Мирзо Турсунзода. Шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ


I. Мунодии сулҳ ва шоири тавоно

tursunzoda

Таърих ҳеҷ гоҳ дар фазои холӣ ба вуҷуд намеояд. Ҳар як саҳифаи он бо номи абармардоне вобаста аст, ки бо гузашти вақт нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеаи хеш ва асрҳои минбаъда беш аз пеш равшан мегардад.

Дар асри XX устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода барои миллати тоҷик аз ҷумлаи чунин арбобони бузурге буданд, ки қисмати халқи хешро дар марҳилаҳои ҳассоси таърихӣ ба маҷрои худшиносии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории тоҷикон равона сохтанд.

Дар марзи ду ҳазорсола, вақте ки халқи тоҷик ба марҳилаи нави тараққиёти худ ворид гардид ва мо роҳи дар асри XX тайкардаи худро ҷамъбаст намудем, бо назардошти хизматҳои бузург ва фидокории онҳо дар поягузории истиқлолияти Тоҷикистон, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ бо унвони олии мамлакат — «Қаҳрамони Тоҷикистон» сазовор дониста шудани ин фарзандони бошарафи миллат комилан қонунист.

Зеро ҳар яке аз онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистон мақоми шойиста доранд ва ҷойи устод Мирзо Турсунзода мавриди зикри хосса мебошад.

Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоире шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ ба ин ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ бист сол оқилона сарварӣ карда, дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи муборизи сайёра — Осиё ва Африқо хизматҳои шойиста ба ҷо овард.

Мирзо Турсунзода бо меҳнати фидокоронаи худ дар роҳи тараққиёти адабиёти бадеӣ, мустаҳкам намудани сулҳ дар байни мамлакатҳо ва қитъаҳои олам обрӯю эътибори бузург дошт. Ӯ дар радифи машҳуртарин нависандагон ва арбобони даврони худ сазовори унвони олии «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» гардида буд.

Дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва санъати суханварӣ шоири номдори тоҷик бо ситораҳои тобноки адабиёти муосири ҷаҳон дар як поя қарор дошт.

Мирзо Турсунзода ҳамчун як фарди фарҳангии ниҳоят фаъол ва мубориз аз ибтидои солҳои сиюми асри бист то анҷоми умри пурбаракати худ дар навсозии Тоҷикистон, тараққиёти адабиёт, илм ва ҳунари он саҳми арзанда гузошт. Ӯ чун шогирди содиқу вафодор дар паҳлуи устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба хотири поягузории адабиёту санъати нави тоҷик хизматҳои шойистаи тақдир кардааст.

Дар давраи ҳозира, ки мо Шоҳроҳи ваҳдат барпо менамоем ва ин роҳи азим сарзамини сабзу хуррами моро бо кишварҳои бузурги олам хоҳад пайваст, бояд аз он ёдовар шуд, ки Мирзо Турсунзода ва ҳамсафони ӯ дар солҳои сиюми асри гузашта дар сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, дар бораи меҳнати созандаи халқ асарҳои пурарзиш офаридаанд.

Мирзо Турсунзода ва дигар нависандагону ҳунарварони тоҷик дар сохтмони каналҳои калони Фарғона ва Ҳисор ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Сохтмонҳои азим, ки тамоми Тоҷикистонро фаро гирифта буданд, на фақат зуҳуроти худогоҳии миллӣ ва ватанхоҳии халқи тоҷик буданд, балки ҳамчун сарчашмаи илҳом ва инкишофи адабиёту ҳунар, аз ҷумла эҷодиёти Мирзо Турсунзода, ба шумор мерафтанд.

Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода, ки пешрафти Тоҷикистон ва рушду камоли маънавии мардуми кишвари моро бо санъати олии сухан ва маҳорати баланд тасвир менамоянд, далели равшани ягонагии шоир ва халқу Ватан мебошанд.

Ӯ ба сифати муборизи ростини роҳи сулҳ ва дӯстии халқҳо ба бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сафар карда, аз минбарҳои баланди байналмилалӣ сухан мегуфт, Тоҷикистон ва халқи тоҷикро чун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва фарҳангию хирадманд ба тамоми дунё машҳур сохт.

Тоҷикистонро на танҳо шахсияти нотакрор ва ибратбахши Мирзо Турсунзода чун инсони фурӯтан, донишманд, дӯстпарвар ва арбоби барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, балки ҳамчунин асарҳои пурмазмуни ӯ машҳури ҷаҳон гардониданд.

Шоир ҳамеша кӯшиш мекард, ки ба миллату Ватани худ хизмати шойиста намояд, бо халқ ҳамнафасу ҳамқадам бошад, суханро ба манфиати давлат ва ҷамъият истифода созад. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро дар бар мегирад.

Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии халқи тоҷик, балки идеалҳои инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода менамоянд, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд.

Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик ба зиёда аз панҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Ин далели обрӯю нуфузи адабиёту фарҳанги тоҷик ва ифтихори миллати тоҷик аст. Мирзо Турсунзода фарзанди содиқи халқ ва ба қавли худаш, «ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан буд».

Воқеан, Ватан азизтарин муқаддасот барои фарзандони огоҳи миллат аст. Онро касе аз таҳти дил ва мағз андар мағзи ҷон дӯст дошта метавонад, ки ифтихори баланди миллӣ дошта бошад. Ифтихор аз озодӣ, ифтихор аз зебоӣ, ифтихор аз Ватан чун модари мушфиқу ғамхор.

Мирзо Турсунзода аз нахустин китоби шеъру ҳикоя ва очеркҳои худ “Байрақи зафар”, ки соли 1932 интишор ёфта буд, то охирин маҷмӯаи ашъораш — “Посбони оташ” дар тамоми шеъру достонҳо, асарҳои драмавӣ, филмномаҳо ва мақолаҳояш худро ҳамчун ошиқ ва ситойишгари мумтози Ватани азизи хеш нишон дод.

Эҳсоси ватандӯстии шоири шаҳир чунон самимӣ ва завқи зебоиписандиаш чунон равшан буданд, ки Тоҷикистон дар назари ӯ мамлакати тиллоӣ менамуд. Шоир Ватанро такягоҳи муқтадире медонист, ки ба гуфти худаш, ‘‘халқ аз вай сарбаландиҳо ба даврон мекунад ”.

Шоири бузург халқро дар ҷонсахтию матонат ҳамчун оҳан, Ватанро дар меҳрубонӣ, зебоӣ ва қудрат ба мисли оҳанрабо тасвир мекард. Рангу бӯйи дилкаши Тоҷикистон, ки шоири ҷаҳонгашта онро биҳишти бемисол меномид, боиси ифтихори миллӣ ва сарфарозии ӯ буд. Муҳаббати поки устод Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард.

Муқаддас донистани Ватан ва ватандорӣ, шаъну шарафи инсонӣ ва ваҳдати халқҳо, сарфи назар аз нажоду миллату мазҳаби онҳо, дар фаъолияти Мирзо Турсунзода чун арбоби бузурги давлатию ҷамъиятӣ ва кори пурмаҳсули эҷодии ӯ дар давраҳои минбаъда ҳам ба сифати муҳимтарин арзишҳои фалсафию ахлоқӣ идома ва ривоҷ ёфтанд.

Вақте ки силсилаи асарҳои Мирзо Турсунзода “Қиссаи Ҳиндустон” ва “Ман аз Шарқи озод” паси ҳамдигар интишор ёфтанд, онҳо дар адабиёти асри ХХ-уми ҷаҳон як рӯйдоди муҳим гардиданд. Зеро то ин дам ягон шоир ё нависанда Шарқи хориҷиро аз лиҳози бадеӣ чунин ҳақиқатнигорона кашф накарда буд. Гузашта аз ин, осори доир ба ҳаёти халқҳои кишварҳои хориҷӣ навиштаи устод Турсунзода дар назми тоҷик давраи наверо оғоз карданд. Аз ин рӯ, онҳо зуд ба забони русӣ ва дигар забонҳои ҷаҳон тарҷума шуда, дар олами мутамаддин машҳур гардиданд. Зеро дар ин асарҳо Мирзо Турсунзода бо ҳамдардӣ ва ҳиссиёти бузурги башардӯстӣ тарзи зиндагонии халқҳои Шарқ, қабл аз ҳама Ҳиндустонро бо тасвирҳои пурзӯри романтикӣ баён карда, барои хушбахтию саодати одамони оддӣ мубориза мебарад ва сиёсати мустамликадоронро сахт маҳкум менамояд.

Ғояҳои олии умумиинсонӣ — ҳифзи сулҳ, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳисси масъулият нисбат ба тақдири инсоният, рафоқат ва дӯстии халқҳо дар лирикаи сиёсӣ ва дигар ашъори иҷтимоии Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан, бо ҳиссу ҳаяҷони баланди инсондӯстӣ ифода ёфтаанд. Хизмати бебаҳои як нафар фарзанди миллати шоирпеша ва соҳибфарҳанги тоҷик Мирзо Турсунзода ба хазинаи тамаддуни башар низ дар ҳамин аст.

Мирзо Турсунзода ҳар қадар, ки шоири миллӣ бошад, ба ҳамон андоза тарғибгари дӯстии халқҳои дунё аст. Ин фазилат на танҳо дар фаровонии мавзӯъҳои байналмилалӣ дар эҷодиёти ӯ, балки дар фикру андешаҳои умумиинсонӣ ва ғояҳои олии умумибашарии шоир зуҳур мекунад.

Мавзӯи озодии инсон дар маркази тамоми эҷодиёти пурбаракат ва арзишноки Мирзо Турсунзода қарор гирифтааст. Тараннуми озодии шахсият ва ҷомеа, истиқлолияти комили давлатии ҳамаи кишварҳо рисолати олии ҷамъиятии шоир буд. Шоир орзу мекард, ки инсони заҳматкаш ба озодии комил муваффақ гардад, чунон ки мо ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба чунин озодӣ ноил шудем ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани номи Тоҷикистони мустақил башорат аз озодии деринтизори халқи тоҷик гардид.

Мирзо Турсунзода дар шароити нави таърихӣ озодии Тоҷикистон ва халқҳои гуногунмиллати онро васф намудааст. Қаҳрамони достони “Ҳасани аробакаш” ҷавонмардест, ки озодии ҳақиқиро дар иҷрои хизмати халқ ва ободонии мамлакат мебинад. Ин аст, ки ӯ мувофиқи тақозои замони нав ҳунари ронандагӣ меомӯзад ва баробари Тоҷикистон худаш ҳам рушду камол меёбад.

Дар достони “Чароғи абадӣ” бошад, шоири қадршинос симои нуронии мураббии забардасти худ устод Садриддин Айниро ба тасвир кашида, мақоми нависанда ва донишманди маъруф, поягузори адабиёти муосири тоҷик, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар ҳаёти маънавии ҷомеаи мо нишон медиҳад.

Инсони озоде, ки тамоми фаъолияти бошууронаи худро чун шоир ва арбоби ҷамъиятӣ дар роҳи саодати халқҳои заҳматкаш, дӯстию бародарӣ, ваҳдат ва ягонагии мардум бахшидааст, худи устод Мирзо Турсунзода мебошад, ки мо чеҳраи пурҷозибаи ӯро дар достони “Ҷони ширин” мебинем.

Қаҳрамонони устод Турсунзода одамони озоде ҳастанд, ки ҳастии худро ба хизмати халқу Ватан бахшидаанд. Онҳо ҳар қадар, ки ба Тоҷикистон ва инсонияти мутамаддин хизмати шойиста анҷом диҳанд, ба ҳамон андоза худро озод ва хушбахт эҳсос менамоянд.

Моҳияти ғоявии эҷодиёти шоири забардасти тоҷикро ваҳдати халқҳои олам ва фаъол сохтани неруҳои азими моддию маънавии онҳо дар роҳи сулҳ, тараққиёти иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоии инсоният ташкил медиҳад. Мирзо Турсунзода нақш ва аҳамияти адабиётро пеш аз ҳама дар ҳамин медид.

Шоир дар асарҳои худ нишон медиҳад, ки муносибатҳои дӯстона ва эҳсоси баланди инсонпарварии тоҷикон ҳамеша ҳусни таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба халқи тоҷик бедор мекард, мардумони гуногунмазҳабу гуногунзабони олам нисбат ба мо дар дили худ ҳисси эҳтиром ва дӯстӣ мепарвариданд.

Аз шеъри Мирзо Турсунзода бармеояд, ки муҳаббат ва эътиқоди инсонияти пешқадам ба халқу давлати мо, ба анъанаҳои миллии мардуми мо, ба ибораи шоир “расми хуби тоҷикон ”, яъне дӯстии беғаразона, фарҳанги танӣ, дили пок ва ахлоқи ҳамида алоқаманд аст.

Шоир дӯстии халқҳоро аз ҷумлаи арзишҳои бузурги маънавӣ мешуморад ва муқаддас медонад. Барои Мирзо Турсунзода ваҳдати халқи ҷаҳон мафҳуми умумӣ ё шиор нест, балки ҷаҳонбинии равшанест, ки бо гузашти рӯзгор ва тарбияи пайваста дар мактаби ҳаёт ҳосил шудааст.

Ба ақидаи ӯ, гулхани дӯстию рафоқат ва ҳамдастию ҳамдилиро, ки аҷдоди бузурги мо дар роҳи инсоният афрӯхтаанд, чароғи тобандаи зиндагӣ кардан зарур аст.

Шоир ба ҳамватанони худ муроҷиат менамояд, ки дилро аз кинаю адоват, шубҳаю нобоварӣ покиза нигоҳ доштан лозим аст. Дилро пур аз меҳру вафо сохтан ва ошёни зиндагиро низ дар дили инсон гузоштан даркор аст, зеро дар ҷаҳон мақоми баландтаре аз дили инсон вуҷуд надорад.

Инсон бузургтарин ва нодиртарин муъҷизаи табиат аст. Бинобар ин, Мирзо Турсунзода ба инсон ва моҳияти ҳастии ӯ аҳамияти калон медиҳад. Дар шеъру достон ва асарҳои драмавию филмномаҳои ӯ инсон бо тамоми паҳлуҳои фаъолияташ, дунёи ботинӣ ва зоҳирӣ, рисолати иҷтимоӣ, олами рангини рӯҳию ахлоқӣ, меҳнат ва муҳаббаташ ба тасвир омадааст.

Занон, модарон, духтарони покгуҳари тоҷик, ки шоир чеҳраҳои онҳоро бо камоли муҳаббат ва эҳтироми хосса қаламдод намудааст, дар матонат ва зебоӣ камназиранд. Модарномаҳои Мирзо Турсунзода, ки дар тамоми марҳилаҳои фаъолияти эҷодиаш идома ёфтаанд, аз лиҳози иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар назми муосири тоҷик як равияи тозаро ташаккул доданд. Модарон ва заноне, ки Мирзо Турсунзода тасвир мекунад, дорои эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва маънавиёти ғанӣ мебошанд. Онҳо чун занони ватанхоҳ, заҳматкаш, эҷодкор, тарбиятгари авлоди наҷиб, ҷонибдорони сулҳ, ёрони бевафо ва зебою бошараф дар дили мо маскан гирифтаанд.

Мирзо Турсунзода на танҳо пайваста эҷод мекард, балки расо сиву як сол раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ буд. Вай кори эҷодию илмиро якҷоя бо фаъолияти ҷамъиятӣ пеш мебурд. Ӯ дар тарбияи наслҳои ҷавони адабиёт таҷрибаи фаровон андухт ва мактаби худро ба вуҷуд овард. Мактаби адабии Мирзо Турсунзода мисли мактаби устод Садриддин Айнӣ дар адабиёти муосири тоҷик роҳу равиши тозаи эҷодӣ ва навҷӯйиро бунёд гузошт.

Бо камоли эътимод гуфтан мумкин аст, ки нури назми Мирзо Турсунзода дар даврони мо низ олами адабиёти тоҷикро мунаввар мекунад. Тамоми мардуми Тоҷикистон, бахусус наслҳои ҷавону наврас бояд донанд, ки ҳаёти пурбаракат, фаъолияти доманадори адабию ҷамъиятии Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзанди асили халқ бо равандҳои навсозии мамлакат, озодиву истиқлолият ва рушду камоли миллати сарбаланди мо алоқаманд буд.

Эҷодиёти серпаҳлуи Мирзо Турсунзода дар таърихи адабиёту ҳунар ва ҳаёти маънавии мо як давраи томро ташкил кард. Шеъри тоҷик, махсусан аз нимаи дуюми солҳои чилуми асри гузашта, ба шарофати эҷодиёти Мирзо Турсунзода ба маҷрои тоза ворид шуд ва ба сатҳи баланди ғоявию эстетикӣ расид.

Имрӯз баъзе мунаққидон Мирзо Турсунзода ва як зумра шоирони даврони ӯро ба он айбдор карданӣ мешаванд, ки онҳо адабиёт ва ҳунарро ба сиёсат пайваст карда буданд. Вале агар мо замон ва эҷодиёти шоирро дар ҳамбастагӣ амиқ таҳлил намоем, пас маълум мегардад, ки ин даъво комилан хатост.

Воқеан, Мирзо Турсунзода аз ҷумлаи суханваронест, ки барояшон ҳунар ва сиёсат муродифи якдигаранд. Мирзо Турсунзода бо як маҳорати баланд лирикаро бо сиёсати давлат ва ниёзмандиҳои он ҳамоҳанг сохта буд. Арзиши “Қиссаи Ҳиндустонии ӯ, ки беш аз ним аср пеш иншо шудааст, маҳз дар ҳамин мебошад. Дар манзумаи мазкур назокати шоирона ва диловарии шаҳрвандӣ, дарди инсон ва орзуҳои нек, шукргузорӣ ва танаффур, муҳаббат ва талоши озодӣ, гармии дасти дӯст ва гиреҳ шудани мушт ба ҳам омехтаанд; бе ин ду боли муҳаббату ғазаб ва шодиву андуҳ “Қиссаи Ҳиндустон” наметавонист дар фазои сайёра ин гуна баланд парвоз кунад.

Вобаста ба эҷодиёти Мирзо Турсунзода мехоҳам боз як масъаларо таъкид намоям. Ақидае вуҷуд дорад, ки ашъори сиёсӣ кори косибон аст ва чунин ашъор тезгузар асту аз ёди мардум ба зудӣ фаромӯш мешавад. Шояд дар бисёр мавридҳо чунин ҳам бошад. Вале вақте ки ашъори сиёсӣ ҳаяҷони амиқ, хусусиятҳои назми миллӣ ва тафаккури фалсафии муаллифро дар бар мегирад, чунин асар ҷовидона аст. Ба бисёре аз шеъру манзума ва достонҳои Мирзо Турсунзода маҳз чунин қисмат насиб гардидааст. Чуноне ки бобоён ва падарони мо ин асарҳоро бо ифтихор ва шодмонӣ пазируфта буданд, шеъри Мирзо Турсунзода имрӯз низ вирди забони мардум аст.

Бо мукофотҳои бонуфузтарини байналмилалӣ қадр шудани шоири тоҷик далели эътирофи умум ва шуҳрати каломи муассири ӯ дар байни оламиён мебошад. Мо, ҳамзамонон ва ворисони устод Мирзо Турсунзода ифтихор мекунем, ки ин шоири тавоно дар радифи бузургтарин адибони асри XX дар роҳи бедорӣ, инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти халқҳои ҷаҳон фаъолона ширкат варзидааст.

Мирзо Турсунзода, ки тафаккури фарогири кураи замин ва дили дардошно дошт, зиндагии мардуми тоҷик ва бартариятҳои ҷомеаи моро бо кишварҳои ҳамсоя моҳирона қиёс мекард. Зимни ин ҳамватанони худро даъват менамуд, ки ба қадри дастовардҳои ҳаёти нав бирасанд, онҳоро ҳифз намуда, афзунтар созанд.

Имрӯз, ки халқи мо роҳи пешрафти минбаъдаи худро муайян намудааст ва бо ин роҳ устуворона пеш меравад, ин нуқтаи назар барои насли кунунии миллати куҳанбунёди тоҷик моҳияти ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки ғояи ҷомеаи демократию дунявӣ чароғи роҳнамойи мост ва бар хилофи монеаҳое, ки душманон дар роҳи миллати тоҷик эҷод мекунанд, мо дар заминаи худшиносии миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ чунин ҷомеаро барпо хоҳем кард ва ба он муваффақ хоҳем шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар радифи кишварҳои пешрафтаю мутамаддини ҷаҳон ҷой гирад.

Аслан, орзуи фарзандони бузурги миллат чун Мирзо Турсунзода низ ободӣ ва шукуфоии Ватан, побарҷо будани сулҳу амният дар саросари дунё буд. Мутаассифона, сулҳу амнияти ҷаҳон, ки Мирзо Турсунзода барои он талошҳои зиёд карда буд, ҳоло боз дар зери хатар аст. Қазияи Афғонистон, ки зиёда аз бист сол идома дорад, амнияти на фақат кишварҳои минтақа, балки ҷаҳонро халалдор мекунад.

Баъди фоҷиаи 11-уми сентябри соли 2001, вақте ки дар натиҷаи зарбаи терроризми байналхалқӣ дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ҳазорон нафар одамон қурбон шуданд, ҷомеаи ҷаҳонӣ равшану возеҳ дарк кард, ки бӯҳрони Афғонистон на танҳо ба амнияти Тоҷикистон ва минтақа, балки ба тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Дар ин бора мо мавқеи Тоҷикистонро чандин маротиба аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳамкории байналхалқӣ дар мубориза алайҳи ҷинояткории трансмиллӣ дар шаҳри Вена, дар маросими имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ дар шаҳри Палермо ва дигар вохӯриву чорабиниҳои байналхалқӣ изҳор дошта будем. Гузашта аз ин, мо доир ба ташкили “минтақаи амният” дар атрофи Афғонистон пешниҳоди мушаххас доштем. Мақсади ягонаи мо аз ин ҳама пешниҳодот ин буд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи зарурати муттаҳид намудани имкониятҳо дар бобати ҳалли осойиштаи қазияи Афғонистон, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва андешидани тадбирҳо бар зидди фаъолияти террористӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳал карда шавад. Вале бисёриҳо миқёси хатар ва имконияти воқеии терроризмро нодида гирифтанд. Акнун, ки ҷомеаи ҷаҳон даҳшати амали зишти террористонро дар вуҷуди худ эҳсос кард, бояд тадбирҳое андешида шаванд, ки минбаъд ба таъмини амнияти ҷаҳониён мусоидат намоянд.

Воқеан, рафти зиндагӣ ва доман паҳн намудани терроризми байналхалқӣ имрӯз аксари кулли кишварҳои ҷаҳонро водор намуд, ки маҳз ҳамин роҳу равишро пеш гиранд.

Бояд гуфт, ки дар чунин шароит шеъри сулҳпарвари Мирзо Турсунзода ҳамоҳанги маҷрои ҳаёт аст ва имрӯз ҳам хеле замонавӣ садо медиҳад. Вобаста ба ин мехоҳам бигӯям, ки адибон ва тамоми зиёиён бояд аз зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода сабақ гиранд, дар ҳаёт мавқеи фаъоли шаҳрвандиро ишғол намоянд, бо сухан ва ҳунари муассир ғояҳои олӣ ва ҷовидона — сулҳ, ваҳдат, худшиносии миллию ватанпарастиро дар дилу шуури наслҳои нав ҷой намоянд ва арзишҳои пешқадами умумибашариро дар ҷомеа тарғиб созанд. Вазифаи муқаддаси зиёиён, қарзи шаҳрвандии онҳоро мо пеш аз ҳама дар ҳамин мебинем. Дар давраи ҳозира, ки дар байни халқҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардани якдигарфаҳмӣ, қаробати маънавӣ, таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкорӣ ҳамчун омили асосии сулҳу саодати башарият тақозои ҳаёт ва зарурати зиндагӣ мебошад, мақоми Мирзо Турсунзода ҳамчун сарояндаи сулҳу ваҳдати инсоният боз ҳам баландтар мегардад.

Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.

Устод Мирзо Турсунзода воқеан «Қаҳрамони Тоҷикистон» аст. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард.

II. Шоири бузург ва арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ

Мирзо Турсунзода ба насли дуюми адибони садаи бисти тоҷик шомил буда, дар радифи Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода дар як давраи пур аз тазод ва муборизаҳои дохилӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода буд. Ва ӯ ҳамчун шогирди ду абармарди адабиёти муосир — Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ тавассути адабиёту матбуот ба хизмати халқу Ватан камар мебандад. Мирзо Турсунзода ва ҳамсафонаш бо муҳаббат ва ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ бо эҷоди ҳар як асар ва ширкат дар сохтмонҳои азим хиштҳои нахустини созандагии Ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро мегузоштанд, ба мардум рӯҳу тавон мебахшиданд.

Аз шахсиятҳои таърихӣ, инсонҳои равшанзамир ва машъалдорони роҳи озодиву истиқлолият, бунёдгузорони Тоҷикистони нав, парчамбардорони матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон бо сипосгузорӣ ёдовар шудан амри воҷиб аст. Зеро ин фарзандони бошарафи халқи тоҷик поягузорони кишвари маҳбуби мо ба шумор мераванд. Дар ин ҳалқа фарзанди шарафманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода, ки барои хизматҳои бузург дар инкишофи адабиёт ва тарғиби ғояҳои сулҳу дӯстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон дар радифи устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров сазовори унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” гардидааст, мақому мавқеи шойиста дорад.

Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мост. Ӯ иштирокчии фаъоли ҳаракати адабии солҳои навсозии Тоҷикистон буд ва нахустин маҷмӯаи шеъру ҳикояҳояш таҳти унвони «Байрақи зафар» ҳанӯз дар соли 1932 дар Душанбе интишор ёфт. Минбаъд Мирзо Турсунзода дар баробари Ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон пайваста рушду камол ёфт ва дар олами илму адаб ва сиёсати байналмилалӣ яке аз тобноктарин ситораҳои мамлакати паҳновар гардид.

Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ ва дигар ҷоизаҳои олии давр, аз ҷумла, Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру, ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст.

Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст. Агар мо ҷараёни зиндагии ӯро аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди шоир бо ҳаёти халқ мебошад. Мирзо Турсунзода яке аз аввалин суханвароне буд, ки дар мавзӯи муборизаи озодихоҳонаи ранҷбарон бар зидди зулму ситам ва талаби адолати иҷтимоӣ драмаи «Шӯриши Восеъ»-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ офарид. Дар асоси ин асар нахустин операи миллӣ дар таърихи санъати тоҷик эҷод гардид, ки он ҳанӯз ҳафтод сол муқаддам дар аввалин Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва намойиш дода шуд ва муваффақияти бузург ба даст овард.

Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода аз ғояҳои олии ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ саршоранд. Шоир дар сурудаҳои худ бо садоқати бепоёни фарзандӣ шаҳомату бузургии Ватанро васфу тараннум менамояд. Вақте вай ба арсаи эҷод ворид гардид, на танҳо адабиёти навини тоҷик ташаккул меёфт, балки худи Тоҷикистони тозабунёд дар роҳи тараққиёт қадамҳои аввалин мениҳод. Осори пурмуҳтавои ӯ аслан таърихи бадеии Тоҷикистон аст. Обшор кардани заминҳои ташналаб, бунёди роҳу пулҳо, сабзу хуррам гардонидани водиҳо, таъсиси нахустин хоҷагиҳои дастаҷамъӣ, арзи вуҷуд намудани корхонаву донишгоҳҳо ва дигар корномаҳои ҳамзамонон дар шеъру достонҳои устод таҷассум ёфтаанд.

Соли 1953, дар рӯзҳое, ки 75-солагии устод Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешуд, Мирзо Турсунзода гуфта буд: «Хеле кам иттифоқ меафтад, ки тарҷимаи ҳоли як нафар ба тарҷумаи ҳоли халқаш чунин мувофиқ бошад». Ин суханон ба худи Мирзо Турсунзода ҳам пурра тааллуқ доранд. Зиндагинома ва кору пайкори ӯ таърихи зиндаи миллати мо дар асри бист мебошад. Дар бисёр шеърҳои абадзиндаи ӯ, махсусан дар достони баландмазмуни «Ҳасани аробакаш», таҳаввулоти азими сарнавишти миллати тоҷик дар асри гузашта бисёр дақиқ ва моҳирона тасвир шудааст.

Ҳамзамон бо ин, шоири башардӯст дар хонаи дили худ меҳру муҳаббати мардуми заҳматкаши ҷаҳонро низ ҷой дода буд. Аз ин ҷост, ки сухани пурэъҷози шоир ифодагари рӯҳи замон ва таҷассумгари дарду виҷдони аҳли башар буд. Тасодуф нест, ки тақдир ба зиммаи ӯ вазифа ва масъулияти пуршарафро гузошта буд, то мақсаду мароми зиндагиашро ба хизмати дӯстӣ ва бародарии мардуми олам, бахусус халқҳои Осиё ва Африқо, бахшад. Осори суханвари бузург, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, фарзанди арҷманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода саропо аз андешаҳои истиқлолхоҳӣ барои мардуми ҷафодидаи Машриқзамин ва ваҳдати халқи ҷаҳон саршор аст. Ӯ нахустин маротиба бо силсилаи ашъори марғуби «Қиссаи Ҳиндустон» ба адабиёти ҷаҳонӣ пайваст ва ба дили мардуми некиродаи дунё роҳ ёфт. Зеро ин асари ӯ бо баландии гоя ва бадеият на танҳо ифодагари ормонҳои мардуми ҳинд, балки мардуми озодихоҳи дунё буд. Аз ин ҷост, ки адиби бузурги ҳинд Мулк Роҷ Онанд баъди мутолиаи ин асари шоири тоҷик бо сипоси самимӣ иқрор шуда буд: «Кош дар бораи Ҳиндустон ман мисли шоири тоҷик асаре менавиштам».

Шоир барҳақ фармуда буд, ки «Шодам, аммо мехӯрам гомҳои халқи дигаре». Боз афзуда буд, ки «Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор». Ин ишораҳо барномаи фаъолияти эҷодӣ ва рисолати шаҳрвандии ӯ буданд. Аз ин ҷост, ки Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири маҳбуби халқи тоҷик, балки чун арбоби матиниродаи роҳи сулҳу ваҳдат дар ақсои олам ном баровард. Ба андешаи ман, дар баробари истеъдоди худодод фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, омӯзиши адабиёти ҳазорсола олами маънавии Мирзо Турсунзодаро хеле пурғановат гардонида, ҷаҳонбиниашро фарохтар сохт.

Албатта, ҳеҷ шахсият, алалхусус шахсияти оламшумуле ба мисли устод Турсунзода, дар ҷой холӣ ба воя намерасад. Шоири мубориз суннатҳои миллӣ, адабиёти шифоҳӣ ва классикии тоҷику форс, беҳтарин дастовардҳои адабиёти ҷаҳониро фаро гирифта, таҷрибаи эҷодии суханварони бузургро дар рӯзгор ва фаъолияти адабии худ корбаст кардааст. Донишу таҷриба ва ситораи гарму дили пурмуҳаббат ба ӯ имкон доданд, ки сабақҳои дипломатияи давлатӣ ва мардумиро ба ҳам моҳирона омезиш дода, дар гуфтор ва муомилаву муоширати худ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, сиёсатмадорон ва роҳбарони олирутбаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон бо камоли донишмандӣ ва назокат риоя намояд. Ин аст, ки каломи муассиру ҷозибадори шоири шаҳири тоҷик дар ақсои гуногуни олам аз минбарҳои баланд садо дода, маҳбубияти хосса касб кардааст.

Ғояҳои олии умумиинсонӣ — ҳифзи сулҳу амонӣ, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳисси масъулият нисбат ба сарнавишти инсон ва дӯстиву ҳамкории халқҳо дар ашъори Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан ифода ёфтаанд. Дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзӯи Ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад. Силсилаи шеърҳои ба табиати диёр, манзараҳои нотакрор ва рӯду обшорон бахшидаи шоир самимияту садоқати ӯро ба сарзамини азизаш ифода месозанд.

Устод Турсунзода ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо ва қосиди сулҳу дӯстӣ ба кишварҳои хурду бузурги дунё сафар мекард, лекин дар ҳама ҷо дили ӯ ба ёди Ватан метапид:

Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири бузурги ватандӯст ва халқпарвар, муборизи фаъоли роҳи сулҳ ва оромиву осудагии ҳаёти ҷамъият соҳиби обрӯву иззат, эътибори баланд ва шуҳрати ҷаҳонӣ гардид. Аз нимаи дуюми солҳои сиюми асри XX — аз ҳамон давроне, ки фашизм дунёро ноором сохта, баъзе мамлакатҳои Аврупо ва Ғарбро зери по кард ва ба сари мардум бадбахтиҳо овард, Мирзо Турсунзода дар асарҳояш ба ҷангу ҷидол ва хусумату душманӣ сулҳу ваҳдат ва дӯстиву бародариро муқобил гузошт. Шоири сулҳпарвари мо халқҳои ҷаҳонро бар зидди фашизм даъват мекард, то ки решаи манҳуси ҷангро аз беху бунаш бурида, парчами сулҳро дар олам устувор созанд. Дар он даврони пуртаҳлука Мирзо Турсунзода дар Париж ҳамроҳи нависандагон ва олимони маъруф, аз қабили Жолио Кюри, Александр Фадеев, Иля Эренбург дар кори аввалин конфронси умумиҷаҳонии ҳомиёни сулҳ иштирок ва дар ҳимояи сулҳу осойиш суханронии басо таъсирбахш карда буд.

Ҳамин тавр, Мирзо Турсунзода — шоири сулҳпарвари мо дар сафи пеши ҷабҳаи мубориза бар зидди зулму ситам қарор гирифта, ҳамчун муборизи матини ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқҳои тамоми ҷаҳон маъруф гардид.

Мавзӯи асосии эҷодиёти ӯ ситойиши дӯстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва мубориза алайҳи низоъангезону тахрибкорон имрӯз низ, яъне дар замони мо аҳамияти худро гум накардааст. Осори шоир насли наврасро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳимояи Ватан, ҳувийяти миллии хеш ҳушёр, зирак ва дурандеш бошанд. Шоир Ватани худ — Тоҷикистони кӯҳсору офтобиро ҳамчун як ҳиссаи ҷудонашавандаи Шарқ ва ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мешуморад, ки дар доираи сиёсати он замон тартиби ин ғоя кори чандон осон набуд.

Шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон баръало ба мушоҳида мерасад. Мирзо Турсунзода доираи мавзӯъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабиро ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум неруманд гардонид. Мавзӯи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯстӣ мо ҷилои тоза мебахшад. Мо ба ин ҷиҳати осори Турсунзода ва пайравони мактаби ӯ бояд эътибори хосса диҳем.

Имрӯз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ мароми сулҳ, ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва дӯстиву бародарӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд ва мо барои татбиқи пайгиронаи онҳо кӯшиш менамоем. Ба ин маънӣ, шеърҳои устод Турсунзода ҷавҳари суннатҳои неку писандидаи сулҳпарваронаи халқи моро ифода месозанд. Чунончи, шоир дар ин маврид гуфтааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Шоир аз мавзӯъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба неруи азими маънавӣ мубаддал намуд. Мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Шеъри ӯ ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад. Дар замони мо, ки ваҳдати миллӣ ба яке аз рукнҳои сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, эҷодиёти шоир ба иттиҳод ва бародарии мардуми мамлакат мусоидат менамояд.

Шоири ҳақиқӣ ҳамчун парчамбардори адабиёту фарҳанги миллӣ дар дили халқаш ҳамеша зиндаву поянда аст. Мирзо Турсунзода ҳамин гуна адиби мубориз, шахсияти барҷаста ва инсони наҷиб буд. Аз ин рӯ, ӯ маҳбуби халқи тоҷик ва мардумони сулҳпарвару озодихоҳи олам гардидааст. Бегазанд мондани ном ва осори Мирзо Турсунзодаро ҳаёт ба хубӣ собит менамояд. Чун гиромидошт ва рамзи посдории хизматҳои шойистаи Мирзо Турсунзода ба номи ӯ шаҳр, донишгоҳу мактабҳо ва кӯчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд ва муҳимтар аз ҳама, шеъри ӯ пайваста вирди забони мардуми тоҷик аст.

Мирзо Турсунзода тафаккури фарогири кураи замин ва дили дардошное дошт ва шеъри ин шоири нобиға шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Ашъори оташбори ин вассофи сулҳу дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамдилии мардуми олам ва шеъри ин сипаҳсолори назми замони худ ба 60 забони халқҳои дунё тарҷума шудааст.

Аз рӯзи вафоти устод қариб чил сол гузашт, вале хизмату талошҳои ӯ мисли Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувийяти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рӯ, ӯ барҳақ “Қаҳрамони Тоҷикистон” эътироф гардидааст.

Шеъри ӯ дар эъмори ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибихтиёр низ нерубахши мардум буда, бо мо ҳамқадаму ҳамсафар аст. Ба ибораи дигар, Мирзо Турсунзода бо шеъри ваҳдатсози хеш ҳамзамони мо, ҳамзамони наслҳои нави халқи тоҷик боқӣ мемонад.

Бигзор, номи муборак ва осори арзишманди Мирзо Турсунзода ҳамчун қосиди сулҳи даврони мо аз насл ба насл ва аз аср ба аср идома ёфта, умри абадӣ ёбад. Бигзор каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун ойина пурҷило гардонад!

Бозгашт ба мундариҷа

Бо дӯстонатон баҳам бинед: