: «Душман ҳазимат шуд ва мусулмонон ҳаме ғанимат мегиранд ва мо чиз надорем. Пас мо низ бишавем ба ғанимат баргирифтан… Пас сӣ тан аз паси ғанимат бишуданд ва бист тан он ҷо биистоданд».1

Дар ин ҳангом Холид ибни Валид бо дастаи савораҳои эҳтиётӣ ва дусад тан сипоҳӣ ба самти дараи кӯҳӣ ҳамла оварда, он бист тирандози даҳанаи кӯҳро нобуд кард ва ба сари лашкари ислом аз ақибгоҳ фурӯ рехт. Абусуфён аз ин ҳамла огоҳ шуда, лашкари Қурайшро бозгардонд ва мушрикон аз «пешу пас шамшер андар ниҳоданд ба куштани мусулмонон… Ва лашкари мусулмонон ҳазимат мешуданд ва кофирон ғалаба мегирифтанд» 2.

Дар ин набард Абӯбакру Умар ҷароҳат бардоштанд. Муҳориба дар атрофи Муҳаммад (с) авҷ гирифт ва Утба ибни Абиваққос «санге бар сари Пайғомбар салавоту-л-лоҳи алайҳи андохт ва бар лабаш омад ва дандони пешинаш бишикаст. Ва хун ба маҳосин фурӯ давид. Ва санге дигар бизад ва бар миёни ду абру-ш омад ва бишикаст. Ва хун ба рӯйи Ӯ фурӯ давид ва рӯю чашмаш пури хун шуд».3

Бар асари ин ҷанги шадид лашкари ислом ба се гурӯҳ тақсим шуда, гурӯҳе ба сӯйи Мадина фирор намуданд, гурӯҳе дар майдони набард то маҷрӯҳ шудану шаҳодат ёфтан ҷангиданд ва гурӯҳе ба кӯҳ рӯ оварда, дар он ҷо паноҳ бурданд.4 Паёмбар (с) дар ҳимояти Алӣ ибни Абӯтолиб ва дигар ёронаш ба кӯҳ боло рафт ва худро ба даҳанаи шикоф расонид.

Лашкари Қурайш аз ғалабаи худ басо хушҳол гашта, ғаниматҳоро рабуданду пас аз куштану қатли ом намудани мусулмонон ба самти Макка раҳсипор шуданд. Рӯзи дигар Муҳаммад (с) дар Мадина мусулмононро гирд оварда, дастаи тозаи сипоҳиёнро амр намуд, ки ба таъқиби Абусуфён ва мушрикони Макка равона шаванд. Абусуфён аз таъқиб огоҳ шуда, пиндошт, ки мусулмонон бо неруи тоза қасди интиқом ситондан доранд ва ҷуръати бозгашта ҷангидан накард. Лашкари ислом дар мавзеи Ҳамроуласад — ҳашт мил дуртар аз Мадина мавқеъ гирифта, шабона бо амри Паёмбар (с) 500 гулхан фурӯзон карданд. Чун ҷонибдорони Абусуфён аз ҷанги навбатӣ рӯй тофта, сӯй Макка раҳсипор гаштанд,

________________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Ҳамон асар. — С.793-794.
2. Ҳамон асар. — С.788.
3. Ҳамон асар. — С.795.
4. Ҳамон ҷо.

лашкари мусулмонон низ баъди панҷ рӯз 14-уми шаввол (28-уми марти соли 625) ба Мадина бозгаштанд.1

Таҷрибаи талхи ҷанги Уҳуд сабақ дод, ки бидуни таъсиси лашкари муҷаҳҳази савора дар набардҳои минбаъда аз болои душмани тавоно зафар ёфтан ва интишор додани ойини ислом дар қаламрави паҳновари Арабистон кори хеле мушкил аст. Аз ин лиҳоз, дар интиҳои соли чаҳоруми ҳиҷрат, яъне соли 626-уми мелодӣ дастаи лашкари савораи ислом таъсис дода шуд, ки дар ибтидо аз сӣ ҷанговари савора (10 ҷанговари муҳоҷир ва 20 ҷанговари ансор) иборат буд. 2 Лашкари мусулмонон тадриҷан афзудаву неру гирифта, дар чандин ғазоҳои навбатӣ — ғазои банӣ-Назир, ғазои Зотурриқоъ, ғазои Думотулҷандал, ғазои банӣ-ал-Мусталиқ ва ғайра пирӯз гашта, дар миёни қабилаҳои мухталифи араб дини исломро интишор медоданд. Метавон гуфт, ки бар асари ин ғазоҳо неруи сиёсиву ҳарбӣ ва иқтидори иқтисодии лашкари мусулмонон афзуда, онҳо соҳиби ғаниматҳои афзуне мегаштанд. Масалан, танҳо дар ғазои назди чоҳи ал-Мурайса алайҳи қабилаи банӣ-Мусталиқ 2 ҳазор уштур, 5 ҳазор гӯсфанд ғанимат ва беш аз дусад зану кӯдакро асир гирифтанд. Дар миёни асирон Барра — духтари зебои пешвои қабила ҳам буд, ки баъди ислом овардан Паёмбар (с) ӯро Ҷувайрия ном ниҳода, ба занӣ гирифт ва ба хотири ин чандин асиронро озод кард.3

Ҷанги Хандақ. Яке аз ҷангҳои шадиди иттиҳоди мушрикони Макка ва дигар мулкҳои Араб бар зидди пайравони ислом ҷанги Хандақ мебошад, ки ба соли панҷуми ҳиҷрат рост меояд. Неруи муттаҳидаи душманони ислом бо таҳрику даъвати қабилаи яҳудии банӣ-Назир, ки онҳоро барои аҳдшиканӣ аз Мадина берун ронда буданд, «андар ҳама шаҳрҳову ҳайҳои Араб ҳамерафтанду ёрӣ ҳамехостанд ба ҳарби Пайғомбар (с)»4 бо лашкари иборат аз 10 ҳазор марди ҷангӣ ба сӯйи Мадина раҳсипор гаштанд. Дар ин набард сипоҳиёни банӣ-Қурайш, банӣ-Назир, банӣ-Сулайм, банӣ-Асад, банӣ-Ғатафон ва дигар мушрикону душманони ислом, хуллас дастаҳои сипоҳиёни савораву пиёдаи муҷаҳҳаз баъди омодагии ҷиддӣ ба самти Мадина ҳаракат карданд.

Паёмбар (с) аз ин қазия огоҳ шуда, аз миёни пайравони худ се ҳазор фидоӣ гирд овард ва аз асҳобу муқаррабонаш тадбиру усули ҷанг пурсид

_____________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 2. — С.804; Большаков О. Г. История Халифата. Том. 1. — С.116.
2. Большаков О. Г. Ҳамон асар. — С. 125.
3. Ҳамон асар.- С.125-126.
4. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 2. — С.820.

ва машварат хост. Аз миёни саҳобаҳо Салмони Порсӣ, ки зикраш дар боло рафт, ба Паёмбар (с) маслиҳат дод, ки дар самти кушодаи атрофи Мадина ба хотири пешгирии ҳамлаи душманони сершумор хандақ биканад. Ба қавли Табарӣ, «Салмони Порсӣ гуфт: «Андар шаҳрҳои мо порсиён чун лашкари бисёр рӯй бад-эшон ниҳодию эшон натавонистандӣ пеш бозшудан, гирди шаҳр андар хандақ кардандӣ, то саворонро роҳи андар омадан набудӣ». Пас Пайғомбар (с)-ро ин таъбири Салмон савоб омад ва ҳама ёрон ҳамчунин савоб диданд. Пас гирдогирди Мадина гирд омаданд ва хандақ карданд — бист араш дарозо ва бист араш паҳно ва ҳар чиҳил араше ба даҳ мард доданд».1

Аз рӯйи машварату нишондоди Салмони Порсӣ хандақи нимдоираи дарозиаш б км канданд, ки шаҳри Мадинаро аз самти ғарбӣ, шимолӣ ва шимоли шарқӣ иҳота карда буд. Бо ҳидояту сарварии Паёмбар (с) заҳмати гарони хандақканӣ аз субҳ то шом идома ёфта, ба он кулли мардони қобили кор сафарбар гардид. Оқибат баъди шаш рӯз ин истеҳкоми мудофиавӣ анҷом ёфт ва сипоҳи даҳҳазораи неруҳои муштараки душман рӯзи 8-уми зулқаъда (мутобиқи 31-уми марти соли 627) аз ҷониби Ақиқа пеш омада, дар баробари хандақи ғайриоддӣ ҳайрону оҷиз монданд. 2 Шасти лашкари савораи муттаҳидаро, ки мебоист нахустин шуда ба Мадина ҳамла меовард, ин хандақи паҳну амиқи барои ҷанги муқаррарии арабҳо бегона гардонида, дар таърих бо номи ҷанги Хандақ шуҳрат ёфт.

Набарди Хандақ аз тирандозии дутарафа оғоз ёфта, душман ёрои убур кардани хандақро надошт. Рӯзи дигар дастаи сипоҳиёни зиреҳпӯши душман таҳти ҳимояти тирандозон чандин дафъа ҳамла оварда, қасди убур намудани хандақ карданд. Аммо ҳимоятгарон бо сарварии Муҳаммад (с) ин ҳамлаҳоро аз тариқи тирандозии беамон боздошта, дастаҳои ҷанговарони душманро ақиб меафканданд. Ҳангоми адои намози шом Холид ибни Валид ногаҳон ҳуҷум намуда, ба канори дигари хандақ расид, вале ин ҳамларо Алӣ ибни Абӯтолиб бо ёронаш зада гардонданд. Дар давоми даҳ рӯзи минбаъда иттиҳоди лашкари душман бо дастаҳои ҷудогона пайдарпай шабохун задаву якбора ҳамла оварда, муқовимати муҳофизатгарони исломро шикастан мехост, вале ба натиҷаи назаррасе ноил намегардид.3

Муҳаммад (с) тадбирҳои дар миёни қабилаҳои мухолифин тафриқаангезӣ, гуфтугузори пинҳонӣ ва сӯйи худ ҷалб намудани намояндаҳои қабилаи банӣ-Ғатафонро пеш гирифт. Дар натиҷаи сиёсати устокорона

____________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 2. — С.820.
2. Большаков О. Г. История Халифата. Том. 1. — С.132.
3. Ҳамон ҷо.

ва зираконаи Муҳаммад (с) байни қабилаҳои банӣ-Қурайш, банӣ-Назир, банӣ-Қурайза, банӣ — Ғатафон нобоварию хусумат бархеста, дар миёнашон ҷудоӣ ва парокандагӣ роҳ ёфт ва иқтидори неруи муштараки онҳоро коҳонид. Аз қазо рӯзи 13-ум ё 14-уми муҳосира тӯфони сарде бархеста, хаймаҳои аҳли сипоҳи мушриконро барканд ва дар лашкаргоҳи онҳо изтиробу парешонӣ ангехт. Ин ҳодисаи ғайричашмдошт рӯҳияи ҷангӣ ва неруву ғайрати идома додани набардро дар миёни душман хеле суст карда, дар сафи онҳо дудилагӣ ва азми интиҳо бахшидани ҷангу муҳосираро афзуд. Аҳли Қурайш бо сарварии Абусуфён «ҳамон шаб ба ҳазимат бирафтанд ва ҳар чизе гарон, ки доштанд, ҳам он ҷо бигузоштанд… Худой он лашкари кофирон ҳама бипароканд. Ва банӣ-Ғатафон бозгаштанд ва араб ҳама бозгаштанд. Ва ин ба сол андар буд — даҳ рӯз монда аз моҳи соли панҷум аз ҳиҷрат».1

Баъди пирӯзӣ дар ҷанги Хандақ нуфузу эътибори Муҳаммад (с) афзуд, ки Худои яккаву ягона ба имдодаш расида, душманони чандин карат афзунашро шикаст медиҳад. Паёмбари ислом (с) ҳамаи қавмҳои арабро аз парастиши буту санамҳои қабилавӣ боздошта, онҳоро талқин мекард, ки танҳо ба Худои ягона — Аллоҳ эътиқод банданд ва рисолати расули Худо — Муҳаммадро эътироф намоянд, панҷ вақт намоз гузоранд, рӯзаи моҳи Рамазонро риоя созанд, аз моли хеш закот диҳанд ва тавофи хонаи Каъба кунанд. Ҳамин тариқ, шариати ислом бо фарзу қонунҳои устувору ҳамагонии худ зарурати таъсис додани давлати ягона ва дини ягонаи умумиарабиро падид меовард. Паёмбар (с) чун сиёсатмадори зирак ва пешвои ботадбиру дурандеш барои интишори ислом ҳам аз усули ғазою набардҳои оштинопазир, ҳам аз роҳи даъвату талқини пайгирона, ҳам аз василаи фиристодани ҳамсафону шогирдони содиқи хеш, ҳам аз тариқи ҳимояту дастгирии қабилаҳои нотавон аз душманони қавиашон, ҳам аз имконияти сафорати расмӣ ва бастани аҳду паймонҳо, ҳам аз додани кафолати ҳифзи ҳаёт ва молу ҷони муъминон, хуллас аз ҳама имкониятҳои мавҷудаи замон истифода намуда, рукнҳои асосии дини ягонаву давлати навзуҳури исломро устувор мекард.

Баъди пирӯзӣ дар ҷанги Хандақ ва афзудани қудрату эътибори мусулмонон дар саросари Арабистон, ибтидои соли шашуми ҳиҷрӣ Паёмбари ислом (с) азми ҳаҷҷи умра намуда, 1-уми зулқаъда (мутобиқ ба 13-уми марти соли 628) бо корвони иборат аз 1000 нафар аз Мадина берун омад. 2

__________________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Ҳамон асар. — С.825.
2. Большаков О. Г. История Халифата. Том 1. — С. 143.

Қофилаи зоирон (бо 70 уштури қурбонӣ) барои ҳимояи хеш танҳо шамшер гирифта, ба самти Макка ҳаракат намуданд ва огоҳ шуданд, ки аҳли Қурайш ва Аҳабиш қасам ёд кардаанд, ки онҳоро ба зиёрати Каъба роҳ надиҳанд. Паёмбар (с) дар Ҳудайбия, нуҳ мил дуртар аз Макка қарор гирифт ва пас аз машварату гуфтугузори зиёд бо сарварони қабилаҳо ва пешвоёни шаҳр ба сулҳу созиш расиданд, ки дар таърих бо номи сулҳи Ҳудайбия ёд мешавад. Мувофиқи шартномаи ин сулҳи даҳсола, дар миёни аҳли Макка ва пайравони Муҳаммад (с) адовату душманӣ хотима ёфта, мусулмонон метавонистанд ҳар сол ҳангоми мавсими ҳаҷ се рӯз дар Макка тавофи Каъба намоянд. Сокинони Макка уҳдадор шуданд, ки ҳангоми адои маросими ҳаҷ ва қурбонии мусулмонон се рӯз аз шаҳр берун раванд ва ба онҳо кордор набошанд.1

Ба андешаи исломшиносон, бастани сулҳи даҳсола яке аз дастовардҳои бузурги Муҳаммад (с) ба шумор меравад, зеро аҳли Макка ва бахусус сарватмандони он ба таври расмӣ нуфузу қудрати Паёмбари исломиро эътироф намуда, барояш гузаштҳои мазҳабию сиёсӣ карданд. Ҳатто аз садрнишинони аҳли Макка Холид ибни Валид ва Амр ибни Ос барин шахсони бонуфуз дертар ба ислом гаравиданд. Дар заминаи ин сулҳ пайравони ислом тавонистанд на танҳо дар сарзамини Арабистон, балки ба кишварҳои ҳамсояву ҳамҳудуди хеш — Сурия, Миср ва Эрон сафир фиристода, ба ташвиқу интишори ислом шурӯъ намоянд.

Мувофиқи маълумоти Табарӣ, Паёмбар (с) дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ ба хотири интишори дини ислом «ҳашт расул берун кард ба ҳашт малик ва эшонро ба Худой хонд. Нахустин расул Ҳотиб ибни Балтаа буд ва ӯро сӯйи Қибт (Миср — Э.Р.) фиристод ва номи ин мард Муқавқис буд. Ва дигар Шуҷоъ ибни Ваҳбро сӯйи малики Шом фиристод, номи ӯ ал- Ҳорис ибни Абишамр ал-Ғассонӣ буд. Ва се дигар Салит ибни Амр ва ӯро ба малики Ямома фиристод, номаш Ҳуза ибни Алӣ ал-Ҳанафӣ. Ва чаҳорум Амр ибн ал-Ос, ӯро ба малики Уммон, номаш Ҷайфар ибни Ҷаландо. Ва панҷум расул ал-Ало ибн ал-Ҳазрамӣ ба малики Баҳрайн фиристод. Ва шашум расул Амр ибни Умайя аз-Замриро фиристод ба малики Ҳабаша, номаш ал-Асҳам ибни Абҷир. Ва ҳафтум расул Диҳя ибни Халифаро ба Қайсар — малики Рум фиристод, номаш Ҳиракл. Ва ҳаштум расул Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ас-Саҳмиро фиристод ба малики Аҷам, номаш Парвез». 2

_________________________
1. Большаков О. Г История Халифата. Том 1. — С. 144-145.
2. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Ҷилди 2. — С.840.

Ҳарчанд баъзе муаррихону исломшиносон ба санаи таърихгузорӣ, замону макони ирсоли номаҳо ва шахсиятҳои фиристодаи Паёмбар (с) фикри ягонаву ҳамоҳангӣ надоранд,1 метавон гуфт, ки ин қазия баъди сулҳи Ҳудайбия, яъне соли шашуми ҳиҷрат воқеъ шудааст. Зеро чуноне ки дар боло гуфтем, пайғоми Муҳаммад (с) ба Хусрави II Парвиз расида, шоҳаншоҳи Сосониёнро бо даъвати густохонааш ба хашм меорад ва ӯ номаро пора карда, сафири Паёмбар (с) — Абдуллоҳ ибни Ҳузофаро аз дарбор меронад. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Хусрави Парвиз 29-уми февралӣ соли 628, яъне нимаи дуюми соли шашуми ҳиҷрати Паёмбар (с) кушта шудааст. Пас метавон ҳадс зад, ки расулони Паёмбар (с) на дар соли ҳаштуми ҳиҷрат, балки дар соли шашум, баъди бастани сулҳи даҳсола фиристода шудаанд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки фиристодани расулон ба Миср, Сурия, Баҳрайн, Уммон, Ҳабашистон, Рум ва Эрон оғози сиёсати интишори ислом берун аз ҳудуди нимҷазираи Арабистон буд, ки Муҳаммад (с) баъди устувор намудани мавқеи худ дар Макка ва дигар мулкҳои Араб қадамҳои нахустинро барои густариши дини нави хеш дар кишварҳои ҳамсоя ниҳод.

Мувофиқи ахбори Табарӣ, малики Қибт Муқавқис (Георгий — волии дастнишони Рум дар Миср) ҷавобномаи неку бо ҳадяҳо, ҷомаҳои мағрибӣ ва чаҳор канизак фиристод, вале ба дини ислом нагаравид. Паёмбар (с) ба Мария ном яке аз канизакон хонадор шуд, ки аз ӯ соҳиби Иброҳим ном писаре шуд ва баъди ду сол писараш фавтид. Аммо Наҷҷошӣ — малики Ҳабаша ҳамроҳи писараш ба дини ислом бигаравиду расулонро ҳадя дод. Малики Рум Ҳеракл (Ираклий) мусулмон нашуд ва ҷавобнома навишту расулонро ба хушӣ гусел кард. Шоҳаншоҳи Эрон Хусрави Парвиз номаи Паёмбаронро дариду ба рӯйи расулон зад ва онҳоро аз мулк берун ронд.2 Ҳарчанд подшоҳони тавонои кишварҳои ҳамсоя ин қадами Муҳаммадиро чандон ҷиддӣ напазируфтанд, сиёсати пешгирифтаи Ӯ дар аҳди хулафои рошидин такони воқеие барои кишваркушоӣ ва интишори ислом гардид.

Фатҳи Хайбар. Муҳаммад (с) баъди бастани сулҳ бо аҳли Макка диққати худро ба Хайбар равона кард, ки дар он ҷо асосан пайравони ойини яҳудӣ ва қабилаҳои муқтадири яҳудиён, аз ҷумла, банӣ-Назир нуфузи зиёд доштанд. Илова бар ин, шаҳри Хайбар дар сари роҳи Сурия қарор дошта, лашкари исломро ба сарзамини масеҳиёни таҳти васояти

____________________________
1. Большаков О. Г. История Халифата. Том 1. — С.153-155.
2. Ниг.: Ҳамон асар.- С. 153-154.

Рум қарордошта наздиктар мекард. Фатҳи Хайбар асосан барои густариши ислом ва мутеъ намудани яҳудиёни якраву густох бо ширкати 1400 нафар фидоиёни ислом (аз ҷумла, дусад ҷанговари савора) шурӯъ гардид. Мутобиқи маълумоти Табарӣ, Хайбар устувортарин нишемангоҳи яҳудиён буда, «ҳафт ҳисор дошт, яке аз дигаре бузургтар».1 Дар ин ҷанг Алӣ ибни Абӯтолиб қаҳрамониҳо нишон дода, дари оҳанини ҳисори берунаро аз ҳалқадони дар «бигирифту аз ҷой биҷунбонид ва барканд» 2. Ҳамин тариқ, Алӣ ибни Абӯтолиб бо сипоҳи рӯҳбаландшудаи ислом пайдарпай ҳисорҳои боқимондаро фатҳ намуд ва мардумони он бо шарти нигоҳ доштани ҳаёташон оқибат таслим шуданду ғанимати зиёде насиби лашкари мусулмонон гардид. Муҳаммад (с) сокинони таслимшудаи Хайбарро аз марг амон дода, шарт гузошт, ки аз ҳосили ҳарсолаи хурмо нисфашро худ гиранду нисфи дигарашро ба Паёмбар (с) ва ёрони ӯ бидиҳанд. Фатҳи Хайбар охирин умеди душманони исломро барбод дода, иқтидори ҳарбиву сиёсии лашкари исломро афзуд ва рисолати Паёмбаронро чун пешвои дин ва давлат таҳким бахшид.

Фатҳи Макка. Сабаби асосии фатҳи Макка аз ихтилофу муҳорибаи ду қабила — банӣ-Бакр ва Хузоа сар зад, ки онҳо паймони сулҳро оид ба ҷанг накардану хун нарехтан, ба душманони мусулмонон ёрӣ надодан ва ба умматони ислом ситам накардан шикастанд.3 Як сол аз паймони сулҳ гузашта буд, ки моҳи декабри соли 629 дар заминаи ситонидани қасоси хунӣ киндорони қабилаи Хузоа се нафар ашрофи бакриро куштанд. Дар ҷавоб пешвои қабилаи банӣ-Бакр бо мадади аҳли Қурайш шабона ба қароргоҳи қабилаи хузоа ҳамла оварда, 20 нафарро сар заданд ва гурӯҳи боқимондаашро таъқибкунон аз Макка берун бурданд. Дар ин ҳамлаи шабона чанд нафар қурайшиёни соҳибнуфуз ширкат доштанд. Вакилони қавми хузоа, ки дар миёнашон мусулмоншудагон низ буданд, барои арзу додхоҳӣ ба Мадина, ба ҳузури Муҳаммад (с) шитофтанд. Аз думболи онҳо баъди се рӯз Абусуфён омад, вале аз ҷониби Паёмбар (с) хеле сард пазируфта шуд. Сокинони Макка қариб ҳама аз овозаи омадани сипоҳи афзун ва воҳимаи лашкари ислом шаҳрро тарк намуданд.

Воқеан лашкари афзуни ислом тақрибан 8-10-уми январи соли 630 аз чаҳор самти Макка пеш омада, баъди гуфтушунид бо Абусуфён қариб бе ҷанг вориди шаҳр гаштанд. Муҳаммад (с) баъди истироҳати кӯтоҳ рӯ ба хонаи Каъба оварда, онро тавоф намуд ва амр дод, ки ҳамаи бутҳоро

_________________________________
1. Абӯалӣ Муҳаммад Балъамӣ. Ҳамон асар. — С.843.
2. Ҳамон асар. — С.845.
3. Ҳамон асар. — С.858-859.

бишкананд ва аз ҷумла, Ҳубалро аз даруни Каъба берун афкананд. Воизону қосидон дар кӯчаю бозорҳо ва маҳаллаҳои асосӣ аҳкоми ислом ва фарзҳои шариатро ташвиқ намуда, ҳамаро ба мусулмон шудан даъват мекарданд. Ҳамин тариқ, Муҳаммад (с) баъди ҳашт соли ҳиҷрат ба Макка чун фотеҳи дини нав бозгашта, дар миёни аҳли Макка ба сифати Паёмбари ислом (с) шинохта шуд. Пешвоёни қабилаи Қурайш ва дигар қабилаҳо, аз ҷумла, Абусуфён исломро пазируфта, мавқеи худро дар байни ҷомеа нигоҳ медоштанд. Ҳатто Абусуфён ба хотири пойдории сулҳ ва аз байн бурдани хусумати дерина духтари худро ба Муҳаммад (с) ба занӣ дод ва ақди хешутабориро дар миён ниҳод.

Баъди фатҳи Макка мушрикон ба ислом гаравиданд ва ба лашкари даҳҳазораи ислом боз ду ҳазор сипоҳи нав ҳамроҳ гардид. Сипоҳи афзуни ислом рӯ ба Тоиф оварда, лашкари муттаҳидаи мухолифинро 30-юми январи соли 630 дар водии Ҳунайн шикаст дод ва аз Тоифу Автас б ҳазор асир, 24 ҳазор уштур, 40 ҳазор гӯсфанд, 4 ҳазор уқия нуқра (160 ҳазор дирҳам) ғанимат гирифтанд.1 Муҳаммад (с) баъди фатҳи Макка ва Тоиф амалан ҳокимияти диниву давлатиро дар қаламрави Арабистон сарварӣ намуда, қудрати динӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ ва идории мулкро дар даст дошт.

Соли даҳуми ҳиҷрат баъди фатҳи Макка дар таърихи ислом ҳамчун «соли сафорат» эътироф шудааст. Дар тайи ин сол бисёр қабилаҳои бадавии араб вакили мухтори худро ба Мадина фиристода, тобеияти худро ба Муҳаммад (с) изҳор медоштанд ва дини исломро мепазируфтанд. Набарди Ҳунайн ва юриши Тоиф охирин муқовимати якҷояи мушриконро шикаста, оқибат дини исломро дар саросари Арабистон интишор дод. Омадани сафирони қабилаҳои сақафӣ, ҳамчунин тоифаҳои қайла, киндӣ, аздӣ аз Яман, қабилаҳои хавозин, фазара, тай аз Баҳрайн ва дигар қабилаҳои хурду бузурги Арабистони Марказиву шимолӣ аз афзудани нуфузу эътибори Паёмбар (с) ва дини ислом дар саросари Арабистон башорат медод.

Муҳаммад (с) 5-уми зулҳиҷҷа, мутобиқ ба 3-уми февралӣ соли 632 маротибаи охирин барои адои ҳаҷ ва тавофи Каъба ба Макка омада, якчанд рӯз маросимҳои исломӣ, аз ҷумла, қурбонӣ карданро ба ҷо оварду сипас ба Мадина бозгашт. Ин ҳаҷҷи охирин ба соли даҳуми ҳиҷрат рост омада, бо номи ҳиҷҷату-л-видоъ машҳур аст.

Ӯ дар Мадина ба гирдоварии лашкар бо сарварии Усом ибни Зайд амр дода, барои харҷу вақфи сипоҳи афзуни ислом омилони хешро ба мулкҳои Араб фиристод. Ниҳоят Паёмбари ислом (с) баъди бемории кӯтоҳ дар синни 63-солагӣ дар моҳи рабеъулаввали соли 11-и ҳиҷрӣ, мутобиқ

___________________________
1. Большаков О. Г. История Халифата. Том. 1. — С. 161.

ба 8-11-уми июни соли 632-и мелодӣ аз ҷаҳон чашм пӯшид. Мақбараи Паёмбар (с) дар Мадина воқеъ аст, ки баъди Каъба ба дуюмин зиёратгоҳи муқаддаси мусулмонон табдил ёфтааст.

Шахсияти Муҳаммад (с) чун пешвои ислом, инак, ҳазору чорсад сол аст, ки дар байни ҷонибдорону мухолифони Ӯ баҳсу мунозираҳо меангезад. Вале сарфи назар аз ин мунозираҳо Муҳаммад (с) як инсони фурӯтан, ростқавл, хоксор ва покманишу некмаҳзар буда, аксаран бо риёзату ниёиш умр ба сар мебурд. Ӯ дар тӯли зиндагиаш аз инсофу адолат, баробарию бародарӣ, дастгирию пуштибонии аҳли ислом пайравӣ мекард ва шукӯҳу ҷалоли зоҳириро намеписандид. Ба қавли Табарӣ, ӯ ба бисту ҳафт ғазо ва нуҳ ҳарб — Бадр, Уҳуд, Хандақ, Қурайзо, банӣ-Мусталиқ, Макка, Хайбар, Ҳунайн ва Тоиф ширкат варзида, барои интишори ислом тамоми ҳастиашро бахшидааст.

Паёмбари ислом (с) ҳатто дар моҳҳои вопасини умраш ҳам омодагиро ба ҷанги Сурия идома бахшида, сипоҳи муҷаҳҳазу муназзами исломро гирд овард. Вале марг Ӯро амон надод ва ин амри Ӯро яке аз нахустин халифаҳои рошидин — Абӯбакри Сиддиқ анҷом дод.

Таълимоти ислом дар пояи Қуръон — расму ойин, ки аҳкоми дин ва бинои мусалмонӣ, аз ҷумла, калимаи шаҳодат, рӯза, намоз, закот, ҳаҷро фарз гардонида, барои таъсиси хилофат дастурҳои нахустини аҳкоми шариатро пеш гузошт. Ҳамин тариқ, дар заминаи Қуръон, суннат (ҳадис) ва аҳкоми шариат рукнҳои низоми давлатдории исломӣ ва тамаддуни ислом арзи ҳастӣ намуд, ки онро баъди сари Муҳаммад (с) халифаҳои Ӯ идома бахшиданд. Яке аз муқаддамтарин вазифаи халифаҳо интишори ислом ва ҷиҳод дар роҳи Худо буд, ки аз ҷонишинҳои Паёмбар (с) қобилияти роҳбарӣ, донистани аҳкоми шаръӣ, зиракии сиёсӣ ва ҷасорату фидокориро тақозо мекард.

Ҳамин тариқ, бо рисолати Паёмбар (с) ва интишори ислом дар баробари чор тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ — тамаддуни ориёӣ, тамаддуни масеҳӣ, тамаддуни яҳудӣ ва тамаддуни буддоӣ дар арсаи таърих тамаддуни ислом падид омад, ки дар тайи асрҳои минбаъда ба чаҳор самти олам густариш ёфта, дар андешаву ҷаҳонбинии инсоният таҳрикоти бузурге ворид намуд. Дертар дар аҳди давлатдории хулафои рошидин дини ислом ба қаламрави Эрону Осиёи Хурд паҳн шуда, пайравони зиёде пайдо кард ва дар арсаи олам мақоми арзандаи умумибашарӣ ёфт, ки ниёгони дорои кеши зардуштии мо — тоҷикон низ баъди паси сар кардани тамаддуни ориёӣ шомили тамаддуни ислом гардиданд.

Бозгашт ба мундариҷа

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

E-mail-и Шумо нашр намешавад. Хоначаҳои ҳатмӣ бо * ишора карда шудаанд

Ёбед:

Ин HTML-тегҳо ва атрибутҳоро метавонед истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.