Оина гир, ки аз ҳадди инсоф нагзарӣ

Абдуҳамид Тағоев / Авг.28.2015. / Гузориш нест

Саидбурҳон Икромов

Саидбурҳон Икромов


Саидбурҳон Икромов – дӯсти замони наврасии камина, ягона набераи мардинаи Эшони Туғрал (додараш – собиқ сарвари мактаби деҳаи Томин хеле ҷавон аз ҷаҳон даргузашт) инсони бузург ва боҳилму фарҳангдӯст аст. Маводи зеринро ӯ бо камоли лутф ба ман барои нашр рухсат дод. Ин мавод навиштаест, пур аз сӯзу гудози як фарзанд аз алами ноҳаққӣ ва ноинсофиҳо нисбати ниёи бузургаш. Аз ин рӯ эҳсосоти фарзандии нависандаро бояд дарк кард ва шинохт.
Мақола аз дидгоҳи муаллиф навишта шуда ва ба хотири чандандешӣ мо онро бе ягон виройиш овардем

…Оина гир, ки аз ҳадди инсоф нагзарӣ

Боиси хушнудист, ки бо дастуру ҳидояти Президенти кишвар, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон имсол дар саросари кишвари маҳбубамон ҷашни 150-солагии шоири шаҳир ва шаҳид, фарзанди фарзонаи миллат Мирзо Муҳаммад Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ таҷлил мегардад.

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ аз бузургтарин саромадони адабиёти охири қарни Х1Х ва ибтидои ХХ буда, бо сухани воло ва маонии бикру тоза ва қудрати килки суханофаринаш тавониста, ки миёни аҳли адаби давр қурбу манзалат ва шӯҳрати беандозаро соҳиб шавад.

Беҳуда нест, ки Тӯрақул Зеҳнӣ дар хотироташ дар бораи мақому мартабаи Туғрал меорад: “Овозаи соҳибистеъдодии Туғрал Самарқанд ва атрофи онро фаро гирифта буд. Ҳамаи шоирон, ҳофизон ва ҳаваскорон варо ҳамду сано мекарданд”. Барои тақвияти ин гуфта метавон ҳамчун истидлоли муҳим ва истиноди мушаххас ҳамон моддаҳои таърихиеро, ки шуарои ҳамасри Туғрал барои соли тадвини девонаш сурудаанд, ёдрас шуд.

Минҷумла, Тамҳиди Самарқандӣ дар бораи Туғрал фармуда:

Пас аз Бедил бирӯйидаст чун ӯ,
Ба мулки шеър шохе бо таҷаммул.
Ба шеър устоди комил нест мислаш
На дар Эрон, на дар Тӯрон, на Кобул.

Фоҷиаи қатли нобарҳақи шоири маҳбуб имрӯз ҳам синаҳои мардумро кабобу дидагонашонро пуроб медорад. Имрӯз ҳам шоирони сипосгузори тоҷик дар сӯгвории маргаш асарҳо меофаранд, ки ин маъниро ҳамдиёру ихлосманди Туғрал, шоири маъруфи тоҷик Қутбӣ Киром чунин ба қалам оварда:

Ҳанӯз андар дили ин кӯҳсор
Садои тири ноҳақ гирдгардон.
Ҳамон тире, ки зад бар ҷони Туғрал.
Ба ҷисму ҷони нофармони Туғрал.
Диҳад акси садо аз ҳар забоне,
Зи ҳар як сина, аз ҳар хонадоне…

Баъди собит гаштани бегуноҳии Туграл (соли 1959), оиди рӯзгор ва осори шоир аввалин маротиба соли 1964 олими хеле маъруф, академик Носирҷон Маъсумӣ (равони муборакашон шод бод!) аз Девони Туғрал ҳарчанд номукаммал бошад ҳам «Мунтахаботи ашъори Туғрал»-ро мураттаб сохта пешкаши ошиқони осораш гардониданд.

Дар тӯли солҳои минбаъд то имрӯз Девони Туғрал чанд маротибаи дигар аз тарафи олимони варзидаи тоҷик Абдулҳамид Пӯлодӣ, Асрори Раҳмонфар ва Мирзо Шукурзода ба нашр расонида шуд, ки сипосу дуруди беҳад бар эшон бод!

Олимон ва зиёиёну фарзонагони тоҷику эронӣ дар таҳқиқу таҳлили осору рӯзгори шоир зиёда аз сад мақолаҳои илмиву тадқиқотӣ ба тасвиб расониданд ва рисолаҳои илмӣ дифоъ намуданд.

Шоири маъруфи миллат Қутбӣ Киром асаре бо унвони «Қатли Туғрал» ба нашр расонида, ки бо муҳаббати беандоза нисбати шоир эҷод гаштааст ва лаҳзаҳои хеле мутаассири қатли шоирро пешорӯйи мо муҷалло мегардонад.

Ба ҳамин монанд устод Сорбон романи «Туғрал»-ро интишор намуда дар он рӯзгори шоирро бо тамоми паҳлуҳояш ба тасвир додааст.

Ҳамчунин адибони хушсалиқа Сироҷиддини Шарофиддин қиссаи «Ғуруби ахтари Туғрал» ва Атахон Сайфуллоев манзумаи «Ганҷи Зарафшон»-ро оид ба зиндагинома ва мақоми Туғрал эҷод намуданд. Ҳабибулло Гадоев дар асари худ «Мирзо Ҳоҷиқул» якчанд боби онро ба равобиту дӯстии Туғрал ва Мирзо Ҳоҷиқул (шахсияти маъруфи замони худ, тарҷумони шинохта ва тоҷири саховатпеша) бахшида, Туғралро чун чеҳраи хеле бонуфузу сохибмақоми даврони худаш ба қалам додааст. Олими шинохтаи тоҷик Рақиб Абдулҳаев дар китобаш «Эътибори марди нангу ном» хотироти падарашро дар бораи Туғрал баён намудааст. Мураттиби «Гиёҳи меҳр»-и Туғрал (1986) Асрори Раҳмонфар дар мақолааш «Ҳазордастоне аз Зосун» нигоштааст, ки «имрӯз ҳам ашъори рангину намакини Туғралро ҳофизони касбиву ҳаваскорон сершуморе вирди забон мекунанд, имрӯз ҳам ғазалиёти малеҳу балеғи ӯ дар саҳнаи толори шаҳрҳову деҳаҳо даҳаҳои санъати миллӣ ва озмунҳои ҳунарӣ танинандоз мешаванд. Имрӯз ҳам адибони тоҷик аз офаридаҳои Туғрал сабақи эҷодиву лаззати эстетикӣ мебардоранд ва шахсияти бемонандашро азизу гиромӣ медоранд» (Рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, аз 5-уми апрели соли 1990). Ва боз бисёр шоирони касбиву навқалам васфи манзалату мақоми шоирро намудаанд, ки ёдоварии ҳамаашон берун аз имкони ин лаҳза буда, шойистаи сӯҳбати минбаъда хоҳад буд.

Ба наздикӣ китоби Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) бо номи «Марги роҳбалад ё муаммои кушта шудани Туғрал»-ро ҶДММ «Ашӯриён», бо супориши №1 (шояд кӯшиши нахустини нашри китоб бошад) аз чоп баровард. Аслан он чӣ муаллиф дар бобати ҳолу осори шоир ба тасвир кашидааст ҷадиду тоза набуда, чунон ки дар боло зикрашон рафт, дар ин хусус асарҳо ва рисолаву мақолаҳои хеле хубу мақбуле ба табъ расидаанд. Хусусан, асари устоди шодравон Қутбӣ Киром «Қатли Туғрал» хеле мутаассиркунанда ва дар ғояти тафаккури асил эҷод гардидааст.

Ман пештар ҳам асарҳои Шераки Ориён (Рабизода)-ро мутолиа менамудам, ӯро чун адиби соҳибзавқ ва дорои маҳорати хуби эҷодӣ мешиносам ва борҳо шудааст, ки дар дафтари барои хотиротам (ё қайдҳо) аз навиштаҳояш, ки мақбулам шуданд, иқтибосҳои хубе қайд кардаам.

Вале асари навбатиаш «Марги роҳбалад ё муаммои кушта шудани Туғрал» ману тамоми хонадони шоир, хешу таборон ва ихлосмандони Туғралро ба ҳайрат гузошт ва асрори аз тарафи Шераки Ориён «таваллуд шудани Туғрали тамоман ба мо бегонаву ношинос» то ҳол барои мо муаммост. Агар гӯем, ки Ш. Ориён дар тасвири рӯзгори Туғрал заҳмат накашидааст ва чизи беҳуда гуфтааст, ин носипосии маҳз аст. Дар асар лаҳзаҳои ҷолибу хонданӣ мавҷуданд ва адиб кӯшиш намудааст, ки то ҷое зиндагинома ва мақоми шоирро дар ҷомеаи он рӯз тасвир намояд.

Аммо чун ба тасвири ҳолати рӯҳӣ ва хулқу атвори Туғрал рӯй меорад, на аз андешаи як адиби босалиқа ва соҳибтаҷриба, на бо афкори олимонаву асосҳои илмӣ, на ба ҳақиқати таърихӣ, балки ба чанд мақола ва хотироту ёддоштҳои шахсоне, такя кардааст, ки ҳанӯз аз тарси «душмани халқ» (солҳои шастуми асри гузашта) будани Туғрал ба пуррагӣ фориғ набуданд ва наметавонистанд, дар ҳаққи шоир чизе, ки мебоист шойистаи ӯ бошад, гуфта бошанд. Ва аксари онҳо одамони тасодуфӣ буданду аз зиндагиномаи шоир қариб, ки чизе намедонистанд.

Шераки Ориён низ фаъолияти адабиашро аз замони шӯравӣ оғоз намудааст ва ба гумон аст, ки аз асорати ғоявию адабии аҳди коммунистии он замон берун омада бошад, вагарна чӣ ҳоҷат буд, дар ҳаққи ду шахсияти барҷастаи олами ирфон ва адаб Хоҷа Аҳрори Валӣ ва яке аз наберагони ӯ Нақибхон Туғрал (дар бораи бародари шарафмандаш Мансурхон низ) ин қадар тӯҳмату бӯҳтон ва ҳарзагӯйӣ кардану шаъну шарафи онҳоро коста гардонидан.

«Яке аз чеҳраҳои таърихсози миллати тоҷик Хоҷа Аҳрори Валиро дастгоҳи таблиғотии коммунистон «нобиғаи шарири Самарқанд», феодалу як рӯҳонии иртиҷоӣ, «душмани илму маърифат «муаррифӣ мекарданд»,-менависад Далери Хайруллоҳ дар мақолааш «Император Хоҷа Аҳрори Валӣ». («Озодагон», №49, аз4.03.2015) Ва ҷаноби Шераки Ориён низ дар асараш аз як латифае, ки кадом як палид ва ёвагӯе аз номи Мушфиқӣ дар бораи Хоҷаи бузург-Аҳрорӣ Валӣ бофтааст ёдовар шуда, онро «ривояти мардуми Самарқанд» меномад ва шаъни Хоҷаро ба пастӣ кашидан мехоҳад.

Агар Шераки Ориён заррае аз олами ирфон огоҳ мебуд ва қатрае аз чашмаи оби мусаффои маънавии он менӯшид, чунин беэҳтиромиро нисбати яке аз бузургтарин шайхони олами тасаввуф-Хоҷа Аҳрори Валӣ раво намедид. Ман намегӯям, ки ин маҳсули тахайюлоти эҷодии адиб аст албатта, вале як ёвагӯйиро таъкид намуданаш, дар шаъни як шахсияти шинохта бемаънӣ ва норавост.

Бостоншинос ва олими шинохта Ҳамза Камол дар мақолааш «Шинохте чанд аз Мавлоно Яъқуби Чархӣ» дар бораи Хоҷаи бузург чунин менигорад: «Аз халифагон ва ҷонишини Мавлоно Яъқуб пеш аз ҳама бояд аз Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ёд кард. Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор аз бузургтарин машоихи тариқати нақшбандия буда, Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, орифи бузург ва шоири номвари Ҳирот, баъд аз Саъддудини Кошғарӣ дасти иродат ба ӯ дода ва дар васфаш «Тӯҳфат-ул-Аҳрор»-ро навишт ва дар аксари таълифоти хеш аз роҳбари рӯҳонӣ бо эҳтиром зикр кардааст. Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор он қадар дар ҷомеаи он замон нуфуз дошт, ки намояндагони сулолаи темурӣ бе машварати ӯ кореро ба анҷом надодаанд». («Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ», №2/30, соли 2008).

Сайид Аҳмади Васлӣ дар «Назм-ул-силсила»-и худ ба Хоҷа Аҳрори Валӣ қасидае бахшидааст, ки саросар тавсифу эҳтиром аст ва аз ҷумла гуфтааст:

… Номи поки Хоҷаи садри макон,
Ҳазрати Хоҷа Убайдуллоҳ дон.
Буд Увайсӣ он шаҳи олинасаб,
Хоҷа Аҳрори Валияш шуд насаб.
Он ки андар даҳр шоҳаншоҳ буд,
Чун Сулаймон соҳиби хиргоҳ буд.
Дод Ҳақ бо ӯ муалло иззу ҷоҳ,
Камтарин фармонбараш шуд меҳру моҳ.
Баргузашт аз арш қадру хиргаҳаш,
Подшоҳон шуд ғуломи даргаҳаш… (Рӯзномаи «Овози тоҷик», аз 17-уми ноябри соли 1992).

Ва ҳам Ориф Гулхании Самарқандӣ мефармояд:

Гар ҳамехоҳӣ, ки нури дидаи олам шавӣ,
Хоки пойи дудмони Хоҷаи Аҳрор бош.

Хоҷа Аҳрори Валӣ дар мақоми аҳли тасаввуф чунин нигошта:

Нақшбандия аҷаб қофиласоронастанд,
Ки баранд аз раҳи пинҳон ба ҳарам қофиларо…
Ҳама шерони ҷаҳон бастаи ин силсилаанд,
Рӯбаҳ аз ҳила чӣ сон бигсилад ин силсиларо.

Агар Шераки Ориён аз ҳафтаномаи «Нигоҳ» (№49, аз 4.03.2015), ки дар он китоби навбатиаш аз тарафи Муллораҷаб Юсуфӣ муаррифӣ шудааст, мақолаи Далери Хайруллоҳ «Император Хоҷа Аҳрори Валӣ»-ро (с.8-9) мехонд, кори хайре мешуд ва шояд ақидааш нисбати Сӯфии асил дигар мегашту дар оянда ба ин абармарди ҷаҳони ирфон диди тоза назар мекард. Мирзо Абдулқодири Бедил мефармояд, ки:

Ҳар гаҳ, ки табъат моили айби касон шавад,
Оина гир, ки аз ҳадди инсоф нагзарӣ.

Ва аммо Шераки Ориён дар тасвири баъзе лаҳзаҳои сарнавишт, шахсият, ҳолати рӯҳиву ҷисмӣ ва асолати шоир фарсахҳо «ҳадди инсоф»-ро убур карда, Туғрале тавлид кардааст, ки «модари айём назояд инчунин фарзандро».

Туғрал дар тасвири муаллифи «Марги роҳбалад…», агар бо як мисраи шоира Фарзона ифода кардан мумкин бошад, «Ҳамчу пинҳоне, ки ҳасту ҳамчу пайдое, ки нест». Аз диди Шерак Туғрал як бачаи қайсару якраҳа ва шӯридасар, гурезаи даргоҳи падар, хизматгор ва «гӯлахие, ки ба оташдони буғхонаи ҳаммом ангишт биандозад ва сиёҳии зуғол дар тану либосаш нишаста, ки бо собуншӯӣ кардан пурра наравад» (саҳ.7), «як девона ва девонаавзои мӯътабару маъруфгардида» (с.37 ), тӯраи харсаворони фалғариву панҷакентӣ (с.60) писари ёғии Шоҳносирхон (с.61), зиндоншуда (с.62) ва ғайраву амсоли инҳо аст. Инчунин ҳарзаву ҳазёнгӯйиҳо ва мазамматҳои дигар (ба хотир овардани онҳо барои ман дардноку сангин аст), ки дар баъзе мавридҳо нисбати шоир бо оҳанги масхара ва таҳқир садо медиҳанд. Ба назар чунин мерасад, ки асар аз оғоз то ба анҷом пур аз тамасхуру киноя аст ва аксари лаҳзаҳои рӯзгори шоир тахайюлотианд ва гузашта аз ин тахайюлоти ботил.

Бояд хотиррасон кунам, ки ҳангоми мураттаб намудани «Мунтахаботи ашъори Туғрал» аз тарафи шодравон Носирҷон Маъсумӣ (1964) ҳанӯз ҳамсари Туғрал Муҳаррамахон (вафот соли 1980) ва духтараш Муқадарахон (вафот соли1995) дар қайди ҳаёт буданд ва бо онҳо на Маъсумиву мураттибони дигари девонҳои Туғрал- Абдулҳамид Пӯлодӣ, Асрори Раҳмонфар ва Мирзо Шукурзода ва на ягон олиму нависанда оиди рӯзгору осори шоир ҳамсӯҳбат набуданд. Инчунин бо ягон нафар аъзои хонадон ва ё хешу таборони Туғрал касе дар ин хусус ҳамсӯҳбат нашудааст. Танҳо онҳо метавонистанд ҳаёти шоирро шаффофтар инъикос намоянд (таъкиди ман — Т.А.).

Аз ин ҷост, ки дар шарҳи чанд лаҳзаи ҳаёти шоир иштибоҳҳо ворид гаштаанд, ки муаллифон аз нақли мардуми тасодуфӣ шунидаанд. Ва беҳудагӯии Шерак аз ҳамин иштибоҳҳо ғизо мегирад.

Абдулғанӣ Мирзоев академики АФ Тоҷикистон, профессор дар мақолааш «Дафтари мусаввадаи ашъори Туғрал ва аҳамияти он» чунин менависад: » Он чизе, ки дар бораи он таваққуф намуданро зарур мешуморем, дар бораи ҳамчун ҳуҷҷатҳои дараҷаи аввал нашр карда шудани “хотираҳо” мебошад. Чӣ навъе ки аз тарзи баёни баъзе хотиранависон маълум мегардад, онҳо бо шоир мулоқот накарда ва воқеоти таърихии солҳои аввали револютсияро (дар кӯҳистони Тоҷикистон) бо чашми худ надидаанд. Чизҳои баёнкардаи онҳо аз як навъ нақлҳое иборат мебошанд, ки онҳо аз забони ин ва ё он шахс шунидаанд… Азбаски як қисми ахбороти дар “хотираҳо” овардашуда ба воқеаҳои таърихии барқароршавии Ҳокимияти Советӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон сахт алоқаманд мебошад, зарур буд, ки ин тариқа хотираҳои характери нақлӣ дошта бо ҳуҷҷатҳои таърихии архивҳои давлатӣ муқоиса карда шуда, то чи андоза ҳақиқат доштани онҳо гуфта мешуд» (Аз рӯзномаи “Маориф ва маданият”, 1-уми июли соли 1965).

Шераки Ориён низ дар такя ба ҳамин «хотираҳо» дар оғози китобаш Туғрали 13-14-соларо аз даргоҳи падараш бе нишон додани ягон сабаби ҷиддӣ гурезонда озими Самарқанд мегардонад, ки дар он ҷо ӯ хизматгор ва гӯлахии ҳаммом шуда шабҳо болои боми ҳаммом баромада таронахонӣ мекунад ва боиси ақоиди гуногун (девона) мегардад. Ку мантиқ? Дар ҳолате ки муаллиф чанд сатр муқаддам менависад: «Наврасак (яъне Туғрал) дар хонадони қозикалони ноҳияи кӯҳистон чашм ба ҳастӣ кушода буд, дар ҳавливу хонаҳои барҳавою серу пур зиндагӣ ба сар мебурд». Ва оё чунин наврас агар гурехта бошад ҳам, метавонист гӯлахии ҳаммоме бошад, вақте ки садҳо хешу таборонаш (амаку тағохояш, аммаву холаҳояш) дар шаҳри Самарқанд мезистанд, аз табори мӯътабар буданд ва Туғрал яке аз дӯстдоштатарин фарзанди хонадону «ифтихори зумраи Аҳрориён» маҳсуб мешуд. Кӣ гуфта метавонад, ки шир сиёҳ аст? Ҳазён (абсурд) ё заъфи бадбинӣ аст, ин навиштахои муаллиф ва аз ин беш нест, ки аз Маҳмуд Диёрӣ нусхабардорӣ гардидаву бо назари тира таҳриф ёфта.

Маҳмуд Диёрӣ дар мақолааш «Туғрал дар зиндагӣ ва нақлу ривоятҳо» (таъкид мекунам: нақлу ривоятҳо И.С.) менависад: «Нақибхон аз бачагӣ ба падару бародарони давлатмандаш гардан намефурорад. Ӯ барои озодона ва мустақилона ба роҳи ҳаёт баромадан ба раъйи тарбияткунандагони худ муқобил мебарояд ва ниҳоят қаҳр карда (? – И.С.) ба Самарқанд меояд. Бо меҳнат ва дастранҷи худ зиндагонӣ карда, илм омӯхтанро орзу мекунад. Аввалҳо обкашонӣ ва дастёрии шахсони алоҳидаро иҷро карда, мехонад». («Мунтахаботи ашъори Туғрал», саҳ.270).

Ин навиштаи Диёрӣ ҳам аз қабили ҳамон ёвагуфторист, ки орӣ аз асолати таърихӣ аст. Дар асл чун Туғрал ба Самарқанд барои идомаи таҳсил меояд, падараш фавран аз мадрасаи Тиллокорӣ барои ӯ ҳуҷраи алоҳидае мехарад. «Туғрал аз зодгоҳи худ барои таҳсил ба Самарқанд омада, дар мадрасаи Тиллокорӣ дар охирин ҳуҷраи нақшин, самти шимолӣ (паҳлуи хонақоҳи чап) истиқомат карда, таҳсили илмҳои замонро дар назди домулло Бадахшӣ пеш бурдааст ва замоне дар Бухоро низ таҳсил намудааст…» -навиштааст Тӯрақул Зеҳнӣ дар мақолаи худ “Ман бо Туғрал ҳамсӯҳбат будам”. (Рӯзномаи “Маориф ва маданият, 26-уми феврали соли1963).

Ба хотири суханро дароз набурдан пучгӯйиҳо ва пургӯйиҳои дигари Шераки Ориёнро ба виҷдони худаш ҳавола намуда, аз онҳо сарфи назар менамоем ва чанд масъалаи дигарро, ки маҳз ба туфайли «афкори олимонаи Шерак» минбаъд «санад» шуданашон аз эҳтимол дур нест, мавриди баҳс қарор медиҳем. Муаллифи «Марги роҳбалад» менависад, ки ба мударрис ва хатиби мадрасаи Тиллокорӣ Ҳоҷӣ Имомназар ба ҳурмати аҳли хонандаву шунаванда сазовор шудани Нақибхон намефорид, бинобар он дар сари тӯдае бо баҳонаи бофта, вайро аз ҳуҷраи мадрасагӣ, ки мӯҳлати пардохти ҳақ барои истиқомат ба охир расида буд, берун кардан мехост. Ва гӯё «Имомназар ба василаи муллобачаҳои тундрав…ба роҳи иҷборӣ колои Нақибхонро берун оварда сари кӯча рехтанд… Туғрал назди колоҳои дами кӯча рехтааш истода, кунун намедонист чӣ кунад ва ба куҷо равад»(с.39). Ва баъд Туғрал дар ҳаққи Имомназар ҳаҷвияе навишта ба дарвозааш мечаспонаду ғайб мезанад ба Бухоро.

Чунон ки болотар гуфтем, ҳуҷраи мадрасагии Туғрал аз тарафи падари маърифатпарвараш ба қимати 11 ҳазор тангаи мирӣ харида шуда буд ва шоир дар он то соли 1914 истиқомат намуда, дар тӯли ин солҳо моли шахсии шоир ҳисоб меёфт ва ягон Имомназар ва мударрису муллобачаи дигар ба ягон ваҷҳ «колои Туғрал»-ро ва худи ӯро берун партофта наметавонист. Дигар ин ки Туғрал ба Бухоро ба мақсади давом додани таҳсили илм ва шиносоӣ пайдо намудан бо Шамсиддин Шоҳин рафт, на аз «тарси Имомназар», ки муаллиф чунин тасвир кардан хостааст. (Муфассал дар ин бора: Туғрали Аҳрорӣ «Навои кибриё», 2014, саҳ. 9-10). «Туғрал дар Бухоро аз Шамсиддин Шоҳин дарси шамсимантиқ хондааст»,- навиштааст Маҳмуд Диёрӣ, ки Шерак ба ӯ таваҷҷӯҳи бештар дорад ва асараш қариб, ки дар асоси гуфтаҳои ӯст. Тафовут дар он, ки Шерак бештар ба лаҳзаҳое эътибор додааст, ки шахсияти шоирро таъна мезананд ва он лаҳзаҳоро то ҷое, ки тавонистааст таҳриф намудааст, ҳарчанд гуфтори беҳудае беш нестанд, балки шабеҳи хасрӯбаҳои сари роҳанд, ки охируламр ҷояшон партовгоҳ хоҳад буд.

Мутаассифона, дар ҳар давру замон атрофи абармардони бузург гапу калочаҳои бофтаву беарзиш аз тарафи мунофиқон паҳн мегардиданд ва Туғрал низ истисно нест. Мебоист Шераки Ориён инро ба эътибор мегирифт. Дар бобҳои минбаъда Шерак Туғралро барои бо кадом як муаллими мактаби хусусӣ ҷанҷол кардан ва Мирзо Масеҳро ҳаҷв карданаш «бо фармони губернатори Самарқанд (? – И.С.)» ба мӯҳлати чор моҳ зиндонӣ ба қалам додааст. Ва дар ин фурсат «тӯдаи харсаворони фалғарӣ бо харсаворони панҷекатӣ» барои дифои «тӯраашон» ба Самарканд омадаанду натиҷа надодааст ва танҳо баъди чор моҳи дар зиндон буданаш, танҳо тавассути дар Боғи Мир ба шоири бухороӣ дар шеърбарак ғолиб омаданаш озод шудааст. Муаллиф аз номи пажӯҳишгаре (? – И.С.) менависад: «Чор моҳ дар ҳабсхонаи Самарқанд маҳбус буд Туғрал» ва сипас идома медиҳад: «Баъзеи дигар (? – И.С.) гуфта, ки зиёдтар, балки чанд солро дар бар мегирифта». Ин аст хулосаи адиб, ки шоири шинохтаро ба гуфти худаш ҳадафи «таҳқиқу тадқиқ» қарор дода, асаре дар усули силсилакитобҳои машҳури «ЖЗЛ»-(Жизнь замечательных людей), яъне «Зиндагиномаи одамони беҳамто» иншо намудааст (Вой бар ҳоли зиндагиномаи одамони беҳамто).

Агар муаллиф ба романи Сотим Улуғзода «Фирдавсӣ,» ё асари Расул Ҳодизода «Ситорае дар тирашаб» тақлид карда асарашро менавишт, чӣ кори хайре мекард. Ба маълумоти муаллифи мӯҳтарам расида бод, ки Туғрал ҳеҷ гоҳ «тӯра»-и тӯдаи харсавор (ба он танз, ки ӯ гуфтан мехоҳад) набуд, балки ӯ шахсияти писандидаю маъруфгардида ва шоири дӯстдоштаи мардуми эронинажод буд ва ӯро на танҳо барои шоири фарзона буданаш эҳтиром мекарданд, балки ӯ барои аз насаби олӣ буданаш низ соҳибмақом буд. Ӯ шояд хонда бошад, ки ҳар гаҳ Туғрал озими сафари Самарқанд мешуд, аҳли улум ва одамони воломақоми Панҷекат ӯро дар сарҳади Фалғар пазироӣ намуда, пас аз меҳмондориҳову маҳфилоройиҳо ва иззаташро ба ҷо овардан то ба сарҳади Самарқанд гусел менамуданд. Баъзеашон ӯро то Самарқанд ҳамроҳӣ намуда бо ӯ то дер гоҳ мемонданд, ба хотири подоши дӯстӣ. Ва ҳангоми бозгашт ба Фалғар низ чунин амал такрор меёфт. Албатта дар байни онҳо «харсаворон» низ буданд, чун хар нақлиёти асосии он давр буду ҳама наметавонистанд асп савор шуда бошанд. Дигар, ин ки ман муддати мадиде (зиёда аз 40 сол) оид ба Нақибхон Туғрал мавод ҷамъ овардаам, тариқи Интернет низ аз силсилаи «Мировая литература» ҳуҷҷатҳоро дарёфт намудам, вале дар ягон сарчашмае нахондаам ва ҳатто нашунидаам, ки Туғрал ҳабс шуда бошад, ба ҷуз дар ҳамон мақолаи Маҳмуд Диёрӣ «Туғрал дар зиндагӣ ва нақлу ривоятҳо», ки дар ин хусус чунин оварда шудааст: «Шикаста шудани дару тирезаҳои ҳокимхона аз ҳама баҳонаи калон шуд. Ҳоким-тӯра баъд аз иҷозати генерал — губернатори Самарқанд хонаи Туғралро дар Зосун ва ҳуҷраи ӯро дар мадрасаи Тиллокории Самарқанд кофтуков кунонда, шоирро ҳабс кунонд. Туғрал чор моҳ бе пурсиш дар ҳабсхонаи Самарқанд маҳбус мемонад…» («Мунтахаботи ашъори Туғрал», саҳ.280). Ин ривоят низ ягон асоси таърихӣ надорад, дар ин хусус ягон далел нест ва ба гуфторҳое шомил мешаванд, ки ҳамеша гӯяндаашон маълум нест. Суханҳое ҳастанд, ки шуниданианду гуфтанро нашоянд.

Ривоятҳои дигаре, ки муаллиф дар боби «Девонагӣ ё арӯси Регистон» баён медорад аз ҳамин қабил суханҳост, ки шахсияти шоирро батамом таҳқир менамояд, таҳаммули он барои ман хеле нанговару душвор аст ва танҳо ба хотири он, ки мабодо алфози қабеҳе нагӯям, аз шарҳи он худдорӣ менамоям. Фақат ба муаллиф панди Устод Рӯдакиро хотиррасон мекунем, ки гуфта:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
На бад-он чашме, ки андар ӯ нигарӣ.

Шояд Шерак мегӯяд, ки чӣ ба ман даъво дорӣ, пеш аз ман идеалам — Маҳмуд Диёрӣ низ гуфтааст. Бале, гуфтааст як нохалаф, аммо чӣ ҳочат буд ба он рангу бори касиф дода бори дигар такрор намудан ва аз ҳадди одобу одамгарӣ берун рафтани каси дигар, агар мақсад тасвири зиндагиномаи шахсияти шинохтаи таърихӣ бошад? На, ин ҷо бешак ҳадаф чизи дигар аст. «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад»,- мегӯянд мардум. Бояд Шерак дар ин хусус ба чашми хирад менигаристу сиёҳро аз сафед тафриқа мекард, модом ки Худованд ба ӯ ақлу заковат ва истеъдоде чун эҷодкор ато намудааст. Агар андешаи ӯ нисбати қаҳрамонаш ҳамин аст, пас ӯ аз ҳамон «тӯда»-ҳои бо киноя тасвирашон кардааст, чӣ тафовут дорад? Дар асари Шерак аз Истам бинти Авази курӯдӣ (ба вожаи муаллиф «чӯридухтар») ҳамсари аввалаи Туғрал гӯё писаре ба дунё омадаасту хешу таборони шоир аз чӯридухтар фарзанддор шудани ӯро нахоста, ба хӯрокҳои Истам гиёҳҳое, ки ҳаётро заҳрогин мекарда ҳамроҳ кардаанд ва дар натиҷа кӯдак низ заҳрдор шуда мурдааст. Ва аз шоир низ барои далел мисол оварда шудааст: «Борҳо дар дили ман буд таманнои писар…»

Дар ҳақиқат, шоир ҳамсари аввалаи худ Истамро дӯст медошт. Ба хотири аз вай ҷудо нашудан аз даргоҳи падар қаҳр намуда муддати 9 сол дар деҳаи Сангистон зиндагӣ мекунад ва дар тӯли зиндагиаш дар он деҳа боғе бунёд намудааст, ки то имрӯз бо номи «Боғи Туғрал» пойбарҷост. Вале аз Истам фарзанддор шудани Туғрал комилан фикри ботил аст ва ҳамин боис гашт, ки шоир хоҳу нохоҳ аз ӯ ҷудо шуда, ба духтари яке аз хешовандони падараш, бо исми Муҳарамахон хонадор шуд ва ҳамагӣ шаш моҳ пеш аз маргаш соҳиби духтар шуда ба ӯ Мукадарахон ном гузошт. (Ин ном дар «Ашъори мунтахаби Туғрал» ва китобҳои дигар барғалат ҳамчун номи ҳамсари Туғрал омадааст). «Фарзанддор шудани Туғрал аз Истам» дар сарсухани барои китоби «Гиёҳи меҳр» (соли 1980) бо сарлавҳаи «Шамъи маҳфили шеър» навиштаи Абдулҳамид Пӯлодӣ ва Асрори Раҳмон низ ҷой дорад, ки гӯё «бадхоҳони Туғрал ӯро ба зудӣ нобуд ва модарашро тавассути заҳру дорувориҳо безуриёт мекунанд» (Туғрал. «Гиёҳи меҳр», саҳ.9).

Аз ҳамин як навиштае, ки дурӯғи маҳз аст ва сафсатаи бадхоҳони Туғрал аст, Шерак сӯистифода карда хешу табори Туғралро ба «куштани тифл» муттаҳам карданист. Офарин ба дили нияти чунин адиб, ки рисолаташ инсондӯстдорӣ бояд бошад!

Ба ҳамин тариқ, Шераки Ориён чандин лаҳзаҳои ҳаёт ва шахсияти Туғралро бо таҳриф ва тақаллубкорӣ ба қалам додааст, ки шарҳи ҳар яки онро ҷоиз намедонам, чун хонандаи оқил худ сафедро аз сиёҳ ҷудо мекунад ва мефаҳмад, ки ҳадафи ниҳоии адиб чист? Шерак менависад, ки марқади Туғрал 41 сол (яъне, аз кушта шудан то сафед шуданаш, 1919-1960 — И.С.) дар паҳлуи сойи селгузар буд ва онро пурра шустани об эҳтимол дошт ва барои наҷоти устухонҳои шоир роҳбарони ноҳияи Фалғар (Заҳматобод) ташаббус зоҳир намекарданд. Ва давом медиҳад, ки «… Фақат бо ташаббус ва ҷуръати бевоситаи мухбири онвақтаи рӯзномаи сартосарии Шӯравӣ, яъне «Комсомольская правда», аниқтараш Отахони Латифӣ ин қабр ба ҷойи бехавф кӯчонда шуд…»(с. 245). Чунон ки маълум аст соли 1919 Нақибхон Туғрал дар мавзеи Боғи Шамоли зодгоҳаш Зосун ҳамагӣ 200 метр дуртар аз қабристони аҷдодиаш ва хеле баландтару дуртар аз дарёи Зарафшон ба қатл расонида мешавад ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида мешавад. Дигар ин ки баробари овоза шудани қатли Туғрал муфтии муаззам ва шоири хушқалам Муллоаҳмад Мираминзода (ҳамсабақ ва дӯсти Туғрал) фавран аз Мастчоҳ ба Зосун меояд ва рӯзи дигар намози ҷанозаи шоирро бо тамоми аҳли деҳ ва мардуми аз диёрҳои дур омада хонда, ҷасади Туғралро ба гӯристони аҷдодӣ интиқол медиҳанд. Шояд Отахони Латифӣ дар сохтани мақбараи аввалаи Туғрал саҳм дошта бошад, аммо он, ки бо ташаббуси ӯ қабри Туғрал ба ҷойи бехавф кӯчонда шуд, нодуруст аст.

Дар бораи тафриқаандозии муаллиф миёни Панҷакенту Фалғар чизе намегӯем, ки мавзӯи алоҳидае хоҳад буд. Шерак дар саҳифаи нахустин китобашро ҳамчун «қиссаи мустанад ва пур аз ҳақиқат» муаррифӣ менамояд. Мо дар ин ҷо таҳрифшавии санадҳоро аз тараф Шерак ба андозае шарҳ додем. Онҳо хеле зиёданд, аз ин ҷиҳат бигузор ин асар дар ҳамин шакли қисса мондан гирад, ки маҳсули тахайюли Диёриву Шераки Ориён ва ба ҳеҷ ваҷҳ қиссаи мустанад буда наметавонад, чунки сар то ба по бидуни санад аст. Дар бораи «пурҳақиқат» буданаш ҷойи гап ҳам нест. «Саргузашти барон Мюнхаузен» ба ҳақиқат наздиктар аст дар муқоиса ба он чӣ, ки муаллиф ба шахсият ва мақому манзалати Туғрал нисбат медиҳад. «Шинохти марзи ҳақ аз ботил мушкил шудааст, бахусус, барои афроде, ки олим ва огоҳ нестанд»,- навиштааст Далери Хайруллоҳ ва рост гуфтааст.

Ба ҳар навъ «Марги роҳбалад» моли Шерак аст ва бурду бохти он ба виҷдони худи ӯст.

Қалам даркаш ба ҳарфе, к-он ҳавоист,
Алам баркаш ба илме, к-он худоист. — гуфтааст Низомии Ганҷавӣ.

Мо низ ба чунин андешаем. Боиси таассуф аст, ки муаллиф доир ба рӯзгори Туғрал аз мақола ва асарҳои илмиву таърихӣ кам истифода кардааст ва танҳо дар атрофи «нақлу ривоятҳои халқӣ»-и дар «Мунтахаботи ашъори Туғрал» овардашуда ва асосан ба мақолаи Маҳмуд Диёрӣ, ки дар боло зикраш рафт, такя намуда асарашро эҷод намудааст ва он чӣ мебоист гуфта мешуд, нагуфта, бештар ба таҳрифи «хотирот ва нақлу ривоятҳо» даст задааст ва аз ҳадди инсоф берун рафтааст. Ба андешаи ман ҳадафи асосии таълифи ин «мазамматнома», пеш аз ҳама масъалаи иҷтимоъ аст ва баъд тасвири сирату сурати қаҳрамон, ки муаллиф дар ниҳояти пастфитратӣ ба анҷом додааст. Он чӣ воҷиби гуфтан буд, гуфтем ва он чӣ ин ҷо нагуфтем ва ё гуфта натавонистем, мавриди сӯҳбати фардо хоҳад буд. Вассалому валикром, қазовату таҳаммул мар шуморост. Саидбурҳон Икромов набераи Туғрал

https://www.facebook.com/groups/836930659688113/permalink/887185584662620/

 


Гузориши Шумо

Барои корбурд:   ғ   ӣ   қ   ӯ  ҳ  ҷ  Ғ   Ӣ   Қ   Ӯ  Ҳ   Ҷ


8 + = 12


error: Content is protected !!