Канзи шифо. Давоҳои наботӣ 272-277

272. Ҷадвор

273. Гулисурх

274. Гулқанд

275. Хушоб

276. Сирко

277. Май

272. Ҷадвор

Инро дар забони қадимаи форс-тоҷик моҳпарвин
меномиданд. Баъдтар бинобар аксари дардҳоро «зада
дафъ карданаш «задвор», яъне заданвор гуфтанд ва
ин калима дар таъсири забони арабӣ монда, ҷадвор
гаштааст. Ин решаи гиёҳест гулаш бунафш, баргҳояш
ба баргҳои чинорак мемонад. Соқаш, яъне пояаш аз
25 то 70 сантиметр мехезад.
Вале дар ҷаҳон панҷ навъ ҷадвор мавҷуд аст:
1. Ҷадвори бунафш, ки ин решаест ба ғафсии ан-
гушт ва аз он бориктар низ, дарозиаш ҳам ба миқдо-
ри ангушти даст аст, монанди думи каждум гиреҳдор.
Аз мобайни гиреҳҳои ин чун дар нӯги пистон бошад,
решаҳои борик рӯйидааст, ранги берунаш сиёҳ ва мағ-
зи решааш лоҷвард аст. Бинобар ҳамин инро ҷадвори
бунафш меноманд. Ин дар бобати шифобахшӣ дар ҷойи
якум мавқеъ дорад. 2. Берун ва даруни решаи ин аз
ҷадвори бунафш бо тирагии ранги пӯст ва зардии да-
рунаш фарқ мекунад ва аз дигар ҷиҳат сохташ ба
навъи якум монанд аст ва мавқеи ин дар ҷойи сонӣ
мебошад. 3. Зоҳир ва ботини решаи он — ҳар ду сиёҳ
мебошад. Ин аз ҷиҳати шифобахшӣ баъд аз навъи дув-
вум мақом дорад. 4. Решааш моил ба сиёҳӣ, низ чун
дигарҳояшон талх аст дар таъм ва ба миқдори самари
олуболу мешавад. 5. Ҷадвори андалусӣ аст, ки ба ара-
бӣ антула меноманд ва ба тоҷикӣ парпӣ мегӯянд.
Дар мамлакати мо се навъи ҷадвор вомехӯранд, ки
ҳамаи инҳо беҳтарини ҷадворҳо мебошанд. Қисми
якум — ҷадвори бунафш ва қисми дуввум — ин ҳар ду
дар қаторкӯҳҳои Чатқали Қирғизистон мерӯяд. Қисм-
ҳои саввум ва чорум дар Ҳиндустон ва Эрон макон
доранд. Қисми панҷум, ки ба тоҷикӣ парпӣ меноманд,
дар диёрҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар саҳроҳои водии
Ҳисор ва водии Зарафшон) мерӯяд. Дар хусуси парпӣ
алоҳида таваққуф менамоем.
Агар решаи холиси ҷадворро нигоҳ доранд, қувва-
таш то ҳафт сол боқӣ мемонад. Ва агар қивомашро
624
дар зарфи шиша ё дар салафан баста нигоҳ доранд,
солҳои дароз дар қуввати худ содиқ мебошад. Беҳтар
аз ҳамааш қивомкардаи ин мебошад ва гирифтани қи-
воми ин чунин аст. Решаҳои ҷадворро дар дег ё дар
зарфи сирдор дар об муддате меҷӯшонанд, то ки қув-
ваташ ба об гузарад. Баъд он обро, ки сип-сиёҳ мето-
бад, бо воситаи дока соф намуда, дар тағорае ё дар
лаган хоҳ дар офтоб ва хоҳ дар соя бигузоранд, обаш
парида, ҷадвори холисаш дар зери тағора ба шакли
қивом боқӣ мемонад.
Баъди он, ки решаҳоро дар об ҷӯшонида бошанд,
яке аз он решаҳоро бо забон бичашанд, талхиаш боқӣ
мондааст ё не. Агар талхии он дарк гардад, аз нав бо-
яд биҷӯшонанд ва илло не. Дар тибби қадима ва ал-
ҳол аз ин беҳтар давои содда вуҷуд надорад.
Мизоҷи ҷадвор дар дараҷаи саввум гарм ва хушк
аст, куллан тарёқ аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ҷадвор фараҳ
меоварад, қувватҳои ҳайвонӣ (ҷисмонӣ), нафсонӣ (рӯ-
ҳӣ) ва табиии баданро афзунӣ мебахшад ва мустаҳ-
кам мекунад, узвҳои раиса (яъне дил, майна, меъда,
ҷигар, гурда ва хояҳо) ва инчунин узвҳои даруни ши-
кам ва даруни синаро қавӣ мегардонад; бар зидди ҳа-
маи заҳрҳои гарммизоҷ ва сардмизоҷ тарёқ мебо-
шад, тамоми гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, мод-
даҳои дағал ва ғафси дар бадан пайдошударо нарм ва
мулоим мегардонад, инчунин узвҳои шахшӯлро нарм
месозад. Агар инро ба варамҳо ва решҳо гузошта бан-
данд, ҳам онҳоро мепазонад ва ҳам таҳлил медиҳад,
ба узвҳои дардманд гузошта банданд, дарди онҳоро со-
кин мекунад. Инчунин агар инро бихӯранд, дардҳои
ботиниро таскин медиҳад, баданро фарбеҳ мекунад,
чашм ва дандонро пурқувват ва мустаҳкам мегардо-
над, иштиҳои таомро бармеангезад, қуввати боҳ (пуш-
ти камар)-ро меафзояд ва олати мардиро ба ҳаракат
меоварад, пешоб ва ҳайзи бандшударо равон мекунад;
барои бемориҳои вобаста ба феъли мағзи сар ва асаб-
ҳо, монанди: саръ, фолиҷ, лиқва (каҷ шудани рӯй).
ларзак, сустӣ ва нотавонии узвҳо, карахтӣ, истисқо
(водянка), зардпарвин, сустии меъда (яъне аз ҷойи худ
поён фуромадани он), резонидани сангҳои гурда ва
хичак, қулинҷ (колит) ва душвории шошидан дору ме-
бошад, ахлоти бадбӯйи баданро ислоҳ менамояд ва та-
би дурӯздармиёнро шифо мебахшад.
625
Ба миқдори донаи ҷуворимакка ҷадворро бо шароб
бихӯранд. заҳри морҳои қаттол, заҳри каждум (ҳатто
каждуми ҷаррораро, ки аз камоли қуввати заҳр думаш-
ро кашида меравад), заҳри ғунда ва дигар ҳайвонотро
дафъ мекунад, инчунин заҳри бишро, ки аз гиёҳҳои қат-
толтарин аст, нест менамояд. Агар ҳар рӯз ба андозаи
донаи биринҷ се маҳал аз қивоми ин биёшоманд, дард
ва варамҳои ботиниро дафъ мекунад, исҳолро мебандад.
Ҳар рӯз донаи гандум барин аз қивоми ин бо гу-
лоб то 7 ва 10 рӯз, ё бо шароб, ё бо шарбати абрешим
ва ё бо шарбати говзабон биёшоманд, дилро хурсанд
ва сустии ин узвро дафъ мекунад; дилтапак (дилбозӣ)
ва фишурда шудани дилро, ки хусусан аз сардӣ бо-
шад, шифо мебахшад, инчунин ваборо дар рӯзҳои ва-
бо дафъ мекунад. Агар ин миқдор ҷадворро батанҳоӣ
ё бо гулоб бихӯранд, дарди буғумҳоро таскин меди-
ҳад ва ба ибро меоварад; агар бо гулоби гарм бихӯ-
ранд, дарди меъдаро таскин медиҳад; ба андозаи би-
ринҷи онро бо сиканҷабин биёшоманд, гиреҳҳои ҷигар-
ро мекушояд; ин миқдор қивоми онро бо шираи саган-
гур ё бо шираи тухми коснӣ чанд рӯз биёшоманд, ги-
реҳи мосорикоро мекушояд (мосорико — мӯрагҳое ме-
бошанд, ки бо воситаи онҳо ғизои ҳазмёфта аз рӯдаҳо
ба ҷигар кашида мешавад), истисқоро шифо мебахшад.
Ҳар рӯз се маҳал донаи гандум барин аз қивоми
ҷадвор то даҳ рӯз бихӯранд, сангҳои гурда ва хичакро
ҳар навъ, ки бошанд, майда карда мерезонад; бо ши-
раи сагангур ва ё бо шираи хори хасак биёшоманд,
пешоби бандшударо мекушояд; бо шираи тухми боди-
ринг ё бо шираи хори хасак бихӯранд, қулинҷи бодиро
дафъ мекунад; агар инро бо обе, ки дар он пудина,
арпабодиён ва сагангур ҷӯшонида шуда бошад, то
ҳафт рӯз бихӯранд, ҳамаи навъҳои таби балғамӣ ва
таби дурӯздармиёнро дафъ мекунад.
Вақте ки душвории дарди таваллуди зан наздик
расад, ба миқдори донаи гандум аз қивоми ҷадвор бо
оби сагангур ё бо оби ҳулба ва ё бо шираи хори хасак
бихӯранд, зодан осон мегардад. Агар бача дар ши-
ками модар мурда, аз худ заҳр ҷудо гардонида, мо-
дарро заҳролуд гардонида ё дар аснои таваллуд хуни
бисёр рафта, занро заифу бемадор гардонида бошад,
ҳар рӯз се маҳал ба андозаи донаи гандум ақаллан то
ҳафт рӯз бихӯрад, ӯро тани сиҳат мебахшад, дурустта-
раш аз марг наҷот медиҳад. Ва барои саръи тифлон
626
донаи арзан барин аз ин қивом бо шири модараш би-
хӯронанд, даво мешавад; инчунин ҳамаи бемориҳои
тифлонро, ки вобаста ба феъли майна бошанд, ба иб-
ро меоварад.
Агар ҷавони калонсол ба иллати саръ (припадка)
гирифтор бошад, миқдори донаи ҷуворимакка аз қиво-
ми ин бо шарбати говзабон як бор ба ӯ бихӯронанд,
сиҳат мебахшад, вале агар бардавом бихӯронанд, ин
бемориро авҷ мегиронад.
Табибони ҳозиқи Ҳиндустон истеъмоли бардавоми
ҷадворро боиси фарбеҳ шудани бадан медонанд.
Қивоми ҷадворро дар сирко ҳал намуда бимоланд,
варамҳои сардро мепазонад ва таҳлил медиҳад, хусу-
сан варамҳои хатарноки паси гӯш, зери бағал ва ка-
ши ронро, ки се-чор бимоланд, дафъ мекунад. Барои
дарди гулӯи шадид, ки аз ҷамъ шудани хун дар он
мавзеъ бошад, барои ханозер (хукгардан) ва дигар
варамҳои гулӯ ҷадвор даво мебошад, инчунин тоун
(чума), ки реши мӯҳлик аст, вабо (холера), ки реши
тоунро ба амал меоварад, доғи пес, доғи сафеди пӯст,
доғи кунҷидак ва доғҳои дигари гуногуни пӯст ва дард-
ҳои буғумҳоро, бо мудовамат бимоланд, шифо мебах-
шад. Агар инро бо кӯфтаи чанд дона мурч ҳамроҳ
карда бимоланд, варамҳои сардро ва агар дар оби
кашниз мулоим карда бимоланд, варамҳои гармро таҳ-
лил медиҳад. Ва агар қивоми инро батанҳоӣ бимоланд
ё бо оби кашниз ва ё бо сирко сиришта бар пушти
чашм бимоланд, варамҳои пилкҳои чашмро таҳлил ме-
диҳад. Агар инро ба дандон бимоланд, дарди дандон-
ро, ки аз хунукӣ бошад, таскин медиҳад, бар бавосир
бимоланд ҳам, дардашро сокин мекунад инчунин ва-
рамашро низ мегардонад. Агар худи инро батанҳоӣ ба
зери ноф бимоланд, захми хичакро шифо мебахшад
ва пешоби бандшударо мекушояд. Камтареро аз он
дар об ҳал карда, ба чашм чаконанд, дарди чашмро,
ки сабабаш хунукӣ бошад, сиҳат мебахшад. Агар маҳ-
лули инро бо чакрарез дар сӯрохи закар гузаронанд,
пешоби баста ва рими бандшударо мекушояд.
Решаи хушки онро ос карда, ба ҷароҳатҳо бипо-
шанд, хуни равони онҳоро мебандад ва онро ба ҳам
оварда сиҳат мебахшад.
Қивоми ҷадворро бо равғани зайтун ё равғани гу-
лисурх даромехта бимоланд, бемориҳои вобаста ба ҳо-
лати майна ва асабҳо бошанд, монанди саръ, сакта
627
(мурда барин беҳаракат мондан), фолиҷ, каҷ шудани
рӯй, сусту нотавон гаштани узвҳо, ларзак, карахтӣ ва
монанди инҳоро нафъ дорад; инчунин, майна, асабҳо
ва қувватҳои ин аъзоро мустаҳкам мегардонад.
Хуллас, ин давои азим-ун-нафъи бисёрхислат ба-
рои аксари бемориҳо, хусусан барои иллатҳои аз сар-
диву тарӣ баамаломада батанҳоӣ ва ё бо давоҳои му-
носиб ҳамроҳ намуда, ҳар иллатро шифо мебахшад,
хоҳ ба дарун истеъмол кунанд, хоҳ гузошта банданд
ва хоҳ бимоланд. Ҳаминро гуфтан кифоя аст, ки 120
беморӣ ва иллатҳои асосӣ, ки аз сардӣ бошанд, аз ис-
теъмоли ҷадвор наҷот меёбанд ва барои бемориҳои аз
гармӣ баамаломада бо шарбат, шаробҳо ва обҳои ги-
ёҳҳои сардмизоҷ даво мешавад.
Миқдори як бор хӯрдан аз решаи хушкаш дар як
рӯз аз 0,25 то 2 грамм аст. Ҳангоми истеъмолаш ба
дарун синну сол, мизоҷи бемор, ҳарорати ҳаво ва
фаслҳои солро риоя кардан шарт аст. Зеро мизоҷи ин
гарм мебошад, аз ин боис дар фасли гармо миқдори
кам бояд ошомид. Аммо аз қивомаш миқдори як бор
ошомидан аз миқдори донаи арзан то ба андозаи до-
наи гандум аст, инчунин барои қувват бахшидани боҳ,
модом ки барои ин як бор ҳамагӣ мехӯранд, то ба
миқдори ду донаи гандум кифоя аст; барои бемории
истисқо ҳар рӯз ду-се маҳал ба андозаи донаи гандум
истеъмол тавон кард.
Агар ҷадвор ёфт нашавад, ба ҷойи ин барои бемори-
ҳои аз сардӣ рӯйдиҳанда тарёқи форуқ (тарёқи ка-
бир)-ро, ки аз 62 даво таркиб меёбад баробари вазни
ҷадвор истеъмол кардан мумкин аст.
Огоҳ намоем, ки хӯрдани ҷадвор ба одамони гарм-
мизоҷ ва гарму хушкмизоҷ зарар дорад: дарди сар
меоварад, дар рӯдаҳои онҳо реш ва захм пайдо меку-
над. Агар ин тавр зиён кунад, сиканҷабин, шири нав-
дӯшидаро, ки оҳани тафсонро дар он сард карда бо-
шанд. инчунин бо оби ҷав ва оши ҷав истеъмол намо-
янд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

273. Гулисурх

1. Беҳтарин гулисурх барои атр гирифтан гулбарг-
ҳои калон-калон, рангин, бисёр хушбӯй бо таъми тал-
хи андак ширинидори он аст, ки ин гулисурхи қадими
628
тоҷикӣ мебошад. Вале барои давогӣ ғунчаи пурра но-
шукуфтаи он беҳтар аст, зеро ки қуввати қабзият дар
он зиёда аст.
Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват аст. Як қисм табибон
мизоҷи инро дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум
хушк, вале аксари табибон мизоҷи инро гарм ва тар
гуфтаанд; баъзеҳо дар гармиву сардӣ мӯътадил донис-
таанд. Агар онро хушк кунанд, қабзияташ, яъне ги-
рандагиаш зиёда, вале талхиаш камтар мегардад.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш:
зиндакунандаи қувватҳои бадан ва арвоҳ, фараҳбахш,
рақиқ (суюқгардонандаи) моддаҳои ғафсгашта ва му-
ҳайёкунандаи онҳо барои дафъ шудан, поккунандаи
узвҳои бадан аз моддаҳои нодаркор ва зиёдатӣ, исҳо-
ловар, таскиндиҳандаи сафро ва балғами рақиқ, қаб-
зиятовар, хусусан хушки он, қуввати қабзиятнокӣ дар
ғунчаи хушки он боз ҳам зиёдтар аст.
Чун 70 грамм гулбарги онро кӯфта бихӯранд, ис-
ҳол меоварад.
Оби гулбарги онро дар бинӣ, гӯш ва чашм чако-
нанд, дарди сар, дарди чашм ва дарди гӯшро, ки ҳама
аз гармӣ бошанд, таскин медиҳад. Агар хушки онро
дар об ҷӯшонида, он обро ба чашм чаконанд, ғафсӣ
ва дағалии пилкҳоро ба ислоҳ меоварад.
Гулбаргҳои тару тозаи онро кӯфта гузошта бан-
данд, дарди сарро шифо мебахшад. Инро дар об ҷӯ-
шонида, он обро дар даҳан гардонанд, дандон ва мил-
ки онро мустаҳкам мекунад. Инчунин ин гулбаргҳоро
ба дандонҳо бимоланд, низ дандон ва милки онро
мустаҳкам мегардонад. Хушки онро кӯфта бипошанд,
ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад, инчунин
инро бо наск дар об якҷо ҷӯшонида, он обро бо кофур
даромехта, дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши даҳанро
бартараф менамояд.
Гулисурхро бибӯянд, дил ва майнаро қувват мебах-
шад, вале дар одамони майнаашон заиф атса меова-
рад, ба зуком ва назла гирифтор мекунад ва ҳатто ба
саромос мубтало месозад, вале дар баъзе одамон баръ-
акс, ба ин иллатҳо шифо мебахшад. Ҳангоми ба гарм-
мизоҷон зарар карданаш, кофур истеъмол фармоянд,
зиёнаш ислоҳ мегардад.
Чун гулбаргҳои онро бихӯранд, дил, шуш, меъда,
ҷигар, гурда, рӯдаҳо, хичак, бачадон ва мақъадро қа-
вӣ мегардонад, хун қай карданро манъ месозад. Агар
629
оби онро бинӯшанд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки саба-
баш гармӣ бошад, иллати беҳушшавӣ, инчунин сустии
дилро дафъ мекунад ва ба ҳамаи узвҳои дар боло
зикрёфта қувват мебахшад, исҳолҳоеро, ки аз гармӣ
бошанд, манъ мекунад, хусусан ғунчаи тунҷи он дар
ин амал қавӣ мебошад. Ба қавле 35 грамм ғунчаи та-
ру тозаи он барои даҳ бегоҳ кифоя аст.
Гулбаргҳои онро кӯфта гузошта банданд, варамҳои
пардаҳои шикамро таҳлил медиҳад, рутубатҳои зиё-
датии меъдаро хушк мекунад ва худи меъдаро қувват
мебахшад.
Гулбаргҳои тару тозаи онро кӯфта гузошта бан-
данд, варами мақъадро таҳлил медиҳад. Агар ин гул-
баргҳояшро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқ-
на (клизма) кунанд, захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳоро
шифо мебахшад.
Агар хушки онро кӯфта, занҳо дар андоми шарми
худ бипошанд, обравии бачадонро ислоҳ мекунад ва
бадбӯйии онро низ дафъ гардонида, баъд онро хуш-
бӯй мегардонад, инчунин ин узви онҳоро танг месозад.
10,5 грамм аз кӯфтаи ин бихӯранд, тафси таби дурӯз-
дармиёнгирандаро таскин медиҳад.
Хушки онро кӯфта бипошанд, ҷӯшишҳои гуногунро
дафъ мекунад, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебах-
шад, инчунин пухтани даҳанро ба ибро меоварад, зах-
ми обиларо бартараф мекунад ва донаҳои обиларо
(нағзак)-ро хушк менамояд.
Гулбаргҳои онро кӯфта гузошта банданд, озахҳоро
хушк карда меафтонад ва харошида шудани пӯстро
шифо мебахшад, ба решҳои чуқур гӯшти тоза мерӯё-
над, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва узвҳои ши-
кастаро ба ҳам мепайвандад.
Агар инро дар ҳаммом ба ҷойи матлуб бимоланд,
бадбӯйии арақро дафъ мекунад.
Тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, тир ва хо-
ри даромадаро аз бадан берун мекашад; сабӯсаки
сарро дафъ месозад; агар ба зери бағал ва каши рон
гузошта банданд, бадбӯйии ин ҷоҳоро нест мегардонад,
инчунин захм ва реши ин узвҳоро сиҳат мебахшад. Низ
гулбаргҳои онро хушк карда, бо барги мӯрди хушк-
карда якҷо кӯфта бипошанд, арақ карданро манъ ме-
намояд.
Вале хӯрдани гулбаргҳои гулисурх боҳро зарар до-
630
рад, ташнагӣ меоварад. Давои ин зарарҳояш арпабо-
диён хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз гулбаргҳои тару тозаи
он дар як рӯз то 35 грамм, аз хушки он то 14 грамм
ва аз оби он то 28 грамм аст.
Ба ҷойи ин баробари вазнаш бунафша ва чоряки
вазни ин райҳони гӯши мушро истеъмол намоянд, ра-
во мебошад.
2. Усораи гулбарги тару тозаи он, яъне оби гул-
баргҳои онро дар офтоб хушк карда биёшоманд, ғаф-
сии пилкҳои чашм, хун қай кардан, рутубат ва тарии
барзиёди меъдаро нафъ дорад. Қабзият ва хушкии ми-
зоҷи он аз ғунча, гул ва баргаш зиёдтар аст.
3. Мизоҷи донаҳои реза, ки дар миёни гули он дар
сари торҳои борике мебошанд — инро ба тоҷикӣ зарра-
гул меноманд, дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ҳафт грамми онро бо об
биёшоманд, хун қай кардан, хунравиҳои гуногун ва ис-
ҳоли лоилоҷро хусусан, ки бо косабаргҳои гул якҷо
сойида бихӯранд, шифо мебахшад.
Агар ин заррагулҳоро занҳо аз таг бардоранд, ба-
чадонро қувват мебахшад, обравии онро дафъ мекунад
ва андоми шармро танг мегардонад.
Самари гулисурх, яъне тухми он чун тугма мебо-
шад ва хислатҳои тиббиаш монанди тухми гулисурхи
саҳроӣ ва мисли заррагулаш мебошад.
4. Мизоҷи равғани гулисурх мураккаб-ул-қувват
аст.
Тариқи тайёр кардани равғани гулисурх чунин аст.
Шишаро то нима равғани нави кунҷид ё равғани зай-
туни нав бирезанд. Он равғанро аз гулбаргҳои гули-
сурх пур кунанду ба офтоб гузоранд. Чанд рӯз дар
офтоб истода ранги гул табдил ёбад, яъне ба равған
гузарад, фишурда, гулро партоянду гули нав андозанд.
Ҳамин тариқ то ҳафт маротиба гулро иваз намоянд
ва охиронро ҳам фишурда партоянд — ин равғани мон-
да равғани гулисурх ҳисоб меёбад. Ё ки баробари ваз-
ни равған он гулбаргҳои тарро ба яке аз он ду рав-
ған даромехта, дар оташи мулоим биҷӯшонанд, то он
ки оби гул парида, равған боқӣ монад — инро равға-
ни пухтаи гулисурх меноманд ва авваларо равғани хо-
ми гулисурх мегӯянд.
Хислатҳои шифобахши он: ин равғанро батанҳоӣ ё
бо сирко ва гулоб даромехта кам-кам ва бардавом ба
631
сар бирезанд, дарди сарро шифо мебахшад, майнаро
қавӣ мегардонад, бехобиро дафъ мекунад, инчунин
варамҳои пардаҳои мағзи сар ва варами худи майнаро
таҳлил медиҳад. Низ ин равғанро бо сирко даромехта
ба сар бимоланд, чунин фоидаро дорад.
Ин равғанро бо сирко ва гулоб дар шиша рехта,
ҳар замон ҷунбонида, аз даҳани он бибӯянд, дарди
сарро таскин медиҳад, бухорҳои дар майна ҷамъшу-
даро пароканда месозад ва барои варамҳои пардаи
мағзи сар ва даруни майна мувофиқ аст.
Равғани мазкурро нимгарм дар гӯш чаконанд, дар-
ди инро таскин медиҳад, дарди сарро ҳам сокин меку-
над ва хушкии ҳар дуи ин узвро дафъ менамояд. Агар
инро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро дафъ ме-
кунад ва ҷӯшиши даҳанро, ки сабабаш хӯрдан ё нӯши-
дани чизҳо бошад, шифо мебахшад.
Агар инро бихӯранд, моддаҳои часпаки зарарнокро
бо исҳол аз узвҳои ботинӣ дафъ мекунад исҳоли саф-
ровиро мебандад, тафси меъдаро сокин менамояд; зах-
ми рӯдаҳо ва харошида шудани сатҳи даруни онҳо ва
дарди рӯдаҳоро шифо мебахшад; узвҳои баданро қавӣ
мегардонад, дардҳои гуногунро таскин медиҳад, ис-
ҳолро мебандад. Инчунин аз рӯ бимоланд ҳам, ҳамин
навъ асар дорад.
Агар бо ин равған ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳо, ха-
рошида шудани сатҳи даруни онҳо ва дарди рӯдаҳо-
ро, ки аз зарари чизҳои хӯрдашуда бошад, шифо ме-
бахшад. Инро кам-кам ва бардавом бирезанд, исҳоли
сафровиро мебандад ва моддаи часпакро бо исҳол дафъ
мекунад.
Молидани ин равған ба решҳои чуқур гӯшт мерӯё-
над, рутубатҳои захмҳо ва ҷароҳатҳоро хушк мекунад,
моддаҳои раддӣ ва бадфиолро аз онҳо дафъ мегардо-
над, захми обиларо шифо мебахшад. Агар инро бо
сафедаи тухми мурғ даромехта бимонанд, сӯхтагии
оташ, захмҳои аз оҳак хӯрдагӣ пайдошударо шифо ме-
бахшад; варами чашмро таҳлил медиҳад. Агар бо сир-
ко сиришта бимоланд, барои ҳамаи захмҳо ва ҷӯшиш-
ҳои пӯст, ки аз гармӣ бошанд, дору мешавад.
Равғани гулисурхро бихӯранд, зарари оҳак, зарних
ва зарориҳ (шпанские мушки) хӯрдагонро дафъ меку-
над. Ин равғанро бо сирко ва оби мӯрд даромехта биё-
шоманд, арақ карданро манъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани гулисурх дар
632
як рӯз 25 грамм аст. Ба ҷойи ин баробари вазнаш рав-
ғани бед ва ним вазни он равғани бунафшаро истеъ-
мол намоянд, равост.
5. Гулоб. Инро бо воситаи гулбаргҳои гулисурхро
дар асбоби анбиқ муқаттар кардан ҳосил менамоянд,
ки ин гулоб, яъне оби гулисурх аст.
Мизоҷи гулоб мураккаб-ул-қувват аст. Баъзе таби-
бон сардӣ ва хушкии мизоҷи онро зиёда донистаанд.
Хислатҳои шифобахши он: гулобро нимгарм бинӯ-
шанд, бемориҳои аз назла пайдошуда, хун қай кардан,
дағалии узвҳои даруни сина, тапидани дил (дилбозӣ),
ки ҳама аз гармӣ бошанд, шифо мебахшад, баданро
қавӣ мегардонад; дардҳои меъда, рӯдаҳо, ки хоҳ аз
сардӣ бошанд ва хоҳ аз гармӣ, дардҳои ҷигар ва си-
пурзро таскин медиҳад. Агар инро бо шароб даромех-
та бинӯшанд, фараҳи зиёде мебахшад, хоҳ инро би-
бӯянд ва ё бимоланд, дарди сар ва дарди чашмро
дафъ мекунад. Агар ба даруни он қаранфули гардан
андохта, баъд бибӯянд, дарди сарро, ки аз хунукӣ бо-
шад, шифо мебахшад. Агар инро дар шиша рехта, он
шишаро дафъа ба дафъа ҷунбонида, аз даҳанаш би-
бӯянд, майна ва ҳисҳои дохилиро қувват мебахшад,
табъро чоқ мекунад, дилро қавӣ мегардонад; хумор,
беҳушшавӣ ва дилтапакро барҳам медиҳад.
Аҷибаш дар ҳамин, ки ба одамони назла доштагӣ
зарар дорад, ҳатто онро ба ҳаракат меоварад, инчу-
нин барои боҳ (пушти камар) ҳам зиёнкор аст, инчу-
нин мӯйро зуд сафед мегардонад. Давои ин гуна за-
рарҳояш набот хӯрдан ё бо набот истеъмол кардан аст.

274. Гулқанд

Гулбаргҳои гулисурхи хушбӯйро бо қайчӣ маҳин
реза карда, як рӯз дар хона мегузоранд, то рутубати
он хушк гардад. Баъд ин резаҳои гулисурхро як вазн
ва шакар ду вазн ҳамроҳ намуда, хуб мемоланд, ки
ҳар ду ба ҳам омехта гарданд ё мекӯбанд. Баъд чил
рӯз дар офтоб мегузоранд, инак, гулқанд тайёр меша-
вад.
Агар ба ҷойи шакар дар ин таркиб асал ҳамроҳ на-
муда, ба усули мазкур тайёр намоянд, онро гуланга-
бин мегӯянд, ки гуласал аст.
Мизоҷи гулқанд дар дараҷаи дуввум гарм ва дар
633
якум тар аст, вале мизоҷи гулангабин дар дараҷаи
дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ҳар ду навъи он
майна ва меъдаро қувват мебахшад, рутубатҳои бего-
наи ин ҳар ду узвро хушк мекунад ва намегузорад, ки
бухорҳои зарарнок ба мағзи сар бароянд хусусан аз
болои таом бихӯранд, ин феълаш қавитар зоҳир мегар-
дад. Гулангабин барои одамони сардмизоҷ, пирон ва
инчунин ба касоне, ки рутубат дар майнаашон бисёр
бошад, нафъи хубе дорад. Хӯрдани гулангабин барои
бемориҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба даро-
зи), дарди буғумҳо, ниқрис (подагра) шифо мебахшад;
сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва
душвор шошиданро ба ислоҳ меоварад.
Хӯрдани гулқанд барои одамони гарммизоҷ ва ҷа-
вонон форам аст, иллатҳои васвос ва девонагиро ши-
фо мебахшад.
Қуввати гулангабин то чор сол ва қуввати гулқанд
то ду сол боқӣ мемонад.

275. Хушоб

Ин оби меваҳоест, ки дар об бо шакар ҷӯшонида
шуда бошад, инро ба русӣ компот меноманд.
Мизоҷи ҳамаи хушобҳо латифтар аст аз худи ме-
ваашон.
Хислатҳои шифобахши он: хусусияти ҳар яке ба он,
ки аз он тайёр карда мешавад, хос аст. Масалан, ху-
шоберо, ки аз олуболу тайёр карда бошанд, биёшо-
манд, шиддати ташнагиро мешиканад, тафти баданро
таскин медиҳад, моддаи дар бадан сӯхтаро ислоҳ ме-
кунад ва дарди сипурзро дафъ месозад. Агар инро аз
биҳӣ тайёр карда бошанд, узвҳои раисаро, яъне дил,
майна, ҷигар, меъда, гурда ва хояҳоро қавӣ мегардо-
над; инчунин ҳар сеи рӯҳро, яъне рӯҳи нафсонӣ, ки ин
қувват вобаста ба мағзи сар аст, рӯҳи ҳайвониро, ки
ин қувват вобаста ба дил аст ва рӯҳи табииро, ки ин
қувват вобаста ба ҷигар аст, қувват мебахшад; инчу-
нин қуввати ҳозимаро, ки вобаста ба ҳоли узвҳои ҳо-
зима (меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз) аст, зиёда ме-
гардонад ва бӯйҳои бади моддаҳои баданро дафъ ме-
кунад. Агар хушобро аз себ ҳосил намоянд, дилтапак
634
(дилбозӣ), беҳузур (беҷо) шудани дил, иллати қайи
сафровӣ, тафс ва гармии ҷигар, зардпарвин, истисқо
(водянка)-и гармиро ба ибро меоварад. Агар инро аз
мавизи ангур пухта бошанд, овозро соф мекунад, ги-
реҳҳои баданро мекушояд, зардпарвинро шифо мебах-
шад. Аз ҳама камфоидатарин хушоб аз зардолу тайёр
кардашудаи он аст, зеро он боднок мебошад.

276. Сирко

Инро аз аксари чизҳо монанди: ангур, хурмо, ан-
ҷир, шакар, оби найшакар, асал ва ғайра, аз ҳар ме-
ваи обдор ва ширин, аз донҳо монанди: биринҷ ва ғай-
ра тартиб медиҳанд. Беҳтарини ҳама сиркои ангурист,
ки оби ангурро соф намуда, дар хуми сафолӣ ё чинӣ,
ки даруни онро равған молида бошанд ё дар шиша
рехта, ба таносуби 10 литр оби он як литр сиркои са-
раро дохил намуда, даҳани зарфро пӯшида ва гилан-
дуд карда, дар офтоб ё ҷойи дигари гарм мегузоранд ва
то расида гаштани он сабр мекунанд. Ё дар он оби ан-
гур ва ғайра, ки аз он тайёр кардан бихоҳанд, сирко
бирезанду бигузоранд, то хуб ба ҷӯш ояду май гар-
дад. Пас ба даруни он сирко ва намак бирезанд ва ҳа-
мон тавр бигузоранд, то расида гардад, турш шавад,
ки сиркои хамрӣ иборат аз ҳамин аст. Ё он, ки май
худ ба худ турш шуда сирко мегардад.
Сиркои хурмо он аст, ки як килограмм хурморо
дар чор литр оби гарми ширини соф бирезанду дар
хуми нави муқайяр (қирандуд) ё равған молидашуда
рехта, даҳани онро маҳкам карда, як ҳафта дар оф-
тоб мегузоранд. Баъд молида, соф гардонида, дар ду
литри он як литр сиркои сара, 40 грамм намак дар он
хум андохта, онро дар ҷое гузоранд, ки офтоб ҳамеша
бар он бирасад, то он ки расида гардад. Аз дигар чиз-
ҳо низ ҳамин тариқ тартиб медиҳанд.
Мизоҷи сиркои ангурӣ мураккаб-ул-қувват аст, яъне
камтар моддаи гарммизоҷ дорад ва миқдоре ҷавҳари
сардмизоҷро доро мебошад; дар дараҷаи дуввум сард
ва хушк аст. Мизоҷи сиркои хурмоӣ, мавизӣ, анҷирӣ
ва асалӣ наздик ба мизоҷи сиркои ангурист. Вале ми-
зоҷи асалии он гармтар ва хушктар аст назар ба ангу-
рии он. Аз нок, себ ва биҳӣ тайёр кардашудаи он
635
қабзиятдор мебошад. Сирко аз се чиз таркиб ёфтааст:
I. Бинобар мизоҷи гарми оташӣ доштанаш, гиреҳҳои
баданро мекушояд ва ба чуқуриҳои бадан ҳаракат ме-
кунад. 2. Бинобар мизоҷи сарди хокӣ доштанаш қабзи-
ят пайдо мекунад. 3. Аз боиси моддаи обии сарди тарӣ
доштанаш бо ҳамаи дигари хислатҳояш ғолиб буда,
асабҳоро суст ва заиф мегардонад.
Хислатҳои шифобахши он: хусусияти қабз ва хушк-
кунандагӣ дорад, зуд таъсирбахш ва расонандаи қув-
вати давоҳо ба узвҳои гуногуни бадан мебошад, мод-
даҳои ғафс ва ғализро пароканда менамояд.
Агар инро бо равғани зайтун ё бо равғани гулисурх
даромехта бимонанд, дарди сари гарм ва дарди сари
аз расидани офтоб бошад, таскин медиҳад ё дарди
саре, ки аз зиёд шудани хилти сафро ё аз ҷамъ омада-
ни бухороти гарм ҳодис шуда бошад, ё дар ҳаммоми
гарм сар ба дард ояд, шифо мебахшад. Агар латтаеро
ба ин таркиб тар карда, ба сар гузоранд низ, ҳамин
асарро дорад.
Агар сиркоро батанҳоӣ бибӯянд, бастагии сари би-
ниро мекушояд, назлаи гармро мебандад, дарди сари
гармро таскин медиҳад ва майнаи гарммизоҷро қувват
мебахшад. Агар бо равғани бодоми ширин ва ё равға-
ни гулисурх, гулоб, оби бодиринг даромехта бибӯянд,
дарди сари гармро таскин медиҳад, варами майна ва
пардаҳои онро таҳлил медиҳад, ҳазён гуфтанро бар-
ҳам медиҳад. Агар сиркоро ҷӯшонида, бухорашро ба
дарун бикашанд, бемориҳои номбурдаро шифо мебах-
шад ва бастагии сӯрохи биниро мекушояд. Ҳамчунин
сиркоро ба хишти пухта ё санги тафсон бирезанд ё ки
сангреза ва хишти пухтаи тафсонро дар он андохта,
бухори онро бигиранд, бемориҳои дар боло зикрёфта-
ро ба ибро меоварад.
Чун як вазн сирко, ду вазн об, каме шакар дар кӯ-
заи сафолӣ рехта, даҳанашро бо сарпӯше маҳкам кар-
да, атрофи даҳани онро бо хамири орди мош гирифта,
каме ҷӯш диҳанду сарпӯши кӯзаро андак кушода, бу-
хори онро бар варами гулӯ ва ҳалқ расонанд ва баъд
аз се соат таркиби даруни кӯзаро аз нав карда, бо ҳа-
мин усул бухори онро бигиранд, дар се-чор маротиба
варами ин узв таҳлил меёбад.
Сиркоро бо асал даромехта бимоланд, кабудии зе-
ри чашмро дур мекунад, хуни мурдаи таги пӯстро низ
пароканда месозад.
636
Сиркоро ба даруни гӯш чаконанд, кирми гӯшро ме-
кушад, дардашро низ таскин медиҳад. Онро ҷӯшонида,
бухорашро бо воситаи қиф дар гӯш бигиранд, ҷаранг-
ҳои гуногуни гӯш ва гаронии ин узвро дафъ мекунад;
дар бинӣ бирезанд, бастагии сари биниро мекушояд
ва боиси тезии шунавоӣ мегардад.
Чун 25 грамм пиёзи ансули хушкро бо корд варақ-
варақ реза карда, дар сирко биҷӯшонанд, то пухта му-
ҳарро шавад ва як ҳафта дар офтоб гузоранд. Баъд
онро соф намуда, ҳар рӯз ба дили наҳор 7 грамми он-
ро биёшоманд, барои бадбӯйии даҳан, ки вобаста ба ҳо-
лати меъда бошад, дармон мешавад. Сиркоро намакин
карда, баъд дар даҳан гардонанд, хуни буни дандонро,
ки канда бошанд, қатъ мекунад; инро бо зоки сафед
даромехта, онро дар даҳан гардонанд, дандонро сафед
ва аз чирк пок мегардонад, хуни равонро аз милки
он манъ менамояд, дандонҳои сустро мустаҳкам мегар-
донад; бо шибит сиришта, ба дандон бимоланд, дандо-
ни ҷунбонакро сахт мекунад.
Бо худи сирко ғарғара кунанд, рехта шудани мод-
даҳои зарарнокро ба ҳалқ манъ мекунад, дарди гулӯи
шадидро, ки аз ҷамъ шудани хун дар он мавзеъ мебо-
шад, шифо мебахшад; забончаи ҳалқро, ки афтода бо-
шад, боз ба ҷояш мебардорад, дарди дандонро таскин
медиҳад; бо зира ва кокутӣ сиришта, ин таркибро дар
даҳан бигардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад
ва захмҳои милки дандонро шифо мебахшад.
Агар сиркоро андак-андак бихӯранд, зулуки дар
ҳалқ часпидаро берун меоварад, сурфаи кӯҳнаро шифо
мебахшад, нафаси ростаро, яъне ростнафасро, ки аз
гармӣ бошад, дафъ мекунад.
Ғӯраи чормағзро дар вақти пунбадона барин буда-
наш дар сирко андозанду ҳамон тавр бигузоранд, то
он ки расида гардад, баъд бо он ғарғара намоянд, ба-
рои дарди гулӯ ва бемориҳои номбурдаи узвҳои даҳан
ва ҳалқ, беҳтарин даво мебошад.
Сиркоеро, ки аз пиёзи ансул тайёр карда шуда бо-
шад, биёшоманд, барои сурфаи сабабаш моддаҳои
сардмизоҷ ё аз хунукӣ бошад, зиқ-ун-нафас (тангии на-
фас), бемориҳои вобаста ба мағзи сар, иллатҳои си-
пурз ва истисқо даво мешавад.
Ҳар навъ сиркоро бихӯранд, ташнагиро дафъ ме-
кунад, барои ҳазми таом ёрӣ мерасонад, хунравиҳои
гуногунро аз аъзои дохилӣ қатъ мекунад, иштиҳоро
637
бармеангезад, балғамро мегудозад, сипурзро пок ме-
гардонад, шиддати сафроро мешиканад; гиреҳи мосо-
рико, яъне гиреҳҳоеро, ки дар мӯрагҳои шикам пайдо
шуда, бо воситаи он мӯрагҳо ғизои дар рӯдаҳо ҳазм-
ёфта ба ҷигар кашида мешавад, мекушояд, гиреҳҳои
сипурзро кушода мегардонад ва давоҳоро ба сипурз
бурда мерасонад бинобар туршии таъми савдо дар си-
пурз аст, шифо мебахшад.
Ҳар рӯз ба дили наҳор сирко бихӯранд, кирмҳои
меъдаро мекушад. Таомеро, ки бо сирко пухта шуда
бошад, бихӯранд, рехта шудани моддаҳои зарарнокро
ба меъда манъ мекунад.
Сиркоро гарм карда бихӯранду қай кунанд, заҳри
давоҳои қотилро дафъ мекунад, хун ва шири шахшу-
даро хориҷ месозад ё дар ҷояш мегудозад. Агар инро
бо намак бихӯранд, заҳри замбӯруғҳои заҳрнок ва са-
ги девона газидаро дафъ менамояд, хусусан сиркои ан-
гурӣ дар ин бобат пуртаъсир аст.
Сиркоеро, ки дар он анҷир ё мавизи ангур, ё пӯсти
решаи кавар як шабонарӯз тар карда шуда бошад, ба
дили наҳор биёшоманд, сипурз ва истисқоро таҳлил
медиҳад.
Агар сиркоро бимоланд, паҳн гаштани решҳои бад-
фиол, сурхбод, ҷамра (карбункул) ва доначаҳои сурхи
дарднокро, қӯтури решгашта, бавосир, милкаки нохун,
шукуфаҳои пӯст, варами зоҳирӣ ва ботиниро манъ ме-
кунад, инчунин намегузорад, ки ҷароҳати нав варам
оварад, хориши бадан ва заҳри ҷонваронро дафъ ме-
кунад, барои хунравӣ аз узвҳои берунӣ ва сӯхтагии
оташ даво мешавад. Низ онро бимоланд, намегузорад,
ки моддаҳои атрофи он ба он ҷо ҷамъ гарданд.
Агар инро бимоланд ё баррезанд, барои газидани
ҷонварони заҳрнок ва манъ кардани хунравӣ аз узв-
ҳои беруни бадан дармон мегардад.
Анҷирро, ки дар сирко пухта бошанд, гузошта бан-
данд, сӯзиши узв ва дағалии онро ислоҳ мебахшад.
Агар инро бо гӯгирди кӯфта сиришта гузошта банданд,
ниқрис (подагра)-ро шифо мебахшад. Орди ҷавро бо
сирко хамир карда гузошта банданд, варами гулӯ, пис-
тон, инчунин варами баногӯш ва дигар варамҳои гарм-
ро таҳлил медиҳад; агар испанди кӯфтаро бо сирко си-
ришта гузошта банданд, карахтӣ, кузоз (столбняк) ва
дарди буғумҳоро дафъ мекунад. Сиркоро бо хокистари
638
гарм хамир карда гузошта банданд, ғуддаҳо ва вара-
ми сардро таҳлил медиҳад.
Сиркоро бар санги гарм рехта, мавзеъро ба бухо-
раш бидоранд, бавосирро даво мебошад.
Хӯрдани сирко ба пирони савдовимизоҷ ва одамони
бемории шушдошта, монанди сурфаи нав ва сурфаи
хушк зарар дорад, инчунин ба одамони узвҳояшон
боди ғализдошта бошад, дарди буғумнок, узвҳои бо-
тиниашон заиф, боҳашон суст ва бачадон зиён мерасо-
над, низ ба асабҳо ва узвҳои асабонӣ, ба касони нав
аз беморӣ хеста ва сардмизоҷон зиёнкор аст. Агар ин-
ро бардавом истеъмол кунанд, иллати истисқо ва хира-
гии чашмро ба амал меоварад, ранги рӯйро зард ме-
гардонад, харошида шудани рӯдаҳоро пайдо менамояд,
баданро лоғар мегардонад. Барои ислоҳи ин гуна за-
рарҳояш шириниҳо, инчунин обгӯшт хӯрдан даркор
аст, барои ислоҳи зарараш ба сурфа ширинӣ ва рав-
ғани бодоми ширин истеъмол фармоянд, барои ислоҳи
зарараш ба одамони камҳарорат ва сустии асабҳо асал
ва давоҳои гарммизоҷ истеъмол бояд кард; барои он,
ки хароши сатҳи даруни рӯдаҳоро ҳодис накунад, лу-
обҳо истеъмол намоянд.
Миқдори як бор хӯрдан аз сирко дар як рӯз то 32
грамм аст. Ба ҷойи ин дар баъзе мавоид шароб ва дар
баъзе ҳолат лимуро истеъмол намоянд, раво мебошад.

277. Май

Мае, ки аз оби ангур тайёр карда мешаванд, асо-
сан аз 10—12 навъ иборатанд. Барои мувофиқи табъ
гаштани шароб ба даруни он чизҳои гуногун дохил ме-
кунанд. Шароберо, ки аз як то ду сол нигоҳ дошта
шуда бошад, онро майи атиқ меноманд ва синнаш ба
чилсолагӣ расида бошад, шароби қадим мегӯянд. Бо
ин ҳама, ки намудҳои он ба 10—12 мерасанд, аз инҳо
шаробҳои дигар низ таркиб менамоянд. Дар ин ҳолат
миқдори навъи май аз 600 зиёда мешавад.
Май, яъне шароб, ҳангоми нӯшидан ба ақли одамӣ
болодаст меояд, яъне ошомандаашро аз ақли солим бе-
рун мекунад.
Мизоҷи шароб вобаста ба ранг, таъм, бӯй, қивом
ва хислатҳояш гуногун аст. Масалан: мизоҷи шароби
639
атиқ дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк
аст: қадими он дар саввум гарм ва хушк, турши он
дар дуввум гарм ва тар; майи хушбӯй иборат аз рай-
ҳонӣ аст, яъне дар он райҳон андохта бошанд, аз ҷи-
ҳати мизоҷ мӯътадил аст; агар шароб аз шаш моҳ то
яксола бошад, дар дараҷаи дуввум гарм ва моил ба
тарӣ; бемазаи он, ки майи қаҳва меноманд, марғубта-
рини онҳо мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: майи рақиқ (суюқ) ҳан-
гоми нӯшидан зуд таъсир мекунад, гиреҳҳои баданро
мекушояд; шароби ғафс дерҳазм, вале ғизо дар он
бисёр аст, ба узвҳои бадан қувват мебахшад ва таъ-
сирнок; майи сурх ва хушбӯй, ки иборат аз райҳонист,
барои истеъмол беҳтар аз ҳамаи навъҳои дигари он
мебошад; майи бетаъм, яъне қаҳвагиаш барои ҳамаи
мизоҷҳо форам аст, лекин иштиҳоро гум мегардонад,
боҳро қатъ мекунад, дарди сар меоварад; майи сафед
дарунро мулоим мекунад ва заиф мебошад; шароби
сиёҳ дерҳазм аст ва дар бадан моддаи савдо пайдо
мекунад.
Шаробе, ки оби ангурро ҷӯшонида, баъд тайёр на-
муда бошанд, инро майи ҷумҳурӣ ва майи пухтагӣ ме-
номанд, қивомаш ғафс, баданро гарм мекунад, пазо-
нандаи моддаҳои бегонаи бадан аст, асабро қувват ме-
бахшад ва дарди сар меоварад. Майи ширин вазнин-
табъ, ҳамчун ғизо ғолиб; навъи майхуши он, яъне майи
туршу ширини он раддӣ мебошад, ҳазмро вайрон ме-
кунад, ба асаб зарар дорад ва ошомиданаш тарсон-
чак мегардонад. Майи талх поккунандаи дарун ва ку-
шояндаи гиреҳҳост. Май, ки асло офтоб нахӯрда бо-
шад ва хуми он дар барф ё дар ях нигоҳ дошта шуда
бошад, дерҳазм ва душворҳазм, бадбӯ, пайдокунандаи
гиреҳ ва ба табҳои дуру дароз гирифтор мекунад. Ша-
роби кӯҳна ба узвҳо газанд мерасонад, сатҳи даруни
рӯдаҳоро мехарошад. Дар қивом мӯътадили он ҳоли
бади баданро ислоҳ мекунад ва агар бисёр об дошта
бошад, ба аъзои бадан сустӣ меоварад, ба иллати ис-
тисқо гирифтор менамояд, қабзиятнокии он бештар
аз ҳама дарунро мебандад, узвҳои даруни синаро да-
ғал мегардонад, меъдаро дибоғат медиҳад ва хумораш
шадид аст. Шароби хушбӯй бисёр неку, лекин дарди
сар оваранда аст. Шароби бадбӯ расонандаи азият аст,
бемориҳои кушандаро ба амал меоварад Шароби дар
офтоб расидаро мушаммас меноманд, ки ин тунд ва
640
зуд аз меъда гузаранда, фараҳбахш, вале табҳои гарм-
ро пайдо мекунад. Шароби вазнин, яъне баланд дер-
ҳазм, сабуки он, яъне камкайфи он зуд таъсирбахш
аст. Шароби қадим ва кӯҳнаи он зуд таъсир мебах-
шад, ба ҳамаи даҳ ҳисси инсон зарар мекунад, инчу-
нин ба асабҳо низ азиятрасон аст. Шароби нав боднок,
дерҳазм ва пайдокунандаи бемориҳои балғамист. Ша-
роби соф гиреҳҳои баданро мекушояд, пешобро меро-
над. Шароби нави тира дар хичак санг пайдо мекунад,
дар узвҳо гиреҳҳоро ба амал меоварад.
Дар нӯшидани май он маврид, ки ҳангоми ташнагӣ,
зарарнок аст; ҳангоми гурусна будани шикам, дар вақ-
ти серӣ, ғазаб, машаққат, ҳаракатҳои сахт, ҳавои бис-
ёр гарм, ба як дафъа бисёр нӯшидан хеле зарарнок
аст. Меъёри истеъмоли он моҳе як мартаба, агар бис-
ёр зуд истеъмол карданаш матлуб бошад, ҳафтае як
мартаба, ки ин барои истироҳати рӯҳҳо ва қувватҳо
мебошад, дар айни ҳол ин сустиовар ба ҳамаи узвҳо
мебошад.
Азбаски май ба ақл ғолиб аст, нӯшандаашро беҷо
далер ва шуҷоъ мегардонад, пас ба корҳои нописанд
ва баду раддӣ ҳидоятгар аст.
Модоме, ки май дар бадан ворид гашта, ҳаракат ва
ҷӯшиши моддаҳои баданро аз эътидол афзун месозад,
пас таъсири ғариба, яъне бегонаро дар бадан эҳдос
менамояд. Аз ҷумла ба се рӯҳ ва қувватҳо, ки инҳо
дар дил, майна ва ҷигар макон доранд, ба феъли ҳар
сеи ин узв гаронӣ меоварад, дигаре ба узвҳои таносул,
ки гурда, хоя ва закар, бачадон мебошанд, манфӣ таъ-
сир бахшида, феъли онҳоро ғайритабиӣ, яъне ғайри-
модарзодӣ мегардонад. Май ҳамчун чизҳои дигари мус-
кир (кайфовар) бинобар ба ҷӯш овардани моддаҳои
бадан, наслро месӯзонад, яъне фарзанди майпараст ё
ноқобил, ё фиребгар, ё дузд, ё танбал, ё кундзеҳн, ё
маъюб, хуллас, бо нуқсоне ба дунё меояд.
Як хислати оддии занҳои солимақлро таъкид кар-
дан кифоя аст, ки ба ҳамин гуна зани бешавҳар барои
хостгорӣ раванд, вай аз ҳама пеш пурсон мешавад;
шароб менӯшад? Агар майнӯш бошад, ба хостгор ҷа-
воби манфӣ медиҳад.
Ба ҳамин як суол кӣ ҷавоби мусбат дода метаво-
над. Оё ягон нафар майнӯш ёфта мешуда бошад, ки
ақли баркамол дошта бошад?
641

Ба мундариҷа


error: Content is protected !!