Мухаллас

muxallas

Шодравон Ҳомидҷон Зоҳидов дар деҳаи Чодаки водии Фарғона зойида шудааст. Факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Донандаи хуби забонҳои арабию форсӣ ва дастхатҳои қадима буд.

Агарчанде ки маълумоти пизишкӣ надошт, ба истилоҳоти тибби бостонии тоҷик шинос буд. Чунки падару бобояш дар баробари пешаи асосиашон – кишоварзӣ, ҳамчунин табибӣ мекарданд ва осори тибби бостонии тоҷикро хуб медонистанд.

Авҷи фаъолияти Ҳ. Зоҳидов, ки ӯро ба оммаи мардуми тоҷик ҳамчун донишманди беҳамтои риштаи тиб шиносонд, ба охири солҳои 80-ум ва оғози солҳои 90-уми садаи гузашта рост меояд. Дар ин давра китобҳои машҳури ӯ «Хазинаи тибби қадим» (1990), «Канзи шифо»(1991, тарҷимаи ӯзбекиаш 2004) ба чоп расиданд. Дар рӯзномаҳо якчанд мақолаҳояш, инчунин саволу ҷавобҳояш (масалан, «Тоҷикистони Советӣ» 27.01.1990, 16.06.1990) бо хонандагон дарҷ гардид. Маҳз дар ҳамон солҳо бисёре аз донишмандони имрӯзаи тибби тоҷик аз сабақҳои Ҳомидҷон Зоҳидов, ки ба таври ғайрирасмӣ ба вижа барои олимони ҷавон ва дигар шахсони боистеъдод анҷом мегирифтанд, баҳра бардоштаанд. Ӯ дар ҳақиқат беҳтарин омӯзгор ва тарғибгари беғарази асосҳои тибби бостонии Ховар, ба вижа тибби анъанавии тоҷик, аз он миён шинохти гиёҳҳои доруӣ ва тарзҳои омодагардонии давоҳои гиёҳӣ буд. Ба ин марди фидокор, меҳандӯст ва мардумдӯст равони шоду раҳмати Парвардигор хоҳонем.

Дар анҷом бархе саҳифаҳоро аз «Канзи шифо бароятон пешкаш мекунем.

АЗ ВИРОСТОР:

Мухаллас – Dianthus tetralepis , гвоздика четырёхгранная, ки чиннигул ва чӯпончояш ҳам мегӯянд, қариб дар ҳама ҷойи Тоҷикистон (ба ғайр аз гилзамин ва шӯразаминҳо), бештар дар шахпора ва ҷойҳои сангрезадору ров(а)зор, тотинзор, хомазор, ҷорӯбзор, кокӯтизор ва ғ. дар намуди буттаи серпояи бисёрсолаи бешохча мерӯяд.
Мухаллас сарвати бебаҳои Тоҷикистон аст. Гиёҳ аз тухм дер ба воя мерасад, барои ҳамин аз гиёҳғундорон хоҳиш карда мешавад, ки мухалласро бо решааш наканда, даравида гиранд!

220. МУХАЛЛАС

Ин гиёҳ аз як реша то 15-20 соқ бармеоварад, гиреҳдор, баландиаш аз 20 то 60 сантиметр мешавад. Аз ҳар гиреҳи поя барг мебарорад чун сари барги гандуми майса ба дарозӣ то 2-3 сантиметр. Дар охири ҳар соқ яктоӣ кӯсак дорад ба тӯлонии якуним-ду сантиметр ва ғафсии он ба андозаи ҷуволдӯз аст. Дар нӯги ҳар як кӯсак гул мекунад: сепарра, рангаш сафед ва пуштӣ. Ҳамин кӯсак ғилофаки тухмҳояш мебошад.
Ин растаниро дар маҳалҳои гуногун тоҷикон мухаллиса, махлас ва махласкаҳ низ меноманд. Тоҷикони шимол «чинигул» мегӯяндаш. Дар заминҳои шӯранадоштаи доманаҳои кӯҳсор, дар ҷоҳои хокдори кӯҳҳо, адирҳо ва инчунин дар ҳамвориҳои намнок мерӯяд. Ин гиёҳи бисёрсола мебошад, ҳар сол аз решааш месабзад ва аз тухмаш низ пайдо мегардад.. Ин намудҳои гуногун дорад. Ҳангоми гул карданаш қисми рӯйизаминии онро даравида мегиранду дар соя хушк мекунанд.
Мувофиқи даъвои муаллифони як қатор китобҳои тибби қадим мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва хушк аст. Вале мо мегӯем, ки дар дараҷаи дуввум сард аст. Зеро ки ягон давои гарммизоҷ фишори баланди хунро паст намекунад, балки баръакс, баланд мегардонад. Аммо мухаллас фишори баланди хунро паст мегардонад.

ХИСЛАТҲОИ ШИФОБАХШИ ОН:

• агар инро як ҳафта ё камтар аз он ба ҷойи чой дам карда ё дар об ҷӯшонида биёшоманд (бояд ки гармогарм бинӯшанд), фишори баланди хунро паст мекунад. Илова бар ин рагҳои хунгард агар сахт шуда бошанд, ислоҳ мебахшад;
• инчунин қулинҷҳои шадиде, ки варам ва дард кардани рӯдаҳои ғафс мебошад, дафъ мекунад;
• дар ҳар як ҷойи бадан: дар ҷигар, рӯдаҳо, мағзи сар ва ғайра манфазҳо, ахлоти часпак, ки касалиҳои бисёрро ба амал меоваранд, ҷой гирифта бошанд, онҳоро ба таҳлил дода хориҷ месозад;
• агар меъда, ҷигар, сипурз ва рӯдаҳо суст гашта бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад, ғадуд ва узвҳои ҳозимаро қавӣ мегардонад ва ба дараҷае солим месозад, ки одам бидуни ёрии ягон даво нони қоқро ҳам бе чою об хойида хӯрдан мегирад;
• нисён (фаромӯшхотирӣ)-ро сиҳат мекунад;
• мардон ва заноне, ки фарзанд намеёфта бошанд, инро истеъмол намоянд, фарзанд меёбанд;
• қуввати мардиро, ки дар одамони ҷавон барҳам хӯрда бошад, барқарор мекунад;
• дар натиҷаи корҳои фикрӣ асабҳо суст гашта бошанд, аз нав қувват мебахшад;
• касро ҳушёр ва зеҳнро тез мекунад, пуртоқат мегардонад ва ҳофизаро қувват мебахшад.
Зимнан як чизро хотиррасон намоем, ки ҳашароти гаҳвораҷунбон дар вақти тухм бастани мухаллас аз куҷое пайдо мешаваду ғилофи тухми ин гиёҳро сӯрох намуда тухмашро мехӯрад. Дар хусуси ҷасорат, ҳушёрӣ ва пуртоқатии ин ҷонвар худи табиатдӯстон ба дараҷаи аъло медонанд.
• Инчунин ин гиёҳро чой карда нӯшида гарданд, дар натиҷаи иллати асабҳо ва вайрон шудани низоми ивазшавии моддаҳо мӯйи сар пеш аз вақт сафед гашта бошад, аз нав сиёҳ мегардонад (бо худи ман ин ҳодиса рӯй дода буд);
• дар ҳар як ҷойи аъзо, пайвандҳо (буғумҳо), по ва ғайра дард пайдо шавад, бартараф меронад, инчунин дарди пушт, дарди шона, дарди ронҳо ва дигар дардҳои пайдошударо дафъ мекунад.
• Ҳар гуна хунравиҳоро қатъ месозад, ҳатто омадани ҳайзро ҳам дар занҳо бозмедорад.
• Агар аз 3,5 то 7 грамми онро кӯфта ё чой барин дам карда бихӯранд, чӣ навъе ки ба онҳо заҳр расида бошад: хоҳ аз мори шохдор (ин қаттолтарин морҳост), хоҳ аз каждум, хоҳ аз ғунда ва ғайра бошад, қувват ва таъсири заҳрро аз бадан дафъ мекунад, ҳатто агар заҳр дода бошанд ҳам, аз он наҷот медиҳад, хоҳ пеш аз заҳр расидан (ё хӯрдан) ва ё баъд аз он бошад, монеи таъсир мешавад ва дафъи зарари он мекунад. Инчунин хилти сафроро, ки дар бадан ҷамъ шуда, азият расонида бошад, меронад ва дарунро нарм мекунад, рӯдаҳоро пурқувват мегардонад. Агар дар рӯзҳои аввали даройиши моҳи ҳамал то се рӯз муттасил 4,5 граммӣ тухмашро кӯфта бихӯранд, дар ҳамон сол чӣ навъе, ки заҳр бирасад ва ё бихӯранд, таъсир намекунад ба истеъмолкунандааш.
• Агар мавсими чидани ин гиёҳ гузашта бошад, решаашро шуста, ҷӯшонида, он обро истеъмол фармоянд ҳам, таъсири дар боло зикрёфтаро дорад, балки қавитар аз он аст.
Бояд қайд кард, ки чойи ин гиёҳ ҳангоми аввалин бор нӯшидан пиёлаи якумаш як андоза бӯйи алафро, ҳатто бӯйи мушро медиҳад, вале дар вақти нӯшидани пиёлаи дуввумаш ва минбаъд ба табъ чунон мефорад ва мегуворад, ки чӣ миқдор бисёр нӯшида гарданд, ҳамон қадар зиёда баҳри дилро мекушояд, ҳамон қадар ҳаловатбахш аст ва ҳамон қадар табиат онро мекашад. Инак, агар инро ҳар чӣ қадар бисёр истеъмол кунанд ҳам, зарар намерасонад. Ҳамаи ин хислатҳояш дар амал озмуда шудаанд.
Аз гиёҳи мухаллас бо воситаи асбоби анбиқ арақ ҳам мекашанд. Вале арақи ин чун дигар шаробҳо масткунанда нест.
• Нӯшидани ин арақ узвҳои дағалгаштаи дохилиро нарм мегардонад, модда ва ахлоти бегонаи дар бадан ғализшударо таҳлил медиҳад;
• мағзи сар, меъда, ҷигар, асаб ва ғадудҳои мардиро пурзӯр мекунад, қулинҷи шадидтаринро мекушояд.
Агар ин растанӣ зироат карда шавад, барои тандурустии одамият манфиатҳои бисёре меоварад.
© виростор А. Тағоев, 2014
Сарчашма: Ҳомидҷон Зоҳидов. Канзи шифо. – Д.: Ирфон, 1991. — 720 с. саҳ. 506-509

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

Бо дӯстонатон баҳам бинед:

гузориш 10

  1. Салом ин гиёх барои хомиладорон мумкин аст?

  2. Саломат Бошед!

  3. Ассалому алейкум. Хамин агар имконият бошад хамин Мухалласро бо забони русси чи меноманд мегуфтед. Рахмат!

  4. Мегӯянд, ки агар гиёҳи мухалласро истифода намоянд, муисари сафедгаштаи шахси ҷавон сиёҳ мегардад. Агар истеъмоли онро бас кунад боз ба ҳолати пешинааш бармегардад?

  5. Ассалому аллейкум! Илтимос хамин гиехи Мухаллас, бо забони руси фиристонида метавонед? АЗ кучо ин гиехро хариддори карда мешавад? Рахмат бо диккататон.

    • Манучеҳр, салом! Агар Шумо дар Осиёи Марказӣ, дар кӯҳистон зиндагӣ мекунед, ҳозир айни ғунучини мухаллас аст. Аз рӯйи сурат ва нишонаҳои дар мақола овардашуда метавонед, ин гиёҳро бишиносед. Ва агар дар шаҳр ё водӣ ҳастед, метавонед онро бо номи «мухаллас» пурсида, дар растаҳои аттории бозорҳо (аз фурӯшандагони гиёҳҳои доругӣ) бихаред. Ман онро шахсан дар бозорҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент дидаам. Як бандчааш (баробари бандчаи пиёзи кабуд) порсол аз 2 то 5 сомонӣ буд.

  6. Асалому алакум ! Ман ташакур мегуям ба кормандони ин сомона чун ки чунинин китобхои муфидро пешкаши мо менамоед . ва .Шумо хохиш дорам китоби канзи шифоро бо тасвирохяш бо тарзи элетроники харчи зутар дар сомона чо намоед

  7. Салому алайкум!
    Пешопеш изҳори сипоси худро барои ингуна сайти муфидатон баён мекунам!
    Ва хоҳишмандам,ки линки китоби канзи шифоро инҷо гузоред то фароварди он муяассар гардад ё ба имейлам равон кунед.
    Самимона:
    Имоммуҳаммад

    • Салом, Имоммуҳаммад!
      Аз илтифотатон хеле хкушнудам. Мутаассифона, алҳол шакли электронии ин китоб дастрас нест.

Андешаатонро баён кунед

Нишонии email-и Шумо нашр намешавад.

Ёбед:

Барои ҳарфро гузоштан тугмаро пахш кунед.