Шоирони ношинохтае аз диёри Рӯдакӣ

shoiron

Дар давраҳои гуногун зодагони соҳибзавқи навоҳии Панҷакенту Фалғар ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар марказҳои илмиву фарҳангӣ сукунат варзида, ҳамчун шоирони «самарқандӣ» ва ё «бухороӣ» шинохта шудаанд, амсоли Музтариб ва Мустатеъ шоирони асри ХYII (ватани аслиашон Панҷакент), Неъмати Самарқандӣ шоири асри ХYII (аслан аз Кӯҳистони Мастчоҳ), Муҳаммадзамон ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутӣ шоири асри ХYIII ва набераи ӯ Қорӣ Масеҳои Тамҳид шоири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ (аслан аз деҳаи Похути Фалғар), ки бо номи «самарқандӣ» ва Абдуллохоҷаи Абдӣ (аслан аз мавзеи Ёрии Панҷакент) ҳамчун «бухороӣ» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ муаррифӣ шудаанд. Дар ин радиф боз нафарони дигари гумноме ҳастанд, ки аҳволу осорашон то ҳанӯз ба риштаи таҳқиқ кашида нашудааст.

Дар қатори эшон боз суханвароне дар ин манотиқ зиндагиву эҷод намудаанд, ки осорашон таи солҳои тӯлонӣ паси пардаҳои таърих қарор дошт ва бо вазидани насими истиқлолият ному ашъорашон тавассути заҳматҳои муҳаққиқону дӯстдорони каломи бадеъ ба самъи аҳли завқ пешниҳод гардид.
Чун соли 2008 ҳамчун соли таҷлили 1150-солагии устоди шеъри тоҷикӣ-форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳсуб меёбад ва суханварони мазкур ворисону ҳамзаминони ин қофиласолори назми оламгир мебошанд, қарор додем, то дар бораи зиндагиву эҷодиёти чанд тан аз эшон, ки рӯзгору осорашон таи солҳои дароз барои хамагон рӯшан набуда дар канори рӯди фаромӯшӣ қарор дошт, маълумоте пешкаш намоем.

Камолии Рашнагӣ

Шоири соҳибдевон, ки девони ашъораш бо номи «Назми шакарганҷ» соли равон бо хатти кириллӣ ба нашр расид. Номи аслии у Мулло Миркамол ибни Мулло Исмоил аст, ки дар охирҳои асри ХVIII ва ибтидои асри ХIХ дар деҳаи Рашнаи Поёни ноҳияи Панҷакент ҳаёту фаъолият намуда, бо тахаллуси Камолии Рашнагӣ ашъор сурудааст. Аз маълумоти бадастрасида маълум мешавад, ки вай муддате дар шаҳрҳои Бухорову Кобул таҳсили илм карда, боки тамоми умр ба деҳқонӣ машғул буд ва дар баробари ин тарки эҷод накардааст. Аз қавли мардуми деҳаи Рашнаи Поён бармеояд,ки қисми асосии ашъори Камолӣ солҳои 30-юм дар қатори бисёр осори гаронмояи ниёгонамон тӯъмаи оташ қарор гирифтаанд.
Бино ба нақлҳои дар бораи аҳволу осори шоир мавҷудбуда, аввалин падидаи шеъриашро у дар овони наврасӣ ба забон овардааст, ки воқеа чунин сурати ҳол доштааст: Вақте моиндараш дар танӯр нон мепухт, Миркамол назди вай рафта дархост мекунад, ки барояш нон диҳад, моиндараш, ки бо сабаби номаълум дар хашм будааст, торсакие ба рӯи вай мезанад. Ӯ нолону гирён ба кунҷи оғил даромада, абёти зеринро мегӯяд:
Ғарибу хору зорам, бо кӣ гӯям,
Дили пурдард дорам, бо ки гӯям.
Аламҳои дили афгори худро,
Касе ҳаргиз надорам, бо ки гӯям
Аз шоир девони ашъор, ду достон бо номҳои «Дувоздаҳ имом» ва «Нашрахнома» боки мондаанд. Дар ғазалиёти Камолӣ бештар мавзӯъҳои ирфонӣ ва мазҳабӣ нуфуз дошта, таъсири оёт ва аҳодис низ ҷилваи рӯшан дорад. Намунаҳо аз девони шоир:
Масти ҷоми тавҳидам, гумраҳон намедонанд,
Боданӯши ирфонам, инсу ҷон намедонанд.
Дилкаши рухи ёрам, восиле ба дидорам,
Аз азал гирифторам, муслиҳон намедонанд.
Мутриби нафастангам, сози ишқ дар чангам,
Хушнаво хушоҳангам, ҳамдамон намедонанд.
Мӯсиям ба Тури дил, роздори пинҳонӣ,
Гуфтугӯ ба ӯ дорам, маҳрамон намедонанд.
Дар сарири султонӣ ноиби Худовандам,
Амри адлҳо дорам, мушрикон намедонанд.
Нуктаи Камолӣ нест, мавҷи Қулзуми ғайб аст,
Кашфи сирри ин маънӣ, зоҳидон намедонанд.
***
Эй, «алиф» нахли қадат зиннатдеҳи гулзорҳо,
«Бе» балогардони ҳуснат, андалеб асрорҳо.
«Те» таманнои лаби лаъли ту дар дил доштам,
«Се» сано гӯям туро дар кӯчаву бозорҳо…

Муҳаммадзамон ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутӣ
(1788-1849)

Дар деҳаи Похути Фалғар (ноҳияи Айнии имрӯза) таваллуд шудааст. Овони наврасӣ ва ҷавониаш дар зодгоҳаш гузаштааст. Баъдан барои идомаи таҳсил ба Самарқанд меояд ва дар ҳамин шаҳр сукунат меварзад. То охири умр дар шаҳри Самарқанд зиндагӣ кардаааст. Аз рӯзгор ва осори ин суханвар ба ҷуз маълумоти мухтасаре бо як ғазал дар «Намунаи адабиёти тоҷик» (саҳ. 467) дигар дар ягон сарчашмаи таърихиву адабӣ ахборе зикр нашудааст. Қорӣ Масеҳои Тамхиди Самарқандӣ ибни Муҳаммадсолеҳ ибни Муҳаммадзиё Ҳайрат ибни Муҳаммадзамон ибни Муҳаммадризои Фалғарии Похутӣ шоири соҳибдевони асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ аз авлодони номбурда мебошад. Абёте, ки аз шоир мерос мондааст:
Лайлӣ намепурсад зи кас Маҷнуни дилношодро,
Ширин намедонад магар ҷон кандани Фарҳодро.
Эй бурда ороми дилам боз о, ки аз бетоқатӣ,
То чанд монанди ҷарас аз дил кашам фарёдро.
Килки қазо то пайкарат бар лавҳи ҳастӣ зад рақам,
Тасвири нақши дилкашат девона кард устодро.
Оби назокат мечакад аз оташи рухсораат,
Эъҷози ҳусн ин бас бувад, ҷамъ оварӣ аздодро.

Мулло Бобур (Ишқӣ) (1792-1863)

Мулло Бобур соли 1792 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Номи падараш Ҳидоятулло буда, дар мактаби деҳа саводи ибтидоиро мегирад. Сипас дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро таҳсили илм намудааст. Баъдан ба деҳааш баргашта дар он ҷо ба деҳқонӣ машғул мешавад ва гоҳо барои дуктарошон ва шонагарони Самарқанду Ургут аз кӯҳистон чӯбу дуку тирак меовард.
Ашъори Ишқӣ дар девоне фароҳам омадааст, ки тақрибан 3500 байтро ташкил медиҳад ва ду сол пеш аз вафоти шоир мураттаб шудааст. Девони Ишқӣ аз ғазалу мухаммас ва рӯбоию қитъа иборат буда, шоир дар ашъораш бештар аз баҳору нигор, гулу лола, ишқу муҳаббат, аҳволи вазнин, зиндагии қашоққона ва ноободии кӯҳистони тоҷик сухан рондааст. Ғазалҳои Ишқӣ дар пайравии Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Шавкат ва Сайидо навишта шуда, номбурда ба ғазалҳои шоирони мазкур мухаммасҳо бастааст. Сабки ашъораш соддаву равон буда, дар онҳо таъбирҳои халқӣ, луғати зиндаи мардуми маҳаллӣ, ташбеҳу истиораҳои рӯшан ба кор рафтаанд. Тибқи ривояти ҳамдиёронаш авлодони шоир хама аз аҳли фазл ва шоиру фозилони давр маҳсуб меёфтаанд, ба монанди: Ворис, Мулло Фозил, Фақӣ. Намунаҳои ашъори шоир, ки дастраси мо гардида:
Баъд аз ин фикри ману қомати раънои хабиб,
Накунам ёди дигар ҷуз рухи зебои хабиб.
Чун кунад майли гулу сунбулу райҳон дили ман,
З-он ки шуд маҳви руху зулфи сумансои ҳабиб.
Ё раб, аз хони висолаш ту маро рӯзӣ кун,
Умрам охир шуда, яъне ба таманнои ҳабиб.
На ман охир ба хаёли рухи ӯ ҷонбозам,
Оламе гашта кунун волаву шайдои ҳабиб.
Гар шавад ҷилвакунон бо қади боло ба чаман,
Сарву шамшод ниҳад сар ба қадамҳои ҳабиб.
Мениҳам рӯи ниёзе ба дари пири муғон,
То кунад маст аз он ташнаи саҳбои ҳабиб.
Ишқи аз ҳаҷр камон қомати ту то нашавам,
Кай шикори ту шавад оҳуи саҳрои ҳабиб.

Маҳзуни Рашнагӣ (1834-1897)

Мулло Ашӯр мутахаллис ба Бисмил ва Маҳзун соли 1834 дар деҳаи Рашнаи Поён дар оилаи Мулло Ҷонмухаммад ибни Бадалбоқӣ ба дунё омадааст. Шоир дар қатори бародаронаш Шомуҳаммад, Мулло Абдуллоҳ, Ниёзбоқӣ, Мулло Мурод, Мулло Турсун ва хоҳараш Эвазмо аз мактаби падар сабақ гирифта, илмҳои замонаашро фаро гирифтааст. Вай тамоми умр дар деҳа зиндагӣ карда, ба касби деҳқонӣ шуғл варзидааст.
Мулло Ашӯр дар давоми ҳаёти хеш ду маротиба оиладор шудааст. Аз зани аввалааш Оғомо панҷ фарзанд — Нахлиддин, Ойбегим, Бобоҷон, Мулло Қурбон, Сафуро ва аз зани дуюмаш Ҷаннат низ панҷ фарзанд — Фазлиддин, Лутфиддин, Гулваш, Дилкаш, Гулрухсор ба дунё омадаанд. Наберагон ва аберагони шоир Усто Бердӣ, Мулло Ҳотам, Мулло Ашӯр, Мулло Аҳмад, Мулло Тӯлибой миёни мардум бо ҳунару одоби накӯ ва дониши баланд сазовори ҳурмату эҳтироми хосса мебошанд.
Аз ашъори парокандаи шоир маълум мешавад, ки ӯ дили пурдард дошта, аз бевафоии рӯзгор ва аз вафоти ҳамнишинон батанг омада, аз шеъру шоирӣ дасти мадад меҷӯяд. Аз эҷодиёташ ғайр аз ашъори пароканда китобе бо номи «Миноҳаҷ-ул-ибод ва танбеҳ-ул-ғофилин», ки аз 27 боб иборат аст ва дар мавзӯъҳои динию ахлоқӣ баҳс мекунад, боқӣ мондааст. Ин китоб бо хати худи шоир китобат шудааст (нусхааш дар дасти мо ҳаст). Мулло Ашӯр соли 1897 дар синни 63-солагӣ дар диёри худ аз олам гузаштааст.
Аз шоир ашъори парокандае тавассути баёзи набераи шоир Иброҳими Бердизода, ки худ низ ҳунари шоирӣ дорад ва баёзи Облобердӣ ибни Мулло Абдулқодир дастрас шудааст, ки дар он 20 ғазал, 2 муноҷот, 8 наът, 2 мухаммас, 1 марсия, 6 ҳачв, 3 дубайтӣ, достонҳои «Дувоздаҳ имоми шариф», «Қиссаи шоҳзодагон», «Қиссаи мурғи сафед» шомил гаштааст.
Намуна аз ашъори шоир:
Во ҳасрато, ки умрам шуд сарф дар хаёлат,
Ночида гул гузаштам аз гулшани висолат.
Бо нори ҳаҷр то кай сӯзӣ мани ҳазинро,
Бардор парда аз рух бинам яке ҷамолат.
Мижгони хунчаконат сад роҳ бисмилам кард,
Созад дубора қатлам абрӯи чун ҳилолат.
То бар тан аст ҷонам наъти туро бихонам,
Гӯё бувад забонам дар васфи хатту холат.
Бо ҳикмати илоҳӣ Фурқон диҳад гувоҳӣ,
Чун ту наофарида қайюми безаволат.
Ғайр аз ҷафо надорад, ҳаргиз ибо надорад,
Бо кас вафо надорад чашмони чун ғизолат.
Гарчи зи ман ҷудоӣ ба дарди ман давоӣ,
Мақсуди ҷони моӣ, эй пешаи адолат.
Ҳар субҳу шом Маҳзун фарёду нола мекун,
Як раҳ зи сӯи дилдор лутфе нашуд ба ҳолат.

Зарифии Рашнагӣ

Мулло Мирзариф шоири асри ХVIII дар деҳаи Рашнаи Поён таваллуд шуда, тамоми умр дар ҳамон деҳа умр ба сар бурдааст. Ба касби деҳқонӣ машғул буда, дар баробари ин эҷод менамуд. Ашъори Зарифӣ пароканда буда, то ба мо қисми хеле камаш расидааст. Аз ашъори шоир ду ғазал ва як муноҷот боқӣ мондааст.
Дил бурда аз ман як дилрабое,
Бераҳму шӯхе ҳам бевафое.
Бинӣ нишаста бо нозу ишва,
Дар хонаи ҷон як каҷкулоҳе.
Дар орази рӯ гулҳо дамида,
Дар сояи гул холи сиёҳе.
Бо ёди он гул, он зулфи сунбул,
Монанди булбул дорам навое.
Ҳам ишвасозӣ, ҳам дилнавозӣ,
Ҳам ҷонгудозӣ бо нимнигоҳе.
Гуфтам нигорам азми ту дорам.
Ҷонро супорам ту дар куҷоӣ?
Дидам ба дасташ хунрез теғе,
Омад ба қасдам тарзи сипоҳе.
Аз ман ту бо у боди сабо гӯ,
Гуфто: Зарифӣ бар ту дуое.

Кӯҳӣ (1857-1914)

Мулломаҳмуди Муллоаҳмад соли 1857 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент дар оилаи косиби сангтарош ба дунё омадааст. Кӯҳӣ аз табори Саидаҳмади Қосим буда, гузаштагонаш аз ашхоси хирадманду мӯътабари диёр маҳсуб мешуданд. Саводи ибтидоиро аз падараш гирифтааст. Баъдан барои идомаи таҳсил ба шаҳри Самарқанд меравад ва як муддат дар мадориси он ҷо илм меомӯзад. Ӯ бо тахаллуси Кӯҳӣ шеър мегуфт ва дар баробари ин хаттоти моҳир низ будааст. Аз эҷодиёти Кӯҳӣ тақрибан 1500 мисраъ боқӣ мондааст. Мероси адабии ӯ аз ғазал, мухаммас, тарҷеот иборат мебошад. Кӯҳӣ ба ғазалиёти чанде аз шуарои форс-тоҷик, хусусан, Сайидо мухаммас баста, баъзан ба ғазалиёти Ҳофиз пайравӣ ва татаббӯъ намудааст. Ӯ дар шеърҳояш ишқу муҳаббат ва зиндагию меҳнати деҳқононро сутудааст. Гоҳо аз ноҳамвориҳои замон, нокомии мардуми меҳнаткаш, ситаму беадолатиҳои ҳокимон забони шиква во кардааст. Забони ашъори ӯ соддаю равон буда, вай аз калимаю ибораҳои гуфтугӯии мардум ва таъбирҳои рехтаи халқӣ фаровон истифода намудааст. Кӯҳӣ дар навишти хатти настаълиқ ва шикаста мумтоз будааст. Шоири соҳибдевон буда, бар асари солҳои шахспарастӣ ашъораш тӯъмаи оташ гаштааст. Ба мо як қисми парокандаи ашъораш тавассути баёзи яке аз пайвандонаш Зиндадили Саҳронишин дастрас гардид, ки дорои 4 ғазал, 4 мухаммас буда, ҳаҷми он 100 байтро ташкил медиҳад.
***
Дил додаам ман бо маҳлиқое,
Бо шӯхчашме, бо дилрабое.
Бо шаҳсаворе, зебонигоре,
Бо гулузоре, бо хушадое.
Бо майпарасте, соғарбадасте,
Бо турки масте, бо пурҷафое.
Бо даммасеҳе, нутқаш фасеҳе,
Табъаш малеҳе, ҳуснаш расое.
Бо нозанине, мардумнишине,
Дорам камине бар бенавое.
Рӯи чу моҳаш, шаҳло нигоҳаш,
Бинам ба роҳаш, гӯям дуое.
Гулҳо бирӯяд, ҳар ҷо ки пӯяд,
Кӯҳӣ бигӯяд сад марҳабое.

Мулло Одинамуҳаммади Мулло Абдуҷалил бо тахаллуси Ворис

Яке аз чеҳраҳои шинохтаи исломии замон, фақех, олим, мударрис ва муттақии соҳибҳол буда, соли 1875 дар дехаи Воруи Панҷакент дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Назди падараш Мулло Абдуҷалили Раҳматуллоҳ, ки хатмкардаи мадрасаи Шердори Самарқанд будааст, тахсили ибтидои гирифта ва баъдтар дар мадрасаҳои Самарқанд ва мадрасаи Мири Араби Бухоро ба муддати 18 сол илм омӯхтааст. Аз шарикдарсони устод Айнӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳузури амири давр аз илмҳои фикҳу илоҳиёт ва тафсир имтиҳони махсус супорида, ба унвони мавлавӣ сазовор гардидааст. Муддате чанд мударрисӣ намуда, таи 3 сол то Инқилоби Октябр раёсати исломии водии Киштуду Панҷакентро роҳбарӣ мекард. Баъди инқилоб ба таъқиб афтода, ба дехаи худ бармегардад. Ҳаёти ин давраи шоир бисёр вазнину душвор ва дар азияту нотавониҳо гузаштааст. Ҳамон солҳо дар дехаи Варзиканда ба беморӣ гирифтор шуда, вафот мекунад. Дар бораи соҳибҳоливу мунозира ва каромоти ӯ миёни мардуми он сарзамин ривоятҳои бисёр ҳаст. Гӯиё ду маротиба бо Хоҷаи Хизр вохӯрдааст. Ду маротиба хонадор шудааст. Фарзандонаш дар қайди ҳаёт мебошанд. Наздикони Ворис Абдусамади Имомназар (бо тахаллуси Ҳаҷвӣ), Ғафури Мӯминзод (Ҳарифӣ), Зиндадили Саҳронишин, Каҷкулоҳ (писари Ҳаҷвӣ) аз зумраи ашхоси босавод буда, шоирпешаанд. Соҳиби ашъори пароканда буда, бо тахаллуси Ворис шеър гуфтааст. Ин гуфтаҳо аз баёзе, ки моли шоир аст дастрас гардидаанд. Аз ашъори Ворис ба мо 1 наът, 2 мухаммас ва 1 рубоӣ дастрас шуда, ки 44 байтро ташкил медиҳад.

Мухаммас бар ғазали Бедил

Саршори ишваю ноз он манзари табассум,
Чун карда қулфи дил боз он ахтари табассум,
Аз қасри ҷаннати роз он анкари табассум ,
Омад ба гулшани ноз он дилбари табассум,
Дил бар кафи тағофул, гул бар сари табассум.
Он ноз маҳзи ноз аст, ё ҷавҳари риёз аст,
Оинаи маҷоз аст, хомӯшии овоз аст,
Ё нағмасанҷи соз аст, ё рукни ҳар намоз аст,
Масти адабтироз аст, ё чашми нимбоз аст,
Ё нотавони ноз аст бар бистари табассум.
Ҷӯши хуми латофат мавҷхези лаб муборак,
Афғони сахтоҳанг айшу тараб муборак,
Шарму ҳаё шикаста шӯху шағаб муборак,
Эй оҳи хуфта дар дил хоки адаб муборак,
Он ғунчаи тағофул дорад сари табассум.
Аз шамъи боғи ризвон ғофил мабош Бедил,
Аз бахшиши каримон ғофил мабош Бедил,
Аз Вориси муҳибон ғофил мабош Бедил,
Аз субҳи боғи имкон ғофил мабош Бедил,
Бе чархи фитнае нест ин лашкари табассум.

Сарчашмаҳо:

1. Айнӣ, Садриддин. Намунаи адабиёти тоҷик. Маскав: 1926. 626 саҳ.
2. Абибов А. Ганҷи Зарафшон. — Душанбе: Адиб, 1991
3. Аз таърихи Мастчоҳ. Таълиф ва таҳрири Ч. Юсуфӣ. Хуҷанд: 1996
4. Баёзи Мулло Меримкули Рашнагӣ (нусхаи шахсӣ), н. Панҷакент
5. Баёзи Муқбилов Нӯъмон. (нусхаи шахсӣ), д. Рашна, н. Панчакент
6. Баёзи ҷомеъ аз захираи дастхатҳои Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7. Дастнависҳои Облобердӣ ибни Мулло Абдулқодир (нусхаи шахсӣ). Ш. Панҷакент
8. Ёқубов Ю. Ёдгориҳои болооби Зарафшон. Душанбе: Ирфон, 1977
9. Зарободӣ, Мазмун. Гузидаи ғазалиёт. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва тавзеҳоти Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. Душанбе: Сурушан, 2002
10. Кӯҳкане аз користони дил. Гулчине аз осори Аҳдӣ (Маҳвӣ). Мирзо Шукурзода. Теҳрон: Алҳудо, 1379
11. Мусаввадаи шоир Кӯҳӣ (нусхаи шахсӣ). Д. Вору, н. Панчакент
12. Мираминзода Муллоаҳмад (Эшони Муфтӣ). Мураттиб ва муаллиф пешгуфтор Мирзо Аҳмадзода. Душанбе: Шарқи озод, 1999.
13. Накҳати диёри Ҳафткӯл (нусхаи шахсӣ). Мураттиб Иброҳими Наққош. н. Панҷакент
14. Муноҷот аз баёзи қадим. Мураттиб И. Наққош. Хуҷанд 2004
15. Мустаҷир, Абдураҳмон. Рӯзномаи сафари Искандаркӯл. Ҳозиркунандагони чоп ва муаллифон А. Афсаҳзод ва М. Муллоаҳмадов. Душанбе: Ирфон 1989
16. Мухторов А. Эпиграфические памятники Кухистана. Книга 1. Душанбе. Дониш, 1978
17. Мухторов А. Эпиграфические памятники Кухистана. Книга 2. Душанбе: Дониш, 1979
18. Сухансароёни Самарқандӣ. Ба чоп тайёркунандагон С. Саъдиев ва С. Сиддиқов. //Садои Шарк, №9, 1970, саҳ. 122.
19. Чаҳордаҳ Мазор (маҷмӯи мақолот). Мураттиб Ҳамза Камол. -Душанбе: Пайванд, 2001. с 43.
20. Шеърдӯст, А. Чашмандози шеъри имрӯзи тоҷик. Душанбе: Адиб, 1997
Маҳмадшоев М.
Источник: //tsulbp-journal.narod.ru/jurnal/matn_1/mahmadshoev_m.html

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.