Мо кӯшиш кардаем, ки ба андозаи шойишу тавоноии худ матни чанде аз суруду таронаҳои шинохтаи «Шашмақом»-ро ба табъ расонем. Номи суруду таронаҳо, ки ба ҳамаи шаш мақоми бунёдӣ (Бузрук, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ) мансубанд, ба тариқи алифбоӣ оварда мешавад. Инчунин корвандон метавонанд, ки файли бархе аз онҳоро барои шунидан фаро кашанд.
Бебокча |
Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 |
Дар чаман то рахти ноз он қадди дилҷӯ мекашад, Он қадар дорад ниҳоли қадди ҷонон нозукӣ, Эй қадат сарву даҳонат ғунчаву рӯят гул аст, |
Мухаммаси Сипандӣ бар ғазали Шавкат |
MP3 — фаро кашед ва бишнавед: |
Гиря |
Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 |
Биё, эй ашк, то бар рӯзгори хештан гирям, |
Ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ |
MP3 — фаро кашед ва бишнавед: |
Ироқи Бухоро |
Мақоми Бузрук, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 (силсилаи бухороӣ) |
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем, |
Ғазали Ҳофиз |
MP3 — фаро кашед ва бишнавед: |
Қашқарчаи Муғулчаи Дугоҳ |
Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Муғулчаи Дугоҳ |
Боварам н-ояд, ки имшаб ёр ояд дар барам, |
Ғазали Парии Ҳисорӣ |
Қашқарчаи Мустазоди Наво |
Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Мустазоди Наво |
Навбаҳор омад, гулистон аз пайи нашъунамост, |
Ғазали Сайидо |
MP3 — фаро кашед ва бишнавед: |
Қашқарчаи Савти Наво |
Мақоми Наво, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 , Савти Наво |
Чун шавам хоки раҳаш, доман бияфшонад зи ман |
Ғазали Ҳофиз |
Қашқарчаи Савти Ушшоқ |
Мақоми Рост, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Ушшоқ |
Он сияҳ холест, ки бар рухсори ҷонони ман аст, |
Ғазали Аҳмади Ҷомӣ |
MP3 — фаро кашед ва бишнавед: |
Қашқарчаи Савти Чоргоҳ |
Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2, Савти Чоргоҳ |
То нафас боқист, гарми барқи ҷавлони туам, |
Ғазали Роҷӣ |
MP3 — фаро кашед ва бишнавед: |
Муғулчаи Дугоҳ |
Мақоми Дугоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 |
Як шаб, охир, домани оҳи саҳар хоҳам гирифт, |
Ғазали Фурӯғӣ |
MP3 — фаро кашед ва бишнавед: |
Муғулчаи Сегоҳ |
Мақоми Сегоҳ, ҷузъи Наср (овозӣ), шуъбаи 2 |
Оҳ, аз даври фалак як лаҳза бар комам нашуд, |
Ғазали Туғрал |
MP3 — фаро кашед ва бишнавед: |
Салом алекум аввалан ба шумо саломативу сарбаланди хохонам бигзор дастатон дардро набинад бенихоят як икдоми хубро пеша кардаед.Худованд аз шумо рози бошад бори дигар ташуккур.
Саломат бошед!
Дуруду сипос бар Шумо. Бехтарин тарчумахоро аз адабиёти чахон дар ин чо мегузоштед, боз хам миннатдор мешудем.
Салом, бародари гироми! Мехостам шеърхои Фуруги Фаррухзодро низ инчо нашр кунед, зеро китобхояш дар марказхои фуруши китоб дастраси хонанда нест. Ташаккури зиёд!
салом ташакур барои чунин икдоми нек як мушкили вучуд дорад, шеърхоро гуш карда намешавад чаро?
Ташаккур, Бобочон. Мегуфтед, кадом суруди фарокашидаатон гуш карда намешавад?
Дар ягон чо газали Туграл «эй акси рухат» ро наефтам. Агар имконият мешуд дар инчо чойгир мекардед. Бори дигар рахмат.
Салом, Aziz!
Чанде пас намунаи пурратари ашъори Туғрал дар сомона нашр хоҳад гардид. Вале барои Шумо ҳамаи қоидаҳоро пушти сар карда, матни мустазоди шоирро ин ҷо меорам:
Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро
Чун мӯъҷизи Исо,
Тӯтӣ шуда ҳайрони суханҳои ту, ҷоно
Бо он лаби гӯё.
То бо қади шамшод гузаштӣ сӯйи гулшан
Қумрӣ ба фиғон шуд,
Наргис пайи наззора шавад дида саропо
Аз баҳри тамошо.
Аз шарми ҷамоли ту шуда Юсуфи Мисрӣ
Дар зовияи чоҳ,
Савдои ту доранд ба сар Вомиқу Узро
Танҳо на Зулайхо.
Пироҳани гул дар чаман аз дасти ту чок аст
Аз фурқати рӯят,
Хун баста дили ғунча зи лаъли ту ҳамоно
Чун бода ба мино.
Боди саҳар аз накҳати зулфат ба гулистон
Овард насиме,
Савсан ба забон таъна зад оҳуи Хиторо
З-он рафт ба саҳро.
Туғрал ба хаёли сари зулфи ту асир аст
Растан натавонад,
Занҷир бувад ҳар сари мӯ пойи ҷунунро
З-он зулфи мутарро.
Ташаккур барои матни суруд аз шумо минусокаи суруди хамин шерро хохтш мекардам ки дар сомонаи худ гузоред чун ба он ниёз дорем бо эхтиром Зебо аз ш.Душанбе ДМТ донишчу
Эй акси рухат ҷонди ҳадойинаи дилро чун мўъҷизи Исо!…
сароянда Абдулло Султон
//tugral.tj/index.php/suruda-o
Salom
Ваалайкум ассалом?
Бародар, хаста набошед — кори олиро анчом додед. Худо подоши захматхоятонро дихад!!!
Зинда бошед, бародар!
Иқдом, ибтикори бемисл. Кулли мардум Шашмақомро бо суруди классикӣ як медонанд. Хуб мешуд, ки схемаи Шашмақом (масалан, аз китоби Ф.Азизӣ) замима мегардид, то донанд чи ба куҷо мутааллиқ. Ин дарку ҳифзи Шашмақомро осон мекунад.
Ташаккури беандоза аз Шумо. Бо мадади мисли Шумо корвандони фаъол торнамо беҳтар хоҳад шуд.
мавригӣ аз Бухоро барин сурудҳоро даровардан даркор.
*********
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам чӣ чора?
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора.
*********
Дарди дили ман даво надорад,
Танбӯри дилам садо надорад.
*********
Кабӯтар будаму парвоз кардаме,
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме.
*********
Бародар, хоҳиши Шумо ба ҷо оварда шуд. Марҳамат.
офарин! Ждем продолжения текстов шашмакомов, включая такие известные народные песни как :
«Ҷасти-Ҷасти ёр» («Шасту-шасти-чор»), «Юсуфи ман, Юсуфи ман-е…», «Ханда Ханда»
Сипосгузорам, farid samarkandi! Худо хоҳад!