Канзи шифо. Муқаддима 4-5


Фасли чорум.
Дар баёни мизоҷ, қисмҳои он
ва шинохтани дараҷаҳои он

Фасли панҷум.
Дар баёни усули шинохтани мизоҷҳои давоҳо
ва ғизоҳо бо воситаи таҷриба ва қиёс

Фасли чорум.
Дар баёни мизоҷ, қисмҳои он
ва шинохтани дараҷаҳои он

Маънои калимаи «мизоҷ» омезишёфта мебошад. Он,
яъне мизоҷ кайфиятест, ки бо воситаи бо ҳам омезиш
ёфтани кайфиятҳои унсурҳои чоргона (оташ, об, хок,
бод), ки кайфиятҳои соддаи ба ҳам зид мебошанд, ҳо-
сил мешавад. Ҷараёни ин ҳосилшавӣ чунин аст, ки
қисмҳои он унсурҳои чоргона реза-реза гашта, ба ҳам
омезиш меёбанд ба он тариқ, ки сурати ҳар як воҳид
сурат ва тезии дигареро мешиканаду баъд сурати ваҳ-
донӣ (ягона) пайдо мешавад, ки акнун инҳо аз ҳам ҷу-
до намегарданд. Кайфиятҳо низ чор навъанд: ҳарорат
(гармӣ), бурудат (сардӣ), рутубат (тарӣ), юбусат
(хушкӣ). Ду кайфият аз он, ки ҳарорат ва бурудат —
фоил, яъне таъсиркунандаанд, вале рутубат ва юбусат
бошанд, мунфаил, яъне — таъсирро қабулкунандаанд.
Ҳар як аз аркон ду кайфият дорад: яке фоила ва
25
дигаре мутафоила. Масалан, оташ-гарм ва хушк аст,
ҳаво — гарм ва тар, об — сард ва тар, хок — сард за хушк.
Ҳар яки аз инҳо бо якдигар ҳамнисбат бо они дар бо-
лобудаи худ ва ҳамнисбат бо они дар поёни худ исто-
да муносабат ва монандӣ доранд. Масалан, ҳаво бо
оташ ба эътибори кайфияти гармии худ бо ҳам муно-
сабат ва монандӣ дорад, вале ба эътибори тарии ҳаво
ва хушкии оташ ба ҳам зид мебошанд. Ҳаво бо об бо
воситаи кайфияти тарии худ муносабат дорад, вале
ба эътибори гармӣ зиддиятро молик аст, чунки об кай-
фияти хунук дорад ва ҳамчунинанд аркони дигар. Ана
ҳамин сабаби дигаргуншавӣ ва бо якдигар омезиши
онҳо буда, таъсир ва таъсирнокиашонро ба зуҳур ме-
оварад.
Бояд донист, ки ҳамаи мизоҷҳо дар асоси хулосаи
тадқиқот ба нӯҳ қисмат меёбанд: яке аз онҳо мӯъта-
дил ва ҳашти онҳо ғайримӯътадил. Мизоҷи мӯътадил —
ин ғайриҳақиқӣ, яъне дар ҳақиқат вуҷуд надорад, бал-
ки фарзии тиббӣ мебошад, ки шартан кабул шудааст.
По воситаи ин дигар мизоҷҳо санҷида ва муайян карда
мешаванд. Бинобар зоҳир шудани кайфияти чоргона
нисбат ба андозаи мизоҷи мӯътадил чор навъ мизоҷи
содда мавҷуд аст: 1. Агар дар ҳар як кайфият нисбат
ба мизоҷи мӯътадил гармӣ бисёр бошад, пас он гарм-
тар аст, инро мизоҷи гарм меноманд. 2. Агар нисбатан
ба мӯътадил сардӣ бисёр бошад, он сардтар буда, ми-
зоҷи хунук аст. 3. Агар нисбат ба мизоҷи мӯътадил
тарӣ зиёд бошад, он мизоҷи тар аст. 4. Вале агар на-
зар ба мизоҷи мӯътадил хушкиаш зиёда бошад, бино-
бар хушктар буданаш онро мизоҷи хушк меноманд.
Инчунин аз ду кайфият ҳам мизоҷ ҳосил мешавад. 5.
Дар як мизоҷ гармӣ ва хушкӣ зиёда бошад, пас он
гармтар ва хушктар аст нисбат ба мизоҷи мӯътадил,
ин ҳар ду кайфиятҳоро мизоҷи гарму хушк меноманд.
6. Ҳамин тариқ агар дар мизоҷ гармӣ ва тарӣ ғолиб
бошанд, он мизоҷ гармтар ва тартар аст, ки инро ми-
зоҷи гарму тар мегӯянд. 7. Агар дар мизоҷ сардӣ ва
тарӣ ғолиб бошанд, бинобар сардтар ва тартар буда-
наш он мизоҷро сарду тар мегӯянд. 8. Агар дар мизоҷ
сардӣ ва хушкӣ бисёр бошанд, азбаски он мизоҷ нис-
бат ба мӯътадил сардтар ва хушктар аст, онро мизоҷи
сарду хушк мехонанд.
Мо дар боло ҳашт мизоҷи ғайримӯътадилро зикр
кардем.
26
Кайфият иборат аз маҷмӯи ҳайати қисмҳои дар
ҷисм ҷойгирифта мебошад, ки тасаввури дарёфтани
он берун аз он ҷисм вуҷуд надорад. Ин кайфият ба
аҷзои дигар тақсим намешавад.
Акнун дар бораи кайфият ва дараҷаҳои мизоҷи да-
воҳо ва мартабаҳои онҳо сухан меронем. Бояд ба на-
зари эътибор гирифт, ки он чӣ аз даво ё ғизо ба дару-
ни бадани инсони мӯътадилмизоҷ ворид гардад ё онро
ҷавони тезҳуши боидрок бихӯраду ҳарорати табиии он
ба чизи воридгашта таъсир намояд ва кайфияти қув-
вати онро ошкор карда, феъли онро маълум гардонад
ва агар ин кайфияти ғизо ё давои аз берун воридшуда
мувофиқи бадани он бошад, агарчи такрор ба такрор
ва низ миқдорашро зиёд ҳам карда бихӯрад, ба мизо-
ҷи аслии бадани вай таъсири он кайфияти ғолибро ба
амал наоварад ва феъли мизоҷи онро кам ё зиёд на-
гардонад, онро кайфияти мӯътадил меноманд. Ва агар
истеъмоли миқдори ками он чизи хӯрдашуда дар бадан
як миқдор кайфиятеро ба амал оварад ва миқдори
бисёр ва такрори истеъмоли он дар бадан дигаргунии
камеро зоҳир намояд, хоҳ дар гармӣ, хоҳ дар сардӣ,
хоҳ дар тарӣ ва хоҳ дар хушкӣ бошад, онро дараҷаи
якуми ҳамон кайфият меноманд. Агар миқдори ками
он даво ё ғизо баъд аз хӯрда шудан кайфияти зоид ва
ғолиб пайдо намояд, инчунин он зиёд ва бисёр маро-
тиба истеъмол карда шавад ҳам, таъсир ва кайфияти
зоҳиркардааш дар бадан зарар накунад ва мизоҷро
вайрон нагардонад, онро дараҷаи дуввум мегӯянд. Агар
он дар бадан ворид шуда, мизоҷро ба сарҳадди зарар,
вайрони, нуқсон ва халалнокӣ расонад, вале кушанда
набошад, онро дараҷаи саввум меноманд. Агар дар ар-
воҳ ва қувватҳо зарари азим расонаду ба сарҳади ҳа-
локат барад ва кушанда бошад, онро дараҷаи чорум
меноманд сарфи назар аз он, ки хоҳ бо гармӣ, хоҳ бо
сардӣ, хоҳ бо тарӣ ва хоҳ бо хушкии худ бошад.
Муайян кардани дараҷаҳоро ин тавр ҳам баён на-
мудаанд, ки агар таъсири даво ё ғизои воридшуда ба
фазоҳои бадан монанди меъда, ба маҷроҳо монанди
рагҳо ва ба ахлоти иҳотакардаи рагҳо, ба узвҳо ва рӯҳ,
агарчи бисёр истеъмол карда шавад, таъсир набахшад,
он даво ё ғизои дорои дараҷаи мӯътадил аст. Агар аз
он таъсире ба он ахлот, узвҳо ва рӯҳҳо маълум гар-
дад ва аз он кайфияти зиёда аз мӯътадил эҳдос ша-
вад, он кайфияти дараҷаи якум аст. Агар фақат дар
27
рӯҳ ва ахлот таъсир намояд, он кайфияти дараҷаи дув-
вум дорад. Ва агар дар рӯҳҳо, ахлот ва рутубат таъ-
сир намояд, онро дараҷаи саввум донистаанд. Вале
агар таъсири он ба ҳама ҷиҳатҳо бошад ва ҳамаи қув-
ватҳо, рӯҳҳо, ахлот ва узвҳоро фаро гирад, дараҷаи
чорумро доро мебошад, ки ин баландтарини таъсир-
ҳост.
Акнун ба гуфтаи боло илова намоем, ки ҳар як аз
ин чор дараҷаро ба се маротиба тақсим намудаанд:
мартабаи аввал, мартабаи миёна ва мартабаи охир.
Мазмуни ин тақсимот чунин аст, ки кайфияти ғолиб
агар ба нисбати миёна камтар махсус шавад, онро
мартабаи аввали дараҷаи мизоҷ ҳисоб мекунанд, ки
ин кайфият дар мартабаи миёна аз мартабаи аввал
зиёдтар маҳсус мегардад ва дар мартабаи охир аз ҳа-
ма зиёда ҳис карда мешавад.
Мо дар боло гуфтем, ки мизоҷи давоҳо ба чор да-
раҷа муайян шудааст ва дараҷаи чоруми мизоҷ дар
меъёри заҳрнокӣ мебошад ва он даворо заҳрнок мешу-
моранд. Агар азият ва заҳрнокии он чиз дар мартабаи
аввали дараҷаи чоруми мизоҷ бошад, таъсири бади он-
ро ислоҳ метавон кард, вале дар охири дараҷаи чорум
бошад, ислоҳпазир нест. Бояд таъкид кунем, ки ин
тақсимоти мартабаҳо ва дараҷаҳо чандон аслӣ намебо-
шад ва куллӣ нест, балки аксарӣ аст. Ин тақсимот ва
таъсири мартабаҳо назар ба кайфият хулосаи инфиро-
дӣ мебошад, на тадқиқӣ.
Огоҳӣ. Бояд донист, дар назди ҳакимон муқаррар
шудааст, ки аз ҷиҳати мизоҷ ҷисм гарми тар бошад,
гармии мизоҷи он аз дараҷаи якум боло намешавад.
Зеро гармиаш аз ин афзун гардад, рутубати (тарии)
онро барҳам медиҳад. Пас ҳеҷ вақт давои гарммизоҷ
дар дараҷаи дуввум ва саввум тар намешавад дар ак-
сар, вале гарму хушк буданаш дар ин дараҷа мумкин
аст ва ин аз рӯйи мантиқ мебошад ва ҳар чиз, ки дар
дараҷаи саввум ва чорум гарм бошад, албатта, он дар
ҳамон дараҷа хушкмизоҷ низ аст.
Таъсири заҳрнокӣ аксар бо сурати навъияи худ ме-
бошад, ки онро хосият меноманд.
Аксари давоҳои подзаҳрияи қавӣ гарммизоҷ ва
хушкмизоҷ ё сард ва хушкмизоҷ мебошанд, низ ҳамчу-
нинанд заҳрҳои ҷонварони заҳрнок. Зеро ки таъсири
ҳар як аз давоҳои подзаҳрия ва заҳрҳо бо гармӣ ва
сардӣ бошанд ё бо хушкии бисёр ва пурзӯр мебошад,
28
аммо рутубатнокаш кам вомехӯрад ва заиф аст. Ҳамин
тариқ, гармии гӯшт ва санги тафсон қавитар мебошад
аз гармии ҳаво ва оби гарм. Сардии замин зиёда аз
сардии об мебошад монанди санги хунукшуда аз об.
Мизоҷро низ ба ду қисмати аввали муқаррар кар-
даанд. Яке аввали аслии табиӣ, ки дар натиҷаи бо
ҳамдигар омезиш ёфтани унсурҳои чоргона ҳосил гаш-
тааст. Дигаре дуввуминдараҷаи сунъӣ, ки дар нати-
ҷаи бо ҳам таркиб ёфтани давоҳои содда ва мураккаб,
инчунин дар мураккаботи сунъӣ ҳосил мешавад. Ин
таркиб кайфият ва сурат — ҳар дуро дарбар мегирад,
яъне чунонки кайфияти аввалии аслӣ мебошад. Ҳамчу-
нин аз рӯйи сурат (намуд) низ ба ду навъ ҷудо мегар-
дад: яке аслӣ ва дуввум сунъӣ.
Мизоҷи таркибӣ низ ду навъ аст: том-ут-таркиб
(таркибаш комилан сахт) ва ғайри том-ут-таркиб, ки
ноқиси заифи ғайри мустаҳкам. Том-ут-таркиб он аст,
ки омезиши қисмҳои соддаи унсурӣ бисёр осонак ва
софе буда, бо ҳам таъсир намуда, кайфият ва сурати
ваҳдонӣ пайдо мекунанд ба дараҷае, ки ҳангоми во-
рид шудани онҳо ҳарорати табиии бадан ва ҳатто ҳа-
рорати берунии оташи низ қисмҳои нозуки онро аз
ҷузъҳои сохти ягонааш ҷудо карда наметавонанд. Бал-
ки кайфият ва хосияти танҳои он, сарфи назар аз он
ки мӯътадил аст ё ғайримӯътадил, аз он ба амал ме-
ояд, масалан: тиллоро ба қисмҳо ҷудо кардан имкон
надорад ва ё хеле ба душворӣ ба қисмҳо ҷудо меша-
вад монанди дигар фулузоти маълум. Аммо ҷисмҳои
ғайри том-ут-таркиб бонуқсони заиф, ковок ва ғайри-
мустаҳкам ҳам мартабаҳои худро соҳибанд. Зеро баъ-
зеи онро аз ҳам ба қисмҳо ҷудо кардан хеле осон
мебошад, масалан: гӯгирд, намак, вале баъзе чунин
нестанд. Ба ибораи дигар баён кунем он, ки ноқис-ут-
таркиб бисёр заиф аст ва ба ғусл додан ва шустан
тоб намеоварад, монанди коснӣ ва аксари гиёҳҳо ё ин
ки дар вақти ҷӯш додан хислати давогияш барҳам
мехӯрад, масалан: зарпечак, наск ва ҳамчунинҳо. Ин-
чунин агар ҳалиларо ҷӯши бисёр диҳанд, қисмҳои
гарммизоҷи нозуки нофиза ва хусусияти кушояндагии
гиреҳҳояш аз онҳо ҷудо шуда, нест мегарданду ҷирм-
ҳои ғализи сардмизоҷи зиёдаи пайдокунандаи гиреҳ-
ҳою ҷузъи вазнини ғафси онҳо боқӣ мемонанд. Бино-
бар ҳамин табибон шустани косниро манъ кардаанд
ва феъли хоси монанди ин давоҳоро, масалан: гӯшти
29
мурғ, наск, турб ва каллакарам, ки дар вақти шустан
ҷавҳари нозуки поккунандаи исҳолбахши онҳо парида
мераванд ва иборат аз моддаи хокӣ ва сахти қабзку-
нанда дар вақти ҷӯшонидан ҷудо мегардаду ба об ме-
гузарад, моддаи хокияи қабзиятовари онҳо боқӣ ме-
монад. Аз ин ҷо хулоса сар мезанад, ки хӯрдани шӯр-
бои онҳо дарунро мулоим мекунад бар хилофи ҷирми
онҳо, ки дар бадан гиреҳҳо пайдо менамояд ва дарун-
ро мебандад. Истеъмоли баъзеи онҳо аз хориҷ, низ
монанди каллакарам, турб ва наск таҳлилдиҳанда ва
пазонандаи варам ва пучакҳо мебошанд, хусусан пиё-
зи пухтагӣ ва сири (чесноки) хом чунин хислат доранд.
Боиси таъсири сир ва пиёзи хом дар хориҷи бадан, ки
ҳангоми гузошта бастан захмин ва реш мегардонанд,
рутубати сӯзандаи поккунандаи онҳо ба ҳамон ҷо таъ-
сир мерасонад, яъне он ҷоро мехӯрад, бинобар ҳамин
боиси пухта шудани варам ва захмин шудани пӯсти
бадан мегардад. Аммо дар вақти хӯрдан ин хислатҳо
аз онҳо зоҳир намешаванд. Зеро ки табиати парва-
ришдиҳандаи бадан онҳоро дар як ҷо қарор намонда,
балки доим дар ҳаракат медораду сурати аслия ва те-
зии онҳоро мешиканад ва аз таъсир кардан манъ ме-
созад. Ҳамин тариқ, онҳо ба узвҳои даруни бадан таъ-
сир карда наметавонанд, хусусан, ки пухтагӣ бошанд.
Дуюм он, ки дар аксар вақт сатҳи даруни меъда ан-
дуда аз балғамҳо ва рутубатҳо мебошад ва ин андуда-
ҳо таъсири онҳоро монеъ мегарданд. Низ он чизҳои ба
меъда воридшуда бо онҳо омезиш ёфта, инчунин ҳа-
рорати бадани ба онҳо таъсир намуда, тезии онҳоро
мешиканад. Вале агар одамони гарму хушкмизоҷон
онҳоро бихӯранд, азбаски дар меъдаи онҳо балғаму
рутубат нестанд, хусусан хоми он чизҳоро бихӯранд,
бо тезии худ меъда ва рӯдаҳои ононро мехарошад ва
захмин мекунад.
Ҳамчунин аст дар як ғизо ва давои гарммизоҷи
тезтаъм, ки дар ноҳияҳои обу ҳавояш сарди тар ва
одамони сарду тармизоҷ ва балғам дар бадани онҳо
зиёд бошад, бихӯранд, аз он ҷиҳат ба мизоҷҳои онҳо
мувофиқ меояд. Вале дар сарзаминҳои гарм одамони
гарми хунмизоҷ ва сафровимизоҷ ғизоҳои сарду тар-
мизоҷро тановул намоянд, албатта ба онҳо мефоранд
ва он одамон аз ин қабил хӯрокҳо нафъ меёбанд. Агар
мардум он ғизоҳоеро, ки мизоҷашон монанди мизоҷи
онҳо бошад ва обу ҳавои он маҳал ҳам ҳамон мизоҷро
30
дошта бошад, бихӯранд, албатта зарар мекунад. Бояд
ҳар як шахс ғизоеро бихӯрад, ки мизоҷаш муқобили
мизоҷи худ бошад, вагарна, яъне мизоҷи он одам гарм
бошаду ғизои гарммизоҷро бихӯрад, ду мизоҷи якранг
ба ҳам омада ва зиёд гашта, ноҷӯрии ҳолати баданро
ба амал меоварад.
Давоҳои бисёре мавҷуданд, ки агар истеъмол кар-
да шаванд, хунукӣ меоваранд, вале агар онҳоро кӯфта
гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳанд, дардҳо-
ро сокин месозанд, масалан: кашниз ва орди ҷав (ху-
сусан ҳар дуи инро бо ҳам даромехта гузошта бан-
данд), хислатҳои мазкури онҳо зиёдтар зоҳир мегар-
данд. Зеро ки ҷирми онҳо мураккаб аст аз ҷавҳари
хокии обии башиддат сардкунанда ва аз ҷавҳари но-
зуки таҳлилдиҳанда, ки баъди ба даруни меъда ворид
гаштан ҳарорати табиии бадан ба онҳо амал карда,
қисми нозуки онҳоро батаҳлил мебарад ва ҷавҳари хо-
кии башиддат сардкунандааш боқӣ мемонад. Ин хис-
лати таъсирнокии он нисбат ба натиҷаи таъсираш, ки
ҳангоми аз берун гузошта бастан зоҳир мегардад, зид
аст. Ҳамин тариқ, варамҳои сахти хунукро монанди,
ханозер (хукгардан) ва варамҳои гармро низ таҳлил
медиҳад.
Таркиби баъзе аз давоҳо нисбатан мустаҳкамтар
аст, масалан, шибит ва монанди он, ки аз шустан ва
ҷӯшонидан қисмҳои нозуки онҳо аз ҷузъҳои сахта шон
ҷудо намегарданд ва таҳлил намеёбанд. Баъзе аз да-
воҳои дар худ ду ҷавҳари гуногундошта ва кайфияти
қисмҳояшон ба якдигар зид мебошанд, ки таркибашон
комилан мустаҳкам нест, вале дар баъзеи онҳо баръ-
акс, ин хислатҳо зоҳир мебошанд ва махсусанд, мо-
нанди турунҷ, ки мизоҷи тухм ва пӯсти зарди он гарм
аст ва таъми туршиву гӯшташ дар мизоҷ сард мебо-
шанд. Пас, онро батамом бихӯранд, шарбати ғафсгаш-
таи сардмизоҷи он дар бадан мизоҷи хунукӣ меоварад,
вале пӯст ва тухми он таҳлил намеёбанд, бинобар ҳа-
мин аз он ҳеҷ асаре зоҳир намегардад. Чун онро кӯф-
та бихӯранд, ба сатҳҳои узвҳои ботинӣ часпида, он ҷо-
ҳоро захмин месозад. Бинобар ин кӯфтаи онро ба та~
риқи зимод бар варамҳо ва пучаку чиртакҳо гузошта
мебанданд, ки онҳоро таҳлил медиҳад ва мепазонаду
мекафонад.
Аммо давоҳои мураккаби сунъи монанди тарёқи фо-
руқ, масрудитус ва дигар маъҷунҳои баландмақом, гу-
31
воришот, ҳабҳо ва аксари давоҳои подзаҳрия, тарё-
қия ва ғайраҳо, монанди ҷадвор, ҷинтиёно, зарованд,
сабзии саҳроӣ ва монанди инҳо аз қабили дуввум ва
ғайри том-ут-таркиб мебошанд, ки баъди дохил шудан
табиати бадан ба онҳо таъсир намояд, онҳо ба қисм-
ҳо ҷудо гашта, аз ҳар якеи онҳо асари алоҳида, як
феъл, як кайфият ва хосияте зоҳир мегарданд. Чунон-
чи, дар давоҳои мураккаб-ул-қуво ва зулхосията, ки
ба онҳо ишора шуда буд.

Фасли панҷум.
Дар баёни усули шинохтани мизоҷҳои давоҳо
ва ғизоҳо бо воситаи таҷриба ва қиёс

Мизоҷҳои давоҳо ва ғизоҳо бо воситаи таҷриба ва
ё бо қиёс маълум карда мешаванд. Дар усули таҷри-
ба якчанд шартҳоро риоя кардан даркор аст, то ки ба
онҳо эътимод дошта шавад: 1. Бояд ки он даво аз кай-
фияти таъсири берунӣ, яъне аз он кайфият, ки аз бе-
рун медарояд, холӣ бошад, яъне дар таъсири гармӣ,
сардӣ, тарӣ ё хушкии беруна намонда бошад, маса-
лан: об гарм карда шавад, ба мизоҷи он гармӣ дохил
мегардад ва чун ҳарорати он барҳам хӯрад, ба мизоҷи
аслии худ, ки хунук аст, бармегардад ва мизоҷаш ху-
нук мешавад. Ҳамчунин аст ҳаво ва дигар ашёи сод-
да ва мураккаб. 2. Бояд таҷрибаро дар шахси мӯъ-
тадил-ул-мизоҷи ҷавони хубу боидрок, солимтани ди-
ли наҳордошта гузаронида шавад ва хӯронидани да-
воро аз миқдори кам ва зиёди он оғоз намуда, дар бе-
мориҳои гуногун истифода ва санҷида шавад; инчунин
вақт, замон, фаслҳои гуногуни сол ва синну соли ҳар-
хелаи одамонро риоя карда шавад. Вақте ки аз он
даво кайфияти хоҳ гармӣ, хоҳ сардӣ, хоҳ тарӣ ва хоҳ
хушкӣ зоҳир гардад, баъд ҳукм кунанд, ки он даво ё
ғизо чунин кайфият дорад. 3. Бояд қуввати он даво ба
қуввати иллат муқовамат намуда тавонад, яъне миқ-
дори он дар кайфият, андоза, шиддат ва заифӣ му-
совии беморӣ бошад, на каму на зиёд аз он. Зеро ки
баъзе давоҳо гоҳ аз муқовамат ба иллат оҷиз меоянд
ва ба он пурра таъсир карда наметавонанд. Бинобар-
ҳамин беҳтар он аст агар таҷрибакор хоҳад, ки кораш
осон гардад, бояд аввал ба иллати сабук даворо аз
32
миқдори кам дода, таҷриба гузаронад ва батадриҷ дар
бемориҳои шадид миқдори даворо афзуда, қуввати он-
ро муайян намояд, ҳам батанҳоӣ, ҳам бо давои ёри-
диҳандаву ба ҷоҳои даркорӣ барандаи он якҷоя. 4. Бо-
яд муддати табобатро, ки феъл ва таъсири даво ва
ғизо дар он зоҳир мегардад, муайян намояд. Маса-
лан, агар дар аввали истеъмол аз он ягон феъл ва
асаре маълум нагардаду дар охир зоҳир шавад, он
даворо бояд қавӣ ва мураккаб-ул-қуво донад. Ё он,
ки дар аввали истеъмол аз он ягон феъл ва асаре
маълум гардад ва дар охир асаре ва феъле дигар зо-
ҳир шавад, масалан, ҳангоми истеъмоли афюн дар
аввал бинобар карахт кардани бадан ва баста гардо-
нидани масомҳо аз он гармӣ маҳсус мешавад, вале
дар охири истеъмол аз он кайфияти сардӣ, пажмур-
дагӣ, мирондани қувват ва рӯҳҳои бадан, хомӯш кар-
дани ҳарорати табиӣ, шах ва хушк гардонидани ру-
тубатҳои аслӣ пай бурда мешавад. Пас, дар ин ҳолат
феъли дар аввал зоҳиргаштаро зоҳирӣ ва сонииро хо-
си асосӣ донад. Низ дар баъзе давоҳо ва ғизоҳо дар
аввали истеъмол аз онҳо хусусияти асосӣ зоҳир мегар-
даду баъдтар хислати иловагиашон маҳсус мегардад.
5. Бояд равиши феъл ва нест шудани онро дар мадди
назар дорад, яъне бояд феъли онро мулоҳаза намояд,
агар он феъл доимӣ ва ё аксарӣ бошад, онро хосияти
ҳақиқӣ донад, вагарна дуввуминдараҷа ва зоҳирӣ. 6.
Бояд ба ҳамон бадани инсоне, ки даво ё ғизоро хӯро-
нидааст, қиёс кунад, на ба дигар баданҳо. Масалан,
баъд аз истеъмоли он ба дарун баданро гарм гардо-
над, ҳукм кунанд, ки ин даво гарммизоҷ аст маҳз ба-
рои бадани инсон, вале дар дигар ҳайвонот ин тавр
ҳукм нанамоянд. Зеро давоҳое мавҷуданд, ки агар ин-
сон онро бихӯрад, як кайфиятро зоҳир менамояд ва
худи ҳамон даворо ба ҳайвоноти дигар диҳанд, таъси-
раш тамоман ба таври дигар маълум мегардад. Маса-
лан, агар ба асп як донаи хурморо бихӯронанд, дар
бадани он гармии бисёрро ба амал меоварад ва вай
хеле арақ мекунад. Ҳамчунин аст аксари гиёҳҳои хушк
ва давоҳои заҳрноки мизоҷи гармиашону сардиашон
башиддат, ки ғизои аксари ҳайвонот мебошанд, мо-
нанди шавкарон ғизои соч (сор) аст, харбақ (мороз-
ник) ғизои бедона аст, биш ғизои муши биш аст, то-
вус ва ҳамчунин ҳамаи онҳо барои инсон зарарнок ва
заҳри қотиланд.
33
Бояд дар хотир дошт, ки дар корҳои таҷриба ха-
тарҳои бисёр мавҷуданд, чунонки ҳакими бузург устод
Буқрот ба ин ишора кардааст. Инчунин табибҳои ди-
гари қадим дар ин бобат васият кардаанд, ки агар
ягон давои омӯхтанагаштаро таҷриба карданӣ шаванд,
пеш аз ҳама ба бӯй ва таъми он аҳамият диҳанд.
Агар он бӯйи бисёр нохуш ва таъми кареҳ дошта бо-
шад, бидонанд, ки он даво безарар нест ва бидуни оз-
мойиш набояд истеъмол фармоянд. Дар ин маврид ба-
рои таҷриба аввал ба ҳайвоноте, ки мизоҷашон ба ми-
зоҷи одам наздик бошад, монанди маймун ва ғайри
он, ки хӯрокашон даво ва гиёҳҳои заҳрнок набошанд,
он чизи озмудашавандаро бихӯронанду то се рӯз
таом ва нӯшоки лоиқи онро дода, назди худ нигоҳ
доранд,— ин усули беҳтарин аст. Агар дар ин амал
зарари он мушоҳада нагардад, баъд ба инсон аз миқ-
дори кам сар карда, батадриҷ ба зиёдтар хӯрони-
дани он баранд. Агар онро ба шахсони қавибунёди
табиаташ ғализи балғамимизоҷи калонсол, ки ба аф-
юн хӯрдан одат карда бошад ва монанди он одамон
диҳанд, ё аввалан ба одамони ҳукми қатл доштагон би-
хӯронанд, ки марги онҳо таассуфангез набошад, хӯро-
нида, дараҷаи кайфият, хосият ва миқдори хӯрдани
онро маълум гардонанд.
Низ тариқи дигари шинохтани хусусият ва манфа-
атҳои давоҳо мавҷуд аст. Масалан, каси бемор ба ҷое
равад ё он, ки аз барои ӯ ғизое ё давое биёваранд,
ки он кас ва оваранда кайфияти онро надонанду он
бемор аз хӯрдани он шифо ёбад ва сиҳат гардад. Баъд
табибон аз ин воқеа огоҳ гашта, худашон низ он да-
воро аз имтиҳон гузаронида, кайфият, хусусият ва
миқдори хӯрдани онро муайян мегардонанд. Инчунин
ҳодисот бисёр рӯй медиҳанд. Масалан, ба хонаи со-
биқ раиси комитети иҷроияи шаҳри Исфара марҳума
Азимова меҳмон меояд. Ба хотири он палов мепазанд,
оби онро бо сатилча аз ҷ¬ӯй оварда дохил мекунанд.
Баъди пухтани ош ҳангоми ба табақ кашидан Азимо-
ва дар палов мори пухтагиро дида, бо об оварда шу-
дани он пай мебарад, вале ба меҳмон ин ҳодисаро из-
ҳор намекунад. Баъд аз мурури муддате он меҳмон
бо табъи чоқ аз мизбон мепурсад, ки дар он палов чӣ
дохил карда буданд, реши ғадуди бехи манаҳи ӯ, ки
инро сили ғадуд ҳам меноманд, сиҳат ёфт? Азимова
аз ин ҳолат хушҳол гашта, қиссаи мори пухтагиро 6а-
34
ён менамояд. Тариқи дигар он, ки майлу хоҳиш ва
табиати бемор барои тановули давое ё ғизое, ки кай-
фияти онро намедонад, равона мегардаду мехӯрад ва
аз он боиси шифо ва сиҳат ёфтани он мегардад.
Дар вақти қадим касе ба иллати истисқо (водян-
ка) гирифтор буд ва табибони сершумор аз илоҷи он
оҷиз гаштанд. Бемор тамоман аз шифо ёфтан ноумед
шуда, аз шиддати яъс қарор дод, ки чизеро, ки табъ-
аш хоҳад, хоҳад хӯрд. Иттифоқан бозор даромада, аз
малахфурӯш малахи ҷӯшонидаи намакинро харида ме-
хӯрад ва баъд аз он аз дарунаш оби бисёре хориҷ
гашта, ӯ сиҳат меёбад. Ё ки шахсе ба иллати махав,
ки илоҷпазир набуд, гирифтор шуда, шири афъӣ қай-
кардаро хӯрда ё он, ки шароберо, ки дар хум ё кӯзаи
он мор афтода мурдааст, ин ҳолатро нофаҳмида, он
чизҳоро хӯрданду шифо ёфтанд. Баъд табибон аз ин
ҳодиса огоҳ гаштанд. Тариқи саввуми шинохтани кай-
фият ва хусусияти даво ё ғизо он аст, ки шахсе бо ро-
ҳи зӯрӣ ва маҷбуран ё касе аз рӯйи адоват ва кина ба
касе бо мақсади куштани он чизе зарарнок ва кушан-
даро бихӯронад, вале он шахс иттифоқан бемории кӯҳ-
наи илоҷнопазир дошта бошаду баъд аз хӯрдани он
сиҳат ёбад. Масалан: хӯронидани зарних, маргимуш
ва биш ба беморони иллати тар ва савдои сӯхта, чу-
нончи, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма), сурфаи
кӯҳна, махав ва ғайра шифо мебахшад. Тариқи чору-
ми таҷриба он аст, ки бинобар қаҳтсолӣ ва қиматӣ ё
дар сайру саёҳат ва ғайраҳо иттифоқан давое ё ғизое-
ро бихӯрад, ки ҳеҷ гоҳ онро надида ва боре ҳам на-
хӯрда бошад, масалан, гиёҳҳо, гулҳо, меваҳо ва реша-
ҳоро ва аз ин боиси шифо ёфтан ва қувват гирифтани
ӯ гардад, чунончи ин ҳодиса дар ёфта шудани ҷойи, чӯ-
би чинӣ ва мумиё аввалин бор рӯй додааст. Баъд аз
ин ҳақиқат, кайфият ва миқдори хӯрдани онро муайян
намуданд. 7. Он ки бо илҳом ва илқо дар вақти мӯҳ-
тоҷ гаштан, ҳангоми дар бало афтодан, ночорӣ, но-
умедӣ ва дармондагӣ бемор намедонад, ки чӣ тадбир
ба амал оварад ва ё чиро бихӯрад. Ногоҳ дар дилаш
фикре пайдо мегардад, ки фалон тадбир бояд кард ё
фалон даво ва ғизоро ба танҳоӣ ё бо чизи дигаре ҳам-
роҳ намуда, истеъмол бояд намуд. Чун ӯ инро ба амал
оварад, шифо меёбад. Ё он ки дар ҳамон ҳол хоб ку-
наду тадбири худро дар хоб бинад ва чун бедор шуда,
онро ба амал оварад, ҳамчунин гардад, ки дида буд.
35
Ин ду-се нақлҳо дар китоби «Таърих-ул-ҳукамо»-и
Мулло Аҳмади Таҳтӣ зикр ёфтаанд. 8. Он ки аз му-
шоҳада ба кирдори ҳайвонот ҳангоми худро муолаҷа
кардани онҳо ёд мегиранд. Масалан, амали ҳуқнаро
(клизмаро) аз парандае омӯхта буд. Рӯзе дар канори
баҳр парандае моҳии бисёр хӯрда, ҳолати бад ба вай
рӯй медиҳад, то ҳадде, ки ба парвоз намудаи ҳам қо-
дир намегардад. Аз ночорӣ вай бо нӯлаш оби баҳрро
гирифта, дар мақъади худ меандозад ва бо мурури
дақиқае он моҳиҳо аз шиками вай бо исҳол дафъ ме-
гарданд. Инак, ӯ сабук парвоз мекунад. Аз ин мушо-
ҳадаи худ Ҷолинус илҳом гирифта, ҳуқнаро дар асри
1-уми милод ӯ кашф кард.
Аммо тариқи донистани мизоҷҳои давоҳо ва ғизоҳо
бо усули қиёс кардан, ки аз як амал бо воситаи кир-
дори дигар пай бурдан ва сабаби амалеро ба амали
дигар зам кардан ва ҳамин тариқ ҳукм баровардан
аст, ки ӯ низ чунин аст. Он аз якчанд намуд ва навъ-
ҳо иборат аст, аз он ҷумла суръати табдилёбӣ ё сус-
тии он даво мебошад. Масалан, агар он чиро дар оташ
андозанд, он зуд гарм гардад ё ба оташ табдил ёбад,
мизоҷаш назар ба он чиз, ки дертар гарм мешавад ва
оташ мегардад, гармтар мебошад ба шарте, ки ҷирми
он ҳар ду чиз, ки дар оташ андохта мешаванд, дар
ковокӣ, зичӣ, сустӣ, сахтӣ, риққат ва ғилзат ба ҳам-
дигар баробарқимат бошанд. Аммо дар ин хислатҳо
баробари якдигар набошанд, ягон ҳукм. баровардан
мумкин нест. Он чиз, ки аз сардӣ зудтар мутаассир
гардаду шах шавад, сардмизоҷ аст, вале агар дертар
сахт гардад, дараҷаи сардии мизоҷи он ҷисм нисбатан
камтар мебошад. Чунки таҳлил додан, гудохтан ва
сӯхтан—ин феъли гармӣ мебошад, вале баамалова-
рандаи басташавӣ, шахшавӣ, қабзият овардан, ғафс
гардонидан—ин аломати сардӣ мебошад. Дар ҳар яки
он агар таъсир қавитар зоҳир гардад, боиси шиддати
ба амал омадани ҳолат, пойдори бошад, он чиз хушк-
мизоҷ аст, вале агар таъсир зидди инҳо зоҳир шавад,
он чиз сардмизоҷ аст. Яъне ҳар чиро, ки ҳарораташ ва
сардиаш қавӣ бошад ё сахти гузаро бошад, он хушк-
мизоҷ аст, монанди сангҳо, вале он чӣ бар хилофи
инҳо бошад, тармизоҷ аст.
Аммо таъм, ки қивоми аввала ва мазаи даво ва
гиёҳ аст, ба тариқи тадқиқот муайян шудааст, ба нӯҳ
қисмат мешавад: ҳарофат (тезтаъмӣ), марорат (тал-
36
хӣ), мулуҳат (шӯрӣ), ҳумузат (туршӣ), уфусат (тун-
ҷӣ), қубузат (гирандагии сатҳи забон ва даруни да-
ҳан), дусумат (чарбнокӣ), ҳаловат (ширинӣ) ва та-
фоҳат (бетаъмӣ), ки охиринро масих низ меноманд.
(Баъзеҳо тафоҳатро ба қатори таъмҳо дохил накарда-
анд). Ва тамоми таъмҳои дигари мавҷуда аз ин нӯҳ
таъм мураккаб гаштаанд, ки ададҳои он ҳадду канор
надорад, яъне шумораш нӯҳ дараҷаи нӯҳ (99) мера-
сад.
Гуногун гаштани таъмҳо ба рангбарангии моддаҳо,
қувватҳо, мизоҷҳо ва феълҳои онҳо вобаста мебошад.
Зеро ки ҷавҳари таъмноки аз ҷисмҳо ҳосилшуда ё ла-
тиф (сабук, нозук) ё касифи (сахти) хокиасл, ё ҳо-
латаш миёнаи ин ҳар ду мебошад. Қувват ва мизоҷи
он ё гарм аст, ё сард ва ё мӯътадил дар миёни он ҳар
ду мебошад. Ҷавҳари нозукаш (сабукаш), агар гарм
бошад, тезтаъм мешавад ва агар сард бошад, турш,
вале агар миёнаҳоли мобайни гармиву сардӣ бошад,
чарб мегардад.
Ҷавҳари сахти хокӣ агар гарм бошад—талх, агар
сард бошад — тунҷ, вале агар миёнаҳоли мобайни гар-
ми ва сардӣ бошад — ширин мегардад. Ҷавҳари миё-
наҳои ҷисм дар нозукӣ ва сахтӣ агар гарммизоҷ бо-
шад— шӯр ва агар сардмизоҷ бошад — гиранда (қо-
биз) ва агар мӯътадил бошад, бетаъм мегардад.
Феълҳои даво ва ғизо ё гармианд, ё сардӣ, ё кай-
фияти мӯътадили байни ин ҳар дуро доранд. Ҳамин
тариқ ҳосили се зарби се нӯҳ мешавад (3X3 = 9).
Масалан, ҳарорати қавӣ агар дар моддаи латиф (но-
зук) таъсир намояд, дар он модда тезтаъмӣ ҳосил шу-
да, мазааш тез мегардад, агар дар моддаи сахт таъ-
сир намояд, дар он модда талхӣ ба амал омада, таъ-
маш талх мегардад, вале агар дар моддаи латиф таъ-
сир намояд, дар он турширо ба амал оварда, таъми
онро турш мегардонад, аммо дар моддаи сахт тунҷиро
ба амал оварда, онро тунҷтаъм месозад, агар дар мод-
даи мӯътадили миёнаҳол таъсир намояд, дар он қаб-
зият (гирандагӣ) ба амал оварда, онро гиранда (қо-
биз) мегардонад.
Гармии мӯътадил чун дар моддаи латиф таъсир
намояд, дар он таъми чарбнокиро пайдо карда, онро
чарб месозад; дар моддаи сахт таъсир кунад, дар он
таъми ширинӣ пайдо намуда, онро ширин мегардонад,
37
на агар дар моддаи мӯътадилҳол таъсир намояд, дар
он бетаъмӣ ба амал оварда, онро бетаъм месозад.
Пас, чизҳои тезтаъм дар мизоҷ гармтарин буда,
моддаи танҳо чизҳои гарммизоҷ аст; баъд аз он талх-
таъм мавқеъ дорад, баъд аз он —ширин; турш — сард-
тарин навъи таъмҳои моддаи танҳои чизҳои сардмизоҷ
аст; баъд аз он таъми тунҷ ва баъд аз он қобиз мав-
қеъ доранд; бетаъм — мӯътадилтарини навъи чизҳои
мӯътадилмизоҷ аст.

Ин ҷадвали ҳамаи навъҳои таъмҳо мувофиқи феълҳо
ва моддаҳо мебошад.

феълҳо
моддаҳо

гармӣ

сардӣ

қуввати
мӯътадил

латиф
(нозук)

тезтаъм

туруш

чарбнок

касиф
(сахт)

талх

тунҷ

ширин

мӯътадил

шӯр

қобиз
(гиранда)

бетаъм

Аксари ин мартабаҳо дар аксари самарҳо, агар дар
моддаи онҳо тарӣ ва нармӣ ғолиб бошад, хусусан дар
ширини онҳо ошкор ва зоҳир мегардад, масалан: ан-
гур, анба (самари манго) ва монанди ин ҳар ду, ки
дар аввали вақт бемаза, баъд ба эътибори сахтии мод-
даашон қобиз мебошад. Баъд аз он, ки андак нармӣ
меёбанд ва дар онҳо гармӣ зиёдтар таъсир намояд,
обият дар худ пайдо мекунанд ва баъди он, ки ҳаро-
рат дар он боз ҳам зиёдтар таъсир намояд, тунҷи тур-
шидор мегарданд. Рафта-рафта туршӣ афзун гашта,
тунҷӣ мекоҳад, вале чун ба ҳолати мӯътадил бирасанд,
ба ширинӣ моил мегарданд. Оҳиста-оҳиста шириниа-
шон меафзояду туршӣ дар онҳо мекоҳад ба дараҷае,
ки ширин мегарданд. Ва агар дар онҳо рутубат бисёр
бошад, баъд аз тамоман пухта шудан чун ҳарорати (?)
ноқис гардаду ҳарорати берунӣ дар онҳо асар кунад,
аз нав турш мегарданд. Агар моддаи онҳо чандон но-
зукӣ надошта бошад, вале ҳарорати аз берун дохил-
шаванда қавӣ бошад, онҳоро ё тезтаъм мегардонад ё
талх месозад.
38
Ҳарорат ва сардӣ, ки феълҳо, яъне таъсиркунанда ме-
бошанд, дар натиҷаи дигаргун ва фарқият пайдо кар-
дани таъсир асари онҳо ҳам гуногун мегардад.
Бояд донист, ки баъзе таъмҳо ба ҳам наздиканд,
лекин дар шиддат, заифӣ ва номувофиқии модда таъ-
сирашон гуногун мегарданд, чунончи, таъми тез ба
талх наздик мебошад. Вале он, ки дар чизҳои тезтаъм
бинобар нозук будани моддааш таъсири он зиёда зо-
ҳир мегардад, вале дар моддаи таъми талхдошта таъ-
сир аз он камтар мебошад. Низ таъмҳои талх ва шӯр
ба ҳам наздик мебошанд, фақат он, ки таъсирнокӣ дар
таъми талх назар ба таъми ширин зиёда аст. Ҳамин
тариқ чун ҳарорат дар намак аз ҳадди лоиқ зиёда
таъсир кунаду нозукӣ ва рутубати онро барҳам ди-
ҳад ва моддаи онро сахт созад, онро талх ҳам мегар-
донад, монанди: намаки талх ба хилофи намаки таом.
Ҳамчунинанд таъмҳои қобиз, тунҷ ва тунд (тез) бо
турш ва турш бо бетаъм дар хислат наздики якдига-
ранд. Ва зуҳури таъсир ва амали ҳар яки онҳо низ
ба ҳамон мартабаҳои худ вобаста мебошанд.
Акнун гуфтаҳои болоро равшантар ва муфассалтар
баён менамоем. Чизи тезтаъм он аст, ки ҳангоми ча-
шидан забонро мегазад ва қисмҳои вай дар забон ну-
фуз мекунад. Агар он истеъмол карда шавад, аз як
қатор моддаҳои нодаркор баданро пок месозад, гиреҳ-
ҳои дохили узвҳои баданро мекушояд, моддаҳои ғафс-
ро рақиқ ва нарм мегардонад, инчунин онҳоро таҳлил
медиҳад ва намегузорад, ки он моддаҳо бӯйи бад пай-
до намоянд, баданро гарм мекунад, ҳатто баъзе мод-
даҳоро дар бадан месӯзад, ҳам бинобар шиддати гар-
мии мизоҷи худ ва нозукие, ки дар ҷавҳари он мав-
ҷуд аст, монанди: мурч, хардал (горчица) ва ҳар он чӣ
тезтаъм ва тези дар он мавҷуд бошад, бо мартабаҳои
худ таъсир мерасонад.
Е ки талх он аст, ки ба сатҳи беруни забон нуфуз
мекунад, дар он фурӯ меравад ва сатҳи онро дурушт
месозад, табиати бадан ба ин таъм нафрат меоварад.
Феълҳои ин гуна таъмдошта: пок гардонидани бадан
аз моддаҳои нодаркор, нарм сохтан, рақиқ гардонидан,
аз ҷойи худ кандани моддаҳои бегона, шахшӯл гардо-
нидани аъзо, хушк кардани рутубатҳо, гарм сохтани
узвҳои бадан ва манъ кардан аз бадбӯйӣ мебошад, ам-
мо дар ин қабил хислатҳо нисбат ба чизҳои тезтаъм
камтар мебошад, бинобар мавҷуд будани гармӣ ва ар-
39
зияте (тарие), ки дар ҷавҳари он аст, монанди сабир
(алоэ), ҷадвор ва ҳар чизе, ки талх ва талхӣ дошта
бошад, мувофиқи мартабаҳояш таъсир мебахшад.
Ё ки таъми шӯр он аст, ки нагазида, ба сатҳи за-
бон нуфуз мекунад ва сатҳи онро ҷило медиҳад. Аз
феълҳои он, яъне аз хислатҳои таъсирнокии он инҳо-
анд: кушодани гиреҳҳо, нарм гардонидани моддаҳои
ғализ ва таҳлил додани онҳо, пок кардан аз моддаҳои
нодаркор, канда ҷудо сохтани моддаҳои бегона, шус-
тушӯ додан, манъ гардонидан аз бадбӯйӣ ва дар меъё-
ри мӯътадил гарм кардани бадан аст бинобар мӯъта-
дил будани сохти ҷавҳари худ. Дар дигар хислатҳо ба
таъми талх наздик аст ва ҳатто аз он заифтар мебо-
шад, монанди намакҳо ва ҳар он чӣ дар он шӯрӣ мав-
чуд бошад, ба мартабаҳои худ.
Ё ки таъми турш он аст, ки сатҳи забонро андак
мегазад ва дар он нуфуз мекунад на танҳо аз чаши-
данаш, балки ҳатто аз тасаввури он оби даҳан меояд.
Аз феълҳои он: нарм гардонидан, канда ҷудо гардо-
нидани моддаҳои нодаркор аз ҷойи худ дар бадан, суст
гардонидан, кушодани маҷроҳо ва гиреҳҳои узвҳо, пок
сохтани даруни бадан, инчунин сардӣ ва рутубат пай-
до мекунад бинобар сардмизоҷӣ, обоварӣ ва нозукӣ
доштани ҷавҳари худ, монанди: сирко, оби меваҳои
турш, оби ҷуғрот ва ғайра, ки дар он туршӣ мавҷуд
бошад, бо мартабаҳои худ таъсир мебахшад.
Ё ки таъми тунҷ он аст, ки қисмҳои забонро ба
ҳам кашида, ҷамъ, дағал ва сахт месозад. Аз феълҳои
он: ғафс гардонидани моддаҳо, сахт сохтан, фишурда-
ни узвҳо, нигоҳ доштани таркиби аслӣ, дурушт кардан
ва хунук гардонидан аст бинобар сардӣ, тарӣ овардан
ва бо сахтии ҷавҳари худ таъсир бахшидан, монанди:
мозу, ҷуфти балут (самари балут) ва ғайра, ки дар он
тунҷӣ мавҷуд бошад, бо мартабаҳои худ таъсир мебах-
шад.
Ё ки таъми қобиз (гиранда) он аст, ки қисмҳои за-
бонро ба ҳам меоварад, вале монанди таъми тунҷ чан-
дин дурушт намесозад. Аз феълҳои он: ғафс гардони-
дани моддаҳои рақиқ, қабз (банд кардани дарун ва
манъ гардонидани ҳаракати моддаҳои рақиқ), хушк
гардонидан, ба иштиҳо қувват бахшидан ва сардӣ бах-
шидан аст бинобар сардӣ ва тарии мизоҷ ва хушкми-
зоҷӣ доштани ҷавҳараш бо мартабаҳои худ таъсир ме-
бахшад.
40
Ё ки таъми чарб он аст, ки сатҳи забонро мулоим
ва ҳамвор мегардонад. Аз феълҳои он: тарӣ бахшидаи,
мулоим сохтан, сустӣ овардан, лағзонидани моддаҳо,
пазонидан ва табдил ёфтан аст ба хилти (моддаи)
бисёри дар бадан мавҷудбуда, инчунин каме гарм
ҳам мегардонад бинобар сабукӣ, ҳавоият ва обдории
ҷавҳараш бо мартабаҳои худ таъсир мебахшад.
Ё ки таъми ширин он аст, ки сатҳи забонро нарм,
суфта ва ҳамвор месозад, табиати парваришдиҳандаи
бадан онро дӯст медорад ва ҷигар бо воситаи қуввати
ҷозибаи худ онро зуд ба худ мекашад, Инчунин ҳаме-
ша ба он муштоқ мебошад. Аз феълҳои он: ҷило до-
дан (пок кардан), суст гардонидани моддаҳои нодар-
кор, пазонидан, мулоим кардан, рақиқ сохтан, гудох-
тан, ба хилти ғолиби бадан табдил ёфтан ва хун шу-
дан аст, инчунин баданро каме гарм ҳам мекунад би-
нобар мӯътадил будани мизоҷи гармӣ дар ҷавҳари
худ ва бо мартабаҳои хосаш таъсир мебахшад. Мо-
нанди: шакар, асал, оби ангур ва тут, шарбати хурмо
ва анҷир, хуллас, ҳар он чӣ дар он ширинӣ мавҷуд ва
худаш ширин бошад. Вале ширини бад сахттафсонан-
да буда, аз ин мустасно мебошад, ки он сатҳи забон-
ро дурушт месозад ва ташнагӣ меоварад, монанди:
шакари сурх ва баъзе намудҳои асали тунд ва кӯҳна-
шуда.
Ё ки бетаъм он аст, ки сатҳи забонро бисёр муло-
им, ҳамвор ва суфта месозад, вале табиати бадан он-
ро дӯст намедорад. Аз феълҳои он: паст кардани гар-
мии бадан, шикастани ташнагӣ, нест гардонидани да-
ғалӣ ва қабзиятҳо ва монанди инҳо, агар чизи бетаъ-
ми тар бошад.
Хуллас, шиддат ва тезии таъм ба мизоҷи гарми он
даво ё ғизо далолат мекунад. Таъми мӯътадил ва му-
лоимати он ба мӯътадил, дуруштӣ, гирандагӣ, тунҷӣ,
инчунин ба хушкии он, сустӣ, нармӣ ва мулоимкунан-
дагии худаш ба тар будани мизоҷи он далолат меку-
над. Ба ҳамин хислатҳо ва нисбатҳо қиёс намуда, кай-
фияти давоҳои мураккабро муайян метавон кард. Го-
ҳо як ҷисм аз ду чиз бо ҳам таркиб меёбад: яке аз
сардмизоҷи бетаъм ва дигараш гарммизоҷи ботаъм
буда, сардмизоҷ бинобар бисёр будани миқдори ҷав-
ҳари худ ба ҷавҳари гарммизоҷ бартарӣ дорад. Пас
дар ин навъ чизҳо таъми ашёи мураккаб ғолиб аст
бинобар кам иштирок доштани ҷавҳари моддаи гарм-
41
мизоҷ вале феъли он таркиб дар мизоҷ сардии бартар
дорад бинобар зиёд будани моддаи ҷавҳари сардмизоҷ,
монанди: афюн, ки талхии он аз ҷавҳари моддаи
гарммизоҷ аст ва таъсири сардии он аз мизоҷи хунук
доштани ҷавҳари он аст — ин қабил чизҳоро мурак-
каб-ул-қувват меноманд. Монанди инро ба таври сунъӣ
ҳам сохтан мумкин аст, ки чун камтар сабирро (алоэ-
ро) дар дӯғи туршии миқдораш бисёр ҳал кунанд, ал-
батта онро талх месозад, вале мизоҷашро гарм наме-
гардонад. Пас ин тавр бо роҳи сунъӣ гарчанде мумкин
бошад, чизе таъми ашёи дигарро вайрон ҳам намояд,
вале мизоҷашро дигар намесозад. Аз ин хулосае бар-
меояд, ки муайян кардани мизоҷи давоҳо ва ғизоҳо
ҳангоми бо якдигар даромехтан қоидаи қатъӣ наме-
бошад. Зеро ки гоҳо мувофиқи хоҳиш ду чизи гуногун-
таъмро бо ҳам меомезанд ва гоҳ дар як чиз ду таъм
бо ҳам ҷамъ мегарданд, ки инро бадмаза ё бадтаъм
меноманд, монанди: ба ҳам омехта гаштани таъмҳои
талх бо қобиз дар ҳузаз ном давое; монандие талх бо
ширин—ин гуна чизҳо дар шӯразаминҳо мерӯянд ва
инчунин оби баҳр ва уқёнусҳо аз ҳамин қабил аст. Ё
ки таъми талх ва таъми тез бо ҳам якҷо мегарданд,
ки ин гуна таъм дар асали аз ҳад берун пухташуда
ва кӯҳнаи худ аз худ дарҷӯшомада мавҷуд аст, ё дар
баъзе меваҳои шириниаш аз ҳад берун, ки таъмҳои
туршӣ бо талхӣ якҷо омадаанд, Ё ки бодинҷонро ги-
рем, дар он талхӣ, тезӣ ва қабз мавҷуд аст; дар коснӣ
талхӣ ва бетаъмӣ бо ҳам мураккаб гаштаанд ва мо-
нанди инҳо, ки чизҳои се, чор ва панҷ таъмҳои якҷо-
гаштаро доранд.
Масъалаи шинохтани кайфият ва мизоҷи як қатор
давоҳо ва ғизоҳо бо воситаи бӯйи онҳо низ мумкин аст.
Зеро бӯйи тези қавӣ ба кайфияти гармии он далолат
мекунад; бӯйи сусти заиф ба сустии мизоҷ долл аст ва
бӯйи мулоим ба кайфияти мӯътадили он ишорат аст.
Вале ин усули муайянкунӣ нисбат ба дарёфтани кай-
фияти онҳо бо воситаи таъм, заифтар аст ва қатъӣ
нест. Зеро бисёр воқеъ мешавад, ки бӯйи чизе ба таъ-
ми он мухолафат дорад, монанди: баъзе гулҳои хуш-
бӯй, ки таъми онҳо аз талхӣ ва тунҷӣ холӣ нест, ки
кайфияти онро нишон диҳад.
Баъзе табибон гуфтаанд, ки бӯйҳои онҳо як қисми
сабукашон мебошанд, ки аз онҳо ҷудо гашта, ба ҳаво
дохил мешаванд ва инак ба машоми мо мерасанд, Ва
42
баъзеи дигар гуфтаанд, ки бӯйи чизҳо бухори сабуки
аз онҳо ҷудогашта мебошад, ки ба ҳаво омехта шуда,
ба машоми мо мерасад. Дар ҳақиқат шояд бӯйи баъзе
ашё чунон мебошад ва баъзе чунин аст. Баъзе ашё-
ро ҷавҳарашон сабук ва ҷирми онҳо сусти ковокдор
бошад, ду намуд доранд, ки ҳам заррачаҳои онҳо ва
қисми сабукашон аз худ ҷудо гашта, ба ҳаво омезиш
ёфта, ба машоми мо мерасанд ва мо онҳоро дарк ме-
намоем. Аз ин ҳукм чизҳои сахт мустасноанд ва би-
нобар зич будани зарраҳои ҷирмашон бӯй намедиҳанд,
монанди: сангҳое, ки дар иморатҳо, хонаҳо ва ғайраҳо
ба кор мераванд, инчунин ёқут, алмос, зумуррад ва
ғайраҳо бӯй намедиҳанд. Ҳамин тариқ муайян карда-
ни кайфият ва мизоҷи ашё бо воситаи бӯй маҳдуд
мебошад.
Маълум бод, ки бӯйҳо ба се гурӯҳ тақсим меша-
ванд: 1. Бӯйи ҳар як таом ба он нисбат карда меша-
вад ҳангоми дарк кардан дар машом, чунонки мегӯ-
янд: бӯйи дӯшоб, бӯйи шакар, бӯйи асал, бӯйи сирко. Ин-
чунин мегӯянд, ки фалон чиз ё фалон мева бӯйи ширин
дорад, вале сирко, ҷуғрот ва фалон мева бӯйи турш до-
рад ва ҳамчунин таомҳои дигар, ки аз бӯяшон шинох-
та мешаванд. 2. Бӯйҳо форамӣ ва манфурияти ашёро
ифода мекунанд, ки он бӯйҳо ба чизҳои бӯйдиҳанда
вобаста мебошанд, чунончи гуфта мешавад: ин бӯйи
форам ва мувофиқи табиат, ҳазиз ва писанд аст мо-
нанди: бӯйи анбар, бӯйи гулоб, бӯйи гулҳои хушбӯе аз
гулисурх, наргис ва монанди инҳо. Ин бӯйҳо дар аксар
ҳолат ба мӯътадил будани гармӣ ва сабукии (нозу-
кии) ҷавҳари он моддаҳо далолат мекунанд. Е он, ки
фалон бӯй манфур, номарғуб ва мухолифи табиат аст,
монанди: сир, гӯшти мурдор ва монанди инҳо. Хуллас,
бо воситаи ин гуна бӯйҳо ба тезии кайфияти таркиби
ҷавҳари баъзе ашё далолат мекунанд. 3. Баъзе бӯй-
ҳои чизҳоро дар машом ҳис карда, мо гуногун будани
таъсири онро мефаҳмем, чунончи мегӯянд, ки фалон
бӯй тафси майнаро таскин медиҳад ва ба он тароват
мебахшад, монанди: нилуфари тару тоза, себ, бодирин-
ги тар; инчунин мегӯянд, ки фалон бӯй мағзи сарро ба
тафс меоварад ва онро хушк мекунад, монанди: мушк,
хояи сагобӣ, мурч, занҷабил, сиёҳдона ва монанди ин-
ҳо. Бӯйҳои дар аввал гуфташуда ба сардӣ ва тарии
мизоҷ, кайфият ва сабукии он соҳиби бӯй далолат ме-
кунад, вале мафҳуми дуввум гармӣ ва хушкии мизоҷи
43
он моддаро мефаҳмонад. Ҳамин тариқ ҳар як бӯйи му-
лоими таскиндиҳанда гармӣ ва ба дилу рӯҳ фараҳ ме-
бахшад, барои майна тароватовар ва оварандаи хуб
мебошад, баробари ин ба мӯътадил будани гармии ми-
зон, бисёрии тарӣ ва сабукии ҷавҳари он модда да-
лолат мекунад ва баъзеи аз онҳо ба сардӣ ва тарии
мизоҷи онон долл аст.
Боз як воситаи муайян кардани мизоҷ ва кайфияти
даво мавҷуд аст, ки он шаҳодати рангҳои ашё мебо-
шанд. Локин ба ин тариқ муайян намудани кайфият ва
мизоҷи давоҳо нисбат ба дигар усулҳо хеле заиф аст
(ҳатто аз усули бӯйфаҳмӣ ҳам сусттар мебошад). Ав-
вал ҳаминро гӯем, ки ҳамаи рангҳо аз ду ранги асосӣ,
ки сафед ва сиёҳ мебошанд, мураккаб гаштаанд, ки бо
камӣ ва зиёдии яке ва дигаре ҳангоми омезиш, гуно-
гуннамо мебошанд. Хуллас, бигӯем, ки ранги ҳар як
ҷисм сиёҳ бошад, мизоҷаш гарм аст ва ҳар ранги са-
фед аломати сардии мизоҷи он аст; ҳар сурх аломати
мизоҷи мӯътадил, ҳар сабзро аломати сардӣ ва хуш-
кии мизоҷ ва зардро аломати гармӣ ва хушкии мизоҷи
он донистаанд. Мо дар боло гуфтем, ки бо воситаи
ранг муайян кардани мизоҷ, ва кайфияти давоҳо хеле
заиф мебошад. Барои далели ин фикр мисол меоварем,
масалан: ранги афюн сиёҳ ва бӯяш тез аст, аз ин рӯ
бояд мизоҷаш гарм бошад, вале ин тавр нест, балки
сард аст.
Ҳамин тавр ҳукм аст дар муайян кардани мизоҷ ва
кайфияти давоҳо бо воситаи таъми онҳо, яъне ин ҳам
қатъӣ нест гуфта будем. Боз ҳамон чизҳоро барои да-
лел меоварем. Афюн бисёр талх аст, вале аз рӯйи
ҳукми бо воситаи таъм муайян кардан мизоҷи он гарм
нест, балки сард аст. Инчунин агар бо воситаи бӯяшон
мизоҷ меёфта бошем, мизоҷи афюн ва кофур бисёр
сард аст, аммо таъмашон талх ва тунд мебошад, ҳатто
аз бӯйҳои давоҳои гарммизоҷи мурч, заъфарон, хояи
сагобӣ, анбар ва мушк ҳам баландтар аст, ки аз ин
ҷиҳат ҳукм баровардан мумкин аст гӯё онҳо гармми-
зоҷанд. Вале дар ҳақиқат ҳар дуи ин даво мураккаб-
ул-қуво мебошанд, ки дар онҳо ду қисми мизоҷ мав-
ҷуд аст: яке қисми сабуки бӯйдор, ки боиси содир шу-
дан кайфияти гармӣ гаштааст ва дигаре сахти асосии
сардмизоҷ, ки боиси ранг ва содир шудани таъсири
сардӣ гаштааст. Баъд аз дар бадан ворид гаштани
қисми сабуки гарммизоҷи он ба табиати бадан таъси-
44
ри худро расонида, ба зудӣ ба таҳлил меравад ва бар-
ҳам мехӯрад, вале қисми сахти сардмизоҷи асосии он
муддати дароз боқӣ мемонад ва таъсири сардӣ ме-
оварад.
Аммо аз рӯйи таъсири давоҳо чунон муайян карда
шудааст, ки агар он давое, ки хислати кушодани ги-
реҳҳо ва банд кардани ҳаракати моддаҳои рақиқ дош-
та бошад, мизоҷаш гарм ва хушк аст бо хислати сар-
дӣ — яъне он даво мураккаб-ул-қуво мебошад бо зиё-
датии гармии мизоҷ. Он чӣ дар он таҳлилдиҳандагӣ
ва часпандагӣ мавҷуд бошад, дар он даво гармӣ ва
тарӣ бисёр аст. Он чиро қувваташ бисёр нозук ва
суст бошад, монанди: сақмуниё ва ё шустанаш ҷоиз
набошад, монанди: коснӣ, ба он далолат мекунад, ки
қисми гарммизоҷи он бисёр кам ва заиф аст, вале қис-
ми хокии сардмизоҷи ғафсаш бисёр аст. Ҳамин тариқ
монанди инҳо аҳволи дигар давоҳоро муқояса кардан
даркор аст.

Ба мундариҷа



error: Content is protected !!